КулЛиб - Классная библиотека! Скачать книги бесплатно 

Нигина ва Мирмалик [Додохони Эгамзод] (fb2) читать онлайн


 [Настройки текста]  [Cбросить фильтры]
  [Оглавление]

Додохони Эгамзод Нигина ва Мирмалик

КАБУТАРИ БИҲИШТӢ

Пешгуфтори китоби якум. Саргузашти зани фарзандгадо, ки суратан афсона асту афсун, лек сиратан достонест ростмазмун

Абдулсайид як дуредгари одӣ буд. Вале ворухиён вайро Устои гулдаст меномиданд. Зеро дару тирезаҳои зебо, сандуқу гаҳвораҳои таърифӣ, хонаю айвонҳои барҳаво месохт. Гову гӯсфанд, бузу хар, аспу мурғи бисёр дошт. Аммо фарзанд надошт. Ҳар замон аз мағзи ҷигар оҳи пурдард кашида, «манам орзуманди якто зағора» мегуфту пайваста дуову ибодат ва хайрот мекард, садақа медод, муроди мискинҳоро мебаровард, дарвешонро менавохт ва аз Офаридгори олам илтиҷо мекард, ки мушкилтарин мушкили ӯро осон гардонаду барояш калу кӯр бошад ҳам, нохуне ато кунад.

Ҳоли ҳамсараш Бимастура аз вай бадтар буд. Дар танҳоӣ гиря мекарду нолаву зора, аз корафтодаҳо маслиҳат мепурсиду аз доноҳо тадбир меҷуст. Ошкору пинҳон сӯхтаю пухта, обу адо мешуд. Аз он ҳайрон буд, ки Парвардгор якеро фарзанди бисёр нохоста медиҳад, аммо хоҳишу нолиши чорсолаи ӯро намешунавад: дар талаби фарзанд пеши сад табиб рафту саду як хел алафу гиёҳ хӯрд, назру ниёз бурду лобаву зорӣ карду хун гирист, лек бефойида — ҳамоно зунг асту гунг — буғуз1 не…

Боре як ҳамсоя ба Бимастура маслиҳат дод, ки пеши холаи Муясарбону равад. Ин кампираки ҷину паридор ва аз сеҳру ҷоду бархӯрдор фол мекушод, мушкилкушо мекарду хобгузорӣ, ҳам табибӣ. Одамонро ба якдигар гарму хунук карда, бо афсун пеши кор мебасту бо сеҳр садди роҳ мекушод, ба фарзандталабҳо хоку оби шифо, ба беморҳо ғизою давои худсохта медод, захми чашмро бо кӯрдуд рафъ карда, пулу чизи гумшударо бо мадади ойина аён месохт. Дар канораи деҳа, сари баландие тани танҳо, бе ягон ҳамсоя зиндагӣ мекард. На шавҳар дошту на фарзанд. Калбузе дошту як ҷуфт мурғ ва сагеву пишаке, ки хеле бамуросо рӯз гузаронда, ҳама фармоиши кампирро бекаму кост иҷро мекарданд.

Кулбаи кампираки дудафкан ҳамагӣ се ток дошт. Дар яке кӯзаи лабшикастаи сафолӣ меистоду дар мобайн — китоби қадима ва хеле фарсудаи «Қуръон» ва дар токчаи канорӣ — ҳайкалчаи аз гаҷ сохташуда. Кампираки сеҳргар ин муҷассамаи занонаро бути Ворух мегуфту ҳазорсола меҳисобид ва ҳар дафъа пеш аз амалкард аввал сари онро сила намуда, баъд китоби муқаддасро мебӯсиду ба дидагонаш мемолид.

Муясарбону аввал як тангаи нуқра рӯёнду ба кӯзачаи лаби ток андохта, баъд аз Бимастура ҳол пурсид. Даррав ҷинчароғ гиронду ойиначаи лабшикастаро аз дуди ғализи равғани зағир сиёҳ карда, ба ҷавонзан фармуд, то онро ба пешониаш совида, пок гардонад. Дар ин асно кампирак зери лаб чанд ҷумлаю ибораи нофаҳмо ба забон оварду бо нигоҳи аҷиб ба ойина нигарист ва қоҳ-қоҳ хандида гуфт:

— Чорсола роҳи рафтаю кори кардаат ҳамааш бефойида будааст! Об-бо…

Ҳамон замон ашк аз чашмони Бимастура шашқатор рехту кампир саросема шуд:

— Даррав зиқ нашав, балом. Дар пешунии ту як духтар ҳаст. Лекин пойин фуромаданаш душвору кай ба дунё умаданаш номаълум. Гап тамум, балом, ман ба ту дигар ёрдам кардан наметунам.

— Кӣ метунад?

— Инашро имрӯз гуфтан наметунам. Пагоҳ биё…

Рӯзи дигар Бимастура чоштгоҳон ба ҳавлии Муясарбону расиду вайро бемадор ва бемор дарёфт.

— Барвақттар умадан натунистӣ?! — беҳол ғур-ғур кард кампир. — Борат ҷудо ҳам вазнин будас, мана аз по ғалтунд. Агар андаки дигар дер меумадӣ, париҳо мекуштанд мана…

Бимастура гунаҳкорона табассум карда, ноҷунбон рост меистод. Боз ғаши кампир омад:

— Чува сутун барин рост истодӣ? Танга овардӣ?

– Ҳо. Ана гиред.

— Аз ҷой ҷунбидан наметунам, балом. Пештар биёру ба чашмам нишун тею ба куза андоз…

Ҷарангоси нуқраро шунидан ҳамон мурғон қуд-қуд карданду саг нӯла кашиду буз баос карду пишак мияв гуфт ва кампир аз ҷой хест. Бимастура бошад, аз ҳайрат саргаранг шуда, мисли кулӯхи бачашм карахт гашт. Кампир ба вай эътиборе надода, зуд қаламу қоғаз гирифт. Саросема хаткашак кард, яъне чанд сатри чаппаю роста навишт ва нимовоз дуое хонда, се бор куфу суф намуд. Баъд коғазро пора-пора дарронда, ба дасти Бимастура дод ва гуфт:

— Ин коғаза дар об ҷушунда, хурданат даркор, то ки торикистуни дарунат рушан шавад, балом. Ана ин обдастая гиру аз чашма об биёр. Қади роҳ хасу хошоку ҳезуме, ки дидӣ, ғундошта биё!

Муясарбону коғазпораҳоро ҳамроҳи як каф алафмайда мисли чойи хушк ба даруни обдаста андохту дар оташи баланд ҷӯшонд. Сипас як пиёлаи лаболабро гармогарм ба ҷавонзани фарзандталаб нӯшонд. Ҳарчанд нӯшидани коғазоби бемаза ногувор ва басо душвор буд, Бимастура ба нияти шифо ва сафо боз ним пиёлаи дигар нӯшиду лаҳзае ноҷунбон нишаст. Ҳис кард, ки оби ҷӯш қатра-қатра аз фарғи сар то нохуни пой ба тамоми вуҷудаш шорида, сиёҳии дилро ба сафедӣ бадал намуд.

Аз чунин тағйироти фараҳбахш хотири парешон ва дили ранҷураш андаке таскин ёфту бо арзи сипосу меҳрубонӣ хост аз ҷой хезад. Натавонист. Дурмадароз ҳамёза кашида, бо чашми имдод соҳибхонаро нигарист. Вай худро ба нодонӣ андохта, обдастаро гирифту аз дар берун баромад. Акнун ҷавонзан беист ҳамёза мекашиду чашмонаш худ аз худ нимпӯш шуданд. Тамоми қувваташро ҷамъ оварда, бо азобе нимхез шуд, вале лашкари гаронбори хоб бо шасти дучанд ҳамла карду рӯйи палоси чиркин якпаҳлӯ афтид ва дарзамон хобаш бурд. Баъди лаҳзае рӯйболо гашту сар болои даст ниҳода, гӯиё болои даҳ қабат кӯрпаю болини мулойим хобида бошад, бо лаби инҷ ширин-ширин табассум мекард.

Бимастура хоб медид. Хобе дилписанду гуворо ва ҳам нӯшину малакутӣ: худро пироҳани сафед дар бар ва сарбанди нилгун бар сар соҳили рӯди шӯхоб нишаста дид машғули нақшдӯзӣ. Ногаҳон аз он тарафи дарё, ки кӯҳи начандон баланд ва бедолу дарахти Душоха қомат афрохта буд, кабутаре сап-сафеди оҳарӣ сабук болу пар афшонда, паҳлӯяш омаду болои суфасанги соҳил нишаст. Лаҳзае ором истода, курр-курр овоз бароварду сару тан афшонд ва чангу ғубор дур афканд. Баъд сӯйи ҷавонзан булъаҷаб нигоҳе карду ӯро ба гап даровард: «Хуш омадӣ, эй паррандаи латифу зебо! Ба диёри булбулон ва макони кабки дарӣ аз кадом дашту дара меҳмон омадӣ?»

Ҷавобан ба пурсиши бесадо кафтарак сабук ҷаҳида, ба китфи бонуи гулдӯз нишасту бо шеваи кабутарӣ ҷавобе гуфт. Маънии ҷавобияро, албатта, Бимастура нафаҳмид, вале нуктафаҳмии ин ҷонвари безабон шавқу меҳрашро зиёда гардонду хост онро ба даст гирифта, бо муҳаббат навозиш кунад. Кабутар ҳам магар маътали ин амал буд, ки зуд рӯйи кафи бонуи хубсурат баромада, бо виқору таманно ба тори кӯҳ нигарист. Нигаристу ноором гашта, қанотак зад. Бимастура дар шигифт монда, беихтиёр ба осмон дида дӯхт: паррандаи азимҷуссае болҳои паҳну зардашро васеъ кушода, тори сараш давр мезад!

Ҷавонзан аҳли шикор набуд ва тахмин зад, ки мурғи даҳшатфикан шояд каргас асту қасди ҷони кабутар дорад. Хост баҳри наҷот тадбире андешад ва бо умед ба атроф чашм давонд. Вале дар гирду пеш ғайри дарё, суфасанг ва алафу дарахтон дигар чизе набуд, ки воситаи муҳофизат шавад. Парандаи ваҳмафкан бошад, торафт поён мехамид ва Бимастура дигар илоҷе наёфта, тибқи фармудаи волидон бо забони бурро «Бисмиллоҳи раҳмони раҳим. Аъузу биллоҳи мин аш-шайтони раҷим. Оманту биллоҳи ва расулиҳи» гуфту нидо кард: «Ё Пирон, бузургворон! Мадад кунед!»

Вақте маротибаи сеюм калима гардонд, мӯъҷиза ба амал омад: мӯйсафеде хушқадубаст ва нуронӣ, ки дар бар абрапӯстини оҳарӣ, дар сар саллаи ҳафтпечи нуқрафом дошту яктаҳи сафеду дарози урфӣ ва пойафзоли ҳамранги он пӯшида буд, рӯйи суфасанг намудор гардид ва бо овози ширадори форам садо кард:

— Осуда бош, мастураам! Кабутари туро зиёне намерасад. Парандае, ки дар осмон мебинӣ, шарафманд аст — фақат дону гиёҳи пок хӯрад ва ҷонваре наёзорад…

Ором шав, мастураам.

Дил қавӣ дор, ки ҳар гоҳ маслиҳате зарур шавад, туро мададгорем…

Бимастура аз шодӣ як қад парида, бедор шуд. Вале, ҳайҳот: на кабутари сапед буду на Пири ҷомасафед… Аз ҳайрату надомат пушти даст газида, шӯру валвалаи дилро андаке паст нишонд ва саҳл ба худ омада, оҳиста гирду атрофро нигарист — нашавад, ки чашми бегонае рафторашро назора кунаду ба ҳама гӯшрас намуда, масхара созад. Хайрият, хона беодам буду кампирак дар берун ба мурғу сагу пишаку буз обу ғизо медод. Вай безобита шудани «меҳмон»-ро дида, дарҳол наздаш омаду бо лабханди нозебо гуфт:

— Дилу ниятат холис будаст, балом, ки даррав хуфтию тез бедор шудӣ. Чанд вақт пеш як занак тамуми руз ба хоби ғафлат рафту бо азобе бедор карда будам. Гап зан балом, ягун хоби хуш дидӣ?

Бимастура хобашро мӯ ба мӯ қисса карду Муясарбону бодиққат шунид.

— Хобат муборак аст, балом, аммо ҷудо ҳам банду басташ бисёр. Ин хоби одӣ не, хоби табъӣ…

— Ин гапа маънияш чӣ?

— Як маънояш ҳамин ки оқибаташ нек асту ба муроду мақсадат мерасӣ.

— Даҳанатунба шакар, холаҷун!

— Дидани кабутар дар хоб далели ун аст, ки модари духтар мешӣ, балом!

— Забунатунба асал, холаҷун!

— Лекин…

— Чӣ?!

— Хоби кутоҳи туя номуайяниҳош бисёр балом. Он қадаре, ки тунистам, тадбир кардаму дигар наметунам. Хобат ун қадар нуронию раббонӣ, ки фақат аз китобҳои нуҷумӣ рушан мешад. Ин хоби калуна фақат ягун муаббир таъвил кардан метунад, балом.

— Соддатар фаҳмунед, холаҷун. Нуҷуму муаббиру таъвил чӣ маънӣ дорад?

— Дигар хел фаҳмунда наметунам, балом. Боз як бори дигар мегум, ки хобат бисмил не, яъне ҳавлноку торик не, балки чорпаҳлу, яъне тинҷу осудаю оқибаташ нек, балом. Иловатан ҳамин қадар мегум, ки кабутари ту, яъне духтари туя кадум як бузургвор ба шафоат гирифтагӣ, лекин кӣ буданаша намедунам. Аз таъбири мурғи осмун ҳам оҷизӣ мекашам, балом. — Муясарбону узромез табассум карда, аз дарбача ба ҷонварони дастомӯхташ нигаристу чеҳрааш андаке кушода шуд. — Ёфтам, балом: гиреҳи муаммо дар гуши буз банд будаст! Бодиққат гуш кун, балом: аз пагоҳ сар карда, ба ҳафт мазори табарруку муқаддаси Ворух банавбат назру ниёз мебарию мақбараи ҳар кадум бузургвора бо нуки остину бари думан руфта, покиза мекунӣ. Агар бо дили софу тани пок зиёрату ибодат кунӣ, парастори кудак аз худаш дарак метияд…

— Ба ҳамаи ин мазорҳо назру ниёз бурда, гапҳои шумо гуфтагия иҷро кардагӣ ман. Ба мазори Хоҷаи Бобоалӣ чор бор, ба Хоҷаи Мастону Чорсангу Балогардон се борӣ, бо Хоҷаи Имому Шибирғонбобо ва Рахнаи оташон ду борӣ рафтаам. Ягун мурод ки ҳосил нашуд, пеши шумо умадам, холаҷун…

— Ба мазори дигар бузургворо ҳам рафтагӣ?

— Дар Чоркую Исфараю Канд, Марғинону Масчо мазори нарафтагиям намонд…

— Ба Хуҷанд чӣ?

— Рафтагим не…

— Исто, балом. Охирин гапи бузургворе, ки дар хоб дидӣ, чӣ буд?

— Гуфтанд, ки… «ҳар гоҳ маслиҳате зарур шавад, туро мададгорем…»

— Шуд! Ана акнун ҳамааш фаҳмо: мададгори ту бузургтарин бузургвори замун Шайх Маслиҳатдини Хуҷандӣ!! Фақат ҳамин Подшоҳмарди Валӣ кабутари бисёр дар ихтиёр дорад. Хез балом, ба хунаат раву тушаю талқуната гирифта, ба шаҳри Хуҷанд давун шав! Пири бузургвора ёв!!

— Он каса чӣ хел меёвам?!

— Аз амакат пурс, ки Хуҷанда хуб медунад, балом. Агар надунад, пеши ман биёяд, ҳама гапу кора мефаҳмунам. Зуд бош, ки танур хунук нашавад. Агар сустӣ кунем, балом, на ту нун бастан метунию на ман! Роҳи сафед, балом…


* * *


Амаки Бимастура-савдогари чорбозоргард Аҳмадсайид кӣ будани шайхи муаззами Хуҷандро медонистаасту садҳо ворухиёни китобхон ва донишманд муриди ин Пири комил будаанд.

— Мардуми Хуҷанд Шайх Маслиҳатдинро аз падару модари худ зиёдтар ҳурмат мекунанду хоки пояшро чун тутиё ба чашм мемоланд, — гуфт бо оҳанги боварибахш Аҳмадсайид. — Зеро бовар доранд, ки ин Бузургвор ҳақиқатан ҳам писархонди Пайғамбари гиромии мо Муҳаммад Мустафо саллалоҳи алайҳи ва олиҳи вассалам мебошаду кафи Мӯсо ва дами Исо дорад…

— Чӣ хел писархонд? — бо ҳайрат нидо баровард Бимастура. — Оъ… Пайғамбари гиромӣ ким-кайҳо, чандсад сол пеш аз дунё гузаштагӣ…

— Шак набиёр, ҷони амак. Беҳтараш, ривояти таърихиро шунав, ки аз китобҳо хондаву аз одамони мӯътабар шунидаам, — Аҳмадсайид сари ҷиянашро сила карда, бо забони содаю фаҳмо нақлашро давом дод. — Ҳамаи мо медонем, ки дар шаби меъроҷ Пайғамбари гиромии мо савори аспи Буроқ ҳафт қабати осмонро гузашта, боло баромада, ба дидор ва сӯҳбати Парвардгори олам мушарраф шудагӣ. Пас аз гуфтушунуфт дар ҷаннат рӯҳи зебоеро дидагӣ, ки байни кунгураҳои арш ва гулзори боғистони ҷаннат аз шох ба шохе мепарид.

Пайғамбари гиромӣ пурсид: «Ин рӯҳи кист? Мард аст ё зан?» Ҷавоб омад, ки рӯҳи мард аст. Пайғамбари гиромӣ андешаманд шуд ва гуфт: «Дар ин дунё фарзанди писар надорам. Иҷозат ҳаст, агар ӯро писар хонам? Парвардгори олам розӣ шуд ва гуфт: «Вай пас аз панҷсад соли реҳлати ту ба дунё падид меояд дар шаҳри Хуҷанд, ки Тироз-ул-оламин аст. Падар ӯро Шамсуддин меномаду чун армуғонат ба вай расад, Бадеъуддини Нурӣ шавад ва аламбардори дини мубини ислом гардад».

— Армуғонаш чӣ?

— Саросема нашав, ҷони амак. Ҳама рӯйдодро ботартиб мегӯям, ту бодиққат шунав. Хуш ки бошад, баъди фуруд омадан аз осмон Ҳазрати олимақом ба саҳобаҳо чизҳои дар меъроҷ дидаю шунидаашро нақл карду он рӯҳи дилписандро ёдовар шуда, афсӯс хӯрд, ки писархондашро дида наметавонад. Товуси Ҳарамайн ном саҳобаи ҷавон, ки хидматгузори ду масҷиди бузурги Маккаю Мадина буд, дарҳол аз ҷой хест ва бо сидқу тавозӯъ гуфт:

— Агар иҷозат шавад, ман тайёрам, ки сабр пеша гирам, то рӯйи мубораки писархонди азиз бубинам ва пайку паёми Шумо ба вай расонам.

Азми ҷазми ёри вафодор Ҳазрати олимақомро хушнуд гардонд ва даст ба дуо бардошта, аз Парвардгори олам барои Товуси Ҳарамайн умри пурбаракат талабид. Дуо мустаҷоб гашт ва саҳобаи гиромӣ мисли Хоҷаи Хизр умри дароз дида, пайку армуғони Пайғамбари оламро ба дасти писархондаш дар синни ҳафтсолагии ӯ супорид.

— Вай чиҳо супорид?

– Ҳар кас ҳар чӣ мегӯяд, ҷони амак. Аз хурмо сар карда, то тиру камону китобу тасбеҳ чизҳои бисёреро ном мебаранд. Лекин шахсиятҳои ҳолдон ин рӯйдоди раббониро як гуна тафсир додаанду агар мароқ дошта бошӣ, ихтисоран нақл мекунам.

— Муфассал гӯед, амак, қиссаи дароз роҳи дарозро кӯтоҳ мекунад.

Аз тасвири муфассали амак Бимастура баръало дид, ки Шамсиддини ҳафтсола ҳамроҳи падараш дар суфакати таги боғи ангур нишаста, сабақ меомӯхтанд. Ғафлатан тири камоне фуруд омада, бар замин парчам шуд. Падар безобита гашта, бо овози ларзон гуфт:

— Ё наузанбиллоҳ! Боварам намеояд, ки нохалафе сӯйи мо тир кушода бошад. Шояд тири марди шикорӣ хато хӯрдааст?

Писари ҳафтсола ором нишаста, бо табассуми беғаш ба рӯйи падар нигарист ва бо лафзи кӯдакона хитоб кард:

— На ину на он, дадо! Касе, ки тир паррондааст, маҳбуби Худо ва дӯсти беҳтарини мост!

— Чиҳо мегӯйӣ, ҷони дадо: дӯст ба сӯйи дӯст ҳаргиз тир накушояд! — шайх Нуриддин саволомез, ҳатто бо андак изтиробу тавалло ба чашмони шӯълапоши фарзанд нигарист. — Ё… ин кори ягон ҷӯраи камонбози туст?!

— Неъ. Чунин гуфтан нашояд, падари гиромӣ.

— Пас, чӣ бояд гуфтан, писарам?

— Касе, ки тир паррондааст, ба суроғи ман омадааст. Моро пеши худ мехонад… Гӯш кунед, дадоҷон, андар дили шаб Пири шукӯҳманде ба хоб дидам, ки бо тавозӯъ пеш омаду аввал дасти сила бар сарам ниҳод ва сипас хурмои тиллоранге ба кафам ниҳоду гуфт: «Ассалому алайкум, эй писархонди Пайғамбари Худо! Ин меваи биҳиштӣ бихӯру ором бихоб ва рӯзи дигар чун тири камон наздат афтад, зуд бархезу ҳамроҳи падар ҷониби мо биё ва дигар амонатҳои пайғамбарӣ аз мо биситон». Каломи хайрбод ба забон наоварда, нопадид гардид…

Даме, ки тири камон пешамон афтид, фаҳмидам башорате аз Ҳақ Таъолоҳ нозил гаштааст.

Эй дадоҷон, биёед, зудтар биравем, ки бузургворе чашм дар роҳи мост…

Хотири парешони падар то андозае ҷамъ гардид, вале изтиробу ғалаёни дил торафт боло мешуд. Зери лаб «писари ман…писархонди пайғамбар… Худоҷон, чӣ хушбахтӣ!» гӯён аз тарзи афтидани тир муайян кард, ки камонвар дар самти қибла мавқеъ дорад. Зуд ба роҳ баромада, дар назди масҷиди маҳаллаи Арабон марде дар либоси қадима диданд кӯтоҳқомату сиёҳҷурда бо мӯйи сафеде чун кофур.

Шутури сафед, ки наздаш чукка зада буд, баробари дидани падару писар даҳон аз кафша боздошта, ҳаракати хестан кард. Шамсиддин дар зини шутур камони мисрӣ овезон дид ва донист, ки тири дар даст овардааш аз он паридааст. Бо нишони эҳтиром сари таъзим фуруд оварда, хост пеши пирамард дузону шинад. Вале пиру ҳам уштур бо чаққонии ҳаёратовар ба по рост шуданд. Ҳайвони безабон Шамсиддинро бӯйиду сар хам карда, ором истод. Мӯйсафед бошад, ду қадам пеш гузашта, Шамсиддинро гарм ба оғӯш кашид:

— Ассалому алайкум, эй мӯҳтарамзода ва мӯҳташамниҳод Шамсиддин ибни Нуриддин. Шукри беҳад ва сипоси олӣ Парвардгори оламро ва дуруди фаровон Ҳазрати ҳумоюнӣ Мустафои Акрамро, ки ба дидани чеҳраи мубораки писархонди хотами пайғамбарони олам мушарраф шудам ва амонат бехиёнат ба соҳибаш мерасонам! — саҳобаи ҳурлиқо аз ғайб ангуштари яманӣ бароварда, бӯсиду ба чашмонаш молид ва сухан бо оҳанги дигар идома бахшид. — Қабл аз супоридани ангуштарини муқаддаси Расули кирдугор ба фарзандхондашон маро дастур шудааст, ки рӯйдоди шабу рӯзи меъроҷ ва пайомади онро ба шумо қисса кунам.

Ҳар се давра нишастанду саҳобаи масъул ҳама суханҳои гаронқадри пайғамбари гиромиро айнан гӯшрас карда, рӯйдодҳои хотирмони сафари худро то шаҳри Хуҷанд батафсил тасвир кард ва ангуштарини Пайғамбари гиромӣ бо ду дасти адаб ба кафи писархонд ниҳод.

Шамсиддини навғунча аз шодию фараҳ варақ-варақ шукуфта, аввал ангуштарини ҳумоюнӣ бӯсиду ба ҳар ду дида молид ва сипас ба ангушти ишоратии дасти рост андохт. Дарзамон ҳис кард, ки аз ҷониби руди Сайҳун насими фораму рӯҳафзо вазиду ӯро чун парниён сабук боло бардошта, то осмони баланд расонд. Баҳру бару дашту кӯҳсор — кулли оламу одам чун дар кафи даст пеши назараш ба ҷилва омад. Дар вуҷуди хеш қудрати азим, зӯру тавоноӣ ва нерӯи бузург эҳсос намуд.

Айнан дар ҳамин лаҳза Товуси Ҳарамайн ва Эшони Нуриддин диданд, ки аз чеҳраи кӯдаки ҳафтсола нуре падид омад ба сони шӯълаи хуршед ва чашмони ӯ дурахше пайдо карданд мисли ситораи бомдод. Ҳар ду бағоят хушҳол гашта, бо шукру шодӣ даст ба гиребон бурданд.

Саҳобаи мӯҳтарам даст ба китфи Эшони Нуриддин гузошта, лаб ширин кард:

— Эй падари хуштолеъ, шод бошу дер зӣ! Аз ин лаҳза эътиборан шоҳписари ту Нуриддин писархонди Пайғамбари гиромии мост, ки бо лисони мубораки хеш ӯро Бадеуддини Нурӣ ном кардааст! Фарзанди гиромӣ бо лутфи Худованди меҳрубон вақте соҳиби ангуштари пайғамбарӣ гардид, мартабаи олӣ ёфт, ҳомили ганҷинаи Илоҳӣ шуд. Вай акнун воқифи ахбори маонӣ ва кошифи асрори ниҳонӣ аст. Бо шарофати нури абад қомати расояш талъати мавзун гирифт ва дар дили покаш ҷавҳари илҳом ба ислом дурахшон гашт. Акнун аз партави идроки ӯ шамъи Худо ва қутби ҷаҳон равшан шуда, дилу дидаи халқ аз ҷамоли ин машъалафрӯзи роҳи ҳақ пурзиё мегардад ва ҳама мӯҳтоҷи маслиҳати ӯ мешаванд.

Вақте каломи саҳоба ба нуктаи интиҳо расид, падар Худои оламиёнро сипоси беҳад хонд, ки ба нури чашми ӯ чунин давлати бузург муносиб дидааст ва ба тариқи насиҳат афзуд:

— Бовар дорам, ки фарзанди мо сол ба сол беҳтар аз пештар қулфкушои муроди халқ мешавад ва кори каҷи аҳли хаторо рост намуда, ҳар дари сарбаста ба рӯйи мардуми дилхаста мекушояд.

Саҳоба падарро офарин хонд ва тиру камонро аз зини уштур ба даст гирифт:

— Ин камони мисрӣ, ки изи дасти Пайғамбари гиромӣ ва ёрони ӯро дар худ ниҳон дорад, мисли ангуштари муқаддас қудрати бемунтаҳо надорад, аммо муҳофизи ҷисму ҷони ширини писархондаи азиз хоҳад шуд. Дастур ин аст, ки ҳамеша дар ҷойи дастрас ва назарнамо истад ва фақат ба рағми душманони дини мубини ислом истифода шавад.

Баъди супурдани камону тирдон Товуси Ҳарамайн абрапӯстини сафед аз тан кашиду ба дасти Шайх Нуриддин дод. Боисрор таъкид кард, ки вақте Бадеуддини Нурӣ ба синни камолот расад, онро бипӯшад ва ҳар рӯзе ҳафт карат Оятулкурсӣ қироат кунад, ки дар домани ҷома бо шир навишта шудааст.

Баъди супурдани қабои муқаддас Товуси Ҳарамайн расани шутур ба дасти Бадууддини Нурӣ дод ва гуфт:

— Ин уштури сафед тӯҳфаи хоксоронаи ман ба писархонди гиромист. Алҳамдулиллоҳ, ки супориши муқаддас мукаммал иҷро шуд. Хайр, азизонам, паноҳатон ба Худо! Акнун маро як порча хокҷой арзонӣ доред…

Падару писар фурсати лабкушоӣ наёфта, дасти аҷал ба домани умри Пири муваккал чанг андохт. Саҳобаи вафодор бо хотири осуда ҷон ба Ҷонофарин таслим кард…

Бимастура, ки ҳикояти амакро бо иштиёқи том мешунид, фурсате хомӯшона ба дуриҳои дур нигаристу гиряолуд пурсид:

— Мурдаи ин бузургвора ба Арабистон бурданд?

— Не, ҷони амак. Сағонаи саҳобаи муаззам дар дили Хуҷанд, паҳлӯи масҷиди марказӣ ҷойгоҳи сазовор дорад. Ҳазрати Шайх Бадеуддини Нурӣ рӯзу шаб посдори рӯҳи содиқтарин ёри Пайғамбари Худоянд…

— Яъне ки мо аввал ба зиёрати сағонаи саҳоба меравем?

— Бале, ҷони амак…

Аҳмадсайид пешопешу Бимастура аз дунбол бо ишораи шайхи мазор оҳиста қадам ниҳода, ба сағонаи мӯҳташаме расиданд, ки аз сангу хишти пухта бунёд гашта, болояш бо каҳгили зард андова шуда буд. Баъди пурра ба ҷо овардани рукнҳои зиёрат ва ниёиш Бимастура фармоиши Муясараи фолбинро ба ёд оварда, девори сағонаро бо остину домони ҷомаи наваш пок намуд. Сипас атроф-ро аз дуди ҳазориспанди бо худ овардааш муаттар гардонда, бо дили пурумед ба мурғу кабутарҳои гирди сада каф-каф дон пошид ва назрашро ба нигаҳбони оромгоҳ бахшид.

Шайхи кӯтоҳқомат фарзандталаб будани ҷавонзани баландҳимматро дониста, тахтасанги сап-сафеди назди дарвозаро нишон доду бо овози паст гуфт:

— Санги Ҳақдор ана ҳамин. Дар китобҳо набиштаанд, ки ин хел санг ба ҳафт ранг ҳафт адад бошад дар ҳафт иқлими олам. Ин шахпораи одӣ не, санги осмонӣ ва раҳмонист пас аз санги сиёҳи муқаддас дар хонаи Каъба! Санги бахткушо аст барои духтарони дилхаста ва санги ҳоҷатбарорест барои бонувони фарзандталаб. Рӯ ба қибла истода, бо дасти рост сангро дошта, «Дасти ман не, дасти Пирам Подшоҳмарди Валӣ, ҳақ ба ҳақдор расон» гуфта ва бо пешонӣ сангро суфта, сидқан калима гардонда, талабу ният кардан даркор…

Бимастура нишондоди раҳнаморо мӯ ба мӯ риоя карду ҳини саҷдаи ҳафтум поёни нофаш мисли лахчаи ҳезуми зардолу гармакак шуд басо фораму рӯҳнавоз. Умед кард, ки шояд ниёиш қабул шудаву ҳақ ба ҳақдор расида бошад. Дар чунин лаҳзаи ҳассос шайхи мазор шитобон омаду ҳадаҳа кард:

— Кори заруре баромаду Пирам Подшоҳмарди Валӣ рафтанашон даркор. Таъхир халал меорад, сустӣ ба дурустӣ намерасонад. Кафшро кашида, шиппас ба хонақоҳ даромадан даркор…

Хонагоҳ тозаву озода ва хушбӯй буд, аммо ғайр аз як палоси сафеди туркманӣ, ду кӯрпачаи ба шакли мусовӣ густурда ва сандалии урён, ки болояш давоту қоғаз ва чанд китоби гуногунҳаҷм меистод, дигар бисоте ё ҷиҳозе надошт. Ба девори яклухт ва бетоки тарафи рост мехи чӯбине кӯфта, ҷойнамоз овехта буданд. Ҳазрати Бадеуддини Нурӣ, ки дар кунҷи боло рӯйи пӯстак нишаставу ҳар замон ба китоби сари зонуяш нигариста, тасбеҳ мегардонд, Бимастураро бо ишораи абрӯ иҷозати нишастан дод. Аммо вай маҷоли ҷунбидан надошт, моту мабҳут ва саропо карахт шуда буд. Зеро рӯ ба рӯяш ҳамон мӯйсафеди нуронӣ ва сафедпӯше менишаст, ки дар хоб дида буд!! Ҳамон саллаи ҳафтпечу ришу мӯйлаби нуқрафом ва абрувони пайвасту чашмони пурмеҳр, ҳамон яктаҳи васеъ ва дарози урфӣ…

Бимастураро ҳаё пахш кард. Ҳарчанд кӯшид, суханҳои қаблан тайёркардаашро ба забон оварда натавонист. Вай гуфтан мехост, ки аз хонадоршавиаш чор сол гузашта бошад ҳам, ҳанӯз бефарзанд аст. Ҳамсолҳояш аллакай дутоӣ ва ҳатто се кӯдак доранду ҳар гоҳе онҳоро бинад, чашмаш чашмаи пуроб мешавад. Шавҳараш низ ҳоли табоҳ дорад, ҷигаркабобу синагирён ва дилбирён асту ғӯла ба танг омада… Ва ғайраю ҳоказо гуфта, маддаи дил кафондан мехост. Вале натавонист. Зеро ҳис кард, ки Ҳазрати Бузургвор ҳамаи ин гапҳоро, ҳатто бештар аз инро хуб медонаду аёнро ҳоҷати баён нест.

Бо чунин андеша муқаддимаи дарднокро нагуфта, рост ба сари мақсад омад:

— Як хоби аҷоиб дидам… Хобкушои деҳа дар таъбираш оҷиз монд… Пеши Шумо гусел кард…

— Хуш омадӣ, Мастураи ворухӣ. Ба Хуҷанд, ки омадӣ, лаби ғунча ба табассум кушо ва дар шаҳри хубони олам гарду ғубор аз дилу чеҳра дур афкан. Зеро ба ту дуруст фаҳмондаанд, ки агар зани чашминтизор кабутар ба хоб бинад, модари духтар шавад. Аммо ту татайюр накун! Яъне аз парвози мурғ дар хоб фоли бад нагир. Ту ба шодию нишоти бештар ҳақ дорӣ. Зеро кабутари сафеди дар хоб дидаат парандаи биҳиштист ва аз кафтархонаи Ҳасти Бибӣ Марям (раҳиматуллоҳ) ирсол гардида, чунин маъно дорад: аз батни ту шоҳдухтаре падид меояд он қадар гулчеҳра ва гуландом, ки аз машриқ то мағриб сурате ба хубию хушӣ тимсоли ӯ нест ва гузаш- тагон мисли ӯ нозанин надидаанду ояндагон нахоҳанд дид!

Акнун сухане бишнав дар бораи он парандаи осмонӣ, ки тори сари ту ва кабутари бағалат тоб мехӯрд: он мурғи ҳумой аст ва бо амри Ҳақ Таъолоҳ агар сояаш бар сари касе афтад, ҳумоюнбахт мешавад. Яъне, кафтараки ту ҷойгузин хоҳад шудан зери болу пари бузургворе, ки он… на манам! Замоне туву амакат дар роҳ будед, «Китобу-т-тафҳим»-и Беруниро назар кардам. Гардиши фалак, ҳаракати ситораҳо ва навиштаҳои дафтари нуҷумият аз он шаҳодат медиҳад, ки рӯзи дар дунё ба парвоз омадани кабутари ту дар машриқзамин шоҳи бузургманиш ба тахт мешинад ва кафтари ту дар сояи давлати ӯ болу пар меафшонад.

Ҳоло сабаби дар хоби табъӣ намудор шудани маро бишнав, Мастураам. Чоштгоҳи рӯзи ҷумъа дар ин хонақоҳ ду ракъат намоз аз баҳри Ягона адо карда, дар муроқиба будам, ки нидое аз ғайб ба гӯш расид: «Дар деҳаи дурдасти саргаҳи Сайҳун мастурае, ки решаи маҷнунбед ва садаи зиёратгоҳҳо бо ашки чашм шодоб кардааст, мӯҳтоҷи маслиҳати туст. Фарзандгадои дарбадарро навозиш намо.»

Бо амри Парвардигори олам дарҳол ба имдод расида, дасти иноят сӯят дароз кардам, эй Мастураам, то ҳама кори ту некӯ шавад.

Вуҷуди ҷавонзан ларзид, дар баданаш рашъа дамид ва ба обу арақ ғӯтид. Зеро «мастураам» гуфтани ин Пир ва он Пире, ки дар хоб дида буд, комилан ҳамсадову ҳамоҳанг буд ва дар дилаш ягон зарра шубҳа намонд. Худро пеши пойи Ҳазрати Бузургвор пар- тофт ва дасту домони вайро беист бӯсида, ашки шодӣ мисли дурдона мерехт.

Ҳазрати Бадеуддини Нурӣ пас аз андаке тааммул бо нӯги ангуштони муборак сари оҷизаро аз замин боло бардоштаву сила намуда, дар бедорӣ низ дасти шафоат ба китфаш гузошт:

— Дуоҳоят, гиряву нолаҳоят шунида ва пазируфта шуд, Мастураам.

Назру ниёзҳоят, садақа ва бахшишҳои бешуморат қабул гардид, Маъсумаам.

Вақте назди санги Ҳақдор нолиш ва ниёиш мекардӣ, барои таъвил китоби муборак кушодам ва иборае табаррук пеши назар омад: таҳмилуҳу — малоикату2. Ин башорат аз он аст, ки ҷисми поки тифли некро малоикаҳо аз нур хоҳанд сиришт ва дар зиндагӣ фаришта магасрони он баландахтар мешавад!

Ин каломи муборакро рӯйи коғаз овардаю дам андохта, бароят тӯмор сохтам. Ё Мастура, ақбил ва ло тахаф! Пеш ой ва матарс! Туро маслиҳат ин аст, ки ҳамеша онро бо худ дошта бошӣ ва мисли гавҳараки чашм ҳифз кунӣ. Зеро агар тумори нигаҳдошт гум шавад, фаришта бигурезад…

Бимастура тумори чаҳоркунҷаро бо тавозӯъ аз дасти Шайх Бадеуддини Нурӣ гирифта, ба дидаҳояш молид ва барои шунидани давоми сухан боз дузону нишаст. Ҳазрати Бузургвор ояте аз каломи Маҷид қироат карду бо дуои нек таъвил, таъбир ва тадбирро ҳусни хотима бахшид:

— Эй духтари чашминтизори бобо! Вақти хайрбод ҳам фаро расид. Дигар маслиҳат ин аст, ки хезу лаби ҳавзи масҷид рав, ки обаш файзи оби Замзам дорад. Се каф нӯшида, насибаи худ дарёфта, вақти хориҷ шудан занҷири Дари мурод-баромадгоҳро бӯсида, бо касе ягон ҳарфи зиёдатӣ магӯ ва худро ба Ворух расон. Давоми нек роҳатро, пешонаатро Худо кушояд.

Ором ва омода бош, Макнунаам…

Ба шавҳарат аз номи мо дуруд бигӯ. Зеро пуртоқатӣ ва таҳаммулпазирӣ, ки писанди Худост, меҳвари мазҳаби мост. Калиди бахту саодат, қулфкушои дилҳо ва ҳама мушкилҳо сабр аст.

Сабурӣ пеша кун, гар ком хоҳӣ,

Бикун тамкин, гар ором хоҳӣ.

Бимастура бори дигар одоби пойбӯсӣ ба ҷо оварда, бардам аз ҷой хесту «Раҳмати Худо ба саратон борад, Пири Бузургворам! Умри пурбаракат бинеду ҳазорсола шавед, Пирам Подшоҳмарди Валӣ!» гӯён қафонокӣ аз дар баромада, базудӣ худро ба ҳавзи мусаффо расонд.

Аввал дасту рӯй шусту ба нияти сафо шурӯъ кард обнӯширо. Чун маротибаи сеюм ба каф оби зулол бардошт, кабутари сап-сафеде аз шохи сиёҳбед ба лаби ҳавз нишаст, ки дар минқор ҳалқаи зард дошт. Ҷавонзан об дар каф лаҳзае интизор истод, то ба парандаи беозор халал нарасонад. Вале кабутар ба вай нигоҳе накарда, ҳалқаро лаби ҳавз гузошту нӯл ба об андохт. Бо чанд қатраи пок ташнагӣ бишкасту болу пар афшонда, сабук боло парид. Аммо ҳалқа ба минқор нагирифт: ё фаромӯш кард, ё барои Бимастура ҳадя гузошт.

Оҷизаи ҳайратзада оби дар каф доштаашро, ки аллакай нисф кам шуда буд, саросема нӯшиду бо кунҷковии хоси занона ҳалқа аз замин бардошт. Дид, ки ангуштарест бенигин. Хост бозгашт ба ҷояш ниҳад. Вале дудила шуд. Барои санҷиш ҳалқа ба ангушт андохт. Завқаш омад — ончунон чену чамма, ки гӯё махсус барояш сохтаанд!

«Насибаи худ дарёб» гуфтани Пири Бузургвор ёдаш омад. Аз таҳти дил «Асло рӯзи камия набинед, Пири ҳамабин ва ҳамадонам!» гӯён бо чашми пуршарар гоҳ ба чаллаи ангушту гоҳ ба кафтари чаллабиёр нигариста, баъди бӯсидани занҷири Дари мурод ҷониби ароба бардам-бардам қадам ниҳод. Кабутар лаҳзае дар болои ҳавз бол афшонда, интизор истоду сипас аз қафои ароба парида, вақте аз дарвозаи Хуҷанд берун шуданд, ба боми гардуна нишаст. Аз он ҷо ба китфи кадбону гузашт…


* * *


Бимастура аз дарвозаи ҳавлияш даромадан замон кабутарро раҳо кард. Паррандаи хастагашта муддате қанотак зада, пешу қафо роҳ гашту фиррӣ парида, ба шаҳтоки айвон баромад. Боҳаловат нишаста, «курр-курр» садо баровард. Кадбону сармаст аз суруди кабутар каф-каф биринҷу арзан ба пешаш пошид ва бозавқ хурӯшид:

— Хуш умадӣ, кафтари бахтоварам! Акнун хунаи ман — лунаи ту. Кошунаи ман — ошюнаи ту. Майли хотир боли парвоз кушо!

Кабутари умедро кадхудои хонадон Абдулсайид ҳам хуш пазируфт. Устои гулдаст ҳама корашро як тараф монда, дар кунҷи бом барои ин паррандаи биҳиштӣ кафтархона сохту дар саҳни ҳавлӣ патвоз — ду шохи сафедор ба замин кӯфта, навдаи аз нарангушт ғафстари бедро болочӯб намуд, то нишемангоҳи кафтар шавад. Ҳам дар боло ва ҳам дар поён обу дони беҳтаринро фаровон фароҳам овард.

Ҳафтае нагузашта, кадбону ва кабутар ба ҳам унс гирифтанд. Паррандаи саҳроӣ тадриҷан хонагӣ ва дастомӯз шуд. Бетарсу ҳарос ба хона медаромад, болои сандалӣ мебаромад, сари китфу рӯйи зону менишаст. Андактар кор ба ҷое расид, ки кадбону ва кабутар якҷоя — аз як табақ ғизо тановул мекарданд. Ва рӯзе, ки кадбонуро нишони фарзанд падид омад ва ӯро узри занон баста шуд, қариб буд ба маҳфили онҳо боз як парранда ҳамроҳ шавад.

Лаҳзаи офтоббаро Бимастура дар шохи дарахти мирсанҷалӣ, ки ширинтарин зардолуи Ворух ба ҳисоб мерафт, мурғаке дид зарринболу зебопайкар, хурдҷусса, аммо бовиқор. Беист аз як шиппа ба дигараш ҷаҳида, мисли булбул чаҳ-чаҳ мезад фораму гӯшнавоз. Кадбону ба шавқ омада, дасти рост саҳле боло бардошт, ба умеде, ки паррандачаи зебо рӯйи кафаш биёяд. Вале мурғак рост ба кафтархона париду лаҳзае гирди кабутар парвона шуд. Аз обу донаш насиба гирифту босуръат ҷониби кӯҳи Душоха парвоз кард.

Овози шавҳар зани ҳайратзадаро ба худ овард:

— Рӯзат бахайр, бонуи дилам! Чаро дар мобайни ҳавлӣ сутун гаштаӣ?

— Дар шохи мирсанҷилӣ ҷинқарча дидаму…

– Ҷинқарча не, бонуи дилам, шахиш вай. Номи дигараш шахпарак. Ман ҳам дидам — аз субҳдамодам пештарак омада буд. Ба патвоз нишасту хеле суруд хонд. Ин фоли нек, бонуи дилам.

— Чӣ хел?

— Ин мурғаки нодир, ки фақат аз зираю кокутӣ ғизо мегирад, фақат пайки шодӣ меорад.

— Наход?

— Бовар кун, бонуи дилам. Дар «Китоб-ут-тайр» қосиди ҳумо тавсиф шудааст.

– Қосиди мурғи ҳумой?!

— Оре, бонуи дилам. Доноён навиштаанд, ки ҳар касе шахишро бинад, коми дил ба даст меорад. Агар шоирона гӯем, аз дарахти орзуи дерин меваи ширин ба бор меояд.

— Хеле аҷоиб!!

— Ягон аҷоибот намебинам, бонуи дилам.

— Аҷоибот он аст, ки намедонистам бо кадом забон, чӣ хел ба шумо пайки шодӣ расонам. Қосиди мурғи ҳумо аз ман пешдастӣ кард. Шодӣ кунед, додо мешавед…

— Асал ба даҳонат, бонуи дилам! — Абдулсайид аз муждаи деринтизор ончунон ба ваҷд омад, ки шарму ҳаёро фаромӯш ва урфу одатро сарфи назар карда, дастони меҳнатияшро чун шаҳболи уқоб васеъ кушода, ҳамсарашро гарм ба оғӯш кашиду аз рухсораю пешонааш паёпай бӯсид ва шаддаи марвориди яманӣ ба гардани зебои вай овехта, бо овози аз шодию ҳаяҷон ларзон хитоб кард: — Имрӯз чеҳраи ту хубтар аст аз ҳама рӯзҳои дигар! Офарини олам туро, эй бонуҷони дилам, ки мани пиёда ва сархамро шоҳсавори сарбаланд кардӣ! Дили яхбаста ва санггаштаи маро бо як сухан гарму нарм сохтӣ!

Шавҳари шодгашта дарҳол намози шукру сипос гузорид. Ба мазори саҳобаи гиромӣ гӯсфанди чорсолаи бахта назр намуду ба Муясарбону шоли заррин ва куртаю ҷомаи нав аз шоҳивори беҳтарин ҳадя овард ва ёру дӯстонро ба зиёфат хонд…


* * *


Дар яке аз рӯзҳои сеюмин моҳи ҳомиладорӣ Бимастура ҳис кард, ки сараш чарх мезанаду дилаш беҳузур гашта ва чашмонаш тира мешаванд. Дарҳол момодояро ҳозир карданд. Набзи беморро санҷиду тапиши дилашро гӯш андохт, кому забонашро муойина кард ва фаҳмонд, ки ин ҳолат барои занҳои ҳомила муқаррарист ва Бимастура чун дигарон сарторик шудааст.

— Аксар занҳои дуҷон ба туршӣ дилкашол мешаванду табъи баъзеҳо ширинӣ меҷӯяд. Як ҳамсояи мо дар чиллаи зимистон ба ғӯра сарторик шуда буду дигар занак — ба шири хар! Дили ту чӣ мехоҳад?

— Гӯшти кафтар…

Ин гап аз даҳони Бимастура баромадан ҳамон кабутари хонагӣ ноором шуда, ҷониби кадбону нигоҳи аҷибе афканду аз равзана фаррӣ парида, ба айвон баромад. Бори дигар бо чашми ҳаросон соҳибхонаро нигаристу бо тамоми қувват бол зада, ҷониби офтоббаро парид. Бимастура, ки амали кабутарро бо чашми нимторику дили пурғаш тамошо мекард, оҳи сарде кашида, гиряолуд, аммо бесадо гуфт: «Ҳамааш айби худам. Аввал ман хиёнат карда, ба гӯшти кафтар дандон тез кардам. Маро бубахш, кабутари сафедам, кафтараки умедам… Аз гуноҳам гузар…»

Момодоя, албатта, ҳарфи бесадои кадбонуро нашунид. Аммо ба ҳушёрию чаққонии кабутари рамида қойил шуда, базавқ хандид:

–Ҳақиқатан ҳам ҷон чизи ширин будааст! Паррандаи безабон чӣ хел фаҳмид, ки кадбону гӯшти вайро қайла кардан мехоҳад?!

— Гӯшти ин кабутар не! — гиряолуд овоз баровард Бимастура. — Ягун кафтари дигар ёбед.

Абдулсайид пичингомез гуфт:

— Оббо, ҷонвари доное! Оъ… агар натарсида, ором дар ҷоят меистодӣ ҳам, ман ба ту кордор намешудам… Ҳай-ҳай! — гуфт пичингомез Абдулсайид ва бо таассуф сар ҷунбонда, саночу камон гирифту ба шикори кабутар рафт. Аммо дастхолӣ баргашт — то вақти говгум кофту кофт, ягон кафтар наёфт.

Субҳи дигар ба он тарафи кӯҳи Душоха гузашт, ки макони беодам буд. Ин ҷо гулу гиёҳу дарахтони ёбоӣ беадад мерустанд ва парандаю чарандаи хелмахел бехалал мезистанд. Лекин, ҳарчанд ҷустуҷӯ кард, лоақал як пари кафтар надид…

Шалпару ниммурда ба хона баргашту чор мурғи тазарв ва кабки ҳилол болои хон ниҳод яке аз дигаре фарбеҳу ботароват ва иштиҳоовар. Вале Бимастура, ки то ҳол намаке ба даҳон набурда буд, беҳолона «кафтар» гуфту аз ҳуш рафт.

Вақте ба худ омад, овози шавҳарашро шунид, ки бо алам мегуфт:

— Агар ин аҳвола медонистам, ун кафтари гурезпоя бо ресмон баста мемондам… Уфф… Агар ҳозир ҳамун кафтарак мебуд…

— Чӣ кор мекардед? — бо имои чашм пурсид Бимастура.

— Даррав пӯсту пора карда, ба дег меандохтам.

— Неъ! — Бимастура тамоми қувваташро ҷамъ оварда, пурсӯз нидо баровард. — Гушти ун кафтара хурдан мумкин не!! Вай… кабутари бахтовар…

— Бахтовар буд, марговар шуд! — сӯзи дил пинҳон дошта натавонист дуредгар. — Туро аниси беҳтарин буд, лекин… дар лаҳзаи заруртарин гурехт. Туро танҳо партофта, бенишон ғайб зад. Хиёнат кард ба ту!

Аз таънаҳои шавҳар маҷрои фикри Бимастура тарафи дигар тоб хӯрд ва гиряолуд гуфт:

— Рост мегуед, хиёнат кард! Вақте донист, ки гушти кафтар мисли нушдору ба ман зарур аст, ҳам худаш гурехту ҳамҷинсҳояшам гурезонд, ба тухми кабутар қирон овард! Шумоя сарсон, мана бесомон кард. Агар ин кафтари нобакор ба дастам афтад…

Абдулсайид бо тааҷҷуби ошкоро ҳамсарашро нигарист, ки ранги рӯяш аз ғояти ғазаб кабуди сияҳфом гашту дандонҳояшро ғачарос занонда, бо мадади кадом як қувваи ниҳонӣ аз ҷой нимхез шуд ва бехудона фарёд кашид:

— Агар ун кафтари бевафо ёфт шавад, бо дасти худам пора-пора карда, хомохом мехурам! Хунашро об барин дармекашам! Хезед мардак, ёбед вай кафтара…

Бимастура тамоман беҳолу бемадор гашту рӯйи ҷойгаҳ пару афтид. Момодоя бесаранҷом шуда, шавҳари саргарангро ба по хезонд:

— Аҳволи занак чатоқ! Агар то бегоҳ обу ғизо нахӯрад, кӯдак талаф мешавад. Хезед, аз таги замин бошад ҳам, ягон кафтарбача ёфта бед.

— Боз ба куҷо равам? Дар Ворух кафтархона ё кафтарбозор набошад…

— Кафтархона гуфтед? — якбора ба ҷони момодоя ҷон даромад. — Назар ба шунидам болотар аз Санги калон кӯҳе ҳаст номаш Кафтархона. Зуд бошед, аз шикорчиҳо пурседу тозед!

Шикорчии мумтоз Акбар-паҳлавон узр пеш овард, ки кори заруре дораду ҳамроҳ рафта наметавонад ва фақат роҳ нишон медиҳад.

— Шикорчиҳо Санги калона дарвозаи Кеҳ мегӯянд. Як фарсанг болотараш кӯҳи Гаҳвораи заррин ҳаст. Аз бараш як дарёчаи шӯх мегузарад, ки пули ларзон дорад. Аз кӯпрук гузашта, сесад қадам тарафи чап баройӣ, ба Кафтархона мерасӣ. Валекин бағоят эҳтиёт шав, ки пайроҳа лағжонаку хатарнок асту таги ҳар санг як мори калон хона дорад.

— Ин морҳо кафтарбонӣ мекунанд?

— Не, Гаҳвораи заррина посбонӣ мекунанд.

— Аз кӣ?

— Аз деву дад. Мегӯянд, ки гаҳвораи заррини дар мобайни кӯҳ будагӣ моли шоҳи париён асту дар гаҳвора фақат паризодаҳо ҳақи хоб доранд.

— Ба гаҳвора коре надорам, ба ман кафтар даркор.

— Ин хел бошад, натарс. Харсавор меравӣ ё пиёда?

— Аспакӣ.

– Ҷудо нағз. Бишитоб. Роҳи сафеду барори шикор…

Аспи бодпо соҳибашро зуд ба даромадгоҳи Кафтархона расонд. Аммо, қасди кор, кӯпрукро об бурда буду Абдулсайид ҳарчанд кӯшид, на пиёдаю на савора ба соҳили дигар гузашта натавонист. Аз қаҳру алам ба оби лойолуд туф карда, бечораҳол ба замин нишаст ва имдодталабона ба гирду атроф нигарист. Дар ин моваро теғи нигоҳаш ба Гаҳвораи заррин бархӯрд ва… мисли моргазида аз ҷой ҷаҳида хест: бо чашми сар баръало дид, ки дар он ғорчаи гаҳворамонанди мобайни кӯҳ кабутаре бовиқор нишастааст.

Усто кабутари сафедро дарҳол шинохт. Тоқӣ аз сар гирифтаю дастонашро ба ду тараф алвонҷ дода, аз бехи гулӯ овоз кашид:

— Эй-й кабутари уме-ед!! Поё-онн фаро-ооо!! Кадбонуят интизо-ооор!!!

Кафтар ҳам соҳиби овозро шинохт. Балки ӯро интизорӣ мекашид магар, ки бол афшонда, тирвор поён парид ва ба зини асп нишаст. Саҳле нафас рост карду ба китфи рости Абдулсайид гузашт ва зайли пешина «Курр-курр» овоз баровард. Ё «салом» гуфт, ё «рафтем». Ё ҳар ду…

Назди Санги калон онҳоро… Аҳмадсайид интизор буд.

— Ба Ҳазрати Бузургвор як сабад себу ноки яккачини Ворух ҳадя бурда будам. Аввал аз ҳоли Бимастураю кабутар пурсиданду андешанок гуфтанд, ки «кафтари тоқа дар танҳоӣ дер напояд» ва ду ҷуфт кабутар ба сабад андохтанд. Ба ту дуруди фаровон гуфта, хатчае навиштанду фармуданд, то оҷилан дастрас намоям. Аз ҳамин сабаб шитобон ба ҷустуҷӯят омадам.

Нома ҳамагӣ аз як ҷумла иборат буд: «Маслиҳат ин аст, ки агар зани ҳомиларо хӯрдани луқмаи шубҳанок зарур бошад — раво бошад». Абдулсайид моҳияти маслиҳати саривақтиро фаҳмиду сари кабутари мушкилкушоро сила карда, бо тамоми қувват аспро маҳмез зад. Мехост ҳар чи зудтар кабутар бо ду дасти адаб ба кадбону супорад. Вале паррандаи зирак пешдастӣ кард ва ба ҳавлӣ расидан ҳамон бо чусту чолокии ҳайратангез аз бағали аспсавор берун парид ва болои сандалӣ ором нишаст.

— Омадӣ? — пурсид Бимастура бо чашмони хунполо.

— Кур-р! — садо баровард кафтар ва ҷониби Абдулсайид нигарист.

— Ист, бонуи дилам! — саросема, аммо омирона нидо кард кадхудо. — Амакат аз Хуҷанд чор кабутар овардагӣ. Ҳозир мебиёрад.

— Не! Ба ман кабутари дигар даркор не. Ин бевафоя ҷазо метиям! Дӯсте, ки вафо накард, душмани мост!

— Сабр кун, бонуҷон…

Момодоя наздиктари кадхудо омада, аз оринҷаш дошт:

— Бо зани сарторик гапгузаронӣ накунед, соҳиб. Сар торик шавад, ақл тира мегардад. Сарторик аз девона пурхатар аст, вайро ба ҳолаш монед…

Бимастураи ҳалиму меҳрубон, ки то ба ин лаҳза ҳатто пашшаро озор намедод, ҳолиё дилраҳм набуд. Лабони парсингбаста бо пушти даст пок намуда, дандон ба ҳам совиду ғароиб хандида, мисли гурбаи ваҳшӣ кабутари таслимшуда ва ором истодаро дудаста ба чанг гирифту саросема сар аз танаш ҷудо кард. Ниму нимкора пар канду ҳарисона хунаш даркашид. Баъд лабу дандони карахт бо нӯги забон лесида, почаи кафтар ба даҳон андохт. Луқмаро нимхойида фурӯ бурду линги дигар ба даст гирифт. Баъд дилу ҷигар рӯйи каф гузошта, муддате ҷунбонду мисли талқон ба ком партофт ва нимхойида фурӯ бурд. Вақте навбати ҷиғилдон расид, шояд аллакай сер шуда буд, ки лаҳзае таваққуф карда, болою поён ва чапу рости онро бо кунҷковии бачагона аз назар гузаронд ва бо нӯги нохун пардаи ҷиғилдонро дарронд.

Момодоя низ гардан ёзонда, даруни халтадонро нигарист: чанд дона арзану гандум, ду-се ҷисми кирмшабеҳ, андаке баргу сабзаи гиёҳ ва сангпорае аз мош калонтар дид.

Бимастура ҷиғилдон ва ҳама лашу луши онро болои сандалӣ партофту фақат сангчаро нигоҳ дошт. Онро аввал бо нӯги ангуштон ламсида, баъд бо остин пок кард. Сангча дурахше бароварда, дар партави чароғ ҷило дод. Ҷилои рангоранг…

Аз ҷилои санг ақли тирагаштаи зани сарторик равшан гардид. Аз таги болишт ангуштари бенигинро бароварда, санги рахшонро шитобон ба чашми холии он ниҳод. Аҷаб нигине шуд созу мувофиқ! Аз шодӣ мисли гули баҳорӣ шукуфт ва «Нигин ёфт шуд!» гуфта, зангуладор хандид. Баъд кабутар ба ёдаш омад магар, ки гули хандон хазону чеҳраи шукуфон ҳазин гардид. «Во кабутарам!» гӯён, рӯйи чойгаҳ афтид ва баланду бардавом гирист.

Момодоя, ки сирри кабутар ва нигинро намедонист, аз гирдгаштҳои ногаҳонӣ дилтангу асабонӣ шудаю сарҳисоби корро гум карда, то ором шудани Бимастура лоубол истод. Андактар бо ҳадя- ҳои шоҳона ба ҳавлияш рафту расо баъди чор моҳу чор рӯз боз омад. Саҳеҳтараш, вайро бо илтимосу илтиҷои зиёд, аз ҷойгоҳи хобаш хезонда, нисфишабӣ ба сари болини Бимастура оварданд, ки аз шиддати дард печутоб мехӯрд.

Дили тарсхӯрдаи момодоя меларзид. Вале… таваллуди тифли ҳафтмоҳа беозор ва осон шуд…

Садои гӯшнавози меҳмони нав момодояи хоболудро ҳушёр кард. Вазифаи худ ба ёд оварда, ҳадаҳа тифлро рӯйи даст бардошт ва аз шодии ногаҳонӣ «Вай ман мурам! Ин духтарчая бинед, кафтарча барин. Майдаяк… Хушрӯяк. Сап-сафедак» гуфту баъди ба худ омадан паёми табрикӣ ба парокандагӣ изҳор кард:

— Меҳмони нав муборак бошад, духтарам! Илоҳо хушпою қадам ва тансиҳату хушбахтшавад. Чашмат ба дидори моҳи нав рӯшан бод!

Бимастура чашм кушода, дар дасти момодоя тифлаке дид мисли шир сафеду чун моҳи тобон дурахшон. Фаҳмид, ки равшании чашмаш аз талъати ин гулдухтар аст. Шод гашту бо лаби пурханда гуфт:

— Шукри беҳад, ки Соҳиби олам бо шарофати Пири Бузургворам ба ангуштарин нигин доду ба модари мискин Нигина! Шукри Худо, ки соҳиби сарам соҳиби фарзанд шуданд!

Вақте ин суханро Абдулсайид шунид, сабзу хуррам гашт. Гаштаю баргашта Офаридгорро сипосу сано хонд, ки ӯро ба мурод расонд, соҳиби зағораи тиллоӣ гардонд. Сипас шукри неъмат гузорид ва меҳмонхонаи гулкориро оростаю пероста гардонда, фаровон асбоби нишот фароҳам овард. Аҳли маҳалларо зиёфат доду ҳамроҳи ёру дӯстон ба дилхушӣ пайваст.

Дар авҷи зиёфат шавҳари момодоя, ки шоиртабъ буду бо тахаллуси Абдулмаҷиди Ворухӣ шеър менавишт, пой бар замин кӯфта, шоирона бонг зад:

— Эй мардум, маро гӯш диҳед!

Аз доямомо таърифи духтари Абдулсайидро бисёр шунидам. Гуфт, ки рӯи тифли нав чун моҳи нав тобон асту мисли парӣ зебо! Дарҳол як байти Фирдавсӣ ёдам омад:

Ҷудо гашт аз ӯ кӯдаке чун парӣ,

Ба чеҳра ба сони бути озарӣ!

— Ин хел нагӯ, шоир! — ҳадаҳа эрод гирифт Зарифи мударрис. — Бути зебое, ки падари Иброҳими пайғамбар Озар тарошидааст дар Ворух ҷой намегирад!

— Ин хел бошад, паричеҳраи нав бути Ворух аст!

— Дар хонаи Муяссари ҷоду як бути безеб ҳаст, ҳамон кофист!

— Он гаҷпора асту ин гулбадан! — паст наомад шоир. — Дилам гувоҳӣ медиҳад, ки Нигина бути Ворух мешавад. Яъне, аз бути Фархор зеботар, аз бути Яғмо раънотар, аз бути Чигил барнотар хоҳад шудан! Бузургтарин родмарди замон ба Нигина ошиқи шайдо хоҳад шудан!!

Аз ин каломи хуб хушҳолӣ дучанд гардид ва аксарият «Рост мегӯяд шоир, Нигина бадри Ворух, моҳи тобони Ворух, моҳи мунаввари шаби чаҳордаҳум дар осмони Ворух мешавад» гӯён дасти ҳиммат баланд бардошта, ба сари шоир борони дирам рехтанд.

Абдулмаҷид шод гашту нидо дардод:

— Шоҳи олам бандаи бути Ворух мешавад!

Чанд марди сармаст гапи шоирро лоғ пиндошта, «Бас! Дигар жож махой!!» гуфтанд.

Онҳо аз бехабарӣ чунин гуфтанд. Азеро ҳарфу ҳиҷои ин марди оташсухан ҳазён набуд. Вай мисли дигар шоирон шӯху далеру нотарс ва шартакигӯ буд, аммо ҳарзагӯ не: насибае аз ғайб дошту ҳини мавлудаш дар машриқи осмон бурҷи Савр ҷойгузин ва бинобар ин ҳар чӣ пешгӯӣ мекард — хоҳ ба ҳазлу шӯхӣ ва хоҳ ба оҳанги ҷиддӣ — рост мебаромад ё ба ҳақиқат наздик меомад.

Ин карат ҳам фоли шоир мутлақо дуруст баромад: дар шаҳри Гурганҷ намояндаи шашуми сулолаи Хоразмшоҳиёни кабир Қутбиддин Муҳаммади Сонӣ маҳз дар рӯзи мавлуди Нигина-явми чаҳоршанбеи бистуми моҳи шаввол, соли 596 ҳиҷрии қамарӣ мутобиқ ба сеюми августи соли 1200 мелодӣ ба тахти подшоҳӣ нишаст…

Равзанаи якум. Тафсири нахустин парвози андалеби Исфара ба Ворухи андалебнавоз

Аз мавлуди Нигина ҳазор рӯз гузашт ва амакбобояш Аҳмадсайид ибни Маҳмадсайид ба ин муносибат зиёфате мӯҳташам орост бо номи «Ҳазора». Барои ҳазор нафар дастархон кушода, онро бо ҳазору як хел нуқлу наво оро дод. Чанд гову гӯсфанд забҳ шуду дегҳои қатор аз таомҳои гуногун лабрез гашт.

Мардуми доирахабар шоду мамнун буданду дар ҳавлии калони тоҷири бузург давра-давра менишастанд — занон дар айвонҳои дарозрӯяи гаҷкорӣ, мардон зери дарахтони серсоя. Лекин тахтакати паҳни соябондори мобайни ҳавлӣ пуродам набуд — ҳамагӣ чор марди хушлибос болои кӯрпачаҳои шоҳию бахмал ба лӯлаболиштҳои пари қу такя задаву меҳмони ифтихорӣ будани худро намоиш дода, бо кибру ғурур ба атрофиён менигаристанд. Онҳо кам мехӯрданду бештар гап мезаданд ва ҳар замон беибо қоҳ-қоҳ механдиданд.

Садри ин маҳфил амлокдори бозори Исфара Аҳмадбеки хушмӯйлаб дулунҷа гӯшт мехойид ва аз шарики тиҷоратӣ буданаш бо соҳибмаърака меболид. Кадхудои Ворух Иброҳимхоҷа, ки ғайриихтиёри худ вазифаи чойрезиро бар ӯҳда дошт, ҳар гапи вайро тамаллуқкорона тасдиқ карда, гаштаю баргашта «Бойбобо, марҳамат кунед!» гӯён, гӯштпораҳои равғанин ва меваҷоти беҳтарин наздаш мегузошту гоҳ-гоҳе бо чашми илтифот ба ду меҳмони рӯ ба рӯ низ менигарист, ки аз ҷониби падари Нигина даъват шуда буданд. Чанд сол муқаддам як гурӯҳ устоҳои ворухӣ дар сохтмони масҷиди ҷомеи Исфара чил рӯз тариқи ҳашар кор карданду тибқи тақсимот Абдулсайид шабҳо дар манзили Насриддини усто мехобид, ки қории мураттаби «Қуръон» буду ҳама бо эҳтиром Усто Мулло мегуфтанд. Ситораи ҳар ду ба ҳам рост омаду дӯстони ҷонӣ шуданд ва рафтуомади тарафайнро ба роҳ монданд. Устои сангтарош даъвати устои дуредгарро бо хушҳолӣ пазируфта, додарзодааш Аҳмадро ҳамроҳ оварда буд, ки кайҳо боз тамошои манзараҳои афсонавии ин деҳаи биҳиштиро орзу мекард.

Аҳмади шоиртабъ ба сӯҳбати бузургсолон ҳамроҳ нашудаю ҳар замон мағзе ё мавизе ба даҳон партофта, бо завқи зиёд ҳаракатҳои мавзуни раққосаи тахмин 14–15 соларо тамошо мекард, ки Бойбобо кафи саховатро калон кушода, ӯро ҳамроҳи дастаи мутрибони номдори исфарангӣ ҳадя оварда буд.

Вақте таронаи шӯх анҷом ёфту муғаниҳо аз лаҳни сигонаи Борбад тараннуми сурудеро андар ситоиши волидон оғоз карданд, ба раққоса имконият фароҳам омад, то лаҳзае нафас рост карда, обу ғизо хӯрад. Хиромон роҳ гашта, худро ба ҳалқаи занҳо расонду мурғи хаёли Аҳмад ба парвоз омад. Зеро ба назараш чунин намуд, ки ин духтаракро пештар дар куҷое дидааст. Хеле фикру хаёл карду оқибат дарёфт: соли охирини таҳсил дар мадрасаи Марғинон ҳамроҳи ҳамсабақони шоирпешааш ба дарбори подшоҳӣ рафта, бо сарпарастии вазири фозил ва фарҳангпарвар Баҳоуддин, ки соҳибдевон буд, базми сухан ва ҳунар оростанд. Ана дар ҳамон маҳфили бошукӯҳ ин раққоса низ иштирок дошту мавриди таваҷҷӯҳи умум қарор гирифт. Байғушоҳ, ки ҳам қуввати фазл дошту ҳам фазли қувват вайро «товуси навхиром» номида, диноре чанд пеши пояш партофта буд…

Мақоми тӯлонӣ анҷом ёфтан ҳамон оҳанги сабук баланд шуд ва «товуси навхиром» бо нерӯи тоза бол кушода, ба рақсгоҳ парид. Дар тан парниёни сабук саҳнаро давр зада, лаҳзае дар мобайн қарор истод, то авҷи рақсро шурӯъ намояд. Ҳамин асно аз байни занҳо Нигиначаи гулгунлибос бо чеҳраи шукуфон дартоз баромаду айнан мисли раққоса саҳнаро давр гашта, дар паҳлӯяш ором гирифт. Ҳама даҳон калон кушода, аммо нафас дарун кашида, интизор истоданд, ки идомаи кор чӣ мешавад.

Мутобиқ ба зарби доира раққоса китф ҷунбонду Нигина ҳам китф ҷунбонд. Раққоса даст бардошту духтарча ҳам даст бардошт. Пой ҷунбонад — пой меҷунбонд, сар афшонад — сар меафшонд.

Доду ғиреви мардум ба осмон печид. Ҳама баробар каф кӯфта, офарин мегуфтанду нидои шодӣ мебароварданд. Бойбобо мисли аспи ҷавмаст шиҳа кашида, як каф тангаи нуқра аз сари Нигина пошид. Часорати ногаҳонӣ ва тақлидкорию ҳаракатҳои ширини кӯдаке, ки ҳанӯз аз даҳонаш бӯи шир меомаду имрӯз ба ҳама гуна нозу нуз ва эркагию густохӣ ҳақ дошт, аксариятро ба по хезонд. Аҳмад ҳам ончунон ба ваҷд омад, ки бехудона аз кат фуромада, «духтарчаи хушрӯча»-ро озод аз замин бардошту дар ҳаво давр занонда, оҳиста поён фаровард ва навозишкорона аз пешониаш бӯсид. Сипас бо овози ҷарангосӣ гуфт:

— Мебинам, ки дастафшонию пойкӯбии ин кафтараки навбол ҳамаро шӯр ангехт. Ман ҳам сахт шодмона шудам. Бадоҳатан як рубоӣ эҷод шуд, ки ба Нигина мебахшам:

Гулбоди баҳор атрфишон аз рақсат,

Хушҳол шуда пиру ҷавон аз рақсат.

Маҳрум мабод то қиёмат ҳаргиз

Чашми ҳама мардуми ҷаҳон аз рақсат!

Шеъри шоирро кадхудои деҳа ба дуо гардонду ҳама баробар омин гуфта, бо шавқи тоза хушҳолиро идома бахшиданд. Абдулмаҷиди Ворухӣ — ҳамон шоири ғайбдон, ки Нигинаро ҳангоми кӯдаки бачилла буданаш «Бадри Ворух» унвон дода буд, ширакайфу чеҳрагулгун лаби тахтакат омаду одоби саломро нопурра баҷо оварда, бетакаллуф паҳлӯи Аҳмад нишаст ва ба тахтапушташ тап-тап зада, мастона гуфт:

— Ман ҳам усулу бозии Нигинаро дида, як шеъри зӯр бофтанӣ будам. Офарин ба ту, ки пешдастӣ кардӣ. Биё, ҳамин шеъри туро хушрӯ навишта, ба падараш тӯҳфа мекунем. Усто хурсанд мешад.

Хоҳиш дарзамон иҷро гашту Абдулмаҷид аз коғазпора рубоиро бо овози баланд хонда, ба Абдулсайид бахшид ва шодиёна гирифт. Сипас бори дигар бо кафи даст китфи Аҳмадро тап-тап «навозиш» карда, дар лаби дарёча ӯро ба сӯҳбат кашид:

— Бахудо, ки шеъри нағз эҷод кардӣ! Ту чанд сол боз шеър менависӣ?

— Се сол боз… Аз чордаҳсолагӣ машқи шеър мекунам.

— Устодат кӣ?

— Бародарам Шаҳобиддин.

— Шаҳобиддини Булбул? Писари қозии Тамохуш?!

— Бале.

— Вайро нағз мешиносам. Чандин бор ҳамроҳи Усто Мулло ба Ворух омадагӣ. Мо якҷоя бисёр кӯҳу дараю ҷоҳои зеборо тамошо кардагӣ. Лекин туро якум бор мебинам.

— Шаш сол дар Марғинон будам, муҳассили мадраса…

— Шаҳобиддин чаро наомад?

— Вай ҳозир дар Самарқанд. Аз Ворух баргардем, наздаш меравам.

— Барои тамошо?

— Не. Таҳсилро давом додан мехоҳам. Боз… дар он шаҳр шоирони зӯр бисёр…

— Рост мегӯйӣ. Афсӯс, ки ҳамроҳат рафтан наметонам.

Шоирам ман, шоирам ман,

Шеъри ман дар қуллаи кӯ.

Аз сари сангу сари ҷӯ

Мезанад рӯ, медиҳад бӯ.

Агар хоҳӣ, ҳамроҳ Ворухро чарх мезанем. Ҷойҳои Шаҳобиддин дидагиро мебинӣ, илҳомат ояд, шеър менависӣ.

— Саломат бошед, ако, ки табъи дилам сухан гуфтед. Ман барои зиёфатхӯрӣ не, барои тамошо омадагӣ. Бародарам гаштаю баргашта мегуфт, ки «то Ворухро бо чашми дил набинӣ, шоири асил намешавӣ!»

— Гапи Шаҳобиддин ҳақ асту рост. Ворух манзараҳои зебо бисёр дораду таърихаш қадимаю бою рангин. Дар бағали ҳар санги Ворух як қисса асту ҳар ғор пури асрор ва ҳар қуллае соҳиби як ҳикмате…

— Муболиғаро ба ҳадди ғулувв расондед, акои Абдулмаҷид! — беғаш хандид меҳмон. — Масалан, қуллае, ки тори сари мост, чӣ ҳикмат дорад?

– Ҳикмати ин қулла — як номаш Тешазадагӣ — басо талх асту мағзаш аз ишқи ҷигарсӯз бармеояд. Номи дигари ин кӯҳ Душоха асту ба ишқи Фарҳод пайванд:

Ошиқам ман, ошиқам ман

Дарду доғам бод бурда.

Банди дил ҳамчун Душоха

Тешаи Фарҳод хурда.

Мегӯянд, ки замонҳои қадим дар Ворух як гулдухтари нозанине машҳури олам буд бо номи Парихон. Қадаш сарви равон, лабаш гули хандон ва рухаш моҳи тобон будаасту Ширини моҳҷабин дар хирмани ҳусни вай хӯшачин. Бисёр ҷавонҳо аз дуру наздик ошиқи ин парипайкар шуда, хостгор аз пайи хостгор мефиристоданд. Вале ҳама ҷавоби рад мешуниданд. Зеро ин духтар Фарҳод ном деҳқонписари дилхурӯш ва орзупарварро дӯст медошту ҳар ду ошиқи ғош буданд ва савганди садоқат ба забон оварда, ки агар ба висоли якдигар нарасанд, тарки дунё мегӯянд. Падари духтар аз ин ишқи ифротӣ огоҳӣ дошт. Аммо на духтар ба Фарҳод додан мехосту на духтар аз даст додан. Рӯзу шабон фикр карда-фикр карда, тадбире ёфт ва ба ҳама хостгорон чунин шарт гузошт:

– Ҳавлии ман соярӯ — соле ёздаҳ моҳ ҳавояш хунуку рӯшноияш тунук, фақат як моҳи чилаи тобистон рӯйи офтоб баръало намоён мешавад. Чунки қуллаи сабили рӯ ба рӯ пеши офтоба гирифтагиаш гирифтагӣ. Ҳар касе ин қуллаи бахила паст карда, манзили мана офтобрӯя кунад, Парихон ҳаққи ҳалолаш шавад!

Ин шартро шунидан ҳамон ҳамаи хостгорҳо бо алам ба қуллаи баланд нигаристаю «зӯри беҳуда миён шиканад» гуфта, ноилоҷ дасту дил шустанд. Фақат Фарҳоди ориятманд путку теша ва обу тӯша гирифта, чун ҷавоншери маст худро ба тори кӯҳ расонд, то қуллаи баландро паст гардонад ва коми дил ба даст орад. Ҳафтае чанд обу арақ резонда, пайваста путку теша зада, аз ду тарафи қулла камар кофт, то кӯчонидани қулла осон гардад.

Мардуми деҳа аз ҳарбу зарби деҳқонписари шердил бо кӯҳи бахил ба таҳрик омада, хайрхоҳона даст ба дуо бардоштанд. Зеро аз поён баръало медиданд, ки агар Фарҳод боз андаке заҳмат кашад, рахна васеътар гашта, кӯчидани қулла осонтар мешавад. Аз дуову санои мардум рӯҳ гирифта, ошиқписар солор аз ҷой хесту бо тамоми қувват, Рустамвор, путки гарон ба сари санги калон кӯфт. Он чорпора гашту ба ҳар тараф пош хӯрд. Тамошогарон оҳи сабук кашиданду Фарҳод шодмона ончунон наъра зад, ки аз акси садояш кӯҳ ларзид. Сипас пешонабанд аз сар кушода, арақи гардану рӯй пок карду латтапора мисли Дирафши Ковиёнӣ алвонҷ дода, ба чашминтизорон ва дар навбати аввал ба Парихон нахустин пайки зафар расонд. Шӯру ғиреви ошиқнавозон ба фалак печид ва дастафшону пойкӯбон паёпай «Офарин!» мегуфтанд. Парихон низ дар болои бом болу пари шодӣ кушода, рӯймоли ҳарир аз сар ба даст гирифту чун ливои ошиқон ба ҷилва овард.

Ҳама суруру тантана доштанд, ғайр аз Хусрави бойбача. Вай ҳам талабгори ашадии Парихон буду аз он ки рақиби сарсахташ Фарҳод ба фатҳи қулла қариб омадааст, чун мӯйи сӯхта ба худ мепечид.

Падари сарватманди Хусрав аз ҳоли зори фарзанди нолон ҷигарбирён шуда, дартоз пеши падари Парихон омад ва ҳадаҳа гуфт:

– Ҳавлии калони сари баландиро, ки чор хонаи барҳавою равшан дорад, бо ҳама фаршу колояш ва боғу гулзораш пурра ба ту бахшидам. Ин макони дилкушо ва офтобрӯяро мегирӣ?

Аз ҳадяи ногаҳонӣ падари Парихон пакар гашту пеши пойи падари Хусрав дузону нишаста, замини хидмат бӯсид ва шоду хандон гуфт:

— Бо чону дил мегирам ва аз мағзи дилу ҷон розӣ мешавам, ки фарзандони мо ақди никоҳ баста, ба муроду мақсад расанд!

Ин номардӣ барқвор ба гирду атроф паҳн гашту хурду калон дилсиёҳ гашта, андӯҳнок ба хок бознишастанд. Тағйир ёфтани ҳолати мардум Фарҳодро ба таҳлука андохт. Хавотиромез ҷониби ҳавлии маҳбубаи хеш нигарист. Дид, ки Парихони навакак чеҳрахандон болои бом парӯ хобида, дасткӯбон зор-зор гиря дорад. Дилаш таҳ кашид. Зеро медонист, ки навҳаи номуборак нишонаи мусибат асту гиряи маъшуқа мотами ошиқ мешавад.

Ҳазор афсӯс, ки чунин шуд: Парихон гирён-гирён рост хесту ба қуллаи кӯҳ нигарист ва бо аломати видоъ даст афшонда, аз боми баланд худро каллапо ба замини сахт партофт. Фарҳод, ки ин фоҷиаро аз боло бо чашми хунполо медид, «мардона мурдан дар роҳи ишқ кори мардони мард аст!» гӯён, бо ангушт Парихонро ишорат карду аз қуллаи тешазадааш худро сарозер поён афканд.

Кӯҳкамари бо зарби теша кандаи Фарҳод ба қабри ошиқи номурод табдил ёфт…

Аҳмад қиссаи афсонавиро бо мароқи том шуниду зери лаб ғурунгид:

— Ин ғам, ки аз Хусрав ба дӯстдорон расид, аз чашму дили газоф- кори падарон расид. Рӯзаш ва рӯяш сияҳ бод нохалафро!

Рости гап, дар бораи ишқи номуроди Фарҳоду Ширин ва Лайлию Маҷнун қиссаҳо бисёр шунида будам, вале саргузашти Фарҳоду Парихон басо шигифтовару дилхарош аст. Сад афсӯс, ки тешаи Фарҳод дили сангро шикофт, аммо ба дили сангин асар накард. Ҳазор афсӯс, ки номардӣ теша бар решаи ишқварзӣ зад… Худо агар хоҳад, вақту соаташ ояд, перомуни ин қисса достоне пуршӯр хоҳам набишт!

Эй набзшиноси ошиқон ангуштат,

Олуда ба хун аз раги ҷон ангуштат!

В-эй чанги Парихони сабукдилшударо

Ҳар дам чу парӣ дода забон ангуштат!

Рӯзи дуюми саёҳат шоирон ба тамошои дараи Патар рафтанд. Дар себаргазори хушнакҳати лаби ҷӯйбори Лор, ки оби ширину зулолаш аз чор чашмаи кӯҳсор қатра-қатра ҷамъ мешуд, муддате бофароғат нишаста, кӯфти роҳро бароварданд. Аҳмад аз тамошои манзараҳои яке аз дигарӣ зебо ва хониши мурғони хушилҳони кӯҳистон шайдочашму шефтадил гашта, пиёлаи пудиначой то қатраи охирин нӯшид ва бо шеваи ҳайратомез пурсид:

— Ин мавзеъро чаро Патар мегӯед?

— Ман аз куҷо донам? — бо ангушти ишорат буни гӯш хорид Абдулмаҷид. — Ҳатто намедонам, ки Патар чӣ маъно дорад?

— Патар калимаест, ки тилисму таъвизу тӯморро дар якҷоягӣ фаро мегирад, — шарҳ дод шоири Исфарангӣ. — Тилисм чизест, ки ё бахту саодат меорад ё бадбахтию фалокат. Таъвиз дуои дафъи балост. Тӯмор низ балогардон асту хаташ ончунон дарҳаму барҳам, ки агар сад сол ҷон коҳонӣ, ҳарфе хонда натавонӣ. Яъне, «патар» вожаи нохуб аст, аммо ҳайронам: макони биҳиштӣ чаро Патар ном дорад?

Абдулмаҷид чашми имдод ба ҳамроҳон дӯхт. Деҳқони солхӯрдае риши кӯтоҳашро бо ангушт шона зада, барои ҷавоб кӯшид:

— Замоне ин ҷо сайргоҳи наварӯсон ва гулдухтарон буд. Ҳар рӯзи чоршанбе тӯда-тӯда барои чархзанӣ меомаданд. Бо худ дегу коса, нону қанд, биринҷу равған ва доира оварда, то ош пухтан ва баъди таом хӯрдан рақсу шодию обпошӣ мекарданд. Он рӯзи нишаст чоршанбеи муродбахш ном дошту ҳузури мардон ва ҳатто писарбачаҳо қатъиян манъ буд. Занҳои калонсол, махсусан кампирҳо низ аз маърака берун буданд, ки ин ғашу ғазаби онҳоро ҷунбонду ҷӯшонд ва сар шуд тӯморборон, тилисмбандӣ ва сеҳру ҷоду. Дар натиҷа сайргоҳ ба ҷангҷой табдил ёфт: духтарон ба ҷойи рақсу шодӣ аз барои дупула гап арбадаю муноқиша мекардагӣ шуданд, ҳини рафтуомад дасти яке мешикасту пойи дигаре ланг мешуд. Арӯсаке тифли ношуд мезойиду дигараш аз бефарзандӣ пушти даст мехойид. Баъде, ки дар паси харсанге як ҷавонро бо духтаре ҳамоғӯш ёфтанд, корд ба мағзи устухони волидон расид ва онҳо «Патар хатар дорад!» гӯён духтарони худро иҷозат надоданд, ки дигарбора ба сайргоҳ раванд ва роҳи онҳоро ба мавзеи Беди каҷ гардонданд…

— Патар ҷойи хатар бошад, хезед, ки рафтем! — шӯхиомез нидо кард кадоме. Ҳама бо нигоҳи савол меҳмонро нигаристанд. Вай аз оби мусаффои ҷӯйбор чашм наканда, хаёломез аз Абдулмаҷид пурсид:

– Ҳоқонӣ ном шоирро медонед, ако?

– Ҳа. Қасидаҳои хуб дорад…

— Вай ба Ворух омада бошад ё не?

— Инашро намедонам. Чӣ буд кӣ?

— Як байти шоир ёдам омад дар бораи Патар. Гӯш кунед:

Чашми бад, к-аз патари оҳанӣ таъвиз нагашт,

Банди таъвиз бибурреду Патар боздиҳед!

Шумо ҳам аз чашми баду тӯмору таъвизи кампирҳо наҳароседу банди тилисм бибурред ва роҳи Патар фарох бикушоед, ки аҷаб нишастангоҳи олиҷаноб асту аз Каҷбед беҳтар! Макони дилкушо набояд ҳайф шавад. Сидқан бикӯшед ва сайргоҳ ба соҳибдилон боздиҳед.

Деҳқоне, ки таърихи Патарро ҳикоят карда буд, бо чашми пуршарар аз ҷой хест ва даст болои дил ниҳод:

— Барои ворухӣ сухани шоир баробари фармони амир қадру қимат дорад! Ин дафъа биёед, Худо хоҳад, болои шоҳкат мешинед, сайргоҳро пуродам мебинед ва даҳчанд лаззат мегиред.

Ҳама баробар дасти омин бардошта, бо дили шод роҳи сафар идома бахшиданд.

Рӯзи сеюми саёҳат аз тамошои Рахнаи Оташон оғоз ёфт, ки дар ҷониби шимолу шарқии деҳа воқеъ буд. Вазифаи роҳбаладиро мударриси мадраса Зарифи Доно бар ӯҳда дошт. Ин марди таърихдон ва олими забардаст ҳамроҳонашро лаҳзае аз роҳгардӣ боздошту бо ангушти ишорат тарафи офтобшинамро нишон дода, гапро аз дуриҳои дур оғоз бахшид:

– Ҳу, ана он кӯҳи сарсафедро мебинед? Дар бари доманаш гӯри муғ ҷой гирифтааст. Шояд бипурсед, ки чаро гӯристон ё қабристон не? Барои он ки пайравони дини зардуштӣ баробари оташу офтоб заминро низ муқаддас дониста, майит дар хок намегӯронданду фақат устухонҳои аз гӯшт ҷудошударо ба новус андохта, дар дахма мегузоштанд. Дар ин кӯҳкамар бошад, маъбади оташпарастон ҷойгузин буду агар ба ҳисоб гирем, ки дар Ворух салтанат беш аз чаҳор ҳазор сол пеш ба габрону муғон тааллуқ дошт, пас ба хулосае метавон расид, ки ин дайр хеле қадимист.

— Оре, оташкадаи Ворух маъруф ва машҳур буд, — ба сӯҳбат ҳамроҳ шуд Аҳмад. — Дар китобҳои қадима сабт шуда, ки ба ин дайри муғон аз Бухорову Самарқанду Истаравшан низ мубадону коҳинон ва ҳатто мубади мубадон ташриф оварда, манзумаҳои «Авесто» месуруданду тафсири «Занд» мехонданд.

Мударрис бо ишораи сар шарҳи шоирро тасдиқ намуд ва бо шавқи аввала афзуд:

— Боз як чизи дигар: ҳама ҷашну маросимҳои хурсандӣ, маҳфилу тантанаҳои муғон дар ин оташкада баргузор мешуд…

– Ҳатто базми арӯсӣ? — пурсид ҷавоне.

— Бале. Дар ин маҳфили муборак зардуштиён аз оташи ҳамеша фурӯзони дайр гулхани бузурге афрӯхта, шоҳу моҳ, яъне арӯсу домодро гирди он давр занонда, занону мардон баробар мерақсиданду суруд мехонданду шодкомӣ мекарданд. Авҷи аланга, яъне спаниш лаҳзаи висол буд.

— Ин одат ҳоло ҳам дар Ворух давом дорад, — луқма партофт Абдулмаҷид. — Фарқаш ҳамин, ки имрӯза домод саллаю тоқӣ дораду арӯс фаранҷӣ.

— Магар пешина арӯсҳо фаранҷӣ надоштанд? — боз пурсид он ҷавони қаднавча.

— Ту арӯсҳои пешинаро даҳҳо маротиба дидаӣ, Қосим. Лекин маълум мешавад, ки эътибор надодаӣ.

— Ман дидагӣ?! Кай? Дар куҷо??

— Камтар сабр кунӣ, боз мебинӣ. Рафтем…

Ҳама ба умеди дидани арӯси замони оташпарастон аз дунболи раҳнамо равон шуданд. Баъди соате дар канори кӯчаи аробагузар санги дарозу борике падид омад монанди дастаи ҷувоз, аммо ҳазор карат бузургтар. Он санги кӯҳ набуду ба хорою рухом ҳам шабоҳат надошт. Мисли санги дарё суфтаю ҳамвору лағжон ва чун санги шиша андаке шаффофу ҷилодор метофт ва дар дашти васеъ яккаву танҳо меистод. Ба назар чунин мерасид, ки пайкарасозе онро махсус дар чунин ҳолат гузоштааст, то бути сангин тарошад. Вале фурсат наёфта, ё натавониста, аз ҳайкалтарошӣ даст кашидаасту нияти вайро боду борон беҳунарона иҷро намуда, бо харошу тарош дар қисмати болои санг сӯрохиҳое монанд ба чашму даҳон ва барҷастагиҳое шабеҳи бинию гӯш ба вуҷуд овардаанд.

Дар атрофи санг хори бисёре рӯйида, онро дастнорас карда буд. Аз ҳамин сабаб роҳбалад ҳафт-ҳашт қадам дуртар таваққуф намуда, хитобан ба Қосими қаднавча гуфт:

— Росташро гӯй, ки ин сангро пештар ягон бор дида будӣ ё не?

— Чанд борҳо дидаам.

— Лекин андаке пештар гуфтӣ, ки арӯси замони қадимро ҳеҷ вақт надидаӣ…

— Бори дигар мегӯям, ки сангро бисёр дидаам, лекин арӯсро не!

— Фаҳмо! — сухан мухтасар кард Зарифи Доно. — Аз суханрониат фаҳмидам, ки таърихи ин санг ва ҳатто номашро намедонӣ. Акнун бодиққат шунав: ин санги одӣ не, Санги Арӯс аст ва тақрибан панҷсадсола таърих дорад. Он вақт дар Мовароуннаҳр дини ислом аллакай нуфузи зиёд дошт, вале ҳама ворухиён оташ мепарастиданд. Зеро ба ин диёри кӯҳистон пойи араб нарасида буд.

Аввалин ворухие, ки ба ислом гаравид, Накисо ном савдогар аст, ки чун мусулмон шуд, Нурмуҳаммад ном гирифт. Вай духтаре дошт бағоят саҳибҷамолу хушманд, ки аз рӯзи аласт бо меҳру муҳаббати саршор ба Парвардгори ягона ва бахшояндаву меҳрубон камол меёфт. Дар шарҳи Қуръони шариф суханҳои оммафаҳм, лекин таъсирбахш мегуфту чун ба синни камолот расид, обида ва зоҳидаи асил шуд, шогирду пайравони зиёде пайдо кард ва бо исми Сайида отун машҳур гашт.

Писари мубади мубадон, яъне муғҳокими Ворух шефтаи ҳусну ҷамоли духтар шуда, сабру қарор аз даст дод ва тибқи расму одати онзамона худ ба хостгорӣ омад. Сайида ӯро хуш пазируфт, аммо шарт гузошт, ки агар Нурзанҷ дини исломро қабул кунаду номашро гардонад ва ба никоҳи мусулмонӣ розӣ шавад, он гоҳ издивоҷ ба амал меояд.

Ҳокимписар шартро пазируфт. Вале дар рӯзи ақди никоҳ аҳду паймон бишкаст ва бо мадади ёру бародаронаш духтарро зӯран ба дайри Рахнаи Оташон бурданӣ шуданд. Сайида чун модашер муқобилат кард, бо нохун рӯй канду бо дандон дасту по газид, лек зӯраш нарасид. Лоақал касе аз хешовандон ба имдод наомад. Дар ҳоле, ки дилаш дар сина чу даф метапид, лоҷарам ба Худованди қодиру тавоно тавалло кард, ки ӯро аз шармандагӣ нигоҳ дошта, ба санг табдил кунад, то уммати мусулмон зери бори гарони таъна ва масхараи оташпарастон намонад.

Илтиҷои мӯъмина ва муслимаи пок мустаҷоб гашт ва бо амри Парвардгори олам коре, ки бандаҳои хокӣ аз иҷрои он оҷизанд — мӯъҷиза ба амал омаду дар ҷои исташ арӯс санг шуд.

Аз мушоҳидаи ин ҳолат айши хуши габракон ба мусибат мубаддал гашту доду фиғонашон бар фалак печид. Ба қудрати Худои яккаву ягонаи мусулмонҳо тан доданду пеши Санги Арӯс ба зону нишаста, саросар ба ислом гаравиданд. Тарзи дигар гӯем, бо баҳои ҷони Сайида Бону — нахустин муслимаи деҳа Ворух мусулмонобод шуд…

Ҳикояти роҳбалад ба ҳамагон таъсири амиқ бахшиду лаҳзае сукут варзида, ин олиҳаро ба некӣ ёд карданд.

— Шоире Санги Арӯсро гавҳари шабафрӯз номидааст, — хаёломез лаб ба гуфтор кушод Абдулмаҷид. — Вай менависад, ки чор фасли сол ҳар дили шаб аз дили ин санг нолае ҷонгудоз мебарояд дар вазни «Дод аз дасти сангдилон, ки сангам карданд…»

— Он шоир худат нестӣ?

— Не. Вале ман ҳам дар ҷавонӣ як шеъри мотам навишта будам. Чанд байташ дар ёдам ҳаст:

Дар фироқат, эй Сайида, зору ҳайрон мондаем,

Дар хуморат, эй Сайида, синабирён мондаем.

Бӯ накарда накҳати гул, ту шудӣ Санги Арӯс

Дар азоят, эй Сайида, дидагирён мондаем.

Ҷавобан ба нигоҳи саволомези муаллиф меҳмони латифтабъ маҷбур шуд, ки таассуроти худро фошофош гӯяд:

— Марсияи таъсирбахш навиштед, ако. Лекин ташбеҳу суханҳои он шоире, ки қаблан ишора кардед, нисбатан ширадору андешапарвар аст. Кӣ будани ӯро саҳеҳ гуфта метавонед?

— Он шоир бародаратон Шаҳобиддин буду баробари дидани Санги Арӯс бадоҳатан ғазали ҷонгудоз гуфт. Афсӯс ки ба пуррагӣ навиштаю ҳифз карда натавонистам.

— Шаҳобиддин дар бадеҳагӯйӣ устухон надорад. Агар илҳомаш ояд, дар як нишастан фар-фар чор-панҷ ғазал эҷод мекунад!

— Шумо чӣ?

— Ман куҷою шоирӣ куҷо?! Агар ҳафтае як рубоӣ ё ғазале эҷод шавад, худро хушбахт меҳисобам.

— Бародаратон баробари дидани Санги Арӯс фар-фар шеър бофтааст. Шумо ҳам як кӯшиш намекунед? — бозори гапро тез кард роҳбалад ва андалеби Исфара аз оҳанги савол пай бурд, ки ҳамсафарон қудрати шоирии ӯро санҷидан мехоҳанд. Дар ҳолати ноҳинҷор монд — агар сатре нагӯяд, беҳунар меҳисобанду агар шеъри хароб пешниҳод кунад, эътиқод ва эҳтиромашон мекоҳад. Яъне вай маҷбур аст, лоақал як байти хотирмон бадоҳатан эҳдо кунад.

Бо чунин андешаҳо гирди ҳайкалсанги нотарошидаро оҳиста-оҳиста давр гашту дар ҳар даҳ қадам лангида, чор мисраъ тавлид намуд:

Эй ишқ, туро шамъи фалак парвона,

Санги Арӯс Сайидарост кошона.

Хуш бош, зи афсуни ҳаводис имрӯз

Шуд қиссаи ҳоли душманон афсона.

Рубоӣ аз ҷониби ҳамагон бо мамнуният пазируфта шуд, аммо шодии Абдулмаҷид аз дигарон бештар буд:

— Маълум мешавад, ки фар-фар шеър гуфтан барои ду бародар хислати модарзодӣ будааст. Ин ҳунарро, эй Аҳмади Исфарангӣ, то метавонӣ, сайқал деҳ!

Маслиҳат бо арзи миннатдорӣ қабул гардид. Вале он лаҳза ҳар ду ҳам намедонистанд, ки муддати мадиде нагузашта, бо усули фар-фар боз як рубоӣ эҷод мешавад. Ва аз ҳама аҷибаш, ба яғмо рафтани тӯшаи сафар баҳонае барои эҷодкорӣ мегардад.

Тасодуфи ногувор чунин ба вуқӯъ пайваст: ҳамсафарон аз Санги Арӯс тарафи офтоббаро ҳаракатро идома дода, қарибиҳои нисфирӯзӣ ба шаршараи Шаввотӣ расиданд. Азбаски ҳаво гарм буд, ҳама куртаю шалвор бадар карда, худро ба об заданд. Аҳмад низ ҳамранги ҷамоат буд, вале аз оббозӣ дида, бештар тамошо мекард. Чунки ин гуна шаршараи нестандарҷаҳонро дар умраш бори аввал медид: оби нилгун аз роғи мобайни ду тахтасанги бузург чакра-чакра заҳида, ришта-ришта чун бирешими ҳафтранг поён мешорид ва дар замин бо сабзаи тару зираю пудина ҳамоғӯш гашта, ба тану бадан кайфияте мебахшид нотакрор!

Оббозию дилхушӣ аз меъёр бештар тӯл кашиду вақте ҳама хаставу шалпар ва ташнаву гурусна аз оби ширгарми шаршараҳавз худро берун кашиданд, дуд аз димоғашон баромад: шағоли баднафсе пойгоҳро хилват ёфта, ҳама нону гӯшти дар кӯлбор бударо тамоман хӯрдаю бурда буд…

— Омад ба сарам он чӣ метарсидам! — даст ба пешонӣ зад роҳбалад. — Мо, ворухиҳо, тоқат мекунем, лекин… меҳмони мо…

Ҳама узромез Аҳмадро нигаристанду Абдулмаҷид кӯшид, то вазъияти ногуворро шоирона бартараф созад:

— Аз беэҳтиётӣ тӯшаи роҳро аз даст додем… Бе баргу наво дигар ба ҷое рафта наметавонем. Маро бубахш, эй меҳмони азиз, ки маҷбурем бо шиками гурусна роҳи дарози душворгузарро тай карда, ба Ворух баргардем.

Ҳамсафарон гунаҳкорона чашм ба замин дӯхта, аз меҳмон ҷавоби сард, ҳатто пичингу кинояи талхро интизорӣ мекашиданд. Вале ӯ бо шеъри фарфар ҷавоб мухтасар кард:

Дар боғ суи тараб ҳавое дорем,

Эй дӯст, биё, ки нек рое дорем.

М-андеш зи нестию бебаргии роҳ,

К-аз булбулу гул баргу навое дорем!

Шеъри равон ба дили шикастаи дӯстон марҳам гашту бо хотири осуда поён хамида, вақти говгум ба деҳа расиданд. Дар хонаи Зарифи Доно шикамсерӣ хӯрок хӯрда, сипас манзил ба манзил пароканда шуданд, то табъи дил дам гирифта, барои саёҳати фардо омода шаванд.


* * *


Рӯзи дигар Абдулмаҷид пагоҳии барвақт ба бӯстонсаройи амакбузурги Нигина омад, то аз ҳоли меҳмон хабар гирифта, самти хатсайрро муайян созад. Аҳмадро болои тахтакати саҳни ҳавлӣ машғули мутолиа дарёфт ва бо як назора фаҳмид, ки шоир ягон зарра осори хастагӣ надорад.

— Имрӯз ба ду ҷои тамошобоб рафтанӣ, — гуфт баъди саломуалейк ва ҳолпурсии урфӣ. — Якумаш Гаҳвораи заррин дар мавзеи Кеҳ, дуюмаш Сияҳкӯл дар мавзеи Пули Офтобрӯй. Ин дараҳо дар ду самти муқобил доман паҳн карда, яке аз дигаре зеботаранд.

Абдулмаҷид лаҳзае таваққуф намуда, бо мақсади фаҳмидани таъсири суханҳояш синчакорона ба чеҳраи меҳмон нигарист. Дид, ки чароғаки чашмони ӯ ба қадри дилхоҳ шӯълавар нашудааст, таърифу тавсиф як парда баландтар бардошт:

— Рости гап, дили ман кашоли Сиёҳкӯл, ки ҳақиқатан ҳам як гӯшаи биҳиштро мемонад. Агар ҳозир аспсавор ба роҳ бароем, то ғуруби офтоб ба соҳили кӯл мерасем, ки дар мобайни арчаҳои сабзу хуррам ҷойгир асту обаш аз оби беҳтарин чашма ду карат ширину ҳавояш аз ҳавои тозаи Ворух ду баробар поктар аст…

Аҳмад китобро пӯшида, ба кунҷи кат гузошту риши навдамидаи манаҳашро бо нӯги ангушт ламскунон гуфт:

— Бовар кунед, ако, дили ман ҳам кашоли тамошои Сияҳкӯл. Лекин афсӯс, ки рафта наметавонам…

— Чаро?! Дина ҳис кардам, ки поят андаке мелангад…

— Амакам Усто Мулло азми бозгашт ба Исфара доранд. Мегӯянд, ки меҳмон то се рӯз азизу мукаррам аст.

— Мо мегӯем, ки меҳмонро омадан ба иродат асту рафтан ба иҷозат…

— Дар ҳама ҷо чунин мегӯянд, ако. Лекин, бовар кунед, ман бе изни Амакмуллои худ ҳатто нафас намекашам!

— Офарин, шоир! Гапе, ки гуфтӣ, басо пурқувват асту муҳокима напазирад. Бо вуҷуди ин, агар хоҳӣ, худи ҳозир аз Усто Мулло рухсат мепурсам, ки се рӯз меҳмони ман бошӣ…

— Ташаккур, акои Абдулмаҷид. Лекин рафтан зарур. Гуфта будам-ку: дар Самарқанд маро Шаҳобиддин интизор. Ва падарони мо мегӯянд, ки «интизорӣ бадтар аз ҷонканӣ…»

— Ин гапатро низ бебаҳс қабул мекунам. Фақат, илтимос, бегила раву боз биё.

Ҳар гоҳе меойӣ, хуш меойӣ! Соҳибдилони Ворух ҳамеша андалеби Исфараро бо дили гарм ва рухи во интизоранд…

— Албатта меоям, ако! Бовар кунед, аз тамошои рақси ширини кафтараки навболи Ворух мот гаштаму аз тамошои кӯҳу дараи андалебнавози Ворух мабҳут шудам. Ин деҳаи баланд дар баландии дилу дидаи ман маъвои абад ёфт. Зеро субҳи Ворух бо ҳусну таровати нотакрораш меҳр болои меҳр меангезаду шабҳои маҳтобӣ ва осмони пурситора ин гулшанкадаро ҷонафрӯз мегардонад. Се рӯзе, ки дар ин ҷаннатмакон будам, гули дили ман ҳамчу дили гули бехазони Ворух тозаю озода ва муаттару арғувонӣ шуд. Акнун бо шавқу илҳоми дучанд рақскунон ба сайқали ҷаҳон меравам ва ҳар ҷо бошам, Ворухро ба сад забон таҳсин мегӯям. Бовар кунед, то ҷон дар бадан дорам, бо ишқи Ворух мезиям:

Пайваста дилам ба ҷустуҷӯи Ворух,

Дар гулшани ҷон баҳори кӯи Ворух,

Чун ваъдаи васлу аҳди некӯномӣ

Дар дафтари ишқ гуфтугӯи Ворух.

Равзанаи дуюм. Таҳвили ҳадяҳои тақдирсоз аз шаҳри азим ба кӯҳи баланд

Нигина, ки ҳафтмоҳа таваллуд шуда буд, дар панҷсолагӣ ба хондан шоиста гашт. Рӯзи чаҳоршанбеи аввали моҳи шаъбон Бимастура дасти духтар гирифта ва дафтару давот бардошта, нозукниҳоли хеш ба пеши Бибӣ Заҳро бурд ва салому ҳолпурсӣ карду афзуд:

— Эй бибии муътабар, фарзанди азиз ба парвариш ва тарбияи шумо овардам.

Бибӣ Заҳро дасти Нигина аз дасти модар ба дасти худ гирифту сарашро сила карда, бо лаҳни навозиш гуфт:

— Кори хуб кардӣ, духтарам. Аз ҳамин лаҳза Нигина маро ҳамчу фарзанд шуд. Аз чашмаш маълум, ки зираку ҳушёр аст. Агар қобилу гапдаро шавад, ба осонӣ хондану навиштанро ёд мегирад.

Нигина дасташро оҳиста раҳо карда, қадаме қафо гузошту бо сари хам ва гардани каҷ ғурунгид:

— Гапдаро намешам ман…

Модар лаб газиду муаллимаро завқаш омад ва хам шуда, пешонаи кӯдакро бӯсид:

— Офарин, ҷони бибӣ, ки хатои маро ислоҳ кардӣ! Майлаш, гапдаро нашав, аммо панду насиҳати маро бодиққат гӯш кун. Хуб?

— Хуб шудааст, бибиҷун! — нидо кард бо чашмони шарарбор Нигина ва сӯйи модар панҷаи падруд афшонда, аз қафои муаллима ба мактабхона даромад.

Аз байн як моҳ гузашт. Боре Бимастура барои куртадӯзонӣ ба дӯкони чевар раҳсипор шуду назди дарвозаи бозор якчанд духтарчаро машғули сангчабозӣ дид. Бачагияш ёд омаду лаҳзае истода, хаёломез он сӯ нигарист ва… Нигинаро шинохт, ки тамоми ҳушу ёдаш ба бозӣ банд буду ҳафт сангчаро ба пушти даст ниҳода ва чолокона боло ҳаво дода, моҳирона бо кафи даст дошта мегирифту имкон намедод, ки ягонтоаш ба замин афтад.

Куртаю чевар фаромӯш гашту ба пеши духтаракон омад. Вале Нигина бехабар аз модар санги чилтоқа мебозид. Сурфаи ошноро шунида, як қад париду барқвор аз ҷой ҷаҳид ва гунаҳкорона сар хам карда, барои шунидани маломат рост истод.

— Эй ҷуни модар, чува аз дарсхуна гурехта, бо духтарчаҳои бегуна бозӣ мекунӣ?

— Аз дарс гурехтагӣ не ман. Маълима ҷавоб додагӣ.

— Чува ҷавоб дод?

— Дар таги коса ягон нимкоса ҳай. Канӣ пеш даро, ба мактабхуна равем.

Аз нақли бибиотун маълум шуд, ки як ҳафта боз рафтори Нигина дигаргуна шудааст.

— Духтаратон сабақ омӯхтан намехоҳад, — лаб ба шикоят кушод омӯзгор. — Дилу бедилон ним соат мешинаду сабақро нисфу нима ғурува карда, бо ҳар баҳона ҷавоб мепурсад. Имрӯз гуфт, ки «сахт дард мекунад сарам, ҷавоб диҳед…»

— Эй ҷуни модар, чува дурӯғ гуфтӣ?

— Дуруғ нагуфтиям ман. Ба Худо қасам, ки аз ҳарруза «алиф, бе, те, се» гуфтан ба дард дарумад сарам.

— Ин хел бошад, чува пеши ман нарафтию бо кудако машғули бозӣ шудӣ?

— Бозӣ кунам агар, дард намекунад сарам. Торафт зиёд мешад шавқу ҳавасам…

Модар бо тааҷҷуб ба муаллима нигаристу вай бо таҳайюр ба Нигина. Зеро аз тарзи суханронии кӯдак пай бурд, ки Худованд вайро на барои илмомӯзӣ, балки барои бозию шодӣ офаридааст. Ёдаш омад рӯйдоди дирӯза: дар таъзия ҳузур доштанаш зарур шуду чун ҳамеша ба ҳар толиба вазифаи мушаххас супорида, хотирҷамъ рафт. Баъди соате баргашту хун ба сараш зад — синфхона ба бозор табдил ёфта буд! Чор толиба лавҳаи ҳарфнависиро мисли таблаку доира «менавохтанд»-у чори дигар кафкӯбӣ мекарданду Нигина ҳамроҳи духтараке арғушт мерафт. Таҳпурсӣ нишон дод, ки ташаббускори «дарси рақс» Нигина будаасту дигар духтарон ба як пуф маътал…

Бибӣ Заҳро албатта, ҳамаро гӯшмол доду хост Нигинаи питирросиро сахтакак танбеҳ диҳад. Вале ин маҳмадоно бо лутфи ширини кӯдакона «гоҳ хондану навиштан-гоҳ бозию рақсидан табъи дили мо» гуфту деги ғазаби муаллима аз ҷӯш монд…

Бибӣ Заҳро хост ин рӯйдоду гапҳои соядори Нигина ва хулосаи худро рӯйирост ба Бимастура ифшо намояд, вале Нигина пешдастӣ кард:

— Зиқ нашавед, бибиҷун. Раҳе, ки маро пеши чашм асту мебинам дар хоб ҳар шаб — дигар аст, аз паҳлӯи мактабхона мегузарад…

— Вай чӣ хел раҳ будааст?!

— Агар пурсанд мегуям ба додоям…

Абдулсайид нақли ҳамсарашро бодиққат шунид ва Нигинаро пеши худ хонду бо табассуми малеҳ пурсид:

— Рост аст, ки ҳар шаб як хоби ғалатӣ мебинӣ?

– Ҳамин хел, додоҷун. Як шаб мебинам, ки доира дар дастам, шаби дигар мекунам танбурнавозӣ, сеюм шаб мерақсаму мечархам…

Модар аз ҳайрат чашм калон кушоду беҳол ба девор такя зад. Вале ҳолати падар тағйир наёфт:

— Дар бедорӣ чӣ?

— Рубобу аҷабрудро бинам агар, гум мезанад дилам…

Падар фаҳмид, ки ҳаваси омӯхтани созҳои мутрибӣ дили кӯчаки Нигинаро ба туғён овардааст. Азбаски духтари яккаву ягона ва талабида-талабида бо душворӣ ёфтаашро аз ҷон бештар дӯст медошт, нахост вай дилшикаста шавад.

— Худи ҳамин рӯз бароят дафча месозам, духтарҷон. Ба амакбобоят мегӯям, ки аз Хуҷанд танбӯру рубоб биёранд…

— Чӣ хел нағз, додоҷун. Навохтан мехоҳад дилам. Гуфтам-ку: роҳе, ки мебинам дар хоб, дигар аст…

— Роҳе, ки аз паҳлуи мактабхона мегузарад, ба дабистон мебарад, духтарҷон. Рост, он ҷо сози мутрибӣ меомӯзонанд, лекин фақат ба писарбачаҳо…

— Медунам, ки шумо метунед илоҷашро ёфтан, агар хоҳед, додоҷун…

— Дуруст мегӯйӣ, эй духтари азиз. Бо дилу ҷон мехоҳам, ки ту бо роҳи дилхоҳат пеш равӣ. Лекин асло аз ёд набарор, ки агар алифборо надонӣ ва хату савод надошта бошӣ, ҳеҷ гоҳ созу навои мут- рибӣ омӯхта наметавонӣ…

— Мағзи гапро фаҳмидам, додоҷун! — хандид Нигина ва бо шодӣ аз ҷой хест. — Меравам ман мактабхуна, шумо равед устохуна…

Абдулсайид, ки ҳамеша дар миён теша дошт, рост ба лаби ҷӯйи калон рафта, аз сиёҳбеди бобоӣ шохаи ғафсиаш банди пой баринро кал карду аз қисмати поёнаш чӯбдастаи дугазӣ ҷудо намуд. Сипас ба устохона даромада, бо мадади арраю ранда онро ба тахтапораи ҳамвори чоркунҷа табдил дод ва таротар даруни дастаки элак ҷо кард, то шакли мудаввар гираду барои дафчасозӣ кор ояд. «То шакл гирифтану хушк шудани тахта пеши Ҳамиди оҳангар рафта, барои дафча ҳалқача сохтан даркор» — худ ба худ ғурунгид усто ва зери лаб суруде замзама намуда, ба кӯча баромад.

Ҳавлии рӯ ба рӯ азони акояш Аҳмадсайиди бозаргон буду дарвозаро нимроғ дида, барои ҳолпурсӣ самти ҳаракатро тағйир дод. Дар тахтакати соябондор кадхудои ҳавлӣ ва кадхудои деҳа сӯҳбати гарм доштанд. Халал расондан нахоста, қадам ба қафо гардонд. Вале бародараш бо ишорати даст ӯро пеш хонд:

— Наздиктар биё, додар, ки расо дар вақташ омадӣ! Биёю ба паҳлӯям шин ва гапи Хоҷаро дугӯша шунав.

Иброҳимхоҷа бо усто нӯгидастӣ салом карду ҷумлаи нотамомашро аз нав сар кард:

— Соате қабл аз дорулҳукумати Исфара қосиди мӯйлабдарозе омада буд. Паём расонд, ки пагоҳ аз Хуҷанд меҳмонҳои олитабор меоянду яке хотун аст. Аз номи ҳоким дастур дод, ки пазироӣ ба дараҷаи олӣ шавад. Ин хабарро шунида, сарчархак шудам: оё иззати меҳмонҳоро ба таври шоиста баҷо оварда метавонем?

— Агар хабари омадани меҳмон аз худаш пештар биёяд, худ аз худ маълум, ки басо мӯътабар аст. Лекин, эй Хоҷа, ту бисёр ташвиш накаш — як гӯсфанди сафеди бахта тани ман! — чун ҳамеша ҳимат баланд бардошт Аҳмадсайид. — Ана ин ду меҳмонхонаи тозаю озода дар ихтиёри туву меҳмонҳоят. Нону фатири равғанӣ барои даҳ нафар то баромадани офтоб ба қадри кофӣ, ҳатто зиёдатӣ тайёр мешавад.

— Офарин бар ҳимати баландат, эй бозаргони бузург! Лекин… агар меҳмони бисёр биёяд, чӣ кор мекунем?

— Аз даҳ зиёдаш меҳмони ман! — бо тавозӯъ даст пеш гирифт Абдулсайид. — Мо ҳам чанд бузу гӯсфанди фарбеҳ дорем. Бо меҳмонзанак Бимастура машғул мешавад.

— Шуд! Гап пухт! — ҳадаҳа аз ҷой хест Иброҳимхоҷа. — Ман рафтам. То омадани меҳмонҳо паноҳатон ба Худо…

Чоштгоҳи рӯзи дигар меҳмонҳои хуҷандӣ бо роҳбаладии чопари махсуси деҳхудо аз дарвозаи Аҳмадсайид дарун даромаданд. Онҳо ҳамагӣ чор нафар буданд — ду ҷавони аспсавору марди солоре лабочапӯш ва аврате фаранҷидор дар ароба ором нишаста. Кадхудои деҳа, ки ҳамроҳи имом-хатиб барои пешвозгирӣ омада буд, ҳарчанд синча кард, ҳеҷ кадомеро нашинохту тарбуз аз бағалаш афтид. Зеро вай ибораи «меҳмонҳои олитабор»-ро ба таври худ фаҳмида, ҳукуматдорони хушлибос ва салобатноки хуҷандиро интизор буд. «Одамҳои одӣ будаанд, кирои гӯсфанд куштан не» аз хаёл гузаронд деҳкалон ва маънидорона ба бозаргон чашмак заду одоби меҳмондориро риоя намуда, назди ароба шитофт, то мӯйсафедро пазироӣ кунад. Ҳаракати ӯро дидан ҳамон ҷавонҳои савора зуд пиёда шуда, чолу кампирро беозор аз ароба фуроварданд.

Баъди ҳолпурсӣ ва лутфу меҳрубонии қолабӣ Иброҳимхоҷа меҳмонҳоро барои лаҳзае нишаста, нафас рост кардан ба тахтакати соябондор даъват намуд. Аммо мӯйсафед розӣ нашуд ва тарафи офтобнишинро нишон дода, бо лаҳни хаста гуфт:

— Ё деҳхудои меҳрубон, мо биступанҷ фарсанг бештар роҳ паймуда, бисёр малолу калол шудаем. Агар иҷозат бошад, ба яке аз он ду меҳмонхонаи ороста ҳамроҳи улёҳазрат биравем ва лаҳзае дам бигирем. Аммо ҷиянҳои мо ҳамроҳи шумо бошанд. Ва дастёрӣ кунанд.

— Инҳо ҳам раванд, дам гиранд. Шумо баҳузур биосоед. Мо…

— Ман он гоҳ биёсоям, ки дили марди оҳангар аз ғам ва ранҷи писар раҳо ёбад.

— Кадом оҳангар? Чӣ хел писар?!

Мӯйсафеди ширрӯй, бодомчашм ва китфвасеъ қадаме пеш гузошта, даст ба китфи Иброҳимхоҷа ниҳод ва махраҷдор гуфт:

— Кадхудои меҳрубон барои меҳмонҳои хуҷандӣ як гӯсфанди сафед нисор карданӣ буданд. Агар аз қавлашон нагашта бошанд, он гоҳ кӣ будани оҳангарро мегӯям.

Деҳхудо, ки чунин забони ростгӯ ва ғайбдониро тамоман интизор набуд, кӯдаквор дасту по хӯрда, бо лабханди сохта чоплусӣ кард:

— Як не, даҳ гӯсфанд қурбони ҳар қадами шумо, эй бузургвор!

— Ин хел ки бошад, ба хонаи Ҳамиди оҳангар кас бифиристед, ки кӯдаки панҷсолааш ҳафт моҳ инҷониб маризи сахт асту падари бечора дар вартаи ноумедист. Бифармоед, ҳар чӣ зудтар писаракашро ин ҷо расонад, то мо бингарем ва даво фармоем.

Деҳхудо ғайбдонӣ ва гуфтори фасеҳи мӯйсафедро шунида, аз шигифт хирасар шуд: вақте чолу кампир рафтанд, аз дунболашон равона шуд, вале даҳ қадам намонда, аз раъяш гашту куҷо рафтану чӣ кор карданро надониста, лаҳзае пушти сар хорида, карахт истод. Хайрият, чашмаш ба Аҳмадсайид афтоду тозон пеши ӯ омад ва ҳузури меҳмонҳои ҷавонро фаромӯш карда, аз изтиробу ҳаяҷон бо овози ларзон гуфт:

— Ин мӯйсафед ҳарчанд ба назар хоксору фурӯтан менамояд, ба Худо қасам ки мӯҳтарам асту лойиқи эҳтироми мӯҳташам!

— Гапатон ҳақ асту рост, эй деҳхудои меҳрубон, тағои ман яке аз озодамардони олитабори Хуҷанд!

Иброҳимхоҷаи ҳайратзада бо чашми ошуфта соҳиби овозро нигаристу фаҳмид, ки боз хатое содир кардааст. «Хайрият, ки дар ҳаққи мӯйсафед ягон гапи дағал нагуфтам» — ин ҷумларо барқвор аз дил гузаронда, ҷумлаи дигар ба забон овард:

— Номи мубораки эшон чист?

Ҷавони тануманд ва қоматбаланди сафедчеҳра аз ҷайб номаи сарбамӯҳре бароварда, ба Иброҳимхоҷа дароз карду бо оҳанги махсус гуфт:

– Ҷавоби савол ин ҷост. Ба мо дастур шудааст, ки мактубро ба дасти деҳхудои Ворух супорем.

Иброҳимхоҷа бо хотири парешон ва дасти ларзон лифофаро саросема кушоду аввал ба имзо нигарист. Чун фаҳмид, ки нома аз Пири бузурги тариқат, садри уламои Хуҷанд Шайх Маслиҳатдин Бадеуддини Нурӣ аст, якбора боғ-боғ шукуфта, ба зону нишасту «писархонди пайғамбари олам мактуб навиштаанд» гӯён ному номаи табаррукро бӯсидаю ба дидаҳояш молида, ҳарисона ба қироат пардохт ва чанд ҷумлаи асосиро бо овози баланд хонд: «Ҳазрати Шайх Бурҳониддини Валӣ, ки моро бародари бузург ба шумор мераванд, аз даргоҳи Парвардигори олам қурбати бисёре моликанд. Эшон дар Балху Бухорою Самарқанд ва Ҳисору Хатлону Хуҷанд обрӯю эътибори сутург доранду муридону шогирдони сершумор… Азбаски дар пиронсолӣ иқлими гарму хушки Хуҷанд ба саломатиашон созгор нашуд, баъди таҳлил ва ташхис ба чунин маслиҳат омадем, ки муддате дар Ворухи хушбоду ҳаво ва серсояву салқин иқомат кунанд, то аз бемории санахҷ сиҳату саломат халос шаванд… Аҳли ҷаннатмакони шуморо иҷозати шафоат ба ин авлиёи замона додем…»

Иброҳимхоҷа қироатро тамом карду аз бузургию шаҳомату тафарруди меҳмон ба ваҷд омада, бо чашми азамат атрофиёнронигарист. Якбора фармоиши мӯйсафеди нуронӣ ёдаш омад ва қассобро сиёсат намуд, ки чаро то ҳол корд аз ғилоф накашидааст ва аввалин марди ба чашмаш намударо оҷилан ба хонаи оҳангар давонд. Сипас ба мардуми гӯшкушода рӯй гардонда, бо оҳанги мутантан мужда расонд:

– Ҳазрати Шайх Бурҳониддини Валӣ — бародархонд ва язнаи Пири бузургвори тариқат Шайх Маслиҳатдини Хуҷандӣ ба Ворухи мо қадам ранҷа намудаанд! Меҳрубон бошед!!

Мардум ба пурсиши аввали худ ҷавоби сазовор ёфта, таҳсиномез нидо дардоданд. Аммо пароканда нашуданд. Зеро дуюмин пурсиши умумӣ ҳанӯз беҷавоб буд:

— Ин бузургвор бо Ҳамиди оҳангар чӣ қаробате дораду маризи бедавои фарзанди ӯро аз куҷо медонад ва оё шифо бахшида метавонад?

— Ман ҳам мисли шумо аз тааҷҷуб беқарорам, — китф дарҳам кашид деҳхудои ҳамеша ҳозирҷавоб. — Ана, оҳангар омад. Шояд ба саволҳои мо худаш ҷавоби пухта гардонад…

Оҳангари саргарангшуда бо шири модараш қасам хӯрд, ки берун аз деҳа ягон хешу табор надорад ва ин меҳмони хуҷандиро ҳатто дар хоби шабаш надидааст!

Аз каломи оҳангар мароқи мардум дучандон гашт ва чашми умед ба ҷавонҳои ҳамсафар дӯхтанд.

— Мусафед табиби зурай! — ба гап даромад яке. — Даму нафасаш худи даму нафаси Исо пайғамбарай. Як куфу суф кунад, у кудак албатта сиҳат мешад.

— Илоҳо, ҳамин хел шавад. Кӯдак ҳам шифо ёбаду Шайхбобо ҳам. Дарвоқеъ, номи касалиашон чӣ буд?

— Санахҷ, — дарҳол ҷавоб гардонд ҷавони номарасон ва шарҳ дод. — Бемории роҳи нафасро пешиниён чунин ном мебурданду арабҳо зиқ-ун-нафас мегӯянд, аммо бо лаҳҷаи мардуми Хучанд нафастанг аст.

— Мо диқинафас мегӯем, — жарф нафас кашида, риштаи сӯҳбат ба даст гирифт Аҳмадсайид бо мамнуният. Аз он шод буд, ки дар поварақи номаи худ Шайхи Бузургвор ба ваю Бимастура паёми алоҳида навиштаанд. — Агар гӯем, ки дар Ворух ин хел касал тамоман нест, шояд хато нашавад. Чунки дар ҷойи мо бод хуш асту ҳаво фораму насим атромез ва оби ширину гуворо ба сад дард даво! Ин гуна бемориро худи табиат бедареғ табобат мекунад. Бародари мо агар дар бари мо як сол манзил гиранду бо мо ҳамнафас шаванд, худ аз худ сабукрӯҳ, тозаҷигар ва дилҷавон мешаванд.

Дуруст мегӯям, эй Абдулмаҷид?

Шоири ҳамешаҳозир, ки сухани кадхудоро бодиққат мешунид, нимшӯхию нимҷиддӣ гуфт:

— Шумо ҳамеша дуруст мегӯед, Бойбобо!

Атрофиён пасту баланд хандиданду Абдулмаҷид бо рӯҳи болида суханашро давом дод:

— Ишораҳоятонро ҳам фаҳмидам, Бойбобо. Ҳар вақте фармоед, Шайхбоборо сари китфу тори сар бардошта, ба Сияҳкӯл мерасонем. Ҳавои тоб-тозаи арчазоронро як ҳафта нафас кашида, оби шифои афсонакӯлро шикамсерӣ нӯшанд, аз ҷиянашон ҷавонтар мешаванд. Дарвоқеъ, чӣ ном доред, ҷияни тағо?

— Мирмалик. Номи шарикам Сабзалӣ.

— Аз лафзашон маълум, ки ин кас хуҷандӣ не…

— Ман ҳам ранги шумо кӯҳистониюм, туғойӣ. Ай Хуталон… Вақту соаташ ояд, созтар шинос мешем.

— Гапи меҳмон қабул! — овози соҳибхона омирона садо дод. — Абдулмаҷид, ба ту гап ҳамин, ки беҳтарин шогирдҳои ҷавон катӣ ҳамроҳи меҳмонҳо як шинаки зӯр ташкил мекунӣ. Боғи лаби дарё ва нисфи гӯсфанд дар ихтиёри ту, эй мири маҷлис. Ман ҳамроҳи деҳхудою домуллою мӯйсафедҳо бо Шайхбобо дар ин ҷо сӯҳбат мекунем. Абдулсайид — маҳфилорои мо…

— Амака, ман ба тағоям нигоҳ кадосиям. Шумонкади ҷудо шуда, алакуҷо намерам!

— Тағои ту акнун бародари ба ҷону дил баробари ман, эй Мирмалик. То ман ҳастам, ту ягон зарра хавотир нашав! Ғайр аз ин…

Ними гапи Аҳмадсайид дар даҳонаш ногуфта монду «Хезед, Шайхбобо меоянд!» гӯён аз ҳама пеш ба истиқбол омода шуд.

Шайх Бурҳониддин бо табассуми нуронӣ дасти рост ба сандуқи сина ниҳода, бори дигар одоби саломи ом баҷо оварду бегапу ҳаракати зиёдатӣ назди Ҳамиди оҳангар омад. Писараки бемор ва озурдаро беозор аз бағали падар ба оғӯши худ гирифт, беҳазар аз рухи зардаш бӯсид ва мӯшикофона ба қаъри чашмонаш нигаристу ба падар гуфт:

— Медонем, ки ҳамакаса ҳафт моҳ боз илоҷи дард меҷӯеду табобат мекунед. Азбаски ягон нишонаи беҳбуд нест, ҳама гумон доред, ки шояд бемории Неъмати нотавон дармоннопазир бошад. Ин фикри хато асту васвасаи шайтони лайин! Худи ҳозир моро маълум шуд, ки илоҷи дарди ин кӯдаки бегуноҳро мабдаъ ва маод, яъне аввалу охир дигар асту бори дили дардпарварашро тарзи дигар метавон сабук кард.

«Табиби аз ғайб расида» ин бигуфту фармуд, ки пӯсти гӯсфанди навкуштаро биёранд. Худ бо чолокии ҳайратомез кӯдакро бараҳна намуда, пӯсти сафедрангро чу парпеч ба танаш печонд.

Сипас муддате дар ҳолати хеш муроқабат намуда, ҳолати маънавию рӯҳии худро бо ҳоли бемор мутобиқ сохт ва пас аз зикри ҷамил бо овози нимшунаво дуои махсус хонд: «Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим. Аъузу бикалимот иллоҳи томмоти куллиҳи мин шарри мо халақа. Бисмиллоҳи хайраласмон. Бисмиллоҳи раббил арзи ва самои. Бисмиллоҳи ло язурру маъа исмиҳи шайъун фил арзи ва ло фиссамои ва ҳува самъул ъалим».

Баъди қироат ба гӯшу чашму даҳону бинии бемор се бор шуф карду кӯдаки «пӯстинпӯш» ба дасти падар дод:

— Кӯдакро пиразоле ҷоду кардааст бо ҳафт банди тилисм. Мо кушодани банди баста оғоз ниҳодем ва боқӣ ба оби равон ҳавола кардем.

Эй падари ранҷур, дил фарох дор ва қад-қади ҷӯйбор рост ба манзилат рав оҳиста-оҳиста ва пайваста «Ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳил-азим» бигӯ. Ҷое, ки кӯдак атса занад, қарор исту ба рӯяш се каф оби ҷӯй бипош. Агар чашм кушояд ва «нон» гӯяд, неъмати ҷаҳонро бурдӣ: тилисм кушода ва ҷоду шикаста шудӣ!

Дартоз ба хона шитобу кӯдакро шуста, либоси нав пӯшон ва ғизои сабук бидеҳу хуррам бош — дилбанди ту саломат мешавад! Боқӣ «кона-л-лоҳу ало кулли шайъин муқтадир». Яъне, Парвардигор ба ҳама кор зӯру тавоно бошад…

Оҳангар рафту деҳхудо ба гап даромад:

— Эй Шайхбобои гиромӣ, як пурсиши ом асту агар малоли хотири нозук набошад, лутфан бигӯед, ки оҳангар ва фарзанди касали вайро чӣ гуна дарёфтед?

— Пешгуфтор андак тӯлонист…

— Бифармоед, ҳеҷ кас малоли хотир намешад.

— Чор рӯз пеш ҳамроҳи бародарам Шамсиддин, ки ҳама бо эҳтиром Шайх Маслиҳатдин Бадеуддини Нурӣ мегӯянд, соҳили Сайҳун нишаста будем дар соягоҳе барои дамгирӣ. Чун ҳамеша аз ҷониби машриқ насими фораму салқин — боди барин беист вазида, роҳати бадан дучанд мекард. Ҳамин асно аз тарафи мағриб боди гарме бархост нофорам. Бародари азизам, ки аз шеъру шоирӣ хуб бархурдоранд, бадоҳатан байте аз Рӯдакӣ хонданд:

Гетӣ чунин омад гарданда бад-ин сон,

Ҳам боди барин омад, ҳам боди фурудин.

Ибораи «боди фурудин»-ро ду бор такрор карданду сӯям борик назар афканда, «ин боди дабур, ки аз ҷониби Сомғор вазид, ишорае аз болост» гуфтанд ва муддате ба маҷрои дарё нигариста, сукут варзиданд. Сипас ба чунин хулоса омаданд: азбаски боди фурудин ранҷи шуши дардмандро бисёр зиёну зарар дорад, пас беҳтарин даво тағйири боду ҳавост. Маслиҳат доданд, ки муддате дар рустои шумо бошам. Гуфтанд: «Ворух диёри кӯҳистон асту боди дабур ва самум ҳаргиз он ҷо роҳ наёбад. Чил чашма пеши чашм асту меваи накӯ бисёру гулу гиёҳи фаровон ранҷро дармон. Мардумонаш чеҳракушоду меҳмоннавоз, аз илму дониш бархурдор ва хушгуфтор. Аз ин рӯ, оқилон диёри мардуми чеҳракушодро Ворух ном кардаанду шоирон ҷаннати рӯйи замин мегӯянду табибон оби Ворухро дору, ҳавояшро дармон, насимашро шифо медонанд.

Раво ва ҷойиз меҳисобам, ки дигар таваққуф нашояд, эй бародар! Баҳри офият ҳар чӣ зудтар, алалфавр, озими сафар шаведу дар Ворух илоҷи дард ҷӯед ва ҳамзамон дуои раъият гӯед».

Бародари бузургворам дарҳол ба номи шумо, эй хоҷаи Ворух, нома навишта, бо лабханд «ҳар чӣ бар коғаз набишта шавад, беҳтар аз коғаз бошад» гуфтанду ин ду барнописарро роҳбалад намуда, таъҷилан ба роҳ дароварданд. То дарвозаи Фарғона барои гусел омада, дар охирин лаҳза нидо карданд: «Ба ман гуфтанд, ки писари панҷсолаи Ҳамиди оҳангар ҳафт моҳ боз дар Ворух табиби мушкилкушоро интизор аст, то ба дардаш шифо бахшад. Аввал Неъматро дида, баъд аз пайи дигар кор шавед!»

— Пири мӯътабари Хуҷанд ҳақиқатан ҳам авлиё! — мад кашид Иброҳимхӯҷа. — Ҳар дуятон аз кай боз додари қиёматӣ?

— Мо чор бародаронем! Шамсиддини Хуҷандию Шамсиддини Узгандию Низомиддини Марғинониро чил сол боз мешиносам. Ҳамроҳ дар Бухорои шариф таҳсил кардем, шарикдарсем. Ҳар сол як маротиба, бо навбат, дар манзили якдигар меҳмон мешавему ин ҷамънишиниро «маҳфили чор дарвеш» мегӯем. Вале муридон муболиға карда «маҳфили аҳли идрок ва ирфон» мегӯянду маҷлиси асҳоби дониш меҳисобанд.

— Ин хел бошад, имсол ҳамаро ба Ворух даъват кунед, — сидқан пешниҳод кард деҳхудо, ки бо табассум пазируфта шуд. Абдулмаҷиди шоир, ки кайҳо боз суоле дар нӯки забон дошт, зуд аз фурсати мувофиқ истифода бурд.

— Эй Шайхи бузургвор, мо медонем, ки шуморо Шайх Бурҳони Қилич мегӯянд, аммо намедонем, ки чаро лақаб ба туркӣ мегӯянд?

— Ба «Қилич» шудани лақаби ман ана ин ҷавони чорпаҳлӯ сабабгор, — Мирмаликро ба ангушт нишон дод Шайх Бурҳониддин. — Ҳокими қарохонӣ дар Хуҷанд мусобиқаи гӯштингирӣ ташкил карду онро набарди паҳлавонҳои тоҷику турк номид. Аз ҳар ду тараф даҳ нафарӣ ба майдон бароварда, худаш сардовар шуд. Ҷияни паҳлавонам Мирмалики шонздаҳсола, ки аз хама ҷавонтарин буд, ду қарохониро ба пушт хобонда, тӯҳфаи сазовор гирифт. Дигар ҳамроҳонаш низ бо чусту чалокӣ ҳоли ҳарифонро танг карданд. Ҳамин хел буд, ҷиянам?

— Оре, ҳаминхелак буд, тағоҷон! — дарҳол ҷавоб гардонд Мирмалик аз ҷой нимхез шуда.

— Ба ҷоят шину, шери тағо, давомашро худат гӯй.

— Ба чашм! — гуфт Мирмалик сари итоат хам карда. — Мо нӯҳ турки фил боина ба замин чалпак када, ба ғалаба пурра бовар доштем. Лекин… аз ҳама охир турке мисли харсанги носуфта ба майдон баромаду ғалабаи мо пасаймиш рафт. Ҳарчанд маддакои шерафкани мо ба рағми ин филҷуссаи бадҳайбат қувват каданд, мурод ҳосил нашуд. Ин барзангӣ ҳама ёрони маро чалама чатӣ аз по ғалтонда, аспи маст барин шиҳа кашид: «Тожик бормӣ?»

Ҳис кардам, ҳама маро менигаранд, ки аллакай насибаи худро гирифта, қатори тамошобинҳо ҷиму им мешиштам. Барзангӣ хар барин наъра заду маро раги орият ҷунбид ва аз тағоям иҷозат хостам. Даст ба дуо бардошта, гуфтанд: «Бархез, ҷиянам, далер бош, димор аз говзӯр барор!»

Ҷуссаву қаду қомати барзангӣ якуним баробари ман буд ва чун наздаш расидам, назарногирона хандиду бо писханд гуфт: «Эй мирғиндӣ, аз ман наметарсӣ?!» Дар ҷавоб гуфтам: «Аз кундаи мунда фақат гунҷишк метасад!» Ҳама лаб ба таҳсин кушоданду барзангӣ баланд наъра зад: «Эй кӯдак, гурез, ки муддӣ!»

Аз ҳуҷуми нахустин фаҳмидам, ки ин барзангия бо зӯру талош мағлуб кардан номумкин! Фақат ба чобукию ҳилат ғолибият метавон ба даст овард. Гирумон ва пайкори беназири Рустами достон пеши назар оварда, камараша сахт тофта, ҳини чапғалат пойи росташа боло бардошта, ба тахтапушт афтондам. Бо тамоми қувват дасту пой заду аз хашму ғазаб сурху сафеду сиёҳ шуд ва раги гарданаш чуст бархост. Бори дигар сахт тапондам. Аз новаки бинии Қароботур хуни сияҳ ба замин рехту дигар ёзӣ-ёзӣ накада, сари таслим фуруд овад…

Чун сухани Мирмалик ба нуқтаи таммат расид, шунавандаҳо оҳи сабук кашида, ӯро офарин хонданду Шайх Бурҳониддин риштаи муколама тарафи худ кашид:

– Ҳокими қарохонӣ ноилоҷ дасти ҷиянпаҳлавони маро бо нишони ғолибият боло бардошту аз таърифу тавсиф сарашро ба осмон расонд, садрнишин кард ва дар фуроварди суханаш ба туркӣ гуфт: «Ту дигар Мирмалик нестӣ. Темирмалик ту, эй оҳанбозу!»

Ин гап ба дилам сахт расиду луқма партофтам: «Эй ҳоким, турктозӣ бас аст!». Аз шиддати ғазаб ларзида, пурсид: «Эй Шайх, чӣ муддао дорӣ?». Гуфтам: «Ҷияни маро Темирмалик нагӯй, то туркон решапайванди худ наҳисобанд» Хандиду гуфт: «Хуҷандиён ширинзабон ва шакаргуфторанд, аммо ту чаро арразабонӣ ва талхгуфторӣ мекунӣ?! Ба ҳурмати Шайх буданат аз гуноҳат гузаштам, эй Қилич!»

Тамом — вассалом: гапи ҳоким гап шуду аз ин рӯз эътиборан ман — Қилич, ҷиянам Темурмалик!»

— Як саволи ғалатӣ дорам, — диққати ҳамаро ба худ ҷалб кард Қосими қаднавча. — Агар иҷозат бошад, пурсам…

Деҳхудо бо ишораи сар рухсат доду Қосим ба ҳамсоли худ муроҷиат кард:

— Эй Мирмалик, росташро гӯй, ки ҳар дуи шумо ҷияну тағои ҳақиқӣ ё қалбакӣ?

— Тағои меҳрубонам акои буваҷонам, ҳар дуяшон фарзанди як падару модар!

— Оре, модари Мирмалик, ки Моҳсимо ном дорад, ҳамшираи ҷонии ман аст, — посухи ҷиянро мукаммал гардонд тағо. — Ин номи меросӣ. Аслан, исми шарифи духтари Шоҳ Исмоили Сомонӣ аст, ки вай волидаи модаркалони бобои мо — домоди амири кабир буд!

Он айём амирони бузурги сомонӣ дар пайравии шоҳони сосонӣ рафтор карда, агар аз хидмати сарвару саркардаю волиёни хеш дар маҳалҳо мамнун бошанд, ҳамчун нишони қадршиносӣ духтар ё набераи худро ба он ҳумоюнбахт номзад мекарданд. Ҷадди бузурги мо Абдуллопаҳлавони Хуҷандӣ аз тоифаи чунин сарварони некахтар буду солиёни зиёд сипаҳбуди содиқи лашкари сомониён. Оқибат бахт ба рӯяш хандид ва бо лутфи Исмоилшоҳ бо набераи соҳибҷамоли ӯ хонадор шуд, сипаҳсолори лашкари Хуҷанд таъйин гардид, бо исми Мирабдулло ба сулолаи Амирони Кабир пайваст. Писари ӯ аллакай амирзода ҳисоб меёфт ва бинобар ин номи муборакашро Мироқил ниҳоданд, ки ҷадди бузурги Мирраҳмат-падари Мирмалик асту хоҳари Мироқил — Гулсимо момокалони ман…

— Агар шафшаи3 шаҷараи шумо ба сомониён пайваст бошад, мо имрӯз хушбахттарин инсонем, ки мизбони чунин меҳмонем! — каф ба ҳам зада, деҳхудо бо нишоти афзун хитоб кард: — Эй мардум, чаро карахт нишастаед?!

– Ҳама чашм дар роҳи оҳангаранд, — хулосаи худро бо овози баланд изҳор кард Сабзалӣ. — Ина, хандон-хандон меояд.

Ҳамиди оҳангар ду лаб пур аз ханда дар остонаи дарвоза лаҳзае қарор истода, фориғдилу шодбаҳр нидо кард:

— Эй мардум, шодиёна диҳед! Писаракам сиҳат шуд! Нону шир хӯрд, бо гӯши худ шунидам, ки «додо» гуфт. Дастатон дардро набинад, Шайхбобо! — марди таҳамтан ва қавибозу тозон пеш омаду мисли кӯдак худро пеши пойи Шайх партофт ва аз мағзи дилу ҷон гуфт. — Аз ин баъд ману фарзандам муриди ҳалқабаргӯши шумо, Пирам!

Атрофиён оҳангари маҳбуби худро шодишарик гашта, бо оҳанги дастбӯсӣ ба Шайхбобои Хуҷандӣ изҳори сипосу итоат намуданд.

Шайх Бурҳониддин бе ягон халалу озор гулӯе пур аз ҳавои тозаю форам даркашида, шукри Парвардгор ба ҷо оварду оҳангарро сари по хезонд ва лаб ба насиҳат кушод:

— Ба ту мегӯям, эй шогирди Кова, ва бигзор дигарон ҳам бишнаванд: панди Бӯалӣ Синоро ҳамеша дар ёд доред ва ҳамеша тадбир аз он кас пурсед, ки дини пок, муҳаббати некон ва дониши тамом дошта бошад.

Ҳамиди оҳангар, ки дигар парокандааҳволу ошуфтакор набуд, ба фазилату дақиқназарии Пири мӯъҷизнамо бори дигар қойил шуду чеҳрааш аз нури ихлос боз ҳам равшантар гашт ва бо лафзи содаю самимӣ гуфт:

— Ба шодиёнаи сиҳат шудани Неъмат рафтем ба ҳавлии ман! Бо як пиёла чою як бурда нони камбағалӣ ва ҳар буду бозёфте, ки дар хона бошад, ҳамаро зиёфат мекунам.

— Ба манзили ту албатта меравем, аммо баъди комилан шифо ёфтани Неъмат. Ҳоло бошад, ба шодиёнаи паёми хуши ту чанд армуғони табаррукро ба соҳибонаш месупорем.

Сабзалӣ бо ишораи Шайх Бурҳониддин аз кӯлбор се тасбеҳи қаҳраборанги чӯби сандал бароварду ба дасти Иброҳимхоҷа, Аҳмадсайид ва Абдулсайид яктоӣ дод.

– Ҳазрати Шайх Маслиҳатдин ба ҳар кадоми шумо як тасбеҳи табаррук бахшиданд ва гуфтанд, ки замоне зикри он Ягона дона-дона ба риштаи тасбеҳ меоваред, ҳамвора аъмоли неку бади хеш холисона ба риштаи таҳлил биёваред.

Ҳазрати ҳумоюнӣ ба наберахондаи худ Нигина бинти Абдулсайид низ армуғони алоҳида эҳдо карданд — девони Маҳастӣ! Бигӯед, ки биёяд ва ҳадяи гаронбаҳо худаш бигирад.

Сабзалӣ то омадани Нигина ба ҳозирин маълум намуд, ки Мирмалики хушқалам бо маслиҳати устод ва Пири раҳнамои худ шеърҳои Маҳастиро дар қоғази соф бо хати равон хаттотӣ кардааст, то хондану аз бар карданаш осону гуворо шавад.

— Пирам Подшоҳмарди Валӣ гуфтанд, ки ҳолиё Нигина кабутари парвара асту барояш ғизои хуби рӯҳӣ фароҳам овардан вазифаи ҷонии мост — сухан бар сухан афзуд Шайхбурҳон. — Мо ӯҳдадорем, ҳар чӣ имрӯз дилхоҳи ӯст, муҳайё созем, гирди сараш парвона бошем, то тавонем беҳтар парварему боли паридан биёмӯзем, то баландпарвозу ҷаҳоннамо шавад.

Нигина дар тан либоси сап-сафед кафтарвор парида, назди кати соябондор омаду сабук таъзим намуда, бо лаҳни ширин «Ассалом!» гуфт ва чашм аз рӯйи падар наканда, ором истод. Шайх Бурҳониддин суханҳои қаблан садододаро содаю фаҳмо ба духтарчаи гулрӯ такрор карду баъде ки Мирмалик китобро супорид, насиҳатомез гуфт:

— Аввал хату савод меомӯзӣ, эй парвара. Сонӣ шеърҳои Маҳастиро аз бар мекунӣ. Шеъри бисёр донӣ, духтари доно мешавӣ. Хуб?

— Хуб шудааст, бобоҷун! Раҳмат ба Шумо, Бобоҷуни Хуҷандӣ!

Очаҷуни Хуҷандӣ ҳам туҳфа карданд дафтару қалам. Гуфтанд, ки худашун муаддиба мешаванду ҳар руз меомӯзанд як сабақи нав. Боз гуфтанд, ки ёд медиҳанд ба ман — танбур навохтан! Шудам хеле хурсанд. Ваъда додам, ки мешавам шогирди нағз…

— Офарин, ҷони бобо! Бовар дорам, ки ба ваъдаат вафо мекунӣ.

— Албатта, бобоҷун. Шумо ҳам вафо кунед ба ваъдаи худ.

— Кадом ваъда?

— Очаҷуни Хуҷандиям гуфтанд, ки хаста шудаеду дам гиред, бобоҷун.

— Хуб, ҷони бобо. Ҳозир ҳамроҳи бузургони Ворух ба гулбоғи лаби дарё меравем.

— Хайр, бобоҷун, эҳтиёт кунед худатуна. Аз мо нашавед парешун, худам чойрезаки очаҷуни Хуҷандӣ мешам…

Равзанаи сеюм. Чакомаи наврӯзи Хуҷанд аз назари меҳмонҳои пири арҷманд

Нигина даҳумин навбаҳори умри худро дар шаҳри Хуҷанд истиқбол гирифт. Ваю амакдухтаронаш Назокату Назорат ва модарашон Бибисолеҳаро Аҳмадсайид барои сайру тамошои иди Наврӯз оварда буду дар ҳавлии калони Шайх Бурҳониддин мезистанд. Чолу кампир, ки ҳар сол баробари сар шудани хунукӣ аз кӯҳистони қаҳратун ба шаҳри офтобӣ кӯчида, амалҳои муваққатан мавқуфгузоштаашонро идома мебахшиданд, аҳли ҳар ду оиларо боисрор ба меҳмонӣ хонданд. Мастурабону аз он сабаб омада натавонист, ки кӯдаки ширхора дар бағал дошту тағйири иқлим ва роҳи дурударозро хатарнок ҳисобид. Абдулсайид, ки ба шукронаи таваллуди писар намозгоҳе барои маҳалла месохт, ягон лаҳза вақти зиёдатӣ надошт — мехост то фаро расидани иди азҳо ҳама корро ба субут расонад, то Шайх Бурҳониддини Валӣ хутбаи идонаро маҳз аз минбари масҷиди нав бихонад. Бар замми ин, вай ба ҳеҷ ваҷҳ модару кӯдакро танҳо гузошта наметавонист…

Меҳмонҳо чун ба ҳавлӣ даромаданд, аҳли хонадонро дар тараддуд диданд. Ду ҷавони ҳамқад гилем метаконданду духтараке косаву табақ мешуст ва зарфҳои лабпарида ё андак кафидаро алоҳида мегузошт. Кадхудо бо ҷорӯби дастадароз шифти болохонаи дарвозаро аз гарду ғубор тоза мекарду очаи Бибинурӣ дегро болои оташдон чаппа гузошта, бо алови паст онро аз дурдаи сиёҳ сафед мегардонд. Вай, аз омадани меҳмонҳо бехабар, бо овози баланд нидо кард:

— Саросема нашаведу бикӯшед, то дар ягон гӯшаи хона ё кунҷу канори ҳавлӣ заррае ифлосӣ ё сиёҳӣ намонад! Фаҳмидед? — гӯён ба ҷавонҳо нигаристу нигоҳаш ба Нигина бархӯрд ва пешгир аз миён кушода, сӯйи дарвоза давид. — Эҳ-ҳе, Нигинаҷон омадаст! Хуш омадӣ, духтари оча! Хуш омадед, меҳмонҳои нури дида!

Нигина боли парвоз кушода, ба оғӯши муаддибаи пазмонгаштааш париду ҳамдигарро бӯсаборон карда, ташнагии дидор бишкастанд.

— Чӣ ҳол дорӣ, духтари оча? Медонам, ки роҳи дароз пургарду дард аст, ранҷи ароба бисёр…

— Нағз ҳамааш, очаҷун. Маъқул шуд ба ман роҳи пурафсона. Аз хунукӣ гурехта, ба гармӣ расидем.

— Гармиро ту овардӣ, духтари оча. То дина ҳаво ях барин буд, мисли рӯзи зимистон…

Баъде ки ҳама давра нишастанду гуфтаниҳои ибтидоӣ гуфта шуд, Шайх Бурҳониддин сухани ҳамсарашро тақвият бахшид:

– Ҳақиқатан ҳам шумо аз Ворух баҳор овардед. Сармои ҳафтрӯзаи барди аҷуз, яъне охирин нафаси сарди аҷузкампир, ки онро мо — хуҷандиён «баъди чилла-ҳилла» мегӯем, дина ба охир расиду имрӯз ҳаво яку якбора гарм шуд. Ба ибораи шоир, кунҷе ки барфи сафед дошт, сабзи суман гирифт, ба мардум ҳушдор дод, ки Наврӯз меояд! Ва мо шурӯъ кардем ба тоза кардани манзил, ки нахустин суннати ин иди аҷдодист.

— Аммо мани сода гумон кардаам, ки ба шарафи омадани меҳмонҳо хонаҳоро тозаю озода мекунед, — гапро ба шӯхӣ кашид Аҳмадсайид.

– Ҳам ину ҳам он! — бо ханда ҷавоб гардонд соҳибхона. — Имрӯз мардуми Хуҷанд аҳлона ба тозакорӣ машғуланд. Зеро аксу наҳси аҳриманӣ аз қудрат ва тавоноӣ маҳрум гашта, бо ҳидоят ва маслиҳати бародарам Шамсиддин имсол дар Хуҷанд ҷашни Наврӯз бо шукӯҳмандию шаҳомати бузург чун дар аҳди сомониён таҷлил мешавад.

— Магар Наврӯзҳои пешина бешукӯҳ буд? — мулоим лаб ба гуфтор кушод Бибисолеҳа.

— Шикӯҳ дошт, аммо на ба қадри дилхоҳ. Дар замони сомониён махсус барои ҷашни Наврӯз идгоҳи бузурге вуҷуд дошт ва тантанаи мардум басо хушҷилою нишотафзо мегузашт. Вале чун пойи номубораки қарохониҳо ба Хуҷанд расид, идгоҳи обод хароб гашту ба тавилаи аспу хар табдил ёфт, ҳам аз обу ҳам аз гили Сайҳун дуд баромад!

— Оббо! — аз мағзи дили Аҳмадсайид низ оҳи сӯзон баромад. — Ана акнун сабаби дар Ворух бо ҳамҳамаю дамдама ид нашудани Наврӯзро фаҳмидам. Маълум мешавад, ки бо шикасти давлати сомониҳо дарахти наврӯзи олам шикаста, ба гулбазми мардумӣ боди хазон расидааст.

— Мағзи гапро гуфтед, бародар. Қарохониён, ки аз пасмондаи яғмою чигил ном қабилаҳои бодиянишини турк пайдо шуда буданд, ашаддитарин душмани сомониён ба ҳисоб мерафтанду дусад сол пештар аз таваллуди Нигина шаҳру вилояти моро ба тасарруфи худ дароварда, авлоду аҷдоду расму ойини сомониҳоро беамон решакан мекарданд. Бадтарин сиёҳамали ин бадкорони сияҳдил хати батлон кашидан ба ҷашни гулафшони табиат буду «болои сӯхта — намакоб» гуфтагӣ барин, ин кӯчиёни бедин ба ҷойи Наврӯз иди майпарастон — Хазонакро ҷорӣ намуданд.

— Чува?? — овози чирросии Нигина он қадар баланду ногаҳонӣ садо дод, ки амакдухтарони пинакрафтааш қад парида, бо чашмони ошуфта атрофро нигаристанд.

— Онҳо ба чанд савдогару одамҳои сарватманд ишора намуданд, ки ангури ҷойдорӣ барои майкашӣ хеле мувофиқ асту агар Хуҷанд ба маркази майбарорӣ ва майгусорӣ табдил ёбад, ба роҳи абрешим пайроҳаи нави сердаромад пайваст мешавад. Як ишораи ҳоким кофӣ шуд, ки пулпарастони ҳарис ба сар давиданду Наврӯзро рад карда, Хазонакро ҷонибдор шуданд ва сари майхораҳо ба осмон расонданд. Он замон ҳар касе калимаи «Наврӯз» ба забон меовард, аз дасти майпарастон ҳолаш табоҳ мешуд…

Шайх Бурҳониддин оҳе сард аз дили пурдард кашида, эътирози равшандилони Хуҷанд ба ёд овард. Аз рӯзгори донишманди закитабъ Мулло Умар ибни Собити Хуҷандӣ ҳикояте гуфт, ки дар сӯҳбату маъракаҳо агар аз Наврӯз сухан равад, мисли ҳезуми хушк дармегирифт. Ӯро огоҳ карданд, ки эҳтиёт бошад ва сухан санҷида гӯяд.

Дар маҳфиле аз сӣ лаҳни Борбад сухан рафту онро ороиши Наврӯз номид. Нафаре эрод гирифт:

— Ороиши иди Хазонак бигӯ!

– Ҳаргиз чунин нагӯям! Хазонак иди палидон асту Наврӯз ҷашни покон!!

Он лаҳза касе намедонист, ки арзиши ҷумлаи охирин бо хуни Мулло Умар баробарвазн меояд: барои ҳокими қарохонӣ маҳз ибораҳои «Хазонак иди палидон, Наврӯз ҷашни покон» кифоят шуд, ки ӯро ба қатл маҳкум кард ва фармуд, то хонумонашро бисӯзанд!

Аз ин шумхабар огоҳ шуда, бародари калониаш Абӯбакри Муҳаммад ибни Собити Хуҷандӣ бо аёлу ақрабои хеш филҳол рӯ ба гурез ниҳод, аввал ба Марв рафту сипас ба Исфаҳон расид ва он ҷо муқимӣ шуду бо мадади Низомулмулк сулолаи мӯътабари Оли Хуҷандро асос гузошт.

Аз байн чил сол бештар гузашт. Биму ҳарос фаромӯш шуд. Зиндагии Абӯбакр ва пайвандонаш дар ҷойи нав маҷрои тоза ёфт. Лекин… маълум гардид, ки қарохониҳо ҳақиқатан ҳам уштуркина будаанд: гумоштаи онҳо шоир ва олим Абусайиди Хуҷандӣ — писари Абӯбакрро вақти маъвизахонӣ дар масҷиди ҷомеъ бераҳмона ба қатл расонду хунсардона гуфт:

– Ҳар ким дар бораи Наврӯз амри маъруф кунад, хунаш меоқад…

Шоира Маҳастии Хуҷандӣ низ бо хашму ғазаби навдавлатони қарохонӣ дучор гардид ва ин ҳодиса дар базми яке аз бузургони шаҳр рух дод. Он вақт Маҳастӣ нав ба синни бистсолагӣ қадам ниҳода, аммо дар ҳусну малоҳат ва шеъру нафосат ягонаи даврон буд. Аз накҳати гулу сабзаи фасли навбаҳор вайро хумори ҷашни ниёгон ба сар омаду бадоҳатан як рубоӣ эҷод карда, фарорасии Наврӯзи Аҷамро ба ҳамагон табрик гуфт:

Зад лола парер дар Нишопур озар,

Дӣ бар зад аз оби Марв нилуфар сар.

Наврӯз, ки шуд, боди Сайҳун ҷонпарвар,

Фардо ҳама хоки Балх гардад анбар.

Дӯстон ва наздикон дар баҳри эҳсосот ғарқа шудани Маҳастиро ҳис карда, «аз бало ҳазар» гӯён, ӯро ба эҳтиёт даъват карданд. Вале ғурури ҳусн ва ҳунар боло гирифту ба замзамаи ғазали наврузӣ аз эҷоди Анварӣ шурӯъ кард:

Бингар чӣ ҷавонист заминрову замонро,

Наврӯз бадал кард ба дил пиру ҷавонро…

Хонуми булбуловоз бо лаҳни форам суруд мехонд, вале… базм ба охир нарасида, ду навкари сиёҳҷурда башаст омаданду айши ҳамаро талх гардонданд ва хостанд, Маҳастиро ба маҳкамаи волии вилоят кашанд. Аъёну ашроф миёнҷӣ шуда, бо лутфу караму ҳадяи фаровон дами табарро гардонданд ва Маҳастиро аз дари оқиб гурезонданд. Вай бо табъи хира ба хона омаду дару панҷара шикаста дид ва модарро зору гирён, ки бо овози хаста аз ҳамлаи чокарон ва таҳдиди онҳо хабар дод.

Модару духтар вайронхонаро андаке ба ифоқа оварданду саҳл осуда шуданд. Вале рӯзи дигар чанд сипоҳии туркнажод бо роҳбаладии хуҷандие сармаст ба дарвозааш наздик шуданд. Хавфи аз даст рафтани номусро ҳис карда, модарро ба по хезонду ҳар ду ҳадаҳа аз ҳавлии ҳамсоя берун гурехтанд ва бо чашму дили гирён фирорӣ шуданд. Маҳастӣ дигар ба ватан барнагашт. «Дилам бигрифт аз ин ғурбат, таманнои Хуҷанд дорам» гӯён умри ширин бо шӯрию талхӣ гузаронд…

— Баъди гурехтан аз хона як рубоӣ гуфтагӣ Маҳастӣ, — бетоқатона ғунчаи лаб бикшод Нигина. — Азёд кардагӣ ман ин рубоиро:

Моро ба дами тир нигаҳ натвон дошт,

Дар хонаи дилгир нигаҳ натвон дошт.

Онро, ки сари зулф чу занҷир бувад,

Дар хона ба занҷир нигаҳ натвон дошт.

— Офарин, духтари оча! — шогирдро рӯҳбаланд гардонд Бибинурӣ. — Пагоҳ ба тамошои шаҳр мебароем, ба ҳавлии Маҳастӣ меравем…

— Намеравам ҳеҷ куҷо, то Бобокалуни бузургама зиёрат накунам! — гуфт бо якравии кӯдакона Нигина. — Модарам таъкид карданд гаштаю баргашта, ки агар намебуд даму нафаси мубораки Бобокалуни бузург, ба олами равшан намекушодам чашм…

— Ба дурустии сухани модар ягон шакку шубҳа нест, духтари оча. Иловатан мегӯям, ки агар Бобокалони бузург набудӣ, наврӯзи Хуҷанд тамоман несту нобуд шудӣ!

— Ба дурустии сухани очаат ҳам ягон шаку шубҳа нест! — бо лутф сухани кадбонуро тақвият бахшид кадхудо. — Баъди кушта шудани шоир Абӯсайид ва хонабадар шудани шоира Маҳастӣ хуҷандиёни эҳтиёткор муддате ҷиму им нишастанду пасон бо маслиҳати бародарам Шамсуддин гузаштанд ба пинҳонкорӣ ва Наврӯзро аз пеши чашми ҳоким ба рустои атроф кӯчонданд…

— Яъне ки… бо маслиҳати бобокалуни Хуҷандӣ Наврӯз шуд деҳотӣ?

— Як муддат ҳамин хел шуд, духтари оча. Он вақтҳо тую дугонаҳоят барин духтарча будам. Лекин нағз дар ёд дорам, ки як бегоҳ акоям бо чеҳраи шукуфон мужда расонданд: «Наврӯз эҳё шуд! Ҳоким ба ҷашнгирӣ иҷозат дод!» Мо чунон шоду хурсанд шудем, ки тасвир карда наметавонам…

– Ҳамаи хуҷандиён аз тифли гаҳвора то пири бистарӣ шоду мамнун буданд! — доираи тасвирро васеъ гардонд Шайх Бурҳониддин. — Зеро ин ғалабаи бузурги хирад бар ҷаҳолат буд. Донишварони асили хуҷандӣ бо маслиҳати олими раббонӣ ва пешвои муаззами худ суннатҳои наврӯзӣ, таъриху муқаддасот ва хотираҳои қавмию мазҳабиро бо пиндоштҳои ҳокимони қарохонӣ хирадмандона пайваста, ҷашни миллиро тадриҷан ба асли қадим баргардонданд.

Ҳокими нави Хуҷанд Маҳмуд ибни Муҳаммади Қарохонӣ бародарам Шамсуддинро «Пирам» мегӯяду дар нома ҳам чунин менависад. Бародарам ҳар чӣ гӯянд, ҳамчунон мешавад. Имсол бо маслиҳати эшон, ки иҷрояш барои ҳамагон ҳатмист, дар идгоҳи навбунёди шаҳр Наврӯзи Бузург баландболо таҷлил мешаваду барои ҳамин шуморо боисрор ба меҳмонӣ хондем. Мисли ҳамшаҳриёни мо чатри гул бар сар кашида, аз файзи Наврӯзи навқирони Хуҷанд баҳра бардоред…


* * *


Субҳи рӯзи дигар Шайх Бурҳониддин меҳмонҳоро ба тамошои дарёи Сайҳун даъват кард. Вале онҳо азми бозор доштанду Нигина низ ҳамроҳашон рафта, аммо аввал рукни зиёратро баҷо овардан мехост.

— Эй духтари оча, хубаш ту ҳамроҳи Шайхбобоят рав! — вазъиятро ба танзим даровард Бибинурӣ. — Касеро, ки ҷустуҷӯ дорӣ, саҳаргоҳон аз лаби дарё меёбӣ.

— Оре, бародарам Шамсиддин он ҷо ҳар дуямонро интизор.

— Чува дар он ҷо?

— Бародарам Шамсиддин то Сайҳунро набинанд, ба саломи кас нараванд, касро назди худ нагузоранд ва бо касе наёмезанд. Аз он ҷо ба Унҷӣ раванд, ки боғе доранд обод ва то нимарӯзӣ деҳқонӣ кунанд. Фақат…агар мусулмоне аз ин дунё гузарад, бародарам одати дерин тағйир диҳанд…

Нигина гул-гул шукуфта, кӯзаи сафолӣ ба даст гирифту шитобон аз қафои Бобои Хуҷандӣ тохт. Тамоми роҳ «суруде»-ро зери лаб замзама мекард, ки на матн дошту не мазмун — чанд лутфи кӯдаконаю оҳанге ҳамсадои хурӯши дили кӯчак бо нақароти «лай-ла-лалай, лалай-лалай» …

Чун ба соҳил расиданд, мунгаи Нигина яку якбора қатъ гашту даҳонаш аз ҳайрат калон кушода шуд — дарёе ба чунин бузургӣ ва паҳноварӣ бори аввал медид!

— Вой, бобоҷун! — кафи даст бар фарқи сар ниҳод духтараки кӯҳистонӣ. — Оъ… Агар якҷоя шавад даҳ дарёи Ворух, намешад нисфи дарёи Хуҷанд!

— Оре, оби Ворух як риштаи Сайҳун аст. Лекин… агар ин гапро дар деҳа мегуфтам, шояд бовар намекардӣ. Бо чашми худат, ки дидӣ, хулосаи дуруст баровардӣ. Яъне, «шунидан кай бувад монанди дидан!» Барои он лаби дарё овардамат, ки нахустин субҳи гулғунчаи хандони Ворух дар шаҳри Хуҷанд муродбахшу фаромӯшнопазир гардад. Акнун ба зиёрати Бобокалони Бузургворат шитоб, ки моҳиён хабари омадани моро аллакай ба эшон расондаанд.

Нигина бо чашмони ҳаёратзада ба чапу рост нигаристу садои форами «Алҳамдулиллоҳ» ба гӯшаш расид. Сӯйи овоз шитофт ва Пире дид маҳосинсафеди сурхрӯй, субҳаи саддона дар даст канори Сайҳун нишаставу бо нигоҳи нуронӣ ба мавҷи дарё назар афканда, хуфя зикри Худо мегӯяд. Наздиктар омаду ҳисоби кораш гум шуд. Зеро мувофиқи дастури модар амал карда, худро дарҳол пеши пойи Бузургвор партофта наметавонист — оби дарё имкон намедод. Маҷбуран интизор истод, ки тӯлонӣ нашуд. Шайх Маслиҳатдин нимовоз «Аллоҳу акбар» гуфту даст ба рӯй кашид ва бо табассум лаб ба такаллум кушод:

— Пештар биё, ғунчаи Мастураи бобо! Модарат то маро дарёбад, инони ақл ба дасти гумон дода, назди кампираке рафта буд, ки сеҳру ҷодуро медонист. Акнун, ки навадаи ман шудӣ, маслиҳат ин аст, ки инони хеш ба дасти мо супорӣ, то раво-раво инояти азалӣ дарёбӣ ва ҳар чиро Худо ба ту додааст, бегумон соҳиб шавӣ.

Нигина дасти адаб рӯи дил ниҳода, бо одоби тамом пеши Шайхи бузургвор омад ва сари таъзим фуруд овард:

— Эй Бобокалуни меҳрубон, фидои шумо дилу ҷунам!

Шайх Маслиҳатдин сару китфони Нигинаро навозиш карда, дар нишастангоҳ мобайни ду бобокалон шинонд ва равзанае ба ниҳонхонаи дил кушод:

— Баъди намози бомдод ҳар субҳидам ба соҳили Сайҳун мешинам, то аз қаъри рудбори бузург асрори ҷаҳон дарёбам. Зеро дарёи пур аз сир аст Сайҳун! Нишастан дар лаби обу ғарқи дарёи тафаккур шудан ҳар шахси соҳибхирадро суди бисёр дорад, ки камтаринаш мисли садаф таҳнишин гаштан аст… Алҳол маслиҳат ин аст, ки ту ҳам лаҳзае биншину оби равонро нигар, то вусъати табъу шавқат бо вусъати Сайҳун мувозӣ гардад, баҳри дилат ба мавҷ ояд ва дарёҷӯш шавӣ…

Нигина ҳамчунин кард ва нигоҳаш бо маҷрои дарё пеш рафту қафо баргашт, боло рафту поён омад, ба он соҳил расиду ба дуриҳои дур парвоз намуд. Аз тамошои манзараҳои навпайдо ва назаррабо чашмони зебояш дурахши тоза, ҳузуру ҳаловати гуворо, нуру зиёи нав дарёфт. Фаҳмид, ки зуфунун ва дарёдарун будани Бобои Бузургвор аз шарофати оби дарёст!

— Оре, об ҳар куҷост, зиндагӣ он ҷост! — андешаи абераро вусъат бахшид Шайхи ҳамадон. — Ин оби мусаффо ва зулол, ки як шохобаш аз барфи пиряхи Ворух ибтидо мегирад, то ба Хуҷанд расидан аз санг бар санге зада, пухтаву тозаву гуворо, чун оби Замзам табаррук гашта, вуҷуди моро поку мубарро мегардонад, чун оби Хизр равшану соф шуда, моро ба рӯшноӣ мерасонад, осиёби зиндагиро ҳамеша гардон медорад, талхию шӯрӣ аз мазоқи мо дур мебарад ва шодию тарабу ширинкомӣ меорад.

Эй ғунчаи мастураи бобо! Обе, ки имрӯз тамошо дорӣ, боз як хосияти дигар дорад. Ин оби аввали баҳор асту аз одаму олам гарди сарди фасли сарморо дур афканда, ба оби раҳмат табдил меёбад, ба чашму рӯйи мо оби зиё бахшида, имонамонро обутоб медиҳад, ҳама растаниро сабзу гулбасар ва пурсамар мегардонад. Аз ҳамин сабаб ниёкони мо, ки обро муқаддастарин муқаддасот медонанд, обпоширо як рукни Наврӯз меҳисобанд, дар арафаи иди баҳор ба умеди бақо ва сафо дар навбати аввал наздикону ёронро аз оби раҳмат шодоб мегардонанд.

Эй ғунчаи мастураи бобо! Азбаски рӯйи ту шабеҳи гули наврӯзист, маслиҳат ин аст, ки расми аҷдодиро имрӯз аз ту оғоз бахшем.

Ҳазрати бузургвор кӯзачаи сафолиро пури оби навбаҳор карду «умрат мисли об дароз шавад!» гӯён, се каф ба сару китфи духтарак пошид ва кӯза ба соҳил ниҳоду андак поёнтар хамида, аз болои шохобчаи камбар «ҳар дарду бало дорем — об бубар!» гӯён се бор ҷаҳид. Сипас бо оби равон дасту рӯй шусту асои дасташро ба Нигина дод ва фармуд:

— Анизриб би ъасока-л-баҳра!4 Асо дар дарё зан!

Бобокалон бо чеҳраи пуртароват ва тару тозаю ҷилодори Нигина бо меҳр назар афканду аз беди соҳил се шохчаи сабз канда, даруни кӯзача андохт ва чанд панди обдор ба забон овард:

— Имрӯз бо оби Сайҳун лаб аз шири модар шустию худро ба ҳадди булуғ наздик расондӣ. Ин рӯзи басо хотирмони ҳаёт, ки оғози нашъунамо ва камолоти туст, муборак шавад, эй гулғунчаи Мастура! Акнун ки асо бар дарё задӣ, дигар кӯдак наӣ ва бодиққат гӯш дору ҳуш ба паёми обоӣ кун: қадри обу нону намак ҳамеша пос дор ва дар хаёли давлату савлату сарват обу адо нашав; бикӯш, то оби чашм дар дида нигоҳ дорӣ, аммо агар аз ноилоҷӣ оби чашм резӣ ҳам, оби рӯ ҳифз намо; ба дӯстон ва дугонаҳои ҷонӣ об аз ҷигар бахшу ба эшон мисли обу оташ ва обу равған мухолиф не, балки монанди обу ҳаво созгор бош; асло аз ёд набарор, ки об бо ҳован кӯфтан кӯшиши беҳуда асту ҳеҷ кадбону обро бо ресмон набандад ва дар сабад наандозад.

Азбаски сиришти ту бо кабутар пайванд аст, охирин маслиҳати наврӯзиро бо шарҳаш шунав: ҳамеша кабутари обӣ5 бош, на мурғи обӣ! Яъне мисли он паррандаи моҳихор фақат поктарин навола — моҳиро луқмаи ҳалол кун, на кирму обсабзаро монанди мурғобӣ…

Шайх Маслиҳатдин андаке таваққуф карда, аз ҷайб як каф моҳичаи тиллою нуқра баровард, ки тибқи таомули қадима дар радифи дигар сокинони суғднажоди Хуҷанди бостонӣ махсус дар маҳаллаи Заргарон созонда буду ҳар кадоме барои овехтан риштаи заррин дошт. Як моҳичаи тиллоиро худаш ба гардани зебо ва хушнамои Нигина ҳамоил карду маслиҳат дод, ки сеи дигарро ба Бибисолеҳаю духтаронаш ҳадяи наврӯзӣ барад.

— Оби кӯзача ба бехи ниҳоли тути назди дарвоза рез, ки бомдод тибқи суннати аҷдодӣ шинондам. Ин ниҳолро муридон аз Балх овардаанд, ки аз рӯзгори ориёиҳо то замони Хуросони исломӣ маркази аслии баргузории ҷашни Наврӯз буд. Ин навниҳол аз оби раҳмат нашъунамо ёфта, Тути калони Хуҷанд мешавад, ҳазорсола мешавад. Ту ҳам сарсабз мешавӣ…


* * *


Чоштгоҳи рӯзи сешанбе аз бурҷи баланди куҳандиз овози мутантани мунодӣ ба атроф ғулғул андохт:

— Нашунидам, нагӯед! Нафаҳмидам, нагӯед! Пагоҳ оғози сари сол — Ҷуфтбаро-ооро-оон!! Ҳар касе молу замин дорад, ба Боғмайдони Унҷӣ барояд ва урфу одати дадою бӯвоҳо-о баҷо о-о-орад!

Нидои даъватиро шунидан ҳамон шогирдони дабиристони духтарона, ки дар шафати масҷид воқеъ буд, саволомез ба муаддиба нигаристанд. Бибинурӣ қироати китоби олими маъруфи хуҷандӣ Мӯсо ибни Абдуллоҳ «Ҳиками амсол»-ро қатъ намуда, пас аз дуо гуфт:

— Тавре ки бонги муаззин даъватест барои намозгузорӣ бидуни таъхир, нидои мунодӣ оиди ҷуфтбаророн ишоратест аз оғози ҷашни Наврӯз. Мо бояд дарҳол аз ҳама кору ташвишҳои зиндагӣ худро фориғ гардонем ва ба хушҳолӣ пайвандем. Яъне чун ҳамеша аз ҳамин лаҳза таътили идонаи шумо шурӯъ мешавад!

Нигина, ки барои дидани мактаби шаҳр ва қиёс кардан бо мактабхонаи деҳа «меҳмон» омада буд, гумон дошт, шогирдон эълони таътилро шунидан ҳамон бо шӯру шавқ аз ҷой мехезанд. Вале дувоздаҳ духтараки гуногунсол, аммо якхелалибос рӯ ба омӯзгор ботавозӯъ нишаста, ҳатто мижа намезаданд. Нигина ба фаросат дарёфт, ки муаддиба нисбати онҳо низ сахтгир асту ду ҷумлаи машҳурашро ба толибаҳои шаҳрӣ низ зеҳннишин кардааст: аввалан — шогирд пеши устод саропо гӯш шавад ва агар ӯ сухан гӯяд, чун соя хомӯш бошад; сониян — шогирд ҳеҷ гоҳ густохӣ накунад, бе даъват забон ба гуфтор накушояд, аммо баъди муроҷиат сукут наварзаду тамаллуқ як сӯ ниҳода, мағзи гапро гӯяд, жож нахояд.

Бибинурӣ аз хушодобии шогирдон хурсанд шуда, бо рӯҳи болида гапашро давом дод:

— Таътили мову шумо як ҳафта давом мекунад. Ҳар як рӯзи он як шохаи Наврӯз аст, ид аст, замони хушдилӣ аст. Дар арсаи чаману боғу гулзор ва идгоҳ бемалол шодию бозӣ кунед, аммо дар ҳама ҷо адабу иффат нигаҳ доред ва ҳама кор бо ақлу фаросат пеш баред. Бовар дорам, ки шумо — шогирдони аълохони дабиристони мо зебу зиннати Наврӯзи Бузург мешавед.

Ҳар рӯзатон Наврӯз бод,

Наврӯзатон фирӯз бод!

Гулдухтарон табрикоти маъмули наврӯзиро бо хушҳолӣ такрор намуда, аз синфхонаи бистболора берун баромаданду ҳар кадоме алоҳида-алоҳида Нигинаро ба меҳмонӣ хонданд. Аммо Бибинурӣ фақат ба ду нафар — Гулсимо ва Саодат иҷозат дод, ки ӯро ҳамроҳи худ баранду шаҳрро тамошо диҳанд.

Сайри Хуҷанд аз манзили Маҳастӣ оғоз шуд, ки дарбаста буду калид дар дасти ҳамсоя. Вай аз деҳаи дурдасти Исфарамарз омадани меҳмони хурдсолро дониста, бо чарбзабонӣ ҳар серо ба ҳавлии тозаву озода дароварду роҳравон шарҳ дод:

— Баъди ягон моҳи нопадид шудани Маҳастибону турке чигил худро соҳиби ин манзил хонд, вале дер напоид — худ ба худ ҷиннӣ шуда, шабона худашро ба дарё партофта кушт. Тирамоҳи ҳамон сол модари шоираи машҳур Зебои Хуҷандӣ дар ин остони шеъру маърифат таълимгоҳу китобхона кушоду чароғи дудмонро равшан намуд. Ҳамаи ин гулу дарахтҳои анор дастранҷи ҳамон худораҳматӣ…

Ҳолӣ ҳавлӣ бесоҳибу холӣ. Ҳамсояҳо банавбат нигоҳбонӣ мекунем…

— Хола, Маҳастӣ зинда ё мурда? — аз пурсиши андаке соддалавҳонаи духтараки деҳотӣ дар лабони духтарони шаҳрӣ лабханди истеҳзо дамид. Вале ҳамсоязанак, ки худро Муаззама номид, бо оҳанги ҷиддӣ ҷавоб гардонд:

— Мурдагӣ Мӯниса, лекин шеъраш зинда! Китобаш даст ба даст мегардад.

— Чӣ ном дорад китобаш?

— «Чоргоҳи Маҳастӣ».

— Ман ҳам дорам ин хел китоб. Азёд кардагӣ чанд шеъру рубоӣ аз «Чоргоҳи Маҳастӣ».

— Наход?! Оъ… ин китоби камёфт чӣ хел ба дасти ту расид?

— Тӯҳфа кардагӣ Бобокалуни Хуҷандӣ.

— Кӣ??

— Шуд! Ҳамаашро фаҳмидам, — риштаи муколамаро қайчӣ зад Гулсимо. — Бо дастури Пири муаззам Шайх Маслиҳатдин акои хушнависам ним сол заҳмат кашида, аз «Чоргоҳи Маҳастӣ» нусхае бардошта буд. Маълум мешавад, ки он нусхаи армуғонӣ барои навада будааст!

— Мирмалик акои ту?! — якбора ба шавқ омад Нигина.

– Ҳа. Ҳамроҳи тағоям ба Ворух рафта буданд.

— Дар куҷост ҳозир акоят?

— Ман аз куҷо донам? Наход китобро бозгашт супорӣ?

— Не-е! Ҳадяи наврӯзӣ фиристодааст модарам барояш. Камарбанди гулдӯзӣ…

— Тӯҳфаро, иншооллоҳ, рӯзи Наврӯзи бузург дар идгоҳ месупорӣ, духтарҷон! — риштаи сӯҳбатро дубора ба даст гирифт Муаззама. — Агар туро Пирам Подшоҳмарди Валӣ ба ҳукми набера хонда бошанд, духтараки одию содаи қишлоқӣ нестӣ! Аз гап заданат маълум…

— Фарқ дорад магар гуфтори ман аз гапи дигарон?

— Албатта. Худи одами аз дигар олам омадагӣ барин гап мезанӣ. Ҷумласозият баръакси мо!

— Бубахшед маро. Наметонам дигар хел…

– Ҳеҷ боке не. Шояд оҳиста — оҳиста ёд мегирӣ. Ё мисли Маҳастӣ шоира мешавӣ.

— Гап мезанам ман мисли Маҳастӣ?!

— Мегӯянд, ки дар кӯдакӣ гап заданаш замзаманок будааст, нағмаи суруд барин. Падараш рағбату ҳаваси духтарашро дида, чанд мутриба ва устоди рақсро киро кардаасту Мӯниса ба зудии ҳайратангез 12 боб ва 24 шӯъбаи мусиқиро азбар карда, чангнавози моҳир, сарояндаи булбуловоз, раққосаи товусхиром ва шоираи забардаст шуда, Маҳастӣ тахаллус гирифтааст. Бо шеъри навиштааш худаш оҳанг баста, бо лаҳни дилнавоз сароида, ончунон арғушт мерафтааст, ки ҳама мафтун мешудаанд. Ҳоло бошад… бинед, ин чангу рубоб чангу ғубор гирифта, дар ҳасрати Маҳастӣ бесадо мегирянд…

Дили духтарон ба риққат омаду тирезаро кушода, гарду ғубори хонаву асбобҳои мусиқӣ ва дафтару китобҳоро пок карданд. Нигина хаёлолуд назди чангу рубоб омаду аз духтарон пурсид, ки оё навохта метавонанд?

— Падарам метавонанд, — ҷавоб гардонд Саодат. — Он кас шогирди бисёр доранд.

— Писари ман яке аз онҳост, — гуфт бо оҳанги ифтихор Муаззама. — Ҳам менавозад, ҳам месарояд. Рафтем, духтарҳо, ба хонаи мо! Меҳмони наврӯзӣ беҳтарин атои Худост!

Дугонаҳо акнун бо назари эҳтиром Нигинаро нигаристанд.

— Бонуи бузург шумо, эй очаи меҳрубон! Чунки нигаҳбунӣ мекунед мисли хунаи худ кошунаи Маҳастиро! Мо аввал мебинем идгоҳро, баъд агар бошад насиб, меоем ба меҳмунӣ…

Идгоҳ аллакай серодам менамуд. Ҳалвогарону нишаллочиҳо, пазандаю нонвойҳо ва фурӯшандаҳои меваҷоти тару хушк тиҷоратро оғоз бахшида, кулолу мисгару косатарошу заргарон ва дигар пешаварон дӯкону раста месохтанд ё хайма мекашиданду устоҳои дуредгар дар мобайн Дарахти оламро устувор мекарданд, ки аз ибтидо рамзи асосии Наврӯзи Хуҷанд, маркази дилхушию тамошо буд.

— Акоям мегӯяд, ки ба Искандари Мақдунӣ иди Наврӯз ҷудо ҳам маъқул шудааст, — худ аз худ ба гап даромад Гулсимо. — Ба канори Яксарт расидан ҳамон фармудааст, ки ана дар ҳамин соҳили хушманзара идгоҳи калон созанд барои таҷлили Наврӯз, то мардум хушҳол бошанду идгоҳи искандарӣ мисли ин ҷашни ҷовидона то будани одаму олам ба ёдгор монад.

— Аз ҳамун вақт сар шудагӣ ҷашни Наврӯзи Хуҷанд? — пурсид Нигина ва гардан ёзонда, ба тори Дарахти олам нигарист, ки шабеҳи санавбарҳои бузурги кӯҳистони Ворух буд.

— Наврӯзи Хуҷанд мисли дарёи Сайҳун аз дуриҳои дур сарчашма мегирад, — ҷавоб гардонд Саодати ба сол аз ҳар ду калонтар. — Модаркалонам мегуфтанд, ки номи якумин рӯзи олам Наврӯз аст. Ин маъниро аз китоби тафҳими Абурайҳони Берунӣ ёфтам, ки «аввал рӯзест аз замона ва бад-ӯ фалак оғозид гаштан» навиштааст. Дар китоби «Осор-ул-боқия» оғози гардиши фалак, яъне ибтидои офариниши оламро аз рӯзи ба тахт нишастани аввалин подшоҳи рӯйи замин Каюмарс ҳисобида, ба ин муносибат барпо гардидани ҷашне ба номи Наврӯз зикр шудааст.

— Ин қисса дар «Наврӯзнома»-и Умари Хайём ёдрас шудагӣ — илова намуд Гулсимо. — Дар китобҳои қадима таъкид мешавад, ки Каюмарс аввалин одам дар олам буда, корбасти обу гиёҳу маъданро ба дигарон ёд додааст.

— Фаҳмидам, ки Наврӯз будааст аввалин рӯзи олам ва Каюмарс аввалин подшоҳи олам ва Яксарт будааст номи пешинаи Сайҳун. Чӣ дахл дорад ин ҳама ба Наврӯзи Хуҷанд?

— Дар китоби муғон номи шаҳри мо ба шакли «Хва-канта» будааст ба маънои «шаҳри офтоб». Дар «Насиҳат-ул-мулук»-и аллома Муҳаммад Ғаззолӣ омадааст, ки «подшоҳии Каюмарс сӣ сол буд дар офтобшаҳри ҷаҳон». Аз ин навиштаҳо метавон хулоса баровард, ки шаҳри мо зодгоҳи Наврӯз аст!

— Наход? Намеояд боварам…

— Бовар кун, Нигина. Агар хоҳӣ, дар сари қабри Каюмарс бо китоб қасам мехӯрам!

— Куҷост қабри ӯ?

— Обидаи Каюмарс дар бағали шаҳри Хуҷанд аст. Дидан мехоҳӣ?

— Албатта!

Зиёрати мақбараи Каюмарси афсонавӣ ва обидаи ҳамшираи ӯ Бибӣ Хуҷанда, воқеъ дар гузари Истак, маҳаллаи Пули чуқур табъи дили дугонаҳо шуд. Нигина бовар кард, ки Хуҷандро «Тироз-ул-о-лам», яъне арӯси ҷаҳон номидани сайёҳон ва Наврӯзро арӯси сол ҳисобида, дар Истак бо ҳусну таровати олӣ ҷашн гирифтани хуҷандиён куҳанрешаи бузург дорад. Ягона чизе, ки нафаҳмид — «чӣ маъно доштани калимаи Истак»-ро дарҳол пурсиду чунин ҷавоб шунид:

— Истак як навъи бед аст, ки фақат дар соҳили Сайҳун месабзад. Айёми наврӯзӣ дӯшизаҳо расан дар шохи неруманди истак баста, бод мераванд, то гарду ғубори дилро бод бубарад.

— Арғунчак мегӯем мо, яъне аспаки бодрафтор…

— Гапат қабул, Нигина. Рафтем, арғунсаворӣ мекунем.

Духтарон бо навбат ба арғунчак менишастанду яке барои баланд бод рафтан аз тахтапушти дигаре алвонҷ медод. Ва ҳар се баробар суруд мехонданд:

Ҳаво, ҳаводор — е,

Барги сафедор — е,

Уштуро қатор — е,

Сандуқо пурбор — е.

Биё, навбаҳоре — е!

Биё, навбаҳоре — е!


* * *


Нигина ба амакдухтарҳояш дидаву шунидаҳояшро сар-сарӣ нақл карду донист, ки онҳо низ дар соҳили Испандруд арғунчаксаворӣ намуда, бо таассуроти бой баргаштаанд.

— Хоҷа Баҳоргон деҳаи худамон барин як ҷойи зебо будаасту Испандруд мисли дарёи Ворух шириноб — гуфт Назорат. — Аз пагоҳӣ то бегоҳӣ фақат чизи ширин хӯрдем!

— Бахудо, ки рост! — тибқи одат бе ягон зарурат қасам ба забон овард Назокат. — Баробари аз остона даромадан кадбону ба ҷону ҳоламон намонда, аз хони наврӯзӣ аввал як порагӣ шакарҳалвои мағзӣ ба даҳонамон андохт, то ширинком ва ширинумр шавем. Чунон бомазза будааст, ки…

— Дар Хоҷа Баҳоргон тамоми чиз хушлаззату гуворо. Медонед чаро? — пурсид Шайхбобо ва дид, ки ҳама хомӯшанд, худ ҷавоб гардонд: — Оби Испандрӯд, ки аслан оби Хуҷанд аст, мӯъҷизанок буда, заминҳои гирду атроф бо шарофати он пурбаракат шудаанд. Гандуми маҳини серрез, биринҷи девзира, зироати ҳафтравған ва ғӯзаи нахаш қавӣ аз ин заминҳо ба даст меояд. Зардолую санҷиди қандак, ангури тагобию харбузаи токӣ, анори ширину анҷири обӣ ва чормағзу бодоми коғотӣ маҳз дар боғоти ин мавзеъ фаровон мерӯяд. Аз ҳамин сабаб Баҳоргон яке аз ошёнҳои Наврӯзи Хуҷанд аст.

— Чӣ маъно дорад Баҳоргон, эй бобоҷун?

— Номи аввалин идгоҳи наврӯзӣ. Баракати оби руд аз баракати ин иди бузург сарчашма мегирад. Акнун, эй Нигинаи бобо, барои он ки пагоҳ дар ҷуфтбаророни Унҷӣ бо пурсиши нав дигаронро гаранг накунӣ, пешакӣ мегӯям: Унҷӣ калимаи суғдӣ асту суғдиён замини кунҷи дарёро «унҷӣ», замини кӯҳдоманро «ноҷӣ» мегуфтанд, ки номи деҳаест дар он тарафи ағба…

— Падари худораҳматиям боре гуфтанд, ки «барои ғалладаравӣ Унҷӣ меравам». «Унҷа меравед?» — пурсиданд модарам бо лаҳни хеш. «Ҳа, — гуфтанд бо табассум падар. — «Ун ҷа» гуфтани тую «Унҷӣ» гуфтани ман як замин аст, ки Сайҳун аз канори он мисли оринҷи қатшуда ҷорӣ мешавад.

Сухани лутфомези Бибинурӣ бо лабханд шунида шуд. Вале саволи Бибисолеҳа ҳамаро ба ханда овард:

— Пагоҳ унҷа мерем ё унҷӣ?

– Ҳамакаса ба ҷуфтбаророн меравем, — андаке асабонӣ шуд Аҳмадсайид. — Мебинем, ки он ба говхунуккунони Ворух монанд аст ё не?

– Ҳам дар Воруху ҳам дар Унҷӣ ва ҳам дар Хуҷанду ҷумла олам Наврӯзи деҳқон якгуна асту бо роҳи дида меояд. Ҳар касе пеш аз дамидани сапеда дида бикушояд, пеш аз дигарон ба дидори Наврӯз мерасад, хушбахту хушрӯз мешавад, — гуфт бо оҳанги шаббахайр Шайх Бурҳониддин. — Дар субҳи ҷуфтбаророн ҷавонон мекӯшанд, рӯйи банури пиронро бинанду фотиҳаи нек гиранд, мо бошем, баҳри он мекӯшем, то рухи тифлонро бингарем ва дуо кунем, ки ҳамроҳи тифли накуноми табиат сарсабзу гулбасар шаванд…


* * *


Дар Унҷӣ аввалин шахсе, ки ба назари Нигина намуд, Деҳқонбобои озодалибос Бадриддин — бародари Шайх Маслиҳатдин буд, ки меҳмононро бо чеҳраи нурафшон истиқбол мегирифт. Бибинурӣ ба ҳамроҳонаш фаҳмонд, ки ҳукамо вайро иқтоъдор мегӯянду уламо молики замин меҳисобанд, аммо барзгарон ва боғкорон бо меҳр деҳқони одил меноманд. Зеро Бадриддин ҳар кадоме ин раъиятро ном ба ном медонаду аз рағбату ҳунар ва ҳусну қубҳи аксарият комилан огоҳӣ дорад, аз фасод пок асту ҳатман ва ҳаққан мардуми хокпошро ҳимоят мекунад, ба ҷуз молиёти муайян ва хироҷи маълум дигар андозе аз онҳо намеситонад, ягон маҷбурияти берун аз одат намениҳад.

— Фаҳмидам, ки аз Бадриддин ҳам холиқ розию ҳам халқ! — таҳсиномез нидо кард Аҳмадсайид ва дар паҳлӯи деҳқонон истоду ҳамроҳонаш ба ҳалқаи занону духтарон пайвастанд. Амакдухтарон муддате рӯйи сабзагилеми навруста нишаста, лаклакпаронию гӯштингирӣ, буҷулбозию хурӯсҷанги кӯдакони шӯху бепарворо сарсарӣ тамошо карданду ҳисси бегонагӣ аз байн рафтан ҳамон ба Бобаку Момакбозӣ шарик шуданд. Лекин овози чирросӣ ва гӯшхароши кӯдаке тасфи бозиро хунук гардонд:

— О-омада-а-андд!

Дар идгоҳ ҳама ҳаракат даме қатъ шуд. Кӯдакон низ баробар карахт гашта, тарафи офтоббаро нигаристанд, ки бо садои карнаю сурнай гурӯҳе аспу аробасавор ва гурӯҳе пиёда бо нидоҳои шодмонӣ рақсону ғазалхон меомаданду аз қафотар подаи барзаговҳо ва боз чанд аробаи пурбор ин сӯ ҳаракат дошт.

Бобои Деҳқон ва Шайх Бурҳониддин савори аробаи сечархаи соябондор ин корвонро сорбон буданд ва чун ба хати сабзи майдони Шодӣ расиданд, пиёда шуда, ба издиҳом пайвастанд.

Баъде, ки ҳама ҷобаҷо шуданд, Бадриддини Деҳқон бо салавоту дуо ба ҷамоат рӯ овард:

— Бо амри Парвардигор аз имрӯз биноан давру замон нав мешавад, табиат ҷавонию ҷамоли тоза мегирад. Имрӯз дар ҳама русто кишоварз бо умед бар гов лубод мебандаду ҷуфт мебарорад ва бо зӯри сарпанҷаи Ҳазрати деҳқон замини мурда даму нафаси тоза мекашад.

Рисолати худовандии мо он аст, ки гови варз бар ганҷ ронем, заминро зинда дорем ва шукри неъмат гузорем. Зеро тухми киштаи мо сирати мост, оби рондаи мо неъмати мост ва замини саховатманд раззоқи мост!

Биёед, даст ба дуо бардорем, то Раззоқ ва Халлоқи Олам Марди деҳқон — рӯзирасони ваҳшу тайрро дар паноҳи ҳиммату баракати хеш сарбаланд дорад. Омин!

Хурду бузург баробар «Аллоҳу акбар!» гуфтанд ва сари сурфаи наврӯзӣ нишастанд. Баъди тановули андак гурӯҳе аз барзгарон аз аробаҳо молаву ҷуфту испор оварданду барзгарони ҷавон барзаговҳои азимҷуссаи варз ва гардунро боэҳтиёт аз болои дуду оташи ҳазориспанд гузаронида, шоху гардан ва суми ҳайвоноти корӣ бо равғани индов чарб карданд. Нахуст ба пурқувваттарин барзгари забардаст Ҳалими Говзӯр иҷозат шуд, то ҷуфти аввал оғоз кунад.

Ин карат Шайх Бурҳониддин даст ба дуо бардошт:

— Илоҳо, омин:

Арвоҳи Бобои Деҳқон мадад кунад, аввалу охири сол нек шавад, ҳосил фаровон рӯяд, файзу барака зиёд гардад.

Кушоиши кор,

Муборакии наврӯзи баҳор,

Як донаи шумо — ҳазор,

Ҳазори шумо — бешумор

Аллоҳу акбар!

Таҳамтандеҳқон як тоба ҷуфт карда, говҳоро дам доду аз халтаи пурбор табақе ғаллаи тухмиро бардошта, чанд мушт ба замини навшудгор афканд ва боқимондаашро болои барзаговҳо пошид. Хонумҳо ӯро пайравӣ карда, пасопеш болои говон чормағзу ғулунг мепошиданду кӯдакон ва ҳам калонсолон талош мекарданд.

Ғалмағалро садои форами ҷуфтнай паст нишонд ва очаи Бибинурӣ сабзи суманак аз ниҳонпарда берун овард, ки онро то ҳол ба чашми ғайр нишон надода, дар зарфи махсусе аз гандуми баҳорӣ сабзонда буд. Саодат табақи мудавварро боэҳтиёт аз дасти муаддиба гирифта, бо ҷилваи хиромон ва мувофиқ ба савти найанбон онро ба Бобои Деҳқон супурд. Вай бо зикри номи Аллоҳ зарфи муқаддас баробари китф бардошту ҳар ду чашмро бонавбат ба гандуми навраста расонда, нек ба он назар афканд, то сабзаи нозанин сардию зардӣ дур гардонад.

— Соле, ки накӯст, аз сабзабаҳораш пайдост ва нашъунамои сабзи суманак табъи дили мост! Ин фоли нек аст ва моро аз рӯзу рӯзии сабзу хуррам башорат медиҳад, пиронро сарсабз медораду ба ҷавонон бахти сабз мерасонад.

Ҳар рӯзатон Наврӯз бод!

Наврӯзатон фирӯз бод!!

Табрики Бобои Деҳқон ишорае ба оғози шодмонӣ шуду аз ҳама пештар ва бештар гулдухтарон ба ҳаракат даромаданд. Яке лабчанг менавохту дигаре доира мезад, сеюмӣ суруд мехонду чорумӣ мерақсид. Гулсимою Саодат зеби маърака буданд ва Нигинаро ба паҳлӯи худ кашида, базмро тасфонданд. Рақси се гул ҳамаро ба ваҷд оварду ҳини ҷамъбаст Бобои Деҳқон лаб ба офарин кушода, аввал ба ин духтаракон, пасон ба дигар кӯдакони ҳунарманд — ғолибони ҳарби кабку бедона ва хурӯсҷанг, мусобиқаҳои сагони бонию шикорӣ, лаклакпарронӣ ва гӯштингирӣ муносиби ҳолашон ва солашон ҳадяҳои хелмахели наврӯзӣ бахшид.

Ба Нигина як куртаворӣ адрас расид. Вай нахустин ҳадяи тақдирро маҳкам ба сандуқи синааш пахш карда, ҷилвазанон ҷониби амакбобояш тохт ва худро бо шавқу сурур ба оғӯши гарми бозаргони меҳрубон андохт…

Ба адраси армуғонӣ бо ҳавас нигаристани духтаронашро дида, Аҳмадсайид аз бозор ду либосвории дигар хариду дарҳол куртаҳои якхела дӯзонд. Се хоҳари адраспӯш дастобадаст ба ҷашни Чилбеди Хистеварз рафтанду болои сабзазори махмалӣ арғушт рафта, чун дигарон «зардии ман моли ту, сабзии ту моли ман» гуфтанду се рӯзи дигар шоду ғазалхон дар маъракаҳое, ки бӯйи занона дошт, давр зада, арӯсбинон карданду салом-салом намуданд, ҳино бастанду ӯсма кашиданд ва ба маънои томи сухан гул-гул шукуфтанд.

Шабҳангом низ фурсати дамгирӣ надоштанд. Ҳамроҳи ҷавонзанону духтарони маҳалла гирди гулхани наврӯзӣ давра гирифта, сурудҳои муборакбодӣ мехонданду мерақсиданд. Се маротиба аз болои лахча парида, «зардии рӯямро бигир, сурхии рӯятро бидеҳ!» гӯён, гуноҳ сӯзонданду оташдил шуданд…

Чунин хушҳолию оташафрӯзӣ ва сурудхонию худафрӯзӣ дар суманакпазӣ идомаи тоза ёфт. Аввали он шаб Нигина кокулчаҳои мушкборашро чапу рост афшонда, нармак-нармак ба ҷилва омаду андактар, ҳар боре нақароти «Суманак дар ҷӯш, мо дафча занем» баланд мешуд, духтарак ба ҷӯш омада, кафча мезаду давр мегашту мечархиду ончунон бомаҳорат мерақсид, ки ҳамагон ангушти ҳайрат ба лаб бурданд.

Пири бузургвори Хуҷанд Шайх Маслиҳатдин, ки бо даъвати хоҳараш Бибинурӣ барои ком ширин кардан аз нӯшдоруи равонбахши наврӯзӣ сари қадам ба сари деги суманак омада буд, Нигинаро назди худ ҷеғ заду аввал офарин хонд. Сипас сухан ба табассуми малеҳ идома бахшид:

— Панде, ки дар соҳили Сайҳун садо надод, акнун бишнав, эй ғунчаи мастураи бобо: дарёдил бош, лек мисли Сайҳун ором ҷорӣ шав! Рақсидану болидани духтарон дар тантанаҳои наврӯзӣ суннати дилписанди ойини мардумист ва мутобиқ ба ойини мусулмонист. Аммо чархидану завқидану бехуд шудан пешаи шайтонист. Алҳазар аз ҷунуни иблиси маккор!

Ин бигуфту фармуд, ки кӯзае кӯҳна биёранду ба дасти Нигина диҳанд.

— Эй ғунчаи мастураи бобо, маслиҳат ин аст, ки кӯза дар даст болои бом барою то қадри тавонистан онро болои сарат баланд бардор ва се бор гирд гардонда, бо тамоми қувват ба замин ҳаво деҳ!

Амри Пири бузургвор бечунучаро иҷро шуд ва зарфи сафолӣ ба замин бархӯрда, пора-пора гашт.

— Кӯзашиканӣ яке аз пиндорҳои фаромӯшшудаи Наврӯзи ниёкон аст, — шарҳ дод Пири донишманд. — Ғараз аз ин амал шикастани тилисм, рафъи бало ва дафъи чашми бад аст. Нигина кӯзаро шикасту шикасти тилисм оғоз шуд. Аз ин баъд Нигина монанди одамони хокӣ гап мезанад, на мисли париёни бодӣ. Агар ҳар сол дар айёми наврӯзӣ як кӯзаи сафолӣ бишканад ва адади кӯза ба ҳафт расонад, аз банду тилисм осоре намонад.

Фаҳмидӣ, эй ғунчаи мастураи бобо?

Якуякбора тарзи гуфтори Нигина тағйир ёфту бо лаҳни шево ҷавоб дод:

— Фаҳмидам, эй Бобокалони меҳрубон. Ҳар чӣ фармоед, ҳамеша ба ҷону дил иҷро мекунам!

— Ин тавр бошад, бархезу пеши амакдухтаронат рав, ки ғарқи хоби нозанд. Маслиҳат ин аст, ки дигар духтарон ҳам хона ба хона шаванд ва деги суманак ба ихтиёри момоҳо гузоранд. Азеро пагоҳ аз вақти саҳур — пеш аз дамидани субҳ шодию тараби Наврӯзи бузург оғоз меёбад.


* * *


Ҳақиқатан ҳам чашми рӯз накафида, холаи Бибисолеҳа духтаронро бо тараннуми байти наврӯзӣ аз хоб бедор кард:

Наврӯзи Хуҷанд вақти саҳар умадааст,

Чишмота кушо, пешаки дар умадааст!

Ҳама саросема дасту рӯй шуста, ба кӯча давиданд. Дар чорроҳаи Мардони Панҷшанбе даҳҳо аробаи дучархаи соябондори идона зиннатёфта корвон шуда, пешопеши анбӯҳи духтарону бачаҳою мардону занони либоси идона дар бар ва хони анво дар сар сӯйи идгоҳ раҳсипор буданд. Ҳар як кадбону таоми махсус пухтаашро бо худ мебурд, то як гӯшаи суфраи наврӯзиро ободу ороста гардонад.

Бибисолеҳа низ дар сар бастае дошт аз мағзу санҷид ва зардолую чормағзи Ворух, ки махсус оварда буд ва чун корвони шодӣ ба идгоҳ расид, дастовезашро ба модари Мирмалик — холаи Моҳсимо, ки дастордори хон ва парастори нон буд, супорид. Хонсолорони чобукдаст ва ходимони покизакор бо маслиҳати ин кадбонуи маъракаоро моидаҳои хелмахелу рангоранг — нонҳои ширмолу обӣ, фатирҳои гирдаю холзада, кулчаҳои равғанину қаламаи варақин, самбӯсаю чалпаку чаппотӣ, мағзу мавизу чормағзу санҷид, зардолуқоқи мирсанҷалию қандак, бинигорию хурмоӣ ва таомҳои маросимӣ — суманаку кочӣ, кашку дӯлда, зӯрмиҷ ва бағрою гипоро ҷобаҷо мегузоштанд.

— Суст нашавед, аммо шитоб ҳам накунед! — мегуфт Моҳсимо ҳар замон ба хонсолорон. — Бикӯшед, то дастархони наврӯзии мо аз дигар гузару маҳаллаҳо беҳтарин бошад, дар радаи ҳафт хони маъруфи Хуҷанд ҷой гирад.

Баъде ки суфраи калон аз анвои хӯрданӣ лабрез гашт, парастори хон фармуд, ки ҳафт шохча аз ҳафт дарахти мевадеҳ биёранд. Дастёрон даррав аз зардолуву бодом, ангуру олу, туту чормағзу анҷир ба андозаи як ваҷабӣ навдаи тар оварданд. Холаи Моҳсимо ҳафт шохаро ба шакли ҷойгиршавии ситораи ҳафтдодарон рӯйи хон ниҳода, ба паҳлӯи ҳар кадом муште аз меваи он гузошту чашмаш ба Нигина афтид, ки ҳар амали ӯро бодиққат назора мекард. Бо лаҳни кӯдакона гуфт:

— Ту барин хушрӯча шуд-а!?

Нигина базавқ хандид ва пурсид:

– Ҳафт «шин» оё ҳамин ҳафт шоха аст?

— Не, хони наврӯзиро бо ҳафт шохчаи тару ҳафт меваи хушк оро додан одати бӯвокалонҳои мост. Чунки аз замонҳои қадим рақами 7 барои пешгузаштаҳои мо муқаддас ҳисоб мешуд. Масалан, ҳафт хазина доштан барои подшоҳон ойини давлатдорӣ буду ҳар кадоме ҳафт қасри шоҳаншоҳӣ доштанд. Гурзи подшоҳӣ аз филизи ҳафтҷӯш, яъне аз омехтаи тиллою нуқраю қалъагӣ ва мису оҳану сурбу биринҷӣ гудохта мешуд. Шоҳон ба маликаи худ дар иди Наврӯз гули ҳафтранг ҳадя мекарданд.

— Барои чӣ ҳашт нею ҳафт?

— Барои он ки ба пиндори ниёгони мо замин мисли ҳафт қабати осмон ҳафт қисмат буда, ҳар кадом ба як ситораи Ҳафтдодарон мансуб аст. Яъне, ҳафт шохаю ҳафт мева рамзи ҳафт иқлими ҷаҳон аст…

Нигина шарҳи душворнамо, вале осонфаҳмро бо даҳони боз шунида, тамошоро бо шавқи дучанд идома дод. Фаҳмид, ки ҳафт «син»-себу санҷид, сиркою сабзӣ, самбӯсаю сипанду сир асту ҳафт «шин» — ширу шакар, шаробу шарбат, шамъу шонаю шиннӣ. Ин чизҳоро ба ду тарафи дастархон алоҳида-алоҳида гузошта, Моҳсимо бо тавозӯъ пеши Бибинурӣ омад:

— Отунбуча, акнун расму таомули худамонро баҷо оред ва ба хони наврӯзӣ ҳафтгонаи хуҷандӣ гузоред.

Дастордор аз дасти ҷавонзане косаи ордро гирифта, мобайни дастархон гузошту ба Бибинурӣ нигарист.

— Дуо кунед, Отунбуча!

— Парвардигоро, ҷумла бандагонатро аз ҷурму гуноҳ пок намо ва осиёби зиндагиро бешикаст гардон!

Ҳама баробар «Омин» гуфта, даст ба рӯй кашиданд.

Моҳсимо косаи биринҷро паҳлӯи орд ниҳод.

— Парвардигоро, ҷумла бандагонатро рӯзу рӯзии сершумор насиб гардон!

Сипас косаи асал гузошта шуду чунин дуо садо дод:

— Парвардигоро, ҷумла бандагонатро рӯзгори шаҳду ширин бирасон!

Вақте як баста хӯшаи гандум ниҳоданд, Бибинурӣ дуо кард:

— Парвардигоро, ҷумла бандагонатро фарзандони солиму солеҳ сершумор гардон!

Моҳсимо ойина ба хон гузошту Бибинурӣ ин дуоро хонд:

— Парвардигоро, дили ҷумла бандагонатро софу беғубор гардон!

Дуои тухми мурғ чунин шуд:

— Парвардигоро, ҷумла бандагонатро соҳиби тухми заррин гардон, аз тухми бадӣ эмин дор!

Аз ҳама охир, бо эҳтиёту эҳтироми зиёд, Моҳсимо ба қалби суфраи Наврӯзӣ китоби «Қуръон» ниҳод. Бибинурӣ бо лаҳни форам ва пуртаъсир хитоб кард:

— Парвардигоро, ҷумла бандагонатро ба ислому ба имону ба китоб мӯҳтарам гардон!

Ҳама баробар «Омин» гуфта, даст ба рӯй кашиданду ҷониби Дарахти олам нигаристанд, ки он ҷо марде харсавор намудор шуд. Гирди дарахтро тоб хӯрда, себу нок, норинҷу туринҷ, кадую харбуза, тарбузу лаблабу, сабзию пиёз ва дигар меваҷоти дар шохаҳо бо ресмон басташударо бо ҳавас нигаристу гулҳои қоғазиро бӯй кашида, яке аз бозичаҳоро канданӣ шуд.

— Вай девоная бинед! — Назорату Нигинаро бо оринҷ нихта кард Назокат. — Болои хар чаппа шиштас!!

— Вай девона не! — дарҳол ҷавоб гардонд Гулсимо. — Вай мири Наврӯз!

— Инаш чӣ гуфтанӣ гап?

— Мир амир аст, яъне ҳоким, подшоҳ. Мири Наврӯз сарвари базми имрӯза аст ва ҳокимияташ як шаборӯзӣ давом мекунад. Ҳар чӣ фармояд, бечунучаро иҷро мешавад.

— «Мур» гӯяд, мемурем?!

— Вай асло гапи дағал намегӯяд. Мири Наврӯз хушсухан аст, мардумро механдонад ва хушҳол мегардонад. Аз ҳамин сабаб вайро Мири ханда ҳам мегӯянд.

— Ана акнун ҳамааш фаҳмо. Сабаби ба хар чаппа нишастанаш маълум, масхарабоз будааст вай!

— Бале, ба аспи фарбеҳ нею ба хари лоғар нишастанаш, ба ҷойи бози подшоҳӣ ба даст калзоғ гирифтанаш, ба ҷойи хидматгор худро бо бодбезан бод заданаш, ба ивази либосҳои гаронбаҳо куртаю шалвори кӯҳна пӯшидани мири Наврӯз масхараю мазаммати шоҳону амирони ҳавобаланд аст. Имрӯз бе иҷозати Наврӯзшоҳ ҳатто ҳокими Хуҷанд луқмае ба даҳон намебарад!

— Наход?

— Гулсимо дуруст мегӯяд. Дар назди Дарахти олам пайдо шудани Мири Наврӯз оғози хушҳолист. Ҳама гӯшҳо интизоранд, ки ӯ чӣ фармон медиҳад…

Мири Наврӯз дасти росташро баланд бардоштан ҳамон садои карнаю сурнай ва дафу доира ба фалак печид. Дарвозаи навсохтаи маҳаллаи Сари баландӣ калон кушода шуду аввал Пири бузургвори Хуҷанд пероҳани сабзрангу ҷомаи сафед дар тан ҳамроҳи ҳокими шаҳр ба идҷо даромаданду аз пайи онҳо меҳмонон аз Хоразму Бухорою Самарқанд, Фарғонаю Хатлону Исфараю Истаравшан дастафшон одоби саломи ом баҷо оварда, ба тахти Наврӯзӣ нишастанд.

Мири Наврӯз дасти чапашро баланд бардошту баробари овози карнай ҳама хомӯш шуданд. Аммо овози Наврӯзшоҳ мутантан ва хеле баланд садо дод:

— Дар ҳама давру замонҳо Наврӯзи бузург бо каломи гуҳарбори шоири бошараф оғоз мешуд. Ҳоло ки мо расму одати дадою бӯвоҳои худро аз нав зинда мекунем, шоири аз ҳама баобрӯи Хуҷандро ба саҳна мехонам. Ҳам шеър ва ҳам иззати нафси ин шоир дар баландӣ бартар аз кӯҳи Рухак асту шеъри равонаш чу оби Сайҳун файзу таровати хоса дорад.

Марҳабо, эй Пири барнодили Хуҷанд.

Айём чу мо бастаи уммеди ту бод,

Иди ҳама кас рӯйи чу хуршеди ту бод!

Азбаски Наврӯзшоҳ номи шоирро мушаххас нагуфт, мардуми иштиёқманд бо шавқу ҳавас ба минбари шафати Дарахти олам дида дӯхтанд, ки аз минбари масҷид паҳнтар ва баландтар буд.

Ҳазрати Шайх Маслиҳатдин, ки бо тахаллуси «Каломӣ» шеър менавишт, гули сияҳгӯш дар даст солор аз ҷой хест:

Наврӯз расиду шоду хуррам гаштем,

Аз рафтани барф ҷумла беғам гаштем.

Дидему чашидем басо шодию ғам,

Охир ба гули баҳор ҳамдам гаштем.

Айёми Наврӯз ассалом!

Фасли дилафрӯз ассалом!!

Гули баҳман, ки дар даст дорем, рамзи баҳор аст. Имрӯз ҳар як гиёҳ бо як калом аз хок сар мекашад ва гули баҳор ба чашму дилу кошонаҳо зеботарин ва поктарин дуруд меорад:

Ҳар рӯзатон Наврӯз бод!

Наврӯзатон фирӯз бод!!

Мири ханда шоҳбайти наврӯзиро бо лаҳни мутантан такрор карду пеши меҳмони асосӣ омад:

— Чӣ хуш ки ҳокими ҳумоюнбахт ва карумултахти Хуҷанд Маҳмуд ибни Иброҳими Қарохонӣ бо ҳузури мубораки хеш базми моро шукӯҳу шаҳомати сутург бахшиданд. Ҷаноби волоҳазрат ва азимушшаън ният доранд, бо шеваи хуҷандӣ мову шуморо муборакбод гӯянд. Марҳабо, ҷаноби олиқадр!

Ҳокими пурсалобат аз ҷой нимхез шуда, бо лаҳни шикастаи тоҷикӣ гуфт:

— Имрӯз ман яке аз шумоҳон. Бо деҳқонҳо гирди як хон нишаста, ҳалвои суманак мехӯрам. Чунки деҳқон дӯсти мову шумост. Шодии деҳқон шодии мову шумост. То олам бошад, деҳқон бошад. Ҳар рӯзи мо ҳамин хел Наврӯз бошад! Баҳори нав мӯрак шавад!

Мири наврӯзӣ бо чеҳраи пурханда ҳар ду дасташро аз китф саҳле боло бардошта, мисли бодфиррак давр занонду идгоҳ ба хурӯш омад. Олиҳаи Наврӯз савори аспи сафед ва ороста бо пироҳани сап-сафеди оҳарӣ дар базмгоҳ ба гардиш шурӯъ карду аз нигоҳи сеҳрофаринаш ба чор тараф гул мерехт. Беҳтарин овозхонҳо бо навои синахурӯши мутрибони чирадаст булбулхонӣ мекарданду раққосаҳои товусхиром бо ҷилваи мавзуни қаду қомати расо дилу дидаҳоро мафтун месохтанд. Аз ҷониби Сайҳун боди гуворо вазида, ба варзишгарони вазнбардор ва паҳлавонҳои нерӯманд мадори тоза мебахшиду лаклаки кӯдакони сершавқунро торафт баланд мебардошт. Дорбозон маҳорати олӣ нишон медоданду духтарони ҳинобадаст ва гултоҷ дар сар арғунчак мерафтанд. Ҷавонмардон аз болои оташи баланди гулхани наврӯзӣ чусту чолок парида, гуноҳ месӯзонданду наврасон машғули хурӯсчангу тухмбозӣ буданд. Шоирон дар ҳар кунҷу канор шеър мехонданду Зиёуддини Хуҷандӣ ахтари рахшони муошираи наврӯзӣ буд:

Боғ шуда ҷаннати анбарнасим,

Кӯҳ шуда тахти зумураднигор.

Боди баҳорӣ зи сиришки саҳоб

Шуст зи рухсораи бустон ғубор.

Булбули хушбӯй зи атрофи боғ,

Гуфта басе таҳнияти навбаҳор

Мекунад аз рӯйи ҳаво чашми абр

Дурру гуҳар бар сари олам нисор…

Коргардони асосии маъракаи бузург Наврӯзшоҳ лаҳзае қарору ором надошт. Бо сару рӯйи арақшор аз як раста ба растаи дигар, аз сари хони як маҳалла ба маҳаллаи дигар, аз давраи як мусобиқа ба давраи дигар беист хар медавонду ба ғолибон тӯҳфаи идона месупурд, мағлубҳоро бо сухани ширин дилбардорӣ мекард. Беинтизомҳоро ба тартиб меоварду танбалонро ба ҳаракат меандохт. Бо мардум ҳазлу шӯхӣ меорост, савол медоду ҷавоб мешунид ва агар посух маъқул ояд, аз хӯрҷин ҳадя мебаровард.

Нигинаву амакдухтаронаш низ сабру қарор надоштанд. Бо одати дерина — дастобадаст аз як гӯшаи идгоҳ ба дигараш рафта, ҳама чизро дидан ва ҳар чӣ бештар лаззат бардоштан мехостанд. Дар яке аз гардишҳо Мири Наврӯзӣ онҳоро нигоҳ дошт. Ришу фаши паҳну дароз ва мӯйлаби печонашро силаю ҳамвор карда, аммо ниқоб аз чашм нагирифта, баланд нидо баровард:

— Эй духтарҳои зебо, ба ҳар сеятон як савол дорам. Касе аввалин шуда, дуруст ҷавоб гадонад, мукофот мегирад.

Чанд ҳангоматалаб дарҳол онҳоро гирд гирифта, имкони гурез надоданд.

— Гӯш кунед, духтарако: паррандае, ки ду пой дораду даст надорад, лекин мисли подшоҳ тоҷ дорад, чӣ ном дорад?

Назокату Назорат ҳаросон Нигинаро нигаристанд. Вай заррае худро гум накарда, кӯтоҳу баланд ҷавоб гардонд:

— Хурӯс…

— Офарин, зебояки бобо! — Наврӯзшоҳ зуд аз хӯрҷин се қанди хурӯсак баровард ва ба дасти Нигина дод: — Ин мукофот барои ҳозирҷавобият. Тавонӣ ҳар сеяшро худат хӯр, натавонӣ — ҳар сеятон яктоӣ хӯред ва шодӣ кунед.

Аз Наврӯзшоҳ мукофот гирифтани Нигинаро шунида, Гулсимо мисли дигарон вайро табрик карду оҳиста пурсид:

— Камарбанди гулдӯзии модарат ҳадя фиристода куҷост?

— Дар халтаам. Ана…

— Ба акоям набахшидӣ?

— Пагоҳӣ боз мековам, лекин Мирмаликро намеёбам. Намедонам, дар куҷо бошад…

— Аз дасташ тӯҳфа гирифтию нашинохтӣ?!

— Ту чиҳо мегӯйӣ? Кай тӯҳфа гирифтам??

– Ҳозиракак. Ана, дар дастат…

— Оъ… ин мукофоти Мири Наврӯз…

Гулсимо базавқ хандид:

— Офарин, духтари ҳозирҷавоб! Наход нашинохта бошӣ, ки акои ман ба ту хурӯсқанд бахшид?!

Гунаи Нигина мисли хурӯсқанд арғувонӣ шуд. Лек худро дарҳол ба даст гирифту тӯҳфаи модар аз халта берун овард ва болу пар бароварда, ба суроғи Мири Наврӯзи бузург — Мирмалики Хуҷандӣ парид…

Равзанаи чорум. Таснифи саёҳати Сияҳкӯл ва хобу хаёли шоҳини паршикаста

Бо камарбанди наврӯзии аз номи Бимастура ҳадяшуда миёнро маҳкам баста, Мирмалик ҳамроҳи Сабзалӣ ба Ворух омад барои аёдати тағо ва ҳам фотиҳагирӣ. Пас аз ҳолҷӯйӣ ва дидорбинӣ гуфт, ки дар аспрези Исфара мусобиқаи чобуксаворон ва камонварон баргузор мешаваду барвақттар омадаанд, то ба тағйири боду ҳаво мутобиқ шаванд ва аспҳо бемалол кӯфти роҳ бароранд.

— Расо дар вақташ омадед, — изҳори хушнудӣ кард Шайх Бурҳониддин. — Мо азми сафари Сияҳкӯл доштем. Ҳозир Абдулсайиду Абдулмаҷид меоянд, шумо болои кат нишаста, як пиёлагӣ чой нӯшида истед…

— Кадхудову деҳхудо куҷо?

— Аҳмадсайид машғули тиҷорат, ба Марғинону Намангон рафтагӣ. Иброҳимхоҷа андаке нотоб, тафташ баланд…

— Вайро ба ҳолаш гузошта, Сияҳкӯл меравем?

— Деҳхудо нигаҳбони бисёр дораду ин кӯлро ҳазор бор дида, ҳавсалааш пир шудагӣ. Чор нафар будему шаш тан шудем.

— Шашумаш кӣ?

— Неъмат, писари Аҳмади оҳангар.

— Саломатиш созай? — ба сӯҳбат ҳамроҳ шуд Сабзалӣ.

– Ҷавони фарохбол шудааст, алмудом маро ғамхорӣ ва дастёрӣ мекунад. Ҳолӣ ҳамроҳи Нигина ва Очанурӣ роҳтӯша баста истодаанд.

— Дарвоқеъ, Нигинаи ҳозирҷавоб чӣ ҳол дорад? — пурсид Мирмалик.

— Рости гап, се рӯз шуд, ки надидаам. Кабутари мастура шудагӣ вай, тамоми рӯз дар пеши Очанурӣ мешинад. Сабақ меомӯзад ва танбур менавозад. Гоҳ-гоҳ суруд ҳам мехонад. Китоби ту овардагиро ҳарф ба ҳарф азёд кардагӣ.

— Барояш боз як китоб овардаму атриёт…

— Чӣ хел атриёт?!

— Хушбӯйтарин атри олам. «Мушки Хуҷанд». Аз беҳтарин гулҳои парвардааш хоҳаракам Гулсимо бо маслиҳати модар тайёр када, тӯҳфа фиристод. Ваю Саодату Нигина дугонаи қиёматӣ шудагӣ. Саодат китоб дод… Лекин… Кабутари мастура гуфтеду ҳайрон шудам… Тӯҳфаҳоро чӣ хел супорам, тағо?

— Падараш ояд, ба ӯ медиҳӣ. Нигина акнун ба ҳар кас чеҳра наменамояд.

— Эй бобо, Нигинара мо дигар аҳ намебинем?!

— Худо медонад. Дар Ворух ҳама тақводор, ба қоидаю қонуни духтардорӣ сахт риоят мекунанд. Ана, падараш меояд, ҳар саволе доред, аз ӯ пурсед…

Ҷавонон дарҳол аз ҷой хестанду Абдулсайид бо Мирмалик дӯстона, аммо бо Сабзалӣ ҳамчу ошно мулоқот кард. Абдулмаҷид бошад, ҳар дуро ба як чашм нигаристу чун шиносҳои дерин даст ба дасту китф ба китф расонд ва шоирона нидо кард:

Меҳри ёрони қадимӣ дар дили ман алмудом,

Меҳмон аз баҳри мо беҳтар зи ҷон аст — Ассалом!

Дарвозаи ҳавлии андарунӣ ғичиррас овоз бароварда, кушода шуду Неъмат хурҷини пурбор сари китф дар ғуломгардиш намудор гардид. Нигоҳи Мирмалик аз паси ӯ ба дарвозаи нимроғ лағжид. Он ҷо суроби духтаракеро дида, тӯҳфаи дугонаҳо ёдаш расид ва бо овози баланд аз Абдулсайид пурсид:

— Амак, хоҳарам Гулсимою дугонааш Саодат аз Хуҷанд барои Нигина китобу алачизе тӯҳфа фиристодагӣ. Ба шумо диҳам ё ба Неъмат?

Мардон ба лабкушоӣ фурсат наёфта, овози ширини Нигина гӯшнавоз садо дод:

— Акоҷон, ба амонат хиёнат накарда, ба дасти соҳибаш супоред.

Ҷасорати Нигина на густохӣ, балки ҳозирҷавобии навбатӣ пазируфта шуд ва бо ишораи Шайх Бурҳониддин ҷияни чашминтизораш масофаи байни кату дарвозаро як қадам карда, тӯҳфаҳоро ба кабутари мастура дастрас намуд.

– Ҳазор раҳмат, акоҷон! — нимовоз гуфт духтараки пардапӯш. — Ин дафъа биёед, дугонаҳоямро ҳамроҳ биёред.

Мирмалик кӯтоҳакак «хуб» гуфту бо чеҳраи арақшор қафо баргашт ва чашм аз нигоҳи тағо гурезонда, ба Абдулмаҷид нигарист:

— Аспсавор меравем ё пиёда?

— Пиёда серӯза роҳ, — ҷавобро мухтасар кард Шайх Бурҳониддин. — Аспҳоро бароред!

Баъде ки деҳистон дар қафо монду кӯҳистон сар шуд, Абдулмаҷид қуфли хомӯширо шикаст.

— Вақте бори аввал шуморо дидам, дудодарон гумон карда будам. Лекин аз лафзи Сабзалӣ фаҳмидам, ки хуҷандӣ нею бегона аст…

— Чизе гуфтосед? Сабзалӣ ҳаргиз бегона нест! — хитоб кард Мирмалик. — Вай додархонди ман!

— Рост мегӯяд Мирмалик. Ӯ ҳам мара ай додари ҷонӣ беҳтарай!

— Хуб кардед, ки бо ҳам бародар шудед.

Бечора касе, ки бе бародар бошад,

Дар рӯйи замин чу мурғи бепар бошад.

Мо, ворухиҳо, дӯсти ҷонӣ, ҳамсояю рафиқи наздики худро «додар» мегӯем. Лекин… ҳар дуи шумо, ки қаблан ҳамсоя набудед, чӣ хел ҳамдигарро ёфтед ва бародар шудед?

Аз оҳанги пурсиши Абдулмаҷид додархондҳо фаҳмиданд, ки вай то ҷавоби шофӣ нашунавад, ором намегирад. Бо меҳр ба чеҳри якдигар нигариста, ба посух пардохтанд. Бо навбат сухан ронда ва гуфтори ҳамдигарро пурра гардонда, ҳам роҳрову ҳам рӯзро кӯтоҳ карданд. Шоири кунҷков ҷавоби бародаронро бо рағбати том шунида, достони ибратомӯзро барои ба риштаи назм кашидан фасл ба фасл матраҳ намуд.

…Мирмалик то понздаҳсолагӣ бештари вақти худро дар Кулангир мегузаронд, ки яке аз мавзеъҳои ободу хуррами беруни шаҳри Хуҷанд ба ҳисоб рафта, ҷойи тобистоннишин ва боғу роғи меросии оли Мирабдулло буд. Ҳанӯз дар аҳди Исмоили Сомонӣ ба ивази хизмати содиқона як қитъа замини обӣ ба домоди дӯстдоштаи амир ҳамчун иқтоъ инъом гардида, баъди узви сулола ва амалдор шудан фарохӯри мақому мартабааш ҳудуди мулки ӯ даҳ карат афзуд ва барои ба мерос гузоштан ҳуқуқи комил пайдо кард. Аз дудмони аҷдодӣ — маҳаллаи Мирзоён, ки дар маркази шаҳри Хуҷанд ҷойгир буд, то мулки меросӣ пайроҳаи миёнбуре вуҷуд дошт дарозиаш ду санг зиёдтар. Агар ин масофаро ба ченаки борҳо санҷидаи Мирмалик гардонем, аз ҳавлӣ то боғ расо биступанҷ ҳазору понсад қадам, яъне ҳабдаҳ чақрим роҳ буду вай ҳар рӯз бо рағбати том ба боғ рафта, бозгашт ба шаҳр меомад.

Кулангирро Мирмалик беҳтарин деҳаи олам меҳисобид. Зеро маҳз дар ин макони таборак вай бори нахуст ба дидори рӯйи гарми падараш Мирраҳмат мушарраф гардид. Он вақт хеле кӯчак буду нав ба панҷсолагӣ қадам гузошта, аммо то ҳол падари хешро надидаву намешинохт. Ҳол он ки ҳамроҳ дар як ҳавлӣ мезистанду модараш ҳар замон либоси нав, қанду мева ё бозичаеро ба дасташ дода, «дадоҷонат оварданд» мегуфт. Ва Мирмалик дарҳол мепурсид, ки «дадоҷонам канӣ?» Модар механдиду «он кас Кулангир рафтагӣ» мегуфт ва аз рӯяш мебӯсид.

Албатта, он вақт Мирмалик намедонист, ки тибқи таомули сулолавӣ писаракро то синни чорсолагӣ модар тарбият мекунаду ба падараш нишон намедиҳанд. Вай ин урфу одатро намедонист, аммо ташнаю гуруснаи дидори падар гоҳ-гоҳ пинҳону ошкоро мегирист. Оқибати гиряҳо ханда шуду рӯзе модар як тахт либосҳои навро пешаш гузошта, бо лабханд гуфт:

— Дадоҷонат тӯҳфа оварданд.

— Худашон оварданд?

– Ҳа.

— Канӣ дадоҷонам?!

— Бегоҳ мебинӣ, бачаҷон. Турнақатор ба Кулангир меравем, дадобинон мекунем!

Он бегоҳ ҳама шоду хурсанд буданду нишоти падару писар интиҳо надошт. Тамоми шаб Мирмалик аз падар канда нашуд. Фақат ӯро менигаристу фақат ӯро мешунид…

Ин ҳол то ба имрӯз идома меёбад. Чашме, ки чор сол ташнаи дидори падар буд, аз тамошои ӯ асло серӣ надорад. Гӯше, ки чор сол муштоқи сухани падар буд, сӯҳбати ҷонфизои ӯро шунидану шунидан ва боз шунидан мехоҳад. Ва баъди падар амаки меҳрубонаш Мирфозилро хеле дӯст медорад, ки нигаҳбон ва меросдори мулки авлодӣ дар Кулангир асту деҳқони доно ва деҳхудои тавоност. Маҳз бо заковати ӯ Мирмалик як хатои давраи бачагиашро ислоҳ карду маънои аслии «Кулангир»-ро фаҳмид… Вақти хондан дар дабистон мактабдор решаи «Кулангир»-ро мурғи куланг, яъне турна бароварда, барои исботи фикри худ чистоне мисол оварда буд:

Шутури куланги бедум,

На ҷав хурад, на гандум.

Об хурад зи дарё,

Кор кунад ба мардум.

Кӯдакон, албатта ба сухани мулло бовар карданд ва шӯхиомез ба Мирмалик «шутури куланги бедум» лақаб гузошанд. Зеро нисбати дигарон тануманду газгӯшт буду як пояш дар Кулангир қарор дошт. Лақаби масхаромезро шунидан ҳамон Мирфозил мисли ҳезуми хушк даргирифт ва бо итоб ба муллои чаласавод хитоб кард:

— Кулангир ба ҳеҷ ваҷҳ турнахона нест! Ин паррандаи офтобпараст ҳини бозгашт аз сармо ба гармо гоҳе ба деҳаи мо мешинаду гоҳе не. Марду занҳои мо кулангдил, яъне тарсончаку буздил наянд ва ҳама ҷавонҳои кулангирӣ шоистаи корзор, гурдапур ва шердиланд. Шутури куланги бедум шумоед, ки як чиз будани «куланд» ва «кулан»-ро намедонед. Аз ин пас ба кӯдакон дуруст фаҳмонед, ки «Кулангир» марди куландгир, яъне деҳқони асил аст.

Бо ҳамин лақаби масхаромез ба мулло часпиду шаш сол муқаддам ба шарофати Мирфозил — каландгари асил Мирмалик ва Сабзалӣ ба ҳамдигар пайвастанд. На тасодуфан, балки бо хости Худованд: галаи аспу гӯсфандони оли Мирабдулло тобистону тирамоҳ дар чарогоҳҳои фарохдомани Хатлонзамин мечариду ҳар замон Мирфозил ҳамроҳи дастёрон хабаргирӣ мерафт. Он сол низ барои чӯпонҳо нону намаку равғану биринҷ бардошта, додарзодаашро низ ҳамроҳ гирифт, то одаму олам бештар дида, тезтар пухта ва суфта шавад.

Мирмалики саргарми тамошо дид, ки аз ҷониби муқобил аввал чангу ғуборе, сипас аспсаворе намудор шуд. Зуд ба амакаш хабар дод.

— Шояд ки чопари хингсавор бошад, — мад кашид Мирфозил. — Аммо ту хавотир нашав, вай душман не.

Маълум шуд, ки асптоз писараки тахмин сенздаҳ-чордаҳсола буда, бо ашки шашқатор барои имдодпурсӣ омадааст.

— Э туғойӣ, ёрӣ бтен, ки отам мемира!

Мирмалик гапро дуруст нафаҳмид. Вале Мирфозили ҷаҳондида лаҷоми аспи писаракро дошта, ҳар дуро ором карда, бо лаҳҷаи ба ӯ фаҳмо гуфт:

— Соз бифаҳмон, чӣ хел касалай?

— Хирс ҷиқидша! Сару китфуш пури хунай…

Мирфозил, ки аз сирри табобат огаҳӣ дошт, вазъиятро мухтасар ба ҳамроҳонаш фаҳмонду халтаи доруворро гирифта, дарҳол ба асп нишаст ва ба кӯмак шитофт…

Рӯзи дигар маълум шуд, ки Одинаи балҷувонӣ аз боҷу хироҷ ва зулми беҳад ба дод омада, баъди аз мулку манзил маҳрум шудан гумоштаи қарохониро мурданивор зада, гурезаи иҷборӣ шуда, бо чанд сар бузу гӯсфанди лоғар ва зану ду фарзанд дашт ба дашту кӯҳ ба кӯҳ то ин маҳал расидааст.

— Дар ҷойи мо матале ҳаст, ки «камбағалро аз болои шутур саг мегазад», — гуфт Мирфозил баъди ором ёфтани бемор. — Маълум мешавад, ки дар ин диёр одами бечораро хирс мекандааст.

Одина заҳрханде карду беҳолона гуфт:

— Дуруст мегӯйӣ, ака. Камбағал дар ҳама ҷо ҷазирай.

Лаънат ба касе, ки ай Ватан канда шавад,

Афтад ба ғарибию ба кас банда шавад!

— Худро ба даст гиред, бародар. Шумо аз Ватани худ канда нашудед ва ғайри Худо ба ҳеҷ кас банда нестед.

— Ватани бобойии мо ай ин макон хеле дурай, ака. Мо қавми кумайҷем, хокҷойи мо саргаҳи Кофарниҳонай, ака. Ин ҷода ғариб будем, ғарибтар шудем. Сияҳбургут одами хеле бадай! Нобуд мекнадмон…

— Ягон ҷойи дигар, аз хатар дуртар равед.

– Ғайри қабристон дигар ҷойи мерафтагӣ намонд, ака… Хубаш, акаи ҷун, мора ҳамраҳи худ ба Хуҷанд барен. Ай буни дандон хидмат мекнам, ака!

Мирфозил дид, ки Мирмалик аллакай бо писараки асптоз ошно шуда, ҳар ду илтиҷоомез сӯяш нигоҳ доранд, суханро кашол надод:

— Агар ягона илоҷ ҳамин бошад, мо хилоф нестем…

— Барака ёбед, ака. То умр вафо кардана ба шумо вафо мекнам, ака!

Мирмалик даъват ё ишораи амакро интизор нашуда, паҳлӯи писараки саргаранг омад, номашро пурсид ва гарм дар оғӯш гирифт:

— Акнун ту бародари ман астӣ, Сабзалӣ! Асло туро намеранҷонам ва намегузорам, ки касе чалама чатӣ када, ба ту ранҷу озор расонад…

Вақте Мирмалику Сабзалӣ ба синни балоғат расиданд, амаки Мирфозил ҳар дуро наздаш шинонду пурсид:

— Аҳди бародарӣ ягон бор нашикастаед?

— Не, амака! — баробар ҷавоб гардонданд додархондҳо.

— Офарин ба ҳар дуятон! Минбаъд низ ба ҳеҷ аҳди худ хилоф накунед. Имрӯз, ки ба синни балоғат расидаед, як қонуни асосии зиндагиро бароятон таъкид мекунам: аҳди бародарӣ мисли ақди никоҳ муқаддас аст! Ду дӯст ду дасти як инсон аст, ки якдигарро мешӯяд, пок медорад, гарм мекунад ва ҳифз менамояд. Фаҳмидед?

— Фаҳмидем ва итоат мекунем, амака! — боз баробар ҷавоб гардонданд додархондҳо.

— Имрӯз, ки болиғ шудаед ва чун сарв ба осмон сар кашидаед, мояи ифтихори падарони худ бошед. Пешиниён дар рӯзи балоғат миёни писари худро бо камарбанди заррин маҳкам мебастанд. Ҳолӣ ин амал дар хатнасур иҷро мешавад. Вале мо — хуҷандиён, ки расму ойини ниёконро чун гавҳари чашм пос медорем, дар рӯзи балоғати писар ҳатман ба вай тӯҳфаи хубманзар эҳдо мекунем. Бо маслиҳату ваколати падарон ба ҳар кадоматон имрӯз яктоӣ саманди бодпо ҳадя мешавад.

Мирфозил додархондҳои хушҳол ва дилшодро назди галаи аспони тозӣ оварду фармуд:

— Маъқулашро интихоб кунед!

Мирмалик аз галаи аспони адҳамӣ сурхи ҷигарияшро маъқул карду Сабзалӣ аз байни хингзеварон хокистарранги холдорро писандид ва дарҳол онро Хинги магасӣ номида, чуст савор шуд. Мирмалик низ чолок ба сағрии асп нишаст ва сар шуд нахустин сабқати бародарона, ки ним сол бештар тӯл кашид. Вале, як рӯзи наҳси тирамоҳ, ҳангоми ҷаҳидан аз болои хандақ пойи аспи Мирмалик шикасту табъи соҳибаш хира гашт.

Ҳоли Мирмаликро дида, Бобои Одина лаб ба тасалло кушод:

— Зиқ нашав, ҷони бобо. Бароят аспи нав месозем.

— Чӣ хел «месозем?» — шигифтомез пурсид Мирмалик.

— Ай аспи ману амакат. Зиқ нашав, ҳилаша меёвем.

Мирмалик гапи падари Сабзалиро дилбардорӣ ҳисобид. Вале андактар маълум шуд, ки ин марди пухтакор барои «сохтани асп» ҷиддан азм дорад. Ҳисси кунҷковияш боло гирифту пурсида-пурсида фаҳмид, ки замонҳои қадим дар Давон ва Хатлон беҳтарин аспҳои олам вуҷуд доштаанду аспсаворон аз пайванди хинги хатлӣ ва аблақи давон арғумак ба вуҷуд овардаанд. Суғдиён онро мусур мегуфтаанду баъдтар ин аспи бодпар ба саманди тозӣ бадал шудааст, ки хушхирому чусту чолоку беҳад қашанг будааст. Аз ҳама аҷибаш барои Мирмалик он буд, ки Хатлон зодгоҳи Бобои Одина буду Давон зистгоҳи имрӯзаи вай…

– Ҳавои даҳан намекунам, лекин аспи ман ай зоти кумайт беҳтарин хинги Хатлонай! — ба сари мақсад наздик омад Бобои Одина. — Агар ай байтали тозӣ барояш арӯс ёбем, арғумаки зур пайдо мешавад.

— Арғумаки Хуҷанд! — хитоб кард Мирмалик ва ҳама фаҳмиданд, ки фикри «аспсозӣ» ӯро писанд омадааст…

Сайисҳо ва дастёрон чанд муддат заҳмат кашида, аспи сурхранги Одина бо байтали хокистарӣ тавҷид намуданд, ки даври ҳамлаш аз ёздаҳ моҳ андаке бештар тӯл кашид. Чун фурсат даррасид, тойчае ба дунё омад бо вазни чаҳор пуд бештар ва бемислу монанд — сари хурди аломушкин, гардани дарозу латиф, думи сиёҳсафед ва пойҳои устувору бақувват дошту шабрангу рӯйинасум буд, яъне сумаш мисли пӯлод сахту сиёҳ…

Баъди якуним соли балоғат ба зебосаманди ёлдарозу мушкдуму оташнаъл ва хушрафторе табдил ёфт, ки аз ҳар қадамаш замин миннатдору Мирмалик сарфароз ва хушҳол мешуд. Вай бе ҳеҷ дудилагӣ арғумаки Хуҷандро Рахшон номиду онро на ба тозиёнаю маҳмез ва таҳдиду аспангез, балки бо меҳри дилу сеҳри сухан ва навозиши дасту нигоҳи гарм ба худ ром кард. Рахши навин ҳам тундию ҷаҳидану газидан фурӯ гузошта, ба хубию хушию таковарӣ Мирмаликро соҳиб ҳисобид ва беҳтар аз аспи тозию хинги хатлӣ дар майдон ба хиром омад.

Чаҳоршанбеи гузашта амаки Мирфозил ҷавонҳоро дар саисхона лаҳзае нигоҳ дошт:

— Самандҳои худро тайёр кунед. Фурсате фаро расида, ки дави Рахшону Хинги магасӣ ва маҳорати шумо дар арса ба қиёс бисанҷем. Мусобиқаи асптозӣ ва камонварзӣ дар Исфара ҷавлонгоҳи шумо хоҳад шуд…

Муколамаи шоир ва бародархондҳо ба интиҳо омаду роҳи морпечи оҳугузар ҳам ба охир расид ва дар пеши чашмон Сияҳкӯл намоён шуд. Мирмалик, ки худро фарзанди дарё меҳисобид, чунин обанбори бузургро бори аввал медид. Тахмин муайян кард, ки бари кӯл нисбати Сайҳун чор-панҷ карат паҳновар аст, аммо ҳарчанд кӯшид, охири толобро дида натавонист.

— Мегӯянд, ки аввали кӯл дар Воруху охираш дар Кошғар, — шарҳ дод Абдулмаҷид. — Агар киштӣ бошаду беист ҳаракат кунад, ин масофаро дар як шабу рӯз тай мекунад.

— Расо воҳима кардӣ, ака! — ханда бар лаб эрод гирифт Сабзалӣ. —Иқа оби бисёр ай куҷо меёя??

— Аз оби дидаи абр андаку бештар аз гиряи пирях. Дар буни Сияҳкӯл яхдони бузургест, ки ҳар яхпорааш як кӯҳи азимро мемонад!

— Нахо-од?!

— Абдулмаҷид дуруст мегӯяд, — ба мубоҳиса пайваст Шайх Бурҳониддин. — Аз ин яхчол чор дарёи кӯҳӣ ба чор самти дунё меравад. Яке рӯди Ворух, ки то Сайҳун мерасад. Рӯди дуюмӣ аз Раштонзамин сӯйи Ҷайҳун ҷорӣ мешаваду сеюмаш як шохоби Норин асту чаҳорумаш аз кӯҳистони Масчо ба Зарафшон мерезад. Агар тарзи дигар гӯем, аз яхдони Ворух ба чор тарафи олам гузаргоҳ вуҷуд дорад…

— Илтимос, тағоҷон, як нафас таваққуф кунед, — нохост ба тавалло даромад Мирмалик. — Дар китоби тарассул хонда будам, ки «роҳи махфии маълумотрасонӣ байни афшину ихшидҳои суғдӣ аз Ворух мегузашт». Лекин дар чанд навиштаи сайёҳону ҷуғрофидонҳо ҷумлаи «деҳаи Ворух канораи Мовароуннаҳр» хонда, саргаранг будам, ки ба кадоме бовар кунам. Ана акнун ҳақиқат то андозае аён гардид.

— Барои он ки шубҳаат пурра бартараф шавад, як рӯйдоди таърихиро нақл мекунам, — шоирона гап сар кард Абдулмаҷид. — Бобоҳои мо ривоят мекунанд, ки як ҷосуси подшоҳи Суғд Деваштич маълумоти пурқимат дошт, лекин азбаски Самарқанду Истаравшанро лашкаркаши араб Қутайба ишғол карда буд, илоҷи аз он сӯ ба Зарафшон гузаштан наёфта, чапғалат ба Ворух омад. Бо роҳбаладии чӯпоне то яхдон расид. Вале аз сардии ҳаво тоқаташ тоқ гашту маълумотномаи махфиро ҳамроҳи як халтача зар ба дасти чӯпон дод. Яъне, вайро киро карду дар варақе шарҳнома навишт: «Хоҷа, ман Фатуфарн, туро паёми сард мерасонам, чунки дар болои пирях қарор дораму яккаву танҳоям, либоси гарм надорам. Ба рафтан ҷуръат намекунам. Чунки аз хунукӣ сахт метарсам».

— Чӯпон чико кард? — бетоқатона пурсид Сабзалӣ.

— Роҳро, ки хуб медонист, рӯ-рӯи пирях аз ағбаи Масчо гузашту то Панҷакат — қароргоҳи Деваштич расид ва боз як халтаи зар ҳадя гирифта, сиҳату саломат ба Ворух баргашту бою бадавлат шуд…

— Офарини у чупон, ки бузбала будай! — ҳамранги дигарон лаб ба табассум кушод Сабзалӣ. — Фаҳмидум, ки ай Ворух ба ватани ман роҳ будай, леки хунуку тунук. Яъне, душворгузар будай. Леки ҳеҷ нафаҳмидум, ки чӣ ов аст ин! Обе равонай ё мурда? Бадиққат ови кӯла бинед — каб-кабудай, кӯҳҳои атроф, талу теппаҳо сабзи банурай, қуллаҳои барфпӯш сап-сафедай, дар ягон ҷо сиёҳӣ нестай, леки… барои чӣ Сияҳкӯл номуш кардиян?!

— Ман ҳам ҳайрон! — китф дарҳам кашид Мирмалик. — Аз тамошои обу осмони нилгун, арчазори сабзу марғзори хуррам ва кабудизори махмалӣ дил ба фараҳ меояд, лекин номи кӯл алаким-чихел таассуроти рангина сиёҳ месозад.

— Айнан ҳамингапҳоро ман ҳам гуфтанӣ будам, — ҷавонҳои ҳамфикрро ҳамфикр шуд Абдулмаҷид. — Мо, шоирон, ранги хатнависиро оби сиёҳ мегӯему табибҳо оби дидаро оби сиёҳи чашм пиндошта, «оби сиёҳ аз дида равад, чашм сафед шавад» мегӯянд. Дар ин мавзӯъ бароятон як байти аҷиб мехонам:

Оби сияҳ аз замин баромад,

Марг аз дари оҳанин даромад.

Абдулсайид, ки дар гирди дегу оташдон ҷунбуҷӯл дошт, чангу арақи пешонӣ ба остин пок карда, саволомез ба Шайх Бурҳониддин нигарист ва хомӯшии ӯро иҷозати сухангӯйӣ дониста, мулоим лаб ба гуфтор кушод:

— Ин толобро барои он Сияҳкӯл гуфтаанд, ки дар қаъраш аспи сиёҳ дорад. Ин аспи обӣ на тимсоҳ асту на аждаҳо, на моҳӣ асту на наҳанг. Паришамоил асту обпайкар ва безарар, чун бод дар рӯйи об мепараду мисли моҳӣ зери об шино мекунад. Мегӯянд, ки ҳар касе ин аспи обиро бинад, аспафкан мешавад, яъне баҳодури диловар! Ва агар бахташ омад кунаду ин аспи обиро савор шавад, шерафкан хоҳад шудан, яъне ҷанговари диловар ва қаҳрамон…

Абдулсайид ҳезуми нимсӯхтаро дарунтари оташдон хаста, бо чашми озмоиш ба сомеъон нигарист. Сабзалӣ худ аз худ фурӯзон шуд:

— Шакар ба даҳанат, амака! Ина ҳозир фаҳмидум, ки Сияҳкӯл ови мурда нестай, так-таки замин ба чор тараф равонай. Дар ватани мо як дарё ҳастай номаш Хингоб.

Шояд ин ҳаму дарёи Шайхбово гуфтагӣ бошад, ки рафта-рафта аз деҳаи Лабиҷар ба Ҷайҳун мерезад. Бибикалонам мегуфт, ки хинг аспи сиёҳай, маънои Хингоб аспи обияй…

Абдулсайид аз чунин мувофиқат рӯҳбаланд шуда, бо илҳоми дучанд сӯҳбатро тасфонд:

— Навакак кадоме гуфтед, ки аввали ин толоб дар Ворух асту охираш дар Қошғар. Акоям Аҳмадсайид, ки борҳо ба Чин сафар кардаанд, айнан ҳамин хел мегӯянд. Аз гапи акоям донистам, ки дар Қошғар тоҷик бисёру Сиякӯлро Оби ишрат мегӯянд. Зеро борҳо мушоҳида кардаанд, ки ҳар шаб занҳои зебо аз об баромада, дар соҳил бозию шодӣ карда, пеш аз дамидани субҳ баробари ситораҳои осмон аз чашм ғойиб мешудаанд. Ин париёни сияҳчашму сияҳмӯй он қадар нозанину маҳҷабин будаанд, ки аз чеҳраи зебояшон шаби тори кӯҳистон мисли рӯз равшан мешудааст…

— Офарин, Устои гулдаст, ки дар суханварӣ низ мисли дуредгарӣ устои моҳир будани худро исбот кардед! — лаб ба таҳсин кушод Шайх Бурҳониддин. — Пири тариқати мо, бародарам Шамсиддин, ки дар Қошғар хешу табор доранду борҳо он ҷо рафтаанд, қабл аз сафари Ворух гуфтаҳои шуморо нозук ишора карда буданд. Эшон оби хушу пурманфиати Сияҳкӯлро васф карда, хушбод будани ҳавояшро таъкид намуда, маслиҳат доданд, ки соле камаш ду маротиба дар соҳили ин толоб фориғ аз кори дунё истироҳат кунам, ки беҳтарин давои бемории нафас аст. Лекин гаштаю баргашта маслиҳат доданд, ки аз оббозию шиноварӣ дар оби ях барин сарди Сияҳкӯл худдорӣ намоям. Гапро ба шӯхӣ бурда, гуфтанд: «Тарсам аз он аст, ки аспи обӣ язнаи маро аллонда, ба ҳалқаи париёни Қошғар мебараду хоҳарам дар Ворух яккаю танҳо мемонад».

Лутфи латифро ҳамагон ба хушҳолӣ пазируфта, гирди хон давра нишастанд, то бафурсат таҳтӯли чоштгоҳӣ намоянду сипас аз пайи шикори кабку сайди ширмоҳӣ шаванд. Вале ҳанӯз луқмае дуруст нахойида, ҷавоне аз паси харсанг баромаду худро пеши пойи Шайх Бурҳониддин партофт ва ҳой-ҳой бигиристу нолон гуфт:

— Эй Шайхи бузургвор! Дарди маро илоҷ кунед! — ин бигуфту дасту пойи худ ба ҳозирин нишон дод, ки озахи бисёр дошт ҳар кадом ба андозаи нахӯди сиёҳ. — Ин маразак аввал яктояк буд. Табиби маҳалла дору молиду … баъди ҳафтае дугона шуд. Табиб боз даво карду озах аз дасти чап ба рост гузашт. Пеши табибу муллои дигар рафтам, ҳатто мазори озахи Хуҷандро зиёрат кардам. Лекин озах аз даст ба по гузашту ба тану гардан часпид… Занам аз хона баромада рафту ҳамсояҳо худро аз ман дур кашиданд. Лоҷарам, худро ба кӯҳи беодам задам, то…

— Кифоя! — аз садои ногаҳонӣ ва омиронаи Шайх Бурҳониддини Қилич ҳама қад парида, даст ба гиребони ҳайрат бурданд, ки ин касалманд аз куҷо пайдо шуду чаро Пири хушмуомила ногаҳон шамшерсухан гардид. Аммо Шайх ба касе эътибор надода, бо нигоҳи мӯшикофу муҷарраб ба озахҳои пушти дасти ҷавонмард нигаристу шиддати сухан саҳле паст гардонд. — Агар як ҳарфи дигар ба забон орӣ ва қасди худкушӣ кунӣ, осӣ мешавӣ! Чӣ ном дорӣ?

— Зариф.

— Дар олам дарде дармоннопазир нест, эй Зариф. Парвардигоре, ки барои бандаҳояш дард додааст, шифо ҳам мебахшад. Касалии ту ҳам дафъ мешавад, ҳарчанд ин гандамараз фарсуда шуда, ба мағзи баданат реша давондааст. Ман ба шарте туро табобат мекунам, ки ниҳод рост дорӣ, имон қавӣ орӣ ва дигар асло фикри худкушӣ накунӣ! Фаҳмидӣ!

– Ҳар чӣ фармоед, эй бузургвор, бе чуну чаро қабул мекунам.

— Худованд мададгори ту бошад, эй Зариф, ки ҳозир сухан аз сидқи дил гуфтӣ. Акнун бархезу ба Ворух баргард. Аз бозор чил мисқол ҷигари гов ва ним ман шалғами сафед, як тикка карпоси наву ним газ ресмони тоза бихар. Ба тани поку либоси намозӣ дар кулбаи тозаву озода маро интизор бош. Иншооллоҳ, баъди се рӯз ба хидматат мерасам.

Аз ваҷоҳати Зариф маълум буд, ки муомилаи хуш ва фармоишоти мушаххасро шунида, пурдил гаштааст. Вале аз чашмони гиряолудаву забони парсингбастааш каломи дигар баромад:

— Бо Қуръони шариф қасам хӯрдаам, ки агар сиҳат нашавам, ба Ворух барнамегардам. Ду рӯз боз луқмае ба даҳон набурдааму назди мазори Чилмурғон шумою Неъматро дида, қиссаи сиҳатшавиашро ба ёд оварда, чун соя аз қафоятон омадам. Шайхбобо, илтимос, илоҷе ёфта, ин маризи исқоту ифлоса аз баданам дур кунед…

Кӯдаквор гиристани ҷавонмарди тануманд дили ҳамаро обу адо гардонд. Шайх Бурҳониддин хаёломез муддате ба қуллаҳои барф-пӯш нигариста, ба хулосаи қатъӣ омад магар, ки аз Абдулсайид пурсид:

— Дар кӯлбори сафарӣ ҷигар ҳаст?

– Ҳаст. Лекин шалғаму ресмону карпос нест…

— Манда ресмон ҳастай! — чобук аз ҷой хест Сабзалӣ. — Дар зини асп кашолай. Ҳозир меёрам.

— Бобоҷон! — беҷуръатона аз домони Шайх Бурҳониддин кашид Неъмати дувоздаҳсола. — Модарам барои эҳтиёт ба ман як куртаи карпос додагӣ. Наппа-нав, дина дӯхтагӣ, ҳанӯз пӯшидагӣ не…

— Агар шалғам ёбем…

— Андаке поёнтар, дар паҳлуи нахудзор ду-се хат шалғам ҳаст…

— Худои меҳрубон мададгори туст, эй Зариф! — даст ба ҳам совид Шайх Бурҳониддин. — Раву даҳ-дувоздаҳ дона шалғам канда бо оби чашма пок шуста биё.

Баъди омадани Зариф бо дастури Шайхбобо Устои гулдаст лахти ҷигарро ба андозаи санҷид чилпора карду Мирмалик шалғамро пӯст канд, Сабзалӣ ресмон оварду Абдулмаҷид куртаи навро ба карпоспора табдил дод. Неъмат оби ширгарм ҳозир намуду дастобрези бобояш шуд, ки ӯ Зарифро дузону шинонда, бе ҳеҷ муқаддима фармуд:

— Аз Каломуллоҳ ҳар чӣ медонӣ, бихон!

Тиловати беҷуръатона зуд анҷом ёфт. Шайх бо таассуф сар ҷунбонда, «кам асту ноқис» гуфт ва афзуд:

– Ҳар як ояту сураҳои Қуръони шариф дардеро дармон мешавад, агар мариз ихлоси том дошта бошаду тану дилу дасту забони пок. Ба қавли Пайғамбари олам ълайҳиссалом «Инналлоҳи назифун юҳибал низофата». Яъне, Худованд пок асту поконро дӯст медорад. Фаҳмо, эй Зариф?! Хоҳӣ, ки шифои комил ёбӣ ва рӯзгорат ноқис набошад, Каломи Аллоҳ ноқис махон!

— Фаҳмидам, эй Бузургвор, — дарҳол ҷавоб гардонд Зариф ва илова кард, ки ин суханро қаблан аз ягон муллои табиб ва табиби дуохон нашунидааст. — Як муллои исфарангӣ маблағро пешакӣ гирифта, нимғурма дуо хонду ҳафт бор «Ё ҳу ё манҳу ё ман ло илоҳа иллоҳу» гӯён намаки дамандохтаашро ба озахҳо пошид. «Албатта шифо меёбӣ» гуфт. Озах муддате гум шуд, вале баъди як моҳ аз нав сабзид. Табиби самарқандӣ дар бораи ихлосу халос хеле гапи китобӣ гуфту бисту як бор сураи «Ғошияҳ» хонду ба рӯйи озахҳо шуф кард. Вале ман аз ин захми мункар бо дидаи тар мондам. Дар хонақоҳи мазори озахи Хуҷанд муллотабиб «Ганда-гунда, канда-кунда, аз дилу ҷигару зоную иштолинг ва мағзу устухони ин банда бишав парканда — пароканда!» гӯён, бо касрат «Ё Аллоҳ!» вирд намуда, салавоту дуои шифо хонд. Ҳайҳот, иллат бо ягон ҳиллат шифо наёфт…

Шайх Бурҳониддин дар ҷавоб ҳеҷ нагуфт, зикри хуфя ба анҷом расонда, беморро нимбараҳна гардонд ва бо дидаи нозукбин ҳар кадом озахро мушаххас муойина кард. Сипас бо тиловати сураи «Фотеҳа» ҳама озахҳо бо карпоспорае пок намуда, аввал як бурда пӯсти шалғамро ба озахи канорӣ молиду онро ба Неъмат дод, то дар болои карпоспораи дигар ҷамъ орад. Тиловатро аз нав шурӯъ карда, лахте ҷигарро рӯйи ҳамин озах совиду онро низ ба Неъмат супорид, то дар карпоспораи сеюм гузорад. Дар фуроварди қироат ба ресмон як гиреҳ андохту онро сари китфи Сабзалӣ овехт.

Лаҳзае нафас рост карда, тиловати «Алҳамд» аз нав оғоз намуд ва тарзи аввала пӯсти шалғаму лахти ҷигар рӯйи озахи дигар совид ва дуюмин гиреҳ дар ресмон андохт…

Баъде ки охирин озах сила гардид, миқдори гиреҳи ресмон ба сию ду расид.

— Агар чилгиреҳ мешуд, кор бенур мешуд! — оҳи сабук кашид Шайх Бурҳониддин. — Сию ду озах дарди бахайр аст, осуда бош, эй Зариф. Ҳозир мо чойнӯширо давом медиҳем, ту карпоспораи пур аз пӯсти шалғамро бигиру ягонтояшро ба замин нарезонда, болои ягон тахтасанги офтобрӯя тунук пошида биё.

Зарифи аз ин гапу корҳо саргаранг бо андаке таъхир баргашту даст пеши бар ҳарфе нагуфта мунтазири амри навбатӣ рост истод.

— Акнун карпоспорае, ки пур аз ҷигари озахмол аст, бигиру ба кӯҳ барою ҷое дарёб, ки гузаргоҳи ҳайвонот бошад ва ҳам бодраҳа, то бӯйи ҷигар ба атроф зуд паҳн шавад. Худат дар камаре ё шохи дарахте пинҳон интизор бош, то гурге, ё рӯбоҳе, ё шағоле ҷигарро битамом хӯрад. Карпоспораро наафшонда биёр.

— Агар ҷигарро саг хӯрад, бад мешавад?

— Пишак ҳам хӯрад, хуб мешавад, фақат ҳамаашро пок-покиза хӯрад. Эҳтиёт бош, ки паррандае ягон ҷигарпора ба ҳаво набарад! Хубаш, ба деҳа раву бо хотири ҷамъ гурбаи ошолудеро зиёфат карда, пагоҳ биё…

Зариф, ки ба деҳа нарафта буд, ҳамон бегоҳ — пеш аз намози шом бо чеҳраи хандон омад ва гуфт, ки «шағоле ҷигарро як луқма карду аз шодӣ дурудароз уллос кашид».

— Аз ту миннатдор шуда, дуо кардааст, ки зудтар сиҳат шавӣ! — гапро ба шӯхӣ кашид Абдулмаҷид. Аммо Шайх Бурҳониддин бо оҳанги ҷиддӣ ба табобати ғайриоддӣ нуктаи таммат гузошт:

— Шод бош, эй Зариф, ки дарди ҳаринаи туро шағоли гурусна пок-покиза хӯрдааст — то даме, ки ҷигар дар меъдааш ҳазм мешавад, гандагӯшти озахҳоят ҳилм пухта мерасад ва баробари хушк шудани пӯсти шалғам ҳама озах хушк шуда, ҳардуро боди фано мебарад.

Бо як нигоҳ маро маълум гардид, ки озах ба дасти ту аз модагов гузаштааст, яъне табиати модина дошт. Аммо табибоне, ки номбар кардӣ, ба озах ҳуҷум оварда, решаро надидаанд. Мо ҳам аввал ба озах ҳуҷум кардем. Пӯсти озах бо пӯсти шалғам, гӯшти озах бо ҷигар тафтид ва ҳолиё, дар марҳилаи фаност. Аммо решаи сию ду озах ҳанӯз дар бадани туст, ки бо ришта бастаем. Ин риштаи тофтаро аз дасти Сабзалӣ гиру худат ба оташ андоз, то сӯхта, хокистар шавад. Сипас ҳар се карпоспораро оташ дардеҳ, то аз озахи севол нишоне намонаду баробари дуди матоъ дуди ҷигарат берун барояд. Акнун ту озодӣ, эй Зариф. Хоҳӣ, ҳамроҳи мо бош…

— Андаке поёнтар сарпаноҳе ҳаст. Хубаш, муддате танҳо бошам…

Зариф пас аз лаҳзае бо як бағал растании сӯзанбарг баргашт.

— Ташвиш кашида, ҳезум овардӣ? — пурсид бо тааҷҷуб Сабзалӣ. —Чӣ даркор?! Атроф пурай.

– Ҳезум не ин, растании шифобахш…

— Чӣ ном дорад? Ба кадом дард шифоай?

— Номаш зағоса, барои Шайхи аъзам овардам. Дамкӯтоҳию нафастангия табобат мекунад…

— Чӣ хел?

— Бобоям мегуфтанд, ки агар сӯзанбарги зағосая хушк кардаю кӯфтаю бехта, як каф ба зери забон партоӣ, асло зиққинафас намешӣ, — Зариф банди зағосаро ба дасти Мирмалик доду Шайх Бурҳониддинро бо тавозӯъ нигарист. — Эй Пири муаззам, тӯҳфаи дарвешонаи маро қабул кунеду аз табибҳо пурсед. Агар гапи ман дуруст бошад, дар Хуҷанд истифода баред.

Шайх Бурҳониддин растаниро бодиққат аз назар гузаронда, хаёломез гуфт:

— Ин рустанӣ барои мо ношинос нест. Зардуштиён онро ҷӯшонда, аз маҳлулаш нӯшокии муқаддас — хаома тайёр мекарданд. Маълум мешавад, ки хокааш низ нафърасон аст.

Ташаккур, эй Зариф, ки барои табобати дарди ҳаринаи мо кӯшиш ба харҷ додӣ…

— Худованд ба ҳардумон шифо бахшад. Хайр, ман рафтам.


* * *


Чун торикӣ атрофро фаро гирифт, ҳама дар тараддуди хоб шуданд. Мирмалик тибқи одат пеши Рахшон рафта, гардану тахтапушташро хорумол карду лундақанде хӯронда, хотирҷамъ болои кӯрпачаи дар алафзор густурда дароз кашид. Муддате рӯйболо хобидаву аз осмони софи пурситора чашм наканда ва шохчаи зағосаро ҳар замон шамида, гапу рӯйдодҳои хелмахели имрӯзаро бо ғалбери хаёлангез покбезӣ намуд. Аз ҳавои серун чуқур-чуқур нафас кашида, ҳис кард, ки чашмаш гарм мешавад. Оҳиста ба паҳлӯи рост гашту зери лаб «дами субҳ бо оби Сияҳкӯл шинос мешавам» гуфт ва осуда хоб рафт…

…Шиноварӣ дар хуни Мирмалик ҷорӣ буду аз бозе, ки худро мешинохт, аз таҳсилу кор фориғ шавад, ба соҳили дарё метохт ва худро бо як ҷаҳон шавқу шодӣ ба оғӯши оби гуворо ва ҳаловатбахши Сайҳун меандохт. Рӯзе ҳаво бениҳоят гарм ва дам шуду ҳарчанд кӯшид, саҳифае хонда натавонист. Лоҷарам аз устоди дабиристони ашрофия Абдуҷаббори Хуҷандӣ илтимос кард, ки соате истироҳат фармояд, то шогирдон майнаҳои гиҷгаштаро бо оби Сайҳун чайқонда, коршоям намоянд. Устод хандиду гуфт:

— Лаҳзае қабл аз хаёл мегузарондам, ки касе ишора ба Сайҳун кунад, дарёнавол аст. Маълум мешавад, ки наволаи ту аз дарёст!

Устод ва шогирдон чун бар лаби дарё расиданд, ҷавонон шарму одобро ҳамроҳи худ ба об афканда, дар тунукобаҳо чун ғукчаҳо дасту по мезаданду шавқун мекарданд. Мирмалик аммо ба онҳо ҳамроҳ нашуду аз устод Абдуҷаббор иҷозат пурсид, ки то ба он соҳил шиновар рафта ояд.

— Дарё паҳновару гирдоб хатарнок нест магар?

— Не, устод. Маро аз хурдӣ одат аст, ки ҳар рӯз як маротиба Сайҳунро убур када, беист ба ин соҳил баргардам — хоҳ тобистон бошаду хоҳ зимистон.

— Аҳсан ба ту, дарёнавола! Лекин, ба ҳар ҳол, эҳтиёт бош. Бо Сайҳун шӯхӣ кардан хатост!

Шогирд «хуб» гуфту либос бадар кард ва хост аз баландӣ худро ба об ҳаво диҳад. Вале… дар пеши чашмаш дарё тағйир ёфту паҳну васеъ гардид, рангаш мисли осмон нилгун шуд. Яъне, Сайҳун ба Сияҳкӯл табдил ёфт. Азбаски Мирмаликро аз раъйи худ гаштан одат набуд, бедаранг ба об парид.

Аз оби сарду тоза танаш роҳат карду покию беғуборӣ имкон дод, ки нотарсона чашмонашро кушода, ба гирду пеш нигарад. Хуш шино мекарду лаҳза ба лаҳза шефта мешуд ба оби зулол, ки бо ҷилою равшании худодод олами дигаре пеши назараш ба ҷилва овард. Аввал гули обие дид, ки на барг дошту на реша, сипас чанд моҳие ба назараш намуд тиллоранг. Ва боз сангпуште диду садафу гавҳару марвориди бешумору рангоранг. Баъд гули зарде пешорӯяш баромад, ки дар оби каб-кабуд аҷаб зебою дилписанд метофт.

Мирмалик торафт нафастанг мешуд, лек дандон ба дандон совида, обнавардӣ ва тамошои олами нафосат идома медод.

Баногоҳ манзара тамоман дигар гашту як села моҳию моҳичаҳо ҳаросон аз паҳлӯяш гузаштанд. Аз думи онҳо моҳии бузурги даҳшатафкан шино мекард ва чун наздик расид, Мирмалик баръало дид, ки он наҳанг нею аспи сиёҳи обист!

Гапи Абдулсайид ёдаш омаду нафаскаширо фаромӯш карда, бо тамоми қувват дасту по зада, бо азобе ба тахтапушти лағжонаки саманди афсонавӣ нишаст, то шерафкан шавад.

Нишастан ҳамон аспи обпар тезтар аз тири камони қодирандоз пеш парид ва дар як мижазанӣ шаҳсавори худро ба он тарафи Сияҳкӯл, ба ҳалқаи париёни обӣ расонд, ки рӯйи сабзаи маҳини домони кӯҳ ҳамоғӯш бо лолаву гули наъно нишаста, шабро бо хушҳолӣ ҷониби рӯз мебурданд. Ҳама зулфи каҷу қомати чун алиф рост доштанду ҳусну ҷамоли ҳайратангез ва яке аз дигаре зеботар менамуд. Аспсавори ҷавону хубчеҳра ва қавипайкар мафтуни ҷамолу ҷалоли хубони хубрӯй гашта, муддате лабташнаю дилҷастаю ҳайрону ночор истод. Ва… чун нек нигарист, Нигинаро дар байни париҳои паррон дид, ки хиромон мерақсид. Ҳуш аз сару ранг аз рӯяш парид. Саросема аз асп фуромад ва ба соҳил баромад, то Нигинаро аз банди париён халос кунад.

Ӯро дидан ҳамон париён нопадид гаштанду Нигина ҳам ғайб зад.

Мирмалик хост номи духтаракро ба забон оварда, баланд фарёд кунад. Вале аспи обӣ пештар овоз бароварду марғуланок шиҳа кашид.

Бо шунидани садои гӯшнавоз Мирмалик аз хоб бедор шуд…

Аз болин сар бардошта, ҳаросон ба чапу рост чашм давонд. Боз шиҳаи асп баланд шуд. Ин дафъа Мирмалик садои Рахшонро дарҳол шинохт ва бесаранҷом гашта, ба марғзор дида дӯхт. Дид, ки дар паҳлӯи Рахшон боз як аспи сиёҳ истодааст. Бо пушти даст чашмонашро молида, бовар кард, ки он чӣ мебинад, давоми хоб нею дар бедорист ва ҳамон аспи обии навакак дидааш бо арғумаки хуҷандӣ гардан ба гардан молида, хингвор гуфтугӯ доранд!

Ҷавони нимхобу нимбедор лаҳзае ноҷунбон нишастаю зери лаб калима гардонда, нақшаи амал кашид. Ба чунин қарор омад, ки ноаёну бесадо ба сияҳсамандҳо наздик омада, оҳиста ба аспи обӣ савор мешавад. Бо ин ният аз ҷой хест. Худи ҳамон лаҳза аспи обӣ чароғпоя шуду баланд шиҳа кашид ва дартоз ба Сияҳкӯл ҷаҳид…

Орзуи ширини Мирмаликро об бурд. Пушти даст бо дандон газида, зиқуннафас ҳамроҳонро нигарист ва андаке осуда шуд — ҳама ғарқи хоби ширин буданду рӯйдоди афсонавиро надиданд ва ба ҳоли ҷавони нокомгашта нахандиданд.

Чанд гулӯ ҳавои тоза даркашида, андак ба худ омад ва хост пеши Рахшон раваду дарди дил ба ҷонвари рамузфаҳм гӯяд ва бори вазнин аз дӯш поён фурорад. Аммо аспи доно ишора намуд, ки майли сӯҳбат надорад — дасту пойҳояшро ба таги шикам кашида, чун дигар ҳамҷинсонаш фук болои сабза ниҳоду хобид…

Мирмалик дар замину моҳи мунир дар осмон бо шаби пурафсун танҳо ба танҳо монданд. Ахтарони сершумори осмоннишин, ки ҳамроз ва нигаҳбони моҳи нокоста ва ҷавони навхоста буданд, мисли душизаҳои париваш дар рӯйи оби мусафои Сияҳкӯл аксандозию обсаворӣ карда, мекӯшиданд то шаби пурҳаводисро сония ба сония кӯтоҳ намуда, ба рӯзи равшан расонанд. Мирмалик баръало медид, ки ситораҳои хурду калон аз дуру наздик ҷониби вай чашмак мезаданд, то сухане бигӯяд ва бори дил сабук намояд. Зеро онҳо медонистанд, ки сангҳои гунгу хомӯши атроф қудрати суханфаҳмию дилбардорӣ надоранд. Ҷавони яккаву танҳо миннатдор аз ахтарон буд, аммо беист афсӯс мехӯрд, ки онҳо дастнорасанду вай дасткӯтоҳ ва ҳини шабзиндадорӣ наметавонад ситорае ба каф гирифта, рози дил ифшо намояд. Ҳарчанд дили бедораш аз хаёлу орзу ва гумону тасаввур пур аст, фақат бо шамъи нигоҳ метавонад шаби тор равшан гардонад, то тарсу ҳаросу ваҳмро дур афканад…

Оре, ҷавони камсухан ва камтаҷриба, ки қаблан ба хобу таъбири он эътиборе намедод, имшаб ҳолати дигаргуна дошт. Яке сухани падари Сабзалӣ ёдаш омад, ки боре гуфта буд: «Касе парӣ дар хоб бинад, хушбахт гардад, вале агар бо парӣ гап занад, девона шавад». Гапи бобои Одинаро бо хоби дидааш қиёс намуда, ба хулосае расид, ки хушбахтӣ пешорӯяш қарор дорад. Аммо зиқ шуд аз он ки Нигинаро аз ҳалқаи париён озод карда натавонисту вай ғойиб шуд.

Мирмалик медонист, ки ин хобро таъбир мухтасар ва якгуна нест. Зеро Нигина ҳанӯз дар бедорӣ аз мадди назари меҳрполояш нопадид гашта буд. Вай бо як ҷаҳон умеду орзу аз Хуҷанд армуғони дӯстӣ овард, аммо ин духтараки содаи Бимастура худро духтари хонаю ӯро ҷавони номаҳрам ҳисобида, лоақал як бари рӯяшро нишон надод. Ва агар бо лафзи шоир Абдулмаҷид гӯем, кабутари хонагӣ шоҳини паркушодаро паршикаста кард.

«Ҳоло Нигина дар куҷо бошад?» — худ аз худ пурсид Мирмалик ва гапи падари духтарак дар буни гӯшаш садо дод: «Касе аспи обиро бинад, аспафкан мешаваду агар ба он савор шавад, шерафкан хоҳад шудан». Мирмалик ба ёд овард, ки аспи обиро ҳам дар хобу ҳам дар бедорӣ дид. Лекин дар хоб савор шуду дар бедорӣ натавонист. «Оё шерафкан мешуда бошам?»

Ба ин пурсиш посух наёфта, мулоқоти ду сиёҳсаманд пеши назараш омад, вале аз таъбири он оҷиз монду каломи модаркалонашро аз дуриҳои дур шунид: «Хоби парешон ба чароғ гуфтан даркор, то бадияш бисӯзад!»

Мирмалик дубора зиқ шуд: зеро медонист, ки дар кӯҳистон чароғ нест. Вале ба осмон нигаристу гули рӯяш шукуфт: моҳи тобон — чароғи осмон ягона мӯнису ҳамрозаш буду бе ҳеҷ дудилагӣ хоби парешон ба моҳи дурахшон гуфт, то сиёҳию тирагиҳояш равшан шавад.

Гапи модаркалон дуруст баромаду рози дил ба моҳ гуфтан ҳамон хотири парешони Мирмалик ҷамъ гардид. Зери лаб хандид. Ба қарори қатъӣ омад, ки субҳ ба чашми хобнок сурма кашад, яъне хоби парешону андешаҳои барҳам ба дигарон равшан насозад. Сабр кунаду роз нашикофад ва таъбири хоб аз аспрези Исфара дарёбад…

Равзанаи панҷум. Ишроқе

6

дар Моҳпарӣ оғозбахши достони нерубахши зиндагӣ

Аспрези Исфара — майдони махсуси аспдавонӣ, ки тарафи рости роҳи Шӯроб, дар дили дашти Моҳпарӣ воқеъ буд, аз дур ба молбозор шабоҳат дошт. Як тараф тамошочиён аспу уштур ва маркабҳои савории хешро ба дарахтони лаби ҷӯйи беоб баста буданду тарафи дигар ҷавонмардони асптозу камонвар — иштирокчиёни мусобиқаи имрӯза самандҳои хелмахели худро хорумолу парҳамелӣ мекарданд, яъне қанду ҷави андак аз кафи даст медоданд. Дар мобайн бошад, даҳ шутури бухтӣ ва барраи бахта — гӯсфандони се-чорсолаи фарбеҳ ва ахтанашуда, ки ба ғолибони сабқат ҳадя мешуд, ба назар мерасид.

Абдулсайид кафи дасташро соябон карда, ба дуртар нигарист ва дид, ки тамошобинон аллакай хеле зиёданду дар талу теппаҳои атроф ва ҷойҳои ҳамвор намаду бурё ва чодару ҷомаҳоро бенизом густурда, гурӯҳ-гурӯх давра нишаста, обу нон бо мағзу мавиз таматтӯъ мекарданду перомуни имрӯза зӯрозмоӣ фикру андешаю тахмину фарзияҳои пешакии худро иброз медоштанд ва хунгармҳо бо якдигар шарту байъ мекарданд. Шаҳриён дар теппаи баланд маскан гирифта буданду сокинони деҳоти атроф поёнтари онҳо, аммо мухлисони аз дур омада — хуҷандиён, фарғонагиҳо, масчоҳиён, кандиҳо, истравшаниҳо мувофиқи имкон ва муносиби ҳоли худ ҳар ҷо — ҳар ҷо нишаста, нисбатан камгапу камҳаракат буданд.

Дар аспрези бузург ягон зан ё духтар наменамуд. Аз ин ҳол Абдулсайид, ки нозпарвараш Нигина ва ҷиянҳояш Назокату Назоратро барои тамошо оварда буд, димоғсӯхта шуд. Сархам назди аробаи болопӯшида рафт, то бо маслиҳат тадбире ёбад. Ҳарчанд хуб медонист, ки димоғи сӯхтаашро ягон илоҷ нест ва дар корзори мардони мард зани зайиф ҳатто бо зорӣ роҳ намеёбад.

Моҳиятан нозук будани масъаларо фаҳмида, духтарон лаҳзае хаёломез хомӯш истоданд. Аввалин шуда Назокат таркид:

— Илло-билло, ки то пойгаи аспдавония набинам, ҳеҷ куҷо намеравам! Агар додои худам мебуданд, албатта ягон илоҷ меёфтанд.

Гапи сахттаъсирро Абдулсайид бе ранҷиш шуниду бо табассум Нигинаро нигарист. Вай пардаи шаффофи қафои аробаро саҳл боло бардошта, теппаи мобайниро холӣ диду бо хушнудӣ нидо кард:

— Ана он теппа беҳтарин ҷойи тамошо! Ба ҳеҷ кас халал намерасонему ҳеҷ кас ба мо халал намерасонад.

— Рост мегӯйӣ, духтарҷон, ҷойи хуб аст, вале барои мо дастнорас аст! Ҳокимону бузургон он ҷо мешинанд. Намебинӣ, ки айвони зебое сохта, бо фаршу қолинҳо оростаанд.

— Барои ҳамин хоб-холӣ асту ҳеҷ кас ба ин баландӣ наздик намешавад, — худро доно тарошид Назорат. — Нигоҳ кунед, одамҳо мӯру малах барин меоянд, лекин ҳеҷ кас ба он теппа майл намекунад.

— Агар ин теппа нашавад, дигараш ҳаст-ку! Рафтем ба пеши ворухиҳо! Ҷойи нишасти онҳо боби тамошо!

— Намешавад! — қатъӣ нидо кард Абдулсайид. — Агар он ҷо равем, ҳамқишлоқиҳо ба ҷойи аспи тозӣ шуморо тамошо мекунанд. Хубаш, ҳар сеятонро ҳавлии Усто Мулло бараму бехалал дам гиред…

— Мо барои дамгирӣ ба Исфара наомадаем, амакҷун. Илло-билло, ки…

— Дамата гир, Назок! — андаке барошуфт хоҳари калонӣ. — Ба умеди тамошо, ки омадаем, ноумед намеравем. Оё намешавад, ки дар ҳамин ҷо истода, аз ароба нафуромада, мусобиқаро бинем…

— Фикри маъқул, — пушти гардан хорид Абдулсайид. — Лекин… оё нафастанг намешавед?

— Тоқат мекунем, додо. Дидем, ки нашуд — бе малоли хотир ба ҳавлии бобои Усто Мулло меравем.

Дигарон низ ба ин фикр розӣ шуданду Абдулсайид аробаро каме болотар ронда, пасу пеши чодири болопӯшро ҳавогузар намуд. Аз куҷое Абдулмаҷид пайдо шуду Назокат аз шодӣ қанотак зад:

— Хайрият ки омадед, акои Абдумаҷид. Се рӯз боз калаам гаранг, ки Моҳпарӣ худаш кӣ?

— Моҳпарӣ духтари подшоҳи Чин. Як доя дорад, аҷаб буду бало, ҷодугари зӯр! Номаш Шарвона. Вай падари Моҳпарӣ, яъне фахфури Чинро дӯст медораду мехоҳад, ки аз хати кашидааш берун наравад. Агар подшоҳ хашм гирад, духтар аз пеши чашми ӯ бубарад ва ба ин дашт биёрад. агар подшоҳ меҳрубонию музоот кунад, Моҳпариро дар як зум бозгашт ба Чин мерасонад.

— Вой падарлаънате! Ҳозир ин Моҳи паридор куҷо бошад?

— Инашро ҳеҷ кас намедонад. Ба саволат, ки ҷавоб гирифтӣ, нафас ях! Бодиққат ба дашт нигар, шояд Моҳпарӣ ба назарат намояд! — шоир бо чеҳраи хандон паҳлуи Абдулсайид болои шолчаи нимдошт бароҳат нишаста, ба ҷойи ҷамъшавии довталабон нигарист, то муайян кунад, ки Мирмалику Сабзалӣ омадаанд ё не?

Дар лангаргоҳ аллакай даҳҳо ҷавонони бахтозмой ҷамъ шуда буданд ва, албатта, ба зӯри бозуи хеш ва чусту чолокии оташнаълҳояшон бовар доштанд. Вале азбаски маъруфу машҳур набуданд, тамошогарон ба онҳо он қадар рағбат зоҳир намекарданд ва гӯшбақимору чашминтизор меистоданд, ки аз човандозҳои номӣ кӣ меомада бошад…

Интизорӣ тӯл накашид ва савори аспи сафедмушкин ҷавонмарди қавиҳайкале дар иҳотаи панҷ гурди муҳофиз намудор шуд. «Афзали Беварасп омад!» — ин ҷумла барқвор дар ақсои аспрез паҳн гардида, то гӯши духтарон расид ва ҳар се аз ҷой нимхез шуда, кунҷковона ҷониби чобуксавор нигаристанд. Човандози номӣ, ки чунин истиқболро интизор буд, дастонашро боло бардоштаю дар ҳаво алвонҷ дода ва панҷаҳои баҳодуронаро бо ҳам занҷир андохта, гӯё бо кулли ҳаводоронаш дастфишорӣ намуд.

— Ин бодичаи беваасп кӣ? — лабу даҳонашро бо аломати таҳқир ғунча карда, саволомез ба амакаш чашм дӯхт Назокат.

— Беваасп не, Беварасп! — ӯро ислоҳ намуд Абдулсайид. — Номаш Афзал, зодгоҳаш Хистеварз. Беварасп лақаби падараш, ки мисли додою бобояш асппарварию харҷаллобӣ мекард. Ҳолдонҳо мегӯянд, ки даҳ ҳазор зиёдтар асп дошту аз ин боис Беварасп лақаб гирифт.

— Бевааспи ту солдармиён ғолиби мусобиқаи наврӯзӣ мешавад, — илова намуд Абдулмаҷид. — Имсол яке аз довталабҳои асосӣ ба ҳисоб меравад.

— Минбаъд ин нинакало мукофота дар хоби шабаш мебинад. Ҷое, ки Мирмалик ҳаст, дигар ғолиб нест!

— Шакар ба забонат, амакдухтар! — Нигина хам шуда, аз рухсораи Назокат бӯсид. — Боз киҳо довталаб бошанд?

— Довталабҳои асосӣ акнун меоянд, духтарҷон. Дигар мухлисҳо мисли мо интизоранд. Онҳо…

Гапи Абдулсайид нимгуфта монду овози мунодӣ баланд садо дод:

— Абдуллои Роғӣ ва Амини Фалғарӣ омаданд!

Мухлисони сершумор аз ҳар канор чобукрикобҳои зарафшониро, ки зеби ҳар маърака буданду бе фиребу найранг, аммо бо кӯшиши аҳлона ва ғайрати мардона барои ғолибият то лаҳзаи охирин мекӯшиданд, бо нидои шодӣ пешвоз гирифтанд. Ҳасани Хуҷандӣ ва Заҳири Истаравшанӣ ҳам хуб пазируфта шуданд. Аммо ба аспрез ворид шудани Мирмалику Сабзалиро аксарият нодида гирифтанд ва ғайр аз даҳ-понздаҳ тамошобини хуҷандӣ аз маҳаллаи Мирзоён ва ҳафт-ҳашт ворухӣ — муридони Шайх Бурҳониддини Валӣ ягон нафари дигар садо набаровард.

Табиист, ки чунин пазироӣ ғаши духтаронро оварду Назокати арразабон бо истеҳзо гуфт:

— Мухлис нашуда муретун! Шаҳсавор аз харсавор фарқ карда наметунанду ҳуштак кашида, беҳуда ғавғою мағал мекунанд…

Нигина бо аломати тасдиқ сар ҷунбонда, хост ҷумлаи обдоре илова кунад, вале мухлисон ба вай имкон надоданд. Баробари пайдо шудани ду ҷавони яктаҳи сафедпӯш, ки дар сар тоқии чоргула ва пешонабанди сабз доштанд, мавҷи азиме аз ҳар ҷониб ба хурӯш омаду аз нисф зиёди тамошобинҳо сари по хестанд.

– Ҳамшаҳриҳои худамон, — гуфт Абдулмаҷид ва давоми ҷумларо мунодӣ ба забон овард: — Дугоникҳо Ҳасан ва Ҳусайни Исфарангӣ!

Ғулғули мардум аз аввала бештар гашту дугоникҳои чеҳрахандони ҳамқаду баст аз самандҳои якхелаи ҷигарранг баробар ба замин ҷаҳида ва даст ба сандуқи сина ниҳода, баробар сари таъзим фуруд оварданд. Аз ин амали озодамардҳо ҳам эҳтироми муштариён ва ҳам таваҷҷӯҳи ҳамагон дучанд гашт.

Мунодӣ ба аспрез ворид шудани Нӯъмон ибни Амири Кандиро ботантана эълон карда, илова намуд, ки ҳафт пушташ судур асту паҳлавон ва Бачашер лақаб дошта, се карат зафарманди озмуни пештозӣ шудааст. Муштариён ӯро бо хушҳолии оммавӣ пазироӣ карданд, аммо Назокат боз бо лаби каҷ эрод гирифт:

— Аспаша бинед, аз хари мо хурду аз гурбаи ҳамсоя лоғар!

Ҳақиқатан ҳам аспи зарди хурдҷуссаи чашму сараш майда ва думкӯтоҳи Бачашер назарногир менамуд. Вале кам касон медонистанд, ки гардани тахтаю сермушак, бинии васеъ ва пойҳои чандири саманд нишонаи беҳтарини зоти аспи саворӣ ва шикорӣ аст. Абдулмаҷид, ки инро медонист, ба духтарон фаҳмонд:

— Аспи Бачашер шербача аст! Ҳар касе бо чунин чоргома ҳамсафар бошад, бар сари ӯ бахту толеъ нуру зиё мепошад.

— Ин хелак не! — якравона хитоб кард Назокат. — Аспи Мирмалик аз ҳама беҳтар! Вай аз ҳама баландахтар!

Духтарон хандиданд ва фаҳмиданд, ки Назокат бо тамоми вуҷуд ҳаводори Мирмалик асту ё аз нодонӣ, ё аз доноӣ ҳиссиёти худро пинҳон дошта наметавонад. Дигарон низ тарафдор ва иштиёқманди ғалабаи ин ҷавонмарди ситорагарму меҳрубон буданд, вале ҳавопарастӣ накарда, мекӯшиданд, ки пеш аз пода чанг набардоранд. Нигина, ки аз дасти кушоди ин ҷавони нозанин аллакай се дастовези дилнишин гирифта буд, дар аспрези бузург фақат ӯро медиду ҳар ҳаракаташро бо дидаи пурмеҳр менигарист ва дуои неки Шайх Бурҳониддини Валиро ҳангоми гусел аз Ворух зери лабҳои хомӯш гаштаю баргашта такрор мекард: «Туро, ҷиянам, дар аспрези Исфара бахти фирӯз дастёр, арвоҳи қудсӣ дасткор, ситораи само пешкор ва Худои меҳрубон мададгор бод!»

Оре, Нигина аз мағзи дилу ҷон роғиб ва хайрхоҳи Мирмалик буду ин пагоҳ баробари ба аспрез даромадани ӯ ҷабини мубинаш дурахшон ва гули рӯяш арғувон гашту аз шодию ҳаяҷон дасту по гум карда, нафас дар гулӯяш печид. Вале дарҳол изтироби дилро фурӯ нишонда, рози хеш сарбаста дошт. Зеро хуб медонист, ки ҷуз нигоҳи гарму ихлоси самимӣ ва дастафшонӣ ӯро дигар дастовез нест.

Нигинаи саргарм аз андеша беихтиёр хуршедро нигарист, ки аллакай як қади найза баланд баромада, саховатмандона нур мепошид ва насими саҳариро ба гармбод табдил медод. Баробари боди дайду нидои мухтасари «Омад!» аз талу теппаҳо гузашта, то ароба расид. Духтарон гумон карданд, ки ҳокими Исфара бо аҳли рикобаш омад. Вале ба аспрез як савори бадвоҳима даромад, ки чакману кӯлоҳ аз намади сиёҳ пӯшида буду болои ҷирани гардандарозу шонапаҳне бовиқор нишаста, дуздвор ба ҳар тараф менигарист ва беист гоҳ ба чапу гоҳ ба рост оби даҳан туф мекард. Ӯро дидан ҳамон аз ҳар даҳон овозе шабеҳи уллоси шағол баланд шуд, ки аз нафрату бадбинии умум дарак медод.

— Ин пашминапӯши бадҳайбат кӣ? — пурсид Назокат, ки дар зери забон наштари бисёр дошт.

— Рақиби асосии Мирмалик ана ҳамин зоти касиф! — бо танаффур забон хойид Абдулмаҷид. — Ин човандози асхикатӣ, номаш Аҳмад, асптози ҷасур аст, валекин мардест худраъй ва бадхулқ, дағалгуфтор ва бадрафтор. Бо андак баҳона моҷаро мебардорад. Мегӯянд, ки лақабаш Аспил аст.

— Яъне, аспаш фил барин?

— Не, Нигина. Асхикатиҳо дузди аспу маркабро аспил мегӯянд. Ҳамеша дар лаҳзаи охирин ба майдон медарояду бо довталаби асосӣ аҳду паймон мебандад, то бар ивази маблағи муайян барои ғалабаи ӯ хирсона хизмат кунад.

— Вай аз куҷо медонад, ки довталаб кист?

— Ман аз куҷо донам?! Шояд дафтари ҳисоб дошта бошад…

Аҳмади Асхикатӣ пурсупоси духтару падарро шунид магар, ки ба нидоҳои таҳқиромез эътиборе надода, бепарво аз асп андаромаду онро ба ҳоли худаш гузоштаву тозиёна ба паси гардан хаста, рост пеши Афзали Беварасп омад ва барои мулоқот даст дароз кард. Вале онҳо ба гуфтушунид фурсат наёфта, овози марғуладори амири мусобиқа омирона садо дод:

— Ба аспҳо савор шавед! Дар ду тарафи даромадгоҳ рӯ ба ҳамдигар саф кашед! Меҳмони олиро сазовор истиқбол гиред!

Садои карнай ва нақораҳо баланд шуд. Кулли тамошогарон нӯки по истода, тарафи дарвозаи рамзӣ нигаристанд ва баробари ворид шудани аробаи ҳокими Исфара, ки онро уштури сафеди бо алвон ороёфта пеш мекашид, каф ба ҳам кӯфта, бо лаҳҷаю шеваҳои гуногун, берабту низом, вале бо ихлосу самимият изҳори шодию хурсандӣ мекарданд.

Ҳокими болобаланд ва кушодчеҳра ҷамоати муштоқонро маътал накарда, пас аз муқаддимаи мухтасари табрикотӣ зуд ба сари мақсад омад ва таъкид намуд, ки дар сабқати имрӯза беҳтарин ва чобуктарин асптозон ҳаққу ҳалол ҷаҳду талош карда, бо ҳунармандӣ ва нерӯи ҷавонмардӣ вориси арзандаи Рустами Достон будани худро нишон медиҳанд.

— Сабқати имрӯза озмуни муқаррарии урфӣ не, балки имтиҳони махсуси ҷавонмардӣ асту маҳз бо маслиҳати Пири равшанзамир ва борикназари тариқати мо Ҳазрати Шайх Маслиҳатдини Хуҷандӣ баргузор мешавад. Бо таъбири эшон дӯстон гоҳи зарурат озмун мекунанд ва зӯри худро дар айёми саломат бо мусобиқаи бародарона месанҷанд, то дар рӯзи сахтию мусибат фарёдрас ва мададгори ҳамдигар бошанд.

Ишораи Пирам ба «рӯзи сахтию мусибат» беасос нест. Ҳамаамон хуб медонем, ки замона нотинҷ асту аз ҷониби Хоразм ба диёри мо боди мухолиф мевазад ва ба тӯфон табдил ёфтани он аз эҳтимол дур нест. Агар сухан бепарда гӯем, подшоҳи Хоразм Султон Муҳаммади сонӣ баъди дувоздаҳ соли ҳукмронӣ даъвои ҷаҳонситонӣ дорад. Вай ғуриёнро шикаст дода, Хуросонро пурра ба даст оварда, атобакони форсу диловарони Ироқро мутеъ гардонда, Ҳироту Ғазнинро ба худ тобеъ намуда, Самарқанду Бухорою Ҷандро ба коми оташ кашида, акнун ба диёри азизи мо чашми тамаъ дӯхтаасту Хуҷанду Фарғонаю Исфараю Истаравшану дигар маҳалҳои Суғдзаминро зери тасарруфи худ даровардан мехоҳад.

Аз ҷониби шимол низ боди сард хабарҳои хунук меорад. Барои ташкил кардани давлати бузург ва ягонаи муғул камар бастани Темучин ном пачақбинӣ бо лақаби Чингизхон хеле ташвишангез аст. Ин марди абедониш ва кофири мутлақ лашкаркаши маккору золиму бераҳм асту мегӯянд, ки бар рағми хоразмшоҳиён дандон тез кардааст. Агар ин ду подшоҳ ба ҳам ситезанд, дунё ба харобазор табдил меёбад.

Пири равшанзамири мо, ки оқибати ин фоҷиаро медонанд, таъмини бехатарии марзу бумро муҳимтарин масъалаи доғи рӯз меҳисобанд. Эшон маслиҳат доданд, ки дар сабқати имрӯза ҳар саворе агар хоҳад ва тавонад, беистихора асп тозонад, бехато тир андохтану чустию чолокӣ ва родмардӣ омӯзад, то ба дифои зодбум хештанро омода созад.

Бо ҳидояти Пири Бузургвор мо барои ғолибон илова бар шутуру гӯсфандҳои парворӣ боз ду тӯҳфаи олишон овардаем. Шаҳсавори чобуктарин ва камонвари беҳтарин — ғолиби мутлақи сабқати имрӯза, ки бо қуввату муборизаи шерона ҳамаро тасхир мекунад, ду анори мумтоз мукофот мегирад. Яке анори Зумуррад, ки аз лаълу фурӯзаю лоҷуварди Лаккони Исфара сохта шуда, ба қадри хироҷи яксолаи шаҳри мо арзиш дорад. Нори дуюм анори Ёсин аст аз боғи Унҷӣ, ки Ҳазрати Бадеуддини Нурӣ дар давоми чил рӯз ба ҳар донаи он қудрати чил сураи Ёсин аз дили Қуръони шариф ҷойгузин кардаанд ва ҳар касе онро хӯрад, умрбод бемор нашавад, захми тиру шамшер бар баданаш таъсир накунад.

Ҳоким ду анори мунаввар болои ду каф ниҳода, барои тамошои мардум баланд бардошт: яке чун хуршеди навтулӯъ дурахшон буду дигаре ба сони офтоби ғурубанда сурхи арғувонӣ.

Духтарони аробанишин монанди тамошогарони саҳронишин моту мабҳут гашта, аз ҷоизаҳои сеҳрнок чашм канда наметавонистанд, ки ҳокими баруманд дар ҷойи исташ беист давр гашта, ба ҳамагон манзури назар мекард.

Мӯйсафеди нуроние, ки дар сар дастори мӯҳташам ва дар бар қабои сабзранг дошт, аз айвони садрнишин ба паҳлӯи ҳоким фуромад ва даст ба дуо бардошт:

— Эй халоиқ! Ба номи Парвардигори бахшояндаи меҳрубон дуо мекунем, ки ҳар довталаби асилро нусрат надиму бахт рафиқ, дил беғаму раъият ҳамдам, фирӯзӣ ёру Худо мададгор бошад.

Омин ё Раббулъоламин!

Ҳама баробар даст ба рӯй кашиданд ва сабқат расман оғоз ёфт.

Духтарон низ баробари дигарон омин карданду бо як овоз «Илоҳо, Мирмалик ғолиб барояд!» гуфтанд. Назорат иловатан пурсид:

— Ин мӯйсафеди хушлибос кӣ бошад?

– Қозикалони Тамохуш Шайх Муҳаммад, бародари бародархонди мо Усто Мулло ҳамин шахси мӯътабаранд, — бо оҳанги тафохур посух гардонд Абдулсайид.

– Ҳар ду писари эшон — Шаҳобиддину Аҳмад шоири баркамоланд ва ҷӯраҳои ҷонии мананд! — Абдулмаҷид даст ба сандуқи сина зада, оҳанги гуфтори аввалиро идома бахшид. Вале дарҳол тарзи гуфтор дигар кард: — Гап тамом! Ба майдон нигаред, мусобиқа сар шуд!

Бо нишондоди мири мусобиқа надимон ба ҷойҳои зарурӣ нишона гузоштанд ва доварон иштирокчиёни даври аввали мусобиқаи аспдавониро ба дувоздаҳ гурӯҳи ҳафтнафара тақсим карданд. Чун гурӯҳи нахустин болои ишорахат саф кашид, сардовар бори дигар қойидаҳои сабқатро хотиррасон кард. Дуҳулзан зарба ба нақора задан ҳамон ҳафт савора ба аспи худ баробар маҳмез заданд ва сабқат оғоз карданд.

Баъди соате аз ҳар гурӯҳе якнафарӣ — ҷамъ дувоздаҳ ғолиби дави аввал муайян гардиду ҳар кадоме як гӯсфанди бахта мукофот гирифта, барои ширкат дар дави дуюм ҳуқуқ пайдо намуд. Дигарон тамошобини муваққатӣ шуданд. Сабзалӣ яке аз онҳо буд…

Сардовар ғолибонро гирди худ ҷамъ овард барои қуръакашӣ ва ташкили шаш гурӯҳи дунафарӣ. Ба ин мақсад номи шаш касро алоҳида-алоҳида дар коғазпорае навишту ҳар кадомеро лӯлапеч намуда, ба халтаи ҳозиркардаи надим андохт ва ӯро фармуд чун элак битакад. Сипас ба шаш ғолиби дигар гуфт, ки аз халта яктоӣ лӯлакоғаз гиранд ва ҳарифи худро худашон муайян кунанд.

Аввалин шуда, Аҳмади Аспил қуръа кашиду Афзали Бевараспро ҳариф интихоб кард. Ҳасани Исфарангӣ бо Ҳасани Хуҷандӣ ҷуфт афтоданду бояд аз ду яке мемонд. Ҳусейн бошад, ҳарифи Заҳири Истаравшанӣ шуд. Яъне хавфи аз бозӣ баромадани дугоникҳо ба амал омад. Раҳими Купол ҳарифи Мирмалик гардиду Рустами Аштӣ бо Амини Фалғарӣ ва Абдуллои Роғӣ бо Нӯъмони Кандӣ ҷуфти сазовор шуданд.

Мирмалик ҳарифашро мешинохт. Чандин бор дар кӯчаву бозор вохӯрда, ҳамсӯҳбат ҳам шуда буданд. Вай марде буд филпайкару қавитан ва гурзи гароне дошту барои ҳамин Купол лақаб гирифта буд ва дар маҳаллаи Арабон зиндагӣ мекард. Яъне ба тоифаи аъробиёни хуҷандишуда тааллуқ дошт. Аспаш низ мисли соҳибаш зоти арабӣ буду гардандароз ва монанди Рахшон чобукпо.

Абдулсайид самандҳои ҳамҷаворро муқоиса карда, лутфомез гуфт:

— Дар урфият «ҳар касу дави аспаш» мегӯянд. Вале ин ду саманди бодпоро қиёс карда, «ҳар касу бахташ» мегӯям.

— Вале ман аспу савораро ба ғилофу шамшер ташбеҳ медиҳам, — бо шеваи хос гуфт Абдулмаҷид. — Агар савора шамшер бошад, мағлуб мешавад, лекин агар саворӣ шамшер шавад, соҳибашро ғолиб мегардонад. Зеро кор ба майдон шамшер мекунад, на ғилоф!

— Ман ба шамшеру ғилоф кор надорам! — бетоқатона ба муколамаи мардҳо шарик шуд Назокат. — Дилам пур, ки Мирмалик ғолиб мебарояд!

Каломи қотеъ ба духтар шодмонӣ овард: дар майдони набард Раҳими Купол шамшер шуду аз давра баромад. Ҷонибдорони Мирмалик шод гашта, мушоҳида карданд, ки шаш ҷавонмарди ғолиб пас аз гирифтани инъом боз қуръа кашиданду се ҷуфти довталаб чунин таркиб ёфт: Ҳасану Ҳусейн, аммо яке хуҷандию дигаре исфарангӣ, Афзалу Рустам ва Мирмалику Нӯъмони Кандӣ…

Аз эшон то даври ниҳоӣ Афзалу Мирмалику Ҳусейни Исфарангӣ расиданд. Аммо дигар қуръакашӣ нашуд. Мири мусобиқа ҳар серо мусовӣ бо ишорахат саф орост ва фаҳмонд, ки кадоме пештар ба марра расад, ғолиб ҳамон мешавад.

Тамошобинҳо Афзалу Ҳусейнро ва онҳо ҳамдигарро, ҳусну қубҳи аспони худро медонистанд, вале барои ҳама Мирмалик шахси ноозмуд ва дави аспаш номаълум буд. Бинобар ин, бо назари ташхис ва кунҷковӣ ӯро менигаристанд. Фақат хуҷандиҳо ва аксари ворухиён нигоҳи пурмеҳр доштанду исфарагиҳо дуандеш буданд — аз нисф зиёд тарафдори ашадии Ҳусейн, боқимондаҳо — ҳаводори Мирмалик. Андешаи парокандаи онҳоро Абдулмаҷид дар як ҷумла ҷамъ овард:

— Афзалу Ҳусайн шаҳди ғалабаро борҳо чашидаанд, акнун шаҳдситонӣ навбати Мирмалик!

Нигина хулосаи шоирро бо ишораи сар маъқул дониста, нохост чашмаш ба Сабзалӣ афтид, ки тозиёна болои сар алвонҷ додаю ангушти ишоравӣ боло бардошта, бо додархондаш хитобе дорад. Саропо гӯш шуду охири ҷумларо баръало шунид:

— …ба аспи хуб як тозиёна басай!

Бонги дуҳул баланд шуд. Ҳарифони шитобзада тозиёна бар сағрии аспҳо заданду аз ҷаҳиши ногаҳонӣ чанги сабуке боло хест. Аммо Мирмалик бо маҳмез Рахшони хеш ба пеш хонд. Аксари тамошобинон аз ин ҷавони хушасп, аммо камтаҷриба дарҳол умедашонро канда, ба ду човандози пештоз таваҷҷӯҳ оварданд, ки баробар пеш мепариданду фосилаи байни онҳо ва савораи сеюм лаҳза ба лаҳза меафзуд. Ин ҳолатро мушоҳида карда, духтарон безобита шуданд. Рухсораҳои мисли себи хубонӣ суп-сурхи Назокат ширранг гашту баробари суст шудани гардиши хун дили ҳассосаш қариб буд, аз тапидан бозмонад. Назорат нисбатан бепарво метофт, аммо Нигина хуни дил мехӯрд. Лекин ҳаяҷони дилро бо азобе фурӯ нишонда, бо умеду боварӣ Мирмаликро менигарист. Вай дилпур буд, ки ин ҷавони ҳушманд нақшаи амиқ дораду аспаш доно ва тавоност.

Баъде ки нисфи марра тай шуд, пешсафон барои ғолиби мутлақ шудан ҷон коҳонда, ба сағрии аспон боз тозиёна заданду ҷонварони ранҷкашида чанг ба осмон бардошта, ҷонҳавл пеш тохтанд. Фурсате, ки Мирмалик интизор буд, фаро расид ва тозиёна ба кор овард. Рахшони рамузфаҳм якбора аз ситора ҳам авҷрафтор шуду дар як мижазанӣ пешсафонро дарёфт. Афзали аввалмақом аз тағйири ҳолат саросема шуда, хинги худро бо зарби тозиёна ба пеш ҳадаҳа намуд. Ҳусейни калопатра ҳам тозиёнаю ҳам маҳмез ба кор андохт. Аммо Мирмалик фақат банди лаҷом ҷунбонд. Рахшон мақсади соҳибашро бехато фаҳмида, суръати дав биафзуд. Акнун саманди сиёҳ ончунон метохт, ки Мирмалик намедонист, дар замин аст ё осмон! Лаҳзае гумон кард, ки савори аспи обист, вале бонги тамошобинҳо вайро зуд аз олами рӯъё ба аспрез баргардонд. Акнун ҳама ба ҷунбиш омада буданду чун Рахшон ба мавқеи дуюм гузашт, ними мардум ҳаводораш шуданд. Вақте пешсаф шуд, ҳама мафтун гардида, бехудона «Рахшон! Рахшон!!» мегуфтанд. Амакдухтарон низ аз ароба сар бароварда, бо кафкӯбӣ мардонро ҳамсадо шуданд.

Афзал аз ин гардиши ногаҳонӣ худашро тамоман гум кард, вале маҳмезу тозиёна дигар ӯро мададгор нашуд. Дод мегуфту аз даҳонаш бафч мерехт, лек аспаш торафт суст мешуду аз даҳонаш кафк мебехт. Ва дар чунин ҳолати риққатангез аз ҳама оқиб ба марра расид.

Мирмалик бо сари баланду дили пурнишот гирди аспрезро давр зада, чобук ба замин ҷаҳиду сару гардани Рахшони вафодор ба оғӯш гирифт. Аз ҳар сангу бутаи дашти Моҳпарӣ овозе мешунид, ки «Дуруди Худо бар Мирмалик!» мегуфт. Назокат дастзанӣ мекарду Нигина кафкӯбӣ ва Назорат ҳар дуро шодишарик буд.

Фавҷи шодиро овози мутантани мунодӣ дучандон вусъат бахшид:

– Ғолиби сабқати аспдавонӣ Мирмалик ибни Мирраҳмати Хуҷандӣ бо уштури сурхи бухтӣ сарфароз мешавад! Агар дар озмуни тирандозӣ ҳам ғолиб ояд, ду нори муқаддас моли ӯ хоҳад шуд!!!


* * *


Сабқати камонварон ихтиёрӣ буду ғайр аз чор-панҷ ғолиби мусобиқаи асптозӣ ҳамагӣ якчанд иштиёқманд ба майдон баромад. Аксар чобуксаворони дамонва данон, ки лаҳзае қабл мисли мавҷу бод тунду тез ва хурӯшон буданд, фурсате дарангпеша шуданд. Зеро тибқи одат то оғози даври дуюми сабқат лаҳзаи дамгирӣ эълон шуда, аз ҳар канора бӯйи таоми лазиз ба димоғ мезад, ки бо фармоиши ғолибон аз гӯсфандҳои инъомгирифта барои мухлисон пухта шуда буд. Таҳамтанҳо ба давраи муштариёни худ пайваста, бо димоғу иштиҳои равшан нону кабоб мехӯрданду ҳазлу шӯхӣ мекарданд.

Дар ҳалқаи хуҷандиҳо Мирмалик ангуштнамои хосу ом буду ворухиҳо, аз ҷумла духтарони болои ароба низ ба ифтихор сӯяш менигаристанд. Аммо дар қиёфаи фотеҳи майдон заррае тафохур ё такаббур падидор набуд, баръакс андешаманд менишаст — ҳушу хаёлаш ба Сабзалӣ банд буд, ки тибқи аҳду паймони пешакӣ вай дар озмуни камонварӣ бояд ба мавқеи аввал мебаромад. Зеро ба қавли худаш «дар кӯҳистон барои асптозӣ шароит нест, вале хурду калон дар тирандозӣ устухон надоранд». Лекин…

Мантиқан, ҳоло довталаби асосӣ бояд Мирмалик бошад. Инро ҳама медонанд. Вале Сабзалӣ чӣ андеша дорад? Оё вай аз довталабӣ даст кашида, ба ҷойи худ Мирмаликро мегузаронад?

Албатта, роҳи осон гуфтушунид аст. Агар Мирмалик шарт гузорад, ки дар сурати ғалаба нори рахшон аз Лаккон ба Сабзалӣ медиҳад, шояд ӯ розӣ шавад. Балки ӯ бояд розӣ шавад! Аммо… дар ин ҳолат аҳди бародарӣ чӣ мешавад?! Оё ин муқаддасотро фурӯхтану харидан, бо лаълу нуқра иваз кардан мумкин аст? Не, ҳаргиз не!! Мирмалик барои моли дунё шуда, ҳеҷ вақт дили бародархонди худро намеранҷонад. Вай ҳеҷ вақт паймони бародарӣ доғдор намесозад!

Бори гаронеро аз китф дур андохта, Мирмалик ҷониби мунодӣ нигарист, ки гаштаю баргашта сало мехонд:

– Ҳой мардум! Нашунидам нагӯед! Нафаҳмидам нагӯед! Тоҷири ҳимматбаланд ва шӯҳратманди Исфара Аҳмадбеки хушмӯйлаб ба шодиёнаи тавлид шудани нахустписараш Маҳмадбек озмуни камонвари забардаст эълон мекунад! Ҳар касе илми тир медонад ва ҳунар дорад, ба майдон барояд, тир аз камонҷулла ба нишон расонад ва як киса зари сафедро соҳиб шавад!

Шитобед, майдон аз далер аст!!

Шумори довталабҳо тадриҷан аз сад гузашту сар шуд баҳси тиркушоӣ, ки дар он Мирмалик ширкат наварзид. Ин аз назари Сабзалӣ пинҳон намонд ва худро дарҳол пеши бародархонд расонд.

— Ба ту чӣ шуд, барод? Созӣ? Ай баҳс худта дур кашида, чӣ хапу дам шиштайӣ?

— Осиё ба навбат, бародар! Ману Рахшон ҳунари худ нишон додем. Акнун ту…

— Бе ту ман нафас намекашам дар олам, ки инро худут медунӣ, эй барод! Пеш даро, ки Бойбобо шарти беҳад вазнин гузоштай, ман уҳда карда наметонум…

— Чӣ хел шарт?

Аз ҷавоби Сабзалӣ маълум гардид, ки бо пешниҳоди амлокдори бозори Исфара болои теппаи аз ҳама баланд тирбол — катаки махсусе гузошта, ба дарунаш хурӯси зинда сар додаанду дар шафаташ дори пасти чӯбин сохта, ба он кисаи пур аз нуқраи соф овехтаанд. Шарти Аҳмадбек ин будааст, ки ҳар касе хурӯсро тир занад, халтаи пурнуқраро соҳиб мешавад.

— Вазни нуқра бо вазни хурус баробарай, лекин хурус ай нуқра дуртарай! — гуфт бо алам Сабзалӣ. — Ба тахмини ман, фосилаи байни камондор ва катаки хурусдор ай як тирпартоб зиёдтарай. Бойбобо ҳилаи зур ёфтай, зури ман намерасад…

— Агар зӯри ту нарасад, пас тири ҳеҷ кас ба нишон намерасад!

— Дуруст мегӯйӣ, эй барод! Барои ҳамин, пеш даро, халтаи нуқра моли ҳалоли худут!

— Агар ҳеҷ кас соҳиби мукофот шуда натавонад, он гоҳ майдондорӣ тани ман…

— Гапат маъқул, эй барод! Ман рафтам…

Тахмини Сабзалӣ дуруст баромаду найранги тоҷир кор дод: ҳамаи камонкашҳо хурӯсро ба ҳадаф гирифтанду тири ҳама ба ҳадар рафт! Фақат пайкони Сабзалӣ ба девори катак бархӯрд… «Давлати савдогар сахтӣ кард»-ин маъно аз ҳар даҳане ба шакли ҷумлаи ҳархела садо дод. Баъзеҳо бо писханду ришханд, гурӯҳе бо таассуф ва надомат ин мусобиқаи бенатиҷаро ҷамъбаст карда, саволомез ба теппаи садрнишин нигаристанд, ки Аҳмадбеки хушмӯйлаб низ он ҷо буд. Нигина баръало дид, ки ба гӯши мунодӣ сухане гуфт ва ӯ дарҳол нидо баланд кард:

– Ҳой мардум! Шитоб накунед ва пароканда нашавед! Бозаргони машҳури диёр Аҳмадсайиди Ворухӣ, ки ҳозиракак аз Марғинон омаданд, бародархонди худро шодишарик шуда, ба шодиёнаи меҳмони нав боз як кисаи зар изофа карданд! Оё дар байни шумо тирафкане ҳаст, ки қудрати худро бо анвои озмоиш имтиҳон кунад?! Оё дар байни Шумо камонваре ҳаст, ки бо тири ахтардӯз дили хурӯс парчин кунад ва мукофоти олӣ ба даст орад?! Эй шермарди худо, ба майдон баро!!!

Дашти Моҳпарӣ лаҳзае сукут варзид ва оҳиста таркид: аз давраи меҳмонҳо марди тануманди яктаҳи беостин дар тан ва камони садманӣ дар даст бо таҳаввур аз ҷой хест. Ин далерию ҷасорати аз ҳад зиёдро нимаи мардум бо таҳайюр ва чапакзанию ҳуштаккашӣ таҳният гуфтанд. Аммо кулли исфарангиҳо ва дигар ашхоси огоҳ довталабро шинохтанд ва пай бурданд, ки Аҳмади тоҷир ганҷи шойгон ба бегона доданӣ нест ва ин нақшаро пешакӣ тарҳрезӣ карда, навкари кироя Холмати Чочиро зархарид овардааст, ки ҳақиқатан ҳам камонвари чирадаст буда, бегумон шодиёна ба даст меорад.

Абдулмаҷид бо танаффур даст афшонда, бо чашми умед Абдулсайидро нигарист:

— Оё говҷигаре бошад, ки ин гови сиёҳро мағлуб гардонад?

– Ҳаст! — дилпурона садо баровард Назокат. — Ман ҳеҷ вақт намемунам, ки пули додою амакбобои мана одами бегуна гирад. Илло-билло ки рудаю ишкамбаша нохун катӣ чок мекунам!

— Офарин, гурбашери амак! — баланд хандид Абдулсайид. — Хубаш, худат ба майдон баро!

— Ман чува мебурумадиям?! — ҳазлро нафаҳмида, сахт барошуфт Назокат. — Ба ҷойи ман акои Мирмалик камунҷанг мекунад, ин гови сиёҳа ба хок яксун мекунад!

Ин лаҳза Мирмалик дар соягӯшае ба саманди дилбанди худ машварат дошту ҳис кард, ки ёру дӯстон, ҳамшаҳриҳо ва мухлисони қадиму ҷадидаш бо хоҳишу умеду боварӣ сӯяш менигаранд. Зеро дар дабиристон миёни ҳамсабақон дар тирандозӣ ҳамто надошту азбаски тираш қариб хато намехӯрд, қадарандоз мегуфтандаш. Бозувони Рустамона, ки дошту тири камонаш ба дуриҳои дур мепарид, қодирандоз меҳисобидандаш… Мантиқан, аз ҳарифи имрӯза пешдасту бартар аст. Вале… оё мурғи Ҳумо ба китфаш менишаста бошад?

Бо чунин андешаҳо гирдогирди аспрезро аз мадди назар гузаронда, ба аробаи назди даромадгоҳ чашмаш афтиду Абдулсайид ва Абдулмаҷидро шинохт. Ҳамоно панди тағояш дар буни гӯшаш садо дод, ки қабл аз дуо гуфта буд: «Таваккал нар асту андеша мода, ҷиянам. Дар лаҳзае, ки ҷавонмардӣ мебояд, андешамандӣ нашояд!»

Табассум дар чеҳраи Мирмалик гул карду панди падар ёдаш омад: «Афзалият аз ҳариф далели фавқият аст, яъне нишонаи бартарист. Фавқият бошад, далели ғолибият аст, писарам!».

Дигар ҳоҷати истихора намонд. Мирмалик далеру чобук аз ҷой хест. Камон аз ҷӯла бароварду тирдон ба китф овехт ва бебок қадам ниҳода, ба майдон даромад. Ӯро дарҳол шинохтанд ва нек истиқбол карданд. Хуҷандию ворухиҳо яксара ба по хеста, кӯлоҳ ба боло ҳаво дода, гӯё ки аллакай ғолиб омада бошад, баробар «Мир-ма-лик! Мир-ма-лик!!» мегуфтанд. Нигинаю амакдухтаронаш низ баробар қанотак зада, пешу қафо сар аз болопӯши ароба берун оварданд.

Аз чунин пазириш Холмати Сиёҳ лаҳзае карахт гашту қаҳролуд шуд. Вале сир бой надоду аз аспи ғурур поён нафуромада, бо овози димоғӣ дӯғу даранг кард:

— Эй ҷавон, ту ба зиёрати ман омадӣ ё ба муқобили ман?

— На инашу на ваяш! Бо даъвати мунодӣ омадам, то бахт озмоям.

— Тушбераро хом шумурдӣ, эй ҷавон! Ҷое, ки ман бошам, бахт ба фармони ман аст!

— Бахт кӯр аст, адолат бино…

— Суханбозӣ макун, эй ҷавон. Бо ман сарбасар шудани ту ҳоло барвақт аст. Ҳанӯз аз даҳонат бӯйи шир меояд…

— Бӯйи шир беҳтар аст аз туршии хамир!

Холмати Сиёҳ аз ғазаб сиёҳтар шуда, як тоб хӯрду аз дигар дари сухан даромад:

— Эй ҷавон, росташро гӯй: маро шинохтӣ?

— Аз тарҳи суханат фаҳмидосиям, ки хоҷа нестӣ, зердастӣ.

— Маро Холмати қодирдаст мегӯянд! Беҳтарин камонсозу камондори Чоч манам!! Тири камони садмании ман рахна дар санги хоро меканад! Тори камони маро ҳеҷ кас кашида наметавонад!

— Маро ба насабу қасаби ту коре набошад ва аз камони ту ғаму озоре нарасад. Расоям гапбозӣ накун, ки гуфтаанд:

Худписандӣ далели нодонист,

Охири он фақат пушаймонист!

Холмати Сиёҳ боз ба худ печиду хост, бо мушту лагад уштулум оғоз кунад. Лекин аз ғазаби мардум тарсида, ғазаб ба таъна гардонд:

— Эй ҷавон, ту худат кийӣ, ки ин қадар ҳавои даҳан мекунӣ?! Ту дар пеши ман як пашшайӣ!!

— Эй рангобзард! Душманат гар пашша бошад, камтар аз филаш мадон!

— Ту дар ду олам фил намешавӣ, эй ҷавон! Фил манам ва ғолиб манам!! Ту навакак дар аспдавонӣ ғалаба кардӣ, обрӯй ва иззат ёфтӣ. Барои кӯдак ҳамин қадараш басу зиёдатӣ! Бисёр махоҳ ва обрӯй макоҳ! Аспсаворӣ дигару камонварӣ дигар аст. Бо ман муқовимат накун ва беҳуда зӯр назан, ки миёнат бишканад!

— Ту ҳам ёзӣ-ёзӣ бисёр накун, ки гарданат нашиканад. Оқибати ғурур ва питӣ-питӣ сари пасту нотавонист!

— Гар намедонӣ, бидон, эй ҷавон: Ораши Камонвар ҷадди волои ман аст!

— Чалов накун! Ораши забардаст ҷадди худпараст нест! Агар тири аз Ому паррондаи вай ба Марв расида бошад, муҳол аст, ки тири ту ба сари теппа барояд…

– Ҳозир ман ба ту тирпаррониро нишон медиҳам! Ҳозир ман ба ту исбот мекунам, ки вориси Ораш манам!! Ҳозир мебинем, кӣ дар камонварӣ сахткаш аст?!

Холмат бо ғурур ва нописандии аввала тир ба камон гузошта, як чашмашро нимпӯш карда, бо қаҳру ситеза хурӯсро ба нишон гирифт. Хаданги чорпари ӯ башаст парида, ба катак расид, аммо ба шифт бархӯрд…

Мирмалик осуда нафас бароварда, болои нишонахат қарор гирифт. Аввал зеҳи камони ҷойдории худро, ки аз пӯсти говмеш буд, бо нӯки ангуштон ламс карда, ҳаяҷони ботин фурӯ нишонд. Сипас бо ҳаракати мавзун тири сурхранги рӯйи тиркаш берун овард. Онро аз чӯби заранги кӯҳи Мевагул сохта, дар дунболаи пайкони фӯлодиаш се пари шоҳин баста буданду барои сайди махсус нигоҳ дошта мешуд ва шоҳиншоҳпар ном дошт. Ҷавони пухтакор саросема нашуда, тирро чилла карду байни чилликҳои қавиии хеш ҷафид ва бо нимовоз гуфт:

— Тир ба чашми хурӯс занам, то борикандозӣ исбот шавад.

Баъди нафасе ин ҷумларо мунодӣ тариқи зайл бо овози баланд такрор кард:

— Мирмалик ибни Мирраҳмат чашми хурӯсро ба нишон гирифта буд ва тири ахтардӯзи вай бехато ба нишон расид!!

Дар аспрез аҷаб ҳангома бархост каснодида ва гӯшношунида! Ин карат хурду бузург ва дӯсту душман — ҳама баробар — шасти хаданги ҷавонмарди баруманди Хуҷандро офарин мегуфтанд. Фақат Холмат истисно буд — лаҳзае гунгу лолу карахт истоду якбора хуни сараш ҷӯшид ва аз шиддати ғазаб зангии занг шуду камони садманӣ ба замин зада, онро лагадмол карда, бо дили пурғам ва сари хам аз аспрез рӯ ба гурез ниҳод…

Ҳеҷ кас, ҳатто Аҳмади Хушмӯйлаб, ӯро нигоҳ надошт. Баръакс, ҳар ду сарпарасти озмун мурғобивор роҳ гашта, бо чеҳраи хандон пеши Мирмалик омаданду бонавбат ба оғӯш кашида, аз сидқи дил табрику таҳният гуфтанд. Аҳмадсайид, ки аз шодӣ дар пӯсташ намеғунҷид, дар пешорӯ аробаи худаш ва назди он нури чашмонашро дида, онҳоро ба Мирмалик нишон доду оҷил сӯяшон шитофт.

Садои гӯшнавози ҳокими Исфара дар фазои Моҳпарӣ бори дигар танин андохт:

— Мирмалик ибни Мирраҳмати Хуҷандиро Худованди меҳрубон мададгор ва бахти баланд ёр гашту бо нерӯи ҷавонмардӣ вориси арзандаи Рустами Достон будани худро исбот кард ва ғолиби мутлақи сабқати Исфара шуд!

Зиҳӣ шоҳсавори чобуктарин ва камондори беҳтарин!!

Аҳли аспрез баробар «Зиҳӣ, Мирмалик!!» гуфтанду ин таҳнияти шоҳаншоҳиро дар атрофу акнофи Исфараю Хуҷанду Истаравшану Бухорою Самарқанд ҳама шуниданд.

Ҳокими Исфара бо ду дасти адаб ба шаҳсавори шоҳчеҳра ду нори муқаддаси оламтоб ва ду киса зари холис ҳадя карду овозаи ин тӯҳфаи олишон аз канораи Мовароуннаҳр баланд хеста, Хуросону Хуталону Арабистону Фарангистон ва Чину Мочину Ҳиндустонро фаро гирифта, то гӯши Муҳаммади Хоразмшоҳ ва Чингизхони муғулнойон расид ва ҳар ду дар орзуи чунин размандаи аспафкан шуданд…

Мирмалик шоду масрур ба Рахшони машҳур савор шуда, ду кисаи зар ба зини асп овехту ду нори муқаддас ба дили даст гузошта, боло бардошт. Ҳама баробар даст баланд карда, беист «Зиҳӣ, Мирмалик!» мегуфтанд. Духтарон низ ҳамранги ҷамоат буданд ва кайҳо аз ароба фуромада, маҳбуби худро ситоиш мекарданд.

Нигинаи гулпераҳан дар сафи пеш меистод, зеро нисбати дигарон шодию сурури беш дошт. Ду рӯяш мисли гули анор шукуфон буду лабони нордонаш дар васфи ғолиби сабқат дурру гуҳар мерехт.

Вақте Мирмалик ду анори муқаддасро баланд бардошт, Нигина ҳам дар пайравии дигарон дастонашро боло намуд ва маҳз дар ҳамин лаҳза онҳо ҳамдигарро диданду шинохтанд. Дилбараки хубрӯи мавзунқомат чашму абрӯи Золи зар, мӯйлаби навдамидаи шоҳписар ва чеҳраи хандони чобуксавори пурҷигар баръало медид, аммо ҷавон чунин имконият надошт — чеҳраи духтар зери ҳиҷоб нонамоён буд.

Ба ҳоли Мирмалик раҳми Моҳпарӣ омаду оҳ кашид. Дарзамон аз ҷониби нишемангоҳи маликаи дашт шамолаки шадиде вазид ва гиреҳи корро кушод: парда аз рӯи гулпарӣ париду гесӯи шоназада, холи мушкину абрувони пайваста, рухсораи гулнору чашмони олуранг, лабҳои нордона ва садафдандони дона-дона чашмони равшани ҷавони аспафканро шефта гардонд.

Боди мурод пероҳани нафисро ба тани нозукбадан часпонду чашмони шефта дар бари духтари наврасида ду анори навдамида дид ва ба шигифт омад.

Ба шигифт омаду анорҳои муқаддасро тарафи духтар алвонҷ дода, шӯрангез хандид…

Хандаи дили ҳассос ва шефтаю шайдо чунин маъно дошт: ғолиби Моҳпарӣ тайёр аст, ду нори даст якҷо бо дили зебопараст ба кабутари Моҳпарӣ супорад, то ду анори дилрабо ба каф орад!

Нигина ҳам маҳин хандид. Вале аз теғи нигоҳи падар тарсид, аз захми чашми амакдухтар ҳаросид ва зуд парда ба сар кашид. Дигарбора кабутари ниқобдор ва дастнорас шуд…

Равзанаи шашум. Нӯшханде ба печутоби ду гули бӯстон дар суроғи андалеби достон

Аҷаб дилномаи дилафгоре оғоз ниҳод даму нафаси маликаи Моҳпарӣ!

Мирмалики пурдил, ки бо нияти пирӯзӣ ба сабқати дилхурӯшон омада буд, пас аз ғолибият дар даври аввал бо тири ахтардӯз чашми хурӯс шикофта, диловари дилписанд шуд, дили ахтардухтари кӯҳистонро волаву шефта гардонд ва бо дилхушию дилафрӯзӣ «Дилбараки мухлис беҳ аз ганҷи Лаккону зари холис!» гуфта, дилшоду дилошӯб ба асп нишаст, аммо дилкашол ба Хуҷанд баргашт. Зеро бо мадади шамолаки Моҳпарӣ, ки парда аз сари Нигина боло бардошт, ҳамагӣ як назар ба дилороми дуогӯ нигаристу дил бохт ва фаҳмид, ки аз ин кафтараки дилкаш дигар ҳаргиз дил канда наметавонад…

Дил ба ишқ зинда аст дар тани мард,

Мурда бошад диле, ки ошиқ нест!

Нигинаи покдил, ки бо нияти мухлисӣ ба аспрези Исфара омада буд, довталаби дилнигаронро дилгармтарин ҳаводори дилсӯз ва дилдӯз шуд, бо дилёбиву дилнавозӣ дасту остин барфишонда, барои дастёб шудани ҷавони пирӯзбахт ҷон коҳонд ва фирӯзрӯзро фоли нек, оғози бахту иқболи дилафрӯз пиндошта, дилбаставу дилхеста ба ароба савор шуд, аммо дилхаста сӯйи Ворух роҳ пеш гирифт. Зеро аз теғи нигоҳи падар хиҷолат мекашиду аз теғи забони Назокат метарсид. Хавфу раҷо аз он дошт, ки дар пушти кӯҳи баланд якумр дилбанд мемонад. Яъне банди дили бедори кабутари навболро касе кушода наметавонад.

Хушбахтона, мушкилкушо баробари ба Ворух расидан аз худ дарак дод. Бибинурӣ суханҳои дилошӯб ва дилҳароси Нигинаро дар бораи диловари аспрези Исфара бо дили соф шунида, мағзи гапро аз пӯстпора дарҳол ҷудо кард ва табъи дили духтар лаб ба насиҳат кушод:

— Хоҳӣ, ки ба муроди дил расӣ ва хушбахт шавӣ, дил қавӣ дор ва асло сустӣ накун, эй мурғдили оча! Агар бех суст шавад, шоху барг дар як мижазанӣ пажмурда мегардад. Мебинам, ки туро хун ба ҷӯш омада, дар унуфони камолот қарор дорӣ. Азбаски дар бӯстони балоғат тозабаргӣ, дар синаи қалбат асло ғамро ниҳон надор! Фаромӯш накун, ки дили раҳмгин пайваста ғамгин аст. Зиндагӣ шодӣ асту шодӣ кардан ҳунар!

Аз сухани гарму нарми кампири хушлаҳҷаи хирадрутбати хуҷандӣ, ки аллакай кулли занону духтарони Ворухро беғараз маслиҳатгар шуда буд, Нигинаро ойинаи замир андак равшан гардид, аммо аз замин чашм наканда, нимғурма овоз баровард:

— Ба мулки дилам роҳи дуруст кушодед, эй очаҷони хуҷандӣ. Баъди аз Исфара омадан маро он дили пешина бо худ нест… Тарсам аз он аст, ки модар маро барои дили гумшуда сахт сарзаниш мекунад…

— Агар ҳолат чунин аст, туро сукут раво набошад, эй духтари оча! Алҳол маслиҳат ин бошад, ки аввал ба падар рози дил кушой, ки устои зирак, марди оқил ва падари меҳрубон аст…

— Сирри дил аввал ба модар нагӯям?!

– Ҳолӣ не, ҷони оча! Агар хоҳӣ, ки орзу дар дилат фурӯ нашиканад, саросема нашав. Ҳама медонем, ки дили модар бузург асту моломоли меҳр нисбат ба духтар. Вале на ҳама медонанд, ки ин дили бузург саршор аз тарсу ҳарос аст нисбат ба тақдири духтар. Агар модар дил бохтану дил гум кардани духтарашро фаҳмад, аз тарси қаҳру ғазаби падар ҳама кори аз дасташ омадаро мекунад, то сир пӯшида монаду духтар ба балои азим гирифтор нашавад. Яъне бо ҳазор шеваю усул дили туро меёбаду дарҳол пеши обро мебандад, то домани касе тар нагардад…

Маънии суханҳои маро фаҳмидӣ, ҷони оча?

Нигина дарҳол ҷавоб нагардонда, аз равзана хаёломез ба кӯҳи Тешазадагӣ нигарист. Қиссаи ишқи Фарҳоду Парихон ёдаш омад, ки маҳз аз дасти падар муҳаббати думбурида шуд. Дилаш таҳ кашиду ба лаби нозукаш ларза афтод:

— Агар падар суханро дарҳол қайчӣ занаду гӯяд, ки «Раву дар хона иму ҷим шин, ошиқӣ кори ту нест!» он гоҳ чӣ мешавад? Оё об аз сар хушк намешавад?!

Очанурӣ мулойим хандид:

— Агар бе ҳеҷ муқаддима, бараҳнаю пӯстканда гап занӣ, арраҷавоби арзанда мешунавӣ, гӯсолаи оча! Фарқи духтарак аз писарак ҳамин, ки гапи ширин дорад, нозу ароз дорад, лабханду оби чашм дорад…

— Агар ҳамроҳ равем, намешавад?

— Не, духтари оча! Агар ба ҷойи ту ман гап занам, шубҳаю гумон пайдо мешавад, ки кампираки ҳафтодусесола духтарчаи сенздаҳсоларо бероҳа карданист…

Агар хоҳӣ, ки орзую ҳавасат ғӯраи сармозада нею ҳалвои ширин гардад, бо лутфу ҳарфи ширин ҳамсӯҳбати падар шав, ки яқин, дастафшонию пойкӯбиҳои туро кайҳо дидаасту шояд интизорат бошад. Зеро нозпарвари падар ҳастию мекӯшад, ки ҳаргиз дилат озоре наёбад…

Хез, духтари оча, пеши падар рав! Оқилон гуфтаанд, ки «кас нахорад пушти ман, ҷуз нохуни ангушти ман!» Ханда дар лаб, бебок рав. Асло фаромӯш накун: ҳар духтаре, ки ба дили падар роҳ ёбад ва доманашро маҳкам дорад, Худо ӯро ба мақсад мерасонад! Зеро модар бо ҳама бузургӣ назди падар муштипар аст, ҳақ надорад, ки сухани ӯро гардонад ва ҳад надорад, ки аз хати кашидааш берун по ниҳад…

Нигинаи дилзада аз суханҳои талхнамо, вале ширинтаъм чашми ҳайрат кушодаю ангушти ҳайрат газида, муддате дар лаби ҷӯйи равон нишасту тарҳи сӯҳбатро ба риштаи хаёл кашид ва дудила сӯйи устохона равона шуд.

Усто Абдулсайид, ки бо ҳавсалаи том васса метарошид, аз ташрифи ногаҳонии духтар безобита шуда, хотирпарешон аз ҷой хест.

— Биё духтарҷон, ҳама ҷо тинҷӣ?

— Парешон нашавед, додоҷун, ҳама тинҷу осуда.

— Ин хел ки бошад, хуш омадӣ, духтарҷон!

— Хушбахт бошед, додоҷун. Ман ҳамту… шумоя хабаргирӣ омадам.

— Хуб кардӣ, духтарҷон, фарзанди нағз ҳамеша аз ҳоли падар хабар мегирад.

— Меҳри падарфарзандӣ мана пеши шумо овард, додоҷун! Бовар кунед, гапҳои нағзу ширинатона ҷудо ҳам ёд кардагӣ ман, овозатона шунавам, дилам гум мезанад…

— Наход?

— Ба Худо қасам, ки рост мегӯям, додоҷун. Қариб ду сол мешавад, ки бо ман дуруст гап намезанед, ҳушу ёдатон ба додаракам банд, — овози Нигина худ аз худ ларзид ва қатраи ашк аз чашмаш чакид. — Ман ҳам фарзанди шумо, додоҷун!

Абдулсайид, ки чунин оғоз ёфтани сӯҳбатро интизор набуду аз ташрифи ногаҳонии духтар маънии дигар бардошта буд, гунаҳкорона табассум намуда, пеши Нигина омад ва сари ӯро бо меҳр ба сандуқи сина часпонда, тахтапушташро бо кафи дасти обиланок навозиш карду лаб ба тасалло кушод:

— Гилаат нури дида, духтарҷон. Дуруст мегӯйӣ, додаракатро беҳад дӯст медорам. Лекин… ҷойи ту дар мағз-мағзи ҷонам! Аз тамоми мавҷудоти олам ту барои ман беҳтарини беҳтаринӣ, духтарҷон, ки маро ба хушрӯзӣ расондӣ.

— Меҳри гарми шумоя бисёри бисёр ҳис мекунам, додоҷун, лекин сухани нарми шумоя вақтҳои охир кам мешунавам… Ҳатто… як шабу як рӯз дар як ароба ҳамроҳ аз Исфара умадему шумо лоақал бо ман чор калима гап назадед…

— Тамоми роҳ бо Назокат баҳсу талошу гапгузаронӣ кардед. Баҳси шуморо шикастан нахостам…

Нигина чашмонашро аз нигоҳи мӯшикофи падар дур гурезонда, мубоҳисаи болои аробаро ба ёд овард, ки оғозаш аз ҷумлаи таҳсиномези Абдулмаҷид буд: «Қандаша занад, Мирмалик, як олам бойигариро аз Исфара ба Хуҷанд бурд!» Мадҳи шоирро Назокат тарзи дигар шарҳ дод:

— Агар пули амакаму падарама ягон одами бегона мегирифт, лав-лав сӯхта, биҷӣ мешудам. Хайрият, ки мукофот ба одами худӣ — Мирмалики ба ҷону дил баробарам насиб кард!

— Оҳистатар! — аз остини хоҳар кашид Назорат. — Саҳл худатро нигаҳ дор. Маънои гапат ганда…

— Ганда не, нағз! Мирмалик худаш бачаи нағз, қаду қоматаш нағз, чашму абрӯяш нағз, хандидану гап заданаш нағз, боз… аспу аспсаворияш, камону тирпарронияш нағз! Ин қадар нағз ҳеҷ вақт ганда намешад. Ҳар кӣ ганда гӯяд, худаш ганда!

Таънаи Назокат ғаши Назоратро оварду кашмакаши хоҳарон то Чоркӯҳ тӯл кашид. Оқибат ҳар ду сулҳ бастанду ба Нигина часпиданд. Сабабгор боз шоир Абдулмаҷид гардид. Вай хоҳаронро ба ифоқа оварданӣ шуда, гуфт: «Ҳар дуятон ҷон коҳонда, Мирмаликро ба осмони ҳафтум мебардореду лекин вай ба ҳеҷ кадоми шумо лоақал ягон гапу ҳарфи нағз нагуфтааст. Вале ба Нигина се бор тӯҳфа додаасту вай ба лабаш кулӯх молида, ҷим шиштааст. Аз Нигина ибрат гиред!»

– Ҷим нашишта, чӣ кор ҳам мекунад? — дарҳол оташ гирифт Назокат. — Он тӯҳфаҳо азони Мирмалик не, супориши дигарҳоя иҷро кардагӣ вай…

— Тӯҳфаи наврӯзӣ чӣ?

– Ҳамун се хурӯсқанд?! Оъ… ба ҳар сеямон яктоӣ дод-ку…

— Не, тӯҳфаи ҳозирҷавобӣ буд.

— Агар Нигина маҳмаддоноӣ намекард, худам ҷавоб мегардондам… Хайр, бало ба паси хурӯсқанд! Аз ин баъд Мирмалик беҳтарин тӯҳфа ба ман медиҳад.

— Чӣ хел?

— Ба падарам мегӯям, ки аз Хуҷанд ҳавлӣ харанд. Бо Мирмалик ҳамсоя, ки шудем, тӯҳфа додану гирифтан кори осон…

— Хаёли хуш, вале амри муҳол аст! — хандид Нигина ва оташи баҳс баландтар забона зада, то Ворух хомӯш нашуд…

— Чаро баҳси моро нашикастед, додоҷун?

— Андеша кардам, ки агар ҳарфе гӯям, Назокати арбадаҷӯ ғавғо то осмон мебардорад…

— Назокат арбадаҷӯ не, додоҷун. Вай бечораҳол… Намедунад, ки сараша ба куҷо занад…

— Бойдухтар бечораҳол намешавад, духтарҷон!

— Мешавад, додоҷун. Аз ин ҳам бадтар мешавад. Баъди баҳси ароба аҳволи Назоката дида фаҳмидам, ки агар духтар ошиқ шавад, ба балои азим гирифтор мешудааст!

— Аз ҳад зиёд шав-шав накун, духтарҷон. Вай куҷою ошиқӣ куҷо!? Аз даҳонаш бӯйи шир меояду…

— Ман дурӯғ намегӯям, додоҷун. Худаш гуфт, ки: «дилам девона шудагӣ… Агар Мирмалик пеши назарам ояд, сарам чарх мезанад… Агар номи Мирмалика шунавам, гӯшам метафсад».

— Ин хел гапҳо гуфта бошад, вай ошиқ нею девона шудагӣ!

— Очакалонам мегуфтанд, ки ошиқу девона якест!

— Ман ҳам шунидаам, духтарҷон. Лекин… ҳамон очакалонат мегуфтанд, ки духтари қадрас моҳе се рӯз девона мешавад. Се рӯзе, ки мо ба Исфара рафта омадем, шояд айни ҷунуни вай буд, ки гузашту рафт!

— Не, додоҷун, ба гузашта салавот гуфтан барвақт. Чунки Назокат якравона рӯ ба Хуҷанд дораду алангаи дилаш рӯз ба рӯз баландтар забона мезанад.

— Сайру тамошо рафтан мехоҳад?

— Не, додоҷун. Яковоза мегӯяд, ки «Сангу хоку гову хари Ворух ба дилам зад, Хуҷанд мераваму халос!» Боз мегӯяд, ки «аз деҳ шаҳр беҳ…»

– Ҳамааш фаҳмо, духтарҷон! Гапи носазои носипосро дигар давом надиҳӣ, хубтар… Вай ҳанӯз кӯдак аст, аз нодонӣ девонатарошӣ ва дилхарошӣ мекунад.

— Девонаи ба кори худаш ҳушёр амакдухтари ман! Ин пагоҳӣ савганд ёд кардааст, ки ба Хуҷандравӣ иҷозат надиҳанд, ҳеҷ таом намехӯрад.

— Наход?! Инаш гапи тамоман дигар! Маълум мешавад, ки азми Назокат сар-сарӣ нест. Ҳамааш айби ман… Чаро шуморо ба Исфара бурдам?! Чаро баҳси шуморо нашикастам!? Акнун акоям чӣ мегӯянд??

— Ба фикри шумо чӣ мегӯянд?

Абдулсайид аз саволи печида печ хӯрда, бо заҳрханд ба теғи ранда нигаристу муддате хомӯш истод. Сипас наздиктари Нигина омада, саволбозиро идома дод:

— Ба фикри ту чӣ мегӯянд?

— Мегӯянд, ки баҳор шавад, боз ба тамошои Наврӯз меравем, — дарҳол ҷавоб гардонд Нигина ва афзуд. — Акнун навбати посух аз шумо, додоҷун: амакам чӣ мегӯянду амакаш чӣ андеша доранд?

— Амакаш ба ҳама гапу кори амакат розӣ, ки инро ту хуб медонӣ, духтарҷон! — аввал ба пурсиши дуюм посух гардонд Абдулсайид. — Ҷавоб ба саволи асосӣ ин аст, ки агар Назокат пойбаста намебуд, амакат дарҳол вайро ба Хуҷанд бурда, ҷо ба ҷо мекарданд, то дилшикаста нашавад.

— Назокат чӣ хел пойбаста?!

— Амакдухтарат ба писаркалони кадхудои деҳа номзад шудагӣ, соли оянда тӯю тамошо мешавад. Аз ҳамин сабаб Назокат сад зӯр занад ҳам, ба ҷойе ҷунбида наметавонад.

— Савгандаш чӣ мешавад?

— Амакат барои харидани куртаю ҷома ва зару зевари арӯсӣ Назокатро дертар нею барвақттар ба Хуҷанд мебаранду гап тамом — қасам шикаста мешавад!

Ба чунин осонӣ ҳал гардидани муаммо ва хориҷ шудани як муддаӣ дили Нигинаро ором намуд. Лекин забонаш лол гашт. Зеро медонист, ки гуфтугӯйи асосӣ — сӯҳбати рӯёрӯ ва ҳалкунанда бо падар акнун шурӯъ мешаваду барои дилрас гардидани ҳусни оғоз ва сарҷамъ намудани фикрҳои парешон андаке таваққуф мебояд. Аммо падар хомӯширо хотимаи сӯҳбат ҳисобид ва хурсанд шуд, ки ба ҳама пурсишҳо ҷавоби қаноатбахш гардонд. Бо табассуми фароз аз ҷой хест, то Нигинаро аз дар гуселонад. Вале духтар барои гуфтани сухани хайрбод имкон надод:

– Ҳамин қадар сӯҳбат кардему ғайр аз байту ғазали Назокат дигар ягон гапе нагуфтем, додоҷун. Лоақал напурсидед, ки «эй духтари ҷон, чӣ ҳол дорӣ?»

– Ҳоҷати пурсидан не, духтари ҷон! Мебинам, ки сиҳату саломат, мисли гул шукуфон ҳастӣ!

— Шумо ҳам дигар додоҳо барин: фақат рӯйи духтара мебинеду ба дилаш нигоҳ намекунед…

— Дили духтар назаргоҳи модар асту вай ҳар он чӣ бинад, дарҳол ба падар хабар медиҳад. Осуда бош, эй духтарҷон, вай аллакай ба ман гуфтааст, ки баъди аз Исфара омадан ту дили парешон дорӣ. Имрӯз сабабашро фаҳмидам, ки қалби нозукатро Назокат ба изтироб андохтааст…

— Боз гапи Назокат… Дарвоқеъ, шумо ишора кардед, ки агар амакдухтарат пойбанд намебуд, шояд ба Хуҷанд мерафт. Поям, ки баста нест, додоҷун, оё ман ба ҷойи дилхоста сафар карда метавонам?

— Ба куҷо?

— Фарз кардем, ба Хуҷанд…

— Аз кӯҳу санги Ворух ту ҳам дилхунук шудаӣ?

— Не, додоҷун, кӯҳи Ворух боиси сарбаландии ман, санги Ворух беҳтарин нозболини ман асту чангу хокаша ба чашмам тӯтиё мекунам! Лекин… баъзан ба назарам чунин менамояд, ки дар Ворух намеғунҷам…

— Исто, духтарҷон, гапатро гум накарда, маро гӯш дор. Ту кӯдаки ширхора будию баҳрамони гулдӯзӣ дар бар доштӣ, шӯху беқарор будию лаҳзае дар бағал ором намеистодӣ ва боре аз бетоқатӣ баланд гиристӣ. Саросема ба лаганди мис ангушт задам, то аз садояш ором гирӣ. Вале баръакс, беист дасту по ҷунбонда, мисли одами калонсол ба рақс даромадӣ. Арғушти тифлонаи туро дида, беихтиёр ба модарат гуфтам, ки «бо ин дасти чусту пойи чолок духтарамон калон шавад, дар Ворух намеғунҷад». Маълум мешавад, ки он лаҳза фариштаҳои даргузар омин кардаанду он суханро имрӯз ту гуфтӣ!

Аз ёддошти бамаврид Нигина ба ваҷд омада, худро беибо ба оғӯши падар андохт:

— Мана бисёри бисёр хурсанд кардед, додоҷун! Бори дигар бовар кардам, ки муҳаббати падар аҷаб ҳаловате дораду сӯҳбаташ аҷаб таровате!

Ман ҳамеша мефахраму меболам, ки аз чиллаи чормоҳагӣ то имрӯз чароғи меҳру муҳаббати шумо дар тори сарам офтоби тобон аст. Бароям дафча сохтану чангу рубоб овардан ғояти дӯсткорию дӯстдориҳои шумост, эй падари меҳрубон! То ҷаҳон бошад, офтоби болои сарам бошед, додоҷун!

— Саломат бош, духтарҷон! Акнун равшантар бигӯ, чаро дар Ворух намеғунҷӣ?

– Ҳама сабақҳои мактабхоная пурраю барзиёд азхуд кардам. Ҳама дониши Очанурӣ дар мағзи сарам ҷо гирифтагӣ. Акнун барои давом додани таҳсил ба Хуҷанд рафтанӣ. Дар ин шаҳри бузург бар ҳар қадаме як бибиотун сабақ меомӯзаду китобхонаи калон ҳаст…

— Дуруст мегӯӣ, духтари ҷон, Хуҷанд макони илму маърифат аст. Лекин дилам гувоҳӣ медиҳад, ки сабаби аслии ба Хуҷанд рафтани ту дигар аст…

– Ҳазор сухан дар таҳи дилам пинҳон аст, додоҷун. Бовар кунед, баъди ёддошти шумо дигар мӯҳр бар лаб нишаста наметавонам. Лекин… намедонам, гапа аз чӣ сар кунам?

— Аввал ба ман фаҳмон, ки чаро дар Ворух намеғунҷӣ?

— Аз бозе, ки ба лавҳу хат пардохта, сиёҳ аз сафед фарқ кардиям, худама тани танҳо ҳис мекунам, додоҷун. Ҳамсабақҳо, ҳамсоядухтарҳо ҳастанд, лекин дилхоҳу дилқарин нестанд. Ҳатто амакдухтарҳоям дар кошонаи қалбам маъво надоранд. Яъне, дугона надорам, додоҷун, яккаву танҳоям… Лекин ду ҳафта дар Хуҷанд будам ё не, ду хоҳархонди меҳрубон ёфтам.

— Ту чӣ гуфтанӣ? Наход духтарҳои Ворух ҳама бад бошанд?!

Дар ҷавоби саволи соядори падар Нигина як лаҳза сукут лозим шумурду бо овози ҳазин гуфт:

— Не, додоҷун, ман ҳаргиз чунин нагуфтаам ва намегӯям. Ҳама духтарҳои хубанд, айб дар ман аст. Шаб то рӯз парӣ дар хоб мебинаму фақат бо моҳу ситора сухан мегӯям. Агар ин ҳол бардавом мунад, бовар кунед, додоҷун, аз зиқӣ дилкаф мешавам.

— Худо нигаҳ дорад, духтарҷон! Чаро ин гапҳоятро барвақттар ба модар нагуфтӣ?

— Гуфтам, додо! Вале дуруст эътибор надод. «Зиқ нашав, — гуфт. — Ту, ки духтари яккаву ягона ҳастӣ, ба танҳоӣ одат кардаӣ, бо дигарон унс гирифтанат душвор. Лекин ин ҳолат дер давом намекунад, калонтар шавӣ, ҳамааш нағз мешавад».

— Гапи ман мегуфтагиро пештар гуфтааст модарат. Дил фарох дору бо ҳамсолонат бо хубию хушӣ бештар нишин, духтарҷон! Панди Шайхурраис Бӯалиро ҳеҷ фаромӯш накун, ки муоширати бадро тангтарин зиндон барои инсон меҳисобад.

Аз таъкиди падар Нигинаи дилозурдаро гули рӯяш пажмурда гашту ларзон аз ҷой хест:

— Дар орзуи он ки бо ман дугонаи қарин шаванд, ҳатто бо духтаракҳои даҳсола омехтам, додоҷун! Дар ҳар маҳфилу маърака фақат барои хушҳолию хурсандӣ ҷон мекоҳонам. Табъи дили духтарҳо суруд мехунаму мерақсам ва ҳама бо шодмонӣ каф мекӯбанд. Вале вақти зиёфат манзара тамоман дигар мешаваду хурду калон бо ман намешинанду намегуянду намеханданд… Дар Хуҷанд бошад, ҳини зиёфат болонишин будаму барои рақсу бозӣ мукофот ҳам гирифтам.

Дар Хуҷанд амакдухтарам Назокат аз барам ҷудо намешуд. Лекин дар Ворух мисли бегонаҳо худаша аз ман дур мекашад. Дина сабаб пурсам, гуфт, ки «ҳама дар ғайбат туя бо кароҳат «Парихон» меноманду «паридор аст аз сиришт» мегӯянду якҷоя таом хӯрдана ор медонанд». Оё ин гап рост аст, додоҷун? Ман кистам?! Наход ман Парихони дуюм шавам?!

— Аз он каҷназар хафа нашав, ки каҷбаҳсу каҷандеш аст! Умуман, аксар духтарҳо бахилу нотавонбин мешаванд — аз худашон хушрӯю парирӯю нозанинро чашми дидан надоранд. Аз дунболаи гап нарав ва шишадил нашав, духтарҷон, боз андак таҳаммул намо…

— Не, додо, дигар таҳаммул карда наметунам! Дар чаманистони Ворух бо хору хас дигар якҷо буда наметунам. Ва намехоҳам!

— Духтарҷон…

— Маро сарзаниш накунед, додоҷун! Азобу кулфати кашидаам бас… Дар ҳар маҳфиле хоре ба дили ман мехалад… Ранҷу азоб то кай? Дигар тоқат надорам, додоҷун! — Нигина худро дошта натавониста, аз мағзи ҷигар навҳа кашид. Абдулсайид сарҳисоби гапу корро гум карда, бо дасти навозиш сари духтарро беист сила менамуд ва барои тасаллӣ калимаю ибораи таъсирбахш меҷуст.

— Гиря накун, духтарҷон. Бас! Худатро ба даст гир. Илоҷи корро меёбем… Андаруни дилат ин қадар дарду доғ будаасту ман бехабар…

— Аз ин зиёдтар тоқати дарду доғ надорам, додоҷун! Ягона пушту паноҳу чорасозам шумо… Сӯзи дил дигар ба кӣ мегӯям? Дар авлодамон ғайри шумо дигар табибе нест, ки дили ниммурдаи мана зинда гардунад. Ба додам расед, додоҷун!

— Гуфтам-ку, гиря накун, илоҷашро меёбем.

— Ман ба шумо бовар дорам, додоҷун! — Нигина бо остин ашки чашмонашро пок карду якбора меҳраш ба падари меҳрҷӯ ҷӯшид магар, ки сар ба китфаш гузошта, бо оҳанги савганд гуфт: — Шумо ҳам ба ман бовар кунед — ваъда медиҳам, ки ҳеҷ вақт аз гилеми худ дуртар по дароз намекунам! Фақат илтиҷо дорам, додо, коре кунед, ки аз ин пас дигар ҳаргиз рӯйи худро бо оби дида нашӯям…

— Дилпур бош, духтарҷон! Дилатро обу адо накун ва бархезу ба беҳрӯзӣ умеди дил қавӣ дор! Худо туро аз захми чашм ва бухлу ҳасад дар паноҳаш нигаҳ дорад, духтарҷон! Ҳар ҷое, ки бошӣ, умрат бекарону судат безиён бод! — чароғи меҳрубониро баландтар фурӯзон кард Абдулсайид. — Ба устои гулдаст фурсат деҳ, то тадбири савоб бо дили хуш андешад. Қасам ба Худо, тадбири корат ончунон созам, ки ба мақсаду таманнои дилат бегазанд расӣ ва ҳар куҷое қадам ниҳӣ, гул шукуфад…

Нигина бар қавлу қасами падар мутмайин гардиду бо хотири ҷамъ хуррамдил аз устохона берун омад ва ба пеши Очанурӣ баргашт. Вай акнун аз шодӣ дар Ворух намеғунҷид…


* * *


Рӯзи сеюми сафар, вақте ки аз нури офтоб олам мунаввар гашт, аробаи мӯҳташам ва муҷаҳҳази Аҳмадсайид ба дарвозаи Хуҷанд расид. Дарзамон чеҳраи Нигина кушода гашту нафаси гарм аз дили пуроташ берун оварда, Назокатро нихта намуд, то аз хоби ғафлат бедор шавад: «Хез, амакдухтар, ба Хуҷандшаҳр расидем!» Ин бигуфту саволомез ба Бибинурӣ нигарист, ки дона-дона тасбеҳ гардонда, ҳар замон ба атроф назар меафканд. Вай хитоби духтари беқароргаштаро шунидан ҳамон «Алҳамдулиллоҳ, ки сиҳату саломат ба манзил расидем» гӯён, анҷоми зикри чоштгоҳиро воҷиб донист. Назокат бошад, саросема аз халтаболишти сафарӣ сар бардошта, бо чашмони нимкоф берунро нигаристу хоболуда пурсид:

— Канӣ вай?

— Кӣ?

— Мир…

Назокат дигар ҳарфе гуфта натавониста, ними калимаро бо душворӣ фурӯ бурду аз хиҷолат суп-сурх гашта, узромез ба Бибинурӣ нигарист ва ноӯҳдабароёна риштаи саволро дигар ҷониб кашид:

— Мири ароба канӣ?

Бибинурию Нигина базавқ хандиданду аробакаш низ ба онҳо ҳамроҳ шуд:

— Ман дар ҷойи худам. Чӣ хизмат?

— Аробая доред! Ман дасту рӯ мешӯям…

Баъди баргаштани Назокат, ки худро дар ҳолати ногувор гузошта буд, Бибинурӣ хост, вайро аз хиҷолат барорад:

— Менамояд, ки ту ҳам мисли ман Мирмаликро пазмон шудаӣ, эй ҷони оча…

– Ҳа, оча. Нигина ҳам пазмон шудагӣ…

Аз луқмаи бадҳазми амакдухтар ғаши Нигина омаду хост ҷавоби обдор гардонад. Вале Бибинурӣ имкон надода, Назокатро бо ширинзабонӣ ба сӯҳбат кашид.

— Гапат ҳақ асту рост. Ҳамаамон Мирмаликро пазмон шудаем. Ин хел ҷавони диловару паҳлавону қаҳрамон маҳбуби ҳамагон аст. Ҳама вайро иззату ҳурмат мекунанд. Росташро гӯй, ҷони оча, барои Мирмалик аз Ворух ягон тӯҳфа овардӣ ё дастхолӣ омадӣ?

— Як гала тӯҳфа овардагӣ ман! Чор дастрӯймоли ҳаррангаи зеҳтиллою ду камарбанди тору пудаш заррин барояш армуғон овардаам, ки бо дасти худам гулдӯзӣ кардагӣ. Як ҷуфтӣ тоқии қаланфургулу ҷуроби дастибофи рангинкамон аз пашми бузи кӯҳӣ овардагӣ. Аз беҳтарин зардолуи Ворух — хурмоӣ чор кулчахурмо сохта овардаму як халта зардолуқоқи яккагини мирсанҷилӣ. Ду чойхалта мағзбирёну тутмавиз алоҳида-алоҳида. Боз як чойхалтагӣ зирку зираю пудинаи кӯҳӣ. Боз…

— Шуд, ҷони оча, ҳамин қадараш кифоя. Лекин… Ин тӯҳфаҳо канӣ?! Мабодо-ку дар Ворух фаромӯш накардӣ?

–Ҳамин қадар сӯхтаю пухта тӯҳфаҳои хелмахел тайёр кардаму наход фаромӯш кунам?! Ҳамааш дар аробаи дигар, очаҷон. Падарам ба ӯҳда гирифтанд, ки то Хуҷанд березу чош мерасонанд. Тӯҳфаҳои Нигина ҳам дар он ҷо.

— Нигаҳбони тӯҳфаи ман Шайхбобо…

— Ту чиҳо тӯҳфа овардаӣ?

— Ман ҳам кулчахурмою мирсанҷилӣ, зирку зира ва себу биҳӣ овардаам. Лекин… барои Бобокалони Бузург ва Гулсимою Саодат…

— Ба Мирмалик чӣ?

– Ҳеҷ чӣ. Бо Назокат маслиҳат карда, тӯҳфаҳоро ҳисса-ҳисса тайёр намудем.

Вақти гуфтани ин суханҳо рӯйи чапи Нигина андаке сурх шуд. Зеро дурӯғи маслиҳатомезро аз рости фитнаангез авло дониста, бехи гапро пинҳон дошт…

Ҳақиқати ҳол чунин буд, ки тахмин баъди даҳ рӯзи сӯҳбати рӯёрӯ падару духтар боз як гуфтугӯи маҳрамона оростанд. Ин дафъа Абдулсайид ташаббускор шуду ба Нигина дарак дод, ки масъалаи Хуҷандравӣ ҳаллу фасл шудааст:

— Охирҳои моҳ Шайхбобою очакалони хуҷандӣ рахти сафар мебанданду тую Назокат ҳамроҳи онҳо меравед. Барои таҳсил дар мадрасаи занона…

— Назокат дар Хуҷанд мемонад?!

— Не, духтари ҷон! Амакбобоят, ки аз ҳама гапу кор бохабар будаанд, ҳилаи зӯр фикр кардаанд.

— Чӣ хел ҳила?

— Бовар кун, духтари ҷон, ба ман сир накушоданд. Фақат ҳамин қадар гуфтанд, ки «оқибати кор бахайр мешаваду Нигина шоду хурсанд дар Хуҷанд мемонаду Назокат шоду хурсанд ба Ворух бармегардад». Ҳарчанд зора кардам, дигар лом накафонданду бо табассум «сирри мардон пӯшида» гӯён, гаштаю баргашта таъкид намуданд, ки хомӯшӣ беҳтарин пардадори роз асту ту ҳам ҳушёр бош, духтарҷон! Зеро агар ин рози пинҳон аз даҳонат берун раваду ба гӯши Назокат расад, ояндаи худат торик мешавад…

Баъде ки Нигина сидқан қавлу қасам кард, падар бо меҳр дасти духтар гирифту бо оҳанги боварибахш гуфт:

— Акнун туро насиҳате мекунам, духтарҷон, ва имонам комил, ки маро бо гӯши дил мешунавӣ: аз ин пас, дар шаҳри мусофирӣ, изни ту ба дасти Пирам Шайх Бурҳониддини Валӣ аст; эшонро даҳ баробари падарат иззату ҳурмат мекунӣ, бе иҷозаташон коре ва бе рухсаташон рафторе намекунӣ ва ҳамроҳ бо сари баланд бозгашт ба Ворух меойӣ!

Нигина боз ҳарфи савганд ба забон оварду он гоҳ падар иҷозат дод, ки назди амакдухтараш равад ва ҳар он чӣ вай гӯяд, беранҷиш қабул намояд.

Нигина болу пар кушода, сӯйи амакдухтар парид. Вале Назокат ҳатто «биё» нагуфту ягон илтифот ё маслиҳате накарда, бо такаббур гуфт:

— Барои Мирмалик ман тӯҳфа тайёр мекунам! Барои дигарҳо — ту!

…Сурхчатоб шудани гунаи Нигина, албатта, аз назари борикбини Бибинурӣ пинҳон намонд. Вале худро нодида гирифту духтаронро офарин хонд:

— Боракаллоҳ, духтарҳои баақли оча. Яъне ки ҳеҷ кас фаромӯш нашудаасту ба ҳама барги сабзе мерасад. Фақат… ҳайрони онам, ки ин тӯҳфаҳоро чӣ хел месупоред? Армуғони Нигина, ки андак будааст, кораш осон… Аммо Назокат як ароба тӯҳфаро чӣ хел мусупорида бошад?

Ба маънои таҳтонии саволи душвор дуруст сарфаҳм нарафта, Назокат ҷавобро осону мухтасар кард:

— Акои Мирмалик албатта ҳамроҳи дигарон барои пешвозгирӣ меоянд. Ҳама тӯҳфаро бо ду дасти адаб ба дасти муборакашон месупорам!

Гапи болои ароба, мутаассифона, ба лаҳзаи истиқбол рост наомад: дар байни пешвозгирандаҳо Мирмалик набуду дар ҳавлӣ ҳам нанамуд.

Назокат дилтангона ин сӯ — он сӯ нигаристу тоқаташ тоқ шуд:

— Духтарҳо, Мирмалик канӣ?

— Дар Ғӯрганҷ.

— Куҷо-оо??

— Пойтахти Хоразм. Акоям сарбози Хоразмшоҳ шудагӣ.

— Аз кай?

— Се моҳ пештар… Баъде ки дар Исфараи шумо ситораи навқирон шуду ба замину осмон шаъшаъа пошид, Хоразмшоҳи ҳамабин намояндаи махсус фиристода, ба Ғӯрганҷ бурд.

— Кай меоянд?

— Худо медонаду подшоҳ…

— Вай шаҳра номаш Урганҷ буд ё Гурганҷ… дар куҷо? Аз Хуҷанд дур ё наздик?

— Аспи хушрав дар чил рӯз мерасад. Бо киштӣ ниммоҳа роҳи обӣ…

— Хеле дур будааст ин гуршаҳр… Рафта наметавонам… Уф-ффф…

Назокат нохост калавиду ба замин нишаст. Рухсораи аноррангаш дар они воҳид мисли пахтаи нимхоми аз ғӯза кашида сафедчаи кабудфом ва бетароват шуд. Бо душворӣ нафас кашидаю чаппаю роста забон гардонда, ҳарфу ҳиҷои муғлақ мегуфт. Ҳама пакар гаштанду Нигина барқвор пеши амакдухтари нимзиндаю ниммурда омад ва гӯш ба даҳонаш наздиктар бурд. Бо душворӣ шунид, ки Назокат оби ях барин хунук мехоҳад…

— Духтараки бечора аз роҳи дуру дароз хастаю шалпар шудааст, — оромона садо баровард Бибинурӣ ва Нигинаро фармуд, ки ӯро ба хонаи канорӣ бурда, муддате ҳамроҳ нишинад. — Натарс, ин дарди бахайр, тез мегузарад. Ба падараш хабар додан ҳоҷат не…

Ҷумлаи охирин тарсу ларзро аз андоми Нигина дур афканд. Фаҳмид, ки ҳам барои Бибинурӣ ва ҳам барои амакбобояш ба садамаи асаб гирифтор шудани Назокат ҳодисаи ғайричашмдошт нест! Дарҳол гапи пардапӯши падар ёдаш омад: «Амакбобоят, ки аз ҳама гапу кор бохабар будаанд, ҳилаи зӯр фикр кардаанд». Чӣ будани ҳиларо Нигина он рӯз намедонист, аммо имрӯз сарфаҳм рафт. Бори дигар бовар кард, ки амакбобояш ҳам тоҷир ва ҳам шоҳмотбози моҳир аст: ба духтари маҳбубаш ягон ҳарфи тунду тез нагуфта, ба қалби ҳассос ва буғранҷи вай заррае ранҷу озор нарасонда, имкон додааст, ки табъи дили савдозада амал кунаду то Хуҷанд расад ва худаш бовар кунад, ки мурғи бахти хаёлиаш ҷойи дигар паридааст. Бигзор андаке ба ҳаяҷон ояд, лек худаш аз савдои хом дилхунук шавад…

Тадбири ақли ҳилагар натиҷаи дилхоҳ доду оши бемаслиҳат табъи дили падар пухт. Назокати дунёбехабар, ки амсоли дигар ҳамсолони қишлоқияш нопухтаву хомрой буд, пас аз ошуфтану сӯхтани лаҳзавӣ чун абри сиёҳдили тирамоҳ ашк рехтан оғоз кард. Хеле гиристу дилашро холӣ намуд ва ақли кӯдаконааш тадриҷан равшан гардид. Фаҳмид, ки дидори Мирмалик бо оби дида муяссар намешавад. Маслиҳатҷӯёна Нигинаро нигарист:

— Акнун чӣ кор мекунем, амакдухтар?

— Аз Бобокалони Бузург фотиҳа гирифта, ба мадраса меравем. Мехонем, то…

— Эй Нигина! Ту дар Хуҷанд меистӣ??

— Албатта. Охир, мо ба нияти хондан омадагӣ… Чӣ, магар аз қавлат гаштӣ?

Назокат, ки аз Ворух то Хуҷанд — тамоми роҳ забонаш мисли андалеб дар тараннум буду лабонаш чун гул ғарқи табассум ва гаштаю баргашта шаҳри соҳили Сайҳунро таърифу тавсиф мекарду нақшаҳои болохонадор мекашид, ҳоло шабеҳи мусичаи убол пату пари кашол, чашми каҷхамида дошт, оби даҳонашро бо азобе фурӯ бурда, базӯр курр-курр намуд:

— Ман ба ҳеҷ кас қавл надодаам… Аз ҳеҷ кас забонкӯтоҳ нестам… Бо чашми худат дидӣ, ки баробари ба Хуҷвнд расидан аҳволам чӣ хел табоҳ шуд… Боду ҳавои ин шаҳр ба дилам нафорид… Аз ҳамин сабаб меравам…

— Ба Ворух меравӣ ё Ғӯрганҷ?

— Пичинг назан, амакдухтар, дилам танг шудагӣ, парс мекафад… Албатта бозгашт ба Ворух меравам, ки хуштар аз он ҷойе набошад.

— Ихтиёр турост… Лекин… ҳадяҳоро чӣ кор мекунӣ?

— Ман ҳам Бобои Хуҷандӣ дорам, садри бозори Хуҷанд Маҳмуди Бозаргон. Ҳамроҳи падарам барои харидани зару зевар равем, зардолую мағзу чағз дастовези мо мешавад…

— Камарбанду дастрӯймолҳо…

— Фикру хаёли бад накун, амакдухтар, ин тӯҳфаҳоро ба соҳибаш месупорам…

— Чӣ хел?!

— Баъдтар мебинӣ… Дарвоқеъ, дафъаи гузашта пеш аз ҷашни Наврӯз лаби дарёи Сайҳун рафта будӣ, а?

– Ҳа.

— Роҳро медонӣ?

— Албатта.

— Илтимос, амакдухтар, дарёро ба ман нишон деҳ…

— Чаро?

— Натарс, амакдухтар, ман ҳеҷ вақт худро ба об намепартоям. Аз зиндагӣ умеди калон дорам. Фақат… дарёро тамошо кардан, мисли ту бо оби равон сухан гуфтан мехоҳам…

Амакдухтарон дар соҳили Сайҳун муддате сукут варзида, ба тамошои манзараҳои дилфиреб машғул шуданд.

Қулфи хомӯширо Нигина шикаст:

— Аз ғам холӣ шав, эй амакдухтар. Рози дил ба дарё рез…

Назокат ҳарфе нагуфта, бастаеро аз зери бағал берун оварду бо тамомиқувват ба мобайни дарё ҳаво дод.

— Назок, чӣ кор кардӣ?!

— Орзуи дил ба об андохтам.

— Равшантар гап зан, амакдухтар, чиро ба об партофтӣ!

— Вақте гуфтанд, ки «аз Хуҷанд то Гурганҷ ниммоҳа роҳи обӣ» ин ният дар сарам пайдо шуда буду онро ту пазондӣ, амакдухтар. Худат дидию агар зарур шавад, шаҳодат медиҳӣ, ки ман камарбанду дастрӯймолҳои армуғониро ба соҳибаш роҳӣ кардам, — овози Назокат ларзиду ҳой-ҳой гирист. — Дареғу дард, ки дар Хуҷанд дари бахту орзуҳоям кушода нашуд, амакдухтар. Ба умеди шодӣ омада, гирён шудам… Дилшод омада, дилшикаста шудам… Сирри дил пурра ба Сайҳун гуфтам ва аз оби равон илтиҷо кардам, ки дастовези бо ҳазор умед овардаи духтараки содаи қишлоқиро ба соҳибаш расонад…

Алвидоъ, орзуҳои ширини кӯдакӣ…

Акнун ман бе дилкашолӣ бозпас меравам, эй амакдухтар!

Мирмаликро ба ту ва туро ба Худо месупорам…


* * *


Назокатро чун муродаш дар шаҳри Хуҷанд ҳосил нашуд ва мурғи дилаш аз парвоз монд, лоақал як рӯз истодан нахоста, шитобон сӯйи зодбуми хеш гом бардошт. Ниҳоли иқболи Нигина бошад, филҳол боло кашид ва аввалин сухане, ки дар фарҷоми ҳафтаи аввал аз Гулсимо шунид, башорат аз нумӯ буд:

— Эй хоҳар, модари ман туро салом расонда, мегӯяд, ки мабодо дар Хуҷанд худро кабутари муҳоҷир ҳисоб накунӣ, зеро набераи бародар набераи хоҳар асту дар ҳар ду ҳавлӣ ту ҷойгоҳи хоса дорӣ!

Ин паёми хуҷастаро Саодат боз ҳам фархунда гардонд:

— Падарам розӣ шуданд, ки ҳафтае як маротиба моро илми мусиқӣ омӯзанд!

— Ин гапро агар Назокат барвақттар мешунид, шояд ба Ворух барнамегашт, — баъди арзи сипос иловатан гуфт Нигина. — Вай мусиқиро аз ман бештар дӯст медорад.

— Менамояд ки вай ҳама чизро аз ту бештар дӯст медорад. Иштиҳояш қозгир асту нафсаш аз худаш калон! Лекин дуруст нафаҳмидам, ки вай алачизеба Хуҷанд омаду чува айнамиш када, шамол барин қафо баргашт?

— Ворухиҳо мегӯянд, ки барои аловгирӣ омаду рафт.

— Агар ба лаҳҷаи хуҷандӣ гӯем, беҳтар мешавад: муда-муда оташгирӣ омаду муда, хокистар шуд…

— Эй Гул, амакдухтари Нигин чӣ гуноҳ дорад, ки сухан ба масхара мегӯйӣ?

— Магар нашунидӣ, ки баробари омадан акои маро суроғ карду вайро наёфта, пуфаки дилаш хоп-холӣ шуд.

— Ман ҳам мушоҳида кардам, ки тарбузи умед якуякбора аз бағалаш афтид ва кафид. Лекин… Наход дар байни амакдухтари Нигин ва акои Гул ягон гап бошад?

— Ним гап ҳам нест! — мӯъҷаз ва мухтасар ҷавоб гардонд Нигина. — Буду шуди қисса ҳамин, ки амакдухтари ман Мирмаликро се-чор бор дида, аз ҷамоли офтобияш дилкабоб гашту чун рафтани ӯро шунид, ҷигари кабобгаштааш об шуда, аз чашмаш рехт, қалбаш сард ва ишқаш гард гашт.

— Маро чунин ишқи сохтаю бофта ба дил гарон меояд! — гуфт бо истеҳзо Гулсимо. — Чашми ҳама духтарҳои нозанини шаҳри бузурги мо ба рӯйи Мирмалик банд асту аз ишқаш обу адоянд, вале бародари хубрухсори ман сӯяшон ҳатто нимнигоҳе намекунад. Амакдухтари қишлоқии ту бошад… Ё тавба, чашмаш ростнигоҳ несту чӣ хел ҷуръат карда, ба акоям дил бастааст?!

— Ба он духтари бечора сахт хашм магир, ки нопадид шуд ва дигар пайдо намешавад. Яъне гапаш адо! — ба мавзӯъ нуқтаи таммат гузошт Саодат. — Ба акои ту, ки акои мост, секаса арӯси зӯр меёбем.

— Тарсам, ки аз ӯҳдаи ин кор намебароем. Басо назарбаланд будани акои қоматбаланди моро ҳама медонанд. Як шоҳбайти Низомӣ гӯё ба акои ман дахл дорад:

Ҳафт кишвар тамом дар аҳдаш,

Духтари ҳафт шоҳ дар маҳдаш!

— Ман ҳафт шоҳдухтарро медонам, ки нозанини нозанинҳои олам эътироф шудаанд.

— Киҳо онҳо? — зуд ба шавқ омад Нигина ва Саодат ангуштони дасташро қат карда, ба лелакшумур даромад:

— Якумаш Ҳумой, духтари шоҳ Хусрави Парвиз…

Гулсимо дарҳол эрод гирифт:

— Оъ… вай мурдагӣ, вақти аз хок хестанаш шудагӣ… Зиндаҳояшро номбар кун, дугона!

— Яғминоз — духтари ҳоқони Чин, Нуран — духтари малики Ҳинд, Насрин — духтари Сақлобшоҳи турк, Дурсити — духтари Қайсари Рум, Озариюн — духтари шоҳи Мағриб ва Нозпарӣ — духтари Хоразмшоҳ.

— Акоям номи духтари подшоҳи Хоразмро ба забон гирифта, «Нозпарӣ хушхироме ба сони кабки дарӣ!» гуфта буд…

— Яъне … дар суроғи ҳамин шоҳдухтар ба Гӯрганҷ рафтааст?

— Инашро намедонам. Лекин боре акоям гуфта буд, ки духтари нозанин ва баиффат ҷустуҷӯ дорад.

— «Баиффат» чизе гуфтанӣ гап?! — бо овози ларзон пурсид Нигина аз нодонӣ шармида.

— Покдоманӣ иффат аст! — бо ғурури зебанда ҷавоб гардонд Саодат. — Даҳ равзана дорад — ҳаё, лутф, ростӣ, хайрхоҳӣ, оромӣ, сабр, виқор, парҳезкорӣ, интизом ва озодагӣ…

— Агар ин хелак духтарро ёбад, акоям ҷонашро фидо мекунад! Ҳама медонанд, ки агар ба зулфи нозанине ангушт расонаду он духтар дастнорас бошад, панҷа бар даҳани шеру мор мехалонад!

— Ин хелак духтар ёфтан ҷудо ҳам душвор…

— Оре, дугона, барои ҳамин то ҳол муҷаррад акоям. Бистуҳафтсола шуду…

— Аҷаб коре шуд! — гапро ба шӯхӣ кашид Саодат. — Арӯс ба пойи худаш омаду мо бошем.

— Э дафъ кун вай хомхаёла! Ғунча то гул нашавад, файз намебахшаду ба қавли шоир:

Маъшуқи хурдсол ба кас рӯ намедиҳад,

То ғунча нашкуфад, ба касе бӯ намедиҳад.

Ҳамин хел не, Нигина? Чаро хомӯшӣ?

— Мо, духтарҳои кӯҳистонӣ, дар ин мавзӯъ гап намезанем.

— Чаро? — баробар пурсиданд дугонаҳо.

— Шарм медорем…

— Ту дигар қишдухтар нестӣ, Нигин! Ҳеҷ вақт худро аз сӯҳбат бар канор нагир. Агар дар шаҳр хушкалом ва суханширин шавӣ, аз дарди сар халос мешавӣ, агар шармин ва гӯшанишин шавӣ, аз дарди сар васвос мешавӣ! Фаҳмидӣ?

Нигина бо аломати тасдиқ сар ҷунбонду Гулсимо саволашро тарзи дигар такрор кард:

— Гап зан, Нигина, дар Ворух худат барин гулдухтари абрӯяш хубу лабу даҳану зулфу чеҳрааш хуб ва синну солаш мувофиқ ҳаст?

— Дар Ворух духтарҳои хушрӯю нозанин лак-лак. Лекин… ба назар нонамоёнанд…

— Яъне ба назари Мирмалик наменамоянд. Оббо…

— Зиқ нашав, Гул! Мегӯянд, ки духтарҳои хоразмӣ ҳам чашми бодому рӯйи суман доранд ва мисли гул хуштароватанд. Шояд Нозпарӣ ба мазоқи акои мо хуш ояд…

— Асал ба забонат, Саодат! Э Худоҷон, дар ҳар куҷо бошад, дари бахти акоямро кушода гардон!

Нигина ҳис кард, ки дугонаҳояш боз чашм бар даҳони ӯ дӯхтаанд, нигоҳи дилчаспу дилнавози Мирмаликро дар аспрези Исфара ёд оварда, маҳин овоз баровард:

— Калонҳо «дер ояду шер ояд» мегӯянд. Ман мегӯям, ки гардиши айём бар муроди чашму дили Мирмалик бошад!

Ин ҷумлаи шаҳдомез ба ҳукми дуо қабул шуд…

Равзанаи ҳафтум. Рисолати тозаву тар ва панди покгавҳар бо забони безабонӣ

Дарси якум дар мадрасаи нав бо фотеҳаи Пири муборакнафаси Хуҷанд Бадеуддини Нурӣ оғоз ёфт. Бисту як нафар духтари тақрибан ҳамсол, ки аз Хуҷанд ва шаҳру навоҳии атрофи он ба умеди донишандӯзӣ ҷамъ омада буданд, чашмони пурмеҳр аз чеҳраи нуронӣ наканда, саропо гӯш шуданд.

— Аввалин мадраса дар шаҳри мо панҷсад сол муқаддам бунёд шуда буд, — гуфт Пири донои Хуҷанд пас аз салому паёми табрикӣ. —Навмусулмонҳо аз аввал бо дилгармию шавқу ғайрати хоси хуҷандӣ ба омӯзиши аҳкоми дини мубини ислом пардохтанд ва шукри Худо, ки ҳолиё пешсафу раҳнамоянд. Хуҷанди бостонӣ баъди Бухорои шариф дуввумин маркази ирфону дин асту баъди Самарқанд дуюмин сайқалгоҳи адабу маърифат! Маслиҳат медиҳам, ки шумо бо иродатмандӣ ба анъанаи мутақадамон идома бахшед, то пешоҳанги муслимаҳои Мовароуннаҳр шавед.

Эй покдухтарони бобо! Ба ман гуфтанд, ки ҳар кадоматон дар зодбуми хеш дарси савод омӯхта, дониши кофӣ андӯхтаед. Акнун вақти он фаро расида, ки илми илоҳиро муфассал ва мукаммал омӯзеду ҳамзамон аз риёзиёту нуҷуму тиб ба қадри кофӣ баҳраманд шавед.

Дар хабар аст аз Хоҷаи олам (салиаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам), ки фармуда: «Аз гаҳвора то гӯр дониш биҷӯй!» Яъне, аз ибтидои офариниш мардуми ҳушманд гирди дониш гаштаанд ва каломи Аллоҳро гиромӣ доштаанд. Ҳама донишномаҳо хазинаи пур аз лаълу гавҳаранд ва то қадри имкон бикӯшед, дурдонаи бештар ба каф оваред.

Пас аз хатми илму каломи Аллоҳ шогирдони мадраса, тибқи тартибот, ба ду гурӯҳ «Мушкилот» ва «Масъала» ҷудо шуда, фиқҳу усулро дар амал азбар мекунанд. Вале мо чунин маслиҳат кардем, ки шумо ба он гурӯҳҳо шомил нашуда, дар алоҳидагӣ илми адаб биёмӯзед. Азбаски он аз дувоздаҳ қисмат иборат асту пурра омӯхтанаш басо душвор, салоҳ медонем, фақат илми луғату баён, арӯз ва қофияро биёмӯзед.

Машғулиятҳои гурӯҳи адабӣ на дар мадраса, балки дар кошонаи Бибӣ Маҳастӣ баргузор мешаванд, ки ҳолиё Байтулхуҷанда ном дорад. Агар надонед, пас бидонед, ки «байт» калимаи арабӣ буда, ба тоҷикӣ ду маъно дорад — хона ва ду мисраи ба ҳам алоқаманди шеър. Яъне, Байтулхуҷанда хонаи шеър, кошонаи эҷод асту имрӯз дар ин байтушшариф олимону орифону шоирони замон Бобо Камолу Мавлоно Аҳмади Хуҷандӣ, Махдуми Булбулу Фаридаддин Масъуди Ганҷшакар, Абӯбакри Суғдию Аҷабии Хуҷандӣ, Абумуслими Рубобию Абдуҷаббори Хуҷандӣ бо сарпарастии Зиёуддини Хуҷандӣ маҳфил меангезанду маҷлиси базм ташкил мекунанд ва маро низ ба меҳмонӣ мехонанд. Акнун ман шуморо ба ин боргоҳи маърифат роҳандозӣ мекунам. Ба ҳафт гурӯҳи сенафарӣ тақсим шаведу ҳафтае як рӯз ба кошонаи Маҳастӣ марҳамат намоед. Яъне тозаву озода нигоҳ доштани ин манзили қудсӣ вазифаи ифтихории шумост, эй покдухтарони бобо!

Дар урфият мегӯянд, ки ҳар касе ба осиёб дарояд, хоҳад-нахоҳад, гардолуд мешавад. Шумо, ки минбаъд муназзам ва мунтазам ба осиёби гардони эҷод ва ҳунар ворид гардида, аз боду ҳавои илҳомбахш нафас мекашед, хоҳ-нохоҳ дар баҳри шеъру сухани ноб ба шино медароед. Мо дуо мекунем, ки Парвардигор шуморо мададгор бошад, ба ҳар кадоматон табъи зариф, завқи латиф ва илҳоми шариф ато намояд, то номбардори арзандаи Маҳастии Хуҷандӣ шавед!

Адаб омӯзу илм ҳосил кун,

То шавӣ дар ҷаҳон писандида.

Чун туро ҳеҷ манфиат надиҳад,

Насаби устухони пӯсида…


* * *


Рӯзи ҷумъа, ки ҳама аз кору таҳсил фориғ буданд, Нигинаю ду ҳамсабақаш сӯйи кошонаи Маҳастӣ роҳ пеш гирифтанд. Духтараки андак сиёҳҷурдаи пешонафарох ва дарозбинӣ, ки тарзи либоспӯшиаш ба хуҷандиёни ширрухсор монанд набуд, пешопеш қадам зада, вазифаи роҳбаладиро иҷро мекард. Вай худро Фотима бинти Абдураззоқи Араб муаррифӣ карда, аз маҳаллаи Арабон буданашро бо ифтихор таъкид намуд ва гуфт, ки волидонаш аз қабилаи машҳури Қурайш баромадаанд.

– Ҳамаи сокинони маҳаллаи мо арабҳои олитаборанд ва бо дигар хуҷандиён алоқаи хешу таборӣ ё рафтуомад надоранд. Масҷид ва қабристонамон ҳам алоҳида. Вале мадраса надорем. Аз ҳамин сабаб чанд муддат аз Бибиотуни маҳаллаи Испаракон, ки ҳамсояи мост, сабақ гирифтаю забони тоҷикӣ омӯхта, барои такмили дониш ба мадраса омадам.

Дар Хуҷанд вуҷуд доштани маҳаллаи алоҳидаи исфарагиҳо барои Нигина гапи нав буд ва дарҳол пурсид, ки он дар куҷост ва чӣ хел пайдо шудааст?

— Аз нақли падар ҳамин қадар медонам, ки панҷ аср муқаддам сипаҳсолори араб Мухаллаб Хуҷандро фатҳ карда, ҷониби офтоббарои бозори Панҷшанбе, дар паҳлӯи маҳаллаи Испаракон қалъаи нав ва хонаҳои арабӣ сохтааст. Аммо дар бораи кай омадани ҳамшаҳриёни ту тасаввуроте надорам. Ягон рӯз пеши бибиотуни ман рафта, ҳамаашро таҳпурсӣ мекунем…

Дугонаҳо муддате хомӯш қадам заданду духтараки сеюм, ки нисбатан қадпаст, аммо дарозкокул буд, худро ба Нигина ҷафс гирифта, оҳиста садо баровард:

— Эй Нигина, маро шинохтӣ?

Аз саволи ногаҳонӣ Нигина як қад парида, бо тааҷҷуби ошкоро ӯро нигарист ва бо аломати инкор сар ҷунбонд.

— Наврӯзи Унҷӣ дар ёдат ҳаст? Пеш аз рақсу суруд ҳамроҳ момакбозӣ карда будем…

Нигина аз роҳгардӣ истода, сар то пойи духтаракро бодиққат синча карду узромез гуфт:

— Мебахшӣ, ки нашинохтамат…

— Он рӯз секаса рақсидед… Мукофот гирифтед.

Нигина дарҳол гапро ба шӯхӣ кашид:

— Агар ту ҳам рақс мекардӣ, асло фаромӯш намекардам!

— Дуруст мегӯӣ, дугона. Ман ҳам рақсидан мехостам. Лекин… акоям иҷозат надод.

— Яъне ки ту аз Унҷӣ?

— Не. Хонаамон дар Кулангир… Лекин ватанамон дар кӯҳистонай.

— Яъне ту ҳам мисли ман муҳоҷирӣ, эй духтар?! — бетакаллуф ба сӯҳбат пайваст Фотима. — Хонаи ман дар маҳаллаи Арабон, лекин ватанам дар Арабистон. Оё номи ту ҳам Фотима нест?

— Номи ман Гулноз. Ватанам Масчоҳ…

— Чӣ хел ба Кулангир омадӣ?

— Падарам чӯпони Бобои Мирраҳмат. Акоям нигаҳбони аспҳо…

— Ана акнун фаҳмидам, ки чаро акоят туро рақсидан намондааст! — гапро боз ба шӯхӣ кашид Нигина. — Вайро танбеҳ мебояд дод. Пагоҳ ба хонаатон рафта…

— Акоям дар Кулангир нестай…

— Ба кӯҳистон рафтаст?

— Не, ҳамроҳи ошнояш Сабзалӣ ба сарбозӣ рафтай. Мегӯянд, ки акоям Шоҳмуроди Кӯҳистонӣ дасти чапи Мирмаликай…

Номи азизро шунидан ҳамон вуҷуди Нигина ларзид. Вале чун ҳамеша худро зуд ба даст гирифта, шӯхиро бо оҳанги аввала идома бахшид:

– Ҳоло, ки акоят нест, акнун мерақсӣ?

— Албатта! Кӯҳистони мо кони рақсай. Агар хоҳӣ, ба ту рақси остин ёд медиҳам.

— Ман рақси арабӣ ёд медиҳам! — зуд қофия баст Фотима ва духтарҳо баробар хандида, бо чеҳраи шукуфон ба манзили Бибӣ Мӯниса Маҳастии Хуҷандӣ даромаданд…

Сохти ҳавлӣ ҳамон гуна буд, ки Нигина қаблан дида буд. Аммо намудаш тамоман дигар гаштаву гулу дарахтон сабзу мунаввар шуда, аз сукути ҳавлангез нишоне ба назар нарасид. Дар суфакати нави мобайни гулбоғ ҷавонмарди хушлибосе машғули китобат менишаст ва баробари аз остона даромадани духтарон лаб ба гуфтор кушод:

— Марҳабо, эй тозагулҳои чамантироз! Лаҳзае қабл аз ташрифи шумо Пирам Подшоҳмарди Валӣ бо ҳузури хеш ин кошона муаттар гардонданду омадани шуморо таъкид карданд. Хайра мақдам, пештар биёед ва дар болои кат паҳлӯям шинед.

Зиёуддини Порсӣ аввал худро ба духтарон шиносонда, сипас ному насаб, зодгоҳи ҳар кадомро алоҳида-алоҳида пурсида, дар варақи тозаи дафтари калоне сабт карду сӯҳбати нотамомро идома бахшид:

— Имрӯз, ки дар доруламора шуғле нест, ба байтуладаб барвақттар омадам, то барои машғулияти нахустин фурсат бештар бошад.

Барои таҳлил ду байт пешниҳод мекунам, ки ҳозиракак иншо гардид ва аввалин шунаванда шумоед:

Эй маснади шаръро зи ту фарру бақо,

В-эй маҳфили илмро зи ту иззу лиқо.

Гар чарх наӣ ба мансабу қадр, чаро

Додаст ҳама кас ба қазои ту ризо?!

Шоир бо нигоҳи озмоиш духтаронро нигаристу ду суолро дар як ҷумла ғунҷонид:

— Эй тозагулҳои чаманпардоз, лутфан бигӯед, ки ин байтҳо кадом навъи шеър аст ва мамдӯҳ кист?

Нигина дид, ки дугонаҳояш карахт нишастаанд, оҳиста лаби посух во кард:

— Ин рубоӣ ба Пири Бузургвори Хуҷанд Шайх Маслиҳатдин бахшида шудааст.

— Офарин туро, эй Нигина бинти Абдулсайид, ки тавсифи ҳозирҷавобии туро қаблан шунида будам. Акнун навбати Гулноз. Бигӯ, ки дар бораи Пирам Подшоҳмарди Валӣ чӣ медонӣ?

– Ҳамсоязамини мо мулки аҷдодии Пирам Подшоҳмарди Валӣ, — оҳиста ба гап даромад Гулноз. — Дар мазори шафати Боғи калони Унҷӣ мақбараи Бобохоҷаи Авлиё ҳастай, ки тағои Ҳазрати Бузургворанд. Падарам аз он кас шунидаанд, ки мақбараи бародарашон дар Яғнобдараи Масчоҳ. Ҳар ду тағо дар тарбияи ҷияни худ бисёр кӯшиш кардаанд, чунки Ҳазрати Бузургвор аз меҳру навозиши падар бармаҳал маҳрум шудаанд…

— Он чӣ дар бораи Яғнобдара гуфтӣ, барои мо нав аст. Аз Пирам пурсида, саҳеҳ мекунем. Эй Фотима, ягон илова дорӣ?

— Дар маҳаллаи мо як шайхи садубистсолаи қурайшӣ зиндагӣ мекунад, ки донишманд асту соҳиби бисёр китобҳои таърихӣ. Вай мегӯяд, ки шаҷараи Шайх Маслиҳатдин то ҳазрати Бибӣ Фотимаи Заҳро — нури чашми пайғамбари гиромӣ саллалоҳу ъалайҳи олиҳи вас-салам мераду писархонди он Ҷаноб эътироф шудаанд. Аз ин хотир мӯйсафедҳои баруманди мо ба Пири бузурги Хуҷанд арҷ мегузоранд ва талқин мекунанд, ки эшон ситораи тобони қутби ислом ва солики сулуки авлиёуллоҳ мебошанд!

— Аз тарзи гуфторат арабдухт буданат баръало аён аст, эй Фотимаи Хуҷандӣ, -гуфт бо оҳанги таҳсин Зиёуддини Порсӣ. — Оре, Пири равшанзамири мо қутб-ул-ақтоб, яъне суфии ба ҳақрасида, олими илми раббонӣ ва шиновари баҳри маонӣ, шоири фасеҳбаён ва орифи аз вилоят бохабаранд. Шайхи бузургвори мо шукӯҳу шаҳомати шаҳри бостонии мо, қуввати дил ва раҳнамои ҳама пиру ҷавонанд, бо тахаллусҳои «Нурӣ» ва «Каломӣ» шеъру ғазал менависанду дар маҳфилҳои минбаъда беҳтару хубтар шинос мешавед.

Акнун мегузарем ба мавзӯи дигар, ки муқаддимаи машғулиятҳои амалии мост. Аз он нуқтаи назар, ки ҳар сеятон мисли се кабутар аз се ҷониб ба шаҳри мо боли парвоз кушодаед, лутфан бигӯед, ки дар бораи Хуҷанд чӣ медонед?

Ин карат аввалин шуда, Гулноз ҷавоб гуфт:

— Хуҷанд шаҳри хеле қадимай, Каюмарс пойдевор гузоштагӣ. Шаҳри хеле ободу озода ва офтобӣ, анору ангуру меваҳои аз асал ширин дорад, лекин ғалла аз Сурӯшану Фарғона мебиёранд…

Нигина нисфи суханҳои Гулнозро айнан такрор карда, ҳамагӣ се ҷумла афзуд:

— Хуҷанд шаҳри зебо, аз Канду Исфара калон ва беҳтар асту Тирози ҷаҳон мегӯянд. Одамонаш меҳмоннавоз, доно, тавоно. Хуҷанд зодгоҳи Маҳастӣ…

— Ман мисли ин духтарҳо гапи кӯчагӣ нею сухани китобӣ мегӯям. Зеро дар бораи Хуҷанд аз ду рисолаи сайёҳони араб чанд ишора хондаам, — гуфт бо виқор Фотима. — Ибни Фақиҳ дар «Ахбор-ул-булдон» менависад, ки «…ман надидаам шаҳреро дар байни шаҳрҳои шарқу ғарб тоза ва мунаҳҳазтар аз Хуҷанд. Шаҳри бой ва хеле зебост, ба тааҷҷуб ва таҳайюр меорад бинандаро. Онро ба форсӣ дилбаранда гӯянд…»

Ибни Ҳавкал дар «Китоб-ул-масолик ва мамолик» менависад, ки «Хуҷанд дар тарафи чапи дарёи Чоч воқеъ асту дарозоӣ аз паҳноияш бештар мебошад… Шаҳр ба ҳайати Фарғона дохил мешавад, аммо вилояти мустақил буда, ҳар сол сад ҳазор дирами мусайябӣ хироҷ мегузорад»

Зиёуддини Порсӣ посухи китобиро бо таҳсин пазируфт:

– Ҷавоби Фотима маро мустаҳсан афтод ва агар шумо низ ба некӣ қабул кунед, ҳар кадоматонро суд дорад. Эй тозагулҳои чамантироз, дониста бошед, ки нодонӣ нанг асту агар хоҳед, ки аз нанг раста бошед, аз омӯхтану шунидану пурсидан нанг надоред!

Ягона эроди мо ба посухи китобӣ ин аст, ки «дарёи Чоч» гуфтан хатост, зеро «оби Чоч» мисли «оби Хуҷанд» номи рудест, ки аз байни шаҳр гузашта, ба дарёи бузург мерезад. Ин рудро арабҳо Сайҳун мегӯянду муаррихони юнонӣ «Яхарте», румиҳо «Силис» мегуфтанд, аммо дар «Авасто»-и қадим «Яксарт», дар «Шоҳнома» бошад «Гулзориён» омадааст.

Умуман, оид ба шаҳри бузурги соҳили Сайҳун дар сарчашмаҳои зиёд сухан бисёр аст. Аз ин хирвор як иқтибос меорам. Сайёҳ ва ҷуғрофидони машҳури араб Муқаддасӣ китобе навиштааст бо номи «Аҳсан-ут-тақосим фи маърифат-ил-ақолим».

Эй Фотима, унвони китобро ба тоҷикӣ гардонда метавонӣ?

— Агар хато накунам, «Тақсимоти беҳтарин барои фаҳмиши иқлим» мешавад.

— Ин китобро хондаӣ?

— Не.

— Дар китобхонаи Байтулхуҷанда ду нусха ҳаст. Якеро бигиру бихон ва ба дугонаҳоят фаҳмон. Махсусан ҷумлаи зеринро бодиққат мутолиа намо: «…агар кас хоҳад, ки хушбахтӣ, некӯаҳволӣ, серию пурӣ ва арзониро бинад, бояд аз ин панҷ шаҳр якеро интихоб кунад: Қайсария, Баинаҳ, Хуҷанд, Динавар, Нукон…»

Маънии ҷумларо саҳеҳ фаҳмидед, эй тозагулҳои чамантироз?

Духтарон бо аломати тасдиқ сар ҷунбонда, хестанӣ шуданд, то аз пайи рӯбучин шаванд. Вале каломи хотимавии муаддиб онҳоро нигоҳ дошт:

— Одоби таҳсил тақозо мекунад, ки агар суоле дошта бошед, беистихора бипурсед.

Фотима филҳол риштаи савол ба даст гирифт:

— Падарам мегӯянд, ки Зиёуддини Форсӣ аз ҳайси насаб ба Салмони Форсӣ — саҳобаи ҷалил-ул-қадри Пайғамбари гиромӣ саллалоҳу алайҳи ва олиҳи вассалам мепайванданд. Оё ин сухан дуруст аст?

– Қабл аз ту даҳҳо нафар ин суолро матраҳ кардаанд ва ҳама як ҷавоб шунидаанд:

Ҷаҳонам Форсӣ хондасту ҳаргиз

Бад-он ҷониб маро кас менахонад.

Саҳеҳ медонам, ки ману падараму падари падарам ва падари падари ӯ дар ҳамин маҳалла чашм ба олами ҳастӣ кушодаем. Вале агар падари ту ҳуҷҷати дигаре дошта бошад, манзур намояд, то сӯҳбатро идома бахшем. Маъқул?

— Оре, устод. Боз як саволи дигар — ба Байтулхуҷанда агар шоирони арабзабон омадан хоҳанд, оё иҷозат ҳаст?

— Дари ин кошона ба рӯйи ҳама тоҷику турку араб кушода!

— Оё аз дигар шаҳру вилоятҳо низ шоирон меоянд?

— Албатта. Моҳе қабл ду шоири исфарангӣ меҳмони мо буданд, ҳамшаҳриёни Нигина.

— Шаҳобуддину Аҳмад?

— Бале. Ин бародаронро мешиносӣ?

— Шаҳобуддинро шунидагӣ, Аҳмадро дидагӣ…

— Кай?

— Он вақт сесола будам. Вай дар як маъракаи мо иштирок карда, ба ман чор хат шеър бахшидагӣ. Лекин қаду басту чашму рӯяш дар лавҳи хотирам боқӣ намондаст.

— Инаш он қадар муҳим не. Муҳимаш он ки оё ҳамон шеърро дар ёд дорӣ ё не?

— Албатта дар ёд дорам! Гӯш кунед:

Гулбоди баҳор атрфишон аз рақсат,

Хушҳол шуда пиру ҷавон аз рақсат.

Маҳрум мабод то қиёмат ҳаргиз

Чашми ҳама мардуми ҷаҳон аз рақсат.

— Бале, ин сабку шеваи Аҳмад ибни Муҳаммад. Лекин вай имрӯз бо тахаллуси дигар машҳур аст. Бо пешниҳоди Пирам Подшоҳмарди Валӣ мо вайро Сайфуддини Исфарангӣ мегӯем.

— Ин тахаллуси шоирӣ хуш садо медихад. Ба ман маъқул!

— Мо ҳар сол камаш ду маротиба ҳамдигарро мебинем. Чунки Хуҷанд дар моварои Самарқанду Исфара ҷойгир аст. Ҳамсабақ, ки ҳастем, ба якдигар меҳру муҳаббати самимӣ дорем. Сайфуддин ба ман ҳам шеър бахшидагӣ…

— Шумо ҳам азёд мехонед?

— Не, Нигина. Ман баъзе шеърҳои худро низ дар хотира ҳифз накардаам. Дар доруламора муншӣ будан ташвишу дарди сари бисёр дорад. Агар рағбат дошта бошӣ, шеър дар дохили ана он дафтар, гиру хон.

Нигина чусту чолок коғази абрешимиро ба даст гирифту саволомез ба дугонаҳо нигарист. Гулноз бо ноз даст дароз кард:

— Нигинаҷон, дар пеши поят садқа шавам, коғаз ба ман бите. Шеърхониро чунон дӯст медорам, ки…

Гулноз лаҳзае ба коғаз чашм давонда, бо ҳусни хат чашмашро ошно карду мисли булбули хушовоз ба хониш даромад:

Дар ҳаққи Хоҷа Зиёуддин Порсии Хуҷандӣ

Эй он, ки ба рӯшноии ақл

Бо нури ҳақиқат ошноӣ!

Аз партави шамъи хотири хеш

Чун чашмаи меҳр дар сафоӣ.

Парвонаи рӯҳро чароғӣ,

Хуршеди камолро зиёӣ.

Чун пайдо шуд дар офариниш

Осори саноеъи Худоӣ.

Аз барқи замири ту шаҳобе

Ҷон дод ба гавҳари саноӣ.

Чун шеъри ту хондаму навиштам

Дар ғояти лутфу дилкушоӣ.

В-эй карда ба тоҷи илму ҳикмат

Бар олами фазл подшоӣ…

— Ин шеърро дар боздиди охирин Сайфуддин ба шумо бахшидагӣ? — мароқ зоҳир кард Нигина.

— Не, ягон сол пештар. Ҳини мулоқоти охирин вай ҳавоси парешон дошт, дилозурда буд.

— Чаро?

— Бародари беморашро аз Самарқанд ба Исфара мебурд. Шаҳобуддин бо душворӣ нафас мекашид…

— Худо Шаҳобиддинро дар паноҳи худ нигаҳ дорад, ки хеши мост…

— Вай… магар араб аст? — аз ҳаяҷон забон хойид Нигина.

— Ду сол пеш хонаи ҳамсояамон меҳмонӣ омада буд. Аз пушти девор баръало шунидам, ки бо лаҳҷаи қурайшӣ равон ҳарф мезад. Ҳатто як шеъри арабӣ хонд!

— Шояд ин фикри Фотима дуруст бошад, зеро Сайфиддин дар як қасидааш байти соядоре гуфтааст, — Зиёуддин лаҳзае буни гӯш хорида, бо душворӣ мисраъҳои ҳасбиҳолии ҳамсабақашро ба забон овард:

Гар «фасеҳи аҷамӣ» хониям, ин дурӣ нест,

Чун маро ҷадди чаҳорум ба ҳақиқат араб аст.

Фотима ғолибона ҳамроҳонашро нигаристу бо нимтаъзим ба устод барои дастгирӣ арзи сипос кард. Аммо шоир бо заҳрханд гуфт:

— Араб будани ҷадди чаҳоруми Сайфуддин ва ба Салмони Порсӣ часпидани шаҷараи Зиёуддин он қадар муҳим нест. Муҳим он аст, ки Сайфуддин Исфарангию Зиёуддин Хуҷандӣ асту чунин хоҳад монд:

Нигар, ки сурати иқбол нав ба нав ҷон ёфт,

Ки ҳар чӣ буд муродаш аз осмон, он ёфт.

Қарину мӯниси ҷоҳи мо фазли Яздон бод,

Ки ҳар кӣ ёфт маҳалле, зи фазли Яздон ёфт!


* * *


Таҳсил дар мадраса барои Нигина душворӣ надошт. Зеро аз Бибинурӣ сабақи комил ва дониши зиёд омӯхта буду пайваста мекӯшид, ки ба илми муҷаррад қаноат накарда, баробари Қуръону Ҳафтяку Чоркитоб девон ва осори адибону фозилонро мутолиа намояд. Садри Байтулхуҷанда Зиёуддину Фариди котибро амак хонду чун фурсат меёфт, бо қадами пӯянда ба кошонаи Маҳастӣ мешитофт ва бо азми ҷӯянда дар китобхонаи пурганҷ соатҳо ғарқи мутолиа мешуд. Агар нафаре аз дар дарояд, бо умед менигарист, ки шояд Сайфуддин аз Исфара омада бошад…

Раҳпоӣ се моҳ зиёдтар тӯл кашиду Нигинаро ҳавои диёр ва меҳри падару модар аз замир сар зад. Худ ба худ шикастаҳол гашту дар дилаш шавқи таҳсил ва рағбати омӯзиш мисли чароғи хирасӯз бенур шуд.

Барои маслиҳат пеши Бобокалони Бузургаш омад. Шайх Маслиҳатдин вайро бодиққат шунид ва хандид:

— Сад рӯзи расо интизори ин лаҳза будам, эй духти мастураи бобо! Ту аз Ворух баромадию як байт шеър маро пеши назар омада буд:

Рашҳае аз бод бар ҷонам бирехт,

Риштаи ҷоду аз ӯ бояд гусехт!

Чун туро дар Хуҷанд дидам, маънии байт комилан равшан гашт. Фаҳмидам, ки Парвардигори олам моро қудрате додааст, то қуввати ҷодуро несту нобуд гардонем. Зеро баробари ба Хуҷанд омадани ту кушода шудани мадрасаи нав ҳаргиз тасодуфӣ нест ва ту барои он толибилм шудӣ, ки тилисм ҳаргиз мадори сарпанҷа задан бо илм надорад! Яъне ҳар рӯзи хониш ресмони ҷодуро як ришта фарсуда мекунаду азбаски аз ҷодухона дур ҳастӣ, аҷузкампир туро надидаву бӯятро нашамида, тадриҷан шикастаҷон мегардад. Яъне туро қуввати рӯҳонӣ ҳар қадар афзояд, тилисмро қуввати шайтонӣ ҳамон қадар кам шуда, баъди ҳафт моҳ гусехта мешавад. Он гоҳ мо туро маслиҳат медиҳем, ки бо хотири ҷамъ ба Ворух баргардӣ.

Бо таъсири сӯҳбати рӯҳафзо Нигина рӯҳбаланд гашт. Қавл дод, ки чор моҳи боқимонда низ таҳсилро бо раъйи рост идома бахшида, таҳсини устодонро сазовор мегардад, то тилисму ҷоду тамоман нобуд шавад.

Бо чунин азму ният фикри Ворух рафтанро аз сар дур андохту машғулияте кофт, то худро андармон созад. Бисоти аз хона овардаашро тит карда, чашмаш ба китоби докапеч афтид, ки нахустин ҳадяи Мирмалик буд. Бо дили гумзада «Чоргоҳи Маҳастӣ»-ро кушоду аз бӯяш машом муаттар сохт, аммо нахонда, фақат варақгардон кард. Вай азёд медонист, ки гоҳи якум ҳамагӣ сӣ рубоӣ дораду гоҳи дуюм шасту ҳафт ва ин навиштаҳо давраи ҷавонии шоираро дарбар мегиранд. Панҷоҳу шаш чаҳорпояи гоҳи сеюм ганҷавӣ асту фарогири зиндагии пуршӯри Маҳастӣ дар Ганҷа. Панҷоҳу ду рубоиёти гоҳи чаҳорум бошад, дар Балху Марв эҷод гардида, саршор аз латофату ҳурмат нисбати Умари Хайём аст…

Дар дили Нигина хоҳише пайдо шуд, ки рубоиҳои ин ду шоири маҳбубро бо ҳам муқоиса кунад. Вале ҳарчанд кофт, дар ҳуҷра китоби Хайёмро наёфт. Лоҷарам, «Чоргоҳи Маҳастӣ» дар бағал, ҷониби кошонаи Маҳастӣ роҳ пеш гирифт.

Дар ҳавлии берунаи Байтулхуҷанда ду мӯйсафед ва се ҳамсабақи Нигина рӯйи кати зери боғи ангур машғули сӯҳбат менишастанд. Нигина одоби саломро ба ҷо оварда, ба онҳо халал расондан нахосту бо пайроҳаи хиштфарш рост тарафи китобхона равона шуд, ки дар ҳавлии андарунӣ ҷойгир буду толори равшану барҳаво барои қироат дошт. Аммо китобсандуқҳо дар хонаи алоҳида меистоданду ғайр аз ганҷинадор ҳеҷ кас ба он ҷо намедаромад. Ҳамин асно дарвозаро калон кушода, бо нидои «Ҳеҷ кас ҳаст ё не?» ҳамсоязанаки шинос Муаззама дар даст сабади нонкашонӣ ба ҳавлӣ даромад ва «Эҳ-ҳе, ҷамоат ҷамъ-ку! Самбӯсаи гармак овардам, ҳозир аз танӯр кандагӣ!» гӯён ҳамаро гирди сабад ҷамъ овард.

Баъди тановул ва нӯшидани як пиёла чойи танӯрӣ яке аз пирони маҳосинсафед, ки бузургсолон Шайх Сӯфӣ мегуфтанду ҷавонон Бобо Камоли Хуҷандӣ, ба китоби дасти Нигина мароқ зоҳир намуд:

— «Чоргоҳи Маҳастӣ»-ро аз китобхона барои қироат бурда будӣ?

Нигина ба лабкушоӣ фурсат наёфта, ҳамсоязанак ҷавоб гардонд:

— Ин китоби худаш. Мирмалики хушнавис бо маслиҳати Пирам Подшоҳмарди Валӣ китобат карда, ба Нигина ҳадя бурдагӣ…

— Нигинаи Ворухӣ ту ҳастӣ? — якбора ба ваҷд омад шоири суфимашраб. — Номатро аз бародарам Шайх Маслиҳатдин шунидаам. Бо ин бародари мӯътабар ҳар замон дар соҳили Сайҳун мешинему туро накӯ медорад. Дирӯз Абумуслими Рубобӣ ҳам туро таъриф карду гуфт, ки «Нигина мисли Маҳастӣ дар чордаҳсолагӣ 12 боб ва 24 шӯъбаи мусиқиро пурра ёд гирифта, хуш месарояд, зебо мерақсад ва рубобу чангро хуб менавозад». Офарин туро, эй кабутари навзахма!

Нигина зуд аз ҷой хеста, таъзим баҷо овард. Бобо Камоли Хуҷандӣ бо хушнудӣ сар ҷунбонда, пурсишро идома дод:

— Китоби армуғониро ба китобхонаи Байтулхуҷанда армуғон овардӣ?

— Мехоҳам рубоиёти Маҳастӣ ва Хайёмро муқоиса кунам…

— Ман ҳам туро офарин мегӯям, ки ҷӯёи илм ҳастӣ! — ба сӯҳбат ҳамроҳ шуд мӯйсафеди дуюм ва байте муносиби ҳол хонд:

Наёбад мурод он, ки ҷӯянда нест,

Ки ҷӯяндагӣ айни ёбандагист!

— Мурғи илҳоми бародари мо Аҷабии Хуҷандиро ба парвоз овардан ҳунари ҳар кас нест, эй Нигина! Азеро Унсурӣ табъи зояндаи эшонро банда, Анварӣ бо нури табъи эшон соя бар худ наяфканда ва Муизӣ аз ғайрати такаллуми ин хуҷандӣ дилафканда аст! — бо лутф ба ҳампаҳлӯяш нигарист Бобо Камол. — Ту ба Хайёму Маҳастӣ ишора кардию ёдам омад, ки замоне дар Марв мо бо эшон ҳамнишин будем.

Вақте Маҳастӣ аз Балх ба Марв омад, он пойтахти давлати салҷуқиҳо буду Шоҳи Ҷаҳон унвон дошт ва моро низ ба дарбори Султон Санҷар даъват карданд. Ин подшоҳи бузург Умари Хайёмро бисёр мӯҳтарам ва баландэътибор гардонда буду болои тахт, назди худаш мешинонд. Санҷар, ки табъи шоирӣ дошт, Маҳастиро низ бо хушии бисёр пазируфт, вайро кабутари ҳарам эълон кард ва надимаю ҳамсӯҳбати хеш хонд. Ғайри подшоҳ фақат ҳазрати Хайём ҳақ дошт, ки бо Маҳастӣ бемалол гуфтугӯ кунад. Ҳамин тавр буд, эй бародар?

— Бале. Замоне, ки Маҳастии бистсола аз ҷабри қарохониҳо ба дод омада, Хуҷандро тарк гуфту ба Марв омад, ба ҳусни сурат ва зебоии ҷамол ягон нозанин то зонуяш намерасид. Бар замми ин хеле хушовоз буду шоираи баркамол…

— Эй бародар, мушоираи шоиронро дар мавзӯи «зулф» ёд дорӣ?

Даме ки Аҷабӣ дафтари хотирот варақ мегардонд, Нигина иҷозати сухан пурсид:

— Ин мушоира дар гоҳи дуюми китоби Маҳастӣ тасвир шудааст:

Хуҷандӣ он Маҳастӣ покгавҳар,

Муқарраб шуд ба пеши тахти Санҷар.

Чу рӯзи даҳ баромад, шоҳ як рӯз

Фаро орост ҷашни оламафрӯз.

Маҳастӣ пеши Султон чанг мезад,

Навое бас баландоҳанг мезад…

— Кифоя! — Аҷабӣ дасти рост боло бардошта, аз ҷой нимхез шуд. — Ёдам омад: соқии симтан сари пой истода, маи гулфом паёпай ба ҷом мерехт. Санҷар қадаҳ бар даст бо чашмони хуморӣ рухсораи чун гул шукуфони Маҳастиро нигаристу нигоҳи парешонаш дар зулфи парешон андармон шуд ва мастона хитоб кард:

— Эй шуаро!

Аз «зулф» ҳарф занед ва чаҳорпоя эҷод кунед!

Шуаро ҳамдигарро нигаристанду ғайричашмдошти ҳама Маҳастӣ мушоираро оғоз бахшид ва як чаҳорпояи зӯр хонд, ки матнаш дар ёдам нест…

Нигина дигарбора беқарор шуд:

— Он рубоиро азёд медонам. Иҷозат бошад, хонам.

— Боли парвоз кушо, эй духтари шеърсарой! Бигзор шоира Маҳастиро ровӣ Нигина бошад.

Нигина аз ҷой хесту хаёлан ба Маҳастӣ тақлид намуда, дастонашро дар шакли чалипо сари китф расонду маҳину гӯшнавоз қироат оғоз кард:

Дар вақти баҳор ҷуз лаби ҷӯй маҷӯй,

Ҷуз васфи лаби ёри суманрӯй магӯй.

Ҷуз бодаи гулранг ба шабгир магир,

Ҷуз зулфи бутони анбаринмӯй мабӯй!

Азбаски Аҷабӣ дигар лом накафонд, ҷилави суханро Бобо Камоли Хуҷандӣ ба даст гирифт:

— Таровиши табъи равону завқи саршор ҳамаро ба по хезонд ва аҳсанат аз шоҳу аҳли дарбор толорро ларзонд. Ранги шоирони камҳунар ва тамаъкори дарбор зард гашту фаши салларо парда бар чеҳра сохтанд ва андар уқёнуси тафаккур ғарқ гашта, роҳи тафвиз пеш гирифтанд. Яъне идомаи мушоираро ба ӯҳдаи шоирони хуҷандӣ — ману Маҳастӣ вогузоштанду ҳар кадом дар ситоиши зулф бадоҳатан дувоздаҳ рубоӣ эҷод кардем. Охиру охирон хеле хаста шуда, боз як рубоӣ хондам:

Дилдор чу дар нишот меовезад,

Бас шӯр, ки аз ду зулф меангезад.

Гар биншинад, сабр зи ман биншинад,

Гар бархезад, қиёмате бархезад!

— Ин рубоӣ писанди ҳамагон шуд, — бо лабханди нуронӣ он лаҳзаро ба ёд овард Бобо Камоли Хуҷандӣ. — Дидам, ки дигар зӯрам намерасад, дасти таслим боло бардошта, ба курсӣ пойин нишастам. Маҳастӣ вазъияти маро дуруст фаҳмиду бо меҳрубонӣ сӯям даст афшонда, «Шамъи Тироз» будани лақаби маро ба ҳозирин зеҳннишин карда, паёпай ду рубоии навро ба «зулф» печонду якеро ба шоҳ бахшид:

Дар ишқи ту ҳар сӯй ҳамебояд рафт,

Чун ашк ба ҳар рӯй ҳамебояд рафт.

Дар хидмати зулфайни ту ҳамчун шоҳон

Шарт аст, ки бар мӯй ҳамебояд рафт.

Нигина пас аз хатми қироат саволомез устодони суханро нигарист. Аҷабии Хуҷандӣ риши сафедашро бо панҷа шона зада, орифона гуфт:

— Рӯҳи поки шамшоди бӯстони ҳастӣ Бибӣ Маҳастӣ, ки аз нажоди мардуми ҷалилулқадр ва хонаводаи мӯҳтарам аст, шоду мамнун гардид аз ту, эй духтари ҳуҷастафол! Ҳам кори хайр кардию ҳам суханҳои накӯ гуфтӣ ва ҳам дурҳои маънӣ суфтӣ. Ту омадию мавзӯи сӯҳбати мо дигар шуд, гӯиё шоираи барҷастаи Хуҷанд бо дили шоду фараҳманд ба кошонаи худ омад. Чеҳраи зебо ва ҳусну латофати нотакрори ин малеҳаи фасеҳа, зарифаи шарифа ва зӯҳраи сипеҳри номдорӣ, ки дар мавзунии қаду қомат, таносуби лафзу маъно, ҳусни сурат ва сӯҳбат пешсафу пешоҳанги бонувони порсигӯ буд, мисли сурате дар ойина пеши назарам пайдост, ки бар тарфи баногӯш зулфи парешон дораду бо завқи олӣ ва ҳунари ҳозирҷавобӣ раунатро ба меъроҷ мерасонад.

Хотимаи базми оншаба исботи ин гуфтаҳост. Маҳастӣ, бемуболиға, бо сабки воло қиёмате бархезонд! Султон Санҷар, ки волаву шайдои шоираи ширинадо ва шириншамоил гашта буду барои ҳар рубоии Маҳастӣ як ҷоми пуршароб менӯшид, аз таъсири ду чаҳорпояи охарин сармаст гашта, фармуд, то даҳони шоираро аз зари холис пур кунанд. Сипас нимғурма «баъди Хайём рубоӣ ба Маҳастӣ хатм шуд» гуфту ҷумлае аз охирин рубоӣ ёдаш омаду «дар ишқи ту ҳар сӯй ҳамебояд рафт» гӯён оҳанги дастдарозӣ кард. Маҳастӣ, ки дабираи хушқалам ва надимаи хушсухани султони бузург буд, дарҳол худро қафо кашиду аз тори зулф боз як рубоӣ кушод:

Тан ба ту ба хорӣ, эй шаҳам, дарнадиҳам!

Бар он, ки зи ту кеҳ аст, ҳам дарнадиҳам!

Як тори сари зулф ба хам дарнадиҳам,

Бар об бихусбам хушку нам дарнадиҳам!

Дар базмгоҳ ғавғои рӯзи маҳшар барпо гашту шоҳи ба зулф печида сурх гаштаву хайкардаву шармзада аз маҳфил бадар рафт…

— Баъд чӣ шуд?

— Султони озурда Маҳастии ҳозирҷавоб ва алмосзабонро сахт ҷазо дод: ҷуссаи нозукашро ба пӯсти гови навкушта печонда, бо ресмон ҳалқа баста, ба дастокхона — зиндони яккаҳабси занона андохтанд…

Нигинаро дигар тоқати шунидан намонд. Бо дидаи пуроб, «Чоргоҳи Маҳастӣ» дар бағал ба китобхона даромад ва қабл аз ғуруби офтоб ба ҳавлӣ баргашту Бибинуриро танҳо дид, ки ба кабки қафас обу дон медод. Азбаски ин шуғли доимӣ ва дӯстдоштаи Шайхбобояш буд, ба ҳайрат афтода, шӯхиомез пурсид:

— Бобоям канӣ, ки шумо кабкбон шудед?

— Бобокалонҳоят Марғинон рафтанд.

— Оъ… як моҳ пеш рафта буданд-ку…

— Ман ҳам айнан ҳамин хел гуфтаму аз соҳиби сарам чунин посух шунидам: «Ба меҳмонӣ не, гапфаҳмонӣ меравем. Бародарам Шамсиддин мегӯяд, ки решаи дарахти қарақора аз оби Сайҳун канда шудаасту инро ба шоҳону бузургони Фарғона мебояд фаҳмонд».

— Очаҷон, нафаҳмидам, ки бобоям чӣ гуфтанду шумо чӣ гуфтед?

— Бародарам Бадеуддин доимо давлатдории қарахитоиҳо ва қарохониҳоро ба дарахти қарақора ташбеҳ медоданду мегуфтанд, ки ин пайванд сабзу хуррам намешавад. «Решаи дарахти қарақора аз оби Сайҳун канда шуд» гуфтани эшон чунин маънӣ дорад, ки аз беобӣ танаи дарахт дарҳол хушкида, ба ҳезумпора табдил меёбаду сӯхтаю хокистар шуда, ба боди фано меравад.

— Яъне заволи давлати қарохониҳо фаро расидааст?

— Дуруст дарёфтӣ, духтари тезфаҳми оча. Пагоҳӣ Шоҳмурод башитоб омаду баъди нисфирӯзӣ бобоҳоят рахти сафар бастанд. Падари Мирмаликро ҳамроҳ гирифтанд.

— Шоҳмурод танҳо омад? Бе Мирмалику Сабзалӣ??

— Аз номи Мирмалик ба мо дуруди самимӣ расонду ба бобоҳоят ягон паёми таъҷилӣ, ки зуд ба по хестанду таъкид намуданд, ки агар касе пурсад, бигӯем: «Пеши муридон ва муршидон рафтаанд». Фаҳмо?

— Бале, очаҷон! Аввал дуо кунед, ки сафарашон бахайр шаваду баъд гӯед, ки чӣ хӯрок пазам?

— Рости гап, палави Ворухро хеле пазмон шудаам. Барои ҳардуямон якта ошча паз…

— Хуб шудааст, очаҷон, ошу гап! — Нигина дарҳол сабзию пиёз оварду ҳангоми реза кардан оҳиста сирри дил кафонд: — Ман ҳам, очаҷон, Воруха ҷудо ёд кардагӣ.

Дар насими субҳ бӯйи Ворух аст,

Қиблаи қалбам ба сӯйи Ворух аст!

— Ту ҳам шоира шудӣ?!

— Не, очаҷон. Имрӯз дар Байтулхуҷанда аҷоиб сӯҳбати дилафрӯз доштем…

— Бо ҳамсабақҳоят?

— Онҳо мисли моҳии дарё фақат ғизо хӯрданду садое набароварданд. Бобо Камолу устод Аҷабӣ дар бораи шоира Маҳастӣ нақлҳое карданд, ки ҳангам канд. Медонед, очаҷон, ба ҷойи Маҳастӣ якчанд рубоӣ хондаму… ин байт ҳозиракак… худ аз худ ба забонам омад.

— Яъне камоли ҳамнишин бар ту асар кард? — сухан духӯра гуфт Бибӣ Нурӣ.

— Намедонам, очаҷон! Лекин ба Бобо Камол қоил шудам. Пир менамояд, аммо барнодил…

— Ба тахминат вай чандсола?

Аз навад кам не…

— Шайх Сӯфӣ аз бобокалонҳоят камаш бисту панҷ сол калонтар, шояд саду даҳсола бошад. Вай пири муаммари Хуҷанд асту донишманди закитабъ ва ҳамнишини нек. Номи аслиаш Қавомуддин асту писари Абдуллоҳи тоҷири китоб. Тахаллуси шоириаш Бобокамоли Хуҷандӣ асту суфиёни пандпазир ин устоди гиромиро Камолулислом мехонанд. Шогирди содиқи Шайх Наҷмиддини Кубро асту ҳамсилки Умари Хайём ва роҳнамои Зиёуддини Порсию Сайфуддини Исфарангию Шамси Ҳола…

— Ва ҳамшаҳрию ҳамсангари Маҳастии Хуҷандӣ!

— Дуруст гуфтӣ, духтари оча, онҳо ҳамовоз буданду ҳамовез шуданд. Мегӯянд, ки ин марди шариф баъди ҳабс шудани Маҳастӣ уламою удабои Марвро ба по хезонду ҳамагон Султон Санҷарро водор карданд, ки аз аспи ҷаҳл фурояд ва шоираи ҳақгӯйро аз дастокхона раҳо кунад. Сипас Маҳастиро хеле ташвиқу тарғиб кард, то ба Хуҷанд баргардад. Вале аз тарси қарохониҳои уштуркина шоираи фирорӣ дубора ба Ганҷа рафт. Бо Низомӣ ҳамсӯҳбат шуду бо ҳабиби давраи ҷавониаш манкӯҳа. Яъне бо хатибписар Аҳмад ақди ҳамсарӣ басту то охири умр ҳамроҳи ӯ буд ва дар ин шаҳри ғарибӣ ҷон ба ҷонофарин таслим кард…

Сӯҳбати очакалони хуҷандӣ ва набераи ворухӣ дар бораи Маҳастӣ баъди ошхӯрӣ идомаи тоза пайдо кард. Нигина бо замзамаи байти навэҷод ба ҳуҷраи хоб даромаду бисоти парешон дар рӯйи фаршро дида, аввал завқид, баъд аз пайи ғунучин шуд. Аз бурҷи хона дурҷи гулкорӣ — сандуқчаи хурди чӯбинро, ки падараш аз санавбари кӯҳӣ сохта, қабл аз сафари Хуҷанд тӯҳфа карда буд, назди панҷара овард, то чангу гарди даруну берунашро бо латтаи нам пок кунад. Аз таги сандуқча сӯзану ришта, пӯпаки зоча ва мизроби хокистарранге дарёфта, ҳамаро як сӯ ниҳоду аввал ҳалқаю марҷону ангуштарӣ ва дигар ҷавоҳироти дар ҷашну маъракаҳо ҳадягирифтаашро ботартиб ҷобаҷо гузошт. Сипас лату пут ва қаламу қоғазҳояшро рӯйпӯш намуда, сӯзану риштаю пӯпак ва китоби Маҳастиро аз ҳама боло монд. Сарпӯши бурҷро маҳкам карду мизроб дар даст андешаманд ба ҷойхоб дароз кашид. Зеро ҳеҷ ба ёд оварда натавонист, ки ин нохунаки рубобнавозӣ чӣ хел дар сандуқча пайдо шудааст…

Ҷавобро аз Очанурӣ дарёфт: кампири хубсурат ва хамидақомат дарро бесадо кушода, мобайни ҳуҷра омад ва бо лаҳни гӯшнавоз гуфт:

— Чаро парешонҳолӣ, эй ғунчаи нокушода! Ман омадам, то мушкилатро осон намоям…

— Хуш омадед, эй очаҷони накӯкор! Ана ин мизраб гарангам кард…

— Вай моли Маҳастӣ.

— Моли Маҳастӣ?! Пас…чаро дар дасти ман?!

— Эй ғунчаи нокушода, Маҳастию ту на хешу таборед ва на ҳамдиёред, лек ҷафсу ҷумлаед. Зеро ҳар ду ҳамгавҳаред!

То даме ки аз лабонатон шир равон буду эркаи модар будед, бепарво дасту пой афшонда, волидонро ба аспи шодӣ савор мекардед. Ҳар ду аз хурдӣ ба мактаб рафта, хату савод омӯхтед, аммо ҳам вақти хонарӯбӣ, ҳам вақти косашӯйӣ, ҳам вақти хӯрокхӯрӣ кӯдакона ҷавлон зада, ҷилва мекардед. Падарон зеҳни тезу завқу ҳаваси шуморо хуш пазируфтанду ҳар ду илми адабу мусиқию зебо рақсиданро омӯхтед, зарофату ҳозирҷавобии щумо писанди хосу ом шуд. Ҳар ду дар чордаҳсолагӣ бо шоирони номвари замон ҳамсӯҳбат будеду байти нахустинро эҷод кардед…

Синни чаҳордаҳ нахустин марраи умри духтар асту дар чордаҳсолагӣ аҳли Хуҷанд Маҳастиро моҳталъат мегуфтанд. Зеро равшании ҳусну ҷамолаш миннат бар сари моҳи чаҳордаҳ мегузошту аз ин боис ҳама бо як овоз «Эй Мӯниса, ту Маҳ астӣ!» мегуфтанд…

Эй ғунчаи нокушодаи имрӯз ба умри чаҳордаҳ расида! Мебинам, ки аз бадри мунир камӣ надорӣ, мисли Маҳастӣ ҳамшираи ҷодувони Бобул, дугонаи лӯъбатони Кашмир ва ҳамранги париёни Халлух нозанину маҳҷабин ва шоҳи духтаронӣ…

— Лутфи шумо аз ҳад зиёд шуд, эй модарбузург! Ман як духтари одии рустоӣ. Дар Хуҷанди зебо, ки ҳақиқатан ҳам Тирози ҷаҳон аст, ба ҳар қадаме як лоларухе дил мерабояд…

— Хоксорӣ ҳусни инсон асту зеби ту, ки нозанини нозанинонӣ! Ва барҳақ гуфтӣ, ки Хуҷанди мо аз қадимулайём макони лоларуху симбару лабшакарон аст. Лек онҳо дигаранду ту дигарӣ!

Эй ғунчаи нокушодаи рустоӣ! Ҳеҷ намехоҳам, ки дили ҳамгавҳари Маҳастӣ нолон ва парешон бошад. Барои ҳамин наздат омадам, то дар оғӯши шаб туро модарвор ба оғӯш кашам ва сухане чанд аз таҷрибаи рӯзгор бигӯям.

— Бифармоед, эй модарбузург! Гӯши ману сухани Шумо, дасти ману домани Шумо…

— Мебинам, ки туро бо овози дафу чанг хиромидан хуш асту агар гесӯи шоназада парешон карда, ба саҳна баройӣ, халқе ба по хезаду мардҳоро хун дар дил биҷӯшад ва ҳазору як булбули шӯрида бо тамоми вуҷуд дар пеши поят маддоҳӣ кунад. Ҳаргиз аз худ нарав: хушу хандон ҷилва куну ҷаҳонро хуррам гардон, аммо ба ҳусну ҷамоли диловези худ бисёр ғарра нашав. Дар миёни мардони номаҳраму бегона даст афшон, аммо ҳаргиз ба ному нангу номус даст наафшон! Обрӯй ва шарафи худро бар ивази хушсуханию ҳозирҷавобӣ аз даст мадеҳ. Ҳеҷ гоҳ фаромӯш накун: мардон дӯст доранд, ки гулро шипеланд, обаш бароранд ва нӯши ҷон кунанд…

Медонам, ки медонӣ, ки кушоиш аз дари сабр аст. Аз ин хотир, барои ба деҳа баргаштан асло шитоб накун. Дар Ворухи баландкӯҳ кистӣ ту?! Хом монад мевае, ки кам офтоб хӯрад. Дар диёри офтобӣ бузургворон бисёранду ниҳоли бахту орзу аз сӯҳбати бузургон сарсабзу хуррам мешавад. Фақат бо дуои пирон ба майдон даро ва ҳеҷ вақт ба ҷилваи товус тақлид накун, зеро ту кабки хушхиром аз кӯҳи баландӣ!

Обои ту ба насаб сайидони Воруханд, ту ба ҳунар сайидаи Ворух шав!

Нигина хост, худро пеши пойи Очанурӣ партояд. Вай имкон ва иҷозат надоду бо оҳанги нарм гуфт:

– Ҳамду сано бод ба Худованди меҳрубон, ки ду ҳамгавҳарро дар шаҳри Хуҷанд ба ҳам пайваст. Дирӯз акоям бо ишорат гуфтанд, ки навбати Лайлӣ гузашту навбати Ширин расид. Зеро соҳиби мизроб гардид…

Ин мизроби хушбӯйро «Нохуни париён» ном аст.Онро шоҳи париёни Сайҳун ҳини хоби ширин ба Маҳастӣ бахшида буду вақти фирор аз сари шитоб дар токи хона фаромӯш карда рафт. Рӯзе, ки бори аввал ба кулбааш даромадӣ, бехабар аз қисмат, онро барои хотира гирифта будӣ…

«Нохуни париён» мизроби одӣ нест. Тори рубоб ба наво медарораду тори дили аҳбоб ба туғён меорад ва ҳунарманди хушангуштро умрбод шодмону шодкому шодоб медорад. Агар ин мизроб фаромӯш намекард, Маҳастӣ шояд дар зиндагӣ ғурбат намедид…

Ҳолиё ин нохунаки шодиовар моли туст Нигина. Дуо мекунам, ки туро комёбу комрону комраво гардонад!

Очанурӣ тавре ки омада буд, ноаён ғайб зад. Нигина саргаранг ба атроф назар афканду дар кафи даст гармие ҳис кард. Ангуштони гиреҳбаста аз ҳам баркушод ва дар дили панҷа мизроби хокистаррангро дид, ки чун садаф медурахшид. Онро ба сандуқи дил часпонду сидқан ниёиш кард, то «Нохуни париён» нурбахши пайроҳаи навин шавад…

Равзанаи ҳаштум. Гулбонги шоҳона аз дурахши ду ахтари тобони Исфара

Ҳафт моҳи таҳсил ва омӯзиши илми адабу мусиқӣ монанди ҳафт бор миҷа задан зуд гузашту гулдухтари ворухӣ аз ҳар суфраи маърифат ба қадри дилхоҳ чошнӣ гирифта, ҷисман ва рӯҳан хеле тағйир ёфта, ба таъбири устод Рубобӣ «суп-сурх хуҷандӣ» шуд. Дар ҳар маҷлису маҳфиле, ки ин шӯхи парирӯ ва хушлибосу ширинҳаракот ба ҳунар ояд, эъҷози калом ва махсусан рақси зебояш ҳамаро афсун мекард. Аммо вай хурсанди хурсанд набуд ва ҳар замон «Оббо!» мегуфту оҳ мекашид. Зеро шоире, ки диданашро орзу мекард, аз Исфара наомаду Зиёуддини Порсӣ хабар расонд, ки бародари Сайфуддин дар арафаи ҷашни Наврӯз вафот кардаасту дар сӯги Шабоҳиддини ҷавонмарг сахт мотам дорад. Дигар сабаби хотирпарешонии Нигина он буд, ки Мирмалик низ ба Хуҷанд наёмаду ҳатто аз худ дараке надод. Фақат Бибинурӣ ҳамин қадар гуфт, ки Мирмалик сипаҳбуди ҷасури лашкари шоҳзода Ҷалолиддин шудаасту ҳамроҳ ба Фарғона лашкар кашидаанд, то ба тухми қарохониҳо қирон оварда, Мовароуннаҳрро, минҷумла Хуҷандро пурра ба давлати Хоразмшоҳиён ҳамроҳ кунанд. Сеюм ҷиҳати хотирпарешонӣ он буд, ки падару модар ва бародарро хеле пазмон гашта, агар номи Ворухро шунавад, дилаш гум мезад. Азбаски барои ба деҳа бозгаштан дигар ягон монеа вуҷуд надошт, аз Бобокалони Бузург фотеҳа гирифту ба паҳлуи Бибинурӣ нишаст ва субҳи рӯзи чаҳоршанбеи муродбахш аробаи тезгард сабук ба ҳаракат даромад. Вале то Ворух нарасид…

Андаке дуртар аз аспрези Исфара, дар хамгашти роҳи Шӯроб, ки барои Ворухравӣ нисбатан кӯтоҳу қулай буд, амаку падари Нигина ва кадхудои деҳа меҳмонҳои хуҷандиро бо чеҳраи шоду хуррам истиқбол гирифтанд.

— Наход маро ҳамин қадар пазмон шуда бошанд, ки барои пешвозгирӣ ба Исфара омадаанд? — аз ҳайрат чашмонашро калон кушода, бо таҳайюр ба Бибинурӣ нигарист Нигина ва дигар ягон ҳарфе нагуфта, худро ба оғӯши падар андохт.

— Имсол иди зардолу дар Исфара таҷлил мешавад! — баъди ҳолпурсӣ мужда расонд Иброҳимхоҷаи кадхудо. — Аз ҳар русто сад нафарӣ меҳмон даъват кардаанд. Ҳамакаса омадем, ки бо як тир ду нишон занем: ҳам шуморо пешвоз гирему якҷоя сайру тамошо ва дар базми ҷамшедӣ иштирок карда, ҳамроҳ ба Ворух баргардем.

— Ин қадар меҳмони бисёру базми ҷамшедӣ чаро? — ба ҳайрат омад Шайх Бурҳониддин. — Ҳар сол иди зардолу дар як русто хоксорона, бе ҳамҳама мегузашт…

— Имсол навбати исфарагиҳо. Онҳо мардуми доро, аз ҳаври даҳонашон ғӯраи хом мепазад, — лутфу кинояро бо ҳам омехт Аҳмадсайид — Бояд исбот кунанд, ки дар меҳмоннавозӣ аз дигарон як сару гардан болоянд!

— Акоям мағзи гапро гуфтанд. Лекин… миёни мардум ҳар хел овоза бисёр…

— Ман ҳам чанд гапу калоча шунидам, — бо эҳтиёт атрофро нигариста, овозашро як парда паст намуд Иброҳимхоҷа. — Мегӯянд, ки имсол дар иди зардолуи Исфара подшоҳи олам Султон Муҳаммади Хоразмшоҳ иштирок мекардааст!

— Султон не, писараш… Шаҳзода Ҷалолиддин имрӯз ба Исфара меомадааст! Мегӯянд, ки вай дар Фарғона ҳокими қарохониҳоро сари зону шинондаасту ба ин муносибат дар Исфара базми подшоҳӣ мешудааст…

– Ҳамааш фаҳмо! — гуфт бо оҳанги ҷамъбаст Шайх Бурҳониддин ва ҳамроҳонашро ҳадаҳа кард: — Зуд бошед, аз тамошо дер намонем. Шоҳзода, ки ояд, Мирмалик ҳам меояд!

Шоҳзода Ҷалолиддин ва аҳли рикобаш аз ҷониби Лаккон, ки дарвозаи Фарғона аст, ба Исфара ворид шуданду чун ба маҳаллаи Устомулло расиданд, созандаҳо таблу санҷ заданду карраною испедмӯҳраро бод бардамиданд ва аз танини осмонрас аспҳои хастагашта ҳушёр шуда, бо чашми изтироб атрофро нигаристанд. Лек бар ивази сипоҳиёни ҷавшанпӯши ханҷарбадаст гулдухтарони парниёнпӯши дар даст нону намакро дида, савораю савориҳо ором гирифтанду масрур ва мағрур ба атрофу акноф чашм давонданд. Пазироӣ зуд анҷом ёфту ҳамагон ҷониби қалъаи ҳокимнишин равона шуданд, ки дар маҳаллаи Сари Баландӣ воқеъ буд. Тамоми роҳ дуҳулзан пеш-пеш рафта, бар табира даввол мезаду аз ҳафтсола то ҳафтодсола Шоҳзода Ҷалолиддини аввалмақомро бо тавозӯъ «Хайра мақдам!» мегуфтанд. Шайх Бурҳониддину ҳамсараш, Нигинаю падару амакаш низ дар қатори пешвозгирандаҳо истода, бо чашмони муштоқ Мирмаликро мекофтанд, ки яке аз чил савораи гирди Шоҳзода буд, аммо ҳатто дар гӯшаи хаёлаш набуд, ки тағояш бо дигар наздиконаш даҳ қадам дуртар чорчашма вайро меҷӯянд.

Охирин сарбоз ба куҳандиз даромадан ҳамон дарвозаи бузург пӯшида шуду мардуми зиёд ва аксари мизбонҳо берун монданд. Аз ворухиён фақат Иброҳимхоҷаи кадхудо ба дарун роҳ ёфту дар кунҷе рост истода, мушоҳида кард, ки меҳмони гиромӣ ва нозукро рӯйи шоҳкати зери маҷнунбеди кокулпарешон болои чор рахт кӯрпачаи шоҳӣ шинонданд. Аз ду ҷониб болишҳои мулойими зеҳзаррин ниҳода, имкон фароҳам оварданд, то бе малоли хотир каҷпаҳлӯ зада, бо ҳаловати том чойи санҷидӣ бинӯшад ва кӯфти роҳ барорад. Канизакони озодаву ғуломони тозалибос бешавқуну мағал, аммо чусту чолок ҳаракат карда, ба Шоҳзодаю ҳамроҳонаш, ки аксарашон ашрофу амирзодаю сипаҳбуди ҷоннисор буданд, дар косаҳои заррин кангар оварданд ва бо лафзи пурназокат фаҳмонданд, ки ин таоми дармонбахш беҳтарин даво барои дафъи хастагӣ асту онро аз сиёҳалафи кӯҳи Ғизолон ва беҳтарин райҳони соҳили Исфараруд пухтаанд.

Баъди таом барои истироҳат андаке вақт ҷудо гардид ва кадхудо дарҳол ба ҷустуҷӯйи Мирмалик сар кард. Бо табассуми сохта дар байни сипоҳиёни солор оҳиста қадам гузоштаю беист ибораи «Ягон хизмат ҳаст?» нӯки забон оварда, оқибат чеҳраи ошноро дид. Қадам бебоктар ниҳоду «Ассалом, Мирмалик!» гуфт ва дар интизори посух карахт истод. Мирмалик лаҳзае ба чеҳраи кадхудо синча карду шинохт ва «Иброҳимхоҷа шумоед?!» гӯён, оғӯши пурмеҳр калон кушода, аввал аз саломатии тағо пурсид.

– Ҳазрати Шайх Бурҳониддин ҳамин ҷо… дар берун…

Мирмалик дигар ҳарфе нагуфта, зуд назди Шоҳзода рафту қомати баланд хам намуда, хушхабар ба гӯши муборак расонд. Ҷалолиддин хушҳол гашт, вале Мирмаликро рухсат надод, ки дарҳол берун давад, балки сухане бехгӯшӣ гуфт. Мирмалик одоби таъзим баҷо оварда, бо тавозӯъ қафо гашту лаб ба гӯши кадхудо наздик расонд:

— Ба шумо рухсат шуд, ки аз қалъа берун бароед ва тағоямро хотирҷамъ намоед. Пас аз як-ду пиёла чой мо низ бадар мешавем ва лаб-лаби ҷӯйбор сайри зардолу карда, ба мастабаи Зумурадшоҳ меравем, ки базмгоҳи асосӣ он ҷо будааст. Иншоаллоҳ, дар берун дида ба дидор мерасад. Ишораи маро интизор бошед…

Муждаи кадхудоро шунида, Нигина оҳи сабук кашид, ки оқибат дурри мақсуд ба каф меояду Мирмаликро мебинад. Азбаски Бибинурӣ ҳам ташнаи дидори ҷигарбанди шоҳсавораш буд, ҳар ду монанди дигар занону духтарони фаранҷидор ва чодарбасар аз мардҳо ҷудо, дар мазраи сабзи лаби ҷӯ нишастанд. Дари қалъа кушода шудан ҳамон аз ҳар канора садои карнай ва нақора баланд гашту аз оғози Иди зардолу башорат дода, ҳамаро ба ҷунбиш овард. Меҳмони олиқадр пешопешу аҳли рикоб аз дунбол бо роҳбаладии боғбони машҳури диёр Ғиёсиддини Нозӯр аз тарафи офтобшинам ба боғи Чилмева даромаданд. Ин саробӯстон дар шафати маҳаллаи Сари Баландӣ қад-қади ҷуйи Мулдон доман паҳн карда буду аз зардолую шафтолую себу муруд то чормағзу санҷиду бодом, мувофиқи номаш, чил навъ шаҳдмеваи шакаррез дошт. Фақат аз як худи зардолу дар ин боғи шоҳона даҳ намуди ширинтаринаш — қандаку хурмоӣ, дарафшаку бинигорӣ, ширпайванду маҳтобӣ, ҷавпазаку мирсанҷалӣ ва худрезаку ҷавзоӣ паҳлуи ҳам руста, ба якдигар рангу тароват бахшида, ҳар роҳгузарро ширинком мекарданд.

Шоҳзода Ҷалолиддини Манкбурнӣ, ки шояд дар умраш бори аввал бо хотири осуда ба чунин боғи биҳиштӣ қадам мениҳод, байни растаҳои зардолузори тиллоранг оҳиста-оҳиста гом ниҳода, баъзе шохаҳои пурмеваро бо эҳтиёт хам мекарду аз ҳар навбовае беҳтарин донае ба даҳон меандохт. Табиист, ки сипаҳбудҳо сарвари худро пайравӣ менамуданду ниҳоли пурмева дар они воҳид бемева мемонд. Аммо Ғиёсиддини боғбон аз чунин талаю тороҷ дар рӯзи равшан дилгир нею баръакс, мамнун гашта, боғ-боғ мешукуфт ва пайваста «Бемалол даҳон ширин кунед, ош шавад!» мегуфт. Шоҳзодаю ҳамроҳонаш низ пайваста боғбону ҳамкоронашро таърифу тавсиф мекарданд.

Дар мобайни боғ сайргарони мӯҳтарамро навгонии нишотбахше ба ҳайрат овард: чор гулписари наврас аз чор тараф дар чор табақи гулнақши сафолӣ аз зардолую шафтолую харбузаю бодиринги наврасида чор навъи хубтарин — мирсанҷилии нимбӯр, калвандаи тиллоранг, шамимаи хушбӯй ва толонаи тийиб махсус барои Шоҳзода ширинкома оварданду пеши пояш дузону нишаста, табақҳои пурмева болои сар ниҳоданд. Маҳз дар ҳамин асно аз ҷониби Исфараруд боди мулойим вазида, гесӯи ҳазорранги дарахтони боғи биҳиштиро маҳин шона зад ва бӯйи муаттари насрину қаранфул ва хайрию пудинаро ба машоми ҳозирин расонд. Шоҳзода Ҷалолиддин аз омезиши хушбӯйиҳо ва хушгӯйиҳо сармаст шуд. Ангушти хитоб боло бардошт ва бо лафзи поки тоҷикӣ гуфт:

– Ҳаббазо! Эй мардуми пок, ҳаббазо! Қаблан шунида будам, ки Исфара дили Фарғона асту беҳтарин макон дар ин бӯстон! Алҳол бовар кардам, ки дар ҳақиқат Исфара ҷаннатмакон, беҳин сарзамин дар Мовароуннаҳр будааст! Ҳаббазо!!

Атрофиён — ҳокиму қозию сӯфию ҳама уламо ва деҳхудоёну сарварону бузургмардони Исфара баробар таъзим намуда, сухани хуши Шоҳписари Султон Муҳаммади Хоразмшоҳро сипосгузорӣ карданд.

— Биҳамдуллоҳ, дуруст гуфтед, эй Шоҳзодаи азимулқадр! — яке аз таъзимгарон, марди миёнақаде, ки ҷуббаи гулнақши ҷойдорӣ дар бар дошт, қадаме пеш гузошта, дубора таъзим намуд. — Каломи мубораки шумо боиси сарбаландии мост:

Навниҳоли умратон пурбор бод!

Сабзу зебо, зиннати гулзор бод!

Ҷалолиддин боз ангушти хитоб боло бардошт:

— Эй мардуми пок! Дар чунин макони биҳиштӣ зиста, аз чунин ҳавои муаттар нафас кашида, аз чунин меваҷоти шаҳдрез ком ширин карда, аз чунин манзараҳои зебо баҳра бардошта, шеъри ноб мебояд гуфт! Хушилҳоме ҳаст?

Аз мобайни издиҳом ҷавонмарде бо тавозӯъ пештари Шоҳзода омаду одоби таъзим пурра баҷо овард:

Расид айёми зарпош, эй Шоҳзода,

Ба ман зардолу барчош, эй Шоҳзода,

Дар миёни гулбоғҳои Исфара

Зиёд пайдо шавӣ кош, эй Шоҳзода!

— Бадоҳатан шеър бофтан ҳунари ҳар кас не, ҳаббазо! — шоири ҷавонро рӯҳбаланд кард Шоҳзода Ҷалолиддин. — Пайваста машқ кардан ва маҳоратро сайқал додан ҳар довталабро ба мақсад мерасонад. Боз ягон заҳрадоре хушсухан ҳаст?

Бо ҳидоят ва роҳандозии ҳамдеҳагон шоири шинохтаи ворухӣ Абдулмаҷид аз хиҷолат мисли зардолуи маҳтобӣ сурх шуда, беҷуръатона назди Шоҳзода омаду баъди таъзим ҳолати дигар гирифт ва шеъри тозаэҷод бо лаҳни форам қироат кард:

Эй дил, ту биханд, боғи ҷон механдад,

Зардолу ки пухт, ин ҷаҳон механдад!

Ҳар мева чу ахтарест дар шохи дарахт,

Гӯё ки тамоми осмон механдад!

– Ҳаббазо! — лаб ба таҳсин кушод Ҷалолиддин. — Шеъраки хуб аст, аммо олӣ не. Наход дар Исфара ягон шоири сара набошад?! Ҳайфи манзара…

— Шоири сара ҳаст…

— Кист ӯ?

— Сайфуддини Исфарангӣ!

— Сайфуддин… оё вай самарқандӣ нест? Аҳли адаби Самарқанд дар маҳфиле вайро ҳамшаҳрии худ хонда буданд…

Мирмалик хомӯш истоданро салоҳ надониста, бо ишораи даст аз сипаҳсолор Ҷалолиддин иҷозати сухан пурсид.

— Сайфуддин фарзанди ҳамин диёр, эй соҳибқирон! Мо ҳамсабақем. Як сол дар Хуҷанду ду сол дар Самарқанд якҷоя илм омӯхтем. Ман ба Хуҷанд баргаштаму вай чор соли дигар самарқандӣ шуд… Шоири хуб аст, каломи хуш, табъи баланд, фикри амиқ дорад…

– Ҳоло Сайфуддин куҷост?

Мирмалик китф дарҳам кашиду Абдулмаҷид дарҳол ба кӯмак шитофт.

— Сайфуддин ҳамин ҷост, лекин… ҳавсалаи шеъру шоирӣ надорад.

— Чаро??

— Мусибати гароне ба сараш омадааст… Бародараш ҷувонмарг шуду вай гӯшанишин…

— Дар кулли олам аз шоири гӯшанишин бадтар наёфтаам! Фирдавсию Низомию Хайёму Рӯдакӣ ва Унсурию Ҳоқонӣ магар гӯшанишин буданд? Ҳар рӯзи Худо барои онҳо рӯзи набарду имтиҳон буд. Лиҳозо номи ин бузургони рафта имрӯз баланд аст! Азеро зинда ба шеър аст номи шоир!!

Атрофиён, тибқи таомул, дастҳо пеши бар «Алҳақ!» гуфтанду ҷавонмарди лоғарандоме ҷомаи сиёҳ дар бар ва тоқии кабуд дар сар саҳле лангида, рӯ ба рӯйи Шоҳзода Ҷалолиддин омад. Сару китф андак поён хамонда, таъзими муносиб ба мақоми шоирӣ намуд ва самимона лаб ба гуфтор кушод:

— Ассалому алайкум, эй Ҷаҳонсолори ҷавон, Ҷалоли дин ва Ҷамоли нурофарин, марҳабо ба Исфараи нозанин!

Айши ту ҳамеша дар тамошо хуш бод!

Боғи тараби ту, сарвболо, хуш бод!

Нӯшидани ҷоми бодаву оби ҳаёт,

Бе мо чу хушат набуд, бо мо хуш бод!

Дар лабони Шоҳзода табассум шукуфт ва бо мамнунӣ гуфт:

– Ҳаббазо, эй ҷавони хушодоб ва хушкалом! Сайфуддини шоир, андалеби хушилҳони Исфара ту ҳастӣ?

— Бале, эй Соҳибқирони кишваркушой ва бахти бедори падар. Аҳмади ғамдида манам, ки қадами мубораки ту мусибати сиёҳ аз вуҷудам дур афканд. Инак, бо дили шод ва эҳтироми зиёд ба хидмати Ҷалоли дин ва Ҷамоли нурофарин омадам:

Ман зи баҳри шеър оби зиндагонӣ мех(в)арам,

Айб машмар, гар кунам даъвӣ, ки Хизре дигарам.

Ҳамчу мурғи ҷони поконам дар ин нилиқафас,

Дасту пое мезанам, то нагзарад об аз сарам.

Як дабистони Уторид зодаи табъи ман аст,

Чун ба толеъ зодаи осори саъди Акбарам.

Ҳар куҷо гоме гузорам, бар замин аз файзи нур,

Сурати ҷон менигорад килки маънипарварам.

Ҳаргизам бори бурути кас наҷунбонад зи ҷой,

Нестам хас, то барорад пойкӯбон сарсарам!

– Ҳаббазо, эй андалеби хушнаво, марди поки ҷони покони Исфара! Хуб аст, ки мусибатро падруд гуфтӣ, худро ба мо шиносондӣ ва бо дили гарм ба шеър пайвастӣ. Зиҳӣ, шоир!

Хитоби Шоҳзодаро шунидан ҳамон ходимони чолок ба Сайфуддин кулоҳу хилъати нав пӯшонда, миёнашро бо камарбанди заррин бастанд ва аввалин шуда, ӯро Мирмалик табрик намуд. Ду ҷавонмарди ҳамқад ва хушҳолро дар лаҳзаи шодмонӣ якҷо дида, дили Нигина аз фараҳ лабрез гардид. Ҳис кард, ки нашъаи гарме аз нохуни по то фарғи сараш дамид ва ба тани латифаш ҳузуру ҳаловату қуввати тоза бахшид. Сидқан бовар кард, ки тилисм тамоман шикаста, абгор шудааст.

Пас аз анҷоми табрику таҳнияти атрофиён Ҷалолиддини Манкубернӣ бо нигоҳи меҳрполо Сайфуддинро нигарист:

— Пир будӣ, ҷавон шудӣ, эй шоир! Бигӯй, ки чанд сол дорӣ?

— Маро модар пас аз таърихи ҳиҷрат

Ба соли пансаду ҳаштоду ду зод…

— Эҳ-ҳе! Тамоман ҷавон будаӣ, ман аз ту ҳамагӣ панҷ сол бузург…

— На панҷ сол, балки хеле бузургтарӣ, эй Ҳумоюнбахт! Феҳрасти фазли ту, лутфи беҳамтои ту ҷонро сафо ва илҳомро оби бақо мебахшад. Аз шарофати азми бо барқ ҳаминони ту, бо ақлу ройи савобкори ту аз хоки гуҳарбори мо решаи манҳуси дарахти қарохонӣ бурида шуд! Офарин туро, эй ҷавонбахту ҷавондавлат, ки ҳам азои маро ва ҳам азоби халқи ҷафокашидаи маро хотима бахшидӣ. Дар ин боб руҷӯе дорад шоири Исфара ба мардуми Исфара:

Ҳон, ситамёфтагон, шод шавед!

Ки ситам рафт, расид ин нуқабо.

Субҳи инсоф алам зад бар бом,

Зулмро аз катиф афтод ливо.

Ба навои қаламу теғ нишонд,

Файзи иқбол ғубори ғавғо.

Фитна гар дастдарозӣ медошт,

Адл буррид ба шамшери қазо.

Рафт он навбати бедод, ки буд

Зулмро бар сари халқ истило.

Офтоби назари саъд имрӯз

Соя андохт бар аҳволи шумо!

– Ҳаббазо шоире бо дидаи ибратбин! Мебинам, ки ҳарчанд ғамгинӣ, эй шоир, қалбан мекӯшӣ, то каломат ширин ва олӣ бошад. Боварам торафт қавӣ мегардад, ки ту метавонӣ бо афсуни сухан шаҳду шакар аз най берун кашӣ. Ҳаббазо!

— Лутфи соҳибқирони баландахтар алмудом рахшанда бодо! Қаблан ишора шуд, ки беҳин бузургони назм ҳар рӯзи хеш набарди имтиҳон медонистанд. Аз осори нафас ва шӯълаи чашмони оламгири Султонзодаи бузург эҳсос мекунам, ки имрӯз дар кӯчагоҳи имтиҳон қарор дорам. Инак, ҷавоби ман:

Дар сухан тарзи наве дорам, ки ҳаргиз ҳамчу моҳ,

То фалак гардон бувад, кӯҳна нагардад аз навӣ.

Ганҷи ҳикмат зери ҳар ҳарфе ниҳон дорам, валек

Гоҳ туркӣ хонадаш бо ақл, гоҳе паҳлавӣ.

— Аҳсант туро, эй шоири шакарфишони порсӣ, ки туркию ҳам паҳлавиро медонӣ!

— Хоразмию арабиро ҳам мисли забони модарӣ азбар кардаам…

– Ҳаббазо, эй ганҷинаи Исфара! Бегумон ту маҳз ҳамон шоир ҳастӣ, ки ҷустуҷӯяш мекунам. Падари бузургворам, Шоҳаншоҳи олам маро дастур дода, ки аз ҳар диёри мубтало шоирону ҳунарварони олигуҳарро бегазанд ба Ғӯрганҷ расонам, то зебу зинати дарбори мо шаванд. Азеро баъди шикасти Сомониён сулолаи хоразмшоҳиён умедгоҳи бузургони Аҷам буданду ҳастанд!

Аҳли рикоб бори дигар даст болои сина ниҳодаву сар ба зер афканда, бо як овоз «Алҳақ!» гуфтанд ва бо умеди шунидани ҷавобияи сазовор Сайфуддинро нигаристанд.

Шоири нуқтасанҷ дарҳол ба мадҳи Султон Муҳаммади Хоразмшоҳ пардохт:

Дар гулшани мулк бори дигар,

Товуси зафар кушод шаҳпар.

Афканд ҳумои фатҳ соя

Бар чашмаи офтобханҷар.

Дебочаи корномаи мулк

Шуд хатм ба номи шоҳ Санҷар.

Яъне ки Алои дину дунё

Султон Муҳаммади Музаффар!

Аз ҳар ҷониб нидои таҳсин ва офарин баланд гашту сари Шаҳзода гӯиё ба осмон расид. Донае мирсанҷалии нимбӯр ба даҳон андохта, дигаре ба шоир дароз карду санҷишро идома дод:

— Шоире, ки каломи мавзун, хаёли рангин ва шеваи бовиқор дорад, лоиқ бар он аст, ки дар миёни муосирони хеш ливои сарфарозӣ бардорад. Ҳаббазо, эй Сайфуддин! Лек… маро шубҳае пеш омад: шеъре, ки дар ситоиши падари бузургворам гуфтӣ, тозаву тар аст ё аз дафтари ашъор?

Сайфуддин лаб ба ҷавоб накушода, Абдулмаҷиди Ворухӣ, ки то ҳол дар қариби Шоҳзода меистод, одоби муоширатро риоя накарда, бо эҳсоси баланд гуфт:

— Бадоҳатан, фар-фар шеър гуфтан шеваи бародари арҷманди мост!

Хайрият, ки ҷасорати шоир сипари густохии ӯ гардиду Шоҳзода хашм нагирифт ва бо дониши амиқ набарди суханро идома бахшид:

— Устоди зудшеърӣ ҷуз Рӯдакӣ касе набуду нест! Агар бошад, бигзор дар васфи ин қитъаи замин, боғи афсонавӣ, боди муаттар, оби равон ва хаймаи пурмева бадоҳатан як қитъа шеър бигӯяд. Агар моро писанд ояд, ин қитъаи замин ӯро бубахшем.

Сайфуддин як қадам пештар омаду бо чеҳраи афрӯхта ва чашмони шукуфта лаҳзае дарахтони пурмеваро назора намуд. Сипас дасти чап боло бардошту андалеби шохсор шуд:

Парда бардор, ки сури чаман аст,

Бод дар айни нисори суман аст.

Боғ чарх асту миҷарра майдон,

Шох ҷавзову навбова паран аст.

Самари ғунча зи шохи миност,

Тоҷи пироя зи дурри Адан аст.

Об дар ҷӯй равад чун симоб,

Абр гӯйӣ, ки гули настаран аст.

Бар замин хаймаи тардомани гул

Сояпардозтар аз норван аст

Ҳама хел мева ақиқ аст магар,

Дар дами бод ҳавои Яман аст…

Шеъри фар-фар ҳамаро писанд омад, вале ҳеҷ кас садо баланд накард. Хурду бузург нафас ба дарун кашида, Шоҳзодаро менигаристанд, ки дар суфакати аъло ҳамоно бовиқор менишаст. Нигина ҳам сокит буд, ҳарчанд дили ҳасосаш ороме надошт. Вай хуб медонист, ки шоир ба Шоҳзода шеъри олӣ эҳдо намуд. Аммо намедонист, ки пораи озмоишӣ чӣ сон қадрдонӣ мешавад…

Хушбахтона, интизорӣ тӯл накашид. Султон Ҷалолиддин солор аз ҷой хест. Ба рӯйи сабзаи мулойим, ки шабеҳи пойандози бахмалӣ буд, оҳиста гом ниҳод. Сабук қадам зада, ба паҳлӯи Сайфуддин омад. Шоирро нарм ба оғӯш кашид ва баланду мутантан садо баровард:

— Зеҳ!

Нидои шодӣ аз сайргоҳ ба фалак печид. Нигина ҳам мисли дигарон «Зеҳ!» мегуфту медид, ки муншӣ коғазу давот дар даст назди ҳокими Исфара омад, то санади иқтоъ бинависад. Мирмалик ва Абдулмаҷид сар бар сари Сайфуддин ниҳода, шоири хуштолеъро бародарвор шодишарик гаштанд. Шайх Бурҳониддину Аҳмадсайиду Абдулсайид низ ба ваҷд омаданду аз дур Сайфуддинро бо дастафшонӣ табрик намуданд. Таҳният ва пазириш бо ҳам печиду шукӯҳи сайри зардолу дуболо, мисли ширу шакар фараҳбахшу гуворо гашт.

Ангушти ишорат баланд кардани Шоҳзода мавҷи хушҳолиро паст нишонд.

— Эй мардуми пок! То метавонед, тафохур намоед, ки эдун шоири зӯрманду тавоно дилбанди шумост. Азбас эҷоди волои шоир эъҷози Ягонаи болои сари мост, Сайфуддини Исфарангӣ назаркардаи Худост! Ашъори обдор ва каломи тобдори ин баландахтар умри абад хоҳад ёфт. Ба ман бовар кунед, эй мардуми пок, ки тоҷикӣ бароям забони модарист, «Шоҳнома»-ро хатм кардаву аз ашъори Рӯдакию Хайём баҳраи том бардоштаам, шоҳбайти рехта аз сатри нопухта ба қиёс ҷудо карда метавонам ва бо итминони комил мегӯям, ки манзумаи бадоҳатан эҷодшуда шоҳкорист! Боғи Чилмева ба шоир мебахшам, то саробӯстони хоса ва боргоҳи эҷоди тоза шавад!

Нидоҳои шодбоду шодбош ва ғиреву ниҳеви мардуми хушҳол дигарбора ба хурӯш омад, вале дасти болои Шоҳзода Ҷалолиддин мавҷи баландпарвозро садди муваққатӣ шуд:

— Эй мардуми пок! Сайфуддини Исфарангӣ дар мавзеи Сари Баландӣ сарбаландӣ ёфту аз имтиҳон гузашт! Вай дар рикоби мо ба Ғӯрганҷ меравад ва дар сафи пеши шоирони дарбори шоҳаншоҳи олам ҷой мегирад. Акнун ба шумо ва шоири бузурги шумо даричаи дилро мекушоям, ки шояд охирин шарти имтиҳон бошад.

Тамоми шоирони олам дар боби ишқу муҳаббат абёти ширин ва дилнишин доранд ва ҳамагон маъшуқаро шамъ, ошиқро парвона меҳисобанд. Ин шабеҳи хуб баёнгари ҳол аст. Вале ман ҳеҷ намехоҳам, ки парвона ва парсӯхта бошам. Дар Ғӯрганҷу Бухоро, Балху Самарқанд ва Ҳироту Ҳисор аз шоирони сағиру кабири Аҷам талаб кардам, ки барои Шоҳзодаи ошиқ ташбеҳи нав дарёбанд. Кӯшиданд, ҷустанд, кофтанд ва бофтанд, аммо табъи дили мо чизе наёфтанд. Оё шоири Исфарангӣ ташбеҳи дилхоҳ меёбад?

Сайфуддин дарҳол лаб ба ҷавоб кушод:

Шамъест орази ту, парвона офтобаш,

Парвонасон чӣ дорӣ чандин дар изтиробаш!

Шоҳзода Ҷалолиддин моту мабҳут гардиду бо шавқу шӯр каф ба ҳам зад:

– Ҳаббазо, эй шоири хушкалом ва зудшеър! Офарин, эй шоири бадеъуззамон ва ахтари тобон!

Эй мардуми пок! Ҳамчун фарзанди ваколатдор ба шумо мегӯям, ки аз ҳамин лаҳза эътиборан Сайфуддини Исфарангӣ Малик-ул-каломи дарбори Султон Муҳаммади Хоразмшоҳ аст!

Ҳаббазо! Аҳсант туро!! Зиҳӣ шоир!!!


* * *


Базми ҷамшедӣ бо нағмаи чангу захмаи рубоб ва садои форами доира оғоз ёфт. Мавсими роҳату фароғат фаро расид ва ҳар дилеро ҳаваси рӯйи гуле дар сар афтид. Шоҳзода Ҷалолиддин кулоҳу ҳуллаи нав ба бар карда, бо роҳбаладии Малик-ул-калом Сайфуддини Исфарангӣ ба мистабаи Зумуррадшоҳ даромад. Кохи лаби об, ки дару тирезаҳо аз чормағзи обнус дошту сақфаш бо чӯби санавбар кандакорӣ шуда, деворҳояш аз зари гудохтаю гаҷи дубехта ҷилодор буд, пас аз кофуру уду сипанд сӯхтан басо хушбӯй ва роҳатфизо гашта, барои маҷлиси соҳибдилон омодаву ороста менамуд. Хизматгузорони шигарфу чобук аз гулу ёсуману муҷамбилу райҳон ва хайрии алвон неъмати фирдавс офарида, аз ҷомаи заррину қолини рангин ва фаршҳои навойин тахти шоҳона густарида буданд. Каҷкулоҳони мӯпарешон ва пистадаҳон, ки чеҳраи ҳар кадоме чун маҳи дуҳафта дурафшон буд, меҳмони олиқадрро бо таҳнияту эҳтироми бузург истиқбол гирифта, ба тахти баланд шинонданд.

Аҳли рикоби шоҳзода фарохури қадру манзалат ва мансаб дар паҳлуи чапу росташ ҷойгир шуданду ҳокими Исфара ба арбобу шаҳнаю садри рустоҳо аз онҳо поёнтар нишастанд. Ҷойгоҳи занону бонувон алоҳида ва пардапӯш буду баъде ки ҳама ҷобаҷо шуданд, захмаи рудзан на пасту на баланд садо доду малик-ул-калом бо пешгуфтори на кӯтоҳу на дароз базмро кушод:

Оби мо имшаб зи ҷӯйи Исфара,

Бодаи мо аз сабӯйи Исфара.

Ҷуббаҳо дорем тӯбартӯву лек

Қиблаи дилҳо ба сӯйи Исфара.

Хубрӯёнро дар ин майдони гул

Бар сари ҳар гом бӯйи Исфара!

Дуруди Худой ва худойгон бар меҳмони муаззам Ҷалолиддин ибни Муҳаммад, фарзанди бузурги шоҳаншоҳи олам ва беҳтарин Банӣ Хоразм, ки бо ҳузури мубораки хеш ва ёрони вафодори хеш анҷумани хубонро мунаввар ва мӯҳташам гардониданд. Хурду бузурги Исфара меҳмони муборакнафас ва раҳнаварди ҷаҳондидаро бартар аз нури дидаи худ меҳисобанд ва ману мурғи бедори дилам имшаб дар хидмати Ҷалолиддини азиз аст:

Хусраво, мулки салотини гузашта ин замон

Мар туро чун шири модар ҳаст мероси ҳалол.

Ахтари рушан Ҷалолиддин, ки аз иқболи ту

Бофурӯғ аст аз ҷамолат маснади иззу ҷалол.

Дар ҳавои дилкушои мидҳати ту рӯҳи ман

Ҳамчу товусони қудс аз нур дорад парру бол.

Ҳамчу Хизр аз баҳри шеъраш медиҳам оби ҳаёт,

То қиёмат ҳамчу тӯбӣ тоза бодо ин ниҳол!

То ба шодӣ бигзаронӣ рӯзгори иззу ноз,

Рӯзҳои рӯзгорат бод эмин аз завол!

Шоҳзода ҳамаро дар шигифт гузошта, ба ҳурмати шеър ва иззати шоир сар ба таъзим аз ҷой хест. Лаҳни мусиқӣ ва садои марғулаи Сайфуддин як парда баланд шуд:

– Ҳон, эй базмнишинони саройи сурур, вақти сабӯҳ аст, аттараб!

Эй ёрони маҷлиси унс, дари дилҳо бикушоед, то бо ҳам нишот кунем ва замзамаи ною нӯш, қойидаи гиру дори мардуми Исфара баҷо орем, ки мефармоянд: чанг зану бода нӯш, шод зию ғам махӯр!

Мутрибони чирадаст, ки маътали ишора омода менишастанд, аз «Ушшоқ» навое дар сабки исфарангӣ шурӯъ карданд. Надимони латифу озода нону фатиру кулчақанд оварданд, ғӯробаю риштаугрою оши наргисӣ кашонданд, гулоби Тамохуш ва анӯшаи Чоркӯҳ ба соғар кашиданд, рӯйи хонҳо нишалои Ворух ниҳоданд, барои меҳмони олиқадр хамсатулҳалво аз панҷ деҳа ба тарзи лавзина, машкуфӣ, бодомӣ, залеб ва давомушк фароҳам сохтанд. Дар мистаба ною нӯш ва рақсу хурӯш ба ҷӯш омад.

Хунёгарони волоҳунари Исфара санҷу чантор, чангу чағона ва ною рубоб ба забон оварда, бо камоли завқ сурудҳои ошиқона хонданд. Дили раққосаҳои шӯху шанг ба хурӯш омаду дар ҳавои «Ганҷи бодовард» рақси дастбандро ончунон нозуку латиф иҷро намуданд, ки чашме безиё намонд. Нигина, ки ҳар як ҳаракати мавзуни раққосаҳоро бо чашми омӯзиш менигарист, ҳаяҷони худро пинҳон дошта натавониста, ба Бибинурӣ бехгӯшӣ гуфт:

— Ин хелак рақси зебо бори аввал мебинам!

— Об дар кӯзаю ту гирди ҷаҳон мегардӣ, духтари оча!

— Хуб гуфтед, очаҷон, ман бояд бисёр омӯзам… Оъ, вая бинед!

Ҳар ду баробар Мирмаликро нигаристанд, ки мисли кӯҳ аз ҷой баланд шуду ноҳамвор қадам зада, назди Ҷалолиддин омад ва бо лабханд чизе гуфт. Шоҳзода бо аломати ризо сар ҷунбонду аз мевадони тиллоӣ як шафтолуи сурхи арғувонӣ гирифта, ба дасташ дод ва ангушти ишоратро ҷунбонда, коре фармуд. Сипаҳбуди кӯҳпайкар бо мамнуният таъзим намуда, тавре ки омада буд, ноҳамвор қафо гашту худро ба кати ворухиҳо расонд. Аввал ҳадяи Шоҳзодаро бо эҳтироми хос ба тағояш супурду баъд ба паҳлуи Абдулмаҷид нишаст ва латифае гуфт магар, ки ҳама қоҳ-қоҳ хандиданд. Ҷой иваз кардани Мирмалик аз назари мири базм пинҳон намонд ва азбаски дар толор бемалол гаштугузор карда метавонист, бе ҳеҷ истихора ба шафати Иброҳимхоҷаи кадхудо омада нишаст.

Дар базмгоҳ ҳама мамнун ва масрур буданд, аммо Нигина шодию нишоти дучандон дошт. Пас аз интизорию умедвории ҳафтмоҳа оқибат бахташ хандид ва ҳар ду азизи дилашро дар як ҷо — ҳамнишину ҳамҷавор дид! Ҳар ду хилъату кӯлоҳи якхела доштанду наздиктарин муқаррабони Султон Ҷалолиддин маҳсуб меёфтанд — яке сиппаҳбуди разм, дигаре сипаҳбуди базм… Ҳар ду қаду басти якхела ва чашмоне мисли кавкаби дурахшон доштанду чеҳраи дилкаш, абрувони паҳну пайваста. Фарқи ягона ин буд, ки Мирмалик мӯйлаби сип-сиёҳи сипоҳона дошту Сайфуддин мӯйлаби дарози борик ва риши пасту гирдаи шоирона… Ҳар ду барои Нигина мӯҳтарам буданд — яке шеър бахшида буду дигаре китоби армуғонӣ ва қанди наврӯзӣ… Ва боз… ҳар ду дили бедори ӯро тасхир карда буданд — яке дар аспрезу дигаре дар боғи Чилмева…

Нигина аз паси парда ҳар дуро баръало медид, вале ин таҳам-танҳо ӯро дар паси парда дида наметавонистанд. Зеро аз пардабардорӣ оҷиз буданд…

Наход ин ҳолат то абад бетағйир монад??!

Нидои сӯзони қалби ларзонро ҳар ду шуниданд магар, ки баробар ба кати пардапӯш нигаристанд. Аз чунин мувофиқат Нигина лаҳзае карахт гашт, вале кати пардапечро бо даст нишон дода, бо ҷӯшу хурӯш гап задани Абдулмаҷидро дида, зуд бо фаросат дарёфт, ки шоири сархуш дар базмгоҳ ҳузур доштани Нигинаро ба онҳо ошкор кардааст…

Муғаниён оҳанги навозиш дигар карданду доира бо садои дилхурӯш раққосаи таннозеро ба ҷилва овард. Нигина бо як дидан ӯро шинохт. Тантанаи ҷашни ҳазора, ишваю ҷилваҳои Товуси навхиром, тозон ба саҳна баромада, ин раққосаро тақлид карданҳояш, аз сари ваҷд ба духтарчаи сесола шеър бахшидани шоири ҷавон Аҳмади Исфарангӣ турнақатор пеши назараш падидор гашт. Дар дили тасфидааш шавқи тозае ҷӯшид. Хост тозон ба саҳна барояду он лаҳзаҳои гуворои кӯдакӣ бори дигар такрор кунад, то аз малик-ул-калом Сайфуддини Исфарангӣ шеъри наве мукофот гирад. Вале панди Очанурӣ, махсусан «ҳеҷ вақт ба ҷилваи товус тақлид макун!» гуфтанаш монанди як каф оби хунук тафси дили ҷӯшидаро паст гардонд. Пушти лаб бо нӯги дандон газида, ба дастафшонию чашмпаррониҳои Товуси хушхиром бо чашми дигар назар афканд.

Шоҳзода низ ҷилваи ҳусн ва рақси кокулро бо диққати том тамошо мекард. Лекин аз ваҷоҳаташ аён буд, ки лаззати том набардоштааст ва гумон, ки лаб ба таҳсин кушояд. Раққосаи дуюм низ сазовори таҳният нашуд. Ҷамилаи Кандӣ ҳам ҳарчанд кӯшид, мавриди таваҷҷӯҳи олӣ қарор нагирифт. Мизбонҳои асосӣ хотирпарешон гашта, шодгунаи соҳибҷамол Нодираи Чоркӯҳиро пеш андохтанд, ки муғаннияи хушсадо ва раққосаи хушадо буду дурдонаи Исфара. Нодира дар ҳавои таронаҳои мардумӣ бо нозу адои дилбарӣ ба ҷилва омад ва дар мистаба шӯр ангехт!

Шоҳзода низ худро дошта натавониста, мисли дигарон кафкӯбӣ намуд ва бо чеҳраи болида гуфт:

– Ҳаббазо! Эй ҳунёгарони Исфара, бо савту садои ангубин ва рақсу адои оташин маро ҷигаркабоб кардед, офарин! Баста бодо нафаси субҳидам то даме, ки маро муроди дил ба каф ояд!

Маро дар дил орзуест, ки дар Исфараи нозанин беҳтарини беҳтарин раққосаи маҳҷабин бубинам. Шодгунаи сарвқади лоларухе мехоҳад дилам, ки хиромидану гуфтору рафтораш, қаду басту ҳусну ҷамолаш нотакрор, накӯтар аз тозагули навбаҳор бошад! Агар ӯро пайкар ва ҳунар дили маро писанд ояд, сар то қадамаш зару зевар пошам!

Ҳокими Исфара огаҳии том дошт, ки шодгунае ба чунин авсоф дар мистаба нест. Бо таваллою зора Сайфуддинро нигарист, ки мушкилкушо шавад ва бо сеҳри калом чора дарёбад.

Шоир дар байни обу оташ монданашро фаҳмид, аммо наларзид, балки бо лабханди ширин нидо кард:

— Фориғу дилшод бош, эй Шоҳзодаи хушиқболу фарохдавлат, ки туро лутфи Кирдигор муйин асту гулшани саодат ба ройи ту қарин! Азбас аҳли ҳунар азиз медорӣ, гули дилҳои пуршарар баста дар дасти тавонои туст. Қалби поки шоир далолат медиҳад, ки раққосаи дилҷусти Шоҳзода Ҷалолиддин дар ин мистаба ҳузур дорад. Аммо кӣ будани ӯро касе намедонад!

— Кист ӯ?

— Дувоздаҳ сол муқаддам рақси як духтарчаи сесоларо дида, аз ҳайрат даст ба гиребон бурда, шеърпорае ҳадя карда, шоирона фотеҳа дода будам. Лаҳзае пеш аз сипаҳбуди диловари ту Мирмалики Хуҷандӣ фаҳмидам, ки он лоларухак имрӯз Маҳастии замон асту маҳастивор менавозад, мехонад ва мерақсад.

— Маҳастиро медонам, ки ҳамнишин ва ҳамсӯҳбати Султон Санҷар буд. Аммо куҷост Маҳастии нав?!

— Нигина бинти Абдулсайид, ки аз Хуҷанд омадааст, меҳмони базми мост. Вале… наметавонам, ӯро ба саҳна хонам…

— Чаро?!

— Падараш Абдулсайиди дуредгар ин ҷост ва ба ман гуфтанд, ки Нигина бе изни падар ҳатто нафас намекашад.

– Ҳаббазо! Офарин ба чунин падар ва таҳсин чунин духтари покро!

Тавсифи Шоҳзода падару духтарро ба по хезонд. Баробари онҳо Аҳмадсайид низ аз ҷой хесту саросема лаб ба тамаллуқ кушод:

— Аввало, ассалому алайкум, эй Шоҳзодаи бузург. Ман Аҳмадсайиди бозаргон, амакбузурги Нигина. Ҳар як сухани Шоҳзодаи бузург тоҷи сари мо. Иҷро кардани хоҳиши дили меҳмони бузург барои мо ҳам фарз асту ҳам қарз. Ҳозир Нигинаи мо ҳунарашро нишон медиҳад.

Эй шоир Аҳмад ибни Муҳаммад, бишнав, ки падараш розӣ асту ба Нигина — иҷозат. Худо кушоиш диҳад.

Баъди фурсате дар мистаба навои «Нози Наврӯз» танин андохт. Бо ҳавои мусиқор рухсораи латифи Нигина чун моҳпора оҳиста-оҳиста аз пардаи рақиқ падид омад. Вай чамон гом ниҳода, ба мобайни давра расиду башаст сари зону нишаст. Ҳамон замон сар ба зер афканд ва бо ҳаракати латифе ҳиҷоби гулфом ба пушт партофт. Кулолаи қиргуни вай, ки бо моҳичаҳои нуқраю тиллоӣ — ҳадяи наврӯзии Бобокалони Бузургаш оро ёфта буд, мавҷ-мавҷ парешон шуд ва ҳарири танаш чу гули сапеде зери барги бунафша пинҳон гардид. Тавқи заррин, дастпонаи тилло ва гӯшвораҳои нуқрафом низ зери ҳиҷоб монд. Садои мусиқор ҳам сонияе хомӯш шуд ва ҳамагон фаҳмиданд, ки ҳусни оғози рақси нав идомаи пуршӯр хоҳад ёфт…

Душвортарин рақси айёмро интихоб кардани Нигина сабаб дошт. Вай беш аз сад рӯз заҳмат кашидаю баъзе шабон ҳатто нахуфта, мушкилтарин ҷузъиёти рақси фаромӯшгаштаро азбар намуд, ҳама дархосту талаботи устод Рубобиро нукта ба нукта иҷро кард, се маротиба дар танҳоӣ рақсиду ноҳамвориҳои ба чашми дигарон ноаёнро низ сайқал дод, то дар маҳфили наврӯзӣ баҳои сазовор гирад. Вале аз ноомади кор, як рӯз пеш аз маҳфил бемор шуду «Бисмил» бисмил шуд, яъне рақси эҳёгашта норақсида монд…

Вақте ки дар маҳфили имрӯза Шоҳзода Ҷалолиддин дидани раққосаи накӯтар аз тозагули навбаҳорро дархост кард, дили орзупарвари Нигина беқарор гашт. Овози дурпарвози Очануриро баръало шунид: «Эй кабки хушхиром, хушу хуррам ҷилва намо, шоҳзодаро бисмил гардон!»

…Нигина бо тамоми ҳастӣ мерақсиду Ҷалолиддин бо тамоми вуҷуд мафтун мешуд. Чун ҳамеша ҳушёру бедор буд, аммо мисли масте, масти беҳад бодахӯрдае чашми парешон дошт. Орази гулгун, наргиси фаттону лабони ақиқ, абрувони пайвасту холи мушкин, чеҳраи нурафзою соиди симин ва баногӯши булӯрини ин лӯъбати хиромонро дар тарозуи харидорӣ бармекашид.

Вай моҳталъатони хуршедваши бисёре дида, ҳатто ба шаҳри Халлух — макони гулрухони ҳурнажод сафар карда буд. Нозанини нозанинҳои олам Салмои арабдухтро ҳам медонист. Аммо ба чунин ҳусну латофат нозанини бунафшазулфу наргисчашм ва симтану насринбарро, ки ранги рухи аз лола басо нозуктаре дошт, то ҳол надида буд. Зери лаб «дар ҳеҷ давру замон ҳеҷ модар ба чунин ҳусну ҷамолу ҳунар ҳеҷ духтар назодааст!» гуфту бисмил шуд. Ва чун рақс анҷом ёфт, мисли хуршеди тобони сари кӯҳ баланд қад афрохта, се карат бо хушҳолӣ нидо кард:

— Зеҳ! Зеҳ!! Зеҳ!!!

Аз сари Нигина зару зевару тилло мисли борон борид…

Шоҳзода Ҷалолиддин ангушти ҳукумат боз боло бардошт:

– Ҳабазо, эй мардуми пок, барои эдун тӯҳфаи шоҳона!

Ин дурдонаи ягона зеби хазинаи шоҳаншоҳист! Ӯро бо эҳтиёти том ҳамроҳи худ ба Ғӯрганҷ мебарам ва мисли гавҳараки чашм нигоҳ медорам.

Агар Маҳастии Хуҷандӣ кабӯтари ҳарами Султон Санҷари Салчуқӣ будӣ, Нигинаи Ворухӣ кабутари ҳарами Султон Муҳаммади Хоразмшоҳ — Санҷари сонӣ шудӣ!

Ат-тараб, эй мардуми пок, ат-тараб!!

Поёни китоби аввал

КАБКИ ЗАРРИНҚАФАС

Пешгуфтори китоби дуюм. Дебочаи салтанати Хоразмшоҳиёни кабир аз дидгоҳи шоири суханперо ва раҳнамо

Шоҳзода Ҷалолиддин «кабутари ҳарам» гуфтан замон дили Нигина сахт такон хӯрд. Ёдаш омад, ки сиришташ бо риштаи ноаёне банд-банд ба ин паррандаи зебо пайванд аст: модари фарзандгадояш кабутар дар хоб диду Пири равшанзамири Хуҷанд аз кабутархонаи хеш якеро ба Мастура бахшид, лекин кампири дилсиёҳ коре кард, ки модари сарторик паррандаи биҳиштиро бо дасти худ кушту пора карду тӯъмаи ҷиғилдон кард; кабутаре, ки аз боло ба шикам даромад, аз поён саломат баромаду бо нидои шоири ҷавон Аҳмади Исфарангӣ ва хитоби ҷаҳонпаҳлавони ҷавон Мирмалик аввал кабутари навпарвози Ворух шуд, баъд кабутари ниқобдори Моҳпарӣ, сипас кабутари навзахмаи Хуҷанд; Пири Бузургвори замон ӯро кабутари обӣ хонду бо маслиҳату дуои нек раҳнамоӣ кард, рӯҳи шоди шоира Маҳастӣ ӯро кабутари муҳоҷир номид, навозид ва инак, бо амри шоҳзода кабутари ҳарами подшоҳ унвон гирифт!

Амри султонзодаро ҳадяи тақдир ҳисобида, болу пари нав бароварда, шодон ва ғазалхон омодаи парвоз шуд. Вале амакдухтараш Назокат ба косаи пуршаҳд қаламфуре хаст:

– Ҳайронам, ки чува аз шодӣ беист қанотак мезанӣ?! Оъ… кабутари ҳарам чизи ганда, парандаи ҳаром, амакдухтар. Чунки аз падару модар, ёру диёр, аз зиндагии инсонӣ умрбод ҷудо мешавӣ. Маънои дигари кафтари ҳарам кабки қафас, амакдухтар! Подшоҳ «шин» гӯяд — мешинӣ, «хез» гӯяд — мехезӣ, «мур» гӯяд — мемурӣ! Яъне ки дар Ғӯрганҷ бо ҳеҷ кас гап задан наметонӣ, аз зиқӣ дилат анор барин парс мекафад…

Нигина, ки дар лаҳзаҳои душвор чашми умед ба Бибинурӣ медӯхт, илтиҷо кард, то маънии «кабутари ҳарам» саҳеҳ фаҳмонад ва агар гапи Назокат дуруст бошад, аз сафар даст кашад.

— Дар зиндагӣ ҳамаи мо — занҳою духтарҳо кабки қафасем, бе иҷозати соҳибони сари худ майли хотир нафас намекашем. Аммо кабутари ҳарам ҳарчанд ба кабки зарринқафас монандӣ дорад, чизи тамоман дигар асту ғайри подшоҳ ба каси дигар тобеъ нест. Яъне ягон кас ба кабутари ҳарам бо чашми бад нигоҳ карда наметавонад ва ҳатто бе изну иҷозати подшоҳ бо вай гап зада наметавонад. Лекин кабутари ҳарам беғаму осуда мегардад, либоси дилхоҳашро мепӯшад, таоми дилхоҳашро мехӯрад, ба ҷойи дилхоҳаш саёҳату тамошо меравад, ғулому канизак, фаррошу хидматгузорҳо дорад… Агар хулосатан гӯем, ба кабутари ҳарам ҳама чиз дастрас асту лекин вай парандаест дастнорас!

— Барои Мирмалику Сайфуддин ҳам дастнорас аст?

– Ҳар дуи онҳо дар Ғӯрганҷ кабутари ҳарамро ду боли парвоз мешаванд!

Андактар шодии Нигина дучандон шуд. Зеро фаҳмид, ки шайхбобоҳои хуҷандиаш Бадеуддини Нурӣ ва Бурҳониддини Валӣ бо Пири маънавии Ғӯрганҷ, асосгузори тариқати кубравия Шайх Наҷмиддини Кубро пайванди мустаҳкам доранду ин бузургвор муттакои Нигина мешавад… Фақат… андаке дилхиҷил буд аз он, ки дар бораи шоҳаншоҳи Хоразм Султон Муҳаммаду писараш Ҷалолиддин ва давлати Хоразмшоҳиёни Кабир маълумоте надорад. Яъне, бо чашмони баста, кӯр-кӯрона ба мамлакати ношинос меравад.

Мушкилотро роҳ — роҳи басо дурмадарози Ворух-Ғӯрганҷ ҳал кард. Муддати сафар — сафари хеле мадид, ки анқариб ду моҳ тӯл кашид, имкон фароҳам овард, то Нигина ба ҳар пурсиши шогирдонаи худ аз шоири донишманд ва сухансарои раҳнамо посухи пухта шунавад. Сайфуддини Исфарангӣ, ки пирону волидон сарпарастию беҳрӯзии ганҷи ягонаи Ворухро ба ӯ супорида буданд, дар муқаддимаи сухан гуфт, ки алҳол сулолаи чаҳоруми Хоразмшоҳиён ҳукмронӣ мекунанд.

— Поягузори сулолаи хоразмшоҳиён шоҳ Африғ ба ҳисоб меравад. Вай нӯҳсад сол пеш дар ҷануби Хоразм қалъаи подшоҳӣ сохту дар гирдаш раво — раво шаҳри Кат бунёд гардид ва пойтахти давлати навзуҳур шуд. Баъди ҳафтсад сол шоҳ Маъмун аз шимоли Хоразм сар бароварду қисмати ҷанубро забт карда, дуюмин давлати хоразмшоҳӣ ба вуҷуд овард, ки пойтахташ Ғӯрганҷ шуд. Ин сулола ҳамагӣ бисту ду сол умр диду ғазнавиҳо Олтинтошро ба тахти подшоҳӣ шинонданд ва ӯ чор сол зиёдтар ҳукм ронд. Сипас сулолаи чаҳоруми хоразмшоҳиён ба арсаи таърих баромад.

— Ин сулоларо кадом подшоҳ асос гузошт?

— Асосгузори ин сулола подшоҳ не, ғулом аст, — гуфт бо овози паст Сайфуддин ва Нигинаро таъкид намуд, ки ин сирро дар дил маҳфуз дораду асло ба овози баланд нагӯяд. — Қиссаи мазкур басо ибратбахш асту баёнгари қудрати илоҳист. Яъне Парвардгори олам метавонад, шоҳро гадою ғуломро подшоҳ созад. Чуноне ки Анӯштегинро бо марҳамати олии хеш сарфароз гардонд.

Ин марди ҳақирро ғуломи ҳалқабаргӯши Маликшоҳи Салчуқӣ мегуфтанд. Ба ин маъно, ки овози шоҳ овезаи гӯшаш буду тибқи таомули дарбори салчуқиён як сол пиёда хизмат кард, зеро ҳуқуқ надошт, ки дар ин муддат бар асп нишинад. Аз қазо боре дар назари Маликшоҳ намоён гардид. Он рӯз бори ом буд ва фурсате мувофиқ афтоду Анӯштегин гуфт: «Эй бузургвор шоҳ, банда камари хизмат бар миёни камари ҷон бастаам»

Сухани шоирона султони баландҳимматро писанд омад ва фармуд, ки ҳар сухану амали вайро ошкору пинҳон биозмоянд. Зеро Маликшоҳ одате дошт, ки бар андозаи хизмати бенуқсон, ҳунари шоиста ва ҷоннисорӣ ғуломонашро тадриҷан, дараҷа ба дараҷа мартаба меафзуду некусуратӣ ва диёнати Анӯштегинро фаҳмида, маркабе одӣ бахшид. Ғуломи шодгашта соле дигар ба хоки қадами хоҷааш ҷон фишонд. Аъмоли шоистааш ба лутфу карами Маликшоҳ қабул афтод ва ӯро аспи туркӣ доданд бо лигому зини одӣ… Соли панҷум зине беҳтар ва лигом бо кавкаб гирифту соҳиби гурз шуд. Соли шашум ҷомаву қабои хоса доданд. Баъди соле соҳибхайма шуд. Се ғуломак дар итоати ӯ карда, вусоқбошӣ лақаб ниҳоданд ва кулоҳи намади сиёҳ дар сараш пӯшонданд. Пас аз се сол таҷаммулаш зиёда гашта, ба мартабаи хайлбошӣ расид. Пас ҳоҷиб шуд. Чун садоқату ҳунараш равшантар зуҳур ёфт ва ба корҳои бузург даст ниҳод, шиҳнаи Хоразм таъйин шуд. Ривояте ҳаст, ки Маликшоҳ дар ин маврид чунин гуфта: «Бегона агар вафо кунад, хеши ман аст!»

Ҷумлаи пурмеҳри шоҳи салчуқӣ самари нек овард ва Анӯштегине, ки дар бардагӣ «Ғӯрча» лақаб дошт, Ғӯршоҳ шуд. Зеро пойтахти мамлакатро аз ҷануб ба шимол кӯчонду дар Ғӯрганҷ сулолаи чаҳоруми хоразмшоҳиёнро хишти аввал ниҳод…

Баъди сари ӯ Қутбиддин Муҳаммад ба тахти подшоҳӣ нишаст…

— Шоҳи ҳозираи Хоразм?

— Ин Қутбиддин Муҳаммади сонӣ аст. Қутбиддини аввал нахустфарзанди Анӯштегин буда, камолоти вай маро ба андешае мебарад, ки банда агар хоҷа шавад, хоҳ-нохоҳ умеди салтанат мекардааст. Анӯштегин низ албатта, орзуҳои хаёлӣ дар сар дошту ба тарбияи нахустфарзандаш эътибори махсус дода, аз хурдсолӣ дар дили кӯчаки ӯ нисбати илму адаб шӯълаи меҳру муҳаббатро фурӯзон сохт, Қутбиддинро дар беҳтарин мадрасаи Марв — Шоҳи ҷаҳон сабақ омӯзонид. Фарзанди қобили падар бо иштиёқи том таҳсили камолот кардаву дар аксари фунун камоли маҳорат ёфта, кори дину ҳикмати бисёр омӯхта, олиме фасеҳ ба Ғӯрганҷ баргашту назди аркони Салчуқиён мӯҳтарам гардид ва баъди фавти падар мансаби вайро соҳиб гашт. Андактар бо иродаи султон Санҷар волии Хоразм шуду иқтоъдор ва Хоразмшоҳ лақаб гирифт. Зеро бо панди падар бетақсир амалкарда, ҳурмати хонадони салчуқиён сидқан нигоҳ медошт ва фарзандонашро низ насиҳат мекард, ки «ба забон дигар магӯй ва ба дил дигар мабош…»

Қутбиддин Муҳаммад муддати сӣ сол халқро одилу уламоро меҳрубон буд. Чун озодмарди худотарс шӯҳрат дошту мардумро ба хайри худ умедвор карда… Хоразм аллакай дар он айём таъна бар Мисру Чин мезад ва аъёну акобири замон садри Хоразмро бо эҳтиром «подшоҳ, қутби дунё ва дин Абулфатҳ Мӯъйин Амир-ал-мӯъминин» мехонданд.

Қутбиддини аввал бо ин ҳама бузургӣ ва ҷоҳу ҷалол ҳамоно бандаи содиқи салчуқиён буду хироҷи муқарраршударо як сару мӯ кам накарда, дар вақташ бехиёнат месупорид. Чун офтоби умраш бар сари девори дунё расид, меҳтарписараш Алоуддини Отсизро ба хилват хонд ва гуфт: «Савганд хӯрдаам, ки то ҷон аз ман набарояд, хонадони салчуқиён гиромӣ дошта, хидмати эшон ба ростон ва бенуқсон адо намоям. Кори Хоразм акнун мунтазам асту дар уфуқи салтанат хуршеди саодати ту тобон омада… Ҳоло, ки маро кор аз даст ва тир аз шаст меравад, суботи мулку бунёди давлати мо дар изни туст. Халқро дӯст дору молро душман ва ба ноҳақ аз раъияти Хоразм ягон дирҳам наситон, то туро ба ними он нафрӯшанд…

Бахти ҳумоюнист, ки туро бо оли салчуқ ягон савганд дар миён нест. Ҳолиё эшон бо хештан мағруранд, даъвии тоҷу тахт бо хун мекунанд, бо якдигар ҳарбу зарб доранд. Ту на бо меҳтар бошу на бо кеҳтар. Бо аҳли Хоразм нек бошу некӣ талаб ва рӯзи нек дарёб, ки худ толеи нек дорӣ…»

Отсиз васияти падар бо гӯши дил шуниду баъде ки Султон Санҷар бе ҳеҷ дудилагӣ ба номаш хати маншур дод ва ба тахти хоразмшоҳӣ шинонд, доии хешро сидқан дуо ва сано хонда, камари хизмат бо рағбат ба миён баст. Ин ҷавонмарди бистунӯҳсола турке буд мубориз, аммо донишманду нуктасанҷ. Мисли падар ва бо ҳидояти ӯ дар Марви бузург таҳсили илм карда, ҳамзамон бо удабо ва шуарои замон ҳамнишин гаштаву аз файзи сӯҳбати эшон баҳраҳо бардошта, ҳатто ба тоҷикӣ қасидаву рубоӣ эҷод мекард.

— Отсизро турк гуфтеду боз мегӯед, ки ба тоҷикӣ шеър менавишт…

— Мардуми Хоразм ва Аҷам ҳама аз як гавҳаранд, хеши якдигаранд ва ҳамкешанд. Мегӯянд, ки Зардушт дар ин диёр зуҳур намуда ва дини габроӣ оварда… Хати хоразмиёни қадим ба алифбои суғдию портӣ монанд асту идҳояшон то ба имрӯз якхела… Аҷоиботи таърих ин аст, ки араб ба мулки Хоразм дини ислом оварду… лафзи дарӣ! Ин забони шеъру шоирӣ забони қадимаи хоразмиро тадриҷан танг карда, аз арса берун оварду дар Хоразми имрӯза ҳама турку қипчоқу араб ба тоҷикӣ ҳарф мезананду менависанду давлатдорӣ мекунанд ва тавре ки гуфтем, ҳатто шоҳ Отсиз ба тоҷикӣ шеър менавишту васияти падарро мӯ ба мӯ иҷро карда, аҳли илму адабро гиромӣ медошт.

Муносибати хайрхоҳонаи шоҳ Отсиз ба олими забардаст Исмоили Ҷурҷонӣ исботи ин фикр асту бовар дорам, ки ту ин номи табаррукро шунидаӣ…

— Бале, асари олиқадри Ҷурҷониро дар кошонаи Маҳастӣ хондаам, — дарҳол посух гардонд Нигина. — Бо забони содаи пуртаровати дарӣ навишта шудааст. Осори гаронбаҳои илми тиб бошад ҳам, монанди шеъри фасеҳ равону оммафаҳм…

— Номи китоб дар хотират ҳаст?

— Агар хато накунам, «Захираи хоразмшоҳӣ». Ба хотирам омад: муаллиф дар муқаддимаи китоб навиштааст, ки ҳукми боду ҳавои Хоразмро дида, ин ҷо мақом ихтиёр кардам…

— Дуруст гуфтӣ, аммо ноқис! — Сайфуддин аз хурҷин китоби муқовааш чармин бароварда, варақи аввалашро кушод. — Чанд ҷумлаи пешгуфторро мухтасаран мехонам, бодиққат шунав: «…Тақдири Эзади таъоло чунон буд, ки ҷамъкунандаи ин китоб қасди Хоразм кард ва ба хидмати Худованди некбахт… Абулфатҳ Қутбиддин Муҳаммад… шуд андар соли понсаду чаҳор аз ҳиҷрат. Хушии ҳавою оби ин вилоят бидид ва сирату сиёсату адли Худованди Хоразм бишнохту ин ҷо мақом ихтиёр кард ва андар сояи адлу давлати ӯ биёсуд, ба неъмату ҳашмати ӯ мустаҳзир гашт… Чун осори неъмати ӯ бар аҳволи худ бидид, аҷаб донист ҳаққи неъмат шинохтан ва шукри он гузоридану расми хидмат барҷой овардан… Бар ин ният… самараи илмӣ, ки муддате аз умри хеш андар он гузаронидааст, ба номи ин Худованд ҷамъ кард ва китобро «Захираи Хоразмшоҳӣ» ном гузошт, то ҳамчун номи ӯ андар офоқ маъруф гардад ва ҳамчун хубномаи ӯ андар ҷаҳон дер бимонад…»

Сайфуддин китобро пӯшиду бо табассум гуфт:

— Иловатан бар ин навиштаҳо мегӯям он чиро, ки дар Бухорою Самарқанд аз уламою удабо шунидаам. Дарбори Хоразмшоҳ ҳамарӯза пур аз аҳли илму адаб буд, вале вай табиби ҳозиқ ва олими пурдон Исмоили Ҷурҷониро дидан ҳамон гул-гул шукуфт, дорухонаи шоҳаншоҳии Баҳоуддавларо дарҳол ба ихтиёраш гузошт, барояш як ҳазор динор моҳона муқаррар карду бо лақаби «афозил-ул-утабо» сарфароз гардонд. Яъне, ба олими арҷманд ҳама шароитро фароҳам овард, то шоҳасаре иборат аз даҳ ҷилд эҷод кунад, ки муҳимтар аз ҳама китобҳои порсӣ то ба ин замон аст…

Замоне, ки Қутбиддин Муҳаммади аввал аз олам гузашт, Исмоили Ҷурҷонӣ пири хирадманди ҳаштодсола буд. Аз асрори тиб, ки огаҳии комил дошт, бо табъу завқи ҷавонӣ эҷодкориро идома медод. Шоҳ Отсиз низ дар пайравии падар меҳрубонию олиҳимматиро нисбати ин олими забардаст идома медод. Маҳз бо дархости подшоҳи ҷавон муаллифи китоби азими «Захираи Хоразмшоҳӣ» онро хулосатан ба шакли ана ин дуҷилдаи хурдҳаҷми сафарӣ дароварда, «Хуфии Улоъӣ» номид, ки ҳамеша бо ман аст. Маҳз бо маслиҳати Отсиз китоби наве бо номи «Ағроз» навишт. Вале оқибати кор нохуб шуд…

— Яке дигареро ранҷонд?

— Не. Султон Санҷар, ки мисли дигар шоҳони салчуқӣ хату саводи кофӣ надошт, Исмоили Ҷурҷониро ба меҳмонӣ даъват карду иҷозати аз Марв баргаштан надод. Вайро нисбати Отсиз ду карат бештар иззату эъҷоз кард, то «Зихираи Хоразмшоҳӣ» ба номи худ гардонад. Ин рафтори ғаразнок ҷунуни Отсизро бедор кард. Аз дилаш оҳи оламсӯз бархест. Азбаски дар шарёни вай аллакай хуни бардагӣ кам буд ва ба Султон Санҷари Салчуқӣ дили нохоҳам сари итоат фуруд меоварду пайваста барои исён пайти мувофиқ меҷуст, аз супоридани хироҷ сар печид. Султон Санҷар сахт малӯл гашта, шоири дарбораш Адиб Собири Тирмизиро гумоштаи худ хонд ва гуфт, ки аз китобхонаи шоҳаншоҳӣ чаҳор уштур дастнавис ва девонҳои камарзиш бо худ бигирад ва аз Марв ба Хоразм рафта, бо удабо ва уламои он иқлим дар иртибот бошад ва ҳокими нофармонро ба итоат даъват кунад. Бигзор ин амал ошкоро, дар мадди назари ҳамагон сурат бигирад, аммо зимнан «мутаҳафизи ҳолот ва мутафаҳҳис ва мунҳӣ бошад».

— Ин ибора чӣ маъно дорад? Ҷосус ва хабаркаш?

— Ё ҳар ду. Саҳеҳтараш, чашми бино ва гӯши шунавои подшоҳ.

Отсиз вакили Султонро бо иззату икроми шоиста пазируфт ва гуфт: «Ман коре ба тариқи қасд накардаам, ки хилофи ҷонсупорӣ ба Султони Кабир бошад. Ниҳоли хилоф шинондану меваи дӯстӣ ҷустан шеваи мо нест ва моро насиҳати падар он аст, ки дар роҳи садоқат каҷрафтор набошем, то давлати ҳумоюнӣ осеб наёбад ва мурғи бахт парканда нашавад».

Ҳокими исённиҳод хашм як сӯ ниҳода, ба ин радиф каломи ширин бисёр густарид, то ба самъи Султон гуворо ояд ва шоирро бовар кунонд, ки ӯ ҳамеша мутеъ ва фармонбардори Санҷари Бузург аст. Сипас шоири дарбори худ Рашиди Ватвотро ба хидмати Адиб Собир гузошт ва барои ташкили маҳфили шуаро ба уламои Ғӯрганҷ дастур дод.

Чун шоирон берун шуданд, Алоуддавла ба гӯшаи хилват рафт ва ғарқи дарёи тафаккур шуд. Зеро аз омадани гумоштаи хосаи Султон ваҳми азиме дар дилаш роҳ ёфта буд. Баъди андешаи тӯлонӣ ду шермарди фидоиро пинҳонӣ ба Марв фиристод, то илоҷи воқеаи номатлуб қабл аз вуқӯъ кунанд ва бо ҳилаю тазвир ё сӯиқасд Султон Санҷарро бикушанд.

Ин супориши билкулл махфӣ буд, аммо Адиб Собири зирак ва чолок тавонист онро бо тамоми ҷузъиёташ ошкор созад. Чеҳраи ин ду фидоиро возеҳу равшан рӯи коғаз ба тасвир кашиду хонумеро, ки машқи шеър дошт, киро карда, ду тасвира дар ду соқи мӯзаи вай ниҳод ва оҷилан сӯи Марв фиристод.

Баъди чанде навкарони махсуси Султон Санҷар он ду фидоиро дар хароботе дарёфтанд ва ба қатл расонданд. Чун овози ин фоҷиа ба Ғӯрганҷ расид, Малик Отсизро ҳатто як тора мӯйи абрӯяш хам нахӯрд. Зеро қабл аз вуқӯъ ҳама гуна фарҷоми ҳодисаро ба ҳисоб гирифта буду бе ягон дудилагӣ фармуд, ки дасту пойи Адиб Собири ҷосусро бо ресмон мазбут баста, ба дарёи Ҷайҳун андозанд ва бо азобу шиканҷаи алим ғарқ кунанд…

— Вай ман мурам!! Чунин бераҳмӣ нисбати шоир гуноҳест нобахшиданӣ! Маълум мешавад, ки Отсиз турки золим аст, на шоҳи одил!

– Ҳақ ба ҷониби туст. Баъди ин фоҷеъа аҳли илму адаб аз Отсиз ранҷиданду рамиданд, вайро бо танаффур нигаристанд. Шоҳи ошуфта бошад, хунсардона гуфт: «Агар маро танқид намекард, шояд сабуктар ҷазо мегирифт». Ҳама фаҳмиданд, ки Отсизи ришпаҳнро ду байти Адиб Собир нороҳат кардааст:

Хоҷаро бо ҳама зиштӣ ҳаваси мадҳи худ аст,

Бар лаби Хоҷа чӣ ҷойи ҳаваси бӯса бувад?

Ин ҳамоқат чӣ аҷаб бошад аз ин риши бузург,

Ҳар киро риш бузург аст, хирад кӯса бувад!

Хулласи калом, марги як шоир боиси ҷанги ду амир шуд. Шоҳ Отсиз бо чашмони хунполо муқаррабони худро нигариста, бо лафзи туркӣ хитоб кард: «Вақти он шуд, ки баҳри истиқлоли Хоразм азми ҷанг кунем! Олға7!!»

Лашкариёни Хоразм бо як ҳамла Сарахсро ишғол намуданд ва беист, чун регбоди биёбон, ҷониби Марв — пойтахти салчуқиён дамиданд. Султон Санҷар дар шаҳр набуд. Баъди шикаст хӯрдан дар ҷанги қарахитоиҳо ба дасти туркманҳои ғӯз асир афтода, роҳи наҷот меҷуст. Аз ҳамин сабаб Отсиз ва қушуни ӯро дар остонаи Марв имоми маъруф Аҳмади Бохарзӣ «истиқбол гирифт», то аз хунрезию сӯхтор ва шикан — шикан пешгирӣ намояд. Баҳри дафъи бало рӯи тааббуд бар замин дошт ва аз номи сокинони Шоҳи Ҷаҳон амон хост. Отсиз розӣ шуд, аммо бо як шарт: аҳли Марв амру фармони ӯро бечунучаро иҷро намоянд ва ба мансабдору коргузорони вай халалу зарар нарасонанд.

Имом Бохарзӣ шартро пазируфт. Он гоҳ Отсиз талаб кард, ки чанд тан маъруфон ва аъёну ашрофи Марв бо сарварии фақеҳи ҳанафӣ Абдулфазли Кирмонӣ чун гаравгон ба хаймаи ӯ биёянду Исмоили Ҷурҷонӣ бо онҳо бошад. Ин дархост бузургони Марвро хун наомад магар, ки оммаро шӯронданд, дарвозаҳоро бастанд, чанд намояндаи Хоразмшоҳро куштанд ва аз итоати Отсиз сар кашиданд. Ва сар шуд ҷангу қатлу ғорат! Ҳамлаи хоразмиён хеле бераҳмона буд ва дар қатори ҳазорон сокинону муҳофизон уламои забардасти замон Исмоили Ҷурҷонию Иброҳими Марвазӣ, Муҳаммад ибни Арслону Шариф ал Мусавӣ ва дигар бузургон низ дар талотуб нобуд гардиданд. Хоразмшоҳ Отсиз ба тахти Султон Санҷар нишасту хазинаю дафинаҳоро соҳиб шуд, даҳҳо сандуқи давлатро мӯҳру туғра ниҳод ва бо ғанимату шукӯҳи зиёд ба Ғӯрганҷ баргашта, зиёфати шоҳона орост. Рашидудини Ватвот булбули базм буд ва қасидае хонд, ки чунин матлаъ дошт:

Чун Малик Отсиз ба тахти мулк баромад,

Давлати Салчуқу олии ӯ ба сар омад!

Ин қасида қатрае охире шуд, ки косаи интиқоми Султон Санҷарро лабрез гардонд ва ӯ баробари аз ҳабс баромадан ба ҳар ғозии ҷанговари худ илова бар бистгонӣ дар ҳаҷми сад динори роҷеуннақд мукофот ва либоси фохира доду лашкари азим ҷониби Ғӯрганҷ фиристод, то лашкари Отсиз ба ҳолати зишт бишкананд. Худ солор ба асп нишасту хитобан ба Отсиз бо ҷаҳли ҷибиллӣ гуфт: «Туфу бар ту эй гандаписари бадаслу пастгавҳар, ки тахти моро орзу кардаӣ ва фармудаӣ, ки дар хуни ман шаванд. Агар ба мукофоти ин амал салтанати ғуломзода барбод надиҳам ва ҷонаш набарам, на Султон бошам, на Санҷар ва на салчуқӣ!»

Муҳосираи Ғӯрганҷ хеле ба дарозо кашид ва азбас Отсиз пойтахти давлати худро ба қалъаи дастнорас табдил дода буд, Султон Санҷарро лофу газоф бо масоф мувофиқ наёмад. Лоҷарам барои даъвати қушуни иловагӣ кас фиристод. Инро шунида, хоразмшоҳ, ки дигар қудрату тоқати ҳарбу зарб надошт, тадбир дар ҳилаю тазвир дид ва ба амирону кабирони салчуқӣ ҳадяҳои гаронбаҳо фиристод, то онҳо раъйи Султонро тағйир диҳанд. Ҳамчунин шуд: дами табарро ҳадя гирифту Санҷар узри нӯкизабонии Отсизро пазируфт ва баъди пурра баргардонида гирифтани хазинаю дафина ва мӯҳри подшоҳӣ ва ситондани товони гарон ӯро амон дод.

Тибқи паймон Отсиз аспсавор аз он сӯи дарёи Ому тани танҳо ба соҳил омад. Чун рӯ ба рӯи хаймаи Санҷар расид, дарҳол пиёда гашту дузону нишаст ва замини хидмат бӯсид. Бо ишораи Султон салчуқиён тибли шодӣ заданд ва лашкариёни ҳар ду тараф оҳи сабук кашиданд. Он лаҳза кам касон медонистанд, ки ин муросо муваққатист ва аз ноилоҷист. Шоири дарбор Анварӣ, ки аз марги фоҷиавии Адиб Собир ҳанӯз чашми хунполо дошту нисбати Отсиз кароҳате шадид, ғуломи салчуқиён будани бобои ӯро дар назар дошта, бадоҳатан мутоибае мавзун гуфт:

Нашояд баҳри одоби надиме,

Дигар бар ҷону дил меҳнат намудан.

Ки боз ояд ҳама кори надимон

Ба силӣ хӯрдану дашном додан…

Султон Санҷар ишораи шоирро фаҳмид. Таҳдор хандид ва таҳдор гуфт: «Ин надим ҷони ширини мо аз теғи надимон наҷот дода буд. Мо соф шудем!»

Нигина, ки хомӯш, аммо саропо ҳӯш даҳони шоирро менигарист, дарҳол пурсид:

— Рости гап, нафаҳмидам, ки сухани Санҷар чӣ маъно дорад?

— Ишораи Султон Санҷар ба як ҳодисаест, ки дувоздаҳ сол қабл рӯй дода буд… Султон баъди фурӯ нишондани исёни балвогарони Бухоро барои рафъи хастагӣ азми шикор кард. Отсиз он замон сояи Султонро ҳамқадам буд, вале аз сабаби беморӣ ба шикоргоҳ рафта натавонист. Аз қазо ҳамон шаб чанд ғулому хидматгор, ки фикри нобуд кардани Санҷар дар сар доштанд, ба иттифоқ ҷамъ омада, Султони сархуш ва танҳоро ба иҳота гирифтанд. Чун шоҳи хастаҳол аз пой афтод, ҳабаше пилтан корд аз ғилоф кашид ва барои зарбаи ҷонкоҳ даст боло бардошт… Маҳз дар ҳамин асно панҷаи оҳанини Отсиз бозуи ғулом ба чанг гирифту дар як мижазанӣ ӯву ҳамроҳонашро дасту гардан бишкаст ва шоҳро аз чанголи марг раҳо кард.

Султон Санҷар вақте ба худ омад, баъди шукру сипос аз Отсиз пурсид, ки «чӣ гуна аз фоҷиа хабардор гардид ва ба чӣ тариқ ин ҷо расид?» Отсиз кӯтоҳу мӯъҷаз гуфт: «Айнан ҳамин ҳабаши бадафтро дар хоб дидам, ки ба сари мубораки ҳумоюнӣ ханҷар кашидааст. Парида аз ҷой ҷастам ва парида ин ҷо расидам!»

Султон Санҷар ана ҳамин рӯйдодро дар назар дошта, «мо соф шудем» гуфт. Лек шоир Анварӣ баъди як лаҳза хомӯшӣ ҷуръат пайдо карду лаб ба гуфтор кушод: «Зиндагии подшоҳи ҳумоюнбахти мо дароз бод дар сиҳҳати бадану фарози умр! Он чӣ, ки фармудед, ғояти ҷавонмардист. Ҳусни раъй ва риояти каломи шумо тафохури мост. Аммо оқилон фармудаанд, ки кори мори думбурида нест кори сарсарӣ»

Султон бо оҳанги қатъӣ посух гардонд: «Эй шоири меҳрубон! Ҳар чӣ мегӯӣ, ҳама рост асту дуруст. Аммо аз касе қарздор будани подшоҳ хуб нест ва пайдост, ки дар олам ягон сир дар нуҳуфт намонад. Мо шарти банданавозӣ ба ҷо овардем ва пой аз гил баркандем. Агар он гандападар боз ба рағми мо сар бардорад, сад пора накунамаш — Санҷар набошам!»

Аксулсадои дӯғу даранги салчуқшоҳ аз гӯшҳо дур нарафта, хоразмшоҳ дигарбора сар бардошт ва савораҳои бодпарвози ӯ ба тасарруфи Ҷанд раҳсипор шуданду қади роҳ дигар вилоятҳои соҳилии Сайҳунро забту ғорат намуданд.

Султон Санҷар бағоят дар хашм шуд ва сипоҳиёнро дастур дод, ки Ғӯрганҷ ба хок яксон кунанд. Ин амрро шунида, Отсиз балоро аз пойтахт дур андохт ва қалъаи Ҳазорасп размгоҳ қарор дод. Лашкари салчуқ ин дижи қадимаро ба муҳосира гирифтанд. Шоир Анварӣ чун ҳамеша дар рикоби Санҷар буд ва дарҳол силоҳи хеш ба кор андохта, дар мадҳи Санҷар рубоие навишт:

Эй шоҳ, ҳама мулки ҷаҳон ғасб турост,

В-аз давлату иқбол ҷаҳон насб турост.

Имрӯз ба як ҳамла ҳазор асп бигир,

Фардо Хоразму Ҳазорасп турост!

Бо амри Санҷар ин навиштаро ба тири камон печонда, ҷониби қалъа парронданд.

Отсиз рубоиро бо тамасхур қироат карду шоири дарбори худро бо табассум нигарист. Рашиди Ватвот дарҳол давот ба даст бигрифт ва ҷавобияи зер рӯи коғаз овард:

Шоҳо, ба ҷомат маи соф аст, на дурд,

Аъдои туро зи ғусса ғам бояд хӯрд.

Гар хасми ту, эй шоҳ, бувад Рустами гурд,

Як хар зи Ҳазорасп натавонад бурд!

Чун ҷавобия ба самъи Санҷар расид, мисли раъд ғуррид ва амр кард, ки Ватвотро дастгир карда, ба ҷазои алим гирифтор кунанд.

— Баъд чӣ шуд?

— Баъди ду моҳи муҳосира шоир, бо ҳукми тақдир, бандӣ шуд ва султон фармуд: «Ватвот садпора кунед!»

Рашидадин хандид ва гуфт: «Эй шоҳи олам! Раъйи Шумо олист. Аммо иҷрои он номумкин аст!»

Шоҳ пурсид: «Чаро?!» Шоир гуфт: «Ватвот паррандаест хурдакак. Онро садпора кардан амрест муҳол! Лутф намоед ва бифармоед, ки Ватвот дупора кунанд…»

Аз лутфи бамаврид Салтон хандид ва гуноҳи шоир бубахшид…

Бо чеҳраи хандон аз гуноҳи Отсиз ҳам гузашт. Вале ин охирин сулҳу охирин ҷанги ду султони ғаюр набуд. Ба ибораи Ватвот «таазуроти ботил ва таҳаккумоти фосид» эшонро то нафаси охир дунболарав шуд. Ба ҳукми сарнавишт ҳар ду дар як сол — пешу қафо ҷон ба ҷаббор супориданд ва ғайри ин қазия аз давлату сарвати беҳисоби худ ҳатто нонпорае бо худ набурданд…

Нигина муддате хомӯш истода, шунидаҳояшро ҳазм карду бесаброна пурсид:

— Пас аз Отсиз навбати подшоҳӣ ба кӣ расид?

— Ба Эл Арслон! — гуфт Сайфуддин ва афзуд. — Вай инсони азиз буд, аммо ҳукмрони оҷиз. Аввали кораш бебарор буду оқибати кораш бахайр нашуд. Қариб буд сулолаи Хоразмшоҳиёнро аз тахту тоҷ маҳрум гардонад…

Шоири таърихдон болои ароба беҳаракат нишаста, қиссаҳои талхи он рӯзгоронро муфассал ба забон овард:

– Ҷисми Отсиз дар Ҳабушон фалаҷ гашту писари калониаш Эл Арслон, ки то лаҳзаи вопасин дасти рости падар буд, дар ҳузури шоҳидони мӯътабар камари мурассаъ — аломати хоссаи подшоҳиро соҳиб шуд. Вале дар пойтахти мамлакат — Ғӯрганҷ гапу кор дигар буд. Сулаймони бекамар — писари хурдии Отсиз беиёру бедаринг ба тахти подшоҳӣ нишаст! Ин ҷавони худхоҳ ва худрой Алхитой лақаб дошт, зеро аз хурдсолӣ панду насиҳати ягон касро ягон зарра ба маҳаки эътибор намегирифт ғайр аз сухани амакаш Юсуф ва атобакаш8 Улуғбек…

Аз аҳдшикании наздиктарин наздикон ранҷу доғи Эл Арслон саъбтар шуду мотами дили валиаҳди ҷомасиёҳ аз ҳад гузашт. Зеро ноҷавонмардии бародари ҳамхун аз мотами орзуҳои шоҳонаи ӯ дарак медод. «Бишкан сараш, чу аҳд бишкаст!» — зери лаб ғуррид Арслоншоҳ ва амирону сипоҳонро водор намуд, то барфавр савганд бар забон оваранд, ки сари иродат аз хоки пои ӯ барнамедоранд. Дигар фурсати истихора набуд ва азбас дар сиёсати салтанат таъхир тадбир нест, оҷилан аз Хуросон ба Хоразм шитофта, Сулаймоншоҳу Юсуфу Уғулбеку думравони эшонро беамон ба қатл расонд ва аз бадхоҳон ғами дил ситонд.

Бо вуҷуди ин аз ғам осуда нашуд. Зеро кӯчиёни биёбонӣ аз рӯи мақоли «марги хар бошад сагро арӯсӣ» амал карда, ҳалокати Отсиз ва кашокаши писарҳои ҷоҳталаби ӯро фурсати муносиб дарёфта, вилояти Ҷанд ва атрофи онро зарбу ғорат карда буданд. Эл Арслон, ки аллакай Шери жаён лақаб дошт, боз чун раъд ғуррид ва шамшери ислом бар сари бединҳо чун раъд дурахшид. Шоҳи ғолиб бо сари баланд ба Ғӯрганҷ баргашту баъди иди Рамазон рӯ ба Хуросон гардонд, то орзуи хазонгаштаи падар зи нав сабз гардонад. Аз сарҳади кишвари хеш қадаме чанд нагузошта, шаҳри Насо осон забт намуд ва бо лашкари гарон сӯи Нишопур роҳ пеш гирифту бо як ҳамла онро ишғол намуд. Бо мурури замон Байҳақу Сабзавор, Рай, Абҳару Занҷону Қазвинро низ тобеи худ кард ва ба чор атроф фатҳномаҳо фиристод бо имзои Тоҷ-ад-дунё ва-д-дин, Малик-ат-турк ва-л-аҷам Эл Арслони Хоразмшоҳ. Аммо… азбаски қарахитоиён чанд сол боз хироҷи ваъдакардаи падар ва писарро нагирифта буданд, баъди тохтутози бебарори Эл Арслон ба Самарқанду Бухоро тоқаташон тоқ гашту ба Хоразм ҳамлаи шадид карданд.

Эл Арслон бо хайлу сипоҳи худ ба Омул оқиб нишасту фармуд, ки сарбанди дарё бикушоянд, то роҳи Ғӯрганҷ зери об монад ва душман гузашта натавонад. Аммо аз ин тадбир ҳукми тақдир дигар нашуд ва шоҳи бахтбаргашта ҳарчанд кӯшид, зафар ӯро дигарбора ёр нагашт. Мубтало ба касалии бедаво ҷон ба ҳақ таслим кард…

Нигина беихтиёр оҳи дардноке кашида, ҷониби қибла нигаристу ғуруби офтобро ба хатми подшоҳии Эл Арслон ташбеҳ дода, хастаовоз пурсид:

— Баъди Эл Арслон подшоҳи ҳозира ба тахт нишаст?

— Падараш Аловиддин подшоҳи мамлакат шуд, аммо на ба осонӣ! Бо амри тақдир қиссаи ба тахт нишастани Эл Арслон ва муборизаю кашмакашҳои ӯ бо бародараш Сулаймон тарзи дигар такрор гардид.

Шоҳони Хоразм одате доштанд, ки аз решапайвандони хеш ба ҳар шаҳр якеро омил намоянд, то амонати он иқлим пурра ӯро дар гардан бошад, молу ҳол ва ҳатто нақши пои қозию шиҳна, мӯҳтасибу бозаргон ва ғайра чун дар оинаи сикандарӣ баръало бинад ва ҳақиқати пок ба шоҳаншоҳи муаззам бевосита ва дарвақт маълум кунад. Бо мулоҳизаи он, ки Ҷанд вилояти сарҳадӣ ва саргаҳи мусулмонободӣ ба ҳисоб мерафту дар умури давлатдорӣ мавқеи хоса дошт, Эл Арслони Хоразмшоҳ писари калониаш Аловаддинро ҳокими Ҷанд таъйин намуда, барои ба тахти подшоҳӣ шинондани ӯ майл дошт. Ин ба табъи Тэркенхотун — модари ӯгаи Аловаддин намефорид. Нуфузу эътибори вай камтар аз шоҳ набуд ва ба он муваффақ шуд, ки писари хурдиаш Султоншоҳ валиаҳди тахту тоҷ гардад.

Ин хабари номатлубро элчии Тэркенхотун ба самъи Аловаддин расонид ва иловатан гуфт: «Амри олӣ чунин аст, ки Шумо ҳар чӣ зудтар ба Ғӯрганҷ ҳозир шаведу ба шоҳаншоҳи нави Хоразм савганди садоқат изҳор кунед!»

Аловаддини Текиш сахт барошуфт ва девонавор хандиду гуфт: «Султоншоҳ фақат ба ном султону шоҳ аст, вай на ҳокими сари мо, балки додараки кӯчаку қадпасти аз миён поёни мост!!»

Тэркенхотун медонист, ки бахти баланди Султоншоҳ боиси ихтилоли ҳавоси Текиш мешавад, аммо чунин ҷавоби дурушт ва ихтилофи шадидро нигарон набуд. Лаҳзае ақлаш тира гашт ва мавкиби якҷилави худро фармуд, ки сӯи Ҷанд тундбод шаванду волии саркаш ва тундсуханро дасту по баста, бо аспи тундрав, бо хории ҳар чӣ тамомтар, кашон-кашон биёранд.

Гурӯҳи саворони хосаи Тэркенхотун аз дарвозаи Ғӯрганҷ набаромада, шоҳписари паршикаста аллакай ба пойтахти қарахитоиён — Баласоғун расидаву ба сӯҳбати маликаи онҳо Чэн Тян мушарраф гашта буд. Вай дар оғози муколама оиди модарандар ва фитнаю дасисаҳои ӯ шоирона қиссаҳо гуфта, нобакориҳояшро бо сад ранг тасвир карду фаҳмонд, ки дарахти макри Тэркен сад реша андар ҳар реша дорад ва аввалин нияти нопоки вай тасарруфи тахту тоҷи маликаи қарахитоиҳост. Бинобар ин аллакай худашро Маликаи Ҷаҳон эълон кардааст.

Текиш охирин сабзаҳои умеди андакашро бо ашки шашқатор шодоб гардонида, Маликаи муаззамаро модар хонд ва хайрхоҳи хеш гардонд.

— Якумр фарзанди ҳалқабаргӯши шумоям ва хироҷи Хоразм бароятон бо ду дасти адаб меорам!

Ҷумлаи охирин қулфкушо гашт ва Малика Чэн Тян бо гӯшу ҳуши занона вовайлои модархонда бишнид ва ба имдодаш расиданро маслиҳат дод. Мухтасар ва қатъӣ гуфт: «Барои ту он чӣ имкон бошад, накӯӣ кунам!»

Лашкари қарахитоиҳоро Фума — шавҳари Малика Чэн Тян фармондеҳ буду Текиш — сорбон. Раҳораҳ шаҳру вилоятҳои соҳили Сайҳунро мусаххар ва хироҷгузор намуда, охири тирамоҳ ба Хоразм наздик расиданд. Аз нисф зиёди сипоҳиён аллакай муслимин ва фармонбардори Текиш буданду бо ҳамҳамаи даҳшатрез ба Ғӯрганҷ ворид шуданд. Текиш ба тахти подшоҳӣ нишасту ҳар сол як-ду кишвареро фатҳ намуда, сарҳади мамлакати Хоразмшоҳиёни Кабирро то сарҳади хилофати араб расонд. Вақте вай дар Ироқи Аҷам меҷангид, шумхабар омад, ки Султоншоҳи гуреза «пойгаҳи хилват — гурбаро давлат» гӯён ба Хоразм ҳуҷум оварда, Ғӯрганҷро муҳосира намудааст. Оташи ғазаби Отсиз ончунон баланд аланга зад, ки имкони хомӯш кардан набуд ва бо суръати аз боди самум тезтар ҷониби Марв тохт. Аввали моҳи рамазон ба Абевард расиду миёнаравҳо айёми муборакро таъкид намуда, ҳарфи оштӣ оғозиданд, вале хоразмшоҳи ғаюр дигар ҳеҷ касро гӯш накард ва бо як ҳамла Сарахсро ишғол намуд. Мустаҳфизи қалъаи подшоҳӣ Бадриддин дарҳол калиди хазинаю дафинаро чун ҳадяи идона ба Текиш супорид. Аз ин хиёнат рӯзи равшани Султоншоҳ ба шаби тор табдил ёфту баъди ду рӯз — дар арафаи иди фитр чашм аз олам пӯшид.

— Ин хоразмшоҳиён бераҳму золим, бародаркуш будаанд! — гуфт Нигина ва ба назараш чунин намуд, ки аз дуриҳои дур, аз қабати осмонҳо Текиш сӯяш менигарад.

– Ҳар кадомашон ҳар хел. Лекин Текишро аз ҳад зиёд золим ҳисобидан норавост. Вай нисбати фуқаро ва сарбозон меҳрубон буд. Аз ин хусус мисол бисёру якеро намуна меорам, ки дар Бухоро шунидаам. Отсиз бо лашкари гарон ин шаҳри бузургро муҳосира намуда, ба ғалабаи осон умедвор буд. Вале сокинони далеру гарданшах мардонавор муқобилият нишон дода, «болои сӯхта — намакоб» хоразмшоҳро, ки як чашмаш аз захми тир нобино гашта буд, девонавор масхара карданд: ба саги якчашма ҷавшану калонсув — кӯлоҳи хоразмӣ пӯшондаю болои девори қалъа бароварда, бо оҳанги масхара нидо бароварданд: «Ана подшоҳи Хоразм!» Баъд саги бечораро тирборон карда, аз болои девор каллапо партофтанду «Мана подшоҳи Хоразм!» гӯён таҳқир ба авҷи аъло расонданд. Сарбозони Текиш аз ғазаб дандон хойида, масхарабозҳоро «аҷинаҳои кофир» номиданду гуфтанд, ки ҳама бухориёнро мисли сабзию пиёз реза-реза мекунанд. Вале, баъди фатҳи Бухоро, Текиш сарбозонашро аз қатли ом боздошта, гуноҳи бухориҳоро бахшид…

Текишшоҳ моҳе як маротиба бори ом медод ва дарди дили халқро мешунид. Оҳангареро ба қабули подшоҳ шарафёб гашта, бе ягон муқаддима гуфт: «Дар китоби шариф навиштаанд, ки мӯъмин бародари мӯъмин аст. Агар ба ин сухан эътимод дошта бошӣ, пас ману ту бародарем ва хоҳиш мекунам, ҳақи маро аз хазина ба дастам супор, ки сахт эҳтиёҷмандам». Текиш фармуд, то ба он мард даҳ динори тилло диҳанд. Оҳангар пул дар ҷайб пинҳон карда, бо оҳанги ранҷиш гуфт: «Магар ҳақи бародар аз хазинаю дафинаи бешумори подшоҳ ҳамагӣ даҳ динор аст?» Текиш хандид ва чунин посух гардонд: «Бархезу аз пайи зиндагӣ шав, ки агар дигар бародарон низ мисли ту густох шаванд ва ҳақи хеш талабанд, шояд ба ту як танга нарасад!».

Нигинаро ҳозирҷавобии подшоҳ хуш омаду дандоннамо табассум намуд. Сайфуддин дарҳол қиссачаи аҷоибе замима кард:

— Пештарак гуфта будам, ки шоҳ Отсиз ба порсӣ шеъри равон менавишт. Иловатан мегӯям, ки шоҳ Текиш хунёгари хушовоз буду дар навохтани уд маҳорати комил дошт. Шабе дар гулзоре бо лоларухе ҷимбазм ороста, бо лаҳни гӯшнавоз байт мехонд:

Аз омаданат агар хабар медоштам,

Дар пеши раҳат гули суман мекоштам.

Дар авҷи суруд шарфаи пойи бегона шунид. Аз қасди нопоке пай бурда, бадоҳатан матни сурудро тағйир доду пардаи овозро баландтар бардошт.

Аз омадани ту чун хабар ёфтаам,

Дар пеши раҳат доми аҷал сохтаам.

Вақте нақароти нав бори дуюм садо дод, аз пушти дарахт марде ҷонҳавлӣ қафо гурехт. Посбонҳо дар як мижазанӣ дастгираш карданду маълум шуд, ки халифаи Бағдод барои куштани шоҳи Хоразм қотили кироя фиристода будааст…

— Барои чӣ?

— Ироқи Аҷамро зери тасарруфи худ даровардани шоҳи Хоразм қаҳру ғазаби халифаи арабро ба туғён овард. Вай сараввал ба хубию хушӣ Хоразмшоҳро ба итоат даъват карда, ба Текишу писараш Қутбиддин либосҳои фохираю тӯҳфаҳои гаронбаҳо ва хати маншур фиристод, ӯро Султони Хуросон хонд. Вале Хоразмшоҳи мағрур аз аспи ғурур поён нафуромада, баръакс, боисрор талаб кард, ки дар маркази хилофат хутба ба номи Текиш хонда шавад. Албатта, аз чунин шакокӣ халифа Носир сахт шӯрид ва исмоилиҳоро бар рағми «Хоразмшоҳи азхудрафта» шӯронд, ки размандаҳои ҷонфидо ва силаҳшӯри бисёр доштанду он қотили зархарид ҳам узви ин тоифа буд. Аз ҷониби дигар сипоҳиёни халифа низ ба ҳуҷум гузаштанду муҳорибаҳои шадид муддати мадид идома ёфт…

Текиш нахуст кори исмоилиёнро яктарафа карда, баъди ғалабаи қатъӣ дар Аламут барои забт намудани Ироқи Араб ва пойтахти хилофат лашкари азим гирд овард. Шӯре дар олами ислом бархост! Дар ин ғалмағал нидои шоири ҳаҷвнигор Заҳириддини Форобӣ аз ҳама баланд садо дод: «Эй шоҳи Хоразм! Акнун ки Ироқи Аҷамро соҳиб шудӣ, осуда нашин, лашкари ғаррор ба Ироқи Араб бифирист, то чун мӯру малах ба зодбуми ислом ҳамла оранд, хоки поки шаҳрҳои мунаввару муаззам олуда гардонанд, махмали сабзи Каъбаро ба яғмо баранд ва рӯҳи муқаддаси пайғамбари гиромиро ноором кунанд. Сипас ба атроф якчашма нигару бифармо, ки лашкариёнат масҷиду мадрасаҳоро мисли хору хас бисӯзанд, уламои хирадмандро нимкушта ба оташ андозанд ва аз сари бузургворон калламанораи баланд чун кӯҳи Арафот бисозанд. Баъде ки ин ҳама амали шайтонӣ анҷом медиҳию кофир мешавӣ, он гоҳ сари халифаро аз тан ҷудо карда, ба қоони қарахитой бифирист, то ба лақаби «кофири мутлақ» сазовор шавӣ…»

Ҳаҷвияи тунду тез дуд аз димоғи Текиш баровард ва ҳадаҳа фармон дод, ки Форобиро аз таки замин бошад ҳам, дастрас намоянд, то нахуст ӯро «нимкушта ба оташи дӯзах» андозад. Навкарон ба чор тараф тохтанду бо амри Парвардгор Азроил сӯйи Текиш шитофт ва дар нимароҳ — қарибии шаҳри Нишопур «шоҳи тираақл» ҷон ба Ҷаббор супурд…

Ҳикояти андалеби хушнавои исфарангӣ чун ба нуктаи таммат расид, Нигина беҳолона луқма партофт:

— Камакак дам гирем… Хеле хаста шудам…

Сайфуддин фаҳмид, ки ба гапу таърихбофӣ саргарм гашта, тай шудани масофаи тӯлониро ҳатто пай набурдааст.

— Баъди як зум ба Шамохақалъа мерасем. Аз он ҷо то Ғӯрганҷ як қадам роҳ Андаке тоқат куну ҷумлаи охиринро шунав: расо баъди як моҳи вафоти шоҳи Хоразм — рӯзи бистуми моҳи шаввали соли 5969 писари Текиш аз Турконхотун — шоҳзодаи сиюҳафтсола Қутбиддин ба тахти хоразмшоҳӣ нишаст…

Сайфуддин аз гуфтор лаб фурӯ баста, бо нигоҳи санҷиш ҳамсӯҳбаташро нигарист. Нигина маънии нигоҳи шоирро зуд сарфаҳм рафт ва ҳарфе нагуфта, ба қафо сар гардонду хаёлан деҳаи Ворухро пеши назар овард: ҳабдаҳ сол муқаддам, маҳз дар ҳамин рӯзи муборак вай чашм ба олами ҳастӣ кушода буд… Он вақт ғайр аз Абдулмаҷиди шоир ягон кас бовар надошт, ки моҳи навтулӯъ ва шоҳи навзуҳур зери гунбади кабуди Хоразм ҳамқирон мешаванд. Аммо шуд, он чӣ Худо мехост ва инак, кабутарак дар остонаи ҳарам қанотак мезанад. Соҳиби ҳарам ӯро чӣ сон қабул мекарда бошад?

Пурсиши хотимавӣ посухи мухтасар дарёфт:

— Шоҳаншоҳи соҳибмурувватро надидаам. Фақат ҳамин қадар медонам, ки уламо ӯро подшоҳи мукаррам мехонанду шоирон комрон мегӯянд ва сипоҳиён мӯҳтарам медонанд. Давомашро дар Ғӯрганҷ мебинем, валлоҳу аълам биссавоб…

Равзанаи якум. Нахустпайки шодӣ аз боби дар ду рӯз ду модарбузург ёфтани ду ҳунарвари «Сойкелдӣ»

Султон Муҳаммади Хоразмшоҳ дар пойтахт ҳузур надошт. Шаҳнаи Ғӯрганҷ Сарир Малик ҳангоми истиқболи расмӣ дар назди дарвозаи шарқӣ ин хабарро ба Шоҳзода Ҷалолиддин гӯшрас карду баъдан тафсилот дод, ки муҳорибаи ҳалкунанда бо қарахитоиҳо дар арафаи анҷомёбист ва хоразмиён дар ҳама ҷабҳаҳо пешсафу пирӯзанд.

— Аждаҳои пир ба танг омадааст, — гуфт шаҳна. — Анқариб подшоҳи пирӯзбахт ва пирӯзразми мо чун ҳамеша фотеҳу сарбаланд ба Ғӯрганҷ бармегарданд.

— Моро дастур ҳаст, ки ба кӯмаки падар шитобем?

– Ҳазрати ҳумоюнӣ аз касе мададе ва ионате тамаъ надоранд. Ҳатто хидмати Кучлукро рад кардаанд.

— Кадом Кучлук?

— Он хонзодаи найманӣ, ки аввал ба гӯрхон домод шуду баъд исён карду душман шуд.

— Донистамаш, одами дилпур не ин Кучлук. Аз паканаи балвогар ҳар лаҳза бояд эҳтиёт шуд. Салоҳи кор дар он мебинам, ки ҳар чӣ зудтар худро ба паҳлӯи падар расонам!

Азми Ҷалолиддинро шунида, дили нозуки Нигина ношод шуд. Вайро ваҳм пахш кард, ки агар шоҳзода ӯро партофта равад, дар шаҳри мусофирӣ, мобайни одамҳои бегона чӣ кор мекунад?! Саволомез ба Сайфуддин нигарист ва ӯро низ банди хаёл дида, зиқиаш дучанд гашт. Вале овози шоҳзода Ҷалолиддин орому осуда садо дода, ҳама тирагиро бартараф сохт. Вай бо имои ангушт Шоҳмуроди Кӯҳистониро наздаш хонд:

— Эй саркарда, меҳмонҳоро ба саройи ман бубар. Маро мебояд аввал вазир ва модаркалонро зиёрат карда, маслиҳатро пазонам. То сару гардан шустани шумо расида меоям.

Аз ишораи шоҳзода Нигина, ки ҳафтае ду бор нохун мечид, шарм дошт. Зеро ба ёд овард, ки як моҳ ин тараф мӯйи сар боз накардаву гармоба надидааст ва чун ба ойина нигарист, хиҷолаташ дучандон шуд. Хайрият ки канизаки хидматгузор дарҳол ба гармоба бурду шамъ барафрӯхта, дасторчаю шонаю лунгӣ ва собуни мушкбӯй овард, бухорро баланд кард, ӯро ба суфаи мобайн шинонда, оби фотир бар сараш рехт. Нигина чирку чангу гарду ғубори роҳро покшӯйӣ намудаву нохунҳои дасту пойро чида, мисли пештара шабеҳи гулбарги тару тоза гардид ва бо либосҳои наву шинаму зебо ба хонаи пазириш омад.

Ғайричашмдошт, Мирмаликро дид, ки ханда бар лаб танҳо нишастааст. Ӯро танҳо дарёфта, ончунон мутаҳаййир гашт, ки ҳатто салом гуфтанро фаромӯш кард:

— Шумо?! Кай омадед?? Чӣ хел омадед, ки дар ду моҳи сафар ягон бор надидам?!

— Бо роҳи обӣ омадем мо… Аввал Сайҳун, баъд Ҷайҳунро киштисавор тай кардем.

— Шумо ҳақиқатан ҳам фарзанди дарё! Ҳеҷ аз об дил канда наметавонед… Ману Аҳмад-акоро ҳамроҳи худ нагирифтед?

– Ҳадафи мо саёҳат не, омӯхтани киштиронӣ буд. Пирам ба сад нафар муридони чобуксавори худ маслиҳат доданд, ки маллоҳӣ ва идора кардани сафинаро ҳамаҷиҳата ёд гиранд.

— Чаро?

— Гуфтанд, ки ба як ҷавон донистани чил ҳунар кам аст. Акнун ту бигӯй, ки чӣ ҳол дорӣ?

— Хайрият ки чунин рӯзи Худо ва чунин пурсиш будааст! Ба саволатон ҷавоб ҳамин ки шуморо дида, аз шодӣ гул-гул шукуфтам! Магар намебинед?

— Мебинам. Туро хеле нағз мебинам! — гуфт бо оҳанги духӯра Мирмалик. — Туро дида, бовар кардам, ки дар ҳама ҷо ва дар ҳама ҳолат аз муҳаббат гул шукуфон мешавад!

— Маро шарм надоронед, ако. Беҳтараш, маро хотирҷамъ карда, гӯед ки худатон чӣ ҳол дореду ин қадар вақт дар куҷои Хоразм мебошед?

— Дар умқи дидаи Шаҳзода Ҷалолиддин муқим шуда, вайро қиблаи умед сохтаам. Ҳар лаҳза интизорам, ки агар фармоне бошад, бо зӯри бозу ва ҷасорати хеш иҷро кунам.

— Бовар дорам, ки рост мегӯед, ако. Лекин ба ман гуфтанд, ки дар Ғӯрганҷ ба умқи дили Нозпарӣ ҷой шудаед ва бо нақароти «Нозпарӣ — хушхиром чун кабки дарӣ» суруд мехонед…

— Донистам, ки ин сухан аз Гулсимо шунидаӣ. Хоҳаракам шабу рӯз барои ман арӯси мувофиқ мекобад. Лекин вай намедонад, ки Султон Хоразмшоҳ духтари нозанинаш Нозпариро ҳанӯз то омадани ман ба ҳокими Самарқанд Усмоншоҳ бахшида, чил рӯз тӯю тамошо додааст. Ғайр аз ин, аз ҳама асосиаш, Гулсимо намедонад, ки дар Моҳпарӣ гулдухтаре даҳчанд зеботар аз Нозпарӣ чун ахтари саҳарӣ ба чашмам намуда, маро дил пора карда, волаю шайдо сохтааст! Ҳолиё аз ишқи он гулпарӣ танӯри дилам аз офтоб гармтар асту ҳеҷ кас ҳеҷ гоҳ онро сард наметавонад кард!

— Шуд, ако. Маро дигар насӯзонед, ки дар пеши Шоҳзода рӯсиёҳ нашавам… Мо дар манзили вай нишастаем, ако!

— Дар набардгоҳи муҳаббат маро аз ҳеҷ кас заррае тарсу ҳарос нест! Вақте ки Шоҳзода дар Исфара туро «кабутари ҳарам» гуфт, пораи гӯшт дар даҳонам дармонд. Ҳарчанд кӯшидам, на берун меомаду на фурӯ мерафт. Ҳоли маро дида, Ҷалолиддин бо кафи дасти ҳузарбаш ба тахтапуштам сахт силӣ заду гӯштпораро берун овард ва бо заҳрханд гуфт:

— Ман бародари худро дигарбора ҷазо намедиҳам. Лекин ту дигарбора сари ношикастаро пеши довар набар, ки на аз доноӣ бошад:

Коре, ки на кори туст, мангар,

Роҳе, ки на роҳи туст, маспар!

— Дуруст гуфтааст Шоҳзода…

— Ту ҳам дуруст мегӯӣ?! Лекин ман аз роҳи интихобкардаи худ асло қафо намегардам! Агар хоҳӣ, дар ҳузури подшоҳ ба доманат гул мерезам! Агар хоҳӣ…

Нигина лаб ба ҷавоб накушода, Ҷалолиддину Сайфуддин пешопешу зани миёнқаде ва барнописаре тахмин понздаҳсола аз ақиб ба толор даромаданд.

— Дастур чунин шуд, ки пагоҳ ба роҳ бароем ва падарро қуввати дил шавем, — шитоболуд гуфт Ҷалолиддин. — Дамир Малик ҳамроҳи ман меравад, вале шумо ин ҷо мемонед. Нури чашми ман Камолиддин аз ҳамин лаҳза шогирди устод Сайфуддин. Нигинаи Ворухӣ- шогирди Шакархонуми Бухороӣ…

Нигина ба Ҷалолиддин бо ихлос ва сипос назар афканда, ба ёд овард, ки падараш ҳини гусел ба Шоҳзода гуфта буд: «Духтарамро ба ту амонат месупорам, то вайро дар дини ислом устувор дорӣ ва аз ҳаром нигоҳ дошта, рӯзии ҳалол диҳӣ. Шоҳписари худотарс будани туро медонам ва бо имони комил мегӯям, ки ҳеҷ вақт ба амонат хиёнат намекунӣ!» Ҷавобан ба суханҳои самимию таъсирбахши падар Ҷалолиддини Манкубернӣ дар ҳузури шоҳидони зиёд қавли шоҳона дода буд… Шояд аз ин боис махсус барои Нигина чанд сухани сабз гуфтанро зарур шуморид:

— Туро ба саройи худ фурӯ овардам, эй Нигина, то ҷойгоҳи накӯтарин дошта бошӣ. Замоне ин ҷо иқомат мекунӣ, аз меҳрубонии модари бузурги мо бархӯрдор мешавӣ, ғами рӯзӣ намехӯрӣ ва ҳаргиз намегӯйӣ, ки фардо чӣ пӯшам ва чӣ нӯшам…

Тарсу васваса аз дили худ дур андоз ва хотиратро ҷамъ дор: дар ин ҷо ҳеҷ кас ба ту ягон газанд расонда наметавонад! Ба Маликаи муаззама ва дигар аркони давлат кӣ будани туро фаҳмондаам. Ҳама фаҳмиданд, ки бо кабутари ҳарам ҳеҷ мардро ҳадди ҳамқадамӣ нест, ҷуз сояи Худо ва сояи худаш! Ҳар кӣ ба кабутари ҳарам беадабӣ кунад, ё сухане номақбул гӯяд, зиндааш намегузорем!!

Аз муҳориба кай баргаштани мо маълум нест. Аммо ту ягон рӯзро ройгон аз даст надеҳ! Чунки барои гулшукуфти ҳунари ту ҳама шароит муҳайёст. Алҳол дар олам ҳеҷ шаҳре аз Ғӯрганҷ хуррамтар нест! Ин ҷо боғи сухан сабз асту шукуфаи ҳунар арғувонӣ! Дар Ғӯрганҷ ғам коҳад ва шодӣ физояд. Зеро он нишот ва ромишгарӣ, ки дар рӯзгори падари мӯътабари мо роиҷ аст, ба ҳеҷ рӯзгори подшоҳӣ набуду намешавад! Ту хуш биншину нек бияндеш ва эмин бизӣ! Агар дилат ба парвози баланд орзумандӣ дорад, пешӣ аз ҳунар талаб, на аз чизу мол ва ҳамеша иззату шараф нигаҳ дор! Фаҳмо?

Нигина, ки аз адаб бар замин назар дӯхта, гуфтори шоҳона бо гӯши қалб мешунид, ба ҳурмати шоҳзодаи арҷманд сари таъзим фуруд оварду сидқан каломи садоқат гуфт:

— Шуморо бандаи фармонпазирам, эй Шоҳзодаи соҳибқирон! Ҳар чӣ фармоед, ба ҷону дил иҷро мекунам.

Камолиддин барфавр кӯшид, то ба сухани падар ҷомаи шоирона пӯшонад:

Маркаби иқболи ту ҳамеша ба зин бод!

Авҷи рақсат фарози чархи барин бод!

Аз ҳозирҷавобии фарзанди суханвар падар мамнун гашту фармуд, то хон оростанд ва сӯҳбатро бо ширу шакар пайвастанд. Сайфуддини Исфарангӣ, ки то ин муддат хомӯш менишаст, бо нигоҳи шӯълавар Камолиддинро нигариста, таҳсиномез гуфт:

— Хуб аст, ки чашмаи илҳоми писари шоиршаҳпари Ҷалолиддин беист меҷӯшад ва мудом ба эҷоди шеъри нав мекӯшад. Ҷӯшиш ва кӯшиш мубтадои тавфиқ дар шоирист. Қавли устодӣ ин аст, ки то замоне муқими ин пойгоҳ бошам, нозири дафтару девони ӯ шавам ва ҳар қадаре аз дили ҷавон сатрҳои мушкбор бархезад, гулчин кардаю гулдаста баста, ба падари орзупарвар пешкаш намоям.

— Бори дигар бовар кардам, ки аз зумраи сухангӯёни бофазл ва нотакроред. Се сол аст, ки малик-уш-шуарои дарбори хоразмшоҳӣ Сафии Бӯстӣ фарзанди моро илми шеъру адаб меомӯзад, аммо бад-ин оҳанг ҳеҷ сухане нагуфтааст…

— Сафии Бӯстӣ шоири пухтатабъи ширингуфтор ва хоҷаи номдор, аммо дар таърифу тавсиф басо эҳтиёткор. Дарвоқеъ, вай куҷост?

— Шоири дарбори подшоҳ алмудом дар сояи афзоли подшоҳ қарор дорад. Шояд Бӯстӣ алҳол аз фатҳу нусратҳои паёпаи падари мӯътабари мо илҳоми саршор гирифта, ба эҷоди зафарнома машғул аст. Ба вай аз малик-ул-калом дуруд мерасонам.

— Маро ҳамроҳи худ намебаред?

— Рости гап, чунин ният доштам, вале Маликаи муаззама хоҳони онанд, ки бо меҳмонҳои исфарангӣ ҳамсӯҳбат шуда, риштану тофтану бофтани шоири навро омӯхта, тору пуди сухани шуморо бо зар санҷида, маблағи ҳамсанги каломи гуҳарборро дақиқ муайян кунанд.

— Фаҳмидам, ки ба саррофи сухан зари боқӣ мефурӯшаму сими фонӣ мехарам. Аҷаб аст ин савдо ва боз аз чизи дигар дар аҷабам: Мирмаликро чаро Дамир Малик мегӯед?

— Замоне ки дар Фарғона охарин ҳокими қарохониро ба асфаласофилин фиристодем, Мирмалик бо заҳрханд гуфт: «Ана ҳамин Қадархон исми маро ба туркӣ гардонда, Темирмалик номида буд. Бигзор ин лақабро ҳамроҳи худаш ба гӯр барад! Илтимос, дигар маро Темирмалик нагӯед!» Бадоҳатан гуфтам: «Аз ҳамин рӯз эътиборан туро Дамир Малик лақаб мегузорем».

— Ин лақаб чӣ маъно дорад? — пурсид Сайфуддини доно ба нодонии худ иқрор оварда.

Шоҳзода Ҷалолиддин ҳозиринро бо нигоҳи ғолибона нигаристу хандон гуфт:

— Мирмалик ҳам чунин савол дода, чунин посух шунида буд: «Хоразмиёни қадим марди далерро «дамир» мегуфтанд ва Мирмалик ҳақиқатан ҳам родмарди далер-ғазанфар аст!» Иловатан ба шумо мегӯям, ки Дамир Малик ғояти орзуи ман аст — касе аз ӯ мардонатар нест дар аҳди бародарӣ! Дар ин мавзӯъ баъди баргаштани мо муфассал сӯҳбат мекунем. Маро бубахшед, дигар ягон дақиқаи холӣ дар ихтиёр надорам. Хайр, дар паноҳи Худо бошед…

Мирмалик рафту Нигина худро зайифтарин бандаи субҳонӣ ҳисобид. Зеро бо ҳазор умеду орзу ба Ғӯрганҷ омаду вайро ёфт, муддате ҳамсӯҳбат шуда, лаҳзаяке парда аз рӯйи асрори дил бардоштанд… Аммо сухан нимкола монд ва яку якбора тарбуз аз бағалаш афтид…

Пажмурда шудани гули хандонро дида, Шакархонум худ аз худ ба гап даромад:

— Осуда биншин ва ором гир, эй Нигинабону. Ба ҳар куҷо равӣ, осмон якранг асту, интухин, оғози ҳар кор лаҳзаҳои навмедӣ ва парешонӣ дорад. Аммо ҳама неку бади ҷаҳон мисли бод гузарон асту интухин, беҳтарин сармояи зиндагӣ сабр, эй Нигинабону. Ту, ки бо хости Худованди меҳрубон ба орзуи хеш расидаӣ, дар аввалин қадам ларзон нашав, ки Ҷалолиддин ба масоф мераваду интухин, базудӣ боз меояд. Дил фарох дор ва аз ғарази худ берун шав, Нигинабону, азеро Шаҳзода маро вазифадор карда, ки интухин, туро чун байзаи анқо зери боли хеш нигоҳ дорам…

Нигина андак осуда шуду бо дидаи меҳрангез ба хонуми бухороӣ нигарист. Ҳамин асно шогирди Сайфуддин давон омаду варақе дароз карда «Аз Дамир Малик» гуфт. Нигина ҳарисона ба нома чашм давонд: «Сухани асосиро, ки гуфта натавонистам, бо хуни дил менависам. Қасам ба Худо, маро дар олам ҳеҷ хушӣ бе ту хуш нест, эй Нигини дилам! Агар ҳар дуямон чун кокули дарозат муҷтамеъ дар як ришта шавем, ҳеҷ кас моро гусаста натавонад. Ягона умедам аз Парвардигор он аст, ки Маликаи қалбам ба муроду мақсад бирасад!

Аз ман дилпур бошу бо дуои нек интизор шав ва ҳоли худ ба ҳеҷ кас нагӯй. Бархезу шаҳр бубину коху боғу роғ, қалъа бубину арку тахти подшоҳ! Медонам, ки Ғӯрганҷ пур аз чангу най ва тарабу шодист, бикӯш, то аз боли орзуят паре кам нашавад ва ҳамеша ғазанфари Хуҷандро шодиафзой бошӣ!

Бизӣ ҳамчунин солҳои дароз,

Данону дамону чамону чарон!10

Хайр, то боздид паноҳат ба Худо»…


* * *


Дили Нигина гирифт. Ҳамроҳи Шакархонуму Сайфуддин ва шогирди шоирпешаи ӯ рӯй ба роҳ оварданд, то дар навбати аввал маликаи даргоҳ Дилоромбону — модари Ҷалолиддинро зиёрат намоянд. Раҳораҳ Шакархонум нақл кард, ки модари шоҳзода зотан аз тоҷикони Марв буда, қиссаи арӯсиаш вирди забонҳост.

— Вақте подшоҳи имрӯзаи мо Қутбиддини Муҳаммад ҷавони шонздаҳсола буд, интухин, азми сафари Марв кард, то аз нодиртарин китобҳои олам, ки фурӯшӣ нестанду дар ганҷинаҳои шаҳри қадима маҳфузанд, баҳра бардорад ва мобайни падару амакаш Султоншоҳ пули васл шавад — қиссаи тӯлониро мухтасар намуд Шакархонум. — Шоири дарбор Рашидудини Ватвот, ки роҳбалади шоҳзода буд, ӯро бо қасидасарои машҳур Анварӣ шиносонду вай дар дили шоҳзода оташи муҳаббат афрӯхт…

— Чӣ хел?

— Чӣ хел буданашро намедонам…

Сайфуддин зуд ба кӯмак шитофт:

— То ҷое медонам, дар маҳфиле, ки се шоир — Анварию Ватвоту Асиридини Асхикатӣ бо шоҳзода Қутбиддин ҳамнишин шуданд, мавзӯи сӯҳбат ишқу ҷавонӣ буд. Ватвот бо чашмони махмур сӯйи Қутбиддин нигоҳе аҷиб афканду аз ҳамнишинон пурсид:

— Шунидам, ки аз канораи Марвруд моҳи тобоне рух намуда, ҳоли ҷумла ҷавонмардон парешон кардааст. Ин гап рост ё дурӯғ?

Асиридин мисли булбули маст ба хониш даромад:

Ҳусни рӯяш дида пурхун мекунад,

Чашми ӯ, ё раб, чӣ афсун мекунад!

Дасти ҳуснаш моҳро гесӯкашон

Аз бисоти чарх берун мекунад!

— Офарин, Асхикатӣ, ки дар васфи он нозукниҳол шеъри арзанда гуфтӣ! — шоири ҷавонро рӯҳбаланд кард Анварӣ. — Аҳсанта валлоҳ-ил-ҳақ11, ки рухони зебо дорад он маҳҷабин! Дар ҳама дилҳо ҳаваси рӯйи вай аст. Зеро чеҳраи гулрангу зулфи гулбӯяш бо забони ҳол мегӯяд, ки андар ҷаҳон аз ӯ хушрӯйтар ёре набошад:

Қиблаи рӯйи варо ҳар кӣ шабе бурд намоз,

Чор такбири дигар рӯз бар ин панҷ кунад.

Наргиси масти вай ҳушёртарин мурғеро

Сина чун нор кунад, чеҳра чу норанҷ кунад!

Сутуни сабри дили шоҳзода андаке ларзид ва пурсид:

— Номаш чию нисбаташ ба кист?

— Исми латифаш Дилором, духти Рустами оҳангар, — Анварӣ мувоҷеҳ шудани шоҳзодаро пай бурда, шохчаи ангур болои хон пас гузошт:

Ҳуснаш андар ҷаҳон намеғунҷад,

Номаш андар даҳон намеғунҷад!

Ҳама баробар завқиданду шоири пир мисли ҷавони дилбохта ба хурӯш омад:

Ҳусни вай бар моҳ лашкар мекашад,

Ишқи вай бар ақл ханҷар мекашад.

Қутбиддин борҳо шунида буд, ки дасти ишқ дар ними нафас ҷомаи сабр пора мекунад. Вале азбаски дар дил шубҳае дошт, лом накафонда, ба Ватвот нигарист. Шоири рамузфаҳм дарҳол пурсид:

— Агар ин моҳсимои хуршедталъатро талабгор аз мӯйи сар зиёд бошад, оё дасташ озод аст?

— Озода ва дастнорас аст ин озодсарв! — бо оҳанги боварибахш ҷавоб гардонд Анварӣ. — Баҳри дафъи чашми назорачиёни рӯйи хубаш аз гулбарги бунафша ниқоб сохта, аммо чини зулфаш домест, ки ҳар ақли расо дар он муаллақ монад:

Азбаски кибриёи ҷамол аст дар сараш,

Бар ошиқон салом ба кибру риё кунад!

— Изни ӯ дар дасти кӣ бошад? — пурсупосро табъи дили шоҳзода идома бахшид Ватвот.

— Изни духтар ба дасти модари ӯст, ки ба ҳама хосторон як ҷавоб мегӯяд: «Гули рухсори шоҳдухтари Шоҳи Ҷаҳон зеби дасти шоҳписари Шоҳи замон аст!»

Шоҳзодаро дигар сабру тоқат намонд ва ходимони ҳамешаҳозирро фармуд, то фавран духтар ва падару модарашро ба меҳмонӣ хонанд…

Шакархонум аз пайроҳаи мармарфарш тарафи рост тоб хӯрда, ба роҳаткурсии таги гулбун нишасту Сайфуддинро паҳлуи худ шинонд ва риштаи сухан ба даст гирифт:

— Интухин, давоми қиссаро ман мегӯям.

Қутбиддини оташқалб, ки ба зудии ҳайратовар фирефтаи сухани шоирон шуда, гоми пурғалаён ниҳода буд, бо як дидан, интухин, ошиқи шайдо гашту дил аз даст дод ва хобу хӯр гум кард. Амакаш Султоншоҳ интихоби бародарзодаашро маъқул донисту интухин, гапу корро пазонд. Азбаски писар надошт, Қутбиддинро фарзанд хонду валиаҳди худ эълон кард ва бародарашро водор намуд, ки ба ваҳдати онҳо пайвандад. Бародарон ба қароре омаданд, ки базми арӯсии фарзанди шарикиро дар Марв оғоз карда, дар Ғӯрганҷ идома медиҳанд.

Ҳама шоду мамнун буданд, ғайр аз модари Қутбиддин, ки ба писараш хоҳарзодаи худро доданӣ буд. «Ин савдои хом аст мисли он ки гадое домоди подшоҳ шуданро орзу кунад. Бо духтари қизилаёқ12 ҳамсар шудани шоҳзодаи соҳибқирон аблаҳист!» гӯён Турконхотун, интухин, хеле доду бедод карду як сол зиёдтар зиддият нишон дод. Вале оқибат тираш хок хӯрду Қутбиддин ва Дилором ба муроду мақсад расиданд. Аммо Турконхотун ба тақдир тан надод, мағлуб шуда бошад ҳам, интухин, аспи ҷафоро зин карду ба турктозӣ даромад.

— Яъне хушдомани бад шуд?

— Аз бад ҳам бадтар! Ин зани бадсиришт, ки дар сар ҳазорон фикри зишт дорад, ба наварӯс ҳатто як рӯз рӯйи хуш нишон надоду баъди таваллуди фарзанди нахустин носозиро ба авҷи аъло расонд. Турконхотун мехост, номи нахустнаберааш Узлоғ бошад, ки исми қабилавии онҳост ва чун ба воя расад, Узлоғшоҳ шавад. Дилором қатъиян муқобил баромад, интухин, бо мулоиматӣ андешаашро ба шавҳар фаҳмонд: «Ман ҳеҷ вақт бар хилофи раъйи Маликаи муаззама амал намекунам. Лекин, ба фикрам, номи Узлоғ шоистаи писари мо нест. Чунки маънои улоғ ба туркӣ ҳайвони саворӣ, хар аст… Агар розӣ бошед, писарамонро Ҷалолиддин гӯем, ки бо исми табарруки шумо ҳамоҳанг, ҳамсадо ва бузургмаъност!» Қутбиддин пешниҳоди завҷаи худро маъқул донисту ваъда дод, ки модарашро розӣ мекунад.

Турконхотун сахт озурда гашта, ба писараш фаҳмонд, ки «узлоғ» ба лаҳҷаи қадимаи хоразмӣ «уқоб» асту исми хуби қабилавии онҳост. Вале аз истодагарии Қутбиддин фаҳмид, ки интухин пешниҳод аз даҳони Дилором дамидааст. Пӯстинро чаппа пӯшиду мисли модашер ғуррид ва «хоҳарзодаам Қамбарой модари Узлоғшоҳ мешавад!» гуфта, интухин, ҳамон замон Қутбиддинро маҷбур кард, ки барои ба никоҳи худ даровардани Қамбарой розигӣ диҳад.

— Писар ҳеҷ муқобилат нишон надод?

— Неъ. Чунки аз модараш сахт метарсид.

— Шакархонум дуруст мегӯяд. Дар ин боб як ҳикояти латиф ҳаст, бодиққат шунавед, — дубора ба сӯҳбат пайваст Сайфуддин. — Боре падар Қутбиддинро фармуд, то ба хоҳараш дар омӯзиши забони тоҷикӣ кӯмак расонад. Вай бе ҳеҷ андеша гуфт: «Модарам чунин нафармудааст»! Падар аз ин посух ранҷид ва хитоб кард: «Бар писар амри падар аз ҳама муқаддам аст»! Қутбиддин бебок ҷавоб гардонд: «Модарам низ чунин мегӯяд. Вақте то ҳол бе изни модар қатрае об ба лаб набурдаам ва то зиндаам, бе иҷозати модар нафас намекашам»! Ҷавоби фарзанд падарро мабҳут кард ва фаҳмид, ки муддати зиёд дар сафари ҳарбӣ будан ба тарбияти писар нуқсе ворид кардааст ва агар тариқи зиндагонияш тағйир наёбад, шояд дар оянда халале, ҳатто хатаре ба амал ояд. Бо чунин андеша сари Қутбиддинро сила карду бо меҳрубонӣ гуфт: «Дар оғӯши гарми модар болиғ шудӣ, ҷони падар! Акнун ба паҳлӯи падар биё, то марди ҳақиқӣ шавӣ. Минбаъд якҷоя ба кишваркушоӣ меравем!» Қутбиддин бо шодмонӣ хитоб кард: «Ба чашм, падарҷон. Дартоз меравам ва аз модар иҷозат мегирам»…

— Агар ин қадар фармонбардори модар бошад, чаро гапи ӯро нагирифт ва аз Дилором даст накашид? — бо ҳайрати ошкоро пурсид Нигина.

— Муҳаббати ҳақиқӣ, интухин, басо зӯру тавоност! Қутбиддин дар Марв аз фармони олиҳаи ишқ сар печида натавонист ва ин аввалину охирин нофармонии ошиқписари Маҷнунсифат буд. Дигар асло Қутбиддин аз хати кашидаи модар берун қадам нагузоштаасту имрӯз ҳам, интухин, Хоразмшоҳи Кабир дар ҳама кору масъалаҳо сухани модарро муқаддам медонад.

— Чаро?

— Имрӯза Турконхотун он Маликаи беқудрати чил сол пешина нест, ки набераашро табъи дил ном ниҳода натавонист. Ҳоло вай «Худованди ҷаҳон» лақаб дорад…

— Худованди олам? Чунин лақаб мондан хатои маҳз аст!

— Чанд шоиру олими дигар ҳам «ин хел гуфтан мумкин нест» гуфтанд. Лекин вай якравона «ба ман мумкин ҳаст!» мегӯяду интухин, бо даҳ ангушт фармонфармоӣ мекунад ва дар сархати ҳар амру фармон чунин туғро мегузорад: «Ҳомии дунё ва дин Улуғ Туркон Маликаи хотунҳои олам» Кор ба дараҷае расидааст, ки ин модашери ғарро, интухин, аксар фармонҳои шербачаи худро лағв карда, табъи дили худ бо шиори «Фақат аз Худо паноҳ меҷӯям!» амру дастури нав медиҳад ва ҳар фармоишоти вай бечунучаро иҷро мешавад…

— Яъне ки дар мамлакати хоразмшоҳиён ду подшоҳ ҳукмронӣ мекунад!? Ин нохуб аст:

Як мулку ду подшаҳ нағунҷад,

Ду калла ба як кулаҳ нағунҷад!

— Байте нағз гуфтӣ. Вале андешаи ман дигар: писар подшоҳи мулк асту модар — Маликаи милк, яъне интухин Султон Муҳаммад садри салтанат асту Турконхотун садри хазина ва дороӣ. Писар дар давоми понздаҳ соли подшоҳӣ ними оламро зери даст оварду муҳташам гардид, Искандари Сонӣ лақаб гирифт, модар бошад, аз ҳама дастовардҳою хазинаю дафинаҳо бештарин ва беҳтарин замину дороиҳоро соҳиб гашт ва интухин, бойтарин Маликаи олам шуд. Тавре бухориён мегӯянд, дасти сарватманд ҳамеша болост, зеро решаи сиёсат аз сарват ғизо мегирад.

— Дар чунин ҳолати номуайянӣ муносибати Турконхотун бо шоҳзода Ҷалолиддин чӣ гуна аст?

— То соли гузашта модаркалон сояи нахустнабераи худро аз дару девор метарошид. Ҳатто баъди таваллуд шудани додарандараш Узлоғ низ Ҷалолиддинро чашми дидан надошт ва интухин, ба вай рӯйи хуш нишон намедод. Хайрият ки тобистони гузашта пиряхи азим ба обшавӣ сар карду Турконхотун дар умраш аввалин маротиба пешонаи набераи чилсолаашро бӯсид! Вай аз он хурсанд буд, ки оқибат гапашро гузаронд ва, интухин, бо сеҳру ҷодую чашмбандӣ бародарони калонсол Ҷалолиддини Манкбурнӣ ва Рукниддини Ғӯрганҷиро аз мадди назари падар дур андохта, Узлоғи кӯчакро валиаҳди тахту тоҷ сохт!

Баъде ки Султон Муҳаммади Хоразмшоҳ фармони худро ба аҳли дарбор ва оламиён эълон намуд, Турконхотун пешонии Ҷалолиддинро бӯсиду гуфт: «Аз ҳамин лаҳза туро раҳнамо ва пуштвони бародарат Узлоғшоҳ мебинам. Умрат дароз бод, эй ҷигарбанди она!» Ҳама оҳи сабук кашиданд, ки оқибат лаҳзаи деринтизор фаро расид ва, интухин, очаю бачаю набера бо ҳам оштӣ шуданд…


* * *


Гургоштӣ дар сӯҳбати Маликаи арҷманд Дилоромбону низ таҳлил гардид. Устодон ва шогирдон чоштгоҳон ба гулбоғе расиданд, сабзу хуррам аз оби равон ва тахте заррину чанд курсии мулойим бар канораи ҳавзи мусаффо ниҳода.

— Чӣ некӯ ҷою хуш мақомест! — хитоб кард Сайфуддин аз манзараи хуш ба шигифт омада. — Ҳавое ба ин латифӣ равзаест аз боғи биҳишт!

Дар тарафи рост хаймае аз атласи сурх назаррабоӣ мекард, ки бо ҳашт таноби абрешимин ва мехҳои заррини бар замин фурукӯфта устувор меистод. Наздик расидани меҳмонҳоро дида, канизак пардаи гавҳарнигорро баланд бардошту Дилоромбону чун моҳи мунир берун омад. Канизак ба эҳтироми зиёд ӯро то пеши тахт бурду вай мақдами меҳмонҳоро гиромӣ дошта, бо лаҳни ширин салом гуфт. Ба ҳар кадоме иҷозати дастбӯсӣ дод, хуш бинавохту ҳол бипурсид ва муносиби солашон ба ҷои мувофиқ ишора кард.

Бонуи аввали Шоҳаншоҳи олам, ки бо вуҷуди солмандӣ дар ниҳояти ҳусну ҷамол ва малоҳату латофат раънои ҷаҳон буд, бо лаҳҷаи гӯшнавози хуросонӣ сӯҳбат оғоз кард:

— Мо ҳурмати хонадонҳои қадим нигоҳ медорем ва ҳамеша дида ба дидори дӯст боз кардаем. Мо ба ин шаҳр аз пайи ҳашамату ҷоҳу мансаб наёмадаем ва ҳаргиз ба бад дидан дида наёлудаем. Дилнавозӣ дорему аз ҷангу ҷудойӣ безорем. Лекин ҳамеша рост мегӯему аз касе бим надорем, ҳарчанд ними ҷаҳон зери фармонаш бошад. Ин пешгуфтор аз барои он пешниҳод шуд, ки мо гургоштиро намепазирем, макру фиреби занона ва пурғараз меҳисобем. Ин оштӣ на сулҳ дорад ва на ҷангу нанг! Ғаразу марази ин хотуни арбадаҷӯ дар тарсу ҳароси доимии ӯ аз тақдири набераи ҳамхунаш Узлоғи хар аст, ки ҳам ба азму ҳам ба разм ба нохуни пойи Ҷалолиддини мо намеарзад. Ин хотуни бадният, ки кадхудои оламшумули моро ба забон сояи сари худ меҳисобаду дар асл соя бар сари фарзанд афкандааст, садҳо хешу табору ҳамқабилаи худро сарвару сарҳанги хайлу сипоҳ таъйин карда, лашкари яккачин сохтааст, аммо хуб медонад, ки қудрату шавкати даҳ ҳазор марди ҷангии Ҷалолиддини мо аз сад ҳазор сарбози яғмогари вай беҳтару бартар аст…

Нигина ончунон ба шавқ омад, ки забон аз гуфтор боздошта натавонист ва байти машҳури Фирдавсиро таъсирнок хонд:

Пароканда лашкар наояд ба кор,

Дусад марди ҷангӣ беҳ аз садҳазор!

Дилоромбону хандаи шакаромез карду ба чеҳраи Нигина нек назар афканд. Қаду баст ва манзари ӯ ба табъаш хуш омаду аз табақи тиллоӣ як пора шаранг — харбузаи хушранги подшоҳӣ гирифта, ба Нигина дароз намуд ва бо оҳанги насиҳат гуфт:

— Офарин, эй шакарпосухи ҳозирҷавоб! Ҳамеша хуб гӯй, то хуб шунавӣ. Фарзанди соҳибқирони мо гуфтанд: «Нигина кабутарест, ки дар Ғӯрганҷ ошён хоҳад гузошт, набигзорем, то ба чанголи уқоб афтад!» Гапи фарзанди гиромӣ мо ба зарҳал навиштаем ва туро то бозгашти падару писар баиззат нигоҳ медорем. Мутмаинам, ки наргиси чашму сарви қомати ту, эй навбова, зиннати дарбори мо хоҳад шуд! Дил фарох дор: аз бими шоҳписари мо ҳеҷ кас ба ту дастдарозӣ намекунад ва ҳатто Маликаи хотунҳои олам туро як сари мӯ озор намедиҳад.

— Шукр Яздони покро! Шокирам аз суханҳоятон, эй модарбузург!

— Шокир будани духтараки қадрас хуб аст. Аммо шоири солманд чӣ андеша дорад?

— Мо низ ҳамеша шукргузорем.

— Боракаллоҳ. Хоҳиш мекунам аз қадами аввал нек аз баду бад аз нек бехато бишносед. Зеро дар шаҳри мо ҳеҷ кас намегӯяд, ки дӯғи ман турш аст!

Хоҳиш мекунам, аз шофеӣ будани мо бадгумон нашавед ва агар порае аз эътиқоди хеш наздатон гузорем, эй ҳанафиён, бе айбҷӯӣ қабул фармоед.

— Ризои шумо, ризои мост, эй модарбузург…

— Мо ҳамеша ҳар бандаи мусулмонро шофеъ мешавем, то дар чашми шоҳаншоҳи олам нисбати ӯ меҳру шафқат пайдо гардад. Агар шумо ҳам дар ин масъала тааммули шофеӣ фармуда, ҳар пурсиши муслиминро бо азми дуруст ва қатъӣ ҷавоби шофӣ гардонед ва аз ҳар олоише худро ба софӣ нигоҳ доред, шуморо мудом аз шарбати поки шофӣ баҳраманд мегардонем.

— Эй модарбузурги меҳрубон, ҳар чӣ фармудед, қобили қабул аст, азеро шофеиву ҳанафиён ҳамчашманд. Андешаҳое, ки иброз гардид, бар оқилон ҳалол, аммо бар ҷоҳилон ҳаром бошад. Ҳамеша баҳри он мекӯшем, ки дурру гавҳар ҳамсилк кунем, то Кохи ислом обод бошад.

– Ҳаббазо, шоир! Фардо ҳар дуятон ба тутуқ меравед, ки хиргоҳи Турконхотун аст. Ман ҳам даъват шудаам, аммо нахоҳам рафтан, зеро хотуни бузург бо ман агар сухан гӯяд, ҷуз талх нагӯяд. Вай дар тани ман пероҳани нав бинад, ба худ печаду ҳолаш табоҳ шавад. Вале дилпур бошед, ки дасти инояти Шоҳзода Ҷалолиддин ҳамеша болои сари шумост ва инро дар Ғӯрганҷ аллакай аз ҳафтсола то ҳафтодсола ҳама медонанд. Иловатан се андарз омехтаи танз мегӯям, барои андешаи амиқ. Аввал ин ки аз хотуни ҷаҳон некие бе бадӣ чашмдор нашаведу ягон ҳарфи номақбул ё ҳаракати ношоиста накунед, ки ба ҳеҷ ваҷҳ узр қабул нахоҳад шуд. Дуюм ин ки он хотун либоси рангин, аммо дили сиёҳ дораду ҳар чӣ ба аҳсант бигӯяд, бо содадилӣ зари пок машуморед. Сеюм ин ки сарвату савлати ин хотун чархи баринро сақфи гуҳар мешиканаду тугмае аз кӯлоҳаш мисли шумо ҳазоронро соли дароз баргу навост, аммо риштае бе дилкашолӣ ба касе намебахшад ва агар хаспорае ҳадя кунад, хушдил бошед, ки меҳраш тофтааст. Маро дуруст фаҳмидед?

— Оре, модарбузурги меҳрубон, андарзи нек равшангари роҳи мост.

Дилоромбону бо нигоҳи пурмеҳр Нигинаро нигарист:

— Мебинам, ки ҳарчанд гулӯбанде бо як дирам сим дорӣ, вале ба хубӣ ва ҳусну ҷамоли ҷавонӣ дар Ғӯрганҷ нафаре баробарат нест! Огоҳ бош: дар ин шаҳри ҷамил аз манзарҳо ва ғурфаҳо ҳар лаҳза хубрӯе оламгир хештанро ҷилва медиҳад ва ин ҷо ҳама наззорачиёни рӯйи хубонанд, аммо оне қадр дорад, ки ҷайбе пур аз дирам дорад! Имрӯз, ки ҷавониҳои моро ба ёди мо оварда, хушнуд гардондӣ, ҳуққаи сабзи айёми шабоб ба ту мебахшам. Дар ин сандуқчаи марворид ҳама ҷавоҳироту ороишоти даврони гулдухтариям маҳфуз аст ва акнун моли ҳалоли туст! Азбас ҳунар дорию гавҳар надорӣ, ҳеҷ намехоҳам, ки аз барои андак чизе назди дигар хотунҳо худро беқадр кунӣ…

Канизаке дорем гулдасту хушодоб, номаш Зулфӣ аз Самарқанд, ӯро низ ба ту мебахшем. Вай аз ҳариру ҳуллаву пароно бароят либосҳо медӯзад, мӯятро шона зада, кокулонатро майда бофта, гесувонатро бо мушку анбар муаттар месозад, чашмонатро сурмасор намуда, ба тамошои шаҳр мебарад. Он гоҳ сари мо, аз ифтихор, ба осмон мерасад. Зеро ҳусни ту дар Ғӯрганҷ намеғунҷад…


* * *


Рӯзи дигар Нигина донист, ки тутуқ чодари бузурги барҳаво будааст дар миёнҷойи гулбоғи шоҳаншоҳӣ ва дар ин нишемангоҳи олимаҳалу оинабандон Худованди ҷаҳон, Маликаи бонувони олам Улуғ Турконхотун ҳафтае як маротиба аҳли ҳунарро бор медодааст. Вақте ба вай навбат расид, дарбон ба Шакархотун ва Зулфӣ иҷозати вуруд надоду лоҷарам худаш танҳо ба хиргоҳ даромад. Дид, ки бар тахти пешгоҳ кампири хушлибосе бо кару фар нишаставу аз ду ҷонибаш ду канизаки хубчеҳра бодбезан бод медиҳанд. Чанд қадам пештар рафту таъзим ба дараҷаи олӣ намуда, бо лаҳни булбули хушнаво салом гуфт:

— Дуруд бар Шумо, эй Худованди ҷаҳон ва Маликаи занон ва офтоби замон!

Даҳ-дувоздаҳ нафар занони хушлибосу рангинчодир — дилбанду фарзанду пайвандон, муқаррабон ва муҳаррамони баландпояи дарбори ҳарами подшоҳӣ, ки дар курсиҳои поёнӣ менишастанд, аз таҳнияти ғайримуқаррарии духтараки ҳусну ҷамолаш ғайриодӣ ҳайратзада шуда, бо нигоҳи савол Турконхотунро нигаристанд. Хайрият, ки таҳнияти озоду самимона ба табъи нозукаш хуш омаду бо ишораи сар ҷавоб гуфт, яъне саломро пазируфт.

Атрофиён низ баробар сар ҷунбонда, оҳи сабук кашиданд ва ҷуръати Нигинаро сутуданду боз Турконхотунро нигаристанд, ки чӣ мефармояд. Худованди олам бо чашмони нимкоф сар то пои Нигинаро чену барчен карду бо лабханд гуфт:

— Ваҳ-ваҳ, афтат чӣ хушрӯ! Пештар биё, беҳтар бинамат.

Пояндози мулойимро озоре нарасонда, Нигина наздиктар рафт. Баръало дид, ки ба рӯйи беранги Турконхотун сурхӣ дамиду пешонии пурожангаш ҳамвор, чашмони тангаш кушода ва лабхандаш фарохтар шуд ва бо такаббур гуфт:

— Эй хотунҳо, ба ман қоил шавед! Баъди он, ки дасти шафқат ба сараш гузоштам, Ҷалолиддини сангдил заршиноси асил шудааст. Бинед, ба хидмати онакалонаш чӣ хел тӯҳфаи шоҳона овардааст!

Ҳама баробар «Қойил мо!» гуфта, бо чашми ҳавас Нигинаро нигаристанд, ки аз шарму ҳаё рангаш мисли лолаи аҳмар арғувонӣ гашта, дучанд зебову раъно менамуд.

– Ҷалолиддин гаштаю баргашта илтимосу илтиҷо кард, ки ин духтаракро хор надорем, — бо истеҳзо гапашро давом дод Турконхотун. — Маълум мешавад, ки ин набераи ман ҳанӯз ҳам нодон аст. Худатон росташро гӯед — кадом аҳмақ гулро хор медорад?!

Маликаи аъзам кампирона пиҳ-пиҳ хандиду дигарон вайро пайравӣ намуда, сохтакорона қоҳ-қоҳ заданд.

— Боз ҳам пештар биё, ки беҳтар шунавамат. Ту маро медонӣ ва мешиносӣ?

— Шуморо аз мағриб то машриқ ҳама медонанд ва уммулхалоиқ мехонанд. Имрӯз хушбахттарин одам дар олам манам, ки ба дидори рӯйи мубораки Худованди олам, Ҳомии дунё ва дин Улуғ Туркон, Маликаи хотунҳои ҷаҳон мушарраф гардидам. Агар Шумо фақат аз Худо мадад металабед, ман аз шумо имдод меҷӯям.

— Оҳ-ҳо, булбули гӯё-ку ту! Акнун бигӯй, ки номат чию зодгоҳат куҷою мақсади ба Ғӯрганҷ омаданат чӣ?

Нигина зиндагиномаи худро аз рӯзи валодат то ба ин соат варақ гардонда, ба таҳпурсӣ ҷавоби мухтасар, вале мукаммал гардонд. Турконхотун ангуштони дасти рост ба турра — мӯйи печида дар канори пешонӣ — ниҳода, нақли шеворо бодиққат шунид ва лаҳзае ба тафаккур фурӯ рафт. Сипас ҷуръае шарбат нӯшиду гуфт:

— Шайхони хуҷандӣ Бадеуддину Бурҳониддинро медонам, ки бо шайхи бузурги Хоразм Наҷмиддини Кубро ва шайхулисломи мо Ҳазрати Маҷдуддин робита доранд. Маҳастиро ҳам медонам, ки маҳбубаи Санҷари беимон буд.

Лекин…ман ҳайрон: падарат машоқчӣ набудаасту модарат шодгунаи усулчӣ не, лекин ту чаро раққоса шудию худатро кабку кафтар пиндошта, ба шаҳри дур парида омадӣ?

Ту аз афсонабофӣ чӣ мурод дорӣ?

— Он чӣ аз сарам гузашту аз гуфтаҳои модар ба хотирам омад, ба забон овардам. Шумо, эй Худованди олам, мухторед, ҳар чӣ беҳтар донед, бипазиред. Ман дар пеши пойи шумо як зарра хоки заминам…

— Агар ақидаи ту ин аст, қобили қабул бошад. Фақат афсонаро ана ин хел ба анҷом мерасонем: «Кабутари Ворух оқибат кабутари ҳарам шуду ба муроду мақсадаш расид». Маъқул?

Атрофиён ҳама ба як овоз «Рост мегӯед. Раво бувад» гуфтанду Нигина бо аломати ризо сар ҷунбонд:

— Маро хомӯшӣ беҳ, ки акнун шунавандаам…

— Аҳсан туро, ки фаросати хуб доштаӣ! Ба ин ҳусну ҷамолу ақлу фаросат ва хушсуханӣ нигини ангуштарини шоҳ нашавӣ ҳам, надими беҳтарини фарзанди мо мешавӣ!

Аз ҳамин лаҳза то омадани шоҳписари оламгири мо ту мӯҳтаҷиб шав! Яъне, дар паси ҳиҷоб пинҳон бош. Ҳатто ба ҳеҷ кас магӯй, ки номи ту чист. Сурриятканизи ҳарами шоҳаншоҳӣ аз пагоҳ сар карда, ҳафт андоми туро даҳчанд суфтаю муҷалло мегардонад. Вақте нури чашми мо Қутбиддини Муҳаммад бо тоқутурунби подшоҳӣ ба Ғӯрганҷ меояд, ҳадяи шоҳонаи моро дидан ҳамон аз хосияти ишқ ҷавон мегардад ва туро ба хилват мехонад… Нею агар ба шоҳписарам маъқул нашавӣ, он гоҳ туро ба ягон солори худ мебахшам. Ба ҳар ҳол ту дар кӯча намемонӣ.

Акнун ба ту ҷавоб. Шод бирав, эй гулбадан ва даҳ канизаки пушти дар истодаро барои хизмат бо худ бубар. Онҳо туро ба саройи хос мерасонанд…

Нигина тибқи маслиҳати Дилоромбону барои намоишу озмоиши ҳунар ҳамаҷиҳата тайёрӣ дида, бо кӯмаки Шакархонум рақси ҷаззобе омода сохта буд, то дили санги Турконхотунро нарм ва чашми хирабини вайро равшан гардонда, ба унвони кабутари ҳарам сазовор будани хешро бо ҳунари воло собит намояд. Вай аз ин мулоқот ҳама чизро умедвор буд: таҳқиру маломат, фиребу найранг, дӯғу даранг ва дигар ҳуққабозиҳоро… Вале ҳеҷ гумон надошт, ки сӯҳбати аввал бо шармандагӣ анҷом меёбаду кампири хушкидалаб ва гӯшоганда ба рақс ягон зарра мароқ зоҳир накарда, бе ягон шарму ҳаё ба сурриятканиз мефармояд, ки ӯро барои ҷимоъ бо подшоҳ тайёр намояд.

Аз чунин каҷфаҳмӣ ва беадолатӣ Нигина сахт барошуфт ва хост бо тамоми овоз фарёд кашида, ҳафт андоми сурриятканизакро бишканад ва хуншор намояд. Вале Турконхотун магар вайро сеҳрбанд карда буд, ки… даҳони пурсуханаш безабон шуда буд!

Яке аз пайвандони Маликаи олам, духтараки мавзунқомати тахмин ҳамсоли Нигина шитобон аз ҷой хесту саросема хитоб кард:

— Улуғмомои ҷон, агар иҷозати Шумо шавад, як даҳан гап дорам.

— Бигӯ.

— Дамир Малик гуфтанд, ки шоҳзода Ҷалолиддин ин духтаракро ҳамчун раққосаи зӯр аз Мовароуннаҳр ба падарашон тӯҳфа овардагӣ…

— Кай бо Дамир Малик ҳамсӯҳбат шудӣ?

— Шаб…

— Хеле хуб, Ойчечак. Бо хабари хуш оташи ғазабро паст кардӣ. Акнун давоми гапатро гӯй!

— Улуғмомои ҷон, илтимос, иҷозат диҳед, ки лаҳзае ҳунари ин сойкелдиро тамошо кунем…

— Раво набувад! То шоҳаншоҳи олам ба Ғӯрганҷ наояд, ин ҷинқарча ба ҷилва намеояд, дар паси ҳиҷоб ҷимакак мешинад.

Ду ҷавонзани дигар ба паҳлӯи Ойчечак рост шуданд.

— Эй Худованди олам, илтимос, Ойчечакро ноумед накунед. Мо ҳам ҷилваи ин сойкелдиро дидан мехоҳем…

— Ором шавед! — мисли модашер садо баровард Турконхотун. — Паси дар боз як сойкелдӣ интизор истодааст. Аввал ҳунари вайро бинем, баъд ба ягон хулоса меоем. Ин хушрӯчаро ягон ҷо шинонеду шоирро ҷеғ занед!

Баробари баланд сало додани дарбон Сайфуддини Исфарангӣ бо виқори шоирона ба тутуқ ворид гашту андаке чамида, мобайни чодир омад. Бо саломи хушк, вале пурлутфу табассум дили ҳозиринро фараҳманд гардонду бо саломи чарб Турконхотунро бинавохт:

— Ассалом, эй садру сарвари бонувони олам!

Эй ёфта оби зиндагонӣ

Дар лаъли ту оташи ҷавонӣ.

В-эй меҳри ту дар суродиқи дил

Афрӯхта шамъи шодмонӣ!

Бингар, ки ҷоми субҳ гул кард

Хушдил зи насими бӯстонӣ.

Савғои ту оташин баҳорест,

Чун шамъи сарой ҷону ҷонӣ!

Пӯшида чу гавҳари хушоб аст

Дар лаъли ту оби зиндагонӣ.

Турконхотун ҳар калимаи шеърро бодиққат шунид, аммо чунин вонамуд кард, ки чизеро нашунидааст.

— Эй шоир, бигӯ ки Ватвотро медонӣ?

— Агар муроди шумо шабпарак бошад, бовар кунед, то ҳол надидаам.

Ҳама ноаён хандиданду Турконхотун асабонӣ шуд:

— Бутун ҳафтафаҳм будаӣ-ку, эй қалмош!13 Ман Ватвоти шоирро дар назар дорам…

— Шоир Рашидуддини Ватвотро хуб медонам. Фаровон шеъри накӯ дораду номаҳои пурҳикмат ва мондагор. Фахр-ул-удабои дарбори Хоразмшоҳиёни Кабир будӣ…

— Ин қадар дониш дорию худро гӯлу гаранг нишон медиҳӣ. Минбаъд ҳушёр бош, то масхараи дарбор нашавӣ!

Ана акнун маро бодиққат гӯш кун! — Турконхотун китоберо аз рӯйи миз боло бардошт. — Ин китоби ана ҳамон Ватвоти шоир. Дар пушти муқова ба писари мо ким-чӣ навиштагӣ. Аввал ба овози баланд хон, баъд давоми гапро мегӯям.

Сайфуддин китобро аз дасти канизаки хидматрасон гирифта, тибқи дастури улёҳазрат амал кард:

— Номи китоб «Ҳадоиқ-ус-сеҳр фи дақоиқ-уш-шеър». Дастхати муаллиф: «Ин нусхаи хосса аз ҳадиқаи маонӣ ва ганҷи ҷовидонӣ тӯҳфаи ихлоси муаллиф Амир Рашидудин Саъдулмулк Муҳаммад бинни Абдуллоҳ бинни Яҳёи Мардуз мутахаллис ба Ватвот аст барои шоҳзодаи дақиқунназар, амиқулфикр ва каримуннасл Қутбиддин Муҳаммад, ки соҳиби вуқуфанд ва басо нуктасанҷу нозукфаҳм:

Маъшуқа дилам ба тири андӯҳ бихаст,

Ҳайрон шудаму касам намегирад даст.

Мискин тани ман зи пойи меҳнат шуд паст,

Дасти ғами дӯст пушти ман хурд шикаст»

Сайфуддин қироатро тамом карда, саволомез кампири инҷиқро нигарист, ки боз чӣ мефармояд.

— Мазмуни шеър барои ман тамоман нофаҳмост! — бо абрӯи чин хитоб кард Турконхотун. — Кадом маъшуқа? Чаро мискин тани ман? Чӣ хел меҳнати паст ва барои чӣ пушти ман шикаст? Ин гапҳои муғлақ ба писари ман чӣ дахл дорад?! Ин пурсишҳоро аз ҳамаи шоирҳои дарбор пурсидам, касе ҷавоби дуруст надод. Ту чӣ посух мегӯйӣ?

— Мазмуни дубайтӣ ба шоҳписари муаззами шумо ягон зарра дахл надорад, эй садру сарвари бонувони олам! Шоир ҳолати душвори худро тасвир намуда, аз шоҳзодаи замон дастгирӣ умед кардааст, — орому осуда шарҳ дод Сайфуддин ва китобро ба дасти Турконхотун баргардонду бо лабханд гапашро давом дод. — Эй Худованди олам, агар ба сарҳарфи ҳар як мисраъ аҳамият диҳем, мебинем, ки шоир тавассути санъати мувашшаҳ лақаби ирфонии шоҳзодаи муаззамро шаҷара бастаасту чор ҳарфи аввалро дар алоҳидагӣ якҷоя нависем, исми мубораки «Муҳаммад» берун меояд…

Турконхотун бори дигар ба соядасти Ватвот нигаристу ҳарф болои ҳарф гузошта, дурустии сухани Сайфуддинро санҷид ва хандид:

– Қанд ур, эй келганшоир! Аз ҳама суханчинҳои дарбор ту зирактар будаӣ, ки ниқоб аз болои муаммо бардоштӣ. Вале ман ҳаргиз намегӯям, ки ту беҳтарӣ аз дигарон. Зеро шоирон, ки одати бад доранд, бо арбада ба ту шӯранд ва зиён оранд. Барои он ки маро ва худатро хиҷил накунӣ, чун шеър мегӯйӣ, ончунон гӯй, ки ҳамкасбонат қойил шаванд. Шеър ончунон гӯй, ки шоҳаншоҳи олам хоҳад…

— Эй Маликаи хубони олам, дар васфи шоҳаншоҳи олам ва модарбузурги Хоразм шеъри зеҳро бо хати туғро хоҳам навишт!

— Нияти хуб дорӣ, эй янгишоир, аммо дар хидмати шоҳписари мо ҳеҷ каломе беҳтар аз бадеҳа гуфтан нест. Агар шеъри олӣ бадоҳатан эҷод гардад, табъи шоҳаншоҳи олам хуррам шавад ва шоир ба мақоми олӣ расад.

Дар оғози сӯҳбат бо чанд байти хуб манро ба осмони ҳафтум бардоштӣ. Мадеҳа сара буд, аммо на бадеҳа буд! Фар-фар шеър гуфта метавонӣ?

Сайфуддин бо аломати ризо сар ҷунбонд. Турконхотун аз миёнаш поёнро саҳл ҷунбонда, ба курсӣ бароҳаттар нишасту гуфт:

— Мисраи якумро ман мегӯяму ту… нӯҳ мисраи дигар мебофӣ! Сар кардем:

Худованди олам, Улуғ Хотун меояд…

Сайфуддини Исфарангӣ мисраи пешниҳодшударо ду-се карат такрор карду аз чеҳраи Турконхотун чашм наканда, ба уқёнуси шоирӣ ғӯта зад:

Худованди олам, Улуғ Хотун меояд,

Теззеҳне, ки чу хуршеди ҷаҳон орояд.

Дурри гавҳари зоту шарафи дудаи ӯ

Ҳар чӣ аз ҷинси камолот бигӯй, шояд.

Дӣ маро дидаву ташрифи аёдат фармуд,

В-ин раҷо ҳаст, ки бори дигарам фармояд.

Ҳадди банда набувад ин караму лутф, вале

Чӣ кунам, бахти вилодист, ки меафзояд.

Ин чӣ эъҷози Расул аст, ки дар уммати ӯ

Мӯр бошад, ки Сулаймон ба сари ӯ ояд.

– Қанд ур, эй яхшишоир, ки бахти нек дорӣ ва то ман бошам, қадри суханат афзояд. Ба чашмам марди муқбил менамоӣ. Агар андоза нигоҳ дорӣ, корат боло мегирад. Акнун росташро гӯй, ки дар Ғӯрганҷ замона чӣ гуна гузаронӣ?

– Ҳар чӣ гардун диҳад, замона аз он созам. Бовар дорам, ки лутфи Худованди олам шоири бенаворо сабзу мунаввар мегардонад ва дар шакарҳои назми ман аз ҷоми дӯстгонии хеш гулоби муаттар мерасонад.

— Булбуле, ки хуш наво дорад, ҳаргиз бебаргу наво намонад! — бо лаби пурханда гуфт Турконхотун. — Низомулмулки мо Носириддин Муҳаммад ибни Солеҳро медонӣ?

— Албатта. Аҷаб марди зиндадил аст ӯ! Лабонаш чун субҳ доимо хандон менамояду ҳамеша чун боди сабо мушкафшон меояд.

— Дуруст сифат кардӣ, эй шоир. Вай зеҳни тезу килки қудратманд дорад, мисли теғи ҷаррор! Ҳар чӣ хоҳад, шоҳу вазирону малику бегҳо иҷро мекунанд, чунки бегларбегӣ унвон дорад! Агар вай набошад, мулк вайрон мешавад. Ибни Солеҳ шоирону олимонро дӯст медораду агар шоҳона зиндагӣ кардан хоҳӣ, дасту домони ин ҳимматбаландро маҳкам дор!

– Қурбони он дилам, ки дӯстдори шоир аст! Аз ҳамин лаҳза баҳри он мекӯшам, ки ба хидмати бузургвазир аз шоир фақат арӯси бикри маънӣ пешниҳод шавад, то ӯ силатҳои гарон баҳри мо арзон намояд:

Низомулмулк, Султон Носируддин,

Ки килкаш теғро бурҳон намояд.

Уторид бо камоли хурдадонӣ

Барояш ҳар чӣ хоҳад, он намояд

Нигар, аз дасти ӯ беобрӯе

Ба сони абри тобистон намояд

Ба олам рози давлатномаи ӯ

Кушодарӯй чун унвон намояд

Агар меъмори ҷоҳи ӯ набошад,

Бинои мамлакат вайрон намояд!

Чу Шоҳин бод мулкаш рост, то Наср

Ба нусрат шаҳраҳи имкон намояд…

— Боракаллоҳ, эй шоир! Ҳар он чӣ гуфтию суфтӣ, бо хати насталиқ дар коғази абрешимӣ бинавис, то ба Носириддин ҳадя кунам. Подоши шоҳона туро худаш меёбад. Акнун дар васфи набераи нағзи ман, ки рӯяш мисли офтоб аст, даҳ мисраъ мадҳия бигӯ! Хез, Ойчечаки офтобрӯй, ҳусну ҷамол ба шоир нишон деҳ!

Набераи фармонбардор парда аз чеҳра баланд бардошту шоири хушилҳон пеши рухи хуршедмисол ғазалхон шуд:

Эй наварӯси ҳусн, туро зевар офтоб,

Оинаро зи сурати ту дар бар офтоб.

Тори шаб аст сояи зулфи ту дар қамар,

Мушкин хат аст нуктаи холат бар офтоб.

Аз рашки моҳи рӯйи ту ҳар шом то саҳар,

Чун гирдбод хок кунад бар сар офтоб.

Давлатсаройи ҳусни туро вақти дору гир

Чашм аз ҳавои рӯйи ту дорад тар офтоб.

Гар панҷ вақт чеҳра дар ойина бингарӣ,

Дар моҳ мушк бинию дар анбар офтоб.

Ҳама ба офарин лаб кушоданду Сайфуддин чашм бар замин дӯхта, ҳукми Маликаи ҷаҳонро нигарон истод.

— Офарин бар чунин шоир бод! Акнун боз як бори дигар зӯри худро нишон деҳ, эй улуғшоир! Ду набераи дигарам дар паҳлӯи Ойчечак истодаанд. Инҳо экизак14. Номашон Гулрӯ ва Маҳрӯ. Дар васфи ҳар дуяшон чор хат — чор хат шеъраки ширин ва дилнишин бигӯ, то армони дилашон шикаста шавад. Лекин шарт ҳамин, ки ҳар ду ғазал ҳамқофия бошад, яъне экизак, то дили ҳеҷ кадомашон шикаста нашавад…

Сайфуддин дугоникҳоро ба паҳлуи худ хонду сар то пояшонро бо дидаи борикбин муойина карда, аввал ба васфи Моҳрӯ пардохт:

Эй Маҳи рӯят офтоб шикаста,

Зулфи ту бозори мушкноб шикаста.

Нози ту пирояи ниёз гусаста,

Ғамзаи ту корвони хоб шикаста…

Моҳрӯ бо чеҳраи шукуфта гоҳ ба модаркалонаш менигаристу гоҳ ба аҳли толор, аммо Гулрӯ сар ба зер афканда, бо илтиҷо ба даҳони шакаррези шоир нигоҳ мекард. Сайфуддин вайро маътал надошт:

Эй Гули рӯят ҷаҳон шикаста,

Аз ғамзаи ту синон шикаста.

Мурғест вафои ту чу анқо,

Бар худ қафаси ҷаҳон шикаста…

Каломи шакарбору гуҳаррез ҳамаро ба ваҷд расонд ва шӯридадил гардонд. Турконхотун аламбардори эшон буд ва ангубин бар шакар омехт:

– Қанд ӯр, эй улуғшоир!15 Се гули хандони ман, се набераи зебои ман энг16 аз ту хурсанд.

Қоб!!17

Нидои Худованди оламро шунидан ҳамон пешхидмат дарҳол табақи заррин пур аз нуқра оварду пеши пойи Сайфуддин ниҳод. Турконхотун бо рӯҳияи аввала суханашро идома дод:

— Се гули хандони ман мехоҳанд, ки аз ҷилваи кабки дарӣ, ки ҳамроҳи худ овардаӣ, лаззат баранд. Ман ин корро ба таъхир гузоштам. Ту, ки ба ин духтарак қаловуз18 ҳастӣ, чӣ гуфтанӣ дорӣ?

— Эй садру сарвари бонувони олам, то ҷое медонам, ин кабки хиромон аз кӯҳистони Ворух — дурдасттарин рустои давлати Хоразмшоҳиёни Кабир махсус барои шумо — уммулхалоиқи замон рақси наве тӯҳфа овардааст бо номи «Кабки дарӣ».

— Наход? Чаро ин гапи нағзро худаш нагуфт? Маълум мешавад, ки ҳанӯз гӯсола аст, калла аз каҳдон берун накардааст! Лекин… моли кироӣ, тарбият мекунем. Эй лӯъбатак, канӣ ту?! — Турконхотун ин карат бо чашми ноҳифозӣ сар то пойи Нигинаро шудгор кард. — Пакар нашав, духтар, қомататро рост гир! Як умр аз Ойчечаки ман миннатдор бош, ки мушкилатро осон кард. Аз шоири қаловуз миннатдор бош, ки пеши роҳатро кушод.

Зуд мутрибонро садо кунед! Эй улуғшоир, кабки кӯҳӣ ба ҷилва андоз!

Сайфуддин зуд ба замзама пардохт:

Эй лабат тӯтии шакарпардоз,

Зулфи ту ҳиндуи камандандоз.

Ҳин, ки мурғони андалеби наво

Баркашиданд безабон овоз.

Булбулон аз нишот чу анқо

Боз гаштанд арғунунпардоз

Саъд бартофт гӯшҳои рубоб,

Пардае кард дар Раҳовӣ соз.

Пойкӯбон ба ҷилвагоҳ баро,

Эй кабк, рақсидан намо оғоз!

Ромишгарон бо сарварии Шакархонум дохили тутуқ шуданду дар ҷойгоҳи ҳамешагӣ маътали ишора истоданд. Нигина ҳам аз пешайвон ба майдон гузашту бо чеҳраи шукуфон Турконхотунро нигарист. Ин карат овози хастаи Маликаи бонувони олам фараҳфизо садо дод:

— Шакархонум, бинавоз! Эй кабкрафтор, бихиром!!

Ту ҳунар бинамой, то бувинем. Фақат… аз ёд набарор: на ҳар ки даст ба рақс занад, хиромаш дилпазири мост!

Мусиқӣ танин андохтан ҳамон Нигина маҳин ба ҷилва даромад ва оламу одамро фаромӯш кард. Чун авҷи мақом расид, кабки дариро лаҳзаи ҷунун омад — мисли мастаки шӯрида ба шодӣ садо дардод ва чаммона болу пар афшонд. Турконхотун беихтиёр тарфи кӯлоҳ қаҷ намуда, дар нишемангоҳи хоси хеш бар кабки раққоси хеш хироманда шуд. Нигина мечархиду меболид, бо дасту китфон ва чашму абрувон болу пар меафшонд, ҳар мӯйи гесу ва тори мижгонаш болафшонӣ дошт. Кампири ҳафтодсоларо табъ хуш гашт ва сабру қарор аз даст дод. Чолок аз ҷой хесту тӯзӣ19 аз тан кашид ва бо табъи болида ҳаммароми Нигина шуд. Дигарон низ ба по хестанд ва тутуқ пур аз кабки дарӣ шуд.

Баъди анҷоми рақс Турконхотун пешонии Нигинаро гарм бӯсид ва «Шод бош, аҳсант, рақси зебо дорӣ!» гӯён, як каф ақча20 бахшид. Дигар бибисанамҳо ва гулдухтарон низ момои бузурги худро пайравӣ намуда, ба қадри ҳиммати хеш диноре ё рӯймоле шоҳӣ барояш нисор карданд.

Ойчечак ангуштари тилло бахшид ва сидқан гуфт:

— Аз ягон рақсе ба ин дараҷа лаззатманд нашудаам! Ҷилваи ту ҳатто хоҳарам Нозпарӣ-хиромон чу кабки дариро шефта мекунад!!

Нигина аввал одоби таъзим баҷо оварду сипас Ойчечакро хоҳарвор ба оғӯш кашид ва бо ҳаяҷони бузурги қалбӣ нидо кард:

— Илтимос ин гапро ба Дамир Малик гӯшрас намо…

Равзанаи дуюм. Ришханде ба рангомезиҳои Насноси бахткушо ва Савсани афсунгар

Ахтарони Исфара бо дили шод аз тутуқ баромада, аввал ба зиёрати маликабону Дилором шитофтанд.

Ҳама рӯйдод ва гуфтушунуфтро бо тамоми ҷузъиёташ тасвир намудаю чойи хуштамъ бо ангубин нӯши ҷон карда ва таҳният шунидаю маслиҳат гирифта, бо хотири ҷамъ ҳамроҳи Камолиддину Шакархонум ба тамошои шаҳри андарунӣ рафтанд. Нигина ин қисмати Ғӯрганҷро шаҳристони ободон ёфт бо куҳандиз — қалъаи қадим ва ҳам коху қасрҳои навин, бозору масҷиду мақбараю саройҳои мӯҳташам ва гулбоғҳои сабзу хуррам, иморатҳои барҳаво ва кӯшкҳои мунаққаш. Вай бо чашми сар медид, ки таърифу тавсифҳои Камолиддин бебунёд нест ва Ғӯрганҷ аз Хуҷанд даҳ баробар пурганҷ асту ҳар он чӣ ҳокимону зердастон ва бою камбағалонро ба кор ояд, фаровону зиёдатист ва ҳеҷ ҳоҷати ба ҷойи дигар рафтан нест.

Рӯзи дигар тахтгоҳи подшоҳ — боргоҳу дарбор, арку қасри ҳисорбаланди шоҳаншоҳӣ, доруззиёфату ҳарамсаройро тамошо карданд, ки аз қадимулайём бошишгоҳи шоҳони Хоразм ба ҳисоб рафта, дар даҳсолаи охир ба дараҷаи гӯшношунид ободу ҷалил ва мустаҳкам шуда буд. Ҳама ҷойгоҳи подшоҳнишинро девор аз хишти заррин буду сутунҳои чӯбину мармарӣ мӯҳташаму гавҳаркӯб ва дару панҷараю шифти хонаҳо пур аз нақшу нигори аҷамию арабию чинию румӣ…

Дарвозаҳо маҳкаму панҷараҳо мустаҳкам буданду сипоҳӣ анбӯҳ. Аз нақли роҳбалад маълум гардид, ки мардони Ғӯрганҷ ҷангӣ ва ғозипешаву тирандозанд. Як ишора кофист, ки дар давоми ним соат бист ҳазор размандаи саропо мусаллаҳ аз хонаи худ оҷилан назди қалъа расида ояду агар вазъият муташанниҷ гардад, дар як рӯз сад ҳазор бештар сипоҳӣ омодаи ҷанг мешавад…

Рӯзе устоду шогирд Сайфуддин ва Камолиддин ба меҳмонӣ омаданд. Шакархонуми муборакрӯ, аммо бешавҳару бедудмон, ки шабу рӯз ҳамроҳи Нигина мезисту аллакай хеле унс гирифта буданд, аз ташрифи ногаҳонии мардҳо ба саройи занона ноҳинҷор шуд:

— Шуморо кӣ ба ин ҷо далолат кард?

– Ҳеҷ кас. Худамон омадем.

— Маро ба ранҷу дард гирифтор кардан мехоҳед? Интухин, оё намедонед, ки бо кабутари ҳарам ҳамнишин шудан номумкин аст?!

— Эй хола, ақл дорӣ? Мо магар бегонаем?!

— Ин ҷо мо ҳама раққосаем, интухин, зани боақл куҷост?

— Ё тавба! — сахт барошуфт Камолиддин. — Дар ин сарой ғайри «интухин» ягон нафари меҳмонхоҳ ҳаст ё не?!

– Ҳаст! — овози маҳини Нигина аз саҳни ҳавлӣ ба гӯш расид. — Устод Комгор, меҳмонҳои нури чашмро истиқбол гиред.

Марде миёнақад ва сурхрӯй дартоз пеши дарвоза омаду писари Шоҳзода Ҷалолиддинро бо як нигоҳ шинохт ва бо иззату икроми зиёд пазироӣ карда, ҳар дуро ба нишемангоҳи лаби ҳавз овард.

— Эй хола, чаро дар дами дарвоза маро маъталу масхара кардӣ? — пурсид бо алам Камолиддин, ки дилаш аз ҷӯши ғазаб то ҳол меларзид.

— Узри маро бипазиред, азизон. Чунки, интухин, дигар илоҷ надоштам. Девору замини ин мавзеъ пур аз муш аст! Агар бе ягон монеа ба ҳавлӣ медаромадед, ҳамон замон ба шиҳна хабар мерасид, ки «ду мард ба саройи Нигина даромад.». Он гоҳ ғалмағал, интухин, бисёр мешуд. Акнун ягон гапу калочаи зиёдатӣ намешавад. Чунки мушҳои дупо, интухин, кӣ будани шуморо шинохта, саҳеҳ хабар расонданд…

Камолиддин таги гапро фаҳмида, ором шуду Нигина дарҳол қофия баст:

Ин саро шуд матлаи хуршед аз нури шумо,

Шоири зӯру шогирди тавоно — марҳабо!

Каломи мавзун шиддати ҳолатро ба нестӣ расонд ва сӯҳбати аҳли дилро тасфонд.

– Ҳунар ва сухани фасеҳро оқилон сеҳри ҳалол гуфтаанд, — шарҳ дод устоди калом. — Камолиддинро баракати қоғаз ва қалам сеҳри ҳалол мебахшаду Нигинаро ҳаракати даст ва чашму абрӯ! Яъне, агар ҳар дуи шумо илҳом ва ҳунари хешро бо рафоқат ҳамдостон намоед, тавфиқ меёбед, бо некномӣ ҳамнавард мешавед.

Камолиддин дарҳол байт бофт:

Ҳамсилк кунем дурру гавҳар,

Мақсуди шумо шавад муяссар!

— Офарин, бародар, андешаи маро даҳчанд беҳтар суфтӣ! — гуфт бе оҳанги тамаллуқ Нигина. — Акнун росташро гӯй, ки ту шоир шудан мехоҳӣ ё амир?

— Чаро чунин мепурсӣ?

— Агар шоир шуданӣ бошӣ, тахаллуси Камол Исмоил туро мезебад, агар амир шавӣ Камолиддин ибни Ҷалолиддин хушоҳанг ояд.

— Рости гап, ба ман ҳар дуяш маъқул. Лекин… ба ту иҷозат медиҳам, ки ҳамеша маро Камол Исмоил ном барӣ.

— Тахаллуси зебо муборак шавад! — ба сӯҳбат даромехт марди сурхинарӯ. — Лекин мардуми Марв одате доранд, ки ба ин муносибат зиёфат медиҳанд. Чанд сол пеш ман ҳам зиёфат дода будам.

— Устоди моро Шариф ному Комгор лақаб аст, — фурсати муносиби муаррифиро бо чолокии занона истифода бурд Шакархонум. — Эшон ҷудо ҳам ромишгари зӯр, интухин, сарвари муғанниёни дарбор. Секаса ба рақсҳои Нигина оҳанги мувофиқ мекофтем, ки шумо омадед… Интухин, оё медонед, ки тахаллуси эшон чӣ маъно дорад?

— Маънояш осон! — зуд ҷавоб гуфт Камол Исмоил. — Оне, ки ба коми дил расидааст, Комгор аст.

Марде ба зан дилдорӣ кунад,

Чу комаш расад, комгорӣ кунад!

Дигарон низ ҷавоби шоири ҷавонро тасдиқ намуданд. Вале Шакархонум рад карду ҷониби муғаннӣ чашмак зад.

— Дар дашту дамани Марв гуле ҳаст комгорӣ номаш. Азбаски рангаш бағоят сурх асту ба рухсораи ман ҳамранг, дӯстон моро Шарифи Комгор гуфтанду зиёфат хӯрданд. Мо ҳам умедвор!

— Зиёфату гап! — паст наомад Камол Исмоил. — Барои чор зиёфатхӯр як гӯсфанди чорӣ басанда аст?

— Дар толори машқ шиками даҳ ромишгар низ танбӯр менавозад, — хандид Комгор.

— Гурӯҳи мо ҳашт раққосаи соҳибҷамол дорад, ки дар ҷилвагарию зиёфатхӯрӣ устухон надоранд, — илова намуд Шакархонум.

Ҳама базавқ хандиданду калом ба таом лангар андохта, боз чандин мавзӯъ бирён ва зирбон гашт. Оқибат ба чунин хулоса расиданд, ки ҳамакаса бозор мераванду агар биринҷи девзираю равғани зағир ёбанд, Нигина палави исфарангӣ мепазад.

Бозори бузурги Ғӯрганҷ дар миёни шаҳристон ба чор тараф доман паҳн кардаву хариду фурӯш ва доду ситад бо нуқраю тилло анҷом меёфт. Дар растаҳо бозоргонҳои ҳама мамолики ҷаҳон неъматҳои алвон, ҷомаю палос, ороишоту атриёт, чинию чарчинворию дигар олоти рӯзгор, сабзавоту меваҷоту кулли озуқаворӣ ва ҳазору як майда-чуйдаро бо мағалу шавқун савдо мекарданд.

— Дар бозори мо баҳору зимистон меваҷоти тару тоза фаровон асту масалан, саду бист лавн ангур метавон ёфт яке аз дигаре латифтару лазизтар! — ситоишро ба авҷи баланд баровард Камолиддин. — Аммо ду навъи ангури Хоразм дар ақсои олам нест: парниён ва каланҷарӣ.

Устод Комгор бо лабханд луқма партофт:

— Зӯри зӯраш ангури парниён — тунукпӯсти хурдактакси асалтаъми шириноб. Тановулаш баъди ош айни муддаост!

Хидматгорон дарҳол чор сабат ангури таърифӣ бардоштанду баъди ҳисобӣ кардан Камолиддин нақлашро давом дод:

— Аз ин бозор барраҳои ширмаст ва моҳии тозаро ҳамеша табъи дил ёфтан мумкин аст. Лекин мардуми Хоразм бештари хӯрданиҳоро аввал мепӯсонанду баъд мехӯранд. Мо чӣ кор мекунем?

Устод Сайфуддин дарҳол ҷавоб гардонд:

— Мо намепӯсонем! Аввал девзираю зағиру гӯшти гов мехарему баъд равғанро доғ мекунему гӯштро мезирбонему биринҷро меҷӯшонему ошро дам меандозему баъди пухтан нӯши ҷон мекунем!

Қаҳ-қаҳаи ёронро ғалмағали бозор фурӯ кашиду якбора овози таблаку най баланд садо дод ва ҷавонзани ҳиндусурате даст ҷунбондаю сурин ларзонда, дар мобайни раста ба рақс даромад.

— Як моҳ пештар аз кишвари Ҳинд ба шаҳри мо қариб ҳазор нафар мутрибу ромишгар омадаанд. Зану марди луриёнӣ аз субҳ то шом дар ғурафоту маҳаллаҳо, кӯчаву кӯйҳо ва бозори Ғӯрганҷ пеши мардум ромишӣ мекунанду мерақсанд, то як бурда нон ёбанд…

Сухани дардолуди Комгори хунёгар ҳамаро ба дарёи тафаккур андохту чун ба манзил расиданд, Сайфуддин аз замир оҳи пурдарде кашид:

— Агар бо чашми хештан намедидам, ҳаргиз ба гапи Комгор бовар намекардам… Ин қавми ҳунармандро бингаред, ки аз дасти замона чӣ ҳоли табоҳ доранд! Аз хони сагон баҷаҳд устухоне мерабоянд, то вақти ҳоҷат нафси худ ором намоянд… Дар Самарқанду Бухоро борҳо дида будам, ки ҳунармандони асил бо машаққати алим рӯз мегузаронанду гурӯҳе беҳунару хушомадгӯ айшу тараб доранд. Дар Ғӯрганҷ низ бо чанд шоире тарнамои хушкдил ҳамсӯҳбат шудам, ки шеърашон киштии дур аз баҳр дар хушкӣ часпидаро монад. Вале… Дар назарашон ман дар шеър аз эшон камтарам ва беҳуда ба Ғӯрганҷ омадаам. Мисли ин лӯлиёни ҳиндӣ, ки ҳунарашон мояи нонгадоист…

— Маъзарат устод, локалом! — хуни гарми дили шоири ҷавон якуякбора сахт ҷӯшид. — Илтимос, дигар ҳарфе ба ин оҳанг нагӯед. Шумо бо изни худ ба Ғӯрганҷ наомадаед. Шумо бо зинҳори падари бузургвори ман омадаед ва малик-ул-каломи дарбори бобои азимушшаъни ман хоҳед шуд!

— Аммо он шоирон мегӯянд, ки унвони малик-ул-калом ҳамроҳи Заҳириддини Форёбӣ понздаҳ сол муқаддам хатм шудааст…

— Норост мегӯянд онҳо! Падари мо зинҳордори шоирони дарбор Ҳусайни Самарқандӣ, Халили Вахшӣ ва Музаффари Пайкандист, ки ҳар кадоме каломи олигуҳар доранду ин мартабаро шоистаанд. Вале шумо аз онҳо як сару гардан болотаред!

— Арслони Марвазӣ мегӯяд, ки андешаи Сафии Бӯстӣ дигар асту ба Ғӯрганҷ омадан ҳамон маро бозгашт ба Исфара мефиристад…

— Худи Арслонро ҳамин рӯз ба Марв бадарға мекунам!

— Оташин нашавед, эй фарзанди шоҳчеҳра! — алангаи сӯҳбатро паст кардан хост Шакархонум. — Мо, раққосаҳо, мегӯем, ки «ҳампеша ҳампешаро душман дорад». Интухин, маълум мешавад, ки шоирон ҳам ҳасад доштаанд…

Нигина бадоҳатан муносиби ҳол байт хонд:

Нест бо неку бади ҳампешагон коре маро,

Синаам соф аст чун оина, ҳар ҷо меравам!

— Офарин, Нигина! — дар чеҳраи беғубори Камоли Исмоил андаке табассум падид омад. — Эй устоди бузургвор, худатон дар сӯҳбати аввал ба падарам ишора карда будед, ки «зари пок аз маҳак наметарсад». Арслони бадбахт зари дағал асту ба шумо ҳасад мебарад. Лекин вуҷуди шумо зари ноб аст, ки дар ҳама ҷо қадру қиматаш волост. Вақте бобоям ба Ғӯрганҷ оянд, бо даҳони пур мегӯям, ки шумо қудрати қалам ва каломи шоири асилро ба ҳама нишон медиҳед:

Қалам ба соате он корҳо тавонад кард,

Ки оҷиз ояд аз он корҳо қазову қадар…

— Каломи ту равшан аст Камол, аммо кай ба Ғӯрганҷ омадани бобои ту номаълум… Нигар, рӯз ҳафта шуду ҳафта моҳ, фасли баҳор мераваду мавсими хазон меояд, хор ҷойи гул мегираду зоғ ошёни булбулро… Бар ивази боди роҳатфизо шамоли сард вазида, рухсораи барг зард гардонда, аз дарахтон мерезонад… Лекин аз шоҳаншоҳи олам дарак не…

Бар хатти ихтиёр қалам даркашидаам,

Пои диле ба домани ғам даркашидаам.

Аз нанги ҳамдамон, ки чу мушанд зери бор

Чун хорпушт сар ба шикам даркашидаам.

В-аз тори риши хармагасон гирди хештан

Чун анкабут парда ба ҳам даркашидаам…

— Ман ҳам аз заволи гул ва хазони сабза дилхастаам, устод! Лекин бо даму нафаси бобоям завол ба камол табдил меёбад. Назар ба шунидам, чоршанбеи оянда очакалонам ташкили базми шоҳаншоҳиро тарҳрезӣ мекунад. Яъне омадани бобоям анқариб аст!


* * *


Гапи Камолиддин дуруст баромаду Турконхотун баъди як ҳафта шайхулислом, муставфӣ, мири маҷлис, шаробдор, солори матбах, сарвари ромишгарон устод Комгору шоир Сайфуддинро ба ҳузур пазируфт. Мужда расонд, ки Султон Муҳаммади Хоразмшоҳ душмани деринаро саркӯб намуда, ғолибу сарбаланд ба роҳ баромадааст ва мебояд шоҳи музаффару боз ҳам баландмартабагаштаро бо гулбонги осмонкаф истиқбол гирифт. Модари хушбахт фарзанди фирӯзразми хешро Искандари сонӣ хонду даъватиёнро муаззаф сохт, ки перомуни истиқболи пуршукӯҳ пешниҳод ва андешаҳои худро мӯъҷаз ва мушаххас иброз намоянд.

Мири маҷлис, ки ба сол аз дигарон кӯчактар буд, аввалин шуда, иҷозаи сухан пурсид:

– Қабл аз ҳама, мунодиёнро бифармоем, то дар кӯю маҳаллаҳои шаҳр бонг зананд, ки дар фулон рӯзи муборак ба шарафи ғалабаи бузурги шоҳаншоҳи Хоразм бар кофирон дар Ғӯрганҷ базми ҷамшедӣ ороста мешавад. Азбаски меҳмонсарои мӯҳташам ва мусаффои қасри подшоҳӣ базмгоҳи асосист, онро оҷилан бо дебои қиматбаҳо ва зарфҳои нави пурҷило ороста гардонем ва барои аъёну ашроф курсиҳои мурассаъ бигузорем, хони алвонӣ бикушоем ва мураббоҳои гулшакару асалтамъ, меваҷоти рангину хушлаззат, полудаву қанду ҳалвои хелмахел ва таомҳои накӯ бигузорем, ки ҳама аълосифат бошанд ва хурмо аз Мисру афлесун аз Рай ва харбузаи амирӣ аз Сарахс биёварем ва ончунон базми ҷамшедӣ барпо кунем, ки дар таърих беназир бошад, рашки шоҳони олам шавад!

— Мо дар ин базми ҷамшедӣ аз саросари кишвар беҳтарин муғаннӣ ва хубтарин раққосаҳоро ба ҷилва меоварем, — гуфт бо лабханди зебо устод Комгор. — Ғайр аз ин, хуб мешавад, агар Шакархонум аз Бухоро машҳуртарин лутӣ ҳозир бигардонад, то лутибозӣ ба дараҷаи олӣ гузарад…

Навбати сухан ба шаробдор Саъдидин расид, ки ӯ аз замони салтанати шоҳ Отсиз ин вазифаро ба ӯҳда дошту шаробдорию таҳияи машруботи Султон Текиш низ ба ӯҳдааш буд. Вай андешаҳои мири маҷлисро куллан ҷонибдорӣ карда, ҳамин қадар афзуд, ки шароби лоларанги Хоразм дар олам беадил аст, зеро беҳтарин ангур дар ин иқлим мерӯяд ва машҳуртарин шаробкашҳо хоразмиянд.

— Барои пирӯзбазми подшоҳи муаззам шароби ҷамиле омода кардаам ончунон зулолу софу гуворо, ки ба масал бодаи таҳурист аз насибаи аҳли биҳишт ва барои аҳли тақво ба қадри кофӣ шароби кадарӣ21 низ муҳайёест.

Муставфии пиронасол, ки ӯ ҳам аз соҳибвазоифи қадрдон ва пайванди оли хоразмшоҳон буду аз зумраи хазинадорони порсо ва худотарс маҳсуб меёфт, сухан мухтасар гуфт ва иттилоъ дод, ки барои сикказанӣ ба номи мубораки подшоҳи соҳибқирон Қутбиддин ибни Султон Муҳаммади Хоразмшоҳ Искандари Сонӣ ба қадри кофӣ захираи тиллои холис муҳайёст. Тоҷи хусравонӣ ва тахти заррин бо шаддаи навини ёқуту алмосу зуммурад мурассаъ шуда, хилъати нави шоҳаншоҳӣ бо волотарин зеварот ва ҷавоҳироти олам оро ёфтааст. Ҳамчунин барои базми ҷамшедӣ, ки иштироки ҳазор нафар дар назар аст, кулли муҳимот омода мебошад…

Турконхотун сухани масъулинро бо тамкин ва оромии модаршоҳӣ мешунид. Дар ин миён чанд мавриде шуд барои эрод гирифтан, вале ӯ саривақт худро нигоҳ дошт бо он андеша, ки ҳини ҷамъбаст сухан қотеъ бигӯяд. Ғайр аз ин, вай шоир Сайфуддинро махсус барои санҷиш даъват карда буду аз ӯ таҳлили бикр ва пешниҳоди шоирона умед дошт ва ҳар замон ба чеҳраи нуронии шоир менигарист. Мамнун буд, ки ин марди хирад гӯё аз мақсади улёҳазрат огоҳ бошад, ҳарфу ҳиҷои дигаронро мижа назада, бодиққат гӯш мекард ва мекӯшид то ягон ҳарф нашунида намонад.

Шаҳхотун мехост маросими истиқбол нотакрор гузарад ва боз мехост, ки шоир Сайфуддин ин ғояи ӯро тақвият бахшад. Бинобар ин пеш аз он ки вай сухан пардозад, луқмае партофт:

— Эй шоири бузургвор, воқифем, ки дар Исфара ба номи фарзанди мо қасидае оғоз кардаӣ. Бовар дорем, шоҳасари сазовор мешавад. Лиҳозо мехоҳем, бидонем, ки фикри шоир оид ба фикри дигарон чӣ гуна бошад?

Сайфуддин баъди сано ва шукргузорӣ гуфт:

– Қаблан маъзарат мехоҳам, агар оҳанги гуфтори мо табъи латифи нафареро коҳиш диҳад. Азеро шоирон ҳамеша сухан бепарда ва фошофош мегӯянд ва дар навбати аввал аз манфаати олии аълоҷаноби хеш дифоъ менамоянд.

Базми хусравонӣ анъанаи таърихии шоҳони бузурги олам асту месазад, ки ба ифтихори пирӯзии таърихии подшоҳи азимулмартабаи Хоразми бузург аҷаллауллоҳ22 даҳчандоне, ки Шумо гуфтед, ҳамҳамаю дамдама кунем ва дарангодиринги таблу нақора ба осмонҳо барорем. Оё эдун анҷумани олишон ҷои лутибозист? Ҳаргиз на! Лутӣ касест, ки бо навохтани думбура ва хондани шеъру суруд бузу маймуну хирсро мерақсонад ва ин саҳна барои кӯдакон аст, на барои подшоҳ ва аъёну ашроф! «Анносу ано дини мулукиҳим» фармудаанд бузургворон, яъне мардум равиши подшоҳонашон пеш мегиранд ва аз ин рӯ мо набояд мардумро ба лутибозӣ даъват кунем. Хуб мешавад, агар лутибозӣ нею базми шеър ва рақсу шодӣ ба авҷи олӣ расонем.

Боз як андешаи мушаххас дорам. Дар чунин маҷлиси мӯҳташам ва мутантан бо май нишастану бисёр шароб нӯшидан низ нохуб аст. «Ал-хамру уммул хабоиса» гуфтаанд аҳли китоб ва ҳақиқатан ҳам май модари бадиҳост.

Аз гуфтори шоири навзуҳур Шайхулислом ҳаловати том бардошта, сидқан муроот намуд:

— Шоири олишон ҳар чӣ гуфтанд, аз дили мо гуфтанд. Ва он чӣ фармуданд, билкулл саҳеҳ ва қобили қабул асту базми бешароб олиҷаноб мешавад! Ман ҳам ҳаргиз ҳаводори он нестам, ки чунин маҷлиси олиҷаноб ба маҳфили хамру шароб табдил ёбад.

– Қул-қули май набошад, ғул-ғули най форам садо намедиҳад! — шаробдор дарҳол лаб ба эътироз кушод. — Агар дар базми ҷамшедӣ соҳибзафарон ба коми дил май нахӯранд, кай мехӯранд?!

Сайфуддин хост ҷавоби сазовор гардонад, аммо Турконхотун имкон надод:

– Ҳар он чӣ шунавонидед, гӯши мо шунид ва дигар ҳоҷат нест ба мунозираю гапгузаронӣ. Аз беху бун решакан кардани хордарахти қарақаро орзуи дерини фарзанди мо буд ва ба ин муносибат шодию тантана ба осмони ҳафтум расонем, меарзад. Яъне, ҳам базми ҷамшедӣ ташкил мекунему ҳам ба аҳли Ғӯрганҷ зиёфати подшоҳӣ медиҳем. Дигаронро ҳам фаромӯш намекунем. Фақат одати деринаи хоразмиён гоҳи шаробу таом нигоҳ дошта, дар суфрае шарбат мегузорему дар хоне шароб, то яке ба дигаре халал нарасонад. Бигзор лутибоз аз Бухоро ояд ва кӯдаконро шод намояд, лекин дар базми ҷамшедӣ ғайр аз Сайфуддини Исфарангию Нигина ва ёронаш дигар шоиру раққоса набошад! Ҳама шуарою мутрибу шодгунаю ҳофизон ба назди халқ бароянду дар боғу гулгаштҳо ҳунарнамоӣ кунанду дар ситоиши бузургтарин шоҳаншоҳи олам мадеҳа хонанд.

Дастури мо, эй азизон, чунин асту аз ҳамин лаҳза дастурамали шумост. Аммо таъкиди доимии шайхулисломро аз ёд набароред, ки дуруст мегӯянд: «Валлоҳу аълам билҳақиқати ва садрулаъзам бисавоби» Яъне, Худованд огоҳтар аст бар ҳақиқат ва садри аъзам бар савоб. Яъне иродаи шоҳаншоҳи олам муқаддамтар аст бар ҳама гуфтаю шунидаю суханҳои мо…


* * *


Рӯзи дигар, баъди намози бомдод, шайхулислом Шарофиддин дар мақсура бо Сайфуддин бародарвор салом карду барои нӯшидани як пиёла чой ба манзилаш хонд. Шоир даъватро бо хушнудӣ пазируфт. Зеро бо хоҳиши Турконхотун ба ин алломаи замона мадеҳае навишта, ба дасташ супорида буду мехост, чанд байте ба самъи ӯ расонад. Шеър хонда шуд, аммо на муаллиф, балки мамдӯҳ азёд қироат кард:

Эй Шоҳ, дил фишону бар ин фатҳ сар фароз,

В-эй Шайх шод бошу бад-ин мавҳибат биноз!

К-андар замони нусрату таъйид аз сафар

Алломаи афозили олам расид боз.

Маҷду Шарофи миллату дин, он ки бар замин

Чун осмон ба файзи камол аст сарфароз.

Булфатҳи садр, зодаи ислом он, ки ҳаст

Иқболро зи турраи дастори ӯ тироз.

Аз гавҳараш чу нақди ҳақиқат ривоҷ ёфт,

Афсона шуд ҳақиқати бозори зулмаҷоз…

Гар дар Аҷам баёни ту шарҳи сухан кунад,

Саргум шавад фасоҳати аъроб дар Ҳиҷоз!

Хондани башавқи Шайх нишонаи дилбурдагӣ буд ва Сайфуддин, ки маҳз бо пешниҳоди Турконхотун ба маснади Шайхулисломи Хоразм пазируфта шудани Шарофуддинро қаблан медонист, аз фавран дастрас шудани шеъри тозаэҷод рамузи шоирона бардошт. Фаҳмид, ки чаро ин марди тозалибос ва баландболо ҳар шаб сурма бар чашм медиҳаду пайваста рӯған бар сару риш мемолад ва хушбӯиҳо фаровон истифода мебарад. Бовар кард, ки пайванди онон роҳатфизо ва ногусастанист.

Шайху шоир нони гарм бо гӯшти мурғ хӯрданду андаке лаҳми гӯсфанд ва харбуза. Вақти тановули шаҳду ширинӣ сӯҳбат тасфид.

– Ҳар дуи мо дар миллати обои хеш ҷоннисорем ва хуб медонем, ки ашъори баландғоя зевари давлату дин аст, — ба ҳукми мизбон сухан оғозид Шайхулислом. — Сидқан миннатдорам, ки ба кулбаи мо бетакаллуф ташриф овардед. Мо имкон дорем, батаанӣ сӯҳбат ороста, аз камоли фитрию фазилат ва дониши илоҳии ҳамдигар воқиф шавем.

— Мо низ бандаи Худои каримем ва ягона умедамон лутфу марҳамати илоҳист, — гуфт Сайфуддин чашм аз рухсораи нуронии Шарофиддин ибни Маҷдуддин наканда. Аввалин чизе, ки ҳис кард, покизамарди бӯё будани ин гиромиқадр буд, гӯиё дар ҷайб кулолаи мушки анбарӣ дошта бошад. Ин марди хушлибоси тахмин шастсола, ки риши гирдаи қатронӣ, абрувони пайвастаи камонӣ, чеҳраи сурхинаи нуронӣ ва чашмони софи хуросонӣ дошт, мухтасар ҳасби ҳол гуфту бо шайхи мӯътабари Хуҷанд Бадеуддини Нурӣ шиноси дилхоҳ ва дерин буданашро махсус таъкид карда, бо меҳрубонӣ пурсид:

– Ҳоло, ки дар саргаҳи кори нав қарор доред, лутфан бигӯед, тадбир аз кӣ мепурсед?

— Оне, ки дини пок, муҳаббати беғараз ва дониши комил дорад, метавонад тадбир бигӯяд. Дар урфият мақоле ҳаст: тадбир аз пир, ҷанг аз сарҳанг…

— Эдар, ки ба дарбори Хоразмшоҳ наздик шудаед, худро ба чӣ василат манзур менамоед?

— Агар меҳрубонию қурбати беғараз ёбам ва рафтори шоҳро нек бишносам, ҳунари хеш мутобиқи рой ва ҳавои ӯ пешниҳод мекунам. Аз тамаллуқ мепарҳезам. Чун кори савоб оғоз кунад, шеъри воло дар чашму дилаш ороста гардонам, то шодии шоҳ афзояд.

— Омади кори шоир аз кӯшиш аст ё амри қазо?

— Кӯшиш қазоро сабаб аст.

— Ба фикри Шумо дар олам беҳтарин чиз кадом аст?

— Хушнудии Парвардигори азза ва ҷалла ва розигии волидайн.

— Кӣ оқилтар аст: аъробӣ ё аҷамӣ?

— Оне, ки бисёр донаду кам гӯяд ва беш шунавад.

— Дар шеъри худ моро «шарофи миллату дин» гуфтаед. Шараф чисту шароф чӣ маъно дорад?

— Номуси ватандорӣ ва ифтихор аз ҷадду обои хеш шараф аст. Асилзодаи барӯмандро шароф гӯянд.

— Адл чист?

— Бинои ободест, ки ҳаргиз хароб нашавад. Ҳар подшоҳе, ки аз сифати адл орӣ бошад, монанди абрест, ки борон надошта бошад. Як соати умри подшоҳ дар додгустарӣ баробар аст ба чандин соли ибодатбарӣ. «Адлуссоати хайрун мин ибодат-ис-сабъина санатин» — ин сухан аз аҳодиси набавист ва адли яксоата беҳ аз ибодати ҳафтодсола маъно доштанашро аз ман хубтар медонед.

— Накӯӣ беҳтар аст ё аз бадӣ дур будан?

— Аз бадӣ дур будан сарчашмаи накӯист…

Шайхулислом, ки ҷавоби пурсишҳои худро хуб медонист, аз посухи Сайфуддин қаноатманд гардид ва ӯро икром карду гуфт:

– Ҳаббазо, ки моро бо дониши қавӣ ва сухани мӯътамад шод гардондед, эй бародар. Мо ният дорем шуморо дар сафи аввали дӯстони беҳтар зи ҷон ҷой диҳем. Акнун мехоҳем бидонем, ки фикри шумо дар ин хусус чӣ гуна бошад?

— Шоҳаншоҳи олам шуморо раҳнамои мусулмонҳои Хоразм баргузида ва мо ба ҳукми тақдир хушнудем. Лутфу инояти шумо бағояти меҳрубонӣ ва карам аст, — Сайфуддин ангушти қабул ба дида ниҳоду изҳори фараҳ ва сурур кард ва афзуд: — шумо пуштибони дини Худо ва ҳомии донои Расули Худоед. Иҷрои ҳар амри мубораки шумо барои мо ҳам фарз асту ҳам суннати санийя…

— Эҳсос мешавад, ки сидқан сухан мегӯед. Акнун ба як масъалаи нозук мутаваҷҷеҳ мешавем. Хурду бузург медонанд, ки шеъру шоирӣ ва бодапарастию майгусорӣ ҳамрадифанд. Вале аз ашъори шумо бӯйи шароб ба димоғ намерасаду дирӯз алорағми шароб сухан ба коҳиш гуфтед…

– Қабл аз сафари Ғӯрганҷ аз бода бо хуни дил даст шустаам, то аз дари раҳмат ноумед нашавам. Зеро Шайх Маслиҳатдин ҳама шарру шӯру шаранги ҷаҳонро аз касофати шароб дониста, маро «Сайфуддин» тахаллус ниҳода ва чунин насиҳат карда: «Шоироне, ки бодахоҳ шаванд, аз майи сурх рӯсиёҳ шаванд!»

Аллакай фаҳмидам, ки шоире аз бодаи ишқ масту хуморист, лаззати онро ҳаргиз бо дами шароб намешиканад! Ман ҳаргиз зиною лавот ва корҳои ношоист накардааму минбаъд розномаи дил бо сиришк менависам, на бо шароб!

— Офарин! Лекин… Гап байни худамон монад, ҳолиё Шоҳаншоҳи Хоразм сахт пайванди шароб шуда… Ҳолдонҳо мегӯянд, ки мисли бобокалонаш Эл Арслон лаби ҷоми майро аз лаби майгуни ёр бартар медонад…

— Ин қиссаро намедонам. Агар бемалол бошад…

Шаёхулислом бо тааҷуби ошкоро Сайфуддинро нигарист:

— Наход шоир аз корномаи шоир огоҳ набошад? Ин қисса басо ибратбахш аст. Азбаски ба мавзӯи сӯҳбати мо дахл дорад, муфассал мегӯям…

Аз нақли равони шайхулислом маълум шуд, ки Эл Арслон бо як ҳамла Нишопуру Рай Байҳақу Сабзавор ва Абҳару Занҷону Қазвинро тобеи худ кард ва ба чор атроф фатҳномаҳо фиристод бо имзои Тоҷ-ад-дунё ва-д-дин, Малик-ат-турк ва-л-аҷам Эл Арслони Хоразмшоҳ… Аз нашъаи ғалаба маст гашту базму тараби осмонкафро оғоз ниҳод.

Рӯзҳову ҳафтаҳо ва моҳҳо беист аз машриқ ба мағриб сипарӣ мешуданд. Аммо садои табли шодӣ ва хурсандӣ лаҳзае фазои Ғӯрганҷро тарк намекард. Дахли беҳисоб сарфи шароб ва кабоб мешуд. Хазинаи машҳури Отсиз торафт тиҳӣ мегашт.

Мусалсалмаҳфили ною нӯш, ки оғози бадфарҷомист, қалби пайвандон ва муқаррибон ғарқоби хун мекард. Вале гурдадоре набуд, ки шоҳи лабташнаву дилсӯхта ва саргаштаву ақлхаста ба роҳи рост ҳидоят кунад. Он гоҳ Теркенхотун — ҳамсари вафодор ва хирадпарвари Эл Арслон маликушшуарои дарбор Рашидуддин Ватвотро ҳадя аз зари холис доду ба хилват хонд ва гуфт: «Эй донои кайҳон ва амири шоирони ҷаҳон! Ақли худованди моро дев асир кардааст ва акнун аз Шумост маро ёрӣ додан. Зеро «сухан аз даҳони пире — беҳ аз ҳазор тадбире» мегӯянд. Ҳоло панде пирона ва сухане пероста бояд сароид, то соябони сари мо аз Худо битарсаду дар кӯзаи айш худро ҳалок накунад»

Шоири ҳафтоду ҳафтсола пиронасар ҷавониҳо ёд оварда, ба маҳфили ною нӯш қадаме ниҳод бебокона ва ҷасорате нишон дод шоирона! Чун фурсати мувофиқ фаро расид, рухсати гуфтугӯ пурсид ва табъи сухантирозро ба ҷилва овард. Аввал қасидае мадҳия хонду бадоҳатан онро бо чанд абёти нав тамдид намуд:

Некӯӣ кун, шоҳо, ки дар олам,

Номи шоҳон ба некӯӣ самар аст.

В-аз ризо додани бадон ба бадӣ

Ҳам ҳазар кун, ки мавзеи ҳазар аст.

Носеҳе, к-он туро бад омӯзад,

Нест носеҳ, к-аз адӯ батар аст.

Дод кун, дод кун, ки дор-ул-ҳулд

Маскани хусравони додгар аст.

Як саҳифа зи номи нек туро

Беҳтар аз сад хазоини гуҳар аст…

Хабари ранҷи май ба олам рафт,

Эй дареғо, ки шоҳ бехабар аст.

Пири хирад байти охирин бо оҳанги афсӯс ба такрор хонд. Яке аз надимони хоси Эл Арслон ҳадаҳа аз ҷой хест ва тахаллуси шоирро дар назар дошта, ки Ватвот ба лафзи дарӣ «шабпара» мешавад, бо оҳанги масхара фарёд зад: «Ин маҳфил ҷои шабпара нест. Дафъ шав!»

Ҳама сағиру кабир нафасҳо дарун кашида, интизори хашми гарони подшоҳ ях бастанд. Аммо ҷавоби Эл Арслон дигаргуна шуд.

— Ба шоир нарасед! — омирона нидо баровард ва афзуд: — Шоир барои он шоир аст, ки бо зӯри сухан дили санг мум гардонад!

Дар толор аз нав сукути ваҳмангез барқарор шуд. Аммо акнун дили надим чун барги бед меларзид ва дасту пою китфонаш низ. Атрофиён бо тараҳҳум ӯро менигаристанд. Лекин хулосаи подшоҳ боз дигаргуна шуд.

— Шоир Рашидуддин ҳақ аст ва муроҷиати ӯ айни вақт! — ин бигуфту Эл Арслон ҳаракати хестан кард ва ҷумлаи охирини ӯ бо қатъият садо дод:

— Рост, бероҳӣ аз ҳад гузашт. Акнун теғи сиёсат бояд кашид!

Шайхулислом бо хитоби Эл Арслон нақлашро ба поён расонда, оҳи дардноке кашид:

— Аҷоиботи таърих ин аст, ки набера мисли бобо аз ғалабаҳои муфт сарчархаку бодӣ шуда, бодапаймоӣ пеша кардааст. Акнун аз айшу нӯши доимии фарзанд Турконхотун дилхавотир ва мушаввашхотир асту мо низ тадбири халосӣ меҷӯем. Дар ин амали хайр аз каломи таъсирбахши шоир умеди калон дорем. Моро ҳамдостон мешавед?

— Бе ягон шакку шубҳа! Аз ман дилпур бошед!

Шайхи бузургвори Хоразм бо табъи болида китфи шоирро сила карду даст ба дуо бардошт:

— Ба номи Парвардигори бахшояндаи меҳрубон дуо мекунам, ки шуморо шараф ёру арвоҳи қудсӣ мададгор шавад. Подоши сухани воло ва шеъри ноби шуморо Худованди муттаол ҳазор бар як гардонад ва малик-ул-каломи мулки суханро ба мартабаи мавлоӣ расонад. Омин ё Раббулъоламин…


* * *


Сайфуддин аз манзили шайхулислом баромада, рост ба суроғи Нигина рафт. Вале ӯро наёфт.

— Лаҳзае пеш духтари моро оҷилан ба тутуқ ҷеғ заданд, — изтироболуд ҷавоб гардонд Шакархонум. — Сабабашро нагуфтанду, интухин, диламро гургҳо тала мекунанд. Турконхотунро фаҳмидан душвор…

— Шояд тарзу тариқи ширкати Нигина дар базми ҷамшедӣ маслиҳат шавад.

— Агар ин хел мебуд, маро ҳам даъват мекарданд. Лекин, интухин, ягон гапу кори дигар шудагӣ, ки дилам ғаш мехӯрад. — Шакархонум буни гӯш хорида, якбора ба хурӯш омад. — Дарвоқеъ… ёфтам! Ин пагоҳӣ, вақти наҳорӣ, Нигина гуфт, ки дар хоб махлуқи аҷоибе дидааст, интухин, нисфи баданаш ба одам монанду ними дигараш ба тимсоҳ. Як даст доштаасту як пой ва як чашм. Ҷаҳида-ҷаҳида худро ба паҳлӯи Нигина расонда, интухин, аз оринҷаш маҳкам дошта, ҳамроҳи худ бурдааст.

Аз ин хоби ғалатӣ ҳама хандидем, вале аз таъбираш оҷиз мондем…

— Номи он махлуқ Наснос асту ҳиндуҳо бахткушои дӯшизаҳои нозанин меҳисобанд, — шарҳ дод Сайфуддин.

— Ин хел бошад, интухин, гапи хоб тамом! Маълум мешавад, ки қиссаи хоби Нигина аллакай ба тутуқ расидааст…

Тахмини Шакархонум дуруст буду Турконхотун, ки очаи сеҳру ҷоду ва хобгузори авлодӣ буданашро ҳама медонистанд, Нигинаро маҷбур кард, то хоби дидаашро мӯ ба мӯ ҳикоят кунад. Бодиққат шуниду аз равзана ба берун нигариста, хоби нӯшинро мисли як кампираки солхӯрдаи хоразмӣ, худ ба худ таъбир, тақрир ва таҳлил кард: «Дар айни омад-омади шоҳаншоҳи олам ин хел хоб дидани кабутари чашминтизор беҳикмат нест. Агар Наснос ба вай даст нарасонда, бо меҳрубонӣ дар атрофаш гирд мегашт, духтарак бе ягон қилу қол ба шарафи пойбӯсии Шоҳаншоҳи олам мушарраф мегашт. Лекин Наснос кафтаракро ҳамроҳи худаш бурду муаммои чигил сохт. Пеши кӣ бурд ин паридухтарро?? Ба кӣ бахшид ин фариштаи заминиро, ки ҳамнишин бо париҳост? Наход бозубанду тумору таъвизу сеҳру ҷодуи Воруху Хуҷанд то ҳол таъсирбахш бошад?! Не, набояд ин хел бошад! Наснос, ки хидматгузори боргоҳи мост, кабутари ҳарам дур аз ҳарам намебарад, насибаи падар ҳеҷ вақт ба каси дигар намебахшад! Яъне кабутари ҳарам ба пеши валиаҳди падар бурдааст! Оре, ин офтобрух надимаи Узлоғшоҳ хоҳад шудан!!»

Табъи Турконхотун аз бозёфти нишотангез хуш гашту бо меҳр пурсид:

— Эй гулбадан! Мехоҳӣ, ки шод бошӣ дар ҷаҳон вақти зистан?

— Оре, эй улуғмодар!

— Мехоҳӣ, ки арӯси мамлакат бошӣ?

— Оре, эй улуғмодар!

— Акнун аз туст худатро ёрӣ кардан. Ончунон кун, ки мо мефармоем!

— Бифармоед, эй улуғмодар!

— Умеди мо чунин аст, ки дар Ғӯрганҷ туро аз банди ҷоду пурра халос кунем. Рафтем ба хилватхона!

Нигина аз қафои Турконхотун ба яке аз ҳуҷраҳои канории даргоҳи подшоҳӣ ворид шуд. Хонаи хилват ороиши ғайримуқаррарӣ дошт: палоси зард ба фарш густурдаю дар миёнаҷо чор кӯрпачаи чоркунҷаи заъфаронӣ барои нишастан ниҳода ва пардаҳо низ ҳама ранги зарир доштанд. Турконхотун хилъати фарохдоманеро нишон дода, ба Нигина фармуд, ки болои тахти мудаввар шинад.

— Вақте ман берун рафтам, Савсани созанда медарояд. Вай аз ҳиндувони андарост. Қадаш пасту рӯяш сиёҳ. Лекин ту натарс. Ба овози баланд ягон калима гап назан! Ҳатто салом надеҳу ором нишаста, бо забони безабонӣ фақат як ҷумла бигӯ: «Узлоғшоҳ, дари бахтамро кушо!» Такрор ба такрор бигӯ, фақат хомӯшона, бесадо гап зан! Чун дуд барояд, ман дарзамон меоям…

Баъди лаҳзае дари ҳуҷра бесадо кушода шуду чор бонуи оростаю перостаи ҳиндӣ гултабақҳои чинӣ пур аз дону гули заъфарон дар даст дарун даромаданд ва бо нозу адои ширин гирди Нигина се бор тоб хӯрданду ҳар кадоме ба кунҷе рост истод. Аз дур садои мавзуни ҳиндидарой — зангӯлачаи махсуси кашмирӣ ба гӯш расид, ки тадриҷан баландово шуда, дил ба хурӯш меовард. Бо зарбу оҳанги зангӯла чор духтари кунҷакӣ аъзои бадан ҷунбонда, ҷавлони рақс оғоз намуданд. Аммо садои ҳиндидарой ба пушти дар расиду якбора қатъ гардид. Духтарон тозон сӯи Нигинаи мутаҳайир омада, гултабақҳоро баробар ба чор тарафи ӯ гузоштанд ва худ дузону нишаставу сари ангушти дастҳо ба ҳам расонда ва дар ин маврид ангуштони пайвасти ишоратӣ ба нӯки бинӣ ниҳода, хомӯшу беҳаракат истоданд.

Баъди хомӯшии лаҳзавӣ ҳиндидарой дигарбора садо дод ва овози форами ҳайзарон — найи хушнавои ҳиндӣ ва таблаки туббонӣ ба он ҷӯр гашту паси ҳам ба хона Савсани зангӯланавоз бо ду марди созанда дохил шуданд ва мусиқии дилангезе ба атроф танин андохт. Чор духтари ғунуда баробар пару бол кӯфта, муддате рақсиданду хурӯшиданд. Савсан лаҳзае ором надошт ва пайваста гирди Нигинаи беқароргашта давр мегашту дар ҳар қадаме вайро бо лафзи омехтаи ҳиндую хоразмӣ дуруду салом мегуфт. Таҳният ҳамагӣ камтар аз як дақиқа тӯл кашид ва Нигина таъкиди Турконхотун бо камоли нуқтасанҷӣ риоя карда, пайваста калима мегардонд. Аммо номи Узлуғшоҳро ягон маротиба зикр накарда, беист «Мирмалик, дари бахтамро кушо!» мегуфту ҳар як ҳаракати атрофиёнро таҳти назар медошт ва фақат ба як савол ҷавоб ёфта наметавонист: чаро бисоти хона ва либоси ҳамагон зард асту ҳатто давволи дасти таблакнавоз — тасмачаи сахти чармин, ки аксаран сиёҳранг мешавад, ранги заъфаронӣ дорад?

Савсани соҳир, ки беист ҷаҳр мегуфт, давргашти дигар ба тартиби нав оғоз карду заработи зангӯлаю нолаи най ва нақароти таблакро қатъ сохта, ноаён ба тоҷикӣ гузашт ва нидое синахурӯш баровард:

— Дуруд туро, эй кабутари ҳарам! Хушо, ки ҷавонӣ дорию ҳусну малоҳат! Зиҳӣ арӯси нозанин бо ҷамоли маҳҷабин!

Хушо, ки рӯйи ту чун офтоб мазҳари нур аст ва мисли мо ба хату хол ҳоҷате надорад. Халқи ин мулки ҷаҳон аз машриқ то мағриб ҳама санохони ту хоҳад шуд, азеро ҳунару ҳусну ҷамоли оламшумул дорӣ. Ҳолиё як лаҳза аз рақсу аз дилситонӣ фориғ бишав ва он чӣ дорӣ дар хаёлу дар замир рӯи каф ор, то ҳар ду бо ҳам бисозем ва имрӯзро бо фардо пайвандем. Аммо ҳар лаҳза бар он бош, то ҳар чӣ ният кунӣ, назар бар гули заъфарон ниҳӣ, ки он гули аълои Қоин23 аст, шодиангез аст, хушбӯй аст, камёбу қиматбаҳост ва гули мақсуд аст. Номи худованди кишвар бо зари он навишта шавад ва тасхиргари дилу мамолик заъфарон бошад. Ман ҳама дам дар хидмати ту бошам ва ҳеҷ сония фурӯ нагузорам ва Худо маро фидои ту кунад, агар кор ба муроди дили ту рост накунам…

Савсан нафас рост карду ба марди таблакнавоз нигарист ва ӯ бо шавқи том бар табира давол зад. Яке аз духтарон, ки гултабақи заъфарон дар даст дошт, маҳин роҳ гашта, рӯ ба рӯи Нигина омад, дузону нишаст ва гули шукуфонро ба маърази нигоҳи вай устувор дошт. Савсан дасти рост боло бардошт ва найнавоз бо дуҳулзан ҷӯр шуд ва ҳарду оҳанге навохтанд дар ҳавои «Ё Савсан, ё Савсан» Духтаре, ки гултабақи гандум дошт, пеши Савсан омад ва ӯ қадре заъфарон ба каф гирифта, онро ба даҳон наздик оварда, зери лаб дуое хонду ба рӯи гандум пошид ва бо афсунгарӣ донаҳоро зард карду муште аз он ба сару китфи Нигина пошид…

Сипас духтаре, ки табақи арзан дошт, пеш омад ва Савсан амалҳои қаблӣ такрор кард.

Баъд духтаре, ки табақи ҷав дошт, пеш омад…

Савсан боз лаҳзае нафас рост карда, боқимонда донаҳои арзан, ҷаву гандумро ба чор тарафи ҳуҷра пошид ва қарибтари Нигина чорзону нишасту гуфт:

— Эй соҳибқирони ҳусну малоҳат! Акнун дуои асосӣ бихонам ва агар он таъсир бахшад, дуд барояду заъфарон сабз шавад ва ҳар нияту мақсади ту иҷро гардад.

Афсунгарӣ ба авҷ расид: ду марди созанда бо ҷӯшу хурӯш таблаку ҳайзарон бо оҳанги «Ё савсан» менавохтанду дар ҳавои он духтарон чусту чобук мерақсиданду баробар «Ё савсан» мегуфтанд ва соҳирзани қадпаст ба ваҷд омада, бо лафзи қадимаи ҳиндӣ афсун мехонд ва дар ҳар фосила бо тамоми қувват «Ё бараҳман совандар!»24 мегуфт.

Баъди фосилае ҳама баробар ҷим шуданд ва… худ аз худ аз ҳар гултабақе дуд баромад маҳину латиф ва хона хушбӯй шуду Нигина моту мабҳут. Вай бо чашми хеш медид, ки дебои тиллоранги танаш ва ҳам либоси зарири атрофиён сабзранг гашту бисоту палосу пардаҳои хона низ ранги сабз гирифт. Нигина махсус ба давволи дасти таблакнавоз нигарист: ранги он ҳам тағйир ёфта, ба сабзи кабудтоб бадал гашта буд…Нигинаро хаёле ба сар омад, ки шояд худи ӯ низ саропо сабз гашта бошад…

Ба хона Турконхотун даромад ва чун тағйири ҳолат бидид, хурсанд шуд ва бо овози баланд «Қоб!» гуфт. Дар остона канизаке намудор шуд, ки дар даст табақи тиллоӣ дошт ва рӯи он як дона зағораи навакак аз танӯр канда буд. Маликаи бузург ба қудрати Савсани афсунгар қоил шуда, ӯро офарин хонду бо дастони ҳиноранги худ зағора пора карда, ҳиссае ба Нигина дод ва гуфт:

— То паканаз гарм аст, тановул бибояд кардан. Ҳамон тавре, ки оҳанро дар гармогармияш бибояд кӯфтан. То ба ин дараҷаи олӣ таъсир кардани афсунро бори аввал мебинам! Ин фоли нек аст духтар. Агар анҷомро аз оғоз бинем, иншооллоҳ, чархи гардун бар муроди Узлуғшоҳи ман мечархад, кавкаби иқболаш ба дараҷаи баландтарин мерасад. Шод бош, Нигина, ки ниҳоли бахтат сабз шуд! Узлоғшоҳи ман туро ба авҷи осмон мерасонад, сардафтари ҷумла духтарони дарбор мегардонад!

Нигина, ки лаҳза ба лаҳза хуштабъу болидахотир мешуд, ба гӯш пунба дарниҳода, бошавқ зағора мехойид ва ҳамоно аз таҳти дил «Мирмалик, дари бахти ман кушо!» мегуфт. Бовар дошт, ки афсуни Савсан барги зардгаштаро сабз намудаасту маҳз Мирмалик вайро сардафтари ҷумла духтарони хушбахт мегардонад!!

Овози ширадор ва ҷаррори Турконхотун духтари аз афсунгарӣ саргарангшударо саҳле ҳушёр намуд:

— Бархез, эй духтар! Ба хона рав ва омадани бахтовари худро интизор шав!

— Бахтовар кай меояд?

— Навакак хабар расид, ки пойи мубораки шоҳаншоҳи олам ба Ҷавора расидааст, аз Ғӯрганҷ ҳамагӣ ҳашт манзил дуртар… Иншоаллоҳ, имрӯз ё пагоҳ дида ба дидор мерасад…

Равзанаи сеюм. Тавсиф ва тасвири парвози ҳунар ва афту дарафти шоирону соҳирон дар базми ҷамшедӣ

Вақти намози бомдод фаро расида бошад ҳам, шаҳри бузург ҳанӯз ҷомаи сиёҳфом дар бар дошт. Тифлону кӯдакон масти хоби ноз буданду занон ҳанӯз ба сари оташдон нарасида. Оромӣ ва сукути якнавохтро фақат ҷеғи хурӯсон халалдор месохт. Ва ин ҳангом дар майдони назди арки подшоҳӣ — воқеъ дар баландии шаҳри андарунӣ — гулхане фурӯзон гашт. Ҳамзамон аз ҳар канора садои сурнай ва наъраи карнай баланд шуд. Худи ҳамин лаҳза дар саҳни бозорҳои қадиму ҷадид, пешмайдони масҷиди ҷомеъ гулханҳо забона заданд ва овози дуҳулу карнай ба фалак печид. Дар қисмати берунии Ғӯрганҷ, назди қалъаи Шамоха, боғи Ҳазорбед, дар Курдносхоз, Базминия, Хев, Ҷавора, Курдар, Кож, Хушмиш, Нужобон ва дигар шаҳру рустою қасабаҳои Хоразм низ гулханҳо фурӯзон гашта, садои карнай ва таблу сурнай аз оғози тантанаи бузург навид расонданд.

Муаззинҳо аз манораҳо қабл аз бонги аввал бар Муҳаммад Мустафо (с) дуруд фиристода, сипас мунодӣ заданд, ки имрӯз шоҳаншоҳи олам ба шаҳри Ғӯрганҷ ташрифи қудум мефармояд ва хурду бузургро мебояд, ки пеши пояш аз чашму дил дурру гавҳар нисор намоянд. Иловатан, бар раъият мужда расонданд, ки шурӯъ аз имрӯз дар Ғӯрганҷ ва дигар шаҳру деҳоти Хоразм як ҳафта дег бар оташдони хона нагузоранд ва ба қизилтӯй — зиёфати шоҳаншоҳӣ биёянду шодӣ бар шодӣ физоянд.

Гулханҳо фурӯзон буданд то даме, ки шафақи субҳгоҳӣ доман паҳн кард ва нури нахусти хуршеди оламоро ба тоҷи подшоҳӣ расида, онро мунаввару дурахшон гардонд. Дар ин рӯзи ҳуҷаста даргоҳи подшоҳ — боргоҳ, сарои аморат, кушки тиллокорӣ, қасри мӯҳташам ва арки бузург бо фаршҳои фохир ва созу олоти вофир чун бӯстон ороста буд ва канизони гулгунқабо дар ҳама толору ҳуҷраҳо анбару заъфарону испанд сӯхта, ҳаворо муаттар ва рӯҳнавоз мекарданд.

Вақте ки офтоб як қади найза боло шуд, овози табли подшоҳӣ баланд гардид ва аламбардорон ливоҳоро барафрохтанд.

Мардуми шаҳр ва рустои атроф чун аз ташрифи шоҳаншоҳи бузурги олам воқиф шуданд, аз ҳар канор бо шодмонӣ ба майдони пеши кӯшки шоҳаншоҳӣ омаданду ин ҷо бо лашкариён омезиш ёфта, ба умеди дидани подшоҳи музаффари Хоразм қарор истоданд.

Дар саҳни мармарини кӯшк сарони лашкар, дабирону қозиён, сӯфиён ва ғозиён ба расми хидмат саф кашидаву истодаву биншаста буданд.

Дар дохили кӯшк, ки ба расми хоразмӣ тоҷу тахти подшоҳӣ ороста шуда буд, мардони маҷлиснишин — бузургони давлат, сипоҳсолору вазирон, зимомдорон, аъёну ашроф, аҳли қалам ва ҳашам, меҳмонон ва кулли фарзонагон шодком нишастанд. Гурӯҳе аз адаб бар замин чашм дӯхта ва гурӯҳе бо ҳам паст-паст муколама мекарданд, аммо ҳамагон ишораи мири боргоҳро нигаронӣ доштанд.

— Байрақи шоҳи Хоразмро биёред! — нидо кард мири маҷлис бо лафзи буррои тоҷикӣ ва ҳама бузургони чашминтизор баробар аз ҷой хеста, ба эҳтироми парчами давлати Хоразм бо тавозӯъ сар фуровардаю дасти рост ба сандуқи сина бинҳода, рост истоданд. Ағлаби онҳо ва умуман қисмати умдаи аҳолии Хоразм тоҷикон буданд ва қатъи назар аз бартарӣ доштани унсури туркизабон дар салтанати хоразмшоҳиён забони коргузорӣ, ҳуҷҷатнигорӣ ва давлатдорӣ тоҷикӣ буд.

Қутбиддин Муҳаммад худ яке аз ҳаводорон ва ҳомиёни асили забони дарӣ ба шумор мерафт ва мехост, ки ин қоидаи маъмул қатъиян риоя гардад. Айни замон вай фармоиш дод, ки дигаре аз қоидаҳои маъмули дарборӣ ба ойини давлатдории шоҳони Аҷам мутобиқ карда шавад: дар гузашта агар шоҳи Хоразм вафот кунад, таблу нақораи ӯро чаппа гузошта, болояшро бо гилем пӯшонда, ҳамроҳи тобут мебурданд ва зери хок мегӯронданд, лекин вақте Алоуддин Текеш худораҳматӣ шуду надимон хостанд, таблу нақораи ӯ ҳамроҳи ҷасад бардоранд, валиаҳди ҷавон қатъиян муқобил баромад ва гуфт: «Мо давоми умри падарем ва бо нақораи падар подшоҳӣ мекунем. Ончунон бошад падар, ҳамчунон ояд писар!»

Ба парчами подшоҳӣ низ тағйироте ворид сохт. Қаблан ранги байроқи шоҳони Хоразм мисли осмони кабуд нилгун буду дар кунҷи болояш моҳу ахтар намоён. Бо амри шоҳи нав ранги як ҳиссаи байрақ мисли парчами ковиёнӣ алвонӣ гардид ба сони шафақи гулгун ҳангоми тулӯи хуршед…

Аламбардор ливои нави подшоҳиро баланд бардошта, бо низому ифтихори олӣ қадам ниҳода, ба толор ворид шуд ва таҳти садои пуршукӯҳи таблу нақораи қадима аз мобайни толор гузашта, дар тарафи рости тахти подшоҳӣ қарор истод.

Пас аз як нафас хомӯшии пурсалобат фарёди мири маҷлис бо дабдабаи бештар баланд шуд, ки зеру забар ва махраҷи калимаҳоро бо диққати том риоя карда, мутантан нидо баровард:

— Худованди Хоразми бузург, шоҳаншоҳи муаззам ва осмон- қадри замон, ҷаҳондори музаффари масъуд ва кишваркушой, каҳф-ул-фуқаро, мулоз-ул-ғурабо, мураббиюл фузало, муҳиб-ул-атқиё ва анбиё, аълоҳазрати ҳумоюнӣ Қутбиддин Санҷари замон ва Искандари сонӣ Муҳаммади Хоразмшоҳ ташриф мефармоянд!

Садои карнаю сурнай ва таблу дуҳул аз равоқҳои толори муаззам бо оҳанги нишотафзо ба якборагӣ танин андохт ва аҳли маҷлис дастафшон ба таҳсину таҳнияти шоҳи Ҷалили Хоразм бонги хушҳолӣ заданд.

Дари дутабақа ва тиллокории воридгоҳи ҷониби шарқ бесадо кушода шуд ва як села гулдухтарони хушлибосу хубчеҳра ва ҳамқадубаст, ки чун себи сурхи хубонӣ шабеҳи якдигар буданд ва гулу раёҳин дар даст доштанд, дар ду тарафи пойандози бахмалӣ, ки аз остона то пояи тахт густурда шуда буд, саф кашиданд. Ва чун суроби Қутбиддиншоҳ намудор гардид, хурӯшу ғирев ва ғулғула то ба Сурайё расид.

Шоҳи ғолиб ҳақиқатан ҳам хуршедсимо ва хуршедтоб буду фарри эзидӣ дошт. Вай ба расми аҷдодӣ калонсув — кулоҳи хоразмӣ бар сар ниҳода, ҷомаи ҳарир пӯшида ва камарбанди зарварақи абрешимӣ бар миён баста, бо виқору тамкин ба маҷлисгоҳ ворид шуд. Вай қадам мемонду гулдухтарон ба русуми шоҳони Аҷам зери пояш барги гулу райҳон нисор мекарданд.

Вақте шоҳ ба пеши тахти мӯҳташам расид, навозандаҳо баробар зарбу оҳанг қатъ карданд ва духтарон чун мавҷи гул бадар рафтанд. Хоразмшоҳ бо такаббури аҷдодӣ салом гуфту бароҳат бар курсии мулк нишаст. Дар толор чунон хомӯшие ба амал омад, ки агар кас бодиққат гӯш андозад, таппиши дили подшоҳро баръало шунида метавонист. Ва ӯ ҳаяҷону изтироби қалбашро бо ибораи «Ё раббӣ, анта раҷоӣ! — Парвардигоро, ту умеди ман ҳастӣ!» фурӯ нишонда, бо номи Худованди ҷону хирад салису равон сухан оғоз намуд. Аз ҳарфу ҳиҷои нахустин ба он мекӯшид, то каломи мавзун ботамкин ва санҷида ба забон орад, зеро хуб медонист, ки сухани подшоҳон сабуку реза набояд бошад.

Пас аз ситоиши пайғамбарон ва шоҳони бузурги олам ҳозиринро фаровон дуруду салом гуфт ва афзуд:

— Парвардгори оламро сипос ва шукри беҳад мегӯям, ки ниёи мо падар бар падар садри Хоразм буданд ва мо қадам бар қадам бо оини шоҳони пешин меравем. Фатҳу зафар ҳамеша ёри мост. Хоразми Кабир ба давлати муқтадир мубаддал гардид. Мулки мо аз баҳри Хазар то халиҷи Порс ва кӯҳи Ҳиндукуш доман паҳн кардааст! Давлати мо таъна бар Мисру Ҳинду Чин мезанад!! Ахиран мо бо подшоҳи қарахито муҳориба карда, Гӯрмоли ғаюрро саркӯб кардему ҷаҳонро аз тухми куффор пок гардондем. Шоирон фатҳнома навиштанду моро Искандари Сонӣ унвон ниҳоданд. Мо шукргузорем, ки ҷойгузини Санҷар ва Искандар шудаем ва орифон Залиллоҳ25 мегӯянд. Шумо ифтихор кунед, ки чунин сарвар доред! Фатҳнома ба ҳама шаҳру навоҳӣ фиристед, то хушхабар дар ҷаҳон пароканда шавад. Ҳама меҳтарони кишвар огоҳ созед, то хутба таври сазовор бихонанд ва бо унвони Искандарӣ сикка бизананд.

Шумо ҳама фарзандон ва бародарони манед. Минбаъд низ якҷоя бо Шумо зидди душман ҳарб мекунам. Ҳоло ба самъи Шумо мерасонам, ки мо қарор кардем дар ин рӯзи муборак ҳар яки Шуморо бо хилъату инъоми подшоҳӣ сарфароз гардонем.

Аҳли толорро ин каломи меҳрубонӣ баробар аз ҷой хезонд ва чун дар сафи намоз баробар таъзим баҷо оварда, бо нерӯи тоза давоми сухани Шоҳаншоҳи кабирро бо мароқи том шуниданд.

— Лашкариён сутуни салтанат мебошанд ва мо қарор додем, ки ба шарафи ғалабаи бузург ба ҳар сипоҳӣ сад динори хоразмӣ тӯҳфа намоем ва ба муддати як сол аз раъияти Хоразм ушри чизе нахоҳем.

Роҳи подшоҳон ҳамеша равшан аз чароғи дили фарзонагон ва оқилу доноён аст. Дар ин ҷода низ мо пайрави содиқи ҷадду обои хешем. Агар олими пурдон Исмоили Ҷузҷонӣ ба Қутбиддин Муҳаммади аввал даҳҷилдаи «Захираи хоразмшоҳӣ» бахшид, Имом Фахриддини Розӣ ба Қутбиддин Муҳаммади сонӣ «Ҷомеъ-ул-улум» ҳадя кард! Аз имрӯз эътиборан Боғи Ҳазорбед комилан ба ихтиёри аҳли қалам мегузорем. Бовар дорем, ки адибон чун «Захираи Хоразмшоҳӣ» асарҳои пурарзиш ба мо ҳадя меоранд.

Вобаста ба ин масъала як нуктаи муҳим ва нозукро мехоҳам ба таври махсус таъкид созам. Аз қадимулайём дар марзу буми Хоразм туркон ва тоҷикон мисли ду бародар буданду ҳастанд ва мо низ ба онҳо муносибати мусовӣ бояд дошта бошем. Ҳам дар базм ва ҳам дар разм аз маҳорату иқтидори онҳо тарафайн баҳрабардор гардем, ҳам улба ва ҳам улбо26 бетафриқа бо ҳам бубинем.

Мо идомабахши фатҳу нусрати Хоразмшоҳони бузургем ва сари Гӯрмол ба хок молидем, тахту бахташро шикастем, аммо аждаҳои наве сар бардоштааст, ки номаш Темучин, лақабаш Чингиз аст. Ин бутпараст дар пеши мо ҳақир аст, лекин моро мебояд ҳар лаҳза омодаи ҳарб бошем. Хоҳиши замирӣ ба шумо ин аст, ки бо мо дурустпаймон бошед, то бо тадриҷ ва тадбир хоки душман ба бод афканем!

Ҳама бо нидоҳои «Зиҳӣ шоҳаншоҳи олам!», «Комёб бодо Санҷари сонӣ!», «Ҷовидон бодо Искандари сонӣ!» аз ҷой бархестанд. Гаронмоягон ва номдорони хиттаи Хоразм аз ҳар сӯи толор бари домони Султон Муҳаммад Заллиллоҳро бӯсида, зару гавҳар ба пеши пояш фурӯ рехтанд ва бо шоҳӣ бар вай салом карданд.

Шайх Маҷдуддин порае аз Қуръони азимушшаън қироат намуд ва Шоҳаншоҳи кабирро дуои нек кард:

— Поко Парвардигоро, давлати Хоразмшоҳиёни Кабирро обод гардон! Мулкро бегазанд, лашкарро фармонбардор, раъиятро ором нигаҳ дор! Шоҳаншоҳи музаффар ва одили моро баландахтар гардон! Шоҳаншоҳи олампаноҳи мо, ал-муайид ли дин-ул-лоҳ ва ал-мунтасир ли оли Расулилоҳ27 дар паноҳи исмати хеш сайидтолеъ ва фархундаҳол нигаҳ дор! Омин ё Раббулъоламин.

Бо амри шиҳна ду ҳазор сипоҳии озодаву тозанафас дарзамон ҳозир шуда, дар ду тарафи роҳрави мармарфарши кӯшки подшоҳ баробар истоданд. Сипас ғуломони тануманди ҳинду ҳабаш тахти равон оварданд, то шоҳаншоҳро назди халоиқ бароранд ва аз он ҷо ба доруззиёфат расонанд…


* * *


Баъди зиёфат базми ҷамшедӣ барпо нашуд. На аз он сабаб, ки табъи нозуки шоҳаншоҳ набардошт, балки зарурати таъхирнопазире ба миён омад: лаҳзаи омодашавӣ мунҳӣ28 ба подшоҳ бехгӯшӣ хабар расонд, ки аз ду тарафи олам ду сафири олимақом ба Ғӯрганҷ ворид шудаанд — аз ҷониби шимол гумоштаи махсуси Чингизхон, аз самти ҷануб фиристодаи халифаи араб Носири Аббосӣ. Азбаски дар ойини давлатдорӣ омадани сафири подшоҳ ташрифи худи ӯ ҳисоб мешавад, Муҳаммади Хоразмшоҳ таъхирро хилофи одоб дониста, ба амири ташрифот амр кард, ки бо риояи комили расмияти қабул меҳмононро ба толори пазироӣ ҳозир намояд. Худ ба хилватхона гузашт, то андешаҳояшро мураттаб ва либосашро мутобиқ созад.

Қутбиддин аз хурдсолӣ, вақте валиаҳд шуданаш аён гардид, дар дил як орзуи ширин мепарварид — билоди Чинро тасриф намудан ва тамоми боигариҳои онро ба даст овардан! Зеро аз таърихномаҳо хондаву аз бузургворон шунида буд, ки Офаридгори олам ҳама сарвати дунёро ду ҳисса намуда, қисмати аввалро дар бағали кӯҳ ва зери хоки Чин пинҳон намуда, боқимондаро дар Мочин — яъне дигар кишварҳои рӯйи замин тақсиму тарака кардааст.

Баъди охирин сафари бобарори ҳарбӣ, ки мулки қарахитоён зеру забар гашту шоҳи ин қабилаи кӯчӣ зери замин рафт, барои ҷомаи шодӣ пӯшонидан ба орзуи айёми кӯдакӣ имконияти фарох фароҳам омад ва шоҳи ғолиб хост, оҳанро дар гармогармӣ кӯбида, сари лашкар ҷониби Чин гардонад. Вале писараш Ҷалолиддин хаста шудани сипоҳиён, дурии роҳ ва наздик расидани мавсими сарморо пеш оварда, нияти падарро то баҳорон мавқуф гузоштан хост. Дар ҳамин ҳол ҷосусон хабар оварданд, ки лашкариёни Чингиз барои ҳуҷум кардан ба Чин тайёрӣ мебинанд. Ин навиди шубҳанок, аммо даҳшатангез шасти Қутбиддинро паст гардонд, аммо ниҳоли орзуяшро нашикаст ва ба Ғӯрганҷ омадани гумоштаи Чингизхонро фоли нек ҳисобид. Бовар дошт, ки тоҷири утрорӣ Йусуф Канка барои равшан намудани торикиҳо кӯмак мерасонад.

Йусуф — гумошта ҳамроҳи худ тӯҳфаи бисёре оварда буду боз як армуғони хоса аз бузургнойон Чингизхон ба Султон Хоразмшоҳ — тиллосанги азими худрустае шабеҳи гардани шутур, вале калонтар аз он!

— Бо чашми сар дидам, ки Чингиз-қоон ин тиллопораро бо дасти тавонои худ аз Тиллокӯҳ канда, ба халтаи заррин андохта, болои ароба ниҳод ва моро фармуд, ки ин тикшимишро якҷоя бо номаи сарбамӯҳр шахсан ба дасти мубораки шоҳи Хоразм супорам, — гуфт бо оҳанги эҳтиром ва ифтихор сафир ва лӯлакоғази абрешимӣ бо ду дасти адаб ба Хоразмшоҳ супорид.

Ҳадяи гаронмоя ва бесобиқа ҳамаро дар шигифт гузошт. Аммо шоҳаншоҳ фақат бо кунҷи чашм онро нигаристу аввал ба нома чашм давонд. Зеро барояш муҳим он буд, ки Чингизхон чӣ навиштааст?!

Мактуб ба забони порсии дарӣ, вале бе риояти одоби номанигорӣ иншо гардида, мухтасару сода буд: «Бо арзи салом ба Хоразмшоҳ ин сухан мегӯем: ман султони машриқ ҳастаму ту султони мағриб! Хоҳони онам, ки байни мо аҳду паймони сулҳу дӯстӣ мустаҳкам бошад, тоҷирон ва корвонҳо байни мамлакатҳои мо бемалол равуо кунанд. Молҳои қиматбаҳо ва дигар ашёи рӯзгор, ки дар мамлакати ман ҳаст, дар мамлакати ту озодона фурӯхта шаваду ҳама гуна молуашё аз мулки ту дар мулки ман бе ягон монеа ба савдо гузошта шавад. Хеле хуб мешавад, агар ба якдигар халал нарасонем ва душманӣ накунем. Подшоҳи машриқзамин ба подшоҳи мағрибзамин офият мехоҳад».

Иқрори дӯстӣ кардани Чингизхон ба Хоразмшоҳ писанд омад. Ҳарчанд худро подшоҳи ними дунё ҳисобидани як муғули чаласавод ба табъаш нафорид, лекин нияти ҷанг надоштанашро дониста, равшандилу осудахотир шуд. Номаълум оҳи сабуке кашида, мулки Чинро фурӯ гузошту чашми тамаъ ҷониби Бағдод дӯхт, ки фатҳи он рози пинҳон андар ниҳонхонаи дилаш буд ва лаҳзае вайро ором намегузошт. Ҳамеша фурсати муносиб мекофт, то кори нотамоми падарро ба анҷом расонда, Носири Аббосиро маҷбур намояд, ки Султони Хоразмро шоҳаншоҳи олами ислом эътироф карда, дар Бағдод хутба ба номи ӯ хонад.

Хоразмшоҳ алҳол, аз ҳарвақта бештар, ба ин кор имтиёз ва иқтидори комил дошт. Дар давоми понздаҳ соли подшоҳӣ Хуросону Ироқи Аҷам, Мозандарону Озорбодҷон, Ғуристону Ғазнаву Бомиёнро то уқёнуси Ҳинд зери тасарруфи худ дароварда, Мовароуннаҳрро ишғол ва аз қарохониву турку қарахитойҳо тамоман пок гардонда, бештар аз чорсад шаҳри бузурги оламро забт намуда, мамлакати паҳновари ягона ва комилан соҳибистиқлоли Хоразмшоҳиёни Кабирро бунёд карда буд! Лашкариёнаш ҳолиё ба фатҳи Гурҷистону Шервону Анатолиё машғул буданду дар остонаи Миср қарор доштанд… Аммо барои пешравии оянда ва кишваркушоиҳо монеаи асосӣ хилофати Араб буду Носирхалифа санги садди роҳи Хоразмшоҳ…

Маҳз дар чунин лаҳзаи ҳассос ва тақдирсоз бо пойи худ омадани ду сафирро Қутбиддини сонӣ ҳидояти мушкилкушо аз ғайб ҳисобид ва қарор дод, ки бо Чингизхон муросову мадоро намояд. Аввал элчии ӯро бо иззату икроми зиёд пазируфт. Сипас сафири араб Шаҳобиддини Суҳравардиро ба ҳузур хонд.

Шайхи шайхони олам Суҳравардӣ дастхолӣ омада буд, ҳатто аз халифа расмулхате надошт, валекин бо эҳтимоми Хоразмшоҳ сазовори эъзоз ва эҳтироми лоиқ гардид ва муқаддимаи сӯҳбат бо меҳрубонию такаллуфи тарафайн саршор буд. Фақат баъди он ки номи Носирхалифа ба забон омад, лутфи гуфтушунид лағв гашт. Шайх паёми шифоҳии халифаро айнан ироа кард ва гуфт, ки ҳомии дин ва давлати ислом аз аъмоли зишти Кучлук нисбати мусулмонҳо барошуфта, сахт ба хашму ғазаб омадааст. Зеро ин бутпарасти ашаддӣ тиловати «Қуръон», азон гуфтану намоз хондан, салла бастану ҷома пӯшиданро манъ карда, дари масҷиду мадрасаҳоро баста, мусулмонҳоро маҷбуран ба бутпарастӣ водор менамояд.

— Ин гапу корҳоро мо ҳам медонем! — ба сухани сафир латма андохт Хоразмшоҳ. —Вале намедонам, ки чаро амиралмӯъминин хомӯш аст ва ягон тадбир намеандешад?!

— Халифаи дин ва давлати ислом ба Хоразмшоҳ пайки иҷобат мерасонад ва мегӯяд: «Эй амири бузурги ислом, хуруҷ кун бар кофири мутлақ Кучлук, лашкар бикашу мулк аз дасташ бигир ва ӯро ба ҷаҳаннам бифирист, ки Худованди ҳақ ту ҳастӣ. Дуои ман дар қафои туст ва шак надорам, ки Аллоҳ таъолоҳ туро бар вай нусрат диҳад ва бо шарофати ту мусулмонҳоро сарбаланд гардонад».

– Ҳимояти дин ва ҳаёти муслимин вазифаи аввалиндараҷаи амиралмӯъминин аст. Бигзор худи Носирхалифа лашкар кашад ва он кофари мутлақ ба ҷаҳаннам фиристад!

— Вай ба қудрати Хоразмшоҳ эътимод дорад, ӯро амиралумаро ал муайяд минассамо29 меҳисобад…

— Агар эътимод дошта бошад, хутба ва сикка ба номи мо фармояд, моро сарвари мусулмонҳои олам хонад. Он гоҳ мо дар давоми як ҳафта Кучлук ба ҷаҳаннам фиристода, диёрашро мусулмонобод мекунем.

— Халифа ба ман дастур додааст, ки…

— Дастури халифа барои мо як пули сиёҳ арзиш надорад! Тавонад — Кучлукро аз байн бардошта, дини исломро бар бутпарастон ғолиб гардонад. Натавонад — ҷойро холӣ кунад, то шахси сазоворе ҳомии мусулмонон бошад. Тамом-вассалом!

Шайхи шайхони олам Шаҳобуддини Сӯҳравардӣ музтарибҳол аз толори пазироӣ берун баромад. Шайхулисломи Хоразм Маҷдуддин ва шоир Сайфуддин ҳарчанд кӯшиданд, дар базми ҷамшедӣ иштирок накарда, ҳатто ба хонақоҳи Шайх Наҷмуддини Кубро нарафта, ҳадаҳа ҷониби Бағдод шитофт. Аммо элчии Чингизхон ангуштнамои хосу ом дар базми шоҳаншоҳи Хоразм буд…


* * *


Баъди намози аср бо амри шиҳнаи Ғӯрганҷ лашкариёни дарборӣ силоҳ баста, гирдогирди доруззиёфат барои посбонӣ саф заданд ва омадурафти беиҷозат қатъ гардид. Чун ҷаҳонро торикӣ фаро гирифт, бонги таблу дуҳулу дабдаба, говдуму санҷ, ойинаи филону карнай ва сапедмӯҳра баланд гашта, аз оғози тантанаи оламафрӯз дарак дод. Дар толори азим бештар аз ҳазор шамъи чаҳоргонаи бухорӣ фурӯзон гашту хонсолорони чобукдаст ва баковулони покизалибос дар як дам сад хон ба чандин рангу бор чиданду дастархонҳои сап-сафеди оҳарӣ аз меваҷоту сабзавоту қандалоти хелмахел алвонӣ намуданд. Надимони тезҳаракат таомҳои гарм, шаробҳои нарм, туршиҳои мӯътадил ва хӯриш аз кабку оҳу ва тазарви сафед оварданд…

Хоразмшоҳи қавипайкару шофмӯйлаб ва кашидариш бо чеҳраи нуронӣ ва гунаҳои арғувонӣ ба болишти зебо такя зада, дар тахти мӯҳташам бо шукӯҳу шавкати олӣ менишаст. Канизони ёсуманбӯй ва надимони парипайкар бо мирваҳаи товусӣ ва лутфу навозиши шоҳӣ хидмати бандагӣ ба ҷо меоварданд. Бузургони давлат ва меҳмонон аз чапу рост орому сокит нишаста, омадани Турконхотунро интизорӣ мекашиданд, ки тибқи одати ҳамешагӣ ҳамроҳи аҳли рикоби хеш баъди мардон ба толор ташриф меовард.

Сукути бардавомро овози баланди мири ташриф ба ғалмағал табдил дод:

— Худованди олам, модарбузурги муаззама ва уллиаҷниҳа30 садрнишини бонувони машриқу мағриб, улёҳазрати олимақоми салтанати Хоразмшоҳиёни Кабир Турконхотун офтоби ҷаҳон бо ташрифи қудуми хеш маҳфили моро мунаввар месозанд!

Таблу нақораи подшоҳӣ ба садо омаду Турконхотун либосҳои фохира дар бар ва қизилтоҷ31 бар сар бо виқору салобати модаршоҳӣ ба маҷлиси мардон ҷасурона гом ниҳод. Ҳама баробар аз ҷой хеста ва нафасҳо дарун кашида, ҳар қадами ӯ ба чашмони пурмеҳр гиромӣ медоштанд. Турконхотун якмарому бовиқор пеш мерафту аз қафояш ҳафт гулдухтари нозанини хушлибос доманкашон чун товуси хиромон ҳаракат мекарданд. Бо як нигоҳ аён буд, ки онҳо ғуломдухт ё канизак нестанд, зеро либосу ороишу пероиши ҳар кадом ба хироҷи вилояте меарзид. Ин ҳафт гули наврустаи гуландомро Турконхотун аз байни чил бойдухтари мумтози Ғӯрганҷ писандида, интихобан гулчин карда буд ва ҳамаашон ба қабилаи канглӣ тааллуқ дошта, миёни духтарони қавми Турконхотун беҳтарини беҳтаринҳо ҳисоб меёфтанд. Падари ҳар кадоме сипаҳсолори сарсупурдаи модаршоҳи Хоразм буду неруи зиёди ҳарбӣ дар ихтиёр дошт ва амри Маликаи ҳамтабори худро аз ҳама фармоишот муқаддам медонист.

Аз ҳамин сабаб Турконхотун бо сари баланду табассуми фарох ва каруфари олӣ пеш мерафту чунин вонамуд мекард, ки дар ин толори бузург ғайр аз писараш дигар касеро намебинад. Аммо аҳли толор ин тафохур ва назарбаландиро амали шоиста меҳисобиданд. Охир, писари на ҳар модар шоҳаншоҳи олам мешавад ва на ҳар модарро чунин бахти баланд муяссар мегардад, ки дар базми ҷамшедии фарзанди фатҳовари худ бо ҳамҳамаю дамдама ширкат варзад!

Аз қафои Турконхотун боз як гурӯҳ занони савлатманд вориди базмгоҳ шуданд. Маликабону Дилором сархайли онҳо буду дар паҳлуяш Нигина беҷуръатона қадам мезад. Чеҳраи хандон дошт, аммо чашмони маҳзун. Зеро соате қабл аз оғози базм Турконхотун қавлу қарори худро тағйир дода, кабутари ҳарамро аз рақсидан боздошт ва ба машшотаю канизон фармуд, ки бо ғолияву кофуру анбар ин бути шакарлаби мушкинхолро боз ҳам хушрӯй ва хушбӯй гардонда, чун арӯс ороста, дар базмгоҳ бо либосу ороишоти беҳтарин ба чашми Узлоғшоҳ манзур намоянд.

Амри ҷалоҷинкампирро шунида, Нигина мувозинати ақлу эҳсосро гум карду беҳол ва ночор рӯйи фарш нишаст. Дуд аз димоғи Шакархонум баромаду бо дилу ҷигари сӯхта ба манзили Малика Дилором тохт. Ҳарчанд медонист, ки аллакай кор аз эътидол гузашта, тағйир додани ҳолат имконнопазир гаштааст. Вале Маликаи Хоразм бо тамкини ҳайратангез ҳаяҷони мураббияро фурӯ нишонду бо солорӣ гуфт: «Ҳар ду ором шаведу ба намоиши ҳунар омода бошед. Шоҳписари ман масъаларо табъи дили мо ҳал мекунад!»

Турконхотун ва аҳли ҳарами ӯ дар нишастгоҳи алоҳида ҷо ба ҷо шуданду канизакони муғанния самоъ оғоз ниҳоданд. Хоразмшоҳ бо нигори лоларухе, ки арӯси мамлакат унвон дошту зулфи пурхаму тоб ва мӯйи марғулаи ӯ рашки мушки Хутану анбари Соро буд, дар садри маҳфил нишаста, бо ҳузуру ҳаловати том навои арғунунӣ мешунид ва шароби арғувонӣ менӯшид. Он сарви равон бо қабои парниён гирди сари тоҷвар парвона буду вақте навои хусравонӣ дар толор танин андохт, бо ҷамоли матлуб ва чеҳраи маҳбуб хиромон ба ҷилва омад, то ба ҳусну ҷамоли зебо ва ҳаракоти ширинадо дили Хусрави Хоразм волаву шайдо намояд. Вале Хоразмшоҳ ба ёри дерин эътиборе надода, саволомез ба Ҷалолиддин нигарист, ки дар хони паҳлуи рости падар менишаст.

Писари чашминтизор дарҳол аз ҷой хесту аввал одоби таъзими подшоҳӣ риоя намуда, аҳли базмро хомӯш ва диққати умумро ба худ ҷалб гардонду бо фарри бузургманиш каломи хуш ба забон овард:

— Эй падари меҳрубон ва оламгири ҷаҳонбон!

Сарфароз аз онам, ки фарҳанги шоҳону меҳтарону фарзонагонро накӯ медонеду накӯ медоред ва ниҳоду рафтору кору сози подшоҳӣ дар сатҳи олӣ сомон медиҳед. Сипоҳ оростану кин хостану разм кардану шабехун задану шаҳр гирифтанҳои Шумо вирди забонҳост ва андар сифоти хуби шумо достонҳои марғуби зиёд набишта шуда, ки ба гӯшу дилҳо хушгувор ояд.

Ифтихор аз он дорам, ки Санҷари замон ва Искандари сонӣ шумоед, эй падари баландахтари ман! Месазад, ки корномаҳои шумо дар Шоҳномаи навин сабт гардад ва ояндагонро дарси ибрат шавад. Ба ин ният аз Исфараи нозанин шоире овардам, ки баъди рӯй дар ниқоби хок кашидани Ҳоқонӣ кас мисли ӯ надидааст! Ахтари тобони назми Аҷамро қабул фармоед.

Сайфуддини Исфарангӣ, ки дар шафати шайхулислом менишаст, бо таъзими шоирона худро ба мобайни падару писар расонд ва интизор истод, ки дастур чӣ мешавад.

Хоразмшоҳ сар то пойи шоирро бо чашми харидорӣ нигаристу гуфт:

— То ҷаҳон будааст, ҳеҷ подшоҳи сулолаи мо аз шоире сарфи назар накардааст. Зеро аз лашкару ганҷу хазинаи подшоҳӣ осоре намонад, аммо ба шарофати шеър, ки бақои исми шоҳро таркиб мекунад, номи ӯ ҷовид монад. Синою Ҷузҷонӣ, Ватвоту Форёбӣ ва садҳо бузургони Аҷам аз боргоҳи Хоразмшоҳиён нашъунамо ёфтаанду ту ҳам хуш омадӣ, эй шоир. Модарам гуфтанд, ки табъи рост дорию аз Исфара барои мо достоне дастовез овардаӣ…

Сайфуддин ягон ҳарфи зиёдатӣ нагуфта, ҳар ду даст боло бардошт ва ба қироати қасида пардохт:

Дар гулшани мулк бори дигар,

Товуси зафар кушод шаҳпар.

Афканд ҳумои фатҳ соя

Бар чашмаи офтобханҷар.

Дебочаи корномаи мулк

Шуд хатм ба номи шоҳ Санҷар.

Яъне, ки Алои дину дунё,

Султони муҷоҳиди музаффар.

Шоҳе, ки кашад камони туғро-ш

Тири гардун ба хатти меҳвар.

Шамшер зи Ҳафтхони ҳайҷо

Мехӯрд ғизо зи косаи сар.

В-аз хуни муборизон ба ҳар сӯ

Паррон шуда чун ҳубоб миғфар.

Мерафт хаданги барқпайкон

Бар ҳошияи саводи лашкар.

Андар паи оби зиндагонӣ

Дар зулмати разм чун Сикандар.

Эй ояти кибриёи шоҳӣ

Дар хатти китобаи ту музмар.

Таърихи ҷалоли тоҷдорӣ

Бар нақши нигини ту муқаррар.

Фармони туро, ки дар ҷаҳон бод

Аз мисраъи азми ту равонтар.

Дарё ба забони мавҷ хонад

Дар ҳалқаи гӯши моҳии кар.

Теғи ту ба лафз гар дарояд

Мар тӯтии нутқро баробар.

Хуршед кунад ба меҳр дар кон

Нақши лақаби ту бар рухи зар.

В-аз адли ту беш барнаёяд

Бо теғи кашида шоҳи Ховар,

То шох занад ниҳоли давлат

Динро ба заҳоби адлпарвар,

Аз лутфи ту атр менишинад,

Бар ашҳаби бодпои анбар.

В-аз теғи ту об мегурезад

Дар зовияи масомгавҳар.

Шамшери ту ҳуҷҷатест қотеъ,

Бар мункири миллати паямбар!

Туғрои ту оятест зоҳир

Дар мусхафи ихтиёри кишвар.

Он гоҳ, ки чу гирди бода хасмат

Афтод бурун зи даври соғар.

Чун кӯҳ сипоҳи ӯ гарон шуд,

Аз бас пайкон, ки дошт дар бар.

То зулфи арӯс фатҳ гардад,

Аз гарди сипоҳи ту муанбар.

Дар маърака бод лашкаратро

Иқбол зафарнамою раҳбар!

Хоразмшоҳ шодмону ҳайрон ва хандон гуфт:

— Офарин, эй шоири сухандон! Лафзи ту ҳама хубу ба маънӣ ҳам осон будааст. Шод бош, ҳар байте ба ҳазор дирам харидам!

Базмиён лаб ба табрик ва таҳсин кушоданду Сайфуддин бо таъзим ва табассуми фарох посухи ом дода, дар паҳлуи Ҷалолиддин идомаи сухани шоҳро интизор истод.

— Модарам мегӯянд, ки шеъри ту дар баландӣ аз манораи Бухоро болотар асту дар як соат фар-фар даҳ шеъри тар гуфта, анвариёну унсуриёнро ба як нӯл задаӣ! Таърифи модар хушам омад ва ҳоло, ки дар хидмати мо падидор гаштаӣ, сухан фошофош мегӯям: агар саноати шеър ба осмони ҳафтум расонда тавонӣ, дар шариати подшоҳӣ ба назми ту илтифот кардан моро воҷиб бошад. Азеро аз шоири бузург ҳам шоҳон ифтихор доранду ҳам бандагон.

Эй булбули Исфара! Бо чашми шоирона шамъу султону парчамро нигар, Санҷару Искандар ба ёд овар, аз ҷилваи канизону ишваи нигорон дар базми олӣ илҳом дарёб ва ончунон бадеҳа гӯй, ки аз тиллои Чин беҳтар ва аз анбари соро муаттар бошад!

Марду занҳои маҷлиснишин аз хӯрдану нӯшидану гап задан бозистода, бо ҳисси кунҷковӣ шоирро нигаристанд. Мутриб, ки дар ҳама ҷо ёри суханвар аст, ба навохтани як савти маҳин пардохт, то илҳом ангезад. Сайфуддин бо нигоҳи пурназокат ӯрову аҳли толорро навозиш намуда, Мирмалику Нигинаро дарёфт, ки ҳар ду лаб ба дуо кушода буданд. Ба ҳамдигар табассумҳо тӯҳфа карданду шоири болидарӯҳ, тезбин ва борикхаёл ба султону парчаму шамъҳои фурӯзон назар афканда, ин ҳамаро хаёлан ба ҳам пайваст ва тору пуди суханро бо радифу қофия омехта, ба шеърбофӣ шурӯъ намуд:

Зи шоми парчами султон ҳилоли фатҳ шуд пайдо,

Чу шамъ аз сар гирифт ин боргоҳи мулку дин боло.

Ба сони чашмаи хуршед оби мулк шуд равшан,

Зи гарди мавкиби султон Алоуддин в-ад-дунё.

Шаҳи хусравнишон Санҷар, ки чун дар саффи кин ояд,

Муҷавваф гардад аз тираш чу новак найзаи аъдо.

Сикандарояте, к-аз Тур Мӯсовор бинмояд,

Чунон дар кӯҳи торикӣ дили хасмаш яди байзо.

Ҷаҳондоре, ки теғи осмон бар сафҳаи теғаш

Кунад аз хуни бадхоҳон мисоли фатҳро туғро.

Агар тӯфони кини ӯ ба Машриқ ҳамлае орад,

Ба ҷуз мардумгиё дар Чин намонад сурате барпо.

Агар моҳи ливои ӯ шабе хирман занад дар Чин,

Наёрад офтоб аз бим теғи хеш дар саҳро.

Агар алмоси қаҳри ӯ ба кӯҳи Қоф рӯй орад,

Ҳавои тири ӯ аз таф бисӯзад шаҳпари анқо.

Зи ишқи он, ки ҳамчун об бӯсад хоки майдонаш,

Чу май бар худ ҳамеҷӯшад дар атрофи ҷаҳон дарё.

Дарояд маҷлиси аъло ба зери чатри симобӣ,

Кашида теғ чун хуршед зи авҷи қуббаи мино.

Ғуломони сияҳкашро ҷалоли қадри ӯ дода

Синони найза аз ақраб, камаршамшер аз Ҷавзо.

Шаҳаншоҳо, ба бӯи он, ки фармони ту бинюшад,

Мизоҷи гулшакар гирад нафас дар коми аждарҳо.

Дили маънинигоронро зи девони қабули ту

Назар шуд ёри фикрат аз саводи хиттаи иншо.

Ҳамеша то нигоронро зи шамъи чеҳра мехезад,

Зи оҳи шабравони ишқ дуди анбари соро.

Чунон бод оташи қаҳрат, ки пеш аз ҳашр бархезад,

Адӯи мулкат аз ҳайбат зи шамъи рӯҳи дудосо!

Хоразмшоҳ шеъри тару тоза ва устодонаро шуниду бовар кард, ки Сайфуддини Исфарангӣ метавонад дурри гаронбаҳо бадеҳатан суфтаю пурҷило гардонад. Ӯро сано хонду ситоиш кард, фармуд, то хилъати хос диҳанд ва бар сараш кӯлоҳи маликӣ ниҳанд. Сипас ба паҳлуи худ шинонду гуфт:

— Шод бош, эй Сайфи Исфаранг, ки туро бар басити мулки Хоразмшоҳиёни Кабир назир нест. Шоире муборакнафас, ки дархурди шавкати мо бошад, падид омад! Аҳлан ва марҳабан, эй малик-ул-калом!!

Ҷалолиддини некурӯй, ҷаъдмӯй ва ҷиддисимо, ки алмудом абрувони гиреҳбаста дошту ҳафтае як бор бо душворӣ табассум мекард, хандон-хандон лаб аз садафдандон бардошт:

— Шумо ҳам шод бошед, эй падари меҳрубон! Ман ҳам шодам, ки дар паҳлуи Санҷари замон ҷойгузини Умари Хайёмро мебинам! Акнун вақти он расида, ки Маҳастии замонро ба Шумо пешкаш намоям…

— Куҷост ӯ?

— Вай дар паҳлуи модари азизи хонадони мо нишастааст. Ин кавкаби рахшони Исфара дуюмин ҳадяи фарзандии мо ба Искандари замон аст! Иҷозат диҳед, дар ҳузури ҳама бузургони давлат ва надимони ҳазрати ҳумоюнӣ, ки дар базми ҷамшедӣ мураттабанд, кабутари ҳарам ҳунари хеш ба шумо манзур гардонад…

— Раво бошад, эй шоҳписари падар. То мо хушему ишрати мо хуш аст, ҷаҳон хуш бошад!

Устод Комгор дарҳол ғижжак ба даст гирифту нолаи ушшоқ аз фарш то арш расид. Салими Ҳобон — найнавози машҳури Хуросон ба вай ҷӯр шуд. Дигар мусиқорҳо чангу барбату даф ва рубобу шоҳруд ба наво оварданд. Овози хуш аз кому даҳону лаби шаҳдрези Шакархонум ба толор танин андохт. Нигина чун ҳавои ушшоқи «Хуросон» гирифт, бо лаби чун ғунча шукуфта аз парда хесту ба саҳна баромад, даст бароварду ниқоб бидарид. Гӯиё моҳи тобон аз паси абр берун шуд! Домани аз барги гул поктарро сабук афшонду сӯйи Хоразмшоҳ нигоҳи гарм афканда, дасти адаб ба сина ниҳода, дилбарона таъзим кард ва баъде ки мутрибон ба якдигар бо меҳр даромехтанд, бо ноз ба ҷилва омаду аз нуру кавкаби рахшон атроф мунаввар гардонд. Дар базмгоҳ гилеми ҳазорнақше буд ғаниматӣ аз кохи шоҳони сосонӣ, ки ҳаштод бар ҳаштод газ32 андоза дошт. Нигина миёнашро хам додаву ҳалқа андар ҳалқа зада, хиромон давр гашту бо кафши аз гулбарг маҳинтар болои гилем баромад ва ончунон гарм ҷавлон рафт, ки гӯё дар найистони дили бинандаҳо оташ андохт. Дарзамон фарёду хурӯш аз ниҳоди умум баромад ва толор ларзид. Хурду бузург баробар офарин хонданду зери пояш гавҳарҳо фишонданд.

Набераи маҳбуби Хоразмшоҳ ва дӯсти беғарази Нигина, шоири дилбеқарор Камоли Исмоил чун ҳамеша инони ихтиёр аз даст дода, бо шавқу шӯри ҷавонӣ садо кард:

Эй фариштаи шигарфи Ворух,

Бути занҷирҷаъди зеборух,

Навбари боғи гулбазми ҳунар,

Фурӯ рез аз дурҷи гавҳар шакар!

Вақте Камолиддин шеър мехонд, машшотаи чирадаст чун бод парида, Нигинаро бо зару зевар оросту мувофиқи базми тараб либос пӯшонд. Ба дасту пояш абранҷин — ҳалқачаҳои тиллоӣ басту ба гарданаш анбаринаи хушбӯй овехт, ба кокулонаш мӯйбанди заррин басту ба сараш кӯлоҳи мурассаъ ниҳод ва пироҳани даққи мисрӣ пӯшонд, ки рангаш аз барф сафедтар буду нафистарин шоҳии гаронбаҳои замон ҳисоб мешуд. Ҳарчанд Нигина атласи Хуҷанд аз дебои Мисру Рум афзал медонист, нозу итоб накарду дар ҳавои нағмаи чанг оростаю пероста, гоҳ ошуфтаю гоҳе оҳиста ба рақс шурӯъ кард. Саҳнагилемро як давр гашту ба ҳолати ҷунуни рақс омад. Вай сад паёму салом аз пасу пеш мешунид, лек ба алейк лаб накушода, ончунон зебою шӯрангез чархид, ки ақл аз дилҳо рамиду ҳар шефтаеро ҳаваси рӯйи гулғунча дар сар шуд. Ҳар кадоме мепиндошт, ки Нигина сӯйи ӯ хиром дорад ва чун як мушт мӯйи анбаринаш аз кӯлоҳ берун шуд, фарёди мастонаи ҷавонҳои чашмхумор аз толор берун париду ба осмон пайваст. Дигарон низ ҷунунӣ гашта, дар ҳавои рақси Нигина нақди ҷону нақди ҷайбро баробар пеши пояш мефишонданд…

Аз чеҳраи афрӯхтаи Хоразмшоҳ нур меборид. Аз ҳунару ҳусну ҷамоли Нигина чунон ба нишот омада, хуштабъ гашта буд, ки чун аз рақс фориғ шуд, пеши худ хонду хуш бинавохт, чашмонашро бӯсид, инъоми бисёр фармуд ва сухани шоҳона бо рубоӣ оғозид:

То дил бувад, эй дилбар, то ҷон бувад, эй ҷонон,

Бо меҳри ту дорам дил, бо ишқи ту дорам ҷон!

Ҳарчанд ки Султонам, охир ба ту мӯҳтоҷам,

Чун ишқ падид ояд, мӯҳтоҷ шавад Султон!

Ҳусну ҳунари волои ту дар дили ман ҷой гирифт, эй кабки хушхироми булбулободи Ғӯрганҷ! Аз ин пас кошонаи дили ман ҷавлонгоҳи туст! Аз ин пас арӯси мамлакат унвони туст, эй парирух! Аз ин пас ту фақат барои ман мерақсӣ, эй кабутари ҳарам!!

Магасҳоро аз саҳна ронед!!!

Нигина замини хидмат бибӯсид ва бо лутфу тавозӯи ҳар чӣ тамомтар булбули гӯё шуд:

Подшоҳе, ки аз ҷабинаш тофтӣ нури Илоҳ,

Он Алоуддин Муҳаммад аст, ба Хоразм подшоҳ!

Бо шукӯҳи давлату иқболу адлу доду дин,

Дорад аз тавфиқ нишоту фатҳ аз пирӯзӣ сипоҳ!

Хоразмшоҳ аз бадеҳаи раққоса дучандони аввал шод гашту «Зеҳ!» гуфт ва надимон дарҳол кому даҳони Нигина аз тилло лабрез гардонданд.

— Базми имрӯзаи мо накӯтар шуд аз ҳама базмҳои дигар! — шоду хуррам нидо баровард Хоразмшоҳ. —Маҳастии замон ба паҳлӯи ман омад! Вале имрӯз аз раққоса ғазал нахоҳам. Ҷилва намо, кабки дарӣ!!

Навои мутрибу садои хунёгар ҳар ду забон як карда, бо замзамаи оҳанги «Ҳиҷоз» Нигинаро фарёд намуданд, ки бихурӯшад ва рақс беҳуш кунад. Ин карат Нигина ба ангуштони худ гул баста, ба саҳна баромад ва чун ба ҷилва даромад, ба назари базмиён чунин намуд, ки хиромиданаш мисли рақси гул аз насими навбаҳорон нафису дилрабост. Овози пойи Нигина дар гилеми абрешимӣ зарбу лаҳни махсус дошт ва ин сарви маҳваш чу ба рақс гарм гардид, аз боди домани гулбезаш дар чашму дили хурду бузург оташи хирадсӯз даргирифт. Ҳамаро аз бехудӣ хун дар шараён ҷӯшиду дил ба фарёд омад. Вале касеро маҷоли руҷӯи эҳсос намонда буд. Ҳама аз Хоразмшоҳ ҳарос доштанд, ки бо амри қотеъ магасҳоро аз саҳна ронда, Нигинаро кабутари пеш хонда буд. Ҳатто Ҷалолиддини мафтуншуда ҳам овоз баланд намекард. Сайфуддини хушилҳом низ хомӯш менишаст, ҳарчанд мехост бо ҳазор забон васфи Нигина кунад. Вале шодгунаи моҳсимо парвои оламу одам надошт, бо нозу адои ҷонгудоз ва ҳусну ҳунари баландпарвоз дилу дин ба ғорат мебурд.

Дар авҷи самоъ муғаннӣ бо сӯзу гудоз гӯши борбат битофту он бо ғаму ҳасрат зор-зор нолида, дилҳоро об гардонд. Нигина мисли кабутари нимбисмил беист бол меафшонду занҳо ба риққат омада, оби чашм мерехтанд. Аммо Мирмалик гумон мекард, ки шоҳпари боли ҳумо бар сараш мерезад. Зеро аз ҷавонӣ ин паррандаи биҳиштиро дӯст медошту дастомӯз кардани кабутари Ворух орзуи деринааш буд.

Нолаи борбатро садои тарабангези даф барҳам заду кабутари бисмил ҷон гирифт ва чуст аз ҷой баланд шуду боли парвоз кушод. Рухи Мирмалик аз шодӣ чун шамъи паҳлӯяш фурӯзон шуд. Аз ҷой хесту хост гулбонги шодӣ занад, вале саривақт худро ба даст гирифт. Айнан дар ҳамин лаҳза Нигина сӯяш нигаристу дид, ки маҳбуби дилаш, бахткушояш чун сарви баланде рост истодаасту чеҳрааш чу офтоб медурахшад. Пурмеҳр назаре сӯяш афканду даст рӯйи дил ниҳода, паёми дӯстгонӣ эҳдо намуд. Аз шӯълаи нигоҳ рухи Мирмалик оташгун шуд. Шодгуна ба ваҷд омаду ончунон бо ноз ҷилва кард, ки чанд ҷавон мадҳуш шуда, бесадо ба фарш афтиданд. Инони тоқати Мирмалик аз дасташ рафту бехудона наъра зада, кисаи пурзар пеши пойи Нигина партофт!

Аҳли базм барқосо ҳушёр ва дилхавотир шуданд. Зеро Хоразмшоҳ аз хашм зарду сурху сафед гашту рагҳо аз гарданаш бархост. Бадқаҳрона даст афшонду пой бар фарш зад ва чун шери жаён ғуррид:

— Беадаб кист?!

Рақсу нағмаву суруд бо ишораи устод Комгор ба якборагӣ қатъ гашту Нигина пушти даст газид ва оҳи пурдард кашид. Бо умед Ҷалолиддинро нигарист. Аммо вай сархам меистод, шояд тадбир меҷуст. Дигарон низ сарпасту хомӯш буданд. Касе заҳра надошт, ки лом кафонад…

Пурсиши дубораи Хоразмшоҳ мисли тундар садо дод:

— Беақлу бетамиз кист??

Мирмалик хост лаб ба ҷавоб кушояд, аммо Шоҳмурод пешдастӣ кард:

— Эй подшоҳи олам, беақли беадаб манам.

— Ким ту?

— Як ҷавони кӯҳистонӣ… Шоҳмуроди масчоҳӣ… Тавба кардам…

— Дафъ шав!

Магасчаро аз саҳна ронед!!

Бе хармагас базмро давом диҳед!!!

Равзанаи чорум. Ташдиди тавбаи маҷбурӣ ва хобу хаёли баҳсбарангез

Нигина аз шодӣ дар пероҳан намеғунҷид, ки ғавғо дар базм ба хушӣ пароканда шуд. Вале рӯзи дигар масъала ранги дигар гирифт. Хоразмшоҳ чоштгоҳӣ Ҷалолиддин ва Мирмаликро ба ҳузури хеш хонду бе ҳеҷ муқаддима гуфт:

— Шаб кори нохуб шуд — гуноҳ Дамир Малик карду кайфар кӯҳистонӣ кашид! Қасам ба Худо, агар каси дигар мебуд, зинда намемонд!

Шоҳзода ва сипаҳбуд фаҳмиданд, ки подшоҳ аз шабафрӯзии шабпараи хуҷандӣ огоҳ будаасту аз сари меҳр ба Мирмалики далер, родмард, зӯрманд ва тирандози рустамкаманд — бародархонди мушфиқ ва ёри мувофиқи писари маҳбубаш худро нодида гирифта, хашми хеш фурӯ нишондааст. Дили ҷавони ошиқпеша ба риққат омаду ба зону афтода, гуфт:

— Дилу ҷонам фидои хоки пойи шумо… Илтиҷо мекунам, тавбаи маро қабул фармоед ва бори дигар аз гуноҳам гузаред…

— Тавбаи ту он вақт пазируфта шавад, ки чашм аз кабутари ҳарам бардорӣ ва ӯро дар гӯшаи фаромӯшӣ танҳо гузорӣ!

— Фармонбардорам, эй шоҳаншоҳи олам. Савганд мехӯрам, ки аз кабутари ҳарам дасту дил шустам ва тавбатуннасӯҳ33 кардам.

Хоразмшоҳ бо заҳрханд бародархондаҳоро нигаристу оҳанги итоб ба нестӣ расонд:

— Мо ба савганди ту бовар дорем, эй шоҳини Хуҷанд! Эътимоди мо аз он аст, ки туро ҳаққи неъмат бисёр аст ва маро аз асорат раҳо карда будӣ. Дар вақташ бобокалонам Отсиз гуфта буд, ки аз касе қарздор будани подшоҳ хуб нест ва пайдост, ки дар олам ягон сир пинҳон намонад. Мо соф шудем. Акнун дили модари моро хуш дор, то ҳеҷ бадгуфтор миёни мо роҳ наёбад.

— Хушнудӣ ва хушҳолии Худованди олам мароми мо ва боиси хушнудии каминаи камтарин аст. Бифармоед…

Шоҳзода Ҷалолиддин, ки то ин муддат шунавандаи хомӯш буд, аз падар иҷозат пурсида, ба сӯҳбат ҳамроҳ шуд:

— Эй падари бузургвор, хуш андар хуш сухан гуфтани Дамир Малик маро хуш омад. Агар модаркалонам ин хушгӯйиҳоро шунавад, додархонди маро меҳрубон хушу34 мешавад!

Хоразмшоҳ қоҳ-қоҳ хандид ва гуфт:

— ори хуб кардӣ, эй фарзанди азиз, ки як муҳими хайр ба ёдам расондӣ! Ин пагоҳӣ модаркалонат пурсида буд, ки «агар ман Ойчечакро ба Дамир Малик диҳам, кадом вилоят ба вай медиҳӣ — Самарқанд ё Хуҷанд?»

— Шумо чӣ посух гуфтед, эй падари бузургвор?

— Гуфтам, ки интихоб аз худи ӯст…

Дар хилватхонаи бошукӯҳ сукути лаҳзавӣ пардакушои роз гардид. Мирмалик дарк намуд, ки шабафрӯзии шабпара барои Ойчечаки чашминтизор тақдирсоз, аммо барои Нигинаи умедвор тақдирсӯз шудаасту ошиқи шитобзада хоҳад-нахоҳад даричаи ишқи покро ба рӯйи ёри дилхоҳаш муваққатан пӯшида, аз равзанаи сохта ба дунёи дигар ворид мешавад. Баъд…

Сурфаи пасти Ҷалолиддин чун шӯълаи барқ риштаи хаёлоти Мирмаликро сӯзонд ва ба ӯ фаҳмонд, ки маътал нигоҳ доштани шоҳ басо пурхатар асту дар кори хайри ишоракардааш ҳоҷати ягон андешаву истихора нест. То қадри тавонистан лабу даҳон пурханда карду сари таъзим ба аломати таслим фуруд овард:

— Эй шоҳаншоҳи олам, ҷони ҷавонам фидои сухани дурфишони шумост! Ҳамеша ва дар ҳама ҷо Шуморо фармонбардорам ва ҳар чӣ фармоед, аз ҷон гиромӣ медорам. Байти Ҳоқонӣ садои дили ман аст:

Шоҳо, ғазанфаре туву парвонаи ту ман,

Парвона дар паноҳи ғазанфар некӯтар аст!

Хоразмшоҳ сари Мирмаликро бо силаи навозиш ба осмон расонду падарвор лаб ба гуфтор кушод:

— Баъди Ҷалолиддин моро ба ҳеҷ кас эътимедӣ нест ҷуз ба ту. Бояд, ки ту низ фарзандвор бар мо эътиқод бандӣ. Мо як хатои туро, кардаи туро нокарда пиндоштем, аммо ҳушёр бош — агар бори дигар аз ту беадабӣ ояд, уқубат кунем нопурсида!

Хуҷандро ҳеҷ кас аз ту шоистатар нест ва туро мебояд шаҳри бузург ба ҷавонмардӣ нигоҳ дорӣ, ки сарҳади душман бошад. Дастури мо ин аст, ки баъди тӯй ҳар чӣ зудтар ба Хуҷанд рафта, ба ҳокимияти вилоят машғул шавӣ. Зеро мардум яла мондаанд чун гӯсфандони бечӯпон дар соҳили Сайҳун… Ва боз як дастури дигар: он ҷавони кӯҳистонӣ чун гавҳараки чашм нигоҳ дор, ки гуноҳе надошту бе ҳеҷ дудилагӣ худро дар маърази хитоби подшоҳ андохт ва бебок бори гуноҳи туро бардошт! Худо мадад кунад, ки чунин дӯстони сарсупурда байни туву Ҷалолиддин сершумор гардад…


* * *


Ҷалолиддин ва Мирмалик аз арки подшоҳӣ сад қадам дур нарафта, дар бозори Ғӯрганҷ овоза паҳн гардид, ки Дамир Малик барои ҳокими Хуҷанд шудан фармон ёфтаасту шаби одина бо Ойчечак тӯйи арӯсӣ мекунад.

Хабари охирин барои Нигина гӯшхарош ва дилтарош буд. Балки мисли тир синаашро шикофта, ба маркази дили ишқпарвар расиду сувайдо шуд — чун холи чашм нуқтаи сиёҳе гардид, ки олами равшанро дар назараш тираву тор намуд. Худ аз худ сараш ба дард омаду нафаскашӣ душвор гашт. Сабру қарор аз даст дод ва қариб буд, аз ҳуш равад.

Шодгунаи мустаманд, ки ҳафтае қабл бо дили пок «Эй бахт, биҳишт аст Ғӯрганҷ!» мегуфту меболид ва ба афсуни Савсан бовар карда, беист «Мирмалик, дари бахтамро кушо!» мегуфту механдид, имрӯз бо қалби чок «Дӯзах аст Ғӯрганҷ!» мегуфту менолид ва чаппа будани афсуни Савсанро фаҳмида, «Эй Мирмалик, дари бахтамро чаро бастӣ?!» гӯён хун мегирист…

Шакархонум низ ҳоли табоҳ дошт. Сахт метарсид, ки аз гиряву нолаи бисёр дили нозуки кафтарак обу адо мешавад ва тӯйи Ойчечак ба азои Нигина табдил меёбад. Вай аз тарс меларзид, лек чораи халосӣ наёфта, пайваста аз Худованди карим мадад мепурсид…

Ғазанфари рамида низ ҳеҷ ором намеёфт. Аз андешаҳои печдарпеч, хаёлоти хелмахел ва нақшаҳои рангоранг деги майнаи сараш ба ҷӯш омад. Вайро на танҳо чашму дил ва бару дӯш, балки ҳамаи бисту чор пора устухони ҳар ду тарафи баданаш ба дард расида, пайваста озор медод. Озурда аз он буд, ки бо Нигина тавре мехост натавонист сӯҳбат кардан. Зеро язаки нигаҳбон лаҳзае аз вай дур нашуда, ҳатто имкон намедод, ки рӯйи ёр ба серӣ бинад. Ва намедонист, ки Нигина вайро ягон бор дид ё не? Зеро аз базми ҷамшедӣ то ин замон Нигина кабки зарринқафас гардида, бе иҷозати шоҳ аз хона баромаданаш манъ шудаасту Мирмалик илоҷи наздикшавӣ надорад. Хоразмшоҳ имкон намедиҳад. Се рӯз пеш маншури ҳокимӣ бо аламу хилъат ба Мирмалик фиристод. Ӯро бо ҷомаю камарбанду дастор ва парчами бахшидаи подшоҳ дар кӯчаҳои Ғӯрганҷ гардонданд. Аз пеш ду найзадор мерафту аз қафо Сабзалию Шоҳмуроду ҳашт сарбозу саркардаи хуҷандӣ. Мардум аз дидани домоди нави шоҳаншоҳ шодӣ мекарданду ба умеди зиёфат лаб мелесиданд. Вале домод лаб мегазид…

Рӯзи дигар бо амри Хоразмшоҳ бузургони давлат, қозиён ва аҳли илм ҳозир омаданду шайхулислом хутба хонд ва Ойчечак нафси нафисаи хеш ба Мирмалик бахшид. Баъди ҳиболаи никоҳ35 Турконхотун ба арӯсу домод тоҷи гавҳарнишону ангуштарҳои тилло, даҳ ғуломи ҷавону даҳ канизаки моҳрӯ ва як ҷуфт аспи сафед бахшид. Ҳама барои хуррамии навбуюг36 шароб хӯрданд, вале Мирмалик заҳроба менӯшид…

Хайрият, ки он шаб Сайфуддин ба меҳмонӣ омад. Дилбардорӣ карду варақе аз ҷайб бароварда гуфт:

— Андарзномае навиштам бародарвор. Онро ба малики нави Хуҷанд қироат мекунам:

Малик, гар ошиқӣ, аз ҷон маяндеш

Зи доғи оташи ҳиҷрон маяндеш.

Чу дар даври сарандозон фитодӣ,

Зи даври гунбади гардон маяндеш.

Ба тири ғамза гар хунат бирезад

«Бирезаш!» гӯву аз борон маяндеш.

Сиёсатгоҳи мардон кӯйи ишқат

Ту ошиқ бошу аз Султон маяндеш!

Чу шери шарза сар неҳ бар дари бор

В-аз ин пас аз саги дарбон маяндеш.

Агар ҷон хоҳадат, ҷон пеши ӯ каш,

Бикаш он дарду аз дармон маяндеш.

Чу дар майдони ушшоқ омадӣ, рав

Далерона даро, аз ҷон маяндеш!

Мирмалик бо чолокии ҳайратангез коғази абрешимӣ аз дасти Сайфуддин гирифт:

— Ба Яздони пок ниёиш мекунам, ки ин шеър то инқирози олам боқӣ монад ва раҳнамои содиқону сиддиқон шавад! Ташаккур, бародарам…

Шаби одина бо амри Хоразмшоҳ саросари шаҳри азим оин бастанд ва мунодиён аз оғози қизилтӯй мужда расонданд. Аз ҳар майдон муғанниён овози симоъ бароварданду шаҳр аз шодмонию хушӣ лабрез гардид. Майпарастон хуррам буданд, ғайр аз Мирмалик. Гаштаю баргашта аз Рӯдакӣ байт мехонду оҳ мекашид:

Оҳ аз ин ҷаври бад, замонаи шум,

Ҳама шодии ӯ ғамономеғ…

Рӯзи чаҳорум баъди наҳор Хоразмшоҳ Мирмаликро ба ҳузур пазируфту бо хушнудӣ мужда расонд:

— Бо дастури мо дабирон нома набиштанд ба ин мазмун, ки Хуҷандро ҳокими наве падид омад аз тухмаи сомониён… Мо ба ту лутфу марҳамати бештар аз он кардем, ки худ умедвор будӣ. Зеро шоҳписари мо дар ниҳоди ту нишони бародарӣ мебинаду мо далели рушд аз садоқат дидем. Ва се чиз ба ту арзонӣ доштем. Аввалан хешӣ кардем бо ту, ки ин далели ростии эътимоди мо бошад. Сониян, ҳукумати вилояти азим ба ту супурдем, ки ин далели бузург доштани сулолаи ту ва шарафу қадри ту бошад. Солисан, туро дар номаҳо ҳокими муаззам ва мукаррам лақаб ниҳодем, андар мухотабу мукотибот, то туро бузургворӣ бошад миёни ҳамсолу амсоли ту!

Моро аз ин муомилот ҷуз вафодорию садоқати ту ғаразе нест. Бидон, ки ҳазор дӯст кам асту як душман бисёр!

Номаҳои мо аллакай ба ҳама вилоятҳо фиристода шуд. Туро мебояд бо ҷалолате ҳар чӣ тамомтар ва бо суръати ҳар чӣ тезтар бо роҳбаладии шоҳписари мо Ҷалолиддин ба ҷониби Хуҷанд раҳсипор шавӣ!

Мирмалик дарҳол хӯд бар сад ниҳоду камар бар миён маҳкам баст ва тан бо оҳан пинҳон карду асп хост ва то савор шудан Сайфуддинро барои хайрбод ба оғӯш кашиду ба дасташ варақе дода, бехгӯшӣ гуфт:

— Ба Нигина фаҳмон, ки Ойчечак арӯси дурӯғин аст. Дар дили ман ғайри Нигина ба касе дигар ҷой нест!


* * *


Дарвозаро бесадо кушода, Сайфуддин ҳамроҳи шогирдаш нӯшдору дар даст ба ҳавлӣ даромад. Бо як нигоҳ вазъиятро ташхис карду рост болои сари Нигина омад ва бо оҳанги рӯҳнавоз гуфт:

— Эй маъсума хоҳар, худро ба даст гиру ғамро дур афкан! Саратро боло бардор, хоҳари ҷон, бароят навиди нек овардам.

Нигина бемадор сар бардошту аз дасти Сайфуддин коғазпораи чорқатро гирифта, саросема кушод. Ҳусни хати Мирмаликро дарҳол шинохт. Ба ҷонаш рӯҳи тоза дамид. Ҳарисона навиштаи дасти маҳбубро хонд:

Муддате талхии ҳиҷрони ту бароям ширинтар аз қанду набот мешавад. Вале, эй Нигини дилам, осуда бош: баҳри он мекӯшам, ки бароят рӯзгоре аз асал ширин фароҳам оварам.

Ситора дар ҳаво тавқи зарин аст,

Худам ангуштарӣ, ёрам Нигин аст.

Худовандо, Нигинамро нигаҳ дор,

Ки ёри аввалу охир ҳамин аст!

Нигина, ки ба ишқи поки Мирмалик бовар дошт ва иҷборӣ будани ақди никоҳи ӯро медонист, маънои рубоӣ — мақсади ғазанфари дилгазонро зуд фаҳмид. Гиряолуд хандид…

Устоду шогирд оҳи сабук кашиданду Камолиддин бо лафзи ширин гуфт:

— Асло колива нашав, эй кабӯтар. Яъне, гарангу ҳайрону саросемакор мабош!

Чу сабру таҳаммул шавад ёри кас

Ба некӣ муяссар шавад кори кас!

Нигина хандаолуд аз нишонаи шоири ҷавон бӯсид ва ӯро додар хонд.


* * *


Сайфуддин Нигинаро ором сохта ва шогирд ин ҷо гузошта, худ ба манзили шайхулислом шитофт, ки ӯро оҷилан даъват карда буд.

– Ҳозир ҳамроҳи шоҳаншоҳи олам ба зиёрати қабри падараш меравем, — гуфт Маҷдуддин ва раҳораҳ нақл кард, ки ҳабдаҳ сол муқаддам, як рӯз пеш аз ҷулуси Қутбиддин ба тахти подшоҳӣ, ҳамроҳ ба қабристони қадимаи Ғӯрганҷ-дафнгоҳи хоразмшоҳиён барои зиёрат рафта буданд. Он вақт гӯристон ҳолати ҳузнангез дошту аз барфу борон аксар қабрҳо чӯкида, фатарот гашта буданд. Шоҳзодаи навқирон манзили охирати падару бобоён валангор дида, ба риққат омаду бо азми қатъӣ гуфт, ки дар навбати аввал оромгоҳро обод кунем ва мақбарае бисозем азиму мӯҳташам, шоистаи қиблагоҳии азимушшаън! Бо эҳсоси баланд ҳарф задани шоҳи навқирон дар оромгоҳи хомӯшон беасар намонд ва шайх Наҷмидини Кубро, ки баъди мукаммал азбар намудани илми илоҳиёт ва ҳирқаи шайх Исмоили Касрӣ аз Миср ба Ғӯрганҷ баргашта, баҳри бунёди фирқаи нави тасаввуфӣ сокини хонақоҳ шуда буд, лаҳзае ба ҷамоати мо пайваст. Нияти хайри фарзанди ғамхорро ниҳояти савобу эҳтиром ҳисобидаю хизматҳои арзандаи ҳазрати Алоуддин Текешро таъкид намуда, дуои сабз кард: Ризвонуллоҳи алайҳумо ва анораллоҳи бурҳонаҳу!37

Мақбара аз ҳар ҷониб назарнамо ва ободу зебо буду давродавр нишастангоҳи мурассаъ дошт. Баъди қироати саҳеҳи бардавом ва дуову дуруди фаровон ба рӯҳи Султони Кабир фарзанде, ки бузургсол ва накӯаҳвол шуда буд, парда аз рӯйи асрор бардошт:

— Шаб қиблагоҳӣ раҳматуллоҳи алайҳумо, дар хоби мо намудор шуданд ва гуфтанд, ки «аз шоҳи гӯр панд омӯз!» Саҳеҳ намедонам, ки шоҳи гӯр кист ва маънои ин гуфтор чист?

Маҷдуддин ва Сайфуддин саволомез ҳамдигарро нигаристанд. Дарҳол фаҳмиданд, ки муаммо дандоншикан асту барои ҳалли он донишу таҷрибаи имрӯзиён басанда нест ва азбаски Шайх Куброи ба дараҷаи валӣ расида ҳолиё дар хонақоҳи берун аз Ғӯрганҷ аст, ба умқи таърих фурӯ бояд рафт. Онон ҳамчунин карданд ва Сайфуддини пурмутолааро ба ёд омад, ки як шоири давраи ҷоҳилияти араб подшоҳи сосонӣ Баҳроми Гӯрро танзомез «Гӯршоҳ» унвон карда буд. Мантиқан, падар фарзандро мефармояд, ки аз Баҳроми Гӯр панд омӯзад.

Хулосаи маликулкаломро шайхулислом маъқул донисту Хоразмшоҳро низ ин ишора писанд омад ва гуфт:

— Аз Баҳроми Гӯр ҳар чӣ медонед, маро воқиф гардонед!

— Дақиқӣ дар «Шоҳнома» навиштааст, ки Баҳроми Гӯрро дар ҳеҷ сухан норост надидаам, дар ҳеҷ кор нодон надидаам, ба ҳеҷ носазо ҳамоҳанг надидаам, — гуфт бо пешонаи арақшор Сайфуддин. — Мегӯянд, ки дар некӣ кардан башитоб буду аз бадӣ парҳезгор…

Хоразмшоҳ бо ишораи сар сухани шоирро қабул фармуд ва «мисли ман будааст» гӯён ба Маҷдуддин нигарист.

— Шайх ҳам чизе мегӯяд?

— Баҳроми Гӯрро бар нафсу бар орзуҳои хеш подшоҳӣ беш буд аз подшоҳии мулк…

— Наход?! — пурсид бо таҳайюр Хоразмшоҳ ва Маҷдуддин дарк намуд, ки ҷавоби ӯро шоҳаншоҳи олам таҳаввур, яъне ҷасорати бемулоҳиза ҳисобидааст. — Маълум мешавад, ки шайхи мӯҳтарами мо «Шоҳнома» нахондаанд, аз базму шикору ишқварзиҳои Баҳром огаҳӣ надоранд…

Шайхулислом андак сурху сафед шуда, бо забони узр гуфт:

— Тавсифи ин шоҳи сосонӣ, ки парвардаи шоҳи араб асту бадхоҳи дини мусулмонӣ ҳаргиз муроди мо набошад, эй шоҳаншоҳи олампаноҳ! Он чӣ аз хондаю шунидаҳо ёд омад, бараҳна гуфтам, ки маро маъзур доред. Ва агар иҷозати олӣ бошад, ҳикояти дигаре ба хотирам расид.

— Мухтасар шавад.

— Ба рӯзгори Баҳроми Гӯр ганҷи Кайковус ёфтанд — ду говмеши заррини дар охурчаи симин баста ва бадали коҳу алаф пеши онҳо ҷавоҳиру марворид рехта!

Чун аз Шоҳгӯр шодиёна гирифтанд, гуфт: «Мо ганҷе, ки Кайковус ниҳода, набардорем! Моро нанг бошад ниҳодаи дигаронро бардоштан. Мо бо теғу тиру зӯрмандӣ хазинаи душман мегирем, то мулкро ободон нигоҳ дорем».

— Ин ҳикоят ибратомӯз аст. Акнун бигӯед, ки Баҳроми Гӯр бо кадом забон сухан мегуфт?

— Вақти чавгонбозӣ паҳлавӣ мегуфту андар ҳарбгоҳ туркӣ. Дар маҷлису сӯҳбати мардум дарӣ мегуфту бо мӯбадон ва аҳли илм форсӣ ҳарф мезад. Бо занон забонаш ҳарӣ буду хашму ғазаб ба арабӣ ихроҷ мекард.

— Забони ҳарӣ чӣ забонест?

— Мисли забони заргарӣ сохта ва махфӣ асту басо ширин ва хушу гуворо.

— Он Гӯршоҳ ҳақиқатан ҳам мо барин будааст-ку! Дар ҷанг туркӣ мегӯему дар сӯҳбату давлатдорӣ тоҷикӣ ҳарф мезанем, бо уламо арабгуфторему дар сӯҳбати занон хоразмӣ корбаст мекунем. Офарин ба подшоҳони мозӣ, ки гетӣ бо гуногунзабонӣ ба мо супурдаанд.

Акнун ба ман фаҳмонед, ки «баҳром» чӣ маъно дорад?

— Рӯзи бистуми ҳар моҳи шамсиро баҳром ном асту маънояш шамшер…

Шайхулислом сухани шоирро тасдиқ карду илова намуд, ки ситорашиносони қадим сайёраи Миррихро Баҳром меномиданд.

— Баҳром оё Миррих аст?! — бо шавқу шӯри пурвалвала хитоб кард Хоразмшоҳ. — Чаро гапи асосиро барвақт нагуфтед? Маро ишораи қиблагоҳӣ комилан равшан шуд! Мунаҷҷим куҷост?!

То омадани ахтаршиноси дарбор Хоразмшоҳ ба мусоҳибонаш шарҳ дод, ки Миррих ахтари панҷуми фалак буда, мураббии хоразмшоҳон пазируфта шудааст.

— Рӯзи ҷулуси нахустподшоҳи сулолаи мо осмонро якуякбора абри сиёҳи торику тира ба пуррагӣ пӯшонд ва олам зулмот шуд, — бо чашмони пуршарора рӯйдоди таърихиро қисса намуд Хоразмшоҳ. — Ҳама бо тарсу тааҷҷуб ба осмон нигариста, баръало диданд, ки барқи азиме дурахшиду абри гаронро дупора кард ва офтоби тобону ситораи рахшонро дар назарҳо ҷилвагар сохт. Яъне барои Хоразмшоҳи аввал аз Хуршед тоҷи заррин гирифту аз Миррих теғ ситонд. Аз ҳамон рӯз дар ҷаҳон ақидае паҳн гашт, ки Миррих тақдимгари теғи оламгир ба Хоразмшоҳиёни кабир аст!

Сайфуддин байте бадоҳатан хонд:

Дурахшанда барқе баромад зи меғ,

Зи хур тоҷ бистод, зи Баҳром теғ!

Хоразмшоҳ хурсандона сар ҷубонду Шайхулислом чобук ба гап ҷома пӯшонд:

– Ҳар он чӣ шоҳаншоҳи олам гуфтанд, комилан ҳақ асту рост! Уламо низ бар онанд, ки хоразмиёнро Муштарӣ бахшандаи дастору мусҳаф асту баҳром тақдимгари теғу ҷавшан ва фатҳу нусрат…

Мунаҷҷими солхӯрда Абулфазл дастури Хоразмшоҳро бодиққат шунида, устурлоб ба даст гирифту дараҷаи баландии ҷирм-ҳои фалакро аз уфуқ то самтурраъс38 санҷид ва китобу дафтар кушода, толеъ дуруст карду бо лаби хандон гуфт:

— Ин замон бар ҳаққи толеи подшоҳии Шумо мақоми Искандари Зулқарнайн мувофиқ уфтодааст. Миррих дар ҳолати шараф қарор дораду Муштарӣ ба ҳолати хубут расида, ки ин барои ҳарифи шумо номубораку бадфарҷом аст. Аммо кавкаби иқболи Шумо дар баландтарин дараҷаи бурҷи осмон медурахшад, ки ин аломати фатҳу зафар буда, анқариб ситораи яке аз мулукони баландмартабаи олам хирасӯз мешавад, яъне фармонбардори шоҳаншоҳи баландахтар мегардад…

Шайхулислом дарҳол лаб ба дуо кушод:

— Поко, парвардгоро, бахту иқбол ва насибу тақдири шоҳаншоҳи азимушаъни Хоразми Кабирро мӯътабару муборак ва муаззаму ҳумоюн гардон, ситораи давлати шоҳаншоҳи баландахтарро андар ҳама мулки олам ва макони одам ба хосу ом раҳнамо ва бахткушо гардон.

Омин, ё Раббулъоламин.


* * *


Ишораи мунаҷҷим ба ахтари баланд ва ситораи хирасӯз Хоразмшоҳро жарф андешманд гардонд. Боқимондаи рӯзро дар хилватхона ба танҳоӣ гузаронд. Суханони шайхулислому маликулкаломро дар бораи Гӯршоҳ — Баҳром — Миррих мисли марворид дона — дона дар риштаи таҳлил гузаронда, таъбири хобро чунин баровард, ки падар ӯро ба муҳорибаи ҷадид роҳнамоӣ мекунад. Аммо ҳариф кист? Кучлук, Чингиз ё Носир?

Сафир фиристодану изҳори дӯстӣ кардани Чингизхон далолат бар он медод, ки алҳол вай ҳарифи сарсахти Хоразмшоҳ нест. Кучлук ҳам душмани ғаддор аст, вале ҳолӣ ҳозир бо вай ҷанг кардан барвақт — бигзор дар байни шоҳони машриқу мағриб муддате балогардон бошад. Яъне бо ҳарифи сеюм Носирхалифа мебояд ҳарб карду таъбири саҳеҳи хоб ин аст, ки падар бо ишорати пӯшида писарро даъват мекунад, ки кори нотамоммондаи ӯро идома дода, халифаи аббосиро сари зону шинонад. «Ганҷи Кайковус набардорем!» гуфтани Баҳроми Гӯришора бар он аст, ки писар на барои хазинаю дафинаи халифа, балки баҳри фароз овардани армону арванди падар ба фатҳи Бағдод мепардозад.

Аз халифа ситондани кини падар ҳамеша дар моварои нақшаҳои ҳарбии Қутбиддини сонӣ меистод ва дар хобу бедорӣ чашми он медошт, ки дер ё зуд нишастан ба саманди хилофат ӯро насиб мегардад. Вале солҳои аввали подшоҳӣ ба ин амал имкон ва иқтидори кофӣ надошт. Фақат баъди забти Ироқи Аҷам бори аввал кушоду равшан қадам ба густохӣ ниҳод. Аз қазо таҳрикдиҳандаи асосӣ худи халифа шуд — фармон баровард, ки номи писараш, валиаҳди курсии хилофат Абунаср Муҳаммад бинобар ба умури давлатдорӣ нолоиқ буданаш аз хутба бароварда шавад. Ин амр дар ҳама мамолики мусулмонӣ бечунучаро иҷро гардид, аммо Султон Хоразмшоҳ саркашӣ намуд. Зеро чунин мепиндошт, ки пеши роҳи фарзандро тахтабанд кардани падар ба таълимоти дини ислом мухолиф асту агар ин амал аз ҷониби халифаи мусулмонҳо роҳандозӣ шавад, ба ҳукми анъанаи бад медарояд ва ҳама падарон бадхоҳи писар мешаванд. Бо чунин андеша хатибонро маҷбур кард, ки дар ҳар хутба номи Абунасрро ҳатман зикр кунанд.

Муддате гузашту Хоразмшоҳ дигарбора ба халифа хашмолуд шуд. Зеро вай аз гуфтору кирдори мустақилонаи садри шарифи Макка, ки авлоди барӯманди Алӣ ибни Абутолиб буд, сахт ранҷида, зархаридеро барои куштани ӯ фиристод. Вале қотил саҳван бародари садри шарифро сар буриду пеш аз дигарон Хоразмшоҳ ба ғазаб омад. Ҳадаҳа имомҳоро ҷамъ оварда, халифаро шадидан маҳкум намуд ва аз аҳли тақво дархост, то ба рағми Носири Аббосӣ ҷиҳод эълон кунанд.

Қозӣ Муҷирро ба ҳайси сафири хос ба пойтахти хилофат фиристод, то аз девони олӣ қотеъона талаб намояд, ки Қутбиддин Муҳаммад Санҷари Сонӣ садри аввалмақом ва ҳокими мутлақи мамолики исломӣ эътироф шавад. Ба унвони халифа номае фиристод чун обу оташ: пур аз вожаҳои биёяму бигираму бисӯзаму бикушам! Аммо…

Дар Бағдод ба сафир ҷавоби қотеъ гардонданд, ки хаёли хомро аз сар дур андозад. Зеро ба номи Хоразмшоҳ ҳеҷ гоҳ хутба хонда намешаваду кишварҳои забтшударо сарвар будан ӯро кофист. Дар Бағдод ҳеҷ кас ба вай арҷ намегузорад ва назари нек надорад. Сипас мактубе ба ҷоҳталаб навишт, ки даст аз ҳаракати нописандида боздорад.

Гумоштаи халифа Носир ҳамроҳи қозӣ Муҷир ба Ғӯрганҷ омада, ҷавобияи девони олиро бори дигар шифоҳӣ таъкид карду андар ситоиши сулолаи аббосиён бо лаҳни мутантан сухан гуфт. Қозӣ Муҷир афзуд:

– Ҳар касе халифаи Расули Худойро хилоф кунад, ҳамчунон бошад, ки сар аз тоати Худои таъоло кашида бошад ва аз доираи мусулмонӣ берун шуда бошад. Зеро Парвардигори олам дар маҳкамкитоби хеш мефармояд: «Атиу-л-лоҳа ва атиу-р-расула ва улу-л-амри минкум»39. Яъне, «фармон баред Худойро ва фармон баред расулон ва пайғамбарони ӯро ва итоат кунед Худовандони амр бар шуморо».

Эй шоҳаншоҳи олам, ҳақро иҷобат кунеду рӯй аз ботил гардонед. Васвасаи шайтонӣ аз сар дур андозед ва дар паи озори амиралмӯъминин набошед…

Султон Муҳаммад каломи тумтароқи сафиронро то охир бо тамасхури ошкоро шунид ва ба туркӣ ҷавоб гардонд:

— Модари ман турк асту забони бадавӣ фасеҳ намедонам. Лекин мазмуни иқтибосро фаҳмидам. Ҷавоби маро бодиққат шунав, эй қозӣ. Гоҳ итобу гоҳе хитоб, гоҳ нармию гоҳе гармӣ шеваи подшоҳист. Агарчӣ аз халифа каломи меҳрубонӣ кам шунидаем, лекин бисёр шунидаем, ки дили мусулмонҳоро озор дода, уламои шарифро бо ҳилаю тазвир куштан мехоҳаду ҳазорон муслиминро ба рӯзгори дароз дар зиндонҳо бо шиканҷа нигоҳ медорад. Ҳатто кор ба ҷое расида, ки мусулмон дар ҳабсхона фарзанд таваллуд мекунаду мисли ҳайвон умр мегузаронад. Яъне, иқтибоси муборакро ба ман нею ба гӯши амиралмӯъминин бояд хонд, то ҷабру зулму озори мусулмонҳоро хотима бахшад. Агар аз дилозорӣ даст накашад, ба ғазаби Худованди бахшандаю меҳрубон дучор мешавад. Қасам ба номи Худо, ончунон озораш диҳам, ки бадтар аз ранҷу азоби ҷаҳаннам бошад!

Таҳдиди гаронбори Хоразмшоҳ бесабаб набуд. Баъде ки дарбори гӯрхони қарахитоӣ зеру забар гардид, аз махфигоҳи хазинаи ӯ дар қатори номаҳои подшоҳони олам мактуби бо хати настъалиқ навиштаи Носирхалифа ёфт шуд, ки Хоразмшоҳро сахт мазаммат намуда, ба падараш лаънат фиристода, аммо хоқони бутпарастро дуою сано хонда, ба муборизаи беамон зидди хоразмшоҳиён даъват мекард. Номаи сиёҳи халифаи давлати исломӣ ба подшоҳи кофирон дарди пинҳони дили Султон Муҳаммадро ба хурӯш овард. Чун мор ба худ мепечид ва чораю тадбир меандешид, ки сафири навбатӣ Шаҳобиддини Сӯҳравардӣ омаду шӯълаи ғазаби султонӣ фурӯзон карду рафт ва рӯҳи Алоуддини Текеш ноором гашту дар хоби фарзанд падид омад, аз Баҳром теғ ситонду ба сареҳ ва киноя писарро роҳи Бағдод нишон дод…

Ба назари Қутбиддин Муҳаммади Сонӣ чунин намуд, ки падараш аз дуриҳои дур, аз қабати осмонҳо бо чашми умед ба писар менигарад, фарзанди муқтадирро ба идомаи мубориза даъват мекунад.

Хоразмшоҳ яқин медонист, ки ҳуҷум ба дили хилофат чун ҳамла ба Самарқанд ё Бухоро кори саҳлу осон нест ва пайомади мухталиф дораду аз халифаи мусулмонҳо кини падар хостани шоҳаншоҳи муқтадир мисли хурӯши раъд дар чиллаи тобистон ҷаҳони андак орамидаро ба хурӯш оварда, моҷаро ба ғавғои рӯзи маҳшар табдил меёбад. Бинобар ин зарур донист, бо хирадмандони кордону ботадбир, исфаҳсолору вакилдорони соҳиброй ва уқдакушой машварат ороста, тибқи фармоиши падар панд биёмӯзад.

Қаъду ҷалас40 бо хоҷагони давлат як рукни подшоҳии Қутбиддини Сонӣ ҳисоб меёфту ду сол боз арзи вуҷуд дошт. Аммо падару бобоёнаш ин корро намекарданд, зеро вазири оқилу доно, кордон ва соҳибтадбир доштанд, ки дасти рости худ меҳисобиданд ва фақат маслиҳати ӯро ба инобат мегирифтанд. Вазирон, одатан, аз тоифаи бузургмардони арҷманди Аҷам пазируфта мешуданд ва Хоҷаи бузург унвонашон буд. Вазире, ки «Низом-ул-мулк» лақаб мегирифт, ваколатҳои волотаринро соҳиб мегардид.

Султон Муҳаммад ҳам дар солҳои аввали ҳукмронӣ Низомулмулки фарзонае дошт бо номи Баҳоудин Масъуд. Вале ситорааш ба Турконхотун рост наомаду сахт пофишорӣ кард. Фарзанди гапдаро Масъудро аз маснад ронда, бо маслиҳати модар Носириддин Муҳаммад ибни Солеҳро вазир хонд. Аммо зуд аз карда пушаймон гашт, зеро вазири нав бе лаёқат, бе дониш ва ришвахори гузаро буду хиёнатҳо раво дошт. Хоразмшоҳ ҳафт сол зиёдтар тоқат карду оқибат аз мансаб ронд ва гуфт: «Ба Ғӯрганҷ пеши пуштибонат раву гӯй, ки мо туро пушти по задаем!»

Турконхотун ин амрро напазируфт ва ибни Солеҳро вазири хеш хонда, мартабаашро дучанд боло бардошт — агар замони вазири подшоҳ будан пешопешаш чор найзадор мерафт, акнун ҳашт шотир найзаи душоха дар даст вайро ҳамроҳӣ мекарданду ҳар амраш дар ҳама шаҳру вилоятҳо бекамукост иҷро мешуд. Аз дуҳокимиятӣ шоҳаншоҳи олам бениҳоят ғазаболуд шуд. Лекин ба рағми модар иқдоме накард. Аз ноилоҷӣ маснади вазирро тамоман барҳам дода, ваколатҳои хоҷаи бузургро ба шӯрои вакилдорон афганд, ки шаш аъзо дошту инак, ҳамагон ба машварати олӣ даъват шуданд.

Хоразмшоҳ андешаю хулосаҳояшро муфассал ба вакилдорон баён карда, дар фуроварди сухан гуфт:

— Мулки ман аз мулки Носирхалифа агар бештар нест, камтар нест. Ин мартабаю хайлу ҳашам, ганҷинаю дафинаю хазина, хадаму лашкару фармонравоӣ, ки имрӯз дар дасти мост, дар ақсои олам боз кирост?! Ман бар сари дигар подшоҳон чун устоди меҳрубон бар сари кӯдаконам! Вале халифа аз рашк ва бахилӣ ҳақиқатро эътироф кардан намехоҳад. Вай бадбахт аст. Зеро ба давлатдорию молу чизи дунё фирефта шуда, амалҳои солеҳи хулафои рошидинро идома намебахшад. Балки ҷавру зулмро ривоҷ дода, ваҳдати дину имонро вайрон мекунад, дили муслимин ғамгин медорад.

Солиёни зиёдест, ки мо бо аъмоли зишти амиралмӯъминин муросою мадоро мекунем. Вале ҳар он чӣ қаблан гуфтему кардем, аз сари густохӣ набуд, аз андешаи худ нагаштаем ва аз карда пушаймон нестем. Такроран мегӯям, ки ҷуз ободонию тараққиёти хилофати ислом ва хушнудии кулли мусулмонҳои дунё чизи дигар намехоҳам. Ман сипоҳи гарон сохтаам, аммо на барои ҷанг бо хилофати исломӣ, балки барои аз сари қудрат дур андохтани амиралмӯъминини мағрур, бадхоҳ ва золим қиём мекунам. Яъне фақат дар миёни ману халифа теғу тир аст! Интизорӣ ва сабру қарори ман аз ҳад гузашта ва кор ба ғояте расида, ки илло ҷиҳод илоҷе нест!! Агар ҳақ ба ҷониби ман бошад, шумо ҳама фармони маро итоат кунед ва аз байъати ман берун нашавед. Агар андешаи дигар дошта бошед, паси парда нигоҳ надоред, ҳар кӣ дар маҷлис сухан тавонад гуфтан, фошофош бигӯяд, ки андар ин қазия чӣ мебинад ва маро чӣ мебояд кардан?! Маро аз Шумо раҳнамоиву нерӯ мебояд ва ҳам тадбири накӯ! Ҳама якдил бошем, бикӯшем, то он подшоҳон, ки аз паси мо меоянд ва тоҷу тахти хоразмшоҳиёни кабирро мегиранд, моро ба некӣ ёд кунанд!

Вакилдорон бо навбат аз ҷой хеста, ҳар кадоме ягон-ягон сухан гуфтанд. Соҳибулҷайш-соҳибилашкари бузург ва сарвари мӯҳташаму мӯҳтарами хуросонӣ Тоҷиддини Сарфароз, ки дар айвони иззат муқаддамнишин буд, аввалин шуда, ба сӯҳбати подшоҳ даромад. Мадҳу ситоиш мухтасар карда, иродаи шоҳаншоҳиро муқаддам ва афзал шумориду Носирхалифаро мазаммат намуд:

— Бар халифа бениҳоят хашмолуда шудани маро сабаб он аст, ки ба шоҳаншоҳи муаззам ва музаффари мо номае пур аз таҳдид фиристодааст. Ҳол он ки такаббуру манманӣ ва худситоӣ хилофи дини мубини ислом аст. Халифа сахт хато кардааст ва ӯро мебояд сазовор ҷазо диҳем!

Муҷирулмулк Абулқосим Умар бо шиддати бештар халифаи аббосиро маҳкум кард:

– Ҳоқони бутпарастро бар зидди подшоҳи мусулмон шӯрондани амиралмӯъминин гуноҳест нобахшиданӣ! Дар вақташ аз бойгонии шоҳони ғазнавию ғуриён низ мактубҳои иғвоангези Носирхалифаро ёфта будем, ки ин далели бадхоҳии ӯст. Алҳазар аз чунин халифаи нопок ва бадният! Вайро вожгун намуда, меҳтарӣ ба дигар дуда супоридан нураналонур мешавад!

Амири силаҳшӯр Зиёуддини Марвазӣ андешаи худро мухтасар ва таъсирбахш изҳор кард:

— Ё киромулакрамин! Ба куштани садри шарифи Маккаи мукаррама қотили зархарид фиристодани халифаро шунида, мӯйи сарам рост хест, дилам аз яхи сард хунуктар шуд ва ғойибона туф кардам ба рӯяш! Илоҳо, ба нафрати муслимин ва музлимин гирифтор шавад Носири базаҳкор! Баҳиҷ ном сарвари қабилаи араб аз авлоди Алӣ, ки дар шафати Марв сукунат дорад, ҳозир аст бе ягон дирҳам сари Носирхалифаи бераҳмро аз тан ҷудо кунад. Агар шоҳаншоҳи муаззам рухсат фармоянд, Баҳиҷро бе ягон дудилагӣ ҳамроҳӣ кардан вазифаи ифтихории банда аст!

Котибулиншо Низомуддин пас аз ҳамду сано иқдоми Султон Муҳаммадро хирадмандӣ ҳисобид:

— Машварати имрӯзаро кори хом не, иқдоми басо пухта меҳисобам. Шоҳаншоҳи пурхиради мо чӣ гуна аз роҳ бардоштани уқдаро аз ҳамаи мо беҳтар донанд ҳам, шунидани ақидаи некхоҳонро зарур донистанд. Шукр ва сипос Худовандро, ки айёми меҳнату кулфат ва шиддати рӯзгори халқи мо ба поён расида, обрӯю эътибори давлати Хоразмшоҳиёни Кабир тадриҷан боло меравад ва пешравӣ дар ҳама ҷабҳа мароми муназзам дорад. Доноён ва зиракон фармудаанд, ки агар мурод аз маслиҳату машварат рафоҳияти халқу давлат ва савобандӯзӣ бошад, даҳчанд бештар ба дӯстон мурувват, бо душманон мадоро бояд намуд, то риштаҳои бародарӣ мустаҳкамтар шавад. Он гоҳ мо метавонем, бо ширинзабонӣ ва лутфи хуш пили сафеди халифаи Бағдод ба ҷониби дилхоҳ кашем…

Аз ваҷоҳати Хоразмшоҳ аён буд, ки ин пешниҳод пазируфта нашуд. Бо вуҷуди ин Шайхулислом Маҷдуддин дурри якто ва гавҳари гаронбаҳои ислом будани бародарро махсус таъкид намуда, бе ягон сабаби ҷиддӣ ба сари бародари ҳамдин ханҷар кашиданро хилофи шариат ҳисобид ва гуфт:

— Дар олами ислом касе кушта шудани халифаро хостор нест. Ба лонаи мори хуфта ва сабуксар ҳамла овардани шери жаён оқилӣ набошад. Чаро оқил кунад коре, ки бор орад пушаймонӣ…

Хоразмшоҳ, ки фикру андешаҳои дигар вакилдоронро ботамкин мешунид, дарҳол лаб ба эътироз кушоду машварат ранги дигар гирифт.

— Агар халифа мори сабуксар бошад, ман бо вай чунон бозӣ кунам, ки кӯдакон бо гӯй бозӣ кунанд! Аз чунин саркӯбӣ ҳеҷ пушаймон нашавам.

— Фармон шуморост, эй шоҳаншоҳи олам! Лекин ба андешаи мо, сабру таҳаммул беҳ аст аз сабуксангӣ. Яқин медонам, ки андак илтифоти Шумо мушкилкушои ин уқда хоҳад шуд…

— Шонздаҳ соли тамом сабру илтифот кардем, ҳамин кофист! Ба хубию хушӣ борҳо бо Носир фаҳмондем, ки аз хулафои собиқ ибрат гираду чуноне онҳо шоҳони собиқ Алпарслону Маликшоҳу Санҷарро мӯҳтарам медоштанд, мартабаи моро низ ба ҳамон дараҷа расонад. Мо аз вай дигар ҳеҷ чиз нахоҳем ва эҳтиромашро нигоҳ дорем. Вале Носир шаъбадабозӣ мекунад, шоҳаншоҳи оламро намебинад, сухани вайро намешунавад. Найрангу фиреб бас! Маро корд аз гӯшт гузашта, теғ ба ҷон расидааст. Пачақу маҷақ карда, мисашро мебарорам!!

– Ҷаҳонофарин ситам дар ҳаққи ноиби Пайғамбари оламро дӯст надорад…

— Хулафои рошидин ҳаққан ҳаққо ноибони Пайғамбар буданду барои поку мусаффо нигоҳ доштани дини мубини мо мекӯшиданд. Дигар халифаҳо давлатманду дунёдор буданду Носир бархилофи фармудаҳои Китоби Аллоҳ кор мебарад. Вай ҷаббор асту халоиқ маҷбур, вале мо фармонбардор наем, мухторем мо! Фақат аз Худованди карим метарсем мо, эй шайхи гиромӣ, аммо аз халифаи золим як тори мӯ тарс надорем, дуд аз димоғаш мебарорем!

Сипаҳсолор Шамсуддини Калободӣ чолок аз ҷой ҷаста, паҳлӯи Хоразмшоҳ истод ва бо қатъияту садоқати самимӣ гуфт:

— Мо ба хурӯҷ кардану шикастани сари душман ҳамеша тайёрем! Ҳар киро душман дар пеш аст, агар накушад, душмани хеш аст! Дувист ҳазор сарбози турк — қалби сипоҳи содиқи шоҳаншоҳи олам саф андар саф ба пой андар истода, ишораи подшоҳи муаззамро интизоранд. Дувист ҳазор сарбози диловари Аҷам дар майсараву маймана қодир ва ҳозир истодаанд, то кини шоҳони Аҷам аз халифаи Араб ситонанд!

Шайх Маҷдуддин дид, ки шоҳаншоҳ бар сухани рақиби бадшиор гӯши ризо кушодааст, дарҳол аз ҷой хест, то шарораи гулханро хомӯш гардонад:

— Кини шоҳони Аҷам хостан оташи азоби абад афрӯхтан аст, ки дину хирад бисӯзад. Шумо, ки забонро тир сохтаву дилро камон намуда, гиреҳ аз кори фурӯбаста кушодан мехоҳед, аз зарбаи сарпанҷаи тақдир ғофил набошед! Ҳадиси муборак ба ёд оред: ҳар кӣ ба халифа дарафтад, кораш ба Худо афтад!

Шайхулислом боз чанд ҳадиси табаррук ва панди ниёгон ба самъи подшоҳ расонду оташи ғазаби ӯро андаке паст гардонд. Дигар вакилдорон, ки аз зоҳир шудани хилофи назар миёни Хоразмшоҳ ва шайхулислом мутаҳайиру саргаранг буданд, осуда нафас кашида, бо умеди хайр сарвари олимақомро нигаристанд, ки бо оҳанги ҳалим лаб ба гуфтор кушод:

— Ман хуб медонам, ки гуфтору пиндори мо хоҳ нек бошаду хоҳ бад, амиралмӯъмининро хуш наёяд. Зеро дар симои ҳар кадоми мо хасми ҷонсӯзи худро мебинад. Ҳоло, ки кори мо боло гирифтааст, вай аз тарсу ваҳм сар ба куҷо заданро намедонад. Аммо нотарсона изҳори андеша карданҳои шайхи бузургвори Хоразм маро хуш омад. Фақат… донистан мехоҳам, ки эшонро ба далерона сухан гуфтан чӣ ё кӣ водор сохта бошад?

— Маро Худованди олам, модарбузурги модарони гетӣ фармуданд, ки ҳама ҷиҳати масъаларо фошофош бигӯям, то кор аз кор нагузарад.

— Зиҳӣ, Модар! — хитоб кард котибулиншо ва ҳама ба ҳурмати Турконхотун аз ҷой хеста, сари таъзим фуруд оварданд. Хоразмшоҳ ба ваҷд омаду ба солорӣ гуфт:

— Маълум мешавад, ки модарбузурги олам моро ба ҳурмати байзаи ислом даъват фармудаанд. Модарам мегӯянд, ки ҷое халифа тухми ҷафо кошта бошад, ҳеҷ гоҳ хирмани вафо набардорад ва дар хоке агар ниҳоли хилоф шинонда бошад, дарахти дӯстӣ насабзад. Яъне Халифа уқдаи бисёре чун донаи ангур дар дили мо андохтааст, вале мо дасисаҳои ӯро боз як мудати дигар таҳаммул мекунем. Зеро хуб медонем, ки фақат аз роҳи сабр инаби араб ба шароби таҳур табдил меёбад, ки онро аҳли биҳишт менӯшанд. Азбаски Ғӯрганҷи мо ба эътирофи ағлаб шоирон як гӯшаи биҳиштӣ дар рӯйи замин аст, шароби таҳур насибаи ҳалоли мост ва сӯҳбати мо дар ҳолест, ки тирагиҳои онро ҷуз ба машварати соғар натавон соф кард. Фурсати он расида, ки бо паймонаи май паймони бародарӣ пок созему мушкилоти гетиро ҳал намоем…

Зиёфати шоҳона имрӯз бар шумо меҳрафзо ва гуворо бод! Шароби таҳур ба тану ҷонатон ҳаловату ҳузур бахшад! Мутрибону шоиронро фарёд кунед! Надимаи нави ман, он кабки хушпарвоз куҷост? Гӯед, ки биёяд, ҳамҷинсонашро биёрад ва хотири мо болида дорад…

Равзанаи панҷум. Ташреҳи мукаммали баҳси шодию ғам дар маҷлиси майгусорон

Зиёфат оғоз ёфтан ҳамон аз осмон гул борид! Аз нахустин барфи лаклакӣ буттаю дарахтони урёнгашта чун дар фасли баҳорон шукуфтанду кунҷе, ки сиёҳ буд, сап-сафед шуд. Хоразмшоҳ ҳадяи табиатро фоли нек ҳисобид ва бо хуррамӣ нидо кард:

— Барфи сафед ба вақте омад, ки мо хостем базми нишот оростан, то тирагиҳо пок гардонем. Чӣ хуш, ки Парвардгори олам мададгори мост ва ба рағми сиёҳӣ сапеда фиристод. Дилҳо шодмон доред, ки роҳамон сафед гашт ва пирӯзӣ насиби мо хоҳад шуд. Дер ояд, аммо шер ояд! Бо хотири ҷамъ бода нӯшед ва шодӣ кунед!

Маликушшуарои дарбор Сафии Бӯстӣ байте мувофиқи ҳол замима кард:

Дар ин барфу сармо ду чиз аст лоиқ:

Шароби мураввақ, рафиқи мувофиқ!

Шоири дигар ӯро ҳамовоз шуд:

Хезеду хаз оред, ки анҷоми хазон аст,

Боди хунук аз ҷониби Хоразм вазон аст.

Чил тан махсусони дарбор — наздикону хосагон, қарибону маҳрамон ва ҳамсӯҳбатони подшоҳ ба ибораи худашон чашму ангушт чила карда, дар маҷлиси шароб чила нишастанд. Муғанниён машғули нағмаву суруд шуданду маҷлисиён саргарми соғар задан. Паричеҳрагони хос шароби ноб ба пиёлаҳои булӯр рехтанду туркдухтарони сабукрӯҳ ва нозукмиён бо нозу ишва ба ҷилва омада, ғорати дилу дин оғоз ниҳоданд. Соатаке дар ҳавои «Ганҷи бод» ҷавлон мезаданду соатаке бо садои «Ганҷи гов»…

Нигина аз атласи хуҷандӣ пираҳани наве пӯшида, дебочаи муаллам аз ҳарири хушнақшу нигор ба китф андохта, мушкмӯй ва ғолиябӯй ба тарабгоҳ омад, вале ба саҳна набаромад. Зеро Хоразмшоҳ хоне ҷудогона фармуда буд барои се тан ва бо лутфи хоса дасти Сайфуддину Нигинаро баргирифта, намоишкорона ба қалби доруззиёфат оварду ҳар дуро ба паҳлуи худ шинонд. Сипас бифармуд барои ҳамагон кабоб аз оҳуи Бухоро, шароб аз ангури Ғӯрганҷ ва хӯриш аз тазарви Самарқанд оварданд. Дилу ҷигари бирён наздиктари Нигина ғеҷонду бо хуррамӣ гуфт:

— Хоса барои ҳар сеи мо шароби сеякӣ овардаанд, ки мусалласи шоҳона мегӯянд. Онро бо меҳр он қадар ҷӯшондаанд, ки аз се ду ҳиссааш буғ шуда, фақат шарбати холисаш боқӣ мондааст. Мусалласи пок рӯҳафзо ва роҳатфизо аст, андӯҳи даҳсоларо аз табъ меравонад ва шодию нишоти нав меорад!

Эй кабутари ҳарам! Имшаб, ки сухангӯйи шакаршикани ман астӣ, соткин41 бигардон! Бо лаби хандон амри Хайём ба иҷро расон:

Эй ҳамнафасон, маро зи май қут кунед,

В-ин чеҳраи қаҳрабо чу ёқут кунед!

Нигина бо эҳтиёти тамом пиёлаи заррин пурмай гардонда, бо ду дасти адаб ба Хоразмшоҳ манзур карду ба Сайфуддин саволомез нигарист. Шоир бо ишорат вайро манъ фармуду бо чашму забони илтиҷо ба подшоҳ рӯ овард:

— Комрону комёбу шод бошед, эй шоҳаншоҳи олампаноҳ! Узри каминаи камтаринро қабул фармоед, ки лошаробам…

— Чаро?!

— Пирам маро ба паймонашиканӣ насиҳат карда… Тарсам, ки агар паймон шиканам…

— Натарс, шоир! Акнун туро раҳнамо ва пир манам! Дар маҷлиси мо паймонашиканӣ гуноҳ, аммо паймон нав кардан савоб бошад! Ту, ки ба хидмати мо камар бастаӣ, бо мо шод бошу шод зӣ! Шарбати таҳур нӯши ҷон кун, ки нӯшобаи аҳли биҳишт аст!

— Ба чашм, эй шоҳаншоҳи олампаноҳ. Лекин… ҳанӯз ба қадри як қадаҳ хизмат накардаам…

— Хизмати ту дар пеш аст, эй шоир. Пас аз қадаҳи аввал чоргона хоҳӣ хонд андар ситоиши маҷлиси аҳбоб ва таҳуроӣ шароб! Эй шакаршикан, соткин бигардон!

Ин карат Нигина бо ду чашми пурилтиҷо Сайфуддинро нигаристу вай пиёлаи шароб дар даст бо оҳанги дигар лаб ба тавалло кушод:

— Эй шоҳаншоҳи олампаноҳ, шоҳписари шумо ба падари Нигина қавл додааст, ки амонат бе хиёнат нигоҳ…

— Бас! Ҷалолиддин амонат бе хиёнат ба мо супурд. Акнун Аҳмад надиму Нигин надимаи ман! Фазлу ҳунари гулу булбули Исфара маро маълум шуд ва ҳар дуро мӯҳтарам гардондам. Шод бошед ва бе ягон гапу ҳарфи зиёдатӣ фармони маро иҷро кунед!! Шароби дарғамӣ ба шодӣ бо шоҳи надимпарвар нӯши ҷон кунед!!!

Хоразмшоҳ бо як бардоштан ҷоми пурмай холӣ карду Сайфуддин аз нисф камтар, аммо Нигина пиёла ба лаб бурду ҳеҷ нанӯшид. Дарзамон оразаш арғувонӣ гашт. На аз таъсири шароб, балки аз шарм. Чашм ба замин афкандани ӯро дида, шоҳ завқ бурду бо ишораи абрӯ шоирро ба саҳна хонд ва фармуд:

— Чаҳоргона бихон, эй шоир, ки маро шодӣ физояд ва Нигин аз ангуштари хиҷолат бадар ояд!

Аз ҷой хестани шоирро дида, мутрибони рамузфаҳм оҳанги навозиш тағйир доданду раққосаҳо ба канори майгусорон нишастанд ва рубоии бадоҳатан эҷодшударо бо шавқ шуниданд:

Нафи шоҳ чу васли дилбарон дилкаш бод!

Дар коми аду оби ҳаёт оташ бод!

Дар базми хуши мо дилбаронро имрӯз

Нӯшидани ҷому бода бо моҳваш бод!

Хоразмшоҳ лаззати том набардошт магар, ки ба чапу рост сар ҷунбонду «Ҷуфт шавад, аммо рубоӣ нашавад!» гуфт. Сайфуддин даст ба рӯйи дил бигзошту ба тараннуми шеъри нав пардохт:

Эй низоми мулкро ройи ту дастур омада,

Лашкари азми ту ҳар ҷо рафта, мансур омада!

Ту Алои диниву як нима номи ту лақаб,

Дар саводи шеъри ман чун ваҳй мастур омада.

Дар ҳавои лутфи ту бе миннати боди баҳор

Тоби таб дар ӯҳдаи ислоҳи ранҷур омада.

Чашмаи Хизр аст, гӯй, ҷоми бода бар кафат,

Ҳамчу оташ дар миёни баҳри масҷур омада.

Зӯҳра дар базмат, ки бошад мутриби тардомане,

Хубу зеботар зи тоқи абруи ҳур омада!

Акси ёқути Нигини туст, агар ҳаст он сафо

Дар либоси оташӣ дар оби ангур омада.

Ҷилва кун бар тахти бахт ин наварӯси бикрро

З-он ки меҳмони азиз асту ҳам аз дур омада!

Дар санои ту радифи шеър кардам, то бувад

То қиёмат дар миёни халқ машҳур омада…

Хоразмшоҳ дасти рост боло бардошту ба ангуштарини тавқеъ, ки нигинаш мӯҳри подшоҳӣ буд, ишора намуда, рубоии нав фармуд, ки «тавқеъ» дошта бошад…

Нигина аз тарс лаб газид, аммо шоири хушилҳом фар-фар сароид:

Эй номи ту унвони зафарномаи мулк,

Алқоби ту ороиши сарномаи мулк.

Чун ояи нусрат аст бар рояти шоҳ

Нақши хати тавқеъи ту барномаи мулк!

Хоразмшоҳ аз ҷой нимхез шуду ширакайф нидо кард:

–Ҳаббазо, эй шоир! Барои се чакомаи чак-чакӣ се қадаҳ шароби сеякӣ бояд бинӯшем! Соқиро садо деҳ!

Сайфуддин бо табассуми малеҳ лаҳзае нафас рост карда, соқиёни базми хосаро нигарист ва мастона қадам ниҳода, назди соқибачаи хубчеҳрае омаду даст ба китфаш ниҳода, хитобаи шоҳона хонд:

Соқӣ, майи лаъли аргувонӣ дардеҳ!

В-он оби чу оташи ҷавонӣ дардеҳ!

То маҷлиси Фахри мулкро шод кунӣ,

Бархезу нидои дӯстгонӣ дардеҳ!

Соқибача ончунон ба ваҷд омад, ки бехудона аз мағзи ҷигар нидои дӯстгонӣ баровард:

— Шод бош, шоир!!

Дигарон низ офарин хонданду ба маҳорати шоир қойил шуданд. Аммо шоҳи сархуш инҷиқиро давом дода, хост шоири хушилҳомро мот намояд:

— Эй шоир! Дар як чаҳоргона соқиро се бор садо деҳ!

Андалеби Исфара дарҳол мақсади ниҳонии шоҳаншоҳи Хоразмро фаҳмиду бо таъзими сабуки шоирона супориши олиро пазируфт ва бо лаҳни гӯшнавоз рубоии нав хонд:

Мо маст шудем, май биёр, эй соқӣ!

Чун овардӣ, дер мадор, эй соқӣ!!

То як соат ба коми дил биншинем

Дар хидмати садри рӯзгор, эй соқӣ!!!

Шоҳ мот гашту ба саломатии шоир қадаҳ бардошт — ва ӯро маст гардонду ба ҳолаш гузошт ва бепарво даст ба тахтапушти Нигина ниҳод. Чун булбули сармаст аз накҳати гул навозиши бисёр кард. Аввал сухангӯйи шакаршикан гуфту ҷони ҷаҳон номид, сипас суманбӯйи анбарзақан гуфту ороми ҷон хонд. Баъдан ба мусалласи пок монанд карду исбот намуд, ки рухсору бару дӯши дӯшизааш аз мушку анбару уд хушбор асту чун шароби сеякӣ хушгувор. Бурдае аз дили бирёни тазарв ба даҳонаш андохту ангуштони ҳинорангашро бӯсидаю орази арғувониашро бо кафи даст ламсида, бо лафзи майолуд иқрор кард, ки аз шароби сирфи муҳаббат нашъаи дучанд бардоштааст. Бо чашмони хуморӣ ба наргисҳои бодомӣ пурмеҳр назар афканду нимғурма садо баровард:

— Акнун вақти он расида, ки аз ҳавои кокулат лаззат барам! Бархезу ба ҷилва о!!

Нигина, ки аз ҳаракати бешармонаи подшоҳ торафт дилтанг мешуд, бо рағбати том ҳаракати хестан кард. Вале шоҳи махмур имкон надод. Дасти дағал ба китфи нозук ниҳода, бозгашт ба ҷояш шинонд.

— Ором шин, эй кабки зудпарвоз! Модарам мегӯяд, ки ба вай як рақси зӯр тӯҳфа кардаӣ…

— Оре, шоҳаншоҳи муаззам. Ҷилваи кабки дарӣ ба Худованди олам тӯҳфаи беҳтарини ман аст…

— Ба ман чӣ тӯҳфа дорӣ?

— Дигар ҳама рақсе, ки дар бисот дорам, ҳатто ҷони ҷавонам фидои шумо…

– Ҳаббазо! Гапат маъқул, лекин тӯҳфаи шоҳонаат ку?!

— Як рақси бухороӣ дар лаҳни нав тайёр кардаем, агар ба шумо маъқул шавад…

— Ба ман маъқул нест рақси бухороӣ! Самарқандию хуросонию хуҷандияш ҳам номаъқул! Аз рақси арабию аҷамӣ безор ман! Рақси хоразмӣ биёр!!

— Ба чашм, эй шоҳаншоҳи олам. Ҳафтае пеш наберашоири шумо Камоли Исмоил дар васфи Ғӯрганҷ ғазали хубе навишту устод Комрон оҳанги зӯр бастанд. Агар мутрибони хоразмӣ сароянд, ман кабки хоразмӣ шавам, бо тамоми вуҷуд рақс кунам, зеро аввалин бинанда шумоед. Фақат… рухсат диҳед, либос иваз намоям…

— Зарурате нест. Рақси хоразмӣ дар либоси аҷамӣ аҷаб хушнамо ва дилрабост! Лаҳву тараб оғоз кунед!!

Суруди хоразмӣ бо нақароти «Гӯрганҷам, гулганҷам» аз забони ду хунёгар шӯхоҳанг садо доду Нигинаи парипайкар аз сари раққосае каҷкӯлоҳи хоразмӣ ба орият гирифта, шӯху шанг ба рақс даромад. Бо ҷамоли маҳтобӣ ва камоли офтобӣ ҷилвагарӣ ба ҳадди олӣ расонду сармастони тарабгоҳ ғиреву ғавғо ба само бардоштанд. Хоразмшоҳ бағоят шоддил гашт ва рағбати рақс бо фаридаи анбарзақан кард. Аммо ҳарчанд кӯшид, аз ҷой хеста натавонист. Чашм дошт, ки Сайфуддин ба мадад мерасад. Вале шоири навмаст парвои олам надошту мисли дигарон гӯшту устухон мехойид.

Манзараи завқбахш аз назари Нигина пинҳон намонд. Бо чобукии ҳайратангез худро мисли гулпараки тиллоранг ба паҳлӯи шоҳи саргаранг расонд ва ҷавлон кард ба ҳар навъе, ки олиҷанобро ба муроду рағбат омад. Бо тиру хаданги ишваю ноз дили шайдои шоҳро чоку садпораю обу адо гардонду вай «Аз сарат гардам, парӣ!» гӯён рӯю чашму абрувони Нигинаро бӯсаборон карда, кафи аз барги гул нозуктари кабки дарӣ ба дидаҳояш молид.

Хоразмшоҳ ангуштари тавқеъ аз дурри Адан, ки арзиши нигинаш аз хироҷи солонаи мамлакат бештар буду ҳама шоҳони олам бо рашку ҳасад онро менигаристанд, ба каф гирифт. Онро пеши чашми Нигина наздик оварда, «ними дунё ба зери ин нигин аст, ки мӯҳри ману ному нишони ман аст!» гуфту баланд хандид ва Ҳотами Тойро ба як нӯл зад:

— Эй ҷони ҷонам! Эй Нигини меҳрубонам! Қадри ту аз ин нигин гарон аст! Лаъли Яман пеши лаби лаълат арзон аст! Ин ангуштари нигин аз дурри Адан барои рақси дурри якдонаи ман тӯҳфаи шоҳонаи ман!!

Аз гуфтори пурэҳсос ва муболиғаноки шоҳаншоҳи олам Нигина лолу ҳайрон фурӯ монду мисли ҳайкалсанги бутпарастон ноҷунбон шуд. Ҳатто дар гӯшаи хаёлаш набуд, ки ба чунин марҳамати олӣ сарфароз мешавад. Сараввал гумон кард, ки бодаи айшу сӯҳбати нек, ва аз ин ҳам бештар, рақси дилошӯби хоразмӣ бештар аз бодаи сеякӣ бар шоҳ асар намуда, ҳардамхаёлаш кардааст ва бо надимаи андаке сархуш лӯхтакбозӣ мекунад. Вале аз идомаи гуфтор маълум шуд, ки шоҳро ба висоли Нигина рағбат бениҳоят афзудааст. Вай бо чашмони нимкоф ва дастони ларзон аз таъсири шароб чанд карат кӯшида, бо душворӣ ангуштари подшоҳӣ ба ангушти раққоса андохту ғолибона ба атроф нигарист бо умеди он, ки муқаррибону ҳамқадаҳон лаб ба таҳният мекушоянд. Валекин ҳамаро афтодаву сар ба ҳар тараф бинҳодаву масту аласт дид. Хандиду гуфт:

Миёни маҷлиси шодӣ майи равшан ситонам ман

Гаҳ аз дасти бути Ворух, гаҳ аз дасти бути Яғмо!

Шоҳи мардон ман будаам! Даҳ соткин сеякӣ хӯрдам, аммо ҳуш-ёрам! Акнун ҳар дуямон ҷимбазм мекунем! Вақти рақси паҳлӯ фаро расид. Пештар биё, бадри Ворух…

Вуҷуди Нигина ларзид. Зеро аз забони Шакархонум шунида буд, ки ишқи пирӣ гар биҷунбад, сар ба расвоӣ мезанаду аз мардӣ то номардӣ як қадам аст. Хост худро дур кашад, вале аз ғазаби шоҳ тарсид ва ҷафстар нишаст. Хоразмшоҳ сари гарон ба зонуи надима ниҳоду… бихуфт.

Шоҳи мардонро низ шароб тамом дарёфта буд…

Чунин ҳолат бори аввал набуд ва надимону канизону гулрухони бисёре аз васли шоҳи сармаст ноумед гашта, тасфи дили беқароргашта бо дигарон паст мекарданд. Аммо Нигина мисли онҳо ангушти ҳасрат нагазид, балки аз нобарорӣ шод гашту аввал ҳадяи гаронбаҳоро бозгашт ба ангушти подшоҳ ниҳод. Сипас ба фаррошу канизони махсус фармуд, ки шоҳаншоҳи оламро тавассути тахти равон беозор ба хобгоҳаш расонанд. Нигоҳубини Сайфуддинро ба Комгору шогирдонаш супориду ба қафояш нигоҳ накарда, ҳамроҳи Шакархонум ва канизак ба манзили худ шитофт.


* * *


Хоразмшоҳ рӯзи дигар чоштгоҳон ба ҳуш омад. Худро дар хобгоҳи барҳавои хеш, рӯйи болини мулоим ва роҳатфизо дида, ҳайрон шуд. Муддате ба сақфи гулнақш нигариста, карахт хобиду хост рӯйдодҳои дирӯза ба ёд оварад. Сӯҳбат бо вакилдорон, шеърхонии малик-ул-калом, рақси Нигина дар лавҳи хотираш падидор гашт. Дигар ҳеҷ чиз ба ёдаш наомад. Бо надомат оҳ кашида, ба паҳлуи дигар гашту чашмаш ба ангуштари тавқеъ афтид. Аранге рӯйдоди асосӣ ба ёдаш расид. Саросема ба атроф нигарист: чаллаи ҳадяшуда дар дасташ буд, аммо аз Нигина ному нишоне набуд! Ҳақиқати ҳолро бо рамуз, тахминан муайян карду сахт маҳзун шуд ва дубора оҳи сард кашид. Якбора сараш сих заду сахт ба дард даромад. «Нигина ҳеҷ куҷо намегурезад, — худ ба худ ғурунгид Хоразмшоҳ. — Аввал илоҷи дарди сар бояд ёфт, баъд…»

Дар доруззиёфат лаҳву тараб идома дошт. Вакилдорон бо ҳарифони кокулпарешон арҳаму дарҳам нишаста, шароб менӯшиданду ишрат мекарданд. Дар кунҷе ошиқе бо дӯсте маст хуфта буду дар кунҷи дигар ёре аз дидори дилдоре шодмонӣ дошт. Бонги чангу руди мутрибони хуморшикаста бо бонги нӯши соқиёни майгусор ҳамқирон буду шоир Сайфуддин камари шодгуна дар дасти чапу қадаҳи шароб дар дасти дигар байти ошиқӣ мехонд. Омадани подшоҳро дида, миёни ёр раҳо карду бо нидои «Бархезед, ёрон! Хусрави фаррухсияр омаданд!» гӯён ба истиқбол шитофт ва чакомае лоиқи вақт хонд:

Боди саҳаргаҳ вазид, субҳ дамид, эй нигор!

Вақти сабӯҳ аст, хез, бодаи гулгун биёр!!

Чанг зану бода нӯш, шод зиву ғам махӯр,

Дамдамаи ною нӯш даври замонро мадор!

Хоразмшоҳ, ки бағоят саргаранг буд, ҷоми сабӯҳӣ то қатраи охирин нӯшид, бо рағбати том рухи соқии гулнор бӯсид ва дарзамон аз дарди сар фориғ гашту ба шодмонӣ печид. Нигина, ки дар пушти дар интизорӣ мекашид, хиромон ба маҷлисгоҳ даромад ва дасту китфи шоҳро бӯса зада, бо ноз ҷоми заррин ба каф гирифт ва соқии ширинзабон шуд. Шоҳи ташналаб қадаҳи дуюмро низ ҳарисона қоқ карду шарму хиҷолатро барҳам зада, гӯё ягон гапу коре нашуда бошад, бо лаҳни меҳрубонӣ пурсид:

— Эй ёри писандида, куҷо будӣ? Кайфияти аҳвол бар чӣ минвол аст?

Нигинаи чеҳрахандон, ки мисли гулдухтарони хоразмӣ пироҳани лоҷуварду шалвори сурх, сарандози зард ва кӯлоҳи заррин пӯшида, барои ҳама гуна рақсу бозӣ тайёрии том дошт, аз лабони ақиқи шакаролуда дурри сухан фишонд:

— Тамоми шаб мисли моҳи мунир дар осмони торик яккаву танҳо ва андаке рӯсиёҳ будам. Чеҳраи офтобии Шуморо дидан ҳамон мисли гул шукуфтам, навниҳоли орзую умедам сабзу хуррам шуд.

– Ҳаббазо, эй ёри фархундаҳол! Ҳаббазо, эй офтобниҳол! Акнун сухани маро бо гӯши дил бишнав: ҳадяи подшоҳ пойи пас надорад! Ман тӯҳфа барнагирам! Ангуштари нигинаш дурри Адан зеби ангушти офтобниҳоли чаман аст! Ангуштаре, ки аз ангушти ман берун ояд, дигарбора ба ангушти ман наояд!

Боз мегӯям, ки ангуштарини дили маро беҳтарин нигин ту ҳастӣ!!

Хоразмшоҳ ин карат бо чолокии ҳайратангез чаллаи заррин ба чилики маҳин андаровехт. Аҳли маҷлис ба ҷавонмардию ҳиммати баланди шоҳи арҷманд ҳазор аҳсан гуфтанд ва қадаҳро то қадри имкон баланд бардоштанд. Сайфуддин яке аз онҳо буд ва ҷоми муборакбодро тиҳӣ гардонда, шоирона ноз кард:

— Пора бодо дилам, агар аз шоҳаншоҳи олам тӯҳфае нагирам!

Асоси тавба, ки дар муҳкамӣ чу санг намуд,

Бубин, ки ҷоми подшоҳӣ чӣ гунааш бишкаст!

Хоразмшоҳ қоҳ-қоҳ хандиду яке аз канизони нозанинро бо имои ангушт пеши худ хонд ва пурсид:

— Чӣ ном дорӣ?

— Дилафрӯз.

— Чӣ номи мувофиқ! Эй шоир, хоҳишат пазируфта шуд. Аз ҳамин лаҳза, ин нозанин Дилафрӯзи туст! Дар сояи давлати мо дилафрӯзи ҳамдигар бошед!

Мавҷи табрик баробари қадаҳ баланд хесту канизак бо таъзими фарох паҳлӯи хоҷаи наваш гузашт ва «ҳар чӣ фармоед, фармонниюшам» гуфт. Сайфуддин аз тӯҳфаи ғайриинтизор ба шигифт омаду китф дарҳам кашид ва пурсид:

— Ин лӯхтакро чӣ кор кунам?

Хурду бузург баробар хандиданд.

— Ба ман фурӯш! — луқма партофт яке.

— Моли нағзро ба ҳеҷ кас надеҳ! — маслиҳат дод дигаре.

– Ҳар чӣ мехоҳӣ, бикун! — фармуд сеюмӣ.

— Аввал ба ақди худ дарор, баъд дуди димоғаш барор! — тавсия дод чаҳорумӣ.

Маслиҳати охирон ба гӯши Сайфуддин форид. Дасти Дилафрӯз ба даст гирифту «Рафтем ба пеши шайхулислом» гӯён мастомаст қадаме пеш гузошт. Вале сахт калавиду агар канизак намебуд, болои хон меафтид. Саҳл ҳушёр шуда, узромез ба Хоразмшоҳ нигарист, ки бо доруға саволу ҷавоб мекард:

— Шайхулислом чаро наёмад?

— Гуфтанд, ки порае ранҷур аст…

— Аз чӣ ранҷур аст?!

— Малик-уш-шуаро медонад.

Сафии Бӯстӣ башитоб пеши Хоразмшоҳ омаду замини хидмат бӯсид ва гуфт:

— Дар китобҳо сабт шуда, ки шоҳ Исмоили Сомонӣ шоирпарвару шеърдӯст будаасту бо шуаро муҷоласати зиёд доштааст. Бад ин сабаб уламо бар вай мутанаффир будаанд. Менамояд, ки муҷоласати шумо бо шуаро ба шайхулислом хуш намеояд, бад ин сабаб ранҷуранд.

Хоразмшоҳ дар хашм шуду доруғаро фармуд:

— Бирав, ҳоҷибулалбобро бигӯ, ки асас фиристад ва шайхулисломро бо зудии тамом назди мо ҳозир гардонад, то изои балеғ фармоем!

Амри олӣ бо зудии барқосо иҷро шуд ва Хоразмшоҳ ба Маҷдуддин имкони нафас рост кардану нишастан надода, бо дуруштӣ чаҳорчӯбаи одобро шикасту бо итоб пурсид:

— Эй шайх, медонӣ барои чӣ туро ранҷа кардам?

— Шоҳаншоҳи муаззам бартар медонанд.

— Бӯстӣ мегӯяд, ки шайх ба ҷаласаи шоирон нафрат дорад…

— Ба майгусории шоирон нафрат дорам. Май роҳати тан, аммо офати ақл аст. Аз ақли тира шеъри равшан берун наояд.

— Шайхи бузург худро пурхирад меҳисобад. Мо ҳам ягон зарра камӣ надорем. Лекин аз рӯзе, ки шеър ҳасту шоир — май ҳасту соқӣ! Давоту дафтар ва паймонаю соғар идомаи ҳамдигар!

— Шароб дар зеҳну идрок иллат падид орад. Хирад коҳад, илҳом ноқис шаваду шеър оҷиз. Шоир, ки оҷиз шавад, аз чашми шоҳ биафтад…

— Баръакс, аз май чашмаи илҳоми шоир ба ҷӯш ояд ва шеъри хуб сарояд. Мисли Хайёму Анварӣ ва дигар шуарои ҳарию дарӣ. Ана, мисоли зинда Сайфи Исфара: вақте май нӯшид, илҳомаш ҷӯшид, фар-фар шеърҳое хонд, ки ҳатто ман қойил шудам!

— Сайфуддин шароб нӯшид?!

– Ҳа. Нигин ҳам нӯшид. Дигару дигарҳо, ҳама нӯшиданд. Ман ҳам нӯшидам. Акнун навбати ту! Шайху шоиру шоҳ баробар қадаҳ мебардоранд! Соқӣ!!

Шайхулислом рӯй дарҳам кашиду бо лафзи «Астағфируллоҳ!»42 ним қадам пештар омад ва дасти эҳтиром болои дил гузошта, гуфт:

— Эй бузургворшоҳи олам, аз он рӯзе, ки бар тахт нишастед, то ба имрӯз мо ҳамнамаку ҳаммаслакем ва бар онем, ки «ад-дину ва-л-мулку тавъамони», яъне дину давлат ҳамзод, дугонаанд. Аз он рӯзи муборак то ба имрӯз назди дӯсту душман борҳо гуфтааму боз мегӯям, ки мартабаи шумо амир-ул-умаро муайяд мин-ас-само аст, яъне шоҳаншоҳи таъйидшуда аз осмон шумоед ва хуб медонам, ки ба Худои меҳрубон эътиқоди хос доред. Ман ҳам ба шумо эътимоди хос дорам ва ҳар чӣ савоб донед, ҳамон мекунам. Лекин илтимос, имрӯз маро маъзур доред. Зеро агар шайхулислом май ба даст гирад, як рукни давлат аз даст меравад. Эй бузург…

— Бас! — бошиддат хитоб кард Хоразмшоҳ. — Амри наҳй дар масҷид хуш аст, эй шайх! Агар подшоҳ чунин бошад, ки фармонаш иҷро накунанд, чӣ фарқ байни ӯ ва дигарон! Соқӣ, соткин!!!

Шайхулислом ба риққат омад. Зеро дар худ дигар қудрати муқовимат бо шоҳи гаронмаст наёфт. Хост бо ҳилаи шаръӣ аз чанги тавоно халос шавад. Қадаҳ аз дасти соқӣ гирифтаю нохост ба замин афтонда, «Худо нахост!» гуфтанӣ буд, ки мӯътамади сарои хос таъҷилан номаи сарбамӯҳре ба дасти Хоразмшоҳ расонд. Вай бо як назар басо муҳим будани мактубро фаҳмид. Қадаҳ поён ниҳода, мӯҳр барканд ва ба Сафии Бӯстӣ дароз кард, то бо овози баланд хонад.

Шоир ба мазмуни нома аҳамият надода, гӯё ки шеър мехонда бошад, бо савти марғуланок ба қироат шурӯъ кард: «Сипоҳиёни халифа Носир ба ҳоҷиёни Ғӯрганҷӣ шабона ҳуҷум оварда, якеро куштанду чандеро дасту гардан бишкастанд ва ҳама молу коло ба яғмо бурданд».

Дар пеши назарҳо ранги арғувонии рухсораи шоҳ заъфаронӣ шуд. Аз хашму ғазаб ҷаҳон ба назараш торик гашт. Модари Носирхалифаро сахт дашном доду ғойибона бар вай хашм гирифт:

– Қасам ба Худо ин мардро ақл нест! Агар заррае ақл медошт, ба сари худ бало намехарид. На худаш тинҷу бароҳат зиндагӣ мекунаду на ба дигарон имкон медиҳад, ки бемалол дами беғам зананд. Ин ноқисулақлро сазовор ҷазо бояд дод!

Сафии Бӯстӣ ҳошокалло Хоразмшоҳро дастгирӣ кард:

– Қасам ба Худо, сухани шоҳаншоҳи олам дуруст асту дуруст асту дуруст аст! Ҳатто кӯдаки гаҳвора медонад, ки Носир халифаи носара асту бахти хасир дорад. Хилофат бе халифа Носир бод!! Зиҳӣ нафози шоҳаншоҳи мо дар садри хилофати ислом!!!

Ҳама ба эҳтироми ҷумлаи охирон бедиранг қадаҳ бардоштанду Хоразмшоҳ низ чун ташналабе ҷоми пурмай даркашид. Аммо лаззат набардошту тира шуд, хашм гирифт ва гуфт:

— Онаи зори халифаро нишон медиҳам! Ман шераму вай шағол!!

— Вай рӯбоҳ, шоҳаншоҳам, — лаб лесид Сафии Бӯстӣ.

Аз тамаллуқи баҳангоми маликушшуаро шаробиён завқ бурданду Хоразмшоҳ рӯҳбаланд шуд:

— Акнун вақти он омада, ки рӯбоҳи маккорро пӯсту пора кунам! Вакилдорон истанд. Ба дигарҳо ҷавоб! Созандаю бозандаю магасу чагасҳо, дафъ шавед!

Дар қатори дигарон Сайфуддину Нигина ҳам хомӯш бадар рафтанду Хоразмшоҳ шиддати нафрин зиёда кард:

— Лаънати олам бар сари халифа резад, айши маро талх кард! Хӯш, кӣ чӣ пешниҳод дорад?

Шайхулислом, ки ягона марди ҳушёр ва бедори маҷлиси нобаҳангом буд, бо овози андаке ларзон гуфт:

— Раъйи олӣ бартари раъйҳост ва шоҳаншоҳи оламро аҳволи замон муқаррартар аст. Лекин хуб мешавад, агар маҷлис ба рӯзи дигар мавқуф гузорем, то муқаддимаи субҳи козиб даргузарад ва толеаи субҳи содиқ даррасад. Тарсам, ки аз саврати43 шароб ягон…

— Хомӯш! — бонг зад Хоразмшоҳ. — Мо аллакай як бор бо маслиҳати шайх амал карда, сабру таҳаммул карда, фиреб хӯрдем. Дасти шикастаю ҷони мурдаю хуни рехтаи зойирони хоразмӣ бар гардани шайх аст!! Мо дигар интизор намешавем ва кори имрӯз ба фардо намегузорем! Ин соат айни вақт аст. Моро бояд тадбир андешид зудтар, ки муҳимот таъхир напазирад ва хуни ноҳақ рехта нашавад!

Шайхулисломи рангпарида худро ором дошта натавонист:

— Эй бузургворшоҳи олам, хабари хуни ноҳақ саҳеҳ нест… Ҳуҷҷати дақиқ ба ростии ин сухан чист? Гувоҳи зинда бар ин қавл кист?

— Чӣ?!! Мо мастем ё шайх??!

— Нусхаи ин шумхабар субҳи барвақт ба Худованди олам, Маликаи муаззама расида буд. Таҳқиқ нишон дод, ки ҳоҷиёни моро на сипоҳиёни халифа, балки исмоилиҳо озор додаанд…

Баъзе вакилдорон оҳи сабук кашиданд, аммо Хоразмшоҳ ваҷоҳаташро тағйир надода, нафасе сукут варзид ва ҷилави сухан дигар сӯ кашид:

— Шайх аз ин хабару таҳқиқ мин айн44 огаҳӣ ёфт?

– Ҳамроҳи Маликаи олам субҳона хӯрдем ва…

— Чӣ?!! Эй мардум, фаҳмидед?! Шайх аз маҷлиси шоҳ гурехта, ба сӯҳбати малика рафтааст! Ё наузанбиллоҳ!

— Худованди олам маро оҷилан даъват карданд…

Хоразмшоҳ, ки тез-тез миҷа зада, ба чеҳраи анорранги Маҷдуддин менигарист, якбора рӯй турш карду ба хашм дод зад:

— Бас! Худоё, ин чӣ гап? Бархез аз пеши ман! Фарёд ба кӣ гӯям ва дармон аз кӣ ҷӯям?! То кунун бар дигарон тамасхур мезадам, акнун ба ман тамасхур мекунанд… Соқӣ!!

Хоразмшоҳ ҷоми шароб дар даст бо чашми хунполо шайхулисломро нигаристу ёдаш омад як сӯҳбати таърихӣ бо модараш:

…Се рӯз қабл аз ҷулус45 Қутбиддини валиаҳд дар хилватхона танҳо нишаста, перомуни ҳоли мулк ва ояндаи давлатдорӣ андеша меронд, ки модараш бесадо ворид шуд ва баъди салом ҳол пурсид. Фарзанди қобил мухтасаран шарҳ дод, ки оид ба мулкдорӣ ва таҷдиди он нақшаю муҳимоти бисёре ихтиёр кардаасту пас аз тааммул ва тааммуқ ҳар он чӣ боиси маслиҳат бошад, мушаххасан ба модар хоҳад гуфт.

Турконхотун сари фарзанди ба подшоҳӣ расидаро модарона бӯсиду бо мулоимат гуфт:

— Раъйи шумо олист ва рӯшану маъқул, эй нури чашму чароғи модар! Ҳар чӣ мехоҳед, муборак аст. Аммо… як масъала ҳаст, ки таъхир напазирад…

— Бифармоед, эй модари меҳрубон.

— Мо ҳама бар дину миллати обои хешем ва бузургон фармудаанд, ки дину давлат тавъам аст. Ин нуқтаи муҳимро шумо ҳам, эй фарзонафарзанди модар, хуб медонед. Модари шумо кушоиши корро дар он мебинад, ки дар навбати аввал, бидуни таъхир, шайхулисломро муқаррар ва муайян бикунем, то бо фатвои эшон ҳар амру иқдоми шумо аз ибтидо хушоянд ва мӯътамад шавад.

— Фикратон айни муддаои мост, эй моми меҳрубон! Вале алҳол фардеро намебинам, ки ин маснади олиро шоиста бошад…

— Агар бо назари нек бингарем, фарди арзандаро метавон дарёфт!

— Кӣ бошад ӯ?

– Ӯро Шарофиддин ном ва Маҷдуддин насаб асту мартабааш — аллома! Ҷадди некмаҳзари ӯ бо ҷаъди аълои мо ҳамнишин буданд. Вай мардест мӯътабар, фозилу хирадманд, некрӯй ва хушбӯй…

Он рӯз Қутбиддин бо андаке шубҳа боэҳтиёт ба чашми модар нигоҳи жарф андохта буд. Зеро калимаи охирин ба гӯшаш на онқадар гуворо расиду таҳдор аз худ пурсид: «Чаро модар калимаи «хушбӯй» пурназокат талаффуз кард?» Ва худ ба худ чунин посух гардонда буд: «Модар хуб медонад, ки атриёт маро бисёр хуш меояду аз бӯйи бад сахт нохуш мешавам. Бинобар ин калимаи «хушбӯй»-ро хушоҳанг ба забон овард»…

Оре, он замон шоҳзодаи ҷавон бо хулосаи осон рашку шубҳаро бартараф карда буд. Аммо имрӯз, вақте ки шоҳаншоҳи ҷаҳон асту Санҷару Искандари сонӣ ва оламу одами бисёре дидаву қиссаҳои зиёде шунидааст, калимаи «хушбӯй» ва маҳз ин мардро ба мансаби олӣ пешниҳод кардани модарро ба тарзи дигар маънидод кард. Мастомаст ба хулосае омад, ки солиёни дароз миёни модараш ва шайхулислом дӯстию улфатӣ дигаргуна идома дорад. Агар чунин намебуд, шайх маҷлиси подшоҳро сарфи назар карда, ба сӯҳбати модари шоҳ намерафт…

Хоразмшоҳ чашми хунполо аз чашми пурсаволи шайхулислом дур афканду оҳи сӯзони дил бо шароби сард фурӯ нишонд ва аз байни дандон садо баланд кард:

— Аз маҷлиси мо гурехтанишайх мавзӯи сӯҳбати алоҳида. Баъди сафари Бағдод ба ин муаммо бармегардем. Лекин масъалаи имрӯза лотаъхир. Хӯш, кӣ чӣ пешниҳод дорад?

Ин дафъа аввалин шуда, Шамсуддини Калободӣ овоз баланд кард:

— Сагро аҷалаш ояд, ба домани соҳибаш даҳан меандозад. Худи араб мегӯяд, ки «зараба калбун наҷисун!» Халифаи бераҳмро бераҳмона бояд кӯфт!

Хоразмшоҳ бо аломати таҳсин сар ҷунбонду Зиёуддини Марвазӣ навбати сухан гирифт.

— Медонистем, ки халифаи малъун ба хоразмиён сафои зиёда надошт ва тахми адоват мекошт. Акнун ки ба хоразмиён ҷафои зиёдат раво дидааст, беамон бикӯбем, то мисаш барояд!

Муҷиралмулк Тоҷиддин лаб ба дуои бад кушод:

— Рӯйи бадхоҳи Хоразм чу пушти паланг бод! Илоҳо, аз боди хазон шохи умраш бишканад! Эй шоҳаншоҳи олам, фақат шумо қудрат доред, ки ин касофатро аз сари мусулмонҳо дур андозед. Ман тайёр, ки худи ҳозир бо шамшери бараҳна ба сари халифа тозам!

— Шитоб накунед, ҳазрат! — ба мубоҳиса пайваст котибулиншо. — Мегӯянд, ки ин зимистон барфу сармо бағоят афзун мешавад.

Хоразмшоҳ билфавр зид баромад:

— Барфу сармо садди роҳи мо набуд ва намешавад! Бағдод сармо надорад ва араб чӣ будани барфро намедонад. Дил қавӣ доред ва ба ҳарбу зарб тайёр шавед!

— Яъламуллоҳ46, эй шоҳаншоҳи олам, — овози шайхулислом аз ҳарвақта зайифтар садо дод. — Сармо мешавад ё гармо — Худо медонад. Ҳарбу зарб мешавад ё не — инро ҳам довари ҳақ медонад. Мо ҳамеша ба он мекӯшем, ки кӯдак чу лаб аз шири модар бишӯяд, нахуст исми шарифи шумо гӯяд ва ба шумо фатҳу нусрат ҷӯяд ва гӯяд: Янсуракаллоҳ,47 эй тоҷвари гетӣ! Вале ба хилофат хуҷум карданро нораво ва хато медонам. Ин кор мисли ба теша осмон тарошидан муҳол асту хатарнок! Оқилон ба коре, ки эҳтимоли хатар дошта бошад, машғул нашудаанд…

Хоразмшоҳ дандон ба дандон совида, гуфтори насиҳатомези шайхулисломро то охир шуниду бо кароҳат эрод гирифт:

— Мо мутааҷҷибем ба суханҳои шайх, ки кӯдакро ба итоати шоҳ мехонад, аммо худ итоати шоҳ надорад, ба ҳар усул фармони моро инкор мекунад. Ҳама вакилдорон «самъан ва тоъатан» мегӯянду шайх амри моро хато меҳисобад. Росташро гӯй, ту дар хизмати кистӣ? Фармонбардори мо ё лаганбардори рақиби мо?

— Ман бандаи Худо ва фармонниюши шумоям, эй шоҳаншоҳи олам. То зиндаам, нофармонии шумо намекунам. Ба лаҳни модарбузурги муаззам мегӯям: Садақаллоҳу мин амили солеҳан фалинафсиҳи ва ман асоа фаалайҳо!

— Бас! Ман арабӣ менадонам! Ба хоразмӣ бигӯ, ки чӣ гуфтӣ?

— Худованди азза ва ҷалл мефармояд: ҳар кӣ некӣ кунад, барои худ некӣ хостааст ва ҳар кӣ бадӣ варзад, бад ба вай баргардад!

— Хомӯш!!! — Хоразмшоҳ ончунон баланд бонг зад, ки ҳама вакилдорон аз ҳайбаташ чун барги бед ларзида, ба лаб кулӯх молиданду бо тараҳҳум шайхулисломро нигаристанд. — Ман ба мусулмонҳо некӣ мекунам, зеро халифаи бадро аз байн мебардорам. Ман, ки шоҳаншоҳи давлати Хоразмшоҳиёни кабир ҳастам, сипоҳиёнро фармон медиҳам: барои ҷангидан алайҳи халифа Носир омода бошед! Теғро ба манфиати ислом кор фармоед. Аз ҷонибдори халифаи золим ҳар киро ёбед, ҷо ба ҷо кушед!

Ман пагоҳ ба роҳ мебароям. Агар халифаро зинда нагираму ба сад хорӣ то Ғӯрганҷ набиёрам, Санҷару Сикандар наям!

Шайхулислом, ки аз муомилаи дағалу алфози қабеҳи подшоҳи маст бо хиҷолату маломат сар ба зер афканда, мисли садаи солор сокит меистод, ҳарчанд зӯр зад, худро ором дошта натавонист:

— Эй бузургворшоҳи Хоразм ва адолатпаноҳи муслимин, Худованди олам мартабаи халифаи исломро гиромӣ медорад. Бо амри Худованд ҳеҷ душман бар вай ғолиб наояд. Модарро маранҷонед, то Эзид шуморо наранҷонад…

– Ҳой, шайхи палид, хомӯш шав! Инак, кӣ будани ту ба мо маълум шуд! — шӯълаи ғазаб ва рашк дар оташхонаи дили подшоҳ зад ва бо ваҳшат фарёд зад: — Доруға!!48 Доред ин палидро. Гумоштаи халифа Носир аст ин мунофиқ!! Модарамро бо фанду фиреб бероҳа карду акнун маро аз роҳ заданист. Бандед ӯро!!!

Вакилдорон ангушт ба дандон газиданду котибулиншо шитобон, аммо ҳаросон назди шайхулислом омад ва бехгӯшӣ гуфт:

— Ё шайхи кабир, хоҳед, ки ҷонатон халос шавад, пеши пои подшоҳ сар монеду тавба кунед ва гӯед, ки «Аз Худо шавкати шоҳаншоҳи Хоразм ва шикасти халифа Носир талаб дорам!»

– Ҳаргиз чунин нагӯям! — солор посух гардонд Маҷдуддин. — Дилу имон қавӣ бошад, дарду ғам зайиф шавад. Калиди мо ба қулфи тавба рост намеояд! Охир гуноҳе накарда, чаро тавба гӯям?! Шоҳ аз ҳавзи шароб берун барояд ва ба чашму дилаш сухан дарояд, он гоҳ рӯйи ману кафи пойи ту мегӯям…

Ҷумлаи охирин то гӯши Хоразмшоҳ расиду мастона қоҳ-қоҳ хандид ва бо оҳанги масхара хитоб кард:

— Шунидед? Шайхи палид «рӯйи ману кафи поят» мегӯяд! Ҳа-ҳа-ҳа! Шайхи шарманда аз кори зишташ пушаймон шудааст! Дер шуд, эй донои нодон! Ягон узру тавба қабул намешавад! Жожи жанда махой!! Ҳа-ҳа-ҳа!

Шайхулислом ба қаҳқаҳаи майолуда эътиборе надода, аммо эҳтироми тарафайнро нигоҳ дошта, бо тамкини хос гуфт:

— Агар иҷозати олӣ бошад, чанд ҷумла арза дорам…

— Каломи вопасин мехоҳӣ гуфтан? Марҳабан!

— Алҳамдулиллоҳ, ки Эзиди таъоло ҳама бандаҳои мусулмонро тоати амиралмӯъминин фармудааст ва ҳар он чӣ гуфтем, аз рӯйи ҳимояти ислом ва ғайрати дин ҷойиз донистем. Мо, ки алмудом камари бандагӣ бар миён бастаем, ба дунё дилкашолӣ надорем. Мӯътақидем, ки дар дунёи фонӣ роҳи гузари мо оқибат ба марг аст. Аз рӯзгори Каюмарс то ба имрӯз ҳеҷ касро аз марг маоф накардаанду саду ҳаштод подшоҳи номвар низ ақиби якдигар рафтаанд. Мо ба ҳукми тақдир розием, вале агар шоҳаншоҳи ҷалилушшаън савоб бинад, хатои мо бубахшад ва шайхулисломро ба инсоф ҳукм бигзорад…

Хоразмшоҳ, ки ақли хираву авзои парешон дошт, аз хитобаи садри ислом фақат як калима шунавид ва бонги дурушт бар вай зад:

— Ту дигар шайхулислом нестӣ! Ҳа-ҳа-ҳа! Ту пирхарӣ!! Пирхаре, ки ба мурдан маҳкум шудааст. Ҳа-ҳа-ҳа! Туро дар ҷувол андохта, тарзе бикушем, ки худат қисса карда будӣ…

Хоразмшоҳ рухсораи суп-сурх оташгирифта ва арақшор бо дасторчаи оҳарӣ пок карду доруға ва миршабҳои ба хидмат расидаро фармуд, ки ҷуволи пашмин биёранду шайхро ба дохилаш андозанд ва даҳони ҷуволро бо ресмон банданду то мурданаш бикӯбанд.

Нафаре барои ҷувол тохту ҳамроҳи ӯ Пири муаммари Хоразм, шайхулшайхи олимартаба, поягузори тариқати кубравия ҳазрати Наҷмуддини Кубро ба толор қадам ранҷа намуд.

Хоразмшоҳ баробари дидани муқаддаму мӯҳташами шайхони бузург чалаҳушёр шуда, пештар омад ва ҳар ду якдигарро бо эъзоз дар оғӯш кашиданд. Шайхи бузург то дараҷае сар фуруд овард, ки пешонааш ба синаи шоҳ расид, бо кунҷи чашм Маҷдуддинро нигаристу рӯйи подшоҳро бӯса дод ва гуфт:

— Бисмиллоҳи раҳмонир раҳим. Зиндагонии шоҳи Хоразм дароз бод ва дар иззу давлат солҳои бисёр сарфароз гардад. Худо маро фидои ту кунад, эй султони кабир ва мабодо, ки ташрифи ман сабаби нуқсони ҳурмат ва ҷоҳу мартабаи олиҷаноб шавад. Овозаи нохуше ба гӯшам расид, ки миёни шоҳаншоҳ ва шайхулислом гарде афтодааст. Барои ташреҳ омадам, то ба ваҷҳи лутфу шафқату марҳамати шоҳона ва оқилона шуморо оштӣ диҳам. Чӣ бад кардаст, ки бад шуд ҳоли муриди мо?

— Эй бузургвор, намедонӣ, ки аз муриди палид чӣ афтод?

— Бигӯй, то шунавам.

— Гумоштаи халифа будааст ин кӯрнамак! Модари маро гӯл зада, ба халифа моил гардонду акнун маро садди роҳ шуданист.

— Ман аз моҷарои ҳавлнок сахт дар шигифт афтода пеши ту омадам, то бигӯям, ки дар замири замона мухталиф тақдирҳост ва бар ҳама сир фақат Худои ягона воқиф асту тақдирсози мост. Хуб несту нек набошад, ки садри ислом ранҷонӣ. Савоб дар он мебинам, ки ба талаттуф хашми хеш барнишонӣ ва авфи гуноҳ кунӣ…

— Ё Абдуҷаноб, ҳар чизи дигар хоҳӣ, туро бубахшам, аммо ин пирсагро намебахшам! Кор ба ҷое расида, ки узрро мақом намонда!

Шайх Кубро китфи Хоразмшоҳро бӯсиду аз равзанаи дигар сухан кушод:

— Ё шоҳи Хоразм, сухан аз тавқеи ту дар машриқу мағриб равон аст. Яздони пок, азза ва ҷалла, то ҷаҳонсолорӣ расм кардааст, аз дудмони Хоразмшоҳиён чун ту подшоҳе пой бар тахт наниҳодааст ҳам ба мардӣ ва ҳам ба диёнату мардумпарварӣ. Заволи хилофати Носир аз ҷиҳати қатли шайх Маҷдуддин мустақим нагардад магар ба инояти шоҳи одили Хоразм. Агар дар дили ту дини мусулмонист, асло оҳанги хуни мусулмон макун. Хотири миллати мусулмон аз дағдаға фориғ соз, ки заҳри ҷонгазой аст. Гунаҳкарда ба мо фирист, то панди сазовор диҳем… ва аз роҳи хато гардонем.

— Лоилоҷ аст ин дархост, эй Шайхи Бузургвор. Палидро ба ҳолаш гузор. Ҳар хорие, ки пеш ояд, бибояд кашад! Дард ба дилам расид, сабрам намонд!

Шайх Кубро ба зону нишасту оҳанги побӯсӣ кард. Хоразмшоҳ имкон надод ва Шайхи мукаррамро ба по хезонду илтимоси ӯ мабзул кард:

— Эй Бузургвори Хоразм, аз ту шарм медорам, ки иззати воло дар чашми ман дорӣ, лекин савганд ба Худо, ки агар ҳазор бор замин бибӯсӣ, ҳеҷ суд наёбӣ ва шогирди нохалафат иҷобат нашавад! Насиҳати ҳама олам алҳол ба гӯши ман бод аст!!

Шайх Кубро даст ба осмон бардошта, гиряолуд нидо кард:

— Вой бар андӯҳи ман! Эй корсози банданавоз ва эй бандапарвари бениёз, бо фазлу раҳмати беиллати худ ба фарёдам бирас!

Ҳитта, ҳитта! Ҳитта ъанно хатоёно… Худовандо, гуноҳони мо аз мо бияфкан…

Вакилдорон ба паҳлӯи Шайх Кубро омаданду бо забони узр авфи гуноҳи Маҷдудин пурсиданд. Хоразмшоҳи саргарон бо нӯки ангуштон чаккаҳояшро дошта, чашмонашро пӯшиду ҷавоби рад дод.

Илтиҷои Сайфуддину Нигина, чанд вузарою умарою шуаро низ беасар монду ҳама оҷиз ва фурӯмоя гаштанд.

Аз ҳама охир Турконхотун омад. Бе карру фар, бо дасту пои ларзон омад, то қатли шайхулисломро монеъ шавад. Гуфт, ки қабл аз юриши Бағдод куштани Шайхулислом маслиҳат несту фоли бад аст. Чун аз шоҳи хомӯш садое набаромад, пеши фарзанд ба зону афтиду гиряолуд илтиҷо кард:

— Эй чашму чароғи модар! Аз Худои болои сар тарседу шайхул- исломро зинҳор диҳед, ки бо дуои ин покмард бузургӣ ёфтед. Пири мулку милкро накушед, ки калиди бахту иқболи шумо дар забону замири вай аст. Ин шайхи муборакнафас мушкилкушои давлату савлати мост…

Хоразмшоҳ бо азобе чашмонашро кушоду хун дар раги қалбаш ба хурӯш омад ва дар умраш бори аввал ба модар итобу хитоб кард:

— Кифоят, модар! Нолаву зора накун дигар! Ин бадбахт ҷазои сахт намегирифт, агар «хушбӯй» гуфтани ту ба ёдам намерасид. Ин шӯрбахт лаҳзае пеш авф мешуд, агар ин ҷо намеомадӣ ва «муборакнафас» намегуфтӣ. Акнун ҳаройина вайро нобуд хоҳам кард! Агар тағофул кунам, зери маломат монам, ки чаро ту ин мардро аз кайфар раҳо кардӣ…

— Даст нигоҳ дор, эй фарзанд! Магар девона шудаӣ?!

— Доруға! Бизанед шайхро!! Чандон бизанед, ки қадаш аз қадаҳ паст шавад!!!

Ду миршаби таҳамтан шайхулисломро ба зону шинонда, бари куртааш дариданду ба чашмаш бастанд. Сипас ӯро ба ҷувол андохта, чандон бо чӯб заданд, ки устухонаш гард гашту халта пур аз хун ва гӯштреза…

То дами мурдан аз даруни ҷуволи сарбаста фақат як дуо садо медод:

— Дилат исфандвор сӯзад, шоҳо!


* * *

Хоразмшоҳ рӯзи дигар чоштгоҳ аз курду туркмону арабу тоҷику турк лашкари гарон ороста, ба фатҳи Бағдод раҳсипор шуд. Пиёдаву савора он қадар зиёд буд, ки чашм сиёҳӣ мезаду замин ба назар наменамуд. Аз наъраи садҳо пили масти ҷангӣ ва шиҳаи ҳазор андар ҳазор аспу хару хачир кӯҳу кӯтал меларзид. Санҷари сонӣ мисли Искандари замон дар хинги сиёҳ бовиқор нишаста, бо такаббур ва ғурури зиёд ба атроф менигарист. Худро шоду хуррам вонамуд мекард. Аммо дилаш мисли лахчаи нимсӯхта сарду сиёҳ буд. Зеро ин дафъа сафараш бе дуои пирону ҳидояти бузургворон шурӯъ гардид:

Шайхи дуогӯ андаруни ҷуволи даҳанбаста оғуштаи хуну хок ҷабран ба хоби абад рафта буд…

Пири муаммари Хоразм ҷамоли худро нишон надод ва ҳарфе ба забон наовард…

Модари дидагирён ва дилгарон ба гусел набаромад ва Узлоғшоҳи валиаҳдро иҷозати сафар надод…

Хоразмшоҳ, лоҷарам, худ даст ба дуо бардошт ва по ба рикоб гузошт…


* * *

Сайфуддин даъвати Сафии Бӯстиро бо баҳонаи «пойи лангам ранҷи сафар набардорад» рад карду аз сафари Бағдод худдорӣ намуд ва як шабонарӯз аз хона берун нашуд. Субҳи дигар бо гардани каҷ ба манзили Нигина омад. Якҷоя бо устод Комгору Шакархонум чой нӯшиданду рӯйдодҳои ду рӯзи охирро аз ғалбер гузаронда, марги шайхулисломро талафоти гарон ҳисобиданд, ба шоҳи майпараст нафрин хонданд, Турконхотунро мазаммат карданд.

Аз ҳама бештар Сайфуддин андӯҳгин буд. Гуфт, ки дар дили андалеби Исфара пурдард сухан фузун аст. Зеро бо ҳазор орзую умед ба Ғӯрганҷ омаду тутии шакаркалом шуд, коми шоҳаншоҳи олам бо шаҳди сухан ширин гардонд, лек ҳазор афсӯс, ки мамдӯҳаш хармагас будааст:

Умрам ба бод рафт дар ин хокдони ғам,

Лек орзуи ҳар ду ҷаҳонӣ наёфтам.

Бо хармагасе шакар хӯрдаму бода,

Як ҳамдаме ба зиндагонӣ наёфтам…

— Ин шеърро пинҳон дореду ба ҳеҷ кас нахонед, Аҳмад-ако! — гуфт бо оҳанги изтироб Нигина. — Агар шоҳ фаҳмад, кор чатоқ мешавад.

— Дил бебок дор, эй маъсума хоҳар. Гумон аст, ки бо хармагас бори дигар дучор оем.

— Чаро ин хел мегӯед?

— Бадгавҳар будааст Хоразмшоҳ! Ҳафтод бузургвори замон миёнҷӣ шуданду бо ҳафтод забон узр хостанд, напазируфту аз аспи такаббур нафуромад, ғайри худ касеро надид. Лаънати Худо бар подшоҳе бод, ки пайи озори садри ислом бошад! Садқаи эҳтиром шавад шоҳи модарбахато! Дигар тоқати дидори наҳсаш надорам, аз дарбор меравам.

Сӯхтам з-оташи ҷавонии хеш

Мӯҳр кардам дари амонии хеш.

Навбати навбаҳори умр чу рафт,

Рафтам аз кӯйи нотавонии хеш…

— Шумо нотавон нестед, ако!

— Не, хоҳар. Назди ин кабири замону сағири замин, ки боди рикоби кибраш беҳтарин шахсият аз ҳарами дин бибурд, оҷизу нотавонам. Ба ҷуволи пурхун нигариста, ба Шайхи бузург гуфтам, ки дар сина ҳама тухми ғамат коштаам ва маро аз дарди ту бедор бод чашм, то баъд аз ин ба хоб набинам хаёлу ваҳм… Минбаъд аз шоҳи ҳарзакори хуфтамаст чашми вафо надорам, аз боргоҳаш манзалати иззу ноз, мартабае дигар нахоҳам. Шоҳе, ки ба халифаи олами ислом хилоф меварзад, ҳеҷ гоҳ ғолиби масоф намешавад! Шоҳе, ки шайхи олии исломро бегуноҳ мекушад, дар оташи дӯзах месӯзад!! Шоҳе, ки модари худ шармсор мекунад, шармандаи ду олам мешавад!!!

Шоҳи хармагас, харкалла ва харҳанга оянда надорад. Дигар ҳаргиз маликулкаломи дарбори харподшоҳ нахоҳам шуд!

— Офарин ба шоире, ки гапи дар дил доштаи халқро бехато мехонад! — пурҳаяҷон нидо кард устод Комгор.

– Ҳазор лаънат ба подшоҳе, ки қадри аллома намедонад! — гиряолуда садо баровард Сайфуддин ва ба ёди аллома Маҷдуддин ба силки назм дурдона чид:

Дар бари хок хуфтаӣ, Садри замон, дареғи ту,

Хоки сиёҳ бар сари шоҳи замон, дареғи ту!

Ҷон дареғ бошад, ар бе ту бувад ҷаҳон, вале

Назди ман, эй ҳама ҷаҳон, чист ҷаҳон? Дареғи ту!

Қолаби ту дар ҷувол хуфтаву ман ба хок бар

Монда чунин-дареғи ман, хуфта чунон-дареғи ту…

Комгор ашки чашмашро пок карда гуфт:

— Акнун ман шеър мехонам, ҳама бодиққат шунавед:

Агар ҷавр дар подшоӣ кунӣ,

Пас аз подшоҳӣ гадоӣ кунӣ.

Маёзор омӣ ба як хардала,

Ки султон шубон асту омӣ гала.

Чу пархош бинанду бедод аз ӯ

Шубон нест, гург аст, фарёд аз ӯ!

Нахоҳӣ, ки нафрин кунанд аз пасат,

Накӯ бош, то бад нагӯяд касат…

— Ин шеъри хубро, интухин, худатон навиштед? — бо овози ҳазин пурсид Шакархонум.

— Не. Дина дар бозор бо як шоири мусофир вохӯрдам. Аз Шероз будааст, номаш Саъдӣ. Шеърдӯсту шоирпарвар будани Хоразмшоҳро шунида, азми дидори ӯ кардаасту аз ман маслиҳат пурсид. Вақте рӯйдоди дирӯзаро нақл кардам, дарҳол сухани худ пас гирифт ва дар коғазпорае ин шеърро навишта, ба дастам доду хоҳиш кард, то ба подшоҳ расонам…

Авзои Сайфуддин зуд тағйир ёфт:

— Саъдиро медонам, булбули хушнавои Шероз аст ӯ!

— Чаро ҳамроҳ наовардед? — беқарор шуд Нигина.

— Ба меҳмонӣ даъват кардам. Лекин узр хосту гуфт: «Дар шаҳре, ки шоҳаш аблаҳест, як соат истодан нишони аблаҳист!»

— Сухани Саъдӣ сухани мост! — аз ҷой хест Сайфуддин. — Хайр, ман рафтам.

— Ба куҷо? — аз се даҳон як пурсиш баромад.

— Ба ҷустуҷӯи Саъдӣ. Агар ёбам, ҳамроҳаш ба Хуҷанд меравам, то шоҳзода Ҷалолиддинро воқиф гардонам…

— Маро бо худ мебаред? — пурсид Нигина бо овози ларзон.

— Не. Роҳи пешгирифтаи ман таваккал ба Худост:

Нақши иқбол хаёлест, назар барбандам,

Ба қабули назари қудс камар барбандам.

Аз тару хушки ҷаҳон сурати девормисол

Дидаи мардумаки хиранигар барбандам.

Корвон рафту дар эшон нарасидам, боре

Чараси нолаи беҳуда ба хар барбандам…

Ҳаргиз нахоҳам, ки хоҳари маъсумаи ман бо хатар мувоҷеҳ шавад. Вақте шоҳзода Ҷалолиддин аз шармандагӣ воқиф шавад, ҳатман илоҷи беҳбуд меёбад. Дилпур бош, хоҳаракам, то замоне Ҷалолиддин ҳаст, ин ҷо туро аз ягон паша озоре ё офате намерасад. Вай муҳофизати туро дақиқ созмон додааст. Ғайр аз устод Комрону Шакархонум даҳ язаки сарсупурда муаззафанд, туро чун гавҳараки чашм нигоҳ доранд. Хайр, паноҳатон ба Худо. Ман рафтам:

Ҳавои ҷаҳонро сафое надидам,

Ҷаҳони вафоро ҳавое надидам.

Ғамободи айёмро озмудам,

Беҳ аз кунҷи узлат сарое надидам.

Ба хилватгаҳи шоҳи анҷум расидам

Саропардаи дилкушое надидам.

Басе бар бисоти бузургон нишастам

Тавонгартар аз худ гадое надидам…

Равзанаи шашум. Саҳнаи ғамангез ва масхараомези охирин мазҳакаи пурмоҷарои Ғурганҷ

Ғӯрганҷи офтобӣ нисбат ба дигар шаҳру навоҳӣ пештар аз хоби дай бедор шуду боғу роғ аз боди сабо сабз гашт. Аммо як кунҷи дили Нигина мисли холи байни абрӯяш сиёҳ буд. Зеро шодию тараб аз пайи Мирмалик ҳамроҳи Сайфуддин рафту ба ҷояш ғаму андӯҳ омад. Шодгунаи ношод рӯз то рӯз маъюс мегашт. Дам ба дам аз сари мижа сиришк меафшонду аз ҳавову ҳавас чашм баста, намедонист дарди дилашро ба кӣ гӯяд? Ба Шакархонуми ҳампаҳлӯяш на ҳама асрори ниҳонро ошкор гуфта метавонист. Хавф аз он дошт, ки агар ин хонуми бухороӣ ба Мирмалик дилкашол будани ӯро донад, дарҳол ба Малика Дилором хабар медиҳаду шояд мушкилоти дандоншикане ба вуҷуд ояд ва риштаи муҳаббати аз тори анкабут бориктаршуда тамоман канда шавад. Рафту, Худо накарда, аз ин савдои нопухта Турконхотун воқиф гардад, замину осмонро чаппа мегардонад…

Тағйири ҳолати Нигина аз назари Шакархонум пинҳон намонд ва рӯзе лаб ба насиҳат кушод:

— Дар ҳайратам, ки чаро ба ҷойи шӯхию рақсу бозӣ, интухин, ба ғаму андӯҳ печидаӣ? Охир, ҳама чиз дорӣ, аз бойдухтарон бартарӣ, боз чӣ мехоҳӣ?

Нигина чашмони шаҳлояшро мисли хуморолудаҳо нимбоз намуда, оҳе синареш кашид:

— Падару модар, ёру дӯстон, зодгоҳам Ворухро сахт пазмон шудиям! На рафта метавонаму на нома фиристодан… Дар паҳнои дур безор аз ҷон танҳои танҳо мондиям… Мехоҳам, ки пинҳон аз дигарон нола кунам, лекин ба дилам зӯрам намерасад. Меларзаду мегӯяд:

Дар ин дунё касе беғам набошад,

Агар бошад, банӣ одам набошад!

— Ман ҳам дида истодаам, ки аз дилтангӣ ҷаҳон ба назарат мисли даҳанат танг менамояд. Ту, ки аҳли мотами Шайхулислом нестӣ, интухин, чаро дар мотам нишаста, зиқу дилреш мешавӣ? Сафо талабу ба доди Худо шукр кун, ки бад бадтар нашавад! Рафтем ба пеши духтарҳо, то дар остонаи навбаҳор ғунчаи дилат, интухин, во шавад!

— Дуруст мегӯед, ойтӣ, зимистон рафтан дораду айёми гулшукуфт наздик меояд. Лекин… аз китобҳо хондаам, ки ганҷу мор, гулу хор ва ғаму шодӣ бо ҳаманд… Бовар кунед, пасу пеши хотирамро пардаи торик печондааст, ба тараб заррае ҳавас надорам…

— Исто ва дигар ягон калима нагӯ! Интухин, сабаби дилтангии туро фаҳмидам! Фақат росташро гӯй: дилсӯхтаи кадом ҷавонӣ? Интухин, дилписанди коми ту Сайфуддин аст ё каси дигар??

— Чаро ин хел мегӯед, ойтӣ?

— Баъди рафтани Дамир Малику Шоҳмурод, интухин, муддате карахт шудӣ. Лекин Сайфуддин рафтан ҳамон тамоман парешонҳол гаштӣ. Бо чашми худ, интухин, чанд бор дидам, ки дар кунҷи хилват ашки пинҳон рехта, ба ҷойи таом ғусса мехӯрдӣ. Ба худ гуфтам, ки Маҷнун рафту, интухин, Лайлӣ бо ғаму ғусса танҳо монд…

— Ин хел нагӯед, ойтӣ. Баъде ки Шоҳзода Ҷалолиддин маро дар Исфара кабутари ҳарам номид, Сайфуддин дарҳол маро хоҳар хонд. Ман ҳам сидқан гуфтам, ки барои Аҳмад-ако бартар аз хоҳар шавам…

— Бе ягон шубҳа ба гапҳоят бовар мекунам, Нигинабону. Лекин, интухин, мардуми Бухоро мегӯянд, ки сухан аз сухан берун ояд. Ҷавонмарди доною зебою латифу зариф будани Сайфуддинро, ки медонам, интухин, ҳоли зори кабки хушхиромро дида, ба хулосае омадам, ки баъди рафтани шоири маҳбуб дили гарму доғи маҳбуба яхпора шудааст…

— Аз саратон гардам, ойтиҷон, дигар асло ин хел нагӯед. Шеър-ҳои нағзи Сайфуддин барои ман аз чеҳраи гарми вай дилҷӯйтар аст. Аммо нолаҳои зори дилам сингори шӯру афғони ҳамон паррандаи хушхиром аст, ки ишора кардед. Хуб медонам, ки булбули боғи шоҳаншоҳам ва қафас маъвои ман нест, ҳарчанд заррин аст. Лекин чӣ илоҷ: подшоҳ маро қафасбанд карда, ба ихтиёри модараш супурда, худ ба мулки Бағдод рафтаасту ҳеҷ не ки биёяд…

Чаро булбул намечархад дар ин боғ?

Ба шаҳри Ғӯрганҷ ҳоким шуда зоғ!

— Ана акнун фаҳмидам, ки Нигинабону чаро аз мағзи ҷон зориву интухин, аз замир нола мекунад?! Ана акнун донистам, ки тани Нигинабону абгору лоғар аз чӣ дард аст?! Оббо… Ҳарчанд медонам, ки кори булбули бечора фақат доду фарёд аст, интухин, боисрор мегӯям: зиқи ҳол бас! Азбаски бо зиқуннафас коми гетӣ натавон гирифт, мегӯм: зиҳӣ саодат! То ба кай, эй гулбону, ғуссаи шоҳона мехӯрӣ? Дил шод дор ва, интухин, чун пештара дар роҳи базм гом бардор! Рӯзгоре, ки аз барги тут атлас мекунад, агар умр ба шодмонӣ гузаронӣ, интухин, занги дилатро зумуррад мегардонад! Рош, ба пеши духтарҳо!

Нигина дигар лом накафонду аз қафои Шакархонум раҳсипор шуд…


* * *


Духтарони ромишгару раққоса, ки саргарми машқ буданд, ду бонуи ҳунармандро бо хушҳолӣ истиқбол гирифта, чусту чолок ба давраи худ кашиданду рақси дастбандро бетанаффус идома бахшиданд. Нигина дар ҳалқаи духтарон саҳнаро ҳамагӣ як давр гашту ба худ омада, чун моҳӣ бар об фурӯ шуд ва дар ними нафас ба моҳ баромад. Нағмаи хунёгарон низ аз рақси дилошӯб ҷони тоза дарёфт ва суруди шогирдони устод Комгор ба авҷи олӣ расид.

— Расо дар вақташ омадед! — гуфт устод ҳини сӯҳбати секасӣ. —Навакак хабар расид, ки фардошаб дар ҳавлии бегларбегӣ49 базми осмонкаф мешудаасту мо бояд зӯр тайёрӣ бинем.

— Базму гап! — беғаш хандид Нигина. — Ҳар маъракаро шукӯҳ бахшидан шуғли доимии шумост…

— Гапат дуруст, лекин… раққоса бисёру базморо надорем… Туро дида, банди дилам кушода шуд…

— Дилпур бошед, устод:

Инак, ману рақси пурфасона,

То ғам равад аз дилам карона!

— Базм оростан нағз! — гуфт Шакархонум бо табъи хуш. — Лекин базми осмонкаф ба кадом муносибат бошад?

— Бегларбегӣ духтарашро ба шавҳар медодааст. Аз номи Турконхотун гуфтанд, ки базми арӯсӣ нестандарҷаҳон шавад.

– Ҳамааш фаҳмо-о-о! — ҳарфи охиринро мад кашид Шакархонум. — Вақте шер ба шикор равад, интухин, дар бешаи хилват гургу шағол арӯсӣ мекунанд.

Нигина маънои таҳтонии ишораи Шакархонумро дарҳол сарфаҳм рафт. Аз нақли Сайфуддин қиссаи аз вазирӣ азл шудани дастпарвардаи Турконхотунро медонисту иловатан фаҳмида буд, ки баъди барканоршавӣ ӯро Хотуни бузург ба шукӯҳу шавкати том истиқбол гирифта, «акнун Муҳаммад ибни Солеҳ вазири дасти рости ман» гуфта, дастгоҳи олӣ дода, бегларбегӣ номида, мақомашро дуболо сохтааст.

— Баъди тӯй даҳчанд қудратманду тавоно мешавад ин бегларбегӣ! — хулоса баровард устод. — Чунки набераи маҳбуби Турконхотун домодшавандаи ӯст ва мо вазифадор шудаем, то базми арӯсиро аз танӯри офтоб бештар тасфонем.

— Гуфтам-ку, Шумо метавонед, устод! — ин карат оҳанги гуфтори Нигина тарзи дигар садо дод. — Фақат бе ман…

— Чаро?! Оъ…

— Ором шавед, дӯстам! — аз остини Комгор кашид Шакархонум. — Қиссаи шоҳу вазирро худатон нағз медонеду чаро, интухин, ҳайрон мешавед? Агар Хоразмшоҳ фаҳмад, ки надимаи хосагиаш…

— Шуд, гап адо! Ту баҳори олами дигар, булбули гулбоғи подшоҳӣ. Чаманистони вазир парвозгоҳи ту нест! Агар аз зиёфати вай насибае дошта бошӣ, ба сабили меҳмон меравӣ, на раққосаи шодгуна…


* * *


Ин пешгӯйӣ дуруст баромад ва Гулҷамоли наварӯс, ки ҳаводор ва иштиёқманди рақси Нигина буд, бехост ба ошёнаи кабутари ҳарам омаду бо лутфу меҳрубонӣ ба меҳмонӣ хонд ва гуфт:

— Ним сол боз орзуманди онам, ки шаби арӯсӣ ҳампаҳлӯям бошӣ.

— Чаро?

— Дар шаби висол ахтари бахт дар кафи шоҳи ман асту мехоҳам ахтари баҳт50 ҳамшафати ман бошад, то ситораи мо баҳӣ51 шавад!

Аз каломи шоиронаи Гулҷамоли порсигӯ Нигина ба ваҷд омаду бадоҳатан байти дилхоҳ гуфт:

Туро ҳама умр шодмонӣ бувадо,

Бахтат кавкаби осмонӣ шавадо!

Аз ваҷоҳати Гулҷамол маълум буд, ки китфокитф нишастан бо Нигинаи шакарпосух ӯро бениҳоят маъқул аст. Аз интихоби худ гул-гул шукуфта, бо ифтихор атрофиёнро менигаристу аз мурғ то ба моҳӣ беҳтарин нуқлу наворо пештари меҳмони гиромӣ гузошта, ӯро ба хӯрдану нӯшидан муроот мекард.

Нигина, ки бори аввал дар базми арӯсӣ ҳамчун зиёфатхӯр ширкат меварзид, аз илтифоти зиёд ба хиҷолат ғӯтида, зери чашм гирумони дигар бонувонро менигарист, то мизони меҳмонӣ нигоҳ дорад. Либосу ороишоти вай аз занони акобиру аъён камӣ надошт. Пироҳанаш аз атласи вашӣ беназир буду фақат Турконхотун мисли ӯ ангуштари подшоҳӣ дошт. Дар ҳусну тароват, ки ягонаи маҳфил буд, мехост ҳусни сулук — хушрафторӣ ба дараҷаи олӣ нигоҳ дошта, ҳамранги ҷамоат бошад. Вале дафъатан пай бурд, ки иҷрои ин амал муҳол асту расму одати занони хоразмӣ аз бонувони суғдӣ куллан фарқ дорад. Хубони Самарқанду Хуҷанду Исфара баробари мардон дар базму зиёфатҳо ширкат варзида, асбобҳои мусиқӣ менавозанду мерақсанду месароянд, аммо аз нӯшидани шароб парҳез доранду кам мехӯранд ва ҳарфи зиёдатӣ намегӯянд. Занҳои Ғӯрганҷ бошанд, баробари мардон беибо май менӯшанду аз хӯришҳои гуногун даҳонро пур карда, бо овози баланд гап мезананду қоҳ-қоҳ хандида, аз лаҳни мутрибу ҷилваи раққоса лаззат мебардоранд, вале худ аз ромишгарӣ ҳазар мекунанд. Яъне, тавофути хотунҳои ду хитта аз замин то осмон буду Нигина хоҳ-нохоҳ миёнҷӣ гардид ва ҳангоме ки муғаннии хушовоз бо оҳанги шӯхи хоразмӣ ба оғози айшу шодмонӣ ишорат кард, бе дудилагӣ бода аз дасти соқии гулбӯ гирифт ва гуфт:

— Хоҳем-нахоҳем, умри мо гоҳ ширину гоҳе талх мегузарад. Ин талхи ширингувор менӯшем, то гулшукуфти умри ҷавонӣ ширину гуворо шавад!

Аз шароби лоларанг Нигинаро орази симин арғувонӣ гашту сӯҳбати гулдухтарон тасфид. Дар авҷи сухангустарӣ ҷавони лоғарандоме, ки рӯйи зарду нозебо ва чун пӯсти турунҷи обхаста пурчин дошт, чун пилбачаи маст чаппаю роста қадам зада, ба симотайни шоҳу моҳ52 наздик омад. Бо чашмони тангу хуморӣ ба арӯс ва дугонаҳояш лаҳзае нигаристу ба Нигина калимае чанд нимғурма ҳавола кард ва мастона калавида, тарафи симоти шоҳи базм — фарши меҳмонӣ ва зиёфати домод, ки аз ҳазору як неъмати олам зебу зиннат дошт, тоб хӯрд. Даст ба ҳам совидаю ҷавони ҳампаҳлӯи домодро беҷо карда, аз ҳама боло нишаст ва бетакаллуф ба нону ҳалво даст заду паёпай қадаҳи шарбату шароб бардошт.

— Ин бодичаи бодапараст кӣ бошад? — пурсид Нигина худро нороҳат ҳис карда.

— Узлоғшоҳ, валиаҳди шоҳаншоҳи олам!

Нигина чу донист, ки ҷавони беадаб кист, хомӯш гашту сар ба зер афканд. Ёдаш омад қиссаҳои аз Сайфуддин шунидааш, итобу хитоби Турконхотун, ба ҷойи Ҷалолиддини болобаланду хубрӯй ва хирадманд ҷабран валиаҳд шудани Узлоғшоҳи кӯтоҳқаду ҳақир ва камфаросат…

Шоҳзода қабои сафеди шоҳӣ дар тан дошт ва аранге ба назари Нигина чунин намуд, ки даруни ҷома кирмаки пиллае ҷунбуҷӯл дораду мисли ағлаб беадабон миёни ҳазор кас худро танҳо ҳисобида, ҳар чӣ хоҳад — мекунад, ҳар чӣ хоҳад-мехӯрад ва ҳар чӣ хоҳад — мегӯяд. Парвои он надорад, ки мардумон айб меҷӯянд ва маломаташ мекунанд. Аз барои айши лаҳзавӣ, ки акси муддаои умум аст, обрӯи султонӣ мерезад…

Аз гирудори бесомони валиаҳди густох Нигинаи нозуктабъ бетоқат гашт. Дар пешонии арӯс низ асари парешонӣ муойина кард ва хост ӯро аз вазъияти ноҳинҷор берун орад:

— Ба назарам, шоҳзода аз арӯсии ту хурсанд аст, ки ошӯби айш дорад…

— Вай ҳама вақт ҳамин хел шӯрапӯштӣ мекунад. Ту зиқ нашав, ҳозир вайро ба нармӣ водор мекунанд, ки аз нияти нопок дасту дил шӯяд…

Сухани Гулҷамол тамом нашуда, чор раққосаи шӯру шанг назди Узлоғшоҳ омаданду бо нозу ишваи чашму абрӯ ақлаш рабуда, ба мобайн кашиданд ва рақсону ғазалхон бадар рафтанд. Валиаҳд аз шодӣ ҳуштак кашидаю пурхурӯш садо бароварда, то метавонист мешахилид ва меғиревид. Чанд ҳангоматалаби туфайлӣ ба онҳо пайвастанду тӯйхона аз одамони бегона пок гардид ва базми осмонкаф тароват ва шаҳомати тоза ёфт. Гулҷамол нигоҳи пурмеҳр аз рӯйи домоди хушбахт наканда, ошиқона нидо кард:

— Кайфияти як ҷуръаи паймонаи васл ба ними олам надиҳам!

Нигина аз посухи шоирона лаззати том бардошта, ба канизаки шароб фармуд, то аз нӯшинбода пиёла гулгун намояд.

— Эй Гулҷамол! Андак шаробе бо ту хӯрдам, нӯша гашт. Ту шод бошу сухани шодгуна шунав:

Анӯша касе, к-ӯ бувад шодхор,

Ту нӯша бизӣ то бувад рӯзгор!

— Нӯша аз анӯша чӣ фарқ дорад?

– Ҳар ду калима ифодагари хушбахтию хуррамӣ. Аз Борбад ба мо мерос мондагӣ. Сӣ лаҳни нишотбахши нахустин ҳунёгари олам саршор аз хушҳолию саодати инсонҳост. Беҳтарин лаҳни сигона «Нӯшинбода» — ситоишгари нӯша ва анӯша!

— Ин оҳангро мусиқорҳои мо навохта метавонанд?

– Ҷое ки устод Комгор бошад, ҳама лаҳни Борбад ба хурӯш меояд! Лекин… афсӯс ки то кунун лаҳни ин мутриб нашунидаем ва ман намедонам, ки базми осмонкаф ба ту маъқул аст ё не?

– Ҳамааш хуб, аммо олӣ не… Ҷамолу ҷилваи раққосаҳо ҳам хуб аст, бо оҳанги мусиқӣ даст афшондаю пой кӯфта, бадан меҷунбонанд, лекин дар дил оташ надоранд, фақат барои мастон мерақсанд. Ҷойи ту холист, хоҳар…

Аз он ки арӯси волонасаб ӯро хоҳар хонд, сари Нигина ба осмон расид.

— Оҳ, чӣ қадар мехоҳаму мехоҳам, ки барои Гулҷамол рақси зебое ҳадя кунам!

Нигина мунтазир дар суфраи хос,

Дили ӯ аз тапиш чун кабки раққос.

— Агар чунин ният дорӣ, чаро ҷиму им нишастаӣ?

— Ноилоҷам, хоҳар. Худат ки печутоби подшоҳу падаратро медонӣ, хапам…

— «Ноилоҷ» нагӯ!

— Чаро?

— Аввалаш ин ки дар олам ғайр аз марг дигар ҳама кор илоҷ дорад. Дуюмаш ин ки оё ту мехоҳӣ мо — навбуюгҳо ноил бошем.

— Албатта! Минбаъд ту аз ҳарфи ман ҳамеша меҳру вафо хоҳӣ шунид. Аз мағзи ҷигар орзу мекунам, ки ноил шавед, яъне ба муроду мақсади худ расед!

— Ин хел ки бошад, аз «ноилоҷ» ду ҳарфи охир бигир, хоҳар. Агар ту ба ман некӣ хоҳӣ ва рақси зебо тӯҳфа намоӣ, ман ба ту саробӯстони зебо ҳадя мекунам!

Хоҳархондҳо дасти байъат фишурданду пешхизмат пеши устод Комгор рафт, то маслиҳатро пазонад. Дар ҳамин асно ба тӯйхона чор меҳмони иззатманд ворид шуданд, ки яке падари арӯс Муҳаммад ибни Солеҳи вазир буду дар паҳлӯяш… шоир Сайфуддин!

Андалеби Исфара дарҳол чаҳ-чаҳ оғоз кард:

— Дар ин рӯзи муборак, вақте субҳи содиқ ридои осмонро чок заду қутби кабудҳирқаро аз нафаси сапедадам нурафшон кард, хабари базму нишоти Низомулмулк Носириддин Муҳаммад ибни Солеҳро шунидем. Чун бар сари парчами уфуқ оташи меҳр алам зад, ҳамроҳи бародари гиромиям Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ ба Ғӯрганҷ шитофтем, то мисли мурғони хушхон ба лаҳни салои ат-тараб даромезем. Инак, бар сари сурфаи сафо дар ошёни дуо расидаем ва қабл аз он ки ба сабуҳу орифон дар маҳрами қудсиён пайванд шавем, аз сари сидқ каломи шоирона барфишондан маро орзуст:

Осифи мулк ҷамнигин, Носири дин, низоми мулк,

Он, ки забони килки ӯ ҳаст чу теғи комрон.

Дасти вазорат аз хаташ мурсалабанди кибриё,

Хатти ишорат аз кафаш чеҳракушои қудсиён.

Гирди фазои ҳайбаташ шери фано равад нагун,

Сӯи фанои ҳизраташ мурғи раҷо пурӯситон.

Ҳоло, ки ба тариқи дӯстӣ бо нону намаки бегларбегӣ тавъамон мешавем, орзумандем, машъалаи ҳаёти ошиқони навбуюг дар чорсӯи дилҳо шӯълавар гардад ва дар шашдари орзу андармон намонад, киштии умри навсафарон бегазанд ба соҳили мурод расад ва онон роҳи вафо асло гум накунанд. Аз шоҳпари мурғи ҳумо бар сари Гулҷамолу Рустам суниши лаъл резад ва замири ошиқон ойинадори рози ширин бошад.

Азми дуруст кардаам, то дар остони баланди Низомулмулки арҷманд, ки гавҳари ӯ низоми мулкро шараф медиҳаду давлати ӯ давоми умрро замона мекунад, аз килки рӯҳнигори хеш ба кадхудои гиромӣ номияи пурэҳтиром эҳдо намоям:

Эй зи кафи ҷовиди ту ҳамчу ҷанибати шаҳон

Гардани саркашон шуда бастаи тавқи имтинон!

Карда насими хулқи ту лавҳаи рӯҳро атир,

Дода қабули садри ту пайкари назмро равон.

Пушти зайифи беғамӣ буда ба рӯи ту қавӣ,

Давлати пири мардумӣ гашта ба аҳду ту ҷавон!

Нӯҳварақи сипеҳрро мулк ба пушти дафтарат

Ҷоизаи шараф диҳад чун қалами ту ҳар замон.

Чун назари хирад ҳама роҳбару дақиқбин,

Чун гуҳари маҳак ҳама қалбшиносу хурдадон.

Кавкабаи ҷалоли ту бод чунон, ки аз шараф

Афсари лаъл гул ниҳад бар сари шохи ҳар хазон…

Навбати табрик ба андалеби Шероз расид:

— Сухан баланд кунам, то фариштаҳои осмон бар дуои Сайфуддин «Омин!» гӯянд ва хотами иқбол дар ямини навбуюгҳо андозанд. Мебинам, ки Маликаи ҷаҳон, Худованди бонувони олам бо фароғати том овози руд ва бонги суруд гӯш карда, аз фурӯғи бахти набераи дилбанди хеш меболад. Ҳарчанд тариқи аҳли назар хомӯшию ҳайронист, дар ниҳояти таҳсин ба ягонаи даҳр аз лабони ширин назме чу ангубин ҳадя мекунам:

Эй беш аз он ки дар қалам ояд санои ту,

Воҷиб бар аҳли машриқу мағриб дуои ту.

Дарвешу подшоҳ, надонам, дар ин замон

Илло ба зери сояи ҳамчун ҳумои ту.

Нушинравону Ҳотами Тои, ки будаанд,

Ҳаргиз набудаанд ба адлу сахои ту.

Ислом дар амону замони саломат аст

Аз юмни ҳиммату қадами порсои ту.

Гар осмон бидонад қадри ту бар замин,

Дар чашми офтоб кашад хоки пои ту.

Бадбахт нест дар ҳама олам ба иттифоқ

Илло касе, ки рӯй битобад зи ройи ту!

Эй дар бақои умри ту хайри ҷаҳониён

Боқӣ мабод, ҳар кӣ нахоҳад бақои ту.

Он чист дар ҷаҳон, ки надорӣ ту он мурод?

То Саъдӣ аз Худой бихоҳад барои ту.

Ё раб, ризои ӯ ту баровар ба фазли хеш,

К-ӯ рӯзу шаб наметалабад ҷуз ризои ту!

Ташрифи ногаҳонӣ, каломи меҳрубонӣ ва мадҳу ситоиши осмонӣ аз ҷониби ду суханвари асрори маонӣ дар самои маҳфил ғул-ғул афканд. Турконхотуну вазири дасти росташ ва домоду арӯси хуштолеъ таъзиму такрим ба ҳадди олӣ расонда, шоиронро бо хилъату ҳадяҳои гаронбаҳо сарфароз гардонданд.

Баъди анҷоми пазириш устод Комгор меҳмонҳои гиромиро хайра мақдам гуфта, бо нидои шодиёна маълум намуд, ки дар идомаи базми тараб хоса барои наварӯси навшода ба расми армуғон аз сӣ лаҳни Борбад таронаи бахтовар бо рақси «Нӯшинбода» эҳдо мешавад.

Мутрибони хушнаво зуд парда мутобиқ сохтанду таронасарои хушлаҳҷа бо лаҳни дилнишини Борбад савти суруд оғозид. Таронаи пуршукӯҳи паҳлавӣ шӯри оташ дар дили кабки хушхиром афканда, ӯро ба хурӯши ҳуҷаста башорат дод. Нигина бо лабханди зебо ва ғамзаи дилрабо ба по хесту мавзун ба ҷилва омад. Лаҳни хуш бо ғамзаи хуш якҷо хуш андар хуш шуда, ҳамаро ба по хезонд ва ҳангомаи кеҳу меҳ ба фалак расонд.

Шӯру шағаби пурнишот устод Комгорро ба илҳом овард ва чанг бигзошту утруба — сози шодӣ ба даст гирифта, ончунон хушзахма навохт, ки аз нағмаи андӯҳшикани ӯ бути атласқабо ба ваҷд омада, шикан андар шикан пойкӯбон ва ларзон ончунон чарх зад, ки бегларбегиро кӯлоҳи заррин аз фарқи сар уфтод. Аз ҳайрат даст ба гиребон бурда, фармуд он кулоҳи вазирӣ аз марвориди обдор пур карда, ба кабки хушғамза бахшиданд.

Нигина аз тӯҳфаи шоҳона шоддил гашта, чун моҳи нав чеҳра барафрӯхт ва қомат барафрохт, даҳ ангушти ҳинорангро банд — банд ҷунбондаю қарсонда, он қадар чолок рақсид, ки домоди хушкомро пероҳани сабр чок гардид ва бедареғ зери пойи раққоса гавҳар пошид…

Кабки дарӣ бо нозу адои дилбарӣ болу пар афшонда, рақси гармро бо завқу иродат идома бахшиду лаҳзае гирди шамъи маҳфил парвона гашт. Сипас рӯ ба рӯяш дузону нишаста, бо таъзими пуртабассум адои таҳният карду дар ҳавои доира ба давр гаштан шурӯъ намуд ва лаҳза ба лаҳза суръат афзуда, расо сад карат чарх зад. Фарши мулойим аз чархи зону лаззати гуворо гирифту сари арӯс давр гашт ва гармогарм калиди саробӯстон ба дасти раққосаи ҳунарманд супурд…


* * *


Нигина ҳарчанд кӯшид, бо Саъдию Сайфуддин ки дар ҳалқаи сипаҳбудҳои турку қипчоқ сармаст менишастанд, ҳамсӯҳбат шудан натавонист. Сӯҳбат ба рӯзи дигар вогузошта, дилкашол аз зиёфат баргашту гавҳаре чанд ба устод Комгор ва шогирдонаш бахшида, Шакархонумро низ мамнун гардонда, субҳдамодам ба хона расид ва рӯзи дигар осудаву беғам дам гирифт. Бегоҳӣ аз тӯйхона дар табақи калон барракабоби танӯрӣ насиба фиристоданд, аммо аз шоирон Саъдию Сайф паёме наомад…

Нигина тани танҳо монда, муддате интизорӣ кашиду акнун ба рахти фароғат по дароз кардан мехост, ки касе дарро беҷуръатона кӯфт. Гумон кард, ки Сайфуддин омадааст, бо ноз гуфт:

– Ҳало! Ҳалқа ҷунбонда, пушти дар наистода, дарун дароед…

Аз дари нимкушода суроби марди ношиносеро дида, бо изтироб аз ҷой ҷаст:

— Дарро пӯш, эй номаҳрам! Ту кистӣ?!

— Маро нашинохтӣ?

— Шинохтан ҳам намехоҳам! Аз манзили кабутари ҳарам зуд дафъ шав, то нобуд нашавӣ!

— Дӯғ назан, духтар. Ман Узлоғшоҳ!

— Валиаҳди подшоҳ?!

— Худди худаш. Омадам, ки аз ҳолат хабар гирам. Ҳезуму нону намак ҳаст? Гӯшту равған дорӣ?

– Ҳамааш ҳаст. Басандаю барзиёдӣ. Боз чӣ пурсиш дорӣ?

— Пурсиш не, хоҳиш дорам.

— Бигӯ.

— Агар шоистаи лутфи ту шавам, лаҳзаяке меҳмон шудан мехоҳам. Иҷозат деҳ дарун дароям, ки меҳмон атои Худост!

– Ғалат гуфтӣ. Меҳмони нохонда балои Худост! Саройи мо гарчӣ муборак ҷоест, аммо ҳамеша дарбаста аст! Ҳозир раву пагоҳ, дар рӯзи рӯшан биё.

— Агар рафтанӣ мебудам, асло намеомадам! — овози Узлоғшоҳ як парда баланд шуду дарро калон кушода, чун дар зиёфати дирӯза, мисли пилбачаи маст бетакаллуф дарун даромад ва гӯшвори қиматбаҳои қадима ба кафи Нигинаи даҳонво ниҳод. — Аз аттори Рум махсус барои ту харидам!

Нигина назарногирона ба гӯшвори тилло ва ғазаболуд ба шоҳзодаи ошолуд нигаристу аввал хост, онро ба соҳибаш баргардонда, бо як зарбаи қатъӣ шасти валиаҳдро бишканад. Вале ҳоли зор ва чашми низори вайро дида, раҳмаш омаду мулойимтоб гуфт:

– Ҳадя овардан суннати пайғамбарист, ба шарте беғараз бошад. Бо ин тӯҳфа ту чӣ мехоҳӣ?

— Фиғони дили ман ба фалак расида истодаасту наход намешунавӣ? Аз ишқи ту, эй офтоби ҳусн, сарам ба дард омадаасту магар намебинӣ, ки оташи муҳаббати ту маро мисли мум мегудозад…

— Ин хел бошад, даррав бархезу аз ман дур шав!

— Чаро??

— Магар намедонӣ, ки аз шӯълаи офтоб дарди сар зиёд мешаваду муми гудохта ба хок яксон мегардад…

— Ман аз доираи аҳли хирад берунам, хату саводам пурра нест, ба гапҳои китобӣ сарфаҳм намерам. Одиякак мегӯям, ки аз ишқи ту ҷигарам чок-чок аст!

— Наход? Дур шав, ки дар сарат мастии ишқ нест. Ту сармаст аз шаробӣ…

— Ба гапам бовар кун, эй нозанин. Агар гӯям, ки дилу дини худро пурра ба ту бой додаам, хато намешавад. Бо як нигоҳ диламро бурдию хобу хӯр ҳаромам кардӣ!

— Яъне ки ҳолӣ ҳеҷ чиз намехӯрӣ? Пас чаро бафурҷа нишастаӣ? Хезу бирав, ки вақти хоб шуд. Пагоҳ барвақт биё, якҷоя субҳона мехӯрем.

— Ман садқаи сухан ба танз гуфтанот, эй духтар! Ту маликаи мулки ҳусну ҷамолӣ, ман гадои даргоҳи ишқи туям. Ҳар чӣ мехоҳӣ, бигӯ. Фақат… бо ҳар шева маро аз даргоҳат нарон! Дарвоқеъ, малика гуфтаму як чиз ба ёдам расид, — Узлоғшоҳ саросема ҷайбашро кофта, ангуштарини рахшон берун овард. — Ин чаларо онакалонам ба ту ҳадя фиристод.

— Кадом модаркалонат? Махдумаи ҷаҳон улёҳазрат Турконхотун?! Вай аз омадани ту ба манзили ман огоҳ аст?!

— Албатта! Ман бе иҷозати онакалонам ҳеҷ кор намекунам! Пеш аз офтобшинам вай манро ба хилватхона ҷеғ зада, ба роз гуфт, ки бираву кори Нигина бисоз…

Аз ин амри аҷибу ғариб вуҷуди Нигина ларзид, дилашро талвоса фаро гирифт ва ҳамзамон сахт дар шигифт монд. Бе тааммуқ дарк намуд, ки аҷузкампири озурда пойгоҳро хилват ёфта, дар Ғӯрганҷ набудани подшоҳу шоҳзодаи бузург — ҳомиёни кабутари ҳарамро дидаю дониста, алайҳи Нигинаи поктану покчодар, аммо мустаманду танҳо маккорона ба ҳуҷум гузаштааст. Яъне набарди нобарори пухта-хомӣ дар пеш асту агар ҳушёрию пухтакорӣ накунад, оқилонаю фиребо сухан нагӯяд ва устувор наистад, ин рақиби хомтамаъ, ки ба ҳар сияҳкорӣ омода аст, як мижгон ба ҳам наоварда, ба нангу номусаш таҷовуз мекунад ва обрӯяш аз нақши по пасттар мегардонад.

Нигинаро дар ибтидо раъй бар он афтод, ки худро девона созад. Гиребони ҷома дарронда, ба саҳни ҳавлӣ барояду доду фарёд занад, ёриву мадад хоҳад. Лекин зуд аз ин хаёли хом даст кашид. Зеро бе ягон монеа то дари кабутархонаи подшоҳ омадани шоҳзодаи валиаҳд аз он далолат медод, ки бо амри Турконхотун банди садди роҳ бартараф гардида, ҳеҷ кас ҷонибдори раққосаи ғариб нест. Бо дили гирён заҳролуд табассум кард, ангуштар дар кафи даст бозӣ доронда, айёрона лаб ба гуфтор кушод:

— Ангуштари сеҳрнок додааст очакалонат. Вай боз чиҳо гуфт?

— Онаам гуфт, ки Нигина омаду дар Ғӯрганҷ бозори гуҳар шикаст, нархи шакар арзони хоки сиёҳ шуд, лекин нархи наво дар бозори ишқ даҳчанд гарон гашт. Ҳазорон пиру барно орзуманди васли ин париваш шуданд, лекин аз беилоҷӣ дардманду ранҷур гаштанд. Қариб сад ошиқ аз ранҷурӣ мурд, чунки пулу мол надошт. Зеро ошиқе, ки зари сурх надорад, гапаш мисли миси сиёҳ норавон аст… Ман ки зари сурху зевари тилло беҳисоб дорам, аз ин гап хурсанд шудам!

— Бармаҳал хурсанд шудӣ. Ман мегӯям, ки агар ишқ нест, зар коҳро монад ва ба кор наояд. Ту, ки дар дил ишқ надорӣ ва чӣ будани муҳаббатро намедонӣ, ғам хӯр! Дар бозори ишқ ғам ҳамеша ройгон аст.

— Агар лаззати ишқро намедонистам, ба кулбаи ту намеомадам! Онаам гуфт, ки агар дари ҷононаи худро зиёрат накарда бошӣ, сад бор ба Макка равӣ ҳам, ҳаҷҷат қабул намешавад.

— Гапи онаат дуруст. Лекин ман ҷононаи ту не!

– Ғурури ҳусн ба ту мезебад. Онаам маро таъкид кардааст, ки сарв пеши қади Нигина ба лаби ҷӯ об хӯрад, лекин вайро ҳунар як ҷаву ғурур аз зару зевар як хирман шудагӣ…

— Офарин ба очаи ҳамадонат! Тарки ман гӯ, эй писари нағзи шоҳкампир.

— Ба вай тамасхур накун, ки ҳаводори туст. Ҳусну ҷамолу ақлу фаросати туро ба осмон бардошта, онаҷонам гуфт, ки дар ҳавою ҳаваси ин гулҳазор булбул савдозада шудаасту ҳар касе Нигина зани ӯ бошад, ба чаҳор иқлим подшоҳ гардад!

— Оҳ-ҳо! Ин гапро бори аввал мешунавам. Агар очаат бо чунин ният туро ба манзили ман роҳӣ карда бошад, масъала ранги дигар мегирад.

– Ҳа-дия! Онаҷонам гуфт, ки бо дасти гиро чанг бар домани Нигина зан, то зеббахши дигар мард набошад…

— Яъне ғарази ту аз даркӯбӣ чанг андохтан аст? Аз чунин чанг маро нанг меояд. Ваҳ, чӣ қади пасту ҷуссаи лоғар?!

— Онаҷонам мегӯяд, ки бисёр хӯр, то фарбеҳ шавӣ. Гов барин мехӯрам, лекин аз хар лоғартарам… Фақат… ту лабу даҳон каҷ накун, эй парӣ, гапи ганда нагӯ. Ҳарфи дурушт аз лабу даҳони зебо нозебост!

— Шоир Анварӣ гуфтааст, ки лаҳҷаи ёр теғи султонист дар фаслулхитоб…

— Ба ман шеър нахон, ки намефаҳмам. Анварӣ як сӯ гузору гапи онаҷонамро шунав, ки ҳамафаҳм аст: ҳар касе аз лаби ширини дилбараке чу Нигина нақлу наво хӯрад, ҳалолаш бод!

Нигина қоҳ-қоҳ хандиду гуфт:

— Эй Узлоғшоҳ! Ошиқ ту ё онаҷонат?!

— Ошиқи дилдода манам! Лекин бо маслиҳати онаҷонам ишқ мебозам. Вай мегӯяд, ки булбул ба товус Нигинаро нишон дода гуфтааст: «агар ҷилвакунон равӣ — чунин рав!» Ин гап тӯғрӣ-мӣ?

— Шояд…

— Онаҷонам зулфу гесӯю кокули туро таъриф карда мегӯяд, ки аз ин гесӯи диловез нест имкони гурез! Ин гапаш ҳам тӯғрӣ-мӣ?

— Шояд…

— Шакар ба даҳонат! Онаҷонам гаштаю баргашта таъкид кард, ки ошиқ бе тӯҳфаю савғотӣ ба маъшуқа дӯстрӯй намешад.

— Банди гапро гуфтааст онаҷонат!

— Хайрият… Ин хел ки бошад, ангуштари вайро ба ёдгор гир ва чашми карам ба рӯйи Узлоғшоҳ кушо!

— Тӯҳфаи табаррукро пас гардондан нохуб аст, — гуфт бо чашмони бозингар Нигина. — Лекин… ҳар касе тӯҳфа орад, дар дил ғаразе дорад. Ин савғоро иваз чӣ бошад?

— Як бӯса…

— Чӣ?!! Эй бача, ҳӯш дорӣ? Меҳмон агар баодоб бошад, интизор мешавад, на талабгор…

— Аз сарат гардам, Нигина, маро ноумед накун! Ман хуб медонам, ки як тори мӯйи ту аз молу мулки ду олам қиматбаҳост. Лекин дили шайдои ман ҳамагӣ ба як бӯса хурсанд аст. Савғои табаррук бигиру дили ошиқи шайдо шод гардон…

— Эй шайдописар, ки бӯсаи ошиқона мехоҳӣ, лаб фурӯ банд! Эй гулҳаваси гумкардароҳ, ки ба ҳунари ман рағбате надорӣ, магар аз амри акоят ҳам хабар надорӣ? Оё намедонӣ, ки Шоҳзода Ҷалолиддин маро кабутари ҳарам ва дастнорас хондааст?!

Ҳамнишини Шоҳаншоҳи олам будан маро бас аст!!!

— Эй ғунчаи норасида, ба шукуфтан тайёр шав! То ба кай аз ғами ту оҳ аз дили шайдо кашам? Ту ҷилва додию нимкушта кардӣ, ақлу ҳушам рабудӣ. Ҳар чӣ дорам аз моли дунё азони туст. Маро накуш!

— Агарчӣ суханат зӯр асту кафат пур аз дурр, ранҷи беҳуда накаш, ки он ҳама ҷавоҳир гӯшвори маро мувофиқ нест! Бо ман дандонзанӣ накун, ки Шоҳзода Ҷалолиддин ҳама дандонат мешиканад!!

— Лақаби ман Башшош аст, яъне бачаи шухи хандон. Худатро кушӣ ҳам, пинакам таҳ намехӯрад!

— Эй писари нохалафи подшоҳ, ҳушёр шав! Наход кӯлоҳи валиаҳдӣ бар сарат гаронӣ мекунад?

Эй бар ту қабои салтанат омада муфт,

Васвас машав, ки навбати давлати туст!

— Эй кабки қафасбанд, ба ман дӯғ назан ва шеър нахон. Ба йошии ман тамасхур накун ва нохалаф нагӯ. Агар бори дигар тамасхур кунӣ, беибо мукофоти масхарагӣ ба ту хоҳам дод! Чунки ман фарзанди ҳалолу ҷойнишини он падар ҳастам, ки Шоҳаншоҳи олам мебошад. Лекин… аз вай умедатро кан, ки дигар ба Ғӯрганҷ намеояд!

Нигина аз шунидани ин хабари обнорасид, аммо андӯҳовар ошуфтаву данг53 шуд ва абрӯ дарҳам кашида, забони эътироз кушод:

— Ақл дорӣ ё не? Оё худ мефаҳмӣ, ки чиҳо гуфта истодаӣ? Ту маст ё ҳушёр?!

Узлоғ густох каф ба ҳам зада, шодиомез нидо кард:

— Аз дидори ту чунон мастам, чунон мастам ман имрӯз, ки дигар ҳаргиз ҳушёрӣ нахоҳам! Як нигоҳ ба лаби майгуни ту кайфи як хум шароб дорад!

— Ин гапро ҳам очаат гуфт?

— Не, инаш гапи худам! Онаам гуфт, ки подшоҳи мо бар амиралмӯъминин душман шуда, оҳанги Бағдод кард, то халифаро ҳалок кунаду хонадони аббосиҳонро аз тахт фурорад. Аз куфрони неъмат карданаш ғазаби Худо омаду дар ними роҳ ба лашкараш шикаст овард.

Аз шумхабар Нигина ба даҳшат омаду пайиҳам се савол дод:

— Кай? Дар куҷо? Чӣ хел?

— Онаам мегӯяд, ки як ҳафта пеш ба сари лашкари Хоразм аз осмон бало рехтааст. Вақти гузаштан аз ағбаи Ҳулвон ногаҳон тундбоди сахт вазида, барфи сарди лаклакӣ беист борида, ҳаво хунуки қаҳратун шуда, дар як соат чил ҳазор сипоҳию дусад ҳазор аспро сармо задааст… Баъди ним рӯз ними лашкари мо аз дасти лашкари сармо мурдадилу пажмурдаву ниммурда шудааст…

— Баъд чӣ шудааст?

— Онаам мегӯяд, ки аз шиддати сармо пушти лашкар ба подшоҳ хунук гашта, аммо аксарият ба халифа дилгарм шудаанд…

— Зоти олитабори мо чӣ ҳол доранд?

– Ҳолати падарамро мепурсӣ? Онаам мегӯяд, ки аз чунин шикасти шармандавор сари баландаш хам шуда, аз ғусса кораш булъаҷаб шудааст…

— Булъаҷаб ба кадом маъно?

— Ман аз куҷо донам? Онаам мегӯяд, ки баъди мағлубият аз балои осмонӣ мубталои шароб шудаасту доим масти аласт мегардад, яъне аз бода беёду беҳуш — фисқу фуҷуру ким-чии дигар оғоз кардаасту мурдаақли шаҳватзинда шудааст. Шаробе намондааст, ки нахӯрда бошад ва кори зиште намондааст, ки накарда бошад…

Онаам боз мегӯяд, ки хурду калон аз чунин подшоҳ малулу безор шудаанд. Сипоҳӣ сипар афканда, аспу хачир наъл партофта, ҳама ба вай нафрат доранд. Ин аломати заволи давлат будааст…

— Мардум мегӯянд, ки модаркалони ту аз кушта шудани Шайхулислом ҷигарсӯхта асту сояи подшоҳ аз девор метарошад ва то метавонад, дар ҳақи вай бадгуфторӣ мекунад…

— Дар ин мавзӯъ онакалонам мегӯяд, ки агар аз ду ҳукми охирини подшоҳ яке ботил мешуд, вай бурд мекард. Чунки вақте ба тахт нишаст, бериш буду бо дуои Шайхулислом бузургӣ ёфт. Лекин афсӯс, ки вайро фақат риш бузург будаасту хирад кӯса! Дар натиҷа, шайхе, ки як умр дар ҳаққи подшоҳ некӣ кард, ба ҷойи хилъату ҷома ҷуволи марг ёфт. Ин кори подшоҳ ҷиноят асту Худо ҷазои сазовор дод.

— Оре, дар ин масъала ҷурм аз ҷониби аълоҳазрат содир гашту бо модаркалонат ҳамфикрам. Ман ҳам мушоҳида кардам, ки шоҳаншоҳи муаззам дар мақоми ғурур ба охирин пояи нардбон расидаасту дар ҳолати мастӣ ҳукми хато баровард. Беҳуда нагуфтаанд, ки нишоти бодаи гулгун дар пай дарди сар бисёр дорад…

— Онакалонам мегӯяд, ки фарзандаш дар ҳавзи шароб сарозер афтидаасту агар маст шавад, сурати шеру сирати саг мегирад. Аз ҳамин сабаб вай аз уқобӣ ба магасӣ расида, ба хари шаҳват часпидааст, пояи нардбони ҳукуматаш бар рӯйи ях қарор доштааст. Онаам бо пакан54 қасам хӯрд, ки баъди чунин шармандагӣ агар чашмаш ба чашми писари майпарасташ афтад, бо дасти худ чашмашро кӯр мекунад!

— Яъне ту гуфтан мехоҳӣ, ки Шоҳаншоҳи олам аз қасами модар тарсида, дигарбора ба Ғӯрганҷ намеояд? Магар вай намедонад, ки тарс бародари марг аст?!

— Ин хел не. Онаҷонам мегӯяд, ки падари ман солиёни зиёд шабу рӯз дар андешаи ободонии Самарқанд буд. Хеле пурсуҷӯ кард, то бидонад, ки дар куҷои шаҳр обу ҳаво хуш бошаду барои сохтани қасри бузург мувофиқ. Оқибат ҷойи табъи дил ёфту кушки шоҳаншоҳӣ сохт ва Самарқандро пойтахти дуюми Хоразмшоҳиён эълон кард. Азбаски пас аз шармандагӣ бо пӯсту рӯйи сӯхта ба Ғӯрганҷ баргашта наметавонад, хоҳад-нахоҳад ба Самарқанд меравад.

— Ин хулосаи модаркалони туст. Вале раъйи падаратро худаш медонаду Худо. Вай пошоҳ аст, куҷое хоҳад-меравад!

— Акнун наметавонад! Онаҷонам мегӯяд, ки бефаросатиҳои фарзанди ғаюрро хеле сабру тоқат кардем, то кор ба гӯшу чашму забон буд. Акнун корд ба устухон расидаасту дигар ҳоҷати таъхир нест. Акнун вайро аз подшоҳӣ маъзул мебояд кард…

— Ин ғадри модар оё хиёнат ба фарзанд нест?

— Баръакс, онакалонам мегӯяд, ки худи писар дасти модарро озод кардааст, то лаҷоми мулк ба дасти валиаҳди ҷавон супорад. Яъне акнун ман подшоҳ мешавам!

— Ин табаддулот носипосӣ, бевафоӣ ва кӯрнамакии писар дар ҳақи падар мешавад. Ҳаргиз ноҷавонмардӣ накун, то оқипадар нашавӣ!

— Ман аҳдшикан нестам. Лекин онаҷонам мегӯяд, ки мо ба як сӯ шавем аз пеши подшоҳ ва Самарқанд ба ӯ супорему худ дар Ғӯрганҷ монем. Ту бо ман мемонӣ!

— Саросема нашав, ки ҳолӣ подшоҳ нестӣ. Тақдири маро бародари бузургат ҳал мекунад.

— Касе намедонад, ки Ҷалолиддини Манкбурнӣ мурда аст ё зинда?! Агар аз дасти сармо раҳида бошад, ҳамроҳи падар мемонад. Онаҷонам мегӯяд, ки мо вайро ба ҳалқаи худ ҷой намедиҳем. Яъне ки ту хоҳӣ-нахоҳӣ дар Ғӯрганҷ мемонӣ! Ту акнун они манӣ, ҷони манӣ, ҷонони манӣ!!

Узлоғшоҳ худро подшоҳ ҳисобид магар, ки бебок пештари «ҷонона» парида, ӯро бӯсидан хост. Нигина кафи дасти чап ба сандуқи дили шӯридасар ниҳода, вайро қафо тела доду бо дасти рост ба рӯяш нармакак силӣ зад ва бо нози сохта гуфт:

— Эй турктоз ошиқи бадбахту бешарм! Бӯса изҳори ишқ асту муҳаббат кори ҳар нодон нест. Оне ки на шарм дораду на сабр, ошиқ нест!

Узлоғшоҳро аз номеҳрубонии даст ва кинояҳои забони Нигина қаҳру хиҷолате ба рӯ омад. Хост ба як зарба вайро ба фарш афтонаду кораш тамом кунад. Аммо «то дилат хун нашавад, меваи ширин наёбӣ» ва «барои гул заҳмати хор мебояд кашид» гуфтанҳои модаркалонашро ба ёд оварду сухан бо нармӣ идома бахшид:

— Эй нозанин! Агар аз зарби дасти ту ман кушта шавам, бо хурсандӣ мегӯям, ки бақои умри ту бод! Бо поят маро помол кунӣ ҳам, чизе нагӯям. Чунки дар роҳи ишқи ту хортар аз хоку хасам. Фақат… бовар кун, ки ман ҳам дил дорам ва туро дӯст медорам!

— Хуб кардӣ, ки ошуфта нашудӣ, — аз каломи гарм дили сарди Нигина андаке гарм гашт. — Мардуми араб мегӯянд, ки «зарбул ҳабиби забибун!» Яъне, зарбаи маҳбуба чун мавиз ширин аст…

— Онаҷонам мегӯянд, ки ошиқкушӣ савоб аст!

Ҳарду ба завқ хандиданду Нигина бо шавқи аввала пурсид:

— Боз чиҳо мегӯянд онаҷонат?

— Мегӯянд, ки ошиқи неканҷом аз подшоҳи бадфарҷом беҳтар асту ошиқро мурод ба зар дуруст мешавад, на бо номи падар.

— Ин гапҳои онаҷонат ба ман маъқул…

— Онаҷонам боз мегӯянд, ки ошиқ барои аз маҳбуба як бӯса ситондан бояд хоки дари вайро ҳазор бӯса занад…

— Ин панди хуб аст, ҳамеша дар хотир нигоҳ дор.

— Имрӯз онаҷонам гуфт, ки оби дарёи ишқ ба нӯшидан кам намешад…

— Ман мегӯям, ки оби пок ифлос аз нӯши магас мешад!

– Ҳар чӣ ба даҳонат ояд, гуфтан гир. Ту шаҳду ман магас, ту асалу ман занбӯр, ту шамъу ман парвона, ту гулу ман булбул…

– Ҳеҷ кас ҳаргиз аз парвона садое нашунидааст, лекин ту мисли занбӯр дар буни гӯшам ғинг-ғинг мекунӣ?

— Баръакс, мисли булбули шӯрида чаҳ-чаҳ мезанам. Магар дурри гаронсанг ба гӯши ту гаронӣ кардааст, ки нолаи зори маро намешунавӣ? Намебинӣ, ки ман мисли садҳо ошиқи роҳгумкарда аз ҳар тараф ба ту қаробат меҷӯям… Ту, ки шеър менависӣ, хуб медонӣ, ки гул шукуфад, булбул масту ғазалхон мешавад. Охир ту ҳам шукуфон шав, то ман маст шаваму гӯям, ки бар бӯи пероҳани ин нозукбадан мирам!

— Агар дил шод набошад, чӣ сон тавон шукуфтан? Ситоише, ки сабук бошаду хушку осон оқибат бори гарон орад!

— Боз дӯғу даранг мекунӣ? Чаро? Охир то ҳол сухане тунд нагуфтаам, фиреб надодаам, дурӯғ набофтаам ва бад накардаам, ки бад мукофот диҳӣ. Чаро сухани дурушт гуфта, маро девона мекунӣ?

— Барои он ки туро нон гандумист, аммо суханҳоят ҷавин. Фақат аз номи очаҷонат гап мезанӣ, аз дили худ сидқан ҳарфе ба забон наовардӣ…

— Гапи худам ҳамин, ки агар дар ҷоми ман заҳр андозӣ, хомӯш менӯшам! Чун ки як ангушт аз шаҳди забонат маро позаҳр асту мехоҳам, ки Нигина маро аз ин мурод бознадорад.

– Ҳушёр бош, эй Узлоғшоҳ, ба кӯйи Нигина ҳар кӣ дар талаби шаҳд ояд, умед нест, ки дигар ба ақл бозояд!

— Забон нигаҳ дор, эй ишвафурӯши деҳотӣ! Ба мани девона худат фаҳмон: ту кистӣ ба чунин ҷамолу зебоӣ, ки ақлу ҳушам рабудию дилам ба ғорат бурдӣ?

— Ман духтари паридорам…

– Ҳа-ҳа-ҳа! Гумон доштам, ки ман бандаи заминию ту фариштаи осмонӣ! Мехоҳӣ, дар бораи як духтараки гулпарӣ ҳикоят кунам.

Нигина бо камоли рағбат розӣ шуд. Барояш фурсате лозим буд, то амалиёти минбаъдаро тарҳрезӣ намояд. Зеро валиаҳди ҷавон ё аз ҳушмандӣ, ё аз нодонӣ сирри ниҳони давлатдориро фош карду агар суханҳояш дуруст бошад, Хоразмшоҳ ҳоли табоҳ дорад ва, мутаносибан, рӯзгори Нигина куллан тағйир меёбад. Эҳтимол аст, ки агар Узлоғшоҳ ба шарафи даҳанбӯсӣ мушарраф гардад, кабутари ҳарам суррияи55 валиаҳд мешаваду орзуи деринаи Турконхотун ҷомаи амал мепӯшад. Он гоҳ раққосаи кабкхиром бойбегими Ғӯрганҷ мешаваду давлатманду сарватманду ҳамнишини Махдумаи ҷаҳон! Ё ин ки ба таъбири Узлоғшоҳ «ишвафурӯши деҳотӣ» ба «ҳуснфурӯши шаҳрӣ» табдил меёбад. Аммо… оташи ишқи покаш нимкушта шуда, ҳаёташ беранг гашта, ҷӯшу хурӯшу набзи дили паровараш сокиту беназм мегардад, ҳама шодмонию хушию сафои ахтари тобони самои ҳунар завол меёбад, гулшукуфти боғи ҷавонияш ба хазон расида, бахткӯр мешавад. Ин даҳшат аст! Даҳшате аз шикасти Хоразмшоҳ даҳчанд бадтар!!

Албатта, Нигина ҳеҷ вақт ба ин роҳ намеравад. Зеро ҳеҷ намехоҳад, ки зару зевари фаровон дар бар, аммо дасти армон бар сар дар шаҳри мусофирӣ яккаву танҳо ва дастнигар бимонад! Он беҳ, ки чун ғарибе бар фарши сиёҳ нишаста, аз айшу роҳати базми подшоҳи нав ва зиёфатҳои онакалонаш бенасиб монад, аммо аз ёр ҷудою аз хоки диёр бенасиб намонад…

Азбаски лаҳзае пеш дилаш бархе ҷониби Узлоғшоҳ майл намуд, хост дар ойинаи дил ба ҷойи акси дилҷӯйи Мирмалик сурати нозебои валиаҳдро тасаввур кунад. Натавонист. Вале аз барқи нигоҳи Мирмалик чароғи дилаш равшан гашту илоҷи аз беномусӣ раҳо шуданро дарёфт: дар токчаи боло бахурдони чинӣ дид, ки ҳар шаб уду лодан ва сипанд месӯхтанд, то аз дудаш хона хушбӯй шавад. Бахурдонро диду маслиҳати Шакархонум ба хотираш расид ва нафаси сабук кашид. Барояш яқин гашт, ки Худованди меҳрубон гиреҳ аз кори баста кушода, чун барқи хотиф бо суръати баланд ба кабки саргардон мушкилкушо фиристодааст…

Узлоғшоҳ аз ин гапу ниятҳо бехабар бо шавқу завқ манзараҳои саробӯстонашро таърифу тавсиф намуда, оқибат ба сари мақсад омад:

— Дина як канизаки зебо барои рӯбучин ба саробӯстон омада буд. Манро дидан ҳамон сурху сафед шуду дар пеши поям афтод. Ман вайро ба по хезонда, дар канор гирифтаму рӯяшро бӯсида, ба хилватхона бурдам… Вақти гусел вай хандаомез мегирист ва шукр ба Худо мегуфт, ки шоҳзода маро бӯсиду бӯйиду…

— Эй ки ба айш ғарқаӣ ва дарду ғам надидаӣ, дунёи ошиқон аз афсонае, ки гуфтӣ, ҳазорон ҳазор ёд дорад: ин хел каломи дағал назди мо эътиборе нест, бидон! Муроду мақсади ту аз ин афсонаи фач чист? Ман канизак не, охир!

— Надимон низ аз баҳри хизматгориянд. Вале ту дигарӣ! Ту барои ман аниси беҳтарин, гавҳари якдона хоҳӣ монд!

— Гапат ҳақ, ман гавҳари якдона, аммо ту… гавҳари носуфта. Ҳайф ки бо дусад сӯҳон худро ҳамвор накардаӣ! Ту кӯтоҳқаду кӯтоҳдастӣ, ба шохи сарви баланд даст назан…

— Валиаҳде, ки пагоҳ ё фардо ба тахти подшоҳӣ мешинад, дасткӯтоҳ нест!

— То онакалонат барҳаёт аст, туву падарат дасти дароз надоред, алмудом дастнигаред! Ҳолиё модаркалонат лақаби туро ҷалил кардааст, аммо ту на ҷалилӣ ва на ҷамилӣ!

— Эй духтари беадаб, андоза нигаҳ дор! Аз ман чӣ бадӣ дидӣ, чӣ бад гуфтам, ки шунидӣ?

— Кори бадтарини ту он аст, ки дуздона ба манзили ман омадӣ!

— Дигар сабру қарорам намонд, эй гул! Войи ҷони ҷавони ман, ки аз ишқи ҷонгудози ту ба дод омадааст!

Якта шеър медонам, бароят мехонам:

Во фарёдо! Зи ишқ во фарёдо!!

Корам ба яке турфанигор афтодо…

Гар доди мани шикаста додо — додо,

В-ар на, ману теғ! Ҳар чӣ бодо — бодо!!

— Ошиқи беқарорро гапу кор аксар хато гардад…

— Бигзор хато шавад. Онакалонам насиҳат кард, ки агар кор ба хушӣ барнаояд, девонагие дар он бибояд. Агар бори дигар ба гапам хилоф орӣ ва гулӯи дилам фишорӣ, пеши саги нигаҳбонат гурба сар медиҳам. Чунки косаи сабрамро лабрез кардӣ. Хубаш, биё, ба шодӣ ғубор аз дилҳо барорем…

— Ман розӣ. Аммо ту бигӯ, ки ғаму ғубор аз дили ман чӣ сон берун меорӣ?

Узлоғшоҳ ба кафи Нигина як киса зари холис ниҳоду бо табассуми фарох гуфт:

— Ин маблағ барои мушку анбару атриёти моҳонаи ту. Ҳар рӯз хелбахел атласу дебо мефиристам, то пироҳани зебо доимо тани барно оро диҳад. Гайр аз ин бароят иқди Башош ҳадя овардам.

— Чӣ хел иқд?!

— Гарданбанде, ки ҳафт пора лаъли Бадахшон ба ҳафт ранг дар ресмони заррин кашида шудааст!

— Ба молу чизи дунё ниёз надорам. Агар ҳадяҳои туро нагирам, маро чӣ мефармоӣ?

— Онаҷонам гуфт, ки то Нигина аз ту хушнуд нагардад, берун нарав. Аввал зорӣ куну дилаш ба каф овар. Дидӣ, ки нашуд, зар бидеҳу болои сабилаш нақора бизан. Агар розӣ нашавад, зӯрӣ кор фармо…

— Бигӯ, ки бо зӯрӣ чӣ хоҳӣ кардан?

— Чун бикунам, он гоҳ бигӯям.

— Он гоҳ дер мешавад. Фаромӯш накун, ки зӯри беҳуда миён мешиканад ва хашму шаҳват мардро аҳвал мекунад.

— «Аҳвал» чӣ маънӣ дорад?

— Каҷбин. Яъне шаҳди ишқ ҳар ноқиббасиратро насиб намегардад! Бо нохуни пой сар нахору тӯҳфаҳоятро гиру рав ва дигарбора маро заҳмат надеҳ…

— Эй каҷкӯлоҳи кажзабон, чанд зарбате задӣ, акнун зарбате нӯш кун!

Ҳеҷ куҷо намеравам, то ба ман сар фуруд наорӣ! Агар ба нағзӣ нахоҳӣ, дар рехтани хуни нофат ба бераҳмӣ ҷадал мекунам!

Таҳдиди баръалоро шунида, Нигина бо изтироби тамом аз ҷой хест, то шӯри ғайрат аз дили Узлоғшоҳ дур афканад ва худро аз мазаррату расвоӣ берун кашад. Сохтакорона хандид ва бо оҳанги таҳсин гуфт:

— Шуд, эй валиаҳди меҳрубон! Шумо аз имтиҳони муҳаббат бо сари баланд гузаштед. Санҷидаму озмудаму бовар кардам, ки ишқи шумо ҳақиқӣ ва комил аст. Ман таслим! — кадбону ду даст боло бардошта, аммо ба Узлоғшоҳи даҳоняла имкони ҷунбиш надоду меҳмоннавозӣ то шифти хона боло бардошт. — Акнун ин ишқсаро пурра дар ихтиёри шумо. Ман бисоти ишқбозӣ фароҳам меорам, то нишоти сарфарозӣ табъи дилатон бошад.

Нигина бо чолокии хайратовар бахурдон аз ток гирифту бо нозу айёрӣ ва димоғи хуш гуфт:

— Иқдоми аввали ишқбозон муаттар ва хушбӯй гардондани хилваткада аст. Чӣ мефармоед-уд бисӯзам ё мушку анбар?

— Ё ҳар се! — бо завқ хитобид Узлоғшоҳ. — Ҳар чизи хушбӯй, ки дорӣ, бисӯзон ва димоғи ман муаттар гардон!

Нигина, ки маътали ин нидо буд, хокаи мушку анбарро андак-андак дар бахурдон ба ҳам омехту аз токчаи дигар духна бароварда, ним каф ба рӯйи бахурдон пошид ва оташсанг ба Узлоғшоҳ дароз карду дари паҳлӯиро нишон дода, бо нозу адои ширин гуфт:

— Агар малоли хотир набошад, шумо оташ гиронеду омода шавед, ман ба гармоба дарояму либос иваз кунам ва покиза ба оғӯшатон дароям…

Узлоғшоҳ бо мамнуният оташсанг болои бахурдон бурда, шарор парронд. Нигина зуд ба гармоба даромад ва баъди чанд дақиқа берун омад. Хона хушбӯй буду дуди бахурдон адо, аммо ошиқи ҷигаркабоб масти хоб — на маҷоли ҳаракат дошту не кӯшиши нишот…

Духна кори худро карда буд: аз дуди муаттар, аммо хобовари зудтаъсир ва заҳромези ин рустанӣ, ки пили дамонро аз пой меафтонд, касе нафас кашад, филҳол мехобиду тираақл мешуд ва ин ҳолатро табибон духнатуннавм мегуфтанд. Узлоғшоҳ, ки инро намедонист, баҳузур димоғ муаттар гардонда, акнун баланд хуррок мекашид ва то рӯзи дигар бедор шудану ба ҳолати аввала омадани ақлаш багумон буд…


* * *


Узлоғшоҳ чун аз хоби гарон чашм кушод, худро бараҳна хуфта дар оғӯши сарди кампираки пичасафеди пажмурда ва бадбӯе диду дуди бахурдон аз димоғаш баромад. Дасти аҷуза дар гардани шоҳзода ҳалқа буду чалаи Турконхотунро ба ангушти чиркинаш хаста ва гӯшвори қадимаро ба гӯши қарқин овехтаю беист фиш-фиш садо бароварда, пишаквор мехобид.

Ҷавони саргарон ҳарчанд кӯшид, ҳеҷ ба хотир оварда натавонист, ки кай ва бо кадом роҳ ба ин кулбаи вайрона омадаасту чаро бо аҷузкампири дилнокаш ҳамхоба шудааст?! Аз ҳама аламовараш он буд, ки ҳарчанд кофт, сару либосашро наёфт. Ночор худро ба карбоспораи ифлоси нимдаридае печонда, бо азоби алим аз дарвоза ба кӯча баромаду рангпаридаю ҳаросон ба чапу рост нигарист ва надонист, ки дар кадом маҳаллаи шаҳр қарор дорад. Хавотиромез бо тамоми қувват фарёд кашид:

— Эй мардум! Мадад кунед! Маро ба пеши онаҷонам баред!!!

Одамони зиёде сӯйи овоз давиданду аҳволашро дида, бо тамасхур хандиданд ва ба ҳар лафз «кампирак шӯйи нимдевона ёфтааст» гуфтанд. Онҳо медонистанд, ки бошандаи ин кулба дар ҷавонӣ раққоса буду дар миёнсолӣ дар ба дари мардум гашта, чизҳои наву кӯҳна фурӯхта, даллагӣ мекарду худаш ҳам сабукпо буд. Аммо кӣ будани ҷавони аблаҳбашара, девонасимо ва танурёну дидагирёнро ҳеҷ кас намедонист…

Кӣ будани ҷавони шарманда, чӣ сон бо кампири фартут ҳамоғӯш шудани ӯ, дар куҷо будани сарулибоси вай ва дигар ҷузъиёти ин қиссаро фақат Нигинаю Шакархонум медонистанд, ки аллакай дар Шамохақалъа буданд. Онҳо баъди «ҷобаҷо» кардани Узлоғшоҳ бо мадади чор язак56 субҳи барвақт кӯч бардошта, аз Ғӯрганҷи пурбим фирор карда буданд ва дар ин макони бехатар, ки нишемангоҳи Шайх Наҷмиддини Кубро буд, дастури Шоҳзода Ҷалолиддинро интизорӣ мекашиданд…

Равзанаи ҳафтум. Исботи зарбулмасали «Нек аст ҳар он бад, ки ба бедодгар ояд»

Ҳангоми ғуруби офтоб ба дарвозаи ғарбии Самарқанд гурӯҳи калони ҳоҷиёни аз зиёрат баргашта наздик расиданд, ки бо тарзи либоспӯшии хос аз дигар ояндаю равандаҳо фарқ мекарданд. Бо амри сорбон ҳама аз аспу уштуру хачир поён фуромада, марду занҳо алоҳида-алоҳида саф оростанд. Дарвозабон ба адои вазифа шурӯъ намуду номи касеро аз рӯйхат хонад, он ҳоҷӣ асп ё уштури худро кашола карда, ба шаҳр медаромад.

Ин тартиби нав сабаб дошт: бо дастури ҳоҷиб57 ҳоҷиёнро дар ду тарафи дарвоза ду гурӯҳи махсус «истиқбол» мегирифтанд. Аз чап чор марду зани хушлибоси самарқандӣ тибқи таомули урфӣ «Зиёрат қабул!» гӯён, ҷавобан «Мурод ҳосил!» мешуниданду оби Зам-зам ё тасбеҳи табаррук ба даст меоварданд. Аммо дар тарафи рости дарвоза чор сипоҳии саропо мусаллаҳи турксимо хомӯш истода, ҳар дарояндаро бодиққат назорат мекарданду махсусан ба занҳо чорчашма менигаристанд.

Ҳанӯз даҳ ҳоҷӣ ба шаҳр надаромада, боз чор сарбози таҳамтан дар назди дарвоза намудор гардид. Айнан дар ҳамин лаҳза яке аз ҳоҷиёни миёнасол, ки аз ҳама ақиб меистод, ноором шуду «Роҳ диҳед!» гӯён саросема ба пеш ҳаракат кард ва лаҷоми шутурашро сахт кашид. Лекин ҳайвони якрав аз ҷой наҷунбид ва гӯшхарош ҳурунгид. Андарзамон аз дохили аморӣ — тахти равони соябондоре, ки дар пушти уштур баста буданд, нолаи зане баланд гашту диққати ҳамаро ба худ ҷалб кард. Яке аз сипоҳиёни турксимо чанд қадам пештар омада, бо лафзи дурушт пурсид:

— Ин занак ким?

— Хоҳарам! — ҷавоб гардонд ҳоҷӣ. — Вай бемор. Роҳ кушоед, тезтар гузарем.

— Йуқ, тухтанг! — амр дод сипоҳӣ ва ба сорбон нидо кард. — Эй бошлиқ! Уштур хобон!

— Чаро?

— Ман бинам, вай занак ким?!

— Хоҳарам вай. Касал! — бетоқат шуд ҳоҷии миёнасол ва бо китф сипоҳиро саҳл ба қафо тела дод. — Роҳа кушо! Аҳволаш вазнин…

— Йӯқ! — баланд дод зад сипоҳӣ ва ҳамроҳонашро ба кӯмак хонд. — Мо бинем, вай ким?

— Номаҳрам шумоҳо! Набинед! Роҳ диҳед!

Ба сари моҷаро баробари сипоҳиёни турк он чор сарбози таҳамтан ва марду занҳои хушлибоси истиқболгиранда низ ҳозир шуданд. Сорбон ва дарвозабон ҳам ҳоҷиёни сафбастаро ба ҳоли худ гузошта, барои хомӯш кардани ғалмағал шитофтанд. Яке аз таҳамтанҳои ҷомасиёҳ камарбанди худро нишон дода, сарвари язакҳои58 шоҳзода Ҷалолиддини Манкбурнӣ будани худро маълум карду киву чикора будани сипоҳиёнро пурсид.

— Мо ятоқҳои59 шоҳзодаи валиаҳд Узлоғшоҳ! — гуфт боифтихор сипоҳии назди амора. — Бо дастури Худованди ҷаҳон Турконхотун омадаем. Ина хати маншур…

Язак аз дасти ятоқ коғазро гирифта, бо овози баланд қироат намуд. Ҳама фаҳмиданд, ки ин сипоҳиён бо амри Турконхотун муаззаф шудаанд, раққосаи дарбори шоҳаншоҳӣ Нигина бинти Абдулсайид ва ҳамроҳи ӯро дар назди дарвозаи Самарқанд нигоҳ дошта, билфавр бозпас ба Ғӯрганҷ баргардонанд.

— Худоё, ин чӣ гап?! — дасти ҳайрат ба гиребон бурд яке аз мардҳои хушлибос. — Мо вазифадор шудаем, ки Нигина бинти Абдулсайидро бо иззату икроми зиёд пешвоз гирем. Ана амри подшоҳи олам…

Язак ин дастурро низ бо овози баланд хонд. Султон Муҳаммади Хоразмшоҳ ҳокими Самарқандро фармуда буд, ки мақдами Нигинаро гиромӣ доранд ва дар таъзими иҷлоли вай кӯшида, ба кушки ҳар чӣ некӯтар фуруд оранд…

— Гапи фарзанд дар пеши амри модар ягон зарра қадру қимат надорад! — ба мубоҳиса ҳамроҳ шуд сарвари ятоқҳо. — Аз қадим ҳамин хел буду то абад чунин мемонад. Яъне агар дар ин амора Нигина пинҳон хобида бошад, мо вайро ҳамроҳи соҳиби шутур аз шамол тезтар ба Ғӯрганҷ мерасонем.

— Нигина чӣ гуноҳ дорад?

— Инашро Худованди олам медонад. Вазифаи мо…

– Ҳамааш фаҳмо! — сухани ятоқро қайчӣ зад язак. — Агар Нигинаро ёфтанӣ бошед, ин ҷо беҳуда истодаед. Мегӯянд, ки вай ба Нишопур равона аст.

— Чаро?

— Мегӯянд, ки дар ин диёр лолазоре бисёр хуш шукуфтаасту шоҳаншоҳи олам маҳфили шодӣ ороста, нишот дорад ва аҳли ҳараму ҳашам пеши худ хондааст, то ҳамроҳ биёроманд.

Дар ҳамин асно зани маҳмилсавор «Об!» гӯён сар баланд карду садри ятоқҳо сӯйи кампир бо кароҳат нигариста, ҳамроҳонашро фармуд, ки зуд ба аспҳо савор шаванд.

— Зиндагонии шоҳаншоҳи олам дароз бод! — гуфт вақти ба зин нишастан. — Гӯши ман ҳам аз бод хабар ёфта буд, ки ҳолат ҳамчунон аст тавре ту гуфтӣ, эй язак. Хайр, мо сӯйи Нишопур мепарем…

Фиристодаҳои Турконхотун рафтанду намояндаҳои Хоразмшоҳ бо нигоҳи пурсиш ба сарвари язакҳои шоҳзода Ҷалолиддин нигаристанд.

— Мо чӣ кор кунем?

– Ҳамроҳи мо аз дарвоза дарун дароед. Он ҷо маслиҳат мекунем.

Дар шафати ҳоҷибхона сорбони ҳоҷиён ва ду ҳоҷибону, ки айни талотӯб ба шаҳр даромада буданд, болои палоспорае нишаста, обу нон мехӯрданд. Сарязак бо ишораи ангушт яке аз занҳои хушлибоси ба пешвозгирӣ омадаро пештар хонд ва пурсид:

— Нигинаро мешиносӣ?

— Албатта! Ду бор дар базми подшоҳӣ рақсашро дидаам. Байни абрувонаш холи базеб дорад!

— Дуруст мегӯйӣ, эй некӯкор! — лаб ба табассум кушод сарязак ва ҳоҷибонуҳоро нишон доду гуфт: — Пеши он хотунҳо бирав, эй некӯкор ва аз ҳоли Нигина шав хабардор!

Хонуми хушлибос китф дарҳам кашида, ҳайрон-ҳайрон он сӯ шитофт ва бо як дидан Нигинаро шинохту аз ҳаяҷон баланд нидо кард:

— Шукри Яздон, Нигинаро сиҳату саломат мебинам!

Шакархонуми оҳистагуфтор низ бо тамоми ҳастӣ изҳори шукру шодӣ кард:

— Расида буд балое ба домони мо, интухин, шукри Худо, ки ба хайр гузашт! Зинда бошед, эй ҷавонмардҳо!

Бо шунидани ин суханҳо дар рухсораи сап-сафеди Нигина андаке сурхӣ пайдо шуд ва беҷуръатона пурсид:

– Ҳангомаи Ғӯрганҷ тамом шуд? Мавҷи ҳодисахез беосеб гузашт?!

— Осуда шав, духтарам, дасти бало кӯтоҳ шуд, — гуфт саробони ҳоҷиёни Самарқандӣ. —Ба шаҳри мо дасти дарози Турконхотун намерасад. Самарқанд аст ин ҷо! Хоразму Хуросону Мозандарон, ки мулки Хотуни ҷаҳон аст, он тарафи Ҷайҳун монд…

— Хайрият! — ин калимаи осонро Нигина бо душворӣ талаффуз карду ба хаёл рафт. Хотироти ошуфтааш худ аз худ варақгардон шуд. Ёдаш омад лофу газоф, хушомадгӯйиву тӯҳфаҳо, ишқҷӯйӣ ва кӯшишу таҳдидҳои Узлоғ… Ёдаш омад он лаҳзаи тақдирсоз, ки ишқи поки Мирмаликро аз ишқи хоми шоҳзодаи валиаҳд бартар дониста, дар талоши некномӣ ба ҳуҷуми қатъӣ гузаштанаш… Ёдаш омад лаҳзаҳои охирини дар Ғӯрганҷ буданаш, шоҳзодаи нокомро бо таҳқири зиёд аз хонаи худ берун афкандану ҳамроҳи язакҳои шоҳзода Ҷалолиддин ба Шамохақалъа фирор карданаш…

Рӯзи дигари он шаби пурмоҷаро қалъадор, ки аз зумраи дӯстони ҷонии Ҷалолиддини Манкбурнӣ буд, давоми қиссаро ҳикоят кард:

— Як сарбози мо бо чашми худ дидааст, ки Узлоғи нимҳушёрро муханнасҳои60 шаҳр ба миён гирифта, бо расвоии том аз хонаи кампираки гӯлахӣ бароварда, бо дафу сурнай кӯчагардон кардаанду занҳо дук ба дасташ дода, забон ба алфози қабеҳ ва ҳаҷву масхара кушодаанд. Дар назди арки подшоҳӣ Узлоғро кадом як миршаб шинохта, зуд ба Турконхотун хабар расондааст. Онакалон ҳоли зори набераро дида, девонаавзоъ шудаасту дар ҷустуҷӯи Нигина ҳамаро ба по хезондааст…

Нигина, ки аввали қиссаро бо шавқ мешунид, аз ҷумлаи охирин сахт тарсид. Зеро дӯстон ба вай гаштаю баргашта таъкид карда буданд, то аз Турконхотуни золиму маккора ва ситамгару ҷобира ҳамеша барҳазар бошад, ки агар вай хашмгину ғазаболуда шавад, дунёро чаппагардон мекунад. Сайфуддин ҳам пайваста насиҳат менамуд, ки «агар дил ба даст овардан хоҳӣ, дили Турконхотун дар ҳама гапу кор нигоҳ дошта, баъзан аз ҳад гузашта, тавозӯъ бояд кард, вагарна оқибати кор сӯрохии нол мешавад!». Нигинаи пандпазир ҳамеша аз рӯи ин гуфтаҳо амал мекард, вале он шаб… он нашуд, ки Турконхотун мехост. Он шуд, ки Худо хост!

Қалъадор тарсу ларзи Нигинаро мушоҳида карда, аз гуфтаи худ пушаймон гашту ба дилбардорӣ гузашт:

— Зиқи бад нашав, духтар! Худованд раҳмону раҳим аст, қодиру меҳрубон аст, бандаҳои оҷизро худаш аз банди мусибат мераҳонад. То ман ҳастам, дар ин қалъа ҳатто пашша ба ту озоре намерасонад!

– Ҳар касе ба Нигина зулм кунад, зулм бар худ мекунад! — гуфт бо қатъият яке аз язакҳо. — Моро мебояд ҳар чӣ зудтар Нигинаро ба Самарқанд расонем, то дар паноҳи подшоҳ аз ғазабу ниқори Турконхотун наҷот ёбад.

Хирадманд кӯшад, к-аз оташ раҳад,

На худро ба сӯзанда оташ диҳад!

— То Самарқанд роҳ дарозу хатарнок аст, — лаб ба эътироз кушод қалъадор. — Турконхотун, ки душмани маккор ва ғаддори хонагист, дар ҳама шаҳру корвонсаройҳо ва бурҷу гузаргоҳҳо қарақчӣ61 мегузорад, то Нигинаро аз роҳ занад.

— Ин хел бошад, чапғалат меравем, аз бероҳа истифода мебарем…

— Шумо ҷавон ва камтаҷрибаед, тарсам, ки роҳ гум кунеду шиддати бисёр бинед…

— Пас чӣ бояд кард? Истиқомат дар Ғӯрганҷ ба Нигина номумкин асту дар қалъаи Шамоха ногувор…

— Оре, ба вай хеле душвор — не роҳи сафар дораду не ройи иқомат, — қалъадор беист пушти сар хорида, тадбир меҷуст. — Ҳис карда истодаам, ки вақти ҳилаю макр аст ва дар ин амал мо бояд аз Турконхотун як сару гардан боло бошем. Рафтем аз Пири муаммари Хоразм маслиҳат мепурсем.

– Ҳоҷат ба рафтан нест, ман худ омадам, — Шайх Куброи сабзҷома ва қоматбаланди фарохпешонӣ бомаром асо ба замин кӯфта, пеши ҷамоати саргарангон омад. — Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳу ва баракотуҳу! Дар хилватгоҳ ором нишаста натавонистам, чун қиссаи ногувори кабутари ҳарам шунидам, ки бародари гиромиям Шайх Маслаҳатдинро ба ҳукми набера аст. Эй насими сабо ва нишоти дилҳо, марҳабо! Чолок бош, ки ал фирору фи вақтиҳи зафарун! — гурези сари вақт зафар аст! Аммо ба нодонӣ раҳсипарӣ накунед, то гавҳари ноёб аз даст надиҳед. Қолаллоҳу таъоло: «Ва ло тулқу биайдикум ило-т-таҳлукати». Яъне Худои таъоло мегӯяд, ки хештанро бо дасти хештан дар таҳлука маяндозед. Аммо ту зиқ нашав, эй навадаи бародарам. Ман барои раҳнамоӣ омадам ва чун медонам, ки дуъои Пирон дар ҳар лаҳзаи рӯз мустаҷоб бувад, аз даргоҳи он Ягона барои туву ҳамсафаронат роҳи бегазанд металабам. Ҳоло ки фурсати ҳаҷ анҷом ёфтаасту зойирон аз Маккаю Мадина баргашта истодаанд ба туву нигаҳбонат сатр мепӯшонему ба гурӯҳи ҳоҷиён ҳамроҳ мекунем…

Ин пешниҳод бо таъзими ҳамагон пазируфта шуду қалъадор дарҳол бо сорбони ҳоҷиёни самарқандӣ гапро пазонд. Вай Нигинаро духтар хонду Шакархонумро хоҳар ва ба ҳар ду сатру ҳиҷоби муқаддас пӯшонд ва бо ному насаби дигар ба рӯихат дохил кард. Чор язаки вафодори Ҷалолиддин, ки аз ибтидо нигаҳбони махуф ва амини кабутари ҳарам таъйин шуда буданд, бору бухчаи заруриро ба хурҷини асп андохта, ҳамсафари ҳоҷиён шуданд. Онҳо гоҳ аз пешу гоҳ аз қафо ноаён ҳаракат карда, нигини қиматбаҳои подшоҳро аз чанги қарақчиҳои Турконхотун ҳифз намуда, бегазанд то Самарқанд расониданд…

Сукути ҳузновари Нигина ба Шакархонум нафорид. Аз оринҷаш кашида, мулоим силтав доду насиҳатомез гуфт:

— Маъюсӣ бас! Мардуми Бухоро мегӯянд, ки дар ноумедӣ басо умед асту, интухин, поёни шаби сиёҳ сапед бошад!

— Хоҳари ман дуруст мегӯяд, — марди қаднавчаи самарқандӣ бо чашми навозиш Нигинаро нигарист. — Қабл аз сафари ҳаҷ шоире меҳмони мо буд. Ба ҳамин мазмун байти зӯре гуфт, ки дарҳол дар лавҳи хотирам ширеш баст:

Ба ҳангоми сахтӣ машав ноумед,

Ки абри сияҳ зояд оби сафед!

Ба тани абгори Нигина мадори тоза дамид ва марди ношиносро ба истинтоқ гирифт:

— Он шоир куҷост?

— Гуфт ки азми Бухоро дорад.

— Танҳо буд ё ҳамроҳ дошт?

— Онҳо ду кас буданд.

— Пойи дуюмӣ андаке мелангид?

– Ҳа. Шоири дуюм Сайфуддин Аъраҷи Исфарангӣ буд. Аз таҳпурсият донистам, ки муаллифи шеър будани Саъдии Шерозиро донистӣ. Шояд кӣ будани маро ҳам медонӣ?

Нигина бодиққат ба чеҳраи марди ношинос синча карду бо аломати инкор сар ҷунбонд.

— Ман Шамсуддини Ҳола. Дӯсти…

— Шуд. Шуморо ғойибона медонистам, акнун шинохтам. Аҳмад-ако дар сифати шумо як шеър гуфтааст:

Камоли дувал, мафхари Шарқхона,

Зиҳӣ дар маонӣ чу Ҳола ягона!

Ниҳонхонаи заҳри афъӣ зи лутфат

Пур аз нӯшдору чу занбӯрхона.

Ба осори туст иқтидои кавокиб,

Ба айёми туст ифтихори замона…

Нигина аз шеърхонӣ дар кӯча ва ҳузури бегонагон шарм дошту сухан кӯтоҳ кард:

— Ин шеъри дароз. Лекин байти охираш аҷоиб:

Ту чун номи худ ҷовидона бимонӣ,

Ки маънии Ҳола бувад ҷовидона!

— Шеъри зӯр будаасту лекин ман як чизро сарфаҳм нарафтам, — бетакаллуф ба сӯҳбат ҳамроҳ шуд сарязак. — Шумо, эй шоири некназар, Шамсуддин Хола ё Ҳола? Кӣ будани холаро ҳама медонем, аммо «ҳола» чист?

— Доираи равшан дар гирди моҳ ҳола аст. Онро хирмони моҳ ҳам мегӯянд. Ҳола тахаллуси шоирии ман, ному насабам Шамсуддини Ҳомид…

— Чӣ хел нағз, ки шуморо дидам. Ман акнун дар Самарқанд танҳо нестам! Дӯсти бародарам дӯсти ман аст!

Шакархонум дарҳол Нигинаро шодишарик шуд:

– Ҳалқаи дилатро кушо, эй Нигина, ки ба ҳалқаи дӯстони мӯътабар расидем. Интухин, дигар асло натарс!

— Ман қавитар аз тарс ҳастам, ойтиҷон! — Нигина зайли аввала ҳозирҷавоб гардид. — Агар метарсидам, он шаб Узлоғшоҳро масхара намекардам. Ҳоло он қадар тавоноӣ дорам, ки ҳар шароите болои сарам ояд, метавонам аз худ дифоъ кунам. Зеро ҳис кардам, ки дӯстони асил дорам. Раҳмат ба ҳамаи шумо, ки дар мавҷхези ҳодиса рахти бахти маро ба об тар накарда, хушк берун овардед!

Аз суханҳои самимӣ сарязак ба ваҷд омад:

— Ин хел ки бошад, эй моҳи дар зулмот нуҳуфта, нурафшон шав!

Ҳама бо аломати таҳсин сар ҷунбонданду яке аз бонувони хушлибос бо оҳанги пазириш гуфт:

— Эй кабутари ҳарам, изҳори фараҳ ва сурур намо, ки дубора ба ҳарами шоҳаншоҳи олам расидӣ! Марҳабо, фарши ҳарами мо махмалин асту бо тозагулҳо ороста!

Самарқанд сайқали рӯйи замин аст,

Ҳавояш фораму хокаш маҳин аст.

— Нигина ба шумо ва шуморо ба Худо месупорем, — гуфт бо оҳанги хайрбод сарязак. — Аммо фаромӯш накунед, ки агар кабутари ҳарамро ранҷе расад, шоҳзода Ҷалолиддин ба мо некӯӣ накунаду мо ба шумо…


* * *


— Аз кӯҳсор насим ба нармӣ вазиду айёми баҳор расид ва дар атрофи бораи Самарқанд низ лола шукуфт. Нигина ҳам тадриҷан гарду ғубор аз дилу рухсор шуста, ғунчасон майли хандидан дошт. Чун пештара ҳамроҳи Шакархонум дар ҳавлии алоҳида, берун аз ҳарам иқомат мекарду рӯз то рӯз ҳавлу ҳаросаш камтар мешуд. Ба вай Самарқанди бузург ва ободон, ки нозу неъмати фаровон дошту сокинонаш ҳалиму мехрубон ва ширинзабон буданд, дар қиёс бо Ғӯрганҷ бештар писанд омад. Кадбонуи ҳарами подшоҳӣ Саодатбегим, ки назди ҳоҷибхона истиқболаш гирифта буд, худро самарқандии асил муаррифӣ карда, ба гуфтору рафтори меҳрбор кабутари ҳарамро мафтуни хеш гардонд.

— Хоразмшоҳ шаҳри моро забт накардааст, балки Самарқанд дили шоҳро тасхир кардааст! — гуфт бо ифтихор кадбонуи соҳибҷамол ва рӯйдодҳои ҳафт-ҳашт сол муқаддамро бо обуранги зиёд тасвир кард. Ба Нигина аён гардид, ки он вақт ҳокими Самарқанд сарсулолаи қарохониён Усмон ибни Иброҳим будаасту «Султони бузурги султонҳо» лақаб доштааст. Вай духтари гӯрхони қарахитоиро ба занӣ хостааст. Лекин ҷавоби рад гирифта, бо аломати эътироз аз онҳо рӯ тофта, ба номи Султон Муҳаммади Хоразмшоҳ хутба хондаву сикка зада, ӯро ҳамчун меҳмони ифтихорӣ пешвоз гирифтааст. Яъне шоҳаншоҳи олам аз камон як тир наандохта, соҳиби Самарқанд шуда, дар иваз духтари нозанинаш Нозпариро ба ҳокими занталаб Усмон бахшидааст.

— Тӯйи арӯсӣ дар Ғӯрганҷ гузашту вақте Усмон барои ба никоҳи худ даровардани духтари подшоҳ овора буд, қарахитоиҳо бесоҳиб мондани шаҳрамонро фурсати муносиб шумурда, мисли мӯру малах ҳуҷум оварданд, — бо оҳи пурдард гапашро давом дод Саодатбегим. — Мо аз Хоразмшоҳ мадад хостем. Вале он замон дар Ҷанд исён буду вай омада натавонист. Самарқандиҳо ноилоҷ худ ба мудофиа хестанд ва як соли расо муқовимат нишон доданд. Дар ин муддат расо ҳафтод бор ҷанги тан ба тан шуд. Шасту нӯҳ маротиба самарқандӣ ғолиб баромаду фақат як бор қарахитоӣ дастболо шуд, вале базудӣ шармандавор қафо гурехт. Вақте Хоразмшоҳ ин ҷо расид, дар гирду атрофи Самарқанд ягон қарахитоӣ набуд, лекин шаҳри ҷангзада ҳоли табоҳ дошт…

Бо чашми худ дидам, ки Хоразмшоҳ ба хоки хунолуд дузону нишасту бо дарду алам

Самарқанди қандманд,

Ба ин ҳолат кӣ афканд?

гӯён чанд қатра ашк рехт. Баъд бо азму нияти қатъӣ аз ҷой хеста, идомаи шеъри қадимаро тарзи дигар хонд:

Аз Ғӯрганҷ ту беҳтарӣ,

Пойтахти Хоразм мешавӣ!

Хоразмшоҳ ба қавлаш истоду Самарқандро ба иқоматгоҳи худ табдил дод, ба сохтани масҷиди ҷомеъ ва қасри подшоҳӣ шурӯъ намуд ва шаҳрамонро ободон карду мехоҳад, ба сайқали рӯйи замин табдил диҳад…

— Кош Хоразмшоҳ як бор ба Хуҷанд ҳам сафар мекард. Аз файзи қадамаш Тирози ҷаҳон даҳчанд обод мешуд…

— Чаро Исфара нею Хуҷанд гуфтӣ?

— Исфара зодгоҳи ман, аммо Хуҷанд парвозгоҳам! Ман аз хуҷандиҳо як умр миннатдор ва… қарздор…

— Исто, Нигина, оҳанги сухани ту бо оҳанги сухани Шоҳаншоҳи олам якхела шуд. Шавҳарам мегӯяд, ки подшоҳи Хоразм дар як маҳфили шодӣ сари мастӣ чунин гуфт: «Ман аз хуҷандиён як умр сипосгузорам, чунки агар сипаҳбуди хуҷандӣ набудӣ, шоҳи Хоразм Шоҳаншоҳи олам нашудӣ!»

— Ин ҷумлаи шоҳона чӣ маънӣ дорад?

— Дар як ҷанги калон қарохитоиҳо ғалаба карда, Султон Хоразмшоҳро асир гирифтаанд. Лекин нашинохтаанд вайро. Чунки тибқи одати деринаи худ либоси сарбози одиро пӯшида, ба муҳориба баромада будааст.

Дар асирхона Хоразмшоҳро ҳамроҳи як сипаҳбуд ҷой додаанд. Вай сирри подшоҳро накушода, баръакс маслиҳат додааст, ки шоҳ худро ғулом вонамуд кунад, то барои аз асорат гурезондани ӯ имконият бештар шавад. Хоразмшоҳ сари таъзим фуруд оварда, дастобрези сипаҳбуд шудаасту ҳар чӣ фармояд, «Лаббай!» гӯён, бо камоли эҳтиром иҷро мекардааст.

Ин ҳолатро борҳо мушоҳида карда, соҳибхона сипаҳбудро ғуломдори сарватманд пиндошта, ба молу мулкаш мароқ зоҳир кардааст. «Ман аспу гӯсфанди беҳисоб, тиллою ҷавоҳироти бисёр дорам, — гуфтааст сипаҳбуди айёр. — Лекин афсӯс, асир афтодаму ҳама боигарӣ бесоҳиб монд».

Сияҳҷурдаи хомтамаъ лаҳзае ба хаёл рафта, бо оҳанги таассуф гуфтааст: «Аз он ки ғуломат туро ин қадар иззату ҳурмат мекунад, ту одами андак-мундак нестӣ. Лекин ман сода не, ба умеди тангаю тилло ҳеҷ вақт туро аз банд озод намекунам — меравию бозгашт намеойӣ!» Сипаҳбуди зирак аз шӯълаи чашмони қарахитоӣ рамуз бардошта, аммо худро бепарво вонамуд кардааст: «Гапат дуруст. Агар ба Хуҷанд равам, ҳаргиз намеоям. Лекин агар наравам, хешу ақрабо маро ба ҳукми мурда бароварда, ҳама боигарӣ ва тангаҳои тиллоро тақсим карда мегиранд. На ба ман мерасаду на ба ту!» Сипоҳӣ боз ба фикри чуқур фурӯ рафта, оҳиста пурсидааст: «Агар ба давлату сарватат даст ёбӣ, чӣ қадараш азони ман мешавад?» Сипаҳбуди ҳуҷандӣ аввал савдоро пазонда, баъд пешниҳод кардааст: «Маслиҳат ин аст, ки ягон одами дилпури ту ҳамроҳи ғуломи ман ба Хуҷанд равад. Хешовандонам, ки вайро мешиносанд, ҳар чӣ гӯяд, бовар мекунанду мактуби маро хонда, ҳар қадре хоҳӣ, динори тилло медиҳанд…»

Сарбози содалавҳ ғофил аз он, ки зари нақд аз даст медиҳад, ба умеди тиллои насия як чокари танумандашро ҳамроҳи «ғулом» ба Хуҷанд фиристодааст.

Хоразмшоҳ аз асорат халос ёфтан ҳамон аввал «хоҷаи хуҷандияш»-ро наҷот доду сипас ба тухми қарахитоӣ қирон овард…

– Ғулом шудани подшоҳро бори аввал мешунавам, — гуфт Шакархонум. — Ин ба шаъни подшоҳони олам, интухин, намезебад.

— Аммо шоир Сайфуддин гуфта буд, ки ҷадди аълои шоҳаншоҳи олам мавло буду бобояш мавлозода…

— Ишораи Нигина саҳеҳ асту мавлозода будани Хоразмшоҳро хурду бузурги Самарқанд медонад, — якбора ба ҷӯш омад кадбонуи ҳарам. — Аслан гирем, аксар шоҳони олам аз ғуломию бардагӣ рустаанд. Яъне бо амри тақдир як муддат ғулом шудани подшоҳ айбу гуноҳ ё кори хато нест! Хатои Хоразмшоҳ дар ҷойи дигар аст.

— Куштани Шайхулислом? — луқма партофт Шакархонум.

— Ин як тарафи масъала. Хатои асосӣ ва дағали Хоразмшоҳ он аст, ки чун ба хиттаҳои мулки Аҷам ба осонӣ соҳиб шуд, ғуруру нахват ёфту ба мулки Араб чашм ало кард ва бо амиралмӯъминин, ки ноиби Пайғамбар аст, ошкоро душманӣ зоҳир сохт!

— Пунба аз доғам гирифта, интухин, азобамро тоза кардӣ, хоҳар! — гуфт бо оҳи дилреш Шакархонум. — Баъди ғалаба бар қарахито рӯзе чанд каруфаре карду, интухин, дар охири бадмастӣ худро аз пастӣ ба пастӣ заду, интухин, ҳамаро ҷигархун кард…

— Ва ҷигархун шуд. Агар гапи Турконхотун рост бошад, дар ағбаи Ҳулвон азоби рӯзи маҳшар ба сараш омад.

— Ин овозаи дурӯғин не, Нигина. Ба ин сафари пурхатар шаст ҳазор сарбози самарқандӣ ҳам ҷалб шуданд, ки яке аз онҳо писарам буд. Вай мегӯяд, ки ҳанӯз ба Ҳулвон нарасида, дар Астаробод барфбориш сар шуду се шабу се рӯз беист давом кард ва шамоли сард хунуки қаҳратун овард. Ҳама уштур ях басту мурд, ними аспу хачир талаф ёфт, ҳар чорумин сарбоз нобуд шуд, ки ба шумор аз сад ҳазор зиёд аст. Дасту пои сад ҳазори дигарро хунук заду лашкар корношоям шуд… Дасти рости писарам ҳанӯз карахт аст, пиёларо бардошта наметавонад…

— Ин дарди бахайр аст, иншооллоҳ, ба зудӣ шифо меёбад. Лекин, ҳоли подшоҳ чӣ тур бошад?

— Аз зин фуромадаасту аз узангӣ не! Писарам мегӯяд, ки шоҳи бадхашм, аммо бечораву беобрӯй дар сари ағба аз шармандагӣ чун мори шарза ба худ печид, дилу ҷигараш исфандфор сӯхту аз даҳану димоғаш дуди талху тунд баромад, зор-зор нолиду «бо балои осмонӣ панҷа кардан аблаҳист!» гӯён, он чӣ аз тақсиру хато бар ӯ содир шуда буд, якояк шуморид ва аз пайи озори халифаи ислом шуданро барои бандаи мӯъмину мусулмон гуноҳи азим ҳисобида, тавбаю узру маъзур кард. Аммо ба Нишопур расидан ҳамон шоҳро барфи андӯҳ об гашту узру тавбааш бухор гардид ва ба хатиби шаҳр фармуд, то номи халифаро дар хутба зикр накунад, чунки вай мурдааст…

— Ба лафзи исфарангиҳо, чун аз бало раҳид, зуд ба балоҳат62 печид?

— Аҳсант, Нигина, ки агар саволатро ба хитоб гардонем, ҷавоби хуби шоирона мешавад! Бо омадани баҳор шоҳро бозори ҷунун дубора гарм гашту ҷӯшидаю колида нангу номус вашарм ба канор гузошта, дар Марву Балх ва Бухорою Сарахс низ номи халифаро аз хутба баровард.

— Лекин дар Ғӯрганҷ, интухин, хутба бо номи Халифа мехонанд.

— Дар Самарқанд ҳам. Хатибони шаҳри мо ба ҷойи «Хок бар даҳанат!» бо ришханд «Барф бар сарат!» гуфтанду номи халифаи исломро гиромӣ медоранд.

Суханҳои пасту баландро шунида, Нигинаро дуди ҳайрат аз мӯрии димоғ баромад:

— Маълум мешавад, ки «Султони сарпастро ақл мағлубу ҷунун ғолиб» гуфтани Турконхотун беасос набудаасту дуои Шайхулислом дар дохили ҷувол мустаҷоб гаштааст…

— Оре, ҳолиё шоҳаншоҳи пастфитрат дар олами ишрат, яъне беномунангӣ умр мегузаронад. Мегӯянд, ки алмудом «рӯзгори барфу сардӣ аз ёд фаромӯш бод!» гуфта, пайваста нишот мекунад. Ту ҳам омода бош, Нигина, бихрому ҷилва деҳ сарви нозро!

— Маро рақсидан айни муддао бошад. Лекин… он рӯзи фирӯз кай бошад?

Кадбонуи ҳарам зуд қофия баст:

— Он рӯзи фирӯз анқариб бошад. Шоҳаншоҳи олам моро башорат додааст, ки дар охири ҳафта ба Самарқанд мерасад!

Хушхабар Нигинаро ба по хезонд ва «Ҳуҷаста бод рақс!» гӯён бе чангу тарона ба ҷилва омад. Ҳама кафзанон аз ҷой хестанду Шакархонум ва Саодатбегим низ дар канор наистода, ба кабки хушхиром пайвастанд. Марди нобино ҳам баръало медид, ки ҳама ташнаи шодиву нишотанд…


* * *


Нигинаи шодондил рӯзи дигар андаке мушаввашхотир шуд. Зеро Шакархонум вақти чойнӯшӣ оҳиста пурсид:

— Агар Хоразмшоҳ аз қиссаи Узлоғшоҳ огаҳӣ ёбад, интухин, чӣ мегуфта бошад?

Нигина, ки ин тарафи масъаларо то ҳол андеша накарда буд, бепарвоёна гуфт:

— Маро «Зеҳ!» мегӯяд, Узлоғро танбеҳ медиҳад.

— Лоуболӣ накун, духтар, Узлоғ ҳар кӣ набошад, интухин, писари шоҳаншоҳ аст. Меҳри падарфарзандӣ ҷозибаи бисёр дорад…

— Диламро зиқ накарда, пӯсткандаи гапро гӯед, ойтиҷон! Наход подшоҳ ба ман мукофот нею ҷазо диҳад?

— Рости гап, худам ҳам намедонам, ки чӣ гӯям? Гаштаю баргашта ин рӯйдодро таҳлил карда, интухин, фақат ба як хулоса омадам, ки ҳақ ба ҷониби ту. Лекин феълу атвори подшоҳи моро, интухин, чену баркаш карда намешавад: ними нафасаш об, ними дигараш алов! Хусусан дар ин шабу рӯз, ки дарду аламаш зӯру, интухин, вайро андарун зиндони бод шудааст, агар «Нигина Узлоғро ҷиннӣ кард» гӯянд, аз вай, интухин, ҳар номаъқулиро метавон интизор шуд…

— Ин хел ки бошад, мани мискинтани танҳоғариб чӣ кор кунам? Аз Самарқанд гурехта, ба Хуҷанд равам?

— Намешавад, духтар! Интухин, Хуҷанду Ворух ҳам мулки Хоразмшоҳ. Мардуми Бухоро мегӯянд, ки як бор ҷастӣ — бехатар, ду бор ҷастӣ — бехатар, охир ба дастӣ, малахак!

— Яъне ки аз тақдир ҷойи гурез нест:

Тақдир чу тир дар камон кард,

Афсӯс, дили маро нишон кард!

— Гапат дуруст, Нигина, бандаи хокӣ наметавонад, сарнавишти эзадӣ тағйир диҳад. Лекин барои беҳбуд тадбир ҷуста метавонад!

— Шумо ки аз ғарази эҳтимолӣ маро огоҳ кардед, тадбир дар чӣ мебинед?

— Маслиҳати аввал ин аст, ки «тири тақдир маро нишон гирифт» гӯён, интухин, дилшикаста нашав. Зеро аз дили шикаста тадбири дуруст набарояд. Мардуми Бухоро мегӯянд, ки «чун сабза латифӣ, дуруштӣ макун ва чун гул нозукӣ, хорпуштӣ макун!»

— Шумо чиҳо мегӯед, ойтӣ? Ба Узлоғ дуруштӣ ва хорпуштӣ кардани ман магар хато буд?

— Ман падарашро дар назар дорам. Агар подшоҳ шарҳи ҳол пурсад, чӣ посух медиҳӣ?

— Буду шуди ҳодисаро мӯ ба мӯ мегӯям. Мефаҳмонам, ки кабутари ҳарам барои ҳифзи некномӣ ва қадру эътибори шоҳаншоҳи олам бо уқоббачаи бераҳм часпу талош кард.

— Чӣ ҷавоб медиҳӣ, агар Хоразмшоҳ пурсад, ки чаро валиаҳди ҷавонро рад карда, интухин, шоҳи солхӯрдаро интихоб кардӣ?!

Аз пурсиши гаронбор Нигина мисли кабки ҳаросон рам хӯрд. Тарсид, ки агар ҳақиқатро гӯяд, асрори дилаш фош мегардад ва Мирмалик дар ҳолати ноҳинҷор мемонад. Аммо агар бо лутфи дурӯғин табъи дили Хоразмшоҳ сухан гӯяд, ба бозичаи дасти ӯ табдил меёбад ва ҳама орзую умеду интизорию ҷаҳду талошу дар ишқи Мирмалик тапиданҳояш хокистари бодпар мешавад… Яъне ҳар ду ҷавоб ба манфиати ӯ нест. Аммо посухи миёнҷӣ чист?

Нигина бовар дошт, ки муаллифи савол ҷавоби саҳеҳро худ медонад. Ду соли ҳамошёнӣ ва ҳамнишинӣ онҳоро хеле қарин гардонда, бо як ишора якдигарро мефаҳмиданду аз бешу ками хеш огоҳ буданд. Он шафқату меҳрубонӣ, ки Шакархонум бе ягон тамаъ ё ғараз дар ҳаққи Нигина кард, бебаркаш буду кам касон нисбати фарзанд ё дилбанди худ раво медиданд. Нигина низ ба ин бибии бухороӣ муҳаббату садоқати беандоза дошт, вайро аз модари меҳрпарвари худ кам намедонист ва мисли Очанурии хуҷандиаш ҳурмату эъзоз мекард. Ва инак, лаҳзае фаро расид, ки ӯро маҳрами асрори ниҳони хеш гардонад ва дар боргоҳи муқаддаси дили ишқпарвараш эътимод диҳад.

— Ойтӣ, маро бубахшед, ки то имрӯз як гапро аз шумо пинҳон медоштам. Ёд доред, баъди рафтани шоир Сайфуддин сабаби зиқии маро пурсида будед?

– Ҳа. Ҷавобатро ҳам ёд дорам!

— Он вақт… рости гапро руст карда будам. Акнун росташро фош мегӯям: он рӯзҳо аз ҷудоии Мирмалик ва манъи дидор дам ба дам чу най менолидам. Зеро фақат худам медонистам, ки фироқ аз заҳр талхтару аз марг хунрезтар мешудааст. Бинобар ин маро хоб аз чашму дил ва дасту по аз рақс рафта буд…

— Яъне ки ту аз барои Дамир Малик ҷон дар хатар гузоштӣ?

– Ҳа, ойтӣ! Дар чаманистони умрам ғайр аз Мирмалик ба дигар гулпарак ҷой нест!

Шакархонум пешонии Нигинаро бӯсиду лаб ба таҳсин кушод:

— Сад офарин бар туву ҳазор нафрин бар падару писари булҳавас, ки аз ишқи комил хабар надоранд ва, интухин, домони намозиро бо палидӣ олудан мехоҳанд. Дарвоқеъ, эй Нигина, маро бодиққат гӯш кун: оё Мирмалики ту, интухин, ҳамон сипаҳбуди хуҷандӣ нест, ки подшоҳро аз бардагӣ наҷот додааст?

— Намедонам, ойтӣ! Шояд ҳамон бошад…

– Ҳамон аст! Домоди хонадони подшоҳӣ ва ҳокими вилоят шудани Дамир Малик, интухин, подоши хизмати вай аст! Акнун, интухин, масъала ранги дигар мегирад! Ба ҷони поки азизон қасам, ки ҳама даст пеши виқори ту паст хоҳад шуд! Он сипаҳбуд туро ҳам наҷот медиҳад!

— Раҳмат, ойтиҷон! Эй кош ба ин гапатон фаришта «Омин!» гӯяд. Лекин… худатон гуфтед, ки дасти подшоҳ дароз аст. Оё аз ҳаллоҷии вай бо чор ишкели бутун берун мешуда бошам?

— Тарсу набош, эй духтар, ҳамааш нағз мешавад. Агар шоҳ мароқ зоҳир кунад, тамоми суханҳои Турконхотун ва чоплусиҳои Узлоғро нарезондаю начакконда ба самъи муборакаш расон. Аммо, интухин, қиссаро то охир нагуфта, дар ҷое, ки «ман надимаи шоҳаншоҳи олам, на писараш!» гӯён, ба ғазаб омадӣ — нуқтаи таммат гузор.

Сӯҳбати шуморо ғайри ман дигар шоҳиде набуд ва агар лозим ояд, чунин шаҳодат медиҳам: бо чашми худ дида, бо гӯши худ шунидам, ки таҳдиди Нигинаро шунида, Узлоғшоҳ аз хашми падар тарсиду «Сари зулфи ту набошад, сари зулфи дигаре! Агар хоҳам, имшаб пеши ҳазор зан биравам!» гӯён бадар рафт ва рӯзи дигар, интухин, вайро ҳамоғӯш бо ғаркампир дарёфтанд. Мо он вақт аллакай дар роҳ будему, интухин, бо даъвати шоҳаншоҳи олам ба Самарқанд мешитофтем… Маро дуруст фаҳмидӣ, эй духтар?!

— Фаҳмидам, ойтиҷон, илоҳо ҳазорсола шавед! Шайхбобои Хуҷандӣ боре ба таъкид гуфта буданд, ки «дурӯғи маслиҳатомез беҳ аз рости фитнаангез!» Он вақт шубҳае дар дилам пайдо шуда буду акнун барҳам хӯрд. Тарсу ваҳм ҳам нопадид шуд…


* * *


Баъди як ҳафта Хоразмшоҳ ба бораи Самарқанд расид, аммо ба шаҳр надаромад. Ҷониби офтоббаро гулгаште буд муаттар бо номи Фирӯзабоғ. «Лоиқ ин ҷо аттараб аст!» гуфт ва фармуд, ки саропарда ба мобайн ниҳанд, то дар ҳавои кушод ва табиати озод баргу наво ва созу тараб ба коми дил эҷод кунанд. Аҳли ҳазл ва шуарои дарёдил пештар аз аркону акобиру аъён ба хидмати шоҳаншоҳи олам ҳозир шуданд ва заминро бӯса дода, мадҳу ситоиш оғоз намуданд.

Малик-уш-шуаро Сафии Бӯстӣ мадеҳае бар қофияи «пойбӯсӣ кунам» хонду мисраи охирро бо овози мутантан ду бор такрор кард: «Ҳар нафас афтам ба пойи шоҳ, қадаҳнӯшӣ кунам!» Таъкиди шоир ишорае буд ба соқӣ. Даҳони кӯза кушода шуду қадаҳи аввал бе ромишгар нӯши ҷон гардид ва шоири ҷавоне бо нидои «Ҷонам фидои Анварӣ!» ба шеърхонӣ пардохт:

Бода хӯрдан хуш бувад дар гул ба ҳангоми сабӯҳ,

Тавба кардан бад бувад аз май ба ҳангоми баҳор.

Бӯйи гули сурӣ, майи софӣ ҳалол асту мубоҳ

Хоса андар маҷлиси Садри ҷаҳон, фахри кибор!

Муғанниён дартоз ба тарабгоҳ расиданду саросема парда сохта, бо асбобҳои ҷӯр-ноҷӯр мақоми ошиқӣ навохтанд. Селаи раққосаҳо бо шӯру шавқун ба ҷилва омаданду ба оҳанг эътиборе надода, каҷма-каҷал арғушт мерафтанд. Нигина, ки қабои нафиси абрешимӣ аз бовали Чин пӯшида, бо ҳулаю ҳулӣ — ҷомаю ороишоти рақсӣ омада буд, дар мобайни Шакархонум ва Саодатбегим зери дарахти шукуфони себи хубонӣ базми беназмро тамошо карда, торафт аз рақсидан дилхунук мешуд. Хоразмшоҳ вайро намедид. Зеро чашми хумор аз ҷилваи дилситонҳои кокулпарешон наканда, бар болини осоишу сурур паҳлу ниҳода буд. Майгусорони муқарраб низ равиши подшоҳи худ пеш гирифта, бо бӯсаю май айш мебохтанд, бо шавқу шодмонӣ каф мезаданду пой мекӯфтанд.

Дар авҷи хушҳолӣ зебосанаме, ки қаду қомати дилоро дошту худро шамъи базморо меҳисобид, шохчаи навбарги сияҳбедро муназзам алвонҷ дода, бо нозу карашмаи фиребои самарқандӣ ба рӯйи шоҳаншоҳи олам аз қадаҳи заррин гулоб пошид. Шоҳ қоҳ-қоҳ хандиду аз беҳушӣ ба худ бозомад ва дасти рост баланд бардошта, ҳама овозро паст нишонду худ ба хурӯш омад:

— Айюҳаннос! Айюҳассукоро! Айюҳассоқӣ!!!63

Замоне Рӯдакӣ дар ин гулбоғи дилписанд нишаста, «бар сабза бода хуш бувад!» гуфта, бо шавқ нидо карда буд:

Ой аз он чун чароғ пешонӣ!

Ой аз он зулфаки шикасту микаст!!

Мо хоҳем- нахоҳем, ҷаҳони фонӣ хуш-хуш ба бозӣ мегузарад. Лекин аблаҳон ранҷ мекашанду ҷон мефишонанд — инҳо чингизиёнанд. Мо бошем, даст меафшонему айш меронем — чунки хоразмиёнем! Аз оташе, ки чингизиён дар дил доранд, об гарм мешавад, вале намеҷӯшад. Вайҳо худро оҳантан меҳисобанд, лекин сӯзан онҳо, ки оҳан аст, лекин табар не! Чингизчаҳо барбату чангу чағонаро намешиносанд ва лаззати рақсу таронаро намедонанд, лекин мо хуб медонем. То мо ҳастем, бӯстон дилкаш асту май беғаш, аммо ёр саркаш нест! То мо ҳастем, аз муғул натарсед, бинӯшеду бибӯседу шод бошед!

Айюҳашшуаро! Ҳар кадоме дар васфи Самарқанд як байти ширинтар аз қанд гӯед! Байти аввал ин аст:

Хушандому парирӯ, моҳи тобон дар Самарқанд аст!

Сиёҳчашму сиёҳмӯ, шоҳи хубон дар Самарқанд аст!

Аввалин шуда, Сафии Бӯстӣ аз ҷой хест:

Тамошо кун, ки сайри хушбаҳорон дар Самарқанд аст,

Суманбар, лоларӯ, оҳунигоҳон дар Самарқанд аст!

Шоире солхӯрда ба дарёи пурхурӯши Зарафшон ишора карда, байти обдоре ба забон овард:

Биҳамдуллоҳ, ки дарёи хурӯшон дар Самарқанд аст,

Ситамгар, нозпарвар, маҳҷабинон дар Самарқанд аст!

Аз ҳама охир Шамсуддин Ҳола байт гуфт:

Суманрӯю париандому ҷонон дар Самарқанд аст,

Сиҳиқад, моҳпайкар, хушхиромон дар Самарқанд аст!

– Ҳаббазо! Байти офтобӣ гуфтӣ, шоир! — Шамси Ҳоларо рӯҳбаланд гардонд шоҳ. — Акнун нӯшбод бигӯ!

Шоир лаби қадаҳ бӯсиду бо авҷи тоза садо баровард:

Шоҳ, ки медиҳад даме, кам махӯр аз майи таҳур,

Пеши сабӯҳ боз шав, чанг бихоҳу бода хӯр!

— Бодаи таҳур биёред! — даст ба ҳам совид Хоразмшоҳ ва фармуд ду ҷоми шоҳона лабрез аз шароб биёварданд. Як ҷом ба ёди Искандар нӯшиду ҷоми дигар ба ёди Санҷар бихӯрд. Чун ҷоми сеюм ба даст гирифт, чашми махмураш ба Нигина афтод. Шӯри ҷунун дар дилаш ба туғён омаду нидои шоҳаншоҳи шӯридадил то Парвин расид:

— Эй ҷон, биё! Ҷонон биё!! Давида биё! Хандида биё! Рақсида биё! Шӯрида биё!! Биё, биё, биё, ки дар омаданат чашми сарам чор шудаст!

Биё! Моҳо, нигоро, ҳурчашмо,

Парирӯё, баҳоро, тезхашмо!

Нигина як гурӯҳи раққосаҳои фаттонро, ки қаблан омӯзонда, дар ҳолати омодабош нигоҳ медошт, пешандоз карда, ба майдон баровард, то бо рақси дилгудози хоразмӣ сӯйи офтоби маҳфил хиромон ҷилва намоянд. Шодгунаҳои пешина, ки шалпару монда шуда, гом аз гом баргирифта наметавонистанд, ҷабин ва гардани арақшор бод дода, ба паҳлӯи майгусорон нишастанд ва саҳнаи ҳунарро холӣ гузоштанд. Шогирдон хиромон ҷилва мекарданду Нигина хиромон роҳ гашта, чун ба наздики саропарда расид, мавзун замин бӯсид, Хоразмшоҳ барои истиқбол аз ҷой хест ва бо оғӯши боз қадаме пеш гузошту кабӯтари хеш гарм дар оғӯш кашид. Беист чашму абрӯяшро бӯсаборон кард. Ҳама қавм бар пой хестанду аз забони шоирон беҳтарин вожаҳои аҳсанпардоз баланд гашт. Нигина аз шарм сар дар ҷомаи ҳулӣ кашиду Сафии Бӯстӣ сархуш аз ғамзаю бода бо овози гӯшнавоз «Муғаннӣ, гӯши борбат битоб!» гуфт. Шамси Ҳола байти Хайёмро назира баст:

Бархез, дило, ки чанг бар чанг занем,

Май нӯш кунему ном бар нанг занем!

Нидои шоирон табъи дили Хоразмшоҳ буду соқиён ва муғанниён фаъол гаштанд ва аз ҷамоли Нигина базми султонӣ даҳчанд обод шуд. Маҷлисиён ҳар кадом бар сари худ қадаҳе мебардоштанд ва шоҳу шодгунаи ӯро бо ҳазор забон васф мекарданд. Вале садри олӣ ҷавобе намедод. Зеро ғайри Нигина касеро намедид. Аз беназоратию ноэътиборӣ маҷлисиёни лоқайд лаҷомгусехта шуданду даври шароб аз ҳад гузашт ва дар маъракаи майгусорон ҳушёре намонд. Аксарро хирад хуфту рағбат бедор гашт ва ғулғули маҳфил дар табиати озод, аз доираи адаб берун ҷаст…

Хоразмшоҳро низ ҳаваси аз наздик дидани ҷамоли махуфи Нигина дар дил омад. Оҳиста аз банди дасташ дошта, ба сароча — хаймаи хосаи подшоҳӣ даъват кард. Азбаски кабки дастомӯзро ҳоҷат ба ресмон набуд, Нигина дарҳол роҳӣ шуд. Вай гумон дошт, ки дар сӯҳбати хоса қиссаи Узлоғшоҳ бозпурсӣ ва баррасӣ мешавад. Аммо…

Шоҳ бо теғи нигоҳ андоми латифи гулбаданро шудгор карду якбора оташи шавқаш баланд забона зад. Хост пероҳани гул бебок пора кунаду айши комил ронад. Оби дидаи надима, ки беист метаровид, садди бадхоҳӣ нашуда, балки мисли равған оташи шавқи шоҳро фурӯзон мекард. Нигина дид, ки дигар илоҷи раҳоӣ нест, нигини пурзаҳри ангуштарин ба даҳон наздик овард. Вале имкони истифода нашуд…

Пардадор саросема парда бардошту бо садои ҷарангосӣ мужда расонд:

– Ҷаҳонкушои муаззам, шоҳзода Ҷалолиддини Манкбурнӣ ташриф фармуданд!

Хоразмшоҳ бо дили нохоҳам дасти таҷовуз аз домони Нигина дур кашиду чун мори афъӣ фашшас овоз баровард:

— Чӣ гап?! Чингиз ҳуҷум кард?!!

— Не. Чингиз ба таъҷил элчӣ фиристодааст. Вай дар пушти дар интизор…


* * *


Маҳмуди Ялавоҷи сафир ва ҳамроҳонаш шахсан аз Чингизхон барои Султон Муҳаммад асбобу афзори хелмахели гаронбаҳо ва созу барги нишот армуғон оварда буданду қабои оҳарии туркӣ аз пашми уштури сафед беҳтарин ҳадяи шоҳона андар замона маҳсуб меёфт. Он ба қаду қомати шоҳаншоҳи олам басо мутобиқу муносибу мувофиқ афтод ва ӯро даҳ сол ҷавонтар гардонд. Баъди ҷомапӯшонӣ ва бастани камарбанди тиллоӣ Маҳмуди Ялавоҷ бо табассуми фарох гуфт:

– Қоони бузург ба шоҳаншоҳи олам як номаи махсус низ ирсол намуданд.

— Таҳдиднома?!

— Худо нигоҳ дорад, Ҳазрати олампаноҳ. Ин номаи меҳрубонӣ ва дӯстгонӣ аст.

— Бихон!

Чингизхон ин карат дар муқаддимаи сухан тибқи муқаррароти номанигорӣ зафарҳои худро зикр карда, Чину Мочинро забт карданаш, тамоми қабилаҳои турку тотори атрофро зери итоат дароварданашро махсус таъкид намуда, сипас бо услуби муғулӣ сода ва бедабдаба навишта буд: «Аз ман пинҳон нест, ки зафарҳои ту ҳам бисёр аст. Ман медонам, ки ту давлати бузург сохтаӣ ва ними олам ба фармони туст. Инро, ки медонам, ба ту дасти дӯстӣ дароз мекунам ва мехоҳам, ки ҳамсояҳои хуб бошем. Туро мисли дигар писарҳои ҷигарбандам азизтарин фарзанд меҳисобам ва бовар дорам, ки мо якҷоя дунёро соҳибӣ мекунем…»

— Исто! — Хоразмшоҳ бо ситеза сафирро аз қироат боздошт. — Магар Чингиз вусъати мамлакати ман ва беҳисоб будани лашкари маро намедонад, ки худситоӣ мекунад?! Ин шоҳи қабилавӣ чӣ ҳақ дорад, ки маро — шоҳаншоҳи оламро фарзанд мехонад?!!

Дасти сафир ларзид ва забон хойид:

— Агар ин ибораи муғулиро саҳеҳ ба тоҷикӣ гардонем, Чингизхон гуфтан мехоҳад, ки вай… бародари шумост…

— Инаш гапи дигар. Давомашро хон!

Маҳмуди Ялавоҷ бо овози ларзон қироатро давом дод: «Ба ман гуфтанд, ки беҳтарин шоирҳо, олимҳо, ҳунармандҳои олам ба хидмати ту камар бастаанд. Офарин ба ту, ки чунин боигарии беназир дорӣ! Лекин ман аз ин ҷиҳат камбағал. Чунки қабилаҳои мо одамҳои калламағз ва ҳунармандҳои забардаст надоранд… Ман ба фалону фулон шоирони дарбори ту рағбате надорам, илло як раққоса. Ба ман гуфтанд, ки аз дарёи Сайҳун то оби Чайҳун ҳама тоҷдорону дарвешон Нигина ном раққосаи туро қойил шудаанд, ки рӯяш аз офтоб тобонтар будааст. Инро шунида, ба худ гуфтам, ки кош ман ҳам чунин кабутари ҳарам медоштам!»

Хоразмшоҳ бо ишораи ангушт сафирро аз қироат боздошт ва кибромез гуфт:

— Ин Чингиз бало будааст-ку! Ҳатто шоиру раққосаю аҳли ҳарами моро медонистааст! Ку давомашро хон…

— Ба чашм! — гуфт сафир, ки қаблан дар Ғӯрганҷ мезисту Ялавоҷи Хоразмӣ лақаб дошт ва баъди тоҷири чорбозоргард шудан сафорати Чингизхонро ба ӯҳда гирифта буд. — Қоони Бузург дар давоми мактуб менависад: «Дар ситоиши ҳусну ҳунари Нигина ҳамаро маҷоли нутқ намонд. Вайро ончунон сутуданд, ки ман талабгор ва харидор шудам. Мехоҳам чун дигарон аз ҳусну ҳунари вай мустаҳзар шавам. Ин миннат аз ту дорам ва бар ивази як раққоса сад духтараки зебои муғулу тотор мефиристам. Агар ин кам бошад, ба ҳар як тори мӯяш як тора марвориди чинӣ мебахшам…»

— Бас! — якбора Хоразмшоҳро ғазаб дарёҷӯш шуд. — Ин чӣ густохӣ?! Рав, дафъ шав! Ту чию подшоҳат чию номааш чӣ!!! Бо қоонат бигӯ, ки ман фарзанди падари худ ҳастам ва дархости Чингизро ба эътибор намегирам! Нигина нигини ангуштаринам, балки нигини тоҷи сарам! Ман аз муғулчаҳои пачақу пучуқ безорам ва ҳатто як пари кабки дарӣ ба зоғи сиёҳи даштӣ намедиҳам! Балки як тори мӯйи бинияшро ба Чингиз намебахшам!!!

Дафъ шав аз назарам!!!

Равзанаи ҳаштум. Қиссаи ба оҳуи ҳарам табдил ёфтани кабутари ҳарам

Соате нагузашта суханҳои баландпарвози шоҳи Хоразм вирди забони хурду бузурги Самарқанд шуд. Ҳамаро ҳаваси дидани сурати зебо ва рақси шевои Нигина ба сар омад. Онҳо чун донистанд, ки Хоразмшоҳи Кабир ба муносибати ғалаба бар Кучлук базми оламафрӯзи ҷамшедӣ месозад ва Нигина шамъи равшани базмгоҳ мешавад, бо рӯҳияи идона либосҳои нав дӯзонда, ба тамошои бузург омода мешуданд…

Торумор шудани Кучлук — ин хушхабари деринтизорро худи Хоразмшоҳ баъди рафтани сафири Чингизхон шунид. Аз шодӣ дар пероҳани подшоҳӣ нағунҷида, фармуд табли шодӣ зананд ва базми ҷамшедӣ ороста, тамоми ҳокимони Мовароуннаҳрро ба меҳмонӣ хонанд. Чаро?

Кучлук дар марҳилаи аввали ҷанги зидди қарахитоиҳо ҳамразми Хоразмшоҳ буду аҳди дӯстиро риоя мекард ва ба нишони садоқату эҳтиром дини насрониро тарк карда, мусулмон шудан мехост. Вале баъде ки духтари ҳоқони қарахитоиро ба занӣ гирифт, тамоман тағйир ёфту мисли ҳамсараш Туғаҷхотун бутпараст шуд ва риштаи дӯстиро бурида, душмани қаттоли мусулмонҳо гардид. Аз ин омоли зишт Султон Муҳаммад хашмгин шуд, вале азбаски ба Халифа Носир дандон тез мекард, ҳимояти муслиминро вазифаи ӯ ҳисобида, худро ба тағофул зад. Лекин…

Ба сари халифа лашкар кашидани Хоразмшоҳро шунида, рӯбоҳи дилсиёҳ шер гашту дини исломро бебунёд ҳисобид ва мусулмонҳоро маҷбур кард, ки саросар бутпараст шаванд. Вазъият махсусан дар Қошғару Хутан тоқатфарсо гардид — найманҳои кучлукӣ тамоми масҷиду мадрасаҳоро шикастанду ба оғилу партовгоҳ табдил доданд. Кучлук се ҳазор зиёдтар имому домуллою фақеҳу дигар донишмандони исломро дар бозор ҷамъ оварда, дини исломро нодурусту нолозиму номуборак, китоби «Қуръон»-ро ноқису носараю ношоиста ҳисобида, уламоро ба мубоҳиса даъват кард. Ҳама тарсону ҳаросон хомӯш нишаста, бо чашми умед имоми маъруф Шайх Алоуддин Муҳаммади Хутаниро менигаристанд. Вай ҷасурона аз ҷой хесту ҳама сафсатаҳои Кучлукро бо далелу бурҳони қатъӣ рад кард. Хони найманӣ беҳад оташин гашта, дар ҳаққи Муҳаммад пайғамбари гиромӣ носазо гуфт. Он гоҳ Шайхи мӯътабар бо тамоми овоз хитоб кард:

— Хокистар бар даҳонат, эй душмани ислом! Хок бар сарат, эй саги ношустаи ак-акӣ! Ту Кучлук не, кучук ту!!

Хони Найман дар пеши назари халқ бо Кучук — саги газанда табдил ёфт. Чун ба маънои суханбозӣ сарфаҳм рафт, девона шуд — бо амри вай Шайхи хутаниро ба дарвозаи мадрасае, ки худи ин бузургвор бунёд карда буд, чормех заданд…

Ин шумхабар дар Балх ба самъи Хоразмшоҳ расид ва ӯ мактубе навишт пур аз таҳдид ва амир Муҳаммади Қароқосимро сафир фиристод, то Кучлуки лаҷомгусехтаро ба оромӣ ва итоат водор намояд. Акси садои ҳокими найманҳо тамоман баръакс шуд: намояндаи шоҳаншоҳи оламро занҷирбанд ба ҳабсхона андохту ҷавобия навишт пур аз таҳқир, ки як ҷумлааш ин буд: «…Агар марди майдон ва султони ҳақиқӣ бошӣ, ба сари ман авбошу роҳзанҳоро вакил нафиристода, худ бурун ой, то бо ман ҷанг кунӣ ва мардӣ биозмоӣ. Касе мағлуб гардад, мутеъ шаваду ғолиб барояд —ҳоким!»

Даъвати ошкоро косаи сабри Хоразмшоҳро, ки ба Нишопур расида буд, лабрез гардонд. Чокарашро фармон дод, то дарҳол ба асп зин занад. Шитобон хесту саросема по ба узангӣ андохт. Асп аз ваҷоҳати подшоҳ тарсид магар, ки тавсанӣ карду чароғпоя рафт. Султон Муҳаммад нагунсор ба замин афтид. Дасташ шикасту миёнаш сахт зарб хӯрд. Аз шиддати дард нолида, қазои осмониро фоли бад пиндошт ва Кучлук ба ҳоли худ гузошта, ба ҷои ханҷар соғар ба даст гирифт…

Рӯзе шоҳзода Ҷалолиддин ба аёдати падар омад. Баъди ҳолпурсӣ, вақте перомуни муҳимтарин масъалаҳои давлатдорӣ саволу ҷавоб карданд, оҳиста гуфт:

— Агар хаста нашуда бошед, маслиҳате ҳаст дар боби Кучлук…

– Ҳарчанд қазия басо дарднок аст, лек ҷойи гурез нест. Нек бигӯ, то ройи фалак бар мароми ман равад.

— Дамир Малик мегӯяд, ки агар шоҳаншоҳи олам рухсат диҳанд, кори Кучлукро якрӯя кунад.

— Чаро? Ӯ чӣ ғараз дорад?

— Дамир Малик мегӯяд, ки Шайхи мӯътабари Хуҷанд Бадеуддини Нурӣ аз беадолатиҳои Кучлук нисбати дини мубини ислом ва қошғариҳо сахт оташин шуда, муридони хеш ба ғазо хондааст.

— Кучлуки ҳаром бади бад асту бояд сараш аз тан биафтад! Вале ҷазаъ кардани ҳокими музофотӣ ба рағми хоне, ки қудрати қарахито дар дасти ӯст, оё тариқи хирадмандист?

— Шайхулшайхи мо Наҷмиддини Кубро мегӯяд, ки ҷавру тааддӣ нисбати халқи мусулмон ва беиноятии Кучлук нисбати дини мубини ислом ба сарҳади ифрот расида, деҳқону тавонгару дарвешу фақирон ҳама сарсону нигарон ва омода ба исён…

— Кучлук даррандаи басо хатарнок асту фақат ман метавонам, ӯро маҳв созам!

— Эй падари меҳрубон, пешвои лашкари ислом ва таъйидшуда аз осмон шумоед ва Кучлуки лаънатӣ маҳз аз дасти қудратманди шумо пора-пора гашта, ба боди фано меравад. Дамир Малики Хуҷандӣ мисли ман фарзанди сарсупурдаи шумост ва бо дуои шумо, иншоаллоҳ, зафарпайкар мешавад.

— Ту ба вай эътимод дорӣ?

— Шамшер задану сифати ростандозӣ ва диловарии Мирмалики Хуҷандӣ ба ҳашт иқлим маъруф аст, эй падари меҳрубон! Дар ҳарбгоҳ ҳар кӣ ақл дорад, аз пеши ин таҳамтан мегурезад. Зеро паҳлавонест, сад Рустами достонро шогирди ӯ мебояд шудан! Ба ин қаду қомату дасту панҷае, ки дорад, бемуҳобо, кӯҳро занад, талқон мешавад!

— Кифоят, эй писар! Агар ду ҷумлаи дигар гӯйӣ, он хуҷандӣ ба сояи ман баробар мешавад! Довталаби ориятмандро хабар расон, ки мо дуои нек гуфтем, ба роҳ барояд. Аз Банокату Утрор даҳ ҳазор сарбоз ба ихтиёраш деҳ. Лашкар ба хубӣ сохта ва бо олоте тамом ороста, ба ҷанг дарояд ва ғолиб ояд!

Дастури Хоразмшоҳ иҷро ва дуояш мустаҷоб гашту муридони асили Пири бузургвори Хуҷанд лашкари бутпарастонро торумор карда, мусулмонҳои Қошғару Хутанро сарбаланд гардонда, бо пирӯзӣ ба ватан баргаштанд. Кучлук аз ҳарби танбатан бо ғазанфари Сайҳун тарсида, ҷониби Чин фирор кард, аммо дар тангнои Дарвози Бадахшон аз дасти шикорчиёни Ҷалолиддин кушта шуд. Хоразмшоҳ шод гашту базми пирӯзӣ эълон кард.

Табли подшоҳӣ баланд садо дод, мунодиҳо бонги шодӣ заданд, меҳмонҳо аз дуру наздик бохабар ва омодаи сафар шуданд, соқиёну шоирону шодгунаю ромишгарон камари хидмат ба хушӣ бастанд, Нигина аз ғалабаи Мирмалик рӯҳ гирифта, рақси нави «Чашмаи хуршед» офарид. Вале базми осмонкаф барпо нашуд. Бонги хатар азми тарабро шикаст — аз Ғӯрганҷ оҷилан хабар расид, ки ба дашти Қипчоқ — зодгоҳи Турконхотун душмани ғаддоре ҳамла кардааст!

Хоразмшоҳ ҳама гапу кори оламро як сӯ гузошта, лашкарро ба по хезонду қариб шаст ҳазор сипоҳии довталабро мураттаб саф кашонда ва писараш Ҷалолиддинро муқаддимаи лашкар гардонда, худ ба қалб гузашту хашмгин ба роҳ даромад. Баъде ки аз Ҷанд гузашта, сад фарсах бештар ҷониби шимол рафту ба канораи шаҳри Йуғур расид, маълум шуд, ки «ҳуҷуми душман» воҳимаю ҳангомаи навбатии Турконхотун будаасту Туқтаған ном сарвари қабилаи тақрит аз дасти Чингизхон гурехта, бо хазинаю аҳли ҳарам ва даҳ ҳазор навкари содиқи худ ба дашти Қипчоқ паноҳ овардааст.

Ҳақиқати ҳолро дониста, Ҷалолиддин маслиҳат дод, ки «Туқтағанро меҳмони нохонда ҳисобида ва дилашро бардошта, душмани душманро дӯсти худ гардонем, то рӯзе ба кор ояд». Ба ин пешниҳоди оқилона Хоразмшоҳ розӣ нашуд. Ба таҳлилу баррасии амиқ ҳавсала накарда, содаву осон хулоса баровард, ки бо як санг се паррандаро мезанад: аввалан, бо сипоҳи бисёр лашкари андакро зуд торумор намуда, ғалабаи ҳангуфт ва боигарию обрӯи муфт ба даст меорад; сониян, зодбуми модарро аз аҷнабӣ пок гардонда, дили ранҷидаи ӯро шод мегардонад ва, аз ҳама асосӣ, душмани Чингизро маҳв намуда, вайро қарздор месозад.

Бо хаёлоти ширин биёбони Қипчоқро кӯтал ба кӯтал тай карда, Хоразмшоҳ душман мекофт. Лекин аз Туқтаған ному нишоне набуд. Ҷалолиддин аз ҷустуҷӯйи бенатиҷа хастаю дилтанг гашта, чашми илтиҷо ба падар дӯхт:

— Наход Туқтағанро реги биёбон ба коми худ кашида бошад?

Падар ишораи фарзандро фаҳмид ва заҳролуд хандид:

— Аз дарёи Ирғиз гузашта, ба ду тақсим мешавему ман аз ҷониби рост, ту аз чап дашти Турғайро тафтиш мекунем. Агар ягон тақрит наёбем, қафо мегардем…

Сипоҳиён дашти нопайдоканорро қадам ба қадам муойина намуда, то мобайн расиданд. Ногаҳон аз сари тал садои сипоҳии пешгард баланд шуд:

— Ин тараф биё-йе-ее-д!

Хоразмшоҳи ташнаи корзор бодвор асп давонду… қатлгоҳе дид даҳшатовар! Сарҳо буридаву дасту пойҳо шикаста, либосҳо хунолуду ҷоғҳо дарида… Мурда болои мурда афтодаву ҳар ҷое асп ё шутуре по дароз карда… Аробаҳо шикаставу хазинаҳо ба ғорат рафта…

Кофта-кофта мардеро ёфтанд, ки тани абгору захми бисёр дошт, аммо барои зинда мондан талош меварзид. Зуд обу ғизо додаву ба захмаш марҳам ниҳода ҳол пурсиданд. Нима туркию нима муғулӣ калима гардонда, маълумот дод, ки аз қабилаи тақрит асту сарбози Туқтаған ва шаш-ҳафт соат пеш аз дасти муғул ба ин ҳол расиданд.

— Онҳо бисёр буданд?

— На он қадар. Аз мо андаке зиёдтар. Лекин ҳамлаи ғафлатгир карданд…

— Ба кадом тараф рафтанд?

Маҷрӯҳ бо ишораи сар тарафи офтобшинамро нишон дод. Хоразмшоҳ нӯки тозиёнаи подшоҳӣ ба он ҷониб гардонду «Олға!» гуфт. Сипоҳиён мурдаҳоро зери по намудаву марди захмдорро ба ҳолаш гузошта ва чанги нимбиёбонро ба осмон бардошта, аз пайи лашкари муғул тохтанд.

Субҳдамодам ба марғзори камалафе расида, савораи наонқадар бисёру пиёдаи камшумор диданд.

— Думи муғул дар дасти мо! — гӯён Хоразмшоҳ бо савлату салобат мӯйлаб тофту фармуд, ки ба муҳориба омода шаванд. То рост шудани майманаву майсараи лашкари панҷоҳҳазора кашшофонро пеш фиристод. Онҳо маълум карданд, ки Чингизхон писари ҷангозмудааш Ҷӯҷиро бо дувоздаҳ ҳазор сипоҳӣ ба таъқиби Туқтаған фиристодаасту маҳз онҳо дар баромадгоҳи дашти Турғай ин сарвари фирорӣ ва нӯкаронашро бераҳмона қатли ом кардаанд. Чор баробар зиёд будани қувваи худ ва инчунин дар наздикӣ ҳузур доштани ҳафт ҳазор сарбози яккачини Ҷалолиддинро ба ҳисоб гирифта, Шоҳаншоҳи олам бо шитобу диранг лашкарро барои ҳамла омода сохт.

Ҷӯҷӣ, ки чунин пешомадро интизор набуд, бе ягон фикру хаёли зиёдатӣ намояндаи худро бо ливои сафед барои гуфтушунид пеш фиристод ва худаш наздиктар омада, ба туркӣ нидо дардод:

— Падарам Чингизхон бо лашкари Хоразм ҷанг карданро ба ман қатъиян манъ кардааст.

Хоразмшоҳи аспсавор низ аз қалби лашкар берун баромада, бо овози қавӣ бонг зад:

— Агар Чингиз бо ман муҳориба карданро ба писараш манъ карда бошад, Парваридгори олам ба Шоҳаншоҳи олам мефармояд, ки бо ту ҳарбу зарб кунам. Чунки беиҷозат ба хоки Хоразм даромадӣ ва хун рехтӣ!

— Вазифаи ман несту нобуд кардани қабилаи такрит ва Туқтаған буд. Ҳамаи хазина ва моли ғаниматро ба Хоразмшоҳ мебахшам.

— Ман ба садақа ниёз надорам! Ҳар он чӣ хоҳам, бо зури бозуи худ меситонам! Ҳар касе бе иҷозати ман ба мулки ман даромадааст, душмани ман аст. Ба ҷанг тайёр шав! Байни мо ғайр аз шамшер дигар ягон сухан нест!

Ҳар ду лашкар ба ҷанг машғул шуданд ва набарде шадиду бераҳмона шуд. Муғулҳо чун гургони гурусна, ки байни рамаи калони гӯсфандон меафтанд, мезаданду мекуштанду хун мерехтанд ва аз бӯйи хун масту ҳузарб мешуданд. Аз ҳайбату наъраҳои ваҳшиёнаи онҳо сипоҳиёни хоразмӣ мисли заргӯш ларзидаву дасту по гум карда, сар мебохтанд. Хоразмшоҳ аз лашкари худ пушту-пушта кушта диду дилаш ба пушт часпид. Дар ду рӯзи ҷанг сеяки лашкари худро талаф доданаш кам буд магар, ки қабл аз ғуруби офтоб дастаи муғулҳо бо сарварии Ҷӯҷӣ ба қалби лашкараш ҳамла оварда, сарбозони таҳамтанашро куштаю пароканда карда қариб монд худи ӯро асир гиранд. Хайрият торикӣ фаро расиду ҷони подшоҳ амон ёфт. Дарҳол чил савораро ба чор тараф давонд, то Ҷалолиддинро ёбанду зуд ба ҷанги аждарбача биёранд…

Субҳи рӯзи сеюми ҷанг аз афроди лашкари Ҷалолиддин ҳафт ҳазор ҷанговар ба ҳар навъе, ки тавонистанд, худро ба паҳлӯи Хоразмшоҳ расониданд. Худи Ҷалолиддин бо ҳафтод савор аз маймана ба мадади падар расида, муғулҳои зиёдеро ба ҷаҳаннам фиристоду аз чоштгоҳ то нимарӯз дар қалби лашкар истода, доди мардиву майдондорӣ дод ва аз дили қиблагоҳӣ таҳлука дур андохт.

Ҷӯҷӣ, ки фарзанди шуҷоъ ва ҷасури Чингизхон буд, аз шуҷоат ва ҷасорати писари Хоразмшоҳ дар ҳайрат монду сидқан қойил шуд ва ҳис кард, ки кор аз дасташ меравад. Ноумед гашта, аз идомаи муҳориба даст кашиду бо ҳашт ҳазор сарбози боқимонда шабона роҳи гурезро пеш гирифт. Вай фақат сари буридаи Туқтағанро ҳамроҳи худ бурд, то ба падар тӯҳфа намояд. Дигар ҳама боигариро чун товони ҷанг дар майдон гузошт.

Хоразмиён як ҳафтаи дигар дар дашти Турғай ҷунбуҷӯл дош-танд. Бист ҳазор ҳамсилоҳи мурдаи хешро гӯронда, захмиёнро ба по хезондаю худ нафас рост карда, хазинаю дафинаи Туқтағанро ҳамчун ғанимати ҷангӣ тақсим намуданд. Хоразмшоҳ, ки аз талафоти гарон хомӯшу сархам буд ва ҳар замон «дар муддати умр чунин ҳарб ёд надорам» мегуфт, бо маслиҳати писараш чанд нафарро бо либоси муғулӣ барои ҷосусӣ гармогарм аз пайи Ҷӯҷӣ фиристоду гурӯҳеро сӯйи Ғӯрганҷ роҳӣ кард, то муждаи зафар ба Турконхотун расонанд. Сипас худро ғолиб вонамуд сохту «Филро аз зарби лагади пашша чӣ озор расад?!» гӯён, ҳадиси тирарӯзӣ дар дашт гӯронд, гурехтани писари Чингизро зуҳури толеи фархунда ҳисобид ва бо талъати фаррух паймона ба даст гирифт…


* * *


Рӯзе, ки Хоразмшоҳ аз дашти Турғай сӯйи Самарқанд раҳсипор гашт, Нигина бо ҳидояти Саодатбегим ҳамроҳи Шакархонум ба аёдати шоираи саду бистсола Ойишаи Муқрия рафт. Вай аз нақли Сайфуддин огоҳӣ дошт, ки ин бонуи суханвари суғдӣ «Шоҳнома»-и Фирдавсиро аз аввал то охир пурра аз ёд медонаду гули сари сабади султонҳои салчуқӣ буд. Саодатбегим иловатан гуфт, ки Бибӣ Ойиша асрори дарозумриро дар хоб аз Ҳазрати Хизр шунидаасту ҳар касе дуои ӯро гирад, гиреҳи мушкилоташ кушода мешавад.

Нигина, ки аз рӯйдодҳои охирин зиқ буду соҳибмаслиҳат мекофт, оши равғани зағири исфарангӣ пухту аз бозор шафтолуи сафед, шарбати дилпазир, нони осиё ва ҳалвои машкуфа харида, куртаи наверо дастовез карда, нисфуннаҳор ба дидори шоира расид.

Дар кошонаи тозаву озодаю барҳаво Бибӣ Ойиша сар ба лӯлаболишти серпахта гузошта, пинак рафта буд.

— Нигора ту ё Фотима? Чӣ чизи бомазза овардӣ, ки аз бӯяш сер шудам?

— Ассалом, Бибӣ! Ман Нигина аз Исфара. Ба меҳмонӣ омадам.

Кампирак чаққон аз болишт сар бардошт.

— Хуш омадӣ. Ба саломат алейк, ба қадамат ҳасанот! Гузару ба ҷойи дилхоҳат биншин. Ман ҳозир меоям…

Нигина нишасту то омадани соҳибхона Шакархонум «соҳибхона» шуду дастурхони ҳамроҳ овардаашонро кушод. Кампир андаке оши парҳезӣ хӯрду ҷуръае шарбат нӯшид. Сипас шафтолуе ба даст гирифту бӯйид ва бо хуррамӣ гуфт:

— Хуб кардӣ, ки шафторанг овардӣ, эй меҳмон! Кайҳо боз таъмашро начашида будам. Шафтолуи сафед ба чил дард даво! — Бибӣ Ойиша навмеваро чобукона пӯст канда, порае ба даҳон андохт. — Аз гапу хӯру хоб гилае надорам, локин чашмҳо андак хастаю ман хонашин… Ин саробистар саробӯстони ман, чабераҳоям Нигораю Фотима ду дидаи равшани ман…

Баъди ғундоштани дастархон Бибӣ Ойиша узр пурсида, якпаҳлӯ такя заду кафи дасти чап ба зонуи Нигина гузошта, даричаи сӯҳбатро кушод:

— Гап зан, Нигина. Ту аз куҷои Исфара?

— Дар канораи Исфара деҳаест бо номи Ворух…

— Медонам. Туро кадом шамол ба Самарқанд овард?

— Ман аз Ғӯрганҷ омадаам, Бибӣ! Подшоҳ, ки нарафт, ман омадам…

— Исто. Ту ҳамон Нигинаи ворухӣ, кабутари ҳарами Султон Хоразмшоҳӣ?

– Ҳа…

— Андар ситоиши ту сухан бисёр шунидаам. Дина Қутбиддин Атиқӣ, ки шогирди Рашиди Ватвот асту ба дарбори хоразмшоҳон қаробат дорад, туро ба осмони ҳафтум баровард, ахтари тобони осмони Мовароуннаҳр хонд. Шамси Ҳола ҳам волаву шайдои ту, ҳуснатро аз рақсат, рақсатро аз ҳусну ҷамолат беҳтар медонад.

— Мардакҳо доимо муболиға мекунанд, Бибӣ! Ман як духтараки қишлоқӣ. Бо шарофати устод Сайфуддини Исфарангӣ…

– Ӯро мешиносӣ? Дарвоқеъ, ҳардуятон ҳамшаҳрӣ, а?! Гӯр ёду ҳуши пирӣ шавад, чизи одиро фаромӯш кардаам. Лекин хуб дар ёд дорам, ки понздаҳ ё шонздаҳ сол пеш Сайфуддин айнан оши ту барин палави исфарагӣ пухта буд, мазааш то ҳол аз даҳонам нарафтааст.

— Он кас ошпази зӯр!

– Ҳам шоири зӯр ва ҳам олими зӯр! Он вақт Аҳмади ҷавон буду дар мадраса мехонд, беҳтарин шогирди Арӯзии Самарқандӣ буду бо Шамси Ҳола ҳамсабақ. Лекин Шамсуддин вай барин ош пухта наметавонист. Шеъраш мисли ошаш гоҳ бенамак буду гоҳе саросар намак…

– Ҳозир чӣ хел?

– Ҳозир… Ба ту чӣ гӯям? Исто, аз худаш мепурсем. Аз шарфаи пояш маълум, ки назди дарвоза расидааст…

Дақиқае пас Шамси Ҳола ба ҳавлӣ даромаду Нигина, ки қаблан аз суханпардозию бедормағзӣ, бӯёиву чашиёӣ ва эҳсоси нозуки кампири садубистсола дар шигифт монда буд, чун кабки лол мабҳут гашт. Зеро вай лоақал шарфаи пое нашунид, аммо Бибӣ Ойиша ҳам овози пойро шуниду ҳам кӣ буданашро бехато муайян кард! «Ин шоираи самарқандӣ занаки одӣ не, булбули биҳиштӣ ва фариштаи заминӣ вай!» худ ба худ хулоса кард Нигина. Дар он асос, ки боре очакалони хуҷандиаш Бибинурӣ фариштаҳоро бӯгирони гардун унвон кардаю шоир Сайфуддин булбулро дар як рубоӣ бӯбурд номида буд…

— Чун фаҳмидам, ки Нигина ба зиёрати модарбузурги мо омадааст, ҳама корро партофта ин сӯ давидам, — гуфт шоир баъди саломуалейк ва ҳаш-ҳаш нафас кашида, аз соҳибхона пурсид. — Нигораю Фотима канӣ?

— Сапедадам ба Фанорӯз рафта буданд. То ҳол бедарак…

— Фанорӯз куҷост?

— Деҳае дар шафати Самарқанд, ки боғи падари Бибӣ Ойиша он ҷо доман паҳн кардааст.

— Яъне ки… Ҳозир аз бозор нони гарму сихкабоб меорам.

— Ташвиш накаш, шоир! Нигина оши исфарагию шафторанги шаҳдрез овард. Агар хоҳӣ, насиба гир. Лекин аввал ба як пурсиши меҳмон ҷавоб гардон: ту шоири зӯр ё Сайфуддин?

— Ошнои ман муллои зӯр ва ошпази зӯр аст, локин дар назм Шамс аз Сайф зӯртар!

Аз ҷавоби густохона Нигина ҳайратзада шуду Бибӣ Ойиша луқма андохт:

— Эй шоир, андар сухан жарф нигар:

Фурӯ афтӣ зи кӯҳи тундболо,

Равӣ дар мавҷи обу жарфи дарё!

— Ишораатон қабул. Лекин… Эй Бибӣ, ёдатон ҳаст, Муҳаммад Авфии Бухороӣ вақти ба Самарқанд омадан дар ҳаққи ман чӣ гуфта буд?

— Гуфта буд, ки Шамси Ҳола дар камоли лутфи табъ ва ҷамоли фазл адимулмисл аст…

— Яъне ки бемонанд, ягонаи даврон! Акнун, эй Бибӣ, ёд оред, ки Зиёи Хуҷандӣ чӣ гуфта буд?

Бибӣ Ойиша баъди андаке таваққуф бо табассум гуфт:

— Манзумаи Зиёуддин Порсии Хуҷандӣ дурмадароз аст, чор мисраъ хонам, кифоя:

Фалаки ахтари маънӣ, садафи дурри яқин,

Гавҳари воситаи иқди шараф Шамсуддин.

Суханаш сеҳри мубин аст, вале аз пайи фаҳм

Шеър карданд бузургон лақабаш Сеҳри мубин.

— Яъне ки лақаби ман — соҳиби шеъри баланд! Акнун, эй Нигина, шеъри Сайфуддинро ба ёд овар, ки дар сӯҳбати аввалин назди дарвозаи Самарқанд хонда будӣ…

— Устод Сайфуддин дар васфи шумо қасидаи зӯр навиштагӣ,як кам чил байт. Ду байташро мехонам:

Эй гуҳар аз лафзи ту ба ном расида,

Аз ту забони сухан ба ком расида!

Ахтари ҳаддодиён ба даври камолот

Бар фалаки собити давом расида…

— Ин қасидаро Зиёи Хуҷандӣ ба ман дастрас карда буд. Аз каломи хуш ва табъи баланди андалеби Исфара беҳад хурсанд шудам. Хаёлоти рангоранг, шеваи бовиқор дораду шукӯҳ ва дабдабаи сабки Хоқониро инкишоф медиҳад. Ҳарчанд иғроқу муболиғааш бисёр аст, месазад, ки дар миёни муосирони хеш ливои сарфарозӣ бардорад. Бо Зиё маслиҳат кардем, ки ҳар дуямон дар васфи Сайф алоҳида-алоҳида қасида менависем…

— Шумо устод Зиёуддинро кай боз мешиносед?

— Аз ҷавонӣ. Ману Сайфу Зиё мисли акою уко. Ҳамсабақу ҳамтабақ, ки ҳастем, қадри якдигарро медонем. Дарвоқеъ, ана ҳамин Зиёи Хуҷандӣ гуфтааст, ки Шамс аз Сайф зӯр!

— Наход?

— Барои он ки ба мазмуни калом дуруст сарфаҳм равӣ, бодиққат гӯш андоз. Ҳар сеи мо ва боз чанд шоири дигар хидматгузори дарбори Қилич Тамғочхон будему бо дастури Низомулмулки вазир мушоираи бузурги наврӯзӣ ташкил шуд. Сайфи Исфаранг қасидае хонд олидараҷа ва бар ҳама шоирон сарӣ ёфт. Кулли нозимону олимону фозилони акобиру аъён ба иттифоқ омаданд, ки як байти ин қасида баробар аст ба девоне:

Суниши лаъл резад аз парри ҳумой дар ҳаво,

Гар бихӯрад зи куштаи лаъли лаби ту устухон…

Аз ғурур болидани Сайф, аммо аз ҳасад пушти даст газидани маро дида, Зиё худ аз худ вазифаи доварӣ бар дӯш гирифту гуфт:

— Як гул нишонаи баҳор несту як байт далели бузургворӣ! Бо дили пур мегӯям, ки Шамс аз Сайф зӯр аст!

Сайфуддин исбот талабид ва чунин ҷавоб шунид:

— Дар мушоира Шамсиддини Тобасӣ, Шамсиддини Боқилонӣ, Шамсиддини Убайд ва Шамсиддини Ҳола низ қасидаи хуб ва марғуб гуфтанд. Дар як мушт чор ангушт аз як ангушт зӯртар асту чор Шамси Самарқандӣ аз як Сайфи Исфарангӣ! Яъне Шамс аз Сайф зӯр!

Нигина, ки худситоиҳои Шамси Ҳоларо бо гӯши ларзон мешунид, якбора баланд хандид:

— Намуред шумо! Гапатон шӯхӣ будаасту ман ҷиддӣ пиндошта, хеле дилгазон шудам.

Бибӣ Ойиша ҳам хандон шуд.

— Ин шоири «зӯр» байту ғазали ҳаҷвӣ бисёр дорад. Агар ҳазлиёти худро шӯяду истиғфор кунад, қасидаву шеъри накӯ мегӯяд.

— Рости гап, Бибӣ, то ҳол аз Ҳола ягон мисраъ нахондаам…

– Ҳозир ҳамроҳ мешунавем. Ҳола, дар кӯлбор ягон матои нав дорӣ?

– Қитъае хом ва нотамом ҳаст, эй Бибӣ! Шаб то саҳар хеле кӯшидам, то шеъре ба Нигина бахшам…

— Хеле хуб, эй шоир. Аввал бихон, баъд гап мезанем.

Шамсиддини Ҳаддодӣ варақе аз ҷайб бароварду ба рӯйи Нигина нигоҳи аҷиб афканда, бо лутфи ҳамнишинӣ ба қироат пардохт:

Дар хатар арчӣ мондаӣ, эй тани ҷони бехатар,

Дида шумар ки кардаӣ, қасди фалак яқин шумар.

Дар шараф аз сафар расад гавҳари шабчароғи маҳ,

Хез, чу сити хеш кун гирди замин яке сафар!

Бе дами сарди чун саҳар теғ макаш, ки бар фалак

Ҳокими адл рӯзу шаб аз дами сард шуд саҳар.

Чун суханат самар шавад, роҳ бибанд хобро,

То ба василати сухан гирди ҷаҳон шавӣ самар.

Бе ту зи дида бар ду рух хуни ҷигар кушодаам,

Нолаи чанг мешунав, гиряи шамъ менигар.

Одами беҳунар туро гар ба ҳунар намехарад,

Рав, бибар ин қасидаро то дари одами ҳунар…

Шамси Ҳола қироатро тамом карду бо нӯки остин даҳонашро пӯшонда, пастакак сурфид ва боз нигоҳи нарм ба Нигина афканд:

— Агар ба мамдӯҳ маъқул бошад, арзиши ҳар байтро як лабханди зебо кофист!

— Шеъри хуб аст, ҳарчанд олӣ нест, — гуфт Нигина ва зери чашм Шакархонумро нигарист бо маънои хатми сӯҳбат. Зеро аз нигоҳи гарму ишораҳои бепардаи шоир бесаранҷом гашта буд.

Аммо Бибӣ Ойиша ишораро нафаҳмида, бо ченаки дигар баҳо дод:

— Шеър қариб ки ягон камбуд надорад, нуқси калон дар шоир аст! Вай қойидаю вазни арӯзро хуб медонад, аммо шарти ишқу майли арӯсро намедонад.

— Шарти ишқ чист, эй Бибӣ? — ҳайрону музтариб гашт Шамси Ҳола.

— Дил якеву ёр яке! Марди булҳавас ва шоири гулҳавас инсони комил нест…

— Эй Бибӣ, аз ҳама бештар шумо ҳоли маро медонед, ки як сол боз муҷаррад ман, тани танҳо мисли шиновари баста санг дар по зиндагӣ мекунам…

Узри шоир бадтар аз гуноҳ шуд. Шакархонум, ки то ҳол ҳарфе нагуфта, ором менишаст, якбора ба ҷӯш омад:

— Эй бачаи хола, ба «ту» гуфтани шоир забонам намегардад, лекин, интухин, маҷбурам кардӣ. Оё медонӣ, ки мамдӯҳи ту кист?

— Албатта. Беҳтарин раққосаи олам!

Арӯсе, ки хоҳанда дорад басе

Намеояд осон ба аҳди касе!

— Вай кабутари ҳарами шоҳаншоҳи олам, эй булҳавас! Бо вай ҳамсӯҳбат шудан, нигоҳи беҷо кардан ва табъашро озурдан қатъиян манъ…

— Ба ман чӣ?! Хоразмшоҳ барои шумо шоҳаншоҳи олам, барои ман шоҳи шатранҷ вай! Аввалҳо дар назарам андаке қадру қимат дошт, вале баъде ки домодаш — Усмоншоҳи моро кушту Шайхулисломи бузургро қатл карду ба сари халифаи ислом лашкар кашид, обрӯяш ба хоки сиёҳ баробар шуд. Ба назарам подшоҳаки ошолуди ниммурдаву нимкофиргашта менамояд, ки ном дораду имон надорад. Агар аз Бағдод ғолиб меомад, шояд ки ҳолаш андак беҳ мегашт, вале аз каромоти халифаи ислом дар ними роҳ балозадаю расвои ду олам шуд, ними сарбозаш мурду ними дигараш камон аз даст дарафканда, найза ба хок андохт ва шоҳи тавоно дар они воҳид фақиру ҳақиру ҷазир гардид…

— Дар дил ин қадар гап доштию, интухин, дар базми Фирӯзабоғ подшоҳро ба таърифу тавсиф то осмони даҳум бардоштӣ…

— Айби ман чӣ?! Вақте шоҳаншоҳи шумоҳо кӯдак барин гапи нағз, тавсифу ситоишро мисли қанди хурӯсак дӯст медораду ҳатто мукофот медиҳад, чаро мани шоир хомӯш шинам?! Самарқандие, ки хари лӯлиро об дода, маблағ меситонад, ҷайби ин гӯлу гарангро ба ҳар усул меафшонад! Ин аблаҳбашара ҳатто намедонад, ки таърифи аз ҳад зиёд дашном аст!

— Агар Султон Хоразмшоҳ гӯлу гаранг мебуд, интухин, ними дунёро соҳиб намешуд, Санҷари сонию Искандари замон лақаб намегирифт…

— Туф кардам ба ин лақабҳои дурӯғин! Дар асл шоҳаншоҳи шумо аз тухмаи бардаҳост, бобокалонаш ғуломе буд рашки султонӣ карда! Рост, имрӯз он ғуломреша соҳиби тоҷу тахт, подшоҳест бо карру фар, дастҳош пури ангуштар. Лекин дарунхолию гумроҳ аст вай! Шоҳроҳи адлу инсофу ҳақиқатро гум карда, шоҳидбозу бодапарастузайифу нотавон шудааст! Он ҷо Чингиз фикри лашкару нияти ҷангу кишваркушоӣ дораду ин ҷо Хоразмшоҳи шумо фикри базму айшу нӯш ва шоиру шоҳиду шодгуна…

— Рост, султони мо гӯё дар хоби ғафлат бошад, — Шакархонум як зина поён фуромад. — Ман ҳам дида истодаам, ки дар умури мулк, интухин, шавқею рағбатею дилгармию дахолати камтар дорад. Ҷаҳон аз Чингизхон, интухин, дар тарокум асту Хоразмшоҳ намедонад, ки агар дар ин шабу рӯз машғули ғусл шавад, оқибат дастобрези муғул хоҳад шудан…

— Вай, ки риши кӯтоҳу кулоҳи пашмин дорад, ақлаш расою фикраш солим не. Ғофил аст, ки Чингиз сулҳфурӯши оқибатҷанг асту дар каф гул, аммо дар бағал хор дорад. Намедонад, ки наҷистар шавад, чун наҷис тар шавад!

— Мардуми Бухоро мегӯянд, ки ғалла чун зард шавад, интухин, дигарбора сабзу тар нагардад…

— Рост, равзаи айши Хоразмшоҳ торафт пажмурда мегардад. Бо лафзи мардуми Самарқанд мастро нафси аммора хар кунад!

Дуруст мегӯям, эй духтари хола?

Шакархонум лаҳзае ба андеша рафту Ойиша Бибӣ ҳам хомӯш менишаст. Нигина, ки мунозираи ҳар ду ҳақталошро хомӯшона, аммо бодиққат мешунид, аз охирсухани соядори Шамси Ҳола як қад парид. Фаҳмид, ки ба саропардаи хоси подшоҳ даромаданаш аз чашми мӯшикофи шоир пинҳон намондааст. Пеши назараш он лаҳзаи нанговар дубора пайдо шуд, ки воқеан подшоҳ ба пирхар монанд буду ақлу раҳму шафқату одамгарӣ надошт…

Ба нафрату маломат дар бораи Хоразмшоҳ гап заданҳои шоирро бо суханҳои қабеҳ ва ҳақоратомези Узлоғу Турконхотун муқоисаву ҷамъбаст карда, ба шоҳаншоҳи олам нафраташ омад. Бар замми ин ёдаш расид як ҳикояти Сайфуддин, ки бо дарду алам гуфта буд: «Бо Шайхулислом маслиҳат кардем, ки сурмаи бедорӣ бар чашми масти подшоҳ кашида, фурӯғи меҳр ва оташи ғайрат дар мағзаш пароканем, то хобу хӯри инсонӣ, сабру қарор ва хиради султонӣ аз вай дур нашавад. Гуфтем: «Ба остонаи пирӣ расидед, ибодат бештар кунеду кори он ҷаҳон хубтар бисозед. Накӯ бошад, агар ба ҳаҷ раведу моро ҳамроҳ баред». Бо густохӣ ҷавоб гардонд: «Бӯсагоҳи ман лаби паймонаву лаби ҷонона аст, на санги сиёҳ!»

Сайфуддин он рӯз «Дод аз дасти подшоҳи аблаҳу гумроҳ! Дод!!» гуфту андактар дарборро тарк карда рафт. Аммо Нигина натавонист, зеро кабутари ҳарам боли парвоз надошт. Бо чашми накӯӣ ояндаро менигарист, вале бӯйи беҳбуд ба димоғаш нарасид — гулу боди сабо хуш омаду шодӣ овард, аммо шоҳ наомаду ғаму ғусса афзуд. Бо ҳазор умед худро ба Самарқанд расонд, лек… ҳайҳот — дид, ки шоҳ ба шароб ҷафстар нишастаасту майнӯшӣ мисли обнӯшӣ вайро одат шуда, аз лофу худнамоӣ корҳояш гиреҳ андар гиреҳ афтодааст…

Нигина зери лаб «Эй дил, аз кори Худо ҳеҷ маранҷ!» гуфту хаёлоти гаронбор аз сар дур андохта, бори дигар бо умед Момои самарқандиро нигаристу ба идомаи мубоҳиса гӯш андохт, ки Шакархонум мегуфт:

— Ростиро завол нест, эй бачаи хола! Дар ҳақиқат ду кор аз подшоҳон ғароиб намояд, интухин, зиннати сар ба пой бастану пойтоба дар сар печондан ва, интухин, марвориду тилло ба сурбу мис баробар кардан…

— Ин подшоҳи толеъбаргашта…

— Шуд! Ҳамин қадар гӯгӯяк карда, тору пуди подшоҳро титу пит кардед, бас! — Шамси Ҳоларо аз сухан боздошт Бибӣ Ойиша. — Тамоми таънаю маломату гилаю ҷингилаҳои ҳар дуятон ду мисраи як байт аст:

Кори подшоҳи мулк бозӣ нест,

Бозӣ ойини сарфарозӣ нест!

Ҳазор ҷон коҳондаю обу арақ резонда, нағзу бад гӯед ҳам, дигар ба Хоразмшоҳ як сари мӯ таъсир намерасонад. Зеро агар кӯза аз тиллою гавҳару лоҷвард созанд, аз он ҳамон таровад, ки дар ӯст! Биёед, кӯзаи фарсуда ба ҳолаш гузорему чун кӯзагарон мушту лагаду тапонча назанему ба Нигина нигарем, ки кабутари ҳарами эдун подшоҳ аст:

Ашке ки зи чашм бари рӯ ғалтидаст,

Дар гӯш кашидаӣ, ки марворид аст.

Аз гӯш бурун ор, ки бадномии туст,

В-онро ба рухат тамоми олам дидаст.

Сукути лаҳзавиро овози ширадори шоир ба гуфтушунуфти тақдирсоз табдил дод:

— Такрор шавад ҳам, бори дигар мегӯям, ки ҳолиё Хоразмшоҳ аз подшоҳӣ фурӯ мондаасту Нигина дар ҳарами пӯсида дигар асло рӯзгори хуш намеёбад. Бовар дорам, ки худаш вазъиятро хуб медонад ва тадбире андешидааст.

Эй Нигина, ғофил манишин, на вақти рақсу бозист!

— Мо бепарвою пунба дар гӯш нестем, — зуд лаб ба ҷавоб кушод Шакархонум қолаби мубоҳисаро нашикаста. — Табъи нозуки Нигина соате аз рози ахтарон ғофил несту, интухин, пайваста мегӯяд, ки илоҷи воқеа қабл аз вуқӯъ бояд ҷуст.

— Эй Нигина худ бигӯ, чист он тадбир, ки андешидаӣ?

— Барои шунидани маслиҳату андешаи дуруст ва дарёфти тадбири савобу дуои нек ба ҳузури Бибӣ Ойиша омадаам. Мардуми мо «то пир нест, тадбир нест» мегӯянд…

— Халқи Бухоро «тадбир аз пир, амал аз ҷавон» мегӯянд…

– Ҳама одамон ин шоҳбайтро дӯст доранд:

Бе пир марав, ки дарбимонӣ,

Ҳарчанд Сикандари замонӣ!

Пирмомои Самарқанд аз хушсуханию ҷӯшиши қалби ҳамсӯҳбатонаш мамнун гардид ва дасти Нигина ба каф гирифт:

— Эй пиринии64 шириншамоил, пештар бинишин, то се панди пирона гӯям, ба шарте ки бипазирӣ.

— Сад хизмату сад таъзим аз ман бошад…

— Панди аввал ин аст, ки дигар ҳаргиз надимаи шоҳ нашав. Ту худ шоҳи бутонӣ, ҳамин бас аст. Ҳаргиз ба мот кардани шоҳ рағбат накун, ки зайиф ҳастӣ, худ мот хоҳӣ шуд!

Панди дуюм ин аст, ки дигар ҳаргиз дар маҷлиси шоҳону маҳфили мастон рақс накун. Ту аллакай ахтари оламафрӯзӣ, ҳамин бас аст. Аз осмон болотар шеъри тару нолаи най несту раққоса мисли гул кӯтоҳумр бошад, дар бистсолагӣ аллакай кампир шавад:

Борҳо даршудӣ ба маҷлиси хос,

Гаҳ навозан будию гоҳ раққос.

Гоҳ гуфтӣ ба шухӣ омадае

Гаҳ намудӣ ба ишва шӯъбадае!

Ман ҳам дар синну соли ту рақсидану ҷилва рафтанро дӯст медоштам ва кам-кам машқи шеър мекардам. Як шаб пири муаммаре дар хоб дидам, ки сарамро сила карду гуфт: «Даст аз рақс бидор ва хома мустаҳкам дор, то ба абадият роҳ ёбӣ. Агар панҷ вақт намоз бенуқс хонӣ ва ҳар рӯзе панҷ сатр иншо кунӣ, панҷ рукни саломатӣ туро тарк накунад ва умри кубравӣ бинӣ!»

Панди сеюм ин аст, ки дигар ҳаргиз худро кабутари ҳарам ва кабки дарбор нагӯ, то ба чанги Чингиз наафтӣ, ки шунидам харидори туст. Чингиз аждаҳои дамон ва балои охирзамон аст, ҳар қадаре метавонӣ аз вай бигурез, то аз балои бад халос шавӣ.

Яъне… оҳуи ҳарам65 шав ва ба кӯҳистони хеш чароғпоя дав!

Эй кабки қафаснишини маҳбус

Беҳила чу паргусаста товус.

Аз банди қафас чу омадӣ танг

Бинмо ба тавофи водӣ оҳанг!

Момои Самарқанд то барҳаёт аст, дуогӯи туст. Ҳар субҳу шом ба Парвардгори олам дуруд мефиристам ва илтиҷо мекунам, ки Нигинаи ворухиро оҳуи шергир гардонад…

Поёни китоби дуюм

ОҲУИ ШЕРГИР

Пешгуфтори китоби сеюм. Таснифи пораҳо аз саргузашти ошиқони саргашта

Аз таъсири дуо ва панди Момои Самарқандӣ ҳолати Нигина тамоман дигаргуна гашт. Аввал шодӣ карда, мисли гули садбарг варақ-варақ шукуфт. Баъд ҷигархастаи ғамзада шуд. Яъне ба лаб кулӯх молид — не гап мезаду не нон мехӯрду не об менӯшид. Андактар боз тағйир ёфт — аз шодкомӣ фориғу аз ғам осуда гашта, муддати бардавом дар мобайни хона беҳаракат нишаст. Ба нуқтаи номаълуме менигаристу гоҳ табассум мекард, гоҳе ду-се қатра ашки ноинтизор мерехт. Ин асно вай бо дили худ дар гуфтугӯ буд ва ба чанд саволи навпайдо ҷавоб меҷуст.

Саволи нахустин «аз қафаси заррин чӣ сон метавон берун парид?»-ро осон ҳал кард: ба шоҳзода Ҷалолиддин масъаларо мефаҳмонаду мадад мепурсад ва бо гиряву зора илтиҷо мекунад, ки ба ҳар қимате ё ҳилате ӯро аз дарбор ба озодӣ барорад, амонатро бе хиёнат ба падар супорад… Аммо саволи дуюм ва асосӣ дандоншикан шуд: аз Самарқанд ба кадом самт боли парвоз мекушояд ва минбаъд чӣ кор мекунад?!

Саманди орзу ва хаёлот нахуст ӯро ба Ворух бурду дар хонаи падар фуруд овард. Ба назараш чунин намуд, ки волидон нури чашми худро бо хушию хубӣ истиқбол гирифтанд, ҳар суханашро гиромӣ доштанд. Чанд хешу табору ҳамсояҳо бо чеҳраи кушод, бе ғаразу ҳасудхӯрӣ ба дидорбинӣ ва тӯҳфагирӣ омаданд. Вале амакдухтаронаш, дугонаҳои айёми кӯдакию ҳамсабақонаш Нигинаи хушлибос ва оростаю перостаро бо теғи нигоҳ пешвоз гирифта, бо чашми пур аз бухлу ҳасад тамошо мекарданд. Онҳо чун аз гурези ӯ воқиф гаштанд, ба танқиду инкори кабутари ҳарам забон дароз карданд ва ҳини гуфтор пичингу киноя, таънаю масхара мисли мурчу қаланфур истифода бурданд. Назокати арразабон бе ягон андешаю таҳаммул ба сарзанишу маломат гузашт: «Ҳамроҳи ман ба Ворух наумадию дар Хуҷанд мундӣ, тану бадан ҷунбундию дар суроғи Мирмалик ба Ғӯрганҷ рафтӣ. Лекин вай аз ту гурехта, шоҳдухтара зан гирифта, ба Хуҷанд баргашт. Шоири исфарагӣ ҳам дум хода карду кафтараки бечора ба хоразмиҳо дастнигар шуд. Яъне аз ошиқҳот мундаю ба Самарқанд умада, аз подшоҳ рунда шуда, саргардун гашта, ба Ворух шӯйковӣ умадӣ?!

Э пирдухтар! Бо кадум ру пеши моюн умадӣ? Бо кадум чашму ру ба моюн ниго мекунӣ? Марг беҳтар аз зиндагӣ ба шармандагӣ!!!»

«Пирдухтар» гуфтани амакдухтар чун наштар ба синаи Нигина халиду «паридухтар пирдухтар шуд, нимхӯрдаи подшоҳ бешавҳар монд!» гуфта, масхараомез хандидани ҳангоматалабҳои қишлоқӣ гулӯяшро аз ресмони дор сахттар фишурд. Фаҳмид, ки зару зевару бойигарӣ ва куртаю ҷомаю ҳама либосвории қиматбаҳояш барои ҷавонҳои ориятманди ворухӣ ду пули пучак арзиш надорад ва ҳама аз «бойдухтари пирдухтар» ҳазар мекунанду шахргаштаю аз ҳарами подшоҳ баромаданашро ҳазору як хел тафсиру шарҳу эзоҳ медиҳанд. Он гоҳ Нигина ҳам гапи Назокатро шиор карда, «марг беҳтар аз зиндагӣ ба шармандагӣ!» мегӯяду ё худро оташ мезанад, ё ба оби дарё мепартояд, ё аз кӯҳи Тешазадагӣ ба дӯзах мепарад… Ё мисли Муяссарбону дар ягон теппаи беодам хона сохта, бо пишаку мурғу париҳояш умр ба танҳоӣ мегузаронад…

Аз чунин оқибати кор Нигина сари пушаймонӣ ба поён афканду афсурдагии хотираш даҳчанд шуд ва чанд қатра ашки сӯзон ба домон рехт. Ва қатъан хулоса баровард, ки ҳоли ҳозир ба кӯҳистони Ворух чароғпоя рафтани оҳуи рамида номумкин, ҳатто хатои дағали зиндагисӯз аст!

Шоҳбайти нахустин шоири самарқандӣ Абуҳафси Суғдиро муносиби ҳоли худ донист:

Оҳуи кӯҳӣ дар дашт чӣ гуна давадо?

Ӯ надорад ёр, бе ёр чӣ гуна равадо?!

Мисраи дуюмро такрор ба такрор хонду худ ба ҳоли худ хандид: «Ӯ надорад ёр» гуфтан оё дуруст аст? Не! Нигина ёр бисёр дорад, садҳо харидор ва ҳазор-ҳазор талабгор «зиҳӣ лаъли лабу нозук миён!» гуфта, чангу гарди домонашро тӯтиё мекунанд. Ба лафзи шоир Сайфуддин ҳама ситораҳои осмон дар зери пойи қомати волои ин нозукниҳол саф кашидаанду Нигина шоҳи хубон аст, агар аз Лайлию Ширин боҷу хироҷ гирад, равост…

Дарвоқеъ, андалеби Исфара ҳоло дар куҷо бошад? Дар Ғӯрганҷ, зери сояи вазири Турконхотун бошад ё раҳсипори Хуросон? Дар базми арӯсии Гулҷамол аз дур якдигарро диданду аммо натавонистанд ҳамсӯҳбат шудан… Оё боз дида ба дидор мерасида бошад? Кай? Э кош тезтар меомад… Вай нафақат ҳамдиёр, балки ҳамсафару ҳамрози санҷида, маслиҳатгару ҳаводори асили ӯст. Ҳатто… боре иқрор шуда буд, ки «булбули гӯё шудам дар гулситони ишқи ту»… Он рӯз, дар фуроварди базми ҷашни Меҳргон, ширакайф ба ҳузури Нигина омад. «Хилватиён ҳар куҷо маҷлиси хос оростаанду даст ба тороҷи хирад кушодаанд» гӯён ҳоли зори дили шӯридаи худ якбаяк ошкор кард. «Гумони ман яқин шуд, ки шоҳи бадэътиқоди сахтчашм дилбанди туст. Вай ишқи ҷавони маро хазон кард. Акнун намедонам чун кунам?!» гӯён шоирона фиғон кашид:

Ту имшаб доди ман аз худ бихоҳӣ дод, ман рафтам,

Ту хуш биншину май менӯш, мезӣ шод, ман рафтам!

Чу кардӣ чашми уммеди маро дар хоб, ман хуфтам,

Чу додӣ хирмани умри маро барбод, ман рафтам!

Аз ишқварзиҳои мастонаи шоир Нигина ба завқ омад:

— Ворухиҳо «ошиқ аз қозӣ натарсад» мегӯянд. Ошиқи исфарагӣ аз кӣ метарсад? Росташро гӯед: шояд ягон дилхоҳи дигар доред, ки аз ман дур шудан мехоҳед?

– Ҳоҷате ба шарҳ нест. Оне, ки мехостам, дигаре бурд ва он чӣ мехостам, дар замирам мурд.

— Маро ҳеҷ кас ҳеҷ куҷо набурдааст! Бо оби Марям бадан шустааму дилу домонам пок… Аҳмад-ако, шумо чиҳо мегӯед?

— Худ медонам, ки ёри қадима гуноҳе надорад, аз вай худро дур кашидан аблаҳист. Аммо чӣ кунам, ки ин лаби дарё подшоҳу он лаби дарё малик… Ман дар мобайн ғариқ! Лоилоҷ дасту по зада, «Алфироқ, эй дил!» мегӯяму «Алвидоъ, эй ишқ!» мегӯяму нола мекашам:

Сирри ишқат бо кӣ гӯям, ин сухан афсона нест,

Бо дили худ ҳам нагӯям, гарчи ӯ бегона нест?!

Дар миён бинҳодаам ишқи туро бо ҷону дил,

Гарчи медонам, ки ҷойи ганҷ ҷуз вайрона нест.

Ман яке дил дораму пурхун зи ғам чун нордон

В-ин суханро фош кардам, гарчи ин мардона нест.

Андаруни нор пурхун асту механдад аз он-к

Дил басе дорад, валекин дар миён дилдона нест!

Ишқи мо афсона шав, гӯ, гирди олам ин замон

Кори олам чист, бингар, сар ба сар афсона нест?!

Андактар шоири дилгумкарда боз чанд ғазалу даҳҳо рубоӣ навишту ба Нигина бахшид, ки ҳамаро покнавис карда, дар дафтари алоҳидае маҳфуз медорад ва ҳар гоҳе намунае мехонад, мӯй дар сараш бар пой мехезад ва об аз чашмонаш мерезад. Оғози авроқи пурмуҳаббат ҳамон дубайтӣ аст, ки Аҳмадшоири ҷавон дар ҷашни ҳазора ба духтарчаи сесола бахшида буд. Имрӯз гулдухтари ҳаждаҳсола бовар дорад, ки Сайфуддини баркамол меҳри Нигинаро дар ганҷинаи сина нигоҳ медорад, аммо ниҳон медорад. Яъне агар Нигина «бахт аз таваккал» гӯён ҳамроҳи Шакархонум ба Бухоро равад, рози пинҳон ошкор мегардаду шояд мушкил осон мешавад ва ранҷро роҳат падид меояд: шоири тавоно ғизоли аз дом раста, ба пойи худ омадаро қавидил мегардонад ва аз хавфи Хоразмшоҳ осуда медорад. Он гоҳ Нигина ҳаёти худро ба ӯ мебахшад, ҳар куҷое равад, чун соя аз паяш меравад. Лекин… агар Сайфуддин дар Бухоро набошад, он гоҳ чӣ мешавад?! Як беваи муштипару як духтари бекас дар шаҳри бузурги дувоздаҳдарвоза чӣ кор мекунанд?! Дуруст аст, ки ҳар ду ҳунарманду чустанд, дар кӯча намемонанд. Махсусан Нигинаи олиҳунар ва бешгавҳар асло ба зери бори миннати касон ва хасон сар намениҳад, шаҳр аз маҷлиси унси вай пур аз ҳоё-ҳой ва ҳуё-ҳӯй мешавад. Ин нохуб нест, вале аз кохи баланди Шоҳаншоҳи олам ба қасри садри Бухоро паридани кабутари ҳарам хушбахтӣ нест, балки боиси мазаммат аст! Саъдӣ агар огоҳ шавад, байти машҳурашро бо истеҳзо гӯшраси оламиён мекунад:

Агар ба ҳар сари мӯят ҳунар дусад бошад,

Ҳунар ба кор наёяд, чу бахт бад бошад!

Оре, аз Самарқанд рамида, ба Бухоро рафтан шабеҳи аз борон гурехта, зери новадон омадан асту ба Хуҷанд кӯч бастан ҳазор маротиба беҳтар, ки Мирмалик он ҷост!! Оне, ки ҳамагон волии азми дуруст мегӯянд ва сидқан эъзозу икром менамоянд; оне, ки дар Воруху Хуҷанд ба духтарчаи нозуклаби зирадандон ва ширинзабон ҳадяҳо дода, пардаҳои ҳассоси дили нозукашро ба лапиш оварду дар аспрези Моҳпарӣ бо нигоҳи пурмуҳаббат қалби ноороми гулпарӣ тасхир кард; оне, ки дар Ғӯрганҷ аз ҳусну ҳунари волояш ба ваҷд омадаю волаю шайдо гашта ва аз муҳаббату муҳибати подшоҳ натарсида, меҳру муҳаббаташро ба кабутари ҳарам ошкоро ифшо кард, андар дили Нигина оташ андохт, лек худ чун дуд печиду рафт…

Рафту дигар наёмад. Аз худ дарак ҳам надод. Чаро? Тибқи фармони Хоразмшоҳ амал карда, ба ҳар ду дида ангушт ниҳод, то шоҳи бадкина ба Нигина газанде нарасонад? Ё баъди ҳоким шудан аз серкорӣ ба сархорӣ фурсат наёфту ишқбозиро, ёри қадимаро фаромӯш кард? Ё ин ки занаш, Ойчечаки танноз садди роҳ шуда, шери жаёни Хуҷандро бо сеҳру афсун пойбанди худ гардонд? Ё дастнорас будани кабутари ҳарамро дидаю дониста, ҳавасаш ях басту дар раҳи ишқ ба оҷизӣ ва нотавонӣ тан дод?!

Посухи ин пурсишҳо алҳол барои Нигина номаълум, аммо як нукта возеҳу мусаллам аст: дар ойини ишқу муҳаббат фаромӯшкорӣ хатоест нобахшиданӣ! Зеро оне, ки дидор ба вай манъ шудааст, бо хабаре қонеъ, бо паёмаке сабукрӯҳ мегардаду аз ишорае ӯро роҳат меафзояд. Охирин номаи Мирмалик, «Худовандо, нигинамро нигаҳ дор, ки ёри аввалу охир ҳамин аст» гуфтанашро гаштаю баргашта мехонаду пайваста ғуссаю ғам мехӯрад, ки ба хӯрдан ҳеҷ кам намешавад, баръакс, рӯз то рӯз гаронбору тоқатфарсо мегардад. Маҳбубаи фаромӯшшуда худро ба тахтасанги осиё монанд мекунад, ки имкони ҳаракат надорад, лоҷарам таҳаммул мекунаду аз бардоштани бори гарон азоби фаровон мекашад ва менолад:

Огаҳ наӣ зи ҳолам, эй ҷони зиндагонӣ,

Дардо, ки дар фироқат мебигзарад ҷавонӣ…

Вақте ки Шакархонум бори аввал ин байтро шунида буд — он замон ҳар ду обидаҳои шаҳри Марв — Шоҳи ҷаҳонро тамошо мекарданд — ба риққат омада, «ту ҳам Мирмаликро фаромӯш кун, ҳазору як талабгор дорӣ!» гуфт.

Нигина гиряолуд ҷавоб гардонд:

Насиҳатгӯ маро гӯяд: ки «Баркан дил зи ишқи ӯ!»

Намедонад, ки ишқи ӯ раге то ҷони ман дорад!!

Он рӯз Нигина шеъру байтҳои ишқомез бисёр хонду ба хулосае омад, ки рамзу рукни ишқнавозиро ғайр аз андалеб на ҳар паранда медонад. Агар кабутари ҳарам ошиқ шавад, сазояш он аст, ки ҳама шаб ба девораи қафас бо дили пуралам шеъру афсона гӯяд ва хаёлан гули висол ҷӯяд, то аз пой налағжад. Зеро кабутаре, ки сӯҳбати шоҳин орзу мекунад, фақат ба ҳалоки худ кӯшиш мекунад.

Кабӯтар ба боз ар шавад кинасоз,

Муаллақзан ояд зи силии боз!

Зимнан, ҳолиё Нигинаро на фақат рӯзгор, балки афкор ҳам дигаргун аст, аммо қавлу қасаму суханаш ҳамоно яктост: андар кошонаи дили ман ҷуз Мирмалик ҳаргиз касе набуд ва мабод!! Ман ба ёди ширину гуворои Мирмалик аз молу мулки ду олам фориғам ва ҳамеша вайро меситоям. Ин ҷавонмарди гандумрангу кушодапешонӣ ва хушмӯйлаб, ки бинии дарозу баланд, чашмони сиёҳи ҷозибанок, абрувони Золи зар, китфони васеъ ва қаду қомати расо дорад, дар умқи дили нозукам сазовор маъво гирифтааст. Бовар дорам, ки меҳри Мирмалик оламтоб, меҳрварзии ӯ шӯҳраи офоқ асту шӯълааш ҳаргиз хомӯш намешавад ва баробари дидани маҳбубаи деринтизори худ фурӯзон гаштаю ба сад меҳр камари заррин баста, меҳмонпарастию меҳрубонию дӯстдорӣ мекунад. Баъд…

Худоё, ин чӣ бешармӣ! Чаро ба беҳуда гуфтан қадри хеш паст мебарам?! Агар касе сабаби ба Хуҷанд омаданамро пурсад, чӣ ҷавоб мегардонам? «Азбаски Мирмалик наздам нарафт, худ бо пойи худ омадам» мегӯям? Ё ин ки «Лайлӣ ба суроғи Маҷнун омад» мегӯям?! Ё…

Бас! Ҷуз ин қадар дигар ҳазён натавон гуфт! Чаро озмуда меозмоям? Чаро беҳуда ранҷи худ мефизоям? Чаро бо ҳарза мулки дилро харобу тани абгорро овора мекунам?

Ин чӣ кор аст, ки ман мекунам??!

Силсиласаволҳои соядор пару боли Нигинаро шикаст ва ӯ, ки лаҳзае пеш ҷониби Хуҷанд қанотак задан мехост, «аз бешармию беқадрӣ оворагии кӯҳу биёбон беҳ» гӯён самти парвозро мутобиқи зарбулмасали «оби рафта боз ояд» ҷониби Ғӯрганҷ тағйир дод. Ёдаш омад, ки дар он шаби пурмоҷаро Мирмаликро бартар дониста, ишқи Узлоғшоҳро рад карда буд. Акнун худ аз худ пурсид, ки дар он лаҳзаи мубтало гаштани шоҳзода ба вай сари итоат хам мекард, чӣ мешуд?

Дар дилу дидаи Махдумаи Ҷаҳон ҷо мешуд! Баъди Турконхотун дуввумин бонуи Хоразм, олтинхотун — зани баландмақому олимашраба мешуд! Фақат… мисли Турконхотун оламдаркаш нею мисли Маҳастӣ оламафрӯз мешуд! Як табассумаш ба хироҷи як шаҳр баробар мешуд!

Зимнан ҳанӯз дер нашудааст. Агар аз Хуҷанд дил канда, ба Ғӯрганҷи ободон, ки се сол манзил дошт, баргардад ва ханда бар лаб, бо нозу карашмаю айёрӣ доманкашон ба сӯйи Узлоғшоҳ хиромад, шоҳзодаи мубтало нозаш бо ҷону дил мехараду бо чашмони танги гурусна ба якрӯза роҳ пазира мешавад, тамоми буду бозёфташро ба пеши пои Нигина нисор мекунад. Зеро он шаб масту саргаранг буду то ҳол аз ҷузъиёти фиребу найранги Нигина воқиф нест. Турконхотун ҳам аз муносибату муомилаи оншаба саҳеҳ хабар надорад ва агар пурсад, Нигина худро сафед карда метавонад. Чунки дар ҳақиқат бегуноҳ аст, танҳо худро ҳимоят намуду Узлоғро дасти он надод, ки бо густохии кофирона чанг андохта, пироҳанашро бибӯяд, бибӯсад ва бидаррад. Бо ҳар роҳу восита шоҳзодаи мастро водор сохт, ки гардани шайтонро бишканад…

Нигина дилпур буд, ки Узлоғшоҳ ба ин суханпардозиҳо бе қилу қол бовар мекунад. Зеро аз боғи васли Нигина гул чидан вайро орзуи дерина асту як шӯълаи нигоҳ кофист, то оташи муҳаббати ин булҳавас баланд забона зада, дилашро кабоб гардонад ва Нигинаи нозанинро тори сару болои чашми валиаҳд нишонад. Валекин Турконхотун, ки онакалони макру ҳилаю тазвир аст, ягон ҳарфу ҳиҷои Нигинаро ҳақиқат нахоҳад пиндошт! Вай, ки шербачаи шағолчанголи худро ба марғзори хилват махсус барои оҳушикор фиристода буд, ба пирбуз мубаддал шудани сайди шоҳзодаро дида, аз ҷаҳл ларзида, чун модамори гурза ба худ печида, кафкафаканон зеҳри ҳалоҳил огандаасту Нигинаро дидан ҳамон ба дилаш бераҳмонаю зулмкеш неш мезанад ва ӯро синареш мегардонад! Ба ин аҷузкампири қудратманд як қатра оби сард кофист, ки оташи муҳаббати набераи булҳаваси худро фурӯ нишонад, дилашро ба якпора табдил диҳад, қипчоқбачаҳои гандамағзро ба Нигина шӯронад, ҳаёташро сӯзонад ва орзуҳояшро гӯронад!!

Нигина аз сина дами сарди зимистонӣ бароварду аз чашм сиришки гарму гулфоми тобистонӣ рехт, байте аз Хайём фарохӯри ҳоли худ хонд:

Ҳуш дор, ки рӯзгор шӯрангез аст,

Эмин манишин, ки теғи даврон тез аст!

Нигина, ки лаҳзае қабл бо фараҳмандӣ «оби рафта ба ҷӯй боз ояд!» гуфта буд, аз гапаш пушаймон гашта, зарбулмасали қадимаро ба аслаш баргардонд: «Оби рафта пас наояд!». Худоё, мадад намо, то дигарбора Ғӯрганҷро набинам, на дар хобу на дар бедорӣ!! Мушкиламро дар Самарқанд осон гардон»…

Ин бигуфту симои Хоразмшоҳ пеши назараш омад ва ҳар сухани некашро, таърифу тавсифҳояшро чун донаҳои марворид дар риштаи хаёл ҷамъ овард. Ҳадяҳои шоҳона, тиллопошию арҷгузориҳояшро, оғӯш кушодану навозиш намудану дастдарозӣ карданҳояшро низ ба ёд овард ва хулоса баровард, ки Хоразмшоҳи кабир ба ҳусни Нигинаи сағир ошиқи камназир аст, лекин дар лаҳзаҳои ҳушёрӣ аз баёни эҳсоси хеш худдорӣ мекунад. Шояд фарқияти синну солро ба ҳисоб гирифта, ба изҳори муҳаббати инсонӣ ҷуръат намекунад. Яъне ошиқи маст аст подшоҳ ва агар Нигина шеваю гуфтор тағйир дода, ҳини ҳушёрӣ — қабл аз «марҳабан бил сабӯҳ» гуфтани подшоҳ — бо дебои гулгун наздаш ояду тани нозуки қасабпӯш бо нози латиф ба ҷилва орад ва чун гулнори асили порсӣ фурӯзон гашта, тарзе шакаргуфторӣ намояд, ки табъи дилу бар муроди шоҳаншоҳи олам бошад, ба қавли ворухиҳо ҳама кораш вадаванг мешавад! Хусусан имрӯзҳо, ки Хоразмшоҳ дар садри давлат камтар, аммо дар садри ишрат бештар қарор дорад, агар ба андак ангезаи меҳр ва сухани ошиқонаи ӯ илтифоти бештар намояд, шоҳи ба як ишора маътал садчанд роғибу дӯстдор мешавад. Зеро Нигина хушрӯйтар, латифтар, ширинтар ва беҳтари беҳтар аз ҳама хубону бутони дарбор асту бар замми ин, агар шоҳ донад, ки надимааш маҳз барои нигоҳ доштани қадру қимату иззату эътибори Шоҳаншоҳи олам ба рӯйи Турконхотуни пӯсида ва Узлоғшоҳи шӯрида хати батлон кашидааст, меҳру муҳаббаташ ҳазор карат меафзояд ва кабутари ҳарам ба шоҳхотуни олам табдил меёбад! Зиҳӣ бахту иқболи баланд!! Зиҳӣ ҳаёти пурсаодату бегазанд!!!

Нигина ончунон ба ҳаяҷон омад, ки қариб буд дилкаф шавад. Бо азобе изтироби қалб паст нишонд ва баръало ҳис кард, ки як нимарухаш чун оташи дамхӯрдаи кӯраи оҳангарон тафсону дигар нимарухаш хунуктар аз оби яхдон дар фасли зимистон аст. Гармию сардии рухсор ба сурхию зардии рӯзгор ташбеҳ доду бо тамасхур бар худ нидо кард: «Дар ин айёми пуртаҳлука шоҳ куҷою ошиқӣ куҷо?!» Султон баъди сардиҳои Ҳулвон аз бими халифа он қадар тарскор шудааст, ки баъзан хешони дуру наздик, ҳатто модару фарзанду набераҳои худро душман меҳисобаду агар Чингизи гурбачашм ногаҳон ба пеш ҷаҳад, мисли муши ларзон можу муж мекунаду ҳама аҳли ҳарам, аз ҷумла кабутари наврастаро ба ҳоли худ партофта, дар сурохе пинҳон мегардад. Ҳама ҳар сӯ мегурезанду Нигинаи якдона, ки бо қомати якто гавҳари якто ба шумор меравад, дар мобайни Регистони Самарқанд яккаву танҳои танҳо мемонад.

Танҳо ки монд, аз Хайёми бузургвор рубоӣ мехонад:

Як қатра об буд, бо дарё шуд,

Чун зарраи хок бо замин якто шуд.

Омадшудани ту андар ин дунё чист?

Омад магасе падиду нопайдо шуд!

Не, Нигина магас нест! Кабутару кабки қафас ҳам нест! Вай алҳол оҳуи рамида асту аз шафоати дуои Момои Самарқандӣ, иншооллоҳ, оҳуи шергир мешавад ва барои ба дом афтондани ғазанфари нав ба дашту биёбону ҷангалистони дигар меравад. Зеро аз Хуҷанд бӯйи вафо ба машом намерасаду дар Бухоро шодию сафо падидор нест, аз Воруху Гӯрганҷ шиканҷаю ҷабру ҷафо ба гӯш мерасаду дар Самарқанд ба дарди дилу ҷигар дорую даво нест. Лоҷарам, барои табобати дарду ранҷи зоҳиру ботин табиб аз мулки дигар мебояд ҷуст…

Дар гузашта беморон ва ранҷурон таваллою зора мекарданд, ки «табиб аз мулки Искандар биёред». Ҳоло он шоҳи оламгир несту мулкаш ба дасти Хоразмшоҳ гузаштааст, ки худро Искандари сонӣ мехонад. Дар ин шоҳаншоҳӣ ҳама чиз ҳаст, ғайр аз табиби ҳозиқ ба дарди ошиқ! Пас, табиби дарди беморони ишқ куҷост? Наход дар мулки Чингиз бошад?

Нигина беихтиёр лаб газиду бо чашмони пуристеҳзо қиссаи хостгор шудани Чингизхон ва ҷавоби рад гардондани Хоразмшоҳро ба ёд овард. Вақте ин муомила аз даҳон ба даҳон гузашта, то гӯши Нигина расид, ҳазлу шӯхӣ пиндошта, «аблаҳе гуфту аҳмақе бовар кард» гӯён хеле хандид. Баъд ҳисси кунҷковии духтарона боло гирифту Шакархонум ва Саодатбегимро ба сӯҳбат кашид.

— Чингиз чӣ гуна одам бошад?

— Мегӯянд, ки мардест дарозболо, хушкандом, риштунук, гӯшбистар ва бинипучуқ. Номи аслиаш Темучин…

— Темуҷин будагист… Чандсола вай?

— Аз шаст гузаштагӣ.

— Як пояш дар лаби гӯр гӯед! Ин ҳамонест, ки ба рӯзгори пешин ҷодугарӣ мекард?

— Оре, ҳамон аст. Аҳли тиҷорат мегӯянд, ки то чилсолагӣ, интухин, ҷодугари баду бало буд…

— Агар ин подшоҳ ҳамон соҳир бошад, дар паҳлӯяш будан душвор корест…

— Гапат дуруст. Аҳли тиҷорат ҳам, интухин, мегӯянд, ки мухолифат бо Чингиз аломати гумроҳист, зеро вай, интухин, балои осмонист!

— Ба ин ҷиҳати масъала коре надорам. Ман гуфтанӣ, ки агар Темуҷин қудратманд гардад, ҳунар хор мешаваду ҷодугарӣ арҷманд…

— Чаро?

— Бозори шоирони ҷодусухан ва олимони ҷодубаён касод шуда, ду чашми ҷодуи ман аз кор мемонад.

— Ин хел нагӯ, Нигина! Ҳама медонем, ки Чингизхон дилбанди ишқи туст! Вай ба зулфи каҷи ту иқтидо кардааст, ки дар он ҳазор гуна банду занҷиру тоб асту ғоратгари ҷон ва дину дилҳост! Ҳама фитнаву офату бало аз зулфи фаттон сарчашма мегираду агар ин се ба ҳам даст диҳанд, ҳоли подшоҳи ҷодунажод дар се рӯз табоҳ мегардад….

— Вай, албатта, номусулмон аст?

— Пеш кофири мутлақ буд, ҳоло, интухин, бутпараст шудагӣ. Аҳли тиҷорат мегӯянд, ки дар замони Кучлуки кучук, интухин, аҳволи мусулмонҳои Қошғар табоҳ гашта буд. Интухин имрӯз дар он диёр масҷиду мадрасаҳо обод… Агар касе намоз хонад, интухин, Чингиз вайро боз надорад, валекин худаш сар ба саҷда набарад…

— Подшоҳи мо барин будааст. Мегӯянд, ки вақти мастӣ намозу саҷдаро фаромӯш мекунад…

— Баъди сармои Ҳулвон дилаш аз мусулмонӣ хунук шудагӣ. Агар ислоҳ нашавад, дил гувоҳӣ медиҳад, ки мамлакат аз дасташ меравад!

— Яъне ки ҳамаи мо аҳли ҳарами Чингизхон мешавем?!

Он рӯз ҳама аз чунин шӯхии густохона базавқ хандида буданд. Имрӯз бошад, масъала тобиши ҷиддӣ гирифта, Чингизхон ҷиддан ҳаводор ва харидори Нигина шудааст. Акнун чӣ бояд кард?

Ҷавоби аввалия аз эҷоди халқ баромад:

Пеши касе рав, ки талабгори туст,

Ноз бар он кун, ки харидори туст!

Агар ба ҳидояти ин байти машҳур амал кардан тақозои тақдир бошад, Нигина бояд ба суроғи шоҳи навқирони ҷаҳон барояд, ки худро шермарди замон меҳисобаду ҳавсалаи дидани наргиси шергири маликаи анҷумани ошиқон қалбашро беқарор кардааст. Агар ӯро ёбаду дилаш ба каф орад, дер ё зуд Маликаи олам мешавад! «Алҳақ, аз ин ширинтар достон нест! — ба дил ғурунгид Нигина. — Хостгории Чингизхон ҳадиси ниҳон несту вай пушту паноҳи бузург хоҳад шуд. Вале…

Шунидам, ки оташ бувад подшоҳ,

Ба наздики оташ кӣ ҷӯяд паноҳ?!

Яъне ба наздики Чингизхон рафтан бимнок асту ман чаро чун зарра саргардону сарсон шавам? Хубаш, дил ба рақсу наво машғул дошта, оринҷи Шамси Ҳола маҳкам қапида, маҳфилу маъракаҳои самарқандиёнро ободу хуррам гардонда, муддате чанд дар зовияи гумномӣ чун бунафшаи пажмурда сар ба зер афканда, сабр мекунам. Чун аз ҷониби шимол девбоди сахт ба вазидан шурӯъ кунад, дарахтони калонро меафтонад, биноҳои маҳкам ва кушкҳои баландро чаппа мегардонад, аммо ба гулу гиёҳи зайиф ва бунафшаи хамгашта зараре намерасонад. Он гоҳ, баъди хомӯш шудани тӯфон, аз худ дарак медиҳаму Чингиз агар хоҳад, маро арҷ гузорад!

Агар нахоҳад чӣ? Агар ягон зарра эътибор надиҳад, чӣ мешавад?! Ҳолдонҳо мегӯянд, ки аҳду паймони Чингиз лағжонак аст. Боре Камол Исмоил, аз забони падараш Ҷалолиддини Манкубернӣ гуфта буд, ки ба қавлу ваъдаи Чингиз эътимод кардан хатост, зеро корубори вай пайваста ба макру сеҳру афсун аст. Дар тасдиқи сухани худ порае аз номае хонда буд: «Чингиз мардест турушрӯй, талхгуфтор, бадхӯй, мардумозор, гадотабъ ва нопарҳезгор, ки айши мусулмонон ба дидани ӯ табоҳ гаштӣ… Ҷамъи писарони покизаву духтарони ҳурваши дӯшиза ба дасти ҷафои ӯ гирифтор, на заҳрои хандаву на ёрои гуфтор… Чингизи ғаддор гоҳ орази симини якеро тапонча задӣ ва гоҳ соқи булӯрини дигареро шиканҷа кардӣ»…

Нигина идомаи номаи махфии гумоштаро дар лавҳи хотир барқарор накард. Чунки ҳоҷат намонд: шоҳе ки гулдухтараконро тапонча мезанаду азобу шиканҷа медиҳад, инсон нест! Шоҳи ҳайвон асту сад ҳазор лаънати олам бар сараш борад! Агар ҳама оламро ба ӯ бахшад ҳам, сӯяш нимнигоҳе намекунад. Атои Темучинро ба лиқои Темуҷин бахшида, ҳадиси зиндагӣ ба ҳазрати Камол Исмоил мегӯяд, зеро ошно сухани ошно ба ишорате мефаҳмад ва расми бародарӣ нигоҳ медорад.

Ҷавонтарин шоири Хоразмро «Ҳазрат» унвон кардани Нигина беасос нест. Алҳол Камол сокини Бағдод ва беҳтарин шогирди Шайх Шаҳобиддини Сухравардӣ буда, бо ҳидояти ин олими мӯътабар ва азимушшаън, ки замоне ҳамчун сафири халифа Носир ба Ғӯрганҷ омада буд, ба мартабаи баланд расидааст. Набераи Хоразмшоҳ будани ӯро ҳама бузургони маркази хилофат медонанд, аммо ба эҳтироми падараш Ҷалолиддини Манкбурнӣ, ки порсоест салим ва некмарди ҳалим, ҳеҷ кас ин ҷавони далеру суханвару донишпарастро бо муомилаи сарду сахт озор намедиҳад.

Қабл аз сафари Бағдод ҳар ду сӯҳбати тӯлонӣ доштанд. Камол одоби муоширатро нигоҳ дошта, дар муқаддимаи сухан зулфи анбарин ва мӯйи ҷингила — гулолаи Нигинаро тавсиф кард:

Ҷаҳон шуд аз нафаҳоти насими мушкафшон

Чунон ки аз дами миҷмар гулолаи ҷонон!

Сипас, дар омади гап, аз шиддати ғазаб ларзида, ба сари халифаи ислом лашкар кашидани бобояш ва қатл шудани Шайхулисломро бо эҳсоси баланд шадидан маҳкум карду рафтору гуфтору кирдори Хоразмшоҳро ношоистаю новоҷиб ва нохирадмандӣ ҳисобид. Хиҷолат кашидаю ашк рехта, бобояшро сифлаю носипосу ҳақношинос хонд ва бо алам гуфт:

— Чун аз бобо ин гуна кирдор дидам, сари бахти вайро нагунсор дидам! Одатан, вақти пирӣ набера асои дасти бобо мешавад. Ман ҳам орзу доштам, ки даствораи подшоҳи олам мешавам. Дареғо, ки бобои мо орзуи ману дигар набераҳоро зери по кард:

Вақти қиём ҳаст асо дастгири мо,

Бечора он, ки кунад аз даствора по…

Нигина медонист, ки Шайхи Сӯҳравардӣ маҳз бо илтимоси Сайфи Исфарангӣ шогирди паровари ӯро ба шогирдӣ қабул кардааст. Аммо Шоҳаншоҳи олам «ин қазия бар хилофи ризои мо» гӯён набераашро танбеҳ додааст: «Шогирди вакили халифа шудан тариқи вафо ба мо нест, сахт бад кардӣ, зуд қафо баргард!» Инро шунида, шоҳзода Ҷалолиддин ба муҷиби зарурат миёнҷӣ шуда, падарро розӣ кардааст, ки барои гумоштаи бобо дар Бағдод шудани набера иҷозат диҳад…

Нигина тасаввур кард, ки Камоли Исмоил интизори ӯ назди воридгоҳи Бағдод чашм ба роҳ истодааст. Дарҳол боли парвоз ғундошту наздаш фуруд омад.

— Эй Нигина, салом. Хуш омадӣ ба меҳвари хилофат! Чаро чун пештара намехандӣ ва пар-пар намезанӣ? Туро чӣ расидааст, ки хомӯш менолӣ? Шоду хандон овоз барор, эй дӯст, ки дида ба дидор расид!

Нигина бо азоби алим, гиряолуд овоз баровард:

Ханда гар аз чеҳра накшояд гиреҳ,

Гиряам аз хандаи беҳуда беҳ!

— Гиряи бисёр офати дили зайиф аст, эй азиз! Бар ман бигӯй, ки чаро бефараҳӣ ва аз чӣ изтироб дорӣ? Нохалаф бошам, агар дар эдун лаҳзаи ҳассос худро ба канор гирам! Бифармо, ман дар канори ту…

Нигина чун каломи нарму самимӣ аз замири шоир шунид, худро ором дошта натавониста, ҳой-ҳой гиристу чор қиссаи пурмоҷарои достони ошиқонаи кабутари ҳарамро аз дӯстдориҳои Мирмалику ишқварзиҳои Хоразмшоҳ то ҳамлаи Узлоғшоҳу хостгории Чингизхон — ҳамаро мӯ ба мӯ ҳикоят кард. Меҳрварзию шеърҳои ошиқонаи андалеби Исфараро низ хотиррасон намуд. Сипас пайи ҳам чор савол дод:

— Илоҷи ин дарди тоқатфарсо чист? Тадбири халосии маро аз ин ҳалқаи сарбаста чӣ гуна мебинӣ? Роҳи ҳалли ин муамморо кӣ медонад? Кушояндаи ин қулфи сарбамӯҳр кист?

Камоли Исмоил лаҳзае андеша гуморида, ба чор саволи мусалсал яклухт ҷавоб гардонд:

— Илоҷи дарди ҳарина, тадбири халосӣ аз ҳалқаи сарбаста, роҳи ҳалли муаммои мушкилро фақат Худо медонад ва кушояндаи ҳама қуфли мазбут он Ягона аст!

Саҳеҳ фаҳмидӣ, эй азизи Худо?!

Дӯшизаи оқила ва рамузфаҳм бо аломати тасдиқ сар ҷунбонду гуфт:

— Фаҳмидам. Рӯ ба қибла, ки истодаам, дилам торафт рӯшан мешавад.

— Эй азизи Худо, фаҳмидам, ки азми сафари қиблаи ислом дорӣ. Ин хуб аст! Хеле хуб аст!! Қуръони арабӣ ва обидаҳои ватани ислом басо муқаддас ва рӯзирасон, олами арабият фарохмайдон аст. Агар бо сидқу сафо тоату ибодат кунӣ, мӯъминаи биҳиштӣ мешавӣ!

— Иншоаллоҳ ё раббил ъоламин.

— Агар сухан дуруст бигӯям, муаммою масъалаҳои туро дар Самарқанду Гӯрганҷ ба тӯли фикр натавон ҷамъ кардан ва ба зӯри хирад натавон ҳал кардан! Зеро инсони хокӣ натавонад об ба ресмон бастан!!! Фақат Офаридгори олам ба ҳама кор қодиру тавоност ва дар Каъбаи мукаррама туро аз чашми бадандешон дар амон медораду дар Мадинаи мунаввара ҳумои бахтро водор мекунад, то сояи худ аз сари ту барнагирад!

Эй Нигинаи азиз, зуд бош, ҳало!

Пунба зи гӯш дур кун, эй азиз, аз Каъба бонги наҷот мерасад!

Нигина бо нигоҳи шӯълавар ва дили мунаввар олами рӯҳониро тарк гуфту ба олами ҷисмонӣ омад ва бо чеҳраи нуронӣ аз ҷой хесту худаш ба худаш роҳнамо ва уқдакушо шуд:

— Эй Нигина, чун аз сирри ғайб воқиф нестӣ, навмед нашав, ки поёни шаби сиёҳ сафед аст! Аз бозиҳои пинҳон дар паси парда эҳтиёт бошу пешомадро аз пешонӣ дон…

Домани андешаро қайчӣ зан ва ҷониби Каъбаи мукаррама зуд ба роҳ баро!


* * *


Нигина борҳо шунида буд, ки нияти нек ними давлат аст. Комилан дуруст будани ин таъбири мардумӣ рӯзи дигар бори дигар исбот шуд. Вақти субҳона вай ҳеҷ чиз нахӯрд ва Шакархонум ҳарчанд зораю зӯрӣ кард, ҳатто қатрае чой нанӯшид.

— Маро натарсон, духтар! — лаби ларзон ба шиква кушод Шакархонум. — Дина як рӯзи дароз як калима гап назадию, интухин, имшаб мижа таҳ накардию лом накафондӣ, ҳатто «шаб ба хайр» нагуфтӣ. Акнун аз ғизо даст кашидӣ. Интухин, ягон калима гап зан, то аз зиқӣ дилам накафад…

— Зиқ нашавед, ойтӣ. Мавҷи тӯфонхез беосеб гузашт. Акнун, иншоаллоҳ, ҳама кор хуб мешавад.

— Чӣ хел мавҷу, интухин, боз кадом тӯфон?!

— Гуфтам-ку, ҳамааш гузашт. Дар намози бомдод нияти ҳаҷ кардаму акнун маро мебояд ҳафтае рӯза доштан…

— Нияти хуб кардӣ, духтар. Интухин, Худо муродатро ҳосил гардонад! Маро ҳам мебарӣ?

— Ихтиёр дар дасти худи шумост, ойтӣ. Агар хоҳед, бо ман равед, агар хоҳед, ин ҷо монед. Ё ба Ғӯрганҷу Бухоро бармегардед?

— Аҳволи Ғӯрганҷ тағйир ёфтаву, интухин, бади бад шудааст. Дар Бухоро касе надораму бесарпаноҳам…

— Наход?!

– Ҳа, духтар. Як бенаво аёл ман. Бешавҳару бефарзанду, интухин, бекас. Як муштипари берӯзию бетӯшаю беному нишон… Дарахти беравнақи бешоху барг… Интухин, пули бесикка ман…

— Бас, ойтӣ! Ба шумо чӣ шуд?! Ман хоҳари шумо! Духтари шумо ман! Мо болу пари ҳамдигарем…

— Раҳмат, духтар! Илоҳо умрат дарозу дари бахтат кушода шавад! Интухин, ба муроду мақсад расию ҳар тарафе, ки равӣ, маро бо худ барӣ. Ҳамеша ман бо тую ту бо ман бошӣ…

– Ҳимматро баландтар гиред, ойтӣ! — бо ноз итоб кард Нигина. — Аз Худо талаб кунед, ки ман бо вай бошаму вай бо шумо…

Шакархонум ашки шодӣ бо нӯки қарс пок карда, «Вай кӣ бошад?» гуфтанӣ буд, ки дарро кӯфтанд. Хидматгор аз шикофи дар ба берун нигаристу бе ягон пурсиш ҳар ду табақи дарвозаро кушод ва шодона нидо кард:

— Язакҳо омадаанд!

Баъди ҳолпурсӣ сарязак бо садои нарму форам гуфт:

— Нигинабону! Ҳар чӣ зудтар тайёр шавед. Ба сафар мебароем.

— Куҷо меравем?

— Ба Хуҷанд.

— Ба Хуҷанд??! Чаро?!

— Бубахшед, ки ҷавоби қотеъ надорам. Ҳамин қадар гуфта метавонам, ки ба Хуҷанд рафтани шумо амри Шоҳаншоҳи олам аст…


* * *


Амри нави Султон Муҳаммади Хоразмшоҳ чун ҳамеша номуқаррар ва ногаҳонӣ садо дод. Баъди ғалаба бар Ҷӯҷӣ дашти Турғайро бо душворӣ тай намуда, аҳли сипоҳу солорон дар шаҳрҳои Ҷанду Утрор ва Исфиҷоб серӯзӣ дам гирифта, аммо дар Банокат ҳамагӣ як шаб истоданду субҳи барвақт ба соҳили рости Сайҳун гузашта, дар сари дуроҳа ҷамъ омаданд. Аз ин гузаргоҳ — нахустин дарвозаи Мовароуннаҳр — ба шаҳри Самарқанд тавассути дашти Катвон роҳи наздик, аммо душворгузаре вуҷуд дошту як роҳи дигар лаб-лаби дарё аз шаҳри Хуҷанд мегузашт, ки нисбатан тӯлонӣ, аммо ободон буд. Тибқи маслиҳати пешакӣ бо роҳи наздик бояд бармегаштанд. Вале дар лаҳзаи охирин фикри подшоҳ тағйир ёфт ва солори лашкари худро ҷеғ заду фармуд, то бе шитобу ҷадал дашти Катвонро убур намуда, дар пойтахт ӯро интизор шаванд.

— Мо нахуст ба Хуҷанд меравем, ки коре ҳаст басо муҳим андар шуғли мамлакат, — гуфт Хоразмшоҳ ва фарзандаш Ҷалолиддинро паҳлӯи худ хонд. — Дар куҳандизе, ки қадамҷои Искандар аст, бо амирон, аркони ҳарбу ҷайши вилоёти марзӣ мушоварат ороста, сипас ҳамакаса ба Самарқанд меоем, то базми ғолибият ороем…

Амри подшоҳ бечунучаро иҷро гашту лашкариёни хос аз боди Сайҳун тезтар вазида, қабл аз ғуруби офтоб ба Хуҷанд расиданд. Кӯҳандизи кӯҳнаи аз замони Искандари Мақдунӣ боқӣ мондаро мардуми маҳал арки калон мегуфтанд ба ду маъно — қалъаи бузург ва ҷойи садрнишин. Хоразмшоҳ аз баландӣ муддате ба атроф чашм давонду табъи гирифтааш кушода шуд ва дар чеҳрааш аз хастагӣ осоре намонд. Бо нигоҳи пурмеҳр Ҷалолиддинро нигаристу хушҳол хитоб кард:

— Дар ҳақиқат тирози ҷаҳон аст Хуҷанд! Зиҳӣ ҳавои муаттар ва фазои муанбар! Мехоҳам, як замон аз ҳарбу зарб дилам дур афтад. Чӣ мешавад, агар муддате дар ин шаҳри ҳумоюн бошем?

— Хости шумо ҳамеша бар дили мо муфид афтад, эй падари меҳрубон! Дар ҳақиқат ин макони биҳиштӣ мақоми роҳат ва ҷойи истироҳат аст! Ойчечак шод мешаваду сари Дамир малик ба осмон мерасад.

— Боварам нест, ки ба ин наздикиҳо имкони бафурсат омадану дам гирифтан боз фаро расад. Ҳама шоирони аҷамию арабӣ Хуҷандро мавзеи хамру чағона ва маҳалли самоъу тарона навиштаанду мо аз подшоҳони пешин чӣ камӣ дорем?

— Шумо аз ҳама шоҳони мозӣ бартару беҳтаред, эй падари меҳрубон! Мирмалик аллакай ба ман ишора намуд, ки дар ҷойи басо роҳатфизо базмгоҳ сохта, зиёфати шигарф фармудааст, то нахустин ғалабаи Шоҳаншоҳи олам бар лашкари Чингиз ба таври шоиста таҷлил гардад!

— Офарин бар туву додархонди ту! Ӯро бигӯ, наздиктар биёяд.

Мирмалик чор қадам дуртар аз падару писар бо тавозӯъ интизор истод. Хоразмшоҳ бо ишоратангушт ба паҳлӯяш хонду табассумкунон даст бар китфаш гузошт.

— Он чӣ диловарию далерӣ, ки ту бар Кучлуки бадзот кардӣ, ҳаргиз ҳеҷ кас накардааст! Кеҳу меҳи Хоразм офаринхони туянд ва мо ба халқи Самарқанд ваъда додаем, ки ба шарафи ин ғалабаи бузург базми ҷамшедӣ созмон медиҳем.

Мирмалик дигарбора арзи хидмат карду гуфт:

– Ҳидоятгари ҳама фатҳу нусратҳо шумоед, эй Шоҳаншоҳи муаззам ва музаффар! Мо алмудом ба хидмати шумо камарбастаем ва ҳар чӣ фармоед, фарзандвор иҷро мекунем.

— Агар базми ҷамшедӣ аз Хуҷанд оғоз ёфта, ба Самарқанд гузарад, чӣ хел мешавад?

— Фикри шумо аз ҳама афкор пеш асту ҳар ҷо, ки пешбинӣ бояд, шумо муваффақед, эй Шоҳаншоҳи муаззам. Дар шаҳри мо барои шумо асбоби базму роҳат, айшу ишрат, комронӣ ва комгорӣ ҳамеша дар сатҳи воло муҳайё ва мусаффо мешавад!

Пири солори Хуҷанд, сорбон ва саробони мо аз пешниҳоди олишони Шумо шоду мамнун хоҳанд шуд.

— Дарвоқеъ, Шайх Нурӣ куҷост?

— Ташрифи шуморо шунида, ин пагоҳӣ аз Фарғона ба роҳ баромадаанд. Иншоаллоҳ, пагоҳ ба хидмати шумо мерасанд…

— Дидори ин авлиё орзуи деринаи мост.

То пагоҳ ман дам мегирам. Ҳар дуи шумо ҳама аркони давлату бузургони мулк ва ҳар кӣ дар Мовароуннаҳр амир ё сипаҳсолор ҳаст, даъват кунед, то ҳар чӣ зудтар худро ба Хуҷанд расонад! Қабл аз базми ҷамшедӣ бо соҳибмансабон гуфтушунуфти нуҳуфт хоҳам кард.

— Шайхро ҳам даъват мекунем?

— Албатта, писарам. Ин замон моро маслиҳатгаре мисли ӯ чун боду ҳаво зарур аст, — гуфт Хоразмшоҳ ва аз Мирмалик пурсид: — Мегӯянд, ки вай дар кӯдакӣ подшоҳи қарахитойро мот кардааст. Рост-мӣ?

– Ҳақ асту рост, эй Шоҳаншоҳи олам, — гуфт Мирмалик ва раҳораҳ ин ривоятро ба падару фарзанд гӯшрас кард.

…Ба Мовароуннаҳр ҳуҷум кардани қарахитоиҳоро хуҷандиён «балои нек» ҳисобиданд. Чунки ҳамлаварон дар маҳаллаи наздики шаҳр лашкари қарахониҳоро торумору реза-реза карда, номи мавзеъро ба Хитойреза табдил дода, аммо ба Хуҷанд зада надаромаданд. Балки қосиди махсус фиристоданду вай ба мардум чунин фаҳмонд:

— Ба подшои мо шаҳри шумо писанд омад. Вай бебок асту бераҳм не. Беҳуда хун намерезад ва беваҷҳ шаҳр намесӯзад. Гӯрмоли одил ва соҳибқавли мо ба хуҷандиҳо се рӯз мӯҳлат медиҳад, то шаҳри худро аз харобӣ ва халқи худро аз нобудӣ эмин доранд. Ба шарте ки намояндаи шумо ба саволҳои подшои мо дуруст ҷавоб гардонад.

Касе, ки ба тақдири Хуҷанду хуҷандиҳо зомин мешавад, пагоҳ — вақти офтоббаро ба Ғалламайдон биёяд!

Аъёну ашроф, аҳли уламо ва удабо баъди машварати тӯлонӣ ба хулосае омаданд, ки намоянда аз авлоди сайидҳо ба имтиҳони Гӯрмол — ҳоқони қарахитой равад.

— Моро ба Хуҷанд кӣ овард? — ҷунин буд саволи подшоҳӣ.

— Шуморо ба Хуҷанд Худо овард! — бе ҳеҷ дудилагӣ ҷавоб гардонд Сайидаҳмади Воқиф.

— Нодуруст! — бо итоб хитоб кард Гӯрмол. — Худои мусулмонҳо бахшояндаю меҳрубон аст. Ҳеҷ гоҳ бандаҳояшро намекушад ва намегузорад, ки ба шиканҷа гирифтор шаванд.

Рӯзи дуюм пирамарде берун омад аз авлоди мирзоҳо нисбатан хирадманду фозилтару ҷаҳондида. Ба ӯ низ саволи дирӯза айнан пешниҳод гардид. Мирзоқосими соҳибдевон ҷавоби пешакӣ тайёршударо ба забон овард.

— Шайтон шуморо ба Хуҷанд овард.

— Нодуруст! — боз бо итоб хитоб кард Гӯрмол. — Шайтон роҳнамо ва ҳидоятгари мо нест!

Намояндаи дуюм низ ҷо ба ҷо қатл гардид ва дуди хуҷандиҳо ба фалак печид. Аз тарси ҷони ширин ҳеҷ кас намехост, намояндаи сеюм шавад. Баҳсу мунозира ва талошто як поси шаб кашол ёфт, аммо ҳеҷ кас масъулиятро ба гардан нагирифт. Дар чунин лаҳзаи ҳассос Бадеуддини ҳаштсола бо тавозӯъ наздики бузургони Хуҷанд омад ва оҳиста садо баровард:

— Ман ба Ғалламайдон меравам…

Ҳамаро ҳушу ёд пурра ба саволу ҷавоби тақдирсӯз банд буду касе ба умқи сухани кӯдак сарфаҳм нарафт. Фақат як мӯйсафеди гаронгӯш ба вай мароқ зоҳир кард:

— Баландтар гап зан, ки намешунавам. Эй бача, чӣ гуфтӣ?

Бадеуддин бо хунсардие, ки хоси кӯдакон набуд, сухани қаблан гуфтаашро оромона, ҳарф ба ҳарф бори дигар бо овози баланд такрор кард. Мӯйсафед сари афсӯс ҷунбонда, бо надомат хитоб кард:

— Вой бар ману вой бар мо! Калонҳо тарсу шинему кӯдак довталабӣ кунад!! Ин кори ношуданӣ, эй бача, рав, аз буҷулбозӣ намон!

Гапи мӯйсафедро садри маҳфил ҷонибдорӣ кард:

— Эй аҷаб! Ду бузургвори мӯътабарро шофеъ кардем, суде пайдо нашуд. Акнун ин кӯдак, ки аз даҳонаш бӯйи пистон меояд, Хуҷандро балогардон шуданист!? Ин амал магар хилофи мантиқ нест?

Бадеуддин нагузошт, ки оташи баҳс баланд забона занад:

— Эй мӯҳтарамон! Пирон сухан ба таҷриба гуфтаанд, ки бе таваккал ба мақсад расидан душвор аст. Орифон фармудаанд, ки «ал-ғариқу ятааллоҳу би кулли шайъин», яъне «ғарқшаванда ба ҳар чиз дармеовезад». Маро иҷозат диҳед ва дуо кунед, ки зеҳни тезу лафзи поки кӯдакӣ корбаст кунам, то зиндагии хушбахтона дар шаҳрамон гусаста нашавад.

Аз алфози қавӣ бузургсолонро дили холӣ андаке пур гардид. Азбаски дигар довталаб надоштанд, ночор писархонди пайғамбари Худоро ба Худои меҳрубон супориданд ва дуои ом ба осмон расониданд.

Бадеуддин чун ба Ғалламайдон расид, хандаю таъна ва ғалмағали сипоҳиён баланд шуд. Вале Гӯрмол бо зӯри нигоҳ ҳамаро хомӯш гардонду саволи аввала такроран пурсид ва чунин ҷавоб шунид:

— Шуморо ба Хуҷанд роҳнамо овард. Ана он бози сафеди баландпарвоз, ки сари китфи шумост!

— Пайкари кӯчак дорӣ, аммо хиради бузург! — бо чунин тавсиф аз ҷавоб қонеъ шудани худро маълум кард Гӯрмол. — Акнун бигӯй, ки чаро шаҳри Хуҷанд маро дилписанд уфтод?

— Касеро он ақл набошад, ки ниҳони дили подшоҳ донад! Вале баъзе нуктаҳо маро аён аст. Агар иҷозат бошад, муфассал шарҳ диҳам.

— Раво бошад!

— Шумо кишваркушоед, аммо бароятон тадбир ва тазвир муқаддам аст аз сӯхтор ва куштор! Зеро хуб медонед, ки мусулмонҳо кирдори некро носипос нестанд:

Касе, ки некӣ андешад ба ҳар кас,

Ба некӣ дар ҷаҳон соҳибқирон аст!

Ин байти Адиб Собирро шайхи бухороӣ Алӣ Имониддин ба падаратон бахшидааст, ки ҳар ду пиру мурид буданд. Падар ин байтро дар замири шумо ҷой кардаасту шумо аз ҳама пешиниён донотаред, ки на бо ҷангу ҷидол, балки бо нармию савол мехоҳед Хуҷандро ба даст оред…

Ҳоқони бузург аз суханҳои ҷаҳоннодида кӯдаки сутург ҳайратзада гашту забони савол ба ком кашид ва Бадеуддинро ҳайсият66 бахшид. Зеро пирамардеро аз қабилаи худ пеши назар овард, ки ба чашми ҳамсӯҳбаташ нигаристан ҳамон замиру ниҳонашро ва гапи дилашро бехато мехонд ва пешомади ҳар хоҳишмандро бехато муайян мекард. Лекин аз ҳама аҷибаш… аҳли савод набуд!

Гӯрмол он мӯйсафеду ин кӯдакро хаёлан муқоиса намуда, бори дигар бовар кард, ки ҳақиқатан ҳам бузургӣ на ба сол, на ба мол, балки ба ҳол аст! Кӯдаке бо чунин ақлу фаҳмиш ва хираду дониш метавонад ҳама оламро тасхир намояд! Ба ин тоифа инсонҳои ғайримуқаррарӣ шак овардану шубҳа кардан гуноҳ аст!

Эҳтироми подшоҳӣ бо сухани зайл ифода ёфт:

— Аҳсант, эй шоҳписар! Аз тифлӣ ба кори ҳақ машғул будану илм омӯхтан ва некӯ сухан гуфтану доноӣ берун овардан беҳтарин ҳунар аст! Зиракӣ ва доноӣ эҳтироми бузургро сазовор аст!

Маро, ки дӯстком кардӣ, акнун дӯсткомӣ аз ман ситон ва ҳар чӣ хоҳӣ, бихоҳ!

Бадеъуддин филфавр саҷдаи шукр баҷо овард ва гуфт:

— Саховати аълоҳазрат ғояти ҷавонмардист. Вале мо тамаъҷӯ нестем. Зеро тамаъ иборат аз се ҳарф асту ҳар се миёнтиҳӣ! Агар ба ҳаҷми як пӯсти гов маро замин диҳед, умрбод шукргузорӣ мекунам…

Подшоҳи қарохито дархости Бадеъуддинро ҳаваси кӯдакона пиндошта, амр дод, ки барзагови аз ҳама калони парворӣ забҳ кунанд. Пӯсти говро пеши пойи кӯдак андохта, ҳама ба мароқ менигаристанд, ки чӣ кор мекунад. Бадеъуддин оромона аз ҷайб кордчаи алмостеғ бароварду пӯстро бо ҳавсалаи том ришта-ришта бурид. Баъд торҳоро ба ҳам пайваст ва ду сипоҳиро фармуд, ки ресмони аз пӯсти гов ҳосилшударо гирдогирди Хуҷанд кашола кунанд…

Гӯрмол чун шаҳри Хуҷандро ресмонпеч дид, фаҳмид, ки расанбозиро бохтааст. Вале аз қавлаш нагашту «як таноб замин ба шоҳписари Хуҷанд бахшидем. Аз ин баъд чашми бад аз хоки поки ин шаҳр дур бод!» гуфт. Ин сухани таърихӣ, ки дар Ғалламайдон садо дода, бо мӯҳру имзо тасдиқ гардид, барқвор ба шаҳристон расид ва марду занҳо баробар оҳи сабук кашида, Бадеъуддинро балогардони Хуҷанд номиданд. Шукр ба Худованди меҳрубон гуфтанд, ки дигар қатрае хун ба хоки пок наяфтод ва Хуҷанд аз офат наҷот ёфт. Шоира Маҳастӣ подшоҳи қарохито ва ҳам Бадеъуддини ҳаштсоларо баробар мадҳу сано хонд, ки яке шаҳре ба як суоле бидоду дигаре шаҳре ба як ҷавобе гирифт…

Ҳама бовар карданд, ки Бадеъуддин дар ҳақиқат писархонди пайғамбари гиромист ва кӯчактарин авлиёи замона аст. Дарҳол ба зиёрат шитофтанд, аммо Бадеъуддинро наёфтанд… Фақат баъди бист сол хуҷандиён чеҳраи нуронии балогардони худро диданд, ки дар баҳри илму маонӣ ғаввосӣ намудаю дар бузургтарин марказҳои исломӣ аз бузургтарин олимони забардаст сабақ андӯхта, дар мартабаи аллома ба ошёнаи аҷдодӣ баргашта буд…

— Маслиҳату насиҳат ва каромати он Бадеъуддин, ки имрӯз шайхи кабир аст, ҳолиё дар машриқу мағриб вирди забонҳост, — гуфт Хоразмшоҳ. — Вале ман мӯҳтоҷи арбоби каромат нестам. Ин қисса махсус барои Ҷалолиддин шунавондам, то баробари панди падар аз маслиҳати мӯъҷази Пири мӯъҷизакори Хуҷанд низ баҳра бардорад. Аз маслиҳат бо Пири кор ор мадор!


* * *


Мирмалик меҳмони олиқадрро заврақсавор ба зиёфатгоҳи олиҷиҳоз расонд ва бо сад гуна таъзиму таманно дар саропардаи заррин шинонд. Духтарони моҳталъат парвона шуданду соқиёни ширинсухан беҳтарин шароби Хуҷанд аз ангури чиллагӣ оварданд ва мутрибони болидахотир чанги тару хушк ба оҳанг дароварданд. Ҷоми заррин гардон шуду товуси нозанин ба хиром омад. Чун даври сеюм ба хуррамӣ андаргузашт, Хоразмшоҳро илҳом омад ва ба шеърбофӣ шурӯъ кард:

Дар Хуҷанд бода бо мардуми хирадманд хӯрам,

Ё бо дилбари ангубинлаб наботу қанд хӯрам?

— Ё ҳар ду! — бо ноз овоз дод соқии ширинадо ва бо карашма байти ҷавобӣ гуфт:

Аз баду нек дил холӣ кунед,

Бо парирух сухансиголӣ кунед…

Даъвати латиф рағбати шоҳро боло бардошту ба лӯъбатбозӣ гароиш кард. Паймона аз дасти соқӣ чолок даррабуду шароби андак рехтаро бо як қулт ба ҳалқ даркашид ва хурӯшид:

— Эй соқӣ! Дар лаби дарё нишастаем, ҳимматро дарё куну хум дар миён овар! Сари мо аз ин паймонаи кам-кам гарм намешад!!

Канизаки кушодалаби сафеддандон чун гули бӯстон кушодадил гашта, ҷафстари подшоҳ ғеҷида, аз Низомӣ байте ба таҳрир хонд:

Камар бандаму чарбдастӣ кунам,

Ба сад меҳр меҳмонпарастӣ кунам!

Моҳи дуҳафта риштаи суханро лаҳза ба лаҳза он қадар ҷодувона метофт, ки шоҳ волаву шайдо гашта, беш аз пеш фаррухӣ меёфт, бетааммул лофи ақл мезаду шӯхию меҳрубонӣ мекард. Кор ба дараҷае расид, ки ҳамнишини нозанин ҳамдӯши подшоҳ шуд ва баробари май меҳраш биҷӯшиду мастона хиромид ва пардаи шарму ҳаёро дарид:

Бардор пиёлаву сабӯй, эй дилҷӯй

Рафтем ба гирди сабзазору лаби ҷӯй!

Ҳадди худро надониста, тарки адаб кардани канизак ва султонро аз посбон фарқ карда натавонистани ӯ табъи нозуки шоҳаншоҳи оламро хира гардонд. Рӯй дарҳам кашид ва дилтанг гардид. Бо қароҳат канизакро нигаристу худ аз худ ҳушёрдил шуд. Беихтиёр қади хубу абрӯи хубу зулфу чеҳраи хуб ва ҳарфи хушу одоби хушу нозу адои хуши Нигина дар маърази афкору андешааш падид омад: «Ту дар куҷоӣ, эй маҳбуб-ул-қулуб? Чаро рух наменамоӣ? Чӣ ҳол дорӣ? Оё маро ба ёд меорӣ?!»

Шоҳаншоҳи олам хаёли чашми ҷоду карду гули мақсудро бӯйидан хост ва худро аз саропарда берун баровард. Насими форами Сайҳун гӯё аз ҷониби Самарқанд вазида, бӯйи диловези надимаи маҳбуб ба машомаш расонд. Дубора маст гашту ҳис кард, ки синааш чун танӯр торафт тасфон мешавад. Зеро дастафшонию ғазалхонию нозу истиғно карданҳои кабутари ҳарам пеши чашми муштоқ бармало намоён гашту дастбозию дастбӯсию дастчарбиҳояш, барои дастомӯз кардани кабки дарӣ дастмолию дастгириҳояш ва дастдарозӣ карданҳояш ба ёд омад.

Ёдаш омад, ки дар Самарқанд дастдарозӣ ба дараҷаи олӣ расид. Хоразмшоҳ, ки қаблан ба ҳар дидоре аз Нигина маст мешуд, баъди сармои Ҳулвон ҷилваи кабки дариро дидан ҳамон обу адо гашту кайфокайф ба ганҷинаи махуф дасти татовул дароз кард… Аммо бо хости Худо мақсади падар ба писар урён гардиду бо баҳонаи мувофиқ халал расонд…

Рӯзи дигар, дар хилват, ҳар ду дар ин боб гуфтушунуфт карданд.

— Эй падари меҳрубон, агар як зарра камбуди шуморо дида, хомӯш нишинам, гуноҳи кабира, ҳатто навъе аз хиёнат бошад. Вале… маро ба идомаи сухан ҷуръат намерасад.

— Эҳтироми падар некӯ доштан хуб аст, эй нури чашм, лекин алҳол аз падар тарсу набош!

— Эй падари меҳрубон, шумо тоҷу тахти баланд дореду ному насаби арҷманд ва фахри меҳтарони ҷаҳон, шоҳаншоҳи бузурги олам ҳастед, аммо Нигина…

— Маро ишораи нозуки ту, эй фарзанди дилсӯз, ҳамеша писанд аст. Дуруст мегӯӣ, ки раққосаи бекасу бевораи қишлоқӣ лоиқи қадри шоҳаншоҳи олам набошад. Ман ҳам дар ин мавзӯъ борҳо андеша кардаам. Хулосаи охир ин аст, ки ҳеҷ нахоҳам вай канизаке аз канизакони хоссаи ман бошад! Он моҳи ҳурзода раққосаи одия нест! Ҳусну ҷамолу қаду қомати боло, чашму дили меҳрполо ва сухану ҳунари воло дораду аз боғи васли вай гул чидан мояи ифтихори ҳама шоҳмардони олам аст! Бовар кун, писарам, аз ин пас зиндагӣ бе Нигина маро муҳол менамояд. Саъдӣ ном шоири навқирон шоҳбайте барои мо эҳдо кардааст:

Дилороме, ки дорӣ дил дар ӯ банд,

Дигар чашм аз ҳама олам фурӯ банд!

— Ин хел ки бошад, тадбири савоб дар чӣ мебинед, эй падар?

— Ин симинмиён агар зарринкамари арӯсӣ бандад, шоҳи олам хушбахттарин Бани Одам шавад! Яъне дигар илоҷе нест, ғайр аз Нигина ба никоҳи хеш даровардан…

Ҷалолиддин бо табассуми нима талху нима ширин абрувони пайваст андаке боло бардошту оҳиста ибрози ақида кард:

— Чуноне фармоед, айни маслиҳат аст. Фақат… ризомандии падарашро пурсидан шарти мусулмонист…

— Шарт нест! Падараш, бегумон, аз домодподшоҳ ризою хурсанд мешавад!! Муҳим он аст, ки фарзанди рамузфаҳми падар зид набарояд… Охир, сарриштаи тақдири Нигина дар дасти туст ва агар гӯем, ки «писар розӣ — Худо розӣ» хато намешавад…

Ҷалолиддин баробари падар хандиду бе ягон ҳарфу шарти зиёдатӣ ваъда дод, ки то пагоҳ банди гапро ба Нигина мефаҳмонад ва ӯро розӣ мегардонад. Валекин тақозои тақдир дигар шуду ҳамон рӯз моҷарои Тӯқтаған рӯ зад ва падару писар оҷилан ба ҳарб рафтанду яксара кардани кори Нигина ба таъхир афтод…

Инак, Тӯқтаған маҳв гашту Кучлук нобуд шуд ва писари Чингиз шармандавор аз майдони набард гурехт. Барои шодию нишот ҳама шароити зарурӣ фароҳам асту аз Хуҷанд то Ворух як қадам роҳ ва падару модари Нигина метавонанд, бе ҳеҷ малоли хотир дар базми арӯсӣ иштирок кунанд. Яъне дигар ягон сабабу ҳоҷате барои мавқуф гузоштани кори хайр нест. Нигинаро ҳар чӣ зудтар ба Хуҷанд бояд овард!

Баробари ба забон овардани исми Нигина вуҷуди Хоразмшоҳро эҳсоси гуворое фаро гирифт. Бе ягон шакку шубҳа барояш яқин шуд, ки ишқи кабутари ҳарам дар шоҳраги қалби соҳиби ҳарам ҷорист ва бадри мунири Ворух ба тариқе, ки кас гумон набарад, дили шоҳи Хоразмро ба яғмо бурдааст! Аз ин рӯ, ҳаҷраш дилгудозу васлаш хушгувор гардида, агар моҳро аз ишқи шоҳ хастагиҳост, шоҳро сӯйи моҳ бештар дилбастагиҳост. «Нигаронӣ ва дилгаронӣ бас!»-худ ба худ хитоб кард Хоразмшоҳ ва посбонро фармуд, то Шоҳзода Ҷалолиддинро ҳозир гардонад. — Худо нахост, ки ману Нигина дар Самарқанд ақди никоҳ бандем, — бе муқаддима гап сар кард Хоразмшоҳ ва нохост калавида, мастона оруғ доду оби лаби даҳон бо пушти даст пок намуд. — Худо чунин хост, ки хутбаи никоҳи моро Шайхи кабири Хуҷанд хонад ва худаш ақди никоҳ бандад, то дар миён касре наафтад ва никоҳ бо зифоф67 анҷом ёбад.

Хоразмшоҳ бори дигар оруғи имтило заду ғуссаи дил ва оҳи ҷигар аз димоғ баровард ва масти аласт бонг зад:

— Фармони филфаври фармонравои олам ин аст, ки филҳол даҳ язак ва чопар ба Самарқанд фириста68 фирист, то Нигинаро аз оҳуи тездав тезтар давонда, ба Хуҷанд расонанд!


* * *


Фармони фаврӣ Нигинаро фавран ба роҳ даровард. Ҳатто имкон наёфт, ки бо Момои Самарқанд шоира Солеҳа хайрбод намояд. Хайрият, ки дар лаҳзаи охирин Шамси Ҳола дав-давон омаду қабл аз видоъ хушхабаре расонд:

— Саъдию Сайф аз Бухоро фардо ба роҳ мебаромадаанд. Ҳафтае дар Самарқанд истода, сонӣ ба Хуҷанд мерафтаанд.

Хуб шуд, ки шумоҳо пештар мерасед. Зиёуддинро воқиф кунед, то кӯчаҳоро ҷорӯб зада, пойандоз густарад. Ман ҳам якҷоя бо Сайфу Саъдӣ ба меҳмонии Зиё меравам…

Нигинаи сархаста аз тӯҳфаи тақдир ва навиди шоир сарфароз гашта, «қиблаи исломро орзу кардаму маъвои дӯст қиблаи дил шуд» гӯён саросема ба шаҳри Мирмалик шитофт. Бехабар аз он, ки Хоразмшоҳ дар сари роҳаш чоҳи нав кофтааст…

Равзанаи якум. Таърихи тавлиди суханпайванди «Дардо, ки рози пинҳон хоҳад шуд ошкоро»


Лаҳзае, ки Нигина аз дарвозаи Самарқанд берун баромад, Хоразмшоҳ ба даруни оби Сайҳун даромад. Вай шиновариро тамоман намедонист ва аз ин қабл ягон маротиба танбараҳна ба ҳавз ё дарё ғӯта назадаю оббозӣ накарда буд. Вале моҳиосо об варзидани Ҷалолиддину Мирмаликро дида, ҳавасаш омаду бо танпӯши тунук лағз-лағзон пой дар лаби обканд ниҳод. Додархондҳо дарҳол шоҳаншоҳро ба миён гирифтанду аз ду ҷониб нигаҳбон шуда, бо эҳтиёти том пешу қафо бурдаю давр занонда, оббозӣ доронданд ва чун ҳавсалааш пир шуд, ба соҳил бароварда, барои истироҳат болои реги гарм дароз кашиданд.

— Хуҷанд барои осоиш ва дамгирӣ аҷаб макони дилпазир будааст! — гуфт подшоҳ бо нимовоз ва чашмони нимпӯш. — Ин ҷазира чӣ ном дорад?

— Чумчуқарал.

— Чумчуқро медонам, ки гунҷишк аст. Аммо «арал» чист?

— Мардуми маҳал замини обкандаро арал мегӯянд. Сад сол пеш нимҷазира буд ин ҷо. Мавҷи дарё зӯрӣ карда, ҷойи ковоки заминро хӯрда-хӯрда, ҷазира сохт, ки шаклан ба гунҷишки паркушода монанд аст.

— Ин ҷазира дар Сайҳун ягона ё боз ҳаст?

— Ним фарсанг поёнтар, рӯ ба рӯи деҳаи Ёва ҷазираи калонтаре ҳаст. Лекин барои истироҳат мувофиқ не. Мо он ҷо қалъа сохтанӣ…

– Қалъа дар ҷазира?? Масолеҳро чӣ хел мекашонед? Ё аз обу лой месозед?!

— Дар ҳалли ин масъала майна об карда истодаем…

— Кори ношуданӣ! Ин фикр аз сар дур андозу хубаш ба қалъаи қадима бештар эътибор деҳ!

— Фармонбардорам амри шоҳаншоҳи оламро! — даст ба сандуқи сина ниҳода, аз ҷой нимхез шуду бо кунҷи чашм ҷониби кӯҳандиз нигарист ва беқарор шуд. — Иҷозат диҳед, сари қадам ба қалъа рафта биёям.

— Чаро?

— Дидбони бурҷи баланд бо ишорат хабар медиҳад, ки меҳмони баландмақом омадааст.

— Хоҳ арбоби ҳукумат бошад, хоҳ асҳоби ҳурмат пеши ман набиёр! Дар куҳандиз интизор истад…

Мирмалик шитобон рафту падару писар ба дарё ғӯта заданд ва дар ҷое, ки об то сари китфашон мерасид, беҳаракат истода, сӯҳбати маҳрамона идома бахшиданд.

— Аз Самарқанд ягон хабар ҳаст?

– Ҳокими шаҳр дина ба роҳ баромадагӣ…

— Меҳмони ман чӣ?

— Бояд ки соате қабл раҳакӣ шуда бошад. Язакҳо дастур гирифтаанд, ки беист ҳаракат кунанд.

— Кай ба Хуҷанд мерасад? Хаёлу ҷамолаш ҳеҷ аз пеши чашмам дур намеравад…

— Дераш баъди як ҳафта.

– Қудрати ман кофист, ки бори латифи ҳафт рӯзи дигарро бардорам. Он гоҳ Сафии Бӯстӣ дар пайравии ҳафтхони Рустаму ҳафтхони Исфандиёр ҳафтхони Хоразмшоҳ меофарад! Дамир Маликро бигӯ, то дари ҳафт хазинаро боз карда, ба расми шоҳони Аҷам ҳафт хилъати олӣ соз кунад. Зеро баъди ҳафт рӯз қиссаи ба ҷазираи Сарандеб фуруд омадани ҳазрати Одам аз ҷаннат такрор мешавад ва мо ҳафт шабонарӯз ба шодию сурур ҷашну сур мекунем! — подшоҳ якуякбора мисли ҷавони навхати бистудусола шефта шуду бо чашмони дурахшон рози пинҳони дил ошкор сохт. — Баъд… ҳафтае дар Сурушана мисли Доробшоҳ, ҳафтае дар кӯли Искандар монанди Зулқарнайн, ҳафтае дар Ҳафт кӯл тимсоли Султон Санҷар фароғату истироҳат карда, чиллаи табаррук ба хушӣ гузаронда, дар Самарқанди қандманд мубоширати ширин ба хуррамӣ идома мебахшем!

— Иншоаллоҳ…

— Баҳудаю беҳуда номи Худоро ба забон нагир, писарам ва даркору нодаркор «Иншоаллоҳ» нагӯ! Худат хуб медонӣ, ки ман подшоҳи таъйиншуда аз осмонам ва абру боду моҳу хуршеду ахтарони фалак маро ҳаводору раҳнамоянд. Шоҳаншоҳи ҷаҳон манам ва дар рӯзи равшан ситораи осмонро ба очаи зори душман нишон медиҳам! Ҳоло, ки аз ишқи Нигина ниҳонам ошкор гаштаасту аз васлаш насибам интизор аст, агар ҳама олам ба сарам бишӯрад ҳам, як лаҳзаи фароғат ба ду ҷаҳон намефу-рӯ-шам!!!

— Ройи шумо, эй падари азиз, дар ҳар чӣ фармоед, рофеътар аст, аммо…

— Агар раъйи имрӯзаи ман барои фарзанди дилогоҳам олӣ бошад, лутф кун, эй роздони падар ва занҷир ба пойи дили Маҷнун назан! Вақте падар ба писар даричаи роз мекушояд, писар ӯҳдадор аст, бе қилу қол ҳама баргу соз фароҳам орад ва кушояндаи мушкили падар шавад!

Вақте «ройи шумо рофеътар аст» гуфтӣ, эй шоҳписарам, сари маро ба осмон расондӣ! Акнун раъйи олии маро шунав: аз ин пас раво надорам, ки маснади шоҳаншоҳӣ аз дасти шоҳписари роздону рамузфаҳмам Ҷалолиддин ба каси дигар берун равад!!

— Эй падари меҳрубон, шумо… Узлоғшоҳро валиаҳд таъйин кардаед…

— Ин фитнае буд, ки модаркалонат ангехт. Аз ибтидо медонистам, ки дар кори валиаҳд бадмаҳзарӣ рафтааст. Чанд вақт ин тараф хуни дил мехӯрдам. Зеро валиаҳди арзанда ва сазовор ту будӣ ва ҳастӣ! Агар писари диловарам намебуд, дар муҳорибаи нахустин ба дасти бачаи Чингиз асир меафтодам!!! Инро ҳама медонанду ҳамон рӯз туро сареҳан валиаҳди хеш хонда будам! Ҳолӣ мегӯям, ки воҳидан ҷойгири ман ту ҳастӣ!

— Шукрулиллаҳ, эй падари азиз, аз боварии шумо дилам хуррам гашт! Валекин дар Ғӯрганҷ, назди бузургони давлат ва аҳли дарбор ба Узлоғшоҳ маншури валиаҳдӣ супоридеду дар Хуҷанди дур аз пойтахт, мобайни дарёи Сайҳун маро валиаҳд мегӯед… Сухани шуморо ғайри ману моҳию мурғи моҳихор ягон ҷонзоди дигар нест, ки шунавад…

– Қавлу қарори худро барои пазируфтан пешакӣ ба самъи ту расондам, то дар ғафлат намонӣ. Сухани суфтаи маро рӯзи мушоварат хоҳӣ шунид, ки дар ҳузури аркони давлату ҳарб ва ашрофу сарварони мулк фарзанди нохалафи падар Узлоғро оқ карда, ба рӯяш хати батлон кашида, туро валиаҳди шоҳаншоҳи олам эълон мекунам ва маншур ба дастат месупорам! Яке аз сабабҳои асосии ба куҳандизи таърихӣ ҷаласа оростани мо ана ҳамин аст!

— Сипосдорам, эй падари азиз ва ҳар чӣ аз дастам ояд, бо садоқат баҷо меорам, то эътимоди шуморо сазовор гардам. Лекин… сухане, ки дар Хуҷанд садо медиҳад, оё дар Ғӯрганҷ шунида мешавад?

— Шояд ки онакалонат гуфтугӯи ману туро аллакай шунида истодааст! Бехавотир бош, писарам, худи ҳамин рӯз нусхаи фармон ва маншурномаро мӯҳру имзо карда, бо дасти мӯътамадон ба Ғӯрганҷ мефиристам!

— Эй падари азиз, мебинам, ки аз сари хашм ба Узлоғшоҳ абру турш кардаед. Агар маро дашном нафармоед, сухане дорам маслиҳатомез…

— Бигӯ!

— Розҳои даруни дарбор барои дӯсту душман пӯшида несту аксарият медонанд, ки асабият ва адолат миёни модар ва писар то кадом ҷойгоҳ аст. Аммо кам касон решаи хусумати мобайни падар ва кенҷаписарро медонанд. Чӣ мешавад, агар сирри оилавӣ байни ҳар дуи мо сарпӯшида монад? Яъне оқипадар шудани фарзанди нохалафро эълон накарда, фақат аз валиаҳдӣ барканор шуданашро ошкор намоед…

— Ба пиндори ту мардум аз бадкории Узлоғ бехабаранд?

– Ҳатто онакалонам баъзе нуктаҳоро намедонад.

— Наход надонад, ки наберааш чӣ карда?! Наход надонад, ки писар ба ҷойи падар чунину чунон карда?!! Худат гуфта будӣ, ки ин ибтикори бад аз он бадаҳд сар задааст…

— Боз мегӯям, ки вай муаллифи ин кӯшиши аблаҳона аст, аз сустии набера ва чустии Нигина дарғазаб аст, аммо намедонад, ки чаро шоҳзода бо кампири гӯлахӣ ҳамбистар шудааст? Чаро Нигина шоҳзодаро рад карда, шуморо бартар донистааст?! Ана барои ҳамин вай кабутари ҳарамро несту нобуд карданист…

— Ана барои ҳамин ман мехоҳам Нигинаро ба никоҳи худ дарорам, эй нури чашми падар! Оне, ки барои ҳимояи шаъну шарафи шоҳаншоҳи олам ҷони худро ба хатар гузоштааст, бояд дар зери қаноти ман осудаву хушбахт бошад! Аммо оне, ки хиёнат бар падар кардааст, бояд сазовор ҷазо гирад!!

Рости гап, вақте маро аз ин шармандагӣ огоҳ гардондӣ, хиёнати дурушти додарандарат диламро сахт харошиду агар дар ёд дошта бошӣ, аз сари қаҳру ҷаҳл вайро ҳамон замон қатл карданӣ будам. Ҳоло низ аз нияти худ нагаштаам ва он хашм ҳанӯз дар дилам ҷӯш мезанад!

— Бори дигар астағфируллоҳ гӯед, эй падари меҳрубон!

Ман ҳам медонам, ки подоши ҷафо ба ҷуз ҷафо нест. Аммо Узлоғшоҳ маро бародар асту шуморо фарзанди ҳалол! Вай ҳоло ҷавон асту хом ва нохирадманд. Аз валиаҳдӣ барканор гардидан барояш сахттарин муҷозот асту дар ин айёми бесаранҷомӣ ин иқдомро хурду бузург дуруст мефаҳманд ва ба шумо аҳсант мехонанд!

— Бигзор чунин бошад! Насими фораму оби гуворои Сайҳун, ки маро иҷозати сафар намедиҳад, бигзор ба ҷаҳониён эдун паём расонад:

Аз ин пас ҳама навбати туст ҷанг,

Маро тахту ромишгару ною чанг!


* * *


Мирмалик хабар овард, ки намояндаи мӯътамади Султон Хоразмшоҳ дар вилояти Утрор Қарочаҳоҷиб ба Хуҷанд омадаст ва мегӯяд, ки «Шоҳаншоҳи оламро аз омадани ман огоҳ созед, то сухани таъхирнопазир ба самъи олӣ расонам. Агар роҳ бошад, пеши ҳазрати ҳумоюнӣ равам, вагарна оҷилан бозгардам». Ба дорулҳукумат меравем ё …

— Бигӯ, ки ин ҷо биёяд!

Мирмалик бо ишораи махсуси даст ба нигаҳбони бурҷи баланди куҳандиз мақсадро фаҳмонду ҳар се ба саропардаи ҷазиравии подшоҳ роҳ пеш гирифтанд.

Аз тафсилоти Қарочаҳоҷиб маълум шуд, ки бо амри Чингизхон чор сорбони маъруфи замон Умархоҷаи Утрорӣ, Ҷамоли Мароғӣ, Фахриддини Ҷиззахӣ ва Амини Ҳиравӣ корвони бузурги тиҷоратиро аз Чин ба мулки Хоразм расондаанд.

— Дар умрам ин хел корвони дарозро бори аввал мебинам! — бо ҳаяҷон хитоб кард ҳоҷиб. — Шумораи тоҷиру бозоргону савдогар аз чорсаду панҷоҳ зиёд асту ҳар кадоме аз даҳ то чил шутури пурбор дорад!

— Ману Чингиз аҳд бастаем, ки савдою тиҷоратро ривоҷу равнақ диҳем, то арзонию фаровонӣ шавад! — гуфт бо такаббур Хоразмшоҳ ва шӯхиомез илова кард: — Утрор, ки маънояш ба лафзи тоҷикӣ алафзору марғзор аст, сад ҳазор шутурро бемалол меғунҷонад ва мехӯронад! Эй ҳоҷиб, ту магар барои шодиёна гирифтан омадӣ?

– Ҳаргиз не, эй Шоҳаншоҳи олам, — зуд ба сари мақсад омад Қароча. — Ҳамроҳи тоҷирон, ки ҳамаашон мусулмонанд, боз сад муғул аҳли корвонанд. Вайҳоро як элчии Чингизхон номаш Ухун сарварӣ мекунад. Волии мо Ғойирхони Инал маро фармуд, то таъҷилан ба шумо маълум намоям, ки дар бораи ҷосуси махсуси Чингиз будани ин муғулҳо ахбори саҳеҳ дораду агар иҷозат диҳед, ҳамаашонро сар ба сар нобуд карданист…

– Қавли тағои ман бар ҷаҳли вай ҳуҷҷат асту ҳам далел, аммо фазли ман бар ақли ман қудрат асту ҳам шоҳид! Тағоям бо кадом далел саду як муғулро ҷосус меҳисобад?

– Ҳар кадоми онҳо аз хазинаи подшоҳи муғул ҳар моҳ як балиши тилло маош мегирифтаанд барои ҷамъ овардани маълумоти зарурӣ…

— Агар хато накунам, як балиши муғулӣ ба ҳафтоду панҷ динори тилло баробар асту маблағи бузургест! — ибрози назар кард Ҷалолиддин. — Чингиз, ки аз хазина як пайса беҳуда сарф намекунад, на ба ҳар кас ин қадар маош медиҳад!

– Ҳамааш фаҳмо! — каф ба ҳам зад Хоразмшоҳ ва овозаш чун зангӯлаи ҷарас садо дод. — Ба сари муғули бечора чархи ҷафо омад, чунки подшоҳаш оҳанги ҷанг дорад. Ба волии Утрор расонед, ки дар ҳафт иқлими олам ризои тағо ризои ҷиян асту ҷосус бо надомату афсӯс бояд бимирад! Ба тағои мо гӯед, ки ҳар кадом корвонӣ — чӣ мусулмону чӣ муғулро пурра таҳқиқ намояд ва ба ҳар гунаҳкор ҷазои сазовор диҳад!

Эй ҳоҷиб! Ин фармон ба Ғойирхон кай хоҳад расид?

— Рӯзи дигар қабл аз намози бомдод…

— Яъне ки фардо дар Утрор субҳе корвонкуш медамад ва барои Чингиз рӯзи мотам оғоз меёбад. Бигзор ба ҳоли ҷосусчаҳояш хун бигиряд ва минбаъд дониста қадам гузорад!

Барои мо бошад, рӯзи мурод фаро мерасад — бо Пири баидулфикри69 Хуҷанд ҳамсӯҳбат мешавем!

Чоштгоҳи рӯзи дигар Шайх Маслиҳатдин Бадеуддини Нурӣ ба гулбоғи шафати куҳандиз омад, ки Хоразмшоҳ саропардаи салтанат бар услуби Самарқанд он ҷо ба авҷи кайвон барафрохта, бо хосагон нузул фармуда буд. Посбонҳо ва хидматгузорон, ки аз омадани Пири мӯътабар огаҳӣ доштанд, ӯро бо шавқи тамом ва шукуфтагии молокалом пешвоз гирифта, ба долони хаймаи бузург аз атласу адрас дароварданд. Дар даҳлези аввал ҳокимони Хуҷанду Исфараю Сурушан дастҳо пеши бар бо тавозӯъ рост меистоданд. Дар даҳлези дуюм амирони Асхикату Банокату Исфиҷоб ва дар даҳлези сеюм сарварони Фарғонаю Хатлону Кеш саф ороста буданд. Дар қабулгоҳи мунаввар аркони давлат ва сарони лашкар мувофиқи вазифаю мартабаи хеш ҷойгоҳ доштанд.

Солори бор бо дасти рост сиҷоф — пардаи сабзфоми даромадгоҳро, ки аз миёнаш чок дошт, васеъ кушода, бо нидои «Марҳабо, Шайхи кабири Хуҷанд!» меҳмони гиромиро ба хиргоҳи заррин даровард, ки нишемангоҳи подшоҳ буду бо гулбаргҳои тиллоӣ оро ёфта, назаррабою мӯҳташам менамуд ва бо забони ҳол мегуфт, ки пеши шоҳаншоҳи олам ҳама тиллою зару зевари ҷаҳон хок аст!

Шайх бо нидои «Ассалому алайкум, эй борхудои70 оламорой!» вориди хиргоҳ шуд ва дид, ки подшоҳ дар тахти чӯбин нишастаасту дар бар қабои бухороӣ ва дар сар кулоҳи сафеди самарқандӣ дорад, ки арзишаш аз як дирҳам беш нест. Шоҳ бо нидои «Воалейкум бар салом!» аз тахт фуруд омаду чанд гом пештар рафта, Ҳазрати бузургворро гарм истиқбол кард ва дар канораш гирифту бо ӯ болои як ниҳолӣ пеши тахт нишаст. Бузургиҳо пайвасту бо садои нек пурсид:

— Анта шайхул Хуҷанда?71

— Наъм, ё маликул муаззам!72

Истиқболи гарми шумо як ривояти таърихиро ба ёдам овард: олиме ба қабули Исмоили Сомонӣ омад. Шоҳ ҳини истиқбол бо нишони эҳтиром ҳафт қадам пештар омад ва шаб пайғамбари гиромӣ салаллоҳи алайҳи ва олиҳи васалламро ба хоб дид, ки фармуд: «Эй Исмоил, бар он ҳафт қадам, ки мушояати он олим намудӣ, ҳафт аз насли ту подшоҳӣ хоҳанд кард»…

– Ҳаббазо, эй Пири деринасол! Умратон ҳамчун сада сабзу дароз бодо!

Агарчӣ моро ҳукумат ба хоразмию хидмат ба туркӣ асту ибодат ба арабӣ, лекин барои ман ҳамеша лафзи тоҷикӣ афзалият дорад, ки басо хушоҳанг бошад, ҳама мардум маънои ҳар калима ба хубӣ донанд ва ба дарӣ сабуктар аз дигар забонҳо арзи дил гӯянд.

Муҳаббати ин забон дар ҷавонӣ, баъди хондани китоби Ҷоруллоҳ Замахшарии Хоразмӣ маро дар дил реша давондааст. Як пора навиштаи ин бузургворро ҳатто дар лавҳи хотир сабт кардаам: «Ин забонро аз он дарӣ меноманд, ки дар дарбори шоҳ ва девони ӯ ҳама номаву дафтарҳо ва нигориши подшоҳон бад-он забон навишта мешавад ва бад-он забон сухан мегӯянд».

— Оре, забони мардуми Аҷам калиди дари ганҷинаи олам асту баъди парешон ва бесомон гаштани оли Сомон маҳз Хоразмшоҳиёни кабир онро гирд карданду гиромӣ доштанд. Сипосгузорем ва некӣ дар дил маҳфуз медорем. Мушаххасан шукри он мегӯям, ки Шоҳаншоҳи олам маро мамнуни миннати худ гардонда, навадаи азизам Нигинаро аз мусофират ба Хуҷанд хондед. Ин кабутари биҳиштӣ чун кабки хиромони дарбори шумо шуд, бузургии ҳунараш аён гашту дар забони халқи олам афтод ва ангуштнамои сағиру кабир гардид. Акнун бо даъвати шумо ин ғизола шитобон меояд, то бахти хеш дарёбад. Дуо мекунем, ки хушбахт шавад ва ҳаргиз рақс бо шамшер накунад!

Хоразмшоҳ ҳайрон аз он шуд, ки рози пинҳони дилашро аллакай Пири бузурги Хуҷанд медонад. Аммо тааҷҷуби хеш ошкор насохта, дуои ӯро ба манфиати хеш пиндошта, бо умеду таманнои ширин даст ба рӯй кашид ва бо шавқи дучанд сӯҳбатро идома бахшид:

— Сӯҳбати мо рӯ ба рӯ асту ду танем, солисе нест. Орзуи он дорам, ки ҳаққи сӯҳбати маҳрамона ҳар ду ба ҷо орем ва бе рӯю риё ҳарф занем, то эътиқоде, ки андар Шайхи кабир дорам, коста нашавад. Боз мехоҳам, ки маҳфили хосаи мо маҷлиси шайх-ул-шуюхӣ нашавад!

— Гуфтор ва рафтори мо чунон бошад, ки борхудои оламорой мефармоянд. Азеро агар маро динор ба вазни гов диҳанд, хушомад нагӯям ва тамаллуқ накунам!

— Эдун ҳамнишин маро баробар бо тоҷи сар бошад! Азеро мехоҳам, ки дукаса оҳани сарди зангорхӯрдаро мулоим, биринҷи сахтшударо нарм кунем.

— Чун пой бар ҳарими сарой ниҳодам, маро аён гашт, ки қалби шоҳаншоҳи кабирро дарди сахте азият медиҳад. Чунки рӯҳи поки Шайх Маҷдуддин ҳар замон ӯро ноором мекунад…

Хоразмшоҳ гиреҳ дар абрӯ кашид ва мисли мор ба худ печид:

— Худ медонам, он коре, ки ман кардам, хатое бузург буд! Валекин маро одати модарзодӣ чунин аст, ки бар хашми хеш барнаёям ва чун оташи хашм паст нишаст, пушаймон мешавам. Аммо чӣ суд — вақте гарданҳо шикаста бошанду тир аз камон ҷаста!! Тадбири ин кор чист?

— Ба зердастон ва масъулон дастур диҳед, то ҳар чӣ дар ҳолати хашму ғазаб ва бехудӣ фармон додаед, таи се рӯз онро иҷро накунанд… Ҳазор афсӯс, ки фармони дирӯзаи шумо дигар имкони тамдид надорад: аллакай дар Утрор корвони бузурге зада шуд ва кори гурӯҳи тоҷирон носара шуд… Ваъдаву ваъйид бо Чингиз гусаста гашту хуни ноҳақ рехта шуд!

Аз суханҳои авлои Шайх хун аз рухи шоҳ гурехту андешанок шуда гуфт:

– Ғойирхон хуни ноҳақ нарехтааст, вай ба таҳқиқ муайян кардааст, ки аҳли корвон ҷосуси Чингизанд…

— Таҳқиқ дигару исбот дигар аст. Аллоҳ, аллоҳ, эй шоҳаншоҳи олам, ки ба тӯҳмати ҷосусӣ дар Утрор хуни ноҳақ рехта шуд! Тоҷирони мусулмон ҷурме надоштанду шубҳае беасос сари сад муғули нокарда гуноҳро хӯрд! Ҳамқавми шаҳидон дигар хомӯш набошанд, дарҷӯшанд ва бисёр фитна хезад…

Дар ин миён сари сафир ҳам ҷабран аз тан ҷудо шуд, ки моҷарои дигарест! То фоҷеъаи Утрор дили Чингиз ба Хоразмшоҳ чун мум нарм буд, акнун аз санг сахт мешавад…

— Боке нест, эй Шайхи ҳамабин! Ман аз Чингиз як сари мӯ ҳарос надорам ва агар қасди ҳуҷум ба мулки мо кунад, ончунон кунам, ки дар хуни сарбозонаш ғарқ шавад! Валекин аз суханҳои шумо дилам чун барги бед дар сина меларзад: гапи Утрор дина аз даҳан баромаду ғорати корвон ва куштори калонро аз куҷо медонед?

— Бо қудрати беинтиҳои Парвардгори олам ҳар он чӣ бар ҳамсӯҳбати ман дахл дорад, бар ман кушода мешавад. Ҳозир борхудои оламорой гуфтан мехоҳанд, ки «аз Дамир Малик дар бораи авлиёи ҳаштсола қиссае шунида, пурра бовар накарда будам. Маълум мешавад, ки он гуфтаҳо норост нестанд!»

— Оре, эй шайхулкабир, ин сухан дар нӯки забонам буд. Акнун ба яқин бовар кардам, ки аз ҳикояти Дамир Малик ҳар он чӣ гӯшам шунид, ҳақиқати бебаҳс будааст! Бо вуҷуди ин, аз Ҳазрати Бузургвор мададе ё кӯмаке тамаъ надорам! Фақат маслиҳати муфиду муфиз73 ва муфиқ74 шунидан мехоҳам.

Шайхо, оё ҷароҳати Утрор бемарҳам аст?

— Аз куштор дар Утрор ҳамагӣ як тан ҷон ба саломат бурдааст, ки ӯ ҳам аз хоҷаҳои маҳаллист бо номи Умар. Агар вай худро ба назди Чингиз расонда тавонад, шоҳи муғул ба ивази хунбаҳои қурбониён ҷони волии Утрорро металабад. Бовар дорам, ки Ғоирхон ба Чингиз диҳед, шуморо зиёне нарасад.

Хоразмшоҳ лаб ба эътироз кушодан мехост, вале Шайх Бадеуддин имкон надод:

— Эй борхудои оламорой, чӣ ҷавоб додани шуморо медонам. Хубаш, хиттаи тасхири Чингиз ва ҳама масоили муғул аз сӯҳбати имрӯза берун ниҳем, ки пасфардо дар мушоварати кӯҳандиз бо асҳоби атроф файсала мешавад.

Рӯй ниҳодаст кори шоҳ ба боло,

Дидаи мо равшан асту кор ошкоро!

— Рамзу ишораҳои шуморо шунида, маро мадори сухан гуфтан аз даст раст ва дигар ба забонам «бисмиллоҳ» намеояд. Билмарра дуруст мегӯед, Пирам, савоб он аст, ки Чингизро ба ҳоли худ гузорем, зеро муғулро ҳам риш ва ҳам хирад андак аст! Агар табъи сухантирози подшоҳро рухсати гуфтугӯ диҳед, чанд пурсише дар пеш аст…

— Мо алмудом ба хидмати меҳон ва кеҳон омода ҳастем.

— Он чӣ моро дар замир ва хотир пинҳону пӯшидаю махфист, ба Шумо бармало намоён мешавад. Эй Пири бузургвор, шуморо мудаббир кист ва мулҳам75 чист?

— Он Ягона, расулони барҳақи ӯ, ҳадиси эшон ва китобҳои муқаддаси осмонӣ ҳидоятгар ва мулҳами ҷону тану рӯҳи ман!

Ҳазрати Мӯсои Имрон ёри рӯҳонии ман аст, ки дар эъҷозу эҳдос ва эҳзору эҳком76 қудрати тамом дошт…

— Рӯҳи фидока, ё Шайхул Хуҷанда!!77

— Аммо… Имшаб, дар арафаи мулоқот бо Шоҳаншоҳи олам, Маҳдӣ ба хобам даромад…

— Кист ӯ?

— Оне ки ҳама Маҳдии охирзамон мегӯянд. Расо дусад сол пеш аз мавлуди ман ошкоро даъвои пайғамбарӣ карда буд. Ин марди ҳилагар эъҷози бисёр дошт: кафи холӣ ба ҳавзи пуроб андохта, мушти пурдинор берун меовард; аз хони ӯ қавми масҷиди ҷомеъ нону таом мехӯрданд, вале анвою хӯрока кам намешуд; аз ҷоми ӯ қавми маҳфил сероб мешуданду вале он ҷом тиҳӣ намегашт… Худаш, аҳли байт ва муридонаш ҳар рӯзе ҳамагӣ як хурмо мехӯрданд, аммо гуруснагӣ ҳис намекарданд…

— Маро ба Маҳдӣ чӣ нисбате ҳаст?

— Подшоҳ тимсоли Сайҳун рудхонаи бузург асту аркони давлат монанди ҷӯйҳо аз он ба ҳар сӯ ҷорӣ мешаванд. Таъму ранги оби руд чӣ хеле бошад, ҷӯйҳо ҳамчунон бошанд. Яъне бар подшоҳ воҷиб аст сирати писандида доштан, то дигарон низ сирати нек гиранд. Вале шумо аз ғурури шоҳаншоҳӣ бонги баландоҳанг доред. Гоҳо аз осмони ҳафтум баландтар мепаред, моҳу хуршеду ахтаронро сипоҳиёни лашкари худ меҳисобед ва гоҳе худро аз ноиби Пайғамбари Худо бартар медонед…

— Ё Шайхулкабир, мо бад кардем ва андак гунаҳкорем. Аммо авф намехоҳем! Фақат донистан мехоҳем, ки моро аз киву аз чӣ ҳазар мебояд кард?

— Шоҳонро воҷиб аст, ҳарифи бузурги хешро эҳтиром намоянд, аз ҳарифи хонагӣ эҳтиёткор бошанд, аммо ҳарифони базму маҳфилу қадаҳро аз ҷумлаи надимон шуморанд.

— Модарам ҳам мегӯяд, ки дӯстӣ бо ёрони мувофиқ кун, зеро дӯстӣ бо ёрони навола ва пиёла бақо надорад.

— Бори охирин ин сухан дар Нишопур ба забон оварда буд?

Аз ин пурсиш шоҳ сахт ба ҳайрат омад: кӯлоҳ аз сар гирифту он лаҳзаи ногуворро дарҳол пеши назар овард. Пас аз пахш кардани исёни ҳиротиҳо дар мистабаи Нишопур базми нишот ороста, ҳафтае дилхушӣ карданд. Рақсу суруд ва лутфу дуруди зебосанамҳои ҳиротӣ, муҷоласат бо канизакони моҳрӯ ва молиши дастони нозуки гулрухони сабуксар шоҳро бағоят писанд омаду базмро се ҳафтаи дигар идома бахшид. Дар домане, ки қаблан намозӣ буд, санги фисқу фуҷур беадад ниҳоду аз нашъаи шароби ҷамил масти мудом шуд. Азбаски модар бадсулукии фарзандро борҳо муоина карда буд, нороҳат ва беқарор гашта, чобуксавор ба Нишопур омад, то шоҳи бадманишгаштаро ба роҳи ҳақ ва дуруст гардонад. Шаробҳо ба замин рехту маҷлисиёни бадмарому бадмазҳабу бадравишро бадарға кард ва шоҳи масти аластро бо илоҷе ҳушёр гардонду лаб ба насиҳат кушод:

— Эй фарзанди азиз, аз роҳи хато баргард! Айшу тараб бигзору ақлу адаб пеш гир! Шароб шоҳи тавоноро зайиф гардонаду бешаробӣ хасми зайифро тавоно кунад. Агар бо бадмаҳзарон бисёр шинӣ, шукӯҳу қудрати подшоҳӣ бо дасти худ шиканӣ! Охири корро андеша намо ва хоҳӣ, ки пушаймон нашавӣ, даст аз шароби шайтон дур каш!

Шоҳи бадмастро итоби модар ҳушёр накард. Баръакс, қаҳраш хесту модарро хафақон ва табъи латифашро пурхалал намуд:

— Эй момаки бахтбаргашта ва аз ғами беҳуда дилхаста! Аз бими душману рӯзи сахт ба сахтӣ умр бурдан хатост! Факайфа маро, ки дар тахти салтанат баҳузур нишаста, ақди футувват маҳкам бастаам!! Дар мастию ҳушёрӣ бо як зарбаи даст ҳама хасми хурду бузургро зеру забар мекунам!

Эй модар, ғами беҳуда махӯр ва дигарбора асабамро палағда накун! Орому осуда ба Ғӯрганҷ баргард ва дар сояи давлати ман то метавонӣ, умр ба нишоту шодмонӣ гузарон!

Турконхотун дид, ки ҷигарбандаш лаззати ною нӯш аз сухани модар беҳтар медонад ва насиҳат ба гӯш намегирад, сахт ошуфта шуд:

— Ба ҳуш о, эй фарзанд! Ҳушёр бош, ки мастӣ туро ба пастӣ мебарад ва аз бода сарат бар бод меравад. Имрӯз ними рӯятро сияҳ дидам. Агар сухани маро ба замин гузорӣ ва бадмастӣ давом диҳӣ, аз майи сурх рӯят сип-сиёҳ мешавад, бахту иқболат, рӯзгорат, дилат ва ҳам номат сиёҳ мешавад! Қароботур78 мешавию қадру қиматат ба фулуси сиёҳ баробар мешавад!! Оқибат ба рӯзи сиёҳ гирифтор мешавию дар сӯгат модарат сиёҳпӯш мешавад!!!

…Хоразмшоҳро, ки об дар ҷигараш намонда буд, овози нарми Шайх Бадеуддин аз Нишопур ба Хуҷанд овард.

— Шуд он чӣ шуд, эй борхудои олам! Ба гузашта салавот мегӯему фикри оянда мекунем. Ба фиғони дили модар, ки то ҳол аз майпарастии фарзанд зор-зор меноладу сина ба мушт мезанад, акнун жарф гӯш андозед, то шуморо оқибати кор ва умр бахайр гардад ва аз дари раҳмати Худо ноумед нашавед. Зеро баъди сиёҳӣ ҳаёт дигар ранге надорад!

— Роҳи наҷот кадом асту ин дардро дармон чист?

— Як ҳикмати пурқимати Суқротро махсус ёдрас мекунам, ки гуфтааст: «Наҷот аз марг боиси ҳаёти шоиста бошад!»

— Сухани Суқрот бо исрор таъкид кардед. Чаро?

– Ҳар ҳаётеро мамоте дар пай асту ҳар висолеро фироқе ва дилҳо кабоб мешавад аз оташи видоъ! Дар офтоби ғуруби умр сояи шоҳу гадо якест, аммо чун асари заъфу далели нотавонию оҷизӣ аз худ дарак диҳад, дарвеш ором мехобад, вале шоҳ барои наҷот талош меварзад. Зеро вайро ба зиндагӣ дилбастагӣ бештар асту агар наҷот ёбад, ба зиндагии шоиста хоҳад расид…

Маслиҳати охирини мо чунин аст: эй борхудои оламорой, агар хоҳед, ки аз марги сиёҳ наҷот ёфта, бе кафан аз олам наравед ва подшоҳӣ ба рангу ҷилои нав идома бахшед, дигар асло май нанӯшед!!

Хоразмшоҳ бори аввал дар умраш аз чашм қатраи сиришки сӯзон рехту дидаи ихлос бар Пири донои Хуҷанд гуморид ва чун мурид савганд ба забон овард:

— Эй Пири бузургворам, ба шири модар қасам мехӯрам, ки аз шароб гузаштам!!!

— Зиҳӣ, савганди подшоҳӣ! Бо ваколат аз Ҳазрати Мӯсои Имрон мегӯям: агар ба аҳди хеш вафо кунед, ҳаргиз ҷафо набинед! Омин, ё Раббулъоламин!

Ҷумлаи охирин оятулхатми сӯҳбат шуд ва пиру муриди нав бо табъи хуш аз саропарда баромаданд…

Онҳо то оғози машварати ҳарбӣ ҳамроҳ буданд. Мақбараи саҳобаи гиромӣ Товуси Ҳарамайн ва оромгоҳи бунёдгузори Хуҷанд шоҳ Каюмарсро зиёрат кардаю дар боғоти Унҷӣ ва Кулангир дам гирифта, бо ёдгориҳои Хитойреза ва Ғалламайдон шинос шудаю дар ҷазираи Ёва ба сохтани қалъаи обӣ мароқ зоҳир намуда ва аз тамошои гулистонҳои соҳили Сайҳун лаззати зиёбахш бардошта, бо мардуми одӣ дар бозору масҷиди ҷомеъ сӯҳбатҳои самимона ороста, ду рӯзи хираро ба равшанӣ расонданд.

Бо як дидан аён буд, ки Хоразмшоҳ одаме бар дигар андоза шудааст — басо ҳалиму меҳрубон, хоксору зиндадил ва хушсухану порсо! Ба рақсу шеъру нуқлу май ва базми ҷамшедӣ ягон маротиба ишора накарду дар ҷазираи дарё қалъа сохтани Мимрмаликро маъқул дониста, бештар сипоҳиёнро бо навозиш рӯҳбаланд месохт. Дар ин байн фурсат ёфта, ҳамроҳи мунаҷҷим ахтари толеъ санҷиду саҳеҳ гардонд, то қирони саъдайн дар Хуҷанд — наздик шудани ду ситораи замон некӣ биёрад ва кори саршуда ба хайр анҷомад.

Рафтор ва муносибати Хоразмшоҳ бо аҳли машварати Хуҷанд низ аз маҷлису маъракаҳои қаблӣ куллан фарқ дошт.

Бо табъи хушу табассуми фарох ва риояи аркони каломи подшоҳӣ ҳадафи машваратро ба ҳозирин маълум кард:

— Бар Шумо равшан бод, ки баъди муҳориба бо Ҷӯҷӣ фориғдил будам. Зеро бовар доштам, ки шикаст хӯрдану шармандавор фирор кардани фарзандаш ба Чингиз дарси ибрат мешавад ва минбаъд дониста по мегузорад. Он замон баъзе мушовирон мегуфтанд, ки ба кори Чингиз чандон вазн набояд ниҳод. Ин фикри хатост. Мо набояд фаромӯш кунем, ки Чингиз қавидаст буда, лашкари бисёр дорад. Кишвари Чинро забт кардаасту кайҳост, ки ба молу мулки мо чашм ало намудааст. Ин ҳолат моро водор месозад, ҳушёру бедор бошем ва тадбир бо ақлу хирад андешем. Зеро то чӣ андоза зӯр ё нотавон будани лашкари Чингизро ташреҳ кардани мо ғайриимкон асту ҳама қудрату тавоноӣ ва иҷобат дар дасти Парвардигори олам қарор дорад…

Аввалин тадбири савоби мо мушоварати имрӯза асту масоили худро тибқи маслиҳат ва машварат бо доноёни минтақа ҳаллу фасл мекунем.

Аркони давлату сипоҳ ва мулуки шаҳру вилоятҳои атроф аз муомилаи неки шоҳи тозарӯ масрур гардида, бо дили гарм ва рағбати баланд барои дафъи ҳуҷуми эҳтимолии лашкари Чингиз ба чорасозӣ пардохтанд.

Олими шӯҳратманди Хоразм, яке аз муқаррабони дарбор Шаҳобиддини Хевагӣ, ки барои даромадан ба назди шоҳ ҳамеша рухсат дошту ҳар суханаш аз ҷониби аълоҳазрат ба эътибор гирифта мешуд, пешниҳод кард, ки зиёда аз чорсад ҳазор қушуни мавҷударо дар соҳили Сайҳун сафу ҷамъ овардаю фурсатро аз даст надода, барқвор ба сари лашкари ноогоҳу нимтайёри муғул ногаҳон ҳуҷум овардан шоҳаншоҳи оламро пирӯзӣ меорад.

Ин пешниҳодро Шоҳзода Ҷалолиддин комилан маъқул донист ва афзуд:

— Агар Чингиз пешдастӣ кунад ва ба хоки Хоразм ҳамла орад, аз марҳилаи аввал муқобилияти шадид нишон надода, баъзе шаҳру навоҳии сарҳадиро ба ихтиёраш гузошта, то Хуҷанд оқиб нишинем. Сипас бо лашкари муттаҳиди чорсадҳазорнафара аз соҳили Сайҳун ба душман ҳамла орем ва сараш кӯбему дудаш барорем!

Садри Бухоро ҳар ду таклифро хуш пазируфт ва илова намуд, ки ҳадафи асосии камин нишастан дар соҳили дарёи Сайҳун аз ҷангу хунрезию вайронӣ эмин доштани Хуросону Хоразм асту волиёну сипоҳиёну солорони ин музофотҳо набояд фориғболӣ кунанд ва аз ҳарвақта бештар фаъол ва мададгор бошанд.

Сипаҳбуде аз Хуросон пас аз арзи миннатдорӣ гуфт, ки агар душман зӯрӣ кунаду дашту дамани Мовароуннаҳрро ишғол намояд, дар кӯҳистони мо ҳеҷ кор аз дасташ намеояд. Чунки бероҳаю пайроҳаи кӯҳу дара ва ағбаҳои маҳалро намедонад ва саргаранг гашта, аз тири камону сангу тарма нобуд мешавад.

Ҳокими Самарқанд таклиф кард, ки гирдогирди шаҳрҳои калон мисли бораи Бухоро девори баланд бунёд гардад.

Сипаҳсолоре то Ғазна оқиб нишаста, сипас ба ҳуҷуми қатъӣ гузаштанро маслиҳат доду дигаре бо ними лашкар аз мулки Ҳинд ба Чин ва аз он ҷо ба диёри муғул зарба заданро хотиррасон кард. Дар радифи дигарон Мирмалик низ ба мубоҳиса пайвасту дар ҷазираҳои Сайҳун ва Ҷайҳун қалъаҳои дастнорас сохтан ва аз киштиҳои ҷангӣ ба тухми лашкари Чингиз қирон оварданро муҳимоти ҷангӣ ҳисобид ва хулоса баровард, ки «об ғалаба меорад!»

Қабл аз каломи ҷамъбастии Хоразмшоҳ бо дархости Шаҳобиддини Хевагӣ Пири муаммари маҳфил Бадеуддини Нурӣ ибрози андеша кард ва пас аз арзи сипосу ситоиши суннатӣ гуфт:

— Баъди несту нобуд шудани Кучлук мо осуда нафас кашидем ва шукр гуфтем, ки забони хасми ислом кӯтоҳ ва решаи душмани мусулмонҳо бурида шуд. Аммо як пораи сол гузашт ё не, чархи гардони таърих чеҳраитирафоми Чингиз ба арсаи подшоҳӣ баровард, ки дар макру тазвир бо Иблис ҳамнишин ва дар қатлу хунрезӣ бо Заҳҳок ҳаммаром аст. Аввалин коре, ки кард, таълифи ёса ва ёсо буд, яъне барои муғулҳо расму ойини нав ҷорӣ карду қоидаву қонуни ҳатмӣ баровард, ки ҳамқавмонаш нукта ба нукта иҷро намоянд. Ёса ва ёсо дар «Ёсоқ» ҷамъбандӣ шуда, қонунномаи муғулҳост, тавре «Қуръон» раҳнамои мост…

Ҳолӣ ба шумо ҳамин қадар мегӯям, ки тибқи «Ёсоқ» оташ аз матбахи чингизиён он гаҳ барояд, ки оташ дар хирмани умри ҳазор мусулмон зананд, нон дар суфрапӯстаки худ он гоҳ ниҳанд, ки об дар гулӯи ҳазор мусулмон банданд ва ва муште намак ба дегашон он гаҳ андозанд, ки халтае ба ҷароҳати ҳазор мусулмон афшонанд! Яъне подшоҳе, ки сар бардоштааст, хасми қаттоли мусулмонҳост ва мақсади олии Чингизхон муттаҳид кардани халқи пароканда ва гумномшудаю ба менгу табдил ёфтаи муғул асту ҳадафи олии вай асир гардондани ҳама халоиқи ғайримуғул. Чингизхон чунин мепиндорад, ки тавре дар осмон як офтоб ҳаст, бояд дар замин як подшоҳ бошад. Қиблаи Чингиз дар самти ҷануб асту хуни дил мехӯрад аз он, ки Ҳақ азза ва ало ба Шоҳаншоҳи муаззами мо мамлакате васеъ ва ободон арзонӣ доштаасту вале ба ӯ дашту биёбони сармозадаи хористон муносиб донистааст. Дили нопокаш аз рашку ҳасад ҷаз-ҷаз месӯзад, аммо роҳи сабру қаноат пеш гирифтааст, зеро медонад, ки алҳол муборизаи ӯ бо Хоразмшоҳи мо кӯҳро бо сӯзан сунбидан аст! Вале…

Бомдоди имрӯз маро нидо аз боло расид, ки пас аз фоҷиаи Утрор кор аз дараҷаи сухан ба дараҷаи шамшер расидааст. Аз ин лиҳоз машвараи имрӯзинро айни вақт меҳисобам, зеро натиҷаро фақат барои имрӯз не, балки барои фардо ва пасфардо андеша мекунем. Хуб шуд, ки ҳар нишастае ба қадри моя ва пояи худ ҳарфе ба забон овардед, то аз хавфи Чингиз эмин бошем. Гуфтори шуморо бодиққат шунида, ба чунин хулоса омадам, ки оре, мо подшоҳи кофир намехоҳем ва бо иттифоқу дастҷамъӣ ҳоли Чингиз табоҳ мегардонем. Дар ин ҷода ба ҳазрати Султон Муҳаммад Алоуддини Сонӣ, ки амири бузурги таъйиншуда аз боло ҳастанд, фатҳу нусрат мехоҳам. Дуо мекунам, ки ба Шумо, эй борхудои оламорой, аз замину осмон пирӯзӣ расад!

Ҳама баробар даст ба рӯй кашиданд ва Хоразмшоҳро нигаристанд. Онҳо интизор буданд, ки вай чун ҳамеша худро баланд кашидаву манманӣ ва худситоӣ ба авҷи аъло расонда, Чингизро ҳақиру нотавон мешуморад, зердастонро ба неши забон озор медиҳад ва мушти лофу газоф ба сина кӯфта, бо худпарастию худкомӣ табъи дили худ қарор мебарорад. Аммо аз фасоҳат ва суханҳои сабзу латифи Шоҳаншоҳи олам дар шигифт монданд, ки сараввал ба ҳазрати Бадеуддини Нурӣ арзи сипос кард ва гуфт:

— Гуфтори Пири бузургвори замон маро баробари сухани падар асту ҳар сухани ёрони гиромиро низ бо ризои том шунидем.

Агар пешниҳодҳои шумо ба мо суд надорад, ягон зиён наорад ва шояд, ки замоне корбаст шавад… Ҳама таклифҳоятон дар дафтари девондорӣ сабт гардид. То пагоҳ маро фурсат мебояд, то дар танҳоӣ, ба ҳеҷ шуғле андармон нашуда, жарф андеша ронам ва хулосаи худро пагоҳ ба шумо маълум намоям.

Муҳимтарин тадбири савоби салтанати мо алҳол иваз кардани валиаҳди Шоҳаншоҳи олам аст. Қарор кардем, ки фарзанди кӯчаки хеш аз валиаҳдӣ маъзул гардонда, валади бузург ва сипаҳсолори сутург Ҷалолиддини Манкуберниро соҳиби ояндаи тоҷу тахти давлати Хоразмшоҳиёни кабир эълон намоем. Хати маншур ба Ғӯрганҷ фиристода мешавад ва ман бовар дорам, ки шумо шоҳписари шерафкан ва тундҳамлаю музаффари маро хуш мепазиред ва ӯро минбаъд Султон Ҷалолиддин мехонед.

Ризои мо он аст, ки дар арсаи ҷанг ҳар чӣ бештар ба валиаҳди нав умед бандед ва мардонагию ватандорӣ ба худ сипар созед. Фаромӯш накунед, ки ҷанг бурду бохт дорад ва агар, Худо накарда, муғулони ҷонсахт сафи сипоҳиён бишкананд, пароканда нашавед ва дасти таслим боло набардоред! Зеро Чингизи Темучин ғӯли биёбонзода аст, насабу насиба надорад. Мулки мо бар вай насиб накунад ва дар дасти фарзандони мову шумо ҷовидон монад…

Равзанаи дуюм. Нигорише аз мадду ҷазри тӯфони шӯрангез дар як рӯзи фитнахез

Хоразмшоҳ бо табъи кушода аз куҳандиз баромаду Нигина лакоту хаста ба шаҳри Истравшан даромад. Ин хабар баъди се соат ба Султон Ҷалолиддин расид ва дарҳол ба подшоҳ гӯшрас гардид. Аммо дар рухсораи шоҳ гули шодӣ чун пештара нашукуфт ва хаёломез гуфт:

— Чор рӯз пеш диламро оҳи оташбору нолаю бодаи шабгир девона мекард. Ҳолиё оташи айш хомӯш гаштаю чароғи чашми маро фурӯғи дигарест. Ҳарчанд орази он ахтари тобон шамъи шабистони ман аст, лек мехоҳам, бо андешаи хайлу сипоҳ шабзиндадорӣ кунам. Яъне таҷаҳҳуд намоям, шаб нахобида ибодат ва ниёиш кунаму таклифу пешниҳоди муқаррабони бисоти давлатро таҳлил ва тақрир кунам.

— Ройи шумо олист, эй падари меҳрубон!

— Аммо… чун гавҳари мурод омад, дар таҳният ва муҳофизати вай саҳлангорӣ нашояд! Ӯро хабар деҳ, ки дар Истравшан дер нашинад ва сӯйи Хуҷанд асп ронад. Тую Дамир Малик пагоҳ ҳар чӣ зудтар худро ба Деҳмой расонед. Дар шафати ин чашмаи шифоӣ қалъачаи ободу озодае будааст, ки дирӯз ҳамроҳи Пирам он ҷо соате фароғат доштем. Ана ҳамин таҳона нишемангоҳи Нигина шавад бо нуқлу навои шоҳона!

Меҳмони маҳбубро маҳбус насозед, аммо кӣ буданашро ба ҳеҷ кас ифшо накунед! Баъди шоиставу боиста ҷо ба ҷо кардан дар танҳоӣ ба вай нияти маро фаҳмон, розӣ гардон ва он гоҳ ба Хуҷанд баргард. Агар ба маҷлиси куҳандиз таъхир намоед, ҳеҷ тақсир набошад. Дар анҷоми мушоварат оғози шодию нишотро эълон мекунему ҳамроҳи Пирам ба Деҳмой рафта, ақди никоҳ баста, сирри ниҳонро ошкор сохта, ҳамҳамаю дамдама то гӯши Чингизи талабгор мерасонем, то аз рашку ҳасад сӯзаду хокистар шавад!

Султон Ҷулолиддин ва Мирмалик рӯзи дигар қабл аз тулӯъи хуршед озими роҳ шуданд. Аммо як фарсах тай нашуда, чопаре таъҷилан омаду ба шоҳзода дастурнома расонд. Маълум шуд, ки Чингизхон элчӣ фиристодаасту Хоразмшоҳ ширкати валиаҳди навро дар гуфтушунид хеле зарур мешуморад.

Ҷалолиддин супоришҳои падарро оид ба пазироӣ ва ҷойгир намудани меҳмони нозук нукта ба нукта ба Мирмалик фаҳмонду аз ҷониби худ илова кард, ки сухан санҷида гӯяд ва ягон ҳарфи зиёдатӣ ба забон наорад, то боиси малоли хотири шоҳаншоҳи олам нагардад.

— Баъди ҷо ба ҷо шудани меҳмон ҳар чӣ зудтар худро ба Хуҷанд расон ва подшоҳи оламро хотирҷамъ гардон.

— Дил фориғ доред, эй бародар, ончунон, ки гуфтед, ҳамчунон мешавад! Фақат то ҳол ман намедонам, меҳмон кист ва чӣ ном дорад?

– Ӯро мешиносӣ ва номашро ҳам медонӣ, эй бародари арҷманд!

Аммо ту шитоб накун, ки мардуми араб «ас-сабру мифтоҳ-ул-қулуби!»79 гуфтаанд. Давоми корро баъд маслиҳат мекунем.

Хайр, акнун ман ин тараф мегардаму ту он тараф. Язакҳои ман бо ту мераванду нигаҳбонҳои ту маро ҳамроҳӣ мекунанд.

— Чаро?!

— Барои он ки забони язакро язак медонаду бе иҷозати ин ҷавонмардон ҳеҷ кас, ҳатто бародари меҳрубони ман, ба меҳмони азизи подшоҳ наздик шуда наметавонад…


* * *


Султони ҷавон хандон сари аспро ҷониби Хуҷанд гардонду бо як маҳмез ба саропардаи подшоҳӣ расид. Падарро болои сӯзан нишаста дид ва аз ӯ саволи ғазаболуд шунавид:

— Ё Манкбурнӣ! Чаро дер омадӣ?! Кайҳост, ки туро чашм медорам!

— Эй падари бузургвор, Пиру барнои Хуҷандро ба шумо меҳрубон ва бахту иқболро дурахшон мебинам. Дилтангӣ аз баҳри чист?

— Хабар надорӣ, чӣ шудааст?!

— Не-е…

— Биншин ва бихон! Чингиз ба ман номаи таҳдид навиштааст!!!

Султон Ҷалолиддин мактуби шоҳи муғулро аввал сар-сарӣ аз назар гузаронду сипас ҷумлаҳои асосиро бодиққат мутолиа кард: «Медонам, ки самъи шоҳи Хоразм тоқати шунидани таънаю қоқмиш80 надорад. Аммо гузашт он давр, ки фақат Хоразм таъна бар Ҳинду Чин мезад. Акнун ман ба олам садо баланд мекунам… Ду сол пештар бар якдигар суханҳои хеш ба хушӣ ошкор кардем. Бо ирсоли тӯҳфаю ҳадя, ҷиҳози нодиру гаронбаҳою табаррук ба ту наздикӣ меҷустам, то моро футӯҳе ҳосил шавад. Мо ба ҳам байъат кардему якдигарро таҳният гуфтем, барои равнақи тиҷорат ва бозоргонӣ аҳду паймон бастем, то савдогару тоҷирон бемалол дар кишварҳоямон омадурафт кунанд… Аммо ту беадабӣ кардӣ ва аз ҳадди худ берун пой мондӣ, аҳдномаи бо мӯҳру имзо тасдиқкардаи худро шикастӣ, қавлу лафзи подшоҳиро фурӯ гузоштӣ… Мо ҳама бандаҳои Худоем, хоҳ бут парастем ё мусулмон бошем. Ҳар кӣ васваса ҷӯяд, мо девтабъ мегӯему шумо иблис мехонед, ки фаришта буд, аммо дӯзахӣ шуд. Ҳокими Утрор аз ҳамин қабила одамҳост! Вай монанди шайтон маккор ва иғвогар аст! Вай коре кард, ки набояд мекард…

Ман, ки мусибатзадаам, суханам номулоим асту мабод, ки ба самъи муборак гарон расад. Зеро гумон мекунам, ту дар фалокати Утрор даст надорӣ ва ҳокими Утрор, ки бародари модари кинавари туст, худсарона даст ба тағобун задааст, то ману ту душмани ашадӣ шуда, ба якдигар зарару зиёни марговар расонем. Агар ин фарзия дуруст ва тақаллуби аҳвол гуноҳи ҳокими васвос бошаду осудагию амонӣ хоҳӣ, дасти худ аз Ғойири ғаддор кӯтаҳ кун ва ҳокими бадхоҳ ба дасти ман боздеҳ, то бо рехтани хуни сиёҳи он палид тақоси чандсад умри фаношударо барорам…

Қисмати аввали номаро муштамил бар таҳаффуз, яъне даъват ба ҳушёрию бедорӣ ва пос доштани ҳаққи ҳамсоягӣ дар қалам овардам, на ба нияти иғво барангехтану тарсондану таҳқир намудан. Вале агар фалокати Утрор бо амри ту содир шуда бошад, муомила ранги дигар мегирад. Аз гапи худ баргаштану нақси ойини подшоҳӣ кардану тоҷирони бегуноҳ ва элчии баландмартабаи маро куштани ту молоютоқ, яъне тоқатнопазир, номаъқул ва номарғуб асту ҷавоби дурушт мехоҳад ва тамассук бар шамшеру камон мекунад! Аз фоҷиаи Утрор бӯйи бад бар димоғам мезанаду дар сарам бадгумонӣ сайр дорад ва дилам сахт хашмнок аст. Беҳад афсӯс мехӯрам, аммо аз душманӣ ҳазар мекунам ва ба тундӣ сӯйи ту нигоҳ намекунам, ба шарте Ғойири Инал ба ман таслим фармоӣ…

Гумон мекунам, ҳоло вақти он нест, ки мобайни мо дарёи хун мисли Ҷайҳун мавҷ занад. Халқи олам шоҳид, ки то имрӯз то тавонистам таҳаммул ва мардиҳо кардам, то ба якдигар азизтар ва мӯътабар шавем. Акнун мардӣ дар ҳифзи дӯстӣ ва амонӣ навбати туст! Кори Ғойири мутакаббирро тадорук кун. Агар зинда супурдан нахоҳӣ, бифармо, то сараш аз тан ҷудо кунанду дар турба андохта, ба ман фиристанд!

Эй Хоразмшоҳ, ту ки тойиб81 ва мустағфир82 ҳастӣ, маро ғаффор магир! Ман фалокати Утрор ҳаргиз иғмоз83 намекунам ва ҳаройина хунбаҳои тоҷирон ва алалхусус кини гумоштаи худ Ухун аз ту мехоҳам ва меситонам!! Худованди замину осмон, офаридгори тоҷику туркон воқиф аст, ки азму талоши ман дар ситондани хунбаҳо ҳақ аст! Халқи олам медонад, ки сабабгори ин фалокат ман нестам. Ҳар тӯфону ҳодисот ва куштору қатли ом, ки бо инқизои мӯҳлат ба амал ояд, гуноҳи ту дониста хоҳад шуд…

Фарзандони ман ва фарзандони шаҳидони Утрор ва тамоми ҳамтаборон ба ҳарбу зарб ва интиқом ситондан шитоб доранд. Ман онҳоро бо душворӣ нигоҳ дошта истодаам. Хоҳӣ ки ҷурми бузург авф гардад ва узри гуноҳ пазируфта шавад, ақли солим кор фармою рӯбоҳи маккори Утрор ба дасти шери нари хунхоҳ супор!! Ту ғайри таслиму ризо дигар чора надорӣ, зеро дар олами ислом пуштибоне надорӣ! Халифаи Бағдод дар мактуби худ маро ҳомии ислом ҳисобида, ба ҳокими Хуҷанд таҳсин мехонаду ба ту нафрин! Вай маро ба лашкаркашӣ ҳидоят карда, менависад, ки агар ҷанги мо оғоз ёбад, ҳамаро алорағми ту ба ҷиҳод мехезонад!

Маро моми ман Темучин ном кардааст. Аммо замона маро аз қом84 қоон85 сохту Чингиз лақаб дод, ки ба лафзи ту, эй шоҳи сартавул, маънояш «Марги ту» мешавад! Яъне замона маро — қоони муғулро вазифа ниҳодааст, ки туро — шоҳи Хоразмро бимиронам!!

Агар ба хунбаҳо розӣ нашавӣ, охирсухани ман ҳамагӣ як калима аст: ҷанг!!!

Агар гуфтание дорӣ, сафири арҷманди мо Бағро ибни Кафраҷ дар хидмати туст…»

Ҷалолиддин мутолиаро тамом карда, нафаси сард кашиду саволомез падарро нигарист. Маълум шуд, ки вай маътали нигоҳи писар будаасту ҳадаҳа пурсид:

— Ман чӣ кор кунам?! Чӣ бояд кард?!

— Эй падари меҳрубон, фикри маро пурсидани шумо, ки исботи идроки олии шумост, сарамро ба осмон расонду меҳру садоқати фарзандиро бемунтаҳо гардонд! Бовар дорам, ки бо хираду фазли падарписарӣ ҳама банди бастаи адӯ кушода мешавад! Сухан ҳар чӣ гӯед, ман бандаи ниюшандаам. Шумо донотаред!

— Аз шодии дидани рӯйи чун ту фарзанди доною рамузфаҳм, иншоаллоҳ, ҳама мушкилоти гетӣ ҳал хоҳад шуд.

— Саломат бошед, эй падарҷони ҷони ман! — Ҷалолиддин басо хушком шуд аз он, ки падараш ба номи Худованди ҷону хирад такя намуд. — Худои азза ва ҷалла бар забону дасти шумо ханҷари қотеъ додааст, то моро ба фатҳу нусрат ҳидоят кунед.

— Мулкро бо фикри дурусту ройи равшан нигоҳ доштан кори осон нест, писарам! Сари ин масъалаи чигил андешаю мулоҳизаи мушаххас дорам, аммо намедонам, ки туро маъқул мешавад ё не? Ғайр аз ин, барои ман муҳим он аст, ки ту чӣ пешниҳод дорӣ?

— Нахустин пешниҳоде, ки дар нӯки забонам давр мезанад, як байт шеъри набераатон Камоли Исмоил аст:

Инони бузургӣ ҳар он кас кӣ ҷуст,

Нахусташ бибояд зи хун даст шуст!

— Офарин бар туву писари шоират, эй шоҳписарам! Аз хун даст шустан фикри маъқул аст, вале мо набояд тафриту ифрот кунем, яъне аз ҳад нагузарему кӯтаҳӣ ҳам накунем. Чӣ мешавад, агар таклифи Шаҳобиддини Хевагиро корбаст карда, бо чорсад ҳазор марди муҳорибе, ки дар таки даст дорем, ба мулки муғул ҳуҷум кунем?

— Аллакай вазъият тағйир ёфтаасту ҳамлаи мо ногаҳонӣ намешавад, падарҷон! Мо Чингизро ғафлатгир карда наметавонем. Зеро фарзандони ҷангталабаш ҳама лашкари худ ба по хезондаанду ба сари мо ҳуҷум кардан мехоҳанд. Аз бархӯрди ду лашкар қиёмат дар ҷаҳон меафтад. Хуни муғул Сайҳун мешаваду хуни сартавул Ҷайҳун…

— Дарвоқеъ, маро «шоҳи сартавул» гуфтани ин шоҳи биёбон чӣ маънӣ дорад?

— То ҷое медонам, як ахтаршиноси мағрибӣ, номаш Батлимиюс ё Патолемей дар асари ҷуғрофияш навишта, ки замонҳои хеле қадим қабилае бо номи яксарт атрофи руди Яксарт — ана ҳамин дарёи Сайҳун зиндагӣ мекардаанду касбашон тиҷорат будааст. Калимаи сарт ба забони ҳинду тааллуқ дораду маънояш ба тоҷикӣ бозаргон… Муғулҳо тоҷики сартоб, яъне саркашу нофармони гардантахтаро «сарт» мегӯянду турки саҳрогардро «авул». Хоразмиҳои қадим шахсони аз Эрон омадаро сарт мегуфтанд. Шоҳи сартавул подшоҳи тоҷику турк аст…

— Гапи беҷо набудаасту ман ҳақорат гумон бурда, аз шеъри Рӯдакӣ як байти ҷавобӣ тайёр кардаам:

Он харпадарат ба дашт хошок задӣ,

Момат дафи дурӯя нопок задӣ!

Хайр, бало ба паси Чингизу лафзи дағалаш! Ту, ки пешниҳоди Хевагиро рад кардӣ, акнун фикри худатро гӯй: тадбири кори он харпадар чун кунем?

— Бо зӯри ақлу хирад вайро саркӯб ва хомӯш гардонем.

— Чӣ хел?!!

— Чингиз худро шер хондаасту Ғойирхонро рӯбоҳ… Дар асл гург аст Чингиз! Гурги қавичанголи тангчашм. Гурге, ки ташнаи хун асту беист уллос мекашад. Як ҷуръа хуни рӯбоҳ кофист, ки хомӯш шавад…

— Ман ҳам борҳо дар кори Ғойир андеша кардам. Оқибат ба чунин хулоса омадам, ки агар ҷиян бо ду дасти адаб тағои худро ба душман барои куштан диҳад, дурушт асту ғализу нописанд ва ноҷавонмардӣ! То ба имрӯз Қоф то Қоф ҷаҳон пур аз хамосаи ҷавонмардию кишваркушоиҳои ман аст. Агар аз дӯғу даранги Чингиз тарсида, тағоям Ғойирхонро ба душман диҳам, шӯҳраи олам ба буздилӣ мешавам, шоҳи тарсу лақаб мегирам… Аз эдун шармандагӣ ҳазор карат авлотар аст размандагӣ!

— Эй падари меҳрубон, шумо хуб медонед, ки ман аз ҷанг бо лашкари муғул ҳаргиз наметарсам ва то ҷон дорам, шамшер мезанам. Сипоҳиёни фидокори ман ҳам бо тамоми ҳастӣ ҷонфишонӣ мекунанд. Вале… мо барои чӣ меҷангем? Лашкари муғул, ки барои хунбаҳо меҷангад, бо дарду алам меҷангад, барои интиқом ситондан бо нерӯи дучанд ҷон меканад ва агар сар аз танаш афтад, бо нохуни дасту пояш меҷангад! Ҷанге, ки мову шумо аз сар гузарондем, дар муқоиса бо ин муҳорибаи қарибулвуқӯъ бозии бачагона аст, падарҷон…

Ғайр аз ин… мо набояд Носирхалифаро аз мадди назар дур андозем. Дар бораи ба Чингиз мактуб аз пайи мактуб навиштани ӯ олам пур аз қола-қола аст. Ишораи Чингиз бебало нест: дилам гувоҳӣ медиҳад, ки агар мо ҳамин шабу рӯз, дар гармогармии фоҷиаи Утрор бо лашкари муғул ҷангро шурӯъ кунем, халифаи ниқорталаб аз дасти Ғойирхон кушта шудани панҷсад тоҷирони мусулмонро ба чор атроф ҷор андохта, дӯсту душманро бар зидди мо мешӯронад…

Мо бояд сари ин масъала гаштаю баргашта андеша кунем…

– Ҳазор бор андеша кунем ҳам, додари онакалонатро ба Чингиз дода наметавонем! Ними сипоҳдорону амирон хешу ақрабои Ғойирхон!! Агар онҳо сар бардоранд, медонӣ чӣ мешавад? Теша бар решаи худ задан оё хирадмандист?

— Гапатон дуруст, падарҷон, душмани хонагӣ садчанд бадтар аст аз душмани берунӣ! Адоват миёни хешованд ҳамчу теғи бурро хунафшон аст…

Ба бадтинатон некгӯӣ макун,

Ба афъию ақраб накӯӣ макун!

— Ана акнун фаҳмидӣ, ки дар ин замона подшоҳӣ чист ва подшоҳ кист?! Тақдир маро дар байни се дарё тахтабанд кардаасту боз мегӯяд, ки «ҳушёр бош, доман тар накун!» Аз фикру андешаи зиёд майнаи сарам ба ҷӯш омадааст, писарам! Лекин ин қофила то ба ҳашр ланг аст, яъне андеша бисёр шавад, саволу мушкилоти нав ба нав пайдо мешавад… Вой ҷони ман!!

— Ором шавед, падарҷон! Биёед, муҳокимаро сода мегардонем: агар Ғойирхон ба Чингиз диҳем, аждаҳо ором мегираду миёни мо ҷангу ҷидол намешавад. Он гоҳ халифа худ аз худ аз миён мебарояд. Яъне дар арса фақат хешу ақрабои Инал мемонад. Агар рухсат диҳед, безарар кардани онҳоро ман ба зимма мегирам.

— Зӯрат мерасад?

— Агар имрӯз қосиде чун боди сабо сабукрав равона кунам, баъди даҳ рӯз дар Гӯрганҷ пашшаи заҳрноке ғинг-ғинг накунад!

— Намешавад! Агар мо имрӯз Ғойири Инал ба Чингиз супорем, баъди се рӯз дар Ғӯрганҷ инқилоб мехезад! Аз даму нафаси оташини онакалонат болу пари мо месӯзад…

— Эй падарҷон, кӣ гуфт, ки мо Иналро имрӯз ба Чингиз месупорем? Элчиро муддате бо эъзозу икром ва чарбзабонӣ нигоҳ медорем, барояш асбоби истироҳат ва фароғат муҳайё сохта, ҳамроҳонашро бо чанд мӯътамади хеш барои овардани Ғойирхон ба Утрор мефиристем. Ба элчӣ имкон медиҳем, ки ба қоонаш паёми қаноатбахш фиристад. Дар ин муддат ҳазор язаки махуфкори ман бо тездастӣ падари азизи маро аз зиёни каждумҳои таги бурё безарар мегардонанд!

— Ту ҳам аз шарри Узлоғу онакалонаш халос мешавӣ, писарам, ки ин ба манфиати салтанати мост. Вале боз мегӯям, ки риштаи ҷони волии Утрор ба дасти қоони муғул супурдан хатои хатост! Ман ҷияни тағокуш шудан намехоҳам!!

— Баръакс, эй падари меҳрубон, шумо тағои худро аз таънаю маломати мардум халос мекунед. Ҳоло бар вай забонҳо дароз гашта, хурду калон Ғойирхонро қосит мегӯянд…

– Қосит ё қосид?

– Қосит, эй падари азиз. Касе, ки аз ҳаққу адолат рӯй гардонда, бар ҳамқавмони худ ситамгарӣ кунаду золими хунхор бошад, ин лақаби манфур ба номаш мечаспад. Баъд аз куштори бераҳмонаи тоҷирони мусулмон Ғойири Инал қосит гашту шумо, ки ба қавли шоирон Ало-уд-дин-ал-ислом ҳастед, волии паймоншикан — қотили мусулмонҳоро маъзул карда, ҳақ бар ҳақдор расонда, дар пеши чашми мардум шоҳи одил будани худро бори дигар исбот мекунед! Агар Ғойир ба муғул диҳем, шуморо ҳеҷ зиёне нарасад, билъакс забони халифа ва дигар бадгӯён кӯтаҳ шавад…

— Пирам Нурӣ, ҷумлаи туро айнан ба забон оварда, маро аз тахаллуф86 барҳазар карда буданд. Вақте наздиктарин наздикони мӯътабари ман ҳамфикру ҳамзабонанд, нохалаф бошам ман, агар бархилофи гапи онҳо амал кунам!

Элчиро фарёд кунед!!

То омадани сафири Чингиз ва ҳоҷибу муншию надимон ва муҳофизони подшоҳ падарро меҳр бар фарзанд биҷӯшад магар, ки андаруни парда аз пешонааш бӯсид ва гуфт:

— Эҳсос мекунам, ки маро қироне дар толеъ ҳаст, аммо намедонам саъд аст ё наҳс?

Ҷалолиддин бо табассуми лабрез гуфт:

— Кавкаби бахти шоҳи одил саъди абад аст!

Чун ҳама ҳозир шуданд, Хоразмшоҳ бо табъи болида бар тахт нишасту гуфтор ба лутф оғоз кард:

— Эй сафири мӯҳтарам, обу таоми Хуҷанд маъқул шуд?

— Бале, шоҳаншоҳи муаззам. Чунин таоми хушлаззат дар ҷойи дигар нест.

— Чӣ хӯрок хӯрдед, эй Бағро?

— Сурхпалави муаттари хуҷандӣ! — гуфт бо ҳавас Бағро ибни Кафраҷ.

— Хуб аст. Вале ман дигар таом меписандам.

— Чӣ таом?

— Таомест пухта аз орд, нахуди кӯфта, равғани зағир ва гӯшту кашк. Эдун хӯрокро хӯрдаед, эй Бағро?

— Не. Ин таоми ғалатиро чӣ ном аст?

— Ин таоми ғалатиро ном бағро аст, эй Бағро!

Суханбозии шоҳона ҳамаро ба ваҷд оварду баробар мубарро гаштанд ва аз табъи кушодаи Хоразмшоҳ рамуз бардоштанд, ки гуфтори нек аломати рафтори нек хоҳад шуд.

Идомаи сухани Хоразмшоҳ тахмини умумро тасдиқ кард. Вай бо нӯги ангуштони дасти чап риши кӯтоҳи базебашро шона зада, хаёломез ҷониби Утрор нигаристу ҳар калимаро чида-чида бо салобати хос гуфт:

— Мо бар ин қарор расидем, ки хоҳиши қоони муғул қонеъ гардонем ва Ғойири қосит ба ихтиёри Чингизи хунхоҳ супорем.

Ҳама оҳи сабук кашида, «Чашми бад нарасад!» гӯён бо нидои таҳсин шоҳ ва сафирро таҳният гуфтанд. Хоразмшоҳ, ки бори бағоят гарон аз китф партофта буд, хеле сабукрӯҳ гашту дида нозук сохта, аввал Ҷалолиддин, сипас сафирро нигарист ва пурсид:

— Эй Бағро, боз ягон даъво доред?

Бағро ибни Кафраҷ баъд аз такаллуфи расмӣ ва арзи дуо бо таъзими эҳтиром гуфт:

— Мо шукр мегӯем, ки адолат таҷовуз нашуд. Шуморо, эй шоҳаншоҳи муаззам, офарин мехонем, ки адли подшоҳӣ дар сатҳи олӣ баҷо овардед ва ноқисро фидои комил кардед.

Дигар ягон иддио нест моро! Фақат… корвоне, ки зада шуд…

Хоразмшоҳ дасти рост боло намуда, ба сафир имкони сухан гуфтан надод:

— Чингизи мумсики зарпараст мехоҳад, ки бори ночизи корвони касофатборро баргардонем?

— Не, эй шоҳаншоҳи муаззам! Баръакс, қоони баландҳиммати мо бори ду ҳазор шутур аз матоъ ва қумоши нафис, инчунин ҳамаи панҷсад уштур тиллоро ба Шумо ҳадя мекунад!

— Наход як қошуқ хуни Ғойир ин қадар гаронбаҳо бошад?!

— Ин ҳадя барои Ғойир не…

— Барои кӣ??!

– Ин… ковин аст…

— Чӣ? Эй Бағро, ин лафзи муғул чӣ маъно дорад?

— Лафзи муғул не, ковин ё кобин лафзи порсии қадим. Марди араб маҳр мегӯяд, — сафир аз ваҷоҳати шоҳ тарсид ва дигар заҳрае надошт, ки гап занад.

Хоразмшоҳ вайро маҷбуран ба сӯҳбат кашид:

— Натарс, эй Бағро! Фаҳмидам, ки ковин чист. Акнун бигӯ, ки барои кист?

— Барои арӯси олам… Қоони бузург гуфтанд, ки арӯси ҷаҳонро низ бо худ бубарем…

— Кушоду равшан гап зан, эй Бағро. Арӯси ҷаҳон кист?!

— Нигина…

— Чӣ?!! — Хоразмшоҳ башаст аз тахт хеста, бо тамоми қувват пой бар фарш кӯфт. — Ин Чингиз ақлашро хӯрдааст магар?! Ё девона шудааст??! Як бор талабгор шуду ҷавоби рад гирифт. Боз чӣ мехоҳад? Зиҳӣ дағалӣ!! Зиҳӣ бешарафӣ!!! Зиҳӣ беномусӣ!!!

Ҳоҷиб! Элчиро маҳкам доред!! Дасту пояш бандеду пеши поям партоед!!!

Хоразмшоҳ ончунон ошуфтаю парешон шуду шӯриду колиду ҷӯшиду хурӯшид, ки аз даҳонаш кафк баромаду аз чашмаш дуд! Ҷаҳон пеши чашмаш торик шуд ва номаи Чингизро аз дасти муншӣ рабуда, мисли дарранда лахт-лахт дарронда, ба сари элчии дастбастаи зери пояш хобида пошиду бо тамоми овоз наъра зад:

— Пеши пойи ман номаи Чингизи беҳаё сад пора бод! Пеши пойи ман сафири беадаб сарканда бод!! Кушед инро!!!

То Ҷалолиддин ба худ омад, ки чор муҳофизи наррадеви шоҳаншоҳи олам барқвор ҷаҳида, ончунон ба тезӣ ханҷар заданд, ки сафири бечора на узр гуфта тавонисту на тавба ба забон овард…

Сафири ҷалил ва сарҳанги бузурги Чингизхон, ки лаҳзае пеш аз лутфи ноинтизори шоҳаншоҳ меболид, акнун аз ғазаби ногаҳонии шоҳаншоҳ менолид…

Муддате нолид ва бо азоби алим ҷон ба ҷаббор супорид…


* * *


Шаҳриёри Хуҷанд, бехабар аз охирин рӯйдодҳои фоҷиабори Хуҷанд, дар лаби чашмаи Деҳмой ба оби соф рози дил мегуфт ва дурдонаи муҳаббат месуфт. Вай раҳораҳ бо язаки камсухан шеваи бародарӣ пайваста, кӣ будани меҳмони нозуки Хоразмшоҳро донисту гумон кард, ки шоҳаншоҳи олам кабутари ҳарамро махсус барои нишоти Мирмалик даъват кардааст, то базмро тасфонад ва қаҳрамони размро шод гардонад. Шодондил гашта, фаршу арши таҳонаи Деҳмой — ишратгоҳи хурраму хилвати подшоҳону амирони қадиму ҷадидро бо гулу раёҳин оростаю пероста, шелон87 аз шоҳии Чин густарид. Онро аз меваҷоти рангоранг, шаҳду нӯши гуворо ва ширу шакари ноб пур гардонда, асбоби зиёфат ончунон музайян кард, ки чашми ҳар бинанда ба дидан сер мешуд.

Хотирҷамъ аз таҳона берун баромаду гирду атрофро покиза, лаби чашмаро пургулу сабза дид ва зери лаб «Ёр омаду ёри дилнавоз омад, пеши дили хаста чорасоз омад!» замзама намуда, чашминтизор нишаст. Лаҳзаҳои дидор ва мулоқотро хаёлан тасаввур карду хост боби нави достони ошиқонаро дар сафҳаи дил пешакӣ бинависад. Аммо… «Сухан санҷида гӯй ва ягон ҳарфи зиёдатӣ ба забон набиёр, то шоҳ малӯл нашавад» гуфтани Султон Ҷалолиддин ба хотираш расид ва дилаш таҳ кашид. Фаҳмид, ки сирре дар ин гуфтор ниҳон аст, аммо на одӣ, балки подшоҳӣ! Агар сирре набошад, чаро омадани Нигинаро аз Мирмалик то лаҳзаи охирин пинҳон доштанду раққосаро на дар Хуҷанд, балки дар Деҳмой фуруд овардан мехоҳанд?!

Мирмаликро падар дар ҷавонӣ насиҳат карда буд, ки «саодат бо шикебоӣ ёр асту аз бесабрӣ ба расвоӣ кашад кор!» Ин маслиҳатро Мирмалик ҳамагӣ як маротиба иҷро накард — дар базми подшоҳӣ аз ҳусну ҷамолу ҷилваи Нигина сармаст гашта, шикебоӣ аз даст дод ва ба сайди шери шарза нохун зад. Шоҳ дарғазаб шуд ва бо кабутари ҳарам гап задану нома навиштану меҳр варзиданро ба ӯ қатъан манъ фармуд! Баъд аз ин Мирмалик суст шуду аз бими шоҳ ба он лӯъбатак дигарбора чашмандозӣ ва дастбозӣ накард. Як-ду паёме фиристоду анқариб се сол мешавад, ки ёри дилҷӯро надида ва овозашро нашунидааст. Яъне, бори ҳаҷру оҷизӣ ва ноилоҷию нотавонӣ аз ҳад гузашта ва дили дупорааш ҳазорпора гашта! Муштоқию маҳҷурию дурӣ ва чашмкӯрӣ аз маҷбурӣ ончунон озурдаю афсурда кардааст, ки ҳар лаҳза домани шикебоӣ аз даст раҳо намуда, дар талоши он оҳуи шергир бо пили дамон турктозӣ кардан мехоҳад…

Инак, оҳуи шергир бо пойи худ ба хиттаи шери Хуҷанд меояд. Аз ин ташрифи пурмуаммо виҷдони озурда ҳушёру бедор гашта, дили шефтаро ором намегузорад, ки чаро сустию кашолкорӣ мекунӣ?! Шикебоӣ бас аст!! Дигар таъхир накарда, бахти хоболуд бедор куну ба ҳуҷум гузар! Натарс, ҳолиё аз қуввати сарпанҷаат шери жаён пеши поят пушти таслим бар хок мениҳад! Дигар буздил нашав, бар шоҳи тундҳамла далерӣ кун, беҳарос бар вай бигӯ: аз шаҳри ёри ман бурун шав, азеро ин ҷо ягон шаҳрию лашкарӣ ёри ту нест…

Мирмалик аз хаёлбандӣ хаста гашту дигар орому осуда нишаста натавонист ва кӯлоҳ бар сар ниҳода, чун сарви сари чашма қомат барафрохт. Айнан дар ҳамин лаҳза дарвозаи чӯбини дутабақа калон кушода шуду ба саҳни қалъача аробаи соябондори самарқандӣ даромад. Нидои омиронаи «Меҳмонҳо омаданд!» ҷамъи хидматгузорону канизонро ба по хезонд.

Нигина пас аз фуромадани Шакархонум бо дастгирии канизакон чобук ба замин ҷаҳиду аввал ба атроф нигарист, то донад, ки ба куҷо омадаасту истиқболгиранда кист? Дар байни язакҳо чеҳраи зебо ва рӯйи гарми Мирмаликро диду гул-гул шукуфт ва байте аз Низомӣ бе ҳеҷ истиҳола ба забон овард:

Дигарбора булбул ба боғ омадаст,

Парӣ пеши равшан чароғ омадаст!

Мирмалик ҳадаҳа ба истиқболи вай шитофту аз талъати гулнигор мисли ташнаи лабхушки ба оби зулол расида хуррам гашт ва таъкиди Ҷалолиддинро фаромӯш карда, бо хушҳолӣ байти ҷавобӣ гуфт:

Нуқлам ҳама шуд шаккару бодом, ки дилбар

Бо чашми чу бодому лаби чун шакар омад!

Байтбараки шавқангез язакҳоро писанд омад ва аз ҳар ҷониб нидои «Ҷуфт шавад!» ба гӯш расид.

Аммо сарязак дигар имкон надода, ҳазломез гуфт:

— Шакару бодом дар доруззиёфат! Аввал хонаи хобу истироҳатро интихоб кунед, баъд ба хони зиёфат биёед. Ками мою карами шумо!

Нигина бо табассуми гарм дили он ҷавон нарм гардонду пурсид:

— Чаро ба Хуҷанд нарафта, ин ҷо фуруд омадем?

— Фармони шоҳаншоҳи олам бартар аз ҳама суханҳост!

— Оре, мо ҳама зердастему фармонпазир. Лекин сабаби дар канори шаҳр манзил гирифтани мо чист? Оё Хуҷанд ором аст?

– Ҳама ҷо орому осуда аст, эй бону! Шумо ҳам ором гиред ва кӯфти роҳ бароред. Рафтем ба таҳона!

Канизакон бору бунаи меҳмонҳоро бардоштанду Нигина ва Шакархонум бо дили нохоҳам аз қафои онҳо ба таҳона даромаданд. Сарязак аз ҳаракати онҳо чашм наканда, назди Мирмалик омаду оҳиста сабаби ташриф наовардани шоҳзода Ҷалолиддинро пурсид. Ҷавоби мухтасарро ҳарисона гӯш карду бо таассуф сар ҷунбонда, «Оббо, дар Утрор кори нохуб шуд» гӯён, бо сари хам муддате пешу қафо қадам зад. Аммо ҳуши Мирмалик ба Нигина банд буд ва барои сӯҳбат баҳона меҷуст.

Ин мушкилро худи сарязак осон кард:

— Шукри Худо, ки меҳмонҳо бе шикасту рехт ба манзил расиданд, — гуфт бо табассуми рӯякӣ. — Ин хушхабарро дар Хуҷанд бесаброна интизоранд. Ҳар чӣ зудтар шунаванд, бештар хурсанд мешаванд!

— Иншоаллоҳ хурсанд мешаванд! Ба ман аз Манкбурнӣ амр шудааст, ки як масъалаи муҳимро ба самъи кабутари ҳарам расонам.

Сарязак саволомез ба ҳамроҳони Мирмалик нигарист. Оне, ки аз шеваи бародарӣ баҳра бардошта буд, шитобон лаб ба гуфтор кушод:

— Оре, валиаҳди муаззам шеър хонданду илова намуданд, ки «сухан санҷида гӯед ва ягон ҳарфи зиёдатӣ ба забон наоред»…

— Кадом валиаҳд??!

Сарязак аз забони Мирмалик навгонӣ дар давлатдориро шунида, хеле хурсанд шуда, ду орзуманди муштоқро лаҳзае танҳо гузошт. Мирмалик ғанимат будани ҳар лаҳзаро ба ҳисоб гирифта, аз Нигина сидқан узр пурсиду гуфт:

— Барои шустани гуноҳи ман оби Сайҳун камӣ мекунад, лекин Худо шоҳид, ки гунаҳкори бегуноҳам ман! Ба шири модар қасам мехӯрам, ки чанд лаҳза пеш, дар ними роҳ аз омадани ту воқиф шудам.

— Наход?! Аммо мани қишлоқӣ ангоштам, ки бар васли ман ташнаед ва дар таҳонаи лаби чашма ҷойгир кардани ман тахайюли шумост…

— Таҳонаи Деҳмой нақшаи қаблан тарҳрезишудаи Хоразмшоҳ аст. Яқин вай хаёли нопоке дар замир дорад, лекин ба Худо қасам, ки саҳеҳ намедонам…

— Аз ин муомила дили ман ҳам сиёҳ шуд. Чӣ бояд кард?

— Дигар сустӣ карда наметавонам! Бе ягон тарсу андеша мушт бар даҳани шер хоҳам зад!!

— Илтиҷо мекунам, худро ба даст гиред. Шумо тан ба куштан диҳед, ман чӣ кор мекунам?!

— Хуб, ҳар чӣ фармоӣ, он кунам. Ҳозир ба Хучанд баргашта, ба хушию хубӣ дарди дили худро ба Ҷалолиддин фошофош мегӯям. Агар фаҳмаду одамгарӣ кунад, умрбод вайро ҳалқабаргӯш шавам. Агар нафаҳмаду дастобрези падар шавад, мушти гарони ман гурзи гарон шавад:

Бо мушти гаронсангу ханҷоли тез,

Сару дасти ғаммоз кунам рез-рез!

Шери Хуҷанд дигар ҳарфе нагуфтаю нашунида, шитобон аз қалъача бадар рафт…


* * *


Рахши шабранг ва рамузфаҳм назди дарвозаи қалъача нафасе қарор истода, бо оҳанги хайрбод шеҳа кашиду чун тири партоб шитобон ба роҳ даромад ва соҳибашро дар аввали шаб ба Хуҷанд расонд. Мулозими навбатдор дарҳол ба истиқбол шитофту Мирмаликро ба тахти маҳтобӣ — айвони гулкорӣ дар соҳили Сайҳун овард, ки Султон Ҷалолиддин он ҷо интизор менишаст.

Баъди салому алейк ва нӯшидани як пиёла чой шоҳзода чашмонашро нимкоф карда, бо табассуми айёрона гуфт:

— Гап зан, эй бародарам, меҳмонро дидӣ? Гап задӣ? Дилат тахт шуд??

— Дидам ва пазируфтам. Лекин дилам аз чанголи гургҳо лахт шуд!

— Барои чӣ?!

— Агарчӣ диққати андешаам аз мӯй борик шуд, ба сирри мобайни подшоҳу шоҳзодаю кабутари ҳарам сарфаҳм нарафтам. Маро ҳазор сухан дар таҳи дил аст ва агар иҷозат диҳед, ба шаҳаншоҳи олам муроҷиат намоям…

— Алҳол падарамро наметавон дид…

— Чаро?

— Чорпаҳлу хобидаанд. Рӯзе, ки гузашт, басо вазнинбор буд…

Хубаш, аз он пареши бисёр, ки дар сар дорӣ, якеро ба ман бигӯ.

— Чаро Нигина ба таври пӯшидаву махфӣ омаду на дар шаҳри Хуҷанд, балки дар як қалъачаи хилват пинҳон карда шуд?! Шоҳаншоҳи олам чӣ ният доранд?

Шоҳзода баланду марғуланок хандид:

— Зиҳӣ шаҳриёри Хуҷанд!! Нияти шоҳаншоҳи оламро аллакай ҳама хуҷандиён, ҳатто кӯдакони гаҳвора медонанду ту намедонӣ?!

— Ман ҳамагӣ як рӯз дар Хуҷанд набудаму наход офтоб аз кӯҳи Рухак сар бардошта бошад?

– Ҳа, офтоб аз қибла баромад… Аҷаб рӯзи чаппаю роста шуд! Оне, ки субҳ механдид, шом мегиряд… Оне, ки субҳ ғамгин буд, шом шодикафак шуд! — бо чунин ҷумлаҳои шоирона Султон Ҷалолиддин ҳама гапу калоча ва рӯйдодҳои хурду бузургро муфассал ба Мирмалик нақл карду пайиҳам оҳи чуқур кашид ва ба чашми ҳампаҳлӯяш жарф нигоҳе афканд. — Давоми қиссаи рӯзи балъаҷабро бо тамкин ва сабру таҳаммули мазҳаби Буҳанифа бишнав, эй бародарам, то метавонӣ, бурдбор бош, то комгор шавӣ!

…Баъди куштори сафир навбат ба ду ҳамроҳаш расид, ки яке хомӯш буду авф шуд. Аммо дуюмӣ бо чашми гирён «Булғок! Булғок!!» гӯён, баланд фарёд мекашид.

Шоҳаншоҳи олам пой бар тахтапушти сафири беҷон гузошта, он муғулро бо чашми ҳақорат нигарист ва аз тарҷумон пурсид, ки «ин аҷалрасида чӣ мегӯяд? Чун донист, ки «булғок» ба тоҷикӣ «фитна» аст, ӯро ҳам қатл фармуд ва хитобан ба муғули авфшуда гуфт:

— Эй муғули сарсахт! Ба подшоҳат гӯй, ки ман на аз қом метарсаму на аз қоон! Агар вай ҷангхар бошад, ман сахт камар бастаам! Бо чашми тангат дидию бо гӯши паҳну пачақат шунидӣ, ки фитнаю ғавғо на аз мо, балки аз Чингиз падид омад! Худо ҳам шоҳид, ки мо Ғойири базаҳкор ба Чингиз бахшидем, вале шаманшоҳи беҳаё дубора ба арӯси ҷаҳон даҳон андохт ва посухи сазовор гирифт. Чингизи ту мисли дигар аблаҳон маҳр дорад, аммо меҳр надорад! Ман бошам, аз чашму дил дурру гавҳар сохтаам, то пеши пойи арӯси ҷаҳон нисор кунам!! Ҷони худро, умри худро ба маҳри Нигина мебахшам!!!

Шоҳзода лаб аз гуфтор фурӯ басту дар айвон хомӯшӣ ба сукути тӯлонӣ табдил ёфт. Ду ҷумлаи гаронбори Хоразмшоҳ ҳама гапу кору фикру хаёлро аз беху бун чаппагардон кард ва шаҳриёри ошиқпешаро лаб хомӯшу дил дар фиғону сар пур аз ғавғо шуд! Вай, ки соате пеш аз шӯру ғазаб ба рехтани хуни шоҳ даст меҷунбонд, ҳоло саргаранг ба мавҷи дарё нигариста, ҳар ду даст болои дил ниҳод, то натаркад! Родмарди дарунсоф ва парастори ишқу муҳаббати пок дар як мижазанӣ тирақалб гашту ҷаҳон бар назараш торикистон шуд ва дар кӯчаи пасту баланду сарбастаи ошиқӣ раҳгум зад… Намедонист, ки аз бозиҳои ноҷавонмардонаи қисмат ва ғурбати чархи гардон ба даргоҳи Худованди бахшояндаю меҳрубон шикоят барад ё ба рағми пиршоҳи ғаммоз ва шӯъбадабоз ошӯб бардорад?!

«Барои таскини дил, оромиши хотир ва ҳифзи нангу номус чӣ бояд кард?» — ин пурсиши пуршарар чил карат гирди забони Мирмалик давр заду оқибат посухи пуршараф дарёфт: «Ҳам ба хубию хушӣ, ҳам ба зиштию бадӣ ҷаҳд мекунам ва ҷон меканам, то Нигина ёри ман шавад ва дар канори ман қарор гирад — қарорбахши дили беқарори ман шавад!»

Андаке равшан гардидани чеҳраи бародархондашро мушоҳида карда, шоҳзода оҳи сабуке кашиду мӯҳри хомӯшӣ аз лабҳо дур андохт:

— Сар фарох дор, эй шаҳриёр! Худат гуфта будӣ, ки то реша дар об аст, умеди самар ҳаст! Эй бародарам, сад оҳу дареғ суде надорад. Ман ҳам сад хори хорӣ дар ҷигар дорам. Лекин… чун дар кори ҷаҳон устод наям, ба паҳлӯи падар меравам. Аммо ту назди Пири мушкилкушои Хуҷанд рав. Бузургворро сазовор тавоф кун, эй бародар! Бовар дорам, ки маслиҳати судманд мешунавӣ ва дилат сукунат мегирад.

Хайр, то пагоҳ паноҳат ба Худо…

Равзанаи сеюм. Назаре муҷмал ба гулхани муҳаббати хирадсӯз

Мирмалик нӯк-нӯки по роҳ гашта, бесадо ба хонаи хоб даромад, то ҳамсарашро безобита накунад, ки ҳомиладор буду барвақту бевақт хобида, рӯзҳои башумори пеш аз таваллудро кӯтоҳ мекард. Аммо эҳтиёткории шавҳар зоеъ шуд — Ойчечак бедор ва ӯро интизор рӯйи ҷойгаҳ менишаст.

— Гапи нава шунидед? — пурсид бе ҳеҷ муқаддима.

– Боз чӣ гапи нав?!

— Шоҳаншоҳи олам пагоҳ Нигиная ба никоҳи худ дароварда, дар Хуҷанд тӯй мекардаанд!

— Кӣ гуфт? — то ҳадди имкон худро орому бепарво нишон дод Мирмалик, ки дар асл мисли моргазида вуҷудаш лав-лав месӯхт.

— Дояи Маҳина гуфт. Медонед-ку, вай аз ҳама гапу кори дунё бохабар… Боз мегӯяд, ки…

— Дояро мону гӯй, ки худи Маҳина ягон гапи нав нагуфт?

— Дута калимаи нав гуфт — пишак ва лола. Пеш аз рафтан «Хай, ман алла» гуфт.

— Оҳ-ҳо! Хеле забондон шудааст гулаки хандони ман! Се рӯз шуд, ки надида, хеле пазмон шудиям. Хоб бошад ё бедор?

— Пагоҳ мебинед, дадоҷонаш! Агар фурсат ёбед. Ҳозир пеши додаракаш биёед. Омадани шумоя фаҳмид магар, ки бетоқат шуда, беист дасту почак мезанад! Гӯш кунед, «Да-да» мегӯяд!

Мирмалик нози ҳамсар нашикаста, сар болои шиками дамида гузошту ба навозиш андармон шуда, ҳаяҷони қалб фурӯ нишонд. Сипас аз рухсораи Ойчечак бӯсида, ба ҷойхоб дароз кашиду «аҷаб рӯзи вазнин шуд, сахт лакот шудам, шаб ба хайр!» гуфт ва худро ба хоб зад. Аммо хоб куҷою оромӣ канӣ?! Гапи охирини Ойчечак пардаи асрори подшоҳ кушода, болои сӯхта намакоб гашту дуди дили пуроташ ба мавҷи кӯрдуди ишқи хирасӯз омехта, хоб аз чашму ҳуш аз сар ва осоиш аз ҷону тан рабуда, шаҳриёри таҳамтанро ҳардамхаёл гардонд. Дар сараш мурғи ақли парешон пар-пар мезаду дар дилаш аспи ҷунун тапар-тапар намуда, ҳадаҳа мекарданд, ки дар фурсати хоби якшаба аз байни чандин пайроҳаи каҷу килебу ноҳамвору пасту баланд роҳи наҷот дарёбад, то ба қасри висол расад!

Мирмалик нахустин пайроҳаи дар Деҳмой дарёфтаашро тарзи дигар мулоҳиза кард: ба шоҳзода нею ба худи Хоразмшоҳ ҳама қиссаҳои достони ошиқонаро — ҳадяи девони Маҳастӣ, тӯҳфаи наврӯзӣ, рангомезиҳои Сияҳкӯл, дилбарӣ дар Моҳпарӣ, меҳрварзиҳои Ғӯрганҷ, ҷунун дар базми подшоҳӣ, маҳрумияту ҳаҷри иҷборӣ ва умедвориҳои дили шефтаро мухтасар баён карда, зарур ояд, сари зону мешинад ва дасти шоҳ мебӯсад, то дасти Нигинаро ба даст орад.

Посухи он арҷманд чӣ сон мешавад?

Агар Худо ба дилаш раҳму шафқат андозад, сари сарбози сарсупурдаро сила мекунаду рӯзашро муборак мегардонад. Аммо… агар шайтон аз роҳ занад, сари сарбози сарсупурдаро мисли себча меканад ва поймол мекунад.

Оре, чунин мешавад! Зеро умру ҷони хеш ба маҳри Нигина бахшида, умеди ҳазорҳо ошиқонро ба боди нестӣ ҳаво додаасту пеши ин арбадаҷӯ сухан гуфтан басо хатарнок аст. Хоса, вақте ки дили шоҳ сахт банди зулфи пурпечу хами Нигина гаштаю вайро ба никоҳи худ дароварда, дар Хуҷанд тӯй карданист, дар ҳаваси чуккаву пуккаи буҷул бо ошиқи қудратманд қимори бахт бозидан дидаву дониста ҷон бохтан аст! Ташнагии Шоҳи ошиқони дилсӯхта на бо оби сарди латиф, балки бо хуни гарми ҳариф шикаста мешавад…

Мирмалик худро аз ин пайроҳаи пурхатар дур кашида, аз васвасаи тавбаю салоҳ дил пок гардонд ва дубора қарор дод, ки Ҷалолиддинро миёнҷӣ карда, Нигинаро харидорӣ мекунад!

Аз чунин андеша завқ бурд, вале зуд аз фикраш гашт. Зеро хуб медонист, ки дар бисоти Хоразмшоҳ қаҳти ҷуд аст, яъне вай ҷавонмардию олиҳимматӣ надораду бо он тоҷу тахту арҷу бурҷу карру фарре, ки дорад, кабутари ҳарами худ ба касе намебахшад! Оне, ки бар ивази 500 шутури тилло ҳатто як пари кабутар ба шоҳи муғул надод, ба ҳокими шаҳри музофотӣ, ки дар бисот лоақал 50 шутур тилло надорад, ғайр аз пасмондаи кабутар чизи дигаре нахоҳад дод! Яъне ба шоҳи мумсик обрӯи худ набояд фурӯхт ва роҳи дигар бояд ҷуст…

Роҳи аз ҳама осон дуздидани Нигина аст! Бале, худи ҳозир ба Сабзалию Шоҳмурод мефармояду онҳо иму ҷим чор-панҷ язаки нигаҳбонро аз байн бардошта, Нигинаро аз таҳона озод мекунанд. Баъд вайро… ба куҷо мебаранд вайро? Ба Хуҷанд овардан хатарнок… Унҷию Кулангир ҳам ҷойи баръало… «Ёфтам! — худ ба худ нидо кард Мирмалик. — Ба Ворух мебаранд оҳуи бесоҳибро! Муддате дар кӯҳистон пинҳон мекунанду баъд ба Хуҷанд меоранд. Баъд…»

Мирмалик бо табассуми ширин «рӯзгоре чун шакар ояд!» гуфту якбора абрӯ дарҳам кашид мисли оне, ки заҳроба ба даҳан гирифта бошад: Хоразмшоҳ пагоҳ барои бастани ақди никоҳ ба Деҳмой мераваду аз кушта шудани язакҳо ва ғайб задани Нигина огоҳ шуда, ҳама ҷоро зеру забар мекунад. Дар навбати аввал аз Мирмалик гумонбар мешаваду…

Ин пайроҳа низ ба Мирмалик маъқул нашуд. Зери лаб «дило, дар роҳи ишқ собитқадам бош!» гуфту паҳлӯи дигар гашт. Ба худ андешид, ки агар ишқи хирадсӯзи Нигина вайро аз доираи ақл берун бароварда, ба силсилаи аҳли ҷунун кашад, чӣ мешавад?! Аз молу чизу давлату сарвату дудмону хонумон даст кашида, аммо дасти ёри маҳбуб маҳкам дошта, аз кӯҳу дарёҳо гузашта, сӯйи биёбони араб ба ватани Лайлию Маҷнун раҳсипор мегарданд. Он ҷо хатаре нест — ағбаи Ҳулвону халифаи Бағдод садди роҳи шоҳаншоҳи ниқорталаб мешаванд! Бешубҳа ин роҳи беҳтарин аст! Аммо… оё Нигина розӣ мешуда бошад?

Ё… Нигина ба шоҳаншоҳи олам дилкашол бошад?!

Ин ангезаи хаёл ба вуҷуди Мирмалик оташ ангехт. Даҳанаш хушку нафасаш ғуборолуд, синааш тасфону чашмонаш туфонбор гаштанд. Оташи Намруд ёдаш омаду лабони парсингбаста бо азобе ҷунбонда «Ё Аллоҳ, ин оташе, ки дар ҷони ман аст, сард гардон чуноне бар Халил кардӣ» гуфт. Ва… айнан он ҳолат такрор шуд: оташе, ки шоҳи Хоразм барои сӯхтани рақибаш Мирмалик афрӯхта буд, бо амри Аллоҳ ба гулистон мубаддал гашту шери Хуҷанд саломат монд ва бовараш ба меҳру муҳаббати оҳуяш қавӣ гашт. Аммо… Муҳаббати шери Хуҷанд чӣ сон аст? Қавӣ аст ё зайиф?

Барои ба ин суол ҷавоб ёфтан лаҳзае тасаввур намуд, ки ба тақдир тан дода, дари дилро ба рӯйи Нигина мебандад ва дигар ишқу орзую ҳаваси ӯ намекунад! Ҳамон замон ҳис кард, ки дар ин ҳолат роҳи нафас бар гулӯяш баста мешаваду луқмаи нон талху шӯр ва заҳри танаш мегардад, аз ашки хунин чашмонаш нобино шуда, ҷигари сӯхтааш ба хокистар табдил ёфта, аз шиддати тапидану ларзидан дилаш мекафад!!

Тамоми қувваташро ҷамъ оварда, «Астағфируллоҳ!» гуфту вас- васаю хаёлоти беҳуда аз сар дур афканд ва ҷиҳоди ошиқонаро ба пайроҳаи аввалин гардонд. Дидаи умед ба чеҳраи пурнури солори озмудаи худ Султон Ҷалолиддин дӯхт, ки ситезаю хархашаю бетоқатиро сахт маҳкум намуда, хиради пок ва сабру таҳаммулро дар мадди аввал мегузошт. Ҳар ду ба чашми душману дӯст мисли ду мағзу як пӯст буданду Хоразмшоҳ инро медонист ва Мирмалик бовар дошт, ки дахолати шоҳзода дар ин айёми пурхатар ба манфиати тарафайн мешавад. Яъне ошиқи роҳгумзадаро мебояд, ки қиссаҳои достони ошиқиро на ба подшоҳ, балки ба писари подшоҳ варақгардон намояд ва маслиҳат пурсад.

Дарвоқеъ, аллакай ба ин кор ҳоҷате нест! Султон Ҷалолиддин, ки донандаи бисёр асрор аст ва дар миён афтодани фитнаро медонад, тибқи мақоли «илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ бояд кард» амал намуда, соате қабл аз соҳили Сайҳун ба ошиқи ҷигархун аллакай роҳ нишон додааст: «Пири мушкилкушои Хуҷандро тавоф кун, то маслиҳати судманд шунавӣ!»

Мирмалик ба моҳи равшани осмони пурситора нигаристу бесадо оҳи сабук кашид ва то дамидани субҳи умед соате бароҳат хобид…


* * *


Мирмалик медонист, ки ҳазрати Шайх Маслиҳатдин баъди намози бомдод ҳар субҳидам дар соҳили Сайҳун мешинад, то аз қаъри рудбори бузург асрори ҷаҳон дарёбад. Табақе ҳалво ва кулчаи ширмол гирифту ба нишастангоҳи муқаддас расида, Пири худро бо ихлос ва муҳаббати фарзандӣ гиромӣ дошта, шароити таъзиму эҳтиром чуноне воҷиб аст ва мешояд,баҷо овард. Ҳазрати Бузургвор низ бо эҳтироми хос шаҳриёрро бинавохт ва гуфт:

— Пушт бар ин сияҳбед ниҳода, замоне сокит бинишин ва ба суханҳои ман чун ҳамеша бодиққат гӯш андоз. Ба чӣ ҳодиса ранҷа шудию чаро дар субҳи солеҳон ин ҷо омадӣ ва ҳама қиссаҳои ошиқонаи ту барои мо чун офтоб равшан аст. Ту, ки на ба хоҳиши худ ба моҷаро пайвастаӣ, барои маслиҳат пурсидан омадӣ, то роҳи наҷот дарёбӣ ва дурдонаи басо гаронбаҳо аз хазинаи дили шоҳаншоҳи олам ба даст орӣ. Вале азбас ғарази хеш то ин соат аз мо пӯшида медоштӣ, дар сабру шикебоӣ ва мувозабати88 ту хира монда, интизор будам, то аз забони худат калимае ба гӯшам расад…

— Эътиқоди ман бар шумо софитар ва комилтар шуд, эй Пири бузургворам. То имрӯз он чӣ ёфтам, аз юмни маёмини шумо ёфтам, эй Ҳазратам! Ҳолӣ саволе дорам ва аз беҷавобӣ беқарорам: чӣ бояд кард, ки ҳам лаъл ба даст ояду ҳам шоҳ наранҷад?!

— Миёни тоат ва исён рӯз гузаронидани тую аз барои як дурдона қосиди ҷони якдигар гаштани ду подшоҳу як шаҳриёри ишқзада афсонаи замон аст ва дар ин қазия бисёр таҳайюр хӯрдаам. Зеро ишқ балоест, ки марди ҳақиқӣ аз он нагурезад ва беибо худро дар оташ андозад! Дар ин афтударафт ҳамоне ғолиб ояд, ки тавонад сабр шиору виқори худ созад, аблаҳӣ накунад ва аз кибру ғурур парҳез намояд. Азеро аблаҳӣ бемориест, ки ҳама табибону ҳакимони хирадманди олам аз илоҷи он оҷиз оянд ва кибр баландиест, ки аз ҳама пастиҳои ҷаҳон пасттар бошад…

Агар мушаххастар бигӯям, подшоҳи муғул хостори дурдона асту шоҳи Хоразм соҳиби дурдона ва тавре худат медонӣ, аз хирману хазина то аз мӯрча бознамонад, донае ба хостору подшоҳ нарасад! Ё худ, ба қавли шоири маҳбуби ту Саъдии Шерозӣ:

Мӯрчагон гар бикунанд иттифоқ,

Шери жаёнро бидаронанд пӯст!

Малӯл нашав, ки туро ба мӯрча ташбеҳ додам. Ту ба солу бахт ҷавон, аммо ба таҷрибаю дониш пири хирад ҳастӣ ва басо ҳокиму амирон ба рӯзу рӯзгори ту ҳавас доранд! Маслиҳати мо ин аст, ки бо ёри қадима иттифоқ бастану ҳамдилӣ ба ҳаммашрабӣ89 расондан беҳтарин роҳи наҷот аст. Зеро ошиқони ҳаммашрабро риояти ҳусни аҳду паймон ба висол мерасонад:

Аз ӯҳдаи аҳд агар бурун ояд мард,

Аз ҳар чӣ гумон барӣ, фузун ояд мард!

Ҳар ду ҳар чӣ зудтар ба мақсуди дили ҳамдигар аҳду паймон бандед ва хуб мешавад, агар онро ба аҳду савганд табдил диҳед. Яъне муводаат ба мувоҳадат иваз намоед. Он гоҳ мувозаа пайдо мешавад, яъне шумо забон як карда, хушмашраб мешавед.

Дар ҳадиси саҳеҳ омадааст, ки «хушмашрабӣ, таҳаммул ва тааммуқ дар қабули масъулиятҳо мӯҷиби хушояндии Худо аст». Яъне, ҳар вақте хушнудӣ ва инояти Парвардигор падид ояд, ҳама ҳунарҳову бузургиҳояш зоҳир намояд, гулханро ба гулистон, хокис- тарро ба оташи фурӯзон табдил диҳад! «Туъиззу ман ташоъу ва тузиллу ман ташоъу, биядиҳи-л-хайру, иннака ало кулли шайъин қадирун» — «Ту Худованд, арҷманд мегардонӣ ҳар касеро, ки хоҳӣ ва хору ҳақир мегардонӣ ҳар киро мехоҳӣ. Хайр дар дасти туст ва барҳақ ту ба ҳамаи умур қодирӣ!»

Фаҳмидӣ, эй шаҳриёри муаззам?

— Фаҳмидам ва итоат мекунам, эй Пири бузургворам!

Илоҷе ёфта, худи ҳамин рӯз маслиҳати дуюми шуморо ба самъи Нигина мерасонам.

— Ранҷ макаш, ки зарурате надорад. Ин пагоҳӣ назди дарвозаи масҷид ғуломаке ҷандалибос ва афсурдаҳол пеши роҳамро дошт: «Барои шумо чанд сухани гуфтанӣ дорам. Ду дирҳам диҳед, то бигӯям». Ҳадяро гирифту ба шодӣ гуфт: «Маъсумае аз роҳи дур ба дидори шумо мешитобад. Ё имрӯз ё рӯзи дигар наздатон мерасад ва аз ранҷи дил халосӣ меёбад!»

Дарёфтӣ, он маъсума кист?

Мирмалик бо овози нимшунаво «фаҳмидам» гуфту беихтиёр ҷониби Деҳмой нигарист. Шайх Бадеуддин бошад, аз ҷайб дафтару қалам бароварда, шитобон ҷумлае навишт ва бо нигоҳи шоирона мавҷи дарёро наззора карда, гузашта ба ёд овард:

— Шаш сол муқаддам бо Нигина дар ана ҳамин ҷо сӯҳбат оғоз карда будем. Он айёми наврӯзӣ вай ба синни дувоздаҳ расида буду гулғунчаро мемонд. Илҳоми шоирӣ омаду гуфта будам, ки «имрӯз бо оби Сайҳун лаб аз шири модар шустаю худро ба ҳадди балоғат наздик расондӣ… Оғози нашъунамо ва камолот муборак шавад!»

Ҳолиё гулғунчаи Мастураи ман ҳаждаҳсола ва оҳуи шергир шудааст! Хоразмшоҳу Чингизхон вайро Арӯси ҷаҳон мегӯянд ва ба висолаш талош доранд. Ту оҳуи бесоҳибро чӣ унвон медиҳӣ?

— Арӯси Тирози ҷаҳон!

— Офарин бар ту, эй шаҳриёри Тирози ҷаҳон! Донистан мехоҳӣ, ки навакак бар варақи дафтар чӣ навиштам?

— Ягон шоҳбайти нав. Ин одати деринаи шумост.

— Он чӣ навиштам, аз сад шоҳбайт авлотар аст! Марҳамат, бихон.

Мирмалик навиштаи Шайхи шоиртабиатро бо лаҳни гӯшнавоз қироат кард: «Лаҳзае қабл он ғуломаки ҷандалибос пайғом расонд, ки Шайхи Хуҷанд баъди чанд рӯз хутбаи никоҳи Арӯси Тирози ҷаҳон мехонад»…

Дафтар аз дасти Мирмалик афтиду агар Шайх Бадеуддин чолокӣ намекард, онро об мебурд. Ҳар ду баробар хандиданд ва аз ҷой хестанд.

— Суханҳои зарурӣ гуфтаю шунидаю навишта шуд, — гуфт Пири раҳнамо. — Акнун ба ҳар дуямон рухсат, ки талхиҳои зиндагӣ ширин гардонем. Ту шитобонтар аз боди саҳаргоҳӣ ба саропардаи подшоҳӣ рав, ки Ҷалолиддин интизорӣ мекашад. Саломи ман ба хидмати ӯ бирасон ва гӯй, ки аз падар эҳтиёт бошад, зеро ошуфтахотир асту товус дар чашми борхудои оламорой магас менамояд…

Охирин маслиҳат ин аст, ки гапи дадою бӯвоҳоямон фаромӯш накун: таваккал нар асту андеша мода! Агар ба таври китобӣ гӯем, «таракат ал раъю би-р-раъйин» — ндеша андеша мезояд! Дил фориғ дор ва фикри исёну фирор камтар кун, ки Худои меҳрубон раҳнамои мост: «Валлоҳу аълам би ҳақоиқ-ул-умур ва ҳува алимун би зот-ис-судур» — Худованд донотар аст бар ҳақиқати корҳо ва огоҳ аст аз андешаҳо…


* * *


Мирмалик шоҳзодаро парешонзамир дид ва аз дер омаданаш хиҷолат кашид. Хост, узри тақсир ба ҷо орад, аммо Ҷалолиддин имкон надод:

— Медонам, дар куҷо будӣ, эй бародарам! Маро маъзур дор, ки хотирам аз чизи дигар малул аст.

— Пирам ба шумо дуруду паёми фаровон фиристоданд ва маслиҳат доданд, ки аз падар эҳтиёт бошед…

— Чаро?!

— Гуфтанд, ки «Борхудои оламорой ошуфтахотир, товус дар чашми эшон магас менамояд»…

мОфарини Худо бод бар Пири ҳамабин! — шоҳзода даст ба гиребон бурда, бо нишони тааҷҷуби зиёд ба чапу рост сар ҷунбонд. — Дар ҳақиқат Шайхи мутабаҳҳир ва мутабашширанд90! Ҳазрат ҳама доранд, зеро хиради модарзод ва башорати Худодод доранд!

Мирмалик ҳарфе нагуфта, интизор истод, то шоҳзода эҳсоси дил фурӯ нишонид ва сабаби ба ваҷд омаданашро шарҳ дод:

— Посе аз шаб гузашта буд, ки падар бо овози баланд «Қап!!» гуфтанду қад парида, аз хоб хестанд. Маълум шуд, ки кабутари ҳарам дар хоб дидаанд: Нигина бо нақшу нигору зевару зиннату либоси рангоранг ба товус монанд шуда, дар ҳавои лаҳни «Товуси Аҷам» хиромон ҷилва мекардааст. Дар авҷи арғушт болу пар афшонда, ончунон чархидаасту чархидааст, ки дар пеши чашми падарам печида-печида хурд шудаю хурд шуда, аз печопечи бисёр ба магас табдил ёфта, берун паридааст. Шоҳаншоҳи олам «Қап!» гуфта, аз қафояш давидаанд…

Падар аз хоб бедор шуданд, аммо ҳушёр нашуданд. Ҳаросон ба атроф нигариста, беист «Ковед! Ёвед!!» мегуфтанд…

Дарҳол мудаббир ҷеғ задему табиб дартоз омад. Падарам бо таъсири дору андаке ором ёфтанд, вале бо чашми парешон товусу пашша меҷустанд. Хобгузори соҳибтаҷриба кафи дасти подшоҳ ба нӯки ангуштҳо палмосида, аз сири ғайб огоҳӣ ёфт ва гуфт:

— Одатан ошиқоне, ки аз зулфи парешон дили беқарор доранд, дар шаби ҳиҷрон хоби парешон мебинанд. Товус дар хоб подшоҳи Аҷам асту боз ҳам баландмартаба шуданро башорат медиҳад. Агар мард товуси мода дар хоб бинад, зан мегирад… ва аз ӯ фарзанди зебо ба дунё меояд.

Пашша дар хоб марде заъйиф, залил ва фурумоя аст, ки кори ночиз ва ҳақир анҷом медиҳад. Аз пеши подшоҳ берун паридани пашша далолат бар он аст, ки сӯйи ҳар касе парида бошад, ӯ заъйи- фу нотавон мегардад.

— Фаҳмидам, ки товус моли ман мешаваду пашша ба Чингиз мечаспад! — бо ҷӯшу хурӯши кӯдакона шавқун бардоштанд падарам. — Нокому нотавон мешавад муғули бадбахт! Лекин… пашша шудани товус чӣ таъбир дорад?

— Ба пашша табдил ёфтани товусро таъбир чунин аст, ки он раққоса дигар мисли товус нахиромад, зеро даврони рақсу самоъ интиҳо ёфта, замони васлу ҷимоъ фаро расидааст.

Суханҳои хобгузорро шунида, падарам ҷаҳида аз ҷойхоб хестанд, маро бӯсиданд ва қоҳ-қоҳ хандида, шеър бофтанд:

Парешондимоғем, соқӣ куҷост?

Шароби зи шаб монда боқӣ куҷост?!

Хурсандии шоҳаншоҳи оламро дида, табиби шоиртабъ Сайиди Ашраф ҳам табъи дили эшон сухан гуфт:

— Аз хобу хаёли парешон асаби инсон хастаю хароб мешаваду аз таъбири хуш изтироби дил мефизояд. Барои эътидол шароб беҳтарин давост:

Бода дар хум кӯҳна чун гардад, давоӣ мешавад,

Духтари раз пир чун шуд, мумиёӣ мешавад!

Байти шароболуда падарамро маст карду бода хостанд. Илтимосу зораю илтиҷоям асар накард. Такаббуру якравию саркашӣ боло гирифту ҳатто бо оҳанги масхара шеър бофтанд:

Ҳар кӣ гӯяд, ки май зиён дорад,

Суханаш об дар миён дорад!

— Кор бо шодию шеърбофӣ анҷом ёфт?

– Ҳазор афсӯс, ки не… Ҳоло падарам масти аласт хоб… Рӯз аз шаб фарқ карда наметавонанд…

То дирӯз мо шоду масрур будему душманон оҷизу мақсур91. Зеро падарам маслиҳату насиҳате, ки аз Пири бузургвори замон шуниданд, дар мағзи ҳушу гӯш ҷой дода, ростравӣ шиори худ гардонда, тарки молояънӣ92 карда, аз шаробхорӣ тамоман дасту дил шуста буданд, ҷиддан ба рӯҳоният пайвастан мехостанд. Ҳоло бошад…

Эдун фурӯ кашӣ ба хушӣ он майи ҳаром,

Гӯё ки шири мом зи пистон ҳамемакӣ…

Намедонам, оқибати кор чӣ мешуда бошад?!

Мирмалик шунида буд, ки таъбири нопадид шудани товус аз даст рафтани мол аст. Инро нею аз баҳри тасаллои дили солори хеш сухани дӯшиза гуфтан мехост, вале марди ношустарӯ, чиркинлибос, ришу мӯяш расидаю натарошида ва хастаҳоле саросемавор ба саропарда даромаду назди Султон Ҷалолиддин зону зада, замини хидмат бибӯсид ва бо овози хирросӣ гуфт:

— Ба шоҳаншоҳи олам маълум бод, ки фиристода ба дашти муғул ниҳон — омад!

Аз ин муомила Мирмалик чизе нафаҳмид. Вале Султон Ҷалолиддин марди ҳақирро бо меҳрубонӣ ба по рост карду ба мулозим фармуд, то ӯро хуш пазируфтаю хуб меҳмондорӣ карда, пас аз гармоба либоси тоза пӯшонда, чоштгоҳ рост ба хаймаи подшоҳӣ биёрад. Ба Мирмалик дастур дод, ки барои сарони сипоҳ ва амирон панҷоҳ хилъату ҳафт ҷомаҳои фохира омода намуда, боз фармоиш диҳад, ки кошонаи Маҳастӣ барои ташрифи меҳмонҳои олимақом бо асбобу анҷоми шоҳона фавран ҷиҳозонида шавад.

Фармони ногаҳонӣ ва гуфтори пурмуаммои валиаҳд шаҳриёри Хуҷандро ба шигифт овард ва тахмин зад, ки мобайни падару писар дар паси парда гуфтугӯе шудааст. Вале таҳпурсӣ накарду одоби хидмати расмӣ дар сатҳи зарурӣ баҷо оварда, аз пайи иҷрои супориш ба дорулҳукумат равон шуд.


* * *


Шоҳзода мулозим ва дарбонҳоро таъкид намуд, ки сахт қоим ва муқим истода, ҳеҷ касро ба дарун роҳ надиҳанд. Худаш бо эҳтиёти тамом, аммо бе тарсу ларз ба хилватгоҳи подшоҳӣ ворид гардид, то падарро аз хоби гарон бедор намуда, вайро аз омадани шахси мӯътамади подшоҳ, ки ба урдаи Чингиз махсус барои ҷосусӣ фиристода шуда буд, билфавр огоҳ намояд.

Хоразмшоҳи сармаст бо душворӣ чашм кушоду фарзанди азизро дида, ғашу ғурбат накард ва бо лабханди гунаҳфарсо пич-пич кард:

— Хайр аст?

— Фиристода аз пеши Чингиз омадааст.

— Канӣ?!

— Агар иҷозати Шумо шавад, худро ба ифоқа оварда, чоштгоҳ биёяд…

— Раво бошад… Акнун лаҳзае дигар бо фориғдилӣ баросоям.

— Эй падари меҳрубон…

— Хомӯш! Медонам, чӣ гуфтан мехоҳӣ. Аммо ман аз ҷой нахезам, то амри Анварӣ иҷро нашавад!

— Амри шумо аз ҳама амру фармонҳо бартар аст, эй падари меҳрубон. Фақат… намедонам, ки Анварӣ чӣ гуфта?

— Анварӣ мефармояд:

Соқиё, бодаи сабӯҳ биёр!

Донаи доми ҳар футӯҳ биёр!!

Шоҳзода бо ишораи абрӯ надимро ба ҳаракат андохту ба падар ду навиди дигар расонд:

— Дамир Маликро фармудам, ки барои ҳадяи тӯёна панҷоҳ ташрифоти фохира тайёр кунаду ҳафт ҷомаи шоҳӣ ва кошонаи Маҳастӣ барои зисти Нигина мутобиқ созад…

— Офарин, писарам. Ҳамаи тадбирот ба хубӣ сомон додӣ дар кори падар! Бар ту ягон айб нест ва эътирозе надорам. Валекин Худо чунин хост магар, ки сабукбор шудам. Худат ба он кошона раву табъи дили ман ороста гардон. Агар зарурат пайдо шавад, туро пайдо мекунам…


* * *


Фиристода дар вақти муқарраршуда ба хаймаи заррин ворид шуд ва мусоҳибаи махфӣ бе гапу ҳарфи зиёдатӣ оғоз ёфт.

— Бо кӯмаки як тоҷири самарқандӣ дар ӯрдаи Чингиз хайма ба хайма гашта, арзон фурӯхтаю қимат харида, оқибат дарёфтам, ки подшоҳи муғул дар кадом ӯба93 иқомат дорад, — бо овози на пасту на баланд ба ҳисоботи шифоҳӣ шурӯъ кард ҷосус. — Аввалин хулоса ҳамин, ки Чингиз одамизода нест! Танаш лоғару қадаш баланд, пояш каҷу дастҳояш мисли шохҳои чинор дарозу панҷааш чанголи бургут барин, нохунҳои тези пасту баландаш чангули калхот барин…

— Бас! Он кӯзапушти лангро дигар тасвир накун, ки дилам беҳузур мешавад. Мегӯянд, ки бадҳайбат аст…

— Афташ деви афсонавӣ барин. Вақте ки вайро бори аввал дидам, аз тарс дилам ба тахтапуштам часпид! Ба гумонам, мӯяш шонаро надидааст ё Чингиз чӣ будани шонаро намедонад. Илло-билло ки аз ҳайбати Чингиз шери нар об меафканаду шери гардун гов менамояд!

— Аз ҳад зиёд воҳима накун!

Ба Худо қасам, ки рост мегӯям. Ба гӯши худ шунидам, ки худи муғулҳо «қоони мо наҳанг асту мо кафлесак» мегӯянд. Вақти гап задан аз даҳани Чингиз бӯйи хун ба димоғ расида, дилро беҳузур мекунад…

— Барои он ки гӯшти хоми асп бисёр мехӯрад ин ёбоӣ…

— Шояд ҳамин хел бошад. Лекин чанд одами ҳолдон гуфт, ки Чингиз барои шикастани ташнагӣ ба ҷойи обу чой хуни гарму тоза менӯшад.

— Афсона нагӯй!!

— Агар гапи номаъқул гуфта бошам, аз гуноҳам гузаред, эй шоҳаншоҳи олам! Наход ба шумо гапи дурӯғ ё афсона гӯям?! Худатон фармудед, то кӣ будани Чингизу чӣ хел будани лашкари вайро мӯ ба мӯ омӯхта, холисанлиллоҳ аз сурати ҳол огоҳ гардонам. Агар як ҳарфи хато гӯям, ба азоби дӯзах гирифтор шаваму забонам бурида бод!

— Ман ба садоқати ту бовар дорам, лекин ҳар он чӣ гуфтӣ, афсонаро мемонад…

— Гуноҳи ман чӣ, агар Чингиз ҳақиқатан ҳам одами афсонавӣ бошад… Як муғули китобхон варақи мӯҳрдорро нишон дода, гуфт, ки Темучин аз насли тотор асту инсони ғайримуқаррарӣ, аз синни туфулият ба мақоми раҷулият расидааст!

— Ин гап чӣ маънӣ дорад? Соддатар фаҳмон!

— Пӯсткандаи гап ҳамин ки Темучин аз панҷсолагӣ мардак шудагӣ, яъне ба духтари чордаҳсола издивоҷ кардагию вай ҳомиладор шудагӣ! Дар бистсолагӣ ба аждаҳои духтардаркаш табдил ёфта, бо сеҳру ҷоду садҳо духтари бокираи хушрӯй ва дилкашро ба дом афтондагӣ…

— Агар ду маротиба талабгорӣ ва хостгорӣ намекард, ин гапҳоро сафсата мепиндоштам. Бас! Аз он варақи машаққат дигар ягон калима ба забон нагир! Дар бораи Чингиз гап бас! Дар бораи лашкари муғул маълумот деҳ.

— Ба муғул ҳарб кардан ба камари кӯҳ даст андохтан аст. Чунки ҷисми падарлаънатҳо аз санг сахту пойҳояшон оҳан барин, ба замин мехпарчин кардагӣ…

— Гурдҳои ялафкани ман акнун муғулафкан мешаванд! Паҳлавонҳои ман деви дамон, муғулчаҳо девчаи ҳаросон! Худое, ки бо тозиёнаи тақдир писари Чингизро пеши поям оварду шикаст, қодир ба он аст, ки худи Чингизро ба осонӣ таслими шамшери ман кунад!

— Илоҳо, ҳамин хел шавад, эй шоҳаншоҳи олам! Лекин фавҷ-фавҷ саф кашидану шабонрӯзӣ машқ кардани онҳоро дида, лозим мешуморам ба шумо гуфтан, ки ҷанг бо мусулмонҳо дигару разм бо бутпарастони Чингиз дигар аст. Чингиз хатари бузург…

— Ягон хатар-патар надорад Чингиз! Ман лаг-лаг бутпарастҳоро ба зону шинонда, Искандари сонӣ ва Санҷари замон лақаб гирифтаам!

— Парвардигор фатҳу нусратҳои шуморо зиёда гардонад, эй шоҳаншоҳи музаффар! Агар иҷозат бошад, се ҷумлаи дигар…

— Сухан мухтасар шавад!

— Ба чашм, эй шоҳаншоҳи олам!

— Уруқи Чингизро расму одат чунин будааст, ки мурдаи худро дар ягон ҷойи номаълум, дур аз иморату ободонӣ гӯр мекардаанду чӣ будани қабристонро намедонанд.

Маънои муғул ба тоҷикӣ малах будаасту дасташ аз хайру баракат холӣ, дар дилаш ягон зарра меҳру шафқат нест… Лашкариёни Чингиз аз ҳарифи худ ҳеҷ кадомеро зинда намегузоштаанду пардагиёнро аз сатри исмат, кӯдаконро аз батни модар берун оварда…

— Бас! Ваҳшигарӣ аз ин зиёд намешавад. Ана, ин гапро ҳар чӣ зудтар ба сипоҳиён ва одамон бояд гӯшрас кард, то ба Чингизу чингизчаҳо нафрати умум бедор шавад. Умри нафратзада кӯтоҳ мешавад! Акнун бигӯй, ки Чингиз ҳоло ҳам ба сеҳру ҷоду машғул бошад ё не?

— Баъди фалокати Утрор се шабу се рӯз аз ӯба набаромад. Пинҳонӣ таҳпурсӣ карда, фаҳмидам, ки бо худоҳояш тамос гирифтааст. Рӯзи чаҳорум тамоми басқоқ ва уйноқи калонсолашро ҷамъ карда, ҷарга гузаронд…

— Исто! Гуфтамат, ки калимаи муғулӣ нагӯ, боз чаро мегӯйӣ?! Басқоқ чию ӯйноқ чию ҷарга чӣ??!

— Худам ҳам саҳеҳ намедонам. То ҷое фаҳмидам, басқоқ ҳокими вилояти мо барин як мансабдор, уйноқ-қабила ё авлод, ҷарга — ҷамъомад…

— Ана акнун андаке фаҳмидам. Баъд чӣ шуд?

— Дар аввали маҷлис як харгӯшаки хокистарранг аз даруни қафас ба берун сар дода гуфт, ки «Шоҳи қуян94 тилисм шуд, то ба гунаҳкори фалокати Утрор ҷазо диҳад. Ҷанивари чобукпо ба ситамгар зиён расонда, ба дарди қуянчуқ95 мубтало мекунад»…

– Ҷарга кай буд?!

— Шаш рӯз пеш. Ҷарга тамом шуду ман ба роҳ баромадам. Дар ҷарга Чингиз гуфт, ки…

— Хомӯш!!! Падарлаънат, чаро гап аз харгӯш сар накардӣ?! — Хоразмшоҳ мисли васвос аз ҷой хесту рӯй туруш намуда, чу раъд хурӯшида, пой бар фарш кӯфт. — Хоҳӣ, ки занат дар азоят гиря накунад, аз пеши назарам дафъ шав! Қуян шав!! Ҳа-ҳа-ҳа!

Хоразмшоҳ, ки лаҳзае пеш сабӯҳӣ зада, сархуш буду дили хуррам дошт, танҳо монд ва побанди хаёл гашт. Чеҳраи қоони муғул пеши назараш омад ва аз ҳайбати бад ҳаросе ба дилаш роҳ ёфт. Сипас перомуни чанд ибораю калимаҳои таҳдидомези мактуби Чингиз андеша ронду ошуфтахотир шуд. Қоонро нафринкунон чун аз ҷой хест, ошуфтагӣ аз димоғ бар сараш гузашту мисли гирдбод атрофи чароғи ақлашро печонд. Тори асабаш таранг гашту соқиро фарёд кард, то бода гардонаду аз нашъаи шароби ҷамил малӯлӣ ва хаёли бад аз дил берун андозад.

Пас аз қадаҳи аввал андак сурхӣ ба рӯяш дамид ва «Пеш биёр ҳар чӣ дорӣ аз шаробу кабоб!» гуфту чашму абрӯи Нигина ба назараш намуд. Лаҳзаи висолро тасаввур карда, қадаҳе барои арӯси товусхиром нӯшид ва бо иштиҳои қозгир порае кабоб ба даҳон андохт, ки бағоят хушлаззат буд. Қадаҳе дигар ба сар кашиду порае дигар аз гӯшти мулоим газиду боиштиёқ хойида, лаб ба таҳсин кушод:

— Агар хӯриш хуб бошад, майро гувориш бисёр шавад ва хастагӣ аз тан берун андозад. Имрӯза шароби басо гуворою кабоб лаззатнок аст!

– Ҳамеша комраво бошед, эй шоҳаншоҳи муаззам! Шароби кӯҳнаву гӯшти нав ҳамеша фораму гуворо бошад. Хушхӯру зудҳазм ва ширин аст гӯшти харгӯш…

— Чӣ гуфтӣ?! — гӯштпора аз дасти шоҳ афтид. — Ин кабоб аз гӯшти қуян??!

— Бале, тару тоза! Ҳамин пагоҳӣ шикор шудааст…

Хоразмшоҳ ҷом бар сари соқӣ заду гӯштрезаҳои даҳонаш бударо ба замин туф кард ва то ҷон дошт, баланд дод гуфт:

– Қоч!!!!

Надиму солору табибу нигаҳбонҳо дартоз омаданд ва диданд, ки подшоҳро як нима рухаш зарду дигар нима сурх гашта, аз ҳаяҷони дам ва хафақон ба худ мепечад. Бо амри табиб вайро дарҳол рӯйболо хобонда, оби сард нӯшонданду дасту пойҳояшро маҳкам доштанд, то мавҷи эҳсос ва шӯру валвалаи қалбаш фурӯ нишинад. Зуд ба Султон Ҷалолиддин кас фиристоданду вақте омад, табиб бехгӯшӣ фаҳмонд, ки шоҳаншоҳи олам дучори ваҳла шудааст — ягон чизи нофорамро дидан ё шунидан ҳамон дар вуҷуди инсон тарсу бими ногаҳонӣ пайдо мешавад…

Шоҳзода ғайр аз табиб дигаронро рухсат доду соате ба оромӣ гузашт. Дар ин муддат Сайиди Ашраф бо овози пичирросӣ фаҳмонд, ки ваҳла бемории зудгузар асту вақте дар сари одам фикру хаёли хому каҷу пуч бисёр шаваду шодӣ бо ғаш омезад, дил ба танг меояд. Агар шахс худро аз олами хаёлоти ваҳмангез гурезонда тавонад, зуд шифо меёбад. Табобати ваҳла бо дорую дармон илоҷ надорад ва барои аз майнаи бемор афшондани суханрезаи бисёр муҳити амалро, яъне маҷрои дарёи орзую ҳавасро ҳар чӣ зудтар тағйир мебояд дод…

Хоразмшоҳ чун чашми оламбин бикушод, шоҳписари хеш бар сари болин дид. Аввал «Ҳуҷаста бош, ки ҳастӣ сазовори шоҳаншоҳӣ!» гуфту баъд ба ёди Нигина баланд фарёд кашид:

— Нигинаро пайғом деҳ, то чуноне ки ҳаст, тозон ба канори ман ояд!

Ҷалолиддин хост аз ҷой бархезад, аммо шоҳи табзада кафи ҳасрату надомат ба ҳам молида ва аз бахти нагун, толеи дун ва дунёи буқаламун нолида, дасти фарзанд маҳкам дошту гиряолуд хитоб кард:

— Исто! Ҳозир дар ҳафт осмон як ситора надорам! Шайх бор аз хар афтонд, шоҳ дубора ба хар ниҳод. Нигинаро набиёр, ки моро замона замон намедиҳаду Чингиз амон! Эҳтиёт шав, писарам, аз Чингиз хатар андар хатар хезад! Гурез писарам, ҳар ки аз хатар гурезад, ба шодӣ даровезад! Гурез! Не, исто! Гӯй ки бода биёранд!!

Ҷалолиддин боз аз ҷой хестанӣ шуд, вале падар дудаста домони ӯро дошта, аблаҳвор хандиду даҳонашро калон кушода, пароканда сухан гуфтан идома дод:

— Аз пеши ман наҷунб, писарам! Мешунавӣ, Чингиз меояд! Гӯй ки ба ман май оранд. Не, маёранд! Натарс, Чингиз не вай, Ҳоқонӣ будааст! Овозашро мешунавӣ? Ба ман шеър мехонад шоири пир: «Ваҳшате дорӣ, бирав, бо ваҳши саҳро унс гир!» Фаҳмидӣ? Ҳарфи шоирро ҳарфи девона напиндор! Ҳоқонӣ маро аз Хуҷанд меронад! «Дар Хуҷанд инсу ҷинс бисёр» мегӯяд. «Дар хама ҷо инсу ҷинсу деву парӣ ба фармони ту буду дар Хуҷанд чаппа шуд, қуян шав!» мегӯянд… оъ… Қуяни Чингиз канӣ?! Як пояшро ман хӯрдам, ту нахӯр! Гурез!! Чингиз омад!! Қуян омад!!! Гурез!! Гурез!!! Ту…

Хоразмшоҳро табаш баланду ҳолаш табоҳ гашт, табларза гирифту забон аз даруни ком раҳо карда, сахт газиду вайло кард. Беист забон мехойид ва менолид. Шоҳзодаю табиб дасту пой ва сару ҷоғашро маҳкам дошта, бо азоби алим ором намуданд…

Боз соате ба оромӣ паси сар шуд. Сайиди Ашраф аз чанд гиёҳ маҳлули обакӣ тайёр карду бо пахта ба даҳону бинии Хоразмшоҳ чакконда ва лабу забонашро пок карда, нафаскашию нафасбарориро мӯътадил гардонд ва бо садои пасту маҳзун гуфт:

— Ваҳла ва саръ ҳар ду бемории асаб асту оғози молихулиё. Ин касалии димоғӣ боиси хаёлоти ваҳмангез мегардад. Мариз хаёлӣ ва савдоӣ шуда, хуни сиёҳи шахшӯл мағзи сари хаёлангезашро мехӯрад. Ин ҳолатро олимон тилисми ҳайрати авқом мегӯянду табибони қадим каранҷу меномиданд…

Иқомат дар ин ваҳшатсаро лаҳза ба лаҳза хавфу хатар мефизояду дарди бузург бар вай муставлӣ мегардад. Шоҳаншоҳи муаззамро ин ҷо ҳаловат дар миён, аммо саломат бар канор асту ҳар чӣ зудтар ба макони дигар интиқол диҳем, зиён камтар ва бардошти бори гарон сабуктар мешавад…

Суханҳои табибро ғайри Ҷалолиддин дигар шунаванда набуд ва Хоразмшоҳ карахту ношунаво мехобид. Аммо чун ба худ омад, бо овози канда-канда, чанд ҳарфи калимаҳоро талаффуз накарда, ба валиаҳди хеш гуфт:

— Чинг… ман ҷо…ду. Аз Хуҷ… тез… рав… Хок… Хуҷ… ваз-н! Ҷо… су…с… қу-ян… г…фт. Со…қӣ… қу…ян дод… Ман тез рав…! Ар…ба! Хез… дав!

Султон Ҷалолиддин аз ҳарфҳои пароканда ҳамин қадар фаҳмид, ки Чингиз падарашро ҷоду кардаасту аз Хуҷанд ҳар чӣ зудтар берун бояд рафт. Гапро дигар кашол надода, зуд ҳамаро ба по хезонд. Аробаи подшоҳӣ назди саропарда оварда, султони оламро бо иззату эҳтиёти тамом ба тахти равон шинонданд.

Корвони шоҳаншоҳӣ ҳамон замон аз Хуҷанд ҷониби Самарқанд равона шуд…

Равзанаи чорум. Тафтеҳи боби нави ошиқона аз дурахши ахтари рахшони пурфасона

Қофилаи подшоҳӣ ба роҳ набаромада, Нигина сӯи Хуҷанд роҳ пеш гирифт. Вай дар як нафас мисли ҷунуни сабукбол ҷониби подшоҳ паридани Мирмаликро дида, он шаб бедорхобӣ кашидаю жарф андешаронӣ карда, охиру охирон ба хулосае омад, ки ҳимоятгари тавоно, додрасу додхоҳ ва роҳнамою маслиҳатгари асили ӯ Бобокалони Бузургаш Ҳазрати Бадеуддини Нурӣ асту бояд ҳар чӣ зудтар худро ба ҳузури эшон расонад… Аммо чӣ тавр? Худро чӣ хел аз таҳона берун барорад? Чӣ гуна худро ба Хуҷанд расонад?

Аз фикру андешаи зиёд сараш ба дард даромад. Вале роҳи наҷот ба назараш намоён нашуд. Аз хонаи торик худро берун овард. Муддате гашту гузори язаки нигаҳбон, моҳи тобон ва ахтарони рахшонро тамошо карда, аз насими серун лаззат бурда, як каф аз оби мусаффои чашма нӯшид. Аз қудрати оби шифо якбора хирадаш равшан гашт ва дар равшании маҳтоб роҳи халосиро баръало дид!

Бо тамоми ҳастӣ оҳи сабук кашид ва байте хуфя хонд:

Ба ҳиллат кӯҳро аз пеш бардоштам,

Аҷаб санге зи роҳи хеш бардоштам!

Пас аз адои намози бомдод боз ба сари чашма омад. Язаки навбатдорро ҳамоно бедор ва ҳушёр дид. Бо лаҳни латифу мавзун салом гуфту ҳолпурсӣ кард:

— Эй бародар, тамоми шаб нахобида, чашмаро посбонӣ кардед?

— Чашмаро не, нури чашми шоҳаншоҳро!

— Офарин бар шумо! Баъди ношто ба Хуҷанд меравем ё дертар?

— Саҳеҳ намедонам. Шояд имрӯз ба ҳеҷ куҷо наравем…

— Ин хел бошад, ман то нимарӯзӣ бемалоли хотир хоб меравам. Худатон дидед-ку, шаб нороҳатӣ кашидам, хобам набурд…

— Баъзеҳо дар ҷойи нав шаби аввал бедорхобӣ мекашанд. Хайр, хоби хуш бинед!

— Ташаккур, эй бародар! Ҳозир канизакҳоро барои овардани меваю ангур роҳӣ мекунаму баъд супориши шуморо иҷро карда, хобҳои нағз мебинам. Ба ҳамроҳонатон гӯед, маро нороҳат накунанд.

— Ба чашм, бонуҷон!

— Саломат бошед, бародари азиз!

Язак, ки аз муомилаи хуши кабутари ҳарам дар субҳи содиқ шоду хуррам гашта буд, пеши роҳи ду канизаки чодирпеч ва сабад бар сарро надошту бе кунҷковию хӯрдагирӣ дарвозаи қалъачаро кушод ва таъкид кард, ки барои бонуҷони ширинзабон меваҷоти ширинтарин биёранд. Ҳар ду каниздухтар баробар сари таъзим хам карданду яке бари чодирро саҳл боло бардошта, бо табассуми малеҳ сӯи язак чашмак заду гуфт:

— Ба чашм, акоҷони ширин!

Канизаки дуюм ҳарфе нагуфту даст ба сандуқи сина ниҳод ва чобук ба роҳ даромад. Вай Нигина буд, ки дар ҷустуҷӯйи бахти хеш ба сӯҳбати Пири муродбахш мешитофт. Дар ҷойи хобаш канизаки дигар бо либосҳои фохираи ӯ мехобид ва ба чашми язакҳо кабутари ҳарам метофт…

Нигина ҳангоми омадан аз Самарқанд мушоҳида карда буд, ки ароба аз роҳи Фарғона тарафи чап гашту як фарсах бештар пайроҳаи морпечро тай намуда, ба қалъачаи Деҳмой расид. Имрӯз, ки ароба набуду канизаки ҳамроҳаш роҳи Хуҷандро намедонист, вай таваккал ба Худо намуда, аз байни ҳойитҳову боғҳои сабзу хуррам бо ҳамон пайроҳаи шинос қафо баргашту ба роҳи Фарғона баромад. Аллакай офтоб аз сари кӯҳ ба осмон баланд шуда, насими саҳро накҳати тару тоза надошт ва Нигина ҳини нафас рост кардан оҳиста ба қафо нигаристу ягон язак ё посбонро надида, бовар кард, ки аз таҳонаи монанд ба ҳабсхона раҳо шудааст. «Агар тарафи рост тоб хӯрем, ба Истаравшан бармегардем, — худ ба худ гуфт Нигина. — Агар ба тарафи чап гардем, роҳ то Фарғона мебарад. Пас, роҳи Хуҷанд куҷост?»

Сарҳисоби рафтанро гум кардаю гоҳ ба чапу гоҳ ба рост нигариста, мисли оҳуи ланг саргаранг меистод, ки яке сухани амакбобояш Аҳмадсайид ба хотираш омад: «Дар иҷрои коре дудила шавӣ, он тараф ихтиёр кун, ки бароят безарару осон намояд». Албатта, роҳи сипаришуда, ки росту ҳамвору бехатар буд, Нигинаро тарафи худ кашид ва хост ҳамон сӯ гом ниҳад. Ин асно аз байни зардолузор боғбони ришсафеде намудор гашт чун себи дукафон ба Бобокалони хуҷандиаш Шайх Маслиҳатдин монанд. Пештари духтарон омаду ҳол пурсид ва гуфт:

— Тарафи рост равед, ба шоҳроҳи Истаравшан — Хуҷанд мерасед, ки пуродам асту раҳгум намезанед. Ба чап гардед, баъди ягон фарсах пайроҳае мебарояд, ки аз теппакӯҳи Рухак гузашта, ба Хуҷанд мебарад. Ду баробар наздик аст, аммо хилвату камодам.

— Шумо чӣ маслиҳат медиҳед?

— Шахсоне, ки шитоб доранд, бо роҳи миёнабур мераванд. Бехатар аст, қад-қади кӯча боғбону деҳқонҳо раҳнамою мададгор мешаванд. Агар ба худ бовар дошта бошед, ман кафилам, ки сиҳату саломат то Хуҷанд мерасед.

Нигина, ки аз дидору дуои ин пири нуронӣ фоли нек бардош- та буд, ҳарчанд либоси канизӣ дар бар дошт, лек қад-қади ҷав пой монда, чун нозуксанами асил бо ҷилваи хос пеш мерафт ва ҳар замон бо табассуми фарох Соҷидаро менигарист. Канизаки тануманд ва гандумрухсор, ки бенуқс иҷро намудани ҳар амру фармоиши кабутари ҳарамро вазифаи худ медонист, ба лабхандҳои кадбонуяш пайравӣ намуда, бо хаёлоти ширин ба тамошои шаҳри калон мешитофт. Зеро Хуҷандро то ҳол надида, аммо таърифашро бисёр шунида, ин сафарро ҳадяи тақдир меҳисобид. Ҳар ду ба ҳукми зарурат сухан гуфтаю манзараҳои атрофро тамошокунон чоштгоҳӣ ба кӯҳдоман расиданд ва деҳқонеро диданд, ки ҳамроҳи духтараш барои тарсондани паррандаҳо афча соз мекард. Баъди салому алейк ва ҳолпурсии урфӣ деҳқондухтар канизакҳоро бо чою ҳалво зиёфат карду падараш дар куҷо будани пайроҳаи Рухакро дақиқ нишон дода, иловатан гуфт:

— Лаҳзае пеш чор марди хушлибос низ роҳи Хуҷандро пурсиданд. Аз гуфтору рафторашон маълум, ки одамҳои хубанд. Тезтар қадам монед, шояд дарёбед…

Духтарон базудӣ сари чоҳи таъйиншуда расида, чордевори пох- сагиро дарёфтанд, ки ҷойи дамгирӣ ва намозгузорӣ барои мусофирон буд. Назди саройча марде асо ба дасту занбил96 дар китф беист пешу қафо рафтаю ҳар замон дасташро соябон сохта, ҷониби қибла менигарист ва аз ваҷоҳаташ пайдо буд, ки касеро интизорӣ мекашад. Чун пештар расиданд, Нигина сарвболо ҷавонмарде дид хубрӯй ва хушсурат бо чашмони хирадманду оташнигоҳ, хатте борику сиёҳ дар гирди лабонаш дамида… Гӯё рассоме мониқалам бо ҳавсалаи том рӯйи гулбарге арғувонӣ ришу мӯйлаби паст мутобиқ ба абрувони пайваст наққошӣ карда… Либоси бунафшрангу кулоҳи сафедаш далолат бар он медод, ки парҳезгору худотарс аст, яъне ҳамсафари хубест.

Чун чашми озодамард ба духтарон афтод, аз роҳгардӣ бозистод ва нигоҳи гарме сӯяшон фиристод, то агар сухане доранд, беҳарос ба забон оранд. Нигина сар ба зер афкандаву чашм ба замин дӯхта, одоби салом баҷо овард:

— Ассалом, эй некмарди Худо.

— Бар туву дугонаат дуруд аз марди Худо! Эй сиҳиқадон, шумо куҷо равонаед?

Боди ҳарос аз димоғ биронед ва наздиктар оед, ки аз дидани ду навниҳоли навраста ниҳоли илҳоми ман аз замин то фалакулафлок меболад:

Аз ҳар чӣ меравад, сухани дӯст хуштар аст,

Пайғоми ошно сухани рӯҳпарвар аст!

Ҷавонмард асо ба замин ниҳода, ба алафзор нишаст ва духтаронро паҳлӯи худ шинонда, ҳол пурсид ва аз нияташон огоҳ гашта, ба шавқ омад:

– Ҳар даме чашм парад, муждаи дидоре ҳасту ҳар гаҳе дил тапад, муждаи дилдоре! Чор ёри ҳамкеш ба ҳукми чор дарвеш азми сафари Исфара доштем. Зарурате пеш омад, ки оҷилан худро ба Хуҷанд расонам. Ду ёри мо аз роҳ нагаштанду мо ду нафар мондем ва шукри Яздон, ки аз нав чоргона шудем.

— Шумо либоси ҷандаю мӯйи сутурда надореду чаро худро дарвеш мегӯед? — пурсид Соҷида.

— Дарвешро дил зинда асту нафс мурда!

– Ҳамроҳатон канӣ?

— Дар лаҳзаи видоъ борхалтаҳо иваз шудаанд. Шарофиддин ҳозир меояд ва корвонаки мо ба роҳ мебарояд.

— Агар дарвеш набошед, пас кистед ва аз куҷоед?

— Латифтабъи Аҷам ман — ё як шоири сайёҳ аз Хуросон. Лабташнагон аз сухани ман баҳра мебаранд, ҳарчанд худнамоӣ хуш намеояд маро… Лекин, эй чаманпайкарони хуршедваш, ки бо ман нишастаед, агар сухани камтарин ба дархӯри шумо ҷавоб нагӯяд, маъзур доред маро…

— Чаро ин хел мегӯед? Ҳамнишини хуб мисли аттор асту дар умри худ аввалин бор шоири зиндаро мебинам. Мегӯянд, ки шоири хуб дӯсти содиқи Худо…

— Гапат дуруст, эй духтар. Лекин… мушк он аст, ки худ бибӯяд, на он ки аттор бигӯяд! Хуб аст, ки ту ошкоро ҳарф мезанӣ, аммо дугонаи ту мушк дар остин ниҳон медорад, — чашми шоир ба Нигина афтоду дилаш ба вай мойил шуд. — Эй духтари мушкинхол, чаро хомӯшӣ? Эй меҳрубоно, сокит мабош чандоно!

— Замона забони ман бастааст…

— Баҳ! Чӣ ибораи мӯъҷаз! Эй ҷодусухан, оё чунин мехоҳӣ гуфтан:

Хомӯшӣ беҳ, ки замири дили хеш

Ба касе гуфтану гуфтан, ки «Магӯй!»

— Оре, эй шоири латифтабъи Аҷам, дили маро дуруст фаҳмидед! Мояи хурсандии мо шунидани суханҳои неки шумост… Чаро роҳи сафар тағйир додед?

— Сухан бисёр аст, лекин ба як байт ихтисор кунам, ки андак далели бисёр бошад ва муште намунаи хирвор!

Сипоҳе, ки хушдил набошад зи шоҳ

Надорад ҳудуди вилоят нигоҳ!

Ин байт мӯҷиби ба Исфара нарафтани мост. Зеро дар роҳи сафар шунидам, ки Хоразмшоҳ муддатест дар Хуҷанд қарор дораду худро аз Худо ғофил сохта, майпарастӣ ба авҷи аъло расондааст:

Гунаҳкору худрою шаҳватпараст,

Ба ғафлат шабу рӯз махмуру маст.

— Ин гап рост, ако! — Соҷида, ки то ин дам хомӯш менишаст, якбора ба шавқ омад. — Лекин… аз дасти шоир чӣ кор меояд? Подшоҳро сарзаниш мекунед ё ҷазо медиҳед?!

— Шоире, ки ҳаким асту валӣ соҳирӣ донад ва қудрате дорад, ки бо афсуни сухан мори гурза хобонад ва шери шарза афтонад! Вале маро ният дигар аст: бо Пири бузургвори Хуҷанд Шайх Маслиҳатдин, ки ахтари тобони қутби олами ислом аст, маслиҳат кардаву муттаҳид шуда, шоҳи ғафлатзадаро ба роҳи рост медарорем.

— Ана гапу мана гап! — Соҷида чапак зада, аз ҷой хест. — Ана аҷоиботу мана ғароибот!! Оъ…

— Эй духтар, ором гир! Чӣ даркор ин суханҳои нодилпазир? Эй озодмарди латифи Хуросон, аз ҷӯшидану хурӯшидани дугонаи ман озурда набошед. Бовар кунед, гуноҳ аз ман гузашт, хатои вай нест: соате пеш ман ба вай гуфта будам, ки «пеши Шайхи бузургвори Хуҷанд меравам, то бо маслиҳату мадади эшон подшоҳи ғафлатзадаро ба роҳи дуруст ҳидоят кунем…» Айнан ҳамин ҷумла аз забони шумо баромаду Соҷида ба хурӯш омад…

Ҷавонмард чун ин ҷавоб шунид, аз Соҷида бо навозиш пиёлае об талабид, то охирин қатра нӯшид ва худ хурӯшид:

— Оре, аҷаб аст ин, хеле аҷаб аст! Ҳар ду ҳаммаром будани мо аҷаб аст!! Гапи ту дар ману гапи ман дар ту печиданаш аҷаб аст!!!

Ману ту ҳар ду ҳоҷатошноем,

Бандаи боргоҳи Султонем!

Шод аз ғам шав, эй гули биҳиштӣ! Бо чашми сар мебинам, ки ҷаҳоне нимкушти нимнигоҳу нимнози туст ва туро ҳар кӣ бинад, дӯст дорад:

Ин, ки ту дорӣ, қиёмат аст, на қомат,

В-ин на табассум, ки мӯъҷиз асту каромат!

Ҳамеша фаррух бошу Худо фархундаат кунад, эй кабки дарӣ! Рафтем, аз он зардолуҳои пухта ком ширин кунем, ки навбари ҳар мева киромитар аст:

Харҷ агар аз кисаи боғбон бувад,

Ҳотами Тойӣ шудан осон бувад!

Зарофати шоир ба Нигина писанд омаду нозолуд гуфт:

— Ман аз ин меваҷот нахӯрам.

— Чаро?

— Нағзтарин ва ширинтарин зардолуҳои олам дар деҳаи ман мерӯяд…

— Онро чӣ ном аст?

— Номи зодгоҳи ман — Ворух! Ба зебоию хуррамӣ деҳаи ман чун биҳишт аст! Саҳрою дашти Ворух дар чор фасли сол ба чор ранг боғ-боғ мешукуфад, домани кӯҳсор ва ду соҳили дарё саросар сабзазор мешавад, аз навдаҳои беди гулистон булбул чаҳ-чаҳ мезанаду дар шохи санавбари бӯстон қумрӣ парафшонӣ мекунад… Оби ҷӯйборон ва чашмасорон гуворою софу ширин асту дар ягон ҷойи дигар чунин набошад! Боду ҳавои Ворух форам ва дилнишин асту табибон нӯшдору меҳисобанд ва мегӯянд, ки оби фараҳбахшу насими гулбезу меваҷоти шакарафшони Ворух нектарин ғизои инсон аст! Бо дили пур мегӯям, ки Ворухи ман гулистони ҷаҳон асту бӯстонсарои Офаридгори олам ин ҷост!!

Латифтабъи Аҷам хитобаи Нигинаро бодиққат шунида, лаб ба таҳсин кушод:

— Офарин туро, эй зебосанами фасеҳбаён! Эҳтизозе, ки аз пайкарат ҷӯшид, ҷаҳони маро ба ваҷди дил пӯшид! Донистам, ки решаю банду басти ҳусни ҷовидонат аз куҷост! Оре, фариштаҳои он ҷаннатмакон туро аз лолаву гул ва мушку сунбул сириштаанд! Аз ин рӯ, ҳама ҳусни ҳама олам дар рӯйи туст!

Моҳо, ҳама ширинию лутфу намакӣ,

На моҳи замин, ки офтоби фалакӣ!

Ту одамию дигарон одамиянд?

Не, не! Ту, ки чашми сабз дорӣ, малакӣ!

Ҳикояти мавзуни ту чеҳраи Ворух ба чашму дилу рухи ман во кард. Акнун ба шоири мафтун бигӯ: Ворух куҷост?

— Аз Хуҷанд то Ворух масофат он қадар дур нест, ҳамагӣ ду шабонарӯз роҳ…

— Рустои хурд аст ё бузург?

— Ворух ҷойи бузургест, ҳашт маҳаллаю ҳашт зиёратгоҳ, як кӯчаи калону чил кӯчаи тангу баланддевор, бозори азим дорад…

— Масҷид ҳаст?

– Ҳафт масҷиди панҷвақтаю як масҷиди ҷомеъ он ҷост…

— Ба ҳама суханҳоят бовар мекунам, эй духтараки биҳиштӣ! Ҳашт маҳаллаю ҳашт намозгоҳ, ки ба ҳашт равзаи биҳишт иттифоқ афтодааст, далолат бар он медиҳад, ки Ворух макони муқаддас аст. Қасам ба Худо, маро ҳаваси дидани Ворух дар дил падид омад. Маро ба Ворух мебарӣ?

— Касе, ки лутф кунад бар ману деҳаи ман, хоки пояш бошам. Рафтем, ин роҳ моро ба Ворух мебарад.

Ҳар ду бе ягон дудилагӣ аз ҷой хестанду Соҷида саросема шуд:

– Ҳой, андак истед! Дар Ворух чӣ кор мекунед? Хуҷандравӣ чӣ шуд?!

— Бо мардуми биҳиштӣ ҳамнишин шудан хазор карат беҳтар аст аз сӯҳбати Хоразмшоҳи дӯзахӣ! Ба ҳеҷ ҳокиму валӣ сано нагӯям, агар нек бошад ва агар бад. Салоҳ он аст, ки ба Ворух раваму фақат васфи хубон гӯям:

Биншинаму сабр пеш гирам,

Дунболаи кори хеш гирам.

Дар бӯстон ва гулистони Ворух, ки ба пиндори ман барги ҳар дарахт варақи дафтарест, ҷаҳони суханро қалам даркашам ва каломи ширинтар аз қандро дар китоби маърифат ҷамъ оварам, то бӯстону гулистони маънавӣ падид ояд…

— Худоё, маро бо чӣ хел одамҳо ҳамсафар кардӣ?! Оъ… навакак ҳар дуятон бо як овоз гуфтед, ки ба зиёрати Шайхи Хуҷандӣ мераведу подшоҳро ба роҳи рост медароред. Акнун ҳар дуятон ба як овоз мегӯед, ки ба Ворух мераведу дар бӯстону гулистон ким-чӣ гапу кор мекунед…

— Мардуми сафарӣ мисли аспи улоғанд, ором наистода, ҷониби дилхоҳ пеш медаванд. Зиқ нашав, эй духтар, туро ҳамроҳи худ мебарем…

Соҷида аз сари сӯз бинолиду гуфт:

— Маро як тараф гузореду Шайхи бузургворро андеша кунед! Он Пири ҳамадону ҳамабин бешак шуморо интизоранд!! Эшонро маътал накунед, ки сахт пушаймон мешавед!!!

Ранги гунаи Нигина аз барф сафедтар гашту асабиёна гуфт:

— Дар пайи тағйири ҳоли мо носеҳ набош, эй Соҷида!

Шоир бо табассуми узромез духтаронро нигариста, дигаргуна рой зад ва аввал ба Нигина рӯ овард:

— Дугонаи хеш маранҷон ва дурушт гап назан, ки фақат дар ҳукм қозӣ сухан ба унф гӯяд. Вайро маломат накун, ки на ҳар кас ҳақ тавонад гуфт густох!

Карам кун, на пархошу кинагарӣ,

Ки олам ба зери нигин оварӣ!

Эй Соҷида! Ту дуруст гуфтӣ, ки азму талоши мо хилофи роҳи савоб аст ва акси раъйи дили аҳбоб!

На кӯрам, валекин хато рафт кор,

Надонистам, аз ман гунаҳ даргузор!

Ҳарчанд суханат дурушт буд, валекин дуруст буд. Оре, Пири равшанзамири Хуҷанд интизорӣ мекашад ва моро зарур аст, ҳарчӣ зудтар ранҷи иштибоҳ бартараф кунем. Аз оқил чунин хомӣ нашояд. Бояд кор пухта кард…

Ана, Шарофиддин ҳам омад. Вайро хуш истиқбол гиред, ки ҳарчанд либосаш ҳақир ва худаш фақир аст, суханаш ширин асту дилпазир!

— Вай ҳам шоир?

— Бале. Суханварест аз Истравшан.

— Он дуи дигар ҳам шоир?

— Бале. Яке Шамси Самарқанд, дуюмӣ Сайфи Исфара…

— …ва Шумо Саъдии Шерозӣ?!

— Бале, Саъдии ширинсухан манам аз Шерози куҳан:

Назар кардан ба хубон дини Саъдист,

Мабод он рӯз, к-ӯ баргардад аз дин!

Нигина эҳтирому таъзим фузуд ва табассум аз лаби ангубинаш чун шир рехт. Дили Соҷида ҳам нарм гашту бо чашми узр Саъдиро нигарист:

— Аз он ки ба шумо дурушт ҳарф задам, ба Худо қасам, акнун шармам меояд, ки дар чашми халқ ҳурмате калон доред. Маро бубахшед! Ман як канизаки одиям, ба неку бади ҷаҳон коре надорам. Минбаъд ҳар чӣ фармоед, ҳамон кунам ва ҳаргиз ба суханатон хилоф накунам. Илтимос, ба маломати ман забон дароз накунед…

Саъдӣ пешонии поки Соҷидаро бӯсид ва хост бо лутфи саршор аз меҳр лаб ба гуфтор кушояд, аммо Шарофиддин монеъ гашт. Вай духтарҳои нозанин ва хандонлабро дидан ҳамон нидо ба оҳанги сано кард:

— Ба қудрати Парвардигори олам ҷонам фидо бод, ки дарди дили ранҷури маро башорат бар шифо дод!

Ҷавони хароби наҳифҷусса, ки ба чашми Нигина пашшаи лоғар намуд, манзари хуб ва шамоили марғуби Соҷидаро хуш карда, бебок ба паҳлӯяш нишаст ва бетакаллуф гуфт:

— Эй духтари зебо, роҳ то куҷо? Дидор то кай?

Бе дарди саре равона будам,

Гул дидаму дарди сар харидам.

Соҷида маслиҳатомез кадбонуяшро нигаристу аз ишораи пинҳонӣ рамуз бардошта, сухан ба танз гуфт:

— Вой бар ҳоли ту барин дардманд, ҳазор вой!

— Вовайло чаро?

— Дар кӯҳдоман дили шикаста ба дармон соз нашавад. Агар то Хуҷанд моро беозор расонӣ, шояд илоҷе пайдо гардад…

Шарофиддинро равнақи чашми харидорӣ дучанд гашт:

— То чашм дар сару равонам дар тан аст, ба хидмати ту гардан ниҳам ва ҳар амру фармонат беҳарф, аммо жарф иҷро кунам! Агар хоҳӣ, то Хуҷанд туро пуштвора мебарам!

— Маро пуштвора не, пуштибон мефорад! Ҳоло, ки косаву кӯзаи олам шикастан дорад, мани муштипар ба мураббии мӯътабар ниёз дорам…

— Бо рағми хушнудии маҳбуб кӯшидан хилофи фармони Худованди муҳаббат асту оне, ки аз хатар андеша дорад, ошиқи ҳақиқӣ натавонад шуд! Ман аз ҳаводиси айём андеша надорам, ҳама нозу истиғноят тори сар мебардорам…

— Зӯрат мерасад? Оқилон мефармоянд, ки бараҳна бар хор по накӯбад…

— Дил каҷ мадор, эй нозанин! Азбаски ба як наззора ин дили овора дар ҳалқаи гесӯят кашола шуд, ҳама роҳату осоиши дунё мефурӯшаму ишқи ситамгар мехарам.

— Бо нардбон ба осмон набароянд…

— Шоирон то осмони ҳафтум мебароянд! Ман, ки дар сояи кулоҳи шоири тавоно Саъдии бузургвор гаштаям, ҳарзадарою ёвапаймо нестам! Дуруст мегӯям, эй устод? — Шарофиддин чашми умед ба Саъдӣ дӯхт, ки ҳамроҳи Нигина мунозираи ҳамроҳони худро бо завқ мешуниданду лабҳо пур аз ханда медоштанд. Устод дарҳол ба мадади шогирд расид:

— Шарофиддин на кам аз булбули баландҳиммат аст, ки пайваста меболад, аммо аз тааммули машаққат дар роҳи муҳаббат ҳаргиз наменолад. Вай туро нозбардори асил хоҳад шуд:

Гар бар сари чашми вай нишинӣ,

Нозат бикашад, ки нозанинӣ!

Хезед, ёрон, фурсати рафтан даррасид. Ҳарчанд лабу дандони рӯз ҳанӯз хандон аст, гузаштани пайроҳаи кӯҳӣ на он қадар осон аст!

— То Хуҷанд масофат дур аст?

— Шояд ки ду фарсанг роҳ бошад, ё андаке бештар…

Шарофиддин ба канизаки гулрух ду дида сурх кардаю хастагию шалпарӣ баҳона сохта, хоҳиш намуд, ки боз андаке биншинанд ва ғубори дил тоза кунанд. Соҷида бо ӯ ҳамфикр буданашро соддалавҳона ошкор кард:

— Пайроҳаи кӯҳӣ бехатар бошад? Агар шағол ё гурге дучор ояд, чӣ кор мекунем?

Саъдӣ хандид ва гуфт:

Гарат бо мо хуш афтодаст, чун мо лоуболӣ97 шав,

На ёрон маст хезанду на ту мастур биншинӣ.

— Байти хуб гуфтед, устод. Акнун латифае ба миён оваред, то духтарон завқ баранд.

Саъдӣ норозиёна сар ҷунбонд, аммо сухани дӯст нашикаст:

— Шабе дар биёбониМакка аз бехобӣ пои рафтанам намонд. Сар биниҳодам ва шутурбонро гуфтам:

Даст аз ман бидор!

Пои мискин пиёда чанд равад?

К-аз таҳаммул сутуда шуд бахтӣ?

То шавад ҷисми фарбеҳе лоғар,

Лоғаре мурда бошад аз сахтӣ.

Гуфт:

— Эй бародар! Ҳарам дар пеш асту ҳаромӣ дар пас. Агар рафтӣ — бурдӣ, агар хуфтӣ — мурдӣ!

Ҳама базавқ хандида, баробар аз ҷой хестанд ва ба кӯҳроҳа часпиданд. Саъдӣ пешопеш мерафту Шароф аз қафо ва духтарон дар мобайн. Ҳар кадоме саргарми андешаи худ қадам мемонд. Фикри тамошои шаҳри калон аз майнаи Соҷида дур афтода, ҳар замон бо кунҷи назар шоири истравшаниро менигаристу самимӣ ё дурӯғин будани ишқи вайро дар мизони ақлу фаросати хеш месанҷид. Деҳаи онҳо — Угук аз Истравшан он қадар ҳам дур набуду агар бахташ омад кунад ва бо шоир ҳамтақдир шавад, ба таъбири мардум «кордаш болои равған» меғӯтад. Вале, як кунҷи дилаш ғаш мекард, зеро ҳама суханҳои шоирро хушгӯӣ меҳисобид ва гумон дошт, ки хурӯши хурӯс дер намепояд. Бо вуҷуди ин, зери лаб «дер омадӣ, дуруст ой, шер бош, эй ҷавонмард!» гӯён ба вай тавфиқ металабид.

Каллаи шоир ҳам пур аз хаёли хелмахел буду вайро забон дигару дил дигар ва барои сайд кардан сахт кӯшиш мекард. Сухану шеър ба дому донаи ақл табдил дода, канизаки хушнамудро дандонзади ҳазор нигоҳи гурусна меҳисобид ва шеваҳои чашми интизори ӯро бо назари дигар истиқбол фармуда, мисли ағлаб мардони ташнаю ҳарис чунин мепиндошт, ки харбузаро мепарваранд, то гардан зананд ва аз таъму тароваташ лаззат баранд.

Саъдӣ, ки қаблан дили ҳар ду гулрухсор ҳамвазн нигоҳ медошт, баъди омадани Шарофиддин ҳимматаш пурра болои Нигина кӯчид. Ин шоири ҷаҳондида ва таҷрибаандӯхта ҳамеша дар боғи васл чун товус менозиду на ҳар соҳибҷамолро назару писанд мекард, вале баробари дидани канизаки моҳталъат ақлаш ҳайрон шуду фаҳмаш оҷиз. Зери лаб «ангушти хубу баногӯши базеб бе гӯшвори заррину ангуштари фирӯза ҳам дилфиреб» гӯён, ба хулосае омад, ки чу дида дид, дил аз даст рафту ҳушро тоқат намонд:

Ҳар он ки меҳри яке дар дилаш қарор гирифт,

Раво бувад, ки таҳаммул кунад ҷафои ҳазор!

Баробари шунидани нахустин ҷумлааш аз ҳусни ифодати вай, аз фасоҳати баён ва каломи мавзуну дилорояш ба ваҷд омад ва фаҳмид, ки ҳуснфурӯш нест. Чун донист, ки он канизак бар Хоразмшоҳ иддио дораду аз Шайхи Хуҷанд маслиҳат меҷӯяд, дидаи идрокаш равшан гашту сухани ҳамсафараш Сайфуддини Исфарангӣ ёдаш омад: «Кабутари ҳарами Муҳаммади Хоразмшоҳ Нигинаи Ворухӣ зеботарин зебосанам дар олам асту Султон Санҷари сонӣ ба ӯ дандон тез кардааст. Вале подшоҳ метавонад, оламе ба зери нигин оварад, ғайр аз Нигина!» Ҳамон рӯз андалеби хушнавои Исфара ҷамолу ҷилваи раққосаи оламгирро басо тасвир карду гуфт, ки ҳар касе бо чашми ҳавас ин оҳунигоҳро бинад, чу Маҷнун биёбонмарг мешавад, вале Лайлии замон бо ноз мераваду чашми фаттонаш ҷониби касе наменигарад, ҳаргиз ба сурфаи мардум магасвор намешинад. Вай бо як нигоҳ ваҳширо ром месозад, зеро дар бағал фусуни парӣ дораду фариштаи ба Худо наздиктарин — дӯшизаи каррубӣ аст…

Фариштаниҳоду малактабиат ва некусиришт будани бадри мунир ва кӣ будани ӯ дар оғози сӯҳбат барои шоири рамузфаҳм аён ва ошкор гашту ҷиддан азми сафари Ворух намуд. Агар Соҷидаю Шароф халал намерасонданд, шояд Саъдии Ворухӣ мешуд. Лекин… бо амри Парвардигор роҳи савоб он донист, ки аввал ба сӯҳбати Шайхи кабир шитобад, то маслиҳат кардаю фотиҳа гирифта, баъд ба Ворух равад…

Дарвоқеъ, масъалаи Хоразмшоҳ чӣ мешавад? Ҳама гапу корро як тараф монда, аз подшоҳ Нигинаро хостгорӣ кунад?!

Не, намешавад! Муҳол аст дӯзандагӣ аз сагон ва бахшандагӣ аз подшоҳон:

Гадое, ки аз подшоҳ хост духт,

Қафо хӯрду савдои беҳуда пухт!

Зайифе, ки бо қавӣ диловарӣ кунад, ёри душман аст дар ҳалоки хеш:

Чашм агар бо дӯст дорӣ, гӯш бар душман макун,

Ошиқию некномӣ, Саъдиё, сангу сабӯст!

Оре, сад сабӯро бишканад як пора санг! Як ҳарфи беҷо, як ишораи хато решаи ишқи навдамидаро аз бех месӯзонад! Саъдиё, ба дирафш мушт мазан, ки ранҷа шавӣ! Шоирон ба ҷойи мушк ҳеҷ гоҳ саргин набӯянд ва сирри дил бар подшоҳон нагӯянд! Гарчанде мурғи баландпарвозро банд сохтан кори ҳар мард нест, шоир метавонад кабутари ҳарам бо лутфу карам дастомӯзи хеш гардонад.

Саъдӣ ба ёд овард, ки кабутар бо лафзи арабӣ ҳамом асту ошиқон маҳбубаи хубрӯ ва соҳибҷамолро ҳамома мегӯянд:

Хӯриш деҳ ба гунҷишку кабку ҳамом,

Ки як рӯз афтад ҳумое ба дом!

Шоири беқарор байти тозаэҷодро зери лаб такрор карду ба қароре омад, ки аз даричаи чашми Маҷнун мебояд дар ҷамоли Лайлӣ назар кардан:

Ки ёре чунин баҳри худ кофтам,

Ба охир пазируфтаму ёфтам!

Нигина ҳам дар миёни талотуми амвоҷи муҳаббат хаёлан дасту по мезад. Вай аз таҷрибаи андаки худ аллакай медонист, ки шӯълаи ишқ дидаи идрокро нур мебахшад, аммо агар шарораи ҷунун шӯъла занад, тару хушк баробар месӯзад. Надимаи шоҳаншоҳи олам ҳамзамон воқиф буд, ки дунёи фонӣ басо ноором асту ҳар лаҳзаи умри тезгузар ғанимат ва шоҳони ситампеша бар ивази аҳду вафо бар ошиқон зулму ҷафо раво медоранд. Дар ин айёми буқаламун, агар нобаҳангом шарорае ба дили шӯрида афтад, дер ё зуд аз дидаҳо об мерезад.

Перомуни шӯълаи ишқ андеша рондани Нигина сабаб дошт — пас аз шинохтани Саъдӣ ва шунидани байту суханҳои ишқолуд ҳис кард, ки ба тани абгораш насими гуворое мевазад. Азбаски аз даҳшати танҳоӣ, бозиҳои бераҳмонаи тақдир ва номуайянию беёрӣ бағоят малул буд, дар моварои роҳ падид омадани латифтабъи Аҷам — шоири ширинкаломеро, ки қаблан медонисту ғоибона эҳтиром мекард, подоши неки ранҷу азобҳояш донист. Гумон кард, ки Парвардгори бахшояндаю меҳрубон бар ивази сабру таҳаммули дӯшизаи мастура ғӯраи туршро ба ҳалво табдил дод, то коми талхгашта ширин гардонад. Ворухро биҳишт, Нигинаро кабутари биҳиштӣ номидани Саъдӣ, бо майлу рағбати самимӣ ин ҷаннатмаконро боргоҳи эҷод ихтиёр кардани ӯ ишораи мӯъҷази шоирона ба ҳамзистии маҳрамона асту ба қадри неъмати худодод мебояд расид ва ба истиқболи бахти навпайдо чароғи меҳрубонӣ мебояд афрӯхт! Яъне оҳуи рамидаро лозим аст, ки бо насиҳати Момои Самарқандӣ амал кунад — нақдина гираду даст аз насия бишӯяд ва ҳамроҳи шоири маҳбубаш ҳар чӣ зудтар ба кӯҳистон чароғпоя шавад!

Вақти шикори дил аст, оҳуи ту шергир

Гашта гурезон чу шер з-ин дили оташфишон…

Ин байти Сайфуддини Исфарангиро муносиб ва мутобиқи ҳол дониста, Нигина бикӯшид, то хомӯшии бардавомро барҳам занад. Чобуктар қадам зада, наздиктари Саъдӣ омаду пурсид:

— Сайфу Шамс чаро ҳамроҳи шумо наистода, ба Исфара рафтанд?

— Шамси Ҳола дар Самарқанд ният карда буд, ки қабри Шаҳобуддини ғӯрамаргро зиёрат карда, бо сидқу ихлос фотиҳа хонад ва рӯҳи поки додархондашро шоду розӣ гардонад.

— Шумо чаро нарафтед?

— Дуввум бор пурсидию мегӯям дигар бор: чун шунидам Хоразмшоҳ дар Хуҷанд меҳмони дурӯза аст, андеша кардам аввал гуфтаниҳо ба ӯ гӯям, то баъд пушаймонӣ нахӯрам, ки чаро нагуфтам?!

Сайфу Шамс дуруди мо ба Шаҳобиддин мерасонанд:

Эй бод, агар ба гулшани рӯҳониён равӣ,

Ёри қадимро бирасонӣ дуои ёр!

— Онҳо дар Исфара меистанд ё…

— Агар имрӯз расанд, пагоҳ бармегарданд. Шоирони хуҷандӣ интизори мо. Зиёуддини Порсӣ ҳамаро ба по хезондааст. Онҳо ният доранд, тибқи таомули хуҷандӣ меҳмондорӣ ва эҳтироми фавқулфавқ98 ба ҷо оранд.

— Ваҳ! Чӣ маҳфиле барӯманд хоҳад шудан! Ғунчаи дил во шавад аз сӯҳбати равшандилон!

— Ту ҳам ширкат меварзӣ?

— Албатта!

Шарикон ҳар куҷо бо ёди ёр ар маҳфил оғозанд,

Мани парвонаро ҷӯянд, шамъи анҷуман созанд!

Маро дар ин шаҳр дӯстону азизон бисёранд, ағлаб нозбардоранд ва ҳар ишорате кунам, беҷавоб нагузоранд.

— Туро бори аввал ба Хуҷанд кӣ овард? Сайфуддин?

— Беҳ он аст, ки оташи куштаро наафрӯзем…

— Чаро?

— Барои он ки… хоҳ бовар кунед, хоҳ не… маро ба Хуҷанд париҳо овардаанд…

— Маро ҳадиси ту бовар мешавад. Зеро чун туро аввалин бор дидам, ба худ гуфтам: «монад ин лӯъбат париро, гар бувад пайдо парӣ!» Вақте зулфу мӯят чун сунбул машомро хушбӯ гардонд, бар гуфтаи худ замима кардам: «Аз ҳуру парӣ висол наҷӯянд! Зеро сад ҷаҳд кунӣ ҳам, бодро ва паризодро ба даст гирифта натавонӣ!»

Акнун, эй паридухт, ҳадиси ба Хуҷанд омаданатро тафсил деҳ.

— Модари бечораамро чор сол фарзанд наёмада буд… Чил мазорро рӯфтаю чил гӯсфанд назру ниёз карда, бо ҳидояти париҳои кампири мушкилкушо Шайхи Бузургвори Хуҷандро ёфта, бо дуою каромати эшон маро соҳиб шудааст.

– Ҳарчанд кори парихон ҳамеша афсун аст, ба афсонаи модарат бовар мекунам. Ба қавли як шоири навбвромада:

Дар ишқи Сулаймонам, ман ҳамдами мурғонам,

Ман шахси паридорам, ман марди парихонам!

Эй бути ворухӣ! Худатро аз ман дур нагир, ки ман ҳам марди паридорам, шоири парихонам ва паривашон аз ҷон дӯсттар медорам!

Гарат ақлу рой асту тадбиру ҳуш,

Ба иззат кунӣ панди Саъдӣ ба гӯш!

– Ҳар ду гӯши ман ҳамеша муштоқи шунидани каломи шакаррези латифтабъи Аҷам аст!

— Офарин бар туву модари чашминтизору бобокалони раҳнамоят! Агар аз даъвии ишқ аксар шоиронро рӯйзардӣ ҳосил ояд, ман сурхливои Ворух умед дорам ва бароят шеъри нав ҳадя меорам:

Эй рӯйи ту офтоби олам,

Ангуштнамои Оли Одам.

Эҳёи равони мурдагонро

Бӯят нафаси Масеҳи Марям.

Бар ҷони азизат офарин бод!

Бар ҷисми шарифат исми Аъзам!

Дастон, ки ту дорӣ, эй паризод

Бас дил бибарӣ ба каффу меъсам.

Танҳо на манам асири ишқат,

Халқе ба ту ошиқанду ман ҳам!

Нигина аз шодӣ рӯй барафрӯхта, шеърро писандид. Вале Соҷида, ки аз сукути ҳамсӯҳбаташ аламзада буд, хост «қасди Исо аз Мӯсо» ситонад. Нафасе аз сари дард бароварду ба Нигина бехгӯшӣ гуфт:

— Шеъре, ки сохта бошад, табъи дил набошад! Аз хушомад парҳез, эй фаришта! Ба Худо савганд, ки гарду чанги кафши пои ту аз шеъри кӯчагӣ баландтар аст! Ба ҳарфҳои рӯйандуди шоирҳо илтифот нафармо ва ҳадяи ғаразнок аз онҳо нагир!

Занҳои ҳушёр гирди ишқ намегарданд, чунки агар нармӣ кунем, онҳо дар кӯҳи беодам моро ба тарзи дилхоҳи худ истифода мебаранд…

Гӯшагириву гӯшакӣ сухан гуфтани Соҷида ғаши Шарофиддинро овард ва хашмнок гуфт:

Гапи бехгӯш гусаст беху бунам,

Макри ёрон шикаст болу парам!

Шеъри лакнатдори суханвари истравшанӣ духтаронро безобита карду чашми имдод ба Саъдӣ дӯхтанд. Вай дарҳол ба кӯмак шитобид:

— Эй бародар, ғаме маёвар! Шоир он аст, ки чун хашмаш ояд, талх нагӯяд. Хирадмандон гуфтаанд: ҳар кӣ сухан насанҷад, аз ҷавоб биранҷад! Ҷавоби талх нахоҳӣ, ба ҳалқ ва даҳони ёр фурӯ рез шарбате ширин:

Гарат аз даст барояд, даҳане ширин кун,

Мардӣ он нест, ки муште бизанӣ бар даҳане!

— Маъзарат, устод! Ба Худо қасам, ки ман дили духтарҳо асло намеранҷонам. Ин маҳвашон олиҳаи хубанд! Ба ду чашми ман чунин менамояд, ки офтобу маҳтоб аз рӯйи ин гулчеҳраҳо ба амонат нур гирифта, рӯзу шаб оламро равшан мекунанд…

Аз ҷаҳду шитоб ва ташбеҳи соддалавҳона духтарон пих-пих хандиданду шоири ҷавон осемасар шуд:

— Эй духтарҳо, ба Худо қасам, ки рост мегӯям. Шумо ба ҳусн офтобу маҳтобед, агар бовар накунед, ойинае ёфта, рӯйи худ бубинед. Ба Худо қасам, ки аз ҷамоли худ ангушт дар даҳан мемонед!

Барои тасдиқи сухани худ бо иҷозати устод аз эҷодашон байте ба орият меорам:

Оинае талаб кун, то рӯйи худ бубинӣ

В-аз ҳусни худ бимонӣ ангушт дар даҳонат!

— Дӯст ойина бошад, агар нек нигарӣ! — луқма партофт Соҷида ва ба Шарофиддин қуввати гуфтор дод.

— Чӣ хуш гуфтӣ, эй духтар! Садқаи суханат шавам, ки маро дӯст хондӣ! Ба худо қасам, ки дӯсти бериё ва ихлосманди асили ту мешам!! Агар дигарон ниҳуфта изҳори дӯстдорӣ кунанд, баръало мегӯям, ки бе ту ятиму мурдадилу пой дар гилам ман! Лаҳзае пеш гуфтан мехостам, ки «Эй чароғи ҷаҳон, биё, чароғи хонадони ман шав!», аммо аз устод ибо карда будам. Акнун баръало мегӯям, ки ту бо як нигоҳ дили девонаи маро ба оташкада табдил додию агар нигоҳи хеш дигар ҷониб гурезонӣ, аз дили сӯзони хеш ончунон оҳ мекашам, ки офтоб месӯзад!

— Илтимос, эй шоири шӯрида, оҳи пурдард накаш, ки агар офтоб сӯзад, мо роҳгум мезанем ва то Хуҷанд намерасем.

— Сухан ба киноя гуфтан туро мезебад, эй духтар! Ҳар чӣ мехоҳӣ, бигӯ! Фақат магузор, ки хонаи умеди манро барқи чашмонат пурра бисӯзонад. Агар хоҳӣ, пеши поят сар мемонам…

Соҷида мисли мокиёни ғолиб бо тафохур сар бардоштаву ба Нигина чашмак зада, бо ноз гуфт:

— Сухан оҳиста гӯй, эй шоир, ки занат нашунавад, то дар шиканҷаи чор дасту пой намонӣ!

– Ҳанӯз марди муҷаррад ман, зану кӯдак надорам. Бовар накунӣ, аз устод пурс…

— Ман аз пурсидан шарм медорам. Устод худашон мегӯянд, ки чанд зан доранд…

Шарми сохта, ишорат ва кинояти канизак Саъдиро писанд омад ва ишваи латиф чун шакар бихӯрду шаммае аз саргузашти худ нақл кард:

— Замоне асири Фаранг шудам. Дар хандақи Туробулус бо ҷуҳудонам ба кори гил бидоштанд. Яке аз сарварон Ҳалаб, ки собиқан маърифате миёни мо буд, гузар кард ва бишинохту гуфт:

— Эй фулон, чӣ ҳолат аст?

Гуфтам:

Ҳаме гурехтам аз мардумон ба кӯҳу ба дашт,

Ки аз Худой набудам, ба дигаре пардохт.

Нигаҳ кун, ки чӣ ҳолам бувад дар ин соат,

Ки дар тавилаи номардумам бибояд сохт.

Дар ҳолати ман раҳм оварду ба даҳ динорам аз асирӣ бозхарид ва бо худ ба Ҳалаб бурду духтаре, ки дошт, ба никоҳи ман даровард ба кобини сад динор. Он духтар бадхӯй, ситезарӯй, нофармон буд, забондарозӣ карда, айши маро талх гардонд:

Зани бад дар сарои марди накӯ

Ҳам дар ин олам аст дӯзахи ӯ.

Зинҳор аз қарини бад, зинҳор:

Ва қино раббано азобан нор!99

Боре забони тааннут100 дароз карда гуфт:

— Ту он нестӣ, ки падарам туро аз фаранг ба даҳ динор бозхарид ва халос кард?

Гуфтам:

— Бале, ба даҳ динорам халос карду ба сад динор ба дасти ту гирифтор!

Нури гетифурӯзи чашмаи ҳӯр

Зишт бошад ба чашми мушаки кӯр!

Атои падар ба хатои духтар бахшидаму аз Ҳалаб фирор карда, сайру тамошои олам пеш гирифтам. Инак, дар роҳи Хуҷанд бо ду соҳибҷамоли арҷманд дучор омадам:

Яке гуфт: — Аз ин навъ шириннафас,

Дар ин шаҳр Саъдӣ шиносему бас!

Соҷида нигоҳи латифе ба Нигина афканду булбули ҳозирҷавоб шуд:

— Гуфти дугонаам дуруст. Ҳама шуморо мешиносанд, чунки берун аз диёри худ ҳам обрӯи бузург доред! Бисёр духтарон бо шоири машҳур ҳамсӯҳбат ва ҳамнишин шуданро орзу мекунанд…

— Эй духтар, андоза нигаҳ дор, ки муболиға аз ҳад гузарондӣ! Саъдӣ ҳар замоне мурғи шохи дигар нест ва бо хаёли каҷ умри азиз зоеъ намекунад. Аммо:

Инсоф медиҳам, ки латифону дилбарон

Бисёр дидаам, на бад-ин лутфу дилбарӣ!

Дугонаи ту Азро асту як карашма кунад, сад ҳазор дил мебарад!

— Карашмаро фаҳмидам, аммо «азро» чист?

— Духтари покизаю дӯшизаю бокираю афифа Азро асту номи маъшуқаи Вомиқ… Байте ба Азрои замон мебахшам:

Дидор менамоию парҳез мекунӣ,

Бозори хешу оташи мо тез мекунӣ!

Нигина фаҳмид, ки навбати сухан ӯро расид. Бо табассуми ширин гуфт:

— На парҳезкору на тарснокам, устод:

Наям чу об, ки бо ҳар касе даромезам,

Наям чу абр, бар ҳар касе гуҳар пошам!

— Байти Ҳоқонӣ бамаврид ёд кардӣ, вале агар ба ҷойи «гуҳар пошам» мегуфтӣ ки «гуҳар резам», беҳтар мешуд…

— Бигзор чунин бошад, ки ифодагари ҳоли ман мешавад. Зеро подшоҳон гуҳар пошанду духтароне мисли ман хунинҷигар, аз дида гуҳар резанд. Бовар кунед, устод, лаҳзае хомӯш нишастанам аз сари сӯз буду нолиши ҳозираам аз сари дард аст ва гиряҳо дар парда дорад чеҳраи хандони ман! Дар асл, оби Сайҳун ва Ҷайҳун ашки ду чашмони ман аст…

Тапиданҳои дилам нола шуд оҳиста-оҳиста,

Расотар гар шавад, ин нолаҳо фарёд мегардад!

— Фаррухӣ аз ёри сангдил менолид. Ту аз дасти кӣ фиғон дорӣ? Туро ба ин ҳол кӣ афканд?!

Нигина ашки чашм пок карду саргузашти худро аз аввал то ба охир — ҳама лаҳзаҳои нишотбахшу ғамангез, муколамаю андешаҳо, маслиҳату насиҳатҳо, шебу фарози парвози кабутари ҳарам, ҷилваи кабки дарӣ, саргардониҳои оҳуи рамидаро мухтасару мӯъҷаз нақл намуд ва дар хулосаи калом гуфт:

— Дар шабонарӯзи охир гаштаю баргашта толеъ баркашидам, то мизони дуруст дарёфта, мавзуни хеш гардам. Ман нармшона наям, лек сангдил ҳам нестам ва лутфи дӯстро арҷ мегузорам. Зеро медонам, ки нақш аз гилем меравад, аммо аз дил намеравад. Шукр мегӯям, ки маро дӯсти мухлис ангуштшумор аст. Вале афсӯс мехӯрам, ки ҷони дигару умри дигарбора надорам, то нисори ҳамагон кунам… Ҳайронам чӣ кор кунам??!

— Эй хоҳари ҷон, ман ҳақ надорам, ки ба ту маслиҳат диҳам, лекин хомӯш нишаста ҳам наметавонам, — бо оҳанги узр лаб ба сухан кушод Соҷида. — Ту аз ман хубтар медонӣ, ки ганҷ бе ранҷ ҳосил намешавад. Лекин ту шукр гӯй, ки муштипар нестӣ, аз зулму бедоди сарпанҷаи бераҳме ранҷу нола надорӣ ва Худо агар хоҳад, аҷри ранҷкаш бистари хоби роҳат мешавад. Дил фарох дор ва минбаъд ранҷу азоби ишқро ба ошиқ супор. Зеро ту духтарӣ, бар ошиқон аз ошиқон ошиқтар нашав! Дар ишқ шайдоӣ накун ва бар хира раъноӣ макун! Ҳеҷ аз ёд набарор, ки дар олами ишқ ошиқкушӣ савоб аст…

Шарофиддин дарҳол ба ҷумлаи охирин эрод гирифт:

— Гапи ин маҳи ошиқкуши айёр саҳеҳ нест. Оре, ошиқкушӣ савоб аст, аммо ошиқ аз ошиқ фарқ дорад. Эй хоҳари ҷон, хоҳиши аввал ин аст, ки ошиқони булҳавасу гулҳавас аз ошиқони муштоқ ва мухлисони самимӣ ҷудо намою фақат ба ошиқи ғош арҷ гузор…

— Инаш чӣ хел ошиқ?? — пурсид Соҷида бо шигифт.

— Ман барин ошиқи ба ифрот расидаи шайдо! — фурсати худнамоӣ аз даст надод Шароф. — Ту, ки шеър намехонӣ — намедонӣ! Лекин бовар дорам, ки дугонаат шоҳбайти Рӯдакиро азёд медонад:

Хештан пок дору бе пархош

Ҳеҷ касро мабош ошиқи ғош!

Маслиҳати дуюм ин аст, ки ба сурати мардон не, ба сирати ошиқон арҷ гузор, то муроди дилат табъи дил ҳосил шавад.

Маслиҳати сеюмро аз ақли худ нею аз китоб мегӯям. Оқилон фармудаанд, ки агар хуршед ғоиб гардад, аз рӯшноии моҳ талаби ҳидоят кунеду агар моҳ нопадид гардад, аз нури ситора роҳи рост ёбед. Орзу мекунам, ки туро дар интихоби ошиқи ғош Худо мададгор шавад ва дар базми муҳаббат ҷоми хушдилӣ бар каф ояд!

Нигина ҷавобан ба орзуи хуби шоири истаравшанӣ сари таъзим фуруд оварду ҳар се баробар ба Саъдӣ нигаристанд ва ӯ муштоқонро маътал накард:

— Дар идомаи ташбеҳи офтобу моҳу ситора ҳикояте мегӯям барои ошиқони роҳи саодат:

Булбул шаби дароз гирди гул дар парвоз омада, бо шавқ нағмаҳои дилфиреб дар соз оварда, ба овози хеш ғарра шуда, бо гул рамзе мегуфт.

Боди сабо, ки дар миён ғамза мекарду нози гулу ниёзи булбул мешунид, якеро хобонид ва дигаре шукуфонид ва худ баҳрае том бардошт…

Суханҳои Саъдӣ масал асту панд,

Ба кор оядат, гар шавӣ корбанд.

Эй гули навруста ва азизи дилу дида, аз такаллуми шоир маранҷ ва ҷавҳари сухан шунав: асло гули рӯйи сурх заъфарон макун, ки гулолаи101 мушкини ту бартар аз тоҷи хусравону ҳокимон асту шоҳони ҷаҳон бар остони ҷалолат сар ниҳодаанд:

Агар гулолаи мушкин зи рух барандозӣ,

Кунанд дар қадамат ошиқон сарандозӣ!

Эй гули пиёда дар шоҳроҳи муҳаббат, акнун насиҳате аз Саъдӣ шунав:

Ту бар сари қадри хештан бошу виқор,

Бозиву зарофат ба надимон гузор!

Ту худро кабутару кабки зарринқафас гуфтию ишорат кардӣ, ки Момои Самарқандӣ туро оҳуи шергир хондааст. Ин шоираи фасеҳбаёнро медонам ва медонам, ки вай дар шохи оҳу будани бароти ошиқон ва давоти шоиронро медонад. Агар шикори шери фалак туро ният бошад, ҳарчанд бо бахт ҷадал наметавон кард, гурги фарбеҳу шағоли лоғар аз ҳисоб барор ва худро асло оҳуи ҳарам машумор, ки гирди Каъба мегардаду ҳеҷ мусулмон ба шикораш ҷуръат намекунад. Азбас нагӯянд аз ҳарам илло ба маҳрам, махсус ба ту мегӯям: ҳарими дари арбоби муҳаббат бош ва байти Анварӣ шиори хеш гардон:

Чашми ту оҳуест бас нодир,

Ки ҳама сайди шери нар гирад!

Саъдӣ мисраи дуввум дубора хонду асо бар замин зад ва хитоб кард:

— Эй Нигини дили шоир! Ту болбурида кабутар наӣ,ва агар ба рақс наёӣ, шигифт ҷонварӣ! Ту он наӣ, ки чун ғойиб шавӣ, аз дил биравӣ. Дигар магӯй, ки «ман тарки ишқ хоҳам гуфт», зеро агар зулфат чун шаби торик аст, рӯят чун бадри мунир роҳнамо ва илҳомбахши шоирест, ки дӯст дорам, ҳама умр насиҳат гӯям, вале алҳол ҳайронам: куҷо равад магас аз коргоҳи ҳалвоӣ?!

Ба карашмаи иноят нигаҳе ба сӯи мо кун,

Ки дуои дардмандон зи сари ниёз бошад!

Ҳарфи охири маро асло фаромӯш макун: ту муфаттин, ман муфаттан!102 Дигар ошиқон ҳама бозанд, лек Саъдӣ шаҳбоз!

Акнун шод бошу қадам бебоктар неҳ ва дигаронро мужда деҳ, ки кӯҳи Рухак фатҳ гардид ва, ана, шаҳри Хуҷанд чун дар кафи даст омад падид!

Ҳамсафарон мисли ду ҷуфт кабутари озодбол муддате дар суфасанги болои кӯҳ нишаста, дами беғам заданду обу ғизо тановул карда, аз тамошои манзараҳои атроф баҳри дил кушоданд. Нигина аз панду ҳидояти Саъдӣ, ки мисли шаббодаи Рухак рӯҳафзо буд, баҳраи том бардошта, арзи миннатдорӣ карду байте шогирдона хонд:

Гуле бишкуфт зебо ин замонам,

Худоё, зери он хоре намонам!

Ман гуфтан мехоҳам, ки…

Саъдӣ ба ҳукми қофиласолор вайро аз сухан боздошт:

— Чӣ гуфтанатро фаҳмидам, вале шеъри пурнуқсон қабул надорам. Зеро дар олам гуле бе заҳмати хоре набошад! Агар

Як гули мақсуд дар ин бӯстон

Чида нашуд бе мадади дӯстон!

мегуфтӣ, ба маротиб беҳтар мешуд. Вале таҳлилу муҳокимаро мавқуф мегузорему қиссаҳои сарироҳӣ ва муаммоҳои кӯҳи баландро дар шаҳри азим файсала мекунем. Зеро ба манзил нарасад пургуфтор ва каҷрафтор! Шайхи мӯътабар моро интизор!

Сухандони парварда, Пири куҳан

Бияндешад, он гаҳ бигӯяд сухан!

Ин пешниҳод бе баҳсу талош пазируфта шуд ва чор ёри рангинхаёл бо умеди беҳбудию беҳрӯзӣ ҷониби дарвозахонаи шаҳри офтобӣ равон шуданд…

Равзанаи панҷум. Пешоянду пасоянди савганди Малик ва лабханди малак

Корвони шоҳаншоҳиро Мирмалик то сероҳаи Деҳмой гусел кард. Шитоболуд рахти сафар бастану шитобонтар аз бод ҳаракат кардани Хоразмшоҳ, ҳатто як ҷумлаи хайрбодӣ нагуфтанаш барои аксарият ва махсусан барои шаҳриёри Хуҷанд муаммои тамоман сарбастаю муғлақ буд. Беовоз «Субҳоналлоҳ! Ин чӣ савдост?!» мегуфту аз таҷриба медонист, ки ҳеҷ кас ҳеҷ вақт бар ҳақиқати ин асрор воқиф нахоҳад шуд. Зеро бародархондаш Ҷалолиддин — кушояндаи ҳар мушкили Мирмалик, ки табиатан камгап буд, имрӯз аз ошуфтадилӣ тамоман завқи сӯҳбат надошт — гӯё сухан гуфтанро гум карда бошад!

Ҳолати ӯро дида, Мирмалик чӣ гуфтану чӣ карданро намедонист. Тамоми роҳ номи Нигина гаштаю баргашта нӯки забонаш омад ва пайваста дар он андеша буд, ки идомаи рози ниҳони ба валиаҳд ошкоргаштаро ба миён ниҳад ё не? Пастакак сурфида, роҳи калом нарм гардонду хост пурсад, ки «ҳоли Нигина чун мешавад?» Аммо теғи нигоҳи шоҳзодаро дида, пай бурд, ки ҳоли шарар дораду кордаш бизанӣ, хунаш намеояд. На аз тарс, балки аз рӯи эҳтиёт, барги гуфтори хеш хазон гардонд ва суоли дили танг ба саҳро афканд…

Лаҳзаи видоъ фаро расид. Султон Ҷалолиддин бо нигоҳи меҳр Мирмаликро нигарист ва тибқи одат китф ба китф расонда, расми хайрбод ба ҷо оварду қусури хомӯшии бардавом баровард:

— Хайр, бародарам, паноҳат ба Худо! Гусастадил ва шикастасилоҳ набош ва маҳҷурӣ аз рух дур андоз, ки ин рӯзи сахт, ҷӯшидану нолидану хомӯшию коҳиданҳо гузарон асту комрониву хилватгоҳу висол дар пеш! Акнун бори гароне бар китфи мост, обрӯи мулку подшоҳӣ ва равнақи давлат пайванд бар таҳкими бародарӣ дорад. Мо наметавонем, насибаи азал аз худ дур афканем, аммо метавонем, аз дигарон беҳ бошем! Мо ҳақ надорем, аз оҷизӣ дида бар ангушт ниҳем, зеро ҳар чӣ гардун диҳад, замона меситонад. Мо ҳақ надорем, ки «замона бо ту насозад, ту бо замона бисоз» гӯем, мо бояд замона бар муроди хеш созем! Дар ин ҷода бар туву бар худ комёбӣ мехоҳам, эй бародари ба ҷону дил баробарам!

Шоҳзода ба асп нишасту дандоннамо табассум кард:

— Нону намак кам хӯрда, зуд рафтани мо сабаби ҷиддӣ дорад. Зиқ нашав, дар Самарқанд дер наистода, зудозуд меоям. Барои дафъи ҳамлаи Чингиз дар сарҳади мамлакат ҳамроҳ тадбир меандешем. Зеро минбаъд Худо тори сар дораму дар паҳлӯям ту!

Хайр, то боздид! Туро ба Худо ва кабутари ҳарам ба ту месупорам, эй амини бовафоям!

Саросема лаб ба пурсиш кушодани Мирмаликро дида, бо ишораи ангушт ӯро ба хомӯшӣ водор сохт:

— Ту падарамро аз асорат раҳо кардию салтанати дубора бахшидӣ. Бар ивази ин некӣ вилоят ва набераи худ ба ту бахшида, падарам ҳисоб карданд, ки аз қарзи ту соф шудаанд. Вале Худованди одил ва тавоно ҳақ ба ҳақдор расонд! Ман кабутари ҳарамро аз банд озод намуда, ба ту мебахшам! Ана акнун ҳама соф бар соф!

Эй бародарам! Акнун ту Тирози ҷаҳон ва Арӯси ҷаҳон аз Чингиз мисли гавҳараки чашм ҳифз намо! Хайр, Худо мададгор ва нигаҳдор бод!

Султон Ҷалолиддин дигар ҳарфе нагуфтаю нашунида, аспашро маҳмез зад. Мирмалик аз сухани мӯъҷизамонанди валиаҳд шоду ҳайрону лол гашта, ғайр аз дастҷунбонӣ дигар имкони арзи миннатдорӣ наёфт. Баъди аз мадди назар дур шудани суроби валиаҳд бо хуррамӣ ҳамроҳонашро нигаристу ғофил аз сарнавишт сари аспро ба роҳи Фарғона гардонд ва ҷонсарак ҷониби қалъачаи Деҳмой давонд. Маҷнун ба дидори Лайлӣ, Фарҳод ба сӯҳбати Ширин, Вомиқ ба мулоқоти Узро боре чунин шитоб накарда буданд, чуноне Мирмалик ба дидани Нигина мешитофт!

Аз дарвозаи қалъача ворид шудан ҳамон баланд нидо баровард:

— Дуруд бар язакҳо! Дуруди маро ба аҳли таҳона расонед!

Парида аз асп фуромад ва баъди саломуалейк талаб кард, то машрабае об оваранд, ки сахт ташна аст. Сарязак бо табассум чашмаро нишон доду ҳар ду базавқ хандиданд. Ҳарисона чанд каф оби сард нӯшидаю ба рӯю гардан пошида, тасфи дил паст гардонд ва пурсид:

— Эй додар, ороми ҷони ман куҷост?

Сарязак китф дарҳам кашиду пичингомез пурсид:

— Кӣ?! Бахайр аст, шаҳриёр? Чӣ ҳол доред?

— Эй додар, чӣ ҳол мепурсӣ? Шикебоӣ саодат овард! Душворӣ гузашт, вақти шодкомӣ расид!

Хайрият ки ёрони Мирмалик ҳамроҳи намояндаи шоҳзода ба саҳни қалъача ворид шуданду ба гапфаҳмонӣ зарурат намонд. Сарязак дастури Ҷалолиддинро шунидан ҳамон тобеъони хеш ҷамъ оварду ба Мирмалик хонаи хоби Нигинаро нишон дод. Дигар лаҳзае наистода, ҳама бадар рафтанд.

Бо ишораи Мирмалик додари қиёматиаш Сабзалӣ дари таҳонаро калон кушода, баланд садо баровард:

— Эй кабку кафтарҳо! Берун бароед, субҳи озодӣ дамид!

Овози ношиносро шунида, Шакархонум ҳаросон баромад ва одоби салом баҷо овард. Мирмалик ӯро шинохту пештар хонд:

— Ба Нигина гӯед, ки ман омадаам!

— Нигина нест… интухин… вай…

— Дурӯғ мегӯяд ин занак! Худум дидам, ки Нигина ховай.

— Вай Нигина не, интухин, канизак вай…

Сабзалӣ башаст ба таҳона даромаду канизакро аз ҷойгаҳ хезонда, берун баровард, ки либоси кабутари ҳарам дар бар дошт.

— Ёри мо канӣ? — ранги Мирмалик сиёҳу сафед шуд. — Нигина куҷо рафт?! Худоё, ин чӣ гап? Ҷонам ба ҳалқ расиду ба ҷонон намерасам… Ой… дилам…

Шакархонумро бар ҳоли табоҳи Мирмалик раҳмаш омад:

— Дина баъди рафтани шумо, интухин, дили нозукаш хеле ба танг омад. Интухин, шаби дароз хобаш набурд. Пагоҳӣ андак осуда шуду гуфт, ки илоҷи аз чанги Хоразмшоҳ халос шуданро ёфтааст. Баъд… интухин, бо ин канизак либос иваз карда, дар ҷойгаҳи худ хобонду бо канизаки дигар бадар рафт. Ҳар ду бемалол аз пеши язаки посбон гузашта, интухин, чун симоб дар хок ночиз шуданд…

— Ин занак рост мегӯяд? — шиддатнок пурсид Сабзалӣ аз канизак.

— Ойтӣ рост мегӯянд. Ҳар ду ба хоб не, ба бедорӣ дидем, ки ана ин ангуштарини тилло ба лелаки ман андохту гуфт: «Агар аз ӯҳдаи кор бароӣ ва сирро устувор дорӣ, чалла азони туст!» Баъд либосҳои маро пӯшиду Соҷида катӣ аз таҳона гурехта рафт…

— Нагуфт, ки ба куҷо меравад?

— Гуфт, ки ба Хуҷанд меравад…

— Вай танҳо рафт ё ҳар ду рафтанд?

— Ман аз куҷо донам?! Даруни бистар кабутар шуда, то омадани шумоҳо ҷимакак хоб будам, — овози канизак ларзиду гиря ва зорӣ оғоз карда, ба Мирмалик рӯ овард: — Эй марди калон! Шумо худатон медонед, ки калонро мебояд ғами хурдон хӯрд. Ин мардакро гӯед, ба ман заҳр нарезад, дигар азоб надиҳад. Агар не, дуои бад мекунам…

– Ҳай-ҳай! Дуои нек мекунем, ки ҳар куҷое бошад, Нигинаро Худо ёраш бод! — гуфт бо нафаси пурсӯз Мирмалик. — Аз он метарсам, ки аҳли ҷаҳлу ҳасад офате ба вай нарасонанд. Навакак аз амри хуш сарфароз будам, ҳолӣ болои сарам санги осиё мегардад. Ба дидораш ду чашмам чор асту лоақал сояашро намебинам… Аҷабо, вайро ба ин кори пурхатар кӣ водошта бошад? Куҷо буданашро кӣ медонад?!

— Ман медонам! — нидо дардод Шоҳмурод. — Сокинони маҳалларо ҳарчанд талаб кардам, дарак надоданд. Боғу роғи атрофро кофтам, нишоне наёфтам. Дар роҳ падару духтареро вохӯрдам, ки ду канизаки Хуҷандравро дида, ҳатто роҳ нишон додаанд. Онҳо бо пайроҳаи миёнабури Рухак рафтаанд. Ба суроғи Пири бузургвори Хуҷанд…

Дар чеҳраи ошиқи мискин табассум мавҷ зад ва сухани субҳонаи Шайхи Хуҷанд ёдаш омад. Зимни дил «Эй бахти хоболуд, бедор шав!» гуфту ба ашхоси мутасаддӣ дар бораи то Хуҷанд беозор расондани Шакархонуму канизак ва ҳама бору бухчаҳо дастур дод. Чобук ва сабук ба асп нишасту ҳамроҳи Сабзалӣ ва Шоҳмурод сӯйи Хуҷанд парвона шуд.

Шакархонум дарҳол даст ба дуо бардошт:

— Эй соҳибдавлатам! Дуо мекунам, ки шуморо ҳамеша фалак ёварӣ кунад ва иқболи нек роҳбарӣ! Нигинаро ёбед ва, интухин, асло гум накунед…


* * *


Мирмаликро назди дарвозаи шаҳр мулозими хос бо чеҳраи шукуфон истиқбол гирифт:

— Шодиёна диҳед, эй садри муаззам, ду хушхабар дорам!

— Якумаш…

— Шумо фарзанди нав ёфтед!

— Шакар ба даҳонат! — шаҳриёр мулозимро хуш бинавохту бо тангаи тилло шодхор гардонд ва иловатан пурсид:

— Писар ё духтар?

— Духтар. Хушхабари дуюмро гӯям?

Мирмалик берағбат сар ҷунбонд.

— Меҳмонҳо сиҳату саломат расиданд ва бе ягон камбудӣ ҷобаҷо кардем. Ҳама табъи хуш доранд!

— Чӣ хел меҳмонҳо? Дар куҷо ҷойгир кардед?

— Меҳмони нозуктабъе, ки валиаҳди азимушшаън таъкид карда буданд, бо сеи дигар ба шаҳрамон ташриф фармуданд ва тибқи дастури шоҳзодаи гиромӣ онҳоро дар кошонаи Маҳастӣ ҷобаҷо кардем.

— Кӣ будааст он меҳмони нозуктабъ?!

— Кабутари ҳарам Нигина бинти Абдулсайид.

— Кӣ??! Нигина??! Вайро чӣ хел шинохтӣ?

— Нигинаро кӣ намешиносад?! Хоҳ дар либоси сафарӣ бошад, хоҳ дар пӯшоки ҳунарӣ, мисли тилло медурахшад!!

Аз ин хушхабар дили ошиқ қариб буд шодикаф шавад. Ба мулозим ду тангаи тилло бахшиду бо як шиҳаи асп худро ба ошёни умед расонд. Аммо Нигина он ҷо набуд ва посбон шарҳ дод, ки меҳмонҳоро ҷобаҷо карда, ба суроғи Шайх Маслиҳатдин рафтааст. Шаҳриёр дарҳол ба хонақоҳ шитофту сипас ба ошёни маҳбуба парид. Баъди сарсониҳо оқибат лаҳзаи фароғ барои ду дили доғ фаро расид…

Ду дилдода дар ҳуҷраи хилват ба ҳам расида, замоне мафтуну мубталои якдигар хомӯшу карахт истоданд. Ҳеҷ кадоме ёрои забонкушоӣ надошт. Ду чашми гурусна чор карда, сар то пои якдигарро нигаристанду нигаристанд ва чун аз дидор сер шуданд, банди забонҳо кушода гашт.

Нигина ба ҳукми соҳибхона меҳмонро бо садои ларзон хайрамақдам гуфт:

— Сарфарозам, ки манзили ғарибонаи маро ёфта, ба шарафи нузул муборак сохтед. Хуш омадед, эй шаҳриёр, ҳар қадаматон болои дида. Аз боло бигзаред ва бароҳат шинед.

Мирмалик кӯтоҳ арзи сипос кард, аммо нанишасту гуфт:

— Шодам, ки шоҳ рафту рӯзи тираю хира ба поён расид! Мо аз чанги шоҳи баддил халос шудем!!

— Ин хушхабар — саросема аз шаҳр гурехтани Хоразмшоҳро аз Бобокалони Хуҷандиям шунидам. Ҳазрати Бузургвор сарамро сила ва диламро осуда карда, гуфтанд: «Ором шав, мастураи Бобо. Бо рафтани Хоразмшоҳ аз дили ошиқон изтироб берун рафт».

Гуфтам: «Оре, аҷаб кори хуб шуд! Аммо чаро чунин шуд?!»

Гуфтанд: «Оҳи дили ошиқи мустаманд-ҳокими Хуҷанд дар арши Аъло шунида шуд! Ресмони доми андохтаи Хоразмшоҳ мисли худаш фарсуда буд, гусехта шуд.

Ин шоҳи майзадаро ҳушдор додем, ки агар аз шаробнӯшӣ даст накашад, ақлу идрокаш ба дасти соқӣ кушта шавад. Аммо «тарки одат амри муҳол» гуфту боз нӯшид ва писханд зад: «Агар гӯед, ки «Бода нахӯр!» гӯям ки «ҳува-л-ғафур!», яъне Худо бахшандаю омӯрзгор аст. Писханд риштаи салтанати вайро канд! Аз тилисми Чингиз тарсон ва ҳаросон гашту дил ба заргӯш бохт. Тамоми шаб сақат гуфту нафрин хонду дашном дод, Хуҷанди офтобии мо ба назараш аз зиндони торик ваҳмноктар намуд. Бори гарони хоби парешон, хаёли фасод, ваҳшати торикии шабро бардошта натавониста, аз саропардаи худ додгӯён баромаду чун ҷоми видоъ бар сар кашид, кому забонаш гирифт ва бо имою ишора фармуд, ки темори ҳарам Ҷалолиддини валиаҳд кашад, то ӯро дарди сар камтар шавад…»

Гуфтам: «Яъне ки… ба лаб гунг гашту бо ман ҳатто салом нагуфта ва хайрбод накарда рафт?»

Гуфтанд: «Дар миёни подшоҳи ҳардамхаёл ва кафтараки лоубол чӣ асроре, ки буд, нокушода рафт.

Ҳолиё гирди ту, эй гули навбар ду андалеб мебинам ва азбаски як ҷуғз дарканору дигаре барканор шудааст, ҳар ду бепарвофалак чаҳ-чаҳ доранд. Садои яке баландтар асту лаҳни дигаре фурӯтар. Зеро дар роҳ асту савори саманди орзу ба манзилгоҳи ёр мешитобад.

Эй фарзанди азиз! Туро фазлу диёнат ва тақвою исмат комил аст. Вале, маслиҳати мо бишнаву ҳар лаҳза бохабар ва ҳушёр бош. Зеро дар чапу рост хӯрдагирони бисёр дар каминанд, валекин барои шаҳриёри Хуҷанд кабутари ҳарам армуғоне аз гулзори биҳиштист. Ҳазор офарин бар меҳмоне бод, ки нохондаву бо меҳр ба дар ояд ва ҳазор ҷон фидои мизбоне бод, ки эшонро хуш пазирояд!»

Инак, шумо меҳмон омадеду шодиям дучанд шуд!

— Акнун хурсандият садчанд шавад! Эй Нигини дилам, шодиёна деҳ: Султон Ҷалолиддин кабутари ҳарамро аз банд озод карду ба ман бахшид!!

— Зиҳӣ саодат! — Нигина дастонашро мисли ду боли кабутар ба ду тараф афшонда, бо табассуми барқ беибо худро ба оғӯши Мирмалик андохт ва бо ашки шаккарин дубора хитоб кард: — Зиҳӣ хаёле муҳол!!

Мирмалик як оғӯшро ҳазор оғӯш намуда, хирмани гули шабнамҷило ба канор кашид, сару рӯяшро бӯсид, бӯйид ва бо ҳаловати беинтиҳо пичирос зад:

— Шукр ба Худо, аз висолат дили хуррам дорам!

Шукри беҳад, ки туро танҳо ёфтам, эй Нигини дилам! Мо метавонем бе тарсу ларз сухани дил фошофош гӯем…

— Солҳост, ки дар талаби рӯйи накӯ ман ҳам кӯ ба кӯ дарбадарам. Сипоси беҳад Худованди раҳимро, маро аз дарбадарӣ халос карду ба сарбасарӣ расонд.

— Оре, оре! Эй Нигини дилам, маро низ фикри сипос бар сар асту шишаи дилам тоби санг надорад! Мехоҳам ҳар чӣ зудтар рухсораи Арӯси ҷаҳонро бо зевару ҷавоҳирот ороста гардонам. Мо бояд чобук бошем ва минбаъд дари кошонаи муҳаббат бебок кушоему асло напӯшем!

— Малики дилу дида шумоед, ҳар чӣ фармоед, хушнудам. Зеро бовар надорам, ки дили шумо ба роҳи хато моил бошад…

— Эй тозатар аз барги гули тоза! Худо шоҳид, ки шодию андӯҳи туро ҳамеша шодию андӯҳи худ медонам. Даҳсола ранҷу заҳмату сабру интизории маро чор сатри равон дар худ меғунҷонад:

Ишқи зулфи ту чу султони дилам шуд, гуфтам:

«К-ин маро зуд аз хидмати султон бубарад!»

Бурд аз хидмати султонам, аз он метарсам,

Ки кунун хуш-хушам аз тоати Яздон бубарад…

Нигина шармнок ба Мирмалик нигарист ва худро бо ноз аз оғӯши гарм раҳо карда, ба раъноӣ гуфт:

— Лутфи шуморо ба гӯши дил шунидам… Илтимос, ягон шеъри дигар хонед…

— Ба чашм, эй Нигинаи беадал:

Нури рӯят офтоби олам аст,

Рӯи хубат нури чашми одам аст!

Некӯӣ ба чеҳраи ту ҳамраҳ аст,

Хубрӯӣ бо ҷамолат ҳамдам аст!

Ҷаннат аз акси ҷамолат хушдил аст,

Олам аз ҳусни хаёлат хуррам аст!

— Ин шеър эҷоди худатон?

— Порсол аз Зиёуддини Хуҷандӣ хоҳиш карда будам, ки махсус барои ту аз номи ман шеъри нағз нависад, то пайғом фиристам…

— Зиёуддин озодмардест бошараф ва некшеър! — гуфт бо лабханд Нигина. — Меҳрномаи хуб аст, сипос дорам.

Мирмалик аз хушҳолӣ ангушт ба ангушт зада, инони хештандорӣ ва шарм андаке раҳо карду ба чодари Нигина даст расонда, булбули шайдо шуд:

— То ба имрӯз медонистам, ки чобуктар аз кабутари ҳарам ба ҳама олам ҳунарвар нест ва ҳар гоҳе чун кабки дарӣ ба рақс ояд, тарабу роҳату шодӣ физояд. Имрӯз донистам, ки зеботар аз ту ба ҳама гетӣ ҳарирандом нест!

Эй орзуи ҷонам! Дар орзуи онам, ки гуле аз боғи васлат чинам!!

— Дилаздастрафтаи ман! Бовар надорам, ки шери Хуҷандро нафси бахил бар ақли нафис ғолиб ояд.

— Булбули боғи тарабро ба ақли нафис чӣ кор?! Дод аз ин зулфу абрӯи шикасту микаст! Пештар биё, ҳамдигарро сер бинем!

— Аз шитоб дурӣ ҷӯед, эй булбули шӯрида! Соате пеш аз дурии шумо худро ғариб медонистам, агарчӣ дар ватан будам… Баробари шуморо дидан гумон кардам, ки офтоб ба кулбаи эҳзон даромад! Худро аз Махдумаи ҷаҳон зӯртар ҳис кардам…

— Ту дигар бекасу ғариба нестӣ, эй маликаи дили ман! Ту Маликаи Тирози ҷаҳони манӣ!!

— Хубаш, малак103 гӯед. Тирози ҷаҳонро шумо Малик, ман — Малак!!

Санъати ман бурда аз малик шикеб,

Рақси ман афсуни малоикфиреб…

— Оре, ту малак астӣ, эй бадри Ворух! Фариштае дар сурати одамӣ ту! Агар ишқи фаришта гуноҳ аст, ман малики гунаҳкорам…

— Чӣ хушбахтӣ! Имрӯз ду бузургвор маро фаришта гуфтанд ва калимаи ишқ ба забон оварданд!

— Боз кадом бузургвор?

— Саъдӣ.

— Кадом Саъдӣ?!

— Шоир Саъдии Шерозӣ, ки аз асилони Аҷам аст.

— Оре, бузургвор аст Саъдӣ! Шеърашро мепарастам ва ба номаш арҷ мегузорам. Вайро дар куҷо дидӣ?

— Мо ҳамроҳ кӯҳи Рухакро гузашта, ба шаҳр омадем… Раҳмат ба хуҷандиён, ки моро хуш истиқбол карда, некӯ фуруд оварда, манзили босазо дода, мизбонии шигарф карданд.

— Меҳмоннавозӣ одати мост. Акнун бигӯй, ки Саъдӣ туро дар роҳ фаришта гуфту ишқ изҳор кард ё дар ин хона?!

– Ҳама шоирон ошиқпешаанд. Пиру барно бо шеъри онҳо ишқ меварзанд ва коми дил ба даст меоранд. Сайфуддини Исфарангӣ ҳам муҳаббатзада асту ошиқниҳод…

— Дарвоқеъ, ҳоло вай дар куҷост?

— Дар Исфара. Шояд фардо ба Хуҷанд биёяд. Саъдӣ гуфт, ки бо ибтикори Зиёуддин дар Хуҷанд маҳфили шоирон ороста мешавад…

— Субҳоналлоҳ! Ин шоирон одамҳои аҷоибанд! Бе иҷозати ҳокими шаҳр ҳар чӣ хоҳанд, мекунанд.

— Ин ҷиҳати масъаларо ман намедонам…

– Ҳоҷате ба ташвиш кашидан нест. Агар пагоҳ дида ба дидор расад, пурсупос мекунем. Ту одати манро медонӣ, ки ба шоирон ҷафо намекунаму ба онҳо таваҷҷӯҳ дорам. Ба шарте, девонагӣ накунанд…

— Шоири ошиқпешаро девонагӣ тӯҳмат бувад…

— Малики ошиқпешаро чӣ? Ман чӣ бад кардам, ки аз назари ту дур афтодаам?

Нигина лаҳни ранҷишро шунида, оҳанги каломи худро нарм кард:

— Шумо ҳеҷ вақт аз назари ман дур набудед ва ҳамеша чароғи чашму офтоби дили ман ҳастед!

— Ташаккур, эй Нигини дилам! Шукри Худои ҳақ таъоло мегӯям, ки шоҳзода Ҷалолиддин вазифаи кафтарбонӣ ба ман супорид ва бифармуд, то кабутари ҳарамро аз Чингиз ва дигар бадхоҳон чун гавҳари чашм эмин дорам.

Наргиси фаттони Нигина ороста аз сурмаи ноз шуд. Аз шарбате, ки болои хонтахта меистод, чошнӣ карду пиёлае ба Мирмалик дод:

— Нӯши ҷон кунед, эй садри мӯҳтарам — нигаҳбони кабутари ҳарам!

Гулоб нӯшеду гулчини сухан шунавед. Бовар кунед, дар дил ба шумо ҳарфи гуфтанӣ бисёр дорам. Вале имкон набуд, боре бори дил сабук гардонам. Ночор бо ранҷу алами умрфарсо тоқат мекардам. Акнун парда аз рӯйи асрори муқаддас андаке бардошта, баръало мегӯям, ки шумо… фақат Шумо, эй ифтихори Хуҷанд, маро алифбои ишқ омӯхтаед:

Ҳанӯз наргиси сероби ман надида ҷаҳон,

Ҳанӯз савсани озоди ман надида чаман.

Ҳанӯз ночида аз бӯстони ман кас гул,

Ҳанӯз ношуда сер ин лабони ман зи лабан…

— Гуфтори хушу лафзи ангубин аз ширинлабон писанди ҳамагон аст. Он чӣ гуфтӣ, ба сидқу савоб пайваст бувад. Ман ҳам сухане дорам аз ту ба ту, ки бо гӯши дил бишнав. Аз китобҳо хонда будам, ки дар роҳи ишқ мард бояд буд ва бо дили пурдард бояд буд. Зеро ишқ бемориест, ки онро даво нест ва кори ошиқ ҳар рӯз ба муддао нест. Вақте дар аспрези Исфара бори аввал туро бо чашми ошиқӣ дидам, нимхандаи ширину нимнигоҳи ҳушрабоят, аз паси чодир чун моҳи мунир намоён шудани рухи тобонат ақли нопухтаро гудохт ва дили наворзуро ба шӯр андохт.

Баъд… Фаҳмидам, ки ошиқро ҳазору як бало дар пешу қафо интизор асту бесабрӣ дар ишқ азоби ҷовидонист ва ҳар кӣ азми ошиқӣ кунад, ӯро мебояд дил аз кафу ҷон аз тан бардорад.

Дар ишқи ту дил зи даст додам,

Бар хеш дари бало кушодам!

— Оре, алмудом хушу хуррам нест диле, ки ишқ дорад. Вале аз дарди ишқ шикоят оё равост?

мҚаҳру лутф андар маҳалли худ накӯст, эй қиблаи ошиқони ҷаҳон! Ҳар киро дард аз як моҳ гузарад, дарди ҳарина шавад. илтиҷо дорам, ки нафасе наздиктар биёву набзи бемори худро санҷида, тапиши дили ошиқи бечора бишнав, ранги заъфарону ҳоли зорашро нигар ва дорую дармон бахш…

Чаро карахт истодаӣ? Пештар биё, ки дар орзуи рӯят солҳои дароз чун зулфи сиёҳат печону дилсиёҳу беморам…

Биё, ки бо сари зулфи ту корҳо дорам,

Зи ишқи рӯйи ту дар сар хуморҳо дорам!

Эй шаҳриёри муаззам, шумо исми муборак, зани зебо ва хонадони обод доред, ҳурмати хеш ба ҷой оред, то ба қатори бегонаҳо дохил нашавед!

— Бо бегонаҳо нишаста, боз ба дили ман нештар задан мехоҳӣ? Бовар кун, қалбам дар қафаси сина симобро монад, ки ним нафас оромаш нест!

Маро то нуқра бошад, мефишонам!

Туро то бӯса бошад, меситонам!!

Бигӯям, то бидонад душману дӯст,

Ки ман сустию мастурӣ надонам!

— Агар дар сӯҳбати аввалин фақат ба дидор ва гуфтори ширин дил хуш дорем ва шеър хонем, аз ҳазор бӯсу канор ҳазор бор авлотар аст. Беадабӣ хирадро хира кунад…

— Эй роҳати ҷони ман, илтимос, қалби озодгаштаи маро дубора зиндонӣ накун! Ҳиҷрони ту боиси дарди дилам буд, ҳолиё васлат дармони ман аст. Тараҳҳум кун ва «не» нагӯ дигар…

— Амри муҳол аст он чӣ дар сар доред! Шумо мехоҳед, ки бо кадом роҳе набошад, таманнои хеш ҳосил кунед. На-ме-ша-вад! Эй вологуҳари ман, илтиҷо мекунам, ки аз қайди нафс берун оед. Тамаъ ва ишқ обу оташ…

— Шоир Сайфуддин боре гуфта буд, ки «Нигинаи мо сар то по ҳунар асту зебоӣ, аммо камбуде дорад азим — дили сангин!» Пештар биё…

— Шаҳриёрам! Хубаш, сӯҳбати ширин пагоҳ идома бахшем…

— Не, азизам, ман дигар асло бо ту хайрбод кардан намехоҳам! Моргазида аз ресмони ало тарсад, ман аз хайрбод метарсам.

— Чаро?

— Аз он метарсам, ки ман аз хона бароям, андалеби дигар… Саъдӣ медарояд…

– Ҳа-ҳа-ҳа! Баъд Сайфуддин мебиёяд… Баъд Чингиз меояд…

Эй дилгумзадаи рашкнок, маншабчароғе баҳри ошиқони шабгард ва бедилони шабкӯр нестам! Илтимос, забони ҳасад аз таҳқир нигоҳ доред. Хайр…

— Исто! Хоб ҳаром аст имшаб!! Агар дили маъшуқа санги шарар бошаду ба ошиқ дилсӯз набошад, дили шайдо худ бисӯзад! Муддатест, ки дар ин ошён ҳамсӯҳбатем. Акнун вақти он расида, ки ҳамбистар ва ҳамоғӯш шавем!

— Илтиҷо мекунам, дасти сабр бар остини ақл андозед. Бо сабру таҳаммул ғӯра ҳалвою най шаккару шаккар қанд мешавад…

– Ғӯраи мо ким-кайҳо ҳалво шудагӣ! Хуб мешавад, агар аз ҳалвои муҳаббат комҳо ширин гардонем!

– Ҳанӯз ҳам бовар дорам, ки ақли дурбини шумо аз бадкорӣ худдорӣ мекунад. Агар аз шумо амали ношоистае содир шавад, узратон ба ҳеҷ ваҷҳ қабул нахоҳад шуд. Ҳеҷ хирадманд барои осоиши хеш ранҷи маҳбубаи хеш ихтиёр накунад. Илтимос, ҷафои маро раво надоред, аз андешаи хато даргузаред. Илтиҷо мекунам, аз вас- васаи шайтон дил пок кунед…

— Эй бути сухансигол, забонам аз гуфтугӯ ба дард омад. Муроди ман лайлатулишқ аст, на лайлатулгап! Ту маро чанд карат ба сабр ишора фармудӣ. Инсоф металабам: чеҳра менамоиву дил мерабоӣ, аммо сабр мефармоӣ?! Аз ҳаҷру ғамат киштии сабрам шикас- та, пора-пора шудааст! Ҳоло чора ба ҷуз шитоб нест. Як боракак туро дар канор гирам, аз ман хушбахттар ошиқе нест!

— Боз мегӯям, ки ин савдои муҳол аст. Эй бузургмард, бар зайифа ситам накунед ва худро асири шаҳват насозед. Дар пои ман бисёриҳо сар андохтаанд, вале ҳеҷ кас аз рӯйи ман парда набардоштааст…

— Ман аввалин шуда, парда барандозам! — хитоб кард Мирмалик ва якбора оташи ғайраташ чун чароғ шӯълавар шуд. Чолок аз дасти Нигина гирифту хост болои кат хобонад.

— Шаҳриёро, агар дасти паймон мехоҳед, дастамро раҳо кунед! Шумо маст ё ҳушёр?!

— Ман масти шароби ҷоми ишқат, бадмастии ман на аз шароб аст! Ман бо ту шароби ишқ нӯшиданӣ!!!

— Эй марди Худо, кори муҳоли ақл хилофи шаръ аст!

— То ба имрӯз ҳеҷ коре хилофи шаръ накардаам ва нахоҳам кард! Худат даруну беруни дарбори шоҳу ҳокимонро хуб медонӣ ва боз медонӣ, ки тавонгарро муяссар мешавад, то ҳар шабе нав ба нав санами зоҳидфиребе дар бар гирад. Вале ман аз ин тоифа нестам ва ба номи Худо савганд мехӯрам, ки ба эҳтироми муҳаббати мубаррои мо ба ягон гулдухтар бо чашми харидорӣ нигоҳ накардаам! Ҳамсари шаръии ман Ойчечак, албатта, аз ин ҳисоб берун аст…

Дарвоқеъ… ту аз гапи нав хабар надорӣ: ман фарзанди нав ёфтаам!

— Муборакқадам шавад! Кай?

— Вақте ки аз таҳонаи Деҳмой туро наёфта, парешонҳол баргаштам, назди дарвозаи шаҳр мулозим ду хушхабар расонд. Якумаш таваллуди фарзанд, дуюмаш ташрифи ту. Модари чашминтизор ба ҳоли худ гузошта, ба дидори ту шитофтам, ки азизтарин азизи дили манӣ!

Сухани пӯсткандаи Мирмалик дар дили сангини Нигина ончунон таъсир кард, ки аз дасташ инони сабурӣ раҳо шуд. Аз ҷойи нишастааш барқвор ҷаҳид ва рухсораи шаҳриёрро бори дигар беибо бӯсид. Сипас қадаме қафо гузошта, бо ширинзабонӣ гуфт:

— Аз ин хушхабар ранги зардам арғувонӣ шуд. Зеро аз дили зардоб ғам коҳиду тараб афзуд. Орзу мекунам, ки гули шодӣ дар замири поки фарзанд алмудом шукуфон бошад.

Ларзиши тан ва тағйири ранги Нигинаро нигариста, Мирмалик шердил шуд:

— Медонам, ки аз гапи рост хашм намегирӣ, фошофош мегӯям: ба шодиёнаи тавлиди фарзанд соате дили маро шод гардон!

— Уф-ф! Боз сар шуд девонагӣ… Шумо дар коми оташед, эҳтиёт кунед…

— Чӣ хел оташ?

— Шаҳват равғанест ба оташи дӯзах! Ишқи маҳмудро теғи шаҳват паркола-паркола мекунад охир!!

— Боз мегӯям, ки хиёнатписанду шаҳватпараст нестам ман! Маро шаҳду шаккар дилпазиртар аст. Агар амри ҳокими арҷманд барои ту ҳатмӣ нест, хоҳиши ҳокими дилбанд оё нофиз104 нест?!

– Ҳама ҳарфу ҳиҷои ҳокими хушманиш барои ман нофиз аст. Ман гарди домани шумоям, шумо сурмаи мижгони ман ҳастед!

— То ба кай бо гапи норосту фиребу алда маро алла мегӯйӣ ва меаллонӣ? Эй фиребанда дурӯғгӯй, боре ба ростӣ маро шодбаҳр мегардонӣ ё не?!

— Безорам аз дурӯғ гуфтан ва ишқбози дурӯғин дидан! Маро тӯҳмат назанед, то оҳам гиребонгир нашавад. Агар гӯям, ки «гарди суми саманди шумо ғозаи рухсори ман аст» ҳаргиз ҳарфи дурӯғ ва хушомад нест! — гуфт бо чашми гирён Нигина ва чандон гирист, ки шодӣ бар Мирмалик талх гашту мулоимтоб шуд.

— Бовар кардам, ки ҷаҳони малоҳат ва ҳам фасоҳат ба фармони туст. Ту бадри осмонниҳодӣ ва ҳам паризодӣ. Оҳуе надидаам аз ту ошиқнигоҳтар! Дар кафи гавҳаршиносон гавҳари аз ҳама гаронқадр ту ҳастӣ! Чӣ хуш аст, агар нисбате ба хонадони мо дошта бошӣ…

— Ана ин гапи дигар! Замоне ки бори аввал ба Хуҷанд омада будам, модаратон сарамро сила карда, «дар шаҳри мо мусофир нестӣ, беҳтарин хонаи мо — кошонаи ту» гуфта буданду хоҳаратон Гулсимо хоҳари қиёматии ман, тағоятон Шайх Бурҳониддин бобокалони ман… Шумо боз чӣ мехоҳед?

— Он чӣ мехостам, борҳо гуфтам, рад кардӣ. Боз гӯям?! Бишнав: дар Ғӯрганҷ гуфта будӣ, ки ҳарчанд бӯсаи арзон надорам, ба шумо бӯсае инъом медиҳам. Рӯзу моҳу солҳо гузашту ваъда иҷро нашуд. Агар он бӯсаи қарз бидиҳӣ, хоки поятро ҳазор бор бӯса кунам…

— Росташро гӯям, пешниҳоди дигаре умедвор будам, вале гапро боз ба маҷрои дилхоҳи худ гардондед. Бӯсаи Ғӯрганҷ дигару бӯсаи Хуҷанд дигар, аз замин то осмон фарқ дорад! Он бӯса мубтадои ишқу муҳаббати пок мешуду ин бӯса оғози шавқу ҳавасу шаҳват аст ва нашуданаш беҳ…

Эй бузургмарди замон, чун накӯ медонед, ки ин кори хатост, илтимос, инод наварзеду якравӣ накунед, худрову маро дар маърази тамошо наандозед. Илтиҷо мекунам, эй шаҳриёри меҳрубон, ҳушёрмағз бошед, рахши ишратро лаҷом маҳкам дореду рахши андешаро лаҷом сар диҳед. Илтиҷо мекунам, дили нозуки маро ба сахтӣ нахарошед…

— Харошу тароши чӯб барои зебоӣ ва ороиш аст.

— Ман чӯб нестам охир, инсонам…

— Кӣ гуфт, ки ту инсонӣ?! Худатро кафтару кабку оҳу меҳисобӣ. Саъдию Сайфу дигар шоирҳо туро фариштаю бадру малак меҳисобанд. Ба чашми ман паризоду париатвор ва парирухсор менамоӣ. Хулласи калом, ту инсон не, бути ошиқкуши айёру офати ҷону балои имонӣ!

Туро мисли чӯби сарви равон тарошидану харошидану бо ранда ҳамвор кардан кам аст. Туро мисли марворид кӯфтану суфтану сайқал додан одоби ҷавонмардист!

Хез аз ҷоят! Рафтем ба хилватхона!!

Нигина паршикаста шуду ба кунҷи хона ғунча нишаста, аз дидани Мирмалик дида пӯшиду хомӯшӣ ихтиёр кард. Тарсу аз он буд, ки агар амали ношоистае аз вай содир гардад, номуси духтаронааш ва номи некаш сахт доғдор мешавад, иффат ва ифтихори дӯшизаи боҷамол барбод меравад…

Худо шоҳид, ки муштипар барои ҳифзи покдоманӣ ҳама кори аз дасташ омадаро кард, тамоми маҳорати худро кор фармуд, то Мирмаликро аз феълу амали нохуб боздорад, вале… ҳолиё бо чашми дил мебинад, ки инони бузургмард аз дасташ рафтан дораду алифбои ошиқиро ба гӯшаи фаромӯшӣ ниҳода, дар ғурури шаҳриёрӣ менозад… Чӣ бояд кард??

Нигина билфавр ба қароре омад, ки соҳирӣ ва нозу фиреби дилбарӣ ба кор андозад, то ҳам лаъл ба даст ояду ҳам ёр наранҷад. Яъне ҳам ошиқи шӯрида андаке ором гираду ҳам имкони тоб хӯрдан пайдо шавад. Баҳри иҷрои ин мақсад сухане мухтасар ва нишонрас бояд гӯяд.

Чи гӯяд?!

Мирмалик қадаме пеш гузошту духтар бо тамоми қувват нидо кард:

— Истед! Мушкилоте мепурсам, ҷавоб гардонед!

Мирмалик лаҳзае таваққуф карду гуфт:

— Пазируфтам. Он чӣ мехоҳӣ, бипурс.

— Аҳд бастан аз ақд бастан чӣ фарқ дорад?

— Аҳд бастан паймон кардану ваъда додан асту ақд бастан никоҳ кардан, ба занӣ гирифтан…

— Оё мо аҳд бастаем?

– Ҳаргиз ба вафо бо ягон духтаре аҳд набастаам. Аввалину охирин ту бошӣ, эй ороми ҷонам!

– Ҳар духтар аз домоде чун шумо фахр дорад, эй ғазанфари Хуҷанд! Аммо ҳеҷ яке нозидану болидан мисли ман натавонад, эй Хисрави хубони олам! Агар азми ҷазм дореду вафо дар дил мепарваред, даст бар сари ман ниҳед ва мардона савганд хӯред, ки Худованд шоҳиди мост.

Мирмалик бе ягон андеша дасти рост бар сари Нигина гузошту бо лафзи бурро гуфт:

— Ба номи Парвардигори бахшояндаи меҳрубон як не, ду не, ҳазор савганд, ки туро бе кибру риё ёри азизу меҳрубон, анису мӯниси ҷону имон, дӯсти содиқ бошам, аз муҳаббати самимонаи ту сари иродат барнадорам, шеваи сидқу сафо ва оинаи адлу вафо нашиканам, аз тариқи садоқату рафоқати абадӣ берун по нагузорам, расму ойини ошиқӣ покиза нигоҳ дорам, табъи латифатро хушҳолу хушнуд, ҳоли шарифатро хушбахту хушрӯз намоям, иқболатро хуҷаста, рӯзгоратро хуш андар хуш гардонам ва то зиндагӣ боқист, беш аз падар дӯстдор ва ғамхори ту бошам!

Нигинаро дигар маҷоли гуфтор намонд. Дар дил Яздонро ниёиш карду худро бедиранг ба оғӯши Мирмалик андохт. Шаби торики ду дилдода ба рӯзи равшан табдил ёфт…

Мирмаликро чун ташнагӣ аз бӯсу канор бишкаст, тахтапушти гарму нарми Нигинаро бо кафи меҳрубонӣ ба ғамхорагӣ навозиш карда ва рағбати тарафайн ба мубошират афзун намуда, бетакаллуф гуфт:

— Акнун маро ҷуръае аз ҷоми васли ту чашидан орзуст!

Ин гапро шунидан ҳамон Нигина худро аз оғӯши шаҳриёр дур кашид ва бо ҷони дардноку чашми гирён гуфт:

— Зинҳор зино накунед, ки зинҳор бихӯред! Ҳар кӣ зинокорро кофир надонад, худаш кофир аст!! Ба худо савганд мехӯрам, ки он чи маъқули шумост, маъқули ман бошад, валекин ҳозир гардан ба итоат наниҳам. Қасам ба Худо, сар медиҳаму тан дар фасод намедиҳам!!

Байти Саъдиро ба ёд оред:

Ту, ки дар банди хештан бошӣ,

Ишқбозе дурӯғзан бошӣ!

Шӯълаи ғайрати Мирмалик, ки аввал чун чароғи фурӯзон буд, бо шунидани сухани гаронбор ба шамъ мубаддал гашт, вале аз аспи ғурур пиёда нашуд ва ишқбозиро идома бахшид:

— Зино зишт аст, алҳазар! Ҳарчанд дар китоби ишқ ба ошиқон маслиҳат додаанд, ки зишту зебо ҳар чи бинӣ, дасти рад бар вай мазан! Эй шоҳи бутони зинда, мо ҷимбазми айшу нишот мекунем, на зино! Дил бар дил мениҳему хумор мешиканем…

— Эй бузургмарди бохирад, чӣ лозим суханбозию худфиребӣ? Ҳанӯз ман дӯшизаам охир! То ҳол гунҷишки касе ба боми ман нанишастааст…

Мадду ҷазри дили шӯридаи ошиқи беқарор андак ором гардид. Зеро хуб медонист, ки агар аз ҷониби маъшуқа кашише набошад, ҳазор кӯшиши ошиқи бечора ба ҷое намерасад.

Оре, дар ҳама ҷо ҳамеша аз маъшуқа ноз асту ғурур ва такаббур, аммо аз ошиқ бечорагию аҷзу ниёз… Қонуни нонавиштаи ишқу муҳаббат ҳамин асту чунин мемонад. Вале оё садри Хуҷанд ниёзманду бечора аст? Аз виқору салобату ҳашамати ин таҳамтан душман ҳаросон асту ҳама сари таъзим ба замин мерасонанд. Дӯстон бо ифтихор вайро шери Хучанд лақаб ниҳодаанду гурдҳои туркзабон ба зӯри сарпанҷааш қойил шуда, ӯро Темурмалик мехонанд, яъне Малики пӯлодбозу! Пас, мантиқан, на ошиқи бечора, балки ошиқи зӯру тавоност Мирмалик ва бояд гапи худро гузаронад! Ба оҳуи рамида ва ҳаросон имкон надиҳад, ки бар шери жаён ғолиб барояд!

Аз андешаҳои баландпарвоз чеҳраи Мирмалик пургул гашту дубора ба аспи ғурур савор шуд ва мисли шер ғуррид:

— Зиҳӣ, эй паризод, ки бо афсуни сухан маро мадҳуш кардан мехоҳӣ! Нозу нуз ва сеҳру афсун бас!! Замони мабар-мабар, макун-макун, мазан-мазан гузашт. Лаҳзаи биё-биё расид. Зуд ба бистари мулоим даро-даро, ки аз исто-исто ва ҷони ҷонам ба лаб расид!!

Мирмалик ҳарчанд кӯшид ва овоз баланд барангехт, Нигина розӣ нашуд. Абрӯ дарҳам кашиду бо шиддати тамом гуфт:

— Ман мастурӣ ба тарсуӣ нафурӯшам! Агар зино мехоҳед, якбора ханҷар дар дилам занед!! Синаам бишкофеду коми дил ба даст оред!!!

Агар аз азоби рӯзи қиёмат натарсед, аз Худои азза ва ҷалла эҳтиёт бошед, ки ҳозир асту нозир асту қодир асту бино ва шунаво! Савганди шумо дар арши аъло шунида шуд. Аз савганди шумо Пири бузургвори мо огаҳӣ ёфтанд. Акнун то ақди никоҳ баста нашавад, лоақал як бӯса бар мо раво набувад!! Нею агар боз гарданшахӣ кунеду дасти таҷовуз дароз кунед, қасам ба Худо, худро бо заҳри ана ин нигини дастам мекушам!

Нигина даст ба даҳон наздик оварду гӯё ба сари Мирмалик як машк яхоб рехт. Саросема оринҷи ӯро маҳкам дошту бо табассуми тайиб сар ҷунбонда, дасти дигар боло бардошт ва сулҳомез гуфт:

— Ман таслим. Ҷонам тасаддуқи ту, эй ҷони ширин!! Бигзор гапи ту гапи ман шавад:

Дар риштаи ақд баста бошем,

То ҳар ду ба ҳам ҳуҷаста бошем!

Субҳи солеҳон пеши пойи Пири Бузургвор меафтам, то хутбаи никоҳи мо бихонад.


* * *


Шайх Маслиҳатдин, ки сар ба муроқаба105 фурӯ бурда буд, садри Хуҷандро муддате маътал дошту пас аз саломуалейк ба паҳлӯи худ шинонд ва бо табассуми обӣ гуфт:

— Аз ровиёни ахбор шунидам, ки ошиқони дидору гуфтори якдигар аз сари шаб то вақти хуфтан гулу булбули бӯстони Хуҷанд шудаед.

— Мо қарор кардем, ки то дами вопасин шодию ғам бо ҳам бинем…

— Бале, воқифам, ки баъди савганд ба сулҳ қарор афтод. Хуб кардед, ки зишту хуб аз ҳам ҷудою хайру шарр бо адлу хирад ҷо ба ҷо гузоштед ва ному номусро ба гӯшаи бешарафӣ наниҳодед. Ҳаргиз нахоҳам, ки ҳар ду ба нохубӣ дар ҷаҳон овоза гардед.

Донам, ки ту садри шергирӣ,

Бар оҳуи худ макун далерӣ!

– Ҳазорсола шавед, Пирам! Баъде ки маҳрами дил шудем, ба хулосае омадем, ки… маҳрами тан шавем…

— Маҳрамият борбардори нишоти офият аст! Ёрони ҳамранг ва ҳамсанг ҷуфти сазоворанду мо тартиби куфру имон ва ойини кешу насабро риоят карда, нияти хайри дилдодаҳоро ба анҷом мерасонем. Аммо на имрӯз! Як рӯзи дигар сабр мебояд…

— Чаро?

— Сешанбе нофи ҳафта асту барои никоҳ нофеъ нест, бахти нофарҷом ба бор орад. Аммо пагоҳ чаҳоршанбеи муродбахш асту рӯзи понздаҳум, моварои моҳи раҷаб — явмулистифтоҳ аст. Яъне рӯзи кушоиш талабидан, ибтидои амали нек. Дар ин рӯзи муборак дарҳои осмон ва Каъба барои қабули дуо ва арзу ниёз кушода мешаванд.

Маслиҳат ин аст, ки пас аз дидани рӯйи мубораки фарзанди нав ва иёдати модари азиятдида, ки чашминтизорӣ мекашад, бо чеҳраи кушод ташрифи шоирону дӯстонро муборак мехонӣ ва ба шукронаи тавлиди фарзанд шоиста зиёфат медиҳӣ. Зеро некӯӣ намудан ба дилҳо роҳ ёфтан асту дилнавозӣ кардан ба хушнудӣ шитофтан! Хушнудӣ ёри туву ёри ёри ту бод!

Равзанаи шашум. Мавҷу авҷи нағмаҳои булбулон дар сабқати як гулу сад харидор

Мирмалик монанди шамоли форами саҳарӣ аз соҳили дарё ҷониби маҳаллаи Мирзоён вазида, бо ҳадяи гаронбаҳо дили ҳамсарашро шод гардонду аз дидани ҷамоли навруста дили хеш фархунда сохт ва дояро низ инъоми навраҳон бахшид. Ин бевазанак аз табори Турконхотун, ки ҳамрикоби Ойчечак барои парасторӣ ба Хуҷанд фиристода шуда буд, чун соя аз дунболи кадхудо берун баромада, баъди арзи сипос бо оҳанги пӯзиш гуфт:

— Эй шаҳриёри муаззам, маро маъзур доред, ки ду-се даҳан гапи пароканда дорам.

Мирмалик хоҳиш пазируфт ва ба лаби кат нишаст.

— Хуб кардед, ки дили озурдаи маликаро бардоштед, эй соҳибкарам! Кадбонуи хонадонатон аз дирӯз дар хумори дидор ва гуфтори шумо чашм бар роҳ буданду дилтангӣ мекарданд…

— Шоҳаншоҳи оламро то сесӯ гуселонда, дер баргаштему аз аёдати шабҳангом ҳазар кардам.

— Шумо, ки дар мақоми баланд истодаед, ба ҳоли мо механдед? Кай ба Хуҷанд расидану дар ошёнаи Нигина чӣ кор карданатонро аллакай ними шаҳр медонад! Вақте малика фаҳмиданд, ки баробари шунидани номи Нигина ақл аз сар нақл карда, ба дигар ҷониб паридед, ончунон бошиддат гиристанду нолиданд, ки гумон кардем, дубора дарди зойиш азоб медиҳад! Аз чашми модари навзод он қадар оби ҳасрату надомат ба чеҳраи тифл шорид, ки гумон кардем, ба покшӯӣ ҳоҷат намонд. Сипас сад хор-хор дар ҷигари малика афтод ва аз синаи пурдард ҳамагӣ як ҷумла берун баромад: «Худоё, чашмаш намак гирад!»

— Чашми кӣ?!

— Чашми Нигина, ки некиҳои Ойчечакро дар Ғӯрганҷ фаромӯш карда, дар Хуҷанд бадбини малика шудааст. Илоҳо, ҳеҷ ба муддаояш нарасад!

— Дуои бад накун, хато бо узру ато ислоҳ кардем…

— Малика аз дошани шумо шод гаштанд, вале аз муомилаи шумо бо Нигина басо ғамноканд. Гуфтанд, ки баробари аз ҷойгаҳ хестан таҳонаро пури занбӯри сиёҳ кунонда, он раққоса он ҷо дароварда, то намурад, дарро намекушоянд.

— Ин қадар бераҳмӣ чаро?

— Барои он ки Нигина дар ниҳон тирагӣ бисёр дораду даҳҳо ҷавонмард ба доми тазвири вай уфтодагӣ… Табассуми ширини ин ишвафурӯш, ки садяке аз сеҳри чашмаш тӯшаи сад соҳир аст, кони намаки фитна аст. Худоё, ба боди бало дучор гардон ин беҳаёро!

— Агар ба айбҷӯӣ камар бастаӣ, чандон ки мехоҳӣ бигӯ. Лекин… фаромӯш накун, ки то дирӯз ҳамроҳи маликаат «Офарин бар дасту бозуят!» гуфта, Нигинаро ба осмон мебардоштед.

— Мо ба рақсаш мафтун ва ба ҳунараш қоилем. Дар Ғӯрганҷ ҳар гоҳе ба ҷилва ояд, насими остини вай димоғи моро мешӯронду бо ангушт шикан-шикан карданаш набзи дили моро пасту баланд мекард. Бо дастгирии Ойчечак онакалони бузурги мо ин раққосаи аз қаъри чоҳ баромадагиро ба авҷи моҳ расонд. Вале кӯрнамак будааст ин сойкелдӣ! Дар Ғӯрганҷ ба сари Узлоғшоҳ об рехту ба Хуҷанд омад, то теша бар решаи Ойчечак занад…

— Худат гуфта будӣ, ки Хоразмшоҳ вайро ба Хуҷанд овард, то ба никоҳи хеш дарорад…

– Ҳамин хел гапу калоча буд. Лекин ғар буданашро фаҳмида шоҳи олам ба рӯяш туф карда, партофтанду рафтанд. Акнун ки шоҳу шодгуна ба мисли офтобу шабнам шудаанд, ин фиребхӯрда шуморо фирефтан мехоҳад. Барҳазар бошед, ки ин кӯҳистонӣ дар миёни мо аҷнабист! Аз деҳа рондаю аз ақрабо монда, дар мулки Хоразм овораю дастибадаст вай! Бо андаке ҷамол бисёр мол ҷамъ оварда, «даст ба киса — ишқ ба дарвоза» гуфта, умри ҷавонӣ барбод медиҳад. Эй шаҳриёри муаззам, на нилуфар бувад ҳар гул, ки дар обдон бошад! Мочахар беҳтарин ҷули атлас пӯшад ҳам, хар аст! Вай як замон бо шумою як замон бо дигаре ҳамоғӯш мешавад.

— Наход??

— Бовар кунед, рост мегӯям. Яқин медонам, ки вай ҳоло ба Саъдӣ муомила дорад. Як олуда бас бошад, ки як шаҳр биёлояд! Бо гӯши худ шеъри шоирро шунидам:

Туро худ ҳар кӣ бинад, дӯст дорад,

Гуноҳе нест бар Саъдӣ муайян…

— Беҳтарин шоирони олам беҳтарин шеъри худро ба Нигина бахшидаанду бо як овоз мегӯянд, ки миёни нозанинон нозанинтарин нозанини нозукниҳод ва нозофарин ин шамъи мунаввари рӯз асту агар хоҳӣ, ки дар нимашаб офтоб бинӣ, аз рӯйи Нигина ниқоби гулбарг фурӯ гир!

Доя бо таассуф сар афшонду писхандомез гуфт:

– Ҳазор афсӯс, ки шумо фақат нақшу нигори товусро таҳсин мекунед, вале пойи зишту ифлосашро намебинед…

— Эй гаранг, зебу фари товус аз пари товус асту ин парандаи зебо майдасолори кабутари ҳарам! Ифтихор дорам, ки ин навниҳол сарви хиромони ман аст!!

– Ҳоло ба об нарасидаед, чаро мӯза мекашед? Эҳтиёт бошед, ошноӣ бо кафтараки тардоман хатар дорад!

— Сухан ба оҳанги таҳдид чаро?

— Вақте маликаи гиромӣ аз омадани Нигина воқиф шуданд, моро фармуданд, то ба унвони Турконхотун таъҷилан нома фирис- тем. Мо навиштем, вале маълум шуд, ки Худованди олам аз қазияи Нигина огоҳанд ва барои сайди оҳуи гурезпочик ба Хуҷанд шикорчӣ роҳӣ карда, чунин гуфтаанд: «Савганд хӯрдаам, ки нахандам, то замоне ниқори Узлоғшоҳ ситонда нашавад!» Ин амри махфиро барои он ошкор сохтам, ки сухани дӯстонаи маро таҳдид гумон набаред ва бори дигар хоҳиш мекунам, эҳтиёткор бошед…

— Хидмати ту арзандаи подоши олист!

— Ба ростӣ? Чаро?

— Валиаҳди гиромӣ дирӯз маро вазифадор карданд, ки кабутари ҳарамро аз чанги Чингизхон ва дигар бадхоҳон мисли гавҳараки чашм ҳифз намоям.

— Инаш барои ман гапи нав асту акнун масъала ранги дигар мегирад. Шумо, ки тахт дореду кӯлоҳ дореду насаби пок ва зани хуб, нек биандешед, ки кадом амр бароятон муқаддам аст? Ба модари шоҳаншоҳи олам мадад мерасонед ё халал?!

— Гӯши ман фақат як амр шунидаасту фармонпазирам. Аз арбадаи Узлоғу хурӯши модаркалонаш бехабарам ва амри вайро аз паси девор шунидам. Аммо сухани туро баръало шунидаму кӣ буданатро донистаму ҳушдор медиҳам, ки забон аз ғайбати покон кӯтоҳ дор, то умрат дароз шавад!

Ба ҳурмати тифли навзод имрӯз нармдилӣ карда, дояи вайро сазовор ҷазо намедиҳам, вале агар торе аз мӯйи Нигина кам шавад, аз худат гила кун! Фаҳмидӣ?

Дояи гунаҳкор пеши пойи шаҳриёр зону зада, узр пурсиду тавба кард ва сархам ба хидмати тифлу модари навзод шитофт. Мирмалик ба дарбон ҳушёрию зиракиро таъкид намуда, чун ба дорулҳукумат расид, аввал доруғаро ҷеғ заду фармуд, ки ду нафари мӯътамадро оҷилан ба кошонаи Маҳастӣ фиристад, то Нигинаро ноаён таҳти назорат ва ҳимоят гиранд. Сипас муддате ба ҳаллу фасли он муҳимоти ҳукумат машғул шуд, ки бинобар ташрифи Хоразмшоҳ мавқуф гузошта буд. Яке «Нигина бо Саъдӣ муомила дорад» гуфтани доя вайро бесаранҷом карду дилаш ғаш хӯрд. Корро чала монда, сӯи кошонаи Маҳастӣ шитофт. Дид, ки Нигина ҳамроҳи Шакархонум ва марду зани ношиносе дар суфакати мобайни ҳавлӣ нишаста, шеърхонии олуфтамардеро бодиққат гӯш мекунанд.

Ҷумлаи таърифии Зиёи Хуҷандӣ аранге ба хотираш омад: «Саъдӣ мардест бофарру хушком, далеру густох, бузургманишу бовиқор, ҷаззобу хурӯшон ва ширинзабон, шеъри баланду нигоҳи мӯшикоф дорад, аммо лӯъбатбозу майгусор…»

Аз дигар орифони Хуҷанд низ дар хусуси табъи баланду ҷамоли нутқ ва ҳусни фасоҳати ин шоири тавонои Аҷам тавсифи бисёр шунида, медонист, ки дар фазлу камолаш соҳибқаламони олам муттафиқанд. Бар замми ин, аз дишаба суханҳои шӯълавари Нигина фаҳмид, ки ба сурату сирати зебои андалеби Шероз бисёр соҳибҷамолон низ дилбохтаанду гули хуштаровати Ворух дар моварои онҳост ва аз ҳамин сабаб Пири бузургвори Хуҷанд вақти гусел ин шоири ширинкаломро андалеби шайдо номид, яъне рақиби шаҳриёр ҳисобид, вале эҳтирому бузургдошти меҳмонро дубора таъкид кард:

— Дар шаҳри қадимаи мо, алҳамдулиллоҳ, арбоби донишу ҳунар бисёранд ва ташрифи ҳар соҳибдиле тимсоли Саъдӣ боиси хуррамии мост! Зеро чунин меҳисобем, ки агар Хуҷанди ободон арӯси ҷаҳон бошад, арбоби накӯном зару зевари тирозанд. Замоне ки гулзори табиатро айни шукуфтану сабзидан аст, ба шукронаи қадами мубораки азизон ба хидмат камар чуст бояд баст…

Мирмалик омадани худро ошкор накарда, ба шеърхонии Саъдӣ гӯш андохт:

Эй гули хушбӯй, агар сад қарн бозояд баҳор,

Мисли ман дигар набинӣ булбули хушгӯйро!

Нигина гули дасташро афшонду фазоро муаттар гардонд ва бо ноз «булбули хоболуд бахти бедор надорад!» гуфт ва афзуд «Эй булбули хушгӯй! Ҷавонмард бояд дар маҷлиси муҳоварат106 хушгӯй бошад, аммо дар маҳфили муошират107 хубрӯй!»

Аз ин гап булбули Шероз карахт шуд:

— Аҷаб лутфи латифе! На ҳар кас ба каломи мавзуни Саъдӣ эрод мегирад.

— Интухин, ягон шеъри нав доред? — пурсид Шакархонум.

— Албатта. Нахуфта шаби дароз андалеби хушгӯй аз мағзи ҷон ғазале суфт барои Нигина:

Маро ту ҷони азизиву ёри мӯҳтарамӣ,

Ба ҳар чӣ ҳукм кунӣ, бар вуҷуди ман ҳакамӣ!

Ғамат мабоду газандат мабоду дард мабод,

Ки мӯниси дилу ороми ҷону дафъи ғамӣ!

Надонам аз сару поят кадом хуштар аст?

Чӣ ҷои фарқ, ки зебо аз фарқ то қадамӣ!

Ту — мушкбӯйи сияҳчашмро кӣ дарёбад?

Ки ҳамчун оҳуи мушкин аз одамӣ бирамӣ.

Каманди Саъдӣ агар шери шарза сайд кунад,

Ту дар каманд наёӣ, ки оҳуи ҳарамӣ!

— Чизе, ки навиштаед, эй шоир, ғазал нест интухин, каломи мӯъҷиз асту каромат! — аҳсант хонд Шакархонум. — Дардномаи муҳаб-бат асту қалби ҳар ошиқи асилро меларзонад. Нигина чӣ посух дорӣ, интухин, ба шоир?

— Чанд бор гӯям, ки ман оҳуи ҳарам не, маро дигар товусу кабутару кабк ном набаред. Мехоҳам, як бонуи хушбахт бошаму некном аз сӯҳбати некон шавам.

Саъдӣ мутааҷҷиб шуда, пурсид:

— Рақсе, ки дар ҳама ҷаҳон достон гаштааст, чӣ мешавад?

— Инашро аз садри Хуҷанд пурсед, ки валиаҳди Хоразмшоҳ тақдири кабутари ҳарам ба изни эшон гузоштааст

— Шоҳзода кабутар ба дасти ғазанфар супорид?!

Нахо-од??! Аҳсано ва ҳам… вовайло!

— Афсӯс нахӯр, шоир! — Мирмалик чобук худро ба нишастангоҳ расонду баъди саломи урфӣ даст пеши бар гузошт: — Хайра мақдам, эй меҳмони гиромӣ! Кабутари ҳарам адо, дигар ҷавлон намезанад.

— Чаро?

— Барои он, ки мо хоҳем — нахоҳем ҷанг бо муғул дар пеш асту маҷрои зиндагӣ куллан дигар мешавад ва ҳама рақс бо шамшер мекунанд.

Саъдӣ дарҳол байти муносиб қофия баст:

Ин бор на бонги чангу дуҳул аст,

Ин бор масофи шеру ҷанги муғул аст.

— Шеърат ҳақ асту рост, эй шоири бузургвор!

— Ба худам ҳам писанд асту кайҳо боз як уқдаро кушодан мехоҳам: ту, ки паҳлавонмарди Аҷам будию дар санъати куштӣ гирифтан ба сарӣ омада будӣ ва сесаду шаст банди фохир донистӣ, чаро марди ҳарбанда шудӣ, ба амирии Хуҷанд чун афтодӣ ва чаро номатро ба Темурмалик гардондӣ?

— Худат медонӣ, ки нозу неъмат бе озору меҳнат нест, эй шоир! Бисёр хизмат кардам, то ин дараҷат ёфтам. Ба рӯзгори ҷавонӣ дар як зӯрозмоӣ даҳ паҳлавони туркро ба пушт хобонда, аз садри қарохонӣ Темурмалик лақаб гирифтаму Хоразмшоҳ ин лақаб ба лафзи хоразмӣ гардонда, Дамир Малик гуфт ва подоши хизматҳоям вилоят дод. Бо писараш Ҷалолуддин аҳди бародарӣ дорем..

— Ба ман гуфтанд, ки дар Хуҷанд Хоразмшоҳ сару чашми Ҷалолуддин бибӯсид ва дар канор гирифт ва ҳар рӯзаш назар беш кард, то валиаҳди хеш кард…

— Бале, додархонди ман ҷойнишини подшоҳ! Умед дорам, ки акнун Саъдии ширинсухан номи Мирмалик ба ҷаҳониён машҳур мегардонад…

– Ғазали мадҳу қасидаи тамаъ гӯям? Ҳаргиз! Саъдиро шараф бар зар набошад! Лекин ту, эй садри Хуҷанд, шароб хӯру тараб кун, ҳукм фармою хандон зӣ, ки Саъдӣ бароят насиҳате мегӯяд:

Эй Мирмалики одилу солори сарварон,

Холӣ мабош як нафас аз ҳоли кеҳтарон!

Бедор бошу маслиҳат андешу хайр кун,

Дарвеш даст гиру хирадманд парварон.

Некахтарон насиҳати Саъдӣ кунанд гӯш!

Гар бишнавӣ, сабақ барӣ аз саъдахтарон.

Бодо ҳамеша бар сари умрат кулоҳи бахт,

Дар пешат истода камарбаста ахтарон.

То он гаҳе, ки пайкари моҳ аст бар фалак

Холӣ мабод маҷлисат аз моҳпайкарон…

— Илҳоми ту ҳамеша масъуд ва эҷодат доимо маҳмуд бод, эй шоир! — гуфт Мирмалик ва аз бодому писта мағз бароварда, назди Саъдӣ гузошту гуфт: — Эй шоири рамузфаҳм, ҳар қадар аз ишқи гулрухону зулфи парешон сухан гӯем, кам аст. Лекин хуб мешавад, агар доираи сӯҳбат васеъ гардонем ва ёрони меҳрубон ба ҳам орем, то ҷамъияти дӯстон парешон нашавад.

— Нияти хуб, вале амри муҳол аст ин! Дер ё зуд мо ҳар кадом дунболаи кори хеш мегирем ва дар ақсои олам пароканда мешавем. Аз ҳама пеш ман меравам:

Саъдӣ, ту бирав, хайма ба гулзори дигар зан,

К-ин меваи боғи ту ба тороҷ расидаст!

— Алҳазар аз тороҷ, эй шоир! Ман ғоратгар наям ва ҳама кори имконпазир ба ҷо меорам, то шоири маҳбуби мо болидарӯҳ бошад. Хуҷанд маъвои нозанинҳои олам асту беҳтарин дилбари дилнавоз, бути қандлабу моҳи ишвагари Тироз ба андалеби Шероз пешкаш мекунам.

Саъдӣ бо лаби хандон гуфт:

— Бигӯям: Ин ҷо парирӯёни нағзанд.

Чу гил бисёр шуд, пилон билағзанд!

— Бигзор пилон билағжанд, эй шоир, аммо андалебон чаҳ-чаҳ зананд, рақсанду ханданд ва ба коми дил расанд! Имшаб афсонабоғи Исток ба қиблаи дӯстони муштоқ табдил медиҳем, чандон ки матлаби дили ошиқон бошад, гулпариҳои Сайҳунро ҷамъ меорем, забони барбату рубоб, дарёи шарбату шароб ва лаззати кабоб ба дарозо мекашем!

Биё, соқӣ, дар ин базми тарабхез

Мае дар ҷоми ошиқмашрабон рез!

Мекӯшам, то меҳмондорӣ табъи дили ту шавад!

— Тарсам, ки нашавад.

— Чаро?!

— Ин пурсиш гарон расад ошиқи дардмандро! Росттарин ва некӯтарин посухи шоирона эдун аст, ки ҳолиё ҳам тозарӯям, ҳам хиҷил, ҳам шодмон, ҳам тангдил…

— Мағзи посух дарнаёфтам…

— Тозарӯям, ки Нигинаро ёфтам. Хиҷолат мекашам, ки ёфтаро бохтам — ҳар ду забардастем, аммо дар ин шаҳр ту ҳокиму ман ғариб… Шодмонам, ки дӯстонро гирди хони шоҳона ба ҳам меорӣ, аммо тангдил аз онам, ки сӯҳбати мо оё дӯстона мешуда бошад?

Дилам то ишқбоз омад, дар ӯ ҷуз ғам намебинам,

Дили беғам куҷо ҷӯям, ки дар олам намебинам!

— Мағзи сухани шоирро ана акнун пӯстканда мебинам. Лекин… гумон мекунам, ки ба рӯйи нозанин бо меҳр нигаристан ҳеҷ касро гуноҳ набошад. Агар барои як нозанин миёни Хоразмшоҳу Чингизхон кашмакашу адоват авҷ мегирад, байни мо ишқ асту муҳаббат асту дигар ҳама ҳеҷ!!

— Ташаккур, эй садри Хуҷанд, ки маро аз ҳолати ғариб берун овардӣ. Дилпур шудам, ки фарҷоми дӯстии андалебу кабӯтар ва ғазанфар ҷазир нашавад. Фақат… шиори маро асло фаромӯш накун:

На ба шутуре саворам, на чу хар ба зери борам,

На Худованди раъият, на ғуломи шаҳриёрам!

— Фаромӯшхотир нестам ман ва ба ҳеҷ ваҷҳ дили шоире озурда насозам, эй дӯст! Ҳеҷ гоҳ густохию дуруштӣ накунам ва мардона нигарон шавам, ки малак чашми ризову марҳамат ба кӣ боз мекунад… Ҳокимам, аммо ҳар чӣ дӯст фармояд, он кунам!

Эй Бузургвори Аҷам! Ҳарчанд малак азиз асту хони малик лазиз, мехоҳам ҳамсони Сайфуддин бо ту бародарӣ кунам…


* * *


Гулбоғи зебо ва хушҳавои Исток дар канораи Сайҳун зиёфатгоҳи писандидаи шаҳриёрони қадиму ҷадид маҳсуб меёфт. Онро бо амри Мирмалик аз нав озинбандӣ карда, барои фароғату дилхушӣ, аз ғам пардохтану ба ҳам дарсохтани гулрухону булбулон кулли асбоби истироҳатро муҳайё сохтанд.

Илҳоми шоири истаравшанӣ Шарофиддин дарҳол ба ҷӯш омад:

Канори обу сояи гулбеду гӯшаи боғ

Хуш аст бо санами зебо барои фароғ!

Саъдии хушилҳом бадоҳатан ҷавоб гардонд:

Имшаб, ба ростӣ, шаби мо рӯзи равшан аст,

Иди висоли дӯст алорағми душман аст!

Ин мазмун дар пешгуфтори шаҳриёр возеҳ таъкид гардид:

— Дар анҷумани мо ҷамъе аз арбоби нутқу маънӣ ва хираду ҳикмат нишастаанд, ки ҳама булбулони рӯҳанд. Эшонро сад салому дуруд ва хидмату ҳурмат аз мост. Устодони номбардори Хуҷанд, ки дар хунёгариву мутрибӣ ва пойкӯбию лӯъбатбозӣ чирадастанд, ҳама анвои рақсу суруд ва наю руд омода сохтаанд, то бо камоли ҳунар ҷамоли дӯст мунаввар гардонанд. Ҳаббазо барбату чанг, ҳаббазо суруду оҳанг! Ҳаббибзо андалеби Аҷам Саъдии Шерозӣ!

Ҳафт кишвар намекунанд имрӯз

Бе мақомоти Саъдӣ анҷумане!

Аҳли маҳфил бо нидоҳои тасдиқӣ ишораи шаҳриёрро дастгирӣ карданду Саъдӣ бе ҳеҷ муқаддима дурри шоҳвор аз даҳон афканд:

Бомдоди ошиқонро шом нест,

Ишқро оғоз ҳаст, анҷом нест!

Аҳсант туро, эй шаҳриёр, ки се рукни асосии маҷлиси шоирону ошиқон — рубоб, кабоб ва шаробро фароҳам овардӣ. Дар вилоят дигар касе қудрат ва ҳиммат надорад, чунин базм биёрояд! Мо ҳама меҳмони туем ва икроми мусофир воҷиб аст. Мо имшаб ҳақ дорем, ки Даҷла-Даҷла бинӯшем…

— Як Сайҳун кифоя нест магар?

— Фақат барои сарсабзии ту оби як Сайҳун басанда асту ба дигарон чӣ мерасад?

З-андоза берун ташнаам, соқӣ, биёр он обро,

Аввал маро сероб кун в-он гаҳ бидеҳ асҳобро!

Байти шаробӣ барои хонсолору соқӣ, обдорон ва пешхидматон ишораи саҳеҳ гардид ва ҳама ба ҷунбуҷул даромаданд. Мири тараб бо нидои «Аз навои чангу барбат базми мо холӣ мабод!» Зиёуддини Форсиро ба шеърхонӣ водор карду Абдуҷалилро ба танбӯрнавозӣ. Собирхон оҳанги дилхурӯш навохту Насиба чангро ба наво овард ва Қутбия ба ҷилва омад. Хонсолор лаҳза ба лаҳза такаллуфи дигар мефармуду моида108 аз нозу неъмат пур мегардонд.

Майдеҳ ва майдасолорҳо дар байни давранишастаҳо мокувор ҳаракат карда, дар навбати аввал мо — йуҳтоҷи Нигинаву ҳамроҳонашро муҳайё менамуданд, ки ҷойгоҳи алоҳида доштанду шаш нафар буданд: дар тарафи чапи Нигина ду шоираи соҳибҷамоли хуҷандӣ — Зебою Раъно чеҳра меафрӯхтанду аз тарафи чап Шакархонум ва Соҷидаю Обида — ду канизаки аз хидматгорӣ озодшуда боғ-боғ мешукуфтанд. Аммо нишемангоҳи ду баробар бузургу музайян ба шоирон тааллуқ дошту тахти садри Хуҷанд ва авранги садри маҳфил дар мобайни гулбоғ мисли ҷуфти ахтари тобон ба назар мерасид.

Мирмалик ва Саъдӣ аз табақи булӯрин чанд дона зардолуи қандак хӯрданду чеҳраи шоир мусаффо гашт:

— Мебинам, ки малики арҷманд фармудааст он чӣ мақбули мост, муҳайё доранд, то ба дилхушӣ вақт гузаронем…

— Бале, имшаб ба сад меҳр меҳмонпарастӣ кардан матлаби мост. Сад ҷони мо фидои шоири некуниҳод бод, ки ӯро Худованд ба хуҷандиён расонд! Мардуми дилташна ҳар чӣ бештар аз давлати сӯҳбати пурфайз баҳра бурдан мехоҳанд.

— Ман чӣ? Шоири хушдили беёр, ки марди сафар аст, дар ин ҷаннатмакон аз киву аз чӣ баҳра бардорад? «Шунидан чу дидан набошад дуруст» гуфтаанду агар имкон ва иҷозат бошад, кабутари ҳарам чашму дили маро лоақал бо ҳунари волояш мунаввар созад …

— Агар илҳомаш ояд, албатта ба хиром меояд. Аммо илҳоми Зебои Хуҷандӣ аллакай ба хурӯш омада, ки шоираи некусухан асту паричеҳраи покдоман…

— Ба дурустии сухани шаҳриёр шак надорам. Зеро аз покдоманон ҳусн ҳаргиз парҳез накунад. Дил гувоҳӣ медиҳад, ки ба истиқболи ман аз соҳили Сайҳун бахти шабафрӯз меояд:

Имшаб, ки ҳузури ёри ҷонафрӯз аст,

Бахтам ба хилофи душманон пирӯз аст.

Гӯ, шамъ бимиру маҳ фурӯ шав, ки маро

Гар Зебо дар канорам аст, рӯз аст!

Мирмалик бо ишораи ангушт шоираро пеш хонд. Бонуи нозукхиром бо ҷилваи ҳарифафкан мавзун ба миён омаду бо чашмони махмур Саъдиро нигариста, табассуми маҳтобӣ ҳадя кард. Ба шоири гулназар илҳом аз мағзи ҷигар омад:

То кай, эй Зебо, дили ман бори танҳоӣ кашад?

Тарсам, аз танҳоӣ аҳволам ба расвоӣ кашад!

Сарвболои мано, гар чун гул оӣ дар чаман,

Хоки поят наргис андар чашми биноӣ кашад.

Рӯи тоҷиконаат бинмой, то боғи ҳабаш

Осмон бар чеҳраи туркони яғмоӣ кашад.

Шаҳд резӣ, чун даҳонат дам ба ширинӣ занад,

Фитна ангезӣ, чу зулфат сар ба раъноӣ кашад.

Саъдиё, дам даркаш, ар девона хонандат, ки ишқ

Гарчӣ аз соҳибдиле хезад, ба шайдоӣ кашад!

— Дар ин маҳфил ягона шердил шумо будаед, эй ҷавонмарди асил, хаста набошед! — гуфт бо лутф Зебои лаззатёфта ва қадаҳи гулфом аз дасти Саъдӣ гирифта, ба канори хонтахта ниҳоду бо овози ширадор шеъри ҷавобӣ хонд:

Эй ҳусни юсуфӣ зи ҷамоли ту як асар,

Ҳастӣ зи ҷумла сарвқадон сарфарозтар!

Тубову сарву ар-ару шамшоду исток

Бар гил зи ҳасрати ту фурӯ рафта то камар.

Бар хубиву назокату рафтору хулқу ҳусн

Мислат назода модари гетӣ дигар писар!

Зебо зи килки хомаи мушкин рақам кашид,

Бинвишт васфи қомати Саъдӣ ба мушки тар…

— Офарин бар забони ширинат, эй гули Зебо! Пештар биё, эй зебопарӣ! Дили ман ҳар чӣ хост бар ту, ту ҳамон баҳри ман хостӣ. Ишваи чашмони ту маро ид болои ид аст. Пештар биё, эй ҷон! Биё!! Эй ҷон, биё!!!

Ба ҳамдигар часпидану печидани шоир ва шоира аз назари Нигина пинҳон намонд. Ягон баҳона меҷуст, то аз ҷой хезаду ба меҳрубонию лутфи хуш Саъдию Зебои сармастро ҳушёр гардонад. Чун ҳамеша андалеби Исфара саривақт ба имдодаш расид. Сайфуддин пешопешу Шамси Ҳола аз қафо ба гулбоғ даромаданду бо нидои «Дӯстон, салом! Мо омадем!» диққати ҳамагонро ба худ ҷалб карданд. Мирмалик баробари дидани Сайфуддин бағал кушода, ба пешвозаш шитофт:

— Марҳабо, бародар, марҳабо! Хуш омадӣ, андалеби Исфара!

Саъдӣ ҳам ёронро мисли хуршед истиқбол гирифт:

Ду ҳамҷинси деринаи ҳамқалам,

Марҳамат намоед якҷо ба ҳам!

Нигинаро низ дар пояш тоқат намонд ва ба пазира иқдом кард. Хоҳарона «Аҳмад-ако, салом!» гуфту сано хонд. Муддате як моҳу се ситора дар мобайни гулбоғ нурафшон истода, ба якдигар дурру гуҳар фишонданд. Саъдӣ дарҳол ба хурӯш омад:

Аз ин маҳпораи обидфиребе,

Малоиксурате, товусзебе.

Ки баъд аз диданаш сурат набандад

Вуҷуди порсоёнро шикебе!

Нағмасароёни маҳфил аз таъсири бадеҳа ба ҳолати самоъ баргашта, чангу рубоби хуш заданду гулдухтарони муғанния «Мақоми Хуҷанд» оғоз карданд. Овози таҳсин аз ҳар ҷониб баланд садо доду шӯриши дил Нигинаро ба хурӯш овард ва ҷалолу ҷамолу ҷилваи зебо базмафрӯзи зиёфат шуд. Бадри хушхироми мунир бо нигоҳи гарм ва ғамзаи чашм дилҳои парешонро атрофи сарви баландболо гирд овард. Се андалеб гирди моҳ ахтар шуданд. Нигина ба ваҷд омада, чунон фаттон рақсид, ки ҳамагон хира монданд ва саноҳо хонданд, аммо касеро ҷуръати дастафшонӣ набуд.

Нигина фаҳмид, ки интихоб ва таҳрик аз ӯст. Бо ишораи абрӯ садри олимақоми шаҳри азимро шефта гардонду ба самоъ овард ва марду занро ба по хезонд. Зебои Хуҷандӣ, ки мисли Нигина хушрӯй буд, бетоқат шуда, шӯхрӯй гашту андар зулфу гесувон абиру мушк пошида, дастпонаи зевар дар бозувон андохту мастона ба хиром омад ва Саъдиро ба рақс даровард. Шоири болидарӯҳ дар атрофи гули худрӯй бошавқу шӯр давр гашта, беист чаҳ-чаҳ мезад:

Дил зинда мешавад ба умеди вафои ёр,

Ҷон рақс мекунад ба самои каломи дӯст…

Рақси ду ҷуфти ҳамболу пар ба муддаои дили ҳамагон анҷом ёфт. Аммо садри маҳфил бонувонро иҷозаи рафтан надоду ба нишастангоҳи шоирон шинонд ва ба садри Хуҷанд рӯ овард:

— Дар Шерозу Исфаҳон сӯҳбати аҳли дил чунин аст, ки ҳар яке бо навбат суханҳои ширину рангин ва байту ғазали дилнишин мегӯянд ва бо ҷуфти хеш ҷуръае менӯшанд. Ин ойин ба ранги маҳфили хуҷандиён мутобиқ аст ё номувофиқ?

– Ҳар чизи хубу олӣ — табъи дили хуҷандӣ! Навбати аввал аз кӣ?

— Бузургсоли мо Шамси Ҳола байни чор Шамси Самарқанд аз ҳама болобаланд аст:

Самарқандро гирифтӣ ба шеъри хуш, эй Шамс,

Биё, ки навбати Хуҷанду вақти Исток аст!

Шамси Ҳола, ки қиссаи занковии худро дар Самарқанд ба Нигинаю Шакархонум баён карда буд, бо илтиҷо гоҳ ба Саъдию гоҳ ба Шакархонуми бухороӣ нигариста, байти тозаэҷод бо пешгуфтор пешниҳод кард:

— Эй шоири аҷаллаи афзали акмал! Ошиқу маъшуқа ҳар ду хоҳарзодаи мананду модари ман холаи онҳо. Илоҷе дарёб, то дуои модар мустаҷоб гардад ва аҳди нигоҳ ба ақди никоҳ табдил ёбад:

Ба маҳбуби дили худ бастаям аҳд,

Ки пош созам ганҷу зар ба як ақд!

Ҳама ба назари кунҷковӣ Шакархонумро нигаристанду вай бо овози ларзон гуфт:

Ман меваи хоми сояпарвард наям,

Пинҳон аз чашми Шамс ҷаҳонгард наям!

Ҷавоб ба Саъдӣ писанд омад:

— Оре, лаззати ангур бева донад, на худованди мева! Эй соқӣ, май маёвар, аз он биёбар, ки май аз вай ҷӯш кард!

Бо ишораи хонсолор ду ҷавони озодаю олуфта кӯзаю ҷом оварданду турунҷу биҳии покизаву реза ва бо таомули хуҷандӣ андак-андак ба қадаҳҳо майи гулфом рехтанд. Ситораи паррон ва нурафшони маҳфил, ки тоҷгули шукуфтаи арғувониро мемонд ва бо анвои зарофат доди суханварӣ медод, дарҳол эрод гирифт:

— Чакрае шароб дар қаъри пиёла чун қатрае хун дар дили афсурда аст, эй шабоб. Бе май чӣ нашъа хезад аз дидани пиёла?!

— Тарсам, ки маст нашавед…

— Шоирро бо се-чор қадаҳ маст кардан амрест муҳол! Ба шоир май гаронбор бояд дод, то сабукбор шавад:

Ғофилон аз зиндагӣ — мастони хоб,

Зиндагонӣ чист? Мастӣ аз шароб!

Чун қадаҳҳо холӣ шуданд, ровии базм даст ба китфи Шарофиддин расонда, аммо чашм аз Соҷида наканда, гуфт:

— Шамси Ҳола духтари хола дарёфт. Акнун навбати бародари истаравшании ман, ки дар роҳи Хуҷанд дурдонае дид басо пурҷилою хушнамо. Шод гаштам, ки на бо бегона, балки бо ин дурдона рақсид ва чархид ва хурӯшид…

— Олуча ба олу нигариста ранг мебарораду шогирд аз устод ишқбозӣ ёд мегирад, — Шарофиддин, ки май гарон нӯшида буд, беандеша ба гап даромад: — Иқшварзии булбули Шероз дидаму ҳавасам омаду «аз карнайча як пуф» гуфтаму боз гуфтам, ки

Кунад ҳамҷинс бо ҳамҷинс парвоз,

Кабутар бо кабутар, ғоз бо ғоз…

– Ғоз не, боз! — луқма партофт Шамси Ҳола.

— Эй ошно, ёд нате! Ту гап задӣ, ман ҷим шиштам. Ту ҳам ором шин, ки гапам гум шуд. Ман гуфтанӣ будам, ки… решаи номи Соҷида «Соҷ» аст, яъне номи дарахт, балути ҳиндӣ. Лекин… мо истаравшаниҳо мурғи кунҷитхӯракро соҷ мегӯем… Не, ин хел не… Ман гуфтанӣ будам, ки ун дилбанд аз кокули дарозаш ба дилам банд андохт… Обу адо шудам… сар ба замин ниҳода, соҷид шудам, лекин шеър гуфтан наметонам…

Шамси ширакайф хост ба Шароф ягон шеъри ишқӣ интиқол диҳад, ранҷиду дӯғ зад:

— Эй ошно, боз мегӯям, ки ёд нате! Ман ҳам шоир!

Шоире Соҷид шуда, тан чун ҳилол

Духтари ошиқшуда бар вай ҳалол!

Ҳама қоҳ-қоҳ заданду Соҷида ҳам базавқ хандид ва нимғурма гуфт:

— Ман духтараки шаҳрӣ нестам, ки шарму ҳаё надонам. Аз Анварӣ як байт медонам:

Эй бародар, ишқ савдое хуш аст,

Дӯзах андар ошиқӣ ҷое хуш аст!

Маҳфилиёни сабукбол офарин хонданду Саъдӣ бо нигоҳи меҳрполо Сайфуддини Исфарангиро нигарист:

— Агар Фарҳодро ҳосил нашуд пайванд бо Ширин, шукрона мегӯям, ки ду ҳамсафари ман имшабро бо ёри дилхоҳе бар канори сабзазоре рӯйбарҳам хуш мегузаронанд. Яъне на ман танҳо гирифторам ба доми зулфи зебое, дигар дӯстон низ бо дилороме саре доранду савдое!

Ишқ дар олам набудӣ, гар набудӣ рӯйи Раъно,

Гар на гул будӣ, нахондӣ булбуле бар шохсоре!

Ҳолиё айни вақт аст, агар андалеби Исфара ба гули Раъно рози дил ифшо намояд.

— Сӯи ошёни қудсӣ паридам дамеву пайки мурод маро хушклабу ташна бар лаби оби ҳаёт баргардонд. Чӣ хуш, ки аз нафаси сарди Сайҳун маҷлиси мо гарм гашту ба вақти самоъ бо ҷӯши шароби ноб дил ба дил роҳ ёфт ва нигоҳ ба нигоҳ пайваст. Аммо ба самовиҳо чӣ суд аз гуфтани бисёри ман? Фақат ишорае кофист, ки ин рӯйдод моро аз мумкиноти толеъ аст.

Ҳолиё, ки дар миёни обу оташи ин сарои сурур аз табу ларза беқарор бо паридорони маҷлиси унс чун гирдбод мечархем, маро мебояд минбаъд чусту чолоктар шавам, дар ошноии чашмони шаҳлою наргисмисоли Раънои хеш аз мавҷ бесангтар ва аз ҳубоб тиҳирӯтар бошам. То агар ғам дуаспа ояд, бо сардханда бори ишқ шодмон ба дӯш бардорам:

Ошиқон аз сари шамшери ғамат ҷон набаранд,

То ба чавгони вафо гӯй ба майдон набаранд.

Кори хомон бувад он, к-аз сари шаҳватбозӣ

Ба роҳи ишқ дароянду ба поён набаранд.

Шергирон, ки ба ҷон бастаи занҷири диланд,

Ҳукми дилро натавонанд, ки фармон набаранд!

Лекин онҳо, ки дар ин ҳалқа мақоме доранд

Номи дилро ба забон дар ғами ҷонон набаранд…

Баста бодо нафаси субҳдаму боди сабо

Қиссаи дарди маро гар ба Хуросон набаранд…

Сайфуддин бо нигоҳи нафис Раъноро жарф нигаристу аз мағзи дил хитоб кард:

Вақти субҳ аст, хез, бода биёр, эй санам,

Дар варақи рӯҳ каш аз хати соғар рақам!

— Офарин, эй Сайфи Исфара! Кас надидаст одамизод аз ту ширинтарсухан, ҳам сара! — лаб ба тавсиф боз кард Саъдӣ. — Ҳар чӣ гуфтӣ, аз ниҳонхонаи дили Раъно гуфтӣ. Вай сухан дар хилоф нахоҳад гуфт!

Гули Раъно ба андалеби шайдо байти обдоре бахшид:

Кунун омад вақти ошиқнавозӣ

Ба зулфи худ диҳам шабро дарозӣ…

Саъдӣ нигоҳи гарме ба Зебо ҳавола карду чор мисраъ хонд:

Сӯҳбати ёри азиз ҳосили даври бақост,

Якдама дидори дӯст ҳар ду ҷаҳонаш бақост!

Дарди дили дӯстон гар ту писандӣ, равост,

Ҳар чӣ мурод аз шумост, ғояти мақсуди мост!

Шоир чун мушоҳида кард, кишоира ба шавқ наомад, мисраи охиринро бо андак тағйирот дубора хонд:

– Ҳар чӣ муроди Зебост, ғояти мақсуди мост!

Зебои Хуҷандӣ ишорати дӯст хуш пазируфт ва худро ба паҳлуи андалеби Шероз расонд:

Кас чун ту ба ақл зиндагонӣ накунад,

Дар шеваи ишқ меҳрубонӣ накунад.

Эй ёри сабукрӯҳ, зи васлат имшаб

Шодам, агар ки субҳ гаронӣ накунад…

Лаҳни форами шоираи хушилҳом Саъдиро ба таҳрик овард:

— Ало, эй соқии оташрӯй, каломи оташинро шунидӣ? Ба оби бода ақл аз ман фурӯ шӯй!

Шод бош, эй ширинлаб сухангӯй. Эй моҳпораи обидфиреб, эй малоиксурати товусзеб:

Кас надонам, ки дар ин шаҳр гирифтори ту нест,

Магар он кас, ки ба шаҳр ояду ғофил биравад…

Руҷӯи шоир таровиши эҳсоси шоираро дучанд афзуд:

Сӯям нигарист, оҳ, шоири сармаст,

Гуфт: «Аз чанги булбули шайдо натвон ҷаст!»

Гуфтам, ки: «Шаб аст, дастам ба даст бидор,

То бе ту нагирадам касе даст ба даст…»

Саъдиро дигар тоқат намонд ва дасти шоираи маҳҷабин ба даст гирифту ҷониби заврақ бурд, то шабҳангоми ширмаҳтоб сайри Сайҳун кунанд.

Сайфуддину Раъно ба заврақи дигар нишастанду ба самти дигар бел заданд…

Шамсиддину Шакархонум ва Шарофиддину Соҷида низ заврақсавор шуданд…


* * *


Андалебҳои хушнаво ба чаро рафтанд, вале Мирмаликро нишот накоҳид ва нашъа напарид. Зеро чаҳор булбул гул дар кафу маъшуқа ба коми дил рафтанд.

Оҳи сабук кашиду ба Нигина гуфт:

— То ба ин лаҳза дилхавотир будам, ки маҳфили Исток зиёфат мешавад ё офат ё мухолафат?! Шукри Яздони пок, ки дилеву пиёлае нашикаст… Дилшодам, ҳарчанд ки асир гаштам…

— Чӣ?! Чӣ хел асир?

— То зиёфат ҳоким будам, вале ҳоло… зулфи мушкинро асиру холи сиёҳро ғуломи ҳалқабаргӯшам! Бифармо, эй оҳуи шерсавор…

Нигина қоҳ-қоҳ хандиду абрӯ ҷунбонд:

— То зиёфат дар тоҷи шоҳаншоҳи олам нигини рахшон менамудам ва ангуштнамои халқ будам, акнун Маликро нигин бар ангуштарини дил шудам. Маро ба ангушти ғайрат оваред ва бар дафтари муҳаббат мӯҳри меҳр аз ранги дил гузоред…

Лафзи пурмуҳаббатро шунида, шаҳриёр шоҳинвор гардан ёзонду бо меҳри дучандон ҷониби сардафтари бонувон назар афканд. Чун назари зебои базм ва дебои разм якҷо шуд, оташаки ноаёне шӯълавар гардид: ҳавои мардӣ ба Мирмалик ғалаба карду шавқи нишот дар дили Нигина ҷунбид. Рухсораи гулрангаш, ки мисли моҳи шаби чаҳордаҳ банур метофт, аз лабханди малеҳо шукуфон гашт. Мирмалик хандаи маъшуқаро ишорати ошиқона пиндошту моилтар ва ошиқтар гашта, парвонавор сӯяш парид ва аз забони ширин ба чил лаҳн сухан гуфта, шавқи вайро ба тамошо бедор сохт:

— Ту ҳаргиз тамошои Сайҳун кардаӣ?

— Не.

— Рафтем ба сайри дарё…

Дар заврақ паҳлӯи ҳам ончунон ҷафс нишастанд, ки аз байнашон тори мӯй намегузашт. Маҳбуба дар дасти чапи маҳбуб ангуштаре заррин дид нигинаш ёқути сурхи бадахшонӣ, бағоят софу дурахшон.

— То кунун чунин ёқуте надидаам! — гуфт бо ҳавас Нигина.

— Гӯшворе бо чунин ёқут туро бахшам, агар маро ба мурод расонӣ…

— Муроди шаҳриёр чӣ бошад?

— Як шоҳписар! Шоҳписаре мехоҳам, ки асилзодаи пок, гавҳари ориёӣ бошад!

Нигина назаре жарф ба чашми Мирмалик андохт ва андешанок гуфт:

— Мардон дар хуррамӣ сухан ба ҳар оҳанг мегӯянд, аммо дар ҳушёрӣ пушаймон мешаванд ба дил ранҷ ва шиканҷ меоранд…

— Агар ту ба дили ман азизтар, наздиктар, накӯтар ва беҳтару маъқултар аз ҳама бонувони олам набудӣ, ин рози муқаддас ҳаргиз ошкор нагуфтаме! — гуфт Мирмалик ва оҳанги руҷӯъ кард. — Чӣ бошад, агар нигоҳи мушфиқона ба қалби орзупарвар намоӣ ва маро ба мақсад расонӣ? Азеро чун маро писар нест, номи ман дар хоку гил афтад…

— Эй шаҳриёр, агар ором нашаведу қарор нагиред, метарсам, ки заврақ чаппа гардаду нияту орзуҳоямон ғарқ шавад!

— Натарс, тани латиф ба оғӯши ман супор, то ҳамеша аз об хушк барорамат!

— Аз нигоҳи мардуми кунҷков метарсам, ки моро мобайни дарё ҳамоғӯш дида, масхараю мазаммат кунанд. Ба худ оед, шаҳриёр…

— Эй Нигина, лоақал дасти худ ба дастам деҳ, то бимолам ва биболам!

— Метарсам, ки сабру тоқат аз дасти шаҳриёр мераваду кафтари кафи даст моҳии зери дарё мешавад…

— Чӣ некӯ аст суханҳои ту! Чӣ хушбӯй ва зебо мӯи ту!

— Мӯи дароз кирои ситоиш набошад. Зеро аввалин чизе, ки аз инсон фурӯ резад, мӯ бошад…

Тоқати Мирмалик тоқ шуду бели заврақронӣ ба ҳоли худ гузошта, хост дилбари ҳозирҷавоб ва айёраи ширинзабон ба оғӯш кашад. Нигина ҳар ду даст ба сандуқи синаи шаҳриёр тиргак карда, хост худро муҳофизат намояд. Вале зӯраш нарасиду беҳол даст афшонд ва… бозубанди хаволгашта даруни об афтонд. Ҳар ду саросема парӯ гашта, онро доштанӣ шуданд, аммо натавонистанд — бозубанди қадима ба қаъри дарё фурӯ рафт.

— Оббо! — гуфт Мирмалик. — Кори нағз нашуд. Лекин, зиқ нашав, даҳчанд беҳтарашро мебахшам.

Нигина аммо заррае зиқ нашуд. Баръакс, худро якуякбора сабук ҳис кард. Зеро банде аз дилаш кушода гашту боре аз китфаш фурӯ афтид. Худ ба худ майлу пайвандаш ба Мирмалик афзуд ва ба шодӣ нидо кард:

– Ғарқ гаштани бозубанд хости Худованд асту соҳибаш онро бозпас ситонд.

— Соҳибаш кӣ бошад?

— Дар дохили бозубанд нохуни шоҳи париён буд ёдгор аз Маҳастӣ! Ин бозубанд маро бандаи рақс гардонду ба мардум роҳат мебахшидам. Чун бозубанд зери об рафт, ҳис кардам, ки дил аз банд раҳид. Акнун маро вақти роҳат расид, эй шаҳриёр:

Диле дорам, ки аз Султон натарсад,

Зи банду кундаву зиндон натарсад.

Дили ошиқ мисоли гурги гушна,

Ки гурги гушна аз чӯпон натарсад!

Нигина вақте шеър мехонд, рӯймол аз сараш афтоду мӯйи анбаросо парешон гашт. Нафастанг шуд магар, ки гиребони пироҳан кушоду пас аз хатми шеър гиряолуд гуфт:

— Эй Малики дилам! Дигар ҳаргиз ба худ раво надорам, ки шуморо озор диҳам! Асло ҷафо накунам, фақат вафо кунам!

Мирмалик аз тағйири ҳолати духтар лаҳзае дармонда шуду саросема чашмони Нигинаро бӯсид ва пурсид:

– Ҷонам фидои ту бод, ин чӣ ҳол аст? Туро чӣ расида?

— Бахайр аст, эй Малики дилам! Чун бӯйи шумо ба димоғам ояд, маро роҳат физояд! Солҳост, ки аз шӯълаи чашми шумо оташе дар дилам аланга мезанад, ҷигарам месӯзад, лекин чӣ карданро намедонам… Акнун, ки дил аз банд озод гашт, мехоҳам, қалби оташин ибодатгоҳи шумо бошад. Покгавҳар шоҳписар агар мехоҳед, ҳар чӣ зудтар маро ба қиболаи никоҳ оваред…

Мирмалик фаҳмид, ки баъди нопадид шудани нохуни париён оташи ғайрат аз гиребони духтари деҳотӣ сар барозида, ҷунуни ишқ мисли боди сарсарӣ вазида, хотири чира тира гардондааст. Аз ниҳонхонаи заврақ гулоб дарёфту ба рӯяш афшонд, то ба худ ояд. Тадбири дуруст ба дили шӯрида таъсири муфид бахшид. Нигина дарҳол аз олами рӯҳонӣ ба олами ҷисмонӣ омад. Аз шарму ҳаё сар ба зер афканд. Акнун чун мурғи нимбисмил метапид ва менолид:

— Худоё! Чаро худро ба дарёи ҷунун андохтам? Чаро дар баҳри бехудӣ ғӯта хӯрдам?! Чаро заврақи мурод ба соҳили мақсуд нарасонда, дар лойоба дармондам??! Маликам, илтиҷо мекунам, зинҳор ин гапу кор ба касе нагӯед, то расво нашавам…

Мирмалик бӯсе дигар ба чашми Нигина доду дилсӯзона нидо кард:

— Эй гиромитар аз ҷонам! Хотиркӯфта нашав ва дигар асло афссӯс махӯр. Чун хуршеди тобанда чеҳра намояд, чунон чора кунам, ки ба муроду мақсад расӣ ва хушбахти олам шавӣ! — Мирмалик сари заврақро ҷониби хилватсарои хос гардонд ва Нигинаро аз дасташ дошта, ба толори мунаввару мунаққаш даровард. Дар мобайн панҷ тахти гулкорӣ алоҳида-алоҳида гузошта буданду пеши ҳар яке дар мизи пасти мудаввар табақи заррини пур аз меваҳои хелмахели ширин ба назар мерасид. Бо ишораи шаҳриёр хонуми солманди хубчеҳрае Нигинаро ба яке аз ҳуҷраҳо дароварда, хилъати зарбофту кӯлоҳи нав пӯшонда, ба миёнаш камарбанди мукаллал бо зевар баст ва бозгашт ба толор баровард. Аллакай дар чор тахт чор бонуи зебою озода менишастанд, ки дар дасти ҳар кадом ноку себу шафтолую биҳӣ ва корде барои пӯсту пора кардан буд. Хонуми роҳнамо ба Нигина фаҳмонд, ки ин хонумҳои нозанин бо шаҳриёри Хуҷанд ҳамрозӣ доранд — яке бонуи ошпаз асту дуюмӣ хонсолор, сеюмӣ машшотаи маҳсгар асту чорумӣ шаробдор…

Мирмалик бо ишораи даст Нигинаро ба паҳлӯяш хонду бонувони курсинишинро нишон дода, ба нармӣ гуфт:

— Туро ин ҷо овардам, ки маслиҳате кунем ва хулосае барорем, то дили нозукат озор наёбад. Чӣ мегӯӣ, агар туро ба тахти панҷум шинонам ва беҳтарин надимаи роҳатбахши худ гардонам?

— Бар надимӣ даст барафшонда, аз Ғӯрганҷ ба Хуҷанд расидам, то дилбари ҳамхоба нашавам ва дигар нарақсам. Агар…

— Кифоя! Дигар ягон ҳарф нагӯ, ки зиёдатист! Он пурсиш барои санҷиш буду нияти аслии ман дигар аст.

— Чист?

— Бо забони худат гуфтӣ, ки ба ман покгавҳар шоҳписар ҳадя мекунӣ! Бо шунидани ин сухани заррин сарам ба осмон расид. Ту ҳаргиз надимаю раққоса намешавӣ! Ту модари шоҳписари ман мешавӣ!!

Рафтем ба суроғи Шайхбобои шарикӣ! Худои таъоло мефармояд, ки дар амри хайр дигар ягон лаҳза таъхир накунем. Туро ҳамсари ҳалоли худ карда, вилоят ба ту бахшам ва ҳама боигарӣ аз сарат пошам…


* * *


Дар чоршанберӯзи муборак ва таборак Шайх Бадеуддини Нурӣ малак ба никоҳи малик даровард ва коми дили ҳар ду баровард. Шоҳмуроду Сабзалӣ шоҳиди Мирмалик шуданду Саодату Раъно дар паҳлуи Нигина истоданд. Қабл аз иҷоби арӯс ва қабули домод Саъдӣ муғамбирона чашмак зада, байте хонд:

Писарро нишонданд пирони деҳ,

Чу меҳрат бар ӯ ҳаст, маҳраш бидеҳ!

Мирмалик ишоратро фаҳмид ва бо лутф ҷавоб гардонд:

— Хуш арӯсест дар ҷаҳон, умри худ кобин диҳам!

— Намешавад! — хандид Сайфуддин. — Дар Исфараи мо матои маҳри арабӣ ва кобини порсӣ аз сухан намебофанд. Миёни ду фард агар ақде шавад, дарҳол нақде ба он пайванд мегардад. Дар китоб омадааст, ки шоҳдухтари исфарангӣ Бонуро аз баҳри Нӯҳ ибни Мансур хостанд ба маблағи сад ҳазор динор кобин!

— Сад ҳазор динор пеши бонуи ман қадре надорад! — боғурур луқма партофт Шакархонум. — Вайро молу ашё чандоне ҳаст, ки ҳеҷ кобине, интухин, нахоҳад…

— Сухан бисёр аст, аммо мувофиқи шариат пули нақд ва молу матоъ, ки дар вақти никоҳ ба зиммаи домод муқаррар мешавад, бояд мушаххас бошад, — гуфт бо оҳанги қатъӣ Шайх Маслиҳатдин. — Ё бунаййа109 Мирмалик ибни Мирраҳмат, ту Нигина бинти Абдулсайидро бо маҳри даҳ шутур молу ашёи аълосифат ва симу зар, ҳавлию чаҳор хона ва даҳ ғулому канизак хостӣ ва қабулаш кардӣ ба занӣ?

— Хостам ва қабулаш кардам! — дарҳол посух гардонд Мирмалик.

Шайх Маслиҳатдин ба арӯс рӯ овард:

— Ё бунаййат Нигина бинти Абдулсайид, ту нафси шарифа ва гавҳари гаронмояи хештанро бо маҳри муқарраршуда бахшидӣ ба Мирмалик ибни Мирраҳмат?

Баъди пурсиши сеюм шоҳидон посухи арӯсро баръало шуниданд:

— Бахшидам…

Шайхи Бузургвор дасти дуо бардошту ду ҷумла амри маъруф кард:

— Мақоми имону муҳаббат дар дил асту ақл дар сар, шарм дар чашм ва қувват дар устухон. Ҳар мақоме гиромӣ дореду ба ҳамдигар суханони муҳаббатомез, калимоти садоқатангез ва каломи ҳақиқатфарҷом гӯед, то дар дилҳои шумо дӯстию вифоқ110 мустаҳкам падид ояд…

Баъди табрику таҳният Пири равшанзамири Хуҷанд ба шоирони муҷаррад ба чашми кунҷковӣ нигоҳ гуморида, маслиҳатомез гуфт:

— Агар ба гулрухе назари гарм доред, фошофош бигӯед, ки фурсат мусоид асту бикӯшем, то дар рӯзи истифтоҳ кор ба муроди шумо якрӯя шавад.

Шамси Ҳола шитобон аз ҷой хест:

— Ба ман гуфтанд, ки ҳар чӣ ба хотири шумо бигзарад, дафъатан ба миён ояд. Бо умед мегӯям, ки назари гарм дорам, ғайратам ҳаст, вале иқтидорам нест…

Сайфуддин бадоҳатан гуфт:

Зи шарми ту чу ҳаво об мешавад суханам,

Ба хатти умдаи мулки камол-Шамсуддин.

Ба ҳеҷ касе надиҳам духтарони зодаи табъ

В-агарчӣ ҷон диҳад аз баҳри ҳар яке кобин!

— Ман ҳам қудрат надорам, ки маҳр пардозам, — бо овози хаста арзи ҳол кард Шарофиддин. — Акоям панҷ сол боз чӯпонӣ мекунад, лекин нисфи маҳри духтар ҷамъ накардааст…

Саъдӣ бо оҳанги тамасхур гуфт:

— Маро низ маҳр набувад, ки нақд бидиҳам. Худи ҳозир дар васфи Зебосанам қасидае мегӯям, ки ҳар байташ ҳазор динор арзиш дорад, вале ҳукми шариат дигар аст, нақд бигиру даст аз насия бидор!

Дӯстон дар ҳавои сӯҳбати ёр

Зар фишонанду мо сар афшонем…

Сайфуддин низ бо кокои худ ҳамфикр шуд:

— Шоҳони сомонӣ ҳар шоиреро, ки зан набудӣ ва кобин натавонистӣ додан, зан додӣ ва кобин аз хазина додӣ! Кош дар он замона шоири дарбор будаме…

Ҳама шикваомез табассум карданду Мирмалик доди ҷавонмардӣ дод:

— Дар сафе шодӣ бо зиқӣ рост наояд. Ман, ки малике аз гавҳари сомонам, шуморо ба хубӣ мешиносам ва шеъру фазлу донишатонро сазовор қадр мекунам. Интихоби арӯс аз шумост, маҳри арӯс ба зиммаи мост!

Чашмаи илҳоми Сайфуддин дарзамон хурӯшид:

Садро, ҳумои иззи абад бар сари ту бод!

Оби ҳаёт лозими хоки дари ту бод!

Гулбаргҳои равзаи минои осмон

Дар пардаи замири суханпарвари ту бод!

Саъдӣ ҳампешаи худ таҳният гуфту ба Пири мӯътабар рӯ овард:

— Эй Шайх Маслиҳатдин, аз Шоир Маслиҳатдин сухане бишнавед. Ҷавонмардии садри Хуҷанд маро ба риққат овард. Қасидае ба ӯ хоҳам бахшид, ки байти меҳвараш ин аст:

Касе дид дар хоб Садри Хуҷанд,

Ки хоре зи пои ятиме биканд…

— Эй ҳамноми мӯътабар, чун бар ваъда вафо кардӣ, дуо мекунам, ки умри кубравӣ ва ухравӣ насибат гардад ва саду бист сол умри пурбаракот бинӣ — ин бигуфту Шайх Маслиҳатдин бо риояи ҳама талаботи шаръӣ Шакархонумро ба ақди никоҳи Шамси Ҳола дароварду Соҷидаи боҷамолро зани манкӯҳаи Шарофиддин гардонд. Саъдию Сайф гуфтанд, ки азми сафари Хуросон доранду чун ба Хуҷанд баргарданд, бо мадади шаҳриёри олиҳиммат ин масъаларо ҳал мекунанд. Сипас Мирмалик ҳафт хилъати шоҳона аз фармудаҳои Султон Ҷалолиддин ба шоирон пӯшонд. Ёрону бародарон чун ҷигарпораҳои ҷон ба ҳам дасти паймон доданду бо табъи хуш байтулвидоъ гуфтанд ва оятулвафо хонданд. Чун навбати Саъдӣ расид, бо нигоҳи орифона Нигинаро навозиш карду аз замир нидо баровард:

Зани хубу фармонбари порсо

Кунад марди дарвешро подшо!

Орзумандам, ки аз шарофати хоҳари баландахтари мо бародари ғазанфари мо Шоҳи мардон шавад…

Равзанаи ҳафтум. Ҳангомаи хуруҷи балои азим аз мулки дур ва зуҳури балогардони зӯр дар шаҳри нур

Чун шарти заношӯӣ ҳама рост шуд, навбати шаби арӯсӣ омад. Машшотаҳои чарбзабон ва чобукҳаракат дасти санъатварӣ кушода, бо мадади шонаю мушку анбару касмаю оина ҷамоли ҷаҳоннаморо ончунон оростаю пероста карданд, ки бемуҳобо рашки шоҳи париёнро меовард.

Домод низ бо либоси шоҳӣ ороста буду ҳар дуро бо таъзими хосу ом ва иззату икроми молокалом дар кошонаи Маҳастӣ фуруд оварданд. Мутасаддиён бо супориши Хоразмшоҳ дару девори ҳуҷраи висолро бо гулу раёҳин ва дигар хушбӯиҳо муаттар сохта, болои ҳафт қабат кӯрпаи бахмалин ҳафт нозболин ниҳода, ба тирезаҳо ҳафт пардаи зарбофт кашида, дар атроф ҳафт хишти заррин ва ҳафт зарфи симин пур аз меваи ширин гузошта буданд. Мирмаликро як дил ҳазор дил гашту Нигинаи сабукболро рӯйи даст озод бардошта, болои тахти шоҳӣ шинонд.

Дар базмгоҳ садои карнаю сурнай ва дафу чанг баланд гашту шаҳри бо дебоҳои ҳарир ороёфта ба по хест. Аммо дар шабистони хилват шаҳриёр назди арӯси Тирози ҷаҳон ба зону нишаст: тамошои чашмони шаҳло ва рухи гулфом гуворо буд бар булбули шайдо! Бӯйи гул аз даҳани ғунчаи гул ба машомаш хуш расида, сония бар сония сармаст мегардонд. Дидаи чор аз тамошои ёри маҳрухсор сер намешуд, зеро арӯси нозанин лаҳза ба лаҳза мешукуфту ҳусайну хушрӯй мешуд, ҳусну сураташ аз моҳу хуршед баланд мерафт ва ба назари Мирмалик чунин менамуд, ки фариштаҳо ҳусни оламиёнро аз нав тақсим мекунанду малоикаҳо ба наварӯси худ ҳусн болои ҳусн тӯҳфа меоранд.

Мирмаликро шавқи муҷомаат ва ҳирси мубошират ончунон афзуд, ки сабру қарор дар вуҷудаш намонд. Чун шери жаён чолок барҷасту ҷома аз тан кашид, то манкӯҳаи ҳаққи ҳалоли хеш беҳарос дар оғӯш кашад. Нигинаро низ орзуи хилват падид омада буд. Вале ҳар ду ҳамон лаҳза ҷамъ нашуданд. Кабутари ҳарам, ки аз парвози дурмадароз фуруд омада, дар бистари мулоиму хушнакҳат орому хуш мехобид ва шабеҳи оҳуи хуфта дар марғзор буд, пеш аз он, ки ба дасти шери Хуҷанд инони хеш пурра биспорад, бо садои пичирросӣ пурсид:

— Шаҳриёрам, никоҳи мо мутъа, яъне муваққатӣ аст?

— Не, азизам! Мутъа дар замони Расули акрам буд, дар аҳди халифа Умар бартараф шуд.

— Мегӯянд, ки ду зан дар никоҳи як мард ҳаром аст…

— То он вақт, ки «Таврот» мунзил гашт, ду духтар дар никоҳи як кас раво буд. Баъд дуникоҳӣ барои ҷуҳудон ҳаром шуд. Тибқи шариати ислом марди мусулмон ҳақ дорад, чор зан дар никоҳ дошта бошад.

— Яъне, ки банда акнун зани никоҳӣ, завҷаи ҳалоли шумоям?

— Бале, азизам!

— Худоро сипоси бекарон мегӯям, вале як илтимос дорам.

— Гӯшам ба фармони туст…

— Ваъда диҳед, ки чун ба ман дастёб шавед, Ойчечакро фаромӯш намекунед ва озор намедиҳед…

— Чаро чунин мегӯӣ?

— Агар Ойчечак набудӣ, Нигина раққоса нашудӣ! Балхи дастобрези Узлоғ шудӣ. Аз ин боис, агар раҳкушоям тинҷу осуда бошад, виҷдонам орому осуда хоҳад буд. Агар аз Хуҷанд ронда шавад, сахт андӯҳгин шавам ва тамоми умр худро мазаммат кунам.

— Осуда бош, азизам! Ҳама кор табъи дили ту мешавад. Пештар биё, Нигини дилам…

Мирмалик сару чашми Нигинаро гарм бибӯсиду нарм ба оғӯш кашид. Вақте дил ба дил часпид, ишқи пуршӯри ҷамол-ул-хитоб ба нуқтаи олӣ расид. Дар соати мубораки шаби муқаддас малик ва малак ба ҳам пайвастанд.

Мирмалик дар карпоспораи оҳарӣ доғи хоби аввалро диду хотирҷамъ шуд. Аз он ки оқибат ба висоли ёри дилхоҳ расид, мамнун гашт. Аз он ки Нигинаро дӯшиза дарёфт, сараш ба осмони ҳафтум расид…


* * *


Нигина медонист, ки чиллаи арӯсӣ дар Хуҷанд аз якчанд маъракаи хурду калон иборат асту аз ҷумла яке «домодталабон», дигаре «дадобинон» ном дорад ва тибқи таомул бояд дар манзили духтар баргузор шавад. Лекин азбаски Ворух дур буду роҳи кӯҳсор душвор, ҳалли ин масъала ҳамаро ба андеша водор кард. Очаи Моҳсимо бо оҳанги мулоим аз Нигина пурсид:

— Духтарҷони ширин, туро нияти Ворух рафтану моро ба сайру тамошо бурдан ҳаст ё не?

— Номи Ворухро шунавам, дилам гум мезанад, модарҷон, лекин илоҷе надорам. Акнун ихтиёр пурра дар дасти Шаҳриёр…

— Меравем! — овози Мирмалик қатъӣ садо дод. — Ҳам саёҳат мекунему ҳам зиёрат, ҳам падару модарро мебинему ҳам тағою аммаро, ҳам зиёфат медиҳему ҳам зиёфат мехӯрем!

— Чӣ хел зиёфат медиҳем?

— Дар базми арӯсӣ аз Ворух касе набуд. Ба аҳли деҳа оши наҳор медиҳему ба хешу ақрабо ва ҷавонон — зиёфат! Бигзор тӯй болои тӯй шавад!

Шаҳриёр Сабзалиро фармуд, ки асбоби базму тараб ва фароғатро фароҳам оварда, бист шодгунаю хунёгару мутриби олимартабаро ҳамроҳ гираду бетаъхир ба ҳаракат дарояд ва қади роҳ ҳокимони Канду Исфараю Фарғонаро ба Ворух барои иштирок дар базми арӯсӣ даъват намояд. Аз ғайрату ҳиммати садри муаззам димоғи Нигинаи муаммил111 муанбар гашту Сабзалиро ба хилват хонда, ду киса зари холис дод ва гуфт:

— Падари маро салом бирасон ва гӯй, ки домоди бузургвораш ба зиёфати шоҳона сазовор аст!

Базму зиёфат ва саёҳат табъи дили малик ва малак ташкил гардиду се рӯз деҳаи бузург ба тӯйхонаи калон табдил ёфт. Нафақат хешу табор, балки аксар мардуми меҳмоннавози Ворух паёпай бо ҳадяҳо меомаданд, то наззораи сурати дилпазири домод кунанду эҳтиромашро ба ҷо оранд. Ҳамзамон ба гирди Нигина парвона буданду аз дидор ва сӯҳбаташ серӣ надоштанд, ки ӯро шарму ҳаё иҷозат намедод, то аз ҳиҷоб берун ояд.

Хайрият ки рӯзи чаҳорум шумораи ояндаю равандаҳо кам гашту ба қавли кадхудои деҳа Иброҳимхоҷа «таги по холӣ шуд» ва барои истироҳату фароғати меҳмонон имконияти бештар фароҳам омад. Амакбузурги арӯс Аҳмадсайид, ки аз ҳама бештар бо домоди олимашраб каруфар мекарду дар бӯстонсарои лаби дарё барои шоҳу моҳ саройи олӣ бо фаршу дебои алвон фарохури ҳокими вилоят омода сохта буд, ҷуфти навпарвозро дарҳол ба он ҷо кӯчонд, то дар алоҳидагӣ аз таомҳои лазиз, ғизоҳои мувофиқ ва манзараҳои зебо баҳраи том бардошта, ширинтарин лаҳзаҳои умри хеш ба хубию хушӣ гузаронанд.

Канизаки ҷомагулгун дар табақи сафоли лангарӣ палав аз биринҷи девзираю равғани зағир бо зирку биҳӣ овард, ки таоми дӯстдоштаи Мирмалик буд. Пешхидмати бирешимхилъат дар шаҳкосаи чинӣ бағрои уйғурӣ овард, ки аз гӯшти гӯсфанду равғани думба, зардии тухму нахуди сиёҳ ва ҳулбӯю зира таркиб ёфтаву онро низ Мирмалик бағоят дӯст медошт. Вале шаҳриёри гурусна, ки дар давоми се рӯзи охир ба дидори Нигина ҳаристар шуда буд, ба таомҳои фармуда нимнигоҳе накарду ҳамаро ҷавоб дод ва Нигинаро рӯйи даст ба шабистон дароварду вақтро мувофиқ, ҷойро мусоид ва фурсатро ғанимат шуморида, дар ишқ маст шуд. Нигинаро низ тану андоми муборак бисёр гарм гашту дил аз шавқ ба ҷӯш омад. Мирмалик аз оғӯши гарм лаззати тоза ёфту завқаш ба ғоят расид ва аз миёни амвоҷи ишқ бонги ошиқона баланд шуд: «Ҷонам фидоят, оҳуи шергир!!!»

Он шаб малик ва малак дастҳо ба гардан борҳо ба дарёи ишқ ғӯта заданду пасту баланд ҷигӣ-ҷигӣ карданду шарбати дил лесиданд ва хастаҳол дар субҳдам хуфтанд…

Вақте Нигина бедор шуд, офтоб дар китфи қуллаи Тешазадагӣ метофт. Оҳиста сар бардошту Мирмаликро дар бистари нарм бароҳат хуфта дид. Бо садои гӯшнавоз бедораш кард:

— Хезед, офтоб то нисфи осмон баромадаст.

Мирмалик паҳлуи дигар гашту хоболуд ғурунгид:

— Офтобро гӯй, маро ба ҳоли худ гузорад, рухашро пинҳон кунад… Малик мехоҳад, як ҳафта фақат моҳи тобонро нигоҳ кунад…

Шаҳриёр, чун ҳамеша, ба гапи худ истод ва ҳафтаи заррини асалмоҳ басо ширину гуворо гузашт. Наварӯсон хилватсарои соҳили дарёро ба бӯстонгоҳи айш ва чаманистони нишот табдил дода, бо меҳр ба саҳрои муҳаббат тухми умед фишонданд. Аз хуррамӣ малик тоҷвар гашту малак борвар…

Аз он тухмаҳои ишқолуд навниҳоле дар гулбоғи Нигина реша печид ва сари Мирмалик ба осмони иллиййин расид…


* * *


Нӯҳ моҳу нӯҳ ҳафтаю нӯҳ рӯзи умедворӣ ба оромӣ паси сар гашту Нигинаро асари зоидан падид омад. Фарроши ҳамешаҳозир шамъи анбарин афрӯхту болои суфа ниҳод, ба рӯи бистари шоҳӣ карбоси оҳарӣ андохта, кадбонуро беозор хобонд ва бесадо аз дар баромада, дояро ҳозир гардонд. Момодоя набзи ҳомиларо санҷидан ҳамон фаррошро фармуд, ки зуд ташти заррин оварда, интизор истад ва чун фарзанд падидор шавад, навда бар он бизанад, то Абдуҷаббори мунаҷҷим бехато толеъ рост кунад. Худ наздики Нигина омада, кафи дасти расо ва оромбахш болои шикамаш гузошту лабони маҳин ба табассум кушода, бо лафзи ширин гуфт:

— Эй асила, аз ҳама гапу кори ҷаҳон фориғ шав, то саломат бошӣ.

Нигина бо лабханди ҷавобӣ чашм бар ҳам ниҳоду боз кард ва… садои баланди гиряи тифли навзод ба гӯшаш форам расид. Ӯро писаре ба дунё омад чун нигористон — ҳеҷ тифле аз нажоди одам ба хубии ӯ набуд ва сурате мисли вай надошт! Момодоя баъди покшӯйӣ навзодро дар парпечбанди сафед печид ва ба дидори падар овард, ки дар ҳуҷраи ҳамшафат ҳамроҳи устод Адуҷаббор садои ташти зарринро шунида, толеъ мегирифтанд, то ба се пурсиши нуҷум ҷавоб дарёбанд: «Ахтараш куҷо бувад? Иқболаш чун бувад? Фурӯғаш кай бувад?»

Лаҳзае, ки фарзанди моҳрӯй дар канори падар ниҳода шуд, офтоби заррин ба рухсораи тифл шӯъла афшонду Мирмалик бӯсаи пурмеҳр ба ҷамоли хуршеднур бахшид. Момодоя хурсандии худро пинҳон дошта натавонист:

Инчунин осон фарзанд назодаст касе,

Ки на дарде бигрифташ мутавотир, на табе!

Мирмалик бениҳоят шод шуд ва ба момодоя ҳадяи шоҳона дод:

— Алҳамдулиллоҳи раббилъоламин, ки муборак шоҳписар ба ман ато кардааст. Ба шодии рӯйи чунин фарзанд аз дари хазина банд мебардорам! Шаҳрро озин бандед, халқро даъват кунед ва як ҳафта таому ҳалво диҳед!

Устод Абдуҷаббор аввалин шуда, падари хушбахтро таҳният гуфт ва бо хабари некӯ шод гардонд:

— Башорат медиҳам, эй шогирд, ки туро писаре бузургвор омад!

Фарзанде, ки бе «бисмиллоҳ» офарида шудааст, боиси бухлу тарсу андӯҳ асту бо душворӣ ва азоби алим ба дунё меояд. Аммо фарзанде, ки бо меҳру нияти пок аз салби112 падар ба раҳми модар мегузарад, осонкушою осоишбахш асту дар сиришташ чунин навиштаанд: бало омаду қазо113 расид!

Бо дархости Мирмалик Пири уқдакушои Хуҷанд Шайх Маслиҳатдин, ки «Қуръон»-и шарифи бағдодӣ ба тифли нав ҳадя оварда буд, ҷумлаи тақдирсози мунаҷҷимро чунин шарҳ дод:

— Ин қазои мубрам ва амри маҳкам аз Парвардигори олам асту фарзанди дилбанди ту, ки абераи арҷманди мост, соҳиби хайрот ва эҳсон буда, некукирдору балогардон мешавад, балои азимро аз сари мо дафъ мекунад. Ӯро номи номӣ мебояд ниҳод, ки хубтаринаш Мирмӯҳсин аст.

Мирмалик аз Пири худ чӣ будани балоро мушаххас пурсидан мехост, ки Шоҳмуроди Кӯҳистонӣ бошитоб аз дар даромад. Аввал тавлиди фарзанди навро муборакбод гуфта, шамшери алмосгуни фӯлодӣ тӯҳфа карду сипас оҳанги гуфтор дигар намуд:

— Таъҷилан хабар расид, ки Чингизхон ҷанг сар кардааст! Лашкари муғул ба шаҳри Утрор ҳамла овардааст…

Аз шунидани ин шумхабар Мирмалик чӣ будани балои азимро фаҳмиду андаке суст шуд, вале орзуи дидани Нигина дар дилаш боло гирифт. Хост назди ҳамсари худ даромада, тапиши қалбҳоро бартараф кунад. Момодоя садди роҳ гашт:

— Камтари дигар тоқат кунед, шаҳриёр…

– Ҳолаташ хуб аст?

— Хуш шаклу нек вазъ дорад. Фақат… дар дасту миёну камараш андаке заъф ҳаст, ки шояд асари рақс бошад. Иншоаллоҳ, дарди ночиз зуд мегузарад.

— Дар паҳлӯяш истодан маро хуш аст, аммо рафтанам воҷибу лозим шуд…

– Ҷӯйи осиёби шумо аз оби мурод доимо пур бошад, шаҳриёр! Бехавотир, бо дили пур равед, аз ҷониби мо дар нигаҳбонӣ тақсире намешавад.

— Хуш бошеду ба модари Мирмӯҳсин саломи маро расонед! — Мирмалик гӯшвори заррине, ки арғувон лаъли бадахшӣ дар замир дошт, ба дасти момодоя дод. — Инро ба гӯшаш овезед ва ба гӯшаш гӯед, ки ғайр аз шодӣ дигар чизе ба дил маёрад, зеро аз шодӣ маро ба осмони иллиййин114 расондааст! Абадулабад шукронаи он хоҳам кард, ки аз шамъи муҳаббат чароғи ҷаҳонтоб афрӯхт…


* * *


Тифли навзодро дар ҳафтрӯзагиаш ақиқа накарданд, зеро Ҳазрати Шайх Маслиҳатдин баробари ба дунё омаданаш вайро Мирмӯҳсин номида, бо дуои сабз роҳашро равшан гардонида буд. Вале таомулро риоя намуда, гӯсфанди фарбеҳ куштанду ҳисса-ҳисса ба фақирон дода, барои аҳли байт ва хешовандон хомшӯрбо андохтанд.

Гулсимо, ки аз ҳама пеш омада буд, тифли дӯстрӯякро навозиш намуда, бо лаҳни кӯдакона пурсид:

— Дадаҷонатро пазмон шудӣ? Ҳай-ҳай! Дадаҷонат кай омада буданд?

— Се рӯз пеш, — ба ҷойи кӯдак ҷавоб гардонд Нигина. — Лекин мо хафа не. Чунки дадаҷонаш серкор…

— Дуруст мегӯӣ, акоям ҳақиқатан ҳам серташвиш, шабу рӯз дар қалъаи обӣ, — тифлро ба катча хобонда оҳи пурдард кашид Гулсимо. — Лашкар кашидани Чингиз ҳама корро чаппаю зеру забар кард. Вилоят ноором…

— Ман ҳам ҳис карда истодаам, ки амният халалдор… Аз ҳамин сабаб дарди дил пеши дадаҷонаш бурдан намехоҳем…

— Чӣ хел дарди дил?!

— Сахт метарсам, ки Чингиз ба Хуҷанд меояду ҳоли мо табоҳ мешавад… Бахти мо фано меёбад… Писаракам…

— Зиқ нашав, як ту не, ҳама дар чунин фикру хаёл. Лекин… Бовар дорам, ки калонҳо илоҷ меёбанд. Назар ба шунидам, имшаб ҳама авлод ҷамъ меоянд. Акоям даъват кардааст…

Дар оғози сӯҳбат Мирмалик хабари охиринро ба самъи ҳозирин расонд:

— Оташ дар атрофи Утрор торафт баланд забона мезанад. Лашкари муғул фавҷ-фавҷ меояд. Ба ҳисобе аз дусад ҳазор зиёд шудаасту аз ҷониби Қошғару Балосоғун ҳамин қадари дигар дар роҳ…

— Ба назарам чунин менамояд, ки зиёни ин оташ ба ҳама ҷо мерасад, монанди абре, ки бод густариш диҳад, ҳама шаҳру рустои мамлакатро фаро мегирад, — андешаманд лаб ба гуфтор кушод Шайх Маслиҳатдин ва пурсид: — Утрор чӣ қадар муҳофиз дорад?

– Ғоирхон панҷоҳ ҳазор сипоҳӣ дораду Хоразмшоҳ даҳ ҳазор ҷанговарро бо сарварии Қарочӣ ҳоҷиб кӯмак фиристодааст… Аҳволаш танг, муғулҳо ҳалқаи муҳосира торафт таранг мекашанд. Чунки Чингиз ба ҳокими Утрор ҳисобу ҳасаби алоҳида дорад.

— Мактуби Чингизхон дар ёдам ҳаст. Навишта буд, ки «ба сари халқи сартаул бо ҷанг меравам, то интиқоми Ухун ситонаму барои садҳо аҳли сафорат ва тиҷорат қасос гирам. Магар Инали бенухтаро, ки зеварҳои лаҷоми подшоҳии маро барканд, ҷазо надодан мумкин аст?!»

— Гуноҳ кӣ кунаду ҷазо кӣ бинад! — хитоб кард очаи Моҳсимо. — Парвардгор халқро дар паноҳаш нигоҳ дорад, ғазаби Чингизро аз сари мардуми Утрор дур гардонад!

— Шумо гӯед — нагӯед, Чингиз худро аз Утрор дур кашид, — бо табассум ба модари Мирмалик нигарист Шоҳмурод. — Дид, ки мудофиаи шаҳри мустаҳкам ба дарозо мекашад, писаронаш Ҷағатой ва Уқтойро дар Утрор гузошту боқимонда лашкар се ҳисса кард. Писари бузургаш Ҷӯҷиро ба ҳадди Ҷанд ва Борҷиликқанд фиристоду худаш барои забт кардани Бухоро лашкар кашид. Улоқнуён ва Мангубуқаро бошад, бо панҷ ҳазор сипоҳӣ ба тарафи Фанокат ва Хуҷанди мо равона кард.

— Вой ман мурам! Наход дар Хуҷанди мо ҳам ҷанг шавад?!

— Натарсед, холаҷон! Мабод он рӯз, ки оби чашми занҳои Хуҷанд дарё шавад! — овози Сабзалӣ раъдосо садо дод. — Аз дасти панҷ ҳазор муғул чӣ меояд?! Бо лашкари андак бо хуҷандиён ҳарб кардан аблаҳияй…

— Бародари мо дуруст мегӯяд: Чингизхон ин вилоят аз дасти мо берун натавонад кард, магар бо сад ҳазор шамшери кашида…

— Шоҳмурод, ту беҳтар медонӣ. Лекин… шунидам, ки лашкари муғулу тотор чун мӯру малах ба ҳам омехта, пеш меояду Чингиз ба ҳар самт дастаҳои имдодӣ паёпай мефиристад, — Бобои Мирфозил — амаки Мирмалик шасти ҷавони кӯҳистониро андак паст гардонд. — Мегӯянд, ки сипоҳиёни моро шумор ба ангушти панҷа асту аскари муғулро ҳисоб ба мӯйи сар…

— Оъ, гапи Хоразмшоҳ дигар хел буд, худашро наҳангу Чингизро кафлесак мегуфт… Шумори аскарашро аз ситораи осмон бисёртар меҳисобид…

– Ҳозир ҳам лашкари Хоразмшоҳ бисёр, модар. Масалан дар Самарқанд чорсад ҳазор ҷанговар дорад. Лекин ҳама ҳайрон, ки чаро ба тарафи Утрор ҳаракат намекунад? Ҳамагӣ даҳ ҳазор кӯмак фиристоду халос…

— Шоҳаншоҳи олам, албатта, ягон фикру нияти зӯр дорад. Душманро бо ҳилаю найранг ба биёбон кашида, зӯру мадорашро санҷида, баъд бо як зарба несту нобуд мекунад!

— Илоҳо, ҳамин хел шавад. Валекин Чингизхон нодону зудбовар не. Ҳам муғамбир ва ҳам батадбир вай! Дар ҷавонӣ шогирди иблис буду ҳолӣ шайтон аз вай сабақ мегирад. Мегӯянд, ки бо даму нафаси Чингиз аз сарбози муғул як қатра хун бо ҳазор ҳила мечакад…

— Ба шаётин ҳамқирон будани шоҳи муғул аз назари мо пинҳон нест, — сухани бародараш Нуриддинро тақвият дод Шайхи Бузургвор. — Бефарҳангу бетавфиқ, бераҳму бешафқат, бешарму бемурувват ва бенамаку бефарҷом будани Темучинро ҳам медонем. Яъне вай шоҳи бад асту чун бадӣ пеш ояд, мо бояд аз бадтар битарсем ва нек бияндешем. Маслиҳат дар он мебинам, ки қабл аз ҳама мулоҳизаи ҳоли имрӯз ва фардои занону кӯдакон кунем…

— Оре, дар ин масъалаи тақдирҷунбон таъхир кардан кори хирадмандон нест, — гуфт Бобои Мирфозил. — Мӯйи ман, ки сапед чу шир аст, аз шамшеру тир ҳаргиз наметарсам, аммо аз найрангбозиҳои тақдир сахт меҳаросам.

— Ин хел ки бошад, бо муғул ҷанг кардан чӣ даркор? Дарвозаҳоро калон кушода, бо гулдастаю нону намак пешвоз гирем, на сих месӯзад, на кабоб!

— Холаи Фотима дуруст мегӯяд. Чунки ҳар касе дар узлат бошад, аз вай интиқом намеҷӯянд.

— Ин хелак не, Гулсимо! Ба чашми муғул ҳар кадоми мо сартаул. Яъне, инсони дуюм-сеюм дараҷа. Хоҳ ба зорӣ, хоҳ ба зар худро таслим кунем, моро хар карда, ба болоямон савор мешавад!

— Ман ҷонибдори Бобои Мирфозил. Ҳақиқатан ҳам назди хар хармӯҳраву гавҳар якай. Муғули тангчашм мора ба ду пули пучак намегирад. Хоҳем, ки зердаст нашавем, бояд зурдаст шавем!

— Эҳтиёт бош, Сабзалӣ, ки зӯри беҳуда миён мешиканад! Мардуми Хуҷанд аз об кулӯхи хушк намеҷӯянд!

— Холаи Фотима дуруст мегӯяд. Эй Сабзалӣ, оташе, ки куштан мехоҳӣ, муҳол аст! Хубаш, бо муғулҳо мурофақат кунем…

— Мурофақаташ чияй?

— Бо муғулҳо ҷанг накарда, ёру рафиқ шавем…

— Нафас ях, эй хола! Ин хаёли ту амри муҳолай! Фикри ту хомай! Гапи ту ношуданияй!! Мардуми мо мегӯянд, ки беразмӣ ноҷавонмардияй!!! Охир, ҳама медонанд, ки кӯҳи азима ай ҷо ҷунбондан муҳолай. Хубаш, кампиракҳо ҷоғшона банданду хирадмандҳо гап зананд!

Шайх Маслиҳатдин, ки футаи фохиру дастори бузург дошт, чеҳраҳои ҳазинро бо нигоҳи гарм навозиш карда, бо лаҳни нарм, вале оҳанги қатъӣ гуфт:

– Ҳама хуҷандиён имрӯз дармондаю саргаранг ва оҷизем ва бо як овоз мегӯем, ки дареғ бувад, агар муғул дар шаҳри мо ватан кунад. Ҳарчанд хуб медонем, ки молу матои дунё дастобадаст гузарон асту молики ҷовид фақат он Ягона асту ҳукм ҳукми ӯст! Бо вуҷуди ин, азбаски орифон «инсон боумед, шайтон ноумед» гуфтаанд, барои беҳбуди зиндагӣ алоқадри ғайрат, ҳиммат ва хирад ҷаҳду ҷадал мекунем. Яъне, аз тақдир ҷойи гурез нест, аммо тақдирҷунбонро сарфи назар кардан хилофи одаму одамгарист.

Дар паси пардаи тақдир нақшу катибаи бисёре ниҳон асту ба ман фақат ҳамин қадар аён гардид, ки иншоаллоҳ Хуҷанди зебои мо вайрону валангор намешавад ва ба хароба табдил намеёбад. Вақте дар субҳи солеҳон ба нияти натиҷагирӣ китоб кушодам, ояти дуюм аз сураи «Ал-ҳашр» пеши назар омад: «Фаътабару ё ули-л-абсор!» Яъне, Худованд мефармояд: эй соҳибони басират, панду ибрат бигиред!

Гумон мекунам, ки ин ояти шариф илҳомбахши устод Рӯдакӣ аст, ки мегӯяд:

Замона панде озодвор дод маро,

Замона, чун нигарӣ, сар ба сар ҳама панд аст!

Талқини ояти муборак ва байти таборак он аст, ки мо хуҷандиёни соҳиби басират бояд аз ҳарвақта бештар ҳушёру зирак ва дурандешу доно бошем, аз мушоҳида ва мулоҳизаи аҳволи дигарон дар ин айёми тақдирсӯз сабақ гирем, то ба хатои дағал роҳ надиҳем.

Имрӯз баъди намози пешин ҷамоате аз машоихи вилоят, шоирону олимон ва пешавару деҳқонон гирд омаданд ва гуфтанд: «Чора дарёбед, то мусулмонӣ табоҳ нашавад». Эшонро гуфтам: «Бо дили парешон чора натавон сохт, то пагоҳ ба осудагӣ нек тааммулу тафаккур намоед, пасон ҳамроҳ назди садри Хуҷанд равем ва бо маслиҳат тадбиру рой андешем. Зеро чораи асосӣ он аст, ки бо Мирмалик дасту дил як кунем, то Хуҷандро ҳифз намоем ва ҳам номи нек дар дунё ба ёдгор гузорем».

Эй садри оташдилу оҳанбозу! Даст бар рӯйи даст ниҳода, ягон лаҳза аз ғазо ором нашин, то аз саҳмулғайб115 бенасиб намонӣ. Ту акнун сари озодагону тоҷи бузургон ва садри сафшикану нангбардори Хуҷанд ҳастӣ. Камони пайғамбарӣ ба ту месупораму бо ваколат аз Товуси Ҳарамайн дуоят мекунам: вуҷуди поки ту пур аз аз нур бод! Ба нангбардори Хуҷанд ҳар кӣ дарафтад — барафтад!!

Ҳама даст ба рӯй кашиданду Мирмалик тибқи одат чашми умед ба модар дӯхт ва якбора сахт ба ҳаяҷон омад. Зеро чашми модар талх-талх ашк мерехт.

— Эй модарҷон, шуморо чӣ ранҷ расид?

– Қазо расад, оби чашм худ аз худ мерезад, писарам. Ин дили зору низори ман, ки ҳамеша саргарми туст, дар миёни обу оташ қарор дорад.

— Мефаҳмам, модарҷон, ба шумо душвор. Бастаи хуни ҷигар дидаи оламбини шуморо азият медиҳад. Афсурда нашавед, модар, дуо кунед, ки оқибати кор бахайр шавад.

— Бидон, эй писарам, ки то зинда бошам, дуогӯ дар паҳлӯят ҳастам. Агар умр вафо накунад, мурдан пеши фарзанду дӯст зиндагии накӯст. Фақат… орзуи муқаддаси модар ин аст, ки бар матои умри фарзанди азизаш доғи ҳеҷ мотам мабод! Намехоҳам, ки дар канори Сайҳун аз дарду доғи пайвандону дилбандон дарё-дарё ашк резам…

— Суханҳои ҳасана гӯед, модарҷон…

— Наметавонам… Агар Чингиз ояд, ҳоли фарзанду набераҳои ман чӣ мешавад?! Пирам Подшоҳмарди Валӣ гуфтанд, ки дар навбати аввал мулоҳизаи ҳоли занону кӯдакон кунем, вале гап нотамом монд… Ман нагирям, кӣ мегиряд?!

— Зиқ нашав, эй фарзанди азиз! — бо тараҳҳум ба модару писар нигариста, Шайхи ҳамабин хост Мирмаликро аз вазъи ноҳинҷор берун орад. — Ҳар гоҳе ойинаи ҷаҳон ғуборолуд шавад, пеш аз ҳама табъи модарон хира мегардад…

Модар дуруст мегӯяд, ки гапи ман нимкола монд. Чунки ҳамаро воҳима пахш кардаасту бори басо гарон аст тарсу ваҳм ва дар талвосаю талотуб баъзан гапи зарурӣ ношунида мемонад. Аммо ту ҳамеша ҳушёру бедор бош, эй шаҳриёр ва ба умқи каломи модар сарфаҳм рав, ки вай аз тақдири набераю духтаронаш сахт хавотир буда, онҳоро ба ҷойи бехавф кӯчондан мехоҳад…

— Ин кори ношуданӣ! Шармандагӣ! Мардум чӣ мегӯянд?! «Вой бар ҳоли шаҳриёри буздил, ки аз ҳайбати Чингиз тарсида, зану кӯдаконашро гурезонд!» мегӯянд. Лаънат мехонанду нафарин мекунанд… Ман дар ҳавои некномӣ зиндагӣ дорам, на шармсорӣ!

— Аз шармандагӣ Худо нигаҳ дорад, писарам. Лекин эҳтиёткорӣ зарар наорад.

— Оре, дурандешию борикбинӣ ва мулоҳизакорӣ сифати ҳамидаи сарварони хурду бузург аст. Дар китобҳо навиштаанд, ки «инда-ш-шадоида тазҳабу-л-аҳфод», яъне, дар тангиву сахтиҳо наберагон ҳам фирор мекунанд. Ин иқтибос барои он овардам, ки марди асил ҳақ надорад дар лаҳзаҳои пурмашаққати ҳаёт зану фарзанди худро ба сахтию хору зорӣ танҳо бигзорад. Бо сахтдилон сахтӣ кардан шиори марди асил аст, на бо модару зану кӯдакон…

Мирмалик лаҳзае ором истода, зеру забари суханҳои пандомези Пири муаммари худро бо камоли нуктасанҷӣ таҳлил карду бо тамкини хос гуфт:

— Нофизфармон116 шумоед, Пирам. Ҳар чӣ дастур диҳед, ба ҷон қабул дорем.

– Ҳар лаҳзаи зиндагӣ, ҳатто агар ногувор бошад ҳам, ширинии хоси худро дорад, — Шайх Маслиҳатдин бо нимханди гуворо ҷониби тифли навзод нигарист. — Бибӣ Гулсимо аз ояндаи набера дар ташвишу ман аз имрӯзу фардои абера ноором, ки ҳар ду як тифли ҳафтрӯза — Мирмӯҳсини хандонлаби аз дунё бехабар, писари Мирмалики азизи мост ва дар бағали модараш Нигина ором хобида, суханҳои пасту баланди моро бо лабханда гӯш мекунад. Рости гап, агар ду маротиба хостгор шудани Чингизхонро намедонистем, шояд ин қадар ба изтироб намеафтодем. Ин ҳақиқати талхро ва кинавару ниқорталаби ашаддӣ будани хони муғулро, ки медонем, тадбири дуруст меҷӯем. Аммо ҳеҷ не ки ёбем…

— Бобоҷон! — бехуд овоз баланд кард Нигина ва дарҳол ба худ омада, узромез ангушт бар лаб гузошту ҷониби Мирмалик нигарист ва чун дид, ки ӯ омодаи шунидани давоми сухан аст, далертар шуд. — Агар иҷозат бошад, як даҳан гап дорам…

Мардон бо ишораи сар рухсат доданду Очаи Гулсимо бетоқатона «Гап зан, духтарҷон!» гӯён Нигинаро ҳадаҳа кард.

— Намедонам, ин расму одат дар Хуҷанд ҳаст ё не, лекин дар Ворух аз қадим як урфу қоидаи мусулмонӣ ҳаст: ҳафт зану духтар аз аҳли байти домод дар бистрӯзагӣ кӯдакро аз манзили падарӣ ба хонаи модараш мебаранду инро чиллагурезон мегӯянд…

— Чиллагурезон одати қадимаи хуҷандиҳо! — баробар нидо карданд бонувон. — Дигарҳо аз мо ёд гирифтагӣ!

— Ин анъанаи қадимаи ориёӣ, — лаб ба тафсир кушод Бибӣ Гулсимо. — Дар Самарқанду Бухорою Ҳироту Бадахшону ҳама шаҳру рустои тоҷикнишин риоя мешавад. Фақат ҳар маҳал вобаста ба шароиту имконият шумори рӯзро пешу қафо бурдааст. Мо, хуҷандиҳо, тифл даҳрӯза шудан ҳамон «аз нӯҳ гузашт-аз кӯҳ гузашт» гӯён, чиллагурезон мекунему баъд гаҳворабандон…

— Чӣ хел нағз! — аз хурсандӣ гул-гул шукуфт Нигина. — Мо ҳам чиллагурезон мекунем?

— Албатта! — фасеҳу бурро ҷавоб гардонд Мирмалик ва ҳама фаҳмиданд, ки ӯро изтироби дилаш ба якборагӣ фурӯ нишаста, хотири шариф осуда гаштааст. — Модарҷон, шумо зану духтарҳои ба чиллагурезон мерафтагиро муайян кунеду аз паи либосу ҷиҳози урфӣ шавед, Сабзалӣ аспу ароба омода месозад.

Шаҳриёр лаҳзае таваққуф карда, ҳозиринро сар-сарӣ нигаристу Шоҳмуродро пеши худ хонд.

— Бародарам! Қофилаи чиллагурезонро то Ворух бурда, ба дас-ти Очанурӣ месупорӣ. Ба бобои Мирмӯҳсин — усто Абдулсайид дуруди маро мерасонию беҳтарин дуредгарҳои ворухиро интихоб карда, ҳамроҳ меоред. Бигзор Бобосайид ба ҷойи набера дар мудофиаи Хуҷанд саҳм гузораду ҳунарашро ба киштисозӣ сарф кунад…

Эй сорбон, илтимос, вақти рафтан ҳеҷ куҷое манзил макун, ҷуз дар диёри ёри ман!

— Ташаккур, шаҳриёр.

— Барои чӣ?

— Хотири Саъдӣ ба хайр бод, ки бо лутфи шумо хоҳиши гармаш иҷро мешавад.

— Чӣ хел хоҳиш?!

— Вақти аз Хуҷанд рафтан чанд ғазал дода буд барои оҳанг соз кардан ва суруд сохтан… Нафасзиқ будам, ки бо касофати Чингиз замона дигар гашту вақти сурудхонӣ гузашт. Шукри Худо, ки бо шарофати «сорбон» гуфтани шумо як ғазали шоир ғазали роҳ мешавад:

Эй сорбон, оҳиста рон, к-ороми ҷонам меравад,

Он дил, ки бо худ доштам, бо дилситонам меравад…

Мирмалик дарҳол ба Шоҳмурод ҳамовоз гардид. Лабаш суруд мехонд, аммо дилаш хун мегирист. Ягона таскини қалбаш он буд, ки Мирмӯҳсин аҳли дудмонро аз балои наздикрасида дур мебарад…


* * *


Нигина дар Ғӯрганҷ аз модари Султон Ҷалолиддин шунида буд, ки ҳар касе ёқут ба худ дорад, гаронбор нагардад. Аммо дар Ворух кор баръакси ин гуфтор шуд: шабҳои дароз гӯшвори армуғонӣ дар даст аз ғаму андешаи Мирмалик то дергоҳ намехуфт ва ба ибораи Низомӣ «ба алмоси дида ёқут месуфт». Ҳоли хештан бо кӯҳи Душоха мегуфту зора аз санги хора мекард, ки ҷавонмардӣ кунаду ба ивази дили ӯ пора-пора шавад…

Якуякбора маҳзун шудани Нигинаро сабаб он буд, ки фикри рӯзи ояндаро аз сар берун карда наметавонист ва ҳарчанд мекӯшид, дар пешорӯ ғайр аз торикии ваҳмангез дигар чизе намедид. Ёдаш омад, ки дар аҳди қадим Искандари Зулқарнайн баҳри дарёфти оби ҳаёт худро ба зулмоти ақсои олам афканд, аммо ба мақсад нарасид, бо алам аз олам нопадид гардид. Ҳолиё Мирмалики диловари ӯ айнан дар чунин ҳолат қарор дорад — чор тараф торикистону вай баҳри некномӣ ҷангу ҷадал карданист. Оё муваффақ мешуда бошад?!

Ояндаи фарзандаш ҳам тамоман торик… Ҳанӯз ду моҳи пурра нашудааст, ки Мирмӯҳсин аз зулмоти салос берун омад — аз торикии шиками модар, торикии зеҳдон ва торикии парда раҳо гашта, ба дунёи равшан чашм кушод, аммо худи ҳамон рӯз оламро абри сиёҳи тирафом пӯшонд ва ҷамоли тифли якрӯзаро зулмоти чаҳорум бо ниқоби сиёҳ печонд! Оқибатуламри чаҳорум торикии даҳшатовар чӣ сон бошад??

Субҳдамодам сухани хайрбодии Мирмалик дар гӯшаш садо дод: «Агар маро воқеаи ногузир пеш ояд, ту ҷони худ нигаҳ дор, то фарзандамон аз офату бало ва уболу завол бегазанд монад». Нигина оҳи дарднок кашида, бо чашми андӯҳгин назар ба тифли хуфта андохт. Дид, ки лабонаш моил ба табассум аст. Шефтаю мубтало гашту ҳама гапи оламро фаромӯш карда, дилро ба вай машғул гардонид. «Шод бош, эй рушноии чашми модар!» — гӯён навозиш намуду аз он болид, ки тани тифлаш чун нуқраи пок асту рухаш мисли шир соф! Ин таносубро рамзи бахти сафед пиндошт ва худ ба худ ором гирифта, сар ба паҳлуи кӯдак ниҳод…

Соате гузашт ё не, хушдоманаш Моҳсимо бедораш кард:

— Дарров хез, духтарҷон! Аз дадои Мирмӯҳсин мактуб омад!!

Ҳусни хати зебои Мирмаликро Нигина шинохт ва мӯҳр канду ҳарисона ба қироат пардохт, ки бе риояи одоби номанигории расмӣ навишта шуда буд:

«Салом, эйёри азиз ва модари меҳрвари фарзанди аз чашм дуру ба дил наздикам. Қабл аз ҳама ба ту маълум менамоям, ки бе наззораи рухи дилҷӯйи зану фарзанди дурафтодаи хеш як дам қарор надорам ва ҳарчанд дар миёни заҳмату меҳнату фикру андешаю ташвиши зиёд нопадид гаштаам, рӯйи зебои шумо доимо пеши назарам ҷилвагар аст. Ягона тасаллои дили гумзадаам ин аст, ки фарзанди дилбандам дар манзилу маъвои модари худ аз ҳавои тозаю беғубор осуда нафас мекашад. Шод аз онам, ки азизони ман дур аз бало қарор доранд.

Эй моҳи меҳрпарвари ман, сухани номавзун ва дар ҳолати шитоб навиштаи ман мабод, ки ба самъи муборак гарон ояд. Зеро имрӯзҳо як сару ҳазор савдо дорам. Ҳарчанд хасм нопайдост, аммо гапу калоча, фарзу тахмин, таклифу пешниҳод бисёр аст. Мардуми Хуҷандро ҳам ғайрат ҷӯшидаасту ҳам майнаи сар. Аксарият, шукри Худованд, бо мо яктану яксафанд, худро вориси ниёгони баному нанги Хуҷанд меҳисобанд ва омодаанд, силоҳи дурахшон баланд бардошта, сари хасм аз тан ҷудо кунанд. Онҳо ватанпарвари асиланд ва хуб медонанд, ки то имрӯз ягон лашкаркаши аҷнабӣ бо зӯрӣ Хуҷандро забт накарда, ҳама подшоҳони ҷаҳонкушо бо созиш ва сулҳу салоҳ озими Тирози ҷаҳон — ҷаннатмакони бо райҳону гул зиннатёфтаи рӯйи замин шудаанд.

Он хуҷандиҳое, ки ин сабақи таърихро медонанд, ба мубориза сар бардоштаанд, то духули Чингиз ба Хуҷанди арҷманд муҳол гардад. Вале ҳама яксон нестанд. Баъде ки утрориҳо ба азоби гулхани дӯзах гирифтор шуданд, баъзе зайифдилон ба ҳарос афтода, мардумро аз мубориза боздоштан мехоҳанд. «Ҷанг маслиҳат нест, зеро бо Чингизи оламгир ҳарб кардан аблаҳист, мисли нақш бар сафҳаи об нигоштан! — мегӯянд онҳо. — Салоҳ дар сулҳ аст».

Дирӯз хабар ёфтам, ки марде палид падид омадааст, то буздилонро боз дода, вилоятро ба ман шӯрида дорад. Ту вайро мешиносӣ — Аҳмади баззоз, матоъфурӯши бозори Панҷшанбе. Аз он хавф дорам, ки ҳолиё ба ватанфурӯшӣ машғул аст. Зеро андар чашмҳову башараи хунукаш хилофу исён мебинам. Дар растаҳои бозор гап ба найранг мегуфтааст: «Бо Чингизхон ҷанг кардани мо кори хато. Биёед, заминро ба осмон надӯзем ва гови нар наҷӯшем! Хубаш, ба Чингизхон таслим шавем, то ҷони ширин нигоҳ дорем…»

Алҳол маро маълум нест, ки аҳли Хуҷанд ба дил бо Аҳмад чӣ гунаанд? Лекин хурду бузург ба муҳориба тайёрӣ мебинанд. Аксар ҳунармандони шаҳр акнун фақат аслиҳа месозанд. Заргарон низ тиргарию камонгарӣ мекунанд, ки сифати корашон аз устоҳои Чоч монданӣ надорад. Як оҳангари хистеварзӣ аз оҳани нӯгтез румҳ сохта, намуна овард. Барои санҷиш ба нӯги найза устувор карда, дар ҷавшан озмудем, аз синони Кова беҳтар баромад — ба як зарба зиреҳу хафтон бибурид!

Умуман, имрӯз дар шаҳр марди фориғ кам андар кам асту ҳатто занон мардвор кор мекунанд ва дар мараммати лашкар — таъмини озуқаю либосу улуфа ва дигар муҳимот бо амри дил саҳм мегузоранд. Ҳашар карда, гирдогирди қалъаи обӣ боз як девори мустаҳкам сохтем аз сангу гили танӯрӣ ва барои он ки кафи дарё соҳили ҷазираро наковад, чораҳои эҳтиётӣ андешидем. Яъне, сохтмони ҳисори обӣ пурра анҷом ёфту ман ба мақсад расидам! Ту, албатта, маънои хитобро хуб медонӣ. Зеро худат шоҳид, дар ҳузури мардум савганд ёд карда будам ба покии Яздонӣ, ки обе хуш нахӯрам, то дар миёни Сайҳун қалъаи мазбут барнаёрам. Бовар кун, азизам, дар байни об қалъае тавонистем сохтан, ки агар ҳамчу ман лашкаркаше ба фатҳи он ояд, натавонад гирифт!

Чу дар дастам бувад дарёи саркаш,

Чаро парҳезам аз сӯзанда оташ?!

Тавре худат медонӣ, барои бунёди қалъаи обӣ аз тамоми шаҳру рустоҳои вилоят, инчунин Самарқанду Истаравшан дусад дурудгару наҷҷор ва устоҳои ҷубтарошу харротро даъват карда будам. Ҳоло онҳо бо мадади ду ҳазор ёри кор ба киштисозӣ машғуланд. Сӣ киштии боркашонӣ ва понздаҳ сафинаи ҷангӣ аз даст баромадааст, вале ба қавли бобои Мирмӯҳсин «тақу туқ давом дорад». Зеро чӣ миқдор басанда будани киштиро аниқ муайян накардаем. Ҳамчунин саҳеҳ намедонем, разми мо бо чингизиён кай ва чӣ гуна сурат мегирад? Намедонем, дар об меҷангем ё дар хушкӣ ё ҳар ду? Барои он намедонем, ки рафтору гуфтору пиндори муғулҳо номуайян ва бад аст.

Аввалин шаҳре, ки дучори ҳуҷум шуд, худат медонӣ, Утрор асту ҳокими он роҳи мудофиаро пеш гирифт ва анқариб ду моҳ мешавад, ки ин шаҳри сарҳадӣ ба дӯзах шабоҳат дорад, ҳар рӯз садҳо нафар аз ҳар ду тараф кушта мешавад, лекин на аз ғалаба бӯйи умед асту на аз халосӣ ва Худо медонад, муҳосираю сӯхтору куштор то кай давом мекунад?

Баъди Утрор лашкари муғул тарафи Ӯзганду Ашнас ҳаракат карда, чун ба остонаи Сиғнок расид, Ҷӯҷӣ — писари Чингизхон тоҷири маҳаллӣ Ҳасанхоҷаро назди сокинони шаҳр намоянда фиристод, то онҳоро ба итоат даъват намояд. Вале сиғнокиён аз шармандагӣ ҳазар карда, сари таслим фуруд наоварданд ва бо нидои «Аллоҳу акбар!» Ҳасанхоҷаро кушта, ба мудофиаи шаҳр сина сипар карданд. Ҷанги шадид ҳафт рӯз давом карду азбаски муғулҳо се баробар зиёд буданд, пирӯз шуданд. Тамоми аҳолиро қатли ом карда, шаҳрро ба хок яксон намуданд…

Қиссаи шаҳри Ҷанд боз ҳам аламовар аст. Амири амирон Қутлуғхон, ки сипаҳсолори лашкари даҳҳазорнафарӣ буд, аз тарси муғулҳо шаҳрро ба ҳоли худ гузошта, шабона ба Ғӯрганҷ гурехт. Ҷӯҷӣ инро шунида, Чин Темур ном саркардаи худро назди ҷандиён фиристод, то онҳоро бечунучаро ба фармонбардорӣ даъват намояд. Сокинони ориятманд розӣ нашуда, шӯру мағал бардоштанд. Он гоҳ Чин Темур тақдири сиғнокиёнро хотиррасон сохту амнияти умумро ваъда дод. Мардуми Ҷанд ба вай бовар карда, дасти таслим бардоштанд ва муғулҳо тире аз камон накушода, Ҷандро гирифтанд. Шоҳидон мегӯянд, ки муғулҳо ҳамаи сокинонро ба дашти холӣ бароварда, нӯҳ рӯз бе обу нон нигоҳ доштанду манзилҳоро ғорат намуда, таҷовуз ва бедодиро ба авҷи аъло расонданд.

Динашаб хабар расид, ки боз як шаҳр беҷанг ба дасти душман гузаштааст. Тавре огаҳӣ ёфтем, муғулҳо барои гуфтушунид ба шаҳри Зарнук ҳоҷиб Донишмандро роҳӣ кардаанд, то сокинонро водор созад, ки худро бевиқору бедиранг ба ихтиёри Чингизхон супоранд. Ҳоҷиб бешумор будани лашкари муғул ва шахсан ҳузур доштани Чингизхони муштзӯрро ба зарнукиён шарҳ дода, бо дилсӯзӣ ҳамчун мӯъмин бародари мӯъмин хоҳиш кардааст, ки ба тақдир тан дода, бо нишони эҳтиром сари таъзим фуруд оранд, то ба ин васила дудмон, аҳли хонадон ва дини мубини худро ҳифз намоянд. Мегӯянд, ки зарнукиён ба Донишманд бовар карда, зиён надиданд: Чингизхон ба рӯйи онҳо бо лутф нигариста, барояшон силаи раҳм арзонӣ дошта, ғайр аз як қалъачаи сарбозон дигар ҳеҷ иморати шаҳрро вайрон накардааст. Фақат номи шаҳрро тағйир дода, Қутлуғ-балиқ гуфтааст, ки ба тоҷикӣ Хуррамшаҳр мешавад…

Акнун аз қиссаи ҳамсояшаҳр огоҳ шав: панҷ ҳазор сарбози муғул бо сарварии Улоқ Нуйон лаб-лаби Сайҳун муқобили маҷрои дарё ҳаракат карда, ба шаҳри Фанокат расиданд, ки амири он Элатку сипаҳбуди машҳури манқулӣ буд. Онҳо аз рӯйи таомули туркон се рӯз ҳарбу зарб карда, рӯзи чаҳорум амон хостанд. Аз нақли шоҳид-ҳо маълум гардид, ки муғулҳо лашкариёну арбоби шаҳр ва сокинонро алоҳида-алоҳида шинонда, сарбозони сархамро бо шамшер куштаанду ҷамоатро тирборон карда, арбобро барои ҳашар берун оварда, соҳиби шаҳр ва молу мулки ҳангуфт шудаанд. Ҳолиё онҳо барои ба Хуҷанд ҳамла овардан тайёрӣ мебинанд. Ҳайронем чӣ кор кунем? Зеро маълум нест, ки бадхоҳон бо ҳуҷуми шадид шаҳрро ба якборагӣ тасарруф кардан мехоҳанд, ё усули муҳосираро корбаст мекунанд, ё барои гуфтушунид намоянда мефиристанд? Ин пурсишу гумонҳои хелмахел ҷавоби қотеъ ва фаврӣ тақозо дорад. Бинобар ин бо Пирам Подшоҳмарди Валӣ, ки дар ҳама боб комил, азим ва беназиранд, муддате хилват нишастем. Перомуни ҳоли вилоят тааммул ва тааммуқ кардем, то муттафиқ шавем, ки корро чӣ гуна ба даст гирем. Пирам гуфтанд, ки дигар гуна амал натавон кард, илло ба фазле комил, илме тамом ва ҳадсе рост. Сипас сураи ал Ҳашрро оиди панду ибрат бори дигар ёдовар шуда, афзуданд, ки ба нуйони муғул ва фарзандҳои Чингиз эътимод бастан нашояд, зеро «муттафиқ-ал-лафз ва-л-калима» нестанд, яъне бо як лафз ва як қавл амал намекунанд. Фақат Чингизхон, ки соҳиби дунё шудан мехоҳад, соҳибкалом аст, яъне қадру қимати сухани хеш нигоҳ медорад.

Дар идомаи сӯҳбат Пирам таъкид карданд, ки Парвардигори олам ҳар дуи моро муаззаф сохтааст, то Хуҷандро мисли гавҳари чашм боэҳтиёт ҳифз намоем ва гарди мухолифат аз абрӯи сокинон зарра-зарра пок гардонем! Маро маслиҳат доданд, ки ҳоким ва ҳам сипаҳбуд, яъне лашкаркаш бошам, ҷавонони озодасиришти Хуҷанд, айёрони чусту чолоки Хистеварзу Истаравшан, гурдони гардонфарози Исфараю Унҷӣ ва гарданкашҳои пурғурури Масчоҳу Румону Кулангирро дар як саф ба ҳам оварда, тири камон дар зеҳ дошта, теғу алам баланд афрохта, бо лашкари пешгарди муғул аз тариқи муқовамат сахт муқобала ва муқотала кунем, то Улоқ нуйон ҳазимат кунад, яъне шикаст хӯрда, қафо гурезад ва аз Чингиз мадад пурсад. «Агар Чингизхон ояд ё барои гуфтушунид намоянда фиристад, он гоҳ ман бо вай ҷадал кунам! — гуфтанд Пирам. — Ҳамроҳи ҷумла машоихи вилоят, ки соҳиби илманд ва меҳри меҳан дар қалб доранд, бо роҳи мусоламат мо муқовала ва мусолаҳа117 кунем, то ин ки ҳам лаъл дар даст нигоҳ дорему ҳам ағёр наранҷонем…»

Маслиҳату насиҳати Пири бузургворам, сарвари аҳли амоим ва шамъи ҷамъи анҷумани вилоятро хуш пазируфта, бо дили шод ва азми даҳчанд қавӣ ба ҳисори обӣ омадам. Зеро медонам, ки Пири соҳибқирони мо ҳар чӣ гӯянд ва ҳар коре кунанд, касе онро ботил натавонад кард…

Бо ҷанговарон машқи ҳарби танбатан мекардем, ки аз валиаҳди Шоҳаншоҳи олам Султон Ҷалолиддин қосиде номаи таъҷилӣ омад. Чор ҷумлаи онро барои ту айнан нусхабардорӣ мекунам: «Ба садри Хуҷанд вазифа мегузорем, шарри Темучинро, ки ба сарҳади Мовароуннаҳр расидааст, аз сиҳати мамлакати мо боздорад… Иншоаллоҳ, ин амри подшоҳиро, ки дар назми ҳол ва ҳифзи мулки мо ба ту тақдим шудааст, бо сарбаландӣ ба итмом мерасонӣ. Дар ҳолати зарурат ба қадри кофӣ сарбози пиёда ва савора кӯмак мефиристам. Туро бахт ёру Худо мададгор бошад!»

Эй модари меҳрубони фарзанди азизам! Дилам бисёр мехоҳад, ки бо ин дуо номаи худро ҳусни хотима бахшам. Зеро маоли ҳолро ҷуз алломулғайб касе намедонад. Ягона ёри темордор — парастор, нигаҳбон ва ғамхори фарзанди азизро ба паноҳи он Ягона месупорам. То киштии умед дар оби Сайҳун равон аст, ниёиш мекунам, ки моро давлати дидор муяссар гардад…»


* * *


Дар тақвими зиндагӣ шаби ялдо, ки ба дарозӣ маъруф аст, намоён гардиду Нигинаро боз ваҳм пахш кард. Зеро аз Мирмалик дигар паёме наомад, аммо Ворух аз воҳимаю овоза лабрез буд. Бофандаю лофандаҳо бехгӯшию пинҳонӣ мегуфтанд, ки лашкари муғул ба Хуҷанд сахт ҳуҷум кардаасту Мирмалик ҳоли табоҳ дорад. Бадгуфтаҳои бодовард мизони Нигинаро шикасту хуноби ҷигарро сиришк кард. Кӯдак дар бағал рӯзона гоҳ ба лаби ҷӯйбор мерафту гоҳ дар зери дарахти баргрехта менишаст ва ба назараш чунин менамуд, ки ҳар куҷое по ниҳад, аз байни барфи навборида хори муғелон ба кафаш мехалад. Тифли рӯхандон ягона тасаллои дилаш буд ва дар симои Мирмӯҳсин чеҳраи гарми Мирмаликро медиду бо овози ҳазин месуруд:

Дар соли Хуҷанд як шаб аст ялдо.

Дар соли Ворух ҳар маҳе як ялдо!

Шабҳангом низ дар хонаи сарду ҷойгаҳи хунук мисли ғарибон менолиду меларзид ва аз он метарсид, ки дар шаби ялдо обу адо мешавад. Хайрият ки Парвардгори меҳрубон раҳмашро хӯрду қабл аз ғуруби офтоб чанд нафар устоҳои дуредгару чӯбкори ҳашаррафта аз Хуҷанд баргаштанд, ки якеашон Абдулсайиди Гулдаст буд ва шаби дарози ялдо бо хабарҳои наву ҳикоёти падар кӯтоҳ гашт…

— Ду моҳ пеш ба мо гуфта буданд, ки фулон подшоҳ бо лашкари гарон аз тарафи Утрор мисли мӯру малах аз се ҷониб ба Мовароуннаҳр ҳамла овардаасту бист ҳазор марди оҳанпӯш тарафи Хуҷанд барои қатлу ғорат меоянд, — қисса оғоз намуд дуредгари адабгуфтор баъди салому таом. — Ду ҳафта пеш гап дигар шуду гуфтанд, ки панҷ ҳазор муғул Фанокат ном шаҳри ҳамсояро таки даст дароварда, молу чизи бисёр ғанимат гирифта, бо иштиҳои қозгир ба сарҳади Хуҷанд расидааст. Падари Мирмӯҳсин, ки ҳокими одил, одами доною кордон, ҳам паҳлавон ва марди сухандон будааст, сағиру кабир, ходиму маъмур, хулоса, марду занҳои бисёрро дар саҳни куҳандиз ҷамъ овард. Ба остонаи Хуҷанд расидани пойи номубораки муғулро маълум карду ниятҳои нопоки Чингизхонро шарҳ дод. Баъд ҳамаро ба мубориза даъват кард. Гуфт, ки дар вилояти мо боигарии бисёр ҳасту дар атрофи Хуҷанд якчанд кони тиллою нуқраю мис дорем. Чингизхон барои соҳиб шудан ба ин боигарӣ мурданивор талош мекунад. Мо бояд якдилу яктан ба ҷиҳод бархезем, душмани дини исломро саркӯб кунем.

— Гапҳои зӯр гуфтааст ҳокими таҳамтан, Шаҳриён ба ҳокими чолоки Хуҷанд чӣ гуфтанд?

— Гуфтанд, ки то ҷон дар хатар наниҳем, ба душман зафар намеёбем. Аз марди шамшерзане, ки рӯзи ҷанг мисли зан сар тобад, муханнас беҳтар аст… Боз гуфтанд, ки чун кӯҳ устувор, мисли санг хомӯш меистем, аммо чобукпар шуда, муғулро пачақ ва лагадмол мекунем!

— Яъне, мардум сарвари худро маъюс ва маҳрум накарданд?

— Баръакс, ҳама ба як овоз «Зиҳӣ Мирмалик!» гуфтанду «Марг ба Чингиз!».

Пирамарде аз мобайни издиҳом садо баланд бардошт: «Хуҷанд миқтониси вилоят асту хурду бузургро аз атрофу акноф ба худ мекашад. Ману фарзандонам аз Деҳмой довталаб омадем ва ҳарчанд, ки ман на марди ҷангам, ҳаргоҳ табли ҷангӣ садо диҳад, филфавр ба дифои Хуҷанд мехезам!»

Дугоникҳои ҳамдиёри мо Ҳасану Ҳусейн гуфтанд, ки «То як раг дар тани мо ҷунбад, ҳама паҳлавонҳои Канду Фалғару Истаравшан дудаста теғ занем, то даме ки бар хасм зафар ёбем!».

Сипоҳие шамшер дар даст баланд фарёд кард: «Чорсад фидоӣ аз Фарғона ба ҳаводории ту омадем, эй Шери Хуҷанд. То зиндаем, аз фармони ту сар намепечем!»

Домоди ман аз дастгирию инояти халқ болида, назар ба сахтпоёни муғул даҳчанд сахттару тезчанг шуд. Бо азми ҷазм ба қалъаи обӣ рафт, ки он ҷо расо ҳазор сарамарди яккачин фармони вайро интизор буданд, то киштиҳои беадили ҷангӣ барои муҳориба омода созанд.

— Киштиҳои беадил? Ин чӣ хел киштӣ?

— Заврақи калони болопӯшида, яъне сафинаи ҷангӣ.

— Бодбон дорад?

— Бале, дар мобайн сутуни баланду мазбут, бодбони чоркунҷа, белу занҷиру риштаканабу лангару дигар таҷҳизоти зарурӣ дорад. Онро доруға ва ёронаш идора мекунанд. Вале ин киштӣ саркушода не, балки болопӯшида асту ба лонаи парасту дар шифти хона ё ошёни сарбастаи булбул монандӣ дорад…

— Хонаи худамон барин, гӯед…

— Бале, хонаи инсон барин, лекин бомаш камоншакл ва тиреза нею дар ҳар ду тараф дарбачаи бисёр дорад…

— Дарбачаи бисёр чӣ даркор?

— Сарбозҳо дар пушти даричаҳо мавқеъ гирифта, ба душман тир мекушоянд, лекин азбаски дарбача сипаршакл аст, ба дарун тир намедарояд.

— Барои чӣ бом камоншакл?

— Барои он сағонашакл, ки ҳар чизе болояш афтад, қарор наистода, поён меғеладу ба об меафтад.

— Бому дарбачаро гӯё ки дидем. Лекин ин киштии беадил оё девор дорад?

— Албатта! Лекин деворҳо аз хишт ё тахта не, аз намад…

— Аз гилеми пашмин?!

— Бале, аз ана ҳамин намади сиёҳе, ки бо собун сафед намешад. Ба сутунҳои гирдогирди киштӣ ҳам аз дарун ва ҳам аз берун намади тар кашида, рӯяшро бо қиру зифт татлия кардем.

— Чӣ кор кардед?

– Қир равғани нафт аст сиёҳрангу часпак, ки ба дарзи киштӣ мемоланд, то об надарояд. Агар онро бо хоки ширадор омезанд, моддаи ғафси сиёҳ ҳосил мешавад, ки зифт ном дораду дар роҳсозию бинокорӣ истифода мебаранд. Омехтаи қиру зифту сирко ва лойобаи ғализ маъҷун мешавад, ки басо тобовару чандир асту намешиканад ва намесӯзад. Ана бо ҳамин моддаи аз чанд чиз сиришта бому девори намадпӯши киштиҳоро андова кардем, ки муҳандисони сафинасоз татлия мегӯянд.

— Дар ҳақиқат ин сафинаҳои ҷангӣ беназиру бемуодил! Қалъаи обӣ ҳам бемислу беадил!!

— Мирмалик боз як аслиҳаи нави ҷангӣ сохт…

— Инаш чӣ хел силоҳ?

— Манҷаниқи ялкан. Онро фозилон камони ҳикмат гуфтанду омиён — камонғӯлак. Ба ин манҷаниқкамон аз қалъаи обӣ то он соҳили дарё санг андохтан мумкин аст!

— Вой бар ҳоли муғулҳо, ки ба сарашон аз киштӣ борони тир мерезаду аз қалъаи обӣ сангсор мешаванд!

— «Мешаванд» не, ҳамин хел шуд!! Вақти субҳ овози таблҳои ҷангӣ баланд гашту он тарафи дарё нигоҳ карда, аввал ҷангу ғубори бисёр дидему баъд аспу кӯлоҳҳои сурху сиёҳу сафед. Лашкариёни пештози Улоқ Нуйон савори самандҳои ёлу думсиёҳ ва ҷаҳандаву даванда ғуррону наъразанон ба соҳили рост расиданду муддате интизор истода, ба иморатҳои зебои шаҳр ва боғистону токзорҳои ин ҷониб бо ҳавас нигаристанд. Баъде ки дигар сипоҳиён ба фавҷи пешоҳанги лашкар расиданд, гурӯҳе болою поён ҳаракат карданд, то гузаргоҳи қулай дарёбанд. Ана дар ҳамин асно шаш сафинаи ҷангӣ аз қалъаи обӣ берун шуда, рӯ ба рӯи муғулҳо омад. Ёрони камонбазеҳи Мирмалик бо ишораи ӯ баробар сӯйи душман тир кушода, ба як ҳамла сафи душманро дариданд. Мо баръало медидем, ки тирҳои пӯлодпайкони муҳофизони Хуҷанд барқвор парида, чашму рӯй ва гардану синаи муғулҳоро оҷиз ва чок-чок мекард. Бовар кунед, дар фурсати як мижазанӣ садҳо пиёдаю савора бесар гаштанд. Калони вайҳо Улоқ Нуйон ҳам сару калобаашро тамоман гум кард. Чунки бар рӯйи об ё дар соҳили муқобил ягон камондор набуд, лекин тир жолавор меборид…

— Муболиға аз ҳад гузашт, усто! Шаш киштии ҷангиро ҳатто одами кӯр мебинад…

— Дуруст эрод гирифтед. Лекин муғули ҷоҳил аз он ҷиҳат саргаранг шуд, ки ин хелак киштии беадилро ҳатто дар хоби шабаш надида буд! Андактар аз як асирафтода фаҳмидем, ки дар лаҳзаҳои аввали ҳуҷуми ногаҳонӣ Улоқ Нуйон сафинаҳоро филҳои ҷангии Хоразмшоҳ гумон карда, фармудааст, то мурданивор тирборон кунанд. Сарбозҳои аз хашму ғазаб ваҳшигашта бо доду фарёди осмонхарош ба «филкушӣ» шурӯъ карданд. Лекин тирборони вайҳо кӯшиши беҳуда шуд — акнун дар дохили дарё на «филҳои обӣ», балки «хорпуштҳои шиновар» муғулкушӣ мекарданд. Алқисса, рӯзи аввал аз лашкари панҷҳазораи муғул ҳар даҳ мурданд! Боз садҳо кас захмӣ гашта, хелеҳо дар об ғарқ шуданд. Аммо аз сарбозҳои мо нафаре кушта нашуд. Ҳатто захм набардошт!

— Бо ҳамин ҷанг адо шуд?

— Не. Чун торикӣ фаро расид, киштинишинҳо ба қалъа баргаштанду ҷони муғул андак ором гирифт. Ҳама хастаю лакот буданду аз соҳили маргбор дуртар рафта, ғизое хӯрданд ё не, барои истироҳат дароз кашиданд. Мо киштиҳои ба хорпушт табдилёфтаро таъмиру ислоҳ кардему шаш сафинаи дигар ба сафар омода сохта, хотирҷамъ хоб рафтем ва… аз як рӯйдоди муҳим бехабар мондем.

Рӯзи дигар Неъмат бо чеҳраи шукуфон гуфт, ки «бо сарварии шаҳриёр ба қалби лашкари муғул шабохун задем ва қариб ҳазор харпадарро куштем! Замин аз хуни душман ончунон ғарқоб шуд, ки кафшҳои бесоҳибмонда ба моҳӣ монанд шуданд…»

— Кадом Неъмат?

— Неъмати бачаи Ҳамиди оҳангар. Ҳамоне ки дар кӯдакӣ Ҳазрати Шайх Бурҳониддин аз марг наҷот дода буданд…

– Ҳоло вай сарбози Мирмалик?

— Худаш танҳо не, чил ҷавони сарсупурдаи ворухӣ навкари вафодори Мирмаликанд! Ҳамаашон муриди Шайхи Бурҳониддини Қилич. Ба ман гуфтанд, ки боз чил нафари дигар ба дифои Хуҷанд сина сипар кардан мехоҳанд…

— Хоҳишманд бисёр, лекин Иброҳимхоҷаи кадхудо яккачин карда, беҳтаринҳоро интихобан мегирад. Агар ба майли худашон монӣ, ҳама ҷавонҳои ворухӣ барои язнаи диловари худ ҷон фидо мекунанд.

— Эҳтироми почо мерос аз пайғамбари Худост! Вале ба сафарбарии умумӣ ҳоҷат нест. Мирмалик бо ҳазор размандаи чусту чолоки худ аллакай муғулҳоро сахт тарсонд, қафо гурезонд!

— Лашкари овозадори Чингиз ҳамагӣ як шабонарӯз дошт дод?!

— Не, рӯзи дуюм ҳам муҳориба сахт шуд. Улоқ Нуйон аскарҳояшро аз соҳил дуртар нигоҳ дошта, манҷаниқ ба кор даровард. Сангҳои паррони панҷпутию даҳпутӣ то девору боми киштиҳо мерасиданд, лекин ба намадҳои қирпӯш бархӯрдаю ҳеҷ осеб нарасонда ва дар боми сағонашакл лаҳзае наистода, поён меғелиданд. Аммо тирҳои синашикофи сарбозони сафинашин бехато ба нишон расида, шумори муғулро торафт кам мекард.

— Яъне, Мирмалик ҳарифаш Улоқ Нуйонро нагузошт, то як соат хуш бошад?

– Ҳа. Падари Мирмӯҳсин бо ёронаш ҳам рӯзу ҳам шаб гирди лашкари муғул гашта, гоҳ бо шамшеру гоҳ бо тир мезаду мекушт. Ҳоли душман табоҳ гашту қафо нишаст. Он гоҳ камонғулак ба кор даромаду ба сари душман санги бешумор парид. Бовар кунед, муғулчаҳои сарсону саргардону саркафида кучуки ҷиннӣ барин дум хода карда, қафо гурехтанду дар бағали кӯҳ пинҳон шуданд, то аз шабохун эмин шаванд.

— Яъне… пойи муғул ба хоки Хуҷанд нарасид?

— Пои номубораки чилу чанд асир ба ин соҳил расиду халос. Аксарияти муғул орзуи муҳол ба хок бурд…

— Шумо дар ҷанг иштирок накардед?

— Не. Чунки Мирмалик ғайр аз ҳазор сарбози яккачин дигар ҳеҷ касро барои ҷангидан иҷозат намедиҳад. Мо дар соҳили чапи дарё истода, бар ғазанфарҳои Хуҷанд офарин хондему маросими таҳсин ба ҷой овардем. Чунки даҳрӯза майдондории сарбозҳои сипаҳсолори маҳбуб ҳамагонро аҷаб дилписанд омад. «Ҳазор шукр, ки ёрони ҳарб муттафиқанд!» гӯён Мирмалик таъзими ом баҷо оварду маро ба хилват талабид ва миёни мо чунин гуфтугӯй шуд:

— Эй падари меҳрубон!

— Лаббай.

— Тандуруст ҳастед?

— Шукри Худо, сиҳату саломатам.

– Ҳеҷ ҷароҳат доред?

— Не, асп барин бардаму бақувват. Хайр аст?

— Замони ба Ворух баргаштани шумо расид. Раведу аҳволи мо гӯед. Фаҳмонед, ки агар ҷону дил бо зану фарзанд пайванд набошад, дарду ранҷ тоқатфарсо мешудааст…

— Ишорати падари дилнигаронро фаҳмидам ва мефаҳмонам. Лекин… душман дар таги манаҳ… Оё онҳоро аз ҷойи тинҷ кӯчондан бехатар аст?

— Дил фарох доред, падар. Ҷосус хабар овард, ки дар ҷанги шабона Улоқ Нуйон ҷароҳати ҳавлнок бардошта, хеле ваҳшатзада шудааст. Муғулҳо сафинаҳои ҷангиро тилисми Пири Хуҷанд пиндошта, ба тилисмшикани калони худ шикоят бурдаанд. Вале Чингизхони танфигор ба кушодани банди Бухоро банд асту барои сархорӣ имкон надорад… Ғайр аз ин, фасли зимистон омада, барфу сардӣ паёпай ҳукмфармо мешавад. Чингизиён аз нотавонӣ нафаси сарди зимистонӣ мекашанд. Яъне, то омадани табар кунда меосояд…

Ман сипоҳро ба соҳил ором медиҳаму шумо ба Ворух меравед, ба хешу табор дуруди маро мерасонеду ҳамроҳи тағоям маро бо дуои хайр сарфароз мегардонед ва ин навиштаро ба Нигина мерасонед…

Номаи Мирмалик бағоят мухтасар буд: «Ҳаҷри азизони дил лангари сабрамро гусаст. Шуморо дар Ворух дигар ҳоҷати истодан нест. Ҳарчӣ зудтар ҳамакаса ба Хуҷанд биёед!»

Дар поварақ байте буд нимхом:

Хандаи фарзанд гардонад балоро аз замон,

Биё эй ҷон, биёр он ҷон, падарро шод гардон!

Барои модару фарзанд шаби ялдо адо шуд…

Равзанаи ҳаштум. Назари эҷоб ба анҷоми ғазои ғазанфари ҷангӣ ва оғози ҷиҳоди паланги обӣ

Зимистон гузашту навбаҳор наздик омад, вале боғу роғ ҳамоно бараҳнадӯш ва беравнақ буд. азбаски офтоб ҳарорати андак мебахшид, гуле ё сабзае ҳаракати нашъунамо надошту насими форами Сайҳун чун вазиши тири камон ба гӯшу гардан таъсири сӯзнок мерасонд. охирин нафасҳои сармои дай ба рагу пай карахтӣ оварда, ба боди найсон имкони вазидан намедод.

Рӯзе осмонро абри сиёҳ пахш карду як соат зиёдтар яхча борид. Нигина, ки бо исрори Мирмалик ба қалъаи обӣ омада буд, болои бораи ғафсу баланд истода, оби яхолудро тамошо мекард. Ҳарчанд Мирмӯҳсин ҳамроҳаш набуд, осуда ба атроф менигарист. Зеро кӯдаки нимсолаашро дояи ҳалиму меҳрубон Мавлудабонуи кулангирӣ аз фарзанди хеш азиз медошт ва мисли модар мекӯшид, то писари хубрӯй монанди падар паҳлавону номҷӯй шаваду дар фазои ором бегазанд камол ёбад.

Интизорӣ тӯл накашид ва Мирмалик ҳамсарашро ба хилват талабид. Чун ҳамеша оғози сӯҳбат шоирона шуд:

— Ташрифи сарви равон маро ороми дилу фароғати ҷон гардид!

— Маро низ райҳони роҳат дар бӯстони дил сабзид!

— Ин бомдод хаёли рӯйи ту маро ногаҳон пеши назар омад. Ҳарчанд фурсати сархорӣ надорам, лаҳзаи дидор ғанимат шуморидам, то ҳарфи хайрбод гӯем.

— Худош хайр диҳад, ҳар кӣ сухани хайр меҷӯяд. Лекин… чаро сухан ба изтироб мегӯед?

— Хабар расид, ки Ҷағатой — писаркалони Чингиз бо бист ҳазор сипоҳӣ ва панҷоҳ ҳазор ҳашарӣ роҳи Хуҷандро пеш гирифтааст.

– Ҳашарӣ ҳам сарбоз аст?

— Сипоҳиёни асирафтодаю мардуми таслимшударо муғулҳо ҳашарӣ мегӯянд ва дар ҷангу қалъакушоӣ пеш меандозанд, то ҳар балое биёяд, аввал онҳоро дарёбад. Ба қавли Чингиз мардуми ҳашарӣ аз лашкарӣ беҳ аст.

— Яъне ки ба шаҳри мо қушуни ҳафтодҳазора ҳаракат дорад. Лашкари шумо чӣ қадар?

— Мо ҷамъулҷамъ даҳ ҳазор муҳофиз дорем. Лекин ман бо ҳазор сарбози яккачин бо муғул ҷангидан мехоҳам!

— Вой ман мурам! Оъ… як кас ба муқобили ҳафтод кас чӣ хел истодагарӣ мекунад?

— Гурдҳои силаҳшӯри ман аз нахустин нусрати хеш бар муғулон ҷудо ҳам рӯҳбаланд, бо ғайрати даҳчанд ба набарди ҳалкунанда тайёр шудаанд. Ҳама дар ойини мардию мардонагӣ тарбият ёфта, аз ҷони ширин ноумед нестанд, аммо тани хешро батадриҷ бо марг ошно кардаанд. Ин шоҳбайт шиори ҳар кадоми мост:

Лахти ҷигар пурхун кунам, овардгоҳ118 Сайҳун кунам,

Аз оби чашми сагмуғул хоки даман гулгун кунам!

— Дар кори лашкар бағоят ҳушёр ва сахт кушо будану ҳар доим сипоҳиёнро навозиш фармудани шуморо медонистам. Акнун фаҳмидам, чаро шуморо аз бисёр будани душман боке нест ва дил қавӣ медоред. Шумо дар ҳақиқат марди бузургед, эй ғазанфари муҳориб!

— Акнун бузургӣ дар ҳарб аст! Ман ҳисори обӣ дораму дувоздаҳ киштии ҷангӣ, ки барои душман дастнорас аст. Қалъаро аз тиру пайкон, шамшеру камон, найзаю сипар ва сангу ханҷар пур кардаам. Ғизою либос ҳам кофист. Сарбозҳои мунтахаби ман шертану девбанд, силоҳварзу сипоҳшикан ва далерони ҷангҷӯшанду айёрпешаи сарфароз. Ҳама муридони Пирам Подшоҳмарди валӣ! Тиру камони пайғамбарию анори Ёсин, тӯмори нигаҳдошт ва дуои ин бузургвор балогардони мост! Муридон сабақи махсус омӯхтаанду агар бо зарбу махраҷи хос дуои киштиронӣ «Бисмиллоҳи маҷроҳо ва мурсоҳо инка рабби ло ғафуру раҳим»119 дар дил хонда, сафина ба об ронем, иншоаллоҳ, ягон зараре намерасад…

— Ин хел дилпур бошед, ки бо хайли ҳазора ҳарб бояд кардан — бикунед, зеро шумо беҳтар медонед. Аз ибтидо то интиҳои муҳориба ба Худо муқтадо мекунам, ки тавфиқ ба шумо рафиқ гардонад. Лекин… одамҳо мегӯянд, ки дар сипоҳи Чингиз ҳар марди даҳум мисли Рустам паҳлавон аст. Яке Субудай — баҳодур будаасту дигаре Толучар — баҳодур…

— Муболиғаи хушку холӣ ин гап! Яқин медонам, ки Худо чун Рустам дигар ҳеҷ таҳамтан наофаридаст! Агар имрӯз шабеҳи Рустам нафаре бошад, ҳаргиз дар сипоҳи муғул набошад, ки ин қавми ҳақир кӣ будани он ориёҷигарро намедонад!!

— Ба чашми ман Рустами замону Исфандиёртавон шумоед, ки ҷанг бар шери жаён ва пили дамон танг медореду ғолиб меоед. Хоку оби ин хитта, ки ҷойи дарсхонӣ, арсаи бозӣ ва майдони асптозию шиноварии шумост, пушту паноҳи шумост! Ва шумо пушту паноҳи мо:

Ниёи шумо паҳлавонон буданд,

Паноҳи бузургону шоҳон буданд!

– Ҳар чӣ мегӯйӣ, алҳақ, рӯҳнавоз асту нерӯ физояд. Ҷадди бузурги сулолаи мо Абдуллопаҳлавони Хуҷандӣ солиёни зиёд сипаҳбуди далер ва размандаи содиқи лашкари сомониён буду имрӯз, бо тақозои тақдир, номбардор ва идомабахши пайкори он Мирабдулло манам… Аз сарнавишти худ ифтихор дорам, лек мағрур нестам. Зеро аз панди ниёкони худ медонам: тавозӯъ он аст, ки марди оқил қуввати худро аз иқтидори душман камтар бинад. Ҳар он чӣ қаблан гуфтам, барои таскини дили ту гуфтам, на худситоиву худписандӣ кардам. Дар асл, аё ҷонон, рӯзгор басо шӯрангез асту ҳуш дор, ки пайванди умр баста ба як тори мӯйи туст. Бинобар ҳамин Ҷаҳонофаринро ситоиш гуфта, ба зорӣ ниёиш мекунам: «Бор Худоё, агар вилоят аз ман маъдум120 кунӣ, боке надорам, вале он рӯз мабод, ки болу пари маро мафқуд121 гардонӣ!».

Нигина, ғайриихтиёри худ, бағоят дилтанг шуд ва гуфт:

— Аз несту нобудшавӣ Худо нигаҳ дорад, соҳибҳаётам. Талхию хушӣ мисли боди саҳро мегузарад. Даври Сикандар гузашту Искандари сонӣ ҳам нопадид гашту Чингиз ҳам фано меёбад. Фақат номи нек боқӣ мемонаду қаҳрамонӣ!

— Агар падару модару ҳамсару фарзанд набошад, маро чӣ суд аз қаҳрамонӣ? Бе шумо Хуҷанд тиҳӣ аст барои ман! Махсусан бе писар, ки давоми умри падар асту бо риштаи ноаёни тақдир мо ба ҳам пайвандем. Барои ҳамин алмудом илтиҷо мекунам, ки аз боло имдод ба мо расад, то бало қафо гардад…

— Аз дигарон умеди худро кандаед магар?

— Оре, умед ва такягоҳи ягонаи ман он Ягона аст. Зеро Ғиромшоҳи олам хонашери майдонғариб шудаасту аз шаҳр ба шаҳр мегурезаду ҳам сипоҳиён, ҳам аҳолӣ ва ҳам фарзандони худро аз чингизиён тарсонда, ба муқобилат накардан ва таслим шудан далолат карда, ҳатто ба мо — ҳокимони шаҳру вилоятҳо чунин фармоннома ирсол кардааст: «Чораи кори худро созед ва барои худ гурезгоҳе ба даст оваред, то аз чанги ҳаводис ва навойиб122 эмин бошед… Деҳқонон ва сойири халоиқ, ки қуввати гурехтан надошта бошанд, дар ҷойи худ мақом созанд ва ҳар вақт, ки лашкари муғул расад, ба қадами тоат инқиёд123 пеш оварда, ҳар ҳукму фармони онҳоро ба амал оранд»…

— Оббо! Маълум мешавад, ки ночизҳиммат ва оҷиз шудааст Шоҳаншоҳи олам…

— Оре, харгӯшаки Чингиз кори худро кардаасту аз дасташ дигар коре намеояд. Мулк бар вай зоеъ аст:

Шоҳи буздил масту мадҳуш аст,

Ду оҳуш дар хоби харгӯш аст.

— Шоҳзодаи валиаҳд Султон Ҷалолиддин ба ин амалкарди шармандавор чӣ мегӯяд?

— Вай хост падарро аз роҳи хато гардонад. Пешниҳод кард, ки «ҳама лашкарро дар канори Ҷайҳун муттаҳид сохта, Хуросонро мудофиа кунем ва Мовароуннаҳрро аз дасти душман кашида гирем. Агар Шоҳаншоҳи олам ин ҷо истодан нахоҳанд, лашкар ба ман супоранд. То ҷон дорам, ҳамроҳи Дамир Малик бо душман даст бар хун мезанам!» Афсӯс ки Султон Муҳаммад таклифи бародархонди маро қабул накард — на худаш истод, на ба валиаҳдаш имкону ихтиёру аскар дод ва оҷизона гуфт: «Ҳоло толеи ман баргаштааст… Ҳар вақт, ки толеъ ба ман ёр шавад, ба ҷанг рухсат медиҳам…»

— Яъне бо иродаи сусти подшоҳи ҷодушуда валиаҳди далер бечора шудаасту вай ҳам ба шумо мадад расонда наметавонад. Лекин Чингизхон бошад, рӯз то рӯз зӯри зӯр мешавад. Ё гапам хато?

— Рост мегӯӣ, азизам! То имрӯз Утрор шикаста шуду Сиғноку Узганд, Ушнасу Борҷиликқанд, Ҷанду Шаҳриканд, Фанокату Ёрканд, хуллас, соҳили рости Сайҳун пурра ба дасти чингизиён гузашту дар соҳили чап фақат як шаҳри Хуҷанд дастнорас монд, ки дарвозаи Фарғона аст…

— Бухоро чӣ?

— Ин шаҳри бузург ҳам ҳафтаи гузашта фатҳ шуду Самарқанди сайқали рӯйи замин ба вайрона табдил ёфт. Акнун навбати Ғӯрганҷ… Чингиз мехоҳад, давлати Хоразмшоҳиёни кабирро сағир гардонад. Вале Хуҷанди мо садди роҳи вай аст…

— Яъне, шумо устухони сахтед дар гулӯи Чингиз?

Мирмалик оҳи сард аз дили пурдард кашид:

— Шояд ҳамин хел бошад… Лекин, ба фикрам, таърих такрор мешавад. Худат аз китобҳо медонӣ, ки панҷсаду чил сол пеш лашкаркаши араб Салм ибни Зиёд бо панҷ ҳазор савора ба Хуҷанд ҳуҷум оварду шикаст хӯрд…

— Ин қиссаро медонам. Як шоири араб, ки шоҳиди шикасти шармандавори ҳамқавмонаш буд, шеъргунае дорад ба ин маънӣ:

Э кош саворони мо аз Хуҷанд намегурехтанд.

Ва дар набардгоҳ асир шуда ҳамефитоданд.

Мурғон бар ҷасадҳо гирд омаданду аъроб

Оғушта ба хун сӯйи Холиқ намешитофтанд…

— Офарин туро, эй ҷони ширин, ки ҳофизаи хуб дорӣ! Он замон аъроб шикаст хӯрду муддате ҳеҷ кас ҷуръати ҳуҷум надошт. Халифаи ниқорталаб сарлашкараш Қутайбаи ҷаррорро бо қушуни бистҳазора маҷбуран ба Хуҷанд сафарбар кард.

Ин замон дар ҷанги аввалия Улоқ мағлуб шуду Чингиз писараш Ҷағатойро бо бист ҳазор хунхор ба шаҳри мо равона кардааст.

Он замон мардуми шердили Хуҷанд аҳлона ба набард хестанду онҳое, ки силоҳ надоштанд, калтак ба даст гирифта, ҷанг карданд. Муҳориба даҳ сол тӯл кашиду бо сулҳи муваққатӣ анҷом ёфт…

Нигина мутанаффир гашту бо оҳанги малул гуфт:

— Худоё, аз боди рӯзгори бадгавҳар дар паноҳат нигаҳ дор, ки аз Чин то Бухоро пур аз лашкари Чингиз шудааст. Он замонро донистам, ин замон чӣ мешуда бошад?

— Инашро Худо медонад. Ҳамеша сипос бар Аллоҳ мегӯям, ки ғайр аз ҳисори олию киштиҳои ҷангӣ ва камонғӯлаки хуҷандӣ боз як паноҳи басо мӯҳкам дорем…

— Кадом аст он?

— Дарёи Сайҳун. Ба қавли Саъдӣ зи дарё сад манофеъ бешумору ман худро фарзанди дарё меҳисобам ва азбас чор тарафи қалъаи баланди мо муҳот бо об аст, он моҳии малакист, ки шаст фурӯ нагирад. Яъне, агар нолаи об аз ноҳамвории замин бошад, фиғони муғул аз мавҷи дарё хоҳад шуд! Зеро қавме, ки ба ҳарби мо омадааст, сахтҷӯш ва хонасӯз аст, вале шиновар несту ба гирдоб расад, ғарқа мешавад.

— Илоҳо, дили Чингиз ғарқа дар хуни ҷигар шавад! Дар Сайҳун ғарқа гардаду асло амон наёбад!

— Яқин медонам, ки дуои неки модарон алмудом мустаҷоб мешавад, эй гиромитар аз ҷони ширин! Ҳамеша аз Парвардгори олам илтиҷо намо, ки фарзанди шоистаамонро нобуд нагардонад, меваи диламонро хомсӯз накунад, то дасти падар дар ҳаво холӣ намонад… Дарвоқеъ, эй мағзи ҷигар, чаро нури басари маро бо худ наёвардӣ?

— Момодоя Мирмӯҳсинро ба Кулангир бурд, ба меҳмонии бобои Мирфозили дилпазмон… Аз ин ҷо ман ҳам бо роҳи миёнбур наздашон меравам. Шумо ҳам меравед?

— Бо ҷону дил мерафтам, лекин… гуфтам-ку Ҷағатой дар остонаи Хуҷанд…

— Эй Малики дилам, агар иҷозат диҳед, ҳамроҳи шумо истам.

— Чаро?

— Маро иштиёқ ва ҳаваси бисёр аст, ки шуморо дар корзор бинам…

— Ман ҳам туро дар паҳлуи худ истондан мехоҳам. Лекин фурсат мусоид нест ва ту бояд ҳар чӣ зудтар равӣ, то доимо паҳлу дар паҳлуи Мирмӯҳсин нигоҳ дорӣ…

Нигина дилкашол хилъат пӯшида, ҳаракати рафтан кард.

— Исто! — овози Мирмалик омирона садо дод. — Бо ҳамин хилъати нафис меравӣ?

— Барои меҳмонӣ мувофиқ либос пӯшидаам…

— Намешавад! Ту бояд мутанаккир шавӣ.

— Инаш чӣ гуфтанӣ гап? Имрӯз ин қадар бисёр ибораҳои арабӣ кор фармудед? Аз ин пеш «мафқуд» гуфтед, ки маънояшро ба тахмин фаҳмидам…

— Барои он ки Мирмӯҳсин мафқуд нашавад, ту бояд мутанаккир шавӣ! — гуфт бо ҷиддияти том Мирмалик ва сипас оҳанги гуфтор мулоим кард. — Азбаски сухани сабук хоколуд аст, аз лафзи кӯчагӣ ҳазар дорам. Акнун он ҷумларо бо лафзи хуҷандӣ шунав: э занак, барои он ки бачата аз бағалат кашида нагиран бидӣ-бидӣ накада, дарров афту башарата мардона када, алакимчихел анҷоми дигархелак пӯш, ки ягон бетутуруқ нашиносадат.

— Барои чӣ??

— Дар урфият «аз бало-ҳазар» мегӯянду ҳусну ҷамоли зебо ҳамеша офати ҷон аст. Туро, ки ҷони манӣ, мебояд сахт эҳтиёт кард. Зеро ба ман гуфтанд, ки Аҳмадаки баззоз Нигинаро ба Чингиз бахшида, авлоди худро наҷот додан мехоҳад.

— Наход?! Чаро он аблаҳро сазовор ҷазо намедиҳед?

— Барои гуноҳи нокарда ҷазо муқаррар нашудаасту дар ҳама ҳолат аз эҳтиёт гузир нест. Яъне ту бояд ҳатман мутанаккир шавӣ. Ана акнун фаҳмидӣ?

— Фаҳмидам ва итоат мекунам. Аммо чӣ гуна мутанаккир шуданро намедонам.

Нигина бо дастури Мирмалик куртаю шалвори мардона ва пойафзоли сабуки чармӣ пӯшида, ҷавшани ҳалқа-ҳалқа ба тан кашиду кӯлоҳи ҷангӣ дар сар ниҳода, сипаре бар китф андохт ва шамшере ба миён овехт. Чун ба оина нигарист, рӯёрӯи хеш навкари наврасе дид мавзунқомат ва чеҳрахандон. Завқ бурду гуфт:

— Эй Малики дилам, аз мӯйлаби зебои худ андаке ба орият намедиҳед, то маро низ савлат аз саблат124 шавад?

Мирмалик аз лутфи гарму завқнок хушҳол гашта, сартарош даъват кард. Вай аз халтачаи махсус чанд мӯйлаби сохта берун оварда, чену барчин намуд ва зебандаашро болои лаби Нигина часпонд ва қиёфаи ӯ тамоман тағйир ёфт. Суханаш ҳам дигаргуна садо дод:

— Ман дигар на кабутарам, на кабки дарӣ ва на оҳуи кӯҳӣ! Гурдофарид ман! Маро асп биёред, ба ҷанги Чингиз меравам!

— Эй гиромитар аз ҷонам, ту акнун оҳуи айёр шудӣ! Яъне, оҳуи мардафкан ту! Бикӯш, то пурамал бошӣ, на пуралам. Асло аз ёд набарор, ки ҷавонмард дарёсту бахил чун ҷӯй, моҳӣ аз дарё талаб, на аз ҷӯй!

Ҳозир ҳамроҳи чанд сарбоз ба соҳил мебароеду аспсавор аз шаҳр берун меравед. Бовар дорам, ки ҳеҷ кас туро намешиносад ва бегазанд то Маҳрам мерасед. Он ҷо ҷавонзане бо кӯдакаш дар ароба шуморо интизор. Кӯдакро гарм ба оғӯш гирифта, беозор то Исфара мерасонию ба дасти бародархондаам Сайфуддин месупорӣ. Ту он ҷо мемонию ҳар сухани шоирро хоҳарвор эҳтиром мекунӣ. Гапи вай гапи ман аст.

— Мирмӯҳсин чӣ?! Вай дар Кулангир мемонад?!!

— Ошуфта нашав! Он кӯдаке, ки дар Маҳрам интизори туст, Мирмӯҳсини мост. Аммо ҷавонзан дояи нави ӯст. Мавлудабону дар Кулангир дигар кӯдаки нимсоларо ҳамчун фарзанди мо парасторӣ мекунаду Аҳмадак ва ёронаш, ки ба қалъа омадани туро дидаанд, гумон доранд, ту фарзандро ба доя гузошта, дар қалъаи обӣ бо шавҳар айшу ишрат меронӣ…

— Аҷаб ҳилаи оқилона андешидаед! Лекин чаро барвақттар маро огоҳ накардед, то ҳамаҷиҳата омода шавам?

— Хомӯшии маро то ба акнун сабаб он аст, ки кай омадани муғулҳо барои интиқомситонӣ маълум набуд. Ҳоло ки душман дар наздикист, агар маро бишканад, лобуд рӯй ба шумо меорад. Яъне, дигар ҳоҷати кашолкорӣ нест, вақти истихора аст! Маъзурам дор, агар дар ҳолати изтирор ягон каломи носазо гуфта бошам.

Боз омадан зи рафтани хуршед дур нест,

Гар умр боқист, дида ба дидор мерасад.

Ман ҳамеша бо ёди ҳар дуи шумо зиндаам. Алмудом барои мағзи ҷигарам ва нури басарам сина сипар мекунам ва аз даргоҳи Парвардгори меҳрубон бехатарӣ мехоҳам. Алвидоъ намегӯям. Хайр, паноҳатон ба Худо…

Нигина бо изтироб аз ҷой хест, вале бо табассуми зӯракӣ хайрбод карду бо умед рафт…


* * *


Суроби Нигина аз назар пинҳон шудан ҳамон селаи лашкари муғул монанди гургони гурусна, ки рӯй ба сайди оҳу ниҳанд, чанги хок аз кӯҳ болотар бардошта, дар соҳили рости Сайҳун чун мӯру малах намудор гардид. Сипоҳиёни камондор рада ба рада дар соҳили дарё саф оростанду аз паси майсара гарди азим бархост. Чун ғубор паст нишаст, чандин ҳазор марди ҳашарӣ чӯбҳои дарозу кӯтоҳ ва ғафсу борикро кашолаю шохмола карда, лаби об оварданду чолокона ресмонбанд намуда, барои аз дарё гузаштан амуд месохтанд. Мирмалик дид, ки онҳо аз ҳарби нобарори Улоқ Нуён сабақ омӯхта, бо тайёрии ҳамаҷиҳата омадаанд ва барои ба соҳили дигар гузаштан шитоб доранд, бифармуд, то ҳашт сафинаи ҷангиро тезҳол ба шино оранд. Чобуксаворони ташнаи муҳориба ҳама баробар даст ба камон бурданд ва дар ҳуҷуми аввал дигар силоҳ кор нафармуда, ончунон бошиддат тир боронданд, ки сипоҳи муғул мисли тут ба замин рехт.

Хасми ҷаҳонсӯз бадҳол ва тирарӯз гашт. Аммо пинаки Ҷағатой хам нахӯрд. Бо амри вай садҳо сипоҳии дигар камону алам бардошта, худро ба соҳил расонданду ҳазорон ҳашарӣ амадсозиро идома бахшиданд. Мирмалик низ шиддати ҳуҷум паст нагардонда, ду киштии дигарро ба ҳаракат оварду ҷавонмардони ҳузарб ҳамлаи гарм оварда, бо манҷаниқ ба сари ҳашариён оташ андохтанд. Ғарами чӯби хушк мисли тароша аланга гирифта, дуди ғализи ресмону либосу ҷасадҳои сӯхта ба чор тараф паҳн шуду Чағатойро нафастанг гардонд. Вай, ки марди беақлу бесиёсат набуд, бо чашмони танг, аммо дурбини худ баръало медид, ки лашкари сершумораш пеши тиру камони гурдони хуҷандӣ ларзон шудаанду ҳашариёни сарсахт чун мум пеши оташи сӯзон об мешаванд. Аммо «филҳои дарёгарди тилисмшуда» безарару бехалал пасу пеш ҳаракат карда, беамон ҷонситонӣ мекунанд. Фаҳмид, ки масофи рӯзи аввалро бохтааст. Аз ҳамлаи дандоншикан вуҷудаш ларзид. Бо душворӣ дамзах зада, лашкари хеш қафо кашид. Ин кораш аз ноилоҷӣ буд, вале барояш манфиат овард — талафот камтар шуду аз таънаю маломати сахти падар худро халос кард…

Шаҳриёри Хуҷанд, ки акнун битамом сипаҳсолор буду худ сафороӣ карда, рафти муҳорибаро сарварию чун нақиб мушоҳида менамуд ва ҳам мубориз буду ҳам тирандоз ва паҳлавони шамшербадаст, пас аз ғуруби офтоб бо дусад ҷавонмарди ҳузарб муҳайёи ҷанг шуд. Чун шаб аз нисф гузашт, ду киштиро аз маъбари махсус — гузаргоҳе як фарсанг поёнтар ба соҳили муқобил наздик овард, то аз ақибгоҳ шабохун занад. Лашкариёни муғул, ки аз ҷониби кӯҳ хавфу хатареро интизор набуданд, бепарво мехуфтанд. На посбон буду на нолидани шабгард, на ранҷи талоя буду на ҳаёҳуи зилзилаи лашкаргоҳ — ин ҳама заруриёти мудофиавӣ дар пеш ва чапу рости лашкар вуҷуд дошт. Ҷавонмардони сахтбозу, ки фақат найзаву шамшери алмосгун доштанд, дар шаби бағоят тираву торик намунаи рӯзи қиёмат зоҳир карданду хуфтагонро бедареғ тӯъмаи теғ гардонданд ва дар фурсати хӯрдани як нони танӯрӣ қариб ду ҳазор муғулро ба дӯзах фиристоданд. Замин аз хуни душман нам кашиду доду фарёди захмиён ва талвосаи ҷонканӣ ба фалак печид. Хуфтагон бедор шуда, гарангогаранг худро ба ҳар тараф мезаданд. Аммо аз ҳамлавар нишоне набуд, зеро айёрони шабкор тибқи дастурамали соҳибқирони хеш «ҳазимати баҳангом — ғанимати тамом» амал карда, аз пастхамии селкофта ноаён ҷониби дарё тохтанду худро беталаф ба киштӣ расонданд, ки ба чашми душман тамоман нонамоён буд…

Ҷағатой, ки сарҳанги филпайкар буду Девдод лақаб дошт, дар як шабонарӯз панҷяки лашкарашро аз даст дода, бағоят девзада шуд. Насиҳати падар қабл аз сафар дигарбора дар гӯшаш садо дод: «Эй фарзанди пурҷигар! Туро бо ҳафтод ҳазор пиёдаю савораи ҷаррор ба Хуҷанд мефиристам, то шаҳри қадимаро бигирӣ, қалъаи Ирвесро бикушоӣ, қасоси Улоқ биситонӣ ва ба захми теғи оташбор аз ин диёри обод аз ободӣ осор нагузорӣ! Зинҳор, ки бедору ҳушёр бош ва бар тожикони мусулмон эътимод накунӣ. Хоса аз Мирмалик эҳтиёт шав, ки дар илми ҳарб ва далериву шабравиву кин хостан ба садо омадааст…»

Ба ҳақиқати суханҳои падар амалан бовар карда, ончунон маъюс гардид, ки базӯр нафас мекашид. Зеро ба чашми худ дида, бо ақли худ бовар кард, ки суханҳои Улоқ Нуйон дар бораи филҳои тилисмшуда сафсата нею ҳақиқат аст ва ин балоҳои сиёҳи рӯйиобӣ ба муғулҳо дарди сари бисёр меоранду дасти қудратманди ғазанфари Хуҷанд ҳақиқатан ҳам панҷаи филафкани шери жаён аст…

Номаи муфассали дардноке ба дасти худ навишту аз падар кӯмак хост ва дар рӯзи дуюми ҷанг як қисм сипоҳиёнашро аз соҳили тирраси дарё дуртар ҷойгир намуда, ҳашариёнро пеш андохту онҳоро маҷбур намуд, ки дар фосилаи як фарсанг125 аз даҳ ҷой барои убур кардани Сайҳун ҷадал намоянд. Ҳазорон ҳашарчии дигарро фармуд, ки аз кӯҳ санг кашонда, дар соҳили муқобили қалъаи обӣ ғарам намоянд. Панҷ ҳазор савораро бо сарварии Улоқ Нуйон ба тарафи офтоббаро роҳӣ кард ва фармуд, ки муқобили маҷрои дарё ҳар чӣ дуртар рафта, аз ягон ҷойи мувофиқ ба соҳили муқобил гузаранд. Ду ҳазор савораро бо сарварии Мангу Буқа тарафи офтобшинам фиристод ва амр кард, ки барои аз об гузаштан қадри имкон кӯшиш намоянд.

Мирмалик ин фармоишотро намедонист, аммо аз дидбонгоҳи баланди ҳисори обӣ, ки даҳ фарсанг бештар масоҳатро пеши назар меовард, ташвишу тараддуди муғулонро назора карда, нақшаву нияти Ҷағатойро тахмин муайян намуд ва ба навбатдор вазифаи мушаххас супорида, худ шитобон поён фуромад, то аксуламал мураттаб созад. Сафинае ба поёнобу ҳафт киштии дигар ҷониби боло роҳ гирифтанду тирандозӣ шурӯъ шуд. Ҳамзамонкамонғӯлакҳо ба кор даромаданду санги бисёре бар сари ҳашарчиёни «роҳкушо» мисли жола фурӯ рехт. Дар они воҳид ранги тирафоми оби дарё арғувонӣ гашт ва мурдаю ниммурдаи зиёд чун хас дар болои об ба шино омад. Аммо ба дарё фурӯ омадани мардони қаддароз ва оббоз лаҳзае қатъ намегашт. Зеро ҳашариён басо сершумор буданду муғулон басо бераҳм ва муслиминро бедареғ ба марги яқин мефиристоданд…

Мирмалик, ки рафти муҳорибаро бо назари тадқиқ мушоҳида ва мулоҳиза мекард, дар паҳлуяш пайдо шудани Шоҳмуродро пайхас карда, бе муқаддима пурсид:

— Ёрони мо чӣ хел меҷанганд?

– Ҳар чӣ дар ҷаҳди одамист, баҷо меоранд. Вале…

— Чӣ?

— Адӯ чун мӯру малах беадад… Ҳарчанд дар набард дастбурди мо назаррас аст, мардуми шаҳр дар ҳаросанд, фарзанду молу матоъ ба рустоҳо фиристодан мехоҳанд.

— Тарси мардум асос дорад, он тарафи соҳил то кӯҳ — се фарсах бештар — пур аз сарбоз… Ман ҳам медонам, ки лашкари чун кӯҳро, бахудо, кас кам шикастааст… Лекин… то ҷон дорем, ҳарб мекунему истодагарӣ, то шаҳриён дар амон бошанд.

— Мардум ба шаҳриёри худ бовар доранд ва мегӯянд, ки садри мо ба доми ҳар хатаре андар наёяд ва дасти ҳар муштзӯре бар вай нарасад. Фақат Аҳмади баззоз ва думравонаш бадгӯӣ мекунанд…

— Бадхоҳи касон ҳеҷ ба мақсад нарасад! Чӣ гапи нав дорад Аҳмадак?

— Мегӯяд, ки имрӯз ё фардо муғул ҳисобашро ёфта, аз Сайҳун мегузараду ҳама лофи Мирмалик ба ҳаво меравад ва ҳоли шаҳр табоҳ мешавад…

— Ман чӣ лоф задаам?

— Оё гуфтаед, ки лашкари муғул ба ҳазор мард бизанам?

— Оре, гуфтаам. Ман ба размиёни сарсупурдаи худ бовар дорам!

— Мардум чун анбӯҳи лашкари муғул мушоҳида карданд, дар шубҳа монданд, ки садри Хуҷанд бо ҳазор сипоҳӣ оё тоқати муқовимат ва қуввати мусодамат дорад ё не?

— Мо аллакай дар дили душман ваҳми бисёр афкандаем… Агар лашкари рахнагарро саросар натавонем кушт, бегумон, дасташ мебуррем, то ҷангида натавонад!

— Дуруст мегӯед, эй шаҳриёр. Лекин тарсам аз он аст, ки агар гапи Аҳмади баззоз саҳеҳ бошад, бо ҳазор сипоҳӣ бар ду ҷабҳа бо душман ҳарб кардан мумкин нашавад…

– Ҷабҳаи дуюм куҷост?

— Кашшофон гапи Аҳмадро таҳқиқ намуда, фаҳмиданд, ки Улоқ Нуйон дуртар аз Хуҷанд гузаргоҳ меҷӯяд…

— Киштие фавран ба болооб равона мекунем. Тавре маслиҳат карда будем, ман қалъаи обӣ нигоҳ медораму ту шаҳристонро, лекин Сабзалиро бо ҳазор сарбоз ба Хистеварз мефиристем, то қад-қади дарё дар камин шинанду садди роҳи Улоқ шаванд.

— Фармон маликрост! Чун хасм аз ҳар канор меояд, ҳаматарафа омода бояд буд…

Пас аз нисфирӯзӣ манзараи муҳориба тағйир ёфт. Ягон ҳашарӣ барои дарёфти гузаргоҳ ба даруни дарё надаромаду ҳама ба сангкашонӣ сафарбар гардиданд. Лашкариён корфармо шуданду бо зарби тозиёна суръати ҳаракати корвони боркашҳои дупоро метезонданд. Гурӯҳе бо мадади каланду тешаю бел ва хоку лой рӯ ба рӯйи қалъа аввал сангдевори бузурге сохтанду худро аз тирборон эмин гардонда, сипас ба бунёди саркӯб — теппакӯҳи баланду паҳнбар шурӯъ намуданд, то аз боло ба ҳисори дастнорас бо манҷаниқ сангу оташ андозанд.

Мирмалик шунида буд, ки Ҷағатой сарҳанги тавоно ва доно асту бисёр ҳилаву найранги ҷангӣ медонад ва талафоту ҳамли бори гарон ӯро ранҷур намегардонад. Шояд дар шеваи ҳарб ҳиласоз буданашро ба эътибор гирифта, Чингизхон маҳз ҳамин писари худро ба шикастани қалъаи обӣ, нобуд кардани «филҳои тилисмотӣ» ва фатҳи Хуҷанд фиристодааст. Яъне, рӯ ба рӯи Мирмалик рақиби пурзӯру пуршӯр қарор дорад ва ӯро мебояд даҳчанд пурдону пурҷигар бошад, меҳтар ва беҳтар будани худро амалан исбот намояд, ба ҳар тазвири бад тадбири нек андешад, то хасми бадсигол барои интиқом маҷол наёбаду ёрони ҷонфидояш аз ҳар ҳалокатгоҳ ба саломат берун оянд.

Оре, ёрони фидокори Мирмаликро ҳар лаҳзаи гузарон хатари ҷон беш аз пеш таҳдид мекунад. Имрӯз онҳоро лозим меояд, ки аз коми дев коми дил ба даст оранд ва он девору кӯҳи сангин ба дарё чаппа гардонанд, то душман ба ҳисори олӣ газанде расонда натавонад. Яъне, бар ивази ҳар санги сиёҳ сари сабзе ба гарав ниҳанд. Аммо… магар осон аст дидаю дониста сар бар санг задан?! Баҳри иҷрои ин амали сангин чӣ қадар ҷасорат ва шуҷоат мебояд? Оё сарбозон худро ба коми аҷал меандозанд??

Сипаҳсолор ҳама андешаҳои худро ба гурӯҳи сесаднафараи сарбозон бепарда аён карду шарҳ дод, ки сафарбарӣ ба ин ҳамлаи пурхатар комилан ихтиёрӣ асту ҳар касе ба ҷонфидоӣ розӣ бошад, аз саф берун ояд. Аз нисф зиёди ҷанговарон бе ҳеҷ андеша довталаб шуданду ҷавонмарди шигарфу қавиҳайкал, ки ҷуфте кафш дар пой дошт ҳар яке нимманӣ, аз миёни таъмиргарони киштӣ чусту чобук худро ба ҳалқаи хоҳишмандон расонд ва бо овози баланд ба Мирмалик хитоб кард:

— Эй бузургвор! Аз ту мӯҳташамтар маро сарвар нест. Ту халифаи ман ҳастӣ. Илтимос, манро ҳамроҳат ба овардгоҳ126 бар!

— Эй озодмард, номи ту чист?

— Мардуми Румон маро Мирзои дароз мегӯянд.

— Аз мардони ҷангӣ туро ёр кист?

– Ҳама гарданкашҳои Румон шогирди мананд.

— Ба корзор рафтани туро ҳадаф чист?

– Ҳамаи шумо бо муғул ҷанг мекунеду ман яккаву танҳо девор чаппа мекунам. Шумо зиреҳу ҷавшан мепӯшеду ман бо ана ҳамин либоси танам меравам. Муғул манро ҳашарӣ гумон мекунаду кордор намешавад…

Пешниҳоди Мирзои Рӯмонӣ ба Мирмалик писанд афтоду қарор кард, ки чанд тануманди дигар либоси низомиро ба кафшу куртаю шалвор иваз карда, шабеҳи ҳашарӣ шаванд. Боқимонда хоҳишгарони размҷӯйро ба ду гурӯҳи шастнафарӣ тақсим карду шеваи амалиёти ҳарбиро муфассал фаҳмонд ва ҳамаро фармуд, ки то лаҳзаи зарурӣ бафурҷа истироҳат намоянд.

Ҳанӯз вақти субҳдам набуду шаб аз ҳар ду соҳил чодари сиёҳи худро нағундошта, аммо довталабони шикамсеру ҷангташна бедор буданду болидарӯҳ ва ба ду киштӣ нишаста, бо сарварии садри дарёнаволи худ Сайҳунро убур карданд. Посбонҳои муғул, ки аз тарси шабохун тамоми шаб мижа назада, ҳушёру бедор меистоданд, баробари сафедтоб шудани чеҳраи уфуқ хотирҷамъ гардида, чун диданд, ки гурӯҳи ҳашариён назди девор ба ҷунбуҷӯл даромаданд, фориғболона ҳамёза кашида, лаҳзае ғунуданро безиён ҳисобиданд. Аз байни ҳамлаварон, ки дар ду ҷониби саркӯб мавқеъ гирифта, омодаи ҳарб буданд, чанд тан бесадо гавак кашида, дар як мижазанӣ посбонҳои ғафлатзадаро ба хоби абадӣ гуселонданд. Деворшиканӣ оғоз ёфту муддате бехалал давом кард. Вале фарёди ҷонкоҳи яке аз посбонҳои нимзинда муғулҳои атрофашро ба по хезонду бонги дору гир баромад ва сипоҳиёни ҳар ду ҷониб ба ҷанг шитобон шуданд. Ҳарби тан ба тан оғоз ёфт.

— Акнун талаб он аст, ки мардона бикӯшем, то зинда монем! — гуфт Мирмалик ва чун пили маст ба ҷанги муғул андаромад бо салобате, ки агар адӯ харсанги азим будӣ, аз ҷой барканда, ба дарё ҳаво додӣ. Муғулеро, ки гурбавор ба гарданаш часпида буд, бо ду даст болои сар бардошта, ончунон ба замин кӯфт, ки дасту пояш аз ҳам ҷудо гардид ва ғирев аз пайкараш бархост. Сипаҳсолор дигар муғулҳои аз пешу пас омадаро дудаста мекӯфту бо шаттапоя ҷони чанде ба ҳалқум овард. Размандаи қоматбаланд чобук аз ҷой парида, муғули ханҷарбадастро аз зини асп ба замин афтонду болояш ба ду пой баромад ва шикамашро кафонда, рӯдаҳояшро берун баровард. Аз чап тире омаду ба рони пояш нишаст. Мисли шери захмӣ наъра зада, бо дасти рост пайконро берун кашиду ба чашми танги дигар муғул хаст…

Бо амри Ҷағатой муғулҳои зиёде ба набардгоҳ тохтанду Мирмалик бо ишора камонварони чор сафинаи ҷангиро иҷозати ҳуҷум дод. Худаш низ зеҳтир ба ангушт ниҳоду тирандозӣ оғоз кард. Азбаски маҳораташ дар ин амал беқиёс буд, ҳар пайконе мепарронд, бехато бар сару гардани муғул мезад. Яке ба чашмаш намуд, ки муғуле ғӯладинг шамшер аз ғилоф кашида, ба Мирзои Рӯмонӣ ҳамла карданист. Ӯро бо тири алмоспайкон чунон бизад, ки бар даҳони муғулбача даромада, аз пушти сараш берун омад. Филмарди рӯмонӣ бо чолокии ҳайратангез шамшер аз қабзаи вай кашида гирифта, ба шиками муғули дигар халонду хунсардона охирин санги таҳкурсии деворро ба дарё ғелонд ва худро ба об афканд. Дигар фидоиён низ аз тақозои озодмардӣ он чӣ лозим буд, ба ҷо оварданду худро аз соҳили хатар ба киштии зафар расонданд ва то фурӯғи хуршед ҳамагон сиҳату саломат ба қалъаи умед ворид шуданд. Девори бузурги сангӣ ва саркӯби азим, ки бегоҳирӯзӣ дар соҳили рост ба чашми шаҳриён намоён буд, пагоҳирӯзӣ аллакай вуҷуд надошт. Гӯиё онро шабона мавҷи Сайҳун шусту рафт. Яъне, оби муқаддас ба далерони Хуҷанд боз зӯрию зафар овард.

Ба киштинишастаҳо низ. Онҳо беист тири марговар афшонда, душманро имкон надоданд, ки ба соҳил наздик ояд. Аз талафоти зиёд ва нопадид шудани девору саркӯб Ҷағатой санг ба лаб молид, яъне беҳад зиқ гашту аз ғалабаи барқосо умедашро канд ва унвони падар боз як номаи таъҷилӣ навишт. Ба тобеъон фармуд, ки рӯ ба рӯи қалъаи обӣ дар масофаи тирнорас нарга127 зананду гирумони сартаулҳоро пурра таҳти назорат гиранд ва сангкашониро беист идома дода, аз соҳил то қалъа пайроҳаи сангфарш созанд…

Ду рӯзи минбаъда нисбатан ором гузашт. Ҳарифон мисли мушу гурба ҳамдигарро пойида ва ба қавли муғулҳо гоҳ-гоҳ «калта-палта»128 намуда, тори асабҳоро таранг нигоҳ доштанд. Дили Мирмалик гувоҳӣ медод, ки сукути Ҷағатой хомӯшии пеш аз тӯфон асту ягон найранги нави ҳарбӣ мебофад. Тахминаш дуруст баромаду субҳи дигар ҳашариён бо ғиреву ниҳев аслиҳаи наверо рӯ-рӯи хоки нам кашола карда, тахмин даҳ-дувоздаҳ газ129 дуртар аз соҳил устувор намуданд. Он шаклан ба чархи ресмонресӣ монанд буду лекин сад карат бузургтар ва дар нӯки парраҳояш зарфе шабеҳи сатл дошт, ки хуҷандиён сатил мегуфтанд. Андактар маълум шуд, ки он асбоби қалъшикан будаасту муғулҳо чун дастаки дарози чархро бо суръати тез давр занонданд, сангҳои тарбузмонанд аз даруни сатл ба ҳаво баланд парида, то девору саҳни қалъаи обӣ расиданд!

Аз байн бардоштани чархи сангафкан кори осон набуд ва Мирмалик барои ҳалли ин масъалаи сарбаста хеле майна об кард. Зеро сатлу муҳаррику парраҳои аслиҳаи такимилёфтаи ҷангӣ аз филиз буду онро шикастан ё сӯзондан имконнопазир. Тирборони мусалсал ҳам манфиати беш надошт, чунки чархгардонҳоро садҳо сарбоз аз ҳама ҷониб бо сипарҳои нимдавра муҳофизат мекарданд. Ногаҳонӣ ҳуҷум оварда, чархро мисли сангдевор ба дарё чаппа гардондан ҳам амри муҳол буд — ҳазорон сипоҳи нарганишаста аслиҳаи фатҳоварро шабу рӯз бо дидаи ҳамешабедор посбонӣ менамуданд.

Мирмалик бечора монда, саргарми хаёлот ба арк баромад ва аз боло ба поён нигариста, роҳи ҳалли масъаларо ёфт! Фармуд, ки ба бурҷи баланд камонғӯлак бароранд. Чор ҷавони ҳузарб ним соат бештар азият кашида, асбоби дағалсохти вазнинро аз зинаҳои танги морпеч боло оварданд. Шаҳриёр бо салоҳдиди худ се санги баробарҳаҷмро ба бордон ниҳода, камонғӯлакро саҳле росту чап ҷунбонда, бодиққат нишон гирифту меҳварро пахш кард. Сангҳои якпудӣ мисли тири хаданг башаст аз боло ба поён парида, бехато ба нишон расиданду муҳаррик пачақ гашт ва дастаи чарх шикаст. Аслиҳаи қалъашикан аз кор монду санге, ки аз сатли боло бояд ҷониби ҳисори обӣ мепарид, ба поён сарозер афтид ва рост ба фарқи сари яке аз чархгардонҳо зада, вайро ба замин парчин намуд.

Ҳисориҳо оҳи сабук кашиданд. Вале Мирмалик аз шаҳди шодӣ табъи дил ком ширин накард. Зеро чопари рангпарида ба вай хабари мудҳиш расонд, ки хайли панҷҳазораи Улоқ Нуйон андаке дуртар аз Хистеварз, дар қарибии Маҳрам дарёро убур карда, ҳазор ҷанговари каминнишастаи Сабзалиро торумор намуда, ҷониби Хуҷанд мешитобанд.

Рӯзи равшан дар чашми шаҳриёр ба шаби тор табдил ёфт. Ба сарҳангҳо дастури амал доду тавассути роҳи пинҳонӣ савори заврақ оҷилан сӯйи шаҳристон равона шуд, то бо Пири раҳнамои хеш Шайх Маслиҳатдин, ки лаҳзае бе ёди Худо ором наменишаст, рӯйдодҳои охиринро таҳлил намуда, тадбири солеҳ андешад.

Бенаво афтодаам дар кӯят, эй Султони дин,

Бо нигоҳи марҳамат аҳволи зори ман бубин…

Раҳ ба раҳ аз дили абгор ва пуршӯри шаҳриёр ҳарфу каломи оташбор чун сиришк мешорид:

Баски ҷаҳон шуд зи муғул пурхилоф,

Рӯйи замин гашт хира аз ихтилоф.

Бахш кушо роҳи мани хастаро,

Боз намо ин дами сарбастаро…

Аз нахустнидои воқифи афкори ниҳонӣ ва кошифи асрори маонӣ маълум буд, ки омадани садри Хуҷандро интизор аст:

— Кабутар мехостам фиристодан ба ҳисори обӣ, то аз пайи он маро дарёбӣ. Хуш омадӣ! Мебинам, сахт маҳҷур астӣ аз он, ки муғул бармаҳал Сайҳунро убур карду Сабзалӣ нобуд гашт?

— Бале, Пирам. Аз ғаму андешаи ояндаи шаҳри азиз сахт ошуфтаҳолу аз талафоти гарон беҳад синафигорам ва ҷуз Шумо чорагаре надорам.

— Алҳақ, марги фаҷои130 мардони мард боиси таассуфи бузург аст. Алайҳим-ур-ризвон мин-ал-малики-л-ҷалил!131

Аммо аз тақдири шаҳри азиз сахт ошуфтаҳол нашав. То як хишти мазори саҳобаи Ҳарамайн (алайҳис-с-салоту-л-малик-ил-маннон)132 боқист, Хуҷандро ҳеҷ офат нарасад. То зиндаем, ҳафт дарвозаи шаҳр маҳкам медорем. Азеро Парвардигори олам моро муваккал133 бар Хуҷанд сохтааст.

— Эй Пири бузургворам, партави идроки Шумо мисли шамъи Худо роҳнамои мост. Вале аз фитнаи охирзамон, гапу кори каҷи аҳли хато андешамандам…

— Зиқ нашав. Гарчанде бо хушомадгӯй ҳамсӯҳбат шудан хатост, қабл аз омадани ту бо Аҳмади баззоз ва ёронаш гуфтушунуфти тундутез кардем, вале бахайр анҷомид. Онҳо ба номи Худо қасам хӯрданд, ки бе изни мо касеро ба Хуҷанд иҷозати духул надиҳанд.

— Ба қавлу қасами Аҳмадак заррае бовар надорам. Зоҳиран тоҷир, ботинан кофир вай! Агар иҷозат диҳед, ӯро ба қалъаи обӣ бурда, муддате боздорам, то дар куфрони шаҳри ободи мо ҳамдостон набошад…

— Гумон аст, ки ӯро дар шаҳр дарёбӣ. Дар роҳ аст, пеши хоҷааш мешитобад.

— Ба таъзими Чингиз меравад?

— Не, ба истиқболи Улоқ меравад, мехоҳад, роҳи гарон ба хоҷааш осон гардонад…

– Ӯро бибояд кушт! Ҳайф бар хоин бод!

– Ӯро чӣ ҷон, ки баҳри ӯ ҷон дар хатар гузорӣ?!

— Эй Пири бузургворам, нияти ман дигар аст. Иҷозат медиҳед, ки барои ситондани хунбаҳои Сабзалӣ теғ аз ғилоф кашам ва ҳамроҳи ёрони сарсупурда шабохун занам? Бисёр мехоҳам, то рӯҳи бародарам ранҷур нагардад…

— Эй фарзанди азиз! Худат хуб медонӣ, ки ҳеҷ вақт дасти ту аз шабохун кӯтоҳ накардаем ва аз даргоҳи он Ягона бароят пирӯзӣ мехоҳем. Маслиҳат ин аст, ки дар як вақт аз ду ҷониб шабохун занед — Шоҳмурод ва ёронаш аз пешу ту аз қафо. Фиреби назар мешавад, агар шумо либосу абзори муғулӣ пӯшида бошед…

Шабихунро раво медонам, аммо ту набояд саргарми интиқом шавӣ. Ҳар сарваре, ки саргирифта-даргирифта барои хунбаҳо итобу шитоб мекунад, тавқи мурод аз даст медиҳад. Улоқ имрӯз не, пагоҳ хоҳ-нохоҳ ҷон ба Ҷаббор месупорад, аммо ту набояд ҳисори олӣ ба душман супорӣ! Туро дар кӯдакиат Шери бобо мегуфтаму чун ба воя расидӣ, Шери Хуҷанд шудӣ, Ғазанфари олам лақаб гирифтӣ. Имрӯз туро Шерзилванд мегӯям, ки шакли қадимаи шердил асту дар ҷавонӣ эдун лақаб доштам. Чил сол муқаддам мисли ту далеру сухангӯй ва накурӯй ҷавонмарде будам. Маро дар мурувват ягонаи даҳр ва дар футувват нишонаи шаҳр меҳисобиданд. Хурду калон арҷ мегузоштанду душманон сахт меҳаросиданд. Кунун замона дигар гашту аҳли Хуҷанд аз ганҷ берун омадаю ба ранҷ пайвастаанд, ки муваққат аст. Худои мо, ки меҳрубон ва азиз аст, ҳар дуи моро вазифадор кардааст, то дигарбора ба хуҷандиён шодию нишот бахшем ва Хуҷандро чун Тирози ҷаҳон нигаҳ дорем. Иҷрои ин вазифа кори азим саҳмнок асту хеле ва хайле гарон! Муғулон, ки ҳолиё аз ишғоли қалъаи обӣ оҷиз мондаанд, ҳалқаи муҳосираро торафт сахт мекашанд, то дар кори ту рӯз ба рӯз нуқсон беш гардаду аз ҳар гӯша халале ва аз ҳар ҷониб шикофе пайдо шавад. Аммо ту набояд лаҳзае аз ғазо дур шавӣ. Туро мебояд парчами Хуҷанд баланд афрохта, дар Сайҳун ҳарбро гарм нигоҳ дорӣ, то зафар наздику хатар дур шавад. Дар лаҳзаи зарурӣ ман ба мадад меоям. Хайр, Шерзилванди Хуҷанд. Ва мо ан-насру илло мин инда-л-лоҳӣ…134

Мирмалик ва Шоҳмурод тибқи маслиҳати Пири амалфармои худ дар дили шаб аз ду ҷониб ба лашкари мағрургаштаи муғул баробар ҳамла оварданду доди шуҷоат дода, доди худ аз қотилон ситонда, зангор аз оинаи дил зудуданд. Улоқ Нуйон кушта нашуд, аммо садҳо ҷангиёнаш дар Хистеварз ба хоки сиёҳ ғелиданду дар дашти ҷигарсӯз аз оташ сӯхтанд. Мирмалик муждаи марги душмани бадсиголаш Аҳмади савдогарро шунида, ҷангро хотима бахшид ва ёрони боқимондаи Сабзалиро аз пинҳонгоҳҳо ҷамъ оварда, самти ҳаракатро тағйир доду тавассути пойоби соҳил ба қалъа расид. Лекин имкон наёфт, ки нафас рост кунад: Ҷағатой чархи нави сангандозӣ рост карда ва бист газ зиёдтар пайроҳаи сангфарш созонда буд. Бо амри шаҳриёр чор сафинаи ҷангӣ оҷилан барои идомаи мубориза ба ҳаракат омад…

Шоҳмурод низ фурсати дамгирӣ наёфт. Ҷағатой бар ивази талафоти шабохун ба Улоқ Нуйон дуҳазор сарбоз ва сеҳазор ҳашарӣ мадад фиристоду муғулҳои тозанафас бо сарварии Мангу Буқа аз ҷониби Фарғона ба шаҳри Хуҷанд ҳуҷумро оғоз карданд. Онҳо гумон доштанд, ки қувваи асосии хуҷандиён дар қалъаи обӣ ҷамъ асту шаҳри бешаҳриёрро ба осонӣ ишғол мекунанд. Вале боз хато карданд: хуҷандиёни меҳмоннавоз, ки чандин моҳ омадани чингизиёнро интизорӣ мекашиданд, меҳмонҳои нохондаро бо тирборону шамшерзанӣ ва сангафшонӣ «пешвоз» гирифтанду ҳатто аз болои девор ба сарашон оби ҷӯш рехтанд. Душмани тангчашм тангайш шуду ба ҷойи талаттуфи бисёр талафоти зиёд гирифта ва аз дидаву дил ашку хун рехта, шармандавор қафо гашт. Ҷағатой бовар кард, ки хуҷандиён мисли фанокатиҳо чун бодоми кағотӣ пӯсттунук нестанд. Балки чормағзи басо пӯстғафсанд ва на ҳар дасти тавоно ин гирдакони сахтро шикаста метавонад! Аз алам ва нотавонӣ пушти даст газиду бо килки хунолуд ба падар боз як номаи ҷигарреш навишт: дар миёни сангу обу оташ мушавваш мондаам…


* * *


Мактуби писар дар вилояти Бухоро ба дасти Чингизхон расид. Подшоҳи муғул, ки аз зимистони тӯлонӣ дилтанг гашта буд, дар марғзори доманфарохе рӯйи сабзаи навхез, лаби чашмаи обаш чу марворид ғелон хайма ниҳода, куфти роҳ мебаровард. Ин ҷойи хушу хуррам ва мақоми бонузҳат чарогоҳи меросии Пири чӯпонҳо Бобо Зангӣ буд, ки дар сафи суфиёни пандпазир мавқеъ дошт ва яке аз соликони Шайхи кабири Хуҷанд ба ҳисоб мерафт. Муқаррабони Чингизхон бо хунсардии ҳайратангез, аз соҳиби мол напурсида, чанд гӯсфанди фарбеҳро мувофиқи одати муғулҳо хафа карда куштанду хӯрданд. Аз ин густохӣ Пири сиёҳҷурда зиқ нашуд, балки бо лабханди пурасрор ҳама устухонҳоро ҷамъ оварда, асои даст назди ғарам гузошта, дузону нишаст ва зери лаб дуои офият хонд. Сипас бовиқор аз ҷой хесту рӯй ба қибла гардонда, бо нидои ҷарангосии «Ё ҳу!» нӯки асо ба устухонпорае расонд. Ҳамон замон гӯсфанде падид омаду калла афшондаю маҳин овоз бароварда, сӯйи рама тохт. Шайхи мӯъҷаз нӯки асо ба устухони дигар расонду манзараи аввала такрор шуд ва ҳама гӯсфандон умри дубора ёфтанд.

Қавми муғул аз каромат ва қудрати мӯйсафеди пашминапӯш даст ба гиребон бурда, мисли ҳайкали сангин ноҷунбон шуданду аз гап монда, бо чашми ҳаросон пешвои худро нигаристанд. Чингизхони соҳибхабар ва ҷодугар, ки доимо лофи каромот мезад, аз мӯъҷизаи чӯпони рама ба ҳайрат омад. Пирамардро ба сӯҳбат кашид, шогирди кӣ буданашро пурсид ва гуфт:

— Эй Пири мӯъҷаз, муроот куну моро раҳбаладӣ намо, то шаҳри Хуҷанд бару он вилоят ба мо таслим гардон.

— Мо на он қадар тавонем, — гуфт Пири мӯъҷизакор. — Касе, ки муроот карда, он вилоят гирифта тавонад дод, Пири бузургвор Шайх Маслиҳатдин аст, ки ҳамқирони Шайх Наҷмуддини Кубро бошад…

— Кайҳост, ки аз вуҷуди ҳар ду ва қудрати эшон воқифам, — мад кашид Чингизхон. — Чанде пеш ба Кубро кас фиристода, гуфтам, ки ният дорам халқи Ургенҷро қатл намоям ва он Бузург бояд аз миёни авом берун ояду ба мо пайвандад. Аммо он соддалавҳ ҷавоб гардондааст, ки ҳафтод сол бо талху ширинии рӯзгор бо ин тоифа будаасту акнун, ҳангоми нузули бало бигурезад, аз мурувват дур мешудааст. Афсӯс, ки гапро нагирифт, ба ҷонаш ҷабр кард…

— Бузургон роҳати ҷони хеш дар он ҷаҳон мебинанд…

— Шайхи Хуҷандӣ ҳам роҳати он ҷаҳонро бартар медонад?

— Вай аз замири ҳамагон огоҳ аст, на ман…

— Мехоҳӣ, ки кори ту ба осмон расонам?

— Бифармоед, агар тавонам, ба сомон расонам…

— Туро ба Хуҷанд элчӣ мефиристам. Шайхи Маслиҳатро ҳамроҳи худ назди ман биёр, то ҳар чӣ хоҳад, бар вай диҳам ва ҳар чӣ муроди ӯ бошад, ба он бирасонам.

— Шоҳи валиёни олам, ки дар лаб ҳамеша ояти Хуҷанд дораду фитрати покаш аз халал солим аст, дар ин айёми пуртаҳлука аз шаҳр қадаме берун намеояд…

Чингизхон аз хашм бар худ печид ва пурсид:

— Пас чӣ бояд кард?

— Агар нияти диду гуфтушунид бо он ягонаи даврон доред, назди фарзанди ҳамлагари хеш равед. Оби Сайҳун ду бузургвори замонро бо ҳам мепайвандад.

— Якҷоя меравем. Ту моро мепайвандӣ…


* * *

Наврӯз фаро расиду дар теппакӯҳҳои атрофи Хуҷанд лолаи хушранг шукуфту аз таровати боди Сайҳун ба ноз ҷилва мекард. Аммо аз ҷашну тантанаи ҳамасола нишоне набуд. Мирмалик ёронашро бо хитобаи маъмулии

Ҳар рӯзатон Наврӯз бод!

Наврӯзатон фирӯз бод!

табрик гуфт, аммо дастархони идона ороста натавонист. Зеро даҳ рӯз инҷониб ҷанговарони Улоқ Нуйон шаҳрро ба муҳосира гирифта, ҳалқаи офатборро торафт танг мекашиданду кору ҳоли муҳофизон ба сахтӣ расида, роҳи таъмини озуқа ва аслиҳа баста гардид. Бо вуҷуди ин ёрони ҷоннисори амири Сайҳун ҳар рӯз ҷангро бо шиддати аввала идома дода, шабҳангом роҳи сохтаи муғулонро вайрон ва сангҳои бо азоби алим овардаи ҳашариёнро дар оби дарё паҳну парешон мекарданд. Онҳо ба нақша гирифта буданд, ки шаби ид дар бошишгоҳи муғулон гулхани бузурги наврӯзӣ афрӯзанд. Аммо дар шаби чоршанбеи сурӣ сӯхтори азимро қазо написандиду қадар раво надошт магар, ки дар лаҳзаи охирин нақша тағйир ёфт.

Қабл аз намози аср чор муғули зиреҳпӯшида бо ливои сафед ба соҳили рости дарё наздик омада, табли амон кӯфтанд ва яке ба лафзи хуҷандӣ раъдосо хитоб кард:

— Нашунидам нагӯед! Нафаҳмидам нагӯед! Ба мири Хуҷанд пайғом дорем!

Мунодии Мирмалик дарҳол ҷавоб гардонд:

— Шуморо мешунавем. Гуфтанӣ гӯед!

— Шайхе аз Бухоро ба меҳмонии шайхи Хуҷанд омадааст!

— Меҳмон чӣ ном дорад?

— Пири чӯпонҳо Занги Бобо!

— Меҳмон чӣ мехоҳад?

— Заврақ фиристед!

Мирмалик Пири чӯпонҳоро бо оғӯши гарм истиқбол гирифт ва филҳол ба нишемангоҳи Шайх Маслиҳатдин овард. Меҳмон баробари дидани чеҳраи нуронии Шайхи Бузургвор сари таъзим ба китфи муборак ниҳода, аз замир нидо баровард:

— Ассалом, эй Шоҳи дин! Ғубори остону чанги остини шумо чашми диламро тӯтиёст.

Лутфи ато бар кафи асҳоб диҳед,

Тоҷи сафо бар сари аҳбоб ниҳед.

Шайх Маслиҳатдин иззати меҳмони олиқадр сазовор баҷо оварда, ӯро ба паҳлӯи худ шинонд.

— Марҳабо, эй авлиёи марҳамнеҳи айём! Хайра мақдам! Аз Бухорои шариф чӣ хабар? Дӯстон куҷою чист паём?

— Аз Бухоро напурсед, ки дилу ҷигарам лав-лав месӯзад. Аз шаҳри бузург ғайри ном дигар нишоне боқӣ намондааст… Агар ба як ҷумла ифода кунем, муғул омаду шикасту рехту сӯхту кушту ғорат карду бурд… Ин талафот бас гарон аст, аммо дилам ба китоб- ҳои шаҳид месӯзад! Бо чашми худ дидам, ки Чингиз савори асп ба масҷиди ҷомеъ даромаду қасдан ба мақсура нишаста, ифлос кард ва «Гови Худо манам ва ин халқро барои гуноҳҳояш ҷазо медиҳам!» гӯён саворони худро фармуд, то китобҳоро бар ивази коҳу алаф пеши аспҳо рехта, китобсандуқҳоро чун охур истифода баранд. Ҳайвонҳои чорпо китобҳои пурбаҳоро мисли ҷав мехойиданду ҳайвонҳои дупо қоҳ-қоҳ механдиданд, вале ман зор-зор мегиристам…

Дар хонақоҳ лаҳзае хомӯшии азиятбахш дилҳоро ба риққат оварду Шайхи маҳзунгашта байте дарднок хонд:

Димоғи фикрро атри дигар мешояд кашид имрӯз,

Бар авроқи сухан сатре дигар бояд кашид имрӯз…

Байти дардноке бар забони Мирмалик омад, аммо аз қироат худдорӣ карду бо овози хаста пурсид:

— Сайқали рӯйи замин чӣ ҳол дорад?

— Самарқанди қандманд яксон бо хоки замин гаштааст. Лашкариёни Хоразмшоҳ, ки маъмури нигаҳдории шаҳр буданд, чун диданд, ки ёрои баробарӣ бо муғулонро надоранд, «мо ҳам аз нажоди муғул ҳастем, моро намекушанд» гӯён, амон хостанд. Чингизиён дархости туркҳоро пазируфтанду баъди боз шудани ҳама дарвозаҳо аслиҳаю чорпо ва дороии сокинонро соҳиб шуда, ба сарашон шамшер кашиданд ва ҳамаро то охирин нафар куштанд. Дӯшизаи духтаронро аз миён бурданд ва ҳар занеро, ки ба онҳо тан намедод, қатл карданд. Хонае носӯхта ва борае ношикаста намонд…

— Ду шаҳри оламафрӯзи Суғд — маркази Мовароуннаҳру пойтахти Хоразмшоҳ ба лонаи ҷуғз табдил ёфт. Худоё, шаҳри офтобии моро дар паноҳат нигаҳ дор.

Ниёиши садри Хуҷандро пирони рӯзгор бо ҳамдардӣ шуниданду Зангӣ Бобо бо оҳанги мотам гуфт:

— Дареғо мусулмониё, ки аз палидии номусулмонҳо оғуштаи хоку хун гашт, хору зор шуд… Во ҳасрато! Во надомато!! Во мусибато!!!

— Дар дили ман ҳам оҳу дареғ бисёр аст, — гуфт бо душворӣ Шайх Маслиҳатдин. — Вале дареғ суд надорад, чун кор аз даст равад. Оре, гӯиё чархи одамхор хасми мусулмонҳост. Аммо ситам на аз табар аст, аз даст аст! Акнун оламиён аз Чингизиён меҳаросанду чуноне дар Китоби шариф мазкур ва мазтур аст «явма яфирул-л-маръу мин ахиҳи»135-рӯзе фаро расида, ки бародар аз бародар фирор мекунад. Вале ин ҳолат бардавом нест. Зеро ҳеҷ обе аз пастӣ сӯйи боло намераваду чун рӯзи ҷазо фаро мерасад, дӯзах аз муғул пур мешавад!

Акнун, эй сафири аъзам, бигӯед, ки аз Чингизхон чӣ паём овардаед? Ин ғӯли биёбонӣ ҳама дунё талаб дораду мо охират. Аз пири шикастадил чӣ мехоҳад?

— Маро маъзур доред, ки шоҳи муғул шуморо на Пири шикастадил, балки Пири мукаммал меҳисобад. Чингизхон саҳеҳ медонад, ки андар илми нақду ғайб ва бузургию сутургӣ ягонаед ва бар он ҷойгоҳ истодаед, ки ҳеҷ кас андар олам фазли шуморо мункир нахоҳад шуд!

— Яъне ки Чингизхон ҷодупешаи лояълам136 нест? Ҷоа-л-ҳаққу ва заҳақа ботилу?!137

— Агар гуфтанӣ бошед, ки шоҳи ҳақиқӣ омаду шоҳи дурӯғин гурехт, фикратонро тасдиқ мекунам, — гуфт бо заҳрханд Пири Бухоро ва рӯйдод дар марғзорро ҳарф ба ҳарф ҳикоят карду бо чеҳраи равшан гуфт:

— Ман ба Чингиз фаҳмондам, ки дар ин диёр Подшоҳмарди Валӣ шумоед ва бе иҷозати Шумо дигар подшоҳе дар шаҳри Хуҷанд натавонад бошидан. Вай ишораи маро дуруст фаҳмид, дуруст пазируфт ва ба соҳили рости Сайҳун омаду маро вазифадор кард, то ду бузургворро бо ҳам пайвандам.

Эй шоҳи дин! Вақти маслиҳати тақдирсоз фаро расид. Ҳаракат аз шумо, баракат аз Худост! Шумо, ки раҳматун-лил-оламин ҳас-тед, хезед, назди Чингиз равем, то аз фитнаи охирзамон мулкро амон диҳед. Ал-амон ё ал-Аллоҳ!

Мирмалик мабҳут ва тангдил шуду пурсид:

— Пои номубораки Чингиз ба канори Сайҳун расидааст?! Эй Пири азимулқадр, шумо ин ҳол медонистед?

– Ҳозир донистам. Вале омаданашро интизор будам. Зеро имшаб одамушшуаро Рӯдакиро хоб дидам, ки дар соҳили Зарафшон байт мехонд:

Абре падид на, кусуфу хусуф на,

Бигрифт моҳу гашт ҷаҳон тира!

Фаҳмидам, ки калиди муаммо дар «кусуфу хусуф»-гирифтани офтобу моҳтоб асту чароғе аз ғайб фурӯзон мегардад, то рози тира равшан намояд.

— Лутф фармоед, эй роздони муаззам ва бигӯед, ки рози тира чист?

— Рози тира ба сиришти шаҳри мо иртибот дорад, ки офтобаш бе кусуф хира метобаду моҳаш бе хусуф торик менамояд. Зеро душман сареҳ медонад, ки бо таъсири муҳосира чун қуту қуввати хуҷандиён рӯй ба нобудӣ ниҳад, ночор шаҳру қалъа таслим менамоянд. Яъне сухани Рӯдакӣ «бигрифт моҳу гашт ҷаҳон тира» дуруст мебарояд. Акнун сарфаҳм рафтӣ, эй фарзанд?

— Оре, Пирам. Ҳамин қадар фаҳмидам, ки агар таслим шавем, Хуҷанд мисли Бухорою Самарқанд ба хок яксон мешаваду хуҷандӣ хокбарсар…

— Ло! Изо тамма амрун дано нақсуҳу. Фаҳимта, ё бунийа?

Вуҷуди шаҳриёр ларзид. Зеро муқаррабон медонистанд, ки яку якбора бо лафзи арабӣ итобу хитоб кардани Шайх Маслиҳатдин нишонаи сахт асабонӣ шудани ӯст. Саросема лаб ба ҷавоб кушод:

— Фаҳимту, ё Шайх-ул-кабир. Гуфтед, ки коре чун тамом шавад, он гоҳ нуқсаш ошкор гардад…

— Нуқси сарварону муҳофизони Бухорою Самарқанду дигар шаҳрҳои табоҳгашта он аст, ки бо душман ҷангу моҷаро тавонистанд кардан, вале муросою мадоро карда натавонистанд! Мо ин хаторо қисман ислоҳ кардем — шаҳриёри Хуҷанд ҳарбу зарбу моҷаро бар дараҷаи аъло расонд. Акнун муваккали Хуҷандро мебояд, ки мурооту мурозо138 дар сатҳи олӣ ташкил кунад, то зулми муғул аз ҳад нагузарад ва дар осмони Хуҷанд «бигрифт моҳу гашт ҷаҳон тира» нашавад. Оини хирад он аст, ки агар душман ба мудоро ва нармӣ кӯшад, оқилон дар ҷанг пешдастӣ накунанд… Асло фаромӯш макун, ки ҳолиё ту нафақат бори вилоят, балки бори мамлакат бар дӯш дорӣ…

— Раъйи фасеҳи шумо паргори қудрат бар фалак бенуқс мекашад, эй Пири Бузургворам. Бародарам Саъдӣ ҳини хайрбод дар ин боб ишорати возеҳ карда буд:

Агар сулҳ хоҳад адӯ, сар мапеч

Ва гар ҷанг ҷӯяд, инон бармапеч!

Гуфтори хирадмандон накӯ медорам. Фақат… донистан мехоҳам, ки пас аз муросою мадоро шаҳриёри Хуҷанд мустақимаҳвол мешавад ё саргардон?

— Аз сарсонию парешонӣ Худо нигаҳ дорад, эй фарзанди азиз! Ҳар кӣ сари таслим фуруд орад, фармонбардору забонбаста мешавад, лекин тадбири мо тасҳил139 аст, на таслим! Борҳо ба ту гуфтаам: хуррам касест, ки аз вай номи нек ҷовидон монад. Ин гуфтор мағзи ҳаёти ман асту баҳри он мекӯшам, ки баъд аз сари мо қиссаи ману ту мӯниси дили ҷаҳониён шавад!

Бингар, чӣ борони латиф меборад… Оби раҳмат аст борони наврӯзӣ, ки бар рухи ҳар касе расад, ҳарфи сабзе бар гӯшаш расонад. Ин обест, ки оташи дилу сӯзи синаи мо паст гардонад, то пеши маҳраму бегона насӯзем…

Эй фарзанди азиз, гар намедонӣ, бидон, ки маҳз аз қатраи борони найсон ба даруни садаф марворид пайдо мешавад. Марвориди ману ту Мирмӯҳсини дилбанди мост, ки бино ба қавли худат ҳолиё ҳамроҳи модар ва амактағояш Сайфуддини шоир дар Исфара асту зиёрати Маккаи мукаррама хоҳанд рафт. Агар онҳоро дарёфтан хоҳӣ, дуо мекунам, ки сафарат бегазанд ва камхатар шавад.

— Хуҷандро тарк гӯям, қалъаи обию сафинаҳои ҷангӣ, тиру аслиҳа, боқимонда захираи ғизо чӣ мешавад? Зимоми ёрони вафодори хеш ба кӣ месупорам? Ҳамшаҳриён чӣ мегӯянд? Маро нанг меояд аз он, ки имрӯзиёну пасовандон шаҳриёри шерлақабро шағоли буздил хонанд, сусткамару носипосу бетавфиқу ноӯҳдабаро ҳисобанд ва бо писханду нафрат ёд оранд! Оё танҳоиву ломаконӣ низору нажанд нест?! Муқовиматро то нафаси охирин давом дода, ба мардӣ кушта шудан аз шармандаю лаънатзада гаштан оё беҳтар нест?!

— Кӣ гуфт, ки тани танҳо меравӣ? Ҳама сафинаю ганҷина, лавозимоти ҷангию захираи хӯрокворӣ бо худ гирифта, хасе ба муғул намонда, пешопеши ҳазораи ҷонфидои худ арсаи ҷанг иваз мекунед! Ин аст маънии тасҳил, ки ҳарбиёни хирадпеша мусолиҳа мегӯянду тадбирест барои сабук гардондани душворӣ. Яъне дар Хуҷанд давом додани моҷаро бо муғул дигар манфиате надорад. Ту вазифаи худ бо сарбаландӣ иҷро кардӣ. Баҳри озодию ободии Хуҷанду хуҷандиён ҷон бар каф гирифта, мисли Сайҳун хурӯшон шудӣ, ки роздони тавонбахши туст ва аз ин баъд дарёи Сир мешавад, то асрори ҷавонмардию қаҳрамонии туро дар қаъри худ ниҳон дорад ва ба ворисонат расонад…

Минбаъд ин ҷо истодани шумоёнро маслиҳат намедиҳам. Зеро агар якравию гарданшахӣ кунед, Чингиз бо лашкари бешумори худ фишору тазйиқ аз ин батар кунад ва ҳар гоҳе бесилоҳу бенавою бечора монед, шуморо сахт бисоваду бикушаду шаҳрро бисӯзаду мардумро ғорат кунаду қатли ом ва манзараи Хуҷанд аз Бухорою Самарқанд бадтар садчанд шавад. Ва тавре ки худат гуфтӣ, ба лонаи чуғз табдил ёбад. Ту ҳаминро мехоҳӣ?

Мирмалик ба нишони инкор сар ҷунбонд, аммо ҳарфе ба забон наовард. Ҳазрати Бузургвор дасти видоъ ба китфи шаҳриёр ниҳод ва каломи хайрбод гуфт:

— Эй фарзанди азиз, ки бо ибораи «лонаи ҷуғз» қуфли муамморо кушодӣ, худ хуб медонӣ, ки дар олам аз об покизатар чизе набошад, вале агар муддати мадид ба як ҷой қарор гирад, гандида шавад. Мисли Сайҳун пок бошу хурӯшон, то шукӯҳу шавкату ҳашамат ва бузургии шерзилванди Хуҷанд ба умқи дилҳо ҷорӣ шавад ва дар чашми оламиён ҷовидона лангар андозад.

Хайр, фарзанди азизам. Худо медонад, ки мо бори дигар ҳамдигарро мебинем ё не?! Охирин панди маро, охирин насиҳат ва маслиҳати маро бо гӯши дил шунав: умр сармояест гузарон ва номаълум, эй фарзанди гиромӣ. Ҳар ҷо, ки бошӣ, сарсабзу сарбаланд бош ва ҳар лаҳза ба мардум роҳат расон. Ту ҳаргиз танҳою ломакон нестӣ! Хуҷанд маъвои дили ту ва хуҷандӣ номбардори асили туст, эй фарзанди дилбанд.

Хайр, ман ба мулоқоти Чингизхон меравам. Ҳозо явмун ъасибун!140 Ин рӯзи душвор асту хоҳ бинавозад, хоҳ бикушонад, барои ҳифзи Хуҷандам сеҳри сухан сипар мекунам, то балою мусибат ба роҳат мубаддал гардад ва ҳеҷ вақт Хуҷанд лонаи чуғз нашавад. Валлоҳу аълам бис-с-савоб ва илоҳи-л-марҷаъ ва-л-маъоб. Ва ҳува асдоҳу-л-қоиман ва ҳува аълам. Ал боқӣ ва-д-доим ҳува Аллоҳу азза ва ҷалла141. Омин.


* * *


Шайх Маслиҳатдин вурроаи сафеди оҳарӣ — ҷомаи хосаи сӯфиёна бар дӯш андохту ба заврақ нишаст ва ҷон дар хатар ниҳода, ҳамроҳи Шайхи бухороӣ ба соҳили рости Сайҳун гузашт. Ончунон боэҳтиёт ба замин фуромад, ки кафши пояш заррае лойолуд нашуд.

— Подшоҳони мо чун кӯдакони хурдсоланд, — лаб ба сухан кушод Зангӣ Бобо, ки мехост, ҳамсафарашро аз хулқу атвори Чингизхон пешакӣ огоҳонад. — Агар ба онҳо ҳарфи муболиғат ба оҳанги хушомад гӯед, аз эшон табъи дил бахраманд мешавед. Аммо шоҳи муғул одами дигар ва аз олами дигар аст… Фаровонсуханӣ ва тамаллуқро намепарастад…

Бузургвори Хуҷанд лаҳзае аз роҳгардӣ истода, ба рӯйи Пири чӯпонҳо бо назари илтифот нигарист ва байте аз Фирдавсӣ хонд:

Ба ҳар ҳафт кишвар зи ман огаҳист,

Ситора рухи равшанамро раҳист!

Шайхи Бухоро муҷримона сар ҷунбонд ва бо шоҳбайти Муизӣ ҷавоб гардонд:

Узр дорам, гар ҳунарҳои туро натвон шумурд,

Қатраи борони наврӯзӣ шумурдан кай тавон?

Шайх Маслиҳатдин базавқ хандид ва пурсид:

— Магар шоҳи оламхоҳи муғулро хаймаву хиргоҳ нест? Чаро саропарда намезанад ва лашкариёнаш ба лаби об чун лулиён фуруд омадаанд?

— Чингизхон аз ширинию лаззати подшоҳӣ ҳанӯз воқиф несту муғул ба ғалабаи осон ва фатҳу нусрати ройгон одат кардааст. Вале Мирмалики шумо шасти шоҳи азхудрафтаро гардонд…

— Дар васфи Ғазанфари Хуҷанд фақат як ҷумлаи кӯтоҳи таърифӣ кам аст! Мирмалику ёронаш афсонаи шикастнопазир будани Чингизхон ва далерию паҳлавонию буқа будани муғулҳоро дарҳам-барҳам шикаста, ба оби дарё афканданд! Коре, ки ҳокимони дигар шаҳру вилоёт ба чилу панҷоҳу сад ҳазор сипоҳӣ карда натавонистанд, садри Хуҷанд бо ҳазор шермард ба сомон расонд!!

— Аз Чингизхон зиёдтар ман дар шигифтам, ки чаро чунин шуд?

— Чингизи иргиз, ки бо зӯри ҷоду ва харгӯши тилисмбастааш Хоразмшоҳи Кабирро ҳаросон ва гурезон кард, бо қудрати сеҳру афсунаш натавонист моро мисли дигарон дижам кардан…

— Дижам калимаи лаҳҷавист?

— Не. Ин вожаи ориёист!

Бикардем ҳар ду пархош ба ҳам,

Дили Темучин гашт аз ғам дижам.

Яъне, ҳосили калом ин аст, ки Темучини сеҳргар бо ҷодую афсун чашму дили равшани моро тираю хира карда натавонисту ба шикастани эътиқод ва диёнати мо зӯраш нарасид! Дар натиҷа ваҳдат ва сафи ҷамъи мо парешон нашуд. Яъне Чингизи ҷодупарвар худ побанди дижам гардид ва ба муросо гаравид…

Пас аз истиқболи гарм ва изҳори адаби тарафайн Шайх Маслиҳатдин болои намадзине, ки ба рӯи санги аз кӯҳ оварда, устувор карда буданд, оҳиста биншасту дуои ҷулус хонд ва Чингизхон низ беихтиёр баробари ӯ даст ба рӯй кашид. Ходимон болои санги чаҳоркунҷа матоъ густурда, дар явлоғӣ-косаи мисини дастадор барои ғизохӯрии сарбозон чанд пора гӯшти дампухт ва се пиёла об оварданд. Шоҳи муғул бо лафзи шикастаи хуҷандӣ «Канӣ, марамат кунанд!» гуфту то Шайхи Бузург ба хӯрдан ибтидо накард, ором нишаст. Бо ишораи вай тарҷумон ба меҳмонон фаҳмонд, ки гӯсфандро қассоби самарқандӣ забҳ кардааст, яъне хафакушти муғул нест ва ҳалол аст. Он гоҳ Пири мӯътабар порае насиба гирифта, зери чашм Чингизро нигарист. Вай марди баландболои китфпаҳн ва шигарфҷуссае буд тахмин шасту панҷсолаи борикмӯйлаб, аммо як қабза риш ва мӯю рӯйи кашидаи сапед дошт, гурбачашме дар ғояти бардамӣ ва зиракӣ менамуд. Ҳайбати нигоҳаш далолат бар он медод, ки доно асту қаттол, маъмур асту хасмшикан, одил асту хунхор, далер асту хунрез… Дар чароғаки чашмаш чанд шайтони хурду бузург ҷастухез карда, вайро ба макру фиреб ва ҷангу ниҳеб даъват мекарданд. Вале Шайхи Кабир ҳарчанд зеҳн монд, дар чеҳраи пажмурдаи шоҳи пурсалобат ғурур ва шамотат надид ва донист, ки вай аз ғаму ранҷи дигарон беҳад шоду хурсанд нест. Кашфи ин нишонаи неки одамиятро фоли хуб ҳисобид ва азбаски об наметавонист хӯрд, шир хост. Ходимон ба ҷустуҷӯ рафтанду Чингизхон гуфтушунид оғоз кард:

— Мехостам, бо Шайхи уммати ислом имрӯз самимона сӯҳбате кардан, ба шарте Ирвес халал нарасонад…

Тарҷумон шарҳ дод, ки шоҳи муғул Мирмаликро «Ирвес» лақаб додаасту маънояш Паланги обист.

— Вақти шикори шерон ҳама гургу палангҳо сокит мешаванд! Имрӯз Ирвес мӯяшро намеҷунбонад…

— Вай то ин дараҷа фармонбардори Шайх аст?

— Вай покгавҳар аст ва ҳамеша эҳтироми пирону бузургонро нигоҳ медорад.

— Афсӯс, вайро надидаам ва намешиносам. Аммо хеле донистан мехоҳам, ки ӯ кист?

— Паҳлавон асту хирадманд. Ҳоким асту хоксор. Ба ҳарб чолок даромада, бебок берун меояд. Он қадар чобук аст, ки бо нӯки пайкон хол аз рӯйи ҳариф мерабояд. Аз ягон амал дастхолӣ барнагаштааст. Пирӯзҷанг аст, ҳеҷ шикасте надидааст. Теғаш мӯъҷизанок асту аз зарбаи ҷонкоҳаш кӯҳ об шавад. То ӯ сипаҳсолор аст ва камони пайғамбарӣ бо ӯст, лашкари Хуҷанд таровате қавӣ дорад.

— Аҳмади колофурӯш сухан ба мазмуни дигар гуфта, вайро ҳокими мағрур, ишратпараст, зудранҷ ва золим хонда, бо танз «шогирди Хоразмшоҳ» гуфта буд…

— Худо гуноҳашро бахшад, ки баззози ба кори худ доно буд…

— Ман ба вай гуфта будам, ки агар ҳокими Хуҷанд ба хубию хушӣ дасти таслим бардорад, ӯро вилоят бозпас диҳам. Ҳозир иловатан мегӯям, ки агар Ирвес ба тарафи ман гузарад, пас аз Ҷӯҷӣ ва Ҷағатой дар қатори фарзандонам ҷой мегирад. Писарашро набера мехонам…

— Наҳанги Сайҳун соҳибихтиёр аст. Ин пешниҳодро барқвор ба самъаш мерасонам.

— Агар ҳақиқатан хирадманд бошад, бахти сабзро пажмурда намекунад. Зеро ҳар кас аз итоати мо сар печад, бо зану фарзанд, хешу пайванд ва билоду ибод несту нобуд мешавад!

— Инро ҳама медонанд. Лашкари замину замон аз лашкари Чингизхон метарсад!

— Дар ҳақиқат Шайхи Хуҷанд Пири давлат будааст! Бовар кардам, ки кам мегӯяд, лекин дуруст мегӯяд. Аммо Ино қоон гуфта буд, ки тожик мардум аҷаб халқи ғалатӣ — ҳам пуртоқат асту ҳам пурсухан. Худро масхара карда, «гапи бисёр — ба хар бор» мегӯянд.

— Оне, ки беш медонад, кам мегӯяд…

— Ман ба Шайхи гӯсфандпарвар ҳамфикр. Ба вай гуфта будам, ки дар олам ду бузургворро эътироф мекунам — яке Кубро, дуюмӣ — Нурӣ. Қутбиддин шоҳи дупула аст, шоҳи дину давлати Хоразм ин ду бузургворанд!

— Таъриф басанда. Сипос дорам.

— Ман ҳам даъвои бузургӣ надорам, аммо ба қавлу лафзи худ устуворам. Чун назди шоҳи муғул омадаӣ, ҳар чӣ хоҳӣ — бар ту диҳам ва ҳар чӣ муроди дилат бошад, бар он бирасонам! Бигӯ, чӣ мехоҳӣ?

— Муташаккир ва сипосгузорам. Вале аз подшоҳи меҳрубон ва содиқулқавл ҳеҷ чиз нахоҳам.

— Чаро?!

— Пиёлае шир хостам, наоварданд…

Чеҳраи Чингизхон ранги шири турш кабудфом гашт ва бо теғи нигоҳ ходимонро ларзонд. Онҳо даст пеши бар ниҳода, бо овози гиряолуд гуфтанд, ки ҳарчанд кофтанд, қатрае шир наёфтанд.

Чингизхон тез-тез мижа зада, вуҷуди сарходимро бо теғи нигоҳ шудгор карду башаст аз гиребонаш гирифт ва бо шиддати том гуфт:

— Аз таги замин бошад ҳам, дарёбед! Ин ҷо набошад, ба Фанокат асп тозонед!!

— Дигар ҳоҷати ҷустуҷӯ нест, эй шоҳи бузург! — Чингизхонро аз ваҳшат нигоҳ дошт Шайхи Бухоро, ки рамзи дини ислом будани шир ва мақсади таҳтонии Пири Хуҷандро хуб медонист. — Ин камбудиро ман ислоҳ мекунам.

Зангӣ Бобо пиёлаи обро ба кафи даст ниҳоду дуое хонда, се маротиба куфу суф кард. Дар пеши чашми ҳамагон об ба шир табдил ёфт!

Мӯйлаб ва рухсораи чапи Чингизхон худ аз худ беист ба ҷунбиш даромаду аз кашиши тори асаб дарак дод. Вай, ки то чилсолагӣ Темучини ҷодугар буду аз сеҳри ҳунари устодони машҳури муғул огаҳӣ дошт, чунин мӯъҷизаро бори аввал медид. Ба чашмони худ бовар накарда, ҷуръае аз обшир нӯшид ва… бе ягон дудилагӣ ба Пири тавонои Хуҷанд, ки шогирдаш чунин қудрат дорад, қоили сидқ шуд.

— Лутфан бигӯед, ки дар дил чӣ мурод доред, эй Шайхи Кабир?

— Муроди аслии ман обод будани мулки шоҳи ҷаҳоношӯб Чингизхон ва дилшод зистани табааи ӯст.

— Ба кадом маъно?

— Аз Утрор то Самарқанд даҳҳо шаҳри хурду калон ва ободон валангор гашту агар забткорӣ ба ин сурат идома ёбад, Чингизхон шоҳи мулки вайрон мешавад…

Мо, «сартаулҳо» шоҳи мулки вайронро бум мегӯему намедонам, ки қавми муғул аз ин паррандаи шум дарак дорад ё не?

— Ин паррандаи наҳс ва бехосиятро муғулҳо чуғд мегӯянд, — шарҳ дод тарҷумон.

— Яъне ки буму ҷуғзи моро муғул чуғд мегӯяду мо намехоҳем, ки номи ин паррандаи харобадӯст лақаби шоҳи ҷаҳонгир шавад…

— Ман ҳаргиз лақаби бад нахоҳам! Ҳамқавмон маро Ёғу142 унвон кардаанд, ҳамин кофист!

— Ман ҳам аз ин лаҳза эътиборан Шуморо Чингизхони Бузург мехонам ва дуо мекунам, ки Шоҳи Бузурги мулки обод бошед!

— Ташаккур, эй Шайхи Ёғу! Гап тамом: муроди дили муваккали Хуҷанд бар ман аён гашт. Қавл медиҳам, ки аз хонаю девори шаҳри шумо хиште беҷо намешавад, хасе ба яғмо намеравад ва шахсе озор намебинад! Изҳори фараҳ ва шодӣ намоед, ки Тирози ҷаҳон давлатсарои хеш кунам ва азбаски Самарқанду Бухоро ба таъбири шумо «Хонаи ҷуғз» шудааст, Хуҷандро маркази Мовароуннаҳр гардонам, то абадан хонаи хуршед бошад!

— Саломат бошед, эй шоҳмарди соҳиби инсоф ва қавлу ҳиммати баланд!

Дар кӯйи вафои Шоҳи инсоф

Як дил ба ҳазор ҷон дареғ аст!

— Офарин, эй Шайхшоир! Акнун вақти он расид, ки ба Ирвес бо хати худ чизе нависед. Хитоби шайхӣ ва итоби муваккалие, ки доред, ёд кунед ва ин якравро ба салоҳ хонед. Агар мисли Хоразмшоҳи мағрур амал карда, фарзандӣ напазирад ва маро нури чашм шудан нахоҳад, ҳар чӣ тезтар аз пеши назарам дафъ шавад! Баъде, ки қалъаи наҳси ӯ тиккаю пора ва ғарқоби дарё кунам, дигар ҳама ваъдаю қавли хеш мӯ ба мӯ иҷро намоям…

Ходимон дарҳол коғазу қалам ҳозир гардонданд ва Шайхи мулоҳизакор бешитоб номаи мухтасар навишт: «Ассалому алайка, ё азиз-ул-буния! Туро махфӣ ва пинҳон намонад, ки муколамаи мо ба некӣ анҷомид. Хуҷанд наҷот ёфту хуҷандӣ беосеб монд. Фақат қисмати тую ҳазораи ту норавшан аст. Подшоҳи бузурги замон Чингиз Ёғу, ки ӯро Худованди инсоф вақавлу амал дарёфтам, Мирмӯҳсинро набера ва туро дар қатори Ҷӯҷӣ ва Ҷағатой фарзанд хонданист, то бо лақаби Ирвес — паланг арҷманд гардонад ва амалҳои гаронманд фармояд. Агар мункир шавию гарданкашӣ идома додан хоҳӣ, боиси мазаммати Шоҳи булкарам хоҳӣ шуд ва ин қудратманд бо тамоми ҳастӣ мекӯшад, туро бо Хоразмшоҳ ҳамтақдир гардонад. Агар ба ҷафои хештан розӣ бошӣ, охирин маслиҳати мо ин аст, ки ҳар чӣ тезтар ва зудтар аз мадди назари Шоҳи бузург ғайб занӣ ва шаҳри Хуҷанд ба дасти мо супорӣ. То даме, ки дар ҳудуди вилоят ҳастӣ, касе ба ту ҳуҷум намекунад. Чун ба занҷири ҳаёту мамот расидию ба шаҳр бозпас нагашта, аз ҳад гузаштӣ, туро ба Худо ҳавола карда, ҳамон соат Хуҷанд ба Чингиз Ёғу тақдим мекунам. Ал-боқӣ ва-д-доим ҳува ҷалла ҷалолуҳу. Алфироқ, ё азиз-ул-буния143»


* * *


Мирмалик наҷотулбаротро хонду аз ишоратҷумлаи охирин фаҳмид, ки бояд биравад. Бедиранг ба гармобаи кунҷи қалъа рафта, чанд сатил оби сард бар сар рехт ва тафти худ паст нишонд. Сипас ба иҷрои ҳукми Пири ваколатдори Хуҷанд шурӯъ намуд ва ҳар чизеро, ки коршоям буд, ба киштиҳо бор кард. Ёрони худро ба сафинаҳои ҷангӣ шинонд. Худ бо ҷамоати ҳамнафасон дар заврақ нишаст ва машъалҳо барафрӯхта, бо роҳи обӣ ҷониби Хоразм ҳаракат кард, то Султон Ҷалолиддинро дарёбад ва бар зидди урдуи муғул баҳри озодии меҳан набарди ному нангро дар сатҳи пирӯзӣ идома бахшад. Бо амри Парвардигор шамол аз самти шимол худ аз худ қатъ гашту боди ҷанубӣ тунд вазид. Сорбони ҳафтод киштӣ аз андӯҳ шитобон чун тири партоб равона гардид…

Киштинишинҳоро дар ҳудуди вилоят касе безобита накард. Муғулон аз соҳил паёпаи корвони обӣ мерафтанд ва фақат назорат менамуданд. Мирмалик киштиҳоро аз бод тезтар давонда, то Фанокат расид. Занҷире фӯлодин дар миёни об кашида дид. Заврақро нигоҳ дошта, лаҳзае ҷониби Хуҷанд нигарист. Чеҳраи нуронии Пири Бузургвораш пеши назараш омад, ки охирин ҷумлаи номаи наҷотро бо овози пичирросӣ бори дигар гӯшрас кард: «Алфироқ, дидор дар қиёмат, эй фарзанди азиз!»

Вопасин хитоби Шайхи азимулқадр ва маслиҳатҳои қаблии вай ишораи қотеъ ба идомаи роҳи мубориза барои ҷиҳоди бузурги динӣ алайҳи кофирон буд. Ғазанфари шӯрида фиғони дилро бо азобе фурӯ нишонд. Бо вуҷуди ин қатрае ашки хунин аз мағзи ҷигараш берун ҷаҳид ва ба оби Сайҳун чакид. Бо дарду алам табарзин мисли дирафши Ковиёнӣ баланд бардошту бар фарқи занҷир зад.

Бо як зарбаи Рустамона занҷир шикаста шуд!

Мирмалик завлонаро пора кард, то роҳ кушода гардад. Роҳи наҷоти Аҷам ва миллати мусулмон аз асорати кофирон…

Поёни китоби сеюм

ҒУРУБИ МОҲУ АХТАРОН

Пешгуфтори китоби чаҳорум. Ғамномаи ғамбарори андалеби гирёни Исфара

Сайфуддини Исфарангӣ дар панҷоҳсолагӣ маротибаи охирин ба Ворухи андалебнавоз омад. Дар сари болини Абдулмаҷиди бемор нишаст ва муколамаи шоирона бо байти зер оғоз намуд:

Дар назму наср лашкари иқбол рондаам,

Дар қалби он ба фахр алам даркашидаам!

Сипас ба кӯҳи Душоха нигаристу андалебосо нола оғоз кард:

— Айёми ҷавонӣ дар буни ин кӯҳи ошиқкуш орзу карда будам, ки дар боби ишқу муҳаббат достоне хоҳам навишт. Вале дар ин замона зи ҳар санге садои ғами ёре меояд бар дил… Лоҷарам, ғамнома мебояд навишт…


* * *


Тибқи одат, имшаб пас аз намози хуфтан ба саҳни ҳавлӣ баромада, моҳи осмонро нигаристам, ки рух ба хуни шафақ олуда, мисли шамъи танҳо дар хонаи торик аз фироқи зулфи сарбуридаи оҳувашони диёр хуноба мегирист. Барои ба риштаи тасвир кашидани ин манзараи ҳузнангез дар ҷойхоб аз як паҳлу ба паҳлуи дигар гаштаю хаста шуда, заргӯшвор хоб рафтам ва Султон Муҳаммади Хоразмшоҳро дар хоб дидам. Гирён нола мекард: «Искандари Сонӣ, Санҷари замон будаме… Ангуштари тавқеъ ба Нигина бахшидаме… Ангуштари по шудаме…» Мисли гург нолиду ба хок афтид, рӯй бар хок молиду то ҷон дошт, баланд «Дод!» гуфт. Қад парида, аз ҷойхоб ҷастам ва бо алам гуфтам:

— Чашми маро ҳаршаба хобаш ҳаром бошад! Сабр дарди маро даво бахшад…

Касалманд наям ман, аммо як ҳафта мешавад, ки ҳар шаб хоби парешон дида, аз дарду гудоз ранҷ мекашам:

Шаб набошад, ки рух аз дида ба хун тар накунам

В-аз ҷафоҳои фалак хок бар сар бар накунам!

Ҳар шаб ба хобгоҳи шоири бедордил аз дӯсту душманон паёмҳои хелмахел меояд. Шайхи Бузургвори Хуҷанду Нигинаи ҳаросон, Мирмалику Ҷалолиддин, Турконхотуну Чингизхон, Зиёуддину Шамси Ҳола ва дигару дигарҳо аз ҷавру бедоди фалак, аждаҳои оташдаму сагони чорчашм, аҷали бераҳму теғи хунолуд, заҳри мори гурза ва ғайраю ҳоказо шикваю маломат ва шикоят мекунанд. Аз нафаси сӯзноки онҳо кулбаи эҳзони ман пур аз дуд шуда, аз чашми тари марҳумон ашки хунин гӯиё чун жолаи навбаҳор мерезаду хоки хушки фарши сиёҳ лой мегардад.

Имрӯз дар саҳаргоҳон мани мискин дида бо дарди сар кушодаю равзанаи ниҳонхонаи андешаро боз намуда, хостам ғазале гӯям. Вале тангии дил мурғи илҳоми андалебосои маро нагузошт, то шоҳпаре боз кунад. Лоҷарам чанд байте дардолуд гуфтам:

Кори дилро сар ба роҳе мекунам,

Ҳар замон аз дард оҳе мекунам.

Аз ғами ман кас надонад ҷуз Худой,

Он чӣ ман ҳар субҳгоҳӣ мекунам…

Мавҷи хунеро, ки мехезад зи дил,

Сӯи ҷӯи дида роҳӣ мекунам!

Хуни дил мерезаму бар ин гуноҳ

Субҳи содиқро гувоҳӣ мекунам…

Рости гап, Хоразмшоҳ ба хоб даромаду маро дунё бар сар сарозер гашт! Дар ҳарими замир баноти хотирот варақ гардонда, айёми ҷавонии хеш, бори аввал ба Ворух омадану сайри зардолузори Исфараю базм дар боғи Зумрадшоҳ ва шефта шуданҳои Шоҳзода Ҷалолиддин, сафар ба Ғӯрганҷу базмҳои осмонкафи Хоразмшоҳу Турконхотун, худписандию лофу газоф, мастию пастӣ, ҷаҳлу хатоҳои шоҳи арбадаҷӯ ва бо нишони эътироз тарки дарбор кардани худро ба ёд овардам:

Дардо, ки зи умр он чӣ хуш буд, гузашт,

Давре, ки аз ӯ диле биёсуд, гузашт.

Айёми ҷавонӣ, ки баҳоре хуш буд,

Чун хандаи барфу аҳди гул зуд гузашт…

Оре, Чингиз омаду аҳди гул хазон гашт ва дар риёзи офариниш бӯи гулзоре намонд! Бо касофати он бадхоҳи девсар, ки теғи қатлу ситам бераҳмона дар миён ниҳод, бозори барномаи иқбол даршикасту хоки сияҳ бар сари олам рехт. Аз ғавғои ҳодисот Шоҳаншоҳи олам ақлтира шуду Мирмаликро теғи зафар кунд гашт. Аксулсадо рӯи бахту карам сиёҳ шуду иқди сухан гусаст ва пушти ҳунар шикаст. Оқилонро гард аз мағзи сар баромаду мифхари замону осмон зери хок шуд ва дар паҳнои Мовароуннаҳр шоири тавоноро мухлиси харидоре, дӯсти бедоре, ёри вафодоре намонд…

Дар ин нилиқафас тӯтии шаккарсухан ва булбули шайдосухан лол гашту нолон:

Дар ҳама офоқ дилхоҳе намонд,

Мардуми якрангу яктоҳе намонд.

Корвони субҳхези оҳро

Роҳ барҳам шуд, чу ҳамроҳе намонд…

Мунқалиб шуд кори олам ончунон

Оқилонро ҷони огоҳе намонд!

Сафдаронро ханҷару бозу шикаст,

Сарваронро маснаду гоҳе намонд!

Дасти зулм андар ҷаҳон боло гирифт,

Доваронро ҳашмати ҷоҳе намонд.

Ойина чун айби мардум фош кард,

Роздори халқ ҷуз оҳе намонд…

Маро низ роздоре ҷуз оҳи оташборе нест! Ҳар рӯз ҷони нотавони ман ҷоми ғами ёре дармекашаду чун саҳар сад дами сард аз дили гарм бармекашад ва ман бо сиришк барои ояндагон розномаи дил менависам. Ин марсиятҳо, ё худ ҳашт руҷӯи андалеби гирёни Исфара, ки ба номи азизони дилу дида хитта-хитта пардохтаам, бигзор ҳар лайлу наҳор вирди санохонҳои номзиндадор бошад. Бигзор қиссаҳои дарди дили шоир саҳифае аз таърих шавад.

Руҷӯи аввал

Бар хатти умдаи мулки камол, Шамсуддин

Ҳар рӯҳи қудс кунад дар паи дуо омин!

Нахустин талафе, ки аз дили ман қатрае хун ба каф овард, бераҳмона нобуд гаштани шоири арҷманд ва гуҳари якдонаи Самарқанд Шамсуддин ал-Ҳаддодӣ ас-Самарқандӣ аст, ки бародарона Шамси Ҳола мегуфтамаш ва ҳар ду додархонди шоири мӯътабари замон Зиёуддин Масъуди Хуҷандӣ будему бо амри тақдир ин шумхабарро аз забони ӯ шунидам, ки шабе дар Исфара меҳмони мо буд, аммо басо бадҳолу парешонсухан. Муддате дар меҳмонхона ба рӯйи ҳама дар баста, ниҳон аз чашми ағёр гирён шуду андаке осуда гашт ва ашки талх дар ниҳонхонаи чашм нигоҳ дошта, бо овози пасти хирросӣ гуфт:

– Ҳуҷуми гиряро бар чашми мо сабаб он аст, ки сипеҳри фазли Самарқанд, бародари арҷманди мо Шамсиддин дар фитнаи муғул кушта шуд:

Фалаки ахтари маънӣ, садафи дурри яқин

Гавҳари воситаи уқди сухан Шамсуддин.

Фитна бар куштанат аз чарх муайян шуда буд,

Ба туфайли сухани ман гузар аз иллиййин…

Дасти ларзон бар китфи устоди сухан, афзали айём Зиёуддин ниҳода, пурсидам:

— Дигар чӣ сухан дорӣ аз соҳиби Ҷавзо ту? Мо ҳар ду ғарибонем, бо беҳунарон бекас ману танҳо ту мондаем. Акнун, ки ғами дил моро як лаҳза танҳо намегузорад, оё метавонем ҷон ба саломат бурдан?! Зеро хабари марги Шамсро шунида:

Ҳамчу шамъ аз ёди ӯ дилро забон оташ гирифт,

Зоҳиру ботин маро чун нордон оташ гирифт!

Оҳи дудоҳанги ман азбас чу барқе шӯъла зад,

Каргасони осмонро ошён оташ гирифт…

Нигина, ки дар сӯҳбати мо ҳузур дошт ва ба сони гули пажмурда моварои ду андалеби гирён сархаму нолон меистод, бо садои ларзон суол кард:

— Ин хабарро оё Шакархонум шунида бошад? Кадоме гуфта буд, ки вай се моҳ пеш ба Бухоро рафтааст…

— Шамсуддину Шакархонум дар Бухоро ба қатл расидаанд… Ҳар дуро як муғул сар задааст… Аз батни Шакархонум тифли думоҳа берун оварда, лагадмол кардааст…

Фарёду фиғони Нигина ба фалак печид! Холу хату зулфу руху оразу қомати хамгаштаи кабутари ҳарам баробари дилу ҷигару чашму гӯшу пою дасти кӯтоҳшудаи оҳуи ҳарам аз бори гарони талафоти азим ларзанда гашт. Азеро он хонуми нигаҳбон рӯзу шабон чун модари меҳрубон бар ҷони Нигина меларзид.

Маро низ давоту дафтару илҳому овозу дасту забон ба ларза омад!

Аз ҳам фурӯ рехтани гулбарги ҳаёти Шакархонум таъми шакарро дар забонам талх карду ҳаловат дар ком намонд.

Сухани бокира аз марги Шамси Ҳола бева шуд:

Дӯшина хаёли ту парешонам дид,

Тарсон зи ғамат омаду пинҳонам дид.

Андешаи бедори ту хобам барбаст

То беш туро ба хоб натвонам дид…

Руҷӯи дуюм

Фалакро дӯш пурсидам, ки эй ҷунбандаи беҷон,

Маро то кай чу худ дорӣ чунин бепову саргардон?!

Ин байт субҳи он шабе тавлид ёфт, ки Султон Муҳаммади Хоразмшоҳро дар хоб дида будам. Шоҳаншоҳи олам, ки қаблан бо сеҳру ҷодуи Чингизхон ба чормавҷаи васвос афтода буду аслан андар табор бузургӣ надошт, бо касе падруд ногуфта, аз Хуҷанд ба Самарқанд рафт. Он ҷо дар рикоби Шоҳаншоҳи олам чорсад ҳазор савораи вафодор буду чорсад ҳазори дигар ба ҷанги зидди Чингиз талабгор. Бо исрори Султон Ҷалолиддин шоҳаншоҳи оламро, ки ҳанӯз вақти зинда будани падараш Текиш бо лақабҳои «Қутбиддин» ва «Алоуддин» сарфароз гашта буду пасон Искандару Санҷари сонӣ шуд, андаке раги ғайрат ва орият ҷунбид. Вале надими содиқаш хабар овард, ки «бо амри Турконхотун шабона ба ҷони подшоҳ сӯйиқасд мешавад» Шоҳи тарсон ҳаросон гашту пардаи торикӣ фуромадан ҳамон худро аз хайма ноаён берун гирифт…

Пагоҳӣ хаймаро диданд, ки аз шиддати тирборон мисли ғалбер сӯрох — сӯрох шуда буд!

Ҳарос аз душмани хонагӣ ба тарс аз хасми берунӣ замима гашту Шоҳаншоҳи олам баръало роҳи гурез пеш гирифт. Вақте аз хандақи қалъаи Самарқанд мегузашт, бо гӯши худ шунидам, ки бешармона ба аҳолӣ хитоб кард: «Ҷамъе, ки қасди поймол кардани мо доранд, агар тозиёнаҳои худро дар ин хандақ андозанд, амбошта144 мешавад. Чораи кори худ созед, то эмин бошед!»

Ҳарфи гулӯсӯзи Санҷари сониро шунида, ҳисси нафратам аз он дуболо шуд, ки то дирӯз андар сарзаниши хасм забонаш гӯё буду Чингизхонро бозичаи дасти тавонои худ мепиндошт. Беихтиёр ҷониби Ғӯрганҷ нигариста, шоири дарбор будану мадҳу қасида гуфтанҳо ва инъому унвон гирифтанҳо маро ба ёд омад:

Шаҳаншоҳо, ба бӯи он ки фармони ту бинюшад,

Мизоҷи гулшакар гирад нафас дар коми аждарҳо!

Бале, он замон шеру аждаҳои олам дар хидмати вай буд, аммо ин замон вай дар коми аждаҳо… Ба шоҳи бахтбаргашта бо тараҳҳум нигаристаму сайрафии андешаро суфта, ба риштаи назм кашидам:

Эй пардадор, парда фурӯ каш, ки роҳ нест,

Ҳангоми бор додани шоҳ асту шоҳ нест!

В-эй навбатӣ, битарс зи хосони боргоҳ,

К-он шаҳнишин куҷост, ки дар боргоҳ нест…

Он гаҳ, ки дар даҳони шакар нӯш-нӯш буд,

Акнун зи заҳри ҳодиса ҷуз оҳ-оҳ нест…

Халқест дар шигифт, к-аз ин воқеа чаро

Хуршедро чу моҳ гилеми сиёҳ нест?!

Гар нек ё бад аст, зи даври фалак бидон,

К-он ҳукми Эзад аст, фалакро гуноҳ нест!

Андактар фаҳмидам, ки чун Бухоро аз рӯи олам нопадид гашт, Хоразмшоҳ аз Мовароуннаҳр фирор кард. Ончунон саросема аз Чингиз гурехт, ки барои ба киштӣ бор кардани ҳафтод кӯлбор тиллои Кирмон фурсат надоду фармуд, халтаҳои зари холис ба дарё партоянд.

Дар Нишопур ҳатто ду соат наистода, ба Бистом шитофт. Даҳҳо шаҳру деҳаи Дамованду Мозандаронро парастувор парида, назди қалъаи Фарозин писараш Рукниддинро дучор омаду дар паноҳи қушуни сиҳазораи ӯ ба қалъаи Қорун расид. Як қисм ҳарами хеш он ҷо гузошту худ ба қалъаи Сари Ҷаҳон рафт ва ҳафтае истод. Чун дастаи махсуси таъқибгари муғулҳо бо сарварии Ҷэбе Нуйон ба ин ҳисори дастнорас наздик омад, шоҳи гурезпочик деҳаи Даҳбӯйро миёнабур карда, худро андар баҳри Хазар андохт ва дар ҷазираи беодами Ашӯр Ота маскун шуд, то аз хашми Худову халқ осуда шавад. Вале баръакс шуд. Ҷумла аҳли байт ва ҳарам, сарони сипоҳ ва мулозимон чун рӯи наҳси подшоҳро бениқоб диданд, аз табу тоб ба хурӯш омаданду ғазабпешаву хашмтоб шуданд ва шоҳи оҷизгаштаро яккаву танҳо гузоштанд.

Танҳоӣ дар кунҷи бенавоӣ беасар намонду Қутбиддини собиқ шоҳаншоҳ андаке бемор гашт. Азбаски табибе набуд, касалӣ тад-риҷан хурӯҷ карду шоҳ аз пой афтид. Касе набуд, ки парасторӣ кунад…

Касе пайдо нашуд, ки дар лаҳзаи вопасин ба ҳалқаш қатрае об чаконад…

Касе пайдо нашуд, ки манаҳашро бандад…

Шоҳаншоҳи олам, ки аз нисф зиёди дунё дар ихтиёраш буд, дар ғарибию бекасӣ зору низор ва танлоғару дилфигор ҷон ба Ҷаббор супурд.

Бе дуою фотеҳа, бе гӯру кафан аз дунё рафт…

Тани сардаш болои реги сард бесоҳиб монд…

Шабе, ки ӯро дар хоб дидам, гӯиё нолаю фиғони косахонаи сарашро аз зери хоки сиёҳ бармало шунидам ва рӯи сафҳа овардам:

Гӯ, сабри ман озод зӣ, к-аз ҷону ҷонон бас шудам,

Тарки дилу ҷон гуфтаму аз кори эшон бас шудам.

Дар боғу бӯстон солҳо додам ба хубон молҳо

Чун шуд дигаргун ҳолҳо, аз боғу бӯстон бас шудам.

Акнун, ки дил бемор шуд, ҳар панҷ ҳис бекор шуд,

Дар дида гулҳо хор шуд, аз роҳу райҳон бас шудам.

Ҳамчун Сикандар дар талаб будам ҳама умр, эй аҷаб

Акнун, ки ҳастам хушклаб, аз оби ҳайвон бас шудам!

Якчанд гаҳ Яздони пок медошт саргардон маро

Чун шуд дигаргун ройи Ӯ, гаштам пушаймон, бас шудам…

Руҷӯи сеюм

Эй дар ғами ту халқ ба зорӣ гириста,

Бар ту ба навҳа абри баҳорӣ гириста…

Аз садҳо шоҳидони фикру маънӣ возеҳу равшан шунидаам, ки баъди аз марзи Хуҷанд берун рафтани Мирмалик ва ҳазор гурди гарданфарози ӯ Шайх Маслиҳатдин заврақсавор ба соҳили чап гузашта, ба аъёну ашроф ва уламою шуарои чашминтизор гуфтанд: «Ба шоҳи муғул иҷозат додем, ки якрӯза меҳмони мо бошад. Камо янбағӣ145 пазириш кунед» Ҳамагон сари итоат хам карда, Чингизхонро, ки дар ҳалқаи чил сипоҳи муҳофиз савори амуд аз дарё гузашт, бо тӯҳфаю бахшишҳо пешвоз гирифтанд.

Шоҳи муғул соате дар сӯҳбати Шайхи бузургвор буд. Ҳар чӣ гуфтанду шуниданд, асрори ниҳон монд…

Баъди сӯҳбат Чингизхон бо дасти худ қулфи дарвозаи Фарғонаро кушод. Аммо фақат ба сесад ҷанговари муғул иҷозати вуруд дод. Улоқ Нуйонро фармуд, ки муҳосираро хотима бахшад ва ба сафари ҳарбӣ сарбозонро омода гардонад. Фарзандаш Ҷағатойро иҷозат дод, ки қалъаи обиро вайрон карда, хишти бораҳоро аз ҳам резондаю ба дарё оқонда, несту нобуд кунанд, аммо ба дигар иморати Хуҷанд даст нарасонда, аз ҳисоби сарбозон ва ҷавонони шаҳр миқдори ҳашариёни талафёфтаро пурра карда, бедиранг ба фатҳи Фарғона шурӯъ намоянд.

Нисфирӯзӣ Чингизхон зиёфати расмӣ ороста, Пири муваккали Хуҷанд Шайх Маслиҳатдинро асқоқ — ҳокими вилоят ва ноиби қоони муғул дар Мовароуннаҳр таъйин кард…

Аз паёми сабз машоми ҷонам хуш шуд ва ҳокими Хуҷанд шудани Пири донодилу тадбирсоз маро, ки дар сухан раҳбари сад Уторидам, ба мақоми ваҷд овард! Зеро дар хатти ҷабини эшон нури маонӣ дурахшону гарчӣ навадсолаанд, корҳои мулку динро чусту чобук мекунанд. Ин бузургвор метавонанд, исломро аз зери пардаи узлат бароранд ва мо метавонем, сари гумкардаи риштаи зиндагӣ ба дасти эшон бикушоем… Яъне имрӯз фурсат мувофиқ асту пайвандони Мирмалик метавонанд, бе тарсу ҳарос ба Хуҷанд рафта, дар паноҳи Пири Бузургвор бошанд.

Ин нияти моро Зиёуддини Порсӣ напазируфт:

— Ман бар онам, ки пайвандони Мирмалик дигар асло ба Хуҷанд барнагарданд. Азеро дарахти макри Чингиз ҳазор тирреша дорад! Гумони ғолиб ин аст, ки паланги ваҳшӣ барои сайди ғизоли дастӣ дом гузоштааст. Агар пои зану фарзанди Мирмалик ба Хуҷанд расад, оҳу ва оҳубарра дастгир мешаванд.

— Кӣ онҳоро асир мегирад?!

— Имрӯз дарвозаҳои Хуҷандро он сесад сарбози муғул посбонӣ мекунанду омадурафти одамон дақиқ ба ҳисоб гирифта мешавад. Дар шаҳр ҷавони коршояме намондаасту чил муҳофизи Чингизхон акнун ҳокими Хуҷандро нигаҳбонӣ мекунанд. Яъне ҳар қадаму ҳар сухани Шайхи мо таҳти назорат аст…

— Яъне ғалабаи Шайхи мо оғози саодати мо нест?

— Шайхи мо муваффақ ва муваққар146 шуданд, лекин муваққатан… Чингизхон вақти хайрбод гуфт, ки «то замони аз Ургенҷ баргаштани мо Шайх Маслиҳатдин подшоҳи ин сарзамин! Чун ғолиб баргаштам, баъди разм базм мекунем, рақси Нигинаро мебинем. Яъне, пас аз хусумат ҳукумат меронем»…

— Худо медонад, ки Чингиз ба Хуҷанд бармегардад ё не! Чунки аз Ғӯрганҷ баргаштани вай амри муҳол аст. Шоҳаншоҳи олам он ҷост, Турконхотун он ҷост, Султон Ҷалолиддин он ҷост! Ҳама қушуну қудрату яроқу аслиҳа он ҷост!!

— Чингизхон дастхолӣ не, бо лашкари гарон ба пойтахти Хоразмшоҳ равон аст. Онҳое, ки воқифанд, сипоҳи Чингизро сагсор мехонанду нӯйони муғулро паланги ҷангӣ…

Ишораҳои равшани бародари ҳампеша шасти моро шикасту ҳамроҳи Зиёуддин ба Хуҷанд нарафтем. Аммо Чингизхон ҳам наомад! Зеро муҳорибаи Ғӯрганҷ қариб як сол тӯл кашиду баъди то нафари охирин кушта шудани аҳолӣ ва ғорат гардидани тамоми боигарӣ Чингизхон садди Ҷайҳунро кушода, шаҳри вайрону валангорро зери об ғарқ намуд. Тасфи дилаш паст нашуд магар, ки бо лашкари гарон тарафи Балх рафту дар зарфи панҷ моҳ онро ба хок яксон намуд. Сипас ба Ҳирот лашкар кашид…

Ин шаҳри азим ва ободу озода маъвои дили Зиёуддини Хуҷандист. Зеро падараш Маҳмуд ибни Масъуди Хуҷандӣ вазири Хуросон буду ин ҷо иқомат дошт ва замоне ҳамроҳи Саъдии Шерозӣ меҳмони азизи ин мизбони баҳиммату қадршинос будему ҳаққи намак. Аз ҳамин сабаб, ҳама гапу кори дунёро як сӯ гузошта, ба кошонаи Зиё шитофтам, то дар лаҳзаҳои душвор ҳамнафас ва дилбардораш бошам. Вай, чун ҳамеша, бо табассуми кушод маро истиқбол гирифт, ҳарчанд чеҳраи коҳидаву ранги хазон ва дасту дили ларзон дошт. Барои шодкомӣ ва осоиши хотири дӯст аз мағзи ҷон кӯшидам, ҳикоёти латиф гуфта, ашъори зариф хондам. Вай ҳам чанд манзума хонд, ки ба шеърҳои қаблиаш монандӣ надошт.

Пурсидам:

Дар шеъри ту садҳазор туғён аз чист?

Чун з-они ту нест шеъри ту, он аз кист?

В-ар чангули зоғ нест нӯки қаламат,

Ин зодаи табъи ту парешон аз чист?

— Шаш моҳу шаш рӯз аст, ки ҷанги чингизиён бо ҳиротиён давом дорад. Ҳар рӯз хуни дил мехӯраму ғуссаи дил рӯйи сафҳа меорам… Дигар тоқат намонд… Паҳлуи падар меравам…

Баъди ин сӯҳбат Зиёуддинро дигар надидам. Аммо се рӯз пас аз тасарруфи Ҳирот гумоштаи махсуси Чингизхон, тоҷири машҳур Маҳмуди Ялавоҷро дидам, ки бо фармони шоҳи муғул ҳокими нави Хуҷанд таъйин шуда буд. Шайх Маслиҳатдин вайро ба хонақоҳ даъват карда, чанд маслиҳат дода, дар фуроварди сухан гуфтанд:

— Моро интизорӣ дар ин манзил ба он сабаб буд, ки шаҳр соҳиб надошт. Чун ту омадӣ, ки соҳибдиле мусулмони Худотарс ҳастӣ, Хуҷанд ба туву фарзандат месупорам ва хотирҷамъ меравам:

Аз рахнаи даҳр ҳамчу дуздон ҷастам,

Рахти сафари манзили дигар бастам.

Бо лошахари вуҷуд будам якчанд,

Гург омаду хар дариду аз ғам растам…

Пири Бузургвор ибораи «аз ғам растам»-ро се бор талаффуз намуда, осуда ҷон ба ҳақ таслим карданд. Шӯълаи ҳаёти азизулвуҷуд фурӯ нишасту ҳама бандагони субҳонӣ даст ба рӯй ниҳода, ҳой-ҳой мегиристанд. Аз марги Пири Бузургвор нафир аз дунё, оҳу дареғ аз синаи анқо, оби сиёҳ аз равзанаи дилҳо баромаду аз мавҷи ашк Сайҳуни дигаре пайдо шуд ва хати дарё то китфи кӯҳ расид:

Эй тоқи боргоҳ, ки зи гардун намунаӣ

Бе нури офтоби ҷамолаш чӣ гунаӣ?

Тобути ту, ки колбади ҷони хусравист,

Аз қолаби ту зинда чу тобути мӯсавист!

Расму оини мотам риоя намуда, ҳарчанд мояи суди маонӣ бебозгашт ба зиён омада буд, дар сафи навҳагарон барнакашида овоз карахт меистодам. Аммо Бибинурӣ бо ҷомаи сӯг беист навҳагарӣ мекард. Гоҳ худро болои тобут мепартофту гоҳ сар ба замин мезад, гоҳ аз ҷой барҷаста, мӯй кандаю рӯй харошида, фиғон ба фалак мерасонд. Нолаҳои осмоншикофи ин мотамзадаи ҷомадаридаро сабаб он буд, ки чанде қабл ҳамсараш Шайх Бурҳониддини Валиро пас аз бемории тӯлонӣ дар деҳаи Ворух ба хок супорида, ҳазорон оҳи хунин аз дил бароварда, бо андак орзую умедворӣ зери қаноти бародар омад, аммо мусибаташ дучанд афзуда, андӯҳу ғуссаи кампири беболу пар аз ҳад гузашт ва ҷаҳон барояш сар ба сар мотамкада гашт.

Бо чашми ашкполо медидам, ки Бибиотуни мӯътабари вилоятро ҷон бар лаб омадаву дили ларзон дунима шудааст. Гӯё ки валвала дар осмону зилзила дар замин афтода бошад, «Бе нури офтоби ҷамоли бузургворон дунё ба ман торик шуд!» гӯён даст ба сар мезаду аз мағзи ҷигар марсия мехонд: Нури ҷабини шумо рукни имони ман буд, панҷаи нарми шумо дасти амони ман буд, чашми пурнури шумо зиннати дунёи ман буд… Во ҳасрато! Во ҳасрато!! Во ҳасрато!!!»

Маҷоли сухан, ки надоштам, руҷӯъ дар замир кардам:

— Пири Бузургвори мо, ки бар ҳунару сухани воло ишқ доштанд, зери хок пинҳон шуданд… Чӣ ояд аз дасти мо?!

Рӯзи вафоти эшон аз сӯзи халқ оби дида баҳр гашт, ҳамин кофист. Ҳарчанд аз ҷунбиши тӯфони марги Пири Бузургвор боми хонаи қалби нозук фурӯ рехтааст, сар афшондаю даст бардоштаву ҳазор нолаю афғон кашем, суде надорад. Ин чора аз бечорагист.

Дар ин замона, ки фазлу хирад торик гаштааст, инсони хокӣ аз тару хушки он муҷаррад аст. Хубаш, зикри хайр кунем, ки хушоянди Худо бошад. Зеро рӯзи қиёмат аз кору кирдор пурсанд, на аз давлату сарвату хешу табор! Худи Худои таъоло фазл карду Пири Хуҷанд бо мадади нерӯи тавонои Шери Хуҷанд ёсои Чингизӣ ба шаръи Муҳаммадӣ ва шеъри Каломӣ он қадар моҳирона пайванд карда, ба қабзаи иқтидор дароварданд, ки ҳарчанд ҷони ширин ба олами бақо интиқол ёфт, аммо назми зиндагӣ пеш аз Худованди хеш завол наёфт!

Пири донои Хуҷанд «хуш дар дам» гуфтанду «назар бар қалам» фармуданд, яъне дониста сухан гуфтанро талаб намуданду муридонро ба поквиҷдонӣ ва дарки масъулияти ватандорӣ водор сохтанд. Аҳли хирадро ба «сафар дар ватан» хонданду ҳамзамон ҷонибдори «хилват дар анҷуман» буданд, то шинохти Худо бештар имконпазир гардад. Қабл аз дигарон «дил ба ёр, даст ба кор» гуфтанду тинати бадхоҳон бо зулоли лутфу карам сириштанд ва дар баҳси мулкдорӣ бар Чингизхон ғолиб омаданд. Дар натиҷа, аз номи табарруки Пири мо дини ислом ҷамоле ёфт ва дар макони эшон аҳли исломро камоле афзуд. Аз равзаи хулқи поки Пири мо сӯи боғи Ирам насими тоза вазид ва пояи қадри эшон шоҳсутуни тоқи фалак гардид:

Осори ту кироми ҷаҳонро имом бод,

Таърихи аҳдномаи умри киром бод!

Ҷони туро, ки ҳамдами рӯҳи Масеҳ буд,

Дор-ул-қарор гулшани дор-ус-салом бод!

Тобути зиндаҷони туро аз сафои ту

Дар қуббаҳои нури Илоҳӣ мақом бод!

Хоки ту аз барои тавофи муҷовирон

То нафхи сур тавъами байт-ул-ҳаром бод!

Ҳар рукн аз мақоми ту андар миёни халқ

Чун Каъба қиблаву чу ҳарам некном бод!

Бо дархости ҷамоат ҷасади Шайхи Бузургвор Бадеуддини Нурӣ дар паҳлуи қабри саҳобаи гиромӣ Товуси Ҳарамайн дафн гардид. Зеро динро рукне ва мулкро ҳусне буд…

Рӯзи дигар боз як ҷаноза шуд — Бибинурӣ ҷон ба Ҳақ супорид ва дар деҳаи Унҷӣ паҳлуи модар зери хок оромид…

Ғам хӯр пас аз ин, ки ғамгусорон рафтанд,

Ҳастӣ маталаб, ки ҳақгузорон рафтанд…

Руҷӯи чаҳорум

Уқди низоми мулки ҷаҳон, гӯ, гусаста бош!

Чун дев бар мақоми Сулаймон муқим шуд…

Дев дар ин байт Чингиз аст. Шояд талаффузи дурусти ин номи бемаъно Ҷингиз бошаду дар ҷавонӣ Темуҷин мегуфтандаш. Яъне, аҷинаи сангдил…

Ҳар киву ҳар чӣ набошад, дар умри панҷоҳсолаи хеш ин балои бадро бо чашми сар надидаам. Дар паҳлӯяш нишаста, гапашро нашунидаам. Обу намакашро нахӯрдаам ва забонкӯтоҳ нестам! Дар васфаш шеъре нагуфтаам ва ягон мисраъ нахоҳам навишт. Зеро чархи ҷодупеша дарунхолӣ асту бар сухандонон аз Чингиз мадеҳа гуфтан нанги эшон бошад…

Оре, шоирон бо шоҳи муғул дарнамехӯранд. Чунки маҷлиси унсаш фасли сарморо мемонд. Доим мегуфтааст, ки «ғайр аз муғулӣ дигар забонро намедонам ва боқӣ намемонам!» Ин сухан аз Саъдӣ шунидаам.

Ҳолдонҳо мегӯянд: Чингиз филкуши сагпарвар аст. Вақте аз Хоразмшоҳ сӣ пили ҷангӣ ғанимат гирифт, аз нодонӣ пурсид: «Фил чӣ мехӯрад?» Гуфтанд: «Алаф». Гуфт: «Ба чарогоҳ сар диҳед!» Ходимон чунин карданд ва ҳама пилон мурданд. Хандиду гуфт: «Саг алаф намехӯрад, зеро аз фил доно аст!» Вай кабудранг шерсаге дошт бузургҷуссаю сахтчангол, лоғармиёну фарбеҳсурин, чашмкалону буридагӯш, афкандадуму аспсина, филзӯру гургтоз ва мурғбоз… Чингиз ин ҳайвонро аз зану фарзанду модари худаш бештар дӯст медошт…

Шоҳидон мегӯянд: ончунон сурати дилгир дошт, ки агар нақши вайро бар девори хона овезӣ, аз тарс дев қафо мегурезад! Он қадар сангдил буд, ки агар ҳазор касро дар пеши чашмаш сар занӣ, пинакаш вайрон намешуд…

Боз мегӯянд: борики қоқи дароз буд вай, бедил чу най… Рӯяш мисли санги гӯр сарду пурғубору пурчин… Косахонаи чашмаш монанди косаи сарқутхӯрии саг ношустаю дилнокаш…

Мегӯянд ки шоҳи муғул мағал надошт, яъне хобу истироҳат надошт ва пайваста фикр мекарду кор ва амал меҷусту тазвир! Боз мегӯянд, ки шоҳи муғул муғол мехост, яъне ҳам дар аснои фикрронӣ ва ҳам вақти амал фақат барои ғалаба мекӯшид ва агар илоҷе наёбад, муғолата мекард, яъне ҳамсӯҳбаташро ба ғалаткорӣ ва гумроҳӣ тела медод.

Шоҳидон мегӯянд: пас аз сӯҳбат бо Шайх Маслиҳатдин бо чашми ҳазин «аз муғули кӯчманчӣ чунин олими донишманд намебарояд» гуфту яке аз набераҳояшро «бика» унвон кард ва фармуд:

— Ту мисли Шайх Нурӣ домулло, яъне бика! Ба аспи сафед савор шаву куртаи сафед пӯш! Байни ҷамоат аз ҳама боло нишин! Фикру хулосаи туро бояд ҳама муғулҳо эҳтиром ва иҷро кунанд!

Хотунҳо мегӯянд: суханаш бенамак буду аз ях тунуктар, аммо зоҳиру ботинаш аз оташи май нимсӯхта… Аз хӯрдани хун зиндадил буду вақти дашном додан — Ҳотами Тай…

Вақти забт намудани пойтахти Чин шаст ҳазор гулдухтар аз болои девори баланд худро ба замин партофта, бо баҳои ҷон бакорати хеш нигоҳ доштанд. Кӯчаҳои шаҳр аз рехтани хуни бисёр лағжонак шуд, яъне Пекин шуд…

Боз мегӯянд: Чингизхон наркуши модапарвар асту чор зан дораду ҳар кадоме соҳиби як ҳавлии калон ва кадбонуи сад хидматгор. Аз онҳо бисту ду писар дораду бисту панҷ писари дигар аз маъшуқаҳо… Ғайр аз ин дар ҳарамаш доимо ҳазору як канизаки нозанин ҳасту бо ҳар кадоме се шабу се рӯз вақт мегузаронад…

Боз чӣ гӯям? Дилам аз зиқӣ парт мекафад, зеро бо чунин шаклу шамоил ин бадбахт гули хандони моро, Нигинаи нестандарҷаҳонро талабгору харидор шуд!?? Панҷсад хурҷини уштур тилло маҳр пешниҳод кард… Лекин аҷаб кори хуб шуд: рӯйи Нигинаро надида, аз олам дилкашол рафт. Яъне ба ҷуз ҳасрат аз дунё чизе набурд…

Саъдии ширинкалом дар Димишқ боре ба тамасхур ҳикояте гуфт:

– Қабл аз мурдан Чингизро пурсиданд, ки аз ҳама шоҳони пештар оламро бештар ба даст овардӣ, аз Искандар чор карат зиёдтар кишвар гирифтӣ. Шод меравӣ ё ғамгин? Гуфт: «Шод аз онам, ки дар тамоми муҳорибаҳо дастболо шудам, илло се ҳарби танбатан: дар масоф бо Кубро тиҳидаст мондам, дар набард бо Нурӣ ба созиш даромадам; дар талоши Нигина мағлуб шудам…»

Марги Чингиз мармуз аст, яъне пӯшида. Фарзияҳо бисёр, аммо ҳақиқат якест ва ба шикор пайванд аст. Ҳангоми шикор дар соҳили Чирчиқ аз асп афтид ва қариб мурда буд. Фарзандон бо дилсӯзӣ гуфтанд: «Пир шудед, шикор бас кунед.» Хандиду «тарки одат амри муҳол» гуфт ва боз ба сайдгоҳ рафт. Заргӯше дилхоҳ сайд кард. Фармуд, ки дар ҳавои кушод кабоб пазанд. Пухтанд, аммо намак набуд. Сипоҳие тезгард аз муҳофизони содиқи хеш ба русто фиристод, то намаки тоза орад. Аз қазо он сипоҳӣ дар канораи деҳа бо Шоҳмуроди Кӯҳистонӣ вохӯрд, ки дар бар либоси чӯпонӣ гӯсфанд мечаронд. Аммо дар асл бо амри Мирмалик шоҳи муғулро қадам ба қадам дунболагирӣ мекард. Намаки заҳромез ба сипоҳӣ доду он беинсоф баррае фарбеҳ сарборӣ гирифт…

Чингиз заҳролуд шудани худро аз писари калониаш Ҷуҷӣ гумонбар шуд. Зеро аз эркафарзандаш Чағатой шунида буд, ки Ҷӯҷӣ боре дар мастӣ ба шӯхӣ гуфтааст, ки мехоҳад, вақти шикор падарро кушта, ба ҳайвону паррандаҳо осоиш бахшад.

Аз бистари беморӣ нахеста, Ҷуҷиро барои сӯҳбат ҷеғ зад. «Беморам» гуфту наомад. Вале ҷосусҳо хабар оварданд, ки саломат асту машғули шикор. Падар сахт оташин шуду бар сари фарзанди бегуноҳ «шикорчӣ» фиристод.

То хабари марги Ҷуҷии чилсоларо нашунид, ҷон надод…

Худро бо азобе ба ҳафтоду дусолагӣ расонд…

Чун фавт шуд, касе аз фарзандонаш наомад, нагирист, парвои падар накард…

Эй пир дар оташи ҷавонӣ мурда,

В-эй боқувват, ба нотавонӣ мурда!

В-эй мурда, ба ҷони ошноӣ зинда,

В-эй ташна, бе оби зиндагонӣ мурда…

Руҷӯи панҷум

Эй халқ, ал-ғиёс, зи марги Ҷалоли дин,

Дорои мулк, ҳам валиаҳди ростин…

Ин субҳ маро дил хост, то ҳадиси гунбади гардон бо исми шарифи Султон Ҷалолиддини Манкубернӣ руҷӯъ кунам, ки дар сулолаи хоразмшоҳиён ягона фарди маҳбуби умум эътироф шудааст. Аз ин боис дигар аҳли хонадон вайро бад медиданд ва Турконхотун тавонист, аз валиаҳдӣ барканораш созад. Бо вуҷуди ин падар бе маслиҳати шоҳписараш амал намекард. Алғараз, то замони сар бардоштани Чингиз, толеи маймун ва бахти ҳумоён доимо роҳкушояш буд ва номи мавзуни сипаҳсолори ғаюр дар ҷаҳон ба некӣ паҳн гашта буд. Султон Ҷалолиддин сарвару раҳнамо, устод ва мураббии Мирмалик асту маро тақдирҷунбон ва ашъорамро харидору талабгор, Нигинаро парварандаю пуштибон, яъне муттакои се ахтари навтулӯъ:

Бе ту ҳумои фатҳу зафар паршикаста бод,

Ҳангомаи давоту қалам баршикаста бод!

Гар дар санои ғайри ту з-ин пас забон диҳад,

Ҳамчун қалам забони суханвар шикаста бод!

Чингиз аз ҷой ҷунбиду Хоразмшоҳ парокандааҳволу ошуфтакор гашт. Хато аз паи хато содир карду Ҷалолиддин дилафгор шуд. Ҳолати бад то ҷое расид, ки падару писарро на раҳнамой ба кор омаду на толеъгир ва на фолбину хобгузор… Аз тилисми Чингизу макри Турконхотун падари тираақл ҳама пешниҳоди фарзанди размовари хеш рад кард, ё ба таъхир андохту худро ба тағофул зад. Вақте Мовароуннаҳр аз даст рафт, Султони ҷавон гуфт, ки «ҳама қушуни худро ғун карда, хайма бар тарфи Ҷайҳун занем ва Хуросонро нигаҳ дорем, то дар даҳани мардум бар сарзаниш набошем».

Аммо падар боз худро ношунида гирифт ва баҳона пеш овард, ки «чун маро толеъ ёр нест, ба ҳеҷ кор даст задан созгор нест!». Яъне, шоҳаншоҳи олам аз ҷанги Чингиз тарсиду на фақат фарзандашро, балки ҳама раъиятро шӯрбахт гардонд.

Тарзи дигар гӯем, падар аз ҷаҳолат андар ҷаҳон оташ заду дудаш чашми фарзанд кӯр кард ва шамшерҳои фитна сардаркаши ӯ шуд:

Ку он забон чу шери фалак баркушоданаш,

Ку он қалам гирифтану дафтар кушоданаш?

Ку он ба базми ганҷ гуҳар барфишонданаш,

Ку он ба иззат уқдаи ахтар кушоданаш?

Вайрона шуд иморати эҳсон ниҳоданаш,

Афсона шуд хазинаи гавҳар кушоданаш!

Навмед шуд умед аз ташриф доданаш,

Барбаста монд ганҷи зар аз дар кушоданаш…

Ё раб, куҷост он сару сардори сарварон

В-он сафкашида кавкабаи моҳпайкарон?!

Хайрият, ки подшоҳи пурнӯш ва пурнуф147 дар поёни умри худ басо печон ва пушаймон гашту сари қадам ҳамроҳи писаронаш Ҷалолиддину Оқшоҳ ба Ғӯрганҷ омад. Бузургони ҳукумат ва сарони дарборро дар Боғи Хуррам ҷамъ оварда, мухтасар амру наҳй кард:

— Аз касофати Чингизи ғаддор дар рӯзгори давлати мо чашми бад расид. Аз шаомат148, куфрони неъмат ва шарри муғул ба ҷон омадаем. Мебинам, ки аз тири тақдир лашкари андӯҳу ғам бар макони дуру наздик ва хонадони турку тожик ҳисороти бисёр меорад. Аз ин шанъат149 чунин панд бардоштам, ки минбаъд дида нодида ангоштан хатост ва бо ақлу ройи равшан чораву тадбир дуруст бояд андешид, то мору каждум аз кошона ронда шавад. Узлоғшоҳи ҷавон камтаҷриба, вай наметавонад, кори гиреҳ дар гиреҳ афтодаи моро бикшояд. Вайро аз валиаҳдӣ маъзул медорам. Дар Хуҷанд фарзанди бузургам Ҷалолиддинро валиаҳд хонда будам ва имрӯз мустақиман амри олиро ба самъи аркони давлат мерасонам. Султон Ҷалолиддин далер асту ҷангдида, оқил асту корозмуда, номвар асту шоҳи корзор! Аз ҳамин лаҳза шоҳписари сазовори мо подшоҳи Хоразм асту чорасози мо. Бахт ёру Худо мададгораш бод!

Шоҳи пурғурбат, ки аз шарру шӯри ҷаҳондорӣ хаста гашта, дами беғам ва фароғи ҳол мехост, аз пойтахт ба узлат рафт. Аммо Ҷалолиддин — ҷавонмарди бошавкат, хушсавлат ва босалобат, ки пешонии борику рӯйи дароз ва бинии теғадори барҷаста дошту аз ин сабаб Манкубернӣ лақаб гирифта буд, лоақал мисли Ҳазрати Одам подшоҳи нимрӯза нашуд!150 Ҳатто ним соат ҳукмронӣ натавонист кардан…

Бародари Турконхотун, сипаҳсолори чирадасту тирақалб Хумор Тегин, ки навад ҳазор сарбози сарсупурда дар итоати шахсӣ дошт, фармони подшоҳиро лагадмол намуда, ҷулуси боҳашамат орост ва худро подшоҳи ягонаи Хоразм хонд!

Ин густохӣ ва беҳаёӣ ба назараш кам намуд магар, ки бо дигар амирону вазири лаббайгӯяки хоҳараш аҳду паймони махфӣ баста, ҳабс ва қатли Ҷалолиддиншоҳро ба нақша гирифт. Бо ишораи сипаҳсолор Инанҷхон аз сӯйиқасди бадхоҳон Мирмалик сари вақт огоҳ гашту ҳамроҳи сесад сарбози содиқулқавли хеш валиаҳди нокомро пуштибонӣ намуд ва сиҳату саломат аз доми бало берун оварда, дар Насо ба қушунаш пайваст. Шоҳзода бори дигар ба додархондаш сари таъзим фуруд овард ва гуфт, ки то ҷон дар рамақ дорад, бар зидди чингизиён набард меозмояд:

Матарсон бешам аз куштан, ки ман аз ҷон маяндешам,

Сипар дар рӯ кашам аз ҷон, зи марг чандон маяндешам.

Ҷалолиддини озурда интизорро карона надида, бар зидди муғулҳо панҷ сол мардона такопӯй ва ҷалодат кард. Борҳо зафар ӯро ёр гашту ҳатто дар як муҳорибаи лаби дарёи Синд бо худи Чингиз ҷангида, қариб буд шоҳи муғулро асир гирад. Лекин яке аз саркардаҳо хиёнат карду шикаст андар шикаст омад: писари ҳафтсолаашро куштанду модар, зан ва хоҳаронашро маҷбур кард, ки худро ба оби Ҳинд андозанд, то ба дасти муғул наафтанд…

Як сабаби барор нагирифтани пайкораш он буд, ки додараш Ғиёсиддин дар ҳолати мастӣ Малик Нусрат ном сипаҳбуди содиқу шуҷоъро кушт ва аз ако рӯйгардон шуда, тарафи душман гузашт. Андактар Буроқҳоҷиб ном ҳокими дастнишондаи падараш дар Кирмон исён бардошту пояи салтанати навро сахт ҷунбонд. Дар ин моваро ҳокимони Шом ва Осиёи Сағир аз ёриву дастгирӣ рӯй тофтанд…

Хиёнати наздикон фалокати азим ба бор овард. Сипоҳиёни сершумори муғул дар як шаби тор ба урдугоҳи Ҷалолиддини қавиҳол ногаҳонӣ ҳамла оварда, қариб ҳама лашкариёнашро куштанд. Он мавзеъ чӯли Ҷалолӣ ном гирифту худи шоҳзода аз миён ғойиб гардид ва касе намедонист, ки кушта шуд ё тавонист гурехтан…

Чанде қабл таърихнигори дарбори хоразмшоҳиён Муҳаммад Насавиро дучор омадам. Аз нақли вай маълум шуд, ки Султон Ҷалолиддин дар дили шаб дили пур аз оташ ба бод дода, ҳама орзуҳо дар дил фурӯ шикаста, дили гарм аз мубориза сард карда, аз подшоҳӣ дил кандаю дар танҳоӣ дилсӯхтаю дилмурда моҳи шавволи соли 628 ҳиҷрӣ дар Диёри Амид ном шаҳри Осиёи сағир ба дили хок рафтааст…

Сухани таърихнигорон сабуку хурд ва бетаъсир набошад, хоса каломи Насавӣ, ки заррабини даврон аст! Дуруст мегӯяд ӯ, ки ёдгори чунин марди муборизро зоеъ нашояд кард. Ман низ бар онам, ки дунё гузарон асту на мулк ҷовидон монаду на вазир, на тавонгару на фақир… Аммо афсӯсу сад дареғ, ки ҷони азизи ин Шоҳзодаи асилро на душманонаш, балки хешовандонаш бар бод доданд, решаи давлати навбедорашро сӯзонданд ва хуни шарифи ин покмардро бар хоки сиёҳ рехтанд:

Рафтиву мондӣ маснади садру сарири хеш,

Бурдӣ ба хок ҷуду карам дастгири хеш…

Руҷӯи шашум

Ёрӣ чу накард бахти шӯрида, чӣ суд?

Шодӣ чу надид ин дили ғамдида, чӣ суд?!

Турконхотун аслан номи қабилавӣ ё меросии Хоразмшоҳиён нест. Он исми мубораки зани Маликшоҳи Салчуқӣ буда, дар радифи Равшанаку Сипӯз, Шаҳрнозу Арнавоз, Хафсою Субкарӣ яке аз ҳафт шоҳхонуми нозанини олам ба шумор меравад. Яъне номи модари Шоҳаншоҳи олам ориятӣ асту мисли унвон ва лақабҳояш сохтаю бофта… Аммо аз он рӯзе, ки ӯро шинохтам, саҳеҳ медонам, ки хотуни басо сарватманд ва савлатманд буда, чор ҳазор ғуломи сурхқабои ҷоннисор ва чор ҳазор ғуломи сафедҷомаи вафодор ҳамеша дар чапу росташ қарор доштанд. Панҷоҳ канизаки моҳрухсор бо чангу чағона пайваста дар хидматаш меистоданду панҷоҳ канизаки гулрухсор хушовоз суруд мехонданду ҳамқаду ҳамранг мерақсиданд. Бар замми ин, сад ҳазор лашкари ҷаррор ва сад фили ҷангӣ дар ихтиёр дошту аз бонгаш ҳафт андоми шоҳу гадо меларзид.

Даҳҳо шоирони гандумнамои ҷавфурӯш ба хидматаш камар баста, сухани каҷро ба хотири Хотуни олам рост, аммо ростро каж менамуданд. Бо мушоҳидаи чоплусию шармандагиҳо хотири ман хаёлхона гашту ҳолиё мехоҳам, ба пеши ҷаҳониён қиссаи вопасини умри Турконхотунро дар миён ниҳам, ки баъди тарк гуфтани дарбори Султон Муҳаммади Хоразмшоҳ шоирро чун саги ҳар даре хомтамаъ лақаб дода буд.

Мегӯянд, ки вақте Чингизхон барои забти Ғӯрганҷ гом бардошт, дар биёбони гарми Хоразм боди самум бархосту чангу гарди бисёр барангехт ва ҷаҳон торик гашту роҳ маҳв гардид. Вале инҷиқии табиат барои элчии махсуси хони муғул садди касногузар нашуд. Ҳамон Донишманди Ҳоҷиб, ки бо забони шево Зарнухи Бухоро ва чанд шаҳри дигарро бе ҷанг ба Чингизхон таслим карда буд, аз бод тезтар ба пойтахти Хоразм даромад ва ба дасти Турконхотун номаи шоҳи муғулро супурду гуфт:

– Қоони бузург ба Худованди бонувони олам арҷ гузошта, афсӯс мехӯрад, ки фарзанди нохалаф ба шаъну шавкати Улёҳазрат иснод овардааст. Чунин рафтору гуфтори носазо яке аз сабабҳои лашкаркашии мост, вале қоони муғул фақат бо подшоҳи Хоразм ҷангидан мехоҳад, на бо модари ӯ! Агар Турконхотуни рамузфаҳм пешниҳоди созиш ва муколамаро қабул фармояд, Шайх Кубро ҳамроҳи мо фиристад барои гуфтушунид. Қоони бузург кафолат медиҳанд, ки дар ҳолати бе ҷанг таслим шудан вилоятҳои Хоразму Хуросон ба Махдумаи Ҷаҳон вогузошта мешавад.

Дар хотимаи сухан Донишманди Ҳоҷиб ба шаҳри Зарнух элчӣ шудани худро хотиррасон кард:

— Зарнухиён дархости Чингизхонро пазируфтанду амон ёфтанд, Зарнух Оқбалиқ, яъне Хуррамшаҳр шуд. Қоони мо Ғӯрганҷи шуморо Ургенҷ ном кардааст, нагузоред, ки Мобалык, яъне шаҳри аблаҳон — Аблаҳобод шавад.

Турконхотун туфи даҳонашро базӯр фурӯ бурд. Итоат ва фармонбардориро пешниҳод намудани гурги маккори пӯсти гӯсфандпӯшида ба дили шоҳхотуни тавоно ва пурғурур бағоят сахт расид. Зеро барои мудофиаи пойтахт, ки ба қалъаи дастнорас табдил дода шуда буд, лашкару аслиҳаи ҷангӣ беш аз зарурат вуҷуд дошту ба замми ин, сокинони Ғӯрганҷ аз қадимулайём ҷасуру ҷонфидо ва ҷангараи соҳибтаҷриба маҳсуб меёфтанд. Ҳанӯз ҳам ҷаҳон аз салобати модарбузурги Хоразм пуровоза буду ҳокимону амирону сипаҳсолорҳои сутург наздаш кӯзапушт мешуданд, то кафши пояшро бибӯсанд. Яъне фақат ин хотуни кабир қудрат дошт бадеро бикушад ва халқи мусулмон аз балои Чингизхон бираҳонаду фарзандашро аз азоби Худой!

Аз ровиёни ахбор шунидам, ки Шайхулшуюх Наҷмуддини Кубро ба унвони Махдумаи олам таъҷилан номае ирсол кардааст: «Эй Маликаи олам, бидон ва огоҳ бош, ки рӯбарӯи балои бад мардона мақом дорӣ! Аз дамидани субҳ то ғуруби офтоб муборизони ислом ишораи туро интизоранд ва омодаанд, дини мубин ба ҷавонмардӣ ҳимоят кунанд. Азм ба разм ҷазм намо, ки Худои бахшандаро дар ниҳон бахшоишҳост. Гар намедонӣ, бидон: душман чу аз ҳама ҳилате фурӯ монад, силсилаи дӯстӣ биҷунбонад, пас он гоҳ ба дӯстӣ корҳое кунад, ки ҳеҷ душман натавонад!»

Ба ман гуфтанд, ки Турконхотун номаи шайхро хонда, дар ҷамоли ҳайрон дам басту муддате хомӯш нишаст. Лиҳозо мехост ҳила ё тадбире андешад. Аммо баъд ба ҳайҳот ҳой-ҳой гиристу чашмаш чашма шуд ва «Дигар шукуфа нахандад ба боғи пирӯзӣ! Филу каркадан бо Чингиз натавонад муқовимат кардану аз дасти зан чӣ ояд?!» гӯён, шармандавор қарор кард, ки аҳли ҳарам ва тамоми хазинаю дафинаро ҳамроҳ гирифта, ба макони бехавфу хатар гурезад. Гумони ғолиб он аст, ки Чингизхон бо номаи булъаҷаб ва сеҳри сухан ин бонуи мардафканро чашмбандӣ тавонист кардан! Зеро ба рӯяш назари пурсаодати чашми ҳамешабедори хусравӣ худ аз худ баста шуд ва идомаи кораш мисли хати доира дарҳам фитод.

Бадаҳдии он аҳдшикан бо кӣ тавон гуфт?

Аз ҳолати шӯрида сухан бо кӣ тавон гуфт?!

Мардум ҳама афсунгари дарди сари хешанд,

Онро ба гаҳи теғ задан бо кӣ тавон гуфт?

Сарҷумлаи норафтани ҷон бо кӣ тавон хонд?

В-аз ҳосили номондаи тан бо кӣ тавон гуфт?!

Гирам, ки зи ғам ҳар чӣ бувад, бо ҳама гуфтам,

Ранҷе, ки маро ҳаст зи ман, бо кӣ тавон гуфт?

Чун аз ҳама офоқ касе маҳрами мо нест,

З-ин ҳодисаи мардфиган бо кӣ тавон гуфт?

Рости гап, мисраи охиринро бо душворӣ навиштам. Чунки ибораи «ҳодисаи мардфиган» ба тафсир ниёз дорад, яъне шарҳи муҳашшо151 мебояд…

Бо дарду алам шарҳ медиҳам, ки «ҳодисаимардфиган» охирин ваҳшати пурдаҳшати Турконхотун асту ҳама ровиёни ахбор бо забони бастаю сакта дар овоз нақл мекунанд. Пои ваҳми тезрав аз маликаи худкома ақлу шуур ва идроки инсонӣ дур афканду ҷинояти гӯшношунид содир намуд. Аз хатари фош гардидан ва ба тамоми олам овоза шудани сирри давлатӣ — фирори шармандавори Маликаи бонувони олам шармидаю тарсида, фармуд, то ҳама шоҳидони бегона — амирону вакилону ҳокимону меҳмонҳои дар Ғӯрганҷ ҳузурдоштаро ҷамъ оварда, ба пою гарданашон сангҳои гарон баста, дар оби Ому ғарқ намоянд! Амри аблаҳона бо чолокии туркона иҷро гардид ва заврақи умри бисту шаш бузургмарди Аҷам дар ваҳшаткадаи хотуни зол бодбон барнакашида, ба қаъри дарё фурӯ рафт.

…Аз эдун ваҳшонияти беадил чашми инсу ҷинси заминӣ хунполо гашту абри сапеду сиёҳи осмонӣ аз ғуссаву шарм об шуда, ба замин рехт! Хун андар хун дарёи хурӯшон гашту Турконхотунро ба коми худ фурӯ кашид…

Махдумаи аз тахту бахт маҳрумгашта хун аз дида резон ба қалъаи Илал гурезон шуд. Вай аз ҷангу ситез бо шамшери тез, тири симобрез ва азоби растохез сахт метарсид, аммо намедонист, ки арсаи маҳшар паноҳгоҳ надорад! Чингизхон аз фиребу найранги кампири шӯъбадабоз сахт оташин гашта, фармуд, ки ӯро бо кадом роҳе набошад, зинда дастгир намоянд ва кашон-кашон наздаш биёранд. Фиристодаҳои қоони муғул аз боди биёбон тезтар вазида, ба Илал расиданду ин қалъаи ҳақиқатан ҳам дастнорасро чор моҳ ба муҳосира гирифтанд. Онҳо гирдогирди қалъа девор бардошта, дарвоза шинонданду ҳатто омаду рафти паррандаҳоро ба ҳисоб мегирифтанд. Лекин Турконхотун парвои олам надошт, зеро дар ин ҳисори сангин тамоми ашё, молу коло, либосу озуқа, теғу тир ва дигар лавозимоти заруриро барои се сол захира карда буд!

Рост гуфтаанд: касеро, ки аз ӯ бахт баргардад, дар ӯ шикаст андар шикаст гардад! Дар қалъа ҳама чиз фаровон буд, ғайри об, ки аз бориши барфу борони зиёд дар ин мавзеи баландкӯҳ захира мешуд. Аммо… ноомади кор чунин шуд, ки аз рӯзи омадани Турконхотун лоақал қатрае борон нарехт ва оби сарҳавзи калон гурехт! Қалъанишинҳо ноилоҷ дасти таслим бардошта, дарвозаро кушоданд ва… ба зӯри Худованди ҳозир, нозир ва қодир қоил шуданд: ҳамин ки сарбози муғул ба дасти аҷузкампир завлона заду ба гарданаш расан печид, осмон пурабр гашту раъд ғуррид, барқ дурахшид ва ончунон борони шадид борид тасаввурнопазир!

Наъраи Турконхотун аз раъд баландтар садо доду ашки чашмаш аз борон бештар рехт ва дасти баста ба сар мезад. Аммо, аллакай дер шуда буд…

Аҳли хонадону ҳарами Хоразмшоҳ асири шоҳи муғул шуданд. Бо амри Чингизхон сари ҳама фарзандон аз тан ҷудо гардиду ҳама занҳо ба нӯйонҳо бахшида шуд. Турконхотунро шоҳи муғул хидматгори худ кард ва гуфт: «Туро қаблан авф кардем ва умед додем аз он боис, ки зани подшоҳу модари подшоҳ будӣ. Туро нагуфтем «ба ман аҳд кун, ки хилоф намекунӣ». Туро нагуфтем «савганд хӯр, ки ғадр намекунию макр намесозӣ». Туро ҳурмат ниҳодем ва хос-тем вилоят додан! Вале худат ба ризқи худат зомин шудӣ. Ҳалол хӯрдан нахостӣ, акнун ҳаром хӯр!!» Ин бигуфту пасмондаи хӯроки худро ба вай хӯронд ва маҷбур кард об аз мундӣ нӯшад…

Барои Худованди бонувони олам ҷаҳон пашшахонае шуд, ки он ҷо ҳар рӯзи Худо вайро анкабуте неш мезад. Дасте, ки қаблан тавоно буд, аз ғами нон меларзид ва ба чорае намерасид. Дили сиёҳаш, ки аз дарозии умри бадфарҷом сонияе беғам набуд, ягон мӯнису ғамхору ҳолпурсе надошт. Аз бадгуфтаю бадкардаҳои худ ҳазор пушаймон гашта, мехост узри ом гӯяд, лекин касе набуд, ки узри беваи бечораи бенавою ғамкашро ба оламиён расонад.

Аз зиндагии сагона сили бамарг шуда, бо лафзи қипчоқӣ вовайлои пинҳонӣ мекард:

Аз омадшуди ту сер шудастам, эй нафас,

Як раҳ ба дил фурӯ шаву бо оҳ ҷон барор!

Мотами дили модашери ба модасаг табдилёфта дувоздаҳ солу анде давом кард. Баъди вафоти Чингизхон хоклеси суми аспи Ҷағатой шуда, ҳар рӯз аз субҳ то шом оҳи оташин мекашиду ҳар шаб то саҳар аз оҳи гарми ҷигар лав-лав месӯхт, аммо на дар поёну на дар боло фарёдрасе надошт.

Басо сахтҷон баромад он аҷузаи оҷизгашта! Ҳарчанд аз заъфи пирӣ сахт менолид ва кораш ба охир омада буд, то хабари марги Султон Ҷалолиддинро нашунид, намурд!!

Ин хабарро шуниду… хандид. Баъд осид ва тосид…

Мурдаашро ношуста, куртакӯҳнаи ҳазордарбеҳашро кафан карда, пӯсту устухони ҳаромашро пеши сагони гулхани дӯзах партофтанд…

Бемори беилоҷ ва рангзарду косалес шудан, аз гуруснагӣ ва беқутӣ оҷизу ҳаромхӯр шудан ва ба корҳои шуққа — ҷорубкашию саргинафканӣ машғул шудани Маликаи бонувони олам муҷозоти Худованди ҳамабин аст.

Аз мурғи бадназар канда беҳ болу пар!

Ку он даврону он кӯлоҳдоришон?

В-он боди буруту мардумозоришон…

Бемори адовати хеш буданд, валек

Шуд марги фаҷо илоҷи беморишон!

Руҷӯи ҳафтум

Аз мурдани ту модари дунё ақим шуд,

Ҳар ҷо суханварест, муғулро надим шуд…

Шигифто! Дар панҷоҳсолагӣ аз заҳри ғами замона, ки бо хуни дил менӯшам, пир гаштаам… Дигар тоқати дам задан аз дарди фироқи ёрон надорам ва намедонам, пас аз сӯгу сӯхтанҳо мурғи илҳому саманди амалро чӣ кунам?

Нури диле зи шамъи ҷавонӣ наёфтам,

Бӯи хуше зи субҳи амонӣ наёфтам.

Будам чу Хизр ташнаи оби бақо басе

Ному нишон зи равонӣ наёфтам.

Чун мӯй гаштам аз ғами афзуние чу мӯй

Як орзуи ҳардуҷаҳонӣ наёфтам!

Сатрҳои норавони нав аз дил таровидаро дар варақи алоҳида сабт карда, лаҳзае саргаранг мондам: ин таркиббанд ба муаллиф нисбат дорад ё ба Мирмалик?! Зеро аз ашъор ва гуфтори Зиёуддини Хуҷандӣ медонистам, ки Мирмаликро оғози кор аз фазли Яздон баромад. Чун дар қалъаи обӣ ватан сохт, ҳар он тир, ки баҳри қути адӯяш андохт, муғулро ба мағзи ҷон даромад. Ба ҳукми ӯ ҳазор сарбоз аз як гиребон сар бароварда, сарфароз шуданду Ҷағатойи сархуш ва сармаст сарпаст гардид. Ба қавли Хоҷа Зиёуддин:

Муаттал чунон шуд зи адли ӯ ханҷар,

Ки зангор аз рӯйи сӯҳон баромад!

Тани ҳар мубориз ба ҷавшан фурӯ шуд,

Сари ҳар диловар ба хафтон баромад.

Зи як ҷунбиши теғи Баҳромфеълаш

Дусад мавҷи хун то ба Кайвон баромад!

Зи борони тири ӯ аз хок з-он пас

Ба ҷои гияҳ шохи пайкон баромад.

Фалак бод маддоҳи ӯ, чун дилашро

Мурод аз фалак ҳар чӣ буд, он баромад…

Баъде ки ғазанфари Хуҷанд занҷир пора карду киштисавор ба ҳудуди Фанокат даромад, лашкариёни муғул аз ду соҳил ҳамлаҳои шадид оғоз карданд. Лекин хуҷандиёни қодирандоз бо тирҳои ҳадафрас онҳоро дур меронданд ва киштиҳоро чун бод медавонданд. Мегӯянд, ки дар ҳудуди Фанокат миёни соҳилиён ва киштинишинон дувоздаҳ муҳорибаи хунин ба амал омаду садҳо нафар қурбон шуданд.

Ҷӯҷӣ аз фирори Мирмалик хабар ёфта, худ ба соҳили Сайҳун омаду ба сипоҳиён фармуд, ки назди даромадгоҳи Борҷиликқанд дар ду тараф камин нишинанду аз заврақу чӯбу киштию манҷаниқу аррода даруни дарё садди искандарӣ созанд ва ба гарданшахҳо имкони ҳаракат надиҳанд. Мирмалик, ки дигар илоҷи пешравӣ надошт, ҳама одамону аслиҳаю озуқаро аз об берун овард. Далерони ойинғурури тоҷик ба хоки Ҷанд қадам ниҳодан ҳамон бо муғулҳои нишаста дар камин пайкори хунин оғоз намуданд. Онҳо бо теғу тир хасмро аз сари бору буна дур андохта, аммо дар паҳнои биёбон бӯйи хуше аз амонӣ наёфтанд. Ҳама орзуҳои наҷиби шеру шербачаҳо дар чӯли тасфон чун гули армон пажмурда гашт…

Паланги обӣ баъди дарёнавардию дарёнабардӣ бабри биёбонгард шуда, дар бодияи сард ва пурдард аз мобайни реги сурх бо машаққати тоқатшикан роҳи ҳаёту мамот кушода, бо хасми бодияпарвардаи сершумор ва таҷрибадор, ки паёпай ҳамла меовард, ҷангҳо бо шамшер ва дандон карда, бору бунаро аз даст дода, бе обу ғизо монда, баъде ки ҳама ёронаш биёбонмарг шуданд, тани танҳо бо се тири камон — якеаш бепайкон ба канори водии марг расид. Ҷон бар лаб, бо чашмони камнур ва безиё ба қафо нигарист. Дид, ки се муғул шитобон аз паяш меоянд, тири бепайкон ба камон ниҳоду зеҳро кашид. Дидаи як муғул аз зарби хаданг мумул шуд, яъне аз дидаи бино маҳрум гашту ҳамроҳонаш аз тарси ҷон мисли шағол қафо гурехтанд. Шери Хуҷанд, ки аз ҷонаш рамақе монда буд, баъд аз се шабонарӯз хазидану тапидан ба Ғӯрганҷ расид ва аз осмон дуои Саъдиро шунид:

Гараш вилояту фармону ганҷу мол намонд,

Бимонд раҳмати Парвардигори ғаффораш.

Бузургвор Худоё, ба фарру давлату ком

Давоми умр бидеҳ солҳои бисёраш!

Дар пойтахти мамлакати ҷангзада бесомонӣ ва харҷу марҷи том ҳукмфармо буду саг соҳибашро намеёфт. Аксар сипаҳсолорҳо сар аз ҳадди паймон берун бурда, ҳар кадом ба кори дилхоҳи худ машғул буданду Мирмалики саргардон ҳазору як дарро кӯфта, аз байни лашкариёни собиқи хеш ҳамагӣ сесад марди ҷангӣ ғун карда тавонист. Вай аз ҳасрату афсӯсу надомат пушти даст мегазид, зеро лашкари пароканда наметавонист бо барқи теғи алмос дасти тавонои Чингизи васвос бибуррад:

Иқбол куҷоӣ, ки маро ёд кунӣ,

Ё хирмани ғамҳои маро бод кунӣ!

Эй бахти бадам, умед намурдаст, биё!

То бар сари гӯр ҷонам озод кунӣ!

Муаррихи пурдида Шаҳобиддини Насавӣ он рӯзҳои душворро муфассал ба ман қисса карду мухтасар мегӯям:

— Мирмалик, ки раги оби Сайҳунро бо ҷавонмардӣ ёфта, ба хуноби ҷигар борҳо аз сари тӯфони бало даргузашта буд, дар ғарибхонаи даргумшуда билкулл ноумед нашуд. Аз ёрони қадимаи ҷангозмуда, ки дилпур буд, мурғи ғайраташ пар афшонду сози корзор кард. Ба Шаҳрканд ном мавзеи аз ҷониби душман ишғолшуда ногаҳонӣ ҳуҷум овард. Аввал шиҳнаро сар заду сипас хунрезие ҳалол карда, ҳама ҷангиёни муғулро кушт. Аз ғалабаи нахустин дар давраи нави мубориза рӯҳбаланд гашт, аммо бо хотири парешон зуд ба Ғӯрганҷ баргашт. Зеро аз паймони пинҳонии Хумор Тегин ва амирону шарикони ӯ дар бобати дастгир ва маҳв кардани Султон Ҷалолиддин воқиф гардид. Ғазанфари Хуҷанд подшоҳи бетахту кӯлоҳ ва бесару сомонро аз варта наҷот дод, лек фаҳмид, ки баъди ин ҳама номардиҳо осоиш аз дунё набояд чашм дошт, зеро чун нигин аз мақомаш бархезад, қир дар ангуштарин монад!

Султон Ҷалолиддин ва нигаҳбону раҳнамояш Дамир Малик тавонистанд, биёбони моварои Хоразму Хуросонро таи панҷ рӯз миёнбур кунанд. Ҳол он ки корвониён ин марҳиларо дар муддати шонздаҳ рӯз мепаймоянд. Муғулҳо бо амри қоони худ аз Марв то Шаҳристон биёбонро ҳалқапеч карданд, то лочинҳоро асир гиранд. Наздики Насо ҳафтсад савораи муҷаҳҳази муғул омодаи ҳарб меистод. Ҷалолиддин дудила буд, аммо Дамир Малик далеру чолок бо онҳо ҷангид. Барои шикасти душман шамшерзанӣ ва найзапартоӣ ба ҳадди имкон расонд. Муҳорибаи шадид, вале нобаробар бо шикасти муғулҳо поён ёфт. Аз онҳо ҳамагӣ чанд тан бо фирор худро халос карданд ва дар канораҳои русто пинҳон гаштанд. Рӯзи дигар кишоварзон он гурезаҳоро ёфта, сар аз тан ҷудо карданд.

Ин дуввумин муҳориба бо лашкари Чингизхон буд, ки Мирмалики мусофир зафар ёфт. Ин карат шамшери мусулмонон бо хуни бутпарастон бештар олуда гардид ва пораҳои бадани бадмазҳаронро дар реги биёбон парешон кард. Муждаи зафар мухлиси дуогӯйро ба таҳрик овард:

Таъйиди Худой ҳофизи ҷони ту бод!

Дасти ҳама дар байъати фармони ту бод!

Ҳиндуи Зуҳал, ки посбони фалак аст,

Чӯбакзани боми кохи девони ту бод!

Идомаи корзори Мирмаликро аз Саъдӣ шунидам:

— Маро ҳазор забони фасеҳ боистӣ, то васфи диловарони замон кунам. Ба чашми худ дидам, ки сипоҳи Ҷӯҷӣ беқиёс буду сарбозони Ҷалолиддин андак. Чун лашкар аз ҳар ду тараф рӯй дар ҳамдигар оварданд, ҷамоате мардони зинсавор буздилӣ карда, зин ба пушт шуданду оҳанги гурез намуданд. Мирмалик шамшер дар даст аз ҷой хесту наъра зад: «Эй мардон! Бикӯшед, то ҷомаи занон напӯшед!» Ҷанговаронро аз хитоби ғазанфари Хуҷанд орият ва ҷасорат зиёдат гашту аҳлона ҳамла бурданд ва бар муғул зафар ёфтанд. Ёрони чобуксавори Мирмалик аз қафои душман чун бод бадар ҷастанд ва дасту пойи садҳо муғул бар китф бастанд ва ҳамаро назди хаймаи Ҷалолиддин оварда, пеши пояш партофтанд…

Боз аз бисёр дӯсту душман шунидаам, ки ёрони навини Мирмалик, онҳое, ки ба вай даъвии вафо кардаанд, ҷонҳои хеш ба ризо фидои қадами ӯ карданд! Замоне ки кунгураи қасри хусравӣ даршикаставу шоҳи навро боргоҳи олӣ намонда, то парда фурӯ кашанд, реги биёбон аз оташи теғи родмардони Мирмалик ба ҷӯш омад! Душмани ғамнок аз ӯ парешон ва ношод гашту вақте таҳамтани тоҷик наздик ояд, нуйони муғул ба лашкараш мегуфт: «Мабош! Аз Ирвес гурез! Қочмаган номард!» Яъне бародархонди ман ахтари корзор ҳам дар Сайҳун шуду ҳам дар Ҷайҳун ва он шоҳбайте, ки сӣ сол муқаддам Муҳаммад Авфии Бухороӣ дар ҳузури мо ба ҷаҳонпаҳлавони бистсолаи хуҷандӣ Мирмалик ибни Мирраҳмат эҳдо карда буд, ягон зарра муболиға надорад:

Агар Сом будӣ дар айёми ӯ,

Набиштӣ бар андоми худ номи ӯ!

Оре, анд ҳазор сол муқаддам Соми Наримон дар Самангон бузургтарин бузургмарде аз халқи ҷаҳон буд, алҳол Мирмалик аз оли Сомон ба ин мартаба расида! Ҳайҳот, ки имрӯз дар фурқати он рӯйи чу хуршеди Соми Хуҷанд мисли абри навбаҳор гоҳ механдаму гоҳе хуноба мегирям, ки баъди ғайб задани Ҷалолиддин дар арса танҳо монду аз бекасию бесилоҳӣ ва безарӣ дасташ ба ҷое нарасид ва ночор ҷомаи қаландарӣ пӯшид…

Сайҳун, ки аз дасти ҷавони ӯ ба фиғон омада буд, аз хурӯш бозмонд. Аммо қалби ноороми ман ҳамоно дар ҷӯш буд:

Садру сариру маснаду айвон гузоштӣ,

Сад моҳу офтоби дурахшон гузоштӣ.

Бе разми худ мулуку салотини аҳдро

Чун шамъи шабгузошта пажмон гузоштӣ.

Мулке, к-аз эҳтимоми ту назме гирифта буд,

Дар дасти рӯзгори парешон гузоштӣ…

Рафтиву аз маосири худ ном то ба ҳашр

Дар сад ҳазор дафтару девон гузоштӣ!

Мирмаликро дар мулки Шом соле чанд рухсор пур аз гард ва рӯзгор пур аз дард буд, дилаш аммо аз меҳр сард нашуд. Аз ҳирқаи дарвешон ниқоб сохту баъде ки фитнаи муғул андак фурӯ нишаст ва ғавғои куштору алангаи сӯхтор хомӯш гашт, маҳз меҳри диёри арҷманд, муҳаббати ёри дилписанд ва шафқати лоязоли падар бар фарзанд вайро ба хоки Ватан овард. Ҳокими барӯманд ва бузургмарди қудратмандро на дар пӯшоку абзори ҷангӣ, балки дар либоси тозаю озодаи урфӣ дидан бароям ғайричашмдошт буд, вале шукр гуфтам, ки саломат ва бегазанд мебинамаш! Пас аз сартарошию гармоба рафтан бо мадади машшотаю дарзӣ зайли пештара озодаю олуфтаю шукӯҳманд гардид ва ҳар ду бо армуғонҳои гаронмоя озими Ворух шудем.

Пас аз дидори зану фарзанд ва бишкастани ташнагӣ бо исрори Мирмалик мо ба зиёрати қабри тағояш рафтем. Бар сари турбати Шайх Бурҳониддини Валӣ, ки дар ҷавори масҷиди ин бузургвор зиёратгоҳи орифони диёр аст, зикри хайр ба ҷамилӣ ва соирӣ анҷом дода, сипас бо дӯстони собиқ ва содиқ лаҳзае дар бӯстонсарои лаби дарё сӯҳбат оростем. Мирмалик, ки бағоят дилхаста шуда буд, саргузашти худро мухтасар ҳикоят карду ҳамагон ба шавқ омада, мепурсиданду посух мешуниданд. Аммо ман, бо ҳама даъвои шоирӣ, сомеъ шудаму гӯш кардам ва аз ҳазору як гуфтушунуфт якеро намуна меорам.

Шоир Абдулмаҷид бо таҳайюри ошкоро гуфт:

— Бо ҳазор разманда ба муқобили ҳафтод ҳазор сипоҳи муғул ҷангидану ҳатто як нафар талаф надода, дастболо шудани шуморо ғайри ман шояд дигар ягон кас бовар накунад. Ман чӣ гуна ба набераю абераҳо исбот кунам, ки дар Хуҷанд мардумоне намиранда буданд, ки онҳоро ҳазормард хондандӣ ва ин ҳақиқат аст, на лофу газофи афсонавӣ?!

— Агар саҳеҳ ва беғараз нигарем, дар таърих такрор бисёр аст. Ҷадди бузурги мо Исмоили Сомонӣ, ки амири Бухоро буд, роҳкушо ва илҳомбахши мост, — бо табассуми малаҳ лаб ба гуфтор кушод Мирмалик. — Таърихро ба ёд оред: Исмоил ибни Аҳмад азм дуруст гардонид, ки бо Амр ибни Лайс мухолифат кунад. Ҳама лашкаре дошт, ҷамъ оварду шумурд, ки ду ҳазор савор баромад. Аз ду яке сипар дошту аз бист мард яке ҷавшанпӯш ва аз ҳар панҷоҳ сарбоз яке соҳиби найза… Бебок аз руди Ому гузашту ба Марв ҳамла овард. Шаҳнаи шаҳр гурехту ба шоҳи худ хабар кашид, ки Исмоил талаби мамлакат мекунад. Амри Лайс хандиду ҳафтод ҳазор савор сафарбар кард ҳама баргустувондор бо силоҳу уддати тамом!

Ҳарифон дар Балх ба якдигар расиданду масоф карданд. Иттифоқ чунон афтод, ки Амр ибни Лайс ба дарвозаи Балх шикаста шуду асир афтод ва ҳафтод ҳазор сипоҳи вай ҳазимат карданд. Аммо аз лашкариёни Исмоили Сомонӣ ҳатто якеро ҷароҳат нарасид!

Чаро чунин шуд?

Исмоили Сомониро халифаи Бағдод, амиралмӯъминин Мӯътамид Алалоҳ ба лашкаркашӣ ҳидоят карда, гуфта буд: «Хуруҷ кун бар Амр ибни Лайс ва мулк аз дасти ӯ бурун кун, ки ту ҳақтарӣ аморати Хуросону Ироқро, зеро ин мулки падарони ту будааст. Дигар ин ки сурати ту писандидатар аст. Сеюм ин ки дуои ман дар қафои ту асту Эзиди таъоло туро бар вай нусрат диҳад. Бад он манигар, ки туро уддату лашкар андак аст, бад он нигар, ки Худои таъоло мегӯяд: «Кам мин фиатин қалилатин ғалабат фиатан касиратан биизниллоҳи валлоҳу маассобирин» Яъне борҳо шудааст, ки гурӯҳе андак бар лашкари бисёр ғолиб омадааст бо фармони Худованд ва Худованд бо сабурон бошад»…

Муҳорибаи Хуҷанд такрори ин аҷоиботи олам асту Пирам Подшоҳмарди Валӣ қибланамо, уқдакушо ва мисли Халифаи ислом дуогӯи ман буданд. Ҳам дар Хуҷанд ва ҳам берун аз ватан: дар ҷанги Ҳирот ҳафт тоҷики гарданкашу лашкаршикан иштирок доштему ҳамроҳи панҷ тан аз диловарони ҳиравӣ ба сипоҳи ҳаштсаднафараи Бахтути «баҳодур» ҳамла оварда, корзоре ҷонон нишон додем! Интиқоми шоир Зиёуддин ва падарашро ситондем ва тамоми муғулҳои паҳлавонтарошро хоку туроб карда, вориси ҳақиқии Рустами Достон будани худро фаҳмондем.

Агар мадад аз Худованди меҳрубон набудӣ, ман дар ҳарбу зарб бо муғулҳо асло дастболо нашудаме! Зеро аз аввал то азал ба ҳар як аз соири бандагон хидмате муайян аст ва бе хости Худованди олам барге аз шохи дарахте сарозер наафтад…

Абдулмаҷид қонеъ ва шукуфон гардиду гуфт:

— Исмоили Сомонӣ бораи Бухоро буду қалъаи Хуҷанд шумоед, эй язнаи қаҳрамон!

Худойгони кабир, Малики раҳмату дин,

Зиҳӣ, ҷамоли ту ороиши мусулмонӣ!

Зи ҳодисоти ҷаҳон бод ҷонат осуда

К-аз туст халқ-ул-Хуҷанда дар таносонӣ.

Мирмалик дар Ворухи биҳиштосо ду ҳафта ором гирифта, ҳоли парешони зоҳиру ботин ба ифоқа овард. Бовар кард, ки диёр осудаю муҳит бе ситез аст. Он гоҳ азми сафари Хуҷанд кард ва хост зану фарзанд бо худ барад.

Волидон дар ҷавоб чизе нагуфта, ба пири хонадон нигаристанд. Аҳмадсайид, ки ҳамоно бардаму баландгуфтор буд, ангушт ба чакка ниҳод ва аз нигоҳи мӯшикофи домоди доно чашм ба ҷониби дарё гурезонда, маслиҳатомез гуфт:

— Ворух ҷойи тинҷ. Зану фарзанд дар пеши чашматон. Ягон моҳи дигар бе ғаши дил дам гиред. Дар ин муддат ман ба Хуҷанд рафта, бо Маҳмуди Ялавоҷ гапро пазонам. Мо ошнои қадима, нози якдигарро мебардорем. Ба шумо пайза гираму суюрғол…

— Чӣ мегиред?

— Пайза, яъне рухсатнома. Бе ин ҳуҷҷат муғулҳо ҳеҷ касро ба сайру сафар иҷозат намедиҳанд. Суюрғол ҳуҷҷати буду бош дар улуси Хуҷанд… Муғул вилоятро улус мегӯяду ҳокимро басқоқ, вале мардум осонакак булуси улус мегӯянд Маҳмуди Ялавоҷро, ки дар Хуҷанд истода, Мовароуннаҳрро идора мекунад.

— Чағатой куҷост?

— Вай қоони Мовароуннаҳру Хуросону Туркистон. Тоҷиконро чашми дидан надорад. Дар оби равон бадан шустану забҳи гӯсфандро манъ фармуда, хафа карда куштани чорворо ҳалол меҳисобад… Қудқоон гумоштаи вай дар Хуҷанд…

— Ба ман пайза-чайза даркор не! Найзаи ман пайзаи ман аст! Маҳмуди Ялавоҷ ҳам масъалаи маро ҳал карда наметавонад. Ман бояд бо Қудқоон рӯ ба рӯ сӯҳбат кунам. Миёни Пирам Шайх Маслиҳатдин ва Чингизхон аҳду паймон шуда буд, ки агар Мирмалик муҳорибаро бас карда, ба Хуҷанд баргардад, амон меёбад. Муғулҳо ӯҳдадоранд, қавлу лафзи нахустподшоҳи худро нигоҳ доранд.

— Ин хел бошад, муомила ранги дигар мегирад ва мо метавонем вилоят хостан! Ҳар дуямон ба Хуҷанд меравем. Агар масъала табъи диламон ҳал шавад, он гоҳ Нигинаю Мирмӯҳсинро ҳозир мегардонем.

Ин қарордодро ман ҳам маъқул донистам ва ҳамроҳашон рафтам…

Муғулҳои дарвозабони Хуҷанд кӣ будани Мирмаликро чу донистанд, дарҳол ба дастонаш завлона зада, назди Қудқоон расонданд, ки дар фароғатгоҳи Исток бо ёронаш айшу нӯш дошт. Гирдогирди хони муғул ҳафт-ҳашт сарҳангу маъмурони ширакайф менишастанд, ки бесилоҳ буданд. Аммо андаке дуртар дастаи сарбозони мусаллаҳ ҳушёру тайёр меистоданд. Ясовули Қудқоон, ки вазифаи тарҷумониро ҳам адо мекард, Мирмаликро нихта зада, фармуд, то ба зону нишаста, бо таъзими заминбӯс эҳтироми хони бузургро баҷо орад.

— То имрӯз ба касе заминбӯсӣ накардаам ва нахоҳам кард! — монанди шери жиён ғуррид Мирмалик. — Агар ин ҷо Чингизхон ҳузур медошт, вайро шоиста эҳтиром мекардам, ки бузург асту шоҳи шоҳон! Аммо агар бори дигар маро нихта занӣ, андоми туро бо лагад бисоям, ки ба ҷуз ин дигар ҳеҷ чиро сазовор нестӣ!

Қудқоон ясовулро аз гапу ҳаракати зиёдатӣ нигоҳ дошта, ба Мирмалик рӯ овард:

— Зону задан шарти маҷбурӣ нест! Гуфтанӣ бигӯ!

— Эй қоони рамузфаҳм, ба мағрурӣ айбам макун! Ҳама медонанд, ки паймоншиканӣ ба Чингизхон нисбате надорад. Вай маро ваъдаи амон додааст!

— Инро ҳама қоонҳо ва пайвандони Ёғу медонанд. Амри он аълоҳазрат дар ёсоқи Улуғ Ҷағатой махсус таъкид шудааст. Мо ягон амру насиҳат ва сухани нахустодподшоҳи худро фаромӯш намекунем…

— Агар сухани Чингизхонро ба хоки сиёҳ напартоед, чаро дасти ман андар завлона банд аст? Оё маро амон нест?!

— Ирвес, ки ба таслим омадааст, дасташро аз банд озод кунед! Агар хоҳӣ, худи ҳозир бархезаму ба девон равам, то барои ту пайза ва суюрғол навишта орам…

— Эй қоони некрой, ишрати имрӯз ба фардо магузор. Агар метавонӣ, ҳозир маншуре бидеҳ, ки ивази хати амонӣ бошад.

Бо ишораи Қудқоон ясовул ба амонёфта пайзаи чоркунҷаи филизӣ ҷудо карду дар пешу қафояш ному насаби Мирмаликро бо ҳуруфи форсию муғулӣ сабт намуд.

Қудқоон бо заҳрханд пурсид:

— Акнун бовар кардӣ, ки мо амри Ёғу — қоони бузургро бекаму кост иҷро кардем?! Боз чӣ мехоҳӣ?

Мирмалик даст ба сандуқи сина ниҳода, бо нишони миннатдорӣ сарашро андак поён хамонд.

— Бовар кардам, миннатдорам ва қоони дурустпаймонро аҳсант мегӯям. Иҷозат аст, ки равам?

— Саросема куҷо мешитобӣ? Имрӯз, ки фурсат ҳасту амон ёфтӣ, дами беғам бизан! Май менӯшӣ?

— Кайҳост, ки май наменӯшам. Тарки шаробу соғар кардаам…

— Баъди мағлуб шудан тарки шароб кардӣ?! Оъ… вақти шер будан гов барин менӯшидӣ… Баъде ки саг барин саркӯфта шудӣ, шароб аз гулӯят нагузашт?! Ҳа-ҳа-ҳа!!!

— Шароби ноб аз гулӯям мисли об мегузарад. Лекин… бо хару хук наменӯшам!

– Ҳой Ирвес! Аз ҳад нагузар!! Мо туро амон додем, акнун миёни ману ту ниқор нест, чаро мисли саг ак-ак мекунӣ?!

— Саги зирак шағоли ваҳмакро бинад, барои тарсондан аккос мезанад!

— Шағол нею рӯбоҳ гӯй. Саги нодон рӯбоҳи зиракро бинад, аз нодонӣ ак-ак мекунад, бехабар аз он, ки аз пасаш бабри дамон меояд…

Ҳой Ирвеси саг, ба қафоят нигар!

Мирмалик чобук гирд гашту даҳ қадам дуртар муғули қадпастеро дид якчашма ва рӯйбурида, ки аз шиддати хашм ва қаҳр беист меларзид ва оташи ғазаби ваҳшиёнааш аз як чашми танг берун меҷаҳид. Дар китф камоне ва дар даст тири бепайконе дошт.

Хони муғул аз ҷой хесту паҳлуи камондори якчашма омад ва лакнатдор пурсид:

— Эй Ирвеси лаънатӣ, ин сарбозро шинохтӣ?!

Биёбони гарму ҷангҳои сахти пайдарпай, талвосаи ҷонканию набарди мушту хекиртак, таъқиби се муғулу бо се тири камон, яке бепайкон танҳо монданаш ва мумул шудани ин муғули қадпасту гурехтани дуи дигар тира-тира Мирмаликро пеши назар омад. Аз нохуни по то фарғи сараш тасфид ва овози баланди Қудқоонро бо душворӣ шунид:

— Мо аҳду паймони қоони бузурги худро як сари мӯ нашикастем ва ягон хуҷандиро озор надодем. Фақат… ба ин сарбози ҷабрдида… зани туро бахшидем! Бубин ӯро!

Бо садои гӯштароши нақора аз паси парда Ойчечак ларзон берун омаду бо ҷилваи нозебо гирди сарбози якчашмаро чарх гашта, худро ба пеши пойи ӯ партофт ва дигар сар набардошт.

Чашми Мирмалик тирафом гашт. Ёдаш омад, ки пас аз таваллуди Мирмӯҳсин ҳамсари аввалаш Ойчечакро дигар илтифот накард. Вайро ғам бар ғам афзуд ва аз ранҷурӣ бемор шуд. Ҳолаш напурсид. Ба Ғӯрганҷ рафтан хост. Иҷозат надод. Маълум мешавад, ки хато кардааст…

Муғулҳо қарсак мезаданду фарш меларзид. Аз он бештар вуҷуди таҳамтан меларзид. Замин намекафид, ки Мирмалик дарояд ва аз шарму хиҷолат наҷот ёбад…

Овози Қудқоон аз пештара мутантан садо дод:

— Мо аҳди қоони бузурги худро бешикаст нигоҳ доштем ва ҳокими Хуҷандро амон додем. Қавли худро нигоҳ медорем ва, натарс, туро намекушем. Аммо хунбаҳо меситонем. Ба ин сарбози ҷабрдида имкон медиҳем, ки интиқом ситонад ва бо тири бепайкон чашми туро ҳамранги чашми худ гардонад…

Мирмалик дид, ки якчашма камон аз китф мегирад, саросема фарёд зад:

— Агар тавонад, хунбаҳо мегирад! — ин бигуфту сӯи муғули қадпаст пайзаи филизӣ башаст ҳаво дод, ки мисли тир париду чашми дуюмашро хуншор гардонд.

Ҳама ба по хестанду сарбозони мусаллаҳ ба сари Мирмалик тохтанд. Ғазанфари Хуҷанд баланд ҷаҳида, Қудқоонро ба фарш афтонд ва шамшери ясовулро соҳиб шуда, худро ба мобайни нуйонҳои ширакайф зад. Онҳоро сипар сохта, даҳ сарбози ҳамлаварро ба ҷаҳаннам фиристод. Вале панҷоҳи дигар ба сараш тохтанду аз захму зарбаи бисёр беҳол гашт ва гурзе, ки аз пушт ба гарданаш фурӯ рафт, риштаи ҷонашро бурид. Зодаҳулоҳу улувван152.

Асари дарди ту ҳангомаи дармон бишикаст,

Ғаму андешаи ту пушти дилу ҷон бишикаст.

То зи ту дасти аҷал бозгирифт оби ҳаёт

Хизрро орзуи чашмаи ҳайвон бишикаст.

Ҷони оҳандилам аз оташи марги ту битофт,

Шишаи сабри маро бар сари сандон бишикаст.

Рӯзи бозори сухан тез ба айёми ту буд,

Чун ту бастӣ дари дӯкони сухан, он бишикаст!

Он замоне, ки лаби лаъли ту аз ханда бимонд,

Дили бесангу хирадро лабу дандон бишикаст.

Хостам, то қаламе бар сари сӯги ту кунам,

Сӯги ту нӯки қалам дар сари туғён бишикаст…

Хостем Мирмаликро дар ҷойгоҳи ҳисори обӣ ба хок супорем. Аммо Қудқоони алайҳилаъна иҷозат надод. Бо тамоми қуввате, ки дошт, наъра кашид:

— Чауш, Ирвес ол! Сув урвес қол!!153

Қудқоони дӯзахӣ бо лафзи муғулӣ хост суханбозӣ кунад. Гуфт, ки паланг ба коми наҳанг андозед, то азоби ҷаҳаннамро кашад. Аммо баръакс шуд: руди Сайҳун, ки наҳанг надошт, соҳиби моҳии бузург ва сутург шуд!

Шери Хуҷанд ба Наҳанги Сайҳун табдил ёфт, наҳанге зери об шуду кавкабе рӯйи об! Вайро шоирон «Наҳанги зери хафтон» гуфтанд ба маънои шамшери обдор, «Наҳанги наём» номиданд ба маънои шамшери дар ғилоф, «Наҳанги сабз» хонданд ба маънои шамшери ҳаётбахши Хуҷанд…

Наҳанги сабзи Сайҳун бомаром ва ҷовидона аз саргаҳи дарё то поёноб шино мекунад. Чун ба ростои Хуҷанд мерасад, сар боло кашида, марсияи ҷовидонӣ мехонад. Насими рӯҳбахши рудбори пурасрор охирин хитобаи фарзанди дарёниҳодро аз қаъри дили дарё ба гӯши дили мардум мерасонад:

Ман чун мурдам, зиндаи ҷовид шудам!

В-аз ҳар чӣ — ҷуз аз Худой навмед шудам…

Сар аз чилаи додани ҷон чун шустам

Покизатар аз ҳазор хуршед шудам!

Руҷӯи ҳаштум

Эй маҳи меҳрлиқо, ҷойи ту дар об, дареғ!

Сарви афрохтаболи ту дар об, дареғ!!

Хабари марги пуразоб ва беқиёси Мирмаликро шунида, Нигина беҳад бетоқату музтарибҳол шуду ранг аз рухаш парид, дилаш сахт беҳузур гашту ақлаш беҳис гардид ва аз беҳушӣ бар хок фурӯ ғалтид. Вай як шабонарӯз ба худ наомад ва мо ғайр аз хомӯшию интизорӣ ва лобаву зорӣ бар Худованди меҳрубон дигар чора надоштем.

Бимастураю Абдулсайид — волидони даҳшатзадаи Нигина ва додараш Мирсайид сарҳисоби корро гум карда, ҷойи нишаст наёфта, дарун медаромаданду берун мебаромаданд, ба чеҳраи карахтгаштаи дурдонаи худ нигариста, бо овози пасту баланд илтиҷо бар Худо мекарданд. Аҳмадсайид аммо сокит буд, дар кунҷи хона сар ба зер афканда, ором менишаст. Вай ҳам муноҷот бар Худо мехонд, фақат дар дил ва бесадо. Мирмӯҳсин бошад, сар бар пойи модар ниҳода, гаштаю баргашта ҳасрати падар мекард:

Он, ки ӯ рафт, маро бекасу ғамхор гузошт,

Ӯ гузашту ҳамаро дар ғами тимор гузошт.

Ҳоли зори навҷавони падаргумкарда ва аз ҳоли модар тарсидаро дида, маро қофия танг омаду мурғи рӯҳ дар қафаси сина нағунҷид. Ғамзадаи сӯги бародархонд «мабод он лаҳза, ки дар дили тарабхоҳи Мирмӯҳсин ғами модар роҳ ёбаду аз андӯҳи гарон сусту бемор ва нотавон шавад» гуфтаму овози гиряҳои Мирмӯҳсин ҳини тифлӣ дар гӯшам дубора садо дод. Он вақт ману Саъдӣ ҷониби Фарғона мерафтему очаи Моҳсимо ақрабои хуҷандиро ба маъракаи чиллагурезони Ворух мебурд. Нигина аз дур моро бехато шинохту аробаро нигоҳ дошт ва ба таҳсини Саъдӣ сазовор шуд:

– Ҳазорон офарин бар чашми накӯят, эй нозанин! Ҳазорон шукру сипосу миннату иззат Худойро, ки аз ғояти карам ва лутфи хеш моро дар остонаи Исфара ба ҳам расонд!

Саъдӣ бо эҳтиёти том Мирмӯҳсинро рӯйи даст бардошта, аз пешониаш бӯсиду гуфт:

— Аз аҳди хурдӣ осори бузургӣ дар носияи фарзанди Мирмалик пайдо мебинам. Ба ин хурди бузургниҳод хурду бузурги оянда сари ҳурмат ва тоат мениҳанд:

То мард сухан нагуфта бошад,

Айбу ҳунараш нуҳуфта бошад.

Ҳар беша гумон мабар холист

Шояд, ки паланг хуфта бошад!

— Ман ҳам мӯътақид бар онам, ки дар сиришти Мирмӯҳсин тухми дузарда ниҳодаанд, — гуфтам дар пайравии Саъдӣ. — Ба пиндори ман, ҳар кӯдаке дар даври Чингиз бар даври замон омадааст, бандаи одии хокӣ нест. Ӯ дар маҳди ноз бароҳат нахобад, вале аз лутфи дояи иқбол бебаҳра намонад! Модари рӯзгор эдун кӯдаки ширхор бо меҳри даҳчанд парварад ва бузургмард созад, то ки ӯ айши душман заҳр гардонад! Аз пирон ва шоирон дуо:

Хатти ту то ҳашр зулфи шоҳиди иқбол бод,

Сурати тавқеъи ту бар рӯи давлат хол бод!

Аз забони килки мулкафрӯзи душмансӯзи ман

Кори хасмат пургиреҳ ҳамчун миёни нол бод!

Гарчӣ бошад рӯзу шаб таърихи умри дигарон,

Умри рӯзафзуни ту таърихи моҳу сол бод!

Саъдӣ низ даст ба дуо бардошт:

Ё раб, камоли офиятат бардавом бод,

Иқболу давлату шарафат мустадом бод!

Солу маҳат мубораку рӯзу шабат ба хайр,

Бахтат баланду гардиши гетӣ ба ком бод!

Мирмӯҳсини бачилла, ки ба маънои шеъру сухан сарфаҳм намерафт, «ангу унг» садо бароварда, бетоқат гардиду беашк гирён шуд. Саъдӣ мисли доя тифлро алвонҷ дода, аммо шоирона ба навозиш пардохт:

— Баланд садо барор, эй тифли пок! Нури шамъ аз гиря равшантар мешавад! Эй нафисаи покиза, гиряи нозат ҳуҷаста бод!

Ҳоло он кӯдаки гирён навраси шонздаҳсола асту то дами вопасини бобокалонаш Шайх Бурҳониддини Валӣ аз ӯ сабақ омӯхт. Алҳол беҳтарин шогирди дабиристони Ворух асту қории хушсалиқаи «Қуръон» ва донандаи чордаҳ ривоят. Яъне, чордаҳ тарзи хондани каломи қудсиро бо риояти ҳамаи санъатҳои лафзӣ ва маънавӣ азбар кардааст. Каломи адаб ва забони араб ба камоли балоғат ва фасоҳат азбар кардаасту дар ин ҷода маро устоди хеш меҳисобад.

Чашмони сиёҳу шӯъларез ва абрувони пайвастааш, пешонии фароху китфу бозу, гардани фароз ва сари бузургаш, тамкини гуфтор ва хандаҳои марғулаафканаш, аспсаворию гӯштингирӣ ва обнавардию бехато тир парронданаш айнан ба Мирмалики таҳамтан монандӣ дорад. Аммо чобукрафторию ҳозирҷавобӣ, шеърдонию муомилаи нарм, дили ҳассосу нигоҳҳои пурмеҳру лутфу шафқаташ, рухсораи зебо ва дандонҳои садафмонандаш шабеҳи Нигинаи нозанин аст. Ин бонуи ҳақгузори Худованди замину осмон қавлу қарзу вазифаю ҳақи модарӣ бо замири ҳақнавозу чашми ҳақпараст адо намуда, тифли нозуки ширхораро понздаҳ сол дар танҳоӣ бенуқс ба камол расонд ва паҳлавонписари оқилу доною забар- дасти навхостаро бо сари баланд ба дасти падар супорид. Мирмалик шоду масрур хурӯши фархундаю фаррух аз замир баровард. Вале… муғули беинсоф мурдаи Мирмаликро вожгун ба дарё партофту бахти Мирмӯҳсин дигарбора вожгуна гашт…

Хостам фарзанди бахтбаргаштаро бо нидои «Эй писар, бархезу рӯ бишӯю фурӯ мол ғамро!» бедор ва ҳушёр кунам. Вале зуд аз раъйи худ баргаштам. Зеро бо гӯши дил шунидам, ки Мирмӯҳсин беовоз вовайло дорад: «Падарам! Эй падари ранҷбарам!! Бе ту мо бар сари дардем, ту бе мо чунӣ?? Андар он зовияи тира — обгаҳи мавҳаши бе мӯнису ёр — эй мӯниси дилҳо, чунӣ?? Ҳама осори ту пайдову худ пӯшида шудӣ, бо нишоти сафари обӣ, эй фарзанди дарё, чунӣ?? Мирмӯҳсин орзуи дидаи бинои ту буду чун сарв даст баланд бардошта дуояш мекардӣ — бе ман, эй орзуманди гулписари номбардор, чунӣ??!»

Нигина рӯзи дигар, чоштгоҳон аз хоби гарон бедор шуд. Бо азоб сар бардошта, ҳаросон ба атроф нигарист. Маро диду лаб инҷ кард. Баъд баланд хандид. Вале амакбузургаш Аҳмадсайидро диду хӯсид, дасту пояш, ҳама аъзои баданаш ларзид. Дар ҳамин ҳолат падару модар ба чашмаш намуданд. Худро бедиранг ба оғӯши модар андохту бо овози хирросӣ «Бивиҷун, ташна шудам, ов те!» гуфт. Аз косаи оби зулол як қулт нӯшид. Лабашро бо пушти даст пок карду боқимондаашро… ба сару китфи падар пошид. Баланд хандид ва беибо нидо кард:

— Додоҷун, гушна шудам! Гӯшти кафтар биёред…

Ҳанги Абдулсайид канду бо чашми пурсавол писар ва бародарашро нигарист. Нигина ба онҳо аҳамияте надода, пеши ман омад.

— Салом шоир! Ту шеър хон, ман мерақсам. Шакархонум канӣ? Куртаи сафедамро биёрад. Ранги кабутар мерақсам.

Нағз мерақсам, то Шоҳзода хурсанд шавад. Подшоҳ тангаю тилло тияд! Мирмалик… Оъ… Мирмалик канӣ?! Тоҷи сарам канӣ?! Қуввати дилам канӣ?! Соҳиби сарам канӣ??!! Падари…

Дарвоқеъ, Мирмӯҳсин куҷост?! Шоҳписарам куҷост??!

Мирмӯҳсин, ки ба ҳоҷате берун рафта буд, тозон пеши модар омад.

— Писарам! Писаракам! Нури чашмам… Қаду бастатба мурам! Заҳраамро кафондӣ… Пештар биё, писарам. Дар бағалам биё, нури чашмам…

Нигина фарзанди яккаву ягона бо меҳри модарона бар оғӯш кашиду ба ҳуш омад. Ақли тирагаштааш равшан шуд ва навҳа оғоз кард:

— Падаратро аз даст додем, писарам. Паршикаста шудем, писарам. Дар хонаи бесутун бе муттако мондем, писарам… Дод аз дасти муғул!!

— Ором шавед, модар. Тақдир ҳамин будааст…

— Тақдир барвақт тир дар камон карда буд, писарам. Лекин бераҳмӣ аз ҳад гузашт, писарам… Дод аз дасти муғули бераҳм!

— Ором шавед, модар. Шукр гӯед, ки дидор ба қиёмат намонд. Ҳамдигарро дидем, аз ҷамоли падар чашмҳо мунаввар шуд…

— Аз он месӯзам, ки маро ҳангоми баргрези ҳаёт саломе доду рафт. Видоъ нокарда, васияте нагуфта, бебозгашт рафт. Дод аз дасти замона! Фарёд аз бахти вожгуна!!

— Дуруст мегӯед, модар. Замона дар дили мо захме чунон зад, ки марҳам натавон ниҳод. Лекин… аз оҳу дареғ гуфтан чӣ суд, вақте тир аз камон канда шуд? Дарди дил чӣ фоида дорад, вақте ки ҷон аз даст рафт?!

Худоё, бо лутфи хеш рӯҳи равони падарам шод гардон…

Ҳазор соли ҷалолӣ бақои умри Мирмӯҳсин бод! Кори душворе, ки на ҳар кас аз ӯҳдааш мебаромад, ин ҷавони навхати шонздаҳсола бо хунсардӣ ва хирадмандӣ иҷро кард! Дили кӯчидаю ақли парешони модари заифгаштаро аз қаъри хок бардошта, дар ҷояш ниҳод ва хотири моро ҷамъ овард.

Туғёни дили Нигина, ки аз дарди ҷонкоҳ ба фиғон омада буд, андаке паст нишаст. Бо лабони ларзон гуфт:

— Маро дар дил аст он чӣ дар ҷон турост, эй писарам. Дигар ҳаргиз ин қадар сахт фарёд намекунам, то гӯши дил кар нашавад. Гарчӣ аз ғам ҷон бар лаб расидааст, шукри ҷони фарзанд карда, падаратро аз оғӯши нафас суроғ мекунам ва танҳо «Ё муғису, ағисно!»154 мегӯям. Вале ту ҳаргиз ором нашин, писарам. Ҳамеша дар такопӯй бош. Тарсу нашав, аммо ҳушёркор ва оқибатандеш бош. Зеро ворисони Чингизи ҷоду, ки бунёди макр бар фалаки ҳуққабоз ниҳода, падаратро аз байн бурданд, акнун бармало бар мо кинавар шудаанд. Онҳо дер ё зуд кӣ будани ту ва дар куҷо буданатро фаҳмида, шамшер аз ғилоф мекашанд. Арвоҳи падар парешон мешавад, агар оқилона аксуламал накунем…

Нигина сандуқи чӯбини дар меҳроб ҷойгирифтаро кушоду чанд либосу латтапора берун кашида, Мирмӯҳсинро фармуд, ки халтаи чармини дар кунҷи рост бударо оҳиста боло кашида, рӯйи фарш гузорад.

— Тамоми боигарии раққосаи дарбори Султон Муҳаммади Хоразмшоҳ дар ин халта маҳфуз аст. Он аз хироҷи дусолаи мамлакат бештар арзиш дорад. Онро пурра ба ту мебахшам, писарам! Ту дигар парешонрӯзгору шикастахотиру ноумеду нотавон нестӣ, писарам! Ба беҳрӯзӣ умеди дил қавӣ дор ва чун рӯзу соати мувофиқ фаро расад, темор аз димоғи душман барор!!

Нигина хам шуда, аз байни тиллою лаълу марвориду ҷавоҳирот ангуштари дурахшоне ба даст гирифту оҳиста ба ангушти ишоратии Мирмӯҳсин андохт:

— Ин ангуштари тавқеъ аст, писарам. Мӯҳри подшоҳ, иқтидору азамати шоҳаншоҳӣ дар нигини он ниҳон аст. Шоҳаншоҳи олам тавқи заррин ба ман бахшиду ангушти таассуф газид ва нотавону бечораҳол шуд. Чингиз маро не, ана ҳамин ангуштаринро ба даст овардан мехост, то ҷовидон ҳукмрони ҷаҳон шавад.

Акнун ангуштари тавқеъ зеби дасти фарзанди Мирмалик аст, ки Ғазанфари олам буд. Ту Шоҳпаланги олам шав, писарам. Минбаъд дар Ворух истодани туро салоҳ намебинам. Туро ба амактағоят Сайфуддин месупорам. Вайро фарзанди рӯҳонӣ, дилбанди ҷонӣ шав. Ҳар ҷо бошед, дар амони Худо бошед…

— Шумо ҳамроҳи мо намеравед, модар?

— Ман аз Ворух дигар асло ба ҳеҷ куҷо намеравам, писарам. Чунки дар дигар ҷо рӯзгор бе малол гузаронда наметавонам. Дар ин ҷаннатмакон ҳангомаи марг баршикаста, роҳи тақво пеш мегирам ва пайваста ибодате шоиста мекунам, то ёди ёри меҳрубон ва поси хотири азизону бузургворон бо зикри хайр зинда нигоҳ дорам…

Синни ман ба сию панҷ расиду шукри Худо, ки ту шонздаҳсола шудӣ, писарам. Акнун ман домзада кабутарам, сояи боли ман доми бало барои муғулҳост. Аз навбаҳори ҳунарам накҳати андак мондаасту ҳар замон даст меҷунбонам, то коҳил нашавам. Аммо ту фаъол бош, зеро ҳарчанд ҷавонӣ, бо ҳама чиз оростаӣ! Домони поки амактағоятро ҳаргиз аз даст раҳо накун ва бираву орзую ормони падари худ ҳосил кун! Рӯҳи падаратро шод гардон, ки доимо ба шодӣ мегуфт: «Маро шоҳписарест, ки номи ман ба василати ӯ боқӣ мемонад!» Падарат…

Ку падарат?! Бадри тамом будаму аз фироқаш чун ҳилол шудиям… Дардо, ки аз ҷафояш шаб то шаб нимсӯхтаю борику торик мешавам… То ба кай кафтар аз ғами ғазанфар болканон менолад??!

Дидам, ки ваҷоҳати Нигина беҷо мешавад, зуд об бар оташ задам:

— Эй хоҳари ҷон! Дил аз фарзанд фориғ дор. Нигаҳдораш Худою нигаҳбонаш манам!

Рӯзгор аз фарри ӯ масъуд бод!

Чун абад умри ӯ номаҳдуд бод!!

Нигина гиряолуд хандид. Аз хайли хаёл фуромаду дигар сақате нагуфт. Аз ток обгинаи чинӣ гирифта, се бор шусту пок намуд. Дарунаш қадре шир рехт ва ба Мирмӯҳсин дароз кард:

— Бинӯш, писарам. Бикӯш, то дини исломро аз доғи кофирон чун шири модарон пок гардонӣ. Хайр, паноҳат ба Худо…

Бо исрори Нигина ба гурӯҳи савораҳои Фарғонарав пайваста, бо роҳи миёнабур лотаъхир равона гаштем. Маслиҳат чунин шуд, ки дар Исфара ҳафтае таваққуф карда, вазъиятро омӯхта, маркаб ба манзили дилхоҳ меронем. Аммо, чун ҳамеша гапи хона ба бозор рост наомад. Як рӯз қабл аз сафар шоир Абдулмаҷид оҷилан худро ба манзили мо расонд. Пиндоштем, ки ҳамсафарамон мешавад. Вале оҳиста ба даҳлез нишасту ҳазиновоз гуфт:

– Ҳарфи мотам дорам… Нигина ба риёзи ризвон хиромид…

Баъди гуселонидани шумо Нигина суфра кушода, аз орди сиёҳи осиё нони дегӣ рост карда, дар равған бирёнда, аз амакбузургаш хоҳиш намуд:

— Пас аз нон хӯрдан маро фотиҳа диҳед, ба мазори Оташон назр мебарам…

– Ҳамроҳ меравем, духтарам! — гуфт Бимастура. — Ман ду нони танӯрӣ мегирам…

— Не, бивиҷун. Ҳар гирда нун нест. Ҳар нарз қабул не… Ман нони фармуда ба Мирмалик мебарам…

Модар истодагарӣ карду вазъият тағйир ёфт. Ҳоли Нигина якбора табоҳ шуду ба худ печид. Баъди лаҳзае мисли вулқон ҷӯшиду хурӯшид. Гӯши додарашро сахт кашида «раву дар қалъаи обӣ шин! Лангарҳоя фуру ҳил! Киштӣ ба дарё барор!» гуфт. Баъд «Писарам, солим раву ғоним биё!» гӯён, худро аз ҳавлӣ берун гирифта, «Гурез, муғул омад!» гӯён дарвозаро аз берун занҷир баста, ғайб зад…

Дар мазори Оташон вайро наёфтем…

Кампираке гуфт, ки Нигинаро назди Санги Арӯс дидаасту «Манам Нозпарӣ, хушхиром чун кабки дарӣ» гӯён, рақс мекардааст…

Шикорчие гуфт, ки Нигинаро дар Гаҳвораи Заррин дидасту «Рӯйи ман насрин, мӯйи ман сунбул» гӯён суруд мехондааст…

Барзгаре гуфт: «Нигинаро дидам, ки доман пур аз гулу райҳон ва сунбулу займарон шитобон меравад. Пурсидам: «Куҷо равонаӣ?» Гуфт: «Ба Сияҳкӯл меравам. Ба аспи обӣ ғизо мебарам».

Чӯпоне гуфт: Нигинаро дар соҳили Сияҳкӯл дидам ва таъкид кардам, ки аз оби ях барин хунук эҳтиёт бошад. Хандон посух гардонд: «Оби Сияҳкӯл маро созгор аст. Аспи обӣ маро ба пеши париён мерасонад. Шоҳи париён маро ба шавҳарам мечаспонад. Чуноне дар зиндагонӣ бо вай будам, баъди марг ҳам бо вай бошам». Ин бигуфту худро ба об андохт…

Нақди ҳаёт ба қабули арвоҳ супоридани Нигинаро фаҳмида, садҳо ҷавонону обнавардон ба ҷустуҷӯ баромаданд. Аммо ба натиҷае нарасиданд — оби Сияҳкӯл ҳама кӯшишҳо хароб кард. Нури гетифурӯзи чашмаи ҳур дар қаъри кӯл хомӯш шуд. Фақат… дар ҷое, ки Нигина пардаи ҷон пора карда, худро ба об андохта буд, доғи хуни пои бараҳнааш мисли гули лола ба назар менамуд…

Абдулмаҷид лаб фурӯ басту фаҳмидам, ки бадри Ворух на бо роҳи хокӣ, балки бо роҳи обӣ ба паҳлуи садри Хуҷанд рафтааст…

Пас аз хатми қироат гуфтам:

— Анбата аллоҳу наботан ҳасанан! Парвардигор ӯро ниҳоли нек сабзонад!

Мирмӯҳсин мағзи дуоро пазируфт ва бо алам гуфт:

— Афсӯс, ки рӯи чу офтоби модарам ва сарви баландаёзи падарам зери об рафт… Ҳарчанд дар чашми ман аз гиря наме беш намондааст, дилам то қиёмат дуогӯи онҳост.

…Эй хоҳари ҳунармандам! Сухани писар шунидӣ? Дуои писарон дар ҳаққи волидон муассир асту мурдагон фахри фарзанди солеҳ мекунанд. Аз Мирмӯҳсин парешон нашав ва дамсозии Мирмалик туро бод! Шуққаи раҳмати Ҳақ ҳуллаи ғуфрони туву ҳамсарат бод! Зеро ҳар ду ёри ҳамдилу ҳамқирон будеду ҳамтақдир шудед: Малик наҳанги обӣ шуду Малак парии обӣ…

Водареғо, ки моро дидор ба қиёмат монд. Аммо ёди неки рафтагон суннати сонийа аст. Яъне ҳам оини дин, ҳам расми хирад ва ҳам одати писандидаи ниёкони арҷманди мост!

Эй хоҳари ҷавонмаргам! Нахустин мадҳияи булбули навпарвози Исфара Аҳмад ибни Муҳаммад сиюдусол муқаддам садо дода буд. Инак, вопасин марсияи андалеби гирёни Исфара Сайфуддини Исфарангиро бишнав:

Тоири садрнишин мурғи саҳархони ту бод,

Хозини хулди барин155 ҳаршаба меҳмони ту бод!

Ҳар куҷо дар ҳарами қудс кунӣ маҷлиси хос,

Ҷони Идрис надими дили пажмони ту бод!

Нур, ки аз савмааи рӯҳи амин қавс кашид,

Аламу куртаи беҷайбу гиребони ту бод.

Бар сари ҷилваи ҳурони биҳиштӣ шабу рӯз

Партави рӯҳи малак шамъи шабистони ту бод!

Ба ҷоиохирсухан

Сайфуддин бори охирин ба кӯҳи Душоха назар афканду муддати мадид сукут варзид. Оҳе гарон аз мағзи ҷигар кашид. Гиряолуд табассум кард ва бо оҳанги умедбахш байти навин хонд:

Нури камол файзи дили рӯшани ту бод!

Ҳифзи Худою исмати Ҳақ ҷавшани ту бод!

Ин байтро ба Мирмӯҳсин бахшида, ҳамроҳ худи ҳамон рӯз ба роҳ баромада, баъди як моҳ ба Бухоро расиданд. Ағлаб мардумоне, ки аз зарби муғул ҳар сӯ гурехта буданд, бо занону фарзандон аллакай ба шаҳр баргашта, ҳаёти осуда доштанд. Онҳо дар ҳавлии шогирди шоирпеша Шамсиддини Маҳбубӣ сокин шуданд, ки аз зумраи пайвандони Шакархонум буд…

Боре дар омади сухан гуфт, ки аз ҷабру зулми аҷнабиёни кофир мардони ориятманд ба ҷунбиш омадаанд.

— Мардуми норозӣ ҳар шаб дар ҳавлии Маҳмуди Торобӣ ҷамъ омада, маслиҳат мекунанд, — гуфт Маҳбубӣ.

– Ӯ кисту чӣ кора?

— Ин марди элакбоф марди ҷасур ва ориятманд аст, илми ҳарбро хуб медонад, лекин дасташ кӯтоҳ…

— Вай модарзод дасткӯтоҳ аст? — пурсид Мирмӯҳсин, ки саргарми мутолиа буд.

— Дасткӯтаҳ ба дигар маънӣ. Вай барои харидани аслиҳаи ҷангӣ маблағ надорад. Тарафдоронаш ҳам камбизоат…

— Бисёранд онҳо? — якбора ба шавқ омада, китоб ба фарш ниҳоду наздиктар нишаст Мирмӯҳсин.

— Дар ҳар русто камаш сад ҷонибдор ҳаст. Дар Бухоро ҳам- фикрони Маҳмуди Торобӣ аз мӯйи сар бисёр…

Мирмӯҳсин саволомез устодашро нигаристу гуфт:

— Эй устод, мешунавед? Падарам тори сари мо истода, бо чашми дурахшон нидо мекунад: «Бархез эй фарзанд! Шамшери падар ва зари поки модар ба каф гиру пеши Торобӣ рав ва рағми душман баҳри озодии Ватан ҷиҳоди бузург оғоз намой».

Бо ишораи устод тозон берун баромад ва кисаи пурзар овард. Ба дасти Шамсиддин доду ангуштари тавқеъро бӯсид ва бо оҳанги савганд гуфт:

— Ман қавлу қасам кардаам, ки то қиёмат ҳарфе аз сухани модар фаромӯш накунам.

Нохалаф бошам, агар ҳамчун симоб ба ҷони муғул изтироб наандозам.

Фарзанди Мирмалик набошам, агар бар рағми душмани манҳус мубориза оғоз накунам!

Илтимос, маро ба манзили Торобӣ баред. Мехоҳам дасти дарози дӯсти шумо бошам!

Шамсиддин ва Мирмӯҳсин шитобон рафтанду шоири шӯрида хурсанд аз он ки байни онҳо ҷамъиятдилӣ пайдо шуд, чашм барҳам назада, ба тақозои дуо даст ба осмон бардошт:

— Эй умр, илтиҷо мекунам, чандон шитобон марав. Оҳиставу бомаром ҷорӣ шав, то фарзанди Мирмалик бар муроду мақсад расад, хунбаҳои падар гирад ва рӯҳи модар шод гардонад. Интиқоми ёрони падар ситонад ва бар тухми насли Чингиз қирон орад:

Аз дуди фано рӯйи ҳасуди ту сияҳ бод,

Аз хуни дил олудаву камумру дутаҳ бод!

Ҳар ҷо сипоҳи нусрати ислом биҷунбад,

Хатти ту зафарномаи таъйиди сипаҳ бод!

Аз муддати умри ту, ки ҷовид бимонад,

Си сол яке ҳафтаву сӣ қарн ду маҳ бод!

Ҳар ҷо, ки равӣ, дар канафи исмати борӣ

Пайки зафару нусрати Ҳақ собиқи раҳ бод!

Примечания

1

Буғуз — равшанӣ ва тулӯи моҳу офтоб

(обратно)

2

Қуръон, сураи 28, ояи 31

(обратно)

3

Шафша — шохи дарахт

(обратно)

4

Қуръон, ояи 26, сураи 63

(обратно)

5

кабутари обӣ — моҳихӯрак, ёғу, чайка.

(обратно)

6

ишроқ — дурахшидан, баромадани офтоб

(обратно)

7

Олға! — Ба пеш!

(обратно)

8

атобак — мураббӣ, падархонд.

(обратно)

9

3 августи соли 1200 мелодӣ

(обратно)

10

данон — хушҳол, дамон-хурӯшон, чамон-хиромон, чарон-айшкунон

(обратно)

11

Офарин туро, Худо барҳақ аст.

(обратно)

12

Қизилаёқ — пойлуч (хоразмӣ)

(обратно)

13

Қалмош — беҳудагӯй (хоразмӣ)

(обратно)

14

Экизак — дугоник (туркӣ)

(обратно)

15

Офарин, эй шоири бузург!

(обратно)

16

Энг — хеле

(обратно)

17

Қоб — табақ (хоразмӣ)

(обратно)

18

Қаловуз — роҳбалад

(обратно)

19

Тӯзӣ — ҷомаи нафиси занона (хоразмӣ)

(обратно)

20

Ақча — пули нуқраи сикказада

(обратно)

21

шароби кадарӣ — аз растании кадар тайёр мешавад ва бештар дар тиб кор мефармоянд.

(обратно)

22

Худованд ӯро иззату ҳурмат кунад.

(обратно)

23

Қоин-шаҳрест дар Эронзамин

(обратно)

24

Бараҳман — пир ва муршиди бутпарастони Ҳинд

Совандар — дарё (ҳиндӣ)

(обратно)

25

залиллоҳ — сояи Худо

(обратно)

26

Улба — таоме, ки дар офтоб пухта мешавад (маҷозан-туркҳо)

Улбо — дилу ҷигари бирён (маҷозан-тоҷикҳо).

(обратно)

27

устуворкунандаи дини Худо ва ҳомии дини Расули Худо.

(обратно)

28

Мунҳӣ — хабардиҳандаи хоси подшоҳ

(обратно)

29

амиралумаро ал муайяд минассамо-амири амирони таъйидшуда аз осмон

(обратно)

30

уллиаҷниҳа — малоика

(обратно)

31

Қизилтоҷ — тоҷи тиллоӣ (ба хоразмӣ қизил — тилло аст)

(обратно)

32

як газ баробар аст ба 91,5 сантиметр

(обратно)

33

тавбаи ношикастанӣ. Ишора ба тавбаи Насӯҳи даллок, ки дар ҳаммоми занона барои халосӣ аз марг тавбаи қатъӣ карда буд.

(обратно)

34

хушу — модарарӯс, хушдоман

(обратно)

35

ҳиболаи никоҳ — ақди никоҳи маҷбурӣ

(обратно)

36

навбуюг — наварӯс

(обратно)

37

Илоҳо, ҷояшон биҳишт бошаду Парвардигор оромгоҳашонро пурнур кунад!

(обратно)

38

он нуқтаи осмон, ки рост дар болои сари инсон мавқеъ дорад

(обратно)

39

Қуръон, сураи Нисо, ояи 59

(обратно)

40

нишастан, маҷлис оростан

(обратно)

41

соткин — пиёла (хоразмӣ)

(обратно)

42

Худо нигоҳ дорад, аз Худо омурзиш металабам.

(обратно)

43

саврат — таъсиру шиддат

(обратно)

44

мин айн? — аз куҷо? (арабӣ)

(обратно)

45

ҷулус — маҷлиси тоҷгузорӣ ба шоҳи нав ва тахтнишинӣ, ибтидои подшоҳӣ.

(обратно)

46

Яъламуллоҳ — туро Худо нусрат диҳад!

(обратно)

47

Янсуракаллоҳ — Худо медонад

(обратно)

48

доруға — сарвари миршабҳо, шаҳрдор

(обратно)

49

бегларбегӣ — беги бегон, бузурги шаҳр.

(обратно)

50

баҳт — холис, соф.

(обратно)

51

баҳӣ — дурахшанда, равшан, тобон.

(обратно)

52

нишастангоҳи арӯсу домод — ду чаҳорпояи мудавваре, ки паҳлӯи ҳам гузошта шудааст.

(обратно)

53

данг — ҳайрон, моту мабҳут

(обратно)

54

пакан — нон (хоразмӣ)

(обратно)

55

суррия — зани ғайриникоҳӣ

(обратно)

56

язак — муҳофизони шоҳзода, сарлашкар ва дигар бузургони дарбор

(обратно)

57

ҳоҷиб — сардори дарвозабонҳо

(обратно)

58

язак — нигаҳбон (паҳлавӣ)

(обратно)

59

ятоқ — нигаҳбон (туркӣ)

(обратно)

60

муханнас — нармода

(обратно)

61

қарақчӣ — назоратгар (туркӣ)

(обратно)

62

балоҳат — аблаҳӣ, нодонӣ, беномусӣ.

(обратно)

63

Эй мардум! Эй мастон!! Эй соқӣ!!!

(обратно)

64

пиринӣ — хӯроки ширин аз орди биринҷу ширу шакар.

(обратно)

65

оҳуи ҳарам — оҳуе, ки дар атрофи Каъба зиндагӣ дошту шикораш манъ буд

(обратно)

66

ҳайсият — бузургӣ

(обратно)

67

зифоф — тӯйи арӯсӣ

(обратно)

68

фириста — вакил, намоянда

(обратно)

69

баидулфикр — дурандеш, пешбин, бохирад, бомулоҳиза

(обратно)

70

борхудо — подшоҳи бузург

(обратно)

71

— Ту шайхи Хуҷандӣ?

(обратно)

72

— Оре, эй подшоҳи муаззам!

(обратно)

73

муфиз — файзбахш

(обратно)

74

муфиқ — бедоркунанда, ҳушёркунандаи маст ё бемор

(обратно)

75

мулҳам — илҳомбахш

(обратно)

76

эъҷоз — кори ҳайратовар, мӯъҷиза, эҳдос-ҳозир гардондан, эҳком-устувор кардан.

(обратно)

77

Рӯҳам фидои ту, эй Шайхи Хуҷанд!

(обратно)

78

қароботур — сиёҳпаҳлавон

(обратно)

79

сабр калиди дилҳост! (арабӣ)

(обратно)

80

қоқмиш — танбеҳ, сарзаниш (муғулӣ)

(обратно)

81

тойиб — тавбакунанда, пушаймон аз гуноҳ

(обратно)

82

мустағфир — мағфират, омурзишхоҳ

(обратно)

83

иғмоз — чашм пӯшидан, сарфи назар кардан

(обратно)

84

қом — фолбин, сеҳргар (муғулӣ)

(обратно)

85

қоон — подшоҳ (муғулӣ)

(обратно)

86

тахаллуф — хилофи ваъда амал кардан (арабӣ)

(обратно)

87

шелон — дастархон

(обратно)

88

мувозабат — саъю кӯшиши доимӣ дар ягон кор

(обратно)

89

ҳаммашраб — ҳамақида, ҳамфикр

(обратно)

90

мутабаҳҳир — бисёр доно, аллома.

Мутабашшир — оне, ки ба ӯ башорат аз ғайб мерасад.

(обратно)

91

мақсур — нотавон, зайиф

(обратно)

92

молояънӣ — корҳои ношоиста ва бемаънӣ

(обратно)

93

ӯба-хайма, ӯрда — бошишгоҳ (муғулӣ)

(обратно)

94

қуян — харгӯш (муғулӣ)

(обратно)

95

қуянчуқ — бемории асаб, кашиши раг ва мушакҳо — саръ (эпилепсия)

(обратно)

96

занбил — халтаи чармин

(обратно)

97

лоуболӣ — нотарсӣ, бебокӣ, бепарвоӣ

(обратно)

98

фавқулфавқ — аз ҳад афзун

(обратно)

99

Худоё, аз азоби дӯзах маро нигаҳ дор!

(обратно)

100

тааннут — айбҷӯӣ ва бадгӯӣ.

(обратно)

101

гулола-мӯйи печида, кокул

(обратно)

102

муфаттин — фитнаангез, маъшуқа

муфаттан — мафтуншуда, ошиқ

(обратно)

103

малак — фаришта, сурӯш

(обратно)

104

нофиз — иҷрояш ҳатмӣ ва қатъӣ

(обратно)

105

муроқаба — дил ба Худо бастан ва аз фикру андешаи дунё дур шудан

(обратно)

106

муҳоварат — сӯҳбати мардон

(обратно)

107

муошарат — сӯҳбати марду зан

(обратно)

108

моида — дастархон

(обратно)

109

Ё бунаййа — эй фарзандам.

(обратно)

110

вифоқ — якдилӣ, иттифоқ, созиш.

(обратно)

111

муаммил — майлу умеддошта, орзупарвар

(обратно)

112

салб — пушт

(обратно)

113

қазо — ҳукми илоҳӣ

(обратно)

114

иллиййин — баландтарин дараҷоти биҳишт, осмони ҳаштум

(обратно)

115

саҳмулғайб — бахту иқболи илоҳӣ

(обратно)

116

нофизфармон — касе, ки фармонаш равост.

(обратно)

117

мусоламат — сулҳҷӯйӣ, муқовала — гуфтушунид, мусолаҳа — оштӣ.

(обратно)

118

овардгоҳ — ҷойи ҷанг

(обратно)

119

Қуръон, ояти 11, сураи 41

(обратно)

120

маъдум — несту нобуд

(обратно)

121

мафқуд — гумшуда, аз миён рафта.

(обратно)

122

ҳаводис ва навойиб — бадбахтӣ ва мусибат

(обратно)

123

инқиёд — фармонбардорӣ

(обратно)

124

саблат — мӯйлаб

(обратно)

125

фарсанг (фарсах) — 6 километр

(обратно)

126

овардгоҳ — майдони ҷанг

(обратно)

127

нарга — ҳалқа (муғулӣ)

(обратно)

128

калта-палта — ҳарбу зарби кӯтоҳмуддат (муғулӣ)

(обратно)

129

газ — ченак, 91.1 см

(обратно)

130

фаҷо — муфоҷо, марги ногаҳонӣ

(обратно)

131

хушнудии Худои бузургвор насиби ҳамаи онон бод!

(обратно)

132

бар ӯ дуруди Парвардигори рӯзирасон бод!

(обратно)

133

муваккал — нигаҳбон, гумошта

(обратно)

134

пирӯзӣ насиб нагардад магар аз ҷониби Худованд

(обратно)

135

Қуръон, сураи Абас, ояти 34

(обратно)

136

лояълам — нодон

(обратно)

137

Ҳақ омаду кизб гурехт (Қуръон, ояти 17, сураи 81)

(обратно)

138

муроот — муомилаи нек, ҳурмат; мурозо (муросо) — розишавӣ аз ҳамдигар

(обратно)

139

тасҳил — саҳл гардонидан, осон ва сабук кардан

(обратно)

140

Қуръон, сураи 11, ояти 17

(обратно)

141

Худо дурусташро медонад ва ба ӯст бозгашту паноҳ. Ва ӯ аз ҳама ростгӯтар аст ва ӯ огоҳтар. Пояндаву мудом танҳо Худои азиз ва бузург аст.

(обратно)

142

ёғу — бузург (муғулӣ)

(обратно)

143

Пояндаву мудом танҳо он Ягона аст ва бузург аст ҷалоли ӯ. То боздид, эй фарзанди азиз.

(обратно)

144

амбошта — пур

(обратно)

145

камо янбағӣ — чунонки мебояд

(обратно)

146

Муваффақ ва муваққар — комёб ва мӯҳтарам

(обратно)

147

пурнуф — пурсадо

(обратно)

148

шаомат — бадбахтӣ, наҳсу шум

(обратно)

149

шанъат — зиштӣ, кори бад.

(обратно)

150

Азбаски Ҳазрати Одам ҳамагӣ ним рӯз дар биҳишт будааст, вайро бо киноят Подшоҳи нимрӯза мегӯянд.

(обратно)

151

шарҳи муҳашшо — шарҳе, ки дар канораи саҳифа ё дар поёни матн навишта мешавад.

(обратно)

152

Худованд мартабаи ӯро баланд гардонад.

(обратно)

153

Сарбоз, Паланги обӣ бардор ва ба наҳанги обӣ парто!

(обратно)

154

Эй фарёдрас, ба фарёдам рас!

(обратно)

155

хазинадори биҳишт

(обратно)

Оглавление

  • КАБУТАРИ БИҲИШТӢ
  •   Пешгуфтори китоби якум. Саргузашти зани фарзандгадо, ки суратан афсона асту афсун, лек сиратан достонест ростмазмун
  •   Равзанаи якум. Тафсири нахустин парвози андалеби Исфара ба Ворухи андалебнавоз
  •   Равзанаи дуюм. Таҳвили ҳадяҳои тақдирсоз аз шаҳри азим ба кӯҳи баланд
  •   Равзанаи сеюм. Чакомаи наврӯзи Хуҷанд аз назари меҳмонҳои пири арҷманд
  •   Равзанаи чорум. Таснифи саёҳати Сияҳкӯл ва хобу хаёли шоҳини паршикаста
  •   Равзанаи панҷум. Ишроқе
  •   Равзанаи шашум. Нӯшханде ба печутоби ду гули бӯстон дар суроғи андалеби достон
  •   Равзанаи ҳафтум. Рисолати тозаву тар ва панди покгавҳар бо забони безабонӣ
  •   Равзанаи ҳаштум. Гулбонги шоҳона аз дурахши ду ахтари тобони Исфара
  • КАБКИ ЗАРРИНҚАФАС
  •   Пешгуфтори китоби дуюм. Дебочаи салтанати Хоразмшоҳиёни кабир аз дидгоҳи шоири суханперо ва раҳнамо
  •   Равзанаи якум. Нахустпайки шодӣ аз боби дар ду рӯз ду модарбузург ёфтани ду ҳунарвари «Сойкелдӣ»
  •   Равзанаи дуюм. Ришханде ба рангомезиҳои Насноси бахткушо ва Савсани афсунгар
  •   Равзанаи сеюм. Тавсиф ва тасвири парвози ҳунар ва афту дарафти шоирону соҳирон дар базми ҷамшедӣ
  •   Равзанаи чорум. Ташдиди тавбаи маҷбурӣ ва хобу хаёли баҳсбарангез
  •   Равзанаи панҷум. Ташреҳи мукаммали баҳси шодию ғам дар маҷлиси майгусорон
  •   Равзанаи шашум. Саҳнаи ғамангез ва масхараомези охирин мазҳакаи пурмоҷарои Ғурганҷ
  •   Равзанаи ҳафтум. Исботи зарбулмасали «Нек аст ҳар он бад, ки ба бедодгар ояд»
  •   Равзанаи ҳаштум. Қиссаи ба оҳуи ҳарам табдил ёфтани кабутари ҳарам
  • ОҲУИ ШЕРГИР
  •   Пешгуфтори китоби сеюм. Таснифи пораҳо аз саргузашти ошиқони саргашта
  •   Равзанаи якум. Таърихи тавлиди суханпайванди «Дардо, ки рози пинҳон хоҳад шуд ошкоро»
  •   Равзанаи дуюм. Нигорише аз мадду ҷазри тӯфони шӯрангез дар як рӯзи фитнахез
  •   Равзанаи сеюм. Назаре муҷмал ба гулхани муҳаббати хирадсӯз
  •   Равзанаи чорум. Тафтеҳи боби нави ошиқона аз дурахши ахтари рахшони пурфасона
  •   Равзанаи панҷум. Пешоянду пасоянди савганди Малик ва лабханди малак
  •   Равзанаи шашум. Мавҷу авҷи нағмаҳои булбулон дар сабқати як гулу сад харидор
  •   Равзанаи ҳафтум. Ҳангомаи хуруҷи балои азим аз мулки дур ва зуҳури балогардони зӯр дар шаҳри нур
  •   Равзанаи ҳаштум. Назари эҷоб ба анҷоми ғазои ғазанфари ҷангӣ ва оғози ҷиҳоди паланги обӣ
  • ҒУРУБИ МОҲУ АХТАРОН
  •   Пешгуфтори китоби чаҳорум. Ғамномаи ғамбарори андалеби гирёни Исфара
  •   Руҷӯи аввал
  •   Руҷӯи дуюм
  •   Руҷӯи сеюм
  •   Руҷӯи чаҳорум
  •   Руҷӯи панҷум
  •   Руҷӯи шашум
  •   Руҷӯи ҳафтум
  •   Руҷӯи ҳаштум
  •   Ба ҷои охирсухан
  • *** Примечания ***